CPJ боздошти як хабарнигори тоҷикро маҳкум кард

[b]Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ), як созмони омрикоии мудофеъи озодии баён, боздошти як хабарнигори тоҷик дар шимоли ин кишварро маҳкум кардааст.[/b]

Ин созмон дар баёнияе, ки рӯзи панҷшанбеи 16 декабр мунташир кард, боздошти Муҳамадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Аштро, дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст.

Оқои Исмоилов 23 ноябри соли равон дар вилояти Суғд боздошт шуда ва хабари зиндонӣ шудани вай рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта дар расонаҳои дохилӣ пахш шуд.

Нина Огниянова, ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар Урупо ва Осиёи Марказӣ, аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки иттиҳомоти ба гуфтаи вай дорои ангезаҳои сиёсӣ алайҳи оқои Исмоиловро фасх ва худи ӯро фавран озод кунанд.

Хонум Огниянова афзудааст: «Давлати Тоҷикистон барои мутобиқ сохтани худ бо меъёрҳои байналмилалии озодии баён бояд моддаҳои «туҳмат ва тавҳин»-ро аз қонуни ҷиноӣ ё кайфарии худ барандозад.»

Мақомоти Тоҷикистон ҳануз алайҳи Муҳамадюсуф Исмоилов эъломи ҷурм накардаанд ва ӯ то кунун аз хадамоти вакили мудофеъ бархурдор набудааст. Вале дар сурати таъйиди иттиҳомот алайҳи оқои Исмоилов имкон дорад вай барои дувуним сол ба зиндон маҳкум шавад.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияи худ аз қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, овардааст, ки ин рӯзноманигори тоҷик ба хотири нашри матолиби интиқодӣ алайҳи мақомот боздошт шудааст.

Оқои Қаршибоев гуфтааст, ки хабарнигори “Нури зиндагӣ” пайваста аз ҳукумати маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳҳои вилояти Суғд барои сӯиистифода аз мансаб, мудирияти бад, сиёсатҳои носолими иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ, интиқод мекард. Аммо ба гуфтаи вай, дар мақолот ва гузоришҳои оқои Исмоилов ҳеч нишонае аз тавҳин ва туҳмат мавҷуд набудааст.

Чанде қабл Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, зимни пахши баёнияе боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба чопи матолиби интиқодии вай рабт дод.

Ба гуфтаи масъулони нашрияи “Нури зиндагӣ”, масъулони додситонӣ аз онҳо тақозо кардаанд, ки гузоршҳои оқои Исмоилов аз соли 2008 бад-ин сӯро дар ихтиёри додситонӣ гузоранд.

Боздошти Маҳамадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳаллии “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ бозтоби густардае доштааст.

Аз авоили соли 2010 дар Тоҷикистон ҳудуди шаш нашрия ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои матолиби интиқодомези худ таҳти фишори бархе аз мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида қарор гирифтаанд.

Дар бештари қазияҳо шикояткунандагон нашрияҳоро ба “туҳмат» ва «таҳқир» муттаҳам кардаанд, ҳарчанд ба сабаби набуди далоили зарурӣ муҳокимаҳо дар бисёре аз маворид ба дарозо кашида ва ё бо мусолеҳаи тарафҳо анҷом ёфтаанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мудофеъони озодии баён зимни интиқод аз вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон, аз давлати ин кишвар борҳо хоста буданд, ки моддаҳои марбут ба «туҳмат» ва «таҳқир»-ро аз қонуни кайфарии худ ҳазф кунад, вале давлати Тоҷикистон ба ин дархостҳо ҳеч эътиное накардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101217_zkh_cpj_arrestjournalist.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *