[b]Дар ин гузориш аз чанд қазияи додгоҳии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар соли 2011 ёдоварӣ шудааст.[/b]
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) гуфтааст давлати Тоҷикистон бо баҳонаи ифротгароӣ ва “тӯҳмат ва тавҳин” рӯзноманигорони воқеъӣ дар ин кишварро саркуб мекунад.
Дар гузориши вижаи ин созмон, ки рӯзи 21 феврал дар сойти он мунташир шуд, гуфта шудааст, ки “бархе аз таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мунҷар ба боздошт ва таҳқиби журналистон ва муҳокимаҳои хастакунандаи онҳо дар додгоҳҳо шуда ва ин амр ба вазъи озодбаёнӣ дар ин кишвар таъсири манфӣ расонидааст.»
CPJ ё Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, як созмони байналмилалии мустақар дар Омрико, зимни пахши гузориши вижае зери унвони “Ҳамла ба озодии баён дар соли 2011” гузоришеро пахш карда ва дар он вазъи озодии баён дар сартосари ҷаҳонро баррасӣ кардааст.
Ин созмон вазъи рӯзноманигорон дар кишварҳои мустақили ҳамсудро низ арзёбӣ кардааст.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки ҳарчад дар Русия пешрафтҳое дар заминаи муҷозоти бархе аз афроди ҳамлагар ба хабарнигорон ба назар расидааст, вале дар моҳи декабри соли 2011 дар ин кишвар таъсискунандаи ҳафтаномаи “Черновик” ба қатл расид. Дар гузориш омадааст, ки дар даҳсолаи ахир дар Русия 20 рӯзноманигор кушта шуда ва суфоришгарони қатли бархе аз хабарнигорон то ҳол муҷозот нашудаанд.
Ҳамчунин ин созмон зимни баррасии озодии баён дар Ӯзбакистон, навиштааст, ки дар ин кишвар панҷ нафар рӯзноманигор дар маҳбасҳо ба сар мебаранд ва Ӯзбакистон дар минтақа ҷои аввалро дар заминаи теъдоди журналистони зиндонӣ касб кард.
Ва дар идома гуфтааст, ки давлати Ӯзбакистон сонсури густарда дар саҳафоти интернетиро роҳандозӣ карда ва вебгоҳҳои интернетии зиёдеро бастааст.
[b]Тоҷикистон ва озодбаёнӣ[/b]
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон бо ёдоварӣ аз Муҳаммадюусуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар Тоҷикистон навиштааст, ки оқои Исмоилов барои навиштани матлабе дар мавриди фасод дар миёни кормандони мақомоти ҳукумати вилояти Суғд, як солро дар зиндон ба иттиҳоми “туҳмат ва тавҳин” ва ифротгароӣ сипарӣ кард.
Пахши матлаб дар мавриди фасод дар ожонси давлатӣ ва муттаҳам шудани “Пайкон” яке аз нашрияҳои мустақили Душанбе барои “тавҳин ва тӯҳмат”, яке дигар аз қазияҳои ба додгоҳ кашида шудани расонаҳо дар Тоҷикистон дар соли гузашта будаст.
Дар натиҷа додгоҳ қазияро ба суди Ожонси давлатӣ ҳалл кард ва нашрияро барои пардохти маблағи ҳангуфте ба суди ожонсӣ водор кард, ки мунҷар ба қатъи нашри “Пайкон”шудааст.
Ин созмон ҳамчунин навиштааст, ки дар соли 2011 дар шимоли Тоҷикистон хабарнигори Би-би-сӣ низ ба ифротгароӣ муттаҳам шуда ва барои муддате дар зиндон ба сар бурдааст.
Коршиносони ин созмон лағви баргузории нишастҳои матбуъотии се моҳаи ниҳодҳои давлати аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ Тоҷикистонро низ ба суди хабарнигорон намедонанд.
Созмон мегӯяд, ки ҳамаи ин қазияҳо ба вазъи озодии баён ба Тоҷикистон таъсири манфӣ дошта ва коршиносон мегӯянд, ки фишор бар расонаҳо мунҷар ба худсонсурии бисёре аз рӯзноманигорон дар баррасии масоили доғи ҷомеъа шудааст.
[b]Истиқбол ва мухолифат бо арзёбии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон[/b]
Бархе аз намояндагони давлатӣ мегӯянд, ки ба ин арзёбии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар мавриди озодии баён дар Тоҷикистон мухолиф ҳастанд.
Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, мегӯяд, ки бо назардошти қазияҳои додгоҳҳои соли гузашта ва озод шудани хабарнигорон аз муҷоззот, ҳам давлат ва ҳам қозиҳо дар ин кишвар дар нисбати хабарнигорон сахтгир набудаанд.
Вай афзуд: “Ин далоили он аст, ки дар Тоҷикистон вазъи озодбаёнӣ дар сатҳи хубе қарор дорад. Вале худсонсурӣ ба ҳирфаи рӯзноманигор бастагӣ дорад. Рӯзноманигори боистеъдод ҳеҷ гоҳ аз матраҳи мушкилот ва иштибоҳоти ҷомеъа ва давлат худдорӣ намекунад ва баръакс бо баррасии ин масоил ба давлат пешниҳодҳои дақиқеро барои ислоҳи ин мушкил ироа мекунад.”
Ба гуфтаи оқои Сафаров, ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна шумори расонаҳо ва нашрияҳои мустақил зиёд буда ва хабарнигорон низ бешатр озодӣ доранд.
Вале Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо изҳори назари Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар мавриди вазъи хабарнигорон дар ин кишвар розӣ будааст.
Оқои Қаршибоев гуфт: “Фишор бар расонаҳо мунҷар ба маҳдуд шудани фаъъолиятҳои ҳирфаии расонаҳо мешавад. Ва ҳар чи ки ин кумита гуфтааст, асос дорад. Мутаассифона ҳукумати Тоҷикистон ҳатто пешниҳодҳои СММ барои ислоҳи вазъи ҳуқуқи башарро низ қабул намекунад. Ва яке аз мушкилоте, ки дар заминаи расонаҳо вуҷуд дорад, ин он аст, ки то ҳол давлати Тоҷикистон моддаи “тавҳин ва тӯҳмат”-ро ғайриҷиноӣ накардааст.”
Зеро ба гуфтаи вай, бештари рӯзноманигорон ва расонаҳо аз сӯйи мақомот ба ин модда муттаҳам ва ба додгоҳ кашида мешаванд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/02/120221_zkh_cpjreport_media_freedom.shtml