Чопи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон қатъ шуд

Чопи нашрияи “Комсомольская правда”, рӯзномаи бонуфузи Русия, дар Тоҷикистон қатъ шуд. Шарифи Ҳамдампур, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки даҳ сол боз масъулияти чопи ин нашрияи русиро дар кишвар бар уҳда дошт, рӯзи 21 июл гуфт, “ин эътирози мо ба мақолаи таҳқиромези “Саёҳат дар ватани Равшану Ҷамшуд” (Путешествие по стране Равшана и Джамшута) аст”.

Сергей Пономарев, хабарнигори махсуси “Комсомольская правда”, рӯзи 16 июли соли ҷорӣ дар ин мақолааш, ки баъди боздид аз Тоҷикистон навиштааст, Тоҷикистонро “ватани Равшану Ҷамшудҳо” номидааст. Пономерев дар оғози мақолааш мегӯяд, “дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ дорам. Бақия Равшану Ҷамшуданд…”

Вай дар идома шеваи рафтору тарзи либоспӯшии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба масхара кашида, дар бораи планшету телефони гаронбаҳои муҳоҷирони тоҷик низ бо истеҳзо сухан рондааст. Сергей Пономарев аз иваз шудани номҳои русии шаҳру навоҳӣ ва маҳалҳои кишвар нороҳат шуда ва аз ҷумла дар бораи тибдили номи Чкаловск ба Бӯстон чунин гуфтааст: “Чкаловск дигар вуҷуд надорад. Тамоман. Дар моҳи марти соли ҷорӣ охирин номи славянӣ аз харитаи Тоҷикистон пок карда шуд.”

Ин хабарнигори рус дар як ҷои мақолааш ҳатто ба мақомоти Русия “маслиҳат” додааст, ки раҳбарони Тоҷикистонро иваз кунанд.

Шарифи Ҳамдампур дар нишасти хабарии 21 июл дар Душанбе гуфт, ки “ин мақола саропо дар ҳаққи мардуму миллати тоҷик ва раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқир ва тавҳин аст ва барои ҳамин тасмим гирифтем, ки чопашро қатъ кунем.”

Ин мавзӯъ чор рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳс шуда, бисёре аз корбарони тоҷик аз ин мақола ба шиддат интиқод кардаанд ва онро ғаразомез номидаанд. Ҳатто бархе аз корбарон ин талабро дар миён гузоштаанд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин мақола посухи дандоншикан диҳад. Аммо то ҳол ҳеч ниҳод ва ё мақоми расмии Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд.

“Комсомольская правда” якҷоя бо «Аргументи и факты» даҳ сол боз дар Тоҷикистон бознашр ва бидуни мамониат дар нуқтаҳои рӯзномафурӯшии Тоҷикистон фурӯхта мешуд.

Тафсилот ба зудӣ нашр мешавад.

http://www.ozodi.org/a/27870876.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *