Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон саркубии озодии таҳсилоти мазҳабӣ, озодии баён ва вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳо дар Тоҷикистонро аз масоили аслии ҳуқуқи инсон дар ин кишвар хонд.
Ин созмони байналмилалӣ дар гузориши худ дар робита ба Тоҷикистон аз амалиёти давлати ин кишвар дар шаҳри Хоруғ ёд кардааст.
Дар ин гузориш мехонем, ки тибқи иттилоъи расмӣ дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ «барои боздошти омилини қатли раиси амнияти минтақа 17 низомии давлатӣ, 30 фарди мусаллаҳ ва 20 сокини ғайринизомии маҳаллӣ кушта шуданд.»
Аммо гузориш меафзояд, ки манобеъи мустақил шумори афроди кушташуда дар миёни сокинони ғайринизомӣ дар ҷараёни ин амалиётро бештар мехонанд.
Қаблан Дидбони Ҳуқуқи Башар аз давлати давлати Тоҷикистон хоста буд, ба ҷиноёте, ки дар Бадахшон содир шудаанд, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ вокуниш нишон бидиҳад.
Ин созмон ҳамчунин дар изҳороте унвонии давлати Тоҷикистон ёдрас шуда буд, ки дар Усулҳои Созмони Миллал «Дар бораи истифода аз нерӯ ва аслиҳаи оташфишон» таъкид шудааст, ки мақомоти интизомӣ дар ҷараёни анҷоми вазифаи худ бояд то ҳадди имкон аз роҳҳои ғайрихушунатбор истифода кунанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши «Ҳуқуқи Башар дар ҷаҳон — 2013″ менависад дар соли гузашта Омрико, Иттиҳодияи Урупо ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо бо давлатҳои Осиёи Миёна бештар ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ ва амниятии марбут ба Афғонистон таваҷҷӯҳ карданд.»
Ҳю Уилиамсон, раиси бахши Урупо ва Осиёи Миёнаи Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин бора гуфтааст: «Вошингтун, Бруксел ва давлатҳои Урупо ба ҷойи он ки беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсонро шарти аслӣ барои беҳбуди равобит бо Осиёи Миёна баргузинанд, дар аксари маворид аз ин масоил чашм мепӯшиданд.»
Вай меафзояд: «Сокит будан дар баробари нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар, танҳо муҷиби афзоиши мушкилоти амниятӣ ва бесуботие мешавад, ки аз нодида гирифтани волоияти қонун тавассути давлат маншаъ гирифтаанд.»
Дар гузориш мехонем, «Тоҷикистон қонуни саркубгарро дар бораи мазҳаб ва муқарраротеро барои маҳдудсозии таҳсилоти мазҳабӣ қабул кардааст.»
«Мақомот озодии баёнро тавассути масдуд кардани сойтҳои иттилоъотӣ ва иҷтимоъӣ аз ҷумла AsiaPlus, Фейсбук ва YouTube маҳдуд карданд. Шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ва хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ба сурати густарда боқӣ мондааст.»
Ин гузориш вазъи ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳои Осиёи Миёнаро низ башиддат интиқод кардааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, сатҳи нақзи ҳуқуқи башар ва коҳиши эҳтиром ба озодиҳои бунёдӣ дар соли 2012 дар Қазоқистон ва Узбакистон «шокикунанда» аст.
Ҳю Уилиамсон, дар ин гузориш исрор варзида: «Аммо Иттиҳоди Урупо ва Омрико нигарониҳои ҷомеъаи маданиро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна дар замоне, ки қурбониёни саркубии давлат ба кумаки ин кишварҳо бештар ниёз доштанд, ношунида гирифтанд.»
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/01/130131_sq_hrw_tajikistan.shtml