Архив рубрики: Таҳлил

Шаҳрдории Душанбе «ТВ-1»-ро ба додгоҳ кашид

[b]Як намоиши Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон сабаби норозигии шаҳрдори Душанбе шуда, сарпечии телевизион аз пахши ҷавоби шаҳрдорӣ, акнун боиси баҳсе дар додгоҳ мегардад.[/b]

Дар аризааш ба суди ноҳияи Шоҳмансур, шаҳрдорӣ Шабакаи якумро ба нашри гузориши якҷониба ва паст задани шаъну эътибори худ айбдор мекунад.

Онҳое, ки ин гузориши телевизиониро дидаанд, мегӯянд, дар он хонаҳое нишон дода мешуд, ки зери ярч мондаанд ва осебрасидагон ёриҳои фаврии шаҳрдориро тақозо кардаанд.

Шавкат Сайидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, дар ин гузориши барномаи «Ахбор» дар шоми 2-юми май назари мақомоти шаҳр ҷой надошт, ҳол он ки аввалан хонаҳои мазкур худсарона ва дар ҷои хатарнок сохта шуда, бо вуҷуди ин шаҳр ба осебзадагон мадад расонда буд.

Ҷаноби Сайидов афзуд, шаҳрдорӣ ба унвони Шабакаи Якум ва Кумитаи радио ва Телевизиони Тоҷикистон роҷеъ ба ин гузориш номаи эътирозӣ навишта ва аз онҳо хост, ки дар ин бора раддия пахш кунанд. Аммо дархости шаҳрдорӣ иҷро нашуд ва акнун ягона чора муроҷиат кардан ба додгоҳ аст:

“Хабарнигорон, новобаста аз онки дар расонаи хусусӣ ва давлатӣ фаъолият мекунанд, аз фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фазои иттиллоти кишварро махлут созанд. Дар ин зимн шаҳрдорӣ бо истифода аз ҳуқуқҳое, ки қонунгузории кишвар муҳайё кардааст истифода карда ва барои ҳимояи шараф ва эътибори кории худ ва бо аризаи даъвогӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард, ки Шабакаи якуми телевизион расман бобати нодурустии гузориши хабарнигори худ дар барномаи «Ахбор» раддия чоп интишор карда ва ҳамзамон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад.”

Дар посух ба ин даъво Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон сукут ихтиёр кард, аммо Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки гузориш дар асоси муроҷиати сокинони Душанбе таҳия гашт ва ҳадаф аз он тасвири вазъи шаҳрвандон буд.
Дар мавриди он, ки чаро назари мақомоти шаҳр ба гузориш роҳ наёфт ва ин акнун сабаби эътирозҳо гашт, ҷаноби Ғоиб гуфт, ки мақомот на ҳамеша омодаи сӯҳбат бо хабарнигоронанд ва телевизион дар гузориши худ роҷеъ ба мушкилоти сокинони пойтахт вазифаи худро то ҳадди мумкин анҷом дод:

“Навор пахш шудааст. Ин радио бошад, ки бигӯянд бофтааст ва ё газета бошад, ки гӯянд дурӯғ навишта шудааст. Барои навор пеш аз ҳама журналист ҷавоб медиҳад. Телевизиони давлатӣ аст. Муроҷиати шаҳрвандонро ба назар гирифта ба маҳалли ҳодиса меравад. Дар аксари ҷойҳо назар гирифта намешавад. Чунки қабул намекунанд. Назди он одамҳо равӣ мегӯянд, ки раис нест. Мо ҳақ надорем. Як мактуби оддиро мепурсӣ мегӯяд, ки мо ҳақ надорем. Онҳо як бор бо телефон ба мо гап заданд. Ман гуфтам, ки расман ба Кумита нома нависед.”

Норозигӣ аз гузоришҳои якҷониба дар васоити ахбори умум ҳодисаи нав нест ва борҳо сабаби кашокаш дар додгоҳҳо шудааст. Аммо бори аввал аст, ки шаҳрдорӣ бо телевизиони давлатӣ вориди чунин баҳс шуда, шахси дуввуми раҳбарияти кишвар, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсайид Убайдуллоев дар он шомил мегардад. Аз ин рӯ бархӯрди коршиносон ва таҳлилгарон ба ин қазия аз ҳам фарқ мекунад.

Зиннатуллоҳи Исмоил, узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бар ин аст, ки дар ҳоле як ниҳоди давлатӣ мавриди танқид қарор мегирад, шарт ва зарур аст, ки назари ин ниҳод низ инъикос ёбад. Танҳо дар он сурат гузориши хабарнигор аз барчаспи яктарафагӣ эмин мемонад. Аз ҷониби дигар меафзояд ҷаноби Исмоил, беҳтар буд,
ки ин мушкил дар ҷаласаи Шӯрои ВАО ҳалли худро пайдо мекард, то инки ба додгоҳ кашонида шавад:

“Журналистон, ки рисолати касбиашон расонидани иттилоот аст, бояд ҷонибҳое, ки ба иттилоъ вобаста мебошанд аз онҳо ва низ аз манбаъҳои мӯътамад истифода кунад. Мо дар Шӯрои ВАО бар ин ақида астем, ки кулли ин баҳсҳо то додгоҳ ҳал шаванд ва агар шаҳрдорӣ ба мо Шӯрои ВАО муроҷиат мекард, мо ин баҳсро то додгоҳ ҳаллу фасл мекардем ва албатта ин беҳтар аз он буд, ки баҳс ба додгоҳ кашонида шавад.”

Нашри гузориши танқидӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар Шабакаи якуми Тоҷикистон бори аввал рух намедиҳад. Дар чанд мавриди дигар низ ин расона фаъолияти баъзе аз ниҳодҳои шаҳрдориро номуассир хонда буд. Аммо ба ақидаи бархе аз соҳибназарон, ҳанӯз наметавон гуфт, ки ин гузоришҳоро аломати бартарӣ ёфтани назари танқидии Шабакаи аввал ба мушкилоти кишвар номид. Зеро дар мавриди айни чунин мушкилот, ки дар бақия шаҳру навоҳии кишвар фаровон ба назар мерасад, Шабакаи якум сукут меварзад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд вақте аз радио ва телевизонҳои давлатӣ умдатан ба унвони абзори идеологӣ истифода мешавад, нашри гузоришҳои интиқодӣ дар ҷомеа бардоштҳои гуногунеро ба вуҷуд меоранд: “То ҳанӯз ҳам онҳо худро ба сифати як бахши идеологии ҳукумат муаррифӣ мекунанд. Ва мушкили аслӣ ҳам аз ҳамин бармеояд. Шояд дидаву дониста ҳамин гуна барномаҳо пахш мешаванд ё шояд ба интрига ва ё чизҳое марбут аст, ки мо намедонем.”

Бо ин ҳол додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти шаҳрдорӣ алайҳи Шабакаи якум шурӯъ накардааст. Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир мӯҳтавои шикоят омӯхта мешавад. Ба чӣ шакл ҳал шудани ин баҳси додгоҳӣ миёни ду ниҳоди давлатӣ метавонад рӯшан кунад, ки ин як баҳси қатории гузоришҳои яктарафа аст ё ангезаҳои дигаре дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24634547.html

Дастрасии озод ба сойтҳои ‘ифротгаро’ дар Тоҷикистон

[b]Алорағми ҳукми Девони олии Тоҷикистон дар мавриди масдудияти сойтҳои муртабит ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар ин кишвар, ин сойтҳо ҳамчунон қобили дастрасист.[/b]

Аз сӯйи дигар, манобеъи амниятии Афғонистон гузориш додаанд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.

Девони (Додгоҳи) олии Тоҷикистон рӯзи 3 май фаъъолияти «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», як гурӯҳи исломгарои навпоро, дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Тоҳир Қодиров, додраси Девони олӣ, он замон эълом карда буд, ки ширкатҳои иртибототи Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дастрасӣ ба сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет»-ро, ки ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» мутаъаллиқ дониста мешаванд, масдуд кунанд.

Аммо бо гузашти якуним моҳ аз аз он замон, дастрасӣ ба ин сойтҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунон имконпазир аст. Масъулони бархе аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ гуфтанд, ки дар бораи масдудсозии ин сойтҳо ҳеч гуна дастуре «аз боло» нагирифтаанд.

Сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет», ки Девони олии Тоҷикистон онҳоро ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» муртабит медонад, худро «минбари муҷоҳидин» муъаррифӣ мекунанд ва матолиби ин сойтҳо ғолибан аз даъвати мардум ба ҷиҳод ва «афзалтар будани ҷиҳод» бар соири ибодатҳо ва умури мазҳабӣ, аз ҷумла ҳаҷ ва таъмири масҷид, иборат аст.

Тибқи мусаввабаи Девони олии Тоҷикистон, «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як гурӯҳи «теруристӣ ва ифротгаро» шинохта шуда ва гуфта мешавад, ки фаъъолияти ин гурӯҳ амнияти Тоҷикистонро ба хатар меандозад.

Як мақоми амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» «хатарноктарин гурӯҳи теруристӣ ва ифротгаро» барои амнияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва хатароти он аз Алқоъида ва Толибон бештар аст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як бахши Ҷунбиши Исломии Узбакистон, як гурӯҳи тандрави исломӣ дар минтақа, аст, ки аз сӯйи Алқоъида ҳимояти молӣ мешавад.

Зимнан, расонаҳои гурӯҳии Афғонистон бо такия ба манобеъи амниятӣ иттилоъ додаанд, ки аъзои «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ва шабакаи Ҳаққонӣ талош доранд фаъъолиятҳои теруристии худро аз манотиқи шимоли ғарби Покистон ба Тоҷикистон мутамаркиз кунанд.

Шабакаи телевизиюнии «Тулӯъ» аз қавли Шафиқулло Тоҳирӣ, муъовини сухангӯйи Идораи амнияти Афғонистон, хабар дод, ки «гурӯҳҳои теруристӣ, ки дар устони Вазиристони Шимолии Покистон мустақар ҳастанд, тавассути пайкорҷӯёни тоҷик ва узбак амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунанд.»

Шабакаи телевизиюнии «Ориёно» бо такия ба манобеъи амниятӣ хабар дод, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ҷавонони тоҷикро ба суфуфи худ ҷалб карда ва онҳоро барои омӯзиш ба урдӯгоҳҳо дар Покистон эъзом мекунад. Сипас ин афрод барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Манобеъи амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо дар баҳори соли ҷорӣ ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон чанд мазнун дар узвияти Ҷунбиши Исломии Узбакистонро боздошт карданд. Як узви дигари ин гурӯҳ дар Покистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ин гурӯҳ қасд доштааст теъдоде аз сокинони рустои «Қизилнишон»-и ноҳияи Қумсангирро барои омӯзиш ба Покистон бифиристад.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки афзоиши фаъъолияти гурӯҳҳои пайкорҷӯи исломӣ дар Тоҷикистон «ғайричашмдошт нест.»

Вай афзуд: «Ҷунбиши Толибон муваффақ шуд, ки дар масири хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Покистон монеъ эҷод кунад ва то андозае «пирӯз» шавад. Ҳоло мавзӯъи истифода аз ин масир барои нерӯҳои НОТУ норӯшан аст. Ҳамакнун Толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба он талош хоҳанд кард, ки дар масири шимолӣ низ барои НОТУ мушкил эҷод кунанд.»

Ба эътиқоди оқои Ҳодизода, ин гурӯҳҳо бо шумули аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар манотиқи ҳаммарз фаъъол хоҳанд шуд, вале вай афзуд, ки суоли матраҳ ин аст, ки дар минтақаи ҳаммарзи кадом кишвар, Тоҷикистон ё Афғонистон?

Фаридун Ҳодизода гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд пайкорҷӯён умдатан дар манотиқе фаъъолият хоҳанд кард, ки ҳифозат аз марз дар он манотиқ душвортар аст.

Манобеъи пулис ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар додаанд, ки тӯли ду ҳафтаи ахир дар минтақаи Шӯроободи вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчии маводди мухаддир амалиёти вижае анҷом медиҳанд.

Аммо рӯшан нест, ки дар ин амалиёт оё марзбонони тоҷик бо гурӯҳҳои вобаста ба Ҷунбиши исломии Узбакистон ё «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» низ даргир шудаанд ё хайр.

Аз сӯйи дигар, рӯзи сешанбеи 19 июн ҳамоише дурӯза дар бораи густариши ифротгароӣ дар Тоҷикистон ба ибтикори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо оғоз шудааст.

Дар ин ҳамоиш, ки пушти дарҳои баста доир мешавад, коршиносон, диплумотҳои хориҷию маҳаллӣ, намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ роҳҳои муқобала бо ифротгароиро баррасӣ мекунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120619_if_ansarollah_islam.shtml

Пойгоҳи Русия камари расонаҳои мустақиллро мешиканад

[b]Намояндагони шуморе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин кишварро, ба ончи «миёншикании рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон» мехонанд, муттаҳам кардаанд.[/b]

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 22 июн дар ҷаласаи марбут ба панҷумин солгарди таъсиси телевизиюни «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) матраҳ шуд.

Масъулони Симои мустақилли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сол пеш бад-ин сӯ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба далели мухтал шудани барномаҳояш тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия ба ин телевизиюн дастрасӣ надоранд.

Ширкаткунандагони ҷаласа аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки давлати Тоҷикистон то кунун натавонистааст аз ин навъ «қонуншикании» пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави худ ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳоле ки телевизиюни Симои мустақилли Тоҷикистон аз Вазорати роҳ ва иртибототи ин кишвар барои пахши барномаҳояш мавҷи 29-ро харидорӣ карда, аммо дар пойизи соли 2009 рӯи ин мавҷ барномаҳои дигаре тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия пахш мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, тибқи қавонини Тоҷикистон, пойгоҳи низомии Русия ҳаққи пахши барномаҳои худро дар берун аз пойгоҳи худ надорад.

Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия фиристандаҳоеро дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб насб карда ва ба василаи онҳо барномаҳои телевизиюни «ОРТ»-и Русияро рӯйи мавҷи барномаҳои СМТ ё Симои мустақилли Тоҷикистон бозпахш мекунад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд дар ин қазия мақомоте, ки мавҷи нодурустеро ба СМТ фурӯхтаанд, муқассиранд, вале мақомот мегӯянд ин мавҷ замоне ки расман холӣ маҳсуб мешуд, дар ихтиёри телевизиюни СМТ қарор дода шудааст.

Баъзе аз рӯзноманигороне, ки дар ҷаласаи марбут ба панҷсолагии таъсиси телевизиюни СМТ ҳозир буданд, пешниҳод карданд, ки барои ҳалли ин қазия рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия як роҳпаймоии эътирозӣ баргузор кунанд.

Аз ҷумла, Саёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР», дар ин бора гуфт: «Талаб кардани мавҷи нав ба маънои таслимшавии СМТ, таслимшавии тамоми журналистикаи (рӯзноманигории) Тоҷикистон, таслимшавии Сарқонун ва давлати Тоҷикистон дар назди як пойгоҳи низомии Русия аст.»

Вай афзуд: «Ба назари ман, ҳамаи мақомоти давлатие, ки фаъъолияти онҳо ба амнияти иттилоъотӣ марбут аст, комилан кори худро иҷро намекунанд. Кофӣ аст, ки ба ёд орем, чи тавр шабакаи ОРТ-и Русия қазияи халабонҳоро дар барномаҳояш бозтоб дод ва ин шабака дар Тоҷикистон ба ҷойи барномаҳои телевизиюни мустақилли мо, ки дар он мавзеъи Тоҷикистон бозтоб меёфт, пахш мешуд.»

Оқои Мизроб пешниҳод кард, ки дар сурати лозим рӯзноманигорон бояд роҳпаймоие эътирозӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия баргузор кунанд.

Аммо Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ ва дар гузашта мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки калиди ҳалли ин қазия дар дасти ҳукумат аст ва бояд аз ҳукумат талаб карда шавад, на пойгоҳи низомӣ.

Оқои Усмонов гуфт: «Бояд ба ҳамон муассисае муроҷеъат ва эътироз кард, ки бо СМТ шартнома (қарордод) дорад ва агар пойгоҳи низомии Русия қонуншиканӣ кардааст, ҳамон муассиса масъул аст, ки алайҳи онҳо ба додгоҳ шикоят барад.»

Дар ҳамин ҳол, Зинатуллоҳ Исмоъилов, раиси телевизиюни СМТ, гуфт, ки дар қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи пойгоҳи низомӣ, омадааст, ки танҳо дар сурати дастрас набудани конолҳои русӣ тавассути моҳвора, пойгоҳи низомӣ метавонад фиристандае барои худ насб кунад, аммо чунин иҷозаро пойгоҳи низомӣ нагирифтааст.

Оқои Исмоъилов афзуд: «Аммо инҳо чи кор карданд, на танҳо фиристанда монданд, балки дар Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб фиристанда монданд ва рӯйи мавҷи мо барномаҳои русиро на танҳо дар пойгоҳи худ, балки барои мардуми мо, пахш мекунанд.»

Ширкаткунандагон дар поёни ҷаласа гуфтанд, ки ниҳоди масъул барои ҳалли ин мавзӯъ қабл аз ҳама Идораи давлатии иртиботот ва Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ҳастанд, ки танзими фаъъолияти ҳамаи родию ва телевизинҳо дар кишварро бар ӯҳда гирифтаанд.

Дар ниҳоят, тасмим бар ин шуд, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ бори дигар бо ирсоли номае ҳалли ин қазияро аз ин ниҳодҳо тақозо кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120622_sq_independent_tv_russian_base.shtml

Зинатуллоҳи Исмоил: Телевизион барои ман бизнес нест!

[b]Телевизиони «СМТ», нахустин шабакаи телевизионии мустақил дар пойтахти кишвар имрӯз (18-уми июни соли 2012) панҷ сола мешавад. Ин расона тайи муддати фаъолияташ дар фазои иттилоотӣ тавонист теъдоди зиёди ҳаводоронро ҷамъ кунад. Аммо мушкилоти пахш дар басомад боиси нороҳатии масъулини шабакаву мухлисонаш гашта, сифати дастрасии барномаҳои онро мекоҳонад.[/b]

Дар арафаи таҷлили панҷсолагии шабакаи мазкур хабарнигори Озодагон бо Зинатуллоҳи Исмоил, муассис ва директори ТВ «СМТ» мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаашро ин ҷо мутолиа карда метавонед:

[b]Озодагон:[/b] Қаблан шуморо минҳайси сарвари «СМТ», ҳамзамон ҳайати эҷодии ин шабакаро ба 5-солагии он табрик мегӯем. Ҳоло бигӯед, ки идеяи таъсиси телевизиони мустақил кай пайдо шуд ва ҳадаф аз он аслан чӣ буд?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Таъсис додани телевизиони мустақил орзуи ҳамаи онҳое буд, ки мехостанд расонаҳои мустақил бо забони тоҷикӣ, дар фазои иттилоотии кишвар нақш дошта бошанд ва тавонанд, барои дифоъ аз ормонҳои миллӣ ва дифоъ аз муқадасоти миллӣ рӯи кор биёянд. Ман ҳам, ки солҳои сол дар шабакаҳои мухталифи радиёӣ ва телевизионӣ кор мекардам, чунин орзу ҳам доштам ва бо кӯмаку дастгирии дӯстон ин расонаро таъсис додем. Бояд бигӯям, ки ман бо нишони эътироз аз Кумитаи телевезион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рафтам, зеро барои фаъолияти баъдинаам имконияти комил вуҷуд надошт. Ҳамчунин, барои амалӣ намудани он нақшаву ҳадафҳое, ки ҳамчун як журналисти телевизион, ҳамчун як эҷодкор доштам, фазо танг буд имконият набуд ва аз ин хотир мо бо як гурӯҳ аз дӯстонамон машварат намудем ва аз пайи таъсиси як расонаи электронии мустақил гаштем. Албатта, ба вуҷуд овардани телевизиони мустақил дар шароити Тоҷикистон кори осон набуд, нест ва оянда ҳам шояд набошад. Ба он хотир, ки дар сари ҳар қадам мамониат ҳаст, мушкил ҳаст ва садд ҳаст.

Аз пайдо намудани утоқи корӣ, то ба қайд гирифтан дар Вазорати адлияи кишвар, ҳатто кор ба ҷое мерасид, ки ба мо эрод мегирифтанд, ки агар дар таркиби корхонаи шумо «Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди СМТ» вожаи «мустақил» набошад, мо метавонем, онро ба қайд гирем. Вале мо аз аввал барон будем, ки бояд ҳатман вожаи мустақил бошад, чунки ин расона воқеан ҳам бояд мустақил бошад. Ва кӯшишҳои мо самар оварданд. Рӯзи 8-уми августи 2006 дар Вазорати адлия «СМТ»-ро ба қайд гирифтанд. Вале барои он ки пурра телевизион ба фаъолият шурӯъ кунад, боз қариб як соли дигар зарурат пеш омад, чунки гирифтани иҷозатнома аз Кумитаи телевизион ва радио ва аз дигар мақомоти давлатӣ хеле талошҳои дигарро ҳам талаб меекард. Муҳимтарин чизе, ки моро аз ин кор бознамедошт он буд, ки мо ҳадаф доштем мақсад ва хоҳиш доштем, ки ин расонаи мустақили электрониро ба вуҷуд биёрем. Аз ин хотир, ин ҳадафҳои мо ниҳоятан самар овард ва рӯзи 18-уми июни соли 2007 аввалин барнома тавассути ТВ «СМТ» пахш гардид ва муаррифии он бо ҳузури ҷомеаи журналистии кишвар, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид ва аз он рӯз мо ба фаъолият шурӯъ кардем.

[b]Озодагон:[/b] Тими «СМТ», ё ана ҳамон шахсиятҳое, ки дар таъсис ва рушди шабака саҳм доштанду доранд, киҳоанд?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Барои ба вуҷуд овардани тарзи нави пешниҳоди барномаҳо ва шинохта шудани «СМТ» тими пурқудрати барномаҳои иттилоотӣ, ба вуҷуд овардани барномаҳои муаллифӣ устодон — Ӯрун Назаров (Ворис), Иброҳим Усмонов, Каримҷон Азизов (ҳоло сармуҳаррир шӯъбаи ахбори ТВ «Сафина»), Хилватшоҳи Маҳмуд (ҳоло сардабири хабаргузории Озодагон), Мирзо Тоиров ва чандин ҷавони дигар, ки мехостанд фаъолияти муаасир дошта бошанду минбар надоштанд, бо мо пайвастанду «СМТ»-ро муаррифӣ карданд. Ҳар касе, ки тӯли ин муддат барномаҳои моро тамошо кардааст, албатта баробари мо огаҳ аст аз мушкилоте, ки мо доштему дорем. Чунки дар дилхоҳ кишвари дунё ҳамин хел аст, ки барои рушди расонаҳои мустақил мамониатҳо ҳамеша ҳастанд. Вале муҳимтарин чиз он мебошад, ки мо ният дорем, ки бинандаи тоҷик, аудиторияи Тоҷикистон, имконияти интихоби шабакаро дошта бошад. Яъне, ин шабакаро на бо зурӣ, на бо роҳи пахш намудани шабакаҳои дигар, балки бо хоҳиши худ тавонад тамошо кунад ва аз барномаҳои он лаззати маънавӣ бигирад. Мо даъвои онро намекунем, ки мо муштарии хеле ва хеле зиёд дорем, барои мо муҳим он аст, ки мардум тавонистанд як шабакаи мустақили телевизиониро тамошо карда тавонанд. Барои ман ҳамчун муассис ва роҳбари ин шабака муҳим фоида ё ин ки суди иқтисодӣ аз ин нест. Барои ман телевизион ин бизнес нест. Барои ман телевизион ин ҳаловати маънавӣ аз пешаи интихоб кардаам мебошад.

[b]Озодагон:[/b] Оё «СМТ» ба он ҳадафҳое, ки дошт, ба онҳо расид ва то имрӯз чӣ корҳо ба нақша гирифта шуда буд, ки то ҳол иҷро нашудаанд?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Албатта вақте ки нақша ва ниятҳои инсон хатм мешаванд, будани инсон ҳам зери аломати бузурги суол меравад. Чунки инсон бо нақша, бо ният, бо орзу ва бо умед зинда аст. Ва аз ин хотир, мо ҳам ҳамеша вобаста бо тараққиёти кишвар ҳамқадем, чунки имрӯз бинандаи тоҷик ё аудиторияи Тоҷикистон бинандаи оддиву содда нест. Тавассути рушди технологияҳои навин мардум ба шабакаҳои мухталифи телевизионӣ дастрасии пайдо кардаанд, тариқи моҳвора ба шабакаҳои зиёд дастрасӣ пайдо кардаанд ва албатта дар баробари он вақте ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо карданӣ мешаванд, онҳо пеш аз ҳама фарқ мегузоранд, пеш аз ҳама муқоиса мекунанд. Барои он ки талаботи бинандагон қонеъ карда шавад албатта мо ниятҳо ва нақшаҳои зиёде дорем. Дар панҷ соли аввале, ки мо фаъолият намудем, муҳимтарин нақшае, ки мо амалӣ намудем, якум ин тарзи нави барномасозӣ ва пахши он буд. Дуюм, шикастани стереотипе, ки гӯё телевизион фақат барои як гурӯҳи шахсон фаъолият мекунад ва сеюм мо ба он талош намудем, ки журналистони ҷавонро ҷалб намоем. Зеро мо аз аввал тасмим гирифта будем, ки мактаби мустақили «СМТ»-ро дошта бошем. То ин ки ин мактаб аз бунёдаш бо тарзи нав ва бо тафаккуру диди нави пешниҳоди барномаҳо тавонад воқеияти кишварро барои бинандагон бозгӯ созад. Ман хушҳол аз он ҳастам, ки намояндагони ин мактаб феълан чӣ дар шабакаҳои мустақил ва чӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ кору фаъолият доранд. Барои мо муҳим он аст, ки онҳо дасти худро дар ин ҷо рост карданд ва мо дар ин ҷо барои онҳо шароит фароҳам овардем, ки онҳо имконоти ақливу зеҳнии худро нишон диҳанд ва барномаҳои ҷолиб таҳия намоянд.

[b]Озодагон:[/b] Мушкилоти феълӣ чӣ аст ва дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Аввалин коре, ки мо мехоҳем ба анҷом бирасонем пеш аз ҳама ин вусъат бахшидани барномаҳоямон мебошад. Тавре ки мо ва бинадагони «СМТ» иттилоъ дорад мо мушкилоти фаннӣ ҳам дорем, ки ин мушкилоти «СМТ» нест ин мушкилоти ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аниқтараш мушкилоти Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон ва сохторҳои дигаре ҳаст, ки онҳо наметавонанд, як шабакаеро, ки ғайриқонунӣ фаъолият дорад (шабаки ОРТ-и Русия) дар кишвар ва барномаҳои телевизиони бегонаро тӯли 24 соат пахш мекунад аз он пешгирӣ кунанд. Дар баробари ин намехоҳанд, ба мо басомади дигареро диҳанд то ин ки мо хуб дар он фаъолият карда тавонем. Мо кӯшиш дорем, ки бо тарҳҳои дигар пеш аз ҳама мушкилоти фаннии «СМТ»-ро рафъ намоем ва орзуи дигар ин аст, ки барои моҳвораӣ намудани СМТ кӯшиш карда истодаем, ки онро амалӣ намоем. То ин ки мардум тавонанд аз берун ҳам аз вуҷудияти як чунин шабакаи мустақил огоҳӣ дошта бошанд. Аз воқеияти кишварашон аз нигоҳи журналистони мустақил ошноӣ падо карда тавонанд.

[b]Озодагон:[/b] Шумо ба журналистон, бинандагон ва умуман ҳаводорони «СМТ» чӣ таманниёт доред?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Ба ҳамаи онҳое, ки тайи 5 соли будан бо мо буданду сарфи назар аз ҳама мушкилот бо ҳар роҳ моро дастгирӣ карданд, арзи сипос менамоям. Ҳоло бо воситаи зангҳои телефонӣ, тариқи барқияҳои худ, ба воситаи равобит тавассути почтаи электронӣ бе восита омадан ба шабакаи СМТ ва барои изҳор намудан аз он ки омода ҳастанд, ки моро дастгирӣ кунанд минатдории худро баён мекунам. Албатта, ҳар бинанда ҳаққи интихоби худро дорад, ман ҳамчун роҳбар ва муассиси «СМТ» ба ҳаққи интихоби бинандагон арҷ мегузорам. Албатта, кӯшиш мекунем, ки бо пешниҳоди силсилаи барномаҳо таваҷҷӯҳи мухлисон ва бинандагонро ба шабакаи худ ҷалб намоем ва бар он талош намоем, ки рисолати «СМТ» ин минбари озоди баёни андешаҳо ҳаст ва мо ин минбарро ба вуҷуд овардаем, дар оянда низ он идома ёбад ва мо барои бинандагони худ барномаҳоеро пахш намоем, ки баёнгари рӯзгори воқеии онҳо бошад.

[b]Мусоҳиб: Ибодуллоҳи Тоир
Аз идора: Озодагон ҳам ба табрикоти самимии мухлисону ҳаводорони ТВ «СМТ» ҳамроҳ асту ба ин расонаву масъулинаш комёбиҳои беш аз пеш, мавҷи «тоза»-ву «шаффоф» таманно дорад.[/b]

Источник: http://www.ozodagon.com/sr/item/16477

Бек Зуҳуров: «Аз мо талаб мекунанд, ки хомӯш набошем»

[b]Бек Зуҳуров гуфт, дар баҳсҳои «Азия-Плюс» на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарон ҳам беҳурматӣ мекарданд.[/b]

Масдуд кардани торнамои «Азия-Плюс» аз сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистонро бархе аз коршиносон далели барҷастатар шудани нақши сензурии ин ниҳод дар расонаҳои электронӣ арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи 12-уми июн Хадамоти алоқа торнамои серхонандатарини кишвар — «Азия-Плюс»-ро расман ба далели «мушкилоти фаннӣ», аммо дар асл барои фароҳам сохтани майдон барои интиқодҳои муаллифони беном аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон масдуд кард. Бино ба созиши байни раҳбарияти хадамот ва «Азия-Плюс» мушкил рафъ гашт, вале масъулони торнамо ҳушдор гирифтаанд, ки дар ҳоли такрори чунин вазъ дастрасӣ ба сомонаи онҳо пурра қатъ хоҳад шуд.

Бек Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, тасмими худро дар мавриди “Азия-Плюс” на сензура, балки масъулияти худ медонад. Вай дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, дар баҳсҳои ҳошияи мақолаҳои «Азия-Плюс» на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарону вазирони кишвар ҳам беҳурматӣ мекарданд.

Ҷаноби Зуҳуров афзуд, масъулони сомона метавонанд, ин шарҳҳоро нагузоранд ва шарҳи таҳқиромезро роҳ надиҳанд: «Мо ҳам мефаҳмем. Аз осмони ҳафтум нафаромадаем. Журналистика бояд аз «бозори сиёҳ» фарқ кунад. Паҳн кардани ахбори бардурӯғ ҳам мисли қочоқи маводи мухаддир ва ҳатто бадтар аз он аст. Мо ҳам як бор чашм мепӯшем, ду бор чашм мепӯшем, дар ниҳоят бояд чораи мушаххас бояд биандешем. Аммо мардум ин вазъро дигар хел фаҳмида истодаанд. Ҳар рӯз ба мо менависанд, ки чаро нисбати раҳбари давлат ва дигарон ҳар гуна ҳарфҳои ношоиста менависанд, аммо мо

Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева, муҳаррири торнамои «Азия-Плюс», мегӯяд, вақте Хадамоти алоқа барои як ё ду шарҳе, ки шояд иштибоҳан ба сомона роҳ ёфтаанд, як расонаро маҳдуд мекунад, бидуни шак, ҳарфи сензура дар миён аст: «Агар онҳо масъулияти танзими ҳодисаҳои минтақаи tj-ро ба зимма гирифтаанд, лоақал метавонистанд ба мо занг зада, гӯянд, ки фалон шарҳ дар бораи фалон мансабдорро аз саҳифа ҳазф кунем. Масъули фаннии сомона метавонад, хато кунад. Аммо на занг заданд ва на пешакӣ огоҳӣ доданд.»

Мавридҳои сайтбандӣ дар Тоҷикистон ду соли охир низ зиёд ба назар мехӯрд. Моҳи сентябри соли 2010-ум, пас аз шурӯи ноамниҳо дар водии Рашт, дар қатори чанд нашрияи мустақил фаъолияти сомонаҳои «Авесто», «Тоҷнюс», «[url=tjknews.com, centrasia.ru]tjknews.com, centrasia.ru[/url] аз сӯи он замон Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ба далели «тахриб шудани ноқил» масдуд шуда буд. Баъдан вазири вақт Олим Бобоев далели онро амниятӣ унвон кард.

Моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон дар баробари «Ҷамоати Ансоруллоҳ», фаъолияти сомонаҳояш — [url=irshod.net ]irshod.net [/url] ва [url=irshod.com]irshod.com[/url] — ро низ манъ намуд. Аммо тайи як соли охир умдатан сомонаҳое масдуд мешаванд, ки алайҳи ҳукумати Тоҷикистон матлаб нашр мекунанд ва ҳам дар атрофи матолиб баҳсҳои озод бо ширкати умдатан муаллифоне, ки бо имзои мустаор менависанд, сурат мегиранд.

Моҳи марти соли равон ҷорӣ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо як дастур аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон хост, сомонаҳои — [url=Zvezda.ru, Tjknews.com, Maxala.org]Zvezda.ru, Tjknews.com, Maxala.org[/url] ва дар баробари онҳо шабакаи Фейсбукро масдуд кунанд. Баъдтар Фейсбук дигарбора фаъол шуд ва бақия то ба ҳол дастнорасанд. Бек Зуҳуров мегӯяд, ин сомонаҳо ҳамагӣ аз хориҷ чархонда мешаванд ва алайҳи ҳукумат ва амнияту суботи Тоҷикистон матлаб нашр мекунанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон метавонад расонаҳои электрониро сензура кард? Асомуддин Атоев, сарвари Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ, мегӯяд, зарфиятҳои хадамот барои пурра сензура кардани интернет кифоят намекунад: «Ҳама кор нисбӣ аст. Нисбатан мешавад сензура ҷорӣ кард. Аммо ин муваққатӣ хоҳад буд. Он вақт, ки корбар аз технологияҳои гузаштан аз ин сайтбандиҳо огоҳӣ меёбад, ин мушкил ҳам рафъ мешавад. Аз дигар ҷониб, таҷрибаи ҳамин сайтбандиҳои Хадамоти алоқа нишон дод, ки бо бастани сомонаҳо маҳбубият ва шӯҳрати онҳо меафзояд, мардум аз онҳо бештар огоҳ мешаванд.»

Моҳи майи соли равон созмонҳои рӯзноманигорӣ зимни як нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карда буданд, ки ниҳоят дар қонунгузории кишвар роҳҳои қонунии бастани сомонаҳо рӯшан карда шавад. Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, мегӯяд, бо бастани сомонаҳо ҳам ҳукумат интиқод мешавад, ки озодии баёнро маҳдуд мекунад ва ҳам шартномаи байни ширкатҳои интернетрасон ва муштариёни онҳо поймол мешавад.

«Ҳамон механизми танзимкунандаи роҳандозии «блокировка»-и сайтҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Яъне, як сайт бояд дар кадом шароит ва чаро бояд баста шавад. Ягон қонун ё санад дар ҳеҷ як аз мақомоти ҳукуматӣ ё порлумони Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта нашудааст. Ширкатҳои интернетрасон ҳам ҳеҷ як пешниҳоде дар ин замина ба мақомот пешниҳод накардаанд»,- афзуд ӯ.

Корманди як ширкати интернетрасон, ки нахост номаш зикр шавад, дар посух ба суоли мо, ки чаро бо Хадамоти алоқа дар бастани сомонаҳо ҳамкорӣ мекунанд, посухи кӯтоҳ дод: «мо тиҷорат мекунем, на сиёсат».

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24613227.html

«Саҳв»-и Бег Зуҳуров: Ширкатҳои провайдериро чаро бастанд?

[b]Хадамоти алоқаи назди президенти Тоҷикистон рӯзи 12 июн зимни як нома ба 14 ширкати интернетрасони мамлакат дастур додааст, ки дастрасии муштариёнашонро ба сомонаҳои «Азия плюс» ва «CA-News» дар ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд кунанд.[/b]

Парвина Ибодова, сарвари Иттиҳоди интернет- провайдерҳои Тоҷикистон ба «Нигоҳ гуфт, дар мактуби Хадамоти алоқа омадааст, ки дастрасӣ ба сомонаҳои «CA — News» ва «Азия-Плюс» маҳдуд карда шавад. Ба гуфти ӯ, дар номаи мазкур гуфта мешавад, ки «бо сабабҳои техникӣ ва профилактикӣ» чунин иқдом гирифта шудааст. Дар нома, аз ҷумла нишонаи asiaplus.tj оварда шудааст, аммо провайдерон сайти ин ожонсиро бо нишонии news.tj низ бастаанд.

Вақте бо Зебо Тоҷибоева, роҳбари Агентии иттилоотии «Азия — плюс», дар тамос шудем, вай дар қабулгоҳи Бек Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқа буд. Хонум Тоҷибоева баъди сӯҳбат бо намояндагони ин хадамот гуфт, мақомот мегӯянд, ки сомонаи Шумо саҳван маҳдуд карда шудааст.

— Мо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сӯҳбат доштем, мақомот гуфтанд, ки номи сомонаи шумо хато рафтааст, соатҳои наздик дастрасӣ ба он имконпазир мешавад, — афзуд Тоҷибоева.

[b]Саҳв дар пайи саҳв[/b]

Аммо ин «саҳв»-ҳои Бек Зуҳуров ё мақомоти Тоҷикистон бори аввал нест. Чанде қабл ҳам барои чанд рӯз саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ҳам маҳдуд шуда буд. Дар гузашта аз ҷумла сомонаҳои оппозитсионии «tjknews.com\», \»centrasia.ru\», \»maxalla.org\» ва ғайраву ҳоказо маҳдуд карда шуда буданд. Аммо ин мавзӯи дигар аст.

Хадамоти алоқа бидуни ирсоли огоҳинома ба «Азия плюс» ба провайдерҳо амри маҳдуд кардани ин сомонаро додааст. Талаботи қонуни Кодекси мурофиаи шаҳрвандӣ дар инҷо 100 дарсад вайрон шудааст.Тибқи муқаррароти ин кодекс, провайдерҳо ва Хадмоти алоқа дар сурати ҳадди ақал даҳ дақиқа маҳдуд кардани хизматрасонии интернетӣ бояд ба сомонаҳо номаи огоҳикунанда ва сабаби мушкилро ироа кунанд.

[b]Пас чӣ омил буд, ки болои «Азия плюс» сояи дигар андохт?[/b]

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири Шӯрои ВАО кишвар мегӯяд, сабаби маҳдуд кардани сомонаи «Азия-плюс» норӯшан аст, «зеро дар ду моҳи охир ҳеҷ як маводи ҷиддӣ ё баҳсбарангез дар он нашр нашудааст. Аммо, шарҳ — коментҳое, ки дар поварақи маводҳо меоянд, сабаби маҳдуд кардани дастрасӣ ба он шуда метавонанд. Зеро комментҳо хеле тунду баҳсбарангез ҳастанд».

Оё мақомот ва провайдерҳо салоҳияти инро доранд, ки бидуни огоҳии пешакӣ ва бесабаб дастрасӣ ба сомонаҳоро маҳдуд кунанд? Тибқи Кодекси ҷиноии шаҳрвандии Тоҷикистон, ин салоҳиятро надоранд, аммо пас чаро қонунро дидаву дониста поймол мекунанд?

[b]Чаро маҳз «АП» ва «СА — News»?[/b]

«Азия — плюс» — маъруфтарин сомонаи Тоҷикистон аст, ки тибқи бархе гузоришҳо, аз ҳама серхонандатарин низ ҳаст. Дар он гоҳо матолиби доғе нашр мешаванд ва мӯҷиби норизоиятии мақомот ҳам мегарданд. Аммо «CA — News» — ро метавон як «мусичаи» дар ҳақиқат «бегуноҳ» номид. Чаро ин сомона ҳам маҳдуд шуд?

Ба қавли коршиносон, боре ҳам матлабе дар ин сомона аз «пеши роҳи касе нагузаштааст». Як нафар, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, масдуд кардани «CA — News» «ради галочки» аст, то андешае ба вуҷуд оварда шавад, ки воқеан «бо сабабҳои техникӣ ва профилактикӣ» сомонаҳо баста шудаанд.

Бо ин вуҷуд, рӯшан нест, ки тамаркузи мақомот болои ин сомонаҳо дар чӣ аст? Аммо яқинан ба андешаи аксарият ҳадаф ҳамоно «Азия — плюс» аст ва аксаран бар ҳамон комментҳои мақолаҳои он ишора мекунанд. Дар гузашта прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ин сомона хоста буд, ки АйПи адреси чанде аз назарнависонашро дар комментҳо ошкор кунад. Пас аз расонаӣ шудани ин мактуб ба назар мерасад, дигаре фишоре сари сомонаи «АП» набуд ва ҳоло он мантиқан идома дорад.

[b]Дастрасӣ дар хориҷа[/b]

Дар хориҷи Тоҷикистон муштариёни сомонаҳо гуфтанд, ки дастрасӣ ба «АП» ва «СА — News» ҳаст ва аз маҳдуд шудани онҳо дар дохили кишвар изҳори таассуф карданд. Яке аз омилҳои дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» дар хориҷи кишвар будани хостинги ин сомона будааст, яъне ин сомонаро дар Тоҷикистон маҳдуд кардан мумкин будааст, аммо дар хориҷ аз он на. Ин яке аз бурдҳои сомона мебошад.

Дар Маскав аз Муҳаммади Эгамзод, муассиси Медиаҳолдинги «Tajinfo» мепурсем, ки ба сомонаи «Азия плюс» дар Маскав дастрасӣ доранд? Вай гуфт, ки намедонад то кадом дараҷа дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи \»АП\» маҳдуд аст, аммо дар Москва «мо роҳат вориди он мешавем».

— Дар бобати маҳдуд кардани дастрасӣ ба кадом як сомона аз ҷониби мақомот, муҳим нест, он сомона иттилоотӣ аст, ё чизи дигар, бояд тасмимгирандагон дақиқан бидонанд, ки бо ин кор чӣ мехоҳанд. Агар ин кор ҷанбаи техникӣ дошта бошад, ҳудудан дар 1-2 рӯз ҳал шавад, хайр аст. Аммо агар бо мақсади маҳдудият ба дастрасии иттилоот бошад, натанҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, балки баръакс эътибори ҳукуматро коста мегардонад, — мегӯяд Эгамзод.

Намояндагони ҷомеаи иттилоотии интернетӣ мегӯянд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ягон санади қонунӣ дар бораи механзими маҳдуд кардани дастарасӣ ба интернет вуҷуд надорад ва маълум нест, ки ин механизм дар салоҳияти кадом ниҳод аст. Ба гуфти Хилватшоҳи Маҳмуд, баъди нишасти рӯзи озодии баён номае унвонии ҳукумат, хадамоти алоқа, парлумон, вазорати адлия фиристода шудааст, то дар салоҳияти кадом ниҳод будан ва дар кадом ҳолат маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро мушаххас кунанд. Аммо то ҳол посухе нест.

Маротибаи аввал нест, ки маҳдуд кардани сомонаҳои дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда мешавад. Зимнан соли гузашта ҳангоми рух додани воқеаҳои минтақаи Рашт, якбора чандин сомона баста шуданд. Он вақт Хадамоти алоқа гуфта буд, ки сабаби баста шудани ин шабакаҳо гусастани хатҳои интернетӣ мебошад. Ин дар ҳолет, ки технологияи Интернет чунон сохта шудааст, ки аз як ноқил вобаста набуда, дар ҳолати аз кор баромадани як хат, бидуни монеъа тариқи садҳо хати дигари алоқа — новобаста аз намуди он — метавонад мавриди истифода бошад.

Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси саршиноси кишвар бар ин назар аст, ки «тибқи қонун бояд ки хадамоти алоқа ва провайдерҳо ба сомонаҳо огоҳинома фиристанд, ки дар кадом рӯз ва чанд вақт, чаро ва дар асоси кадом қонун интернет маҳдуд мешавад. Афзун бар ин фаъолияти сомонаҳоро танҳо суд метавонад маҳдуд кунад ё қатъ намояд».

Пас дар сурате, ки провайдерҳои интернетрасон ва Хадамоти алоқа бидуни санади огоҳинома сомонаҳоро маҳдуд карданд, барои ин беамалии мақомот «Азия плюс», ба истилоҳ гурдае дорад, ки ба суд муроҷиат кунад ва Бег Зуҳуровро барои «саҳв»-и чандсоатааш дар маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашад?

[b]Асри дигар[/b]

Асри суръат аст. Интернет ҳам мисли обу барқ ба истифодабарандагон зарур шудааст. Пас чаро ин ҳуқуқи шаҳрвандон нақз мешавад? Хуб, мегузарем аз ин суол, ки ҳарфи амниятрову яккатозии ҳукуматро пеши рӯ меоранд, яъне кореро хоҳад, карда метавонад. Аммо иддае аз коршиносон «ташаббуси» чандсоатаи маҳдуд кардан ва «саҳвҳо»-и зуҳуровиро пурасрор медонанд.

Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, шояд аз ҳоло маъракаҳои сиёсии интихоботи президентии соли 2013 шурӯъ шудаааст, ҳизбҳои сиёсии дигар фаъолияти густурда бурданиянд ва ин иқдом агар пайгирона ва бомақсад бошад, ҳаргиз ҷавобгӯи хостаҳои ҳизби ҳоким нахоҳад буд.

— Аммо русҳо мегӯянд, \»запретный плод — сладок\». Баръакс, ин маҳдудкуниҳо эътибори \»АП\»-ро, ки воқеан яке аз хабаргузориҳои фаъол, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа аст, баланд карда, сафи хонандагонаш зиёд мешавад.

Апрели соли ҷорӣ Прокуратураи генералӣ аз масъулони «Азия-Плюс» хоста буд, ки IP-адреси афродеро ба ин ниҳод супорад, ки дар матолиби ин сомона шарҳ менависанд. Он вақт ин ниҳод ин тақозоро бар асоси шикояти як шаҳрванди баландмақом карда буд. Гуё он шахс даъво доштааст, ки ба шараф ва номуси ӯ таҳвин шудааст.

Ҳамон вақт дархости дар ихтиёри прокуратура гузоштани суроғаи корбарони сомонаи «Азия Плюс»-ро созмонҳои журналистӣ ва пуштибони матбуот хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон хонда, онро қадаме дар амри маҳдуд кардани озодии баён унвон карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, Қонуни асосии Тоҷикистон дар банди 30- юми худ озодии суханро кафолат додааст.

Вақтҳои охир шарҳҳои хонандагон дар сомонаҳо ҷанбаи иттиллорасониро ҳам гирифтаанд. Шояд ин боиси нороҳатии шахсиятҳое дар мақомот шуда бошад ва онҳо бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки садди роҳи изҳори гуногунандешӣ ва озодбаёнӣ шаванд. Аммо дар асри суръат ин номумкин аст. Зеро мардум интернет ва хабарро ҳам як ҷузъи талаботи ҳаррӯзаи худ медонанд ва дар замину дар ҳаво бо мобилу компютер мехоҳанд, ки дар алоқа бошанд. Ба ҷойи маҳдуд кардан, анҷом додани масъулият ва воло донистани талаботи қонун аз ташабусҳои маҳдудкунӣ магар осонтар нест!?

[b]Позаҳри кибертерроризм[/b]

Воқеан, дар чанд соли ахир навиштани назару шарҳҳо дар пайи матолиби сомонаҳои интернетӣ маъмул шудааст. Бештари корбарони интернет аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон бо номҳои мухталиф назари худро дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мушкилоти ҷомеа баён медоранд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки кишварҳои ҷаҳони саввум, бахусус баъди таҳаввулоти инқилобӣ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо, ки бовар доранд, дар таҳрик додани мардум интернет ва хоса шабакаҳои иҷтимоӣ нақши бориз доштаанд, башиддат аз густариши ин падида нигаронанд. Ва талош мекунанд, интернетро таҳти назорат дошта бошанд. Ба ин далел як мавзӯъи мавриди баррасии дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай моҳи апрели соли ҷорӣ дар Пекин ҳам масъалаи кибертерроризм будааст. Ҳоло маълум нест, ки ин позаҳри мақомот то куҷо ба дарди онҳо мехӯрад, дар ҳоле ки мутахассисон мегӯянд, дар интернет \»агар аз дар занӣ, аз бом меоянд\».

[b]Бознашр аз \»Нигоҳ\», №12 (288). Чоршанбе, 13 июни соли 2012[/b]

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=26115&Itemid=28

Акнун «тӯҳмат»-у «таҳқир»-и ҷиноятӣ, не шаҳрванди журналистонро таъқиб мекунад

[b]Дар Тоҷикистон парлумони кишвар ахиран ду моддаи Кодекси ҷиноиро, ки ба фаъолияти журналистон бештар монеа эҷод мекард, бекор кард. Гуфтанист ин тасмими бо кӯшишҳои зиёди созмонҳои журналистии ватаниву хориҷӣ ва супориши Президенти Тоҷикистон гирифта шуд.[/b]

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумхурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, ин лоиҳаи қонун аслан бо ташабуси Призиденти Ҷумхури Точикистон ба парлумон зери номи «Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст.

«Ин пешниҳоди Президенти кишвар ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик, 10-уми марти соли ҷорӣ шуда буд»,- гуфт вакили парлумон.

Хилватшоҳи Маҳмуд, Дабири кулли Шўрои Воситаи Ахбори Оммаи Тоҷикистон аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хориҷ шудани моддаҳои 135 ва 136-ро истиқбол намуда, изҳор дошт, ки ба Кодекси шаҳрвандӣ гузаронидани ин ду модда талаботи давр аст.

Ба андешаи ӯ, ин боиси рушди матбуот дар кишвар хоҳад шуд. Тавре ӯ гуфт: «Мавҷуд будани ин ду модда дар Тоҷикистон журналистонро аз фошу бепардагӯӣ бозмедошт. Омилони аслии худсензура ҳам ҳамин ду банд шуда буданд».

Аммо ӯ мегӯяд, ки дар қабули ин тасмим саҳми созмонҳои журналистии ватанӣ ва байналмилалӣ зиёд аст. Зеро маҳз талошу кӯшишҳои даҳсолаи онҳо буд, ки ин масъала то президенти кишвар расид.

«Кӯшишу тасмимоти ҳамаи созмонҳои марбута имкон дод, ки ин мушкил то ба худи президент ва дастгоҳи иҷроия рафта расид. Билохира, дар мулоқоташ бо журналистон ин пешниҳод дастгирӣ ёфт», – гуфт ӯ.

Дар умум, ба қавли Х. Маҳмуд пофишории кулли созмонҳои журналистӣ ва ҷамъи хабарнигорон, мусоидати президент ва сохторҳои ҳукумативу ғайридавлати раванди ин амалро тезонид ва ба ин рўз иттифоқ афтод.
Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон кам нестанд журналистоне, ки алайҳашон аз рӯи ду моддаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Аз ҷумла, соли 2007 баъди нашри як мақола алайҳи Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова, собиқ кормандони ҳафтаномаи «Овоза» аз рӯи ин ду мода парвандаи ҷиноӣ кушода буданд.

Тавре Фарангис Набиева гуфт: «Хориҷ шудани моддаҳои 135-136 аз Кодекси ҷиноии ҶТ барои журналистон кори хуб шуд. Зеро журналистон барои ҳар як ҳарфашон гоҳҳо худсензура мекарданд. Баъзан ҳангоми навиштани мақолаи танқиди ҳарос мекунад, ки оё инро «таҳқир» ё «тӯҳмат» қабул накунанд».
Бо ин вуҷуд ӯ шубҳа дорад, ки баъди бекор кардани ин ду модда аз кодекси ҷиноӣ вазъ беҳтар шавад. Барои ҳамин ҳоло барвақт аст хушҳолӣ кардан. Зеро агар ғараз манъи фаъолияти журналистон бошад, дар асоси парвандаи шаҳрвандӣ журналистонро бо ин моддаҳо бо маблағи калон ҷарима мебанданд.

Журналисти дигар Муҳайё Нозимова ба он назар аст, ки барои гирифтани моддаҳои тӯҳмату таҳқир тайи чанд сол аст, ки журналистони кишвар талош доштанд ва билохира ба ин њадаф расиданд.

«Шахсан ман хеле шодам, ки сухани журналистон ҳам акнун ба қавле «вазн» пайдо карда истодааст.

Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагон низ, аслан мақсади асосии хориҷ намудан моддаҳои 135-136 фароҳам овардани шароити мусоиди демократӣ дар ҷомеъа мебошад.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси зимни сӯҳбат дар ин маврид ба хабарнигори kloop.tj чунин гуфт:

«Бояд инро тасмимро Маҷлиси намояндагон 15-сол пеш мегирифт. Ҳарчанд ин тағйиротро ҳанӯз Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, вале умедворем, ки Маҷлиси Олӣ ҳам ин қарорро қабул хоҳад кард».

Бояд гуфт, аз рӯи моддаи 135 ҷазои ҷинояти муқаррар шуда, бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешуд.

Аз рӯи моддаи 136 бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо муқаррар шуда буд.

Источник: http://kloop.tj/2012/06/12/aknun-t-mat-u-ta-ir-i-inoyat-ne-sha-rvandi-zhurnalistonro-ta-ib-mekunad/

САҲА аз лағви моддаҳои тӯҳмату таҳқир истиқбол кард

[b]Дуня Миятович аз ҳазфи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон истиқбол намуд.[/b]

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз лағви моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар қонунгузории Тоҷикистон истиқбол кардааст. Дар баёнияе, ки дар сомонаи САҲА аз қавли Дуня Миятович, масъули озодии баён ва воситаҳои ахбори умуми ин созмон нашр шудааст, таъкид мешавад, ки ҳазфи моддаҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» рушди озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

Ҳазфи моддаҳои вобаста ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар пайи ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иттифоқ афтод. Маҳофили хабарӣ ва рӯзноманигорони тоҷик низ аз ислоҳоти мазкур ба қонуни ҷиноии кишвар истиқбол карданд. Зеро аз чанд сол ба ин сӯ маҳз хабарнигорон буданд, ки дархости ҳазфи ин бандҳоро аз қонунгузории кишвар дар миён мегузоштанд.
Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия-Плюс», мегӯяд, мавҷудияти бандҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар қонуни ҷиноӣ на танҳо рӯзноманигоронро дар баробари мақомот осебпазир, балки водор мекард, ки ба худсонсурӣ рӯ оваранд. Хонум Мирзобекова бар ин назар аст, ки ҳанӯз ҳам дар қонунгузории Тоҷикистон байни «таҳқир» ва «танқид» ба унвони меъёрҳои ҳуқуқӣ марзи мушаххас гузошта нашудааст. «Адам (набудан)-и марзи мушаххаси ин мафҳумҳо боис мешавад, ки додгоҳ баҳсҳоро бар манфиати нафари мансабдор ва ё масъул ҳаллу фасл намояд»,-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Вай дар идома илова кард, «парвандаҳое буданд, ки маводи танқидиро ҳамчун таҳқир банду баст карда ва дар асоси он журналистонро ба ҷавобгарӣ мекашиданд. Ба назари ман, дар қонунҳои мо бояд шарҳ дода шавад, ки истилоҳи «таҳқир» чӣ асту «танқид» чист. Ин ду мафҳум бояд дақиқ ва мушаххас карда шавад.»

Ин нуктаро Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, низ таъкид кард, ки бо вуҷуди лағви бандҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар қонуни ҷиноӣ бандҳое мавҷуданд, ба мавқеи нафари мансабдор бартарӣ медиҳад. Дар ҳоле ки мегӯяд ҷаноби Атовулло, Қонуни асосии кишвар баробарии ҳама шаҳрвандонро дар назди қонун кафолат дода ва ҳеҷ авлавияте ба нафари мансабдор қоил нашудааст: «Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон як моддаи дигар боқӣ мондааст «паст задани шаъну эътибори мансабдорони давлатӣ» ва ҳамчунин боқӣ мондааст моддаи 146, яъне дахолат ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин боқӣ мондааст моддаи 137, яъне таҳқиру тӯҳмат ба президент. Ҳамаи инҳо метавонанд ҷойи ин ду моддаро бигиранд ва як андоза барои рушди озодии баён мушкил эҷод кунанд.»

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, ки ислоҳоти ворида бо ин қонунро дар баробари вакилон тавзеҳ медод, ёдовар шуд, ки дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ихроҷи бандҳоҳои вобаста ба «таҳқир» ва «тӯҳмат» бо дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ содир шудааст.

Ҷаноби Ватанов афзуд, ҳамакнун барои ин навъи иттиҳом шахс ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад ва хабарнигорон низ барои чопи гузориш ва мақолаҳои интиқодӣ бо ҷазои ҷиноӣ рӯбарӯ нахоҳанд шуд: «Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, вақтҳои охир дар атрофи ин ду моддаи Кодекси ҷиноӣ баҳсҳо хеле доманадор буданд. Бисёриҳо, бахусус намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи он сухан меронданд, ки бояд онҳо хориҷ карда шаванд, зеро озодии баёнро маҳдуд мекунанд. Бо қабул гардидани ин тағйирот ба қонун мо боз шоҳиди он мегардем, ки кафолати озодии баён дар Тоҷикистон боз ҳам хубтар мешавад ва ҳар шахс метавонад нисбати масоили доғи ҷомеа фикру ақидаҳои худро озодона баён намояд.»

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонун мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд. Намунаи равшани он ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи «Нури Зиндагӣ» аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам «таҳқир»- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Аммо Дуня Миятович, масъули озодии баён дар САҲА, изҳори умедворӣ кардааст, ки давлати Тоҷикистон минбаъд низ барои ғайриҷиноӣ сохтани муқаррароти марбут ба фаъолияти рӯзноманигорон иқдом хоҳад кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24598806.html

Далер Шарипов: Моро ба он хотир ғофилгирона мезананд, ки аз мо метарсанд

[b]Далер Шарипов хабарнигори телевизиони «Сафина» ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам» шоми 7-уми май тақрибан соти 22.30 дар ноҳияи Сино, наздикии бинои сафорати Русия, аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт.[/b]

Дар сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj Далер Шарипов гуфт, ки чун ҳамла ногаҳонӣ ва хело сахт буд, он шахсонро нашинохтааст, вале бовар дорад, ки қонун ҳаст ва кормандони мақомоти дохилии ноҳияи Сино дар мавриди ин қазия кор карда, ҷинояткоронро дастгир мекунанд».

«Ҳамлаи беогоҳӣ ин амали номардона аст ва моро ба он хотир ғофилгирона мезананд, ки аз мо метарсанд»,- мегӯяд рӯзноманигор.

Ин хабарро Маҳмадулло Асадуллоев, котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ тасдиқ карда гуфт, ки воқеан шоми 7-уми май тақрибан соти 22.30 дар ноҳияи Синои пойтахт, дар наздикии бинои сафорати Русия, дар маҳаллаи 82-юм аз тарафи афроди ношинос Далер Шарипов, хабарнигори шабакаи «Сафина» мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

«Ӯ шахсан бо милитсия муроҷиат накардааст. Баъд аз нашри ин иттилоъ дар расонаҳои хабарӣ кормандони милитсия худ ба назди Далер Шарипов рафта, ин ҷиноятро ба қайд гирифтанд ва ҳоло тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба он назар аст, ки ин ҳодиса ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабт надорад.

Тибқи суханони худи рӯзноманигор ва яке аз масъулони созмони сабтиномнашудаи “Қадам ба Қадам” эҳтимол ин ҳодиса ба созмон рабте надорад.

«Ман аз ташкили ин созмон кайҳо даст кашида будам ва эҳтимол ин қазия ғарази шахсӣ бошад».

Аммо ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани милли воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), мавриди лату кӯб қарор гирифтани шахс, зиёда аз он рӯзноманигоре, ки дар телевизион кор мекунад ва фаъолияти ҷамъиятӣ дорад, боиси ташвишу изтироб аст.

«Феълан гуфта наметавонем, ки ин қазия ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ марбут аст ё на. Инро бояд тафтишот муайян кунад, лекин дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ бо кадом сабабе мавриди лату кӯб қарор гирифтани шаҳрванд қобили қабул нест ва ин ҷиноят ба ҳисоб меравад ва ҳар кассе, ки ба ин ҷиноят даст мезанад, бояд дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад», – гуфт раиси АМВАОМТ.

Ҳамчунин, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова изҳор медорад, ки рӯзноманигорон шахсиятҳое мебошанд, ки ҳамеша аз тарафи гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа зери фишоранд. Хусусан онҳое, ки гуноҳе доранд, ё ягон камбудие доранд, журналистон зери шиканҷа қарор мегиранд.

«Ин хоси на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми дунё аст ва мо ҳар вақт мебинем, ки дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон як журналистеро саркуб мекунанд ё мекушанд. Ба ҳар ҳол дар давлатҳои демократӣ қадри журналист баланд аст, аммо дар давлатҳои Осиёи Миёна журналистонро луту кӯб карда, ҳатто онҳоро мекушанд, вале қазияи онҳо номаълум мемонд», – иброз намуд Ойниҳол Бобоназарова.

Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Соли гузашта Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз тарафи афроди ношинос мавриди зарбу лат қарор гирифт. Вале сабаб ва гунаҳкорони ин қазия то ҳол ошкор нашудааст.

Чуноне ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз дошт:

«Ҳарчанд ба ман дар рӯзи равшан дарафтоданд, ман гуфта наметавонам, ки он ҳамлагарон кӣ буданд ва чӣ зарбае заданд, аммо бароям аҷиб он аст, ки журналистонро бештар дар ҳудиди ноҳияи Сино лату кӯб мекунанд, аз ҷумла Раҷаби Мирзо, ман ва инак Делар Шариповро».

Вале ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки муфаттишони ин ноҳия ба чӣ кор машғуланд, ки гунаҳкорон ва сабаби ин қазияҳоро аниқ карда наметавонанд ва бояд кормандони шӯъбаи дохилии ноҳияи Сино ҷавоб гӯянд, ки ин амалро кӣ содир мекунад.

Вале Далер Шарипов изҳор медорад, ки ҳарчанд ягон нафарро гумонбар карла наметавонад, вале баъзе маълумотҳое дорад, ки баъдтар ошкор хоҳад кард.

«Агар рафти тафтишот тағйир наёфт, ман тариқи мизи мудаввар ба рӯзноманигорон он маълумотҳоро пешкаш мекунам», – гуфт Далер Шарипов.

Мазҳаб Ҷумъаев

Источник: http://kloop.tj/2012/05/11/daler-sharipov-moro-ba-on-hotir-ofilgirona-mezanand-ki-az-mo-metarsand/

Коршинос: «Ин латукӯбҳо дар маҷмӯъ ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон латма мезананд»

[b]Вақтҳои охир латукӯби чеҳраҳои шинохтаи кишвар, журналистону адибон дар кӯчаву хиёбонҳо аз ҷониби шахсони номаълум зиёд мушоҳида мешаванд. Ҳодисаҳои ахир — латукӯби хабарнигори телевизиони «Сафина» Далер Шарифов, Салим Шамсиддин — раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ва нависандаи шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад омили он гардидааст, ки сари ин мушкил андеша карда шавад.[/b]

Перомуни ин ҳодисаҳо мо бо журналист ва коршиноси минтақавии вилояти Суғд Тилав Расулзода чунин ибрози назар кард:

-Дар мавриди латукӯби аҳли назар, яъне қаламкашон, шоирон, нависандагон ва журналистон чунин метавон гуфт, ки ҷомеаи мо то ҳол фарҳанги муколама ва таҳаммулпазирӣ ташаккул наёфтааст. Яъне фарҳанги палерантӣ, яъне мо ба андешаи ғайр, андешае, ки мухолиф бо андешаи мо аст, назари нек надорему таҳаммул карда наметавонем. Аз ин рӯ, бинед, ки боре аввал нест, ки журналистонро латукӯб мекунанд, танҳо ба хотири андешааш, ки андешаи ӯ ғайриқолабӣ буда, ба андешаи ӯ созгор нест.

Инчунин, сабаби зери латукӯб мондани аҳли назар дар он аст, ки мақомоти қудратӣ ва интизомии мо саривақт омилони ин латукӯбро дастгир ва ба муҷозот намекашанд. Ин як силсила аст, ки шурӯъ мешавад аз латукӯби Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Ҳикматулло Сайфуллозода. Имсол бинед, ки чандин нафар латукӯб шуданд, аз ҷумла, ҳодисаи охир, ки хабарнигори телевизиони «Сафина» ва дигарон. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки агар омилони ин латукӯбҳо боздошт шаванд ва тавассути ВАО ба мардум ва ба ҷаҳониён эълон шавад, дар он сурат ин ҳодисаҳо кам мешаванд, — афзуд Тилав Расулзода.

Аз ҷониби дигар, ин латукӯбҳо ҳама дар маҷмӯъ ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон сахт латма ворид мекунад, яъне зарбаи сахт мерасонад, зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муосир озодии сухан, муқаддас аз ҳама озодиҳост. Ба озодии сухан хеле арҷ мегузоранд ва дар ҷомеаи демократӣ яке аз арзишҳои асосӣ аст. Аз ин рӯ, вақте ки мешунаванд дар Тоҷикистон як хабарнигорро латукӯб карданд ва ё ба ӯ озор расонидаанд, ин, албатта, дар маҷмӯъ арзёбӣ мешавад, ки ба фаъолияти мақомоти кунунии Тоҷикистон, ки чаро онҳо иҷозат доданд журналистон латукӯб шуданд ва чаро то ҳол, масалан, омилони ин латукӯбҳо муайян нашудааст?

Ва ман фикр мекунам, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон ин чизро, шояд, акнун дарк карда истодаанд ва, шояд, омилони латукӯбҳои охир боздошт ва эълон шаванд, то ки аз латукӯбҳои дигар ҷилавгирӣ шавад.

Ҳамчунин, инро бояд қайд кард, ки вилояти Суғд як ҷузъи Тоҷикистон аст, ва ҳар он чизе, ки дар пойтахт мешавад, ҳатман, шамолаш ба Шимоли Тоҷикистон ҳам омада мерасад. Дар вилояти мо ҷангҳои лафзӣ, таҳдидҳо ҳастанд. Ва азбаски хабарнигорони озод дар вилоят камтаранд, ин ҳодисаҳо камтар ба вуқӯъ меоянд. Вале ин маънои онро надорад, ки журналистони вилояти Суғд аз ин чиз эъмин бошанд. Бояд ҳам аз ҷониби журналистон ва ҳам мақомоти қудратӣ ва интизомї чораҳо андешида шаванд, то ки ҳамин ҳодисаҳо дар вилояти мо низ такрор нашаванд. Ғайр аз ин, ман бори дигар таъкид мекунам, ки ин ҳодисаҳо ба маҳал марбут нестанд. Яъне ин ба як тенденсия табдил ёфтааст, ки оқибатҳои хуб надорад. Зеро, вақте ки омилони ҳамин латукӯбҳо муҷозот намешаванд, дигарон аз ин неру мегиранд ва ҳар касу нокас ҳар вақте, ки хоҳад, ба ҳар шахси дилхоҳаш метавонад озор расонад,- мегӯяд Тилав Расулзода.

Моҳирахон ХОҶАЕВА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25534