Cозмонҳои рӯзноманигорон умед доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи Исмоилов таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома аз президенти кишвар хостори он шудаанд, ки қазияи хабарнигори ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ», Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсӣ гирад.[/b]

Роҳбарони чаҳор созмони рӯзноманигорӣ, Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил, Шӯрои ВАО ва Медиа Алянси Тоҷикистон дар номаи худ ба раисҷумҳур изҳор доштаанд, ки талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани Маҳмадюсуф Исмоилов боиси ташвиш ва нигаронии онҳост.

Дар ин нома аз ҷумла зикр мешавад, ки чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии ВАО хатар эҷод карда, метавонад ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократӣ латма ворид кунад.

«Созмонҳои миллию байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, ки парвандаи мазкурро пайгирӣ менамоянд, чунин меҳисобанд, ки Исмоилов бо сабаби дар матбуот ба табъ расондани мақолаҳои танқидӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Исмоилов борҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи қонун ва сохторҳои судиро танқид карда, саҳлангорӣ, сиёсати сусти иҷтимоию иқтисодӣ ва сӯистифода аз мансабро дар ноҳияи Ашт фош кардааст», омадааст дар изҳорот.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ба хотири он ки парвандаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифтааст, дар номаи худ ба президент илова кардаанд, ки — созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Шумо — Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз Шумо роҳбари давлат, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш дорем, ки парвандаи ҷиноятии хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ», Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсии худ қарор диҳед. Мо умедвор ҳастем, ки риояи меъёрҳои эҳтимоли бегуноҳӣ ва адолати судӣ нисбат ба ҳамкори мо таъмин мегардад.

Бояд гуфт, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 23-юми ноябри соли 2010 ба хотири барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ, тӯҳмат, таҳқир ва тамаъҷӯйӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи қонуни ноҳияи Ашт дастгир ва ҳабс шудааст.

Фаридуни УМАРБЕК, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=18663&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *