Архив рубрики: Таҳлил

Коршинос: “Агар даъвогар дар мурофиаи додгоҳӣ ноком гардад, бояд лаҳзае дар мансаби хеш боқӣ намонад”

[b]Тавсияҳои Ҳамоиши ҷумҳуриявии «Озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон», ки ахиран интишор ёфт, баёнгари он нукта аст, ки воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ дар талоши дарёфти ҳақу ҳуқуқҳои худ барои дарозмуддат гомҳои устувор мегузоранд. Ин тавсияҳо дар ҷараёни ҳамоиши 115 нафар роҳбарони созмонҳои журналистӣ, воситаҳои ахбори чопиву электронии давлатӣ ва мустақил, коршиносони соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва журналистон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар, ки аввали моҳи май доир гардида буд, таҳия шуд. Вале аз назари баъзе собиқадорони матбуоти кишвар тавсияҳо ҳамоно таҳрир мехоҳанд ва бояд дар шакли комилтар аз ин мавриди қабул қарор гиранд. Аз ҷумла, Насибҷон Амонӣ, журналисти тоҷики муқими Алма-Ато, дорандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Қазоқистон таҳияи тавсияҳоро ташаббуси наҷиб медонад ва мегӯяд, онро боз ҳам бояд комил сохт.[/b]

— Баргузор шудани ҳамоише бо номи «Озодии баён ва сарнавишти воситаҳои ахбори оммавӣ ё расонаҳои мустақили гурӯҳӣ дар Тоҷикистон» моро умедвор месозад, ки дар кишварамон воқеан чунин расонаҳои мустақил ба маънии томи вожа фаъолият кунанд. Тавсияҳое, ки дар ин росто ба миён гузошта шудаанд, низ барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат хоҳанд кард. Дар ин тавсияҳо дуруст таъкид гардидаст, ки як зумра дастурҳои раиси ҷумҳур ва ҳукумат барои озодтар кардани фаъолиятҳои журналистон ва аз байн бурдани саддҳои дар қонунгузорӣ вуҷуддошта ба суди расонаҳои мустақил ва дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа аст. Ҳамчунин, пешниҳод дар бораи омӯзиши таҷоруби кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мисли ИМА, Олмон, Укроин ва ғайра дар мавриди танзими истифодабарии Интернет ва вокуниш ба он имкон хоҳад дод расонаҳои мустақили гурўҳии мо дар роҳи расидан ба озодии ҳақиқии хеш гоме ба пеш гузоранд. Вале, ба назари инҷониб, баъзе воқеиятҳои имрӯзӣ аз назар дур мондаанд, ки агар ба онон низ таваҷҷўҳ мешуд, ба суди кори расонаҳои мустақил мебуд.

Нахуст, дар тавсияҳо аз он изҳори нигаронӣ карда шудааст, ки вақтҳои ахир бисёр нашрияҳои мустақил бо сабабҳои гуногун ба додгоҳ кашида шудаанд ва баъзе даъвогарон аз нашрияҳо товонҳои ҳангуфтеро талаб кардаанд ва ҳамзамон пешниҳод кардаанд, ки ҳаҷми аксари ин товон бояд мушаххас карда шавад. Ин ҷо бо такя ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва риояти орият ва ҳайсияти тоҷикӣ бояд нуктаи дигарро низ таъкид намуд. Ба гунаи рӯшан дар кишварҳои пешрафта, ки он ҷо расонаҳо як рукни ҳокимият маҳсуб мегарданд, агар мансабдор қонуншикание ё хилофкорие карда бошаду аз ҷониби расонае зери интиқод қарор гирад, ӯро ду роҳ пеш меояд: яке, агар ба бегуноҳии худ бовар дошта бошад, он расонаро ба додгоҳ кашидан ва худро, ба истилоҳ, сафед кардан ва дигаре, ба истеъфо рафтан. Вале дар Тоҷикистони азизи мо мансабдорон на танҳо ба навиштаи интиқодии расонаҳо таваҷҷўҳе намекунанду ба истилоҳ, «пӯсти ману табари қассоб» мегӯянд, балки ҳатто баъди ба додгоҳ кашида шудани расона ва таъйид нагардидани даъвояшон ҳамоно, гӯё ҳеч чизе нашуда бошад, дар мансаби хеш боқӣ мемонанд ва касе ҳам талаб намекунад, ки эй фалонӣ, ориятат куҷост, дигар ту ҳақи дар ин мансаб будан надорӣ. Ба назари мо, агар даъвогар дар мурофиаи додгоҳӣ ноком гардад, ӯ бояд лаҳзае дар мансаби хеш боқӣ намонад. Ин нукта бояд дар тавсияҳо илова мегардид.

Ҳамчунин, ба ҳамагон рӯшан аст, ки яке аз роҳҳои рушди ҷомеа ва таъмини озодиҳои инсон даст ёфтан ба озодии комили расонаҳои мустақил аст. Зеро озодии ҳақиқии инсонҳо дар ҷомеае муяссар мегардад, ки он ҷо расонаҳояш озод ва танҳо дар назди додгоҳ ҷавобгӯ бошад. Вале дар Тоҷикистон бидуни ҳукми додгоҳ ба фаъолияти расонаҳо дигар ниҳодҳо таъсири манфӣ мерасонанд, ки ин қобили таҳаммул нест. Сониян, дар Тоҷикистон ҳамоно худсензураи журналистон идома дорад ва он тарсу ваҳме, ки нимаи солҳои 90 дар кишвар ҳукмрон буд, ҳоло ҳам аз байн нарафтааст ва ҳамоно расонаҳо наметавонанд дар бораи тамоми бахши ҷомеаи кишвар, ба истилоҳ, чи шоҳу чи гадо матлаб дарҷ намуда, камбудии ононро нишон диҳанд. Модоме ки чунин худсензур вуҷуд дорад ва журналистон ҳоло намояндаи ҳокимияти чорум будани худро пурра эҳсос накардаанд, наметавон гуфт, ки мо имрӯз дар Тоҷикистон расонаҳои мустақил дорем. Ағлаби расонаҳои имрӯзии Тоҷикистон, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, нимамустақиланд. Дар ҳоле ки расонаҳо бояд ё озод бошанд ва ё ноозод. Ҳарчанд дар Тоҷикистон баъзан табли шодӣ мезананд, ки дар масъалаи озодии баён мо дар минтақа дар яке аз мақомҳои аввал ҳастем, вале воқеият чунин нест ва мо дар ин маврид аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон, ки нашриҳояшон — чи ҳизбиву мустақил, ҳама қишри ҷомиа, ҳатто раиси ҷумҳур ва дастгоҳи ӯро озодона интиқод мекунанд ва камбудиҳои ононро бебокона нишон медиҳанд, дар ҷойи пойин ҳастем. Агар мо ҳам чун дар он кишварҳои ҳамсоя ба чунин озодии баён бирасем, расонаҳои мустақили мо ҳам метавонанд худро боифтихор мустақил бигӯянд ва рисолати хешро, ки хидмат ба ҷомеа, пешрафти он ва таъмини озодиҳои инсон аст, сарбаландона иҷро кунанд.

Аз ин хотир, дар мавриди аз байн бурдани рӯҳияи аз даврони ҷанг боқимондаи худсензорӣ ва расонидани ҳама гуна иттилоъ, ки ба ҳама қишри ҷомеа — чи мансабдорони сатҳи олӣ ва мардуми одӣ марбут аст, ба назари мо, бояд нуктаҳое ба тавсияҳо шомил мегардид, ки барои расидан ба озодии баён ва беҳтар кардани сарнавишти он дар Тоҷикистон мусоидат мекард.

Фирўзи МУҲАММАД

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25535

Ду телезивиюни хусусӣ фурӯдгоҳи Хуҷандро ба додгоҳ кашиданд

[b]Шабакаҳои телевизиюни хусусии «Ҷаҳоноро» ва «Азия» аз аъмоли ба гуфтаи онҳо ғайриқонунии кормандони фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба додгоҳ шикоят бурдаанд.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи ин ду шабакаи телевизиюнӣ, рӯзи панҷшанбеи 17 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки шикояти онҳо ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ирсол шудааст.

Дар шикояти Аъзамхон Акбаров ва Маҳмудҷон Дадобоев, руасои шабакаҳои телевизиюнии хусусии «Азия» ва «Ҷаҳоноро», кормандони бахши амниятии фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба нақзи муқаррароти Қонуни асосӣ дар мавриди озодии баён ва дарёфти иттилоъот муттаҳам шудаанд.

Дар додхости онҳо омадааст: «Дар рӯзи 4 марти соли ҷорӣ парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Хуҷанд ба далоили номаълум ба таъвиқ афтод ва хабарнигорони шабакаҳои «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ба дархости мусофирон ба фурӯдгоҳ омада ва барои рӯшан кардани иллати таъвиқ талош кардаанд.»

«Аммо кормандони бахши амниятии фурӯдгоҳ ба рӯзноманигорон иҷозаи дидор бо масъулони фурӯдгоҳро надода ва базӯрӣ ва бо корбурди алфози қабеҳ хабарнигоронро аз сохтмони фурӯдгоҳ берун кардаанд.»

Гуфта мешавад, ки хабарнигорони шабакаҳои «Азия» ва «Ҷаҳоноро» дар муддати дуву ним соъат (аз соъати 11:00 то 13:30) натавонистаанд бо масъулони фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд дидор ва иллати таъвиқи парвозро рӯшан кунанд.

Афзун бар ин, кормандони фурӯдгоҳ хабарнигоронро дар ҳузури мусофирон таҳқиру дашном карда ва ба ин тартиб, «обрӯю нуфузи журналистонро (рӯзноманигоронро) паст задаанд.»

Дар ин нома таъкид шудааст, ки бо вуҷуди пахши ин ҳодиса аз тариқи шабакаҳои «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ва ирсоли номаи расмӣ ба Маъруф Маҳмудов, мудири кулли фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд, масъулон ба ин ҳодиса ҳеч вокунише накардаанд.

Раисони шабакаҳои телевизиюнии «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ин гуна мавзеъгирии масъулони фурӯдгоҳро муғойир бо фармони раиси ҷумҳурӣ дар бораи посух ба интиқодоти расонаҳо ва қавонини Тоҷикистон дар бораи озодии баён ва дарёфти иттилоъот аз манобеъи расмӣ хондаанд.

Дар додхости масъулони ин ду шабакаи хусусӣ ба додгоҳ аз фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои «ҷуброни зарари маънавӣ» пардохти 100 ҳазор сомонӣ тақозо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Людмила Пухова, ёвари мудири кулли фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфт, ки шикояти хабарнигорони шабакаҳои телевизиюни «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ба фаъъолияти кормандони бахши амниятии фурӯдгоҳ марбут будааст.

Ба гуфтаи хонуми Пухова, бар асоси муқаррароти фурӯдгоҳ, наворбардорӣ ё аккосӣ дар дохили фурӯдгоҳ бидуни иҷозаи расмӣ мамнӯъ аст. Ӯ гуфт, ки аз ин лиҳоз кормандони амниятӣ онҳоро аз дохили сохтмон берун кардаанд.

Ҳамчунин, Людмила Пухова гуфт, ки хабарнигорон имкон доштанд ба таври мустақим ба Маъруф Маҳмудов, мудири кулли фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд муроҷиъа кунанд.

Ба гуфтаи вай, утоқи кории оқои Маҳмудов дар хориҷ аз фурӯдгоҳ воқеъ буда ва ҳар нафар метавонад бидуни мамонеъат ба ин сохтмон ворид шавад ва бо ӯ дидор кунад.

Ин масъули фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфт, ки масъулони ин фурӯдгоҳ дар ҷаласаи додгоҳ бо далоили қотеъ аз мавзеъи худ дифоъ хоҳанд кард.

«Азия» ва «Ҷаҳоноро» аз шабакаҳои телевизиюнии хусусӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, буда ва мақарри онҳо дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст.

Мардони Мухаммад

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/05/120517_mm_media_court.shtml

Додоҷони Атовуллоҳ: ‘Омили ҳамла ба Тоҷикистон фирор кардааст

[b]Бозрасони парвандаи ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон, гуфтаанд, ки омили ин ҳодиса ба Тоҷикистон фирор кардааст.[/b]

Дар ин бора оқои Атовуллоҳ рӯзи чаҳоршанбеи 16 май дар суҳбате ихтисосӣ ба Би-би-сӣ хабар дод.

Ин рӯзноманигори 56-солаи табъидӣ, ки муддатест дар Олмон ба сар мебарад, мегӯяд, ки комилан шифо ёфта ва бо кумисари ҳуқуқи башари Олмон мулоқот кардааст.

Вай шоми рӯзи 12 январ дар Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва шадидан захмӣ шуда буд.

Ба гуфтаи оқои Атовуллоҳ, вай ному насаби фарди муҳоҷимро медонад, аммо барои ҷилавгирӣ аз мухтал шудани таҳқиқи парванда исми ин фардро намехоҳад ифшо кунад.

Ӯ аз қавли бозрасоне, ки ба таҳқиқи ин парванда машғуланд, гуфт, ки фарди муҳоҷим ба Тоҷикистон фирор карда, вале мақомоти рус ҳануз ҳеч тасмиме барои дархости истирдоди ӯ нагирифтаанд.

Дар суҳбат бо Би-би-сӣ Додоҷони Атовуллоҳ иттилоъ дод, ки рӯзи 15-уми май дар Берлин бо Моркус Лунинг, омбудсмен ё кумисари ҳуқуқи башари давлати Олмон, дидору гуфтугӯ кардааст.

Вай гуфт, ки мавзӯъи мулоқоташ бо оқои Лунинг раванди демукротиза дар Тоҷикистон будааст.

Ин мақоми олмонӣ таъкид кардааст, ки кишварҳои урупоӣ барои назорати беш аз пеш бар раванди баргузории интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.

Оқои Лунинг ҳамчунин суолҳоеро дар заминаи вазъи озодии баён, зиндонҳо ва озодиҳои маданӣ ва фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон матраҳ кардааст. Ба гуфтаи оқои Атовуллоҳ, дар ин дидор ба мавзӯъи интихоботи қарибулвуқъ таъкиди вижа шудааст.

Ӯ гуфт: «Ман ба оқои Моркус гуфтам дар кишваре, ки дар Қонуни асосии он калимаи «демукросӣ» ҳаст, 20 сол раиси ҷумҳур будани як нафар нишон медиҳад, ки аз демукросӣ дар ин кишвар нишоне нест.»

Оқои Лунинг дар посух ба ин нигаронии хабарнигори мунтақиди давлати Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки кишварҳои Урупо аз тариқи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 дар Тоҷикистонро зери заррабин қарор хоҳанд дод.

Оқои Атовуллоҳ ҳамчунин таваҷҷӯҳи кумисари ҳуқуқи башари Олмонро ба қазияи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҷалб карда ва гуфтааст, дар ҳоле ки кишварҳои урупоӣ ба сарнавишти Юлия Тимушенку, раҳбари зиндонии мухолифони Укройн бетафовут нестанд, чаро дар мавриди раҳбари зиндонии ҳизби демукроти Тоҷикистон садои эътироз баланд намекунанд?

Оқои Атовуллоҳ гуфт: «Вақте ман дар бораи оқои Искандаров ҳарф задам, бардошти ман ин буд, ки оқои Лунинг бори аввал дар бораи ӯ мешунавад. Ӯ хеле мутаассир шуд.»

Озодии матбуъот мавзӯъи дигари матрӯҳа дар ҷараёни мулоқоти кумисари ҳуқуқи башари Олмон бо Додоҷони Атовуллоҳ будааст.

Ҳарчанд гуфта мешавад Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар заминаи озодии баён вазъи беҳтаре доштааст, аммо ба бовари оқои Атовуллоҳ, ин муваффақиятро ба давлат на, балки ба ҷасорати худи рӯзноманигорон бояд марбут донист.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон аз кишварҳои урупоӣ ва Омрико дархост кардааст, ки барои густариши озодии баён дар кишварҳои Осиёи Миёна бар «режимҳои саркӯбгари» минтақа фишор ворид кунанд.

Музаффар Сулаймонов, пажӯҳишгари ин созмон, дар нишасти вижаи Кумисиюни Омрико дар умури Амният ва Ҳамкории Урупо аз кишварҳои урупоӣ ва Омрико хостааст, ки барои раҳоии хабарнигорон аз зиндонҳои Осиёи Миёна кумак кунанд.

Вай бавижа аз теъдоде хабарнигори зиндонӣ дар Узбакистон ва Қирғизистон ном бурда, аммо афзудааст, ки вазъият дар ҳамаи кишварҳои минтақа нигаронкунанда аст.

Ӯ зимни ишора ба суханронии Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ки рӯзи 3-юми май, мусодиф бо Рӯзи ҷаҳонии матбӯъот садо дод, гуфтааст: «Фарҳанги беҷазо мондан дар ивази чунин амалкард набояд дар ҳеҷ кишваре вуҷуд дошта бошад.»

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон чанде пеш дар баёнияи дигари худ аз давлати Русия хоста буд, ки ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро ҷиддан таҳқиқ, амнияташро то замони шифо ёфтанаш таъмин ва муҳоҷимонро муҷозот кунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/05/120516_sq_dadajan_atavollah.shtml

Ҷомеаи журналистӣ: Танзими қонунии блокировкаи сайтҳо ба роҳ монда шавад

[b]Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки аввали моҳи равон зери унвони «Озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» сурат пазируфт, ахиран сил-силаи тавсияҳоеро таҳия намуда, фардо барои баррасӣ ба ҳукумат ва панҷ вазорати кишвар пешниҳод хоҳад кард.[/b]

3-юми майи соли 2012 бо ҳузури беш аз 115 нафар роҳбарони ташкилотҳои журналистӣ, воситаҳои ахбори чопиву электронии давлатӣ ва мустақил, коршиносони соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва журналистон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Ҳамойиш бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва ҳамдастиву шарикии тамоми созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла Иттифоқи журналистони Точикистон, Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Медиа- алянси Тоҷикистон, Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз», ташкилотҳои ҷамъиятии «Журналист», «ИНДЕМ» ва «Хома», фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» сурат пазируфт. Иштироккунанадагон дар чор бахш муҳимтарин проблемаҳои мавҷудаи соҳаро баррасӣ намуда, тавсияҳои мазкурро пешниҳод сохтанд:

1. Иқдоми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастур ба Вазорати адлия ҷиҳати хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136 аз Кодекси ҷиноӣ боиси хушнудист. Дар баробари ин тавсия шуд, ки ташкил ва фаъолияти гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба ин масъала шаффоф ва бо иштироки намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин қайд гардид, ки декриминализатсия на фақат ба моддаҳои 135 ва 136 КҶ-и ҶТ дахл дорад, балки боз ба 6 моддаи дигари қонунгузории ҷиноятӣ низ марбут аст, ки онҳо ҳам бояд мавриди назар бошанд. Тавсия шуд, ки ҳангоми ғайриҷиноӣ кардани моддаҳои марбут ба диффаматсия таҷрибаи давлатҳои дигар, хусусан, Украина дар мавриди вориди махдудият оид ба пешниҳоди даъвоҳо аз ҷониби шахсони мансабдор мавриди омӯзиш қарор гирад;

2. Солҳои охир ба додгоҳ кашида шудани ВАО-и мустақил нигаронии ҷомеаи журналистиро ба бор овард. Аз ин хотир тавсия шуд, ки таъсиси ниҳоди махсуси ташхиси забонию ҳуқуқӣ барои баррассии масоили таҳқир ва тӯҳмат зарур аст. Инчунин қонунгузор бояд дар қонунгузории шаҳрвандӣ ҳаҷми маблағи ҳадди аксари товони зарари маънавиро муайян намуда, пардохти боҷи далатиро барои рӯёнидани зарари маънавӣ пешбинӣ намояд;

3. Иштирокчиёни конференсия бар онанд, ки лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи ВАО» бояд ҳарчӣ зудтар қабул гардад. Дар замина тавсия мешавад, ки дар қонуни нав масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии фаъолияти ВАО (хусусан бақайдгирӣ), масъулият барои поймол намудани озодии сухан мушаххас карда шавад, меъёрҳои «сарчашмаи ахбор», «ҷавоб», «раддия» мушаххас баён шавад ва дар матни қонун мафҳумҳои «танқид», «шахсияти шинохта» (публичная фигура), «ақида» ва «баҳои якҷониба» (оценочное суждение) шарҳ дода шавад;

4. Бо мақсади муайяну мушаххас намудани сарнавишти ВАО-и электронии мустақил ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатии дахлдор, ВАО-и мустақили электронӣ, ташкилоти ҷамъиятии соҳа ва коршиносони мустақил гурӯҳи якҷояи корӣ таъсис дода шавад;

5. Танзими базаи ҳуқуқии гузариши Тоҷикистон ба пахши рақамӣ, воридкунии тағйироту иловаҳои лозима ба қонунҳои амалкунанда ва ба тартибдарории онҳо оғоз гардад;

6. Чорабиниҳои тахассусиро барои бозингарони давлативу ғайридавлатии соҳа вусъат дода, иттилоотонии аҳолӣ доир ба гузариш ба пахши рақамӣ бо роҳи таҳияи силсилаи барномаҳои радиотелевизионӣ, роликҳои иҷтимоӣ, чопи матолиб дар ВАО ва ғ. таъмин карда шавад;

7. Вобаста ба ҳолати феълии иҷрои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба созмону иттиҳодия ва ҷомеаи журналистии кишвар тавсия мешавад, ки раванди ҳамбастагӣ ва ҳамраъйиро идома дода, роҳбурди нави фаъолиятро коркард намоянд;

8. Воситаҳои ахбори омма ҳангоми қабули кормандон дар баробари шартномаи меҳнатӣ ҷиҳати риояи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ низ ҳуҷҷат (санад) ба имзо расонанд;

9. Риоя накардани ҳуқуқҳои муаллифӣ, истифодаи ғайриқонунии ахбор аз нахустсарчашмаҳо, бо аломатҳои махсус ҷудо накардани матлабҳои таблиғотӣ аз мушкилоти умдаи соҳа боқӣ монда, таҳлили амиқи вазъияти бавуҷудомада, коркарди пешниҳодот ва имзои созишнома миёни ВАО дар ду моҳи наздикро тақозо мекунад;

10. Мутахассисони соҳаи Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба гурӯҳи корие, ки дар назди Маркази миллиии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон оид ба омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ доир ба танзими фаъолияти Интернет таъсис шудааст, ҷалб карда шаванд;

11. Таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ доир ба танзими муносибатҳо дар Интернет, аз ҷумла таҷрибаи Олмон ва ИМА омӯхта шуда, натиҷаҳои он дар такмили қонунгузории Тоҷикистон истифода шаванд;

12.Танзими қонунии боздоштани (блокировка)-и сайтҳо ба роҳ монда шавад ва дар ин замина тартиби пешазсудӣ ва аз ҷониби суд боздоштани сайтҳо муқаррар карда шавад;

Қарор аст, ин тавсияҳо фардо ба ҳукумат ва 5 вазорату идораҳои дахлдор ироа шавад.

Источник: http://www.ozodagon.tj/g/item/16412-ҷомеаи-журналистӣ-танзими-қонунии-блокировкаи-

Коршинос: «Ягона василае, ки озодии суханро пурра таъмин мекунад, муттаҳидии худи журналистон аст»

[b]Ҳамасола рӯзи 3-ми май журналистони тоҷик, Рӯзи озодии суханро ҷашн мегиранд. Дар назар аст, ки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд, рӯзи 5 майи соли равон, дар «Кохи матбуот» ин рӯзро бо дастгирии намояндагони мақомоти Суғд ва созмони ОБСИ таҷлил хоҳанд кард.[/b]

Вале як назарпусие, ки мо оид ба ҷойгоҳи озодии баён дар кишвар миёни журналистони суғдӣ доир намудем, собитгари он буд, ки назарҳо дар ин бора мухталифанд. Суоле ки мо бо чанде аз коршиносон ва журналистон дар миён гузоштем ин буд: Оё шумо то куҷо дар фаъолияти худ озодии баёнро эҳсос мекунед?

Алишери Толиб, хабарнигори мустақил аз маркази Суғд дар робита ба ин суол чунин ибрози назар кард:

-Пеш аз ҳама зимни фаъолияти корӣ дар расонаҳо, ман озодии баёнро аввалан эҳсос мекунам. Чун масалан имрӯз қонунҳои Тоҷикистон ва Сарқонуни кишвар ба мо озодии баёнро кафолат додаст. Фикр мекунам, ки агар хабарнигор дар такя ба қонунҳо ва Сарқонун амал кунанд, ин озодиро бештар эҳсос мекунад. Вале ҳангоми фаъолияти корӣ фишор ва ё барои озодбаёнӣ таҳдиду фишор мешавад, яъне албатта ин ҳолатҳо дида мешавад.

Аммо имрӯз як ҳолати аҷиб дар ҷомеа ба миён омадааст. Махсусан бештари вақт ба худи хабарнигор фишор оварда намешавад, зеро вақте ба хабарнигорон фишор меоранд, онҳо аз ҳар ҷониб ҳимоят мешаванд. Бештар аз сӯи созмонҳои байналмиллалӣ дифоъ аз ҳаққи хабарнигорон дида мешавад. Аммо бештар қаҳрамонҳои худи хабарнигорон боиси фишору таҳдидҳо аз сӯи мақомот ва дигар афроди ҷомеа қарор мегиранд, ки ин бисёр боиси нигаронӣ аст -мегӯяд рӯзноманигори ҷавон Алишер.

-Аз ин лиҳоз ҳар хабарнигор, хосса шахсан банда баъди он, ки ягон мақола ва ё матлаб менависам, аз фаъолияти минбаъдаи қаҳрамони худ нигарон мешавам. Пас аз он ки суханҳои онҳоро нашр мекунем, оё кафолат ҳаст то онҳо аз сӯи ягон нафар фишор ва ё мавриди озор қарор нагиранд? Ин аст бештар мавриди нигаронкунанда дар озодии баён.

Аммо дар ин маврид Маъсуми Муҳаммадраҷаб хабарнигори радиои «Озодӣ» дар вилояти Суғд чунин мегӯяд:

-Дар давоми фаъолияти кории худ ман маҳдудияти озодии баёнро чандон ҳис намекунам. Аммо дар сурати умум бигӯям барои хабарнигоре, ки мехоҳад воқеъан як мақолаи таҳқиқотӣ нависад ва ё барномаи таҳқиқотию таҳлилӣ кунад имкон ҳаст, фазои мо то дараҷае маҳдуд нест. Барои таълифи мақолаву омода кардани гузоришҳо дарҳо боз аст. Танҳо барои ин журналист бояд заҳмат кашад, ҷустуҷӯ намояд, яъне аз баён кардани проблемаҳо наҳаросад.

Ҳаминро низ қайд бояд кард, ки озодии баён дар марказ нисбатан фарозтар аст, нисбат ба марказҳои вилоятҳо. Ва ба навбати худ назар ба марказҳои вилоят, фазои озодии баён дар маҳалҳою ноҳияҳо маҳдудтар аст. Хусусан дар бархе аз ҷамоатҳо. Шояд аз он ҷиҳат, ки фазои зиндагӣ дар марказ озод аст. Аммо дар маҳаллҳо худи фазо маҳдуд аст. Вақте, ки худи фазо маҳдуд шуд, пас озодии баён ҳам буда наметавонад. Озодии баён вобаста аст аз худи фазои иқтисодию иҷтимоии мардум, ки он ҷо зиндагонӣ мекунанд-

Вале Дилбар Самадова, коршинос дар ин хусус чунин назар дорад:

-Ҳар нафаре, ки худро журналист ҳисоб мекунад, ман гумон мекунам, ки боби якуми Сарқонун басанда аст, ки давлати мо демократӣ эълон шудааст.

Ва ҳар нафаре, ки як зарра худро инсони комилҳуқуқ эътироф мекунад, бояд аз рӯи ҳамин чиз амал кунад, ки ӯ дар давлати демократӣ фаъолият мекунад ва вобаста ба ин қонунгузориҳои кишварро риоя кунад.

Бештар ман гумон мекунам, ки дар кишвар бахусус дар вилояти Суғд озодии баён вуҷуд дорад. Вале на ҳар як журналист аз ҳамин чиз истифода мекунад. Яъне на ҳар як журналист аз ӯҳдаи корӣ худ баромада наметавонад. Ин як камбудӣ аст. Яъне ман дар назар дорам бештар эҳсос мешавад худсензура. Мо худамонро худамон зери ин ё он фишор қарор медиҳем — мегӯяд Дилбар Самадова.

Ба ҳар ҳол нисбат ба солҳои пештара имрӯз воқеъан озодии сухан эҳсос мешавад. Ман дар назар дорам расонаҳои мустақиле, ки дар ҷумҳурӣ нашр мешаванд. Хеле маводҳое ба нашр мерасад, ки ҷавобгӯи талаботи демократӣ аст.

Вале як чизи дигареро қайд қардан мехоҳам, ки имрӯз мутаассифона баъзе аз қонунҳое, ки фаъолияти журналистро танзим мекунанд, ҷавобгӯи давлати демократӣ нестанд. Новобаста аз он, ки Президенти кишвар дар вохӯрӣ бо журнавлистон баъзе чизҳоро ишора кард ва ваъда ҳам дод, ки дар қонунгузорӣ баъзе дигаргуниҳо бояд дароварда шавад.

Дилбар Самадова мегӯяд: -Аммо бо вуҷуди ин ман гумон мекунам, ки ягона чизе, ки озодии сухани моро пурра таъмин мекунад, муттаҳидии худи журналистон аст. Агар худи журналистон муттаҳид шаванд ва ҳуқуқҳои худро аз рӯи қонун истифода кунанд, пас вазифаи худро дар назди ҷомеа адо карда метавонанд.

Моҳирахон Хоҷаева.

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25303

Баҳси озодии баён ва ахлоқи журналистӣ

[b]Журналистон ва коршиносон масъалаҳои ахлоқи касбии кормандони расонаҳои ахбори омро баррасӣ карданд.[/b]

Амалҳои хилофи ахлоқи касбии журналистӣ низ монеае дар роҳ ба сӯи озодии баёнанд. Ин буд хулосаи ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар шаҳри Душанбе, ки роҳҳои пешгирӣ аз чунин аъмолро баррасӣ намуд.

Нашри матолиби фармоишӣ, дар хидмати гурӯҳ ва афроди алоҳида қарор доштани бархе аз расонаҳо, чопи матолиб дар ивази маблағ, камии маоши хабарнигорон ва чанд омили дигар боиси он шудааст, ки дар бархе аз мавридҳо усули ахлоқи касбӣ дар миёни рӯзноманигорони тоҷик риоят нашавад.

Бештари ширкатдорони ин нишаст иллати пеш омадани чунин мушкилҳоро ба вазъи молиявии рӯзноманигорон марбут донистанд. Ба эътиқоди сухангӯёни ин нишаст, бархе аз хабарнигорон гоҳо бар ивази инъом ва ё шояд дарёфти маблағ рисолати касбии худро фаромӯш карда, ба чопи матолибе даст мезананд, ки хонанда ва ҳамин тавр афкори умумиро ба роҳи ғалат мекашонанд.

Иршод Сулаймонӣ, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, матолибе, ки хусусияти таблиғотӣ дошта, аз рӯи фармоиши касе ва ё гурӯҳе омода ва чоп шудаанд, бояд аз бақия матолиби нашрия фарқ кунананд. Дар сурати ғайр ин, тарзи чоп ба таври дағалона нақз кардани меъёри ахлоқи журналистӣ ҳисобида мешавад

«Дар бештари маврид матлабҳои тиҷоратӣ чун маводи журналистӣ пешниҳод мешаванд. Як сабаби риоя нашудани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ паст будани маоши рӯзноманигорон аст, ки дар бештари маворид журналистонро ба тамаъҷӯӣ водор мекунад.»

Ин дар ҳолест, ки Умрилло Меликмуродов, корманди Маркази миллии қонунгузории назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз иштирокдорони ҳамоиш гуфт, мақола ва гузоришҳое, ки хусусияти реламавӣ дошта, бидуни ишораи хос чоп мешаванд, хилофи қонунгузории Тоҷикистонанд: «Масъалаи мазкур на танҳо дар доираи қоидаи ахлоқи журналистон, балки дар қонуни Тоҷикистон дар бораи реклама ҳам ба унвони рекламаи пинҳонӣ муқаррар шудааст. Дар чунин сурат ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар шакли ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст.»

Дар ҷараёни баҳс ҳамчунин аз афзоиши матолиби бадномкунанда алайҳи шахсиятҳо ва гурӯҳҳои ҷудогона дар нашрияҳо, ки умдатан бо имзоҳои мустаор ба табъ мерасанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва яке аз мизбонони нишасти мазкур гуфт, ки истифода аз нашрияҳо ба хотири бадномкунии шахсиятҳо низ сарфи назар кардани одоб ва асли касби рӯзноманигорӣ дониста мешавад. Сардабирони нашрияҳоро зарур аст, ки дар сурати ворид шудани чунин матолиб ҳадди ақал шахсияти муаллифонро барои худ маълум намоянд:

«Дар бораи хеле аз шахсиятҳои фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон матолиби зидду нақиз чоп мешаванд. Ҳатто дар матбуоти мустақили Тоҷикистон ва дар яке аз ин нашрияҳо ба таври силсилавӣ нашр мешаванд, бо имзои мустаор. Чаро шахсе, ки ин маводро навиштааст, бо имзои худаш ва бо зикри ҷои кори худаш неву бо имзои журналист чоп мекунад. Масалан чаро «подполковники мустаъфӣ» ва ё «шаҳрванди Душанбе» наменависад.»

Воқеан, дар ду соли охир як теъдод, ба истилоҳ «номҳои наве» дар расонаҳои ҳамагонӣ пайдо шудаанд, ки худро журналист муаррифӣ мекунанд, матолиби тунде менависанд, вале ҳеҷ яке аз журналистони тоҷик кӣ будани онҳоро намедонад. Матбуот ҳақ дорад, номи муаллифони худро махфӣ дорад ва ҳувияти онҳо танҳо бо хости додгоҳ метавонад, ифшо гардад.

Риоят ва ё сарфи назар шудани меъёрҳои касбӣ аз сӯи хабарнигорони тоҷик гоҳо боиси баҳсҳои додгоҳӣ шудааст. Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси соҳаи матбуот бар ин назар аст, ки аксарияти рӯзноманигорони тоҷик меъёрҳои ахлоқии касби худро намедонанд ва ба маҳзи ҳамин ноогоҳона дучори баҳсу мунозира дар додгоҳҳо мешаванд: «Агар журналист меъёрҳои ахлоқиро донад, худро танзим карда тавонад, пеши роҳи баҳсҳои додгоҳии байни журналистону мақомот ва шахсони мансабдор гирифта мешавад.»

Баҳси риоят нашудани меъёри ахлоқи касбӣ дар байни журналистони тоҷик дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҳанӯз дар соли 2009 Кодекси ахлоқи журналистӣ таҳия ва қабул шудааст. Аммо ба ин далел, ки муроот нашудани меъёри ахлоқи касби журналистӣ танҳо муҷозоти маъмурӣ дар пай дорад, на танҳо рӯзноманигорон, балки масъулони нашрияҳо низ бар ивази фоида омодаанд, ба осонӣ аз шартҳои он қатъи назар кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24568789.html

«Озодагон» дар Русияву Эрон ҳам сабтином шуд

[b]Хабаргузории «Озодагон» дар мақомоти расмии Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Эрон сабти ном шудааст.[/b]

Хабаргузории «Озодагон» нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар ниҳодҳои давлатии бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Ин хабаргузорӣ, ки соли гузашта дар Тоҷикистон номнавис ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамо (сайт)-и худро боз карда буд, акнун дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин Эрон иҷозаи расмӣ барои фаъолиятро дарёфт. Ин хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир хабарҳоро бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр мекунад.»

[b]Зафари Сӯфӣ,[/b] муассиси хабаргузории «Озодагон», рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ гуфт, «хабаргузории «Озодагон» дар хориҷ аз Тоҷикистон барои аввалин бор дар Қирғизистон сабти ном шуд ва ҳамин тавр баъд аз як соли фаъолият дар Тоҷикистон дар ҷойҳои дигар ҳам сабти ном гардид. Талош дорем, ки дар Узбакистон ҳам дафтари хабаргузорӣ сабти ном шавад. То чи ҳад муваффақ мешавем ё не, ҳоло номаълум аст, вале мунтазирем чун муроҷиат кардем.»

[b]Радиои Озодӣ: Ҳоло дар кадоме аз ин кишварҳо дафтари Шумо ба фаъолият оғоз кардааст?[/b]

[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Дар Бишкек дафтари мо фаъол шудааст ва дар Маскав ҳам хабарнигори мо кор мекунад. Ҳоло дунболи он ҳастем, ки дар онҷо низ дафтари худро ифтитоҳ намоем ва дар Қазоқистон низ. Ба ҷуз аз ин дар Машҳад ҳам ду нафар намояндаи мо иҷозаи фаъолиятро дарёфт карда ва бо мо ҳамкорӣ мекунанд.»

[b]Радиои Озодӣ: Ба чӣ хотир хабаргузориро ба хабаргузории минтақаӣ табдил додед?[/b]

[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Бубинед ҳоло ҳамаи ҷаҳон ба як самти ба ҳам наздикшавӣ ҳаракат дорад. Вале, мутаассифона, дар минтақаи мо — Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад, ки ҳамаи расонаҳо воқеан расонаҳои гурӯҳианд ва бештар дунболи манфиати ҳамин як гурӯҳ мераванд. Талоши мо бар ин аст, ки фаротар аз ин вазъият биравем. Яъне фаротар аз манфиати Тоҷикистон, фаротар аз манфиати Узбакистон ва дар маҷмӯъ битавонем манофеи ҳамаи кишварҳо муроот бишавад. Рисолати хабаррасонӣ бидуни пуштибонӣ аз манфиати ин ё он гурӯҳ анҷом бишавад. Манзурам, албатта, бештар ҳукуматҳост. Ҳоло ҳарчанд расонаҳои мо иддао мекунанд, ки мустақиланд, аммо бештар ҳукуматианд. Зеро аз ин ё он гурӯҳе аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад. Гузориш ва ахборашон ба истилоҳ «думча» дорад. Мо мехоҳем, беғараз бошем.»

[b]Радиои Озодӣ: Дар шароите, ки вазъияти молиявии хеле аз расонаҳо рӯ ба вахомат ниҳодааст, тавони молиявии Шумо то ҳадде аст, ки намояндагиҳои Шумо дар ин кишварҳо ба таври собит фаъолият кунанд?[/b]
[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Ҷиҳати молии ҳар лоиҳа муҳим аст, албатта, ба хотири давом овардани он. Дар ҳар сурат, мо барои ду сол барномарезӣ дорем, ки ин масоил мушкил пеш наоварад. Баъд аз онки минтақаӣ шуд, мо бо бозори рекламаи минтақа ва барномаҳое, ки хусусияти тиҷоратӣ доранд низ ҳамкорӣ хоҳем кард.»

[b]Радиои Озодӣ: Манзурам ин буд, ки сарпарастҳои Шумо вобаста аз ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои алоҳида нестанд? [/b]

[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Хушбахтона, «Озодагон» аз замоне ки ба фаъолият шурӯъ кард, ба ҳеҷ як ҳукумат ҳеҷ як гурӯҳ ва шахси дигар ба ҷуз аз муассисаш муталлиқ намебошад. Агар касе шубҳае дорад, бояд бигӯям, мо метавонем ҳар мавқеъ агар бихоҳем ба фаъолият идома бидиҳем ва дар ҳар мавқеъ қатъи фаъолият намоем. Шукри Худо тавоноие, ки ман дорам, тиҷорате, ки дорам имкон медиҳад дар ин муддати ба нақша гирифта бирасад. Аз назари маънавӣ командае, ки «Озодагон» ҷамъ кардааст, афродеанд, ки мехоҳанд бештар ба ватанашон хидмат кунанд. Афродаенд, ки идеяҳои фаромаҳалливу фарогурӯҳиву ҳатто фароқавмӣ доранд. Мардумеанд, ки мехоҳанд, дар ин минтақа озодӣ бошад, мардум дар рифоҳ ва зиндагии инсонвор дошта бошад.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24543577.html

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ: Чаро ҷашнҳои касбӣ боиси «ҷудоиандозии» журналистон мегардад?

[b]Чанде аз хабарнигорони дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз шеваи баргузории ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик, изҳори нигаронӣ карда, онро як навъ ҷудоиандозии журналистон, ба «худиҳо» ва «бегонаҳо» донистаанд. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон(АМВАОТ) низ бо пахши як изҳорот, чунин «тақсимкарданҳоро» ғайри қобили қабул дониста, аз чунин шеваи бархӯрд бо журналистон изҳори нигаронӣ кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки зимни мулоқот президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки миёни расонаҳои гурӯҳии давлатӣ ва хусусӣ фарқе гузошта намешавад. Пас, чӣ боиси ин нигарониҳо шудааст? Боди ҷудоиандозиҳо аз куҷо мевазад? Кӣ аз ин манфиатбардор аст?

Барои ҷавоб ёфтан ба ин ва дигар суолҳо ОИ TojNews тасмим гирифт бо ҷаноби Нуриддин Қаршибоев як сӯҳбати виртулаӣ доир намояд.[/b]

[b]Масрури Асадуллоҳ[/b]

[b]1. Оё боре шудааст ки Саймурод Фаттоев ба ҳимояи ВАО-и мустақил як ҷумла гуфта бошад ё коре карда бошад?

2. Оё ин дуруст аст, ки гӯё Саидали Сиддиков-мудири шӯъбаи иттилооти Дастгоҳи президент дар гузашта корманди ҶММ «Чархи гардун» будаасту бо Акбари Саттор муносибати хуб надорад?

3. Чаро Фаттоев «Озодагон», «Фараж», «Миллат»-ро аз «Нигоҳ»-у «СССР» ҷудо кард? Бо ин кораш чӣ мехоҳад?

4. Баҳои Шумо ба Саймиддин Дӯстов- чун менеҷер ва роҳбари ВАО чӣ гуна аст?[/b]
Дуруд ба муштариёни TojNews! Барои фароҳам овардани боз як имконияти ибрози назари банда ба дастандаркорони ин сомона ташаккур мегӯям.

Қабл аз ҳама, аз ин қаноатманд ҳастам, ки мавзӯи матраҳшуда миёни муштариён суолҳои зиёд пайдо накардааст. Мутмаинам, ки аксари ҳамкасбони мо аз ҷомеаи журналистӣ дуруст дарк кардаанд, ки боди ҷудоиандозиҳо аз куҷо мевазад. Дарки ин маънӣ, қадами устуворе дар таҳкими ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон аст

Ман мавқеи худро дар ин бора дар маводи интишорнамудаи «Азия плюс» «Не вбивайте клин в солидарность журналистов Таджикистана!» ([url=http://www.news.tj/ru/news/ne-vbivaite-klin-v-solidarnost-zhurnalistov-tadzhikistana]http://www.news.tj/ru/news/ne-vbivaite-klin-v-solidarnost-zhurnalistov-tadzhikistana[/url]) возеҳ шарҳ додам. Ин маводро беш аз 3100 муштарӣ нохун зада ба мазмунаш ошно шуда, 18 нафари онҳо шарҳи худро гузоштаанд, ки сарфи назар аз мавқеашон ман ба назари онҳо эҳтиром мегузорам.

Масрури азиз,

Хуб мешуд, ки суолатонро ба Саймурод Фаттоев мефиристодед ва ҷавобашро талаб мекардед. Шояд вай барои ҳимояи ВАО-и мустақил кореро анҷом дода бошад?

Фаттоев дӯсти ман аст, вале ҳақиқат болотар аз ӯст. Мо як донишгоҳро хатм кардаем, дар як нашрия солҳо кор кардаем, аз як дастурхон нон хӯрдаем.

Соли 2010, вақте вазъи матбуоти мустақил бинобар ҳодисаҳои водии Рашт муташанниҷ буд, муроҷиати дастачамъона ҳам кардем, ки як мулоқоти рӯ ба рӯ дошта бошем. Ҷавобе нагирифтем. Дар дигар маҳфилу конфронсу ҷаласахои журналистон ширкат намеварзад. Мушовирони давлатии пешин дар робита бо ҷомеа ва журналистон фаъолтар буданд.

Дар ҳақиқат Саидалӣ Сиддиқов солҳои тӯлони ҳамчун муҳаррири «Вечерный Душанбе» корманди ҶДММ «Чархи гардун» буд. Ман дар бораи муносибати миёни Саидалӣ Сидиқов ва Акбари Саттор чизе намедонам. Биёед, фазои иттилоотиро ба ғайбат пур нанамоем. Суоли дигаратонро низ бо ҳамин сабаб беҷавоб мегузорам, зеро дар бораи ҷудоиандозии дӯстам далелу бурҳони қотеъ пешниҳод накардед. Ман омода хастам, ки масоили марбут ба рушди матбуоти мустақил ва озодии ВАО-ро дар маҳфили рӯ ба рӯ бо масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ баррасӣ намоям.

Дар зимн, ба фаъолияти Саймуддин Дӯстов — ҳамчун молик, роҳбар ва менеҷери ВАО баҳои баланд медиҳам, зеро ӯ тавонист дар панҷ соли охир мавқеи худ ва расонаҳояшро дар фазои иттилоотии Тоҷикистон пайдо ва устувор намояд.

[b]Наботов Сиёвуш

1. Ҷаноби Нуриддин Қаршибоев Шумо аз фармони Президент дар хусуси таъғирот ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки ҷавобгарии жураналистонро нисбатан сабук пешбинӣ мекунад, чӣ таасуроте бардоштед?[/b]

Мӯҳтарам, Сиёвуш,

Президенти Тоҷикистон дар хусуси таъғирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки ҷавобгарии журналистонро нисбатан сабук пешбинӣ мекунад, фармоне имзо накардаанд. Фақат дар ҷаласаи идона бахшида ба рӯзи Иди матбуот, аз ваколатҳои конститутсионии худ истифода бурда ба Вазорати адлия супориш доданд, ки масъалаи ғайриҷиноӣ намудани (декриминализатсияи) моддаҳои 135 ва 136 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки ба тӯҳмат ва таҳқир марбут аст, баррасӣ намояд. Ин иқдом қобили дастгирист, зеро созмонҳои рӯзноманигорию ҳимояи ҳуқуқи инсон солҳост, ки амалро тақозо доранд.

[b]2.Баъд аз содир шудан ва қуваи қонунӣ пайдо кардани фармони нави Президент, ки дар боло зикр кардам, муносибати мансабдорон ва журналистон нисбати Фармони №622- ро чигуна арзёбӣ хоҳед кард?[/b]

-Ба андешаи ман, ғайриҷиноӣ намудани васоили тӯҳмат ва таҳқир бо баланд гаштани масъулияти мансабдорони давлатӣ мусоидат мекунад, зеро онҳо аз истифодаи фишангҳои маъмурӣ маҳрум мегарданд. Вале чизи дигар боиси изтироб аст, ки дар Тоҷикистон маъмулан зерсанадҳои ҳуқуқиро аз қонун боло мегузоранд, ки ин волоияти қонунро дар кишвар зери шубҳа мебарад. Агар мансабдорони давлатӣ, ҳамзамон журналистон дар чаҳорчӯбаи қонун амал карданро биомӯзанд, ҳоҷат ба қабули қарору фармонҳои иловагӣ намемонад, зеро бузурге фармудааст: «Агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош!».

[b]Шахриёр[/b]

[b]Салом. Ба шумо ду савол дорам:

а) Фикр намекунед, ки агар нафарҳое ҳам нияти ҷудоиандозӣ доштанд, ранҷиши шумо ва чанд рӯзноманигори дигар онҳоро ба мақсад наздиктар кард?

б) Ба зиёфати Акбари Саттор меравед?[/b]

Бино бар гуфтаҳои боло, дар ҷавоби суоли аввали Шаҳриёри азиз ҳаминро зикр карданиам, ки нияти тафриқаандозон, ки холис набуд, ба мақсад нахоҳанд расид! Баръакс, мо бояд алорағми аъмоли онҳо ҳамраъйю муттаҳид бошем, бино бар ин аз ҳамкасбонамон тақозо дорем, ки манфиати ҷомеаро аз манофеи шахсию гурӯҳӣ боло гузорем! Созмоне, ки ман раҳбараш ҳастам бо давлати Тоҷикистон, роҳбарияти волои он мушкиле надорад, зеро дар чаҳорчӯбаи қонунгузории кишвар ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият дорем. Агар кори мо ба чанд мансабдораке маъқул набошад, ин мушкили онҳост, зеро онҳо воқеияти имрӯзаро дуруст дарк карда наметавонанд. Ва барои ошкор намудани мавқею бозиҳои пасипардагии эшон, таҳкими озодии баён ва плюрализми воқеи дар ҷомеа, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, журналистон бояд дар сафи пеш бошанд, зеро ин рисолати аслию касбиии мост.

Дар зиёфати Акбари Саттор будам, зеро ин як зиёфат не, чорабинии муштараки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва идораи нашрияю созмонҳои журналистии кишвар буд. Хотиррасон мекунам, ки имсол бори аввал кӯшиши муттаҳид кардани воситаҳои ахбори оммаи давлатию мустақил ба назар мерасид. Вазорати фарҳанг бо Иттифоқи журналистон бо иштироки роҳбароини ВАО ва созмонҳои журналистӣ як комиссиюни муштараки тадорукот таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои идона бахшида ба 100-солагии «Бухорои шариф» тартиб дода буданд. Вале дар марҳилаи охир бо супориши «боло» ҷашн ба таври дигар сурат гирифт, ки пайомадаш вокуниши дигар шуд.

Чорабинии 17 марти соли 2012, яке аз иқдоми тарҳрезишуда аз ҷониби комиссиюни муштараки тадорукот буд, ки пас аз як ҳафтаи ҷашни расмии садсолагии матбуоти тоҷикӣ алорағми ҷудоиандозон сурат гирифт.

[b]Уктами Чумазода

Салом Устод! Барраси ва таҳлил нишон дод, ки Фармони 622 -президенти кишварро ҳар мақомот ба таври худ ва бо фоизи муайян иҷро мекунад. Вобаста ба мушоҳида банда мақомотро дар иҷрои ин фармон ба 3 гурӯҳ тақсим кардам.

Гурӯҳи аввал фаъол буда, 80-100 фоиз иҷро мекунанд. Ба ин рӯйхат Вазорати адлия ва Шӯрои адлияро ворид намудан мумкин аст.

Гурӯҳи дуввум фармони 622-ро қисман иҷро мекунанд, аз ҷумла Кумитаи андоз

Ба гурӯҳи сеюм онҳое дохил мешаванд, ки Фармони мазкурро умуман иҷро намешавад. Ба ин гурӯҳ пеш аз ҳама Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи президенти кишварро ворид намудан мукин аст. Аз рӯзи ба имзо расидани фармони 622 то ба имрӯз ягон маротиба надидаам, ки раиси хадамоти алоқа ақалан ба як маводи танқиди посух гуфта бошад.

Таҷрибаи чанд соли фаъолияти рӯзноманигори нишон дод, ки мардум танҳо дар ҳолате тариқи матбуот ба раиси ҷумҳурӣ муроҷиат мекунанд, ки агар ба доди онҳо дар дигар ҷо нарасида бошанд.

Чун охирин ва ягона умед эшон ба президент муроҷиат мекунанд. Вале ба як яке аз ин мактубҳо аз тарафи дастгоҳ посух дода намешавад. Шумо сабаби инро дар чӣ мебинед? Чаро ба мактубҳое, ки ба номи президент навишта мешаванд, дастгоҳи раиси чумҳур посух намегӯяд? Кӣ бояд аз болои фармони мазкур назорат барад?

Саволи дигар он аст, ки дар вохӯрии Президенти кишвар бо журналистон ному насаби аксар рӯзноманигорони ҳафтаномаҳои хусусӣ хат зада шудаанд. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?[/b]

Мӯҳтарам Ҷумъазода

Албатта, таҳлилҳои Шумо асосе доранд, зеро иҷро нагардидани талаботи Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи вокунишҳо ба маводи таҳлилию танқидии ВАО на фақат журналистонро ба ташвиш овардааст. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид намуд: «Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» нишон медиҳад, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд, — гуфт ӯ. — Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд.

Илова бар ин, вокуниши баъзе шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба ҷузъ худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест».

Ба андешаи ман, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар вокуниши аслӣ ва вокеӣ ба маводи таҳлилию танқидии ВАО ибрати дигарон бошанд, зеро дар назди талаботи қонун ҳама баробар аст. Зиёда аз ин, назорати иҷрои ин фармон қисман ба ӯҳдаи онҳост. Ҳамзамон, ба риояи қонуният дар ҷумҳурӣ мақомоти прокуратура назорат мебарад. Ҳатто, мутобиқи талаботи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, гузоришҳои ВАО метавонанд барои оғоз намудани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати масъулин асос бошанд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи қонун, шаҳрванд ё ВАО метавонанд ба мақомоти марбута барои ҳимояиҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон муроҷиат намоянд. Барои ин, пеш аз ҳама донистани қонун ва роҳҳои татбиқи он дар зиндагии ҳамарӯза лозим меояд, ки дар ин самт журналистон бояд боҷуръату собитқадам бошанд.

Дар масъалаи хат задании ному насаби журналистони ҳафтаномаҳои хусусӣ, беҳтар мебуд ба масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ суол медодед. Ман фақат фарзия худро мегӯям, ин ҳама аз эҳтиёткории беасоси онҳо сарчашма мегирад. Ҳамзамон барои онҳо «Тафриқа андозу ҳукмфармои намо!»- шиори мақбул аст. Ин мушкилоти онҳост!

Ба ҳамаи онҳое, ки аз пайи журналистӣ — ин касби душвор ва боифтихор нон мехӯранд, бурдборию комёбиҳо таманно дорам!

Источник:

Деҳқонони тоҷик ҳам ба «Фейсбук» меоянд?

[b]Дар Тоҷикистон «Фейсбук» ба тадриҷ ба абзоре барои ривоҷи соҳибкорӣ табдил мешавад[/b]

Одина Шомаҳмадов, деҳқони 55-солаи тоҷик дар байни себзори бузурге рӯи зону ноутбуки “Dell”-ро гузошта ва дар саҳифаи “Фейсбук” себҳои хубонии хоҷагии деҳқонияшро “реклама” мекунад. Вай ҷое ҳам навиштааст, ки “ҷаллобон ғам надиҳед”.

«Кош, чунин рӯз зудтар мерасид»,-мегӯяд Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон. Аммо ӯ мегӯяд, ҳаракат ба ин самт дар Тоҷикистон оғоз шудааст, зеро ширкату муассисаҳо дар кишвар ба тадриҷ дарк мекунанд, ки “Фейсбук” василаи хубе барои тарғиби мол ё хадамот аст.

Масалан, мағозаи фурӯши майу машрубот — “Майкада” дар Душанбе, танҳо соли гузашта ба “Фейсбук” омада ва бурд ҳам кардааст. Зафар Алигулов, корманди “Майкада” мегӯяд, «бисёр кӯмак мекунад. Вақте ягон маҳсулоти нав ба мағозаҳои “Майкада” ворид мешавад, харидорон ва кормандони сафоратҳо, ки аз Интернет истифода мекунанд, зуд аз он бохабар мешаванд.»

На танҳо ин, балки назару андешаҳо ва пешниҳодҳои муштариён дар саҳифаи “Майкада” дар “Фейсбук” ба гуфтаи Зафар Алигулов ба онҳо кӯмак кардааст. Яъне, онҳо хостҳои муштариёнашро фаҳмида ва мувофиқ ба завқи онҳо амал ва хидматрасониашонро беҳтар кунанд. Нисфи муштариён ва харидорони моли як соҳибкори дигари тоҷик аз “Фейсбук” будаанд. Ҷумъа Беромоф, ки чанд сол пеш дар Душанбе хадамоти интернетии фурӯши гулро бо номи “Миллион лепестков” ба роҳ монда буд, ба шарофати омадани “Фейсбук”, тиҷораташро ривоҷу равнақ додааст. “Панҷоҳ дарсади муштариёни мо корбарони “Фейсбук” ҳастанд. Майдони асосӣ барои рекламаи маҳсулотамон “Фейсбук” аст»,-афзуд вай.

Фоидаи ин шабакаи азими иҷтимоиро соҳибкорони дигар дар Тоҷикистон низ дарк карда ва дар “Фейсбук” лона мегузоранд. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мисли “Роҳат-тур”, “ЗАРА” дар Фейсбук саҳифа ва мухлис ҳам доранд. Мағозаи “La Cite”, ресторани “Segafredo” дар Душанбе, мағозаи “Шапарак” дар Хуҷанд, намунаҳое дигар аз ширкатҳои хурду миёна аст, ки “маззаву фоида”-и Фейсбукро медонанд.

Аз ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон, провайдерҳо ва ширкатҳои телефонӣ Фейсбукро бо ҳадафи васеъ кардани бозори худ истифода мекунанд. Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, «Ширкатҳои бузурги мухобиротӣ фаъолона доир ба чорабиниву фаъолиятҳояшон хабар медиҳанд ва усулан аз ин абзор хуб истифода мекунанд.»

Дар Фейсбук «Тселл», «Мегафон», «Babilon», «Интерком» ва дигар ширкатҳоро метавон ёфт, аммо аз бонкҳои Тоҷикистон дар ин шабака дараке нест. Шояд аз он хотир бошад, ки ба гуфтаи Константин Бондаренко, бонкҳои Тоҷикистон ба ин навъи муомила бо мизоҷони худ омода нестанд: “Онҳо, масалан, вақте як иттилоъро аз тариқи торнамоҳо паҳн мекунанд, дигар мунтазири вокуниш ба он намешаванд ва ё омодаи посух додан ба он аксуламал нестанд. Аммо “Фейсбук” минбари дутарафа аст, вақте як кас иттилоъро паҳн мекунад, бояд омодаи муколама бошад…»

Шояд бонкҳои Тоҷикистон ҳоло чизи зиёду муштариёни эҳтимолиро аз даст надиҳанд, аммо то чанд соли дигар ангушти надомат мегазанд, ки чаро Фейсбукро барои ривоҷи кори худ истифода накарданд, ки “аҳолӣ”-и он дар тамоми ҷаҳон аз 800 миллион нафар ҳам гузаштааст. Ин гуфта ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ дахл дорад, ки ба ғайр аз “Тоҷик Эйр” дигаронаш аз Фейсбук “ҳазар” мекунанд.

Нашрияву маҷаллаҳои Тоҷикистон муддатҳо пеш дар “Фейсбук” лона гузошта буданд, ба мисли “Азия-Плюс”, маҷаллаи VIPzone, “Миллат”, “Озодагон” “Имрӯз-Нюс“, “Вечерний Душанбе” ва ҳоло фаъолона дар минбарҳои он барои ҷалби хонандагони бештар “ҷавлон” мезананд.

Саҳифаҳои Радиои Озодӣ ба русӣ ва тоҷикӣ дар Фейсбук ҳам аз саҳифаҳои пурбинанда дар Фейсбук ҳастанд. Ҳоло аҳолии “Фейсбук”-и тоҷикӣ бештар аз 30 ҳазор нафар аст, ки бозори бузурге ба ҳисоб намеравад, вале бо назардошти суръати омадани мардум ба Фейсбук ва ҳам болотар рафтани суръати интернет дар Тоҷикистон ин рақам бузургтару бузургтар хоҳад шуд. Соҳибони саҳифаҳои Фейсбук ҳам аксаран мардуми Душанбе ва навоҳии наздики онанд, вале шояд рӯзе Одина Шомаҳмадов деҳқони тоҷикро ҳам дар Фейсбук меёбед, ки саҳифаашро бо акси боғи бузург ва ё себи хубонии сурху зебое оро додааст ва дастранҷи худро бе миёнаравии кадом “ҷаллоб” ба Шумо пешниҳод мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24520031.html

Матбӯъот ва низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон: ситез ё ҳамкорӣ?

[b]Имсол аз ташкил ва ташаккули матбӯъоти тоҷик дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин 100 сол матбӯъоти тоҷик роҳҳо ва рисолати гуногунро бар дӯш дошт.[/b]

Замоне дар хидмати ҷомеъа қарор гирифт, замоне комилан ҳадафҳо ва хостаҳои қудрати сиёсиро амалӣ менамуд, замоне дар муқобили баъзе аз арзишҳову масоили миллӣ истод ва замоне барои арзишҳову ормонҳои миллӣ талош варзид.

Дар шароити муъосир матбӯъоти тоҷик фаъъолиятҳои гуногун дошта, усулан дар хидмати ҷомеъа қарор дорад. Сароғози матбӯъоти тоҷик рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд ва ин рӯзнома то ҳол сарманшаъи ифтихори рӯзноманигории тоҷик мебошад.

[b]Баҳси матбӯъоти миллӣ[/b]

Оё дар Тоҷикистон аз оғози истиқлол то кунун матбӯъоти миллӣ ташаккул ёфтааст? Масъалаи ташкил ва ташаккули матбӯъоти миллӣ дар Тоҷикистон то имрӯз мавриди баҳс қарор дорад.

Дар арсаи рӯзноманигорӣ шинохти илмие, ки матбӯъоти миллӣ бар асоси он таъйин шавад, вуҷуд надорад. Аммо аксари нашрияҳои Тоҷикистон ҳамеша муддаъии матбӯъоти миллӣ будан ҳастанд.

Дарвоқеъ, нашрияҳои мо то расидан ба сатҳи матбӯъоти умумимиллие, ки тавонад мавриди баррасӣ ва пазириши ҳамагӣ қарор бигирад, хеле роҳи дарозеро бояд тай намояд.

Албатта, бояд гуфт тамоми нашрияҳое, ки дар Тоҷикистон нашр мешаванд, як навъ матбӯъоти миллии мо маҳсуб мешаванд, чаро ки онҳо дар ҳудуди давлати Тоҷикистон интишор меёбанд ва махсуси миллати тоҷиканд.

Аммо бо ин арзиш матбӯъоти миллӣ будан ё набудани онҳо мушаххас намешавад. Балки матбӯъоти миллӣ бояд ба шакли як институти (ниҳоди) таъсиргузор дар сатҳи миллӣ шакл бигирад.

Нашрияҳои аввали солҳои истиқлол ҳарчанд аввалин намунаҳои ташаккулёбии матбӯъоти миллии моро ташкил медиҳанд, аммо натавонистанд, ки ҳамчун нашрияҳои сатҳи миллӣ шӯҳрат ёбанд ва ин ҳам чанд сабаб дошт:

Аввал, шароит ва фазое, ки онҳо дар он ба вуҷуд омада буданд, аз нигоҳи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ хеле муташанниҷ буд ва онҳо рисолати як воситаи итттилоърасонии миллиро иҷро карда натавонистанд;

Дувум, нашриёти ин солҳо вобаста ба мавзеъгириашон эътибори гуногун пайдо карданд. Яъне барои як тараф маҳбуб буданд ва барои тарафи дигар тамоман номақбул. Чунин тарзи шинохт барои эътибори умумимиллӣ пайдо кардани онҳо ҷиддан халал мерасонд;

Севум, шароит ва ташаннуҷи сиёсӣ имкон надод, ки онҳо дар маҷмӯъ ба сифати як ниҳоди иҷтимоъии таъсиргузор шакл бигиранд ва аксари онҳо бо дахолати сиёсӣ ва ё фишоровариҳо баста шуданд ё ин ки бо буҳрони эҷодӣ рӯбарӯ шуданд;

Чаҳорум, давраи фаъъолияти онҳо хеле кӯтоҳ буд ва мавҷудият дар чунин як фосилаи маҳдуди таърихӣ имкон надод, ки пояҳои институтсионалии (ниҳодии) онҳо устувор гардад;

Панҷум, матбӯъоти давлатие, ки дар ин солҳо вуҷуд дошт ё ба вуҷуд омад ва то имрӯз мавҷуд аст, нуфузи зиёде надорад ва дар фазои иттилоърсонии мо таъсиргузору хабарсоз нест. Ҳарчанд ин навъи нашрияҳо аз собиқадортарин нашрияҳои мо маҳсуб мешавад.

Дар ҳоли ҳозир нашрияҳои Тоҷикистон барои шакл гирифтан ба сифати матбӯъоти миллӣ талош доранд. Албатта, тақозои ҷомеъаи демукротик ин аст, ки матбӯъоти аз нигоҳи моликият гуногун бояд вуҷуд дошта бошад. Аммо матбӯъоте, ки мо онро дар контексти (бофтори) матбӯъоти миллӣ арзёбӣ кардан мехоҳем, бояд ба чанд меъёр посухгӯ бошад:

1. Давлат бояд матбӯъотро ба сифати як ниҳоди фаъъол ва таъсиргузор дар ҷомеъа ба расмият бишиносад. Дар ҳоле, ки нашрияҳои мо бо шумораи ками аҳолӣ дар тамос аст, ин чиз барои ҳукумати иҷроия қобили ташвиш нест ва нақши онҳо дар идоракунии ҷомеъа (таъсир гузоштан дар марказҳои тасмимгирӣ) хеле камранг мебошад;

2. Аз нигоҳи ҷуғрофиёи паҳншавӣ (тавзеъ) нашрияҳо бояд тамоми қаламрави кишварро фарогир бошанд, ки ин имкон диҳад, то онҳо барои ташаккул ва савқ додани афкори омма таъсир гузоранд;

3. Низоми идории муъосир дошта бошанд. Истиқлоли иқтисодӣ барои матбӯъоти миллӣ хеле муҳим аст ва дар шароите ки пешаи рӯзноманигорӣ ба сифати як сохтори тиҷорӣ дар тамоми дунё мавқеъ ва нуфузи бештар пайдо мекунад, масъалаи мудирияти матбӯъот маҳаки асосӣ мегардад;

4. Тирож ё адади нашри рӯзнома ё ҳафтаномае, ки мехоҳад худро нашрияе умумимиллӣ муъаррифӣ кунад, дар Тоҷикистон набояд камтар аз 50 ҳазор бошад (ин ҳам барои марҳилаи аввал), зеро фарогирии қисмати бештари аҳолӣ нуфузи матбӯъотро афзоиш медиҳад;

5. Шабакаи хабарнигорон бояд дар матбӯъоти сатҳи миллӣ вуҷуд дошта бошад. Тавозуни инъикоси мушкилоти тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бе доштани шабакаи васеъи мухбирон дар аксарияти манотиқи кишвар имконнопазир аст;

6. Масъалаҳои миллӣ ва давлатсозӣ дар нашрияҳо бояд мавриди баҳс ва таҳлилҳои амиқи коршиносон ва рӯзноманигорон қарор бигиранд.

Бо назардошти ин авомил, метавон гуфт, ки матбӯъоти имрӯзи Тоҷикистон ҳанӯз ба дараҷаи матбӯъоти миллӣ нарасидааст.

Агарчи теъдоди нашри нашрияҳои русизабони Тоҷикистон нисбат ба матбӯъоти тоҷикизабон бештар аст, онҳо аслан ҳадафҳои тиҷоратӣ доранд. Барои инъикоси мушкилоти миллӣ таваҷҷуҳ камтар мекунанд ва мухолифати муносибатро ба вуҷуд овардан намехоҳанд.

Ин гуна муносибат ба тиҷорати онҳо таъсир мерасонад ва мувофиқи қонунҳои бозори иттилоъотӣ онҳо аз инъикоси масъалаҳои ҳалталаби миллӣ ва давлатӣ канорагирӣ мекунанд. Ин омил сабаб мешавад, ки онҳо дар матбӯъот ба сифати бозаргон амал кунанд.

Матбӯъоти тоҷикизабони мо дар паҳлӯйи ҳадафҳои тиҷоратӣ ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ низ дорад. Онҳо бештар ба бозори иттилоъотӣ аз роҳи ворид кардани иттилоъоти сиёсӣ ворид шудан мехоҳанд, аммо мушкилоти иқтисодӣ имкон намедиҳад, ки аз мавзеъгирии худ дифоъ кунанд ё устуворона идома диҳанд.

Аз ҷониби дигар, мақомоти давлатӣ ва баъзе аз мансабдорон дар симои матбӯъоти ба истилоҳ мустақил як унсури ҷомъеаи шаҳрвандиро намебинанд, балки ба он бештар ба як қудрати мухолиф муносибат мекунанд. Матбӯъоти давлатӣ бошад, барои онҳо ҳамчун як \»нафари худӣ\» мебошад.

Яъне матбӯъоти давлатӣ дар ҳама гуна маврид аз онҳо ба сифати мақоми давлатӣ ҳимоят мекунад, ки ин мухолифи усули рӯзноманигории демукротик мебошад. Ҳоло он ки сухан дар бораи мушкилоти ҷомеъа мераваду матбӯъот сарфи назар аз шакли моликият масоилро инъикос мекунад, сабабгори мушкилот будани мақоми давлатӣ ва ҳар ниҳоди дигарро бо дар ихтиёри хонанда гузоштани хабар ва маълумот нишон медиҳад.

Фаъъолияти камранги мақомотро \»хеле хуб\» нишон додани матбӯъот ё васоили иттилоърасонии умумӣ хосси кишварҳоест, ки низоми сиёсиашон ғайридемукротик, яъне тоталитарӣ (яккатоз) ё авторитарист (худкома) аст.

Ба ин манзур хулоса мешавад, ки матбӯъоти тоҷик дар роҳи талош барои расидан ба сатҳи матбӯъоти миллӣ қарор дорад. Роҳкори аслие, ки метавонад барои зудтар сипарӣ кардани ин роҳ мадад кунад, ҳамоно шинохти рисолати матбӯъот аз ҷониби ниҳодҳои дигари ҷомеъа, пеш аз ҳама ҳукумати иҷроия мебошад.

Яъне гузаштан аз шакли муносибат бо \»рақиб\» ба шакли муносибат бо \»ҳамкор\». Аз ҷониби дигар, матбӯъот ҳам бояд бештар ҳавасманди муносибати \»ҳамкорӣ\» бошад, на \»рақибона\».

[b]Зарфияти кунунии матбӯъоти тоҷик[/b]

Барои нақши бориз доштани матбӯъоти тоҷик дар низоми сиёсӣ, ҳалли муъаммоҳои вуҷуддошта ва истифода аз зарфиятҳо хеле масъалаи калидӣ ба шумор меояд. Ҳоло хеле эҳсос мешавад, ки матбӯъот дар низоми сиёсӣ таъсиргузор шудааст.

Аммо ба назари мо, аз зарфиятҳои дигаре, ки матбӯъоти мо дар ихтиёр дорад, дурусттар ва воқеъитар истифода шавад, таъсири он дар низоми сиёсӣ бештар мегардад ва ин ба рушди давлат ва миллат, бо нишон додани нуқс ва норасоиҳои иҷтимоъӣ ва ё иштибоҳкориҳо мусоъидат мекунад.

Мавҷудияти масъалаи ҳирфаӣ будан, бӯҳрони кодрӣ, низоми ғайримуқаррарии идорӣ, мушкилоти шадиди иқтисодӣ, шумораи ками адади нашр ва омилҳои дигар имкон намедиҳанд, ки аз зарфиятҳои матбӯъоти муъосири тоҷик ба таври муассир истифода шавад.

Пеш аз ҳама, матбӯъоти муъосири тоҷик ба сифати як сохтори тиҷорӣ мавқеъ надорад. Бештари нашрияҳо ба фурӯши нашрия иктифо мекунанд, ки ин наметавонад истиқлоли иқтисодии онҳоро таъмин кунад.

Ташаккул наёфтани бозори реклама (таблиғоти бозаргонӣ) дар матбӯъоти муъосири тоҷик нишонаи он аст, ки сохторҳои тиҷорӣ нақши онҳоро дар ташаккули афкори умумӣ камранг ё беранг медонанд. Яъне онҳо то ҳанӯз барои истифода аз зарфияташон пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ надоранд.

Аз ҷониби дигар, дар матбӯъоти мо мушкили ҳирфаӣ будан ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад. Пеш аз ҳама, риъоят нашудани усули ахлоқи рӯзноманигорӣ ва ё ба назари эътибор нагирифтани онҳо, сатҳи матлабҳои матбӯъотиро хеле пойин бурдааст.

Дар шароите, ки пешаи рӯзноманигорӣ чун як низоми тиҷорӣ рӯз то рӯз мавқеъи бештар пайдо мекунад ва сифати мол аз нигоҳи касбӣ ё ҳирфаӣ ҷавобгӯйи талаботи бозор нест, таъсири манфии ин дар имиҷ ва рушди матбӯъот мерасад.

Бар асари камбуди дастмузд, ҷалб нашудани кодрҳои бомаҳорат бӯҳрони кодриро дар матбӯъот ба вуҷуд меорад. Яъне аксари нашрияҳои Тоҷикистон аз 5 корманди доимӣ бештар надоранд. Ин имкон намедиҳад, ки матлабҳои муаллифӣ ва ё мавқеъи худи идораи нашрия дар бораи мушкилоти ҷомеъа мушаххас гардад.

Яъне аз нигоҳи ақлонӣ ва иқтисодӣ матбӯъоти муъосири Тоҷикистон зарфиятҳои муҳиммеро дар ихтиёр надорад. Чунин мушкилот имкони амалӣ сохтани ҳадафҳои матбӯъотро чун як ниҳоди иҷтимоъӣ ё сиёсӣ душвор мегардонад.

[b]Матбӯъоти тоҷик ва қудрати сиёсӣ[/b]

Асоситарин унсури таъйинкунандаи равобити матбӯъот ба қудрати сиёсӣ масъалаи озодии сухан ё озодии матбӯъот мебошад.

Дар Тоҷикистон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ озодии матбӯъот вуҷуд дорад. Қонуни асосӣ ва Қонун \»Дар бораи матбӯъот ва дигар ВАО (расонаҳо)\» заминаҳои ҳуқуқии озодии баёнро фароҳам сохтаанд. Яъне сонсури давлатӣ вуҷуд надорад. Аммо муносибати матбӯъот бо қудрати сиёсӣ ва ё ҳукумати иҷроия танҳо аз ҳамин нигоҳ арзёбӣ намешавад.

Пеш аз ҳама, назарияи озодии матбӯъот озодии онро аз ҳокимияти иҷроия дар мадди назар дорад. Дар Тоҷикистон ҳарчанд матбӯъоти мустақил вуҷуд дорад, дар баробари ин ҳокимияти иҷроия низ матбӯъоти худро дорад ва ҳатто матбӯъоти давлатӣ имтиёзҳои бештареро нисбатан доро мебошанд.

Масалан, обунаи (иштироки) ҳатмӣ дар онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дастрасии бидуни мамонеъати онҳо ба сарчашмаҳои иттилоъ ва аз ҳисоби будҷеи давлатӣ фаъъолият кардани онҳо.

Мавҷудияти ин авомил муносибати матбӯъоти мустақилро ба қудрати сиёсӣ ғайримустақим мекунад. Пеш аз ҳама, ҳокимияти иҷроия ва ё мақомоти давлатӣ муносибати худро аз роҳи матбӯъоти давлатӣ бо матбӯъоти мустақил муъайян менамоянд.

Яъне ҳокимият ё қудрати сиёсӣ худро масъули вокуниш ба матлабҳои таҳлиливу танқидии матбӯъот ё дигар воситаҳои иттилоърасонии умумӣ ҳисоб намекунад, балки матбӯъоти давлатиро чун як шохаи таҳти кунтрулаш дар ин радиф масъул медонад. Ин шакли муносибат иртиботи матбӯъотро ба қудрати сиёсӣ хеле заъиф менамояд.

Дуруст ва мантиқӣ мешавад, агар матбӯъоти давлатӣ на дар хидмати мансабдорон, балки дар хидмати худи давлат қарор бигирад. Яъне ин пиндор, ки дар матбӯъоти давлатӣ вазирону дигар мансабдоронро танқид кардан мумкин нест, бояд аз тафаккури ходимони матбӯъоти давлатӣ берун шавад.

Ин пиндор агар аз матбӯъоти давлатии мо берун шавад, фикр мекунем, нуфузи онҳо дар баробари касбият, фаъъолияти муътадил ва дигар дастовардҳои арзандае, ки доранд, баландтар мешавад.

Аз ин нигоҳ, гуфтан мумкин аст, ки ду намуди иртиботи матбӯъот бо қудрати сиёсӣ ё ҳокимияти иҷроия вуҷуд дорад: Якум, матбӯъот ҳамчун институти (ниҳоди) иҷтимоъии баробарвазни ҳокимият, ки масъулиятро аз роҳи фош кардани навоқиси низоми идорӣ ва камбудиҳо болои ҳокимияти иҷроия бор мекунад; Дувум, матбӯъот ҳамчун як ниҳоди давлатӣ, ки бештар барои дастгирии иттилоъотӣ ё ташвиқи хостаҳои ҳокимияти иҷроия хидмат мерасонад.

Аммо дар як соли ахир ҳокимияти иҷроия дар Тоҷикистон барои ташаккули матбӯъот ва афзудани таъсири он дар ҷомеъа иқдомоти аҷиберо амалӣ кард, ки ин робитаи матбӯъотро бо қудрати сиёсӣ наздиктар намуд. Мисоли барҷастааш фармони 622-и Президент Раҳмон ва таъйини баргузор кардани нишастҳои матбӯъотии мақомоти давлатӣ барои рӯзноманигорон аст.

Аз тарафи дигар, матбӯъоти мустақил низ аз зарфиятҳои худ барои иртиботи мустақим бо қудрати сиёсӣ истифода мекунад. Пеш аз ҳама, матбӯъоти мустақил дар ду маврид аз мавқеъи ҳукумати кишвар бамаврид дифоъ намуд. Якум, дар масъалаи муносибати Русия ва кишварҳои дигари ҳамсоя, аз қабили Узбакистон, бо дурнамои тавсеъаи арсаи энержӣ дар Тоҷикистон.

Барои аввалин бор ҳафтаномаи \»Миллат\» дар соли 2006 ин баҳсро ба миён гузошт, ки нерӯгоҳи \»Роғун\» бояд бо сармояи Тоҷикистон сохта шавад ва ҳамчун моликияти кишвар боқӣ бимонад. Дар ҳамон шабу рӯз ин амрро бархе аз соҳибназарон мавзеъгирии нодурусти нашрия шарҳ доданд ва аммо имрӯз собит шуд, ки он як назари дуруст будааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расид ва ин идеяи матбӯъотро дастгирӣ кард ва тарҳи ин нерӯгоҳро моликияти истисноии давлат эълом намуд.

Мисоли дигар, матбӯъоти Тоҷикистон мавзеъгирии Русия баъд аз сафари раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев дар соли 2010 ба Тошкандро мавриди интиқод қарор дод, ки ин як навъ ҳимояти мустақим аз манфиъатҳои миллии мо буд.

Мавриди дигар ҳимояти огоҳона ва бамавқеъи матбӯъоти Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи \»Роғун\» ва баҳсҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамчунин, матбӯъот дар баҳси маъруф ба \»қазияи халабонҳо\» усулан аз мавзеъи ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон ҳимоят кард.

Ба назари мо, ин робитаи матбӯъотро бо қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон наздиктар мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо худи ҳокимияти иҷроия матбӯъотро ба сифати як ҳамкор ё қудрат эътироф мекунад?

[b]Нақши матбӯъот дар ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеъа[/b]

Таъсири мустақим дар сатҳи ҷаҳонбинӣ ва мавзеъгирии шаҳрвандони кишвар, фаъъол сохтани ҷомеъа ва дарёфти имконоти дохилаи он аз рисолатҳои матбӯъот бояд бошанд. Матбӯъот дар ҷомеъаи демукротик бояд аз ин имконоташ истифода кунад. Дар мисоли Тоҷикистон ин зарфият то куҷо истифода мешавад, мавзӯъи хеле баҳсбарангезест.

Хоҳу нохоҳ нақши матбӯъот дар ба вуҷуд овардани иртиботи сиёсӣ беназир аст. Матбӯъот ҳамчун ташаккулдиҳандаи шуъури сиёсии мардум ва ё шахс ҳамин имконро дар ихтиёр дорад. Аммо ба сабаби вуҷуди чанд мушкил, ки дар боло зикр шуд, таъсири имрӯзии матбӯъоти тоҷик дар маҷмӯъ дар фарҳанги сиёсии мардум камтар эҳсос мешавад.

Пеш аз ҳама, ин чанд сабаб дорад. Аввал ин ки майли мардум ба рӯзномаҳо камтар мебошад. Яъне шумораи мардуми рӯзномахон хеле кам аст ва ин таъсири онро камранг мегардонад.

Аз ҷониби дигар, барои бедор кардани таваҷҷуҳи аҳолӣ матбӯъоти мо бояд аз шигардҳои гуногун истифода кунад. Дар сурати анҷом дода натавонистани ин нақш, онҳо дар мавзеъгириҳои шаҳрвандии мардум камтар таъсир мегузорад.

Агар матбӯъот тавонад, ки ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги сиёсиии аҳолиро ба сӯйи беҳбудӣ тавсеъа бахшад ва шуъури сиёсии онҳоро ташаккул диҳад, пас мардум аз роҳи фарҳанги сиёсӣ ҳокимияти иҷроия ва сохторҳои дигари ҷомеъаро ба фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ \»маҷбур\» менамоянд ё ҳукумат бо таваҷҷуҳ ба дараҷаи бедории сиёсии мардум масъулияти худро бештар эҳсос ва иҷро мекунад.

[b]Робитаи матбӯъот бо сиёсати воқеъӣ[/b]

Сатҳи муносибатҳои кунунии сохторҳои давлатӣ бо матбӯъот чӣ гуна аст? То чӣ андоза онҳо аз рисолати ҳамдигар бохабаранд ва то чӣ андоза ба ҳам таъсир мерасонанд? Инъикоси воқеъияти сиёсӣ дар матбӯъот чӣ гуна сурат мегирад? Ин пурсишҳо бояд суолҳое бошанд, ки ҳар нашрияи муддаъии миллӣ будан бояд ба онҳо ҷавоб гӯяд.

Пеш аз ҳама, муносибати сохторҳои давлатӣ бо матбӯъот дар Тоҷикистон ба таври мусбат камтар вуҷуд дорад. Сохторҳои давлатӣ дар симои матбӯъоти мустақил мухолифи худро мебинанд, ки ин шинохти демуротики матбӯъотро зери суол мегузорад.

Албатта, дар ҷаҳони мудерн истиқлоли матбӯъот ба маънии мухолифи давлат будан нест, балки рисолати матбӯъот он аст, ки дар мавриди норасоиҳо ва нодурустиҳои ҳукумат ва ҳар ниҳоди дигари иҷтимоъӣ мавзеъгирӣ кунад. Аммо ҳамин мазеъгириҳоро баъзан сохторҳои давлатӣ ба сифати як навъ мухолифат мепазиранд.

Дар баъзе маврид матбӯъот худро чун мухолифи ин сохторҳо нишон доданӣ мешавад. Дар ҷомеъаи демукротик рисолати матбӯъот дар хидмати мардум будан аст, бояд ҳокимият ва сохторҳои давлатиро маҷбур (бо воситаи анҷом додани рисолати касбӣ) кунад, ки барои иҷрои масъулияташон ба мардум гузориш диҳанд, чун дар ҷомеъаи демукротик ҳокимият дар дасти мардум аст.

Баъзан аз надонистани рисолати якдигар матбӯъот ва сохторҳои давлатӣ бо мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Аз ҷумла, бештари қазияҳои додгоҳӣ миёни матбӯъот ва сохторҳои адвлатӣ аз ҳамин маншаъ мегирад. Сохторҳои давлатӣ дахолати мустақими матбӯъотро дар инъикоси мушкилот ва фош кардани фаъъолияти худ намепазиранд, ки ин хосси ҷомеъае демукротик нест.

Ҷуръати матбӯъоти мо барои инъикоси воқеъияти сиёсӣ бар асоси шароит ва авзоъи сиёсӣ камтар аст. Албатта, дар замоне ки қудрати сиёсӣ дар кораш мушкил дорад, камтар мехоҳад, ки бо матбӯъот ҳамкорӣ кунад. Канорагирии сохторҳои давлатӣ аз ҳамкорӣ бо матбӯъот инъикоси воқеъияти сиёсиро мушкил мекунад.

Аммо ин бад-он маъно нест, ки матбӯъот воқеъияти сиёсиро дар сурати мавҷуд будани шароити \»хуб\» инъикос намояд. Балки бояд матбӯъот усулу роҳҳои қонунии ҷамъоварӣ ва инъикоси воқеъияти сиёсиро коркард ва истифода кунад.

Агар ҳукумати иҷроия ва сохторҳои дигари давлатӣ ба инъикоси воқеъияти сиёсӣ алоқаманд набошанд, пас дар инҷо фосилагирии матбӯъот аз ҳокимият пайдо мешавад, ки на ҳамеша паёмадҳои мусбате ба дунбол дорад. Дар ин маврид матбӯъот барои ошкор кардани камбуду нуқси он роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ мекунад, ки ин масъалаи озодии баёнро зери шубҳа мебарад.

[b]Матбӯъот ва амнияти иттилоъот[/b]

Агар мо матбӯъоти Тоҷикистонро зимни инъикоси масъалаҳои ҷаҳонӣ дар контексти (бофтори) матбӯъоти миллӣ баррасӣ кунем, он чӣ нақше дошта метавонад?

Масъалаи амнияти иттилоъот, ки ҷузъе аз амнияти миллӣ ҳам ҳаст, хеле муҳим аст. Ғолибан таъмини амнияти иттилоъот танҳо вазифа ва рисолати расонаҳо, аз ҷумла матбӯъот нест. Вале бар асоси имконот ва зарфиятҳои табиъие, ки расонаҳо доранд, метавонанд хеле нақши барозанда дар таъмини амнияти миллӣ дошта бошанд.

Дар шароти тезутунд гаштани муносибатҳои ҷаҳонӣ расонаҳо, бахусус матбӯъот, ба таври дигар вазифа доранд, ки моро аз таҷовузи иттилоъотӣ ҳифз намоянд. Расонаҳои давлатӣ ҳамчун ҳамоҳангсози сиёсати иттилоъотии давлат бояд ин масъулиятро бештар иҷро кунанд.

Аммо бо вуҷуди доштани шумораи зиёди расонаҳо ҳанӯз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъро аз сарчашмаҳои дигар — расонаҳои хориҷӣ суроғ мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки маҳсулоти расонаҳои дохилӣ ба бозор ба талаботи харидор ҷавобгӯй нестанд. Сифати ин маҳсулот дар бозори иттилоъотӣ таъсири манфӣ мерасонад ва амнияти миллиро таҳдид мекунад.

Матбӯъоти миллӣ ҳамчун низоми асосии ҳимояткунандаи амнияти иттилоъотӣ, арзишҳои миллӣ, асосҳои давлати миллӣ ва манфиъатҳои миллӣ бояд амал кунад. Яъне, пеш аз ҳама, кормандони матбӯъот арзишҳои миллӣ ва манфиъатҳои миллиро бояд шиносанд.

Дар сурати шинохта натвонистани онҳо, масъалаи амнияти миллӣ ва ҳимоят аз манфиъатҳои миллӣ зери суол қарор мегирад. Барои ин, албатта, фароҳам кардани шароити мусоъид лозим аст. Бояд низоми сиёсӣ барои нақши матбӯъот дар пешрафту устувории давлатдории миллӣ имкон фароҳам оварад.

Низоми сиёсии Тоҷикистон аз нигоҳи қонун шароити демукротики фаъъолияти матбӯъотро таъмин менамояд, аммо воқеъият нишон медиҳад, ки унсурҳои дигари системи сиёсии ҷомеъа, пеш аз ҳама мақомоти давлатӣ, аз рушди матбӯъот дар баъзе мавридҳо монеъ мешаванд.

Мисоли барҷастааш дар чанд соли ахир ба додгоҳ кашидани нашрияҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ аст. Шароити ғайрирасмии монеъшавии унсурҳои системи сиёсӣ низ дида мешавад. Ҳамаи ин фаъъолияти матбӯъот мухтал месозад ва матбӯъот наметавонад ҳамчун ниҳоди иҷтимоъию сиёсӣ таъсири бештаре дар ҷомеъа дошта бошад.

Вақте ки матбӯъот аз ҷониби унсурҳои системи сиёсӣ эътибор ё эътирофро эҳсос намекунад ва мақомоти давлатӣ дар симои матбӯъот як шарики худ ва асоситарин унсури ҷомеъаи шаҳрвандиро намебинанд, пас ин тарзи муносибат барои амнияти иттилоъотӣ ва дар маҷмӯъ, барои амнияти миллиии кишвар хатар дорад.

Ба назари ман, бояд ҳукумати кишвар барои таъмини амнияти иттилоъотӣ барои матбӯъот шароити хубтари фаъъолият фароҳам кунад. Хусусан дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамкории танготанги мақомоти давлатӣ ва матбӯъот ба роҳ монда шавад. Яъне дар ин гуна маворид на матбӯъот ба суроғи мақомоти давлатӣ барои дарёфти иттилоъ бираванд, балки бояд мақомот бештар ҳавасманд бошанд, ки дар ихтиёри расонаҳо иттилоъоти зарурӣ ва ба нафъи амнияти миллиро бигузоранд.

Ин шакли фаъъолият таноқузи иттилоъотиро дар баробари расонаҳои хориҷӣ то андозае аз байн мебарад. Ҳамчунин, барои роҳандозии шаклҳои дигари ҳамкории муассири матбӯъот бо ҳукумати иҷроия аз таҷрубаи кишварҳои дигар низ бояд истифода шавад (ба мисли кумакҳои молӣ), ки ин ҳам барои таъмини амнияти иттилоъотӣ метавонад заминаро фароҳам намояд.

Хулоса, масъалаҳои марбут ба муносибати матбӯъот бо низоми сиёсӣ зиёданд, хусусан дар ҷомеъаҳои пасоистеъморӣ. Вуҷуди чунин муъаммоҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ки аз тагнойи идеулужии яккатози шӯравӣ берун омадааст, бебаҳс аст ва мояи нигаронии амиқ намебошад.

Аммо шинохт, эътироф ва ҳалли ин муъаммоҳо масъалаи бисёр муҳиммест, ки бояд дар низоми сиёсӣ ва ҳокимият мавриди баррасӣ қарор бигирад. Яъне бояд ба ин тафаккур бирасем, ки матбӯъот, хусусан матбӯъоти мустақил, душмани ҳукумат нест ва набояд бошад.

Балки рисолати матбӯъот ин аст, ки ҷомеъаро аз нуқсон ва хатокориҳои низоми сиёсӣ огоҳ кунад ва ҳамзамон матбӯъот рисолат дорад, ки дар мавридҳои дастёбии давлат ба муваффақиятҳое аз он ҳам самимона истиқбол кунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120316_ea_is_press_politics.shtml