Аз аввали январи соли ҷорӣ то кунун дар ҷаҳон 24 журналист кушта ва 158 тани дигар зиндонӣ шудаанд.
3-юми май, раиси Созмони гузоришгарони бидуни марз бо интишори изҳороте эълом кард, ки дар соли 2015 барои журналистону гузоришгарон соли хеле душвор будааст.
Дар изҳороти мазкур, ки ба муносибати 35-умин солгарди таъсисёбии ин созмон тариқи шабакаҳои фаронсавӣ дар арафаи рӯзи ҷаҳонии “Озидии баён” интишор шуд, омада аст: “мутаассифона, вазъият барои журналистону гузоришгарон на танҳо дар кишварҳое, ки даргири ҷангу муноқишаҳо ҳастанд сахт аст, балки дар тамоми дунё авзоъи журналистон бисёр душвор шудааст”.
Дар ин изҳороти аз ҳодисаҳои “Шарли Ебдо” ёд шуда, таъкид гардидааст, ки тибқи омор аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун 24 нафар аз хабарнигорони дунё кушта ва 158 нафари онҳо бо сабабҳои мухталиф зиндонӣ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои ахир ҳукумати Либия аз кушта шудани 7 хабарнигор хабар дода буд.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз як ташкилоти ҷамъиятию ғайриҳукуматии фаронсавӣ аст.
http://www.tojnews.org/tj/news/dar-chakhor-mokh-24-zhurnalistro-ba-katl-rasondaand