Чашни 100-солагии матбуот бе њузури рўзноманигорони саршинос

[b]Дар теотри уперо ва боллеи ба номи Садриддин Айнӣ маҳфиле ба муносибати ба 100-солагии матбӯъоти тоҷик оғоз шуд.[/b]

Барои бори нахуст дар солҳои истиқлол дар ин ҳамоиш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ мекунад.

Ҳануз мушаххас нест, ки оё дар чорчӯби ин дидор миёни Президент Раҳмон ва хабарнигорон гуфтугӯе сурат хоҳад гирифт ё хайр.

Тӯли ду ҳафтаи ахир дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ироаи иттилоъ дар ин бора худдорӣ карда ва ҳатто асомии даъватшудагон ба ин маҳфил махфӣ нигаҳ дошта мешуд.

Ба гуфтаи Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ин ниҳод ба дафтари раёсати ҷумҳурии кишвар феҳрасти хабарнигороне, ки бояд дар ин дидор ҳузур дошта бошанд, ироа кардааст.

Вале манобеъи огоҳ мегӯянд, ки масъулони дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин феҳрастро бознигарӣ карда ва бештари хабарнигорони саршинос ба ин маҳфил даъват нашудаанд.

Аз ҷумла, хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва рӯзноманигороне, ки аз онҳо умдатан ба унвони «мухолиф» ё «мунтақид» ном бурда мешавад, ба ин дидор даъват нашудаанд. Ҳарчанд, тибқи иттилоъи расида, бархе аз хабарнигорони расонаҳои Русия дар Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳузур доранд.

Чунин шоеъоте низ вуҷуд дорад, ки имсол ба бархе аз хабарнигорони саршинос ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ эъто шуда ва қарор буд, ки маросими эътои ин ҷоизаҳо дар чорчӯби дидори Президент Раҳмон бо хабарнигорон баргузор мешавад. Вале дар охирин лаҳазот тасмими мақомот тағйир ёфта ва иддае аз «соҳибони» ҷоиза низ ба ин маҳфил даъват нашуданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз хабарнигорон ба нишони эътироз аз ширкат дар ин маҳфил худдорӣ кардаанд. Яке аз онҳо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки намехоҳад шоҳиди «тамаллуқ ва мадҳу санохонӣ нисбат ба раҳбари кишвар аз сӯйи иддае аз хабарнигорон» бошад.

Зимнан, рӯзи матбӯъоти тоҷик 11 март дониста мешавад. Яксад сол қабл дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи «Бухорои шариф» мунташир шудааст. Дар соли ҷорӣ аз ин рӯз дар Тоҷикистон барои бори нахуст ба сурати густарда таҷлил мешавад.

Бештари мақомоти тоҷик бо ирсоли номаҳои шодбошӣ хабарнигоронро бо ин рӯз табрик гуфтаанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар номаи шодбошии худ таъкид кардааст: «Матбӯъоти тоҷик ба ҷузъе аз давлатдории тоҷикон табдил шуда ва ба тақвияти арзишҳои демукросӣ дар ин кившар мусоъидат мекунад.»

Ҳатто, Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, ки пайваста мавриди интиқоди рӯзноманигорон қарор мегирад, низ дар номаи шодбошии худ «нақши хабарнигорон дар рушди кишвар, аз ҷумла дар бахши энержӣ»-ро тавсиф кардааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз поёни дидори Президент Раҳмон бо хабарнигорон, барои рӯзноманигорон барномаи кунсертие баргузор хоҳад шуд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120310_if_tajik_press.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *