Далер Шарипов: Моро ба он хотир ғофилгирона мезананд, ки аз мо метарсанд

[b]Далер Шарипов хабарнигори телевизиони «Сафина» ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам» шоми 7-уми май тақрибан соти 22.30 дар ноҳияи Сино, наздикии бинои сафорати Русия, аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт.[/b]

Дар сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj Далер Шарипов гуфт, ки чун ҳамла ногаҳонӣ ва хело сахт буд, он шахсонро нашинохтааст, вале бовар дорад, ки қонун ҳаст ва кормандони мақомоти дохилии ноҳияи Сино дар мавриди ин қазия кор карда, ҷинояткоронро дастгир мекунанд».

«Ҳамлаи беогоҳӣ ин амали номардона аст ва моро ба он хотир ғофилгирона мезананд, ки аз мо метарсанд»,- мегӯяд рӯзноманигор.

Ин хабарро Маҳмадулло Асадуллоев, котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ тасдиқ карда гуфт, ки воқеан шоми 7-уми май тақрибан соти 22.30 дар ноҳияи Синои пойтахт, дар наздикии бинои сафорати Русия, дар маҳаллаи 82-юм аз тарафи афроди ношинос Далер Шарипов, хабарнигори шабакаи «Сафина» мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

«Ӯ шахсан бо милитсия муроҷиат накардааст. Баъд аз нашри ин иттилоъ дар расонаҳои хабарӣ кормандони милитсия худ ба назди Далер Шарипов рафта, ин ҷиноятро ба қайд гирифтанд ва ҳоло тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба он назар аст, ки ин ҳодиса ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабт надорад.

Тибқи суханони худи рӯзноманигор ва яке аз масъулони созмони сабтиномнашудаи “Қадам ба Қадам” эҳтимол ин ҳодиса ба созмон рабте надорад.

«Ман аз ташкили ин созмон кайҳо даст кашида будам ва эҳтимол ин қазия ғарази шахсӣ бошад».

Аммо ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани милли воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), мавриди лату кӯб қарор гирифтани шахс, зиёда аз он рӯзноманигоре, ки дар телевизион кор мекунад ва фаъолияти ҷамъиятӣ дорад, боиси ташвишу изтироб аст.

«Феълан гуфта наметавонем, ки ин қазия ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ марбут аст ё на. Инро бояд тафтишот муайян кунад, лекин дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ бо кадом сабабе мавриди лату кӯб қарор гирифтани шаҳрванд қобили қабул нест ва ин ҷиноят ба ҳисоб меравад ва ҳар кассе, ки ба ин ҷиноят даст мезанад, бояд дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад», – гуфт раиси АМВАОМТ.

Ҳамчунин, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова изҳор медорад, ки рӯзноманигорон шахсиятҳое мебошанд, ки ҳамеша аз тарафи гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа зери фишоранд. Хусусан онҳое, ки гуноҳе доранд, ё ягон камбудие доранд, журналистон зери шиканҷа қарор мегиранд.

«Ин хоси на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми дунё аст ва мо ҳар вақт мебинем, ки дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон як журналистеро саркуб мекунанд ё мекушанд. Ба ҳар ҳол дар давлатҳои демократӣ қадри журналист баланд аст, аммо дар давлатҳои Осиёи Миёна журналистонро луту кӯб карда, ҳатто онҳоро мекушанд, вале қазияи онҳо номаълум мемонд», – иброз намуд Ойниҳол Бобоназарова.

Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Соли гузашта Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз тарафи афроди ношинос мавриди зарбу лат қарор гирифт. Вале сабаб ва гунаҳкорони ин қазия то ҳол ошкор нашудааст.

Чуноне ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз дошт:

«Ҳарчанд ба ман дар рӯзи равшан дарафтоданд, ман гуфта наметавонам, ки он ҳамлагарон кӣ буданд ва чӣ зарбае заданд, аммо бароям аҷиб он аст, ки журналистонро бештар дар ҳудиди ноҳияи Сино лату кӯб мекунанд, аз ҷумла Раҷаби Мирзо, ман ва инак Делар Шариповро».

Вале ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки муфаттишони ин ноҳия ба чӣ кор машғуланд, ки гунаҳкорон ва сабаби ин қазияҳоро аниқ карда наметавонанд ва бояд кормандони шӯъбаи дохилии ноҳияи Сино ҷавоб гӯянд, ки ин амалро кӣ содир мекунад.

Вале Далер Шарипов изҳор медорад, ки ҳарчанд ягон нафарро гумонбар карла наметавонад, вале баъзе маълумотҳое дорад, ки баъдтар ошкор хоҳад кард.

«Агар рафти тафтишот тағйир наёфт, ман тариқи мизи мудаввар ба рӯзноманигорон он маълумотҳоро пешкаш мекунам», – гуфт Далер Шарипов.

Мазҳаб Ҷумъаев

Источник: http://kloop.tj/2012/05/11/daler-sharipov-moro-ba-on-hotir-ofilgirona-mezanand-ki-az-mo-metarsand/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *