Ҳумайрои Бахтиёр
Р ӯзи чоршанбеи 24-уми апрел ҳангоми баррасии қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” дар парлумони Тоҷикистон баҳсе ба вуҷуд омад. Читать далее Кумитаи телевизион: ТВ-ҳои давлатӣ барои ҳукуматанд, на мухолифин
Ҳумайрои Бахтиёр
Р ӯзи чоршанбеи 24-уми апрел ҳангоми баррасии қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” дар парлумони Тоҷикистон баҳсе ба вуҷуд омад. Читать далее Кумитаи телевизион: ТВ-ҳои давлатӣ барои ҳукуматанд, на мухолифин
Баҳси раиси Донишкадаи ҳунарҳои зебо бо собиқ устодони ин таълимгоҳ то ба додгоҳ рафт. Читать далее Ҷанҷоли ҳунармандон дар донишкадаи ҳунар
Ба ҷонибдорони Озодии баён, муҳофизони Сарқонуни Тоҷикистон ва 101-солагии Матбуоти тоҷик бахшида мешавад! Читать далее ГОВСУДИ ЖУРНАЛИСТ ВА ҚОРИИ ҚУРЪОН
Аҳзоби Тоҷикистон аз Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ даъват карданд, ки сабти номи хабарнигори Озодиро барқарор кунад. Читать далее Ҳизбҳои сиёсӣ аз ВКХ даъват карданд, ки А.Қаюмзодро сабти ном кунад
Идораи иртибототи Тоҷикистон бо судури баёнияе аз масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет ва расонаҳо хостааст, ки аз нашри суханони тавҳиномез ва афкору ақоиди ифротгароёна дар шабакаи ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунанд. Читать далее Идораи иртиботот: «Интернетро минбари нафрат ва ҳақорат накунед»
Муҳибуллоҳ Қурбон, рӯзноманигор
nahzat.tj
Чаро муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, шахсони Аввалу Дувуми кишвар, нишастҳои матбуотӣ намегузаронанд? Читать далее Сухани рӯбарӯ заҳр надорад…
Мавзунаи Муҳаммадалӣ, хабарнигори нашрияи «Овоза ва ҳақиқат», тасмим дорад овозхон, Ҷонибеки Муродро барои таҳқиру таҳдид ба додгоҳ бикашад. Читать далее «Овоза ва ҳақиқат» Ҷонибекро ба додгоҳ кашиданист
[b]Мақомоти давлатӣ ва масъулони дигар ниҳодҳо дар Тоҷикистон ҳамакнун муваззафанд дар давоми се рӯз ба пурсиши васоити ахбори оммаи ин кишвар посух диҳанд.[/b]
Ин меъёр яке аз нукоти муҳим дар тарҳи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-и Тоҷикистон аст, ки дар ҷаласаи парлумони ин кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 12—уми декабр пазируфта шуд.
Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, иртибот бо ҷомеа ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳ, ки банду фаслҳои онро ба вакилон тавзеҳ мекард, гуфт ин қонун дар давоми беш аз ду сол бо ширкати як Гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва вакилон 18 бор мавриди баҳс қарор гирифт. Ҷаноби Салимзода афзуд, ки қонуни мазкур ҷузъитарин масъалаҳои марбут ба фаъолияти васоити ахбори омма ва матбуоти кишварро фаро гирифта ва ҳама гуна имконот ва шароитро баҳри рушди озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон фароҳам месозад.
Ҷаноби Салимзода афзуд, вокуниши сареи ниҳодҳо ва масъулони давлатӣ ба матолиби нашршуда аз мушкилоте буд, ки дар қонуни қаблӣ бозтоб наёфта буд. Аммо ин қонун ҳамагӣ се рӯз вақт барои посух ба навишта ва суоли матбуотро додааст ва дар сурати ғайр нафари масъул бояд ҳатман сабаби таъхирро тавзеҳ диҳад.
Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, «дар қонуни амалкунанда барои дастрасӣ ба иттиллот мӯҳлати муайян зикр нашудааст, ки ин боиси нигаронии журналистон шуда буд. Ба ин масъала дар таҳияи нави қонун дар моддаи 23 равшанӣ андохта шудааст. Барои дарёфти иттиллоъ муҳлати те се рӯз муқаррар шудааст, ки ҷавобгӯ ба ниёзҳои аҳли қалами ҷумҳурӣ ва ҷомеаи байналхалқӣ мебошад.»
Олим Салимзода афзуд, бар пояи ин қонун масъалаи дигари баҳсбарангез, яъне тарзи сабти номи васоити ахбори ом дар ниҳодҳои давлатӣ низ мушаххас шудааст ва минбаъд нашрияҳо новобаста аз шакли моликият, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ хоҳанд гузашт. Ин айни ҳамон масъалаест, ки доираҳои рӯзноманигории Тоҷикистон онро қабул надоранд ва барои ҳаллаш пешниҳоди дигар дода буданд. Ба ақидаи онҳо, чунин шева сабаби номнависи ҷудогонаи муассис ва нашрия хоҳад шуд, ки ҷузъиёти зиёди ҳуқуқиеро ба дунбол хоҳад дошт.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, вақте як созмони иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ ва ё ҳар ниҳоди дигар ба унвони шахси ҳуқуқӣ сабти ном шудааст, он дар асоси ойнномаи худ ҳаққи таъсиси нашрияро дорад ва дубора нашрияро ба унвони шахси ҳуқуқӣ сабти ном кардан, як монеаи сунъӣ дар роҳи татбиқи меъёрҳои демократист.
Оқои Қаршибоев афзуд, «қонуни мазкур мутаассифона ба он ҳараҷу мараҷе, ки дар ба қайдгирии васоити ахбори омма дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, хотима намегузорад. Вақти баррасии ин масъала мо борҳо таъкид карда будем, ки бояд ҳатман дар қонун меъёре муқаррар карда шавад, ки воситаи ахбори омма метавонад ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ё зерсохтори шахси ҳуқуқии дигар фаъолият карда тавонад. Бо ба амал ҷорӣ кардани меъёри шахси ҳуқуқи будани воситаи ахбори омма, зарур меояд, ки ҳамаи ин васоити ахбори омма аз қайди давлатӣ бигзаранд».
Ва аммо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки низ дар баррасии тарҳи ин қонун дар ҷаласаи парлумон ширкат ва суханронӣ кард, гуфт, ки дар муқоиса бо қонуни ҷорӣ, ин қонун аз афзалиятҳое барои рушди матбуот бархурдор аст. Ҷаноби Асрорӣ бо таъкиди ин, ки матбуот набояд аз имконоти худ суиистифода кунад, гуфт, барои ин дар қонуни нав бархе аз бандҳои марбут ба танқиди мақомоти давлатӣ тағйир ёфтаанд:
Чунончи дар моддаи шашуми лоиҳа роҳ надодан бо озодии сухан, ки маъноан нусхаи матни моддаи шаши қонуни амалкунанда аст, мафҳуми манъ намудани дарҷи маълумот оид ба халалдор кардани шаъну эътибори давлат ва шаъну эътибори президент истисно гардида ин мафҳум бо ибораи нисбатан боэътимод, аз ҷумла мамнӯъ будани интишорот оид ба халалдор кардани тамомияти марзӣ ва мустақилияти давлат тақвият дода шудааст».
Вазири фарҳанги Тоҷикистон изофа кард, ки минбаъд дар чаҳорчӯби қонуни нав давлат метавонад ба расонаҳо ёрии молӣ диҳад, дар ҳоле ки ҳамчунин меъёр дар қонуни пешина вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 330 рӯзнома сабти ном шудааст, ки 125 -то он расмӣ ва боқи ҷамъиятӣ мебошанд.
Зимнан, қонуни матбуоти Тоҷикистон бори аввал 14-уми марти соли 1992 қабул шуда то ин муддат се бор дар солҳои 1996, 1999 ва 2000 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ва аммо қонуни нав танҳо баъди чоп дар нашрияҳои расмӣ, мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
Источник: http://www.ozodi.org/content/tajikistan-new-press-law/24796016.html