«Чархи гардун» 20-сола шуд

Ҳафтаномаи ҷамъиятиву итилоотии «Чархи гардун» имрӯз, 25-уми апрели соли 2016, бистсола шуд.

Ин нашрия бо ибтикори собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, марҳум Акбаралӣ Сатторов 25-уми апрели соли 1996 таъсис дода шудааст. Ҳафтанома то инҷониб рисолаи касбии хешро риоя намуда, мардуми тоҷикро ба рӯзномахонӣ ҷалб кардааст.

Ба қавли Устод Иброҳим Усмонов, ҳафтаномаи «Чархи гардун» мисли рӯзномаи «Бухорои шариф» як раҳкушоие барои мардуми тоҷик аст.

Чанд сол қабл адиби тавонои тоҷик Умари Шерхон ҳам дар васфи ин ҳафтанома аз ҷумла гуфта буд: «Бо падид омадани ин ҷарида дар фазои иттилоотии кишвар «Чархи гардун» дар қалби сокинони ҷумҳурӣ, аз хурд то бузург, аз косиб то муҳандис, аз хонандаи мактаби миёна то донишҷӯ, аз унвонҷӯ то олим, аз бонуи хонадон то узви парлумон, хуллас ба қалби ҳамагон маскан гирифт. Ин падида — эҷоди як рӯзномаи мустақил ба дили озурдаи қисмати зиёди аҳолӣ баъди воқеаҳои нобасомони солҳои 90-уми асри гузашта малҳам шуд. Ин ҷарида ҳамон айём фазои холии матбуотро пур кард…».

Кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба кормандони «Чархи гардун» 20-солагии ҳафтаномаро табрик гуфта, ба эшон қалами бурро, тансиҳатӣ ва сарбаландиҳо хоҳонанд.

 

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/10879-charkhi-gardun-20-sola-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *