Пас аз интишори маълумот дар бораи навори видеоии собиқ фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон ва изҳороти ӯ доир ба пайвастан ба сафҳои ДИИШ, дар Тоҷикистон қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуд. Портали мо — www.news.tj (www.asiaplus.tj) низ аз ин «тадбирҳо» дар канор намонд.
Субҳи рӯзи ҷумъа қариб ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс»-ро қатъ намуданд.
Аммо тариқи ба телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и дорои низоми Android насб кардани замимаи Play Market ва гузаштан ба суроғаиhttps://play.google.com/store/apps/details?id=org.greatfire.freebrowser шумо метавонед ба сомонаи мо дастрасӣ пайдо намуда, аз рӯйдодҳои дохил ва хориҷи кишвар огоҳ гардед.
Дар компютерҳои шахсӣ метавон браузери Browsecро насб намуд, ки бо суроғаиhttps://chrome.google.com/webstore/detail/browsec/omghfjlpggmjjaagoclmmo…. дастрас аст. Барои ба кор даровардани ин замима, дар саҳифаи кушодамешудаи интернет-мағозаи Chrome бо пахши тугмаи «Бесплатно» ё «Установить» насби васеъшавӣ (расширение)-и Browsec гузоштан зарур аст. Дар гӯшаи «Подтверждение нового расширения» пахши тугмаи «Добавить» зарур аст. Ҳамчунин дар панели Google Chrome мавҷудияти аломати васеъшавӣ (расширение)-и Browsec-ро санҷидан лозим аст.
Агар дар компюетри шумо барномаи Google Chrome насб нагардида бошаду ба гунаи мисол браузери Mozilla мавҷуд бошад, васеъшавии anonymoX —http://www.anonymox.net/en-ро мебоояд гузошт.
Ғайр аз ин, барои дастрасӣ ба сомонаи мо шумо метавонед аз анонимайзериhttp://cameleo.ru/ низ истифода кунед.
http://news.tj/tj/news/chand-tavsiya-baroi-dastras-ba-somonai-aziya-plyus