ДАР ДСРТ РАДИОИ ТАЪЛИМӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

Дирӯз дар кафедраи журналистикаи факултети филологияи Донишгоҳи  славянии Русияву Тоҷикистон радиои таълимӣ ба фаъолият оғоз кард. Радиои таълимӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи донишгоҳи мазкур бо сафоратхонаи Олмон бунёд гардида, баҳри баланд бардоштани маҳорату малакаи донишҷӯёни кафедраи журналистика мусоидат менамояд. 

Дар маросими ба истифода додани радиои таълимӣ, ки муҷаҳҳаз бо техникаҳои наву замонавист, роҳбарияти донишгоҳ ва дигар меҳмонони хориҷӣ ширкат доштанд. Гуфта шуд, ки то имрӯз донишҷӯёни кафедраи журналистика чунин имкониятро надоштанд ва устодон барои ошноӣ пайдо намудани донишҷӯён бо кори радио ва техникаҳои гуногун шогирдонро ба дигар радиоҳо мебурданд.

 

http://www.khovar.tj/education/41698-dar-dsrt-radioi-talim1251-ba-faoliyat-o1171oz-kard.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *