Архив рубрики: Таҳлил

Матбуъоти дањаи 1990: озодие, ки аз Тоҷикистон рахт барбаст

[b]Бо чопи шумораи аввали нашрияи «Растохез» дар моҳи майи соли 1990 дари матбуъоти озод дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар беш аз 70 соли ҳукумати Шӯравӣ боз шуд.[/b]

Дар оғози соли 1990 нашрияи «Растохез» танҳо нашрияи ғайриҳукуматие буд, ки ба сурати пинҳонӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба нашр мерасид ва дар Осиёи Марказӣ пахш мешуд.

Чопи ин нашрия бар асари зарурати созмони мардумии «Растохез» дар пайи воқеъоти баҳманмоҳ (феврали соли 1990) сурат гирифт. «Растохез» хеле аз фитнаҳои ҳукумати вақти шӯравӣ ва давлати Тоҷикистонро дар шумораи нахустинаш фош кард.

[b]»Растохези фарҳангӣ»[/b]

Пас аз воқеъоти баҳманмоҳ ва фош кардани фитнаҳои сарони ҳукумат дар ин нашрия, дар Тоҷикистон маъракаи терури маънавӣ ва сиёсӣ бар зидди рӯшанфикрону дигарандешон оғоз шуд. Ва ин раванд чопу пахши нашрияву матбуъоти озодро бо мушкил рӯбарӯ гардонд.

Ба ҳамин сабаб, чанд шумораи нашрияи «Растохез», дертар нашрияи «Адолат» — моҳномаи Ҳизби демукроти Тоҷикистон, дар хориҷ аз кишвар ба табъ расиданд.

Аммо бар асари густариши раванди бозсозӣ фазо барои ба саҳна омадани матбуъоти озод нисбатан боз шуд ва дар моҳҳои баъдӣ шумораи бештари моҳномаву ҳафтаномаҳо ба дасти мардум расид.

Дар ин миён нашрияи «Растохез» дар андешаву афкори мардум ва ҳамчунин дар дидгоҳи сокинони кишвар ба дунёи наву озоди матбуъот нақши барҷастае ифо кардааст.

Нашрияи «Растохез» ба унвони нахустин рӯзномаи пинҳонкор дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯзгори сиёсиву фарҳангии кишвари мо — Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ нақши босазое ифо карда буд.

РРастохез» қолабҳои яхбастаи замони шӯравиро шикаста, нахустин бор сухани озод ва мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоъии шӯравӣ ва кишвари Тоҷикистонро фошофош ба маърази афкори мурдум гузошт. Интихоби мавзӯъ, таҳлили воқеъаҳову рӯйдодҳо, пешниҳоди роҳҳои халосӣ аз мушкилоти мавҷуда ҷанбаи асосии маводди нашрияро ташкил медод.

Навиштор бо забони шевои форсии тоҷикӣ, истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти тозаи рангин, на танҳо ҳусни таровати нашрияро боло бурда буд, балки ин раванд дар тамоми соҳаҳои фарҳанги кишварамон таъсири амиқе гузошт ва ба ин маънӣ нашрияи «Растохез»-ро метавон бунёдгузори таҳаввулоти забониву журнолистӣ дар Тоҷикистон номид.

Раванди тозакориҳои забонӣ ва хабарнигорӣ аз нахустин шумораҳои «Растохез» оғоз шуд ва минбаъд ба як ҷараёни муқтадири тозаандешӣ дар кишвар табдил шуд, ки хушбахтона, то имрӯз идома дорад ва пофишориҳои як тӯда болонишинони кӯҳнапараст ва ақабгаро натавонистааст садди роҳи ин маҷрои қудратманд бишавад.

Аз сӯйи дигар, дар замоне ки ҳанӯз чопи кумпютерӣ вориди Тоҷикистон нашуда буд, нашри «Растохез» бо услуби кумпютерӣ (манзур ҳарфҳои хонову яксон ва рӯшани кумпютер дар муқобили ҳуруфи дағалу ноҳамвор ва чашмхиракунандаи дастгоҳҳои фарсудаи Тоҷикистон аст) дар коғази сифати нав таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ҷалб карда буд.

Рӯиҳамрафта, нашрияи «Растохез» ба далели шиддати воқеъоти сиёсӣ ва дастдарозии бархе аз одамон гоҳе маводди камарзиш ва фитнаангезро низ ба табъ расондааст, ки аз вазъи ноҳамвори он солҳо шаҳодат медиҳад.

Дар ин бора Шарофиддини Имом, муъовини вақти раиси созмони мардумии «Растохез» дар китобаш «Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон», ки соли 2003 дар Душанбе чоп шуд, низ таъкид кардааст.

Вай менависад: «Албатта, дар рӯзнома навишта ва шеърҳои носуфта ва дағалу таҳқиромез аҳёнан вомехӯранд, ки аксари онҳо ба ибтикор ва аъмоли худсаронаи Мирбобо Мирраҳимов дар ду шумораи «Растохез» ба табъ расиданд. Бо ин ҳама, «Растохез» ҳамчун нахустин нашрияи озоди миллии Тоҷикистон дар таърихи кишвар воқеъаи муҳимме буд ва маҳбубияти хоссе касб кард.»

[b]»Пинҳон аз чашми КГБ»[/b]

Ҷойи ёдоварист, ки соли 1990 ҳанӯз ҳукумати шӯравӣ побарҷой буд ва нашри як рӯзномаи махфӣ тақрибан аз имкон берун ба назар мерасид. Дар чунин ҳолат танҳо ҷавонмардоне чун литвониҳои ватандӯст чопи «Растохез»-ро бар ӯҳда гирифтанд.

Чопи «Растохез»-ро як узви фаъъоли «Саюдис» шабонгоҳ, пинҳонӣ аз мақомоти зудъамали КГБ ё Кумитаи амнияти давлатии Шӯравӣ анҷом медод. Ҳамин ки рӯзнома аз мошини чоп берун меомад, мо ба дасти холӣ ба Душанбе бармегаштем.

Вазифаи интиқоли нашрияи «Растохез» аз Вилнюс ба Душанбе бар ӯҳдаи дӯстони армании мо буд, ки дар ин замина хидмати бебаҳое анҷом доданд. Дар давраҳои аввал нашрияро ба шаҳрҳои дуртар аз Душанбе, чун Самарқанд, Панҷакент, Турсунзода, Ҳисор меоварданд.

Дар Душанбе ва саросари Тоҷикистон «Растохез»-ро асосан аъзои созмон пахш мекарданд. Ҳарчанд кормандони КГБ ба манзури пешгирӣ аз чопу пахши нашрия тадбирҳое меҷӯстанд, вале бастаҳои рӯзнома ба хориҷи Тоҷикистон, бахусус Самарқанд, Бухоро, Маскав ва Афғонистону Эрон низ мерасид.

Дар ин миён панҷ шумора дар Литвонӣ, як шумора дар Арманистон, як шумора дар Қирғизистон ба табъ расид, ки мавзӯъи интиқоли онҳо ба Тоҷикистон кори сангине буд. Чанд шумораи рӯзнома (маҷмуъан 14 шумора) баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳрҳои Кофарниҳону Душанбе ба табъ расидааст.

Дар кори таҳриру чопи нашрия муъовини сардабир Маҳмадъалии Ҳайит, ки воқеъан дар баррасии мавод ва интиқолу пахши рӯзнома ёрии самимона мерасонд, то шумораҳои охир ҳамкорӣ кард. Дар шумораҳое, ки дар Тоҷикистон нашр шуданд, асосан Раҳматкарими Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва шодравон Насими Назруллоҳ ёриву мадади ҳамаҷониба расонданд.

Албатта, хеле аз раҳбарони созмони «Растохез», фаъъолони ҷунбиш ва кормандони рӯзнома баъди чопи ҳар шумора мавриди бозпурсӣ ва тафтиши шабакаҳои КГБ қарор мегирифтанд, вале ин аъмол дигар наметавонист садди роҳи таҳаввулоти ҷомеъа шавад.

Дар «Растохез» навиштаҳои тозаи шахсиятҳои маъруфи кишвар, аъзои «Растохез», устодон Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, олимони шинохта Тоҳири Абдуҷаббор, Шарофиддини Имом, Халифабобо Ҳомидов, ашъори тозаи устод Мӯъмин Қаноъат, Бозор Собир, Лоиқ Шеръалӣ, Фарзона, Шаҳрия, Сайдмуддини Оймаҳмад ва даҳҳо олимону хабарнигорон ба табъ расидаанд.

«Растохез» насими тозаи субҳгоҳие буд, ки дар фазои ғуборолуди меҳани мо сабук вазид ва нафаси тозае буд барои ҳазорон ташнагони сухани нав, дар қолаби тоза, оҳангу шеваи тозаи забон.

[b]»Фазои бози матбуъот»[/b]

Пас аз чанд моҳи нашри «Растохез», «Адолат» — нашрияи Ҳизби демукроти Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 1990, «Чароғи рӯз» — нашрияи хусусии Додоҷони Атовуллоҳ, дар моҳи июни соли 1991 ва «Наҷот» — нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар соли 1991, «Минбари ислом», «Ҷоми ҷам» — нашрияи хусусӣ дар Кӯлоб дар соли 1992 ва нашрияҳои зиёде дар фазои матбуъоти кишвар арзи ҳастӣ карданд.

Нашрияҳои ғайриҳукуматии номбурда ва рӯзномаҳои ҳукуматии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат» ва чандин нашрияву рӯзномаҳои дигар дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва ҳатто родию ва телевизиюни давлатӣ дар зери таъсири вазъи сиёсӣ ва матбуъоти озод аз баҳманмоҳи соли 1990 то оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 фаъъолона ба пахшу нашр ва тафсиру тавзеҳи воқеъоти пурсарусадои кишвар пардохтанд.

Мехоҳам ба ин нукта таъкид кунам, ки он гуна фазои бозе, ки дар он солҳо муяссар шуда буд ва матбуъоти чи ҳукумативу чи ғайриҳукуматӣ хеле озоду рӯшан воқеъотро ба мардум мерасонданд, шояд дигар дар Тоҷикистон муяссар нашавад.

Дар матолибе, ки ин матбуъот дар он солҳо дастраси мардум мекарданд, шояд гоҳе камбуду нуқсонҳои ҳирфаӣ, ғалатҳои хабарнигорӣ, ахбори туҳмату буҳтонбарангез низ ба чоп расида бошад, вале дар маҷмӯъ, мардуми кишвар фазои бози сиёсӣ, матбуъотӣ, фарҳанги нави матбуъотро барои аввалин бор ба дурустӣ дарк карданд.

Воқеъбинона бояд гуфт, ки ба туфайли чанд омил — фазои нисбатан бози сиёсӣ, дарёфти ахбор тавассути матбуъот, ки дар гузашта ғайримумкин буд, фаъъолияти сиёсии мардум, дарки воқеъбинонаи вазъ дар кишвар ва минтақа бамаротиб афзоиш пайдо кард.

Кор ба ҷое расида буд, ки вазъи сиёсии кишварро хурду бузург баррасӣ мекарданд ва ба таври лозиму гоҳе нолозим баҳо медоданд. Ба ҳамин далел, мақомдороне, ки дар бисёре маворид ҳадафи интиқод қарор мегирифтанд, аз озодии баён башиддат ошуфта шуда буданд ва онро омили барангезандаи ҷанг мехонданд. Бархе аз гурӯҳҳо ва шахсиятҳо то ҳанӯз бар ин ақида устуворанд.

Мутаассифона, пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати имрӯзӣ бештарин намунаҳои матбуъоти бахусус озоди он замон, аз сӯйи ургонҳои давлат нобуд карда шуданд, то ки наслҳои баъдӣ натавонанд воқеъоти хунбори он замонро бар пояи навиштаҳои он рӯз таҳлилу баррасӣ кунанд.

[b]»Матбуъоти воқеънигор»[/b]

Фурӯпошии давлати империёлистии Шӯравӣ боъиси сар задани воқеъоти гуногуни сиёсиву иҷтимоъӣ дар қаламрави кишварҳои дар гузашта тобеъи он шуд.

Агарчи фазои бозтаре барои андешаҳои сиёсӣ ва матбуъоти озод пештар, яъне аз оғози солҳои 80-уми садаи гузашта оғоз шуда буд, вале пас аз ба истиқлол расидани ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар соли 1991 тағйироти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоъӣ, бавижа ба ҷанг кашидани ақвому гурӯҳҳои сиёсӣ ва гоҳе миллатҳо дар ин кишварҳо мавзӯъи баҳсе ҷиддӣ дар дунё шуд.

Дар ин раҳгузар, нерӯҳои тозатаъсиси демукротик, матбуъоти тозабунёди ғайриҳукуматӣ ва васоити хабаррасонии ҳукумати Тоҷикистон пешгом буданд.

Дар тӯли солҳои 1989-1992 нашрияҳои тозабунёди «Сухан», «Растохез», «Адолат», «Чароғи рӯз», «Наҷот», «Минбари ислом», «Ҷоми ҷам» ва чанде дигар, ҳамчунин рӯзномаҳои ҳукуматии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Ҷумҳурият» ва чандин нашрияву рӯзномаҳои дигар дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва ҳатто гоҳе родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон дар мавриди шикасти давлати шӯравӣ, низоми худкомаи ҳизби кумунист, ки тамоми умури ин кишварро беамон дар қабзаи худ нигоҳ медошт, матолиби зиёде ба табъ мерасонданд ва пахш мекарданд.

Дар ин миён, муборизаи созмони мардумии «Растохез», ки ҳадафи аслиаш ба истиқлол расидани Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони форсии тоҷикӣ ва эҳёи суннату анъанаҳои мардуми тоҷик буд, муборизаро бо ҳукумати шӯравӣ ва дертар, бо ҳукумати тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистон, идома дод.

Дертар Ҳизби демукроти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, созмони «Лаъли Бадахшон» ва чандин созмону сохторҳои хурду маҳаллии дигар ба ин мубориза пайвастанд. Дар солҳои 1991-92 ҳукумати вақти Русия ва ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон дар муқобили ин мубориза қарор гирифтанд ва ин боъиси эҷоди иттиҳоди нав — иттиҳоди нерӯҳои демукротик шуд.

Муборизаи пуршиддати ду нерӯ дар Тоҷикистон бо пуштибониву дастдарозии Русия ва Узбакистон саранҷом дар кишвар ба ҷанги дохилӣ мунҷар шуд. Бештарин воқеъоти ҷанги дохилӣ дар матбуъоти он солҳо дарҷ шудааст, ки метавонад бозгӯии вазъи он солҳо бошад.

Барои мисол, нашрияи «Растохез» дар шумораи нахустинаш (майи соли 1990) дар иртибот бо воқеъаи баҳманмоҳи соли 1990 матолиберо бо номи «Номаҳои мардум», «Ким тарафдор?», «Рӯзҳои хунини Душанбе» ба нашр расонда, беэътиноии ҳукумати кишвар ва порлумонро ба қатлу куштори мардум дар ин ҳаводис фош кард.

Дар шумораҳои баъдии «Растохез» матолибе чун «Сотсиализми казармавӣ ва гунаҳкорони бегуноҳ» (№2) дар бораи ба зиндон кашида шудани ширкаткунандагони эътирозоти баҳманмоҳ, чун Камол Холов ва дигарон, «Акси садои хунинмоҳ», «Минбари туҳмат ва хушомадгӯйҳо» (№3) дар бораи тақаллуби ҳукумат ва телевизиюни давлатӣ дар мавриди баҳманмоҳ чоп шуданд.

[b]»Комилан махфӣ»[/b]

Мақолаи «Ба ёрии таблиғгарони ҲКИШ, додситонӣ ва КАМ ҶШС Тоҷикистон», ки ҳовии асноди махфии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон буд, «Комилан махфӣ» (№6), ки санади махфии давлати шӯравӣ дар мавриди ба ғуломон табдил додани миллатҳои тобеъаш ва матолиби гуногуни дигар низ дар шумораҳои ин нашрия ба табъ расида буд.

Ин нашрия то хеле вақт дар фазои матбуъоти тоҷик яккатоз буд ва табиъист, ки чунин матолиби дарҷшуда дар фош кардани асрор ва фоҷеъаи давлати шӯравӣ ва думрави он, ҳизби кумунисти Тоҷикистон, нақши боризе доштааст. Чоп ва пахши чунин матолиб дар андешаи мардум таъсири ҷиддие ба ҷо гузошт ва барои нашрияҳои баъдӣ роҳи нав кушод.

Нашрияи «Адолат» аз моҳи октябри соли 1990 то оғози ҷанги дохилӣ дар сафҳаҳояш матолибе чун «Дом», «Озодӣ — ҳадиси азизтарин», «Дар Қурғонтеппа боз бетартибӣ», «Рӯзҳои сиёҳи Хатлон» (дар бораи ҳамоиш ва ҳуҷуми баталёни Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақт, ба ин шаҳр), «Вақте мардон мегирянд» (дар бораи ҳуҷуми дастаҳои Сангак Сафаров ба Қурғонтеппа, таъсиси ситоди «Наҷоти Ватан» ва «Фронти халқӣ», ҷангҳо дар вилояти Хатлон, қатлу куштор, дахолати артиши Русия дар ҷанги дохилӣ, суҳбатҳои телефунии Набиев бо раҳбарони артиши Русия) ва даҳҳо маводди дигар аз тақаллубу беҳамиятӣ ва гурӯҳбозии мақомоти ҳукуматӣ ба нашр расонда буд.

Нашрияи хусусии «Чароғи рӯз» низ навиштаҳои шадидуллаҳне чун «Рахш (дар) интизори Рустам аст» (дар бораи гирдиҳамоиҳои соли 1991), «В.В. Петкел: Ман дар рухсатӣ будам» (воқеъоти феврали 1990), «Сафаръалӣ Кенҷаев барои сулҳ омада буд», «Шикасти ҳамлаи гургон», «Сангаку Рустам Аштро Кӯлоб карданд», «Дастат аз гӯр берун намонад», «Кумитаи азияти миллӣ», «Ман тарсак не» ва даҳҳо матолиби дигар доир ба воқеъоти солҳои 1990-ум, оғози ҷанги дохилӣ, бесалоҳиятии раиси ҷумҳур, порлумон ва мақомоти кишвар ба табъ расонда буд.

Вале дар ин миён барномаи телевизиюнии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар аввали моҳи ноябри соли 1991 хеле ҷолибу хотирмон буд. Ин барнома, ки дар фазои нисбатан орому демукротик, бо дарки масъулият ва одоби рӯзноманигорӣ сурат гирифт, лаёқату самимият ва тавоноии номзадҳоро хуб ошкор кард. Аз сӯйи дигар, ин барнома фазои нисбатан озоди матбуъотро ба намоиш гузошт.

Аммо барномаи дигари телевизиюни тоҷик дар моҳи марти соли 1992, ки онро хабарнигорон «Ҳуҷуми Кенҷаев — раиси вақти порлумон ба Навҷувонов — вазири дохилаи кишвар» унвон карда буданд, низ хеле хотирмон буд. Бовар дорам, хеле аз мардуми кишвар то ҳанӯз ин рафтори худҳоҳонаи раиси порлумони вақтро аз пардаи телевизиюни он сол фаромӯш накардаанд.

Ба ҳамин далел, хелеҳо бар ин боваранд, ки чунин равиши фаъъолитяи Кенҷаев боъиси шиддат гарифтани ҷанги дохилӣ шудааст. Ин намоиш боъиси чопи садҳо маводду эътирознома ва муроҷиъатномаву шикоёт дар матбуъоти он сол шуда буд.

[b]»Қатлу куштори рӯзноманигорон»[/b]

Дар ҷараёни соли 1993, ки фаъъолияти ҳамаи нашрияҳои озод ва хусусӣ қатъ шуда буд, нашрияе бо номи «Cуруш» бидуни эъломи ургони раҳбарӣ ва макони нашр дар чанд шумора дар бораи вуруди ҳукумати нав зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо танку зиреҳпӯшҳо ба пойтахт, матолие интишор дод.

Ин нашрия аз қатли омми зодагони Кофарниҳон, Дарбанд, Ғарм ва Бадахшон, қатлу боздошти рӯзноманигорон, зиндонӣ шудани шоъири овозадор Бозор Собир, дахолатҳои Русия ва Узбакистон дар умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд.

Дар ҷараёни соли 1993 ба баъд аз он дар Тоҷикистон дигар матбуъоти озод вуҷуд надошт ва танҳо расонаҳои зери назари ҳукумат матолибе нашр мекарданд, ки мавриди писанди зимомдорон буд.

Мо натавонистем дар ҳаҷми ин мақола дар мавриди фаъъолияти ҳамаи расонаҳо дар даҳаи 1990 ҳатто ба сурати иҷмолӣ мисолҳое пешкаш кунем. Дар ҳоле ки ҳатто дар миёни матбуъоти озоду хусусӣ ҳам нашрияҳое чун «Сухан», «Ҷоми ҷам», «Наҷот», «Минбари ислом» ва чанде дигар, нашрияҳои марбут ба ҳукумат чун «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» дар чопу дарҷи матолиби воқеъӣ ва дастрасии мардум ба иттилоъоти дуруст ҷойгоҳи мушаххасе касб карда буданд.

Бо гузашти замон, дардҳои синаи мардум баоҳистагӣ зудуда мешаванд, хотираҳои ғамангези ҷанг ба сафаҳоти таърих мекӯчанд, мардуми кишвар аз воқеъиятҳо бештар огоҳ мешаванд. Ҳамчунин, андешаҳои пурғарази гурӯҳҳое, ки матбуъоти озоди даҳаи 1990-и садаи гузаштаро муқассири ҷанг мехонданд, чун нақши рӯи об нопадид хоҳанд шуд.

Аммо матбуъоти он даврон бо ҳама пешрафту камбудаш ба унвони як даврони беназир дар таърихи сиёсӣ ва иттилоъотии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Метавон гуфт, ки наслҳои баъдӣ пешрафтҳои матбуъоти он солҳо ва таъсиру самари онро дар фазои ҷомеъаи нави тоҷик, намоди озодии баён ва сухан бештар кашф ва дарёфт хоҳанд кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120307_ea_tajik_press_1990s.shtml

Қаршибоев: кормандони фурўдгоҳи Хуҷанд ҳуқуқи моро нақз карданд

[b]Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва шаҳрвандон аз сӯйи ширкати «ТоҷикЭйр» ва кормандони фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд гузориш дод.[/b]

Бино ба гузориши ин анҷуман, рӯзи 5-уми март гурӯҳе аз мусофирони парвози шумораи 62, дар самти Хуҷанд — Душанбе, ки дар миёни онҳо Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман ва Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик будаанд, дар посух ба эътирози худ ба амалкарди ғайриқонунии кормандони ширкат ва кормандони фурӯдгоҳ мавриди таҳдиди кормандони фурудгоҳ қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, намояндагони ширкати “ТоҷикЭйр” бидуни ироаи далоил ва ҷубронпулӣ ба мусофирон эълом карданд, ки парвоз то замони номаълум ба таъхир меуфтад.

Мусофирони ин парвоз, тақозои эъломи вақти дақиқи парвоз ва ё фароҳам кардани ғизо ва ҷойи гарм барои мунтазир мондан, талаб кардаанд. Ин амр боъиси “ғазаби” кормандони фурӯдгоҳ ва ширкат шудааст.

Мусофирон дар толори фурӯдгоҳ пустерҳоеро бо шиъори “Мусофирон инсон ҳастанд, ҳаққи моро поймол накунед!” ва «ТоҷикЭйр — ширкати бемасъулият!» таҳия карда, мехостанд, эътироз кунанд, вале афроде бо либоси шахсӣ, ки худро муъаррифӣ накарданд ин пустерҳоро аз дасти онҳо бо зӯр гирифтанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки барои пӯшиши ин хабар ба фурӯдгоҳ хабарнигрони “Ҷаҳоннамо” ва “Азия” ҳозир шуданд, вале афроде, ки худро аввал кормандони амниятӣ ва сипас кормандони амнияти ҳавонавардӣ муъаррифӣ карданд, рӯзноманигронро аз муҳавватаи фурӯдгоҳ берун ронданд.

Оқои Қаршибоев гуфт: “Вазифаи ман ба унвони раиси анҷумани расонаҳои мустақил дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигрон дар ҳама вазъият аст, вале вақте ман аз афроди зӯргӯ пурсидам, ки худро муъаррифӣ кунанд, ҳеч яке аз онҳо номи худро нагуфт ва баръакс онҳо кортҳои сари синаи худро пинҳон карданд.”

Раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон афзуд, се нафар, ки бидуни муъаррифии номашон худро кормандони амнияти ҳавонавардӣ хонданд, ӯро канор бурда ва ба ӯ таҳдидҳо кардаанд. Вай исрор кард: “Агар ман раиси анҷуман намебудам, бовар дорам, ки маро кутак мезаданд.”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва яке дигар аз ин гурӯҳи мусофирон дар фурӯдгоҳи Хуҷанд, ки шоҳиди ин саҳнаҳо буд, гуфт дар ин ҳодиса чандин қонун аз сӯйи кормандони фурӯдгоҳ ва ширкати “ТоҷикЭйр” «дағалона нақз шуд».

Вай гуфт: “Аввал ин, ки дар миёни мусофирон заноне буданд, бо кӯдакон, аммо ширкат ба мо эълом намекард, ки таъхир то соъати чанд аст, то ки афроде, ки дар Хуҷанд хона доранд, дар сардӣ намонанд, баргарданд хона ва дар замони лозим баргарданд. Ин як зулм бар мусофирон аст, ки ТоҷикЭйр ба мусофирон раво мебинад ва мардуми мо ҳамеша таҳаммул мекунад.”

Вай афзуд: “Дигар ин ки одамоне, ки дар Хуҷанд ҷойи зист надоранд, бояд бо хӯрок ва ҷойи гарм таъмин мешуданд, ин дар низомномаи ширкат ҳам ҳаст. Муъаррифӣ накардани худ, зӯргӯйӣ ба мусофирон, ҷилавгирӣ аз фаъъолияти журнолистон ва чандин намуди дигари нақзи ҳуқуқи инсон дар ин ҳодиса мушоҳида шуд.”

Хонуми Бобоназарова гуфт, ҳамроҳ бо гурӯҳи дигари мусофирон алайҳи ширкати “ТоҷикЭйр” ба додгоҳ шикоят ва аз ин ширкат ҷуброни зарари маънавӣ талаб хоҳад кард.

[b]Пулиси тарсу ё ҳамдаст бо ҷинояткорон?[/b]

Аз сӯйи дигар мусофирони парвози шумораи 62-и Душанбе – Хуҷанд рафтори пулис дар ин ҳодисаро “нигаронкунанда” мехонанд.

Ба гуфтаи онҳо, чанд корманди пулисе, ки дар ин фурӯдгоҳ ҳозир буданд, бо оғози даъво нопадид шуда ва ба ҷойи онҳо афроде бо либоси шахсӣ омаданд ва ба мусофирон зургӯйӣ карданд ва аз ҷумла Нуриддин Қаршибоевро канор бурданд ва ба ӯ таҳдид карданд.

Шоҳидони ин ҳодиса бовар доранд, ки дар фурӯдгоҳ гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ фаъолият мекунад, ки аз сӯйи пулис пуштибонӣ мешавад.

Мусофирони ин парвоз, дар бораи ин ҳодиса ва ҳадси худ тавассути “шумораи боварӣ” дар Вазорати кишвари Тоҷикистон, яъне 2212121 тамос гирифтанд, вале «ин ҳам бефоида» будааст.

Аммо кормандони шуъбаи «шумораи боварӣ» ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки тибқи муқаррароти кори ин бахши вазорат, онҳо “шикоятҳоро дарёфт карда ва ба вазир гузориш мекунанд ва сипас вазир ба бахшҳои зидахл дар бораи таҳқиқи ҳодисаҳо супориш медиҳад.”

Ба гуфтаи кормандони ин бахши вазорати кишвар, тибқи муқаррарот ба афроде, ки тавассути телефуни боварӣ шикоят кардаанд, дар миёни даҳ рӯз дар бораи коре, ки дар заминаи шикоят анҷом шуда, посух ирсол мешавад.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120306_sq_media_tajikair.shtml

Фейсбук то кай «хомӯш» мемонад?

[b]Раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти дастрасӣ ба «Фейсбук»-ро мушкили фаннӣ хонд.[/b]

Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон «фармоишӣ» будани маҳдудияти дастрасӣ ба «Фейсбук»-ро дар ҳоле рад мекунад, ки номаи расмии ӯ ба ширкатҳои интернетии Тоҷикистон дар мавриди боздоштани фаъолияти чанд сомона дар Тоҷикистон дастраси матбуот шуд.

Дар ин нома бо имзои расмии Бек Зуҳуров навишта шудааст, ки «Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки бинобар гузаронидани корҳои профилактикӣ техникӣ, дастрасиро ба сомонаҳои maxala.org, Звезда.ру,ТҶК нюс, ва Сентразия қатъ намоед. Таърихи 2 марти соли 2012.»

Бег Зуҳуров, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ низ гуфт, ки маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи маъруфи «Фейсбук» иллати фаннӣ дорад. Вале ҳамзамон ба нигарониҳои хадамоти таҳти назари худ ишора кард: «Бовар кунед дар ҳамин шабурӯз Хадамот бисёр дар ташвиш аст. Бидуни санҷиш бидуни анализ ба шахсияти инсонҳо мерасанд. Ҳақиқат менависанд ва ё дуруғ менависанд бояд имзои худ, номи худро зери он нависонанд. Одамон аз интернет ояндаи хубро диданӣ ҳастанд. Мо бояд ягон коре кунем, ки вақте ҳар касе менависад, бояд номи худро ҳам ишора кунад. Вақтҳои охир интернетро ба бозори сиёҳ табдил додаанд.»
Раиси Хадамоти алоқа дар гузашта низ гуфта буд, ки баъзе торнамоҳо бо нашри мақолаҳое шаъну эътибори ҳукумати Тоҷикистонро паст мезанад ва ашхоси манфиатдор мехоҳанд оромии кишварро аз байн бубаранд. Ба назари ҷаноби Зуҳуров, акнун фурсате расидааст, ки муаллифи ингуна мақолаҳо ошкор ва ба додгоҳ кашида шаванд.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки қатъ карда шудани торнамоҳои русии «Звезда.ру», «Тҷкнюс» «Сентразия», «maxala.org» аз ангезаҳои сиёсӣ иборатанд, зеро ахиран дар сомонаи Звезда. рӯ мақолае таҳти унвони «Тоҷикистон дар остонаи инқилоб» ба нашр расидааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон танқид шудааст. Ин мақола дар торнамоҳои дигар, ки масдуд карда шудаанд ба нашр расидааст. Дар дохили мақола чанд асноде, ки зери онон муҳри сирӣ зада шудааст, яке ба Дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва дигар ба вазорати умури дохилӣ нисбат дода мешаванд, ба чоп расидаанд.

То кунун дар бораи ин ҳуҷҷатҳо, ки чӣ гуна ба дасти торнамоҳо расидааст иттилое ҷой надорад ва мақомоти ҳукумати Тоҷикистон низ дар робита ба ин санадҳо изҳори назаре ҳам накардааст.

Тавре ин сомонаҳо овардаанд, ҳуҷҷатҳои мазкур нишон медиҳанд, ки ба мақомоти амниятиву милиса ва Кумитаи дин дастур дода шудааст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, «хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ» қарор диҳанд.

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар як соли ахир ба майдони дӯстдоштаи ҷавонони тоҷик табдил шуда ҳоло то 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон рӯзона чанд соатро дар ин майдон сипарӣ мекунанд. Бархе аз коршиносон иллати баста шудани Фейсбукро маҳз дар ҳамин маҳбубият мебинанд ва ҳамчунин дар таҷрибаи “баҳори араб”, ки иштирокдоронаш аксаран ҷавонҳо буданд.
Эраҷ Саодатсайров, як коршиноси мустақил мегӯяд, дунё дигар шудааст ва дигар бо ин роҳ даҳони мардумро бастан имкон надорад: «Ман чунин хулоса мекунам, ки ба даҳони мардум пунба задан фоида надорад, чун пунбаро аз даҳонаш бигирӣ боз садош баланд мешавад. Боз як роҳи дигар пайдо мешавад. Мардум бо ҳар роҳе набошад фикри худро баён медорад. Интернет бисёр ҷои мувофиқ аст. Аз назари сиёсӣ ҳам агар бигирем, манъ кардани интернет зарараш бештар аст аз фоидааш.»

Ин дар ҳолест, ки Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет гуфт, ки «тадбир»-и мақомот оҳанги баръакс хоҳад дод ва як навори таблиғи ширкатҳои интернетӣ хоҳад буд. Ба қавли хонум Ибодова, роҳҳои дигаре ҳоло вуҷуд дорад, ки мардум метавонанд вориди Фейсбук шаванд: «Ҳарчанд Фейсбук дар ширкатҳои интернетӣ қатъ карда шудааст, вале агар шумо симкарти интернетҳои мобилии ширкатҳои телефонии «Тсел», «Мегафон», «Билайн»-ро дошта бошед, аз тариқи модеми «три ҷӣ» метавонед «Фейсбук»ро боз кунед.»
Парвина Ибодова афзуд, ки дар робита ба қатъ шудани фаъолияти Фейсбук дар Тоҷикистон, Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интерентии Тоҷикистон баёния пахш намуда ин амали мақомоти давлатиро нодуруст мешуморад.

Дар ҳамин ҳол Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бинобар интишор ёфтани санадҳои мақомоти Тоҷикистон дар торнамои Звезда.ру ва дигар сомонаҳои байналмилалӣ, ки ба сарнавишти Ҳизби наҳзати исломӣ ва аъзои он иртибот дорад, рӯзи панҷшанбе нишасти изтирории Шӯрои сиёсии ҲНИТ баргузор ва мавқеи худро дар баробари ин мақола расман баён хоҳад кард.

Радиои Озодӣ

Источник:

Чаро Фейсбук баста шуд?

[b]Аксари ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла шабакаи Фейсбукро қатъ кардаанд.[/b]

Бино ба иттилои бархе манобеъи наздик ба ширкатҳои мухобиротӣ, ин тасмим дар пайи як номаи оҷили Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст. Дар ин нома аз ширкатҳои мухобиротӣ дархост шудааст, ки «вобаста ба ҳолати ба амаломада», дастрасӣ ба чанд сомона, аз ҷумла шабакаи Facebook.com ва сомонаи русии Zvezda.ru ва Tjknews.com -ро қатъ намоянд. Албатта дастрасӣ ба тҷкнюс.сом аз қабл ҳам баста буд.

То зуҳри рӯзи шанбе бархе аз корбарони Фейсбук имкони ворид шудан ба ин шабакаро доштанд, аммо баъд аз зуҳр афроди бештаре аз қатъ шудани дастрасӣ ба ин шабака шикоят мекунанд. Ҳоло тақрибан ҳамаи ширкатҳои умдаи фароҳамкунандаи интернет ин дархости Хадамоти алоқаро иҷро кардаанд. Ва фақат бархе ширкатҳои мобилӣ, ки низ ҳамзамон интернет ироа мекунанд, ҳанӯз ин саҳифаро боз мондаанд.

Аммо қатъи дастрасӣ ба Фейсбук як амри ғайри интизор буд ва ангезаи ин иқдоми мақомот чист? Гуфтанист, аз ду рӯз ба ин сӯ ба шиддат дар миёни сокинони Душанбе овозаи дар сомонаи звезда.ру нашр шудани як дастури махфии раёсати ҷумҳурӣ ва вазорати корҳои дохилӣ паҳн шудааст. То кунун даҳҳо сомонаи дигар ин матлабро бознашр кардааст.

Дар он матлаб ва асноди нашршуда, ки ҳақиқӣ ва ё тақаллубӣ будани онро ҳоло касе таъйид накардааст, даъват ба таъқиби сиёсии фаъолон, ширкатдорони тазоҳуротҳои соли 1992 ва аъзои феълии ҲНИТ ҷой дорад. Ин матлаб, ки бо мӯҳри махфӣ интишор шудааст, тавассути шабакаи иҷтимоӣ ба шиддат паҳн шуд ва боиси баҳси фаъолони шабакаҳо қарор гирифт.

Ба назари таҳлилгарон, як иллати иқдоми оҷилонаи ҳукумат метавонад ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин ҳуҷҷат бошад. Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс» мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки бо эҳтимоли зиёд ин иқдом вабаста ба нашри ҳамон матлаб дар сомонаи полярная звезда ё ситораи қутбист. Ҳоло наметавонем бигӯем, ки ин санадҳо аслӣ ҳастанд ё не. Инро бояд таҳқиқ намуд. Ҳоло бояд бубинем, ки ҳукумат чӣ вокунише мекунад. Ба фикрам бояд ба додгоҳ муроҷиат кунад. Зеро ин санаде, ки мунташир шудааст, мавридҳои зидди конститутсионӣ ва даъват ба таъқиби сиёсӣ дорад. Ин санад ба шиддат обрӯи ҳукумати Тоҷикистонро коста мекунад.»

Аммо бархе аз таҳлилгарони дигар, мегӯянд, ки фаъол шудани шахсиятҳои мухталиф ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, аз муддатҳо ба ин сӯ боиси нигаронии мақомот буд. Ва иттифоқи мазкур баҳонае бештаре шуд барои шитоб бахшидан ба иқдоми мақомот барои бастани Фейсбук.

Зафар Абуллоев, таҳлигари тоҷик ва аз фаъолони Фейсбук мегӯяд, ин талоше барои гирифтани пеши роҳи муколамаи гурӯҳҳои гуногуни мухолифи ҳукумат дар Фейсбук буд. Зеро ин шабакаи иҷтимоӣ ба як майдони гуфтугӯи гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла Додоҷони Атовулло ва пешвоёни дигаре шудааст, ки дар хориҷ ба сар мебаранд. Ва гузашта аз ин, барои бори аввал як қонун — тарҳи Кодекси андози Тоҷикистон дар ин шабака мавриди баҳс аст.

Оқои Абдуллоев инчунин мегӯяд: «Дар чанд вақти охир шаҳрдори Душанбе ва мақоми дуввуми давлат ҳам ба Фейсбук ва шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Ва дар ду рӯзи пеш нахустин саҳифаи худро дар Фейсбук боз кард ва шарҳҳои зиёде ҳам ба ин саҳифа навишта шуд. Шояд ба ҳукумат боз будани ин шахсият ва ба мардум наздик шудани ӯ писанд намояд. Фарзияҳои дигар ҳам вуҷуд дорад. Бархе таҳлилгарон дар ин ҳафта навиштанд, ки Осиёи Марказӣ дар навбати инқилобҳои арабӣ аст. Ва шояд ба манзури пешгирӣ аз ҳодиса, мақомот даст ба кор шуданд. Аммо дар ҳар сурат, ин иқдом ҷомеаро бештар радикал ва ба ҳукумат бадбин мекунад.»

Аммо бо вуҷуди қатъ шудани дастрасӣ ба Фейсбук, ҳамчунон бархе корбарони ин шабака тавассути роҳҳои рамзшикан вориди он шуда ва аз он истифода мекунанд.

Асомиддин Атоев, коршиноси масоили иртиботот мегӯяд, ки дар асри ҳозир имкони маҳдуди дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ тақрибан кори ғайри имкон аст. Ва гузашта аз он, ин иқдом мухолифи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи истифодаи интернет ва тааҳҳудоти ин кишвар дар назди аҳдномаҳои байналмимлалӣ мебошад.

Тоҷикистон қабл аз ин, дастрасӣ ба сомонаҳои «Фергана.ру» ва «Центразия.ру»-ро маҳдуд карда буд.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24503193.html

Наҷми Ковиёнӣ: «Бухорои шариф» дастаи нуре буд…»

[b]Дар Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик ҷашнномаи «Бухорои шариф» аз чоп хоҳад баромад. Аммо ахиран хабар расидааст, ки мақомоти Тоҷикистон мухолифи ин коранд, чун онро ба равобити байнулмилалӣ рабт медиҳанд.[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дар робита ба ин хабарҳо тасмим гирифтем бо Корманди Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Амстердам, Наҷми Ковиёнӣ гуфтугӯе дошта бошем. Устод Ковиёнӣ дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро барои меҳмонони ҷашнвора ба табъ расонанд ва аз матолиби шумораҳои мухталифи он як шумораи идона омода кунанд. Ба назари Шумо, ки пажӯҳиши зиёде дар таърих ва корномаи «Бухорои шариф» анҷом додаед, оё чӣ матолибе он ҷо буда метавонад, ки имрӯз ҳам арзишу дурахши худро гум накарда бошад?

Наҷми Ковиёнӣ: «Аз замони «Бухорои шариф» сад сол гузаштааст ва як ҳолати ҳайратовар аст, ки бисёре аз масъалаҳои матраҳкардаи он имрӯз ҳам муҳиманд, зеро ҳал нашудаанд. Инҳо рушди маориф, пешрафт дар улум, масъалаи суннату таҷаддуд, таъйин ва ташхиси вазифаҳои давлату мардум, беҳбуди иқтисодиёт, ҳуқуқ ва адл, мубориза алайҳи ҷаҳл ва ҳамчунин посдорӣ аз забон ва масъалҳое монанди инҳо. Ин нукта ҳам гуфта шавад, ки «Бухорои шариф» дар пайи ислоҳи низом буд, на барандохтани он ва талош мекард, ки ислоҳотро дар дастгоҳи давлат тарғиб ва қонунгароиро ҳарчи бештар роиҷ кунад. Ҳамчунон рӯзнома сайъ мекард, ки бухороиҳоро ба фаро гирифтани улум ва умури бозаргонӣ ва омӯзиши забони хориҷӣ ташвиқ кунад. Дар як ҷумла метавон гуфт, ки ормони рӯзнома парвариши як насли нави соҳиби кор ва соҳиби ватан буд ва намехост, мардуми тоҷик аз ҳамсоягони худ ақиб биафтанд. Чанд масъалае, ки дар он даврон матраҳ буд, имрӯз ҳам бисёр ҷиддист. Яъне ислоҳи низом, қонунгароӣ, таҳаммули андешаҳои дигарон, ташвиқи ҷомеа ба омӯзиши улум ва тарбияти инсонӣ, ҳамчунин посдории забон ва адаби форсӣ… Бубинед, сад сол пеш дар ҳавзаи забон рӯзнома ба чӣ масъала мепардохт. Масъалаи гӯйишу лаҳҷа, забони гуфтору навиштор, забони меъёрӣ. Дар он даврон мегуфт, ки номи забони форсии дарии тоҷикӣ ношӣ аз вусъати қавмият аст, ки ба вуҷуд омадааст. Дар ҳоле ки забони форсии дариву тоҷикиро сад сол пеш рӯзномаи «Бухорои шариф» мегуфт як забон ҳастанд, аммо бо се ном.»

[b]Радиои Озодӣ: Пас, ба назари Шумо, ин рӯзнома асосан фарҳангӣ ва маърифатӣ буд?[/b]

[b]Наҷми Ковиёнӣ:[/b] «Дар оғоз бори сиёсии рӯзнома камранг ва мӯътадил ва бори иҷтимоиву фарҳангии он пуррангтар буд, аммо ором-ором бори сиёсии рӯзнома бештар гардид. Қаламбадастон, адибон ва нависандагон бо навиштани мақола, хабар, сафарнома, мунозира, шеър ва ғайраву ғайра дар рӯзномаи «Бухорои Шариф» муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиро матраҳ намуданд ва мардумро ба ҳушёриву огоҳӣ фаро хонданд. Онҳо бо забони қалам ва силоҳи дониш дар пайи он буданд, ки миллат ва кишвари худро аз банди нодонӣ, ғуломӣ, хурофоту ақибмондагӣ бираҳонанд ва даричаи тозае ба рӯи ҷавонони Бухоро ба ҷаҳони нав бикушоянд ва онҳоро бо тамаддуни ҷаҳон ошно бисозанд. Ва бидуни нусхабардорӣ аз ин ҷову он ҷо барои дардҳои ҷомеа дармон биёбанд. Амири Бухоро ва дигар давлатмардони ғарқ дар фасоду айёшӣ ба маслиҳатандешии ислоҳталабон гӯш фаро надоданд ва дар роҳи пешрафту боландагии кишвар камари ҳиммат набастанд. Ва на танҳо бо ормонҳои тараққихоҳии онҳо мусоадат накарданд, балки ба онҳо фишор оварда, арсаро барои онҳо тангтар намуданд.»

[b]Радиои Озодӣ: Бунёдгузорон ва гардонандагони рӯзнома киҳо буданд ва он бо кадом сармоя нашр мешуд?[/b]

[b]Наҷми Ковиёнӣ:[/b] «Рӯзномаи «Бухорои шариф» бештар марбут аст ба ҷунбиши ҷадидҳо ё навгароёну ислоҳталабон. Нашри он рӯзи 11-уми марти соли 1912 ба сардабирии Ҷалоли Юсуфзода шурӯъ шудааст. Аммо саҳми Мирзо Муҳиддину Мирзо Сироҷиддин, ки аз пешгомони ҷунбиши ҷадидия буданд ва нақши рӯзномаро дар ташаккули ҷавонон ва тараққии ҷомеа хуб мефаҳмиданд, бисёр барҷаста аст. Мирзо Сироҷиддини Ҳаким дар шумораи 19-уми рӯзнома менависад,»Ҷаридаи ҳар миллате забони гӯёи он миллат аст. Бояд ҳарф бизанад, бояд такаллум бикунад. Агар қабоҳии миллатро нагӯяд, абадан вазифаи миллӣ иҷро нашуда. Агар дар пайи таъриф ва тамҷид рафта ва маддоҳӣ кунем, олам моро таън кардаву соири олимон хоҳанд хандид.» Рӯзнома дар тӯли фаъолияташ бисёре аз ватанхоҳонро ба ҳам пайванд дод ва дар рушду инкишофи афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ нақши муассире бозид.»

[b]Радиои Озодӣ: Аммо сарнавишти он ба нокомӣ анҷомид…[/b]

[b]Наҷми Ковиёнӣ:[/b] «Бале, ҳукумати худкомаи амири Бухоро ва истеъмори рус рӯзномаро дар ҳоле маҳв карданд, ки ба рағми фазои истибдод мисли нуре дурахшида ва дар ҷомеа ҷойгоҳи хос пайдо карда, ба авҷи шӯҳраташ расида буд. Худкомагонр нахостанд, ки чашми мардуми Бухоро боз шавад. Ба ин хотир дар рӯзи 2-юми январи соли 1913 Петров, намояндаи Русия дар Бухоро, аз тарафи амир Олимхон номае ба сардабири рӯзномаи «Бухорои шариф» Ҷалоли Юсуфзода мефиристад ва дар он таътили ҳамешагии рӯзномаро барояш эълон медорад. Аммо ба назари ман, бар рағми он ки «Бухорои шариф» пас аз 153 шумора таътил шуд, ҳамин 153 шумора асноди бисёр арзишманди иҷтимоӣ аст, ки дарунмояи он бар пояи таҷаддуд, қонунгароӣ рушду тараққии ҷомеа устувор аст. Рӯзномаи «Бухорои шариф» нахустин таҷрибаи рӯзноманигорӣ ба забони форсӣ аз тарафи тоҷикон буд. Аз сӯи дигар, саҳми «Бухорои шариф» на танҳо дар насри форсӣ, балки дар таърихи равшангарӣ ва ҳақталошию ислоҳталабии тоҷикон дар ҳамон давра низ бисёр чашмгир аст. Насри рӯзнома бисёр зебост ва бо форсии роиҷи ҳамон даврони Эрон ва Афғонистон ва бо лаҳҷаи бухороӣ ва тоҷикӣ мутобиқат дорад.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24494034.html

«Ҳамлаи ногаҳонӣ» ё тафтиши навбатии матбуот?

[b]Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон ба тафтиши саросарии расонаҳо ва чопхонаҳо шурӯъ кардааст.[/b]

Гавҳар Ҳомидова, сарвари маркази матбуоти кумита бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин санҷиш нақшавӣ ва қонунӣ аст: «Беасос нест. Агар ягон проблема надошта бошанд, ба онҳо касе чизе намегӯяд. Ин танҳо як санҷиши нақшавӣ аст.»

Аммо сардабирони нашрияҳо ва сарварони чопхонаҳо ин санҷишро як «ҳамлаи ногаҳони»-е аз сӯи Кумитаи андоз унвон карданд, ки беҳадаф нест. Аксари онҳо аз сӯҳбати рӯйрост бо мо худдорӣ карданд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, ҳоло кормандони андоз дар муҳосиботи тамоми нашрияҳо санҷиш мегузаронанд ва гоҳо камбудиҳоеро пайдо мекунанд, ки орӣ аз мантиқанд: «Ҳоло омадаанд ва аз мо дастгоҳи кассавиро талаб доранд, дар ҳоле, ки тамоми нашрияҳо молашонро яклухт мефурӯшанд, на дона ба дона. Қариб 12 кас омадаанд.»

Ҳамчунин ба қавли сардабирон, кормандони андоз нашрияҳои «Имрӯз Нюс», «Нигоҳ», «Озодагон», «СССР», «Оила», «Муҳаббат ва оила» ва чопхонаҳои «Мушфиқӣ» — ву «Интишор»-ро низ мавриди тафтиш қарор додаанд. Аммо ҳеҷ яке тасдиқ накард, ки ҷарима шудааст, ҳарчанд дар ин бора ҳам гуфта мешавад. Акбари Саттор, сарвари ширкати «Чархи гардун», ки панҷ нашрияро дарбар мегирад, ин тафтишҳоро таъйид кард, аммо аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард.

Коршиносон мегӯянд, санҷиши нашрияву чопхонаҳо аз сӯи Кумитаи андоз чанд ҳадаф дорад, аз ҷумла мақомот барои мулоқоти раисҷумҳур бо намояндагони ВАО дар рӯзи 10-уми март мавод омода кунанд, ё вазъе монанд ба тирамоҳи соли 2010, аммо ин дафъа ба пешвози интихоботи президентии соли 2013 пеш омадааст. Тирамоҳи соли 2010 дар айни авҷи ноамниҳо дар водии Рашт, мақомот нашри расонаҳои мустақилро то чанд моҳ боздошта буданд.

Тафтиши саросарии нашрияву чопхонаҳо дар ҳолест, ки то ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик беш аз як ҳафта монда, қарор аст, то он замон як қатор тадобири ҷашнӣ рӯи даст гирифта шаванд.

Сайфулло Қодиров, масъули таҷлили ҷашн дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи чорабиниҳои ҳукуматӣ то 10-умир март сурат мегиранд, аз ҷумла 6-уми март як нишасти вижа таҳти унвони «Матбуоти тоҷик тайи 100 сол: бурду бохтҳо» баргузор мешавад. Вай афзуд: «Рӯзи 10-уми март маҷлиси идона, консерти идона ва намоишгоҳи китобу матбуоти даврӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешаванд. Ҳамаи чорабиниҳо бо ҳамин анҷом мешаванд.»

Аммо на ҳамаи тадобире, ки як моҳ пеш аз сӯи кумитаи тадорукоти ҷашн пешниҳод шуда буданд, аз сӯи мақомот пазируфта шудаанд. Аз ҷумла қарор буд Иттиҳодияи журналистон як шумораи махсуси «Бухорои шариф» — аввалин нашрияи тоҷикиро дар ин сана ба нашр расонад. Аммо як масъули нашри он, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, мақомот ба ин мухолифат кардаанд ва он ҳам ба ин хотир будааст, ки ба муносибатҳои хориҷии кишвар рабт дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24500730.html

CPJ: “Давлат рӯзноманигоронро ба баҳонаи ифротгароӣ саркуб мекунад”

[b]Дар ин гузориш аз чанд қазияи додгоҳии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар соли 2011 ёдоварӣ шудааст.[/b]

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) гуфтааст давлати Тоҷикистон бо баҳонаи ифротгароӣ ва “тӯҳмат ва тавҳин” рӯзноманигорони воқеъӣ дар ин кишварро саркуб мекунад.

Дар гузориши вижаи ин созмон, ки рӯзи 21 феврал дар сойти он мунташир шуд, гуфта шудааст, ки “бархе аз таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мунҷар ба боздошт ва таҳқиби журналистон ва муҳокимаҳои хастакунандаи онҳо дар додгоҳҳо шуда ва ин амр ба вазъи озодбаёнӣ дар ин кишвар таъсири манфӣ расонидааст.»

CPJ ё Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, як созмони байналмилалии мустақар дар Омрико, зимни пахши гузориши вижае зери унвони “Ҳамла ба озодии баён дар соли 2011” гузоришеро пахш карда ва дар он вазъи озодии баён дар сартосари ҷаҳонро баррасӣ кардааст.

Ин созмон вазъи рӯзноманигорон дар кишварҳои мустақили ҳамсудро низ арзёбӣ кардааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки ҳарчад дар Русия пешрафтҳое дар заминаи муҷозоти бархе аз афроди ҳамлагар ба хабарнигорон ба назар расидааст, вале дар моҳи декабри соли 2011 дар ин кишвар таъсискунандаи ҳафтаномаи “Черновик” ба қатл расид. Дар гузориш омадааст, ки дар даҳсолаи ахир дар Русия 20 рӯзноманигор кушта шуда ва суфоришгарони қатли бархе аз хабарнигорон то ҳол муҷозот нашудаанд.

Ҳамчунин ин созмон зимни баррасии озодии баён дар Ӯзбакистон, навиштааст, ки дар ин кишвар панҷ нафар рӯзноманигор дар маҳбасҳо ба сар мебаранд ва Ӯзбакистон дар минтақа ҷои аввалро дар заминаи теъдоди журналистони зиндонӣ касб кард.

Ва дар идома гуфтааст, ки давлати Ӯзбакистон сонсури густарда дар саҳафоти интернетиро роҳандозӣ карда ва вебгоҳҳои интернетии зиёдеро бастааст.

[b]Тоҷикистон ва озодбаёнӣ[/b]

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон бо ёдоварӣ аз Муҳаммадюусуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар Тоҷикистон навиштааст, ки оқои Исмоилов барои навиштани матлабе дар мавриди фасод дар миёни кормандони мақомоти ҳукумати вилояти Суғд, як солро дар зиндон ба иттиҳоми “туҳмат ва тавҳин” ва ифротгароӣ сипарӣ кард.

Пахши матлаб дар мавриди фасод дар ожонси давлатӣ ва муттаҳам шудани “Пайкон” яке аз нашрияҳои мустақили Душанбе барои “тавҳин ва тӯҳмат”, яке дигар аз қазияҳои ба додгоҳ кашида шудани расонаҳо дар Тоҷикистон дар соли гузашта будаст.

Дар натиҷа додгоҳ қазияро ба суди Ожонси давлатӣ ҳалл кард ва нашрияро барои пардохти маблағи ҳангуфте ба суди ожонсӣ водор кард, ки мунҷар ба қатъи нашри “Пайкон”шудааст.

Ин созмон ҳамчунин навиштааст, ки дар соли 2011 дар шимоли Тоҷикистон хабарнигори Би-би-сӣ низ ба ифротгароӣ муттаҳам шуда ва барои муддате дар зиндон ба сар бурдааст.

Коршиносони ин созмон лағви баргузории нишастҳои матбуъотии се моҳаи ниҳодҳои давлати аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ Тоҷикистонро низ ба суди хабарнигорон намедонанд.

Созмон мегӯяд, ки ҳамаи ин қазияҳо ба вазъи озодии баён ба Тоҷикистон таъсири манфӣ дошта ва коршиносон мегӯянд, ки фишор бар расонаҳо мунҷар ба худсонсурии бисёре аз рӯзноманигорон дар баррасии масоили доғи ҷомеъа шудааст.

[b]Истиқбол ва мухолифат бо арзёбии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон[/b]

Бархе аз намояндагони давлатӣ мегӯянд, ки ба ин арзёбии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар мавриди озодии баён дар Тоҷикистон мухолиф ҳастанд.

Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, мегӯяд, ки бо назардошти қазияҳои додгоҳҳои соли гузашта ва озод шудани хабарнигорон аз муҷоззот, ҳам давлат ва ҳам қозиҳо дар ин кишвар дар нисбати хабарнигорон сахтгир набудаанд.

Вай афзуд: “Ин далоили он аст, ки дар Тоҷикистон вазъи озодбаёнӣ дар сатҳи хубе қарор дорад. Вале худсонсурӣ ба ҳирфаи рӯзноманигор бастагӣ дорад. Рӯзноманигори боистеъдод ҳеҷ гоҳ аз матраҳи мушкилот ва иштибоҳоти ҷомеъа ва давлат худдорӣ намекунад ва баръакс бо баррасии ин масоил ба давлат пешниҳодҳои дақиқеро барои ислоҳи ин мушкил ироа мекунад.”

Ба гуфтаи оқои Сафаров, ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна шумори расонаҳо ва нашрияҳои мустақил зиёд буда ва хабарнигорон низ бешатр озодӣ доранд.

Вале Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо изҳори назари Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар мавриди вазъи хабарнигорон дар ин кишвар розӣ будааст.

Оқои Қаршибоев гуфт: “Фишор бар расонаҳо мунҷар ба маҳдуд шудани фаъъолиятҳои ҳирфаии расонаҳо мешавад. Ва ҳар чи ки ин кумита гуфтааст, асос дорад. Мутаассифона ҳукумати Тоҷикистон ҳатто пешниҳодҳои СММ барои ислоҳи вазъи ҳуқуқи башарро низ қабул намекунад. Ва яке аз мушкилоте, ки дар заминаи расонаҳо вуҷуд дорад, ин он аст, ки то ҳол давлати Тоҷикистон моддаи “тавҳин ва тӯҳмат”-ро ғайриҷиноӣ накардааст.”

Зеро ба гуфтаи вай, бештари рӯзноманигорон ва расонаҳо аз сӯйи мақомот ба ин модда муттаҳам ва ба додгоҳ кашида мешаванд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/02/120221_zkh_cpjreport_media_freedom.shtml

Посухи Душанбе ба СPJ: Барои озодбаёнӣ монеае нест

[b]Мақомоти тоҷик гузориши CPJ дар мавриди озодиҳои матбуотро «аз пашша филсозӣ» номиданд.[/b]

Сайфулло Сафаров , муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, «созмонҳои байнулмилалӣ бар пояи далелҳои ба истилоҳ «хурду реза» хулосабарории бузург мекунанд.»

Ӯ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» афзуд, «то ҷое воқеиятро медонем, чанд нафаре, ки муттаҳам шуда буданд, ба таври сулҳомез ё озод карда шуданд ё парвандаи онҳо баста шуд ё ниҳодҳои давлатӣ ба онҳо гузашт карданд. Яъне, дар маҷмӯъ, низоми сиёсӣ барои озодандешии рӯзноманигорон ҳеҷ монеае накардааст.»

Ҷаноби Сафаров бар ин назар аст, ки дар чанд моҳи ахир, махсусан, пас аз қазияҳои додгоҳӣ, матбуоти Тоҷикистон хеле «бо ғайрату бо ҷуръат» шуда, бо ҷасорат масоили доғи ҷомеаро матраҳ мекунанд. Ба ин далел, Сафаров таъкид дорад, ки созмонҳои байнулмилалӣ зимни арзёбии масоили Тоҷикистон бояд воқеъбинона рафтор кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки умдатан масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бар воқеият доштани натиҷагирии Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон таъкид мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, «ин гузориш бар асоси ҳодисаву воқеаҳое, ки дар фазои расонаии Тоҷикистон дар соли 2011 иттифоқ афтодааст, асос ёфтааст. Зеро мо пештар ҳам гуфта будем, ки таъқибу боздошти рӯзноманигорон ҳатман асарашро ба озодии баён дар кишвар мерасонад. Афзун бар ин мо ҳам мӯътақидем, ки вуҷуд доштани моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар қонуни ҷиноӣ «калтак»-и хубест барои ба ҳарос овардани рӯзноманигорон дар ин кишвар.»

Мавридҳои боздошту таъқиби рӯзноманигорон дар соли 2011 далели коҳиши озодиҳои матбуот дар Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Дар гузориши солонаи СPJ ё Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, ки рӯзи сешанбе зери унвони ҳамла ба матбуот дар соли 2011-ум дар қароргоҳи марказии ин созмони ғайридавлатӣ дар шаҳри Ню-Йорк нашр шуд, гуфта мешавад, баъди нашри мақолаҳо дар бораи фасоди ҳукумати маҳаллӣ, хабарнигори ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” Маҳмадюсуф Исмоилов бо айбномаи тӯҳмат ва ангезиши маҳалгароӣ тахминан як солро дар зиндон сипарӣ кард.

Ҳамчунон ба навиштаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон, дар вилояти Суғд хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ Урунбой Усмонов баъди нашри хабарҳо дар бораи созмони манъшудаи Ҳизбуттаҳрир, худаш бо ифротгароӣ муттаҳам шуда, як моҳ зиндонӣ шуд. Муаллифони гузориш хотирнишон кардаанд, ки хабарнигори “Азия Плюс” Рамзия Мирзобекова бо нашри мақола дар бораи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон аз сӯи як мақоми вазорати корҳои дохилӣ, бо айбномаи нашри хабари беасос ба додгоҳ кашида шуд. Дар мурофиаи дигари додгоҳӣ, додгустар аз давлат пуштибонӣ намуда, боиси манъи интишори ҳафтаномаи мустақили “Пайкон” гардид.

Дар идомаи гузориши Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон зикр шудааст, ки моҳи сентябр президенти Тоҷикистон вазоратҳову идораҳои давлатиро аз баргузории конфронсҳои матбуотӣ раҳо карда, бо ин васила дасрасии маҳдуди матбуот ба масъулонро коҳиш додааст.

Билохира Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон ёдовар шудааст, ки то ҳанӯз дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон тӯҳмат дар воситаҳои ахбори умум ҷиноят ба шумор рафта, масъули он имкон дорад то 2 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Искандари Хоҷа Мирзода, Хуршеди Ҳамдам

Источник:

Шеваи таблиғ ба сабки шӯравӣ

[b]Ҷомеъашиносони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди таъсиси ҳизби алоҳида ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ, шеваи таблиғоти давлатӣ чун замони шӯравӣ боқӣ мондааст.[/b]

Шиорнависиву насби овезаву портретҳои хиёбонӣ як бахши муҳими кори шаҳрдориҳост, ки бидуни таъхир ва беғалат иҷро мешавад. Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз тоблуҳои бозаргонӣ (реклама), дигар ҳамаи шиору даъватҳо ва ибтикору иқдом ба раисиҷуҳмур Эмомалӣ Раҳмон рабт мегирад ва бахши умдаи онҳо аз суханрониҳои раисҷумҳур иқтибос шудаанд.

Масалан, як тан аз наттоқони радиои Тоҷикистон мегӯяд: «Ин иқдоми наҷибу инсонпарваронаи сарвари давлат аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Тӯю хонадоршавӣ ва хатнаи мардуми камбизоат ва ё ки бепарасторро соҳибкорони номии мамлакат, вазорату идораҳо бар дӯш мегиранд, ки аз ин наҷибтарин хислат ва кори шоистае нест.»

Мафҳуми шиорҳо низ аз замони шӯравӣ зиёд фарқ намекунад. Агар он замон мардумро ба ифтихордорӣ аз сохти шӯравӣ ва ҳизби коммунист даъват мекарданд, ҳоло ба сурати умум бар сари арзишҳои миллӣ, хидматҳои раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар таъкид мешавад. Дар ҳоле, ки давлатҳои рушдкардаи дунё пеш аз таблиғи ҳадафе таъсири эҳтимолии он бар зеҳни мардумро борҳо таҳлил мекунанд, мубаллиғони сиёсати ҳукумат дар Тоҷикистон дар ҳамон ҷодаи ошнову похӯрдаи таблиғоти шӯравӣ гом мебардоранд.

Дар даҳ соли ахир на танҳо ибораҳои аз ёдрафтаи замони шӯравӣ эҳё шуданд, балки тарзи баёни наттоқон дар телевизион низ ба шеваи шӯравӣ баргашт. Намунаи рӯшани ин гуфтаро дар эҳёи ибораи маъруфи замони Шӯравӣ “сиёсати хирадмандона” метавон мушоҳида кард. Ин ибора ба раиси ҷумҳур иртибот дорад ва маъмулан қабл аз зикри дастовардҳои ҳукумати ӯ ба кор бурда мешавад. Наттоқони телевизиону радио ва мақомдорон ҳангоми талаффузи ин ибора бояд он қадар патриот ва самимӣ бошанд, ки касе ба ғайриовоқеӣ будани ин мафҳум шубҳа накунад.

Агарчӣ ҳадафи мубаллиғони сиёсати давлат аз эҳёи таъбирҳои кӯҳна афзун кардани садоқати шаҳрвандон ба ҳукумат аст, вале ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, солҳои ахир ин таблиғот комилан натоиҷи баръаксро ба бор овардааст: «Дастгоҳҳи таблиғотии раиси ҷумҳурӣ хидмати хирсона мекунанд, чун ҷаҳон дигар шудааст, андеша ва мардум дигар шудааст. Ин методҳои хоси асри 20, замони диктаторҳо буд. Ман фикр мекунам, ки ба ин шиорҳо, ки овехта мешавад, диққати камтар дода мешавад. Чун дар онҳо ягон гапи нестандарҷаҳон нест, ки ҳатман бояд хонда ва ё азёд карда шавад. Аз ҷониби дигар ваъдаҳои зиёд, ки се сол пас, панҷ сол пас, даҳ сол пас хуб мешавад, дигар таъсир надорад. Бо шиорҳо дигар мардумро ҷазб карда намешавад.»

Бахши фаъоли ҷомеъа, махсусан ҷавонони тоҷик аз кӯҳнагароии ҳукумат нороҳат мешаванд. Зеро бо гузашти 20 соли замони истиқлолият, мақомот ҳанӯз ҳам онҳоро бо шиорҳои шӯравии собиқ гӯл зада, дигаргуниҳои зеҳни шаҳрвандонро ба эътибор намегиранд. Як нафар аз ҷавонони сокини Душанбе мегӯяд, ҳоло наметавон бо усулҳои пешинаи шиорсозиву даъватҳои номувофиқ ба зиндагии мардум, ҷомеаро ба худ мойил кард: «Шиорҳое, ки мо имрӯз дорем аз зиндагии мо дур аст. Шиор бояд таҳрикдиҳанда бошад. Аммо он шиорҳое, ки имрӯз садо медиҳанд, ҳамчун чатр ҳастанд, ки мехоҳанд зери сояи он қарор гиранд.»

Бархе аз андешмандон бо ишора ба мушкилоти фаровони зиндагӣ ва якнавохтиву якрангии ҷомеа мӯътақиданд, ки инҷо кадом «сиёсати хирадмандона» вуҷуд надорад ва онҳое, ки ин ибораро ба кор ва амали Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд, холису беғараз нестанд.

Барзуи Абдураззоқ, ҳунарманди соҳибандешаи тоҷик мегӯяд, ин сифатсозӣ ва тавсифҳо ба раиси ҷумҳурӣ аз сӯи нафароне сурат мегирад, ки асосан соҳибмансаб ва соҳибвазифаанд ва онҳо туфайли ҳамин «сиёсати хирдамандона» ба мақомҳо даст ёфта, ҳоло танҳо ба андӯхтани сарват машғуланд. Ин афрод ба хотири ҳифзи шароити худ, раиси ҷумҳуриро ҳамин гуна тавсифу таъриф мекунанд, ки воқеияти зиндагиро ифода намекунад:

«Шумо таваҷҷӯҳ кунед ба он тоблуҳои калони таблиғӣ, ки дар хиёбон, дар назди бемористон ва ё ягон бинои муассиси дигаре насб шудааст. Дар онҳо чизҳоеро мебинед, ки тақрибан сафсатта аст. Масалан навишта шудааст «муқаддасоти миллӣ». Ва дар ин тоблуҳои бузург дар ҷойи аввал тасвири раиси ҷумҳур ва баъдан Қонуни асосӣ аст. Онҳое, ки имрӯз дар мудирияти кишвар мақом доранд, раиси ҷумҳурро болотар ва ҳатто берун аз қонун гузоштаанд. Ва онҳое ҳам, ки ҳамарӯза аз тариқи телевизиону радио дар бораи сиёсати хирадмандона гап мезананд, дар ин муддати сиёсати хирадмандона, зиндагии хело хубро соҳиб шудаанд.»

Аммо Музаффар Олимов, раҳбари маркази таҳлилии «Шарқ» бар ин андеша аст, ки аз сӯи дастгоҳи таблиғии ҳукумат истифода кардани шиору овезаҳои таблиғӣ ҳадафмандона сурат мегирад. Оқои Олимов афзуд, дар ҳоле, ки дар баробари ин шиорҳо кадом шиорҳои алтернативӣ вуҷуд надорад, ба афкор ва зеҳни мардум таъсири худро хоҳад гузошт:

«Ҳар нафаре, ки ҳар элитаи сиёсие, ки сари қудрат аст, бо мақсади нигоҳ доштани худ дар сари қудрат ва таблиғи идеологияи худ аз ин корҳо истифода мебард. Ва ин чизи табиӣ аст. Албатта ҳаррӯз, ки чашматон ба ин шиору овезаҳо меафтад, новобаста аз синну сол дар зеҳнатон мемонад. Шумо хоҳед нахоҳед дар рӯҳия ва психологияи одам, ки асари худро мемонад, таъсир хоҳад кард. Мардум ба он бовар мекунад. Агар ягон овезаи алтернативӣ набошад, ки масалан зидди вай бошад ва онро (шиорро) зери танқид гирад, ба он чизе, ки овехта мешавад, мардум ба он таваҷҷӯҳ мекунад.»

Ҳамон тавр, ки мубаллиғони сохти Шӯравӣ мафҳуми ватанро бо ҳизби коммунист тавъам карда буданд, таблиғгарони сиёсати раисҷумҳур дар Тоҷикистон низ дар байни Ватан, Миллат ва раисҷумҳур фарқи зиёд намегузоранд.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, тавъам донистани шахси раисиҷумҳур бо мафҳумҳои Ватан ва Миллат эҳсоси ватанпарастиро дар замири шаҳрвандон коҳиш медиҳад. Онҳо мегӯянд, раиси ҷумҳур нафарест, ки бо ҳадафи хизмат ба халқу ватан, барои як даври муайян раҳбар интихоб мешавад, табиист ки ҷонибдору мухолиф дорад ва пайванд додани ин арзишҳо ба раҳбар қиммати онҳоро поён мебарад.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Раддияҳо — талоши худсафедкунӣ ё фишор ба матбуот?

[b]Мақомоти Тоҷикистон дар баробари матолиби интиқодӣ дар матбуот ҳассосияти аз ҳад беш нишон дода, дар бисёр маврид сардабиронро ба чопи раддия маҷбур мекунанд.[/b]

Ин вазъ хабарнигоронро нигарон кардааст ва онҳо умед доранд, ки қабули қонуни нави матбуот баҳси онҳоро бо даъвогарон сабуктар хоҳад кард. Раддия дар қонуни нави матбуоти Тоҷикистон банди махсусро дар бар гирифта, ба шаҳрванд ҳақ додааст, ки дар сурати бардурӯғ будани далелҳои мақола раддия бинависад. Матбуот низ муваззаф шудааст, ки ин ҷавобияи даъвогарро дар чаҳорчӯби қонун ба табъ расонад.

Фазлиддин Асозода, журналисти тоҷик, мегӯяд, вақте дар бораи санҷишу имтиҳонҳои донишҷӯён дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва доир ба масъалаи пулситонии баъзе устодон мақола навишт, дафъатан аз тарафи яке аз муаллимони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия раддия навишта шуда, ин баҳс то ба Шӯрои васоити ахбори умум кашонида шуд.

Раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов мегӯяд, масъалаи раддия ва чопи он дар нашрияҳо ба як масъалаи ҷиддии расонаҳо табдил шудааст. Аммо ба назари ҷаноби Сатторов, нашри посух ё раддияи вазорату дигар ниҳодҳо беҳтар аз баҳсҳои додгоҳӣ аст, ки камари матбуоти мустақилро мешиканад.

«Мо ин таҷрибаро дорем, ки пас аз чопи як мақола дар «Вечерний Душанбе» идорае, ки мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, дар раддияи худ ба ҷойи бо далелу факт рад кардани маълумоти мақола, бештар бо забони таҳқиру тавҳин худро сафед мекард. Мо аз чопи ин раддия худдорӣ кардем»,-афзуд раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон.

Чопи раддия барои нашрияҳо аз он ҷиҳат нохушоянд аст, ки обрӯву эътимоди онҳоро дар назари хонандаҳо коста мегардонад ва дар баъзе маврид онҳоро ҳамчун дуруғгӯ ҷилва медиҳад. Акбаралӣ Сатторов мегӯяд, мақола бояд ба таври ҳирфаӣ навишта шавад, ки ҷое барои рад намудани факту далел ва маълумоти мақола боқӣ намонад.Бо ин ҳол, нашри маҷбурии раддияҳо дар ҳоле авҷ гирифтааст, ки матбуот дар танқиди амалкардҳои ҳукумат озодтар шуда ва саҳифаҳои нашрияҳо низ бо сарлавҳаҳои моҷаробарангез хушхарид шудаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор дар соли 2009 мақомоти давлатиро муваззаф кард, ки ба мавод ё мақолаҳои танқидӣ вокуниш нишон диҳанд.

Сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло мегӯяд, пас аз ин амри раисиҷумҳур нашри раддияҳо бештар шуд: «Бар асоси қонуни ҷории матбуот онҳо мехоҳанд, ки матни раддия бидуни таҳрир чоп шавад. Ҳоло ҳамин вазъ дар масъалаи раддияву посух ба он аксари сардабирони ҳафтаномаҳоро ба ташвиш овардааст.»

Аммо бархе аз намояндагони идораҳои давлатӣ мегӯянд, раддияро ба хотири худсафедкунӣ чоп намекунанд, балки мехоҳанд паҳлуҳои торик ва далелу маълумоти нодуруст рӯшан карда шавад. Баҳром Қурбонов, намояндаи Вазорати обу обёрии Тоҷикистон, ки чандин маротиба ба хотири рӯшан кардани баъзе масъалаҳо дар навиштаҳои рӯзноманигорон ҷавобия навиштааст, мегӯяд: «Бисёр вақт ҳамин ҳолатҳо мешавад, вале на барои худсафедкунӣ . Мо бо мутахассисон ҳамаҷониба факту далелҳоро дақиқ намуда, ба редаксия пешниҳод мекунем.»

Сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи маҷбурии раддияҳо аз як тараф хонандаро саргум месозад, аз тарафи дигар ҷонибҳо, яъне хабарнигору даъвогарро ба як баҳси дигар ворид мекунад. Ҳуқуқшиноси умури матубот Иноят Иноятов пешниҳод мекунад, ки дар Қонуни нави матбуот чаҳор банди моддаи 19 комилан бознигарӣ шавад. Вай гуфт, «таҷрубаи баҳсҳо нишон медиҳад, ки дар бораи як нафар вақте мақола навишта мешавад, нафари дигар бо таҳқиру тавҳин ҷавоб менависад ва қонуни мазкур мегӯяд, ин раддия бетаҳрир чоп шавад. Барои ҳамин, дар матни нав бояд рӯшан кард, ки идораи рӯзнома чиро ва чигуна бояд нашр кунад.»

Ҳоло тарҳи нави қонуни матбуоти Тоҷикистон дар баррасии гурӯҳи кории иборат аз намояндагони порлумон, ҳукумати кишвар ва журналистон қарор дорад ва гуфта мешавад, ки созиш бар сари ин мавзуъ ба осонӣ даст нахоҳад дод.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24493873.html