CPJ тақозои 16 сол зиндон барои Исмоиловро маҳкум кард

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон бо интишори баёнияе дархости намояндаи додситонӣ барои 16 сол маҳкумияти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигоре маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистонро, маҳкум кардааст.[/b]

Дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Амирҷон Ғафуров, намояндаи додситонӣ, аз додгоҳ талаб кард, ки ин хабарнигор ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон шуда ва тибқи қонуни авф 2 сол аз ин ҳукм кам карда шавад.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи оқои Исмоилов дар ҷаласаи додгоҳ иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилашро рад кард ва гуфт, ки бегуноҳии вай бояд дар додгоҳ собит шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли «Нури зиндагӣ», ба “тамаъҷӯӣ, барангехтани низоъи маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир” муттаҳам шудааст.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, дар баёнияи худ идомаи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум карда ва мегӯяд, ки аз дархости додситонӣ барои таъйини замони тӯлонии зиндон ба иттиҳоми «тӯҳмат» ба ин хабарнигор «ваҳшатзада» шудааст.

Дар баёнияи ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён мехонем, ки дар сурати иҷрои дархости додситонӣ оқои Исмоилов нахустин хабарнигори тоҷик дар даҳ соли ахир хоҳад буд, ки равонаи зиндон хоҳад шуд.

Ин созмон мегӯяд, ки тибқи парванда, оқои Исмоилов ба «тӯҳмат», «таҳқир» ва «барангехтани низоъи маҳаллӣ» дар матлабе таҳти унвони «Ашт вайрон мешавад. Гунаҳкор кист?» дар моҳи августи соли 2010 дар ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ» муттаҳам шудааст.

Аммо таҳқиқи ин созмон нишон додааст, ки дар ин мақола «Исмоилов аз ҳукумат ва мақомоти интизомии ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, интиқод карда ба фасодкорӣ, суиистифода аз мақом ва сирқати маболиғи давлатӣ ишора кардааст.»

Вакили мудофеъи Маҳмадюсуф Исмоилов низ мегӯяд, ки ин қазия ба далели нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт тавассути муваккилаш сурат гирифтааст.

Оқои Исмоилов аз 23 ноябри соли гузашта дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Қаблан вакили мудофеъи вай гуфта буд, ки дар ҷараёни таҳқиқи муқаддамотии ин парванда иттиҳомоти аслӣ, яъне — «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ», алайҳи вай собит нашудааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон низ боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Қаблан созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, ки оқои сареъан Исмоиловро озод кунад, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо вокунише нишон надодаанд.

Аз ҷумла, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шуда буданд.

Қарор аст ҷаласаи ояндаи додгоҳ барои баррасии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи душанбеи 3 октябр дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Тайи ду соли ахир чандин рӯзноманигор ва нашрияи мустақил дар Тоҷикистон барои нашри матолиби интиқодомез дар бораи ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ кашида шудаанд.

Источник:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *