Архив рубрики: Таҳлил

Нигаронии Омрико аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон

[b]Намояндаи Омрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) вазъияти озодии баён дар Тоҷикистонро башиддат нигаронкунанда хондааст.[/b]

Айан Келли гуфтааст, ки дар ин кишвар дар муддати кӯтоҳе чанд расонаи мустақил, аз ҷумла, нашрияҳои «Пайкон» ва «Миллат» ба додгоҳ кашида шудаанд ва сардабири як нашрия шадидан латукӯб шудааст.

Оқои Келли зимни суханронии худ дар ҷаласаи кишварҳои узви САҲУ, ки рӯзи 17 феврал доир шуд, аз мавориди густардаи нақзи озодии баён дар чанд кишвари узви ин созмон интиқод кардааст.

Вай афзудаст, ки дар даҳ рӯзи ахир дар бархе аз ин кишварҳо иддае аз хабарнигорон бо иттиҳомоти ҷаълӣ зиндонӣ шудаанд, ба додгоҳ кашида шудаанд ва боздошт ва ё ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

[b]»Бо баҳонае ба додгоҳ»[/b]

Намояндаи Омрико дар САҲУ ҳамчунин гуфтааст: «Замоне, ки афроди ҷинояткор озодона метавонистанд «ақлҳоро» таҳти фишор қарор диҳанд, гузаштааст ва нодида гирифтани ин гуна аъмол барои ҳеч як аз кишварҳои мо, ки паймони Ҳелсинкиро имзо кардаем, қобили қабул нест.»

Айан Келли гуфтааст, ки аз миёни кишварҳои узви САҲУ вазъияти озодии баён бавижа дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст ва дар ин ҷо бо баҳонаҳои андак намояндагони расонаҳои мустақил ба додгоҳҳо кашида мешаванд.

Оқои Келли ба унвони мисол аз Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ ва муассиси нашрияи “Пайкон” ёдовар шуда ва афзудааст, ки сардабири нашрияи “Пайкон” ва раиси ин марказ танҳо барои «иваз кардани дафтари кории худ» ба додгоҳ кашида шудааст.

Ҳамчунин, оқои Келли аз ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири 60-солаи нашрияи “Наҷот” ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ёдовар шуда ва ин ҳамларо маҳкум кардааст. Вай гуфтааст, ки вазъи оқои Сайфуллозода ҳанӯз ҳам вазнин аст.

Ин намояндаи Омрико маҳкум шудани «Миллат», нашрияи дигари мустақил ба пардохти ғаромат ба вазорати кишоварзӣ дар додгоҳро низ нишонае аз фишор бар расонаҳо унвон кардааст.

Нигаронии намояндаи Омрико дар САҲУ дар ҳолест, ки тайи ду рӯзи ахир муҳокимаи ҳафтаномаи мустақилли “Пайкон” ва Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста сурат мегирад.

[b]»Аз боло фармон шудааст»[/b]

Рӯзи ҷумъаи 18 феврал бо вуҷуди пофишориҳо барои ворид шудани хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба мурофеъаи додгоҳи молики нашрияи «Пайкон», дарҳои вурудии додгоҳ ба рӯйи хабарнигорон баста шуд.

Се посбони ин дари вурудӣ, аз ҷумла Алимардон Шамсов, аз ворид шудани хабарнигорон ба толори мурофеъа монеъ шуданд. Яке аз ин посбонҳо дар бораи далели мамонеъат аз ворид шудани хабарнигорон ба додгоҳ гуфт, ки «аз боло фармон шудааст» ва дарро ба рӯйи онҳо баст.

Машкура Содирова, қозии парванда, ба хабарнигорон гуфт, ки «ҷониби шокӣ аз вай дархости ворид шудани хабарнигорон ба мурофеъаро накардааст». Ба гуфтаи вай, ҳамчунин муҳокимаи имрӯзи додгоҳ хеле кӯтоҳ будааст, ҳарчанд вай иқрор кард, ки мурофеъа «пушти дарҳои баста» анҷом нашудааст.

Аҳлиддин Салимов, хабарнигори нашрияи “Пайкон”, мегӯяд, ки ду рӯз боз наметавонад ба мурофеъа ворид шавад. Ин хабарнигори ҷавон мамонеъат аз ворид шудани хабарнигорон ба додгоҳро нақзи озодии баён дар Тоҷикистон унвон кард.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ таҳти раёсати Машкура Содирова рӯзи аз рӯзи панҷшанбеи 17-ми феврал ба баррасии баҳси Вазорати адлия ва молики нашрияи мустақилли “Пайкон” пардохт.

Вазорати адлия Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ ва муассиси нашрияи “Пайкон”-ро барои расман мутталеъ насохтани ин вазорат аз тағйири макони бюро ин ниҳодро ба додгоҳ кашидааст.

Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмони ғайридавлатӣ ва сардабири нашрияи “Пайкон”, гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдоми Вазорати адлия эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки дар пайи чопи матолиби и нтиқодӣ дар бораи ин вазорат сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати адлияи Тоҷикистон аз посух ба суолоти хабарнигорон дар ин маврид даст кашиданд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110218_zkh_court_massmedia_paykan.shtml

«Дар Хатлон ҳеч родиюи мустақилле мавҷуд нест

[b]Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) барои рӯзноманигорон дар вилояти Хатлон як давраи омӯзишӣ дар заминаи хабарнигорӣ барои родию баргузор кардааст.[/b]

Мавзӯъи ин давраи омӯзишӣ, ки рӯзҳои 18 ва 19 феврал дар шаҳри Кӯлоб доир мешавад, «Меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ ва омодасозии гузоришҳои таҳлилии родиюӣ» унвон шудааст.

Шаҳодат Соҳибназарова, масъули тарҳи родиюии Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ, ҳадаф аз ташкили ин ҳамоишро баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши хабарнигорони ҷавони родию ва кумак ба инъикоси дурусти мавзӯъҳои доғи минтақа дар Кӯлоб унвон кард.

Хонуми Соҳибназарова, ки ҳамзамон мураббии хабарнигорони ҷавон аст, афзуд: «Расонаҳо бояд қавӣ ва озоду ҳирфаӣ бошанд. Дар вилояти Хатлон бояд бахшҳои зиёди родиюӣ амал кунанд, аммо ба сабаби набуди мутахассисон родиюҳо дар ин ҷо ташаккул наёфтаанд.»

«Дар Хуҷанду Душанбе мушкил то ин ҳад нест, ки дар Хатлону Бадахшон ба назар мерасад. Ба ин хотир, роҳандозии чунин омӯзишҳо дар ин ду минтақа як зарурати воқеъист.»

Баргузории ин семинори омӯзишӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи рӯзноманигорони маҳаллӣ, дар минтақаи Кӯлоб ҳеч гуна родиюе фаъол нест, то онҳо барои он кор кунанд.

Баҳриддини Сангимад, яке аз ширкаткунандагони семинори омӯзишӣ, ба ин назар аст, ки чунин ҳамоишҳо воқеъан муфиданд, вале барои дастёбӣ ба фоидаи бештар бояд заминаҳои воқеъӣ фароҳам шаванд.

Оқои Сангимад мегӯяд: «Ин семинор барои мо хеле омӯзанда аст. Ҳарчанд аксарияти мо дар ин замина таҷрубаи амалӣ надоштем, аммо аз бисёр паҳлӯҳои хабарнигории родиюӣ бохабар шудем.»

Вай афзуд: «Зимнан, хеле мутаассифам, ки дар минтақаи Кӯлоб ягон родию фаъол нест, то донишҳои андӯхтаи худро мо дар он ҷо амалӣ созем. Чун ин гуна шароит нест, бардоштҳои мо аз чунин семинорҳо баъди чанд рӯзе аз хотирҳо зудуда мегардад.»

Зафари Мирзоён, нависанда ва пажӯҳишгаре маҳаллӣ дар Кӯлоб, сабаби мавҷуд набудани родиюҳои маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлобро «мавонеъи сунъӣ» арзёбӣ мекунад.

Оқои Мирзоён мегӯяд: «Дар Кӯлоб ба сабабҳои норӯшан халои иттилоъотӣ то ҳаддест, ки ягон родиюи маҳаллӣ, ҳатто ҳукуматиаш ҳам фаъолият надорад. Родиюҳои мустақил ба иллати мушкилоти сунъӣ дар сабти ном ва дарёфти иҷозатнома (литсензия) аз кумитаи родию ва телевизиюн наметавонанд таъсис шаванду ба фаъолият пардозанд.»

Оқои Мирзоён мегӯяд, ки қаблан ибтикороте барои таъсиси родиюҳои мустақил дар минтақаи Кӯлоб сурат гирифта, вале мушкилоти сабтином ва иҷозанома аз таъсиси ин гуна родиюҳо монеъ шудааст.

Оқои Мирзоён афзуд: «Ба назари мо, агар дар қонунгузорӣ дар заминаи тартиби сабти номи родиюҳои мустақил имтиёзҳо пешниҳод нагарданд, дар минтақаи Кӯлоб дар ояндаи на чандон дур дигар мутахассиси варзидаи родиюро пайдо кардан маҳол хоҳад буд.»

Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон ба ҷуз як родиюи давлатӣ дигар ягон родиюи мустақил фаъолият намекунад. Дар минтақаи Кӯлоби ин вилоят бошад, ҳатто родиюҳои давлативу нимамустақил низ солҳост, ки фаъолият намекунанд.

Ин минтақа дар замони Шӯравӣ низ яке аз манотиқи фақрзада ва нисбатан ақабмондаи Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки дар он ҷо мардум ба манобеъи иттилоърасонии мустақил дастрасӣ надоштанд.

Таҳлилгарон мегӯянд яке аз сабабҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа дастрасӣ надоштани онҳо ба манобеъи иттилоърасонӣ, аз ҷумла родию ва телевизиюнҳои мустақил, аст.

Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ ҳамчунин барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзӯъи «Нақши озодии баён дар пешрафти иқтисодию иҷтимоъии ҷомеъа» дарси вижае (лексия) ташкил додааст, ки онро Додарбек Сайдалиев, раиси созмони ғайридавлатии «Шаҳрванд», баргузор кардааст.

Оқои Сайдалиев муаллифи рисолае бо номи «Нақши расонаҳо дар демукротик сохтани ҷомеъаи Тоҷикистон» аст ва созмони ӯ тарҳҳоеро дар заминаи ҳимоят аз тавсеъаи ҷомеъаи маданӣ ба иҷро расондааст.

Семинори омӯзишӣ барои хабарнигорон дар чорчӯби ду тарҳи Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ, ниҳоде бритониёӣ, дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва бозтоби масоили ҳуқуқи башар дар расонаҳо сурат мегирад, ки аз ҳимояти молии Кумисиюни Урупоӣ ва давлати Нурвеж бархурдоранд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110219_ea_ah_radio_journalism.shtml

Нигаронии Амрико аз вазъи журналистони тоҷик

[b]Сафири Иёлоти Муттаҳида дар САҲА вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистонро “мояи нигаронии амиқ” номид.[/b]

Ян Келлӣ, намояндаи ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), гуфт, дар чанд кишвари узви ин созмон журналистон бо хатар рӯбарӯянд ва дар даҳ рӯзи охир онҳо мавриди латукӯби шадид, боздошт ва иттиҳоми додгоҳӣ қарор гирифтаанд.

Аммо вазъ дар Тоҷикистонро, дар ин байн, ҷаноби Келлӣ мавриди “нигаронии амиқ” хонда, гуфтааст, 7-уми феврал дар Душанбе, Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири 60-солаи нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ ва сухангӯи ин ҳизб дар назди хонааш латукӯб шудааст. Сафир дар ҳамомиши кишварҳои узви САҲА дар Вена гуфт: “Мо аз таҳти дил шифои зуди ҷаноби Сайфуллозодаро орзу мекунем, то ба сари кораш бозгардад. Мо ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ин ҳамларо амиқан таҳқиқ кунад ва онҳоеро, ки масъули ҳамлаанд бино ба тамоми нерӯи қонун ба ҷавобгарӣ кашад.”

Сафири Амрико фишор ба нашрияҳои мустақили Тоҷикистон аз тариқи додгоҳҳоро як мушкили дигар номид. “Вазорати адлия аз додгоҳ хостааст, бо сабаби тағйир накардани суроғааш дар асноди сабтном ном, ки метавонам изофа кунам, кӯчидани одие аз як ошёна ба ошёнаи дигари биност, маркази таҳқиқи журналистии ҳафтаномаи “Пайкон” баста шавад. Нозирон ҳадс мезананд, вазорат дар пайи муҷозоти нашрия барои мақолаи танқидиест, ки “Пайкон” дар бораи баста шудани фурӯшгоҳи шаҳр бо қарори додгоҳ мунташир кард.”

Дар ин фурсат, сафир Келлӣ аз ҳукми дигари додгоҳ, ки бо шикоятиниҳоди давлатӣ “Пайкон”-ро ба пардохти ҷаримаи бузурги пулӣ маҳкум кард, низ ёдовар шудааст.

Намояндаи доимии ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Ян Келлӣ, меафзояд, рӯзи 9-уми феврал додгоҳи шаҳри Душанбе ҳафтаномаи “Миллат”-ро ба пардохти 1500 сомонӣ ё 337 доллар ҷарима барои нашри тӯҳмат дар ҳаққи Вазорати кишоварзӣ маҳкум намуд. Вазорат аз он норозӣ буд, ки нашрия онро “фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ” номидааст. Сардабири “Миллат” ин ҳукмро ноодилона хонд ва гуфт, гузориши нашрия бар асоси пажӯҳиши давлатӣ нашр шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назриев гуфт, дарвоқеъ рӯзи 17-уми феврал дар ситоди САҲА дар Вена, вазъи озодии матбуот баррасӣ шуд ва сафири доимии Тоҷикистон дар САҲА, Нуриддин Шамсов, посух додааст. Вай афзуд: «Бояд бигӯям, ки дар ин масъалаҳое, ки пеш омадаанд, мо ягон оҳанги сиёсӣ намебинем. Мо худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тақозо дорем, ки қазияи Сайфуллозодаро ҳамаҷониба баррасӣ кунанд ва масъалаи «Пайкон» як масъалаи ҳуқуқист ва қазияи «Миллат» баррасӣ шуд, боз хоҳем дид, чӣ мешавад. Додгоҳҳои мо мустақиланд ва масъалаҳо дар доираи қонун ҳаллу фасл хоҳанд шуд.»

Ҷаноби Назриев афзуд, Тоҷикистон ба ҳамаи ӯҳдадориҳояш дар созмонҳоит байнулмилалӣ содиқ аст ва ба озодии матбуот арҷ мегузорад. Вай ишора кард, ки вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон назар ба вазъ дар баъзе кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба маротиб беҳтар аст.

Аммо дар ҳамоиши САҲА, сафири доимии Амрико, Ян Келлӣ рӯйдодҳои зикркардаи худро “таҳаввулоти нигаронкунандае барои озодии матбуот дар Тоҷикистон” номид ва изофа кард, ки онҳо рӯйдодҳои ҷудогона набуда, баёнгари як раванди ошкороянд.

Вай хостори вокуниши ҷиддии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба ин рӯйдодҳо шуд ва таъкид кард, бояд иттиҳомоти тӯҳмат ва пахши иттилои носаҳеҳ аз қонунҳои ҷиноии кишварҳои шӯравии пешин ихроҷ ва баррасии чунин парвандаҳо ба додгоҳҳои шаҳрвандӣ вогузор шавад.

[b]Сайфуллоҳзодаро аз бемористон ҷавоб додаанд[/b]

Дар ҳамин ҳол Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви аршади Ҳизби наҳзати исломӣ ва сардабири «Наҷот», нашрияи ин ҳизби умдаи мухолифини Тоҷикистон, баъди 11 рӯз аз бемористони Қарияи болои Душанбе рухсат шуд.

Оқои Сайфуллозода дар сӯҳбат ба РО гуфт, ки феълан вазъи саломатияш беҳбуд ёфтааст аммо осори латукӯб ҳанӯз ҳам эҳсос мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/perils_facing_media_freedom_in_tajikistan/2313254.html

Мушкилоти расонаҳо: Қазияҳои додгоҳӣ ва дастрасӣ ба хабар

Тибқи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) дар соли гузашта дар ин кишвар сиву ду мавриди маҳдудият барои дастрасӣ ба иттилоъот ва 42 мавриди шикоят дар робита бо ҳимоят аз шаъну шараф сабт шудааст.
Дар гузориши ин анҷуман омадааст, ки «дастрасӣ ба иттилоъот ва даъвоҳо дар робита бо ҳимоят аз шаъну шараф аз масоили умда дар роҳи густариши озодии баён дар кишвар боқӣ мемонад».

Тибқи ин гузориш дар соли гузашта нӯх парвандаи нашрияҳо ва хабарнигорон дар додгоҳ баррасӣ шудааст, ки парвандаҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон” ва “Фараж” дар робита бо даъвои се қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон “аз пурсару садотарин баҳсҳои додгоҳӣ» будааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин мехонем: «Дар моҳи ноябри соли гузашта Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ” барои фаъолияти касбии худ боздошт шудааст, ки чунин ҳодиса дар таърихи рӯзноманигории тоҷик собиқа надошт».

Дар санади АМРМТ ба муҳокимаи додгоҳии Заррина Абдулвоҳидова, муҳаррири бахши форсии радиои давлатии “Овози тоҷик” ишора гардидааст, ки ҳукми додгоҳ ба нафъи рӯзноманигор содир шудааст.

Хонуми Абдулвоҳидова аз барканории ғайриқонунии худ аз симмати муҳаррири бахш ба додгоҳ шикоят бурда ва бар асоси ҳукми додгоҳ ба симматаш барқарор шуда ва ба ӯ ғаромати зарурӣ пардохт шудааст.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ин нахустин ҳодисаест, ки рӯзноманигор барои дифоъ аз ҳуқуқ ба кор ба додгоҳ шикоят карда ва муҳокимаи додгоҳ ба нафъи ӯ анҷом шудааст.

Илова бар ин, ба навиштаи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон «арзёбии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бархе аз мавориди нақзи ҳуқуқи расонаҳо ва рӯзноманигорон сабт намешаванд. Зеро бархе афрод ба далоили мухталиф намехоҳанд, мавориди нақзи ҳуқуқи онҳо дар расонаҳо пӯшиш ёбад».

Аммо Созмонҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигорони тоҷик аз афзоиши шикоятҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо ва хабарнигорон ва эҷоди мавонеъ дар роҳи сабти номи расонаҳо ибрози нигаронӣ карда ва ин вазъро навъе таҳдид ба озодии баён дар Тоҷикистон унвон карданд.

Ба бовари Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи “Фараж”, афзоиши мухолифати расонаҳои мустақил бо ниҳодҳои давлатӣ ва фишор бар нашрияҳои ғайридавлатӣ дар баҳори соли гузашта, дар пайи фаъол шудани нахустин роҳи утумубилрави пулакӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд.

Зеро ба гуфтаи вай, бархе аз нашрияҳои мустақил зимни баррасии ҳуввияти ширкати «Innovative Road Solutions», ба эҳтимоли муталлиқ будани ин ширкат ба хонаводаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда буданд.

Ширкати «Innovative Road Solutions» аз 31 марти соли гузашта ҷамъоварии пул аз ронандагон дар масири Душанбе-Чаноқ, нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.

Дар гузориши АМРМТ ба ҳодисаи боздошт шудани Шарифи Ҳамдампур, сардабири нашрияи “Тоҷикистон” дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз сӯйи кормандони пулис ишора шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки имкон дорад, далели ин боздошт аксбардории оқои Ҳамдампур аз посгоҳи ҷамъоварии маблағ дар маҳаллаи “Ҳушёрӣ” дар ноҳияи Варзоб бошад.

Дар ин санад дар канори баҳсҳои додгоҳӣ аз «мавориди таҳдиду фишорҳои зиёд ба расонаҳои мустақил аз ҷониби ниҳодҳои давлати Тоҷикистон» гузориш шудааст.

ДАр ин гузориш ёдоварӣ шудааст, ки дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта ва бозтоби он дар нашрияҳои мустақил фаъолияти нашрияҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” мутаваққиф ва бо дастури муъовини вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

Ба дунболи ин ҳодиса, дар авоили моҳи октябри соли гузашта сардабирони иддаъе аз нашрияҳои мустақили чопи Душанбе ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журнолистон Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журнолистони мавсум ба “Кумитаи 29 сентябр” таъсис шуд.
Дар ҳамин ҳол, Зӯҳро Ҳалимова, масъули дафтари Сандуқи Сорос дар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки мумкин аст мухолифати расонаҳои мустақил бо ниҳодҳои давлатӣ аз тариқи муколамаҳо ҳалл шуда ва адами эътимод миёни онҳо аз байн равад.

Бино ба гузориши Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, дар соли гузашта дар маҷмӯъ 248 ҳодисаи марбут ба фаъолияти расонаҳои ин кишвар сабт шудааст, ки аз ин ҷумла, 58 ҳодиса ба нақзи ҳуқуқи хабарнигорону расонаҳо ва 52 қазия ба иттиҳомот алайҳи рӯзноманигорону нашрияҳо рабт доштааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110214_mm_press_naimt.shtml

Мушкили тозаи нашрияҳо дар заминаи пардохти молиёт

Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 11 феврал дар ҳамоише бо номи «Таҳдидҳои ҷадид барои расонаҳои Тоҷикистон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳо», ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, иброз шуд.

Ба гуфтаи бархе аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, дар пайи асоси ислоҳи Қонуни (кодекси) молиёти Тоҷикистон, аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ ҳуқуқи ҳадди ақали кормандони нашрияҳо ва расонаҳои мустақил бояд на камтар аз 562 сомониро ташкил диҳад.

Ҳамчунин, то ҳол рӯшан нест, ки нашрияю расонаҳо бояд дар кадом вазорат ё ниҳоди давлатии Тоҷикистон сабти ном шаванд ва ин вазъ масъулони расонаҳои ғайридавлатиро нигарон сохтааст.

[b]»Фишор аз тариқи молиёт»[/b]

Хуршед Ниёзов, дабири кулли созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон ва сардабири нашрияи «Фараж», дар ин ҳамоиш гуфт, ки дар канори лату кӯби хабарнигорон ва ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақил ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон боло бурдани ҳуқуқи ҳадди ақалли кормандони расонаҳои мустақилро тақозо доранд.

Ба эътиқоди оқои Ниёзов, ин вазъ метавонад бештари нашрияҳо ва расонаҳои мустақилро варшикаста кунад. Зеро ҳоло ҳуқуқи ҳадди ақалли кормандон дар нашрияҳои мустақил аз 200 то 250 сомонӣ буда ва бештари нашрияҳо имкони молии дуву ним баробар афзоиш додани маъоши кормандонро надоранд.

Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки дар пайи се моҳи мутаваққиф шудани чопи нашрияи «Фараж» дар соли гузашта ин нашрия аз ниҳодҳои барқрасонӣ ва ҳаққи иҷораи идораи нашрия беш аз 54 ҳазор сомонӣ бидеҳкор шудааст ва дар шароити феълӣ имкони боло бурдани маъоши кормандонро надорад.

Гуфта мешавад, тибқи ислоҳияи қонуни молиёт, ҳатто дар сурати пойин будани мизони маъош нашрияҳои мустақил маҷбур ҳастанд, аз ҳисоби 562 сомонӣ молиёт пардохт кунанд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш ин иқдоми давлати Тоҷикистонро навъе талош барои варшикаста кардани расонаҳо ва нашриёти мустақил ё аз роҳҳои ғанӣ сохтани будҷеи давлат унвон карданд.

Ин дар ҳолест, ки дар қонуни молиёт барои нашрияҳо ва расонаҳои давлатӣ чунин муқаррароте пешбинӣ нашудааст.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон”, гуфт, ки тақозои давлат барои боло бурдани мизони маъош нашрияҳоро водор месозад, ки бахше аз кормандони худро мураххас кунанд ё аз системи пардохти ҳаққи қалам ё ҳаққуззаҳма (гонорар) истифода кунанд.

Оқои Сӯфӣ афзуд, ки дар ин сурат ҳуқуқи иҷтимоъии кормандони нашрияҳо таъмин намешавад ва онҳо наметавонанд дар куҳансолӣ нафақа ё ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Романов, ҳуқуқдони мустақил, пешниҳод кард, ки аз ин муқаррароти ба гуфтаи ӯ “ғайриқонунӣ” ба Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон шикоят бурда шавад.

Зимнан, қонуни молиёти Тоҷикистон дар авохири соли гузашта дар иҷлоси порлумони кишвар ислоҳ шуда ва масъулони расонаҳои мустақил танҳо дар аввали моҳи ҷорӣ, пас аз дарёфти номаи расмӣ аз кумитаи молиёт, дар ин бора иттилоъ ёфтаанд.

Вале Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки тағйироти ворида ба ин қонун танҳо ба коргарони кироя марбут буда ва ба кормандони расмӣ рабт намегирад.

[b]Мушкили сабти номи нашрияҳо[/b]

Ҳуқуқдон Ҷунайдулло Ибодов дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа гуфт, то ҳол мушаххас нест, ки расонаҳо ва нашрияҳои ғайридавлатӣ аз сӯйи кадом ниҳоди давлатӣ ва чи гуна сабти ном мешаванд.

Оқои Ибодов гуфт, ки қаблан нашрияю расонаҳо дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном мешуданд, вале ҳоло сару садоҳое ҳаст, ки онҳо бояд ба унвони шахси ҳуқуқӣ аз тариқи «равзанаи ягона» дар Кумитаи молиёти Тоҷикистон сабт шаванд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, дар қонуни марбут ба сабти номи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони (тоҷирони) инфиродӣ наҳваи сабти номи васоили иттилоърасонии умумӣ ё расонаҳо рӯшан нашудааст.

Аз сӯйи дигар, расонаҳо вижагиҳои худро дошта ва онҳоро дар шароити мушобеҳ бо корхонаҳои хусусӣ сабт кардан дуруст набудааст.

Акбари Саттор, мудири кулли ҷамъияти “Чархи гардун”, ки нашрияеро ба ҳамин ном чоп мекунад, гуфт, ки ин ниҳод 6 нашрияро муттаҳид карда ва сохтори идории воҳиде дорад.

Дар сурати рӯйи кор омадани тартиби ҷадиди сабти ном бояд ин шаш нашрия ҳамчун шахсони ҳуқуқии ҷудогона ва бо сохтори идории алоҳида сабт шаванд.

Оқои Саттор гуфт, ки ин амр ба афзоиши мизони махориҷи нашрияҳо мунҷар шуда ва дар фаъолияти муназзами нашрияҳо ихлол ворид хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, тақозои пардохти молиёт аз ҳуқуқи 562 сомонӣ барои кормандон дар расонаҳои мустақил ва мушкилоту мавонеъ дар роҳи сабти номи онҳоро аз таҳдидҳои умда ба озодии баён дар ин кишвар унвон кард.

Ба эътиқоди оқои Қаршибоев, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз тариқи равзанаи ягонаи Кумитаи молиёт сабти ном шудани расонаю нашрияҳо як навъ талоши ниҳодҳои давлатӣ барои таҳти назорат гирифтани васоили иттилоърасонии умумӣ хоҳад буд.

Вай гуфт, ки ба ҳангоми чопи матолиби интиқодӣ дар бораи ниҳодҳои давлатӣ нашрияҳои мустақил бо мушкили сабти ном мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110211_mm_media.shtml

Омодагии Эрон ба оғози кори телевизиюни муштарак

[b]Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш таҷҳизоти зарурӣ барои роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабонро дар Олмон харидорӣ кардааст.[/b]

Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, мақомоти эронӣ мунтазири тасмими ҷониби Тоҷикистон дар бораи роҳандозии ин телевизиюн ҳастанд ва дар сурати иттихози ин тасмим имкон дорад «телевизиюни муштараки се кишвар ба забони форсӣ» дар остонаи Наврӯз фаъол шавад.

Оқои Шеърдӯст, ки дар як нишасти матбуъотӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, ки дар оянда барои ҳалли бархе масоили марбут ба тасмимгирии ҷониби Афғонистон дар мавриди ин телевизиюн ба Кобул сафар хоҳад кард, то бо вазири фарҳанг ва иттилоъоти он кишвар музокира кунад.

Қаблан як масъули сафорати Эрон дар Душанбе дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ иддаъои ахири Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, дар бораи омода набудани ҷониби Эрон ба оғози кори телевизиюни муштаракро рад карда буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Эрон аз Олмон куллияи таҷҳизоти зарурӣ барои оғози кори ин телевизиюнро харидорӣ кардааст. Вай афзуд: «Як ширкати олмонӣ омода аст дар тӯли бист рӯз ин таҷҳизотро насб ва ба кормандон наҳваи истифода аз онҳоро омӯзиш бидиҳад.»

Вале ба гуфтаи ин масъули сафорати Эрон, сохтмоне, ки ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси дафтари ин телевизиюн дар шаҳри Душанбе ихтисос додааст, ба сурати комил бозсозӣ ва такмил нашудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ, шароити окустикии истудиюҳо ҳанӯз фароҳам нашуда ва ба ин далел мутахассисини олмонӣ наметавонанд ба насби таҷҳизот шурӯъ кунанд.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, ҷониби Эрон барои оғози кори ин телевизиюни муштарак чандсад соъат барномаҳои тавлидӣ ва муқаддамотӣ таҳия карда ва теъдоде гӯяндаву наттоқу нависанда ҳам интихоб шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон низ миқдоре аз барномаҳо барои ин телевизиюнро омода мекунад.

Оқои Шеърдӯст афзуд: «Мо мунтазири эъломи назари расмии давлати Тоҷикистон ҳастем барои таърихи шурӯъ. Он ширкате, ки ин таҷҳизот аз он харидорӣ шуда, 20 рӯз аз мо вақт хоста, ки дар ин муддат дастгоҳҳоро насб кунад, таҳвил диҳад, озмоиш кунад, як муддат ҳам бар сари мутахассисин биистад, ки онҳо ин дастгоҳҳро омӯзиш бубинанд, шаш моҳ горонти (замонат) ҳам кардааст.»

Сафири Эрон афзуд, ки агар мақомоти тоҷик назари расмии худро то охири баҳманмоҳ (то 20 феврал) эълом кунанд, ҷониби Эрон барои Наврӯз омодагии ифтитоҳи ин шабакаро дорад.

Дар гузашта ин мавзӯъ матраҳ буд, ки ҷонибҳои Тоҷикистону Эрон бо Афғонистон дар мавриди роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабон ихтилофи назар доранд.

Бархе манобеъ гуфта буданд, ки ҷониби Афғонистон мехоҳад ин телевизиюн ба забони пашту низ барномаҳое пахш кунад, зеро «бахши умдаи ҷамъияти ин кишварро паштуҳо ташкил медиҳанд.»

Бо ишора ба ин нукта сафири Эрон дар Душанбе хабар дод, ки қарор аст дар ояндаи наздик сафаре ба Афғонистон анҷом диҳад ва бо мақомоти фарҳангии ин кишвар дар мавриди роҳандозии телевизиюни муштарак музокира кунад.

Вай гуфт дар Афғонистон бархе мақомот масоили қавмиро пеш меоранд ва мехоҳанд ки ба забонҳои дигар низ ин телевизиюн барнома пахш кунад, вале ин амр бо аҳдофи телевизиюни муштарак созгор нест.

Оқои Шеърдӯст афзуд: «Мо мехоҳем бо забони муштараки байни кишварҳо ва мардумони минтақа, яъне дарию форсию тоҷикӣ, суҳбат кунем. Инҳо масоили қавмиро матраҳ мекунанд, ки мо ақвоми дигаре дорем, ки бояд ба забони онҳо низ аз ин телевизиюн барнома пахш шавад. Хуб, агар ин тур бошад, мо дар Эрон даҳто забон дорем, ки ҳар кадом ҷамъияти касисри чандмилюнӣ доранд. Масалан, арабу турку курду луру туркман ва ғайра дар Эрон вуҷуд доранд.»

Зимнан, тасмими таъсиси чунин як шабакаи телевизиюнӣ дар дидори руасои ҷумҳурии се кишвари форсизабон, яъне Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2006 иттихоз шуда буд.

Тибқи тавофуқоти се ҷониб, таъмини молии фаъолияти ин телевизиюн аз ҷониби Эрон сурат мегирад. Тоҷикистон барои фаъолияти ин шабака бино ва шароити фаннӣ фароҳам мекунад. Вале ба далоили мухталиф роҳандозии ин шабакаи телевизиюнӣ тӯли чанд соли ахир ба таъвиқ дароварда мешавад.

Соле қабл мақомоти Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки қарор буд дар остонаи Наврӯзи соли гузашта ин телевизиюн ба кор оғоз кунад, аммо ин иттифоқ рух надод.

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон аз эҳтимоли бурузи ихтилофоти дигаре бар сари наҳваи фаъолияти ин телевизиюни муштарак ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, Афғонистон ва Эрон кишварҳои дорои низоми исломӣ ҳастанд, вале Тоҷикистон кишвари дунявӣ маҳсуб мешавад.

Ба ин тартиб, имкон дорад мавзӯъи мушкили пӯшиши либос, барномаҳои тафреҳӣ ва таблиғи арзишҳои исломӣ метавонад боъиси бурузи ихтилофот миёни дастандаркорони се кишвар гардад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110208_if_iran_tv.shtml

Номаҳои нави WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон

Аз савум то панҷуми феврал торнамои ифшогари WikiLeaks панҷ номаи нави марбут ба Тоҷикистонро мунташир кард.

Ҳарчанд порчаҳо ва ишораҳое аз ин номаҳо пештар дар расонаҳои ахбори оми Олмон, Бритониё, Иёлоти Муттаҳида ва Русия чоп шудаанд, матни комилтари онҳо ҷузъиёти ҷолиб ва донистание дорад.

Се барқия аз дидору гуфтугӯҳои сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, сафири вақти Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида, Ҳамроҳхон Зарифӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ ҳикоят мекунанд. Яки дигар аз мулоқоти сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс бо муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Назаров ва барқияи панҷум аз сафири Амрико дар Лондон аст, ки ба оғози кори телевизиони форсии Би-Би-Сӣ бахшида шудааст.

Мӯҳтавои барқияҳои марбут ба мулоқоти Ҳоугленд бо Раҳмон ва Гросс бо Абдулло Назаров мунташир шуда, аз барқияи марбут ба мулоқот бо Зарифӣ маълумоти моҷароангез берун омада буд ва мазмуни пурратари номаи марбут ба Кабирӣ аслан интишор нагаштааст.

[b]ДИПЛОМАТИЯИ ҶАНОБИ ЗАРИПОВ[/b]

Ниҳоят, барқияе дастраси ом гашт, ки дар атрофи номи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ сарусадои зиёд ба бор оварда буд.

Бархилофи интизориҳо, дар ин нома гуфта нашудааст, ки Зарифӣ мехоҳад, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барканор кунад ва ҳукуматро ба даст бигирад. Аммо инро ҳам бояд афзуд, ки WikiLeaks шакли мухтасари барқияи сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоуглендро нашр кардааст ва мегӯяд, шакли комили барқия дастрас нест. Шарҳ дода нашудааст, ки чаро матни пурра дастрас набудааст.

Ҷаноби Ҳоугленд менависад, дар рӯзҳои мураххасияш дар ватан сафири Тоҷикистон дар Амрико, Ҳамроҳхон Зарипов ба сафорати Амрико дар Душанбе даъват шуд ва дар мулоқоти рӯзи 19-уми октябри соли 2005 ӯро ноиби раиси раёсати Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар вазорат Сироҷ Раҷабов ҳамроҳӣ мекард. Ба назари Ҳоугленд ҳузури Раҷабов ба Зарипов имкон намедод, озодона сӯҳбат кунад ва танҳо дар поёни мулоқот, ҳангоми гардиш дар боғчаи сафорат, вақте ки Раҷабов чанд лаҳза ақиб монд, байни Зарипов ва Ҳоугленд сӯҳбати ошкорое сурат гирифт.

Дар ҳамин лаҳазот буд, ки Зарипов ба Ҳоугленд гуфтааст, Русия бузургтарин мушкили Тоҷикистон мебошад ва бо ҳар роҳ мехоҳад, ба густариши нуфузи Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон мумониат кунад. Вай меафзояд, раисиҷумҳур Раҳмонов зери ҳамлаҳои пайдарҳами на танҳо расонаҳои ҳамагонии Русия, балки Вазорати амнияти Тоҷикистон аст, ки Русия бар он ҳоким мебошад. “Зарипов гуфт, паёми Маскав, махсусан аз тариқи Вазорати амният ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Раҳмоновро сарнагун кунад, русҳоро аз пойгоҳи ҳарбияшон берун афканад ва нуфузи Иёлоти Муттаҳидаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон паҳн карда, онро ба ҳалқаи пайванд бо Қирғизистони таҳти таъсири Иёлоти Муттаҳида табдил диҳад.”

Зоҳиран, ин суханони сафир Зарипов дар посух ба суоли сафир Ҳоугленд дар бораи номаи ҳукумати Тоҷикистон бар зидди созмонҳои ғайридавлатии амрикоӣ, ба монанди Пажӯҳишгоҳи милли демократӣ, Фридом Ҳаус ва Интернюз садо додаанд. Зарипов ин номаро низ таъсири мустақими Маскав шумурдааст. Аммо ӯ нахостааст, дар ин бора дар ҳузури Раҷабов гап занад ва он вақт, дар сари миз ба Раҷабов нигариста, гуфтааст, аз чунин нома аслан хабар надорад.

Дар пайванд ба ин мавзӯъ Зарипов ҳамчунин аз мулоқоти президент Раҳмонов бо Ҷорҷ Сорос дар моҳи сентябри ҳамон сол (2005) дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк ёдовар шудааст. “Вай хотиррасон кард, ки Сорос аз Раҳмонов пурсид, то куҷо ӯ ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи ҷомеаи боз дар Тоҷикистон шубҳа дорад. Раҳмонов қотеъона посух дод, ки шубҳаи ӯ хеле зиёд аст ва аз фаъолияти ин созмон бодиққат муроқибат мекунад. То ҳоло ӯ ягон хато наёфтааст, аммо омодааст, агар камтарин “беназмӣ” ба гӯшаш расад, Соросро фавран хоҳад баст.”

Кӯтоҳи сухан, Ҳоугленд кӯмаки Зариповро дар ҳалли мушкил бо созмонҳои ғайридавлатии амрикоӣ мехоҳад ва Зарипов ӯро дилпур мекунад, ки мушкил бо сабурӣ ҳал хоҳад шуд. Ҳоугленд мегӯяд, пас дар посухи рамӣ ба ҳукумати Тоҷикистон шитоб нахоҳад кард.

[b]ДАР МОВАРОИ РУСИЯ ВА АМРИКО[/b]

Зарипов, дар ин байн, гуфтаҳои худро дар бораи хатаромезии вурудаш ба “бизнеси калон” шарҳ медиҳад. Вай мегӯяд, «Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, Рашид Олимов, аз мулоқоти Раҳмонов бо мудири кулли ширкати АЕС дар Ню Йорк пешгирӣ кард. Олимов ба Раҳмонов гуфтааст, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ширкати АЕС-ро барои он ба майдон хостааст, ки ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ шиканад ва Русияро аз Тоҷикистон хориҷ кунад.” Зарипов ба Ҳоугленд гуфтааст, “Ман омода будам, ки аз вазифа ронад шавам ё ҳатто ба зиндон афтам”, аммо Раҳмоновро қонеъ кардам, ки назари АЕС-ро шунавад ва акнун Раҳмонов, зоҳиран, андешаи ҳамкории АЕС ва РАО ЕЭС-ро пазируфтааст.

Сафир Ҳоугленд дар шарҳи ин нукта менависад, “ҳарчанд ин фарзияи Зарипов ба гунае худситоист, он бо чанде аз ҷузъиёти дигар, ки мо ҳамоно ҷамъу ҷӯр мекунем, ҳамоҳанг аст. Русия барои маҳдуд кардани таъсири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон сарсахтона талош мекунад.”

Зарипов дар ин мулоқот Ҳоуглендро мутақоид кардааст, ки Раҳмонов аз умқ ва сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Амрико розист ва аслан хостори тағйири тунд, коҳиш ё густариши назарраси ин равобит нест. Биноан, Ҳугленд набояд ба номаи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди созмонҳои ғайридавлатӣ посухи тез ё ангезанда диҳад ва аз сабр кор гирад.

Дарвоқеъ, он вақт Иёлоти Муттаҳида ба ин нома вокуниши ҷиддӣ нишон надод ва ҳатто баста шудани Пажӯҳишгоҳи милли демократӣ дар Тоҷикистонро мисли як ҳабби талх фурӯ бурд.

Ҳоугленд ба ин нукта ҳам диққат додааст, ки Зарипов дар мавриди боздиди вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс аз масҷиди ҷомеи Душанбе ва мактаби динии духтарона изҳори таҳайюр кардааст. Аз лаҳни барқияи Ҳоугленд бармеояд, ки ҳайрати Зарипов тобиши манфӣ доштааст. Ҳамзамон Зарипов тасдиқ кардааст, ки дар бораи боздиди Райс аз масҷид ва мадраса телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳеҷ гуна хабар надод ва ҳеҷ кас аз ин боздид Зариповро огоҳ накард.

Ин нуктаро Ҳоугленд дар барқияаш шарҳ надода, танҳо бо зикри қаноатмандии Зарипов аз сафари хонуми Райс ба Тоҷикистон иктифо кардааст.

[b]КАБИРӢ ВА МУЛОҚОТИ РАЙСУ РАҲМОНОВ[/b]

Сафари хонуми Райс дар мулоқоти дигари Ҳоугленд, ин бор бо ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи 22-юми ноябри соли 2005 низ баррасӣ шудааст. Кабирӣ боздиди Райсро аз масҷиди ҷомеаи Душанбе ва мадрасаи духтарона мавриди ситоиш қарор додааст, аммо шикоят кардааст, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон ва куллан расонаҳои ҳамагонии давлатӣ дар бораи ин бахш аз сафари Райс ҳеҷ гуна маълумоте пахш накард.

Кабирӣ аз сафир Ҳоугленд тафсилоти мулоқоти Райс ва Раҳмоновро пурсидааст. “Сафир Кабириро мутмаин кард, ки вазир Райс ба Раҳмонов гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006-и Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Вай ба Раҳмонов фаҳмонд, ки интихоботи покиза танҳо рӯзи раъйдиҳииро дар назар надорад, балки ба ҳамин андоза муҳим аст, дар дарозмуддат сиёсатмадорон барои расондани паёми худ ба мардум ба васоити ахбори ом дастрасӣ дошта бошанд.”

Сафир ба Кабирӣ инро ҳам гуфтааст, ки бино бар паёми Райс ба ҳукумати Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъол ва бегазанд бубинад.

Кабирӣ зикр кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи демократия зиёд ҳарф мезананд, аммо дар амал демократияро хатаре ба қудрати худ мешуморанд ва ба саркӯб кардани он даст мезананд. “Вай изофа кард, ки худи ҲНИТ низ ба дараҷае, ки зарур аст, демократӣ нест, аммо дар шароити маҳдуди сиёсӣ ва фарҳангии феълӣ ба ҳадди имконаш талош мекунад.”

Ба ақидаи Кабирӣ, ҳукумат дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ танҳо дар муқобили имконияти мухолифон ба истифода аз нерӯ ва бино бар заъфи худ маҷбуран бо гурӯҳҳои мухолиф ҳамкорӣ мекард. Ҳоло элитаи сиёсии ҳоким мебинад, ки мухолифони қавӣ ва мусаллаҳ дигар вуҷуд надоранд, идомаи муколамар зарур намешуморад.

Сафир Ҳоугленд дар посух гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар забон аз демократия ва чандандешӣ ҳимоят мекунад, аммо ҳарчӣ бештар ҳаёти сиёсиро зери назорат мегирад. “Ин як “демократияи идорашаванда”-и неошӯравист, на демократияи ҳақиқӣ ва бадбахтона, аз тарафи Маскав ташвиқ мешавад.” Кабирӣ гуфтааст, ҲНИТ ба ҳамин ҳам розист, аммо ҳарос дорад, ки ҳукумат то рафт худкома мешавад.

[b]РАҲМOНОВ ВА ИСЛОМ[/b]

Бино бар барқияе, ки торнамои Викиликс мунташир кардааст, сафир Ҳоугленд дар ин мулоқот оварда, ки “президент Раҳмонов зоҳиран дар пуштибонӣ аз ислом баёнияҳои оммавӣ медиҳад, аммо қоидаҳои тазодомезе мебарорад, ки ин мавқеъи ӯро коҳиш медиҳанд, аз ҷумла мамнӯъияти ахири пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои умумӣ.”

Кабирӣ изҳори мувофиқат кардааст, ки чунин чораҳо бахши муҳофизакори ҳизби ӯро тундравтар мекунанд. Вай афзудааст, ин қарори ғалат тарафдорони ҳизби ӯро дар ҷомеа бештар кардааст. Дар ин робита ва ҳамчунин дар пайванд ба мавзӯъҳои дигари гуфтугӯ, ҷаноби Кабирӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки аз як сӯ зери фишори қишри муҳофизакори ҳамҳизбиёни худ қарор дорад ва аз сӯи дигар зери зарбаҳои ҳукумат.

Вай мегӯяд, президент Раҳмонов намехоҳад, пас аз Нурӣ маҳз Кабирӣ раҳбари ҳизб шавад. Куллан ҳукумат, ба гуфтаи Кабирӣ, талош дорад, Кабириро аз саҳна берун ва ҳошиянишин кунад. Сафир дар шарҳи ин мавзӯъ менависад, “Ҳарчанд Раҳмонов ҲНИТ-ро як душмани хатарнок медонад ва ба бархе аз ҳамсӯҳбатони ғарбияш онро як созмони террористӣ меномад, вай инчунин мехоҳад ҲНИТ-ро дар зери Хаймаи Бузург бигирад, агар ба шарте ки ҳис кунад, метавонад, ба он назорат дошта бошад.”

Мулоқот дар даврае ба амал омадааст, ки раҳбари ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар бистари беморӣ буд ва сафир ӯро “яке аз ҷангсолорони ҷанги шаҳрвандӣ меномад, ки Раҳмонов ба вай иҷоза дод, хеле сарватманд шавад.” Сафир ба нақл аз сиёсатмадорони дигар гуфтааст, бо ин роҳ Раҳмонов тавонист, Нуриро зери назорат бигирад. Аммо бо Кабирӣ чунин равобит надорад ва аз дидорҳои ӯ бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳояш ба Ғарб шадидан нороҳат аст.

Кабирӣ дар ин мулоқот бо Ҳоугленд гуфтааст, ҳадафи асосии ӯ ҳамчун “сиёсатмадори мухолиф” эҳтиёт аз зиндон шудан аст. Кабирӣ ин нуктаро пас аз шӯхие зикр мекунад, ки раиси маҷлис Сайдулло Хайруллоев ӯро бо гарданбанди норанҷӣ дар порлумон дида, ҳушдор додааст, ки дигар бо ин галстук дар мазҳари ом зоҳир нашавад. Кабирӣ посух додааст, ки ҳадафаш ягон паёми сиёсӣ аз инқилобҳо ранга нест.

Ба ёд орем, ки воқеа чанде баъд аз инқилоби норанҷии Украина рӯй додааст. Кабирӣ гуфтааст, Хайруллоев ҳамеша талош мекунад, ӯ ва раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдоловро зери назорат дошта бошад.

[b]МАНЗАРАИ ДЕМОКРАТӢ[/b]

Сафир дар ин мулоқот назари Кабириро дар мавриди ду ҳизби навтаъсис – Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ пурсидааст. Кабирӣ посух додааст, ки ҳарду ҳизб аз офаридаҳои Раҳмонов шумурда мешаванд, то манзараи дурӯғине падидор шавад, ки Раҳмонов аз пуштибонии чандҳизбӣ бархӯрдор аст, онҳо нишонаи демократияи ӯянд ва аз сӯи дигар ин аҳзоб бояд ҳизбҳои воқеии мухолифро ба кунҷи саҳна тела диҳанд.

Аммо Кабирӣ иқрор кардааст, ки ҳарчанд ин аҳзоб сунъиянд вай аз онҳо истиқбол мекунад, зеро афзоиши шумораи ҳизбҳо дар саҳна ба фоидаи кор аст. Мумкин аст, онҳо дар оянда мустақилияти бештар ба даст оранд ва битавонанд, ба эътилофҳое шарик шаванд. Сафир дар шарҳи худ ба ин назари Кабирӣ онро аз як сӯ баҳимматона ва аз сӯи дигар содалавҳона мешуморад, зеро агар ин аҳзоб аз хатти кашидаи Раҳмонов берун пой гузоранд, аз байн хоҳанд рафт.

Натиҷагирии сӯҳбати Ҳоугленд ва Кабирӣ хушбинона нест. Ҳарду ба хулосае меоянд, ки ҳукумат ба зуҳури насли нави сиёсатмадорон роҳ нахоҳад дод. На танҳо дар саҳнаи миллӣ, балки ҳатто дар сатҳи минтақа ва ноҳияҳо низ. Чанде аз сарварони эҳтимолӣ дар маҳбасанд ва чунин дурнамо дигаронро дар ҳолати тарс нигоҳ медорад. Аммо Кабирӣ мегӯяд, шахсе монанди раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Зойиров метавонад ба лидери ҳақиқии миллӣ табдил ёбад, аммо ӯ дар сатҳи умумимиллӣ муаррифӣ нашудааст. Кабирӣ мегӯяд, “агар ӯ дар соли оянда лоақал панҷ бор дар телевизиони давлатӣ зоҳир шавад, пойгоҳи воқеие пайдо хоҳад кард. Аммо чунин нахоҳад шуд, зеро Раҳмонов ба ин роҳ нахоҳад дод.”

Кабирӣ аз он низ шикоят кардааст, ки дари сафорати Русия барои ҲНИТ баъд аз сафир таъин шудани Абдулатипов баста шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки Кабирӣ хостори равобити ҳасана бо Русия аст.

Сафир Ҳоугленд дар шарҳи худ менависад, Кабирӣ сиёсатмадорест, ки майдон мехоҳад, вале Раҳмонов ба ӯ чунин майдонро нахоҳад дод. Биноан, меафзояд Ҳоугленд, кишварҳои Ғарб бояд роҳҳои дурусту боэҳтиёти муаррифии ӯро пайдо кунанд. Ва ин роҳҳо, ба гуфтаи сафир набояд танҳо аз даъват ба семинару конфаронсҳо иборат бошад.

Салими Аюбзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2301768.html

ҲНИТ: «Тоҷикистон ба марҳилаи носолими сиёсӣ ворид шудааст»

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи рӯзи душанбе ба Ҳикматулло Сайфуллозода, аз аъзои фаъоли ин ҳизбро амале “тарҳрезишуда алайҳи ҲНИТ” ва навъе “душмантарошӣ” хонд.

Ин матлаб шоми рӯзи 8-уми феврал дар баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар поёни ҷаласаи изтирории ҳизб дар робита бо ҳамла ба оқои Сайфуллозода зикр шудааст.

Ба бовари аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ҳамла ба оқои Сайфуллозода, фаъоли собиқадори ин ҳизб ва сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот”, амалест, ки аз сӯйи “доираҳои муъайян барои эҷоди тарсу ваҳм дар байни аъзо ва тарафдорон”-и ҳизб анҷом шудааст.

Шӯрои сиёсии ин ҳизб, ки аз муҳиммтарин аҳзоби мухолифи давлат дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳамлаи ахир ба оқои Сайфуллозодаро дар як радиф бо фишорҳое қарор медиҳад, ки «доираҳои муъайян дар ин авохир алайҳи ҲНИТ» эъмол кардаанд.

[b]»Инҳироф аз раванди муколамаи миллӣ»[/b]

Ҳизби наҳзати исломӣ дар баёнияи худ ба ончи равандҳои ғайридемукротик дар Тоҷикистон хондааст, низ ишора кардааст: «Арзишҳои мардумсолорӣ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон ва матбуъот батадриҷ заъиф гашта, ҷойи онро таҳкими усули авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, поймолшавии ҳуқуқи диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум ишғол менамояд.»

Бо таъкид бар ин нукта, Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ончи ворид шудани Тоҷикистон ба як марҳилаи носолими сиёсӣ меномад, ҳушдор додааст.

Дар баёнияи ин ҳизб аз «дур шудани давлат аз арзишҳои тақдирсози ваҳдати миллӣ» ва «инҳироф дар раванди муколамаи миллӣ» ибрози нигаронӣ шудааст.

Дар ин баёния мехонем: «Бахусус, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд.»

Аъзои ин шӯро лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозодаро «василаи ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ алайҳи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ» хонда ва таъкид карданд, ки чунин аъмол на танҳо ҷиноят аст, балки «хатари бузурге ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеъа» низ маҳсуб мешавад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар поёни баёнияи худ аз намояндагони давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеъаи маданӣ даъват кардааст, ки барои «баргардонидани фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ба фазои сиёсии кишвар» талош намоянд.

[b]Вокуниши созмонҳои рӯзноманигорӣ[/b]

Пас аз зӯҳри рӯзи 8 феврал cозмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон низ ҳодисаи ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” ва аз фаъолони ҳизби наҳзати исломиро маҳкум карданд.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, созмони ғайридавлатии “Медия-Алянс” ва маркази таҳлилии “Индем” бо интишори баёнияе муштарак ҳодисаи ҳамла ба оқои Сайфуллозодаро як “амали ваҳшиёна” хонданд.

Руасои ин созмонҳо аз мақомоти марбута талаб кардаанд, ки ҳодисаи ҳамла ва лату кӯби ваҳшиёнаи Ҳикматулло Сайфуллозода дар мӯҳлати кӯтоҳ ба таври ҷиддӣ таҳқиқ шавад.

Масъулони ин созмонҳои рӯзноманигорӣ ба мақомоти интизомӣ пешниҳод кардаанд, ки бо анҷоми таҳқиқоти рӯзноанигорӣ дар таҳқиқи ин қазия ба маъмурони интизомӣ кумак кунанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода аз аъзои фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ, муҳимтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон буда ва аз тобистони соли гузашта сардабирии “Наҷот”, нашрияи ин ҳизбро бар ӯҳда гирифтааст. Вай таҳлилгари маркази “Диолуг”, як муассисаи вобаста ба ин ҳизб ҳам ҳаст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, гуфт, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ аз оқои Сайфуллозода ҳамчун аз як журналист ҳимоят мекунанд.

Дар баёнияи ин созмонҳо мехонем: «Дар ҷомеъае демукротик сӯиқасд ба ҳаёт ва саломати на танҳо як журналист ва як шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест ва гунаҳкорон бояд мавриди ҷазои сахт қарор бигиранд.»

Лаҳни ин баёния нисбатан нарм аст ва муаллифони баёния менависанд: «Баъзе коршиносон ин ҳодисаро ба фаъолияти касбии журналистии Сайфуллозода марбут мехонанд.»

Оқои Қаршибоев дар посух ба ин савол, ки оё ҳодисаи ҳамла ба оқои Сайфуллозодаро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад ё хайр, гуфт, ки ҳанӯз барои чунин иддаъо иттилоъи кофӣ дар даст надорад.

Вай афзуд: «Дар баробари ин, ки оқои Сайфуллозода узви як ҳизб ҳаст, вай як журналист низ ҳаст, ва мо ҳамчун созмонҳои журналистӣ вазифадорем, ки аз ӯ ҳамчун аз як хабарнигор пуштибонӣ кунем.»

Рӯзи 7 феврал Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин ҳодиса як навъ «суиқасд ба ҷони сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви шӯрои сиёсии ҲНИТ» аст.

Дар ҳамин ҳол, Умаралӣ Ҳусейнов, намояндаи ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон, ба хабаргузории «ASIA-Plus» гуфтааст: «Суиқасд ба ҷони вай (Сайфуллозода) ба хотири фаъолияти сиёсиаш сурат гирифтааст. Сайфуллозода як рӯзноманигори шуҷоъ буда ва пайваста матолиби таҳлилӣ таҳия ва дар онҳо масоили доғи рӯзро матраҳ мекунад.»

Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки оқои Сайфуллозода мавқеъи худро дар мусоҳибаҳои зиёди худ бо расонаҳо «боҷасорат баён мекунад» ва аксари расонаҳо назарҳои ӯро ҳамчун ақидаи як коршинос дар масоили сиёсӣ ва мазҳабӣ иқтибос меоранд.

[b]Назари аҳзоби дигар[/b]

Ҳарчанд ҳизби наҳзати исломӣ ин ҳодисаро суиқасд ба ҷони оқои Сайфуллозода ба хотири фаъолияти сиёсиаш медонад, Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ намекунад.

Вай мегӯяд, ки ҳизби ӯ дар робита бо ин ҳодиса ҳеҷ баёнияе содир нахоҳад кард, зеро ба эътиқоди онҳо, ин қазия сирфан хусусӣ буда ва ба оқои Сайфуллозода ва «равобити ӯ бо афроди алоҳида» вобаста аст.

Вай гуфт: «Агар ин ҳодиса ангезаи сиёсӣ медошт, ин ҳамла ба раҳбар ё муъовини раҳбари ин ҳизб анҷом мешуд. Ин ягон муноқишаи хусусии байни худи Сайфоллозода ва нафарони дигар бояд бошад.»

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунисти Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо бархе аз расонаҳои маҳаллӣ эҳтимоли ангезаҳои сиёсӣ доштани ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода ва аз сӯйи нерӯҳои давлатӣ анҷом шудани ин ҳамларо баъид хондааст.

Вай гуфтааст: «Ҳеҷ нерӯи давлатӣ дар ҷаҳон нисбат ба мухолифони сиёсияш чунин рафтори хашин анҷом намедиҳад.»

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода субҳи рӯзи 7 феврал дар назди хонаи худ ҳадафи ҳамлаи афроди ношинохта қарор гирифт ва дар пайи лату кӯби шадид ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ҳоло дар бемористони Қараболои шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

Қудратуллоҳ Исмоилов, пизишки асабшинос, ки оқои Сайфуллозода таҳти муроқибати ӯ қарор дорад, вазъи саломати ӯро “беҳтар аз дирӯз” хонд. Вай гуфт, ки ҳаққи ироаи иттилоъи бештаре дар бораи вазъи беморонро ба ҷуз хешовандонашон надорад.

Аммо гуфта мешавад, ки оқои Сайфуллозода фақат аз ноҳияи сар ҷароҳат бардоштааст. Вай садамаи мағзӣ дида, лабу даҳон ва сари ӯ чок шудааст. Ба гуфтаи пизишкон, дар чунин вазъият беморон маъмулан то 7 рӯз дар бемористон ба сар мебаранд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110208_sq_islam_crime.shtml

Сардабирони рӯзномаҳо сӯйиқасд ба ҷони Сайфуллозодаро маҳкум мекунанд

[b]Таҳлилгари масоили сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, ки аз тарафи ашхоси ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта, дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби №2-и маркази миллии тиббии Қарияи Боло бистарист, ин амали бераҳмонаро сӯиқасд ба ҷонаш хонда, онро ба таҳлили амиқу ошкоргӯиҳояш дар масъалаҳои доғи ҷомеа вобаста медонад. Айни замон аз рӯйи ин қазия тафтишот ҷараён дорад ва мақомот далели аслии сар задани моҷаро ва гунаҳкоронро ҷӯёянд.[/b]

Ҳанӯзам ин савол нокушода аст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ба кӣ чӣ «бадӣ» кард, ки мавриди «ҳамла» қарор гирифт? Худи ӯ мегӯяд, ки бо касе ҳарфҳои пасту баланд назадааст ва оне, ки шахсе бо ӯ пешорӯ омада салом мегӯяду ду нафари дигар ногумон ӯро аз пушти сар зада беёд мекунанд, амали тарҳрезишуда аст.

Дар ин росто, сардабирони нашрияҳои кишвар ин амалро ба ҷуз сӯйиқасд чизе намедонанд ва чунин рухдодро дар ҷомеаи мутамаддин маҳкум мекунанд.

Ба андешаи Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун», сӯиқасд ва латукӯби сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода сирф ба фаъолияти коршиносии ӯ марбут аст ва албатта он хоси ҷомеае нест, ки худро мутамаддин мешуморад. «Бешак ин амали матраҳшуда маҳз ба таҳлилҳои густурдааш нисбати рӯйдодҳои ахири ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон рабт доранд. Яъне метавон гуфт, ки «забони сурхаш ба сари сабзаш ҳамин балоро овард» ва Худо кунад, ки онро ба хайр гардонад. Агар чунин аст, пас шояд ба хотири эҳтиёт ва ҳифзи амнияти худу пайвандон журналистон ва коршиносони тоҷикро салоҳ набошад дар ҷомеае, ки чорчӯбаи қолабҳояш тавони бардошти фошгӯӣ ва ё воқеъбаёниро надорад, даҳон кушоянд. Чунки вақтҳои охир таҳдид ва ё ба истилоҳ, ниқорталабӣ дар муқобили журналистон афзоиш ёфта истодааст. Ва ин таҳдид чашми онҳоро тарсонидааст, ки ҳангоми вохӯрӣ аз ҳамдигар мепурсанд: «Оянда навбати кист?». Модоме чунин аст, пас, вақти он нарасидааст, ки ба таври қонунӣ ба журналистон яроқи муҳофизатӣ диҳанд?»,- иброз медорад ӯ.

Зафари Сӯфӣ — муассиси ҳафтаномаи «Озодагон» дар ин маврид мегӯяд: «Дар ҳар сурат бо таваҷҷӯҳ ба он вазъу воқеияте, ки ҳаст, яъне ҷаноби Сайфуллозода имрӯз дар бемористон дар як вазъи ноҷуре қарор доранд, табиист, ки касе ӯро латукӯб карда. Ин сӯиқасд буда ё набуда, бояд, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон инро мушаххас кунанд ва онҳое, ки Сайфулозодаро задаанд, маълум шаванд. Он вақт метавон дар мавриди сӯйиқасд будан ё набуданаш возеҳтар сӯҳбат кард. Вале атрофиҳояшон ва манобеъе, ки маълумот додаанд, гуфтаанд, ки чанд рӯз аст дар атрофи устод Сайфуллозода баъзе нафарон рафтуомад доштанд ва эҳтимол дорад, ки ин латукӯб аз пеш барномарезӣ шуда бошад. Агар барномарезӣ шуда бошад, дар назар бигирем, воқеан ҳам сӯйиқасд аст. Агар сӯйиқасд мушаххас шавад, табиист, ки метавонад он ба фаъолияти ҳизбӣ ё сармуҳарририи Сайфуллозода, ки чун коршиноси масоили сиёсӣ дар хеле маврид боҷуръат сухан мегӯяд, рабт дошта бошад. Ҳама гуна фишор рӯи ҳама гуна озодии як инсон маҳкумшаванда аст. Аз ин назар, агар ин чиз сӯйиқасд ба фаъолияти устод Сайфуллозода ба унвони як рӯзноманигор не, ба унвони як соҳибандеша бошад, воқеан қобили маҳкумият аст ва бояд маҳкум шавад, на танҳо аз тарафи мани кӯчак, балки аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин. Чун дар ҷомеаи мутамаддин набояд инсонро чунин латукӯб кард. Агар чӣ Сайфуллозода, чӣ ҳар каси дигар дар андешааш хатое рух дода, бояд бо роҳи қонунӣ баррасӣ шавад».

Ба андешаи Хуршеди Атовулло — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж», аз ҳама фарзияҳо, фарзияи ба фаъолияти журналистии Сайфуллозода рабт доштани ин латукӯб бештар аст. « Ин амал шояд ба хотири тарс додани журналистон сурат гирифта бошад, аммо гумон дорам, мақомоти тафтишотӣ ба ин суол посух хоҳанд ёфт»,- гуфт ӯ.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки ҳамчун сардабир ва раиси ассотсиатсияи журналистии «Медиа-Алянс» бо дигар сардабирон ва раҳбарони созмонҳои журналистӣ назари худро нисбати ин қазия пахш хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Мушкинисо АСОЗОДА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11385&Itemid=28

«Миллат»: «Қарори додгоҳ ғайриқонунист»

[b]Пас аз як соли баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ, додгоҳ ин қазияро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард.[/b]

Аммо ҳалнома аз сӯи Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон додраси парванда, танҳо дар ҳузури тарафҳо, бидуни ширкати хабарнигорон эълом шуд. Дар ниҳоят маълум гардид, ки додгоҳ ҳафтаномаи «Миллат» -ро муваззаф кард, ки барои ворид кардани зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ маблағи 1, 5 ҳазор сомонӣ ва ё муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ товон пардохт кунад.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд. Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Ҳамакнун бо эъломи ҳалномаи додгоҳ, Нарзулло Додобоев, намояндаи вазорати кишоварзӣ аз он истиқбол кард ва гуфт, «аз қарори суд мо розӣ ҳастем. Зеро он даъвои мо, ки раддия чоп кардани ҳафтанома ва пардохти маблағ маъқул дониста шуд».

Аммо Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳуқуқии ҳафтаномаи «Миллат» қарори додгоҳро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, «далеҳое, ки мо пешниҳод карда будем, асоси қонунӣ ва ҳуқуқӣ доштанд, онҳоро додгоҳ тамоман ба инобат нагирифт, ки ин қарор ғайриқонунӣ ва ноадолатона аст. Зеро он далелу маводе, ки мо ба додгоҳ пешниҳод карда будем, дар бораи талаву тороҷи маблағҳои буҷа аз сӯи вазорати кишоварзӣ ҳамаи онҳо асоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд. Мо онҳоро аз мақомотҳои давлатие, ки мутассадии ин кор ҳастанд, гирифтем».

Ба таъкиди ҷаноби Ибодов, қарори додгоҳ дар бораи пардохти маблағ барои зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ низ нақзи қонунгузории кишвар аз сӯи додгоҳ аст. Зеро ба гуфтаи вай, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, зарари маънавӣ на ба вазорат, балки ба шахси воқеӣ расонда мешавад. Ба ин тартиб ҷониби ҳафтаномаи «Миллат» тасмим гирфтааст, ки нисбати ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бубарад.

Дар ҳамин ҳол масъулони созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат» — ро фишор болои матбуот ва озодии баён арзёбӣ карданд. Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «исбот кардани он чизе, ки масалан фасод ҷой дорад ё надорад дар як вазорат, мо ҳама медонем, ки ҷой дорад, лекин исбот карда тавонистан мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад. Аз ин хотир қароре, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи «Миллат « баровард, албатта беадолатона аст ва як навъ фишор болои матбуоти Тоҷикистон аст».

Бо ин ҳам Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» бар ин бовар аст, ки ин иқдом ҳеҷ таъсире ба фаъолияти журналистии онҳо нахоҳад гузошт, балки «бархӯрди ноодилонаи додгоҳ дасту дили моро ба фаъолияти журналистӣ бештар мегардонад ва мо роҳамонро барои фош кардани камбудҳои ҷомеа, аз ҷумла фасодзадагӣ дар ниҳодҳои давлатӣ идома медиҳем».

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳоле, баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзиро ниҳоӣ кард, ки то ду рӯзи дигар ин додгоҳ шикояти вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро, ки молики «Пайкон», яке дигар аз ҳафтаномаҳои мустақил аст, баррасӣ мекунад.

Вазорати адлия ба далели нақз шудани муқаррароти қонун, хостори мутаваққиф шудани фаъолияти ин созмон шудааст. Аммо он гуна, ки Ҷумъабой Толибов, раиси ин Бюро ва сардабири нашрияи «Пайкон» мегӯяд, чоп шудани матолиби интиқодӣ нисбати вазорати адлия бо номҳои «Истеъфо» ва «Бузкашӣ дар атрофи СУМ“ дар шумораҳои моҳи октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар ин ҳафтанома, боиси ба додгоҳ кашонда шудани созмонаш шудааст.

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳафтаномаро барои тӯҳмат мутаҳҳам донист ва пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард. Ҳамакнун рӯшан аст, ки дар сурати ҳал шудани баҳс ба нафъи вазорати адлия дар додгоҳи Фирдавсӣ, на танҳо фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мутаваққиф хоҳад шуд, балки ҳафтаномаи «Пайкон» низ аз чоп хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусус созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорон борҳо аз амалкарди ниҳодҳои давлатӣ барои ба додгоҳ кашондани хабарнигорон ва расонаҳо интиқод кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд дида мешавад, ин раванд дар ин авохир густариши чашмгире пайдо мекунад. Ба додгоҳ кашонида шудани Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» тавассути Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷумлаи ин таҳаввул аст, ки дар ҳафтаи оянда додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба мурофиаи он оғоз хоҳад кард.

Бароти Юсуфӣ, Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2300698.html