Чорабинӣ ба хотири ёдбуди журналисти маъруфи тоҷик Муродулло Шерализода

Имрӯз ба хотири ёдбуди рӯзноманигори саршиноси тоҷик, нахустин сардабири газетаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода дар бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» як чорабинӣ баргузор шуд, ки дар он ходимони маъруфи давлативу сиёсӣ — нахустин президенти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Хайринисто Юсуфӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков ва дигарон ширкат варзиданд.

Қаҳҳор Маҳкамов куштори Муродалӣ Шерализодаро фоҷеъа ва талафоти бузург барои кишвар номид. «Пеш ман забони тоҷикиро намедонистам, Муродулло маро забони тоҷикӣ омӯхт», — иброз дошт ӯ.

Хайринисо Юсуфӣ зимни қироати матни раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба ин муносибат, зикр кард, ки хизматҳои Муродулло Шерализода ба мардуми тоҷик хеле бузург буда, хоираи ӯ дар қалбҳои мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода аз марги фоҷеабори Муродулло Шерализода ёдовар шуда, қайд кард, ки мо набояд сабақҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш кунем. «М.Шерализода дар таъсиси рӯзномаи «Садом мардум» ва дар маҷмӯъ рушди журналистикаи тоҷик саҳми босазо гузошт», — таъкид дошт вазир.

Муродулло Шерализода дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко (соли 1966), номзади улуми таърих (соли 1984). Дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», Донишкадаи таърихи марксизм-ленинизми назди КМ ҲКТ кор кардааст. Муддати 9 сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият дошт. Давоми солҳои 1985-1990 дар дастгоҳи КМ ҲКТ (ду сол ёвари котиби 1-ум) ифои вазифа намудааст. Аз 19 ноябри соли 1990 — сардабири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум».

Дорандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон. Вакили Шӯрои Олии ҶТ. Санаи 5 майи соли 1992 дар назди бинои парлумон аз ҷониби афроди номаълум аз силоҳи оташфишон парронида шуда, ба ҳалокат расид.

http://news.tj/tj/news/chorabin-ba-khotiri-edbudi-zhurnalisti-marufi-ik-murodullo-sheralizoda

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *