Сарфи назар аз қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№ 961 аз19 марти соли 2013) ва ворид намудани механизми мукаммали дастрасӣ ба иттилоот, ҳамоно вазъи дастрасӣ ба иттилоот нигаронкунанда боқӣ мемонад. Гурӯҳи мониторингии АМВАОМТ (НАНСМИТ) тасмим гирифт, ки ба расонаҳо ташриф оварда, мушкили ҳар яки онҳоро барои дастрасӣ ба иттилоот бифаҳмад. Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ
Архив рубрики: Таҳлил
Вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ
Санаи 12-13 апрел бар асари боришоти шадид, ба деҳаи Одинабойӣ, ҷамоати Саричашма сел фаромада, боиси марги 13 нафар гашт. Аммо барои дастрасии иттилоот ва ҳузури кормандони васоити ахбори омма дар ҷойи ҳодиса монеа эҷод шудааст ва журналистон натавонистанд ба таври возеҳ ҳодисаро шарҳ диҳанд. Дар пайи эҷоди мушкилӣ аз ҷониби кормандони мақомоти полис барои ворид шудани хабарнигорон ба маҳалли офати табиӣ дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, як қатор хабарнигорон тариқи телефон ба Бахши мониторингии Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд. Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳангоми офатҳои табиӣ
Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?!
(Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО)
Бо ибтикори Шӯрои ВАО, аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», пайгирии (мониторинги) воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд. Пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электрони (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва хусусӣ буданд, дар бар гирифт. Читать далее Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?!
Иброҳим Усмонов: Кӣ намехоҳад, ки матбуот боодоб бошад?
Рӯзи 12 декабри соли ҷорӣ Ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ВАО-и ҶТ) баргузор мегардад. Ин ниҳоди ҷамъиятӣ, ки ба хотири назорат ва танзими «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таъсис шуда буд, дар тӯли қариб чор соли фаъолияташ ба рисолати хеш то куҷо ҷавобгӯ буду ҳаст? Читать далее Иброҳим Усмонов: Кӣ намехоҳад, ки матбуот боодоб бошад?
ТВ ва радиоҳои мустақил: ҷамъбасти соли 2013 ва омодагӣ ба гузариш ба пахши рақамӣ
Ҳамкасбони азиз, воситаҳои электронии ахбор дар Тоҷикистон таърихи каме бештар аз 80-сола доранд. Агар барномаи аввалини радиои Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 пахш гардида бошад, бори аввал 3 октябри соли 1959 сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, то соҳиби оинаи нилгуни худ бошанд. Читать далее ТВ ва радиоҳои мустақил: ҷамъбасти соли 2013 ва омодагӣ ба гузариш ба пахши рақамӣ
Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион
Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр бо муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов дар бораи ҷавоби рад ба дархости Муҳиддин Кабирӣ ва мавзӯҳои вобаста ба он. Читать далее Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион
Низоми худидораи одоби ВАО дар равобити маҳрамона дар шароити имрӯза
70 сол пеш дар ВАО ИМА ҳолате ба миён омад, ки аҳли ҷомеаро ба ташвиш овард ва пеш аз ҳама аҳли дин овоз бароварданд, ки пеши роҳи ин селобро гирифтан лозим, то фалокати азиме рух надиҳад. Онҳо маблағи калоне ҷудо карда, дар ҳайати чанд нафар ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон ва журналистон коммисияе сохтанд, ки хулосаи он баъди таҳқиқи чорсола ин буд: матбуот бояд масъулияти иҷтимоӣ дошта бошад. Вай одобномаи касбӣ қабул карда, фаъолияташро худаш танзим кунад. Дар акси он дигар мақомҳо маҷбур мешаванд одоби онро танзим намоянд. Читать далее Низоми худидораи одоби ВАО дар равобити маҳрамона дар шароити имрӯза
ВАО ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӣ
Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ВАО пурқуваттарин ва муассиртарин воситаи ташаккули шуури худшиносии миллиро моликанд. Барои ин чанд омили зерин сабаб шудаанд. Читать далее ВАО ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӣ
Соли 2015 моро чӣ интизор аст?
То соли 2015, ки тибқи Созишномаи Женева 2006 Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои олам ба пахши рақамӣ мегузарад, ҳамагӣ камтар аз яку ним сол вақт мондааст. Аммо иқдомоти анҷомёфта дар ҷумҳурии мо хусусан вобаста ба сарнавишти шабакаҳои мустақили телевизионӣ нигарониҳоеро ба бор овардааст. Аз ҷумла, дар ин радиф аз он изхори нигаронӣ мешавад, ки пеш аз ҳама маҳдудият ба дастрасии иттилоот ба вуҷуд меояд, мушкилот ва халалрасониҳои мавҷӣ пайдо мешаванд, хавфи аз байн рафтани шабакаҳои мустақил зиёдтар мешавад, амнияти иттилоотии кишвар зери аломати бузурги савол меравад ва ниҳоят ба озодии баёну озодии сухан, ки аз ҷонибдории он дар сатҳҳои олӣ сухан гуфта мешавад, таҳдидҳои фаровонеро мушоҳида мекунем. Читать далее Соли 2015 моро чӣ интизор аст?
Самти ҳуқуқии иштироки ВАО дар маъракаҳои интихоботӣ
Иштироки воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар маъракаҳои сиёсӣ, ба монанди раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба сатҳи амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии ҳар кас ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор пайваста мебошад. Кафолати ин ҳуқуқ аз моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани давлат, аз усули соҳибихтиёрии халқ бармеояд. Зеро ки ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ фақат дар муҳити демократӣ ва таъмини волоият ва риояи Конститутсия ва қонунҳо ҳарчи пурратар татбиқ шуда метавонанд. Берун аз муҳити демократӣ ва сарфи назар кардани қоидаҳои раванди демократӣ ҳеҷ як ҳуқуқу озодӣ мувофиқи таъиноти аслии худ амалӣ намегардад. Муҳити демократӣ бошад иборат аз маҷмўи қоидаҳое аст, ки барои ҳарчи бештар ҷалб кардани шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсии мамлакат, ба идоракунии корҳои ҷомеа ва давлат ва муайян кардани роҳҳалҳои устувори амалӣ намудани онҳо зарур мебошанд. Читать далее Самти ҳуқуқии иштироки ВАО дар маъракаҳои интихоботӣ