Архив рубрики: Ҳисобот

Ҳисоботи молиявии АМВАОМТ дар соли 2020

 

Ҳисоботи молиявӣ дар бораи  воридот ва хароҷот 
барои 31 декабри 20 20  с. Рамзҳо
Рақами қайд 396 «Б»
Ташкилот Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии РУКТ 30249582
востиахои ахбори оммаи мустакили Тоҷикистон» РМА 010012355
СИН А0251020019476
Шакли ташкиливу ҳуқуқӣ Хусусӣ
Ракам                                                                                                    Вохиди ченак: сомони
1. Бақияи маблағ аз соли гузашта 145692,45
2. ВОРИДОТИ МОЛИЯВӢ
2.1 Грантҳо ва дигар воситаҳо (кӯмакпулиҳо), ки дар давраи ҳисоботӣ гирифта шудаанд 1843880,95
2.2 Даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар намуди хизматрасониҳо
2.3 Саҳмияҳои аз ҳаққи аъзогӣ
2.4 Маблағҳое, ки тибқи шартнома барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ ба даст оварда шудаанд.
3. Маблағи умумии даромад 1843880,95
4. ХАРОҶОТҲОИ МОЛИЯВӢ
4.1 Субгрантҳои додашуда 788306,29
4.2 Фаъолияти хайриявӣ 0,00
4.3 Музди меҳнати кормандон 215498,60
4.4 Пардохтҳо барои ҷалби мутахассисон 155053,63
4.5 Андозҳо (даромад, иҷтимоӣ ва ғ.) 167228,20
4.6 Хариди таҷҳизот ва дороиҳои ғайримоддӣ (Барномаҳо ва иҷозатномаҳо) 0,00
4.7 Хароҷотҳо ва хизматрасониҳо барои корхона ва (молҳои конселярӣ, хизматрасониҳо барои корхона) 9239,46
4.8 Хароҷотҳо барои алоқа  (Интернет, телефон, ва ғ.) 12826,64
4.9 Нашрияи китоб ва дигар маводҳо 0,00
4.10 Хароҷотҳо барои сафари корӣ 40429,20
4.11 Хизматрасониҳои иҷоравӣ ва коммуналӣ 25500,00
4.12 Хароҷотҳо барои гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо ва ғ. 65676,26
4.13 Хароҷотҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ 0,00
4.14 Хароҷотҳои бонкӣ 2310,00
4.15 Дигар хароҷотҳои маъмурӣ (нависед) 0,00
5. Маблағи умумии хароҷот 1482068,28
6. Бақияи маблағ дар 31 декабр 507505,12
Эзоҳ: Дар ҳолати мавҷуд будани дигар намуди хароҷотҳои корхона, ки дар  ин шакл нишон дода нашудааст, шумо бояд унсурҳои нави хароҷотро илова карда, онҳоро нишон диҳед.
Роҳбар Каршибоев Н.С.
(имзо) (ному насаб)
« « 20  с.

 

 

Ҳисоботи молиявӣ дар бораи воридот ва хароҷоти ТҶ АМВАОМТ дар соли 2019

 

Ҳисоботи молиявӣ дар бораи  воридот ва хароҷот 
барои 31 декабри 20 19  с. Рамзҳо
Рақами қайд 396 «Б»
Ташкилот Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии РУКТ 30249582
востиаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон» РМА 010012355
СИН А0251020019476
Шакли ташкиливу ҳуқуқӣ Хусусӣ
Ракам                                                                                                    Вохиди ченак: сомони
1. Бақияи маблағ аз соли гузашта 55043,23
2. ВОРИДОТИ МОЛИЯВӢ
2.1 Грантҳо ва дигар воситаҳо (кӯмакпулиҳо), ки дар давраи ҳисоботӣ гирифта шудаанд 480758,98
2.2 Даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар намуди хизматрасониҳо
2.3 Саҳмияҳои аз ҳаққи аъзогӣ
2.4 Маблағҳое, ки тибқи шартнома барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ ба даст оварда шудаанд.
3. Маблағи умумии даромад 480758,98
4. ХАРОҶОТҲОИ МОЛИЯВӢ  
4.1 Субгрантҳои додашуда 0,00
4.2 Фаъолияти хайриявӣ 0,00
4.3 Музди меҳнати кормандон 82669,66
4.4 Пардохтҳо барои ҷалби мутахассисон 78000,36
4.5 Андозҳо (даромад, иҷтимоӣ ва ғ.) 72509,52
4.6 Хариди таҷҳизот ва дороиҳои ғайримоддӣ (Барномаҳо ва иҷозатномаҳо) 30973,00
4.7 Хароҷотҳо ва хизматрасониҳо барои корхона ва (молҳои конселярӣ, хизматрасониҳо барои корхона) 11541,43
4.8 Хароҷотҳо барои алоқа  (Интернет, телефон, ва ғ.) 9261,47
4.9 Нашрияи китоб ва дигар маводҳо 10670,00
4.10 Хароҷотҳо барои сафари корӣ 29252,37
4.11 Хизматрасониҳои иҷоравӣ ва коммуналӣ 16425,00
4.12 Хароҷотҳо барои гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо ва ғ. 46565,20
4.13 Хароҷотҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ 0,00
4.14 Хароҷотҳои бонкӣ 2241,75
4.15 Дигар хароҷотҳои маъмурӣ (нависед) 0,00
5. Маблағи умумии хароҷот 390109,76
6. Бақияи маблағ дар 31 декабр 145692,45
Эзоҳ: Дар ҳолати мавҷуд будани дигар намуди хароҷотҳои корхона, ки дар  ин шакл нишон дода нашудааст, шумо бояд унсурҳои нави хароҷотро илова карда, онҳоро нишон диҳед.
Роҳбар
(имзо) (ному насаб)
« « 20  с.

 

 

Оё аз меъёрҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот истифода кардаед?

Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон дар байни 63 нафар журналистони кишвар дар мавзӯи дастрасӣ ба иттилоот пурсиш анҷом дод. Ба журналистон ва коршиносоне, ки дар ин пурсиш ба мо ҳамкорӣ доштанд, ташаккур мегӯем.

Тахлили пурсиши байни журналистон

Саволи аввали пурсишнома — “Меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот кадом талаботҳоро пешбини менамоянд?” — имконият дод, ки фикру андешаҳои намояндагони ВАО-ро оиди ба меъёрҳо ва талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот ҷамъ орем.

Таҳлил нишон дод, ки аксари иштирокчиёни пурсиш (46 нафар ё 74%) дар ин бора иттиллои кофӣ доранд. Фақат 10 нафар хабарнигорон  қайд кардаанд, ки муқаррароти қонун дар бораи дастрасӣ ба ахборро намедонанд, яъне аз муқаррароти Қонун ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” огоҳ нестанд. 1 нафар қайд намудааст, ки бо ин савол бояд ба ҳуқуқшинос муроҷиат кард, боқимонда 7 нафар саволи якуми пурсишномаро беҷавоб гузоштаанд.

Аз ҷумлаи 46 нафар иштирокчиёни пурсиш, ки муқаррароти қонунгузориро медонанд 26 нафар (зиёда аз 56%)  қайд намудаанд, ки тибқи моддаи 23 Қонуни ҶТ “Дар бораи  матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” мақомоти давлатӣ ӯҳдадоранд, ки ба ВАО, новобаста аз кадом расона будани хабарнигор, сари вақт, яъне дар мӯҳлати 3 рӯз ҷавоб гардонанд, агар иттилои мазкур омӯзиши бештарро талаб накунад ё ба рӯйихати маълумоти сирри давлатӣ ворид набошад. Дар сурати ҷавоб нагардондан дар қонун меъёри аз болои мақомоти давлатӣ шикоят кардан пешбинӣ шудааст. Қонуни мазкур дар мавриди дастрасии бетаъхири иттилоот ба кормандони ВАО имконоти васеи қонунӣ фароҳам овардааст.

Тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдори онҳо фавран маълумоти аниқ ба даст орад. Дар ҳамин маврид, воситаҳои ахбори омма низ аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳуқуқ доранд ахбор дастрас кунанд. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои бо ҳуҷҷатҳо шинос шудани онҳо шароит фароҳам месозанд.

Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводи танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор дар мӯҳлати то се рӯзи корӣ ҷавоб гардонанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти иҷтимоӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки онро қонун ҳифз кардааст дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бетаъхир пешниҳод карда мешавад.

20 нафари боқимондаи иштирокчиёни пурсиш якчанд талаботи Қонуни матбуотро номбар кардаанд, аз он ҷумла:

  • дастрас, озод ва ошкоро будани иттилоот;
  • саривақт пешниҳод кардани иттилоот;
  • ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот;
  • ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва ғ.

2 нафар журналисти дар пурсиш иштироккарда ишора намудаанд, ки инчунин, дар қонун муқаррар шудааст, ки агар мӯҳлати серӯза барои омода кардани ҷавоб кам бошад, ду ҳафта мӯҳлати иловагӣ пешбинӣ мегардад.

Ба ақидаи 2 нафар иштирокчиёни пурсиш дар бандҳои 3, 4, 5 моддаи 22 ва моддаи 23 қонуни нав нисбат ба қонуни пешина тафовути муҳим мавҷуд аст.

Агар тибқи қонунгузории пешинаи матбуот пешниҳоди иттилоъ ба ВАО аз ҷониби ташкилоту идора, муассисаҳо ва шахсони мансабдори онҳо аз рӯзи муроҷиат дар тӯли 1 моҳ сурат гирад, пас дар қонуни нав он то 3 рӯзи кориро ташкил медиҳад.

Иштирокчиёни пурсиш инчунин қайд намудаанд, ки дар сурати пешниҳод накардани иттилоъ шахсони масъули мақомоти давлатӣ ба ВАО бояд сабабашро шарҳ диҳанд, дар ҳолати акс ниҳоди мавриди назар, ки аз додани иттилоъ худдорӣ кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Як нафар журналист хавф дорад, ки муқаррароти қонун дар бораи пешниҳоди ахбори омӯзиши иловагӣ талабкунанда метавонад мавриди сӯйистифодаи мансабдорон қарор гирад. Яъне, дар ҳолати хоҳиш надошта ба сари вақт пешниҳод кардани иттилоъ, мансабдорон метавонанд баҳона пеш оранд, ки масъала омӯзиши иловагӣ талаб менамояд.

Як нафар журналист қайд намудааст, ки оё дархости хаттии электронӣ бо дархости коғазӣ ҳамвазн аст ё не?

Як нафар журналист ба саволи аввали пурсишнома ҷавоби муфассал гардонда моддаи 23  Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» иқтибос овардааст.

Дар моддаи 23  Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» омадааст, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам месозанд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд. Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад.

Саволи дуюм: Барои дастрас намудани иттилоот аз мақомоти давлатӣ ё дигар ниҳодҳо аксар вақт шумо ба таври хаттӣ муроҷиат мекунед, ё шифоҳӣ?

Аксари иштирокчиёни пурсиш ё 34 нафар (53,9%) мавриди ҷавоб додан ба саволи мазкур қайд намудаанд, ки ин аз маълумоти мавриди таваҷҷӯҳи онҳо вобаста аст. Яъне агар маълумот фаврӣ бошад ва барои он бойгониро кофтан, оморро дидан лозим набошад, пас шифоҳӣ муроҷиат мекунанд, аммо агар барои дастрас кардани маълумот бойгонӣ ва омор шарт бошад, ё ин ки ҳатман ҷавоби хаттӣ шарт бошад, пас ҳатман (16 нафар ё 26,6%) бо мактуб ба тариқи хаттӣ муроҷиат мекунанд. Дар ҳолати бо ягон баҳона саркашӣ кардани масъулини мақомоти давлатӣ аз додани масълумот, хабарнигорон маҷбур мешаванд ба онҳо хаттӣ муроҷиат намоянд.

Инчунин журналистоне, ки бештар бо хабарнависӣ машғуланд, аз тариқи телефон шифоҳӣ муроҷиат мекунанд ва иттилоотро дар муддати кӯтоҳ, ҳарчанд бо мушкилӣ бошад ҳам ба даст меоранд. Онҳо қайд кардаанд, ки “аммо дар бархе мавридҳо маҷбур мешаванд, ки хаттӣ ҳам муроҷиат кунанд. Ногуфта намонад, ки бо гузашти вақти муайяншуда (яъне 3 рӯзи тақвимӣ) ҳудуди 80 дарсади идораву мансабдорони зидахл посухи худро ирсол намекунанд ва агар ҷавоб ҳам диҳанд, як посухи расмӣ ва ба қавле “барои ишора” мегардонанд”.

Ба ақидаи 13 нафар журналистон (20,6%) муроҷиати хаттӣ барои дастрас намудани иттиллоъ имкон медиҳад, ки маълумоти расмӣ ва бомасъулиятона, дар вақти муайяншуда ба нишонии идора ворид шавад. Ҳамчунин, он дар шӯъбаи дахлдори ин ё он ниҳод ба қайд гирифта шуда, сеҳеҳияти он кафолат дода мешавад.

Таҳлили фикру ақидаҳои журналистони дар пурсиш иштирок карда нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо аксари мансабдорон талаботи қонунҳои ҶТ “Дар бораи иттилоот” ва “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”-ро барои худ “сипар” намуда, муроҷиати хаттиро талаб менамоянд. 2 нафар журналистон зикр намуданд, ки мақомот гуфтаанд: “хаттӣ ва таври расмӣ (бо мактуб дар бланки расмӣ, имзои сармуҳаррир ва мӯҳри корхона муроҷиат намоем, то онҳо ба суолҳои мо посух гӯянд”. Вақте ВАО тариқи хаттӣ муроҷиат мекунанд, аксари мақомот ба саволҳо ҷавоби умумӣ медиҳанд, яъне ҷавобҳо на ҳама вақт қаноатбахшанд.

12 нафар журналистон қайд кардаанд, ки “муроҷиати хаттӣ” гуфта, мақомоти давлатӣ танҳо муроҷиатеро дар назар доранд, ки он дар рӯи қоғаз навишта шудааст. Муроҷиати электрониро қабул наменамоянд. Бинобар ҳамин дар аксари маврид муроҷиати хаттӣ ба нафъи журналистон нест, зеро вақти зиёдро мегирад. Мутаасифона, на ҳамеша шахсони мансабдори мақомоти давлатии Тоҷикистон розӣ мешаванд, то шифоҳӣ суҳбат кунанд: “ Дар чунин ҳолат аз рӯйи моҳияти хабар нигоҳ мекунем. Ё аз баҳри иттилоъ мегузарем ё ҳатман дархости хаттӣ пешинҳод менамоем“, — зикр намуданд журналистон.

Ба ақидаи 13 нафар (20,6%) журналистон василаи хуб барои дастрас кардани иттилоот муроҷиати шифоҳист, чунки агар як мансабдор ҷавоб надод, мумкин аст дигараш ҷавоб диҳад ва ё ба шарти он, ки номаш фош нашавад, иттилоъ диҳад.

Як нафар хабарнигор қайд намудааст, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин маълумотро ҳамеша ба таври хаттӣ дастрас менамояд.

Саволи 3. Ба дархостатон аз кадом мақомоти давлатӣ ё дигар ниҳодҳо дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун (се рӯзи корӣ) ҷавоби қаноатбахш  гирифтаед?

Дар ин маврид ҷавоби журналистон гуногун буда, онҳоро гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст.

Ба андешаи 22 нафар журналистон (34,9%) онҳо на ҳама вақт ба дархости худ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонун ҷавоби қаноатбахш мегиранд. Бештар баъди муроҷиат ё шикоят кардан ба мақомот ё шахси мансабдори болоии онҳо иттилои лозимиро ба даст меоранд. Он ҳам бошад дар давоми 7-10 рӯз.

13 нафар (20,6%) иштирокчиёни пурсиш кайд кардаанд, ки дар давоми фаъолияташон ба чанд мақомоти давлатӣ ва коршиносе, ки муроҷиат намуда бошанд, аз ҳамаи онҳо сари вақт ҷавоби қаноатбахш гирифтаанд.

Тавре, ки 14 нафар (22,2%) иштирокчиёни пурсиш қайд кардаанд, бештари онҳо ба мақомоти зерин:

  • БДА-и ҷумҳурӣ
  • Тоҷикстандарт
  • Хадамоти давлатии дорусозӣ
  • Ҳукумати шаҳри Душанбе
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зист
  • Вазорати кишоварзӣ
  • Палатаи савдо ва саноат
  • Вазорати маориф ва илм
  • Кумитаи олимпӣ
  • Оҷонсии омор
  • Вазорати тандурустӣ
  • Хадамоти гумрук
  • Хадамоти муҳоҷират
  • Вазорати меҳнат, хифзи иљтимоӣ ва шуғли аҳолӣ
  • Хадамоти алоқа
  • Вазорати рушди иқтисод
  • Додситони кул
  • Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
  • Вазорати мудофиа
  • Бонки миллӣ
  • Кумитаи андоз

расман муроҷиат карда, бе мушкилот ба дархости худ ҷавоби зарурӣ гирифтаанд, вале на аз ҳамаи мақомоти мазкур дар мӯҳлати 3 рӯзи дар қонун муқарраршуда, балки дар муддати аз 1 ҳафта то 10 рӯз ҷавоб гардондаанд. “Мақомот одатан талош мекунанд посухҳои умумӣ диҳанд, то ба расонаҳо иттилои бештару мушаххас роҳ наёбад”, — қайд намудаанд чанд нафар хабарнигорон.

Аз рӯи андешаҳои 14 нафар (22,2%) журналистон чунин хулоса  кардан мумкин астжурналистоне, ки дар мавзӯъҳои муайян тайи чандин солҳо фаъолият мекунанд, онҳоро мақомоти дахлдор хуб мешиносанд ва кӯмак мерасонанд,  бо онҳо ҳамкории хуб доранд ва ҳатто ба тариқи занги телефонӣ низ ҷавоби қаноатбахш медиҳанд.

Якчанд андеша оид ба ҷавобҳои саривақтӣ ба дархостҳо:

  • “Аксар вақт ҳамон лаҳзаи муроҷиат кардан маълумот дастрас мекунем. Ҳамчунин, мешавад, ки бо маслиҳат рӯзашро муайян мекунем. Давоми соли равон ду маротиба ба ВКД барои маълумоти заруриро гирифтан мактуб карда будам ва дар мӯҳлати муқараршуда маълумотро пешниҳод карданд”.
  • Дар вақти муқарраргардида аз Бонки миллии Тоҷикистон, “Амонатбонк”, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳое, ки бо мо ҳамкории пайваста доранд, ҷавоб мегирем.

Як мисоли мушаххаси хабарнигор аз вилояти Суғд: Соли гузашта (2013) барои гирифтани маълумот ба Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва гумруки вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти онҳо ба таври шифоҳӣ муроҷиат намудам, вале онҳо ба ҷойи додани маълумот ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварданд ва билохира, розӣ шуданду вале гуфтанд, ки барои гирифтани маълумот ба таври хаттӣ муроҷиат намоям. Пас аз муроҷиати хаттӣ дар давоми 3 рӯз маълумоти лозимаро бароям пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, 18 нафар журналистон мавриди ҷавоб додан ба ин савол қайд намудаанд, ки ягон вақт дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун ба дархостҳои худ ҷавоб нагирифтаанд ва на ҳама макомоти давлатӣ омода ҳастанд ба дархостҳо ҷавоби қаноатбахш диҳанд. Аксари мақомоти давлатӣ (вазоратҳо) на дар се рӯз, балки дар мӯҳлати аз ин ҳам бештар (7-10 рӯз) ҷавоб менависанд ё умуман ҷавоб наменависанд. Ҳолате буд, ки ба дархости худ дар давоми як моҳ ҷавоб гирифтаанд. 12 нафар хабарнигорон қайд намудаанд, ки дар таҷрибаи фаъолияташон чунин набуд, ки давоми 3 рӯз ба дархости худ ҷавоб гирифта бошанд, ҳолатҳое буданд, ки мақомоти давлатӣ дархости журналисторо нодида гирифтанд.

Саволи 4. Кадом макомоти давлатӣ ва дигар ниҳодҳо дархости шуморо сарфи назар намуда, ҷавоб намефиристанд?

Андешаҳои журналистон перомуни саволи мазкур зиёд набошад ҳам, вале гуногунанд ва онҳоро ба чанд гурӯҳ ҷамъ овардан мумкин аст.

  • Ба андешаи 8 нафар хабарнигорон (12,6%) мақомоти давлатии Тоҷикистон як хусусияти аҷиб доранд. Баъди дархост бояд ҳатман чор-панҷ маротиба занг занеду баъд посухашонро дастрас кунед. Мақомоти давлатӣ дархостро сарфи назар намекунанд, аммо баъзе аз коркунони масъулашон мушкил доранд. Масъулин ҷавобро дер мефиристанд ва аксар вақт ин ҷавобҳо хусусияти худсафедкунӣ доранд.
  • Аз рӯи андешаҳои 9 нафар хабарнигорон (14,2%), мақомоти давлатӣ дархостҳоро сарфи назар намекунанд, вале, тарзе муносибат менамоянд, ки аз сарфи назар шудан ҳам таъсири зиёд дорад, масъулин бемасъулиятӣ менамоянд, ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки чунин рафтори онҳо дар аксар ҳолатҳо боиси кӯҳна шудани маълумот мегардад.

Аксарияти пурсидашудагон (43 нафар – 68,2%) андеша доранд, ки аз ҳама душвортарин мақомоти давлатӣ барои дастрасӣ ба иттилоот Вазоратҳои тандурустӣ, маориф, молия, кишоварзӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва «Барқи тоҷик», Кумитаи дин, Кумитаи амният, Хадамоти алоқа, Додситонии кул, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза зидди фасоди назди Президенти ҶТ, Хадамоти гумрук, Кумитаи марзбонӣ, Кумитаи андоз, Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷрояи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шӯрои адлия, Сарраёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия, мақомоти судӣ, мақомоти қудратӣ — ниҳодҳое, мебошанд, ки ҳамкориашон бо ВАО барои дастрасии маълумот хеле заиф аст. Яъне, ин ниҳодхо ба дархост посух медиҳанд, аммо дер ва ғайриқаноатбахш,  ё ин ки дархостро сарфи назар мекунанд. Дар ин маврид бавижа журналистони ҷавон аксаран вазорату идораҳои тандурустӣ, энергетика, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти алоқа, «Барқи Тоҷик»-ро ном бурдаанд. Ба андешаи як зумра журналистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ба дархостҳо сари вақт ҷавоб намедиҳанд.

Аз дигар тарф андешаҳое низ ҷой доранд (3 нафар ё 4,7%), ки дар он гуфта шудааст: қариб ҳамаи вазорат ва идораҳои давлатӣ марказҳои матбуотии худро вазифадор намудаанд, ки барои ҷавоб додан ба дархостҳои ВАО барои иттилоот мусоидат намоянд.

Як нафар рӯзноманигор аз вилояти Суғд қайд кардааст, ки «ёд надорам, ки дархости хаттии моро касе рад карда бошад, аммо ҳолатҳое шудаанд, ки ба муроҷиатҳои шифоҳии мо котиботи парлумон, Шӯъбаҳои милитсияи ноҳияи Мастчоҳ, Додгоҳи Олӣ, Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи фасод ҷавоб надоданд ё худ аз додани ҷавоб сарпечӣ кардаанд”.

Бо андешаи як нафар хабарнигор, қариб ҳамаи ниходҳои давлатӣ дархостро сарфи назар намуда, ҷавоб намефиристанд: “Яке аз ин ниҳодҳо Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур аст, ки аслан ё номаро нодида мегирад ё онро беҷавоб мегузорад”.

Саволи 5. Агар мақомоти давлатӣ ба дархостатон ҷавоб (саривақт?) нагардонад, кадом иқдомро пеш мегиред?

Андешаҳои хабарнигорон дар ин бобат низ гуногун аст. 14 нафар (22,2%) қайд кардаанд, ки дар ин ҳолат аз рӯи принсипи умумии журналистика амал карда, аз меъёрҳои қонунгузорӣ истифода мебаранд, дар хабару матлаби нашршаванда қайд менамоянд, ки “фалон мақомот аз додани иттилоъ дар ин бора худдорӣ кард”, яъне расман эълон мекунанд ва барои маслиҳат дар навбати аввал ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон муроҷиат мекунанд.

Инчунин ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук хабар паҳн мекунанд, ки вокуниши иҷтимоиро ба миён меорад (1 нафар).

Аз таҷрибаи хабарнигорон бармеояд, ки як қисми онҳо (10 нафар ё 15,9%) дар чунин ҳолат такроран муроҷиат карда, сипас барои кашолкорӣ мақомоти давлатиро дар нашрия мавриди танқид қарор медиҳанд, ё ба муҳаррир муроҷиат мекунанд, то ки худи муҳаррир ҳар икдоме хоҳад пеш гирад.

Дар ҳолатҳои дигар журналистон ба манбаи наздики ин соҳа ё коршиносон (22 нафар ё 34,9%) муроҷиат менамоянд. Агар мавод таҳлилӣ бошад, ба таърих ва мантиқ низ такя кардан мумкин аст.

Бархе аз хабарнигорон қайд кардаанд, ки агар иттилоъ муҳим бошад, онҳо талош  мекунанд, то ки аз манбаи дигари ин мақомот иттиллоъ дастрас кунанд.

Бархе аз хабарнигорон кӯшиш менамоянд, ки аз манбаъҳои алтернативӣ – созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба дархости худ ҷавоби кофӣ даёфт намоянд. Агар нашуд, тибқи қонун иқдом карда ба додгоҳ муроҷиат  мекунанд (2 нафар ё 3,17%). 4 нафар журналистон (6,3%) қайд менамоянд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба онҳо занг зада, хотиррасон мекунанд, ки мӯҳлати дархост гузашта истодааст.

17 нафар хабарнигорон (26,9%) қайд кардаанд, ки дар ин ҳолат аз ҳамон иттилои лозимӣ даст мекашанд, чун бидуни ҷавоби мақомот баъзе иттилоъро пахш карда намешавад.

Хабарнигорон ҳамзамон метавонанд:

  • Ҳангоми ба дархости шифоҳӣ ҷавоб нагирифтан, ба таври хаттӣ муроҷиат менамоянд ва агар дар ин ҳолат ҳам ҷавоб надиҳанд, дар асоси муроҷиати хаттӣ, ки дар моддаи 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» омадааст, ба суд шикоят мебаранд;
  • Ба созмонҳои ҳомии озодии баён, Иттифоқи журналистон ё ягон ташкилотҳои дигари ҳимояткунандаи ҳуқуқи журналистон муроҷиат/шикоят намоянд ва ҳамчунин аз мақомоти дахлдор хохиш мекунанд, ки ба ин қазия расидагӣ кунанд;
  • Аввал ба мақомоти болоӣ ё роҳбарият навишта, ниҳоят ба суд муроҷиат намоянд;
  • Дар нишастҳои матбуотӣ дар бораи камҳавсалагии тобеонашон ба раҳбарияти аввали вазоратҳо шикоят кунанд;
  • Мавриди сарфи назар кардани мақомоти давлатӣ, ин масъаларо дар шакли мактуб дарҷ карда, барои чораҷӯӣ ба унвонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ирсол мекунанд.

Як нафар хабарнигор навиштааст, ки журналистон дар ҳолати саркашӣ кардани масъулони мақомоти давлатӣ аз додани ахбор аз имконияти қонунии шикоят кардан (банди 5 моддаи 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситахои ахбори омма») истифода намебаранд. Журналисти мазкур қайд намудааст, ки вай ба ғайр аз шикояти судии роҳбари сомонаи «Авеста» Зафар Абдуллоев, дигар намунаи ба суд муроҷиат кардани журналистонро дар ёд надорад.

Нафаре аз хабарнигорон қайд кардааст, ки вобаста ба ҳолати кор амал мекунад: «Дар сурати таъҷилӣ будани матлаб ё характери кӯҳнашавӣ доштани мавзӯъ менависам, ки аз додани посух ба суолҳо худдорӣ карданд. Аммо дар сурати кофӣ будани вақт талош мекунам, бо ҳар роҳе набошад, ҳатто аз тариқи манбаъҳои пинҳонӣ низ беном истифода барам. Ё ба шахси аввали мақомоти зидахл муроҷиат мекунам».

13 нафар (20,6%) қайд намудаанд, ки дар ҳолати аз мақомот посух нагирифтан ягон икдомро пеша намекунанд, зеро қайд кардаанд:

  • Чорае ҷуз сарфи назар кардан нест, чун ҳар ҷое, ки муроҷиат мекунем ҳолат ҳамин аст;
  • Бо онҳо вориди баҳс шудан фоида надорад;
  • Ё фаромуш мекунем, ё зери лаб ягон дашноми қабеҳ медиҳему ба дунболи корҳои дигар мешавем.

Саволи 6. Оё боре аз болои мақомоти давлатӣ ё ниҳодҳои дигар, ки дархостатонро беҷавоб гузоштанд, оид ба амал ва ё беамалии мансабдорон ба мақомоти болоии онҳо ё суд шикоят кардаед (ё карданӣ ҳастед)?

Мавриди ҷавоб гардондан ба ин савол, хабарнигорон ақидаҳои нисбатан кӯтоҳро қайд намудаанд. Дар аввал атрофи ақидаҳои умумӣ истода мегузарем:

17 нафар хабарнигорон (26,9%) қайд кардаанд, ки ҳамеша пофишорӣ карда, инчунин роҳҳои дигари дастрас кардани иттиллоотро (шиносҳо, муносибатҳои шахсӣ, муносибати хуб бо роҳбарият ва ғайра) истифода намуда, маълумоти заруриро ба даст овардаанд ва зарурат ба арзу-шикоят намондааст. Инчунин, дар ҳолатҳои зарурӣ, ба мақоми болоии ин ё он мақомоти давлатӣ шикоят бурдаанд. Хабарнигороне ҳастанд, ки ба суд муроҷиат накардааанд, аммо хадамоти мониторинги Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистонро огоҳ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттиллоъ гузоштаанд. Нафаре аз хабарнигорон қайд кардааст, ки дар ин ҳолат ба прокуратура муроҷиат мекунад.

11 нафар хабарнигорон (17,5%) қайд кардаанд, ки алҳол чунин ҳолат (ба суд шикоят кардан) мушоҳида нашудааст, зеро аксари онҳо ба мақомоти давлатӣ дархости хаттӣ пешниҳод накардаанд. Инчунин умедворанд, ки дар ҳолати рух додани чунин ҳолат, ки масъулини давлатӣ ба дархости онҳо расидагӣ хоҳанд кард.

Гурӯҳи калони журналистон (25 нафар ё 39,6%) андеша доранд, ки шикоят кардан бефоида аст ва натиҷаи мусбиро чашмдор шудан ғайриимкон аст. Аз тарафи дигар, барои шикоят навиштан ё ягон иқдоми дигарро пеша кардан вақти зиёд лозим аст, ки на ҳамаи хабарнигорон ин имкониятро доранд.

Гурӯҳи назарраси хабарнигорон (28 нафар ё 44,4%) боварӣ надоранд, ки арзу шикояти онҳо дар ин ҳолат ягон натиҷа меорад. Онҳо қайд кардаанд, ки дар оянда низ ба мақомоти судӣ муроҷиат карданӣ нестанд: «Э не амакӣ, куҷо шикоят мебарӣ, чӣ боло аз поёнаш бехтар аст?». Дигаре навиштааст: “Мо дигар кор надорем, ки судбозӣ карда мегардем? Мо ба суду судбозӣ машғул бошем, кӣ гузориш менависад?”

7 нафар хабарнигорон (11,1%) шикоят карданӣ ҳам нестанд, чун бовар надоранд, ки шикоят қонеъ гардонда мешавад. 1 нафар фикр мекунад, ки дар ҳолати ҳозира касе маблағ дошта бошад дар суду-судбозӣ бурд намекунад. Аммо дар оянда, агар ин ҳолат боз ҳам давом ёбад, ба мақомотхои судӣ нияти шикоят намудан доранд.

Андешаҳои алоҳида (айнан оварда шуд):

  • Танҳо дар ду маврид беҷавоб мондани дархостамро дар нишастҳои матбуотӣ иброз доштам ва муваффақ шудаам, яъне шикоят пазируфта шуд.
  • Дар мавриди амалкарди кормандони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки ба нишасти матбуотиашон дар таърихи 31 январи соли 2013 хабарнигори моро иҷозаи вуруд надоданд, номаи расмӣ унвонии роҳбарияти онҳо ирсол кардем ва пас аз чанд вақт бо имзои собиқ раиси он ниҳод — Сафиало Девонаев номае гирифтем, ки тибқи он масъули хадамоти матбуотии хадамот огоҳӣ гирифтааст.
  • Шикоятҳо сурат нагирифтаанд, вале барои дастрасии саривақтии иттилоот, ки дар кори соҳаи журналистика нақши муҳим дорад, мехостем ниҳодҳои давлатӣ худ тасмим гиранд. Агар не, пас зарурат аст, қи мақомоти қонунгузор як навъ масъулиятро бар фаолияти эшон, барои ҳамкории судманд ва саривақтӣ бо ВАО ба роҳ андозанд, то дар ҳоли саркашӣ кардан ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аммо дар сурати сахлангорӣ ба роҳбарият ё мақомоти болоӣ шикоят мекунам.
  • Ман накардаам. Чун ин корро бояд идораи нашрия кунад, на инфиродӣ.!

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ

ТАФСИРИ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон (давомаш)

14. Асардуздӣ (плагиат)

 Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ накунад. Асардуздӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад.

Меъёри мазкур масъалаҳоро вобаста ба плагиат ё худ асардуздӣ ба танзим даровардаст. Меъёри мазкур характери ҳуқуқӣ дошта, бевосита бо фаъолияти касбии журналистон алоқаманд аст. Плагиат – аз они худ намудани ҳуқуқи муалифии шахси дигар ва ҳамчун асари худ муаррифӣ намудани он, бе розигии муаллиф истифода бурдан ва ҳамчун эҷоди худ нишон додани асари муаллиф мебошад, ки дар натиҷаи он ба ҳуқуқу манфиатҳои муаллиф зарари ҷиддӣ расонида мешавад.

Масъалаҳои ҳуқуқи муаллифро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” ба тариқи пуррра танзим намудаанд. Масъалаи мазкур дар ҳамчунин дар Ахдномаи умумиҷаҳонӣ “Дар бораи ҳуқуқҳои муаллифӣ” низ танзим карда шудааст. Муаллиф — шахси воқеие мебошад, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии вай офарида шудааст. Ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои илмӣ, адабиёти бадеӣ ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷодӣ мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо татбиқ мегардад. Асарҳо бояд дар ин ё он шакли объективӣ, аз ҷумла дар шакли хаттӣ, даҳонӣ, сабти овоз, тасвир ва дигар шаклҳои қобили дарку эҳсос ифода ёбанд. Ҳуқуқи муаллиф ба асари илмӣ, адабиёти бадеӣ ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгирӣ, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиёт шарт нест. Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки тартиби гирифтани онро қонун муайян кардааст. Ҳуқуқи муаллиф дар давоми тамоми ҳаёти муаллиф эътибор дорад, ба мерос мегузарад ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, дар давоми панҷоҳ соли пас аз фавти муаллиф амал мекунад.

Зимнан бояд қайд намуд, ки санадҳои расмӣ, аз ҷумла қонунҳо, рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ, асарҳои эҷодиёти халқ, хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилоотӣ доранд, объекти ҳуқуқи муаллифӣ буда наметавонанд.

Тибқи талаботи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар чунин шаклҳо сурат гирифта метавонанд: аз ҷумла, бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як васоити техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад, бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо. Нусхаҳои асар ва фонограммае, ки таҳия ва паҳн намудани онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мешавад, нусхаҳои ғайриқонунӣ ҳисоб меёбанд. Аз тарафи идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист содир намудани яке аз амалҳои дар боло номбаргардида хилофи одоби касбии журналист мебошад.

Дар баробари ин, меъёри мазкур пешбинӣ намудааст, ки журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад. Идораи воситаи ахбори омма, сармуҳаррир, муҳаррир ва ё журналист ба заҳмати зеҳнии ҳамкасбонашон эҳтиром гузошта, заҳмати ҳамкасбонашонро бояд қадр кунанд ва нисбати заҳмати зеҳнию эҷодии ҳамкасбонашон ягон намуд беэҳтиромӣ зоҳир накунанд. Аз тарафи журналист зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати заҳмати ҳамкасбонашро ҳамчун беэътиноӣ нисбати касби рӯзноманигорӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.

15 Ислоҳи хато

 Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд.

Меъёри ахлоқии мазкур масъалаҳои вобаста ба ислоҳи хато ҳангоми нашри маводу мақолаҳоро танзим менамояд. Меъёри мазкур ба идораи воситаҳои ахбори омма ва журналистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми роҳ додан ба хато ва ё камбудӣ дар мавриди нашри мавод бояд камбудиро этироф намоянд, баҳри ислоҳ намудани камбудӣ амал кунанд ва кӯшиш намоянд, ки дар фаъолияти минбаъдаи касбиашон ба чунин хато ё камбудӣ роҳ надиҳанд.

Ислоҳи хато яке аз усулҳои муҳими худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма буда, барои таъмини мустақилияти касбии онҳо нақши муҳим мебозад. Ислоҳи хато инчунин гувоҳи масъулиятшинос будани воситаи ахбор буда, эътиборашро дар байни хонандагон баланд мебардорад, зеро ислоҳи хато хонандагонро гумроҳ намесозад.

Ислоҳи хаторо бо усулҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳҳои интишор кардани тасҳеҳ, эзоҳ, нашри такрории мавод, эълони ислоҳи хатогии техникӣ, нашри ҷавоб, раддия ва ғайраҳо ба амал баровардан мумкин аст. Эътироф намудан ва ислоҳ кардани хато на танҳо ба зиммаи идораи воситаи ахбори омма вогузор карда шудааст, балки ин ӯҳдадории бевоситаи журналисте низ мебошад, ки маводро омода намудааст. Дар мавриди ба миён омадани чунин ҳолатҳо, журналист вазифадор аст, ки дар назди идораи воситаи ахбори омма дар бораи ислоҳи хато масъала гузорад. Ислоҳи хато аз тарафи журналист ва идораи воситаи ахбори омма барои пешгирӣ намудани пеши роҳи баҳсҳои дар оянда ба миёномада мусоидат намуда метавонад.

16 Ҳамраъйии касбӣ

 ВАО ва журналист ҳамраъйии касбиро пеша мекунанд. Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом накунад. Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.

 Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд.

Меъёри мазкур ҳамраъйии касбии журналистонро ҳамчун яке аз усулҳои таъмин намудани иттиҳоди ҷомеаи журналистӣ арзёбӣ кардааст.

Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва дигар воситаҳои ахбори омма беасос иқдом накунад. Супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоии журналистанд — амру фармон ва супоришҳое мебошанд, ки бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дода шуда, ба рисолати касбии журналист мухолифанд ва мувофиқи эътиқоди журналист иҷро намудани онҳо боиси паст гардидани мақому мартабаи касбии журналист дар назди аҳли ҷомеа ё боиси ба миён омадани ягон намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегарданд. Зимнан бояд қайд намуд, ки мавқеи иҷтимоии ҳар як журналист мустақилона муайян буда, хусусияти хоси худро дошта, ифодакунандаи назару андешаи касбии ӯ мебошад.

Журналистон воситаи ахбори оммаро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд. Хусумати шахсӣ – ғараз, қасд ва манфиатҳои шахсие мебошанд, ки характери бадқасдона ва ихтилофангезона дошта, барои қонеъ гардонидани манфиати шахсӣ равона шудаанд. Ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон, пеш аз ҳама паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, хабари иғвоангез ва нашри маводу мақолаҳои барангезанда аст, ки мақсади ниҳоии онҳо ихтилоф андохтан дар байни ҷомеаи журналистон мебошад.

Тибқи талаботи қисми дуюми меъёри мазкур, агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд. Журналист вобаста ба фаъолияти касбиаш метавонад, ки дар ҳар шакл, аз ҷумла дар шакли ғайриқонунӣ оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, беасос оғоз намудани парвандаи айбдоркунии хусусӣ, ба суд пешниҳод намудани аризаи даъвогии беасос, ғайриқонунӣ дастгир кардан ва дар ҳабси пешакӣ гирифтан таъқиб карда шавад. Ҳамчунин таъқиб метавонад, ки дар дигар шаклҳои ғайриҳуқуқӣ низ ба амал бароварда шавад. Дар мавриди бо чунин асосҳо ва ё асосҳои дигар мавриди таъқиб қарор гирифтани журналистон, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ менамоянд. Пуштибонӣ намудани журналист аз тарафи ҳамкасбонро бо ҳама гуна роҳу усулҳои қонунӣ, аз ҷумла бо роҳи пахш намудани изҳороти созмонҳои рӯзноманигорӣ, муроҷиат кардан ба мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ, дар саҳифаҳои матбуот чоп кардани маводи исботкунандаи бегуноҳии журналист ва ғайра ба амал баровардан мумкин аст.

Зимнан бояд ёдрас шавад, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ гардидан ба фаъолияти касбии журналист дар модаи 162 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, ки тибқи мазмуни он дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофта ё фош намудани дигар тафсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро махфӣ нигоҳ дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.

17 Тартиби амалӣ гардонидани меъёрҳо

 Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳар шахси манфиатдор метавонад ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон муроҷиат намояд. Тасмими Шӯро дар ВАО нашр мешавад.

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии васоити ахбори омма мебошад. Шӯрои воситаҳои ахбори омма бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллук доранд, таъсис дода шудааст.

Меъёри мазкур тартиби баррасӣ гардидани ҳолатҳои риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро ба танзим даровардааст. Тибқи мазмуни меъёри мазкур ҳар як шахси манфиатдор метавонад, ки ба Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиат (шикоят) намояд. Мафҳуми “ҳар як шахси манфиатдор” мазмуни васеъ дошта, тибқи он ҳар як шаҳрванд, шаҳси ҳуқуқӣ, журналист, идораи воситаи ахбори омма, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муасисаҳои ғайридавлатӣ ва дигар ашхос, ки худро тарафи манфиатдори баҳси иттилоотӣ меҳисобад, ҳуқуқи ба Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиат (шикоят) намудан дорад. Муроҷиат (шикоят) бояд, ки ҳатман дар шакли хаттӣ мураттаб гашта, дар он ном, насаб, суроғаи шахси муроҷиаткунанда ҳатман нишон дода шуда бошад ва дар он имзои шахс тибқи тартиби муаяншуда гузошта шуда бошад. Муроҷиати хаттӣ якҷоя бо ҳуҷатҳои замимашуда бояд ҳатман дар ҳаҷми ду нусха тартиб дода шуда, ба суроғаи макони ҷойгиршавии Шӯрои воситаҳои ахбори омма оварда, ба Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои воситаҳои ахбори омма супорида шавад. Дар натиҷаи баррасӣ намудани муроҷиат (шикоят), Шӯрои воситаҳои ахбори омма муроҷиатро қонеъ ё рад менамояд, ё баҳси иттилоотиро бо созиши оштӣ додани тарафҳо анҷом медиҳад. Тасмими Шӯро дар шакли қаррор нашр шуда, он характери тавсиявӣ дорад. Тасмими Шӯро дар яке аз воситаҳои ахбори омма нашр мегардад. Масъалаи дар кадом воситаи ахбори омма нашр гардидани тасмими Шӯро дар қарори ба тариқи дастаҷамъона қабулнамудаи аъзоёни он қайд карда мешавад.

Муаллифон

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ

Соли 1961 таваллуд шудааст. Аз замони мактабхонӣ ба фаъолияти журналистӣ шавқу рағбат пайдо кардааст. Аввалин чакомаҳои қаламаш дар рӯзномаи кӯдакон «Пионери Тоҷикистон» ва рӯзномаи ноҳиявии «Шӯҳрати Ашт» ба табъ мерасиданд, сипас ӯ бо рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ҳамкорӣ мекард. Соли 1984 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм кард.

Фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» оғоз карда, ба ҳайси мухбир, мудири шӯъба, роҳбари иттиҳодияи эҷодӣ, муовини сармуҳаррир кор кардааст. Баъдтар ба вазифаи муовини директори АМИТ «Ховар» таъин гашт. Моҳи январи соли 1998 агентии иттилоотии хусусии «Интер-пресс-сервис» таъсис дод. Яке аз ташаббускорони таъсис додани Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОТ) буда, раиси он интихоб гашт. Соли 2002 бори дувум ба вазифаи раиси анҷумани мазкур интихоб гашт, соли 2007 бошад бори сеюм ба ҳамин вазифа интихоб шудааст. Дар тӯли 12 соли фаъолияташ роҳбари ягонаи ин созмони бонуфузи рӯзноманигорон мебошад.

Барои рушди воситаҳои ахбори омма фаъолона кор мекунад. Коршиноси шинохтаи соҳаи ВАО аст. Ба фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ, пуштибонӣ аз манфиатҳои ВАО дар мақомоти давлатӣ машғул аст. Иштироккунанда ва созмондиҳандаи конференсияҳои сершумори минтақавӣ дар соҳаи расонаҳои хабарӣ мебошад. Дорои собиқаи ғании фаъолияти тренерӣ, модераторӣ ва фасилитаторӣ аст. Муаллифи беш аз 600 мақола, очерк ва маърӯзаҳои илмӣ аст. Бо унвони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Узви Шӯрои ВАО ҶТ мебошад.

Иноятов Иноят, адвокат.

Соли 1998 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси фаъолияти ҳуқуқии байналмилалӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1998-2000 дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба сифати муфаттиш ва ёрдамчии прокурори ҳарбӣ кор кардааст. Солҳои 2001-2003 дар Шўъбаи рӯзонаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аспирант таҳсил намудааст. Солҳои 2000-2003 ба сифати ҳуқуқшинос-маслиҳатчии Созмони байналмиллалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» фаъолият намудааст.

Аз соли 2003 инҷониб ба сифати адвокати мустақил фаъолият дорад. Ба сифати адвокат дар мурофиаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ иштирок карда, ҳуқуқҳои якчанд воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва журналистонро ҳимоя намудааст. Муаллифи як қатор мақолаву дастурҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи журналистон мебошад.

Аз соли 2006 инҷониб ҳуқуқшинос-маслиҳатчии Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2009 инҷониб узви Шӯрои ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Озодии иттилоот озодона ҷустуҷӯ кардан, озодона дастрас намудан ва озодона интишор додани маълумотро дар назар дорад, ки он мабдаи асосии озодии сухан ва баёни андеша мебошад. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии сухан ва баёни андеша дар чунин ҳуҷҷатҳои байналмилалии амсоли Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 19 Аҳдномаи байналимилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ кафолат дода шудааст. Аҳдномаи байналимилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро Тоҷикистон соли 1999 эътироф намуда, бо ҳамин ӯҳдадор гардид, ки иҷро гаштани онро таъмин менамояд.

Барои татбиқ гаштани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот бояд заминаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалии дастрасӣ ба иттилоот, аз он ҷумла ба Интернет- ҳамчун сарчашмаи дигари ахбор ба вуҷуд оварда шавад. Мутаасифона, вақте сухан дар бораи дастрасӣ ба иттилоот меравад, ҳамеша дастрасии ВАО ба сарчашмаҳои иттилоот ба назар гирифта шуда, ӯҳдадориҳои давлат оид ба таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот фаромӯш мегардад. Дар ин замина, аз як тараф масъалаи шаффофият ва таҳти ҳисоботқарор доштани ҳукумат ба миён омада, аз тарафи дигар масъалаи решакан намудани беэътимодии шаҳрвандон ба қонунҳоро таъмин намудан зарур аст, то ин ки онҳо аз ҳуқуқи одамони огоҳ будан истифода бурда, дар ҷараёни қабул кардани қарорҳо иштирок кунанд.

Ҳамин тадқиқотро Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) моҳи сентябри соли 2010 дар чорчӯбаи лоиҳаи «Вусъат додани дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон барпо намуд. Тадқиқот ба ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва амалии фаъолияти Интернет дар Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи дигари ахбор бахшида шудааст. Асоси методологии тадқиқотро пурсиш ба воситаи анкета, мусоҳиба бо ширкаткунандагони пурсиш, мубоҳисаҳо дар фокус-гурӯҳҳо бо истифодаи хизматрасонии Интернет ташкил дод. Истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ба тадқиқотчиён имконият дод, ки барои таҳлил маълумоти мукаммал ва саҳеҳ ба даст оранд. Дар чорчӯбаи лоиҳа рушди Интернет ва масъалаи дастрасӣ ба он дар Тоҷикистон дар 10 соли охир (солҳои 2000-2010) мавриди тадқиқ қарор дода шуд.

Дар тӯли 10 соли охир дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омадааст. Масалан, агар дар анҷоми солҳои 90-и асри гузашта дар бозор ҳамагӣ 1 ширкати дастраскунандаи Интернет ва 1 оператори алоқаи рақамӣ фаъолият дошта бошанд, пас инмрӯз миқдори онҳо аз 10 гузаштааст. Ҳамаи дастраскунандагони Интернет ва операторон дар фаъолияташон аз технлогияҳои пешқадами муосир истифода мебаранд.

1. ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ

Ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти Интернет дар заминаи қонунгузории амалкунандаи танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бунёд гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули қонунгузорӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳанӯз аз соли 1999 ёфта буд. Дар тӯли 10 сол дар ин самт 7 қонун ва як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид. Фаъолият дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз он ҷумла Интернет тибқи қонунҳои зерин танзим карда мешавад:

— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоотонӣ» аз 6 августи соли 2001;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот» аз 10 апрели соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 10 майи соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2 декабри соли 2002;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июни соли 2007 года – 18 июня 2008;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008.

Илова бар ин, барои минбаъд рушд кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои асосии қонунҳои мазкур дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, аз он ҷумла:

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳои таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» (аз 16 сентябри соли 1999. №1347)

Бо Фармони мазкур бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар сохтори дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ маркази иттилоотию техники рушд ва хизматрасонии системаи автоматикунондашудаи омодасозии ҳуҷҷатҳо таъсис дода шуд. Ба зиммаи маркази мазкур вазифаи провайдери Интернет барои мақомоти идораи давлатӣ, аз он ҷумла хизматрасонии почтаи электронӣ (E-mail) вогузор гаштааст. Фармон аввалин ҳуҷҷати Ҳукумати ҶТ (мутобиқи замонаш) дар бораи ба шабакаи ҷаҳонӣ расман ворид шудани ҷумҳурӣ мебошад.

Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсис додани шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумот ва чорабиниҳо оид ба танзим намудани дастрасӣ ба шабакаҳои ҷаҳонии иттилоотӣ» (аз 8 августи соли 2001. №389)

Қарори мазкур бо мақсади иҷро кардани Фармони Президент қабул гашт, ки дар бораи он дар боло аллакай маълумот дода шуд. Дар асоси Қарор дар заминаи Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи (ҶСШК) «Тоҷиктелеком» шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. ҶСШК «Тоҷиктелеком» ба ҳайси оператори давлатии шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гаштааст. Бо ҳамин Қарораш Ҳукумат инчунин қоидаҳои хизматрасонии Интернетро дар қаламрави мамлакат тасдиқ намуд.

Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, Қоидаҳои мазкур тартибу қоидаҳои расондани хизматҳои Интернет, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои провайдерони (дастраскунандагони) хизматҳои Интернет, инчунин ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои мизоҷон танзим карда шудааст. Вале қайд намудан зарур аст, ки хосиятҳо, мӯҳтаво ва ҳаҷми ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои мазкур ба воқеияти имрӯза пурра мутобиқат намекунанд, аз ин рӯ, бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷумдар тӯли 10 соли охир, ба тағйирот ва иловаҳо ниёз дорад.

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 5 ноябри соли 2003. №1174)

Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки бо Фармони мазкур тасдиқ гаштааст, бо мақсади «ҷорӣ намудан ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа истифода бурдани технологияҳои иттилоотӣ, техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсияҳо, нисбатан пурратар таъмин намудани ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеа» қабул гаштааст.

Муқаррароти муҳими Стратегия меъёри он дар бораи вазифаи асосии танзимкунии робитаи байниҳамдигарии иттилоотӣ ба вуҷуд овардани шароит барои ташаккулёбии кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар ин соҳа мебошад. Принсипи масъул будани мақомоти иҷроия барои боэътимодӣ, шаффофият, пуррагӣ ва рӯзмаррагии иттилооти пешниҳодкардаашон бояд муқаррар карда шавад.

Барои мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҷузъҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, Стартегия, бо мақсади дар байни соҳаҳои гуногун ба вуҷуд овардани муносибатҳои шарикона, ба таври самаранок истифода бурдани технологияҳои иттилотию коммуникатсиониро пешбинӣ менамояд.

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани Консептсияи амнияти иттилоотии ҶТ» (аз 7 ноябри соли 2003. №1175)

Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи нуқтаҳои назари расмӣ ба ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии мамлакат мебошад.

Чунин консептсия бо мақсаде таҳия карда шудааст, ки дар заминаи он сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур ташаккул дода шавад; омода намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба таъмини ҳуқуқӣ, методӣ, илмию техникӣ ва ташкилии амнияти иттилоотӣ ва таҳия намудани барномаҳои мақсадноки таъмини амнияти мазкур.

Дар консептсия истилоҳоти «амнияти иттилоотӣ», намудҳо ва сарчашмаҳои таҳдидҳо, инчунин вазъи амнияти иттилоотии ҶТ ва вазифаҳои асосиии таъмини он муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, қайд гаштааст, ки сатҳи амнияти иттилоотӣ ба талаботи ҷомеа ва амнияти давлат пурра ҷавобгӯ нест. Танзимкунии номукаммали меъёрию ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи иттилооти омма масъалаи дар ҳудуди мамлакат ташаккул додани агентиҳо ва ВАО рақобатпазирро душвор мегардонад.

Ба қатори камбудиҳои мазкур инчунин таъмини номукаммали ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот ва он шароитеро дохил намудан мумкин аст, ки ҳангоми татбиқ намудани сиёсат дар соҳаи интегратсияи муҳити иттилоотии ҶТ бо муҳити иттилоотии байналмилалӣ саҳеҳӣ мавҷуд нест.

Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 30 июни соли 2004. №290)

Барномаи мазкур баҳри таъмини амнияти иттилоотии ҶТ дар асоси талаботи банди 2 Фармони Президенти ҶТ (аз 7 ноябри соли 2003, №1175) «Дар бораи Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мураттаб гаштааст.

Барнома ба татбиқ намудан ва дастгирӣ кардани асосҳои сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти иттилотии ҶТ, инчунин бо мақсади мукаммал гардондани чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва муҳандисию техникӣ дар соҳаи мазкур нигаронда шудааст.

Дар Барнома вазифаҳо ва самтҳои асосии татбиқшавии он муайян карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои асосии Барнома барои солҳои 2005-2010 мураттаб гаштааст. Татбиқ гаштани Барнома мебоист идораи амнияти давлатиро дар маҷмӯъ, қобилияти муҳофизатии онро таъмин намуда, барои рушди ҳамкории байниҳамдигарии ҶТ бо дигар давлатҳо дар соҳаи ҳифзи иттилоот шароит ба вуҷуд орад.

Назорат ва ҳамоҳангсозии корҳо ба зиммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ, ки Фармоишгари давлатии барнома мебошад, вогузор гаштааст.

Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани рушд ва дар амал ҷорӣ гаштани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҶТ» (аз 3 декабри соли 2004. №468)

Мақсади асосии Барнома ба вуҷуд овардани шароит барои баланд бардоштани фаъолияти босамари мақомоти ҳукуматӣ ва идора бо роҳи ба таври оммавӣ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.

Дар Барнома технологияҳои иттилоотии афзалиятнок муқарррар карда шуда, тавсифи сервисҳо ва хизматҳои иттилоотӣ пешниҳод гаштааст. Дар он ба масъалаҳои муайян намудани вазифаҳои амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот аҳамияти калон дода шуда, низоми иттилоотии идораи давлатӣ инъикос гаштааст. Тавсифи рақамии фарогирии минтақаҳои ҶТ бо техникаи компютерӣ, операторони рақамӣ ва Интернет нишон дода шудааст. Дар Барнома инчунин таъминоти кадрҳои ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти ва идораи давлатӣ нокифоя арзёбӣ гаштааст.

Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани Консептсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ» (аз 30 апрели соли 2008. №451)

Консептсия «бо он мақсад таҳия гаштааст, ки идораи самраноки давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотию таҳлилии дастгирӣ намудани қарорҳои идорӣ, рушди устувори иқтисодӣ, афзалиятнокии манфиатҳои давлатӣ ва амнияти миллӣ таъмин карда шавад». Сиёсати давлатии иттилоотӣ, мутобиқи консептсия, масъалаҳои марбути фаъолияти ВАО, ҷузъҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилооти ба таври оммавӣ дастрас, инчунин ҷиҳатҳои алоҳидаи амнияти иттилоотиро дар бар мегирад. Консептсия вазифаҳои афзалиятноки давлатиро муқаррар мекунад, ки аз байни онҳо «таъмини ниёзҳои ҷамъиятӣ ва шахсии иттилоотӣ»-ро ҷудо кардан зарур аст.

Дар Консептсия қайд гаштааст, ки аксари масъалаҳои ба озодии дастрасии журналистон ба иттилоот, ҳимояи шаҳрванд ва ҷомеа аз иттилои бардурӯғ ва бемасъулият то ҳол ҳаллу фасл карда нашудааст. Масъалаи иттилоотонии аҳолӣ дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва ғайраҳо муҳим боқӣ мемонанд.

Натиҷаҳои таҳлили ҷиҳатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистонро ҷамъбаст намуда, қайд кардан мумкин аст, ки дар амал истифода бурдани аксари санадҳои қонунӣ ва зерқонунӣ минбаъд низ беҳбудӣ талаб мекунанд, зеро механизмҳои татбиқ намудани онҳо то ҳол ба вуҷуд оварда нашудааст. Инчунин шаҳрвандон дар бораи қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ огоҳ нестанд. Боз як омили дигари муҳим: на ҳамаи роҳбарон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ дорои малакаи самаранок истифода бурдани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд.

2. ҶАНБАҲОИ ТЕХНИКИИ ДАСТРАСӣ БА ИНТЕРНЕТ

Тибқи маълумоти коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дар бозори Тоҷикистон технологияҳои зерини дастрасӣ ба Интернет истифода мешаванд: хатҳои тафсиршаванда (тибқи занг задан), бо хатти ҷудошуда аз рӯйи технологияи xDSL, бо радиоканалҳо ва WiMAX. Илова бар ин, стандартҳои зерини алоқаи рақамии амсоли GSM, CDMA 20001Х, CDMA450, AMPS, 3G-UMTS, 3G-HSDPA/3G-HSUPA истифода мешавад.

Интернет дар Тоҷикистон ба магистрали байналмилалӣ ба воситаи каналҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои оптоволоконӣ пайваст карда шудааст. Санаи оғози расондани хизматҳои дастрасӣ ба Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воли 1995 мебошад. Ҳамон сол «CАDА» (Агентии оид ба рушди Осиёи Марказӣ) дар Тоҷикистон ба расондани хизмати почтаи электронӣ оғоз намуд. Тавлиди дубораи Интернетро дар Тоҷикистон ба рӯзи 23 декабри соли 1998 марбут медонанд. Дар рӯзи мазкур Интернет сервис провайдери «Телеком текнолоҷи» бори нахуст дар мамлакат дар пойтахти кишвар дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳониро таъмин намуд. Ҳоло барои истифодабарандагони Интернет ба шабакаи ҷаҳонӣ ворид шудан кори мушкил нест, вале он ба сифати хизматрасонии провайдерон алоқаманд аст.

Бо мақсади рушд кардани шабакаҳои миллии магистрали телекоммуникатсионӣ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои Тоҷикистон лоиҳаи нав кардан ва рақамӣ намудани шабакаҳои телекоммуникатсионии «Тоҷиктелеком»-ро татбиқ намуда истодааст, ки лоиҳаи мазкур барои солҳои 2006-2010 пешбинӣ шудааст. Марҳила ба марҳила сохтани шабакаи баландсуръати ҷумҳуриявии оптоволоконӣ идома дорад. Амалан, ҳамаи вилоятҳо ва марказҳои калони ноҳиявӣ аллакай бо каналҳои баландсуръати алоқа пайваст карда шудаанд.

Дар ғарби мамлакат шабака бо TAE (The Fiber Optical Cable System Trans Asia Europe) транзистор ба воситаи Ӯзбекистон пайваст карда шудааст. Боз як пайвастшавии дигар бо транзистор ба воситаи Қирғизистон дар шарқи мамлакат ба нақша гирифта шуда, он сохтмони магистрал ба воситаи гурӯҳи навоҳии води Рашт то ноҳияи Ҷиргатолро дар бар мегирад. Ҳамин гунна пайвасткунӣ дар шарқи мамлакат бевосита ба ТАЕ дар Хитой (ба воситаи Мурѓоб ва ағбаи Қулма) пешбинӣ гаштааст. Магистрал аллакай бунёд шуда, вақтҳои наздик аз тарафи Хитой пайваст карда мешавад. Дар ҷануби мамлакат пайваст кардани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба магистрали миллии оптоволоконӣ (нурӣ) татбиқ гаштааст.

Интернет сервис провайдерони тиҷоратӣ ҳам шабакаҳои миллии интиқоли маълумот, асосан шабакаҳои нуриро (оптоволоконные), инкишоф медиҳанд. Ҳоло дар мамлакат беш аз 10 Интернет сервис провайдерон фаъолият доранд, ки «Вавилон-Т», «Сатурн», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоҷи Ltd» ва «Геймлайн» нисбатан фаъол мебошанд. Баъзе аз ширкатҳои мазкур инчунин ба каналҳои беруна ба воситаи мамлакатҳои ҳамсоя пайваст шуданро фаъолона инкишоф медиҳанд.

Дастрасӣ ба каналҳои берунаи алоқа маҳдуд аст ва нақшаҳои таруфаҳои пешниҳоднамудаи Интернет сервис провайдерон маҳз ба суръати дастрасӣ ба каналҳои беруна алоқаманд мебошад. Дар баробари он, то мобайни соли 2009 каналҳои асосии беруна ба воситаи каналҳои моҳворагии алоқа мегузаштанд. Бо ҳамин сабаб нархи дастрасӣ ба Интернет то ин вақт баланд буд. Тахминан дар нимаи соли гузашта ба воситаи Ӯзбекистон ба каналҳои алоқаи нурӣ гузаштанд. Дар натиҷа нархи Интернет қариб 45 фоиз арзон гардид. Дар асоси тадқиқоти дар муҳити Интернет сервис провайдерон гузарондашуда, нишондодҳои ҳадди ақали суръат ба таври зерин аст: боргирӣ аз канали моҳворавӣ – дар як сония 2400 kb, боргирӣ аз канали нурӣ дар як сония — 4 000 kb мебошад. Барои аз канали моҳвораӣ пайваст кардан дар як сония — 4000 kb, барои пайваст аз канали нурӣ дар як сония — 4000 kb мебошад. Нишондиҳандаҳои ҳадди аксар: барои боргирӣ – дар як сония 162 868 kb, барои пайваст ба шабака дар як сония 124 992 kb (Вавилон-Т) мебошад.

Провайдерони пешқадами мамлакат имрӯз ҳангоми дастрас кардани Тоҷнет ягон маҳдудият ба пеш намегузоранд. Маҳдудиятҳои мавҷуда ба сабабҳои имкониятҳои пайвастшавии таҷҳизот алоқаманд аст. Масалан, ҳангоми истифода бурдани ADSL дар як сония 8 Мб ахбор гирифтан ва дар як сония ба шабака 1 Мб ахбор гузоштан мумкин аст.

Тибқи андешаи коршиносон, аз нав таҷҳизондани стантсияҳои алоқаи телефонӣ бо технологияҳои рақамӣ ва нав кардани хатҳои магистралӣ ҷаҳиши бузург гардид. Ҳамаи корҳои мазкур дар мобайни солҳои 2000, бо дастгирии фаъолонаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба амал омад. Тавассути қарзи додаи намояндагии бонки мазкур ҶСШК «Тоҷиктелеком» тамоми инфрасохторашро дар мамлакат комилан таҷдид намуд. Омили дуюм пайваст гаштан бо шабакаҳои нурии интиқоли маълумот мебошад. Дар маҷмӯъ, ҷорӣ гаштани технологияҳои мазкур барои афзоиши шумораи истифодабарандагони Интернет дар ҶТ мусоидат намуд. Арзиши хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет яку якбора паст фуромада, арзиши таҷҳизоти мизоҷон ҳам ба маротиб поён рафт.

Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди минбаъадаи шабакаҳо ва баромадан ба каналҳои байналмилалии алоқа ба воситаи Қирғизистон ва Хитой ба минбаъд боз ҳам пасттар шудани нархҳои Интернет ва афзоиши устувории каналҳои берунаи алоқа мусоидат хоҳад кард. Рушди пайвастшавӣ ба шабакаҳои беруна ба афзудани имкониятҳои транзитии мамлакат ҳам мусоидат менамояд.

Тоҷикистон дар қаламрави шӯравии собиқ аввалин мамлакате мебошад, ки дар он шабакаҳои насли 3, ё тавре онро насли «гузариш» (3,5G) (3G-UMTS/3,5G-HSDPA) меноманд, истифода мешавад. Шабакаҳои аввалини стандарти 3,5G ҳанӯз соли 2005 истеҳсол шуданд. Айнан дар ҳамон вақт ду оператори GSM — «ТТ-Мобайл» (ТМ «МЛТ») ва «Вавилон-М» ба фаъолият шурӯъ карда буданд. 15 июни соли 2005 МЛТ («ТТ-Мобайл») дар ш. Душанбе дар шабакаҳои 3G дар ҳудуди шӯравии собиқ аввалин занги видеоиро татбиқ намуд. Баъд аз гузаштани чанд вақт шабакаҳои 3G-ро операторони стандарти CDMA (CDMA 2000х) низ ҷорӣ намуданд. Баъд аз 2 соли дигар «Вавилон-М» ва «ТАКОМ» (ТМ «Билайн») шабакаи стандарти 3,5G ҷорӣ намуданд.

Баъд аз ба истифода супоридани шабакаҳо ба истифодабарандагон сервисҳои амсоли видеотелефония, дастрасии баландсуръат ба Интернет ва ғайраҳо дастрас гаштанд. Ҳоло дар мамлакат 4 адад GSM-оператори алоқаи рақамӣ — «Вавилон-М», «МЛТ», «Tcell» ва «Билайн» фаъолият мекунанд, ки онҳо аз технологияҳои мазкур истифода мебаранд. Мутобиқи ҳисоботи вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо, шумораи умумии истифодабарандагони хизматҳои 3G ба 1 миллион нафар одам расидааст.

Ширкатҳои «Вавилон-T» ва «Интерком» аввалин шуда шабакаи насли 4-умро татбиқ намуданд, ки он дар заминаи технологияи WiMAX фаъолият карда, аз соли 2007 инҷониб хизмат расонда истодааст. Ҳарчанд, ки технологияҳо аллакай 2 сол инҷониб дастрас мебошанд, вале онҳо ба таври воқеӣ танҳо дар соли гузашта, дар баробари пайдо шудани таҷҳизоти нисбатан арзон ҷорӣ карда шуданд. Мутаасифона, дар бораи миқдори истифодабарандагони шабакаҳои мазкур маълумот мавҷуд нест. Мушкил он аст, ки провайдерон мизоҷонашонро аз ҷиҳати истифодабарии ин ё он технологияи дастрасӣ ҷудо намекунанд.

Имрӯз 4 адад Интернет сервис провайдерон – «Вавилон-Т», «Интерком», «Геймлайн» ва «Телекомтехнолоджи» ба воситаи технологияи WiMAX хизмати дастрасӣ ба Интернет мерасонанд. Қайд намудан зарур аст, ки аз байни ширкатҳои мазкур ширкати «Геймлайн», ки соли 2009 таъсис ёфта буд, танҳо дар асоси технологияи WiMAX хизмат мерасонад. Ба андешаи аксарияти мутахассисон, минбаъд боз ҳам арзон шудани таҷҳизоти дастрасии технологияҳои мазкур метавонад ба таври ҷиддӣ ба афзоиши шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон таъсир расонад.

3. ҶАНБАҲОИ АМАЛИИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ

Дар Тоҷикистон беш аз 10 ширкат ба таври воқеӣ хизмати Интернет мерасонанд. Рӯйихати провайдерон мутобиқи маълумоти муаллифони тадқиқоти омодагии электронии Тоҷикистон дар Ҷадвали № 1 нишон дода шудааст. Ба андешаи онҳо, миқдори Интернет сервис провайдерон мудом табдил меёбад, зеро дар бозор ширкатҳои нав зуҳур намуда, ширкатҳои «кӯҳна» аз байн мераванд. Рӯйихати мазкур дар миёнаи соли 2010 мураттаб карда шудааст.

Интернет-сервис провайдер Соли оғози хизмат-расонӣ Сомонаҳо
1 Вавилон-Т 2000 http://www.babilon-t.tj
2 Тољиктелеком 2003 http://www.tajiktelecom.tj
3 Интерком 1999 http://www.intercom.tj
4 Телеком Технолољи 1994 http://www.tajnet.com
5 Истера 2003 http://www.eastera.tj
6 ТАРЕНА 2002 http://www.tarena.tj
7 Сатурн Онлайн 2004 http://www.saturn.tj
8 Гейм Лайн 2009 http://www.gameline.tj
9 Компи Ворд 2003 http://www.cw.tj
10 Комсител 2000 http://www.cst.tj/
11 Анљумани Интеллект 2002 http://hujand.net/

Ҷадвали 1. Феҳристи Интернет-сервис провайдерони фаъол

Дар Тоҷикистон ду провайдер ба воситаи технологияи навтарини WiMax имконияти дастрасӣ ба Интернет медиҳанд. Инчунин 4 оператори алоқаи мобилӣ тибқи технологияҳои GPRS ва 3G ва 2 оператор ба воситаи технологияи 3.5G хизмати дастрасӣ ба шабака мерасонанд. Маълумоти мазкур дар мақолаи журналист Равшан Абдуллоев (www.newevrasia.net/ru/media) оварда шудааст. Тибқи маълумоти нишондодаи муаллиф, дар минтақаи Интернети Тоҷикистон – ТJ ҳоло қариб панҷ ҳазор номҳои доменӣ сабт шудааст. Вале ҳамагӣ 100 адади онҳо фаъолият мекунанд ё ягон маълумот доранд.

Дар Тоҷикистон оператори миллии «Вавилон-Т» (http://www.babilon-t.tj) маъруфтарин провайдери Интернет шинохта шуда, дар бозор номгӯйи пурраи хизматҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ мерасонад. Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи “ISP TELECOMM TECHNOLOGY Ltd.”, ки соли 1994 таъсис ёфта, аввалин Интернет провайдери Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (http://www.tajnet.com), низ дар бозор номгӯйи пурраи хизматҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ мерасонад

Гурӯҳи минбаъадаи провайдерони маъруф ширкати Saturn-Online (http://www.saturn.tj) аст, ки ҳамаи хизматҳои сатҳи ҷаҳонии амсоли Frame Relay, АТМ ва хизмати дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва «Тоҷиктелеком» мерасонад. Щиркати «Тоҷиктелеком» (http://www.tajiktelecom.tj) оператори миллии телекоммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки шабакаи он тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирифта, намудҳои пурраи хизматҳои амсоли алоқаи телефонии шаҳрӣ ва деҳот, алоқаи байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, почтаи электронӣ ва дастрасӣ ба шабакаи Интернет, радиошунавонӣ, алоқаи телефонӣ ва телекс мерасонад.

Тибқи рейтинги маъруфият ширкатҳои Интерком, бузургтарин оператори IP-телефонияи Тоҷикистон ва Интернет сервис провайдер (http://www.intercom.tj) ва «Истэра», ки номгӯйи пурраи хизматҳои дастрасӣ ба Интернет дар хатҳои ҷудошуда, хDSL, радиоӣ (бесим), LAN ё «диал-ап», IP-телефония; почтаи электронӣ; ВЕБ хостинг (http://www.eastera.tj) мерасонад, дар рӯйихат ҷойҳои минбаъдаро ишғол менамоянд.

Дар байни ширкатҳои мазкур MKF Networks, CompuWorld, TARENA, ҶСШП «КомСиТел ва Филиали ҶСШК «Тоҷиктелеком» ҷойҳои нисбатан пасттарро ишғол менамоянд.

Аз рӯйи нишондиҳандаи босифатии хизматрасонии мобилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ширкатҳои «Вавилон-М» барои сервиси ба таври бефосила фаъолияткунанда ва сифати аъло ва бо нархҳои арзон (http://www.babilon-m.tj) хизматрасонанда ва Ширкати «Индиго Тоҷикистон (Т-сеLL), ки моҳи ноябри соли 2001 аз тарафи корпоратсияи амрикоии МСТ ва Фонди Оғохон оид ба Рушди Иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд. Бо вуҷуди рақобати баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати «Индиго Тоҷикистон (Т-сеLL) ба яке аз операторони пешқадами алоқаи рақамии стандартӣ GSM (http://www.indigo.tj) табдил ёфта, он минбаъд ба Tcell (http://www.tcell.tj) ном гирифт.

ҶСШП «TT mobile» — ширкати муштараки Росия ва Тоҷикистон, ки бо мусоидати фаъолонаи Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дар ҷадвал мақоми минбаъдаро ишғол менамояд. Оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва оператори аввалини алоқаи мобилии Россия ҶСК «МегаФон» (http://www.mlt.tj) саҳомони Ширкати «TT mobile» мебошанд. Ҷойҳои минбаъдаро мутобиқан ширкатҳои ҶММ «Таком» — Beeline (http://www.beeline.tj), ЗАО «М.Теко» (http://www.mteko.tj) ишғол менамоянд.

Ширкати «SkyTel» (http://www.skytel.tj), аввалин GSM-оператори Тоҷикистон — «Индиго Сомонком» (http://www.somoncom.com) – ҳоло ширкати мазкур ба ҳайати Tcell ворид мешавад ва Ширкати ТК-Мобай – аввалин ширкати мобилии Тоҷикистон аз рӯйи стандарти СДМА (http://www.tk-mobile.tj) фаъолияткунанда мебошанд.

Масъалаи миқдори истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон дар бораи сатҳи воридшавӣ бояд мавриди баррасӣ алоҳида қарор дода шавад. Ҳоло тибқи сарчашмаҳои гуногун дар Тоҷикистон то 600 ҳазор истифодабарандагони Интернет мавҷуд аст. Зикр кардан зарур аст, ки рақами мазкур дар солҳои гуногун нишон дода мешавад. Масалан, дар маълумотҳои барои соли 2008 нишондодаи сомонаи Раёсати Марказии Иктишофи ИМА https://www.cia.gov/library /publications/the-world-factbook/rankorder/2153rank. html?countryName=Tajikistan& countryCode= ti®ionCode =cas&rank=103#ti, ва маълумоти соли 2009 нишондодаи сомонаи мазкурhttp://www.internetworldstats.com/ asia/tj.htm ва маълумоти барои соли 2010 нишондодаи сомонаи Index Mundi — http://www.indexmundi.com /tajikistan/internet_users.html рақами мазкур оварда шудааст. InternetWorldStat бошад ҳангоми овардани шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба маълумоти Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ ITU – http://www.itu.int/ ишора кардааст, Index Mundi бошад ба маълумоти маълумоти Раёсати марказии иктишофи ИМА ишора кардааст. Дар моҳи декабри соли 2009 бошад 3700 обуначиён (дар хориҷа истилоҳи subscribers – обуначӣ истифода мегардад) мавҷуд буданд. Вале дар ҷараёни тадқиқоти барпошуда маълумоти нисбатан дигар ба даст омадааст. Масалан, дар ҷараёни пурсиши аҳолии(1332 ширкаткунанда) кӯчаҳои шаҳрҳои Тоҷикистон маълум гашт, ки 73 фоизи ширкаткунандагон ақаллан як маротиба аз Интернет истифода бурдаанд. Аҳолии мамлакат то моҳи июли соли 2010 ба 7 487 489 нафар одам мерасид, ки қариб 34,1 фоизи аҳолиро кӯдакони то 14-сола, 3,5 фоизи аҳолиро одамони аз 65-сола калонсол ташкил медиҳанд.

Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи тадқиқот, 85 фоизи аҳолии шаҳрҳо ва 34 фоизи аҳолии деҳоти Тоҷикистон аз Интернет истифода бурдаанд. Бо назардошти он, ки 30 фоизи аҳолӣ дар шаҳрҳои калон маскун шудаанд ва 70 фоизи аҳолӣ сокини деҳотанд, маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон қариб 2 303 391 истифодабарандаи Интернет мавҷуд аст. Маълумоти мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба таври пурра арзёбӣ нагаштааст. Дар баробари он, 59 фоизи истифодабарандагони Интернет ақаллан як маротиба дар як рӯз аз хизматҳои Интернет истифода мебаранд, яъне доираи истифодабарандагони Интернет ба 1 359 001 одам мерасад. Воридшавии Интернет қариб 31 фоизи шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ, шумораи нуқтахои дастрасии умумии Интернет дар мамлакат 130-140 нуқтаро дар бар мегирад. Вақтҳои охир кам шудани миқдори нуқтаҳои дастрасии умуми Интернет мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти ҷомеаи коршиносон миқдори Интернет-қаҳвахонаҳо дар мамлакат ба 440-600 нуқта мерасад. Сабаби асосии кам будани нуқтаҳои Интернет-қаҳвахонаҳо талаботи Хадамоти давлатии оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ гирифтани иҷозатнома барои ташкил кардани нуқтаҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба Интернет (Интернет-қаҳвахзона) мебошад. Директори ФҶ «ГИПИ» Муҳаммадӣ Ибодуллоев қайд кард, ки Интернет-қаҳвахонаҳои шаҳрӣ тибқи иҷозатномаи провайдери дуюмдараҷа фаъолият мекунанд. Барои бо иҷозатномаи провайдери дуюмдараҷа фаъолият намудан беш аз даҳ ҳуҷҷат мураттаб кардан зарур аст. Дар баробари он, маблағи ҳармоҳаи пардохтшаванда ба 3 фоиз баробар аст. Инчунин бо сабаби афзудани иқтидор мудом иваз намудани таҷҳизот зарур аст, вале, ба андешаи Ибодуллоев, ҳамаи соҳибмулкони Интернет-қаҳвахонаҳои чунин имконияти молиявӣ надоранд.

Сервиси асосии нуқтаҳои дастрасии ҷамъиятӣ дастрасӣ ба серверҳои бозиҳое мебошад, ки дар муҳити Тоҷнет қарор доранд. Дар баробари он, дастрасӣ ба манбаъҳои беруна нархи нисбатан баланд дорад. Масалан, арзиши 1 соати дастрасӣ ба Интернет ба ҳисоби миёна 3 сомонӣ ё 0,67 доллари ИМА мебошад, вале нархи дастрасӣ ба серверҳои бозиҳо барои 1 соат баробари 1 сомонӣ ё 0,22 доллари ИМА аст.

Тавассути маблағгузорӣ кардани технологияҳо ва инфрасохтори ҳам ширкатҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ, сифати хизматҳо дар Тоҷикистон нисбат ба ибтидои соли 2000 хеле баланд гашт. Мутобиқи тадқиқоти коршиносон («Тадқиқот оид ба омодагии электронии Тоҷикистон») аз шумораи умумии истифодабарандагони Интернет 50 фоизи ширкаткунандагони пурсиш сифати хизматрасонии Интернет ба таври аъло ва хуб баҳогузорӣ намудаанд, 32 фоизашон бошанд ба сифати хизматрасонии Интернет баҳои қаноатбахш гузоштаанд, вале танҳо 18 фоизи онҳо ба сифати хизматрасонӣ баҳои ғариқаноатбахш додаанд. Сабаби асосии баҳои ғайриқаноатбахш додани сифати хизматрасонӣ паст будани суръати берунаи пайвастшавӣ мебошад, ки ба обунаҳои минималӣ рост меояд.

Пардохти миёнаи обуначӣ барои телефонии шаҳрӣ дар Тоҷикистон баробари 0,3 доллари ИМА мебошад. Нархи зангҳо барои ҳар як дақиқа баробари 0,0044 доллари ИМА аст. Ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» бошад хизмати дастрасии ройгон ба Интернетро ҷорӣ намудааст, ки тибқи он пайвастшавӣ баробари арзиши гуфтугӯи як дақиқаи телефонӣ мебошад. Инчунин Интернет сервис провайдери «Вавилон-Т» чунин хизмате мерасонад, ки ҳангоми он як дақиқаи пайвастшавӣ баробари арзиши як дақиқаи гуфтугӯи телефон мебошад. Вале дар ҳолати мазкур, бо сабаби сиёсати таруфагии ширкати «Тоҷиктелеком» арзиши як дақиқаи гуфтугӯ бо телефон 0,0088 доллари ИМА арзиш дорад, ки мизоҷони «Тоҷиктелеком»-ро дар вазъи нобаробар қарор медиҳад.

Масъалаи дастрасӣ ба шабакаи Интернет барои сокинони ҶТ ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Мутобиқи маълумоти расмӣ, музди миёнаи маош дар Тоҷикистон ба 345,34 сомонӣ ё 80,5 доллари ИМА баробар аст. Тавре қаблан қайд гашт, дар Тоҷикистон технологияҳои гуногуни дастрасӣ ба Интернет– аз дастрасии коммутаторӣ (Dial-up) то технологияҳои дастрасии насли 4 WiMAX истифода мегардад. Қайд намудан лозим аст, ки тавассути рушди босуръат, бозингарони асосии бозор («Вавилон-Т» ва «Тоҷиктелеком») дастрасӣ ба воситаи зангзаниро ройгон ба роҳ мондаанд. Ҳоло дастрасӣ ба Интернет бо хатҳои коммутаторӣ баробари арзиши занги телефонӣ барои як дақиқа аз 2 то 4 дирам мебошад.

Аксари Интернет-сервис провайдерон дар Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ таруфаи махсус ташкил карда, нархи дастрасӣ ба Интернет тибқи технологияҳои xDSL ва WiMAX бо назардошти трафик аз 8 то 70 доллари ИМА мерасад (обуначиён аз 512 МБ то 6 ГБ пайваст шудаанд). Зикр кардан лозим аст, ки суръати пайвастшавӣ ба Тоҷнет дар як сония то 2 Мб маҳдуд карда шудааст, ба каналҳои берунаи Интернет бошад дар як сония аз 64 Кб то 512 кб маҳдуд карда шудааст. Дар аксари ҳолатҳо нархи трафики дохилӣ дар Тоҷикистон муқаррар карда нашудааст. Ин ҳолат барои рушд кардани контенти провайдерон дар минтақаи Тоҷнет имкониятҳои васеъ фароҳам месозад. Нархи аз трафики муқарраргашта зиёд истифода бурдан ба ҳисоби миёна ба 0,02 долари ИМА дар вақти рӯзона ва 0,01 доллари ИМА дар вақти шабона баробар аст.

Провайдерони алоқаи мобилӣ инчунин аз рӯйи технологияҳои GPRS, EDGE, HSDPA/HSUPA намудҳои васеъдоманаи хизмати дастрасӣ ба Интернет мерасонанд. Нархҳо аз 20 доллари ИМА то 60 доллари ИМА мебошанд. Суръати пайвастшавӣ дар як сония аз 384 Кб то 7.2 Мб мерасад. Дар баробари он, аз трафик зиёд истифода бурдан ба ҳисоби миёна 0,10 доллари ИМА буда, тамоми трафик, аз ҷумла трафики дохили Тоҷикистон, нарх гузошта мешавад. Пайвастшавӣ дар вақти шабона комилан ройгон мебошад. Хизмати дастрасӣ ба Интернет ба воситаи технологияҳои мобилӣ дар бозори Тоҷикистон дар тӯли 2 соли охир босуръат рушд мекунад. То ин замон таҷҳизот барои пайвасткунӣ аз ҳад зиёд пурқимат буд ва ба аксари аҳолии мамлакат дастнорас буд.

Таҷҳизот барои пайвастшавӣ ба Интернет дар ҳолати xDSL аз 21 доллари ИМА, дар ҳолати WiMAX то 170 диллари ИМА, ва дар ҳолати 3G-модемҳо аз 50 доллари ИМА боло арзиш доранд.

Барои шахсони ҳуқуқӣ инчунин намудҳои гуногуни обунашавӣ бо назардошти трафик ва бе назардошти трафик пешниҳод карда мешавад. Нархҳо аз 25 то 200 доллари ИМА бо назардошти трафик ва аз 40 доллари ИМА то шартномавӣ бе назардошти трафик мерасанд. Нархи пайвастшавӣ ба Интернет барои ҳамаи ташкилотҳо, аз ҷумла бизнеси хурду миёна дастрас мебошад.

Аз тарафи дигар дастрасии васеъдомани Интернет то ҳол барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон дастнорас мебошад. Ҳатто дар ҳолати мавҷуд будани нархҳои мазкур шумораи истифодабарандагони алоқаи васеъдомани Интернет бо суръат баланд мешавад. Одамон ба дарки аҳамияти истифодабарии технологияҳои муосир расида истодаанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 90 фоизи стантсияҳои автоматии алоқаи телефонӣ бо рақамӣ иваз карда шудаанд, инчунин хатҳои асосии магистралӣ бо хатҳои нурӣ иваз карда шудаанд. Хатҳои нурӣ дар ҷойҳои пайвастшавии байни стантсияҳои автоматии алоқаи телефонҳо ҳам гузошта шудаанд. Бо ҳамин сабаб сифати хизматрасонӣ ба маротиб беҳтар гаштааст.

Илова бар ин, ширкатҳои хусусӣ ҳам коммуникатсияҳои иттилоотии худашонро ба вуҷуд овардаанд. Амалан ҳамаи ширкатҳои азим ва миёнаи Интернет-сервис провайдерон ҳоло дар шаҳрҳои калон дорои шабакаи худии нурӣ мебошанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ пайвандҳои нурӣ, инчунин чанд навбати Е1 (дар як сония 2 Мб ҳар як навбат) истифода мешаванд ё инфрасохтори бидуни ноқили дорои қобилияти мутобиқи интиқолдиҳӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

Провайдерони алоқаи мобилӣ инчунин аз ибтидои солҳои 2000 шабакаҳои худии миллӣ сохта онро инкишоф медиҳанд. Ҳоло беш аз 90 фоизи ҳудудҳои аҳолинишин бо шабакаҳои алоқаи рақамии провайдерон фаро гирифта шудааст. Аз рӯйи технологияҳои истифодашавандаи алоқа провайдерони алоқаи рақамии Тоҷикистон на танҳо дар қаламрави собиқи шӯравӣ, инчунин дар сатҳи ҷаҳон оид ба ҷорӣ намудан ва истифодабарии технологияҳои навтарин пешқадам мебошанд. Мутобиқан, сифати хизматрасонии алоқаи рақамӣ ба аҳолӣ Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Танҳо гоҳ-гоҳ бо сабаби мавқеи номаълуми Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ, мизоҷони баъзе ширкатҳои рақамӣ чанд муддат имконияти ба рақамҳои шаҳрӣ занг задан ва баръакс, аз рақамҳои телефонҳои шаҳр ба рақами мизоҷони ширкати рақамӣ занг заданро аз даст медиҳанд. Дар ҳолати дилхоҳ ҳамаи баҳсҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои ҶТ ҳам дар телефонҳои шаҳрӣ ҳам алоқаи рақамӣ барои мизоҷон безарар ҳаллу фасл карда шаванд.

Инфрасохтори дохилии интиқоли маълумот ҳам дар ширкати давлатии «Тоҷиктелеком», ҳам дар ширкатҳои хусусӣ ба таври дилхоҳ рушд кардааст. Имрӯз провайдерони пешқадам суръати дастрасӣ ба Тоҷнет маҳдуд намекунанд. Маҳдудиятҳои мавҷуда танҳо мутобиқи имконияти таҷҳизот барои пайвастшавӣ муайян карда мешавад. Масалан, ҳангоми истифодабарии ADSL дар як сония 8 Мб ахбор гирифтан ва дар як сония 1 Мб ба шабака ахбор загрузка кардан мумкин аст.

Дастрасӣ ба каналҳои берунаи алоқа маҳдуд карда мешавад ва нақшаҳои тарифии пешниҳоднамудаи Интернет сервер провайдерон маҳз бо суръати дастрасӣ ба каналҳои беруна муайян карда мешавад. Дар баробари он, то миёнаи соли 2009 каналҳои асосии беруна ба воситаи каналҳои алоқаи моҳвораӣ мегузаштанд. Бо ҳамин сабаб нархи дастрасӣ ба Интернет баланд буд. Тахмимнан дар нимаҳои соли гузашта ба воситаи Ӯзбекистон ба каналҳои нурии алоқа пайваст шуданд. Бо ҳамин сабаб нархи Интренет то 45 фоиз паст шуд. Дар асоси татқиқоти барпошуда дар байни Интернет сервер провайдерон нишондиҳандаи ҳадди ақали суръат барои гирифтани ахбор аз канали моҳвораӣ дар як сония ба 2400 kb, барои гирифтани азбор аз канали нурӣ дар як сония ба 4 000 kb, барои боргузорӣ ба шабака бо канали моҳвораӣ дар як сония 4 000 kb, барои боргузорӣ бо канали нурӣ дар як сония 4 000 kb ташкил медод. Нишондиҳандаҳои ҳадди аксар: барои боргирӣ дар як сония 162 868 kb, барои боргузорӣ ба шабака дар як сония 124 992 kb (Вавилон-Т) муқаррар гаштааст.

Минбаъд рушд кардани шабакаҳо ва баромадан ба каналҳои байналмилалии алоқа ба таври иловагӣ ба воситаи Қирғизистон ва Хитой ба минбаъд паст шудани нархи Интернет ва афзоиши устувории каналҳои берунаи алоқа мусоидат мекунад. Рушди пайвастшавӣ ба шабакаҳои беруна, тавре дар боло зикр гардид, инчунин ба афзудани имкониятҳои трназитии мамлакад таъсири мусбат мерасонад.

Тибқи баҳои коршоносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамаи нишондиҳандаҳои мазкур гувоҳи он мебошанд, ки дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон, агар сухан дар бораи суръати дастрасӣ равад, ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Ин ҳолат агар Тоҷнет ба қоидаи 80/20 ҷавобгӯ мешуд, қаноатбахш дониста мешуд. Дар ҳолати 80 фоиз будани захираҳо дар сатҳи маҳаллии ҳудуди Тоҷнет, ва 20 фоиз будани шабакаҳои беруна талаботи боло қаноатбахш ҳисобида мешуд. Ҳоло Тоҷнет аз рӯи контент (мундариҷа) ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нест. Тавре пурсиш нишон дод, 90 фоизи дархостҳо оид ба контент, ки дар ҷавобҳои ширкаткунандагони пурсиш нишон дода шудаанд, ба шабакаҳои беруна рост меоянд. Аксарияти онҳоро шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Шавқу рағбат ба манбаъҳои беруна паст мебошад, онҳо асосан сомонаҳои агентиҳои иттилоотӣ, сомонаҳои фароғатӣ ва пойгоҳи бозиҳо мебошанд.

Аксарияти тоҷикистониён дар бораи ба кӣ тобеъ будани сомонаҳои интернетӣ ва ба сиёсати иттилоотии онҳо таъсир расондани кӣ маълумот надоранд. Дар ин маврид намояндагони зиёиён, ходимони давлатӣ ва журналистон, коршиносони ВАО ва мутахассисони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ огмебошанд.

Ҳамаи малумотро дар бораи сомонаҳои бақайд гирифташудаи минтақаи Тоҷнетро дар сервери www.nic.tj пайдо кардан мумкин аст. Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи сомонаҳои минтақаҳои дигар — Рунет, Org, Сom, Net ва дигарон низ ба воситаи марказҳои бақайдгири доменҳо ва серверҳои ҷустуҷӯӣ мумкин аст. Бо вуҷуди дастрас будани иттилоот дар бораи соҳибони сомонаҳо, эҳтимоли бақайдгирии сомонаи Интернет бо номи шахсони номаълум мавҷуд аст ва аз ин усули бақайдгирӣ қувваҳои мухолифин метавонанд истифода баранд. Масалан, агар иттилоъ дар бораи соҳибони сомонаи Ҳаракати умумирусии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» http://tajmigrant.comдастрас ва озод бошад, пас иттилоъ дар бораи сомонаи «Ариана» http://www.ariana.su, ки дар бораи Тоҷикистон иттилоъ интишор медиҳад, ё сомонаи иттилоотии www.tjknews.com шарҳ дода нашуда, маҳдуд мебошад.

Ҳукумат дар симои хадамоти мутобиқ ва ҷузву томҳои тобеъи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо ваколати мониторинг намудани соҳаи Интернет доранд, вале бо сабаби мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ ва техникӣ онҳо трафик ва контентро пурра назорат карда наметавонанд. Ба андешаи коршиносон, инчунин СОРМ – системаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мавҷуд аст, ки эҳтимолан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус бо мақсади пешгирӣ намудани экстремизм ва терроризм истифода бурда шавад.

Собиқ Вазорати алоқа ва ҳоло Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳо аз соли 2006 инҷониб талаб дорад, ки системаи нави танзимкунӣ ҷорӣ гардад, ки он имконият медиҳад давлат Интернет-сервис провайдерон ва дастрасӣ ба телекоммуникатсияҳои берунаро таҳти назорати худ қарор диҳад. Ба надешаи коршиносон, дар ҳолати қабул шудани чунин система дар мамлакат шароит барои фишор овардан ба озодӣ ба вуҷуд меояд. Таъсис ёфтани «Маркази коммутатсионӣ ва нуқтаи дастрасӣ ба манбаъҳои ҷаҳонии иттилоотӣ», ё ба таври дигар Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳамаи ширкатҳои теленкоммуникатсионӣ ва Интернет сервис провайдеронро маҷбур месозад, ки трафикашонро ба воситаи маркази мазкур ба роҳ монанд. Барои аксари ширкатҳои хусусие, ки дар ин соҳа садҳо ҳазор долларашонро барои харидани таҷҳизот масраф кардаанд, таҳия намудани «маркази» таҳти назорати давлат боиси фоҷеа мегардад. Аксари таҷҳизоти ширкатҳои хусусӣ корношоям гашта, нархи онҳо ҳатто дар ҳолати фурӯхтан ҳам эҳтимол ҷуброн нагардад. Аз он ҷумла, ширкати «Вавилон-М» бо мақсади ба «Тоҷиктелеком» вобаста набудан хатти нурии шаҳри Душанберо маблағгузорӣ намудааст. Соҳибкорон арз мекунанд, ки агар «маркази ягонаи коммутатсионӣ» созмон дода шавад, ҳукумат соҳаи телекоммуникатсияҳо ва хизматҳои Интернетро монополия менамояд.

Ҳоло мутобиқи маълумоти Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директории Фонди ҷамъиятии «ГИПИ», лоиҳаи «маркази ягонаи коммутатсионӣ» бо сабаби асоснокии техникию иқтисодӣ надоштан барои мукаммал гардондан фиристода шудааст.

Интернет-сервер провайдерони Тоҷикистон бо мақсади техникӣ имкони мониторинг гузарондан доранд: онҳо мониторинги трафики ҳар сонияро гузаронда, трафикҳои воридотӣ ва содиротӣ, ҳаҷми трафик ва ғайраро месанҷанд. Провайдерон мониторинги трафики фурӯхташавандаро дар сонияи додашуда мегузаронанд. Онҳо фарқро назорат карда, ба ҳисоби миёна дар кадом марҳилаи вақт, рӯзона ё шабона, чанд нафар одамон аз Интернет истифода бурданро муайян мекунанд.

Бо вуҷуди таъкиди сохторҳои давлатӣ, ки гӯё мӯҳтавои (контент) сомонаҳои Интернет мониторинг карда намешавад, вале дар соли 2006 ва соли 2010 кӯшиши маҳдуд намудани дастрасии шаҳрвандон ба баъзе сомонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом дода шуд. Ба андешаи коршиносон, иқдоми мазкур бо қарори «омиронаи» мансабдорони давлатӣ ва бо мақсади ба роҳбарияти олимақоми мамлакат расондани хизмати «хирсона», ғайриқонунӣ анҷом дода шуд. Ҳамзамон, роҳбарияти олимақом ва намояндагони парламон вақти қабул кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии ҶТ дар соли 2007, ки Интернетро ба ВАО табдил доданд, арз намуданд, ки минбаъд сохторҳои махсус мӯҳтавои маводи Интернетро таҳти назорат гирифта, муаллифони маводро барои дифаматсия ба ҷавобгарӣ мекашанд. Вале баъд аз гузаштани се соли ворид кардани тағйироту иловаҳои мазкур то ҳол касеро барои дифаматсия дар Интернет ба ҷавобгарӣ накашидаанд.

Ҳарчанд, ки минтақаи домении .tj соли 1997 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале рушди Тоҷнет аз соли 2004 оғоз гардид. Зеро дар ибтидо минтақаи .tj ба ширкати амрикоӣ тааллуқ дошт. Танҳо дар миёнаи соли 2003 ҳуқуқҳои он ба ихтиёри маркази иттилоотию техники Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ гузашт.

Сомонаҳои нисбатан машҳури Тоҷнет сомонаҳои агентиҳои иттилоотӣ мебошанд. Дар байнашон сомонаи агентии иттилоотии «Азия Плюс» — http://www.asiaplus.tj, минбаъд сомонаи радиои «Озодӣ» — http://www.ozodi.org, хадамоти иттилоотии «Авеста» — http://www.avesta.tj, сомонаи телевизиони давлатии «Сафина» — http://www.safina.tj ва ғайраҳо нисбатан машҳур мебошанд.

Аз сомонаҳои мазкур истифодабарандагон ҳам ахбори пулакӣ ва ҳам ахбори ройгон дастрас карда метавонанд. Категорияи мазкури Тоҷнет дар рейтингҳои сомонаҳои хонданбоб мудом ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд. Агентиҳои иттилоотӣ нисбат ба дигарон афзалияти истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дарк кардаанд.

Ба қатори манбаъҳои махсусгардондашудаи веб-манбаъҳо қисми муайяни истифодабарандагони дорои манфатҳои якхела дохил мешаванд. Дар байни чунин манбаъҳо дар Тоҷнет манбаъҳои фароғатии шиносоӣ ва муошират, пойгоҳҳои мусиқӣ, сомонаҳои корҷӯӣ ва сомонаҳои бозиҳо нисбатан машҳур мебошанд.

Ба категорияи манбаъҳои ҷамъиятӣ сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо дохил мешаванд. Дар байнашон сомонаи Президенти ҶТ – http://www.president.tj, сомонаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд —http://www.khujand.tj ва сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ — http://www.mfa.tj нисбатан машҳур мебошанд. Сомонаи Вазорати корҳои хориҷа дар байни истифодабарандагони хориҷӣ бештар маъруф аст. Ду сомонаи аввал дар байни истифодабарангони тоҷик бо сабаби ба онҳо пешниҳод намудани робитаи мутақобила маъруф гаштаанд, зеро бо ҳамин восита шаҳрвандон масъалаҳои рӯзгорашонро ҳаллу фасл менамоянд.

Дар Тоҷикистон «блогсозӣ» ҳамчун зуҳурот рушд накардааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ даҳҳо блогҳо мавҷуданд, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ фаъолият карда,дар бораи Тоҷикистон хабар интишор медиҳанд. Ба андешаи журналисти мустақил К.Паршин, табодули андешаҳо дар сомонаҳои маъруфи сиёсии амсоли www.centrasia.ru мавҷуд аст, вале он блог нест. Маъмулан, хонандагон «ёддошташонро» дар мавриди маводи ба табърасида мегузоранд. Аксар вақт, дар майдончаҳои мазкур худи журналистон байни ҳамдигар хархаша мекунанд. Баъзеҳо бо истифода аз «ник» (тахаллус) ҳатто паёмҳои таҳқиромез мегузоранд. «Блогҳо мавҷуданд, вале онҳо хеле камшуморанд», — мегӯяд К.Паршин. – Тибқи маълумоти дар дастбуда, чанд сол муқаддам «интернетҳои» хориҷӣ (журналистони таҷрибаомӯзи ҷавони TOL Transitions Online, a US online magazine based in Prague) барои барпо намудани семинарҳо бо мақсади дастгирии сохтани блогҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Семинарҳо дар базаи Намояндагии Пажӯҳишгоҳи Британӣ оид ба инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон барпо карда шуданд. Аммо худи интернетҳо ба журналистони тоҷик ба таври содда чӣ будани блог, ба кӣ ва барои чӣ зарур будани онҳо ва кӣ будани фармоишгарони тарғиби блогро фаҳмонда натавонистанд

Сарчашмаи дигаре, ки худашро номбар кардан нахост, қайд намуд, ки блогҳо дар Тоҷикистон маъруф нестанд, онҳо танҳо дар муҳити журналистон маълуманд. Тахминан 10-12 нафар одамон блоги доимӣ доранд. Машҳуртаринашон дар байни онҳо блоги профессори факултети журналистикаи ДМТ Ҷовид Муқим аст, ки он бо ҳамкории Интернюс таъсис дода шудааст. Зеро ӯ маводи ҷолиб навишта, мудом блогашро нав мекунад. Эҳтимол ин ҳолат ба вазифаи ӯ алоқаманд бошад, зеро Интернюс барномае дошт, ки бахши калони блогҳоро дар бар мегирифт, вале он бенатиҷа анҷом ёфт. Созмондиҳандагони барнома одамонро ҷалб карда натавонистанд ва бартариҳои блогҳоро ба одамон фаҳмонда натавонистанд.

Дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» самти мукаммали блогҳо мавҷуд аст. Вале самти мазкур рушд намекунад. Дар блоги мазкури сомона асосан журналистон ба хотири онҳоро шинохтан ва ба таҳсил дар хориҷа даъват намудан 1-2 мавод менависанд.

Баъзе ҷавонони тоҷике, ки кайҳо боз дар хориҷа зиндагӣ доранд, дар бораи мамлакаташон менависанд. Аксар кӯшиш мекунанд, ки одамонро ба блогҳояшон ҷалб кунанд, вале блогсозӣ дар ҷумҳурӣ то ҳол маъруф нагаштааст. Ин ҳолат асосан ба маҳдуд будани дастрасӣ ба Интернет алоқаманд мебошад. Аҳолӣ чунин имконият надорад. Ба одамон ба хотири бо дӯстон ва ошноён сӯҳбат кардан нисбат ба блогҳои одамони ношинос ворид шудану мутолиаи маводи онҳо, ба шабакаҳои иҷтимоии амсоли «Ҳамсинфон» ё «Faсebook», воридь шудан осонтар мебошад. Блогбозҳои тоҷик асосан одамоне мебошанд, ки ба Интернет дастрасии ройгон доранд, — мегӯянд коршиносон.

Блогерҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон комилан вуҷуд надоранд. Ба андешаи коршиносон, сиёсатмадорон ва журналистони тоҷик, то ҳол блогро ҳамчун канали интишори иттилоот эътироф накардаанд.

Дар баробари он, дар қаламрави мамлакат ба якдигар фиристодани матнҳои хосияти табрикотидошта дар рӯзҳои идҳои миллӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ маъруф гаштааст. Хабарҳои ширкатҳои мобилӣ ҳамчун як намуди хизматрасонӣ ба истифодабарандагонашон, сабти мусиқӣ ва сигналҳои мусиқӣ, таруфаҳои нав/чорабиниҳои идона ва ғайра мебошанд, ки онҳо низ дар алоқаи мобилӣ маъруф гаштаанд.

Ба андешаи коршинос К.Паршин, паёмҳо (SMS) дар Тоҷикистон маъмул гаштаанд, махсусан дар байни ҷавонон. Дар мамлакат провайдерони зиёди алоқаи мобилӣ фаъолият мекунанд. Фиристодани паёми SMS нисбат ба занг задан бо телефон арзонтар мебошад. Дар баробари он, бо сабаби ҷорӣ гаштани формати 3G, имконияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ ҳамчун воситаи иттилооти оммавӣ васеъ гаштааст. Ба истифодабарандагони хизмати 3G, ду сол пеш каналҳои ТВ «Сафина» ва «Шабакаи аввали» ТВТ дастрас буданд, вале имрӯз ин намуди хизматрасонӣ аз тарафи операторони алоқаи мобилии «Вавилон-М» қатъ карда шудааст.

Аз тарафи дигар, истифодабарии хабарҳои рақамӣ ҳамчун омили ба вуҷуд овардани афкори умум хизмат кунад. Масалан, зимистони соли 2009 интишор гаштани хабари бардурӯғ дар бораи заминларзаи эҳтимолӣ боис гардид, ки аҳолии пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои калони мамлакат як шаби дароз дар кӯчаҳо гашта, бедорхобӣ кашанд. Вале аз ҳамин гунна имконият, яхне бартарф намудани хабари бардурӯғ ба воситаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ҳукуматдорон самаранок истифода бурда натавонистанд.

Дар баробари он, амрҳои маъруфи ходимони маъруфи дин, ки дар наворҳо (DVD, CD, VCD, MP3 ва ғайра) , касетаҳои аудио ва видеоӣ сабт карда шудаанд, дар байни як қисми муайяни аҳолии Тоҷикистон маъруфияти хоса доранд. Амрҳои маъруфи мазкур баъзан дар Интернет ҳам пайдо мешаванд. Аз ҷумла, амри маъруфи Эшони Нуриддин ва Хоҷӣ Мирзо дар байни пайравонашон маъруфияти баланд касб карда, дар форумҳои Интернет (http://www.musulmanin.com/audio-na-tajikskom.html) васеъ муҳокима мегарданд. Муносибати шаҳрвандон ба мӯҳтавои амрҳои мъруф якхела набуда, баъзеҳо ҷонибдорашон мебошанд, баъзеҳои дигар онҳоро танқид мекунанд. Истифодабарандагони дискҳо ва касетаҳо қайд менамоянд, ки чунин амрҳои маъруф нисбат ба тарғибот аксаран бештар хосияти тарбиявӣ доранд ва ба сиёсати давлатӣ ягон таъсир расонда наметавонанд. Вале ҳукуматдорон чунин иқломи ходимони динро маъқул намедонанд. Дар робита ба мавзӯи амри маъруфи онҳо қайд намудан ҷоиз аст, ки бо вуҷуди яке аз одамони маъруфи дини Тоҷикистон будан – имом-хатиби масҷиди «Муҳаммадӣ» (ноҳияи Ваҳдат) Эшони Нуриддинҷон Тураҷонзода чанд муддат пештар арз намуд, ки ӯ бо ҳукуматдорон мушкилот дорад. «Бори сеюм аст, ки маро ба КАМ даъват мекунанд ва даъваташонро бо он асоснок месозанд, ки гӯё ман дар амрҳои маъруфам сиёсати давлатро зери танқид қарор медода бошам, — қайд намудааст Эшони Нуриддинҷон. – Ман одамонро ба роҳи рост даъват мекунам. Дар амрҳои маъруфам ман фоҳишагариро танқид карда, зидди он сухан мегӯям, ки мусулмонони тоҷик динҳои дигарро қабул мекунанд ва ғайра. Яъне ман танҳо дар бораи аз ҷиҳати равонӣ ислоҳ шудани ҷомеа сухан мегӯям» («ASIA-Plus» №49 (463), 03.12.2008, http://www.asiaplus.tj/news/21/43843.html).

Бо вуҷуди он, ба кӯшишҳои чандинкаратаи манъ кардани фурӯши сабтҳои амри маъруф, интишор ёфтани онҳо ба таври оммавӣ идома дорад.

Ҳоло дар минтақаи .tj 6219 домен сабти ном шудааст. Аксари сомонаҳои Тоҷнет бо забони русӣ ахбор интишор медиҳанд. Ба андешаи аксари коршиносон, рушди минтақаи .tj ба забони тоҷикӣ дар сатҳи ибтидоӣ қарор дорад, вале акнун рушд карда истодааст.

Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо

(ҳисобот дар бораи кори «мизи мудаввар»)

17 декабр дар Душанбе маҷлиси «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: комёбиҳо ва дурнамо» барпо гашт. Дар муҳокимаи масоили дастрасӣ ба Интернет ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор 33 нафар намояндагони ВАО, Интернет-провайдерон, операторони хизматҳои мобилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла 14 нафар занон иштирок доштанд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони ВАО маҳаллӣ ва хориҷӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок карданд.

Аз ВАО маҳаллии ҷумҳурӣ 7 нафар – се намояндаи оҷонсиҳои иттилоотӣ (ОИ «Tоjnews», АМИТ «Ховар», ОИ «Помир-Медиа»), на намояндаи ҳафтаномаҳо («Фараж» ва «Озодагон»), интернет-рӯзномаи «Рӯзгор» ва телевизиони мутсақили ТВ «СМТ» ширкат доштанд. Расонаҳои хориҷиро радиоҳои ВВС, «Озодӣ», «Стан-ТВ» ва «СА-news» намояндагӣ карданд. Ходимони Фонди ҷамъиятии ГИПИ, Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон, инчунин коршиноси байналмилалӣ – директори Маркази рушди ВАО (Булғория) Огниан Златов ба ҳайси гурӯҳи коршиносон ширкат варзиданд.

Созмонҳои маҳаллии ҷамъиятиро ТҶ «Хома», Шӯрои ВАО, Дафтар ба ҳуқуқҳои башар ва риояи қонуният, Фонди ҷамъиятии ГИПИ ва АМВАОМТ намояндагӣ карданд. Дар кори «мизи мудаввар» инчунин 6 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ – САҲА, IWPR, ИҶК Фонди «Мадад»- Тоҷикистон ва Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар маҷлис инчунин намояндагони Маркази ВАО Булғория ва Анҷумани операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкат карданд.

Маҷлисро раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ифтитоҳ намуда, арз дошт, ки чорабиниро анҷуман дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди дастрасӣ ба иттилоот дар Интернет», бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» дар Тоҷикистон ва шарикии Фонди ҷамъиятии ГИПИ, Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тољикистон созмон дода шуд.

— Ҳадафи чорабинӣ вусъат додани дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттилоот бо роҳи оммавӣ гардондани истифодабарии манбаъҳои Интернет дар Тоҷикистон мебошад, — зикр намуд Н.Қаршибоев.

Ӯ инчунин афзуд, ки дар чорчӯбаи лоиҳа дар мавриди дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ахбор дар тӯли 10 соли охир тадқиқот амалї шуд. Дар заминаи тадқиқот таҳти сарлавҳаи «Нақши Интернет дар дастрасӣ ба иттилоот» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ китобча таҳия карда шудааст. Барои баррасӣ намудани масъалаҳои озодии баён, аз ҷумла, дастрасии шаҳрвандон ба Интернет, дар чорчӯбаи шабакаи навтаъсиси мусоидат намудан ба озодии сухан дар Тоҷикистон — TajFEN, майдончаи мубоҳисавӣ созмон дода шуд. Инчунин саҳифаи TajFEN таҳия шуда, дар ҳудуди сомонаи www.nansmit.tj ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он дорои RSS-лента буда, ба воситаи он барои дастрас намудан ба ахбор обуна шудан мумкин аст. Илова бар ин, намунаи сомонаи АМВАОМТ бо забони тоҷикӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки он барои васеъ шудани доираи истифодабарандагони манбаи мазкури Интернет мусоидат менамояд.

— Мо ният дорем, ки ҳам фаъол будани сањифаи дузабонаи TajFEN, ҳам намунаи тоҷикии сомонаамонро бо қувваи худамон ва бо роҳи ҷалб намудани сарчашмаҳои маблағгузор таъмин намоем, — ба суханаш афзуд Нуриддин Қаршибоев. – Зеро ҳадафи асосии лоиҳа васеъ намудани дастрасии шаҳрвандони ҶТ ба иттилоот бо роҳи оммавӣ гардондани истифодабарии манбаъҳои Интернет дар мамлакатамон мебошад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов – ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги АМВАОМТ дар мавриди Интернет, ҳамчун сарчашмаи алтернативии ахбор суханронӣ намуд. Тавре ӯ гуфт, Интернет дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоягонамон акнун суръат мегирад. Сабаби асосии аз кишварҳои дигар қафо мондани мо дар он аст, ки солҳои 90 Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд ва татбиқ намудани технологияҳои иттилоотӣ танҳо дар анҷоми солҳои 90 асри гузашта рост омад.

Имрӯз тибқи баъзе маълумот, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 850 ҳазор нафар одамон ё 13 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз Интернет истифода мебаранд.

— Бо вуҷуди он, ҳатто дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи таърихии рушди Интернет дар ҷумҳуриамон аллакай чанд маротиба кӯшиши мањдуд кардани сомонаҳои интернетӣ анҷом дода шудааст, — гуфт ӯ. – Масалан, дар арафаи интихоботи президентӣ дар соли 2006 дастрасӣ ба сомонаҳоиwww.centrasia.ruwww.ferghana.ruwww.arianastorm.сомwww.charogiruz.ru ваwww.tajikistantimes.ru қатъ карда шуда буданд.

Моҳи сентябри соли 2010, вақте ки дар шарқи мамлакат дар води Рашт амалиёти низомӣ бар зидди гурӯҳҳои террористӣ оғоз шуд, ба ҳамаи провайдерони асосии Интернет амр дода шуд, ки дастрасӣ ба чанд сомонаи иттилоотӣ www.avesta.tj, www.tojnews.tj, www.tjknews.com, www.centrasia.ru ваwww.ferghana.ru маҳдуд карда шавад. Сомонаҳои мазкур дар мавриди воқеаҳои қисмати шарқи мамлакат ахбори нисбатан мустақил интишор медоданд. Вале мақомоти ҳукуматӣ сабаби асосии баста шудани сомонаҳои мазкурро номбар накарданд. Овозаҳое паҳн гашт, ки гӯё фаъолияти сомонаҳои мазкур бо сабабҳои техникӣ маҳдуд карда шудааст.

Асомуддин Атоев, мушовири Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон аҳамияти технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсиониро дар ҳаёти ҷомеа қайд намуд. Ӯ аз ҷумла дар бораи бартариҳои Интернет ва технологияҳои мобилӣ дар рушди қобилиятҳои эҷодкорӣ суханронӣ намуд.

— Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ҳамчун платформа барои рушди мамлакати дар марҳилаи тараққӣ ва гузариш қарордошта як қатор бартариҳоро муҳайё мегардонад, — гуфт ӯ. – Масалан, онҳо ҷараёни мутобиқ гардондани технологияҳои мавҷудаи ҳалли вазифаҳои маҳаллӣ, инчунин ба вуҷуд овардани технологияҳои навро осон мегардонанд. Бозори технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ барои нишон додани аҳамияти истифодаи технологияҳои нав ҳам барои рушди инфрасохторҳои дастрасӣ ба Интернет, ҳам барои телефонияи мобилӣ мисоли хуб мебошад. Бо вуҷуди он, ки технологияи GSM алоқаи мобилӣ дар мамлакат танҳо дар соли 2000 шурӯъ шуда буд, вале афзоиши рақобат ба он оварда расонд, ки технологияҳои пешқадами амсоли 3G, 3.5G ва 4G мутобиқан дар солҳои 2005, 2008 ва 2010 татбиқ карда шуданд. Инчунин баъд аз он, ки яке аз ширкатҳои ватанӣ — Babilon-M технологияи 5G-ро таҳия намуда патент гирифт, Тоҷикистон ба ватани технологияи 5G табдил ёфт.

Иқтидори эҷодии истифодабарандагони бозори Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ дар масъалаи истифодабарии бартариҳои технологияҳо барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нисбат ба бозори Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва як қатор таъминкунандагони хизматҳо дар амал бештар зуҳур меёбад. Бо назардошти дастовардҳои бозори ватанӣ технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва маҳдудиятҳои мавҷуда дар он ду модели рушди минбаъдаи онро номбар намудан мумкин аст:

1. Модели ниёзмандӣ ба рушд, ки алоқмандии мамлакатро ҳамчун истифодабаранди мамлакатҳои истеҳсолкунандаи технологияҳо пурзӯр мегардонад. Истифодаи худсаронаи технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими ношаффофи бозор ба чунин дурнамо мусоидат менамоянд.

2. Модели эҷодкоронаи рушд, ки ҳангоми он мамлакат ба хаби минтақавии тронзити сели иттилоот ва маълумот табдил меёбад. Дарки истифодабарии Технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими шаффофи бозори технологияҳои рақамии иттилоотию коммуникатсионӣ бо назардошти манфиатҳои муназзами давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон баро чунин рушд мусоидат мекунанд.

Дар суханронии худ ҳамоҳангсози барномаҳои тадқиқотии АМВАОМТ Нодира Раҳмонбердиева дар мавриди тадқиқоте суханронӣ намуд, ки он аз ҷониби Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон моҳҳои октябр-ноябри соли 2010 бо дастгирии Намояндагии «Internews Network» созмон дода шудааст. Мақсади тадқиқоти мазкур муайян намудани андешаи намояндагони ВАО оид ба манбаъҳои Интернет мебошад, ки дастраскунандагони гуногуни дар ҳудуди Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Қайд гардид, ки 79,6 фоизи пурсидашудагон Интернетро сарчашмаи алтернативии ахбор ҳисоб мекунанд. Вале як ҳиссаи пурсидашудагон қайд намудаанд, ки Интернет фақат ба табақаи алоҳидаи аҳолӣ дастрас мебошад. Сокинони пойтахт нисбат ба сокинони минтақаҳое, ки камбуди барқ эҳсос мегардад ва суръати Интернет суст асту аҳолӣ барои истифодаи хизматҳои шабака имконият надорад, дар вазъи нисбатан мусоид қарор доранд.

Дар бораи истифодабарии сомонаҳои мақомоти давлатӣ пурсидашудагон қайд намуданд, ки онҳо асосан барои худнамоӣ таҳия карда шудаанд ва ахбори дар чунин сомонаҳо гузошташуда кӯхна буда, рӯзмарра нест.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Фонди ҷамъиятии ГИПИ зимни суханрониаш дар мавзӯи «Рушди ҳукумати электронӣ ҳамчун омили муҳими дастрасӣ ба сарчашмаи ахбор» дар бораи усули дастрас намудани ахбор ва расондани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, бизнес ва дигар шохаҳои ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ ба воситаи ҳукумати электронӣ гуфтугӯ намуд. Ӯ қайд намуд, ки робитаи байни давлат ва аризидиҳанда то ҳадди ниҳоӣ ночиз буда, имконияти истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ба таври максималӣ зиёд аст.

— Ҳукумати электронӣ илова ё намунаи ҳукумати анъанавӣ набуда, танҳо як усули ҳамкорӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар заминаи фаъолона истифодабарии технологияҳои коммуникатсионӣ аст, — зикр кард ӯ.

Барои ба вуҷуд овардани бахшҳои ҳукумати электронӣ татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ намудани низоми бақайдгирии ашхони ҳуқуқї «Равзанаи ягона», бо мақсади ба ҳам пайваст намудани ҳамаи вазоратҳо ва идораҳо дар тањияи шабакаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди Душанбе идома доранд.

Дар назди раёсати хизмати давлатӣ низоми иттилоотии оид ба сабти ном кардани хизматчиёни давлатӣ, дар назди Вазорати молия ва Хадамоти гумрук бошад системаҳои корпоративии иттилоотӣ барои автоматӣ кунондани ҷараёнҳои бизнес ва пайваст намудани ҳамаи сохторҳои дурдаст ва дар дурнамо муттамарказ гардондани муносибатҳои байниҳамдигарии идораҳо ба вуҷуд оварда мешавад.

Тибқи суханони Ибодуллоев, 60 фоизи мақомоти давлатии сатҳи ҷумҳурӣ сомонаҳои интернетӣ доранд, ки онҳо дар ибтидо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ таҳия карда мешаванд. Вале баъд аз гузаштани чанд муддат танҳо як забони онҳо боқӣ мемонад. Илова бар ин, ҳангоми анҷом додани таҳлил муайян гашт, ки ба ғайр аз дастрасии ахбор ва дилкашии ороиши сомонаҳо, инчунин ба масъалаҳои рӯзмаррагии иттилооти дар сомонаҳо гузошташаванда аҳамият додан зарур аст.

Парвина Ибодова – раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар бораи нақши Интернет-сервис провайдерон барои васеъ намудани дастрасӣ ба иттилоот сухан ронд. Вай таъкид намуд, ки Анҷуман созмони ғайритиҷоратии ҷамъиятӣ асту дастраскунандагони ватании хизматрасониҳои Интернетро барои ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии онњо, инчунин рушди бозори шаффоф ва рақобатпазир муттањид менамояд. Онҳо ва бо мақсади ҳаллу фасл намудани мушкилоти соҳа ва нисбатан самаранок истифода бурдани имкониятҳои технологияҳои рақамии дар шабакаи ҷаҳонӣ љадал менамоянд.

— Анҷумани дастраскунандагони Интернет соли 2004 таъсис ёфта, имрӯз ба он ширкатҳои амсоли Вавилон-Т, Интерком, Истэра, анҷумани ТАРЕНА аъзо мебошанд, — гуфт П.Ибодова.- Ҳамаи ширкатҳо ва ташкилотҳои мазкури аъзои Анҷуман дар бозори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии фаъолият карда, ба ғайр аз фаъолияти тиҷоратӣ ба расондани хизматҳо ва амалї намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ фаъолона машғул мебошанд.

Ибодова қайд намуд, ки дар Тоҷикистон, бо мақсади рушди самарнок технологияҳои пешқадаме истифода мешаванд, ки аксарияти онҳоро худи ширкатҳои Тоҷикистон таҳия намуда, дар амал татбиқ кардаанд.

— Ҳамин чиз гувоҳ аст, ки мо аз сатҳи истеъмолкунандагон ба сатҳи истеҳсолкунандагон баромадаем, — қайд намуд раиси Анҷуман. — Анҷумани дастраскунандагони Интернет ҳамчун шабакаи шарики таъминкунандагон ва таҳиякунандагони хизматҳо ва технологияҳои шабакавӣ эътимод дорад, ки технологияҳои рақамӣ, ки Интернет ҳамчун сохтори ноқили онҳо хизмат мекунад, дорои иқтидори раҳондани мамлакат аз тангнои ҷуғрофӣ ва ба минтақаи транзитӣ табдил додани кишвар мебошад. Бо мақсади истифода бурдан ва бо ҳамин васила афзун гардондани иқтидори мазкур, ба иштирокчиёни бозор зарур аст, ки фаъол бошанд, — қайд намуд ӯ.

Коршиноси масоили расонаҳо аз Булғория Огниан Златев дар мавриди таҷрибаи Булғория барои вусъат додани дастрасӣ ба Интернет суханронӣ намуд. Вай дар бораи зарурати танзим кардани мӯҳтавои Интернет сухан гуфт. Ба андешаи Златев, масъалаи мазкур дар робита ба сомонаҳои самти фаҳши хусусан кӯдакона дошта рӯзмарра мебошад. Ӯ инчунин қайд намуд, ки дар байни коршиносони воситаҳои ахбор ва журналистони Булғория ҳанӯз ҳам дар бораи тарзи танзим намудани мӯҳтавои Интернет андешаи якхела мавҷуд нест. Ба андешаи ӯ, роҳи ҳалли кӯтоҳмуддати масъалаи мазкур худтанзимкунии ахлоқии амсоли дар воситаҳои чопии ахбор роиҷбуда, инчунин шаклҳои гуногуне буда метавонанд, ки дар баъзе давлатҳо, ба монанди Шӯрои оид ба ВАО дар Тоҷикистон, амал мекунанд.

— Худтанзимкунӣ дар Интернет барои саҳеҳӣ ва мӯҳтавои ахлоқии сомонаҳо, махсусан сомонаи рӯзномаҳо ва оҷонсиҳои иттилоотӣ аҳамият дорад, — қайд намуд О.Златев.

Дар хотимаи маҷлис ширкаткунандагони «мизи мудаввар» баъди муњокимаи вазъи татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба иттилоотро, ки моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи башар, Пакти Байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории ҶТ кафолат додаанд, платформаи ҳамкориашонро муайян намуда Ёддошти тафоҳум қабул карданд. Дар Ёддошти ҳусни тафоҳум масоили зарурати минбаъдаи вусъат додани дастрасӣ ба Интернет, муборизаи ҳамаҷониба бо ҳодисаҳои ғайриқонунӣ маҳдуд намудани дастрасӣ ба манбаъҳои Интернет, рушди он-лайнжурналистика, аз он ҷумла блогинг, васеъ намудани мундариҷаи ватанӣ дар Интернет ва дигар масоили муҳим қайд гаштааст.