Архив рубрики: Таҳлил

99 соли матбуоти тоҷик: Аз “Бухорои шариф” то имрӯз

[b]11-уми март ба шарафи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар тақвимҳои кишвар ҳамчун Рӯзи матбуот дарҷ шудааст.

Аммо хабарнигорони тоҷик имсол бо кадом рӯҳияе аз иди касбии худ, ки бар пояи нашри нахустин шумораи «Бухорои шариф» дар аморати Бухоро асос ёфтааст, таҷлил мекунанд?[/b]

[b]СОЯҲОИ БОЛОИ ИД[/b]

Аз сӯи мансабдорони аршад ба додгоҳ кашонида шудани нашрияҳои мустақил, барои чанд моҳ масдуд шудани дастрасӣ ба 4 сомонаи интернетӣ ва бо баҳонаҳои фаннӣ барои низ чанд муддат аз нашр бозмондани се нашрия, эъмоли молиёти баландтар рӯи фурӯши рӯзномаҳо ва латукӯби сардабири “Наҷот” Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода дар моҳи феврал — ин ҳама болои рӯҳияи иди имсолаи матбуоти тоҷик ва солгарди 99-уми таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — “Бухорои шариф” — соя андохтааст.

«Бухорои шариф», ба истилоҳи имрӯза, “ҷамъиятиву сиёсӣ” буд, ки ҳадафаш бо як забони фаҳмо барои аксари мардуми Бухоро, яъне ба тоҷикӣ, гуфтани аҳволи он замон буд…

Бино ба омори расмии Вазорати фарҳанг, масъули муҳосибаи ҳарсолаи расонаҳои Тоҷикистон, феълан дар майдони матбуоти тоҷик беш аз 400 расона, бо шумули 268 рӯзнома, 136 маҷалла ва 8 хабаргузорӣ расман амал мекунанд. Албатта, аксари онҳо ба сурати моҳномаву гоҳнома ва дар беҳтарин сурат ҳафтаӣ нашр мешаванд.

Ҳамагӣ дар ним соли пеш “Имрӯз Нюс” — нахустин нашрияи ҳаррӯза дар 20 соли истиқлоли Тоҷикистон ба ин майдон омад, вале ба маҳзи имконоти маҳдуди шабакаҳои фурӯши матбуот ин рӯзнома асосан дар пойтахт, Душанбе ба фурӯш меравад.

[b]ЧАРО 11 МАРТ?[/b]

Рӯзи матбуот дар замони Шӯравӣ 5-уми май, рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии “Правда” буд. Дар соли 1994 парлумони Тоҷикистон 11-уми мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон кард.

Аммо чаро 11 март? Қироншоҳи Шарифзода, устоди бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик, мегӯяд: “То аз ҷониби давлат қабул шуданаш, ду пешниҳод баҳс мешуд. Як пешниҳод 11 март – зодрӯзи “Бухорои шариф”-ро Рӯзи матбуоти тоҷик бипазирем. Ва дуввум пешниҳод зодрӯзи “Бедории тоҷик”(“Ҷумҳурият”-и имрӯза)-ро, ки 15 марти соли 1924 аст. Ва дар ниҳоят, соли 1994 парлумони Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба Қонуни рӯзҳои ид 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфт.”

Нахустшумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад.

Ҷаноби Шарифзода мегӯяд, муҳаққиқони тоҷик аз 153 шумораи “Бухорои шариф” танҳо ду шумораи аввалашро ба истилоҳ “бо даст палмосида” ва мутолиаву таҳқиқ кардаанд. Ӯ мегӯяд, ин як нашрияи, ба истилоҳи имрӯза, “ҷамъиятиву сиёсӣ” буд, ки ҳадафаш бо як забони фаҳмо барои аксари мардуми Бухоро, яъне ба тоҷикӣ, гуфтани аҳволи он замон буд. Албатта, дар чаҳорчӯбе, ки шароити он аҳд имкон медод.

[b]МУБТАКИР МИРЗОМУҲИДДИН БУДААСТ[/b]

Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд, яке аз асосгузорони “Бухорои шариф” Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.

Солҳои 1989-1992-ро мо як давраи эҳёи матбуоти миллӣ мешуморем. Чун дар ин давра матбуоти тоҷик як рӯҳияи миллӣ ба худ гирифт ва ҳам бо қабули қонуни матбуот аз соли 1990 нашрияҳои хусусиву ҳизбӣ рӯи кор омаданд…

Мирзомуҳиддин дар аҳди аморат ба тиҷорати пахта ва пӯсти қароқул машғул буд ва ҳатто аз лиҳози дороӣ, ба гуфтаи Садриддини Айнӣ, танҳо амир Олимхон бар ӯ пешдаст будааст. Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, азбаски амири Бухоро бидуни ризоияти элчихона ё сафорати Русия ҳаққи даст задан ба умури сиёсиро надошт, муҷаввизи “Бухорои шариф”-ро бо ваъдаи мусоидат ба равобити тиҷории Русияву аморати Бухоро аз ҳамин сафоратхона дарёфт карданд.

Муҳаққиқи тоҷик меафзояд, аммо дар ҳар сурат, дар «Бухорои шариф» ҷанбаи сиёсӣ бештар буд, то тиҷорӣ: “Ва азбаски матбаа дар Когон буд ва мудираш Левини яҳудӣ, ӯро бо ваъдаи даромади фаровон ба чопи “Бухорои шариф розӣ карданд. Рӯзнома чизи катбист ва аз ин рӯ онҳо ҳадафҳои сиёсӣ доштанд, вале азбаски замона аҳдофи сиёсиро намебардошт, он равшанфикрони Бухорон зери чунин баҳонаҳо рӯзнома сохтанд. Вале шумораҳои баъдӣ собит сохт, ки аҳдофи сиёсӣ дар “Бухорои шариф” назар ба аҳдофи тиҷорӣ бештар аст, зеро аз 4 саҳифааш дар формати А3 фақат якеаш эълону рекала буд, ки ба забони русӣ чоп мешуд.”

Аммо “Бухорои шариф” умри зиёд надид ва аллакай дар 1-уми январи соли 1913 аз байн рафт. Фақат дар соли 1918 як гурӯҳи коммунистони Бухоро нашри маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб”-ро ба тоҷикӣ ба роҳ андохтанд, ки низ баъд аз чанд шумора мутаваққиф шуд, то дар соли 1924 “Овози тоҷик”, ки феълан ҳам дар Тошканд бо ҳамин ном нашр мешавад, ва “Иди тоҷик”-у “Бедории тоҷик”, пешгузаштаҳои “Ҷумҳурият”-и кунунӣ, вориди майдон шаванд.

[b]ДАВРАҲОИ ТИЛОИИ МАТБУОТИ ТОҶИК[/b]

Дар ин 99 соле ки аз нашри нахустшумораи “Бухорои шариф” мегузарад, матбуоти тоҷик як роҳи пур аз шебу фарозеро тай карда, шоҳиди чандин давраҳои тилоӣ шудааст. Намои Бӯринисо Бердиева ва “Маориф ва маданият”-и ӯ дар солҳои 70, ки баъдан ҳокимони вақти коммунист барқасд ба ду нашрияи каммӯҳтаво таҷзияаш карданд, аз саҳифаҳои дурахшони ин таърих аст.

Аммо ба ақидаи Қироншоҳи Шарифзода, аз муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик, тиллоитарин давраи ин таърих дар поёни солҳои 80 оғоз ёфт ва то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ давом кард: “Солҳои 1989-1992-ро мо як давраи эҳёи матбуоти миллӣ мешуморем. Чун дар ин давра матбуоти тоҷик як рӯҳияи миллӣ ба худ гирифт ва ҳам бо қабули қонуни матбуот аз соли 1990 нашрияҳои хусусиву ҳизбӣ рӯи кор омаданд. Ин як давраи хеле пуравҷ буд. Аммо баъди соли 1992 давраи рукуди матбуот оғоз ёфт.”

Танҳо сар аз нимаи дуввуми солҳои 90, бо фурӯ нишастани оташи низоъҳои мусаллаҳона, матбуоти тоҷик дубора ҷон даровард ва аз соли 2003 шоҳиди боз як авҷи дигар шуд, ки дар соли 2005 бо баста шудани нашрияҳои “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан” ва “Одаму олам” фурӯ нишаст. Охирин авҷ дар таърихи матбуот тақрибан се сол ба ин сӯ идома дошта, дигар ҳама вазиру кабир, албатта, ба истиснои нафари аввал ва атрофиёни ӯро дар дастраси интиқодоти матбуот қарор дод.

Аммо чолишҳои ҷиддие, чун масдуд шудани 4 сомона ва аз нашр бозмондани 3 ҳафтаномаи мустақил дар тирамоҳи гузашта, ки аксар ба нооромиҳои водии Рашт рабташ медиҳанд, ва ҳам қазияҳои пайдарпайи додгоҳӣ алайҳи расонаҳо — дар ин миён буд, ки ба бовари маҳофили хабарнигорӣ, баёнгари осебпазир боқӣ мондани худи асли озодии матбуот дар Тоҷикистон аст.

[b]РАСОНАҲО ДАР НАҚШИ ОППОЗИТСИЮН[/b]

Бо ин ҳама, бисёре аз хонандагон ва таҳлилгарон нақши расонаҳои мустақилро дар Тоҷикистони имрӯз ҳатто болотар аз аҳзоби сиёсӣ медонанд ва мегӯянд, ҳукумат дар амал бештар аз ин матбуот тарс дорад, то аз аҳзоби мухолифе, ки аз хатти дар саҳнаи сиёсӣ барояшон кашидаи давлат тақрибан пой ба берун намегузоранд.

Раҳпаймоиҳои мардуми Варзоб алайҳи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, эътирози занони рустои тахрибшудаи Қӯштеппа ва нооромиҳои водии Рашт танҳо чанд масъалаест, ки расонаҳо дар пайгирии он нисбат ба аҳзоби сиёсӣ пешдаст будаанд.

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, як иллат заъфи худи аҳзоби мухолиф аст, ки дигар дар баробари ҳукумат майдондорӣ карда наметавонанд: “Оппозитсиюни сиёсӣ ҳамавақт бояд кӯшиш кунад, то аз иштибоҳҳову аз амал накардани ҳукумат у бефаъолияш барои таҳкими мавқеъи худ истифода барад. Аммо дар Тоҷикистон фаъолияти аҳзоби сиёсӣ заъифтар аст нисбат ба матбуоти мустақил, ки тайи 5-6 соли охир хеле рушд карда, хеле аз дардҳову камбудиҳои ҷомиаро матраҳ кардааст, гуфтааст ва мушкилкушои дарди мардум шудааст. Қазияҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳои мустақил ҳам исбот мекунад, ки нигаронии ҳукумат бештар аз матбуоти мустақил аст, то аз аҳзоби мухолиф.”

Аммо Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” мегӯяд, рисолати расонаҳо мухолифат ба ҳукуматҳо нест, балки заъфу камҷуръатии аҳзоби мухолиф аст, ки нашрияҳои дар қиболи масоили доғи рӯз боҷуръаттарро чунин таъриф медиҳад: “Намехоҳам, ки “Озодагон” рисолати мухолифинро адо кунад. Ҳадафи мо интиқоди иштибоҳҳои роҳёфта дар амалкардҳои ҳам давлат ва ҳам аҳзоби сиёсист ва он ҳам фақат ба хотири ислоҳи ин иштибоҳҳо. Ва рисолати аслии расонаҳо расондани иттилоъи ҳирфаӣ, беғараз ва объективист. Чунин бошад, беҳтар аст.”

[b]АҚИБНИШИНИИ ТАКТИКӢ?[/b]

Бархе мегӯянд, мушкилоти ахири омада бар сари расонаҳо боис шуд, ки матбуот ба истилоҳ аз шеваи ақибнишинии тактикӣ кор бигирад ва забони танқидашро як каме мулоимтар кунад.

Зафар Абдуллоев, аз хабарнигорони фаъоли тоҷик, ки имсол хабаргузории “Авесто”-яшро супурд ва аз журналистика канор рафт, мегӯяд, фикр намекунад, ки қалами расонаҳо ҳолиё кундтар шуда бошад: “Дар асл мавзеъи матбуот тағйир наёфтааст, ки як далелаш даъвоҳои нави додгоҳӣ дар қиболи матлабҳои дар воқеъ тунду доғи ин нашрияҳост. Аммо сабаби онки садои бархе нашрияҳо ба гунаи қаблӣ баланд нест, бештар натиҷаи оромиест, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Фақат 2 ило 3 мавриде буд, чун тахриби манзилҳо ва бадрафтории милиса, ки матбуот дар борааш навишт. Дигар фазои сиёсии кишвар ором ба назар меомад. Ва бо расидани баҳор, ки саҳнаи сиёсӣ фаъолтар шуд, садои матбуот низ ҳатман баландтар ба гӯш хоҳад расид. Ман фикр намекунам, ки хабарнигорони тоҷик тарсида бошанд.”

[b]ЭҲТИЁТ БЕШТАР ШУД, ВАЛЕ НА СОНСУР[/b]

Хабарнигори ҷавони тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, ки дар пайгирии мавзӯъҳое, ки интихоб мекунад, мушкиле то ҳол барояш пеш наовардаанд, вале ба дунболи силсилаи қазияҳои додгоҳӣ эҳтиёти сардабирон, бахусус дар қиболи матлабҳои сиёсӣ, бештар шудааст.

«Онҳо зиёд таъкид мекунанд, ки хеле ҷиддӣ бояд буд, бахусус агар мавзӯъ сиёсӣ бошад, то иштибоҳе роҳ наёбад ва барои расона дардисари навбатӣ эҷод кунад. Сабабаш афзудани даъвоҳои додгоҳӣ бо нашрияҳост. Албатта, онҳо намегӯянд, ки нанавис, вале аз мо бештар талаб мекунанд, то барои ҳар факте ки мо менависем, ё назаре ки меорем, бояд қабл аз ҳама мусоҳиби мо худ ба он андешааш мутмаин бошад ва худи мо низ, ҳатто агар 100 дарсад набошад, ақалан 80-90 дарсад боварӣ дошта бошем. Танҳо баъд дар ҳафтанома чоп мешавад он матлаб”,-афзуд ӯ.

Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” низ аз эҳтиёти бештар кор гирифтани расонаҳо дар пайи пеш омадани қазияҳои додгоҳиро радд намекунад ва мегӯяд, ин, албатта, ҳанӯз ба маънои сонсур нест, вале ба маҳзи адами боварӣ ба мустақилияти низоми додгоҳӣ мулоҳизоту нигарониҳоеро дар зеҳни масъулини нашрияҳои тоҷикӣ эҷод кардааст: “Чизе ки ҳаст, мо ҳамон тавре ки буд, нигоҳ доштем. Инки баъзе мавзӯъҳо пардохта намешаванд, сабабҳо дорад. Мо ҳамеша гуфтем, ки агар ягон мавзӯъе пеш биояд ва мо далел дошта бошем барои исбот карданаш, мо ба он мепардозем, ҳатто сарфи назар аз онки пушти саҳна ҳар касе — ниҳоде ё шахсияте — истода бошад. Аммо аз инки ба баъзе далелҳову баъзе манобеъ дастрасӣ надорем, аз ин ҷиҳат ба баъзе мавзӯъҳо намепардозем.”

[b]“ХАТҲОИ СУРХ”-И МАТБУОТ[/b]

Аммо оё “хатҳои сурх”-е ҳанӯз ҳаст, ки матбуоти тоҷик аз он парҳез кунад? Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, “сурхтарин хат” барои матбуоти Тоҷикистон ҳамчунон масоили марбут ба хонаводаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонад: “Ҳар ҳафтанома вобаста ба хусусият ва шахси раҳбараш баъзе мавзӯъҳои мамнӯъро дорад. Ва боз ҳамон “хаттҳои қирмизӣ”-е, ки дар борааш мегӯянд, роҷеъ ба хонаводаи раисиҷумҳур аст. Бисёриҳо имрӯз дар ҷомеа мегӯянд, ки баъзе тиҷоратҳо ва фаъолиятҳо дар кишвар монополия шудааст. Вале ҳеҷ кас-на ягон расона ва на ягон хабарнигор — пушти ин мавзӯъ намеравад. Худаш намехоҳад, вале агар бинависад ҳам, шояд ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шавад.”

Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ба фарқ аз бархе кишварҳои дигари минтақа, матбуоти тоҷик аз танқиди аъзои ҳукумати Тоҷикистон дигар парҳез намекунад, вале камбуди иттилоъ ва манобеъ далели аслиест, ки матбуот аз пайгирии масоили марбут ба раҳбари аввали кишвар ва атрофиёни ӯ то ҳол даст нигоҳ доштааст: “Дар мо танҳо чизе ки “хатти қирмиз” аст, манъшуда неву худи расонаҳо намепардозанд, мавзӯъҳоест, ки ба шахси аввал ва хонаводаи ӯ иртибот дорад ва ҳам ба онҳое, ки дар атрофи шахси аввал ҳастанд. Дигар тамоми мавзӯъҳо пардохта мешавад. Шояд начандон амиқ, вале ба ҳар сурат, дар бораашон менависанд. Аммо шахси аввал ва атрофи ӯ дар воқеъ як “хати қирмиз” аст, ки то ҳол касе то ин ҳадд ё ҷуръат накарда, ё дастрасӣ ба иттилоъ надоштааст. Агар дастрасӣ ба чунин иттилоъ мебуд, фикр мекунам, ба ин мавзӯъ низ ҳатман пардохта мешуд.”

[b]ДАСТИ ХАБАРНИГОРРО КӢ МЕГИРАД?[/b]

Мушкили дигари матбуоти тоҷик камбуди сармоягузорист. Маоши хабарнигорони маҳаллӣ дар муқоиса бо Ғарб, барои мисол, бакарат камтар буда, бино ба эътирофи худи онҳо, аз 400 сомонӣ сар шуда, ҳадди аксараш чизе дар ҳудуди 300 доллар аст.

Кам касе ба сохтани сандуқи ҳимоят аз озодии матбуот, ки ифшои камбудиҳои онҳоро низ метавонад дар пай дошта бошад, манфиатдор аст…

Моликони нашрияҳо низ мегӯянд, аз ин тиҷорат фоидаи чандоне ба даст намеоранд ва камидарками онҳо тавон ва имкони молии андешидан ба барномаҳои баландмуддатро дорад. Имконоти молии аксари онҳо дар чорчӯби формулаи оддии “нашр-фурӯш-нашр” маҳдуд буда, бурузи мушкил дар яке аз ин зинаҳо боис ба тиҳӣ шудани ҷайби нашрия мешавад, ки як намунаи барҷастааш ба мушкилоти ҷиддии молӣ ва коҳиши теъдоди нашр мувоҷеҳ шудани ҳафтаномаи “Фараж” дар пайи тавқифи чопаш барои қариб 3 моҳ дар тирамоҳи гузашта буд.

Хабарнигори ҷавони тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, аксари хабарнигорон барои таъмини эҳтиёҷи рӯзгори худ мулзаманд якбора барои чанд хоҷа кор кунанд: “Маош дар Тоҷикистон, албатта, ба ҳадде нест, ки хабарнигор умед танҳо ба як нашрия бандад ва тамоми нирӯи худро барои як расона сарф кунад. Ба ҳамин далел, хабарнигорони мо ба иловаи нашрияи худ кӯшиш мекунанд, бо дигар созмонҳои байналмилалии расонаӣ ва нашрияҳои дигар низ ҳамкорӣ кунанд ва ҳаққи қалам бигиранд. Иллат то кунун дар Тоҷикистон дуруст дарк нашудани зарфиятҳои касби хабарнигорист.”

Зафар Абдуллоев мегӯяд, бозори матбуоти Тоҷикистон дигар наметавонад аз ҳисоби танҳо имконоти дохилиаш рушд кунад. Аммо дар ҳоле ки аксари расонаҳои Тоҷикистон пуштибонии молиро асосан аз созмонҳои байналмилалӣ меҷӯянд, Зафар Абдуллоев таъсиси як Сандуқи пуштибонии озодии матбуот аз ҳисоби ширкатҳои бузурги дохилиро шарт ва лозим медонад.

Аммо оё чунин шеваи таъмини молии матбуот боис ба афзоиши “хатҳои сурх” аз ҳисоби ин ширкатҳои маблағгузор, барои мисол ТАЛКО, нахоҳад шуд?

Ҷаноби Абдуллоев, ки бо матлабҳои тундаш дар бораи ТАЛКО маъруф аст, дар посух гуфт: “Дар ин шароит матбуот интихоби дигаре ҳам надорад. Матбуот амалан тифлест, ки ҳукумат аз баҳраш гузаштааст ва онҳо маҷбуранд, аз дасти кадом як “амакҳои бегона” нон хӯрда, манфиатҳои онҳоро муроот кунанд. Пуштибонии матбуоти миллӣ пеш аз ҳама ба нафъи худи давлати Тоҷикистон аст. Аммо набояд касе баъдан ба расонаҳо миннат гузошта, нишон диҳад, ки чиро бинависанду чиро не. Сабаби то ҳол таъсис нашудани чунин Сандуқ низ ҳамин аст. Кам касе ба сохтани сандуқи ҳимоят аз озодии матбуот, ки ифшои камбудиҳои онҳоро низ метавонад дар пай дошта бошад, манфиатдор аст.”

Ҳамин тавр, бо як ҷайби тиҳӣ, зери фишорҳо аз чапу аз рост, вале бо саре ҳамчунон баланду пурифтихор ва бо забоне сурх ва бараҳнагӯ матбуоти тоҷик рӯзи 11-уми март 99-сола мешавад.

[b]Ид муборак, ҳампешагони азиз![/b]

Мирзои Салимпур, радиои «Озодӣ»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2334176.html

Доғи журналистика ва се сурохи парчами САҲА

[b]»Матбуот чашму гӯши халқ аст»[/b]

[b]Ҷанобон! Ин сухани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон; «Матбуот чашму гӯши халқ муҳимтарин рукни ҷомеъаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо раҳо карда метавонад», барои ҳусн бахшидан ба овезаҳои девор нест…[/b]

Чун анъана имсол низ эҳтимол аст матбуоти мустақили кишвар дар арафаи ҷашни касбии худ аз мушкилиҳо ва масоили ҳалталаби соҳа саҳифаҳо пур кунанд. Вақте мавзӯи матбуот дар сӯҳбат бо ҳамтоёни мо дар маркази вилояти Хатлон матраҳ мешуд, рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода шӯхиомез гуфт: «Хуб мешавад, агар ҳамон матлаби соли гузаштаатро такроран ба нашр бирасонӣ. Зеро дар як соли охир вазъи матбуоти вилоят тавре буд, боқӣ мондааст. Мо бошем ҳар сол ҳамон масъалаҳои ҳалталабро такрор ба такрор менависем».

[b]»Нашрияҳои хатлонии тобеъи марказ»[/b]

Мутаассифона ҳамин тавр ҳам ҳаст. Дар як соли охир шурӯъ аз матбааи вилоят то дигар мушкилиҳои соҳаи матбуоти Хатлон ҳалли худро наёфтааст. Рӯзномаву маҷаллаҳо барои мардуми дурдасти деҳот ҳанӯз дастрас нест. Ба истиснои рушди андаки ҳафтаномаи «Пажвок» дигар дар Хатлонзамин ягон матбуоти ҷамъиятии мустақил, ки нақши пулро миёни ҳукумат ва халқ бозида тавонад, рӯи кор наомад. Боз ҳам аз мавҷуд набудани воситаи алтернативии дастрасии мардуми деҳот бо рӯзномаю маҷаллаҳо ва дигар мушкилоти соҳавӣ, почтаи вилоят гоми устуворе дар рушди соҳа нагузоштааст. Ҳамин тавр, дар замони бозаргонӣ бозорҳои берақобат инкишоф намеёбанд.

Дар соли аввали ба садри ҳукумати Хатлон омадани Ғайбулло Авзалов дар назди матбааи вилояти Хатлон сехи замонавии интишор ба истифода дода шуд. Раиси вилоят дар маросими кушодашавии ин коргоҳ ба масъулин дастур дода буд, ки тамоми ҳафтаномаю маҷаллаҳои қаламрави Хатлон дар матбааҳои дохили вилоят нашр шаванд. Аммо моҳияти ин масъаларо масъулин дуруст дарк накарданд ё мушкили дигар пеш омад, ки то кунун беш аз 85% рӯзномаҳои 25 шаҳру навоҳии вилоят дар Душанбе ба чоп мерасанд. Он замон масъулин иброз медоштанд, ки дар ояндаи наздик тамоми ҳафтаномаҳои ҳудуди шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят дар ҳамин нашрия ба чоп хоҳанд расид. Аммо аз сӯҳбат бо Сайвалӣ Сайфуллоев, директори имрӯзаи матбааи вилояти Хатлон маълум мешавад, ки айни замон он сехи чопӣ, ки дар кушодашавии расмиаш, ваъдаҳои зиёд шуда буд, имрӯз бо ҳудуди марзиаш ба корхонаи онҳо дахл надорад. Ба гуфтаи ӯ дар матбаа алъон ҳамагӣ 6 ҳафтанома ва нашрияи вилоятии «Новый Хатлон» нашр мешаванду халос. Роҳбари матбааи вилоятӣ мегӯяд: «Коргоҳи мо имкон дорад, ки тамоми ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳии Хатлонро нашр кунад, аммо на ҳафтаномаҳоеро мисли «Хатлон», ки бо теъдоди якчанд ҳазор нусха нашр мешаванд». Сардабирони ҳафтаномаҳои Хатлон иброз медоранд, ки агар матбааи вилоятӣ ҳафтаномаҳои онҳоро ба чоп расонида тавонад, омодаанд, ки рӯзномаҳои худро дар ҳамин коргоҳ чоп кунанд. Зеро дар нашриёти маҳаллӣ чоп кардани рӯзномаҳо ҳам ба фоидаи идораи рӯзнома асту ҳам ба манфиати буҷаи маҳаллӣ. Аммо вазъият чунин аст, ки корхонаи мазкур имкони техникие надорад, то ҳафтаномаҳоеро, ки теъдоди нашрашон аз 4 ҳазор нусха зиёд аст, ба чоп расонад.

[b]Пул ҳукуматро ҳам ба халқ наздик мекунад[/b]

Агар дар чанд соли охир масъалаи дастрасии мардум ба ахбори алтенативӣ мушкили аввали ҷомеъа ва расонаҳо маҳсуб меёфт, пас дар соли ҷорӣ ин мушкил печидатар аст. Зеро навобаста ба хоҳиши мо раванди ҷаҳонишавӣ бо воситаҳои гуногун дар муҳити маънавии мардуми мо таъсиргузор аст. Соли гузашта гуфта будем; мардум ба ахбори алтернатив дастрасӣ надоранд. Акнун хабару рӯйдодҳое, ки бо дигар воситаҳо байни мардум паҳн мешаванд, зарур ба шарҳу тавзеҳ доранд. Иттилои расонаҳои хориҷӣ, ки дар доираи меъёру арзишҳои барои мо бегона таҳия шуда, то дурдастарин кӯчаи музофоти кишвар мерасад, метавонад дар зеҳни мардум фарҳангу арзишҳои дигаргунаро ҷой диҳад.

Аммо дастгоҳҳои худӣ алъон мушкили аввалин- иттилоотнокии ҷомеъаро ҳанӯз ҳаллу фасл накардаанд, куҷо аз шарҳу тавзеҳ додани рӯйдодҳои дохилию ҷаҳон сухан гуфт. Манзури ман тариқи иттилоотнокӣ баланд бардоштани маънавиёти фарҳангию сиёсии ҷомеъа аст. Имрӯз мардуми шаҳрнишин аз хабару рӯйдодҳои ҷаҳону дохили кишвар натанҳо ба хубӣ огоҳанд, балки оид ба сабабу оқибат ва роҳҳои пешгирӣ аз ҳаводиси хатарбор иттилооти кофӣ доранд. Дар деҳоти дурдасти Хатлон аз ҳаводиси марказ ва берун аз Тоҷикистон бо воситаҳои гуногун хабарҳо паҳн мешаванду халос. Боқӣ шаҳру тафсир ва муҳокимаи ҳама рӯйдодҳои сиёсӣ дар сатҳи фаҳмишҳои ҳамон сокинони музофот таҳлилу баррасӣ мешаванд. Яъне сиёсати дохилии давлатӣ дар ташаккули маънавии мардум таъсиргузор нест. Ин нуктаро нафароне, ки замони Шӯравӣ дар соҳаи тарғибу ташвиқ кору фаъолият кардаанд, хуб дарк мекунанд. Соддатар карда гӯем, дар ҷомеъаи имрӯзаи мо мошинаи идеологии ҳукумат дуруст кор намекунад. Бубинед, ҳанӯз дар замони қадим вақте матбуоти даврӣ арзи вуҷуд надошт, ҳокимиятҳо тавассути ҷорандозҳои дарбор фармону дастури худро ба халқ мерасониданд. Дар замони имрӯз, ки талаботи рӯзмарраи ҷомеъа ба иттилоот зиёд аст, мардуми дурдасти деҳот аз муҳокимаи масоили ҳалталаби ҷомеъаи худ дар канор мондаанд. Ба истиснои баъзе аз лоиҳаи қонунҳое, ки дар ду соли охир мавриди муҳокимаи умум гардида буд. Хулоса, то замоне мисли даврони Шӯравӣ барои аксарияти аҳолӣ рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас нашаванд, мо гуфта наметавонем, ки тарғибу ташвиқи сиёсати давлатро дар байни халқ дуруст ба роҳ мондаем. Зеро пуле, ки ҳукуматро ба халқ пайванд мекунад, расонаҳо, ба хусус матбуоти даврӣ аст.

[b]Ҳафтаномаҳо[/b]

Қобили зикр аст, ки аз замони рушди матбуоти ҳизбӣ як таҳаввулоти аҷибе дар баъзе расонаҳои ҳукуматӣ ба чашм мерасад. Зеро матбуоти ҳизбӣ барои наздик шудан ба халқ аз минбарҳои худ каму беш истифода бурда истодаанд. Ва таъсири ингуна матлабҳои иҷтимоӣ ба мӯҳтавоӣ матбуоти ҳукуматҳои маҳаллӣ низ бе таъсир намондааст. Агар аз рӯи воқеъият баҳо диҳем, имрӯз дар нисбати матбуоти ҳукуматии марказ дида рӯзномаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар байни халқ маҳбубияти бештар дорад.

Дар бозори матбуоти мустақил бошад, дар як соли охир дар ҳудуди Хатлон ҳафтаномаи мустақиле эҳё нашудааст, ки дар муносибатҳои байни ҳукумат ва халқ нақши пулро бозад. Акнун ба эҳёи дубораи «Бомдод»-и САҲА дигар ягон рӯзноманигор бовар надорад. Зеро аз кушодани гиреҳи торе, ки собиқ масъулини дафтари САҲА дар Қӯрғонтеппа таниданду рафтанд, танҳо вақт сарф мешавад. Воқеъан ин созмони бонуфуз дар Қӯрғонтеппа дар татбиқи се лоиҳаи марбут ба расонаҳо ноком шудааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки парчами САҲА аз алами Қӯрғонтеппа се сӯрох бардоштааст.

Хушбахтона, ҳафтаномаи хатлонии «Пажвок», ки бо ташаббуси рӯзноманигорони Кӯлоб ба майдон омадааст, имрӯз аз рӯи теъдоди нашр яке аз ҳафтаномаҳои муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад.

[b]Мардуми деҳот ва бемасъулиятии идеологҳо[/b]

Аслан агар сатҳи маълумотнокии иттилоотию сиёсии ҷомеаи Хатлонро дар нисбат ба теъдоди матбуоти даврие, ки вориди вилоят мешавад, тасавур кунем, бисёр як саҳнаи мудҳиш пеши назар меояд. Шояд дар нисбат ба солҳои ҳукумати Шӯравӣ сатҳи рӯзномахонии мардум 5% ҳам ташкил надиҳад. Агар гӯем, ки аз даромади софе, ки ҳоҷагиҳои кишоварзӣ доранд, наметавонанд коргарони худро ба матбуоти даврӣ обуна ё таъмин намоянд, дурӯғи маҳз аст. Мо як мушкили куллӣ дорем. Ҳамон механизми обуна ва дастраскунии матбуоти давриро, ки дар замони «СССР» буд, вайрон кардаем. Баъдан масъулин дар андешаи маърифатнокии мардум нестанд. Бубинед, дар солҳои 1980-ум дар ҳудуди як хоҷагии коллективӣ 15-20 ҳазор аҳолӣ кору зиндагӣ доштанд ва дар деҳот хонае набуд, ки дар паси дарвозааш қуттӣ барои рӯзнома надошта бошад. Имрӯз ба гуфтае дигар барои Маскав пахта парвариш намекунем, аммо сатҳи газетахонии пахтакори «колхоз»-у «савхоз» куҷову коргари қатории хоҷагиҳои деҳқонию фермерии имрӯза куҷо? Имрӯз касе дар андешаи он нест, ки лоақал ҳамон системаи хидматрасонии пеш аз замони соҳибистиқлолиро рӯи даст бигирем, то тавассути матбуоти даврӣ маърифати мардумро каме боло бардорем.

[b]Дар интизори паём[/b]

Хушбахтона, рӯзҳои охир чунин як ҳисси боварӣ пайдо кардаам, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, масоили фазои иттилоотии кишвар, дастрасии мардум ба матбуоти даврӣ ва роҳҳои рушду инкишофи воситаҳои ахбори умумро мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор медиҳад. Боз ҳам соли 2011 барои вохӯрии мустақими Президент бо кормандони расонаҳо бисёр як соли муносиб аст. Вагарна баъзе мансабдорони кишвар натанҳо гуфтаҳои сарвари давлатро оид ба он ки «Матбуот чашму гӯши халқ аст…», фаромӯш кардаанд, балки баъзан даст ба бастану ҳатто суд кардани ҳамин «чашму гӯши» халқ мешаванд. Оё ин ҳама даъвоҳои судӣ нисбат ба расонаҳо ба имиджи сиёсии давлат доғ намеорад? Ба суол посух нагӯед ҳам мешавад.

Ҷамолиддин Усмониён

Источник: http://www.millat.tj/smi/2405-doghi-jurnalism-va-se-surokhi-parchami-saha.html

Қоҳир Расулзода ба куҷо менигарад: ба Тошканд ё ба Душанбе?!

[b]Чаро тоҷикон дар Ашт узбек мешаванд?[/b]

Сокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт номи шабакаҳои телевизиони Узбакистонро азёд медонанд, аммо номи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба хусус барои насли наврас ноошност.

Сокинони ин ҷамоат аз маҳрум будан аз тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ин минтақа изҳори нигаронӣ доранд. Ҷамоати Пунук дар минтақаи наздисарҳадӣ бо шаҳраки Ангрени Узбакистон ҷойгир аст.

Рӯзе ба хонаи хоҳарам ба ноҳияи Ашт рафта будам ва он ҷо дидам, ки аҳли хонавода телевизиони Узбакистонро тамошо мекунанд. Бузургмеҳри 4 сола дар оинаи нилгун филми узбакӣ тамошо дошт. Дар рафти филм суханони қаҳрамонони филмро бо забони узбакӣ такрор мекард. Калимаву ибораҳоеро чун «сен нимага бундай қилдинг», «мен сени бир йил кутум» ва ғайраро бо шавқ мегуфт. Ҳатто ба ҳангоми муошират калимаҳои узбакиро истифода мекунад. Сипас ман гуфтамаш, ки ин суханҳоро аз куҷо омӯхтӣ? Бузургмеҳр гуфт: «Тағоҷон, ман ҳар рӯз телевизиони узбакӣ мебинам, ин киноро даҳ маротиба зиёдтар дидаам, дар телевизиони узбакӣ филми тасвириву барномаҳои аҷоиб нишон медиҳад, бинед, мазза мекунед». Кӯдак акнун 4 сола аст, аммо калимаҳои узбакиро чунон равону суфта такрор менамояд, ки кас ба ҳайрат меояд. Модари Бузургмеҳр мегӯяд, ки «телевизион, ки бо забони узбакӣ аст, фарзандонамон аз куҷо забони тоҷикиро хуб ёд гиранд». Ҳамин тавр, имрӯзҳо аксарияти кӯдакони ин ҷамоат забони узбакиро аз забони тоҷикӣ хубтар медонанд.

[b]»Йошлар» ва «Марғелон» фаъол аст, «Сафина»- ву «Баҳористон» не[/b]

Сабаби асосиро сокинони ҷамоати Пунук аз набудани шабакаҳои радио ва телевизионҳои Тоҷикистон дар ин минтақа медонанд. Ба гуфти сокинони ҷамоати мазкур соли 2003 дар маркази деҳаи Пунук мавҷбаракҳои ноқилии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистонро дар баландии 40 метр насб карданд. Дар вақти пахши мавҷи аввалин сокинони ҷамоат шод буданд. Дар ин вақт барномаҳои бо забони тоҷикӣ таҳияшуда ба онҳо аҷиб буд. То соли 2003 сокинони ҷамоат шабакаҳои кишвари ҳамсояи Узбакистонро медиданд, ки то имрӯз он идома дорад. Вақте сокинони ҷамоати Пунук барномаи аввалини телевизиони Тоҷикистон, яъне «Шабакаи якум»-ро диданд, он барояшон як чизи ғайричашмдошт буд. Кӯдакон забони барномаҳоро намефаҳмиданд, чунки барномаҳо бо забони адабии тоҷикӣ буданд. Дар ин вақт мавҷҳои телевизионҳои узбакӣ пурқувват буд ва намегузошт, ки мавҷи Шабакаи якуми Тоҷикистон ба сокинони ин мавзеъ босифат пешниҳод гардад. Дар ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт зиёда аз 8 шабакаи телевизионии Узбакистон ва танҳо як шабакаи Тоҷикистон ба мардум дастрас аст. Барои он, ки ин ҷамоат дар марз бо Узбакистон ҷойгир аст ва мардумаш низ дар муомилаву гуфтор забони узбакиро аз забони тоҷикӣ хубтару авлотар медонанд. Дар ин ҷо каналҳои «Спорт», «Канали якум»-и Узбакистон, «ТВБ» (Бағдод телевидиниясӣ), «Йошлар», «Рухсор», «ТВ Марғелон», дар баъзе ҷойҳо ТВ Қирғизистон ва дигар каналҳои узбакӣ бе ягон душворӣ ба мардум дастрас аст.

[b]Мардум аз ҳаводиси кишвар бехабаранд[/b]

Кӯдакон дар Шимоли дурдасти Тоҷикистон ва асосан дар ҷамоати Пунук ба тамошои барномаҳои телевизионии узбакӣ майли зиёдтар доранд. Се чор соли охир мардум аз набудани телевизиони тоҷикӣ ва узбак шудани кӯдакони тоҷик зиёд шикоят доранд. Дар ин ноҳия танҳо мавҷи Шабакаи якуми Тоҷикистон паҳн мешаваду халос. Он ҳам дар вақтҳои сармо ва баъзан бо иллати норасоии баъзе аз таҷҳизот пурра фаъолият намекунад. Асосан дар рӯзҳои зимистон набудани қувваи барқ, бар замми он ях кардани дастгоҳи мавҷдиҳандаи Шабакаи якуми Тоҷикистон мардумро ба дод овардааст. Мардум мехоҳанд, ки аз навигариҳои ҳар рӯзаи кишвари хеш огаҳӣ пайдо кунанд. Ба гуфти масъулин ва афроди барӯманди ин ҷамоат агар кор бо чунин минвол идома ёбад, маданияту рафтори мардуми тоҷик ба маданияти узбакӣ мубаддал мегардад. Дар ҷамоати Пунук 8 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки як қисми онҳоро узбакҳо ташкил медиҳанд. Тоҷикон кӯшиш бар он мекунанд, ки фарзандонашон танҳо шабакаи якуми Тоҷикистонро бубинанд. Аммо кӯдакон, ки аз рӯзи таваллуд телевизионҳои узбакиро тамошо мекунанд, пас чӣ тавр маърифат ва дониши худро сайқал бидиҳанд ва тоҷикиро хуб биомӯзанд,- мегӯянд сокинони ҷамоат Умар Шарипов ва Рухшед Анваров. Ба гуфти онҳо барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ва дарки суханони тоҷикӣ барои кӯдакон душвор аст. Қисми зиёди тоҷикон аз зиёд дидани ТВ-ҳои Узбакистон узбаку узбакпараст низ шудаанд,- мегӯянд, аз дилсӯзӣ баъзе сокинони ҷамоат. Ба онҳо дидани барномаҳои тоҷикӣ не, балки барномаҳову филмҳои бо забони узбакӣ таҳияшуда писанд аст.

[b]Оё барномаҳои ТВТ диққатҷалбкунанда нестанд?[/b]

Рухшед Анваров як тан омӯзгор аст, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18- и деҳаи Пунук дарс мегӯяд. Дар хусуси он ки чаро Шабакаи якуми ТВТ- ро намебинед ва телевизиони узбакӣ ба мафкураи аҳолии ҷамоат чӣ таъсир расонидааст, чунин гуфт: «Дар рӯзҳои охир ман аз додани дарс низ дилгир шудаам. Барои он ки аксарияти хонандагони мактаб дар мактаб ва дар рафти дарс низ бо забони узбакӣ сухан мекунанд. Ба фикри ман дарки ин масъала дигар мисли як муаммо шудааст, ки чаро тоҷикон узбак мешаванд. Бар замми он дар ин ҷо якчанд деҳаҳо ҷойгир шудаанд, амсоли Кӯпурукбошӣ, Даҳана, Cарвак, Ғоҷ ва Пунук. Қисмати тоҷикнишини ин макон, ки Пунук ном дорад, талош мекунанд, ки фарзандонашон забони тоҷикиву русиро омӯзанд. Сабаб шояд як бошад. Ин ҳам дур шудани мардум аз тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аст. Медонед,- мегӯяд ҳамсӯҳбатам,- барномаҳои телевизиони Тоҷикистон диққатҷалбкунанда нестанд, барои ҳамин аксарият каналҳои узбакиро шавқу ҳаваси дидан доранд. Ман мехоҳам, ки мавҷи дигар канали ТВ-ҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд асосан дар ноҳияҳои дурдасти он ба пуррагӣ паҳн шавад. Чунки ман бояд фарзандонамро аз узбакпарастӣ баргардонам. Барои ин ба ман танҳо будани шабакаҳои телевизиони тоҷик ёрӣ мерасонаду халос.

[b]Масъулини Суғд ба мардум чӣ ваъда карданд?[/b]

Барои рафъи ин ҳама нуқсу камбудиҳо масъулини ҷамоати Пунук чӣ кореро анҷом додаву чӣ андеша доранд? Ба раиси ҷамоат Зоҳирҷонов Идрок муроҷиат кардем ва мавсуф изҳор дошт: «Дар ҳақиқат ду сол мешавад, ки мардум аз набудани телевизион ва радиоҳои тоҷикӣ дар ин минтақа шикоят мекунанд. 9 июли соли 2010 ман аз номи аҳолии ҷамоати Пунук ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мактуб навиштам, аммо то кунун ҷавобе нест. Як моҳ пеш оид ба насби мавҷгираки шабакаҳои телевизионӣ ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, ки то ҳол посухе нагирифтаем. Ин масъаларо сокинони ҷамоати Пунук дар як мулоқот бо раиси вилояти Суғд дар соли 2010 мавриди муҳокима қарор доданд. Масъулини вилоят ваъда доданд, ки шояд баъд аз панҷ шаш солаҳо мардуми ноҳияи Ашт ва ҷамоати Пунук бо шабакаҳои телевизиони ва радиои тоҷикӣ таъмин карда шаванд».

[b]Вазъ мисли 50 соли қабл аст[/b]

Агар ба таърих нигоҳ кунем бори аввал солҳои 50- уми асри XX бобои Бойматов Абдуқодир ба ин деҳа оинаи нилгуни «Рекорд»-ро оварда будааст. Ӯ мегӯяд, ки дар он вақт аҳли деҳа дар хонааш ҷамъ мешудаанду барномаҳои узбакӣ тамошо мекардаанд. Чунки дар он вақт оинаи нилгун ба ғайр аз каналҳои узбакӣ дигар ягон каналро намегирифтааст.Ман то имрӯз каналҳои узбакӣ мебинам ва дар муносибат бо наберагон ва фарзандонам қариб бо забони узбакӣ сухан мекунам. Набераҳоям забони ӯзбкиро аз забони тоҷикӣ дида хубтар медонанд.Чунки ҳамарӯза телевизионҳои узбакӣ тамошо мекунанд. Медонед ман аз чӣ ҳарос дорам, аз он ки наберагонам бо дидани барномаи каналҳои узбакӣ то рафт бештар узбак мешаванд. Ман солҳои 60- ум ҳам телевизионҳои узбакӣ медидам, то ҳол мебинам, чунки дар ин гӯшаи кишвар танҳо мавҷи Шабакаи якуми Тоҷикистон паҳн шудаасту халос, ки он ҳам дуруст ва доиман фаъол нест. Ҳар рӯз наберагонам мегӯянд, ки барномаҳои телевизиони Шабакаи якуми Тоҷикистон диққат ҷалбкунанда нестанд ва суруду барномаҳояш завқи бинандаро мекушад. Ҳоло бечора наберагонам намедонанд, ки дар Тоҷикистон чӣ воқеъаҳо рух медиҳанд, дар Бадахшону Хатлону Хуҷанд чӣ навгониву навсозиҳо мешавад, хабар надорем. Пас, то кунун ман чунин меҳисобам, ки то ҳол мо, яъне мардуми ҷамоати Пунук дар сатҳи ҳамон солҳои 60- 70- и асри XX, яъне мисли 50 сол қабл зиндагӣ дорем. Вақте бо мӯйсафедон мешинем, онҳо ҳама доимо аз навигариҳои Узбакистон сухан мекунанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки мӯйсафедон низ мӯҳтоҷи дидани телевизионҳои тоҷикзабонанд. Барои тамошои шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» бошад мардум ба хонаи он шахсоне мераванд, ки агар дар хонаашон моҳвора дошта бошанд. Агар дар ҷамоати Пунук 4 ё 5 мавҷгираки моҳвораӣ бошад, мавҷи онҳо ба шабакаҳои телевизионҳои хориҷа нигаронида шудааст.

[b]Ба Кумитаи ТВ ва радио муроҷиат кунед![/b]

Дар ин масъала корманди Маркази интиқоли мавҷҳои радиотелевизионии № 2 ҶСК «Телерадиоком» Набиев Саидкамол чунин мегӯяд: «Якчанд сол пеш барномаи кулли давлатӣ «Мавҷи Сомон» аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ин барнома оид ба пурра фарогирии мавҷи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ аст. Ҳамон вақт раисони ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҶСК «Телерадиоком» шартнома имзо карда буданд. Мувофиқи шартнома 50%-и маблағро худи ҳукумати ноҳияҳо ва 50%-и дигарро ҶСК «Телерадиоком» пардохт мекард. Ҳоло ҳукумати ноҳияи Ашт се сол мешавад, ки аз ҶСК «Телерадиоком» 38 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Барои пурра таъмин кардани аҳолии ноҳияи Ашт бо шабакаҳои телевизионӣ 60-70 адад таҷҳизоти интиқоли мавҷ лозим аст. Барои ин бояд аввал маблағҳои боқимондаро ҳукумати ноҳия пардохт намояд. Соли 2010 сокинони ҷамоати Пунук як бор муроҷиат карданд. Кормандони мо ба деҳа рафта аз вазъи ҷойгиршавии антенаи Шабакаи якуми Тоҷикистон дидан карданд. Супориш дода шуда буд, ки дарахтони дар назди манораи мавҷпаҳнкунӣ рӯидаро решакан кунанд, намедонам ин кор иҷро шуд ё не. Агар сокинони ноҳия хоҳанд, ки ба мавҷи телевизионӣ ва радиоӣ пурра таъмин бошанд, пас ҳукумати ноҳияи Ашт бо Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ муроҷиат кунад, шояд ин масъала ба зудӣ ҳал шавад».

Дар ин масъала арзу шикояти мардуми ҷамоат рӯз аз рӯз зиёд мешуд. Як нафар сокини ҷамоати Пунук, ки худро Саид Ҷӯраев муаррифӣ кард гуфт, ки «то кай мо телевизиони Узбакистон мебинем, хуб мешуд ҳукумати Тоҷикистон дар ин ноҳия антенаҳои пурқувватеро насб мекард, ки телевизионҳои ҳам ғайридавлатӣ ва ҳам давлатии Тоҷикистонро тамошо мекардем. Барои чӣ ба ин масъала ҳукумати ноҳия ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиддан машғул намешаванд. Ҳар рӯз ба фарзандонам таъкид мекунам, ки Шабакаи якуми Тоҷикистонро бинанд, аммо вақте ман аз хона баромадам, фарзандонам барномаҳои узбакиро мебинанд. Барои ҳамин ҳам бо пахши мавҷи телевизионҳои Тоҷикистон кӯдакони моро бояд аз роҳи узбакпарастӣ гардонд».

[b]Телевизион дарси миллатдӯстӣ ва худшиносӣ медиҳад[/b]

Агар миқдори каналҳои телевизионҳои тоҷик дар ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд зиёд шавад, ҳоҷат ба дидани телевизионҳои узбакзабон намемонад. Ман мехоҳам, ки мавҷи телевизионҳои «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон» ва дигар телевизионҳо дар ҷамоати Пунук низ паҳн карда шавад. Дар ин радиф ӯ чунин гуфт; «телевизион ба мардум дарс медиҳад, дарси худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва зебоиву сухандонӣ, дарси миллатдӯстӣ. Пас, чӣ бояд кард, ки сокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт хештаншиносу ватандӯст шаванд?- мегӯяд Саид Ҷӯраев. Ба фикри Саид Ҷӯраев акнун асри XIX ва ё XX нест, ки мо тоҷикон ҳанӯз бо тафаккури шахшуда бошем. Барои он ки мардуми минтақаҳои дурдаст аз хабарҳо, навгониҳои сиёсиву иқтисодиву илмии кишвар сари вақт огаҳ ва ба қавле ҳамқадами замон бошанд, мавҷҳои телевизион ва радиои дар Тоҷикистон бударо бояд дар тамоми нукоти кишвар паҳн намуд. Худи онҳо иброз мекунанд, ки агар мавҷи телевизионҳо ба мардуми бечора дастрас мешуд, онҳо аз замона шикоят намекарданд. Ғами худро бо дидани барномаҳои аҷоибу ғароиби тоҷикӣ паси cар мекарданд. Ҳоло мардуми аксар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон интизори он ҳастанд, ки ягон шахси хайрхоҳ ин дарди онҳоро шунавад ва посух гардонад. Сокинони миёнасоли ҷамоати Пунук мегӯянд, ки шояд ягон рӯз баъд аз даҳсолаҳо фарзандонамон дигар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бубинанд. Аммо имрӯзҳо сокинони ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон хоҳони онанд, ки мавҷи шабакаҳои ТВ- ҳои Тоҷикистон ба мардум зудтар дастрас гардад. Дар ноҳияи Ашт тақрибан 160 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Бойиси нигаронӣ аст, ки ҳамарӯза телевизионҳои узбакӣ меҳмони хонаҳои мардуми ин ноҳия асту онҳо аз тамошои шабакаҳои телевизиони тоҷик маҳрум бошанд. Сокинони ин ноҳия мегӯянд, ки агар ба ин масъала масъулон ҷиддӣ муносибат накунанд ва ба дарди ҷомеъа малҳам нашаванд, бо гузашти даҳсолаҳои дигар тоҷикони боқимонда низ забони модарии худро фаромӯш мекунанду бо забони узбакӣ сухан меронанд. Дар шароити вазнини ҳам маънавӣ ва ҳам иҷтимоиву иқтисодӣ бояд шахсони масъул ҳамдарди ҷомеъа бошанд. Набудани мавҷҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар ноҳияҳои дурдасти вилоят, бехабар мондани аҳолӣ аз воқеъоти кишвар, чандсолаҳо дур рафтани онҳо аз илму маърифати замон, то рафт фаромӯш шудани забони адабии тоҷикӣ дар ин минтақа хуб аст ё бад, онро ба ҳукм ва ба қазовати шумо вомегузорем.

Ҳалимҷон Ҷӯраев, рӯ

Источник: http://www.millat.tj/smi/2404-qohir-rasulzoda-ba-kujo-menigarad.html

Нуриддин Қаршибоев: «Ҳукумат бояд хизмат кунад, на ҷабре раво бинад»

[b]Сӯҳбати интернетии раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев бо хонандагон дар коргоҳи cомонаи интернетии «ТojNews.tj»[/b]

[b]#1 Nazir 04.03.2011 02:59[/b]

[b]Мухтарам раис! Чаро рузномахои мусаткилро хукуматдорон инкадар бад мебинанд? Охир ин нашрияхо набошанду кам-кам конунвайронкуни хои мансабдоронро ошкор накунанд, Точикистон дар дами фасод фуру меравад. Чаро рузномахои ошкорбаён умри кам доранд?[/b]

— Бад дидан ё нағз дидан аз ҷониби мансабдорони мақомоти давлатӣ ин кори шахсии онҳост, вале ҳамчун ашхосе, ки аз ҳисоби андозсупорандагон маош мехӯранд, бояд ба назари интиқодии нашрияҳои мустақил ботаҳаммул бошанд. Кӯтоҳумрии рӯзномаҳои ошкорбаён омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Як сабаби он инъикоси мавзӯҳои марбут ба мубориза алайҳи фасод дар ҷомеа мебошад.

[b]#2 Дилноза 04.03.2011 03:02 1.

Мегуфтед, ки мушкили асосии рузноманигорон айни замон чист?

2. Шумо барои машварату корхои анчомдодаатон аз журналистон маблаг мегиред?

3. Шумо журналисти варзида хастед. Чаро рузномаи хуро таъсис намедихед?[/b]

— Мушкили асосии рӯзноманигорон пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва маоши арзандаю кофӣ аст. Дар сурати мавҷуд будани чунин имконот дигар мушкилоте аз қабили касбият, маърифати ҳуқуқӣ, таъмини амнияти фаъолияти касбӣ батадриҷ ҳалли худро меёбад.

Мо барои машварату кӯмак ба рӯзноманигорон аз онҳо маблағ намеситонем. Ин корҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳо ва фаъолияти Анҷуман анҷом дода мешаванд. Дар Анҷуман ҳаққулузвият ҷорӣ карда шудааст, ки аз даҳ як ҳиссаи хароҷоти созмонро мепӯшонад.

Ҳангоми ба Раёсати анҷуман пазируфта шуданам чунин тасмим гирифта будам, ки ба дигар аъзои анҷуман рақобат эҷод намекунам. Бинобар ин, ман нияти таъсиси ягон нашрияро надорам.

[b]#3 Шер 05.03.2011 14:29

Субх ба хайр!

Мухтарам Нуриддин Каршибоев! Ман пешниход доштам ки агар як журналисти рус ба кор даъват мекардед, онхо кори шуморо осон ва кушод мекарданд! Зеро онхо дар ин кор тачриба доранд ва аз хеч чиз наметарсанд ба гайр аз конун!

Мувафакият ба шумо![/b]

— Дар кишвари мо низ рӯзноманигорони варзида ҳастанд ва ҳоҷат ба даъват кардани журналисти рус нест.

[b]#4 BUZURGVOR 07.03.2011 06:24

Устод оё дар Точикистон озодии баёну андеша хаст? Агар бошад чи тавр? Агар набошад, пас Фишор овардан ба нашрияхои Фараж,Озодагон, Пайкон, Азия-плюсро чи метавон ном бурд?[/b]

— Дар Тоҷикистон озодии баёну андеша ҳаст, вале он бештар дар ҷомеа ва камтар дар ВАО ба назар мерасад. Ман орзу дорам, ки озодии баён дар ВАО бо назардошти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тавсеа ёбад. Фишор ба нашрияҳои мустақил кӯшиши маҳдуд намудани озодии ВАО аз ҷониби баъзе аз мансабдорон буда, он ба манфиати давлату ҷомеаи Тоҷикистон нест.

[b]#5 Фирдавс, Кулоб 07.03.2011 06:30

Акаи Нуриддин, барои чи рузхои охир фишор болои матбуоту расонахои гайридавлати бисёр шудааст? Метавон гуфт дар инчо Хукумат дахолат дорад? Худи Шумо оё газетхои Чумхурият,Садои мардум ва Минбари халкро мехонед?Оё дар хамин газетхо ягон маводе хаст, ки ба шумо писанд ояду онро дуборву себора бихонед? Шахсан Шумо кадом газетхоро мехонед ва дуст медоред хамчун раиси Анчумани расонахои хабарии мустакил?[/b]

— Сабаби асосии фишор ба матбуоту расонаҳои ғайридавлатӣ ба мавзӯҳои доғ даст задани онҳо ва рисолати аслии хешро иҷро кардани рӯзноманигорон мебошад. Зеро, чунин мақолаю гузоришҳо ба манфиатҳои шахсию гурӯҳии ашхосе, ки дар сари қудрат ҳастанд, дахл мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо манфиатҳои давлату миллатро ниқоби худ намуда, ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва ВАО даст мезананд.

Газетаҳои ҳукуматиро аслан барои маълумот варақ мезанам, вале ҳамчун коршинос ҳамаи нашрияҳои мустақилро мутолиа мекунам. Барои тафриқа нагузоштан намехоҳам инҷо ҳафтаномаҳоро ном барам.

[b]#6 Хуршед,Душанбе 07.03.2011 07:08

Мухтарам Нуриддин Каршибоев, аз нигохи Шумо аз байни хамин кадар нашрияву хафтаномахои хам давлати ва хам шахси чопшаванда кадоми онхо ба имлои забони ширини точики диккат медиханд ва бехато менависанд? Чандтои онхоро номбар карда метавонед?[/b]

— Аслан барои ман на имло, балки мундариҷаи мақолаю гузоришҳо муҳим аст. Имрӯзҳо дар бораи риояи имлои забони тоҷикӣ баҳсҳо зиёданд. Ман низ ҷонибдори риояи имло ва забони адабӣ дар матбуоти тоҷик ҳастам.

Сухан дар бораи нашрияҳои алоҳида не, балки муаллифони мушаххас меравад, ки аз сарфу наҳв дур ҳастанд. Бино бар ба иззати нафси эшон нарасидан, аз ном гирифтани онҳо худдорӣ мекунам.

Таманно дорам, ки муаллифон тавре бинависанд, ки барои деҳқон фаҳмо ва барои олим шавқовар бошад.

[b]#7 Гурмагас 07.03.2011 21:20

Салом раис! Ба назари Шумо, аз аввали соли гузашта то имруз кадом фишоре болои расонахо бисёр чидди ва тунд буд, ки миёни рузноманигоронро то чойе тавонист шиканад?[/b]

— Миёни рӯзноманигоронро шикастан амри маҳол аст. Вале кӯшишҳои лаҷом задан ба нашрияҳои мустақил буданд. Қазияҳои судӣ нисбати ҳафтаномаҳои «Азия-плюс», «Фараж», «Озодагон», «Чархи гардун», монеаҳо дар чопи нашрияҳои «Нигоҳ», «Фараж», «Пайкон», ҳамчунин маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ аз қабили чунин кӯшишҳо аз ҷониби баъзе мақомти давлатӣ ва мансабдорони алоҳида буданд.

[b]#8 Tohiri Hhujandi 07.03.2011 21:24

Устоди азиз! Чаро вактхои ахир дар бахсхои суди хафтаномахои Точикистон харчанд далелхои раднашаванда хам пешниход кунанд, хак намебароянд? Ин далели он нест, ки судхои мо ба кадом як сохтори дигар ва ё шахсияте хизмат мекунанду «гуломи халкабаргуш»-и онхоянд?[/b]

— Мутаассифона, мақомоти судии Тоҷикистон на ҳама вақт меъёрҳои миллӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи иттилоот дуруст истифода мебаранд. Бинобар ин, нобоварӣ ба адолати судӣ ва нигилизми ҳуқуқӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад. Бинобар зиёд шудани даъвоҳои судӣ нисбати нашрияҳои мустақил фарзияҳоеро мисли андешаи шумо афзун мегардонад. Зеро, ба андешаи ман, бештари он қазияҳои маълумро то марҳалаи суд бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл кардан имконпазир аст.

Ба назар чунин мерасад, ки он даъвоҳо на ба хотири ҳақро ба ҳақдор расонидан ё тантанаи адолат, балки барои ҷазо додан ба рӯзноманигор ва муфлис намудани нашрия пеш оварда шудаанд.

[b]#9 Ситабрандом 07.03.2011 21:30

Ман як чизро то хол намефахмам. Хамин мардум чи хел одате дорад, ки кораш буд шуд, дигар аз пайи дастгири кардани кумакрасонаш намеафтад. Масалан, як шахрванд бахсаш тарики рузнома хал мешаваду чун рузнома ё рузноманигори бечораро ба чавобгари кашанд, он шахрванд ба кавли Ташриф, «юз мемонад», яъне мегурезад. Ин гуна тарс аз вучуд надоштани озодии сухан ва вучуд доштани сензураи чидди ба матбуот гувохи намедихад?[/b]

— ВАО як ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва албатта дар сурати дастгарӣ наёфтан аз ҷониби шаҳрвандон ва дигар қишрҳои ҷомеа озодии баён дар кишвар тавсеа намеёбад.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳодисаҳое ҳам рух додаанд, ки шаҳрванд барои истифода аз ҳуқуқи конститутсионияш мавриди таъқиботи судӣ қарор гирифтааст. Мисоли равшани чунин зуҳуротро дар қазияи Озодбек Хосабеков аз Кӯҳистони Бадахшон дидан мумкин аст.

Ҳамзамон, дар Тоҷикистон тибқи қонун сензура манъ аст, вале кӯшишҳои маҳдуд кардани озодии иттилоот аз ҷониби баъзе мақомот ва мансабдорони давлатӣ ба назар мерасад.

[b]#10 KOMRONCHIK 07.03.2011 22:08

Баъзе журналисто худшона ким-ки метарошанду хамкасбашона масхара мекунан бисёр вакт. Хатто пешпотийии хамкасб аз чониби хамкасб мушохида мешавад гохо. Пас вакте худи онхо муттахид нестанду паси сари якдигарро вачаб мекунанд, метавон мушкилашонро бо рохи додани маслихат осон кард? Ба фикри ман, не! Шумо чи мегуед чаноби раис?[/b]

— Мо бояд воқеияти рӯзноманигориро дар Тоҷикистон чӣ хеле, ки ҳаст, ҳамин хел қабул намоем. Албатта он зуҳуроти манфие, ки шумо хотиррасон кардед, дар ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба назар мерасад. Вале, оқилон гуфтаанд, ки «адабро аз беадаб омӯз».

Мо бо онҳое ҳамкорӣ мекунем, ки барояшон меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ арзише дорад.

[b]#11 Олими хайрхох 07.03.2011 22:10

Хамин Шумо сардори як созмони бонуфузи журналисти шуда, ба журналисто кам-кам ягон китоб таксим намекунед, ки хонда хукукхошона фахманд?[/b]

— Як самти фаъолияти мо нашри китобу рисолаҳо мебошад. Мо ҳамеша миёни журналистон ва ҳам донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ маводи заруриро тақсим мекунем. Касе зарурат дошта бошад, метавонад ба дафтари кори Анҷуман муроҷиат намояд.

[b]#12 Ситамгар 07.03.2011 22:13

Мухтарам Каршибоев! Мехохам назари Шуморо донам, ки оё ситам кардан ба журналистони точик бо хар роху восита онхоро мачбур намекунад, ки тарки ватан намоянд ва овозаи ноозод будани матбуоти точикро берун аз кишвар баранд?[/b]

— Чунин хавф ҳаст, вале ман намехоҳам, ки ягон ҳамкасби худро дар ғурбат бинам. Ин на ба манфиати давлату миллат, на ба манфиати рӯзноманигории Тоҷикистон ва на ба манфиати худи журналист аст.

[b]#13 Каламфури булгори 07.03.2011 22:17

Вакте макомот ба ВАО-и мустакил фишор меоранд ва гунохи худро ба гардани онхо бор кардани мешаванд, гайр аз истодагариву мукобилият дигар рох надоранд журналистон? Намешавад, ки бо он макомоти фишоровар «сухбати дустона» кунанд ва дигар танкидашон накунанд? Ё нангашон меояд?[/b]

— ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳамеша барои гуфтушунид ба хотири ҳаллу фасли мушкилот дар фазои иттилоот тайёранд. Вале, чунин ирода аз ҷониби масъулини ҳукумат ва мақомоти дигари давлатӣ эҳсос намешавад. Зеро, ба андешаи ман, тасмими пешгирифтаи онҳо асоси қонунӣ надорад.

[b]#14 Каламфури тезак 07.03.2011 22:21

Эха, ин бародар як тарсончаке будаст ки… Дар хакикатан каламфури балгарский будаст. Устод Каршибоев, хамихели тарсончакора як боб карда монед чи!? Охир, мешавад дар миёни чомеа зиндаги кардаву ранчи мардумро дида ва худро ба нодони задан? То кай тахти дудаки кадом як амалдор мераксем?[/b]

— Албатта дар ҷомеа зиндагӣ карда, аз он берун буда наметавонем. Вале тазаккур бояд диҳам, ки ВАО ва ҳукумат рисолати худро бояд софдилона иҷро намоянд. Ҳамзамон ҳукумат бояд шаффофияти фаъолияти худро таъмин намуда, дар назди ҷомеа ҳисобот бидиҳад.

Як чиз мусаллам аст, ки ҳукумат бояд ба халқ хизмат кунад, на ҷабре ба шаҳрвандон раво бинад.

[b]#15 Самеъчон 07.03.2011 22:31

Салом Устод! Шумо дар мавриди изхороти вазири мудофиа Ш. Хайруллоев чи назар доред, ки як вакт журналиcтхоро «ёрдамчии террористхо» ном бурда буд? Масалан маро хеч боварам намеояд, ки онхо ба террористон кумак карда бошанд. Баръакс дида будам, ки нашрияхои мустакили «Нигох», «Пайкон», «СССР», «Озодагон», Фараж», «Миллат» ва гайрахо хам рисолати худ ва хам рисолати нашрияхои расмии давлатиро ичро карда, аксхои фирориёнро пурра чоп карданд, то мардум онхоро шинохта ба Кумитаи амният хабар диханд. Пас чунин гунахкоркунии вазири як вазорати машхур гунахкоркунии беасос нест?[/b]

— Даъвоҳои вазири мудофиа асоси қонунӣ надоштанд. Мо ду маротиба ба унвони вазир мактуб ирсол дошта, талаб намудем, ки дар изҳороти худ кадом рӯзноманигорон ё нашрияҳоро дар назар дошт, бигӯяд, то мо ин қазияро баррасӣ намоем.

То имрӯз мо ба муроҷиати худ ҷавоб нагирифтем ва ният дорем, ки барои ҳалли ин масъала ба суд муроҷиат намоем.

[b]#16 Че Гевара 08.03.2011 01:06

Мухтарам раис! Сабаби худдори кардани чопхонахоро аз чопи чанд нашрияи мустакили кишвар, ки чанде пеш ба миён омада буд, дар чи мебинед?[/b]

— Ба андешаи ман, чопхонаҳои хусусӣ дар фаъолияти худ камбудиҳо доштанд ва мақомоти давлатӣ аз онҳо ҳамчун фишанг истифода бурданд. Бинобар ин фишор чопхонаҳо аз чопи нашрияҳои мустақил, ки ба табъи мансабдорони давлатӣ намефорид, худдорӣ намуданд.

[b]#17 Mohirabonu 08.03.2011 01:09

Лутфан мегуфтед, ки дар холати ягон нофахми хатар бештар ба журналисти мард тахдид мекунад ё ба журналисти зан? Ва химояи кадоме аз ин ду чинс осонтар аст?[/b]

— Барои мо ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои журналистон, новобаста аз ҷинсашон, баробар аст. Боиси ифтихор аст, ки дар сафи рӯзноманигорон занону духтарони боҷуръат зиёд ҳастанд. Ҳамзамон, бояд тазаккур диҳам, ки ҳимояи ҳуқуқӣ дар асоси муроҷиати ВАО ё худи журналистон ба роҳ монда мешавад.

[b]#18 Хучанди 09.03.2011 07:31

Салом чаноби Каршибоев! Аввалан бароятон сарбаланди ва муваффакият мехохам!

1. Чаро чанд хизби сиёси кудрати як рузнома ва ё кудрати бозкушоии сайти электрониро(хол он ки барои кушодани сайт маблаг то чое зарур нест) надоранд?

2.Ба фикри шумо кадоме аз хизбхо аз ВАО хуб истифода мебаранд?

3.Оё ислом барои рушди давлати милли мо зарурат дорад? Агар ха зарураташро дар чи мебинед?

4.Чаро дар интихоботхо хамчун номзад иштирок намекунед?

5. Пас аз нав шудани раиси КМИР дигаркунии чиддиро дар интихоботхо интизори доред?[/b]

— Суоли аввалатон ба роҳбарияти аҳзоби сиёсӣ дахл дорад, вале ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ташкили ҳизб ва ҷалби ҷонибдорон бидуни нашрияи ҳизбӣ амри маҳол аст. Дар Тоҷикистон ду ҳизб — ҲНИТ ва ҲХДТ аз ВАО хуб истифода мебаранд.

Тибқи конститутсия дин аз давлат ҷудо аст. Вале, қариб 99% шаҳрвандони Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом ҳастанд. Арзишҳои исломӣ ба рушди демократии ҷомеа набояд халал ворид созанд. Ҳама чиз ҳад дорад. Аз ҳад ки гузашт, паёмади номатлуб меорад. Ин мавзӯи баҳси алоҳида аст.

Ман дар интихобот иштирок намекунам, зеро ба шаффофияти он шӯбҳа дорам. Ба андешаи ман, аз нав таъин шудани раиси КМИР боиси тағйироти куллӣ намегардад, зеро низоми интихобот бетағйир мемонад.

[b]#19 Дарвеш 09.03.2011 12:49

Салом огои Н. Каршибоев. Аввалан аз шумо ва хама хамкоронатон, ки дар раванди озодии баён накши арзанда доред, сипосгузорам. Оё Шумо аз мухтаво ва холати феълии васоити ахбори мустакил розиед? Чаро як навъ хамкори байни васоити ахбори мустакил ва хизбхои сиёси ва хоссатан ХНИТ, ки максади хар ду чониб расидан ба як чомеаи шахрванди ва нишон додани камбудихои чомеа аст, вучуд надорад? Баръакс, мутаассифона, баъзе холатхо дар ивази хамкори якдигарро маломат мекунанд. Оё таквият ёфтани ахзоби сиёси дар сохаи васоити ахбор ба фоидаи чомеаи мадани нест? Ба фикри шумо кадом хизб дар ин соха рушди бештар кардааст? Ба фикри шумо, оё вакте нарасидааст, ки аксарияти нашрияхои расми ва хоссатан махалли ки то хадде фаслнома шудаанд мутаваккиф шаванд? Чаро хукумати «демократи»-и мо барои рушди амнияти иттилооти кишвар ба нашрияхои мустакил фонд чудо намекунад? Шод бошед.[/b]

— Мӯҳтаво ва ҳолати феълии ВАО беҳбудӣ металабад. Ин кори якрӯза нест. Дар бораи ҳамкории ВАО ва дигар қишрҳои ҷомеа дар боло ҷавоб гуфтем. Ҳамзамон, гуфтанӣ ҳастам, ки таҳкими бисёрҳизбии воқеӣ дар ҷомеа боиси плюрализми афкор мегардад.

Дар истифодаи ВАО дар фаъолияти худ ҲНИТ баъд аз ҲХДТ бештар муваффақ аст.

Мо ҷонибдори ислоҳот дар низоми ВАО дар кишвар ҳастем, ки ба истифодаи пурсамари маблағҳои буҷа дар соҳаи матбуот мусоидат хоҳад кард. Мо мутмаинем, ки дастрасии ҳама гуна ВАО новобаста аз шакли моликияташон ба маблағҳои буҷавӣ баробар бошад. Фақат дар ҳамин ҳолат мо метавонем ба ғанӣ гардидани фазои иттилоотии ҷумҳурӣ муваффақ гардем.

[b]#20 Karimjon 09.03.2011 12:59

Ассалому алайкум. Нашрияи «Начот»-ро дар мукоиса бо дигар нашрияхои мустакил чи хел бахо медихед? Камбудихои аслии ин нашрия дар чист? Аксари додгоххо ва ниходхои тафтишоти тахти фишори хукумат хукмхои бетарафона намекунанд? Агар латукуби Х. Сайфуллозода (сардабири Начот)-ро ангезахои гайри сиёси эълон кунанд, дар он вакт шумо чи кор хохед кард? Зеро чи хеле медонем, хукмхои додгоххо нисбати нашрияхои мустакил аслан одилона нестанд. Барои дифоъ аз хукуки журналистон як чахон ташаккур ва дуо мекунем, ки Худованд Шуморо дар панохаш нигох дорад.[/b]

— «Наҷот» нашрияи хуби ҳизбӣ мебошад, ки рисолати аслии хешро иҷро менамояд. Набудани плюрализми воқеӣ дар саҳифаҳои ин нашрия ба андешаи ман камбудии аслии «Наҷот» аст.

Мо Ҳикматулло Сайфуллоҳзодаро ҳамчун ҳамкасби худ, сардабири «Наҷот» эътироф мекунем ва барои ҳифзи ҳуқуқи ӯ овоз баланд кардем. Мо ба ангезаи сиёсии ин қазия кордор нестем. Қазияи Сайфуллоҳзода бояд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси қонун ҳамаҷониба тафтиш карда шавад ва гунаҳкорон тибқи қонун ба муҷозот кашида шаванд. Ният дорем, ки ин қазияро пайгирӣ кунем ва дар сурати зарурат ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода кӯмаки ҳуқуқӣ расонем.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12314&Itemid=30

МУЛОҲИЗАҲО ДАР РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

11 март, Рузи матбуоти Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад то дар бораи чолишҳое, ки рӯзноманигорони саросари ҷаҳон рӯ ба рӯ мешаванд, андеша кунем. Рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон бо майлу рағбати худ ба рӯшани андохтан ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фарқ мекунанд. Дар тӯли 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон хабарнигорони тоҷик лаҳзаҳои ҷангу сулҳро мустанад карданд, масоили иҷтимоию иқтисодиро таҳқиқ мекарданд ва аҳли ҷомеаро аз ҳодисаҳои сиёсӣ воқиф менамуданд. Аксари онҳо ҷасурона мавзӯъҳоеро бардоштанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон аҳамияти калон доштанд.

Кори хабарнигорони мустақили Тоҷикистон ба мо аз нақши муҳими воситаҳои ахбори умум дар рушди ҷомеаҳои солиму огоҳ, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки воситаҳои ахбори умуми он ба шаҳрвандон ва масъулини ҳукумат минбарерро барои мубодилаи иттилоот ва афкор фароҳам меоранд ва онҳоро ба мунозираи солим ҷалб менамоянд, ёдовар мешавад. Ислоҳоти Якуми Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида қонунҳоеро, ки озодии суханро маҳдуд мекунанд, манъ мекунад ва ҳамин тариқ рӯзноманигорони амрикоиеро, ки роҳбарони сиёсии моро, аз ҷумла то ба сатҳи Президент ва худи онро зери танқид мегиранд, ҳимоя мекунад. Гузоришдиҳии ҷасурона ва мустақил ҳукумати моро бо ҷомеаи мо мепайвандад. Рӯзноманигороне, ки масъалаҳоро ошкор мекунанд ва афкори аҳли ҷомеаро нисбати онҳо пешкаш менамоянд, ба роҳбарони мо иттилоотеро дастрас менамоянд, ки онҳо метавонанд барои ҳалли беҳтари масъалаҳои мубрами интихобкунандагони худ истифода баранд.

Рӯзноманигорони ИМА дар рушди давлати мо нақши марказиро мебозанд. Онҳо фасоди ҳукумати моро фош мекунанд, сӯйъистеъмолҳо аз мансабро мустанад мекунанд ва ба сиёсати давлатӣ таъсир мерасонанд. Гузоришҳои мустақими хабарнигорони амрикоӣ аҳли ҷомеаро аз ҷанги Ветнам ва Ҳаракати ҳуқуқҳои гражданӣ воқиф намуда онро ба фишороварӣ ба ҳукумат ҷиҳати тағйир додани сиёсати худ ҳидоят намуданд. Дар солҳои 1970 хабарнигорони ҷасур сӯйъистеъмолҳо аз мансабро дар Қасри сафед ошкор намуданд, ки ин боиси истеъфои Президент Никсон гардид. Мансабдорон танқидро дӯст намедоранд, аммо додгоҳҳои мо мунтазам аз ҳуқуқҳои хабарнигорон ба гузоришдиҳӣ ва танқиди амалҳои ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Хабарнигорони амрикоӣ кори масъулини давлатӣ ва ходимони ҷамъиятиро мунтазам бе ҳарос аз даъвоҳои судӣ ва таъқибкунӣ зери танқид мегиранд. Мо мутмаинем, ки чунин фазои озод барои мунозираҳои озод муҳити солимеро фароҳам меорад ва барои ибрози манфиатҳои ҷомеа манбаъи созандагиро таъмин мекунад.

Тибқи таҷрибаи мо хабарнигорон дар назорат, пурсиш ва гузоришдиҳӣ дар бораи фаъолияти ҳукумат, фошкунии қонуншиканиҳои эҳтимолӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон барои амалҳои онҳо нақши муҳим мебозанд. Соли 1997 хабарнигорони шаҳри Ню-Йорк ҳодисаи зишти ваҳшонияти кормандони пулисро нисбати муҳоҷири Ҳаитии Абнер Луима сабт карда буданд. Рӯзноманигоре, ки дар ин бора мақолае ба табъ расонд барои шарҳи мумтози ҳамлаи мазкур ба Ҷоизаи Пулитсер ноил шуд. Кормандони гунаҳкори полис боздошт шуда барои амалҳои худ маҳкум шуда буданд. Асосан ба шарофати кори хабарнигороне, ки аҳли ҷомеаро аз рӯйдод воқиф сохтанд, сардори кормандони полис ба 30 соли маҳбас маҳкум шуда буд. Аммо якчанд мавридҳое низ ҷой дошта буданд, ки масъалаҳое, ки дар воситаҳои ахбори умум пахш шуда буданд аз ҷониби мақомоти давлатӣ рад шуданд ва расонаҳои хабарӣ гузоришҳои пештараи худро ислоҳ карданд. Ин гуна ҳодисаҳо дар мавридҳои кам то додгоҳ расонида мешаванд. Ҳукумати мо дарк кардааст, ки барқарор намудани робитаҳои зичи мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори умум ва доштани кормандони мутахассиси робитҳо бо ҷомеа, ки хабарнигоронро бо иттилоот дар бораи фаъолияти онҳо таъмин мекунанд, ҳам ба манфиати аҳли ҷомеа ва ҳам ба манфиати худи он аст.

Кори хабарнигорон ҳеҷ гоҳ осон нест. Чун соли 2010 Котиби давлатӣ Клинтон ба муносибати Рӯзи байналмиллалии озодии воситаҳои ахбори умум қайд кардааст, «хабарнигорони ҷасури саросари ҷаҳон баҳри таъминнамоии иттилооти озод дар бораи амалҳои ҳукумат ва оқибатҳои онҳо, гузоришдиҳӣ аз минтақаҳои зимни низоъ қарор дошта, фошкунии ҷиноёт, фасод ва қонуншиканиҳо ва ошкоркунии мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон – ин ҳама дар мавридҳои алоҳида бо вуҷуди кӯшишҳои ҳукуматҳо ва ҷонибҳои дигар ҷиҳати назорат аз болои он чизе ки одамон мехонанд, мешунаванд ва фикр мекунанд, озодӣ ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.»

Дар Тоҷикистон, хабарнигорони мустақил сарфи назар аз рӯ ба рӯшавӣ бо аксари ин чолишҳо дар бораи масъалаҳои муҳим гузориш медиҳанд. Ба расонаҳои чопӣ хадамотҳои хабарии электронӣ, блогҳо ва форумҳои интернетӣ ҳамроҳ шуданд. Фишороварӣ ба хабарнигорон фазои тарсу ваҳмро ба вучуд меорад, ки боиси худдории онҳо аз интишори маводҳои муҳим аз тарси он мешавад, ки онҳо ё расонаҳои хабарии онҳо мавриди ҷазо қарор мегиранд. Ба аҳли ҷомеа он вақт хизмати беҳтар расонида мешавад, ки мансабдорон дар мавриди асоснокии масъалаҳои дар расонаҳои хабарӣ бардошташуда тадбирҳои ислоҳӣ андешанд то онҳоро ҳал намоянд. Ин беҳтар аз истифодаи системаи судӣ барои тарсонидани хабарнигорон ва фурӯ нишондани паҳншавии иттилоот аст.

Мо итминон дорем, ки барои тақвияти расонаҳои мустақили хабарӣ ҳукумат бояд ба масъулин ва шаҳрвандони худ паёми возеҳ фиристад, ки фишороварӣ ба хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ номақбул аст ва таҳаммул карда намешавад. Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки воситаҳои ахбори умуми мустақили нерӯманд, ки дар гузоришдиҳӣ дар бораи фаъолияти ҳукумат озоданд, қисми таркибии ҳаётан муҳими пешбарии инкишофи ҷомеаи солим, демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд мебошад. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо ҳукумат, ҷомеаи воситаҳои ахбори умум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таҳкими воситаҳои мустақили ахбори умум дар Тоҷикистон астем.

[b]Кен Гросс
Сафири ИМА дар Тоҷикистон[/b]

Источник:

Забондонон аз матлаби «Озодагон» таҳқир ёфтаанд

[b]Додгоҳ мегӯяд, ин таҳқирро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академяии улум дарёфтааст, ҷавобгарон мухолифанд.[/b]

Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфта, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд.

Амриддин Сафоев аз тафсили мавзӯъ ба рӯзноманигорон худдорӣ кард. Аммо ба гуфтаи вакилони дифоъ, масъала ин аст, ки Солеҳҷон Ҷӯраев зимни як номаи хусусӣ ба раиси Додгоҳи Олӣ, ки нашр нашудааст, яке аз додрасҳоро «майпараст» унвон карда, нашрияи «Озодагон» дар баробари ӯ ибораи «аз тарс маҷбуран»-ро истифода кардааст.

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъи «Фараж» ва «Озодагон» гуфт, ташхисро нашрияҳо ғайри қобили қабул меҳисобанд, зеро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон расман салоҳияти чунин ташхисро надорад: «Идорае, ки коргаронаш ин ташхисро анҷом додаанд, расман муассисаи ташхиси давлатӣ нест, яъне кормандонаш коршинос маҳсуб намешаванд. Барои мо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё онҳо иҷозатномаи махсус барои додани хулоса доранд ё на.»

Дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон ҳеҷ кас омода нашуд, масъаларо шарҳ диҳад. Аммо Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, ин пажӯҳишгоҳ аз додгоҳ расман дархост кардааст, ки исми афроди ташхисгарро ошкор накунад ва онҳоро ба додгоҳ эҳзор нанамояд.

Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои «Фараж», «Озодагон», «Азия-плюс» ва додрасҳои Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа замоне аз сар гирифта шуд, ки дар ин муддат маводи баҳсангези нашрияҳо дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон аз пажӯҳиши лингвистӣ гузаштааст.
Амриддин Сафоев, додраси парванда далели тӯл кашидани ин баҳсро ин гуна шарҳ дод: «Дар ҳама расонаҳо эълон шуда буд, ки маводи нашрияҳо ба ташхис фиристода шудаанд. Рӯзи 28 мо натиҷаҳоро гирифтем ва имрӯз корро сар кардем.»

Баҳси вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев, «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-плюс» аз як ҷониб ва се додрас аз додгоҳи Олии Тоҷикистон ва додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 2010 оғоз шуда буд.

Сабаби баҳс нашри як матлаби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифои 31 сокини Исфара дар нашрияҳои мазкур буд, ки ахириҳо ба ҳамдастӣ бо Низомхон Ҷӯраев, собиқ сарвари корхонаи кимиёи Исфара муттаҳам шуда, ба мӯҳлатҳои тӯлонии ҳабс маҳкум шудаанд.

Дар ин матлаб додрасҳо ба содир намудани ҳукми ноодилона муттаҳам мешаванд, аммо дар сӯҳбати хос ба вакили дифоъ гуфтаанд, ки ин корро бо супориш кардаанд.
9 моҳи қабл маводи ин нашрияҳо ба ташхиси лингвистии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон фиристода шуда, инак, ташхис анҷом ёфт ва аз се нашрия танҳо яке — «Озодагон» ҳамҷавобгари Солеҳҷон Ҷӯраев боқӣ монд.

Аммо Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, ҳамроҳ бо «Азия — плюс» аз «Озодагон» дифоъ хоҳанд кард: «Он иборае, ки «Озодагон» истифода бурдааст, дар «Фараж» ва «Азия — плюс» ҳам ҳастанд. Ин ҷо шояд ягон хатои техникӣ рафта бошад»

Дар ҳамин ҳол, шурӯи баррасиии додгоҳӣ баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа бидуни ширкати Солеҳҷон Ҷӯраев ва даъвогарон сурат гирифт ва додрас пас аз машварат 14 мартро санаи навбатии баррасӣ муайян кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2328128.html

Вокунишҳо ба тарҳи таъсиси нахустин радиои ҳизбӣ

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба таъсиси як радиои ҳизбӣ омодагӣ мегирад.

Пешниҳоди таъсиси радиои ҳизбӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҲХДТ матраҳ шуда ва дар ин замина қарор аз сӯи раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст.

Гуфта мешавад ҳадаф аз роҳандозии ин радио таблиғ ва ташвиқи густардаи ормонҳои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷомеаи кишвар ва бахусус дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки ба баргузории он то ду соли дигар фурсат мондааст.

Ва аммо ин тасмим дар ҳоле садо медиҳад, ки аҳзоби дигари кишвар барои роҳандозии радио ва телевизионҳои худ дучори мушкил шуда масъалаи дарёфти муҷаввиз низ барои ин навъи фаъолият ба як мушкилии дигар табдил ёфтааст.

Вокунишҳо ба таъсиси радиои ҳизбӣ

Ташкили радиои алоҳида ба манзури пур кардани холигоҳи фазои иттиллоотӣ ва ҳарчи бештар таблиғ кардани ақида ва иқдомоти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар миёни ҷомеа сурат мегирад.

Усмон Солеҳ-мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти ҲХДТ рад накард, ки ин иқдом дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пиёда мешавад ва ҳадафи ҳизб аз роҳандозии радиои алоҳида ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ва муваффақ шудан ба пуштибонии онҳо дар ин интихобот аст.

Ва аммо дар ҳоле, ки ҲХДТ барои тарвиҷ ва таблиғи ақида ва аҳдофи худ тавассути расонаҳои расмӣ низ мушкилӣ надорад ва аз сӯи дигар дар куллияи манотиқи кишвар низ нашрияҳои он ба чоп мерасанд барои таъсиси радиои алоҳида чӣ зарурат пеш омадааст. Усмон Солеҳ мегӯяд дар шароити имрӯзи Тоҷикистон на ҳама имкони харидорӣ ва обуна шудан ба нашрияҳои ҳизбиро доранд. Аз ин ҷиҳат истифода аз расонаҳое чун радио барои аҳзоби сиёсӣ аҳамияти бештар дорад.

Тасмими ташкили радиои алоҳида аз сӯи ҲХД дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоӣ наметавонанд як чунин расонаҳоро фаъъол созанд.
Воҳидхон Қосиддинов- муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки ҳизби онҳо аз панҷ соли пеш барои роҳандозии радио ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муроҷиат кард. Вале аз сӯи ин кумитаи посухи мусбат дарёфт накарданд.

Дар ин миён бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ ва афроди алоҳид низ натавонистаанд барои роҳандозии радио муҷаввиз дарёфт кунанд. Нуриддин Қаршибоев- раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз мавридҳое ёдовар шуд, ки бархе аз афрод, ки бо пуштибонии созмони Интернюс таҷҳизоти зарурӣ барои ташкили радиои мустақилро дарёфт карда буданд ба муҷарради дастрас накардани муаввиз натавонистанд ба фаъолият шурӯъ кунанд:

Масъулони ҲХДТ ба ин назаранд, ки дар гирифтани муҷаввизи пахш зоҳиран шубҳае надоранд ва онҳо мехоҳанд дар қадами аввал барномаҳои радиоии ин ҳизб дар манотиқи наздимарзӣ ва шаҳри Душанбе пахш шавад ва бо пайдо кардани сарчашмаҳои молӣ ин барномаҳо тамоми кишварро таҳти пӯшиш қарор хоҳад дод.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2327618.html

Таваҷҷӯҳи бесобиқа ба ҳаводиси кишварҳои хориҷӣ

[b]Тайи ҳафтаҳои ахир расонаҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа ба пӯшиши густардаи хабарҳои хориҷӣ аз шимоли Офриқо ва Ховари Миёна пардохтанд.[/b]

Баъзеҳо мегӯянд, далели таваҷҷӯҳи бесобиқаи расонаҳои тоҷикӣ ба инқилобҳои кишварҳои шимоли Офриқо ва Ховари Миёна вуҷуди шабоҳатҳо миёни Тоҷикистон ва ин кишварҳо будааст.

Масъулони нашрияҳои мустақилли маҳаллӣ мегӯянд, ки матраҳ шудани ин савол дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон, ки оё дар ин кишвар низ эҳтимоли оғози нооромиҳои мушобеҳ вуҷуд дорад ё хайр, онҳоро водор ба пайгирӣ ва таҳлили ҳаводиси инқилобӣ кардааст.

Аммо ин нукта низ таъкид мешавад, ки расонаҳои чопӣ ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон аз пӯшиши амиқи инқилобҳо дар ҷаҳони араб худдорӣ кардааст.

[b]»Расонаҳои давлатӣ намехоҳанд таҳрик кунанд»[/b]

Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори мустақил, мегӯяд расонаҳои давлатӣ барои тасвир накардани воқеъоти кишварҳои арабӣ далоили мушаххас доранд.

Вай мегӯяд: “Сабаби камтаваҷҷӯҳии расонаҳои ҳукуматӣ ба ин мавзӯъ ба назарам як навъ канораҷӯйии онҳо аз пӯшиши воқеъаҳое аст, ки метавонад норизоияти мардуми Тоҷикистонро, ки зиндагиашон шабеҳи зиндагии кишварҳои инқилобзада аст, таҳрик кунад.”

Дар ҳамин ҳол намояндагони телевизиюни давлатии Тоҷикистон нахостанд ба таври расмӣ дар ин мавзӯъ шарҳе ба мо ироа кунанд.

Аммо як масъули ин телевизиюн бидуни ифшои номи худ гуфт: “Тоҷикистон мустақил аст, агар хоҳад пӯшиш медиҳад, нахоҳад пӯшиш намедиҳад. Модоме, ки ки худи телевизиюни Либӣ рақсу суруд нишон медиҳад ва ин ҳодисаҳоро нишон намедиҳад, чаро мо нишон диҳем?”

Ин дар ҳоле аст ки телевизиюни Алҷазира, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояш фаъолияти онро намуна барои рӯзноманигорон дониста буд, муваффақтарин расона дар пӯшиши таҳаввулоти ахири Ховари Миёна ва Шимоли Офриқо хонда шудааст.

Ҷолиб ин аст, ки намоиши консертҳо ва барномаҳои тафреҳӣ ва барномаҳои таблиғоти сиёсати давлат бахши умдаи барномаҳои телевизиюни Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва сокинони кишвар барои дарёфти хабарҳои олтернотив ва доғи ҷомеъа ва ҷаҳон бештар ба расонаҳои мустақил ё хориҷӣ муроҷеъа мекунанд. Бо таваҷҷух ба ситоиши раҳбари Тоҷикистон аз фаъолияти телевизиюни Алҷазира эҳтимолан ӯ низ хабарҳоро аз расонаҳои хориҷӣ дунбол мекунад.

Аммо нашрияҳои мустақили шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа ба пӯшиш, баррасӣ ва таҳлили густардаи ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар ҳафтаҳои охир пардохтанд.

[b]Расонаҳои Русия таъсиргузор буд?[/b]

Абдуфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози барномаҳои мониторинги Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки аксари таҳлилҳое, ки дар робита ба ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар расонаҳои ин кишвар пешниҳод шуд, аз таъсири “диди” расонаҳои Русия ба ин ҳаводис орӣ набуд.

Вай мегӯяд: “Вақте мо ин ё он нашрияи русиро мехонем, мо медонем, ки он матлаб мутобиқи ҳадафҳои Русия аст, агар нашрияи эронӣ мутолеъа кунем, бояд дар назар дошта бошем, ки он ҷо ҳаводис аз диди манофеъи давлати Эрон пӯшиш меёбад. Аз бас, ки бештари таҳлилгарон ва хабарнигорони мо забони русиро беҳтар медонанд, назарҳои онҳо дар бораи ҳодисаҳои ҷаҳон низ пас аз мутолеъаи расонаҳои русӣ шакл мегирад.”

Оқои Воҳидов афзуд: “Дар маҷмӯъ мехоҳам бигӯям, ки воқеъаҳои кишварҳои арабӣ густарда пӯшиш меёбад ва ман ҳеҷ маҳдудияте дар инъикоси ин воқеъаҳо эҳсос накардам.”

Дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов, рӯзноманигор ва сардабири нашрияи “Нигоҳ”, бо оқои Воҳидов дар мавриди таъсир гирифтани нашрияҳои Тоҷикистон аз Русия дар пӯшиши хабарҳои ҷаҳонӣ ихтилофи назар дорад.

Оқои Дӯстов мӯътақид аст, ки дар се соли ахир нашрияҳои мустақилли дохилии Тоҷикистон дар заминаи пӯшиши таҳаввулоти ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза пешрафт карданд ва нақши расонаҳои форсизабони хориҷӣ ба монанди Озодӣ ва Би-би-сӣ дар ин замина чашмрас будааст.

Вай мегӯяд, дар солҳои ахир дар фаъолияти нашрияҳои тоҷикӣ ду раванди асосӣ дар робита ба пӯшиши масоили хориҷӣ ташаккул ёфт.

[b]»Бурди» расонаҳои тоҷикзабон[/b]

Оқои Дӯстов гуфт: “Якум ин, ки тақрибан ҳамаи нашрияҳо дар инъикоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаъол шуданд ва дар пӯшиши ин масоил манфиъати Тоҷикистонро дар назар мегиранд. Раванди дуввум ин, ки расонаҳои тоҷикзабон дар заминаи ҷалби хонанда бар нашрияҳои русизабон, ғалаба карданд.”

Оқои Дӯстов мутмаъин аст, ки пӯшиши хабарҳои кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Офриқо дар расонаҳои мустақили Тоҷикистон тавоноии расонаҳои мустақили тоҷикро ба намоиш гузошт.

Рашид Ғанӣ, коршиноси мустақил, низ дар бораи муваффақияти нашрияҳои тоҷикзабон дар рақобат бо нашрияҳои русизабон дар чанд соли охир ишора кард ва гуфт, ки “Ин муваффақият ба хотири ин ба даст омад, ки дар нашрияҳои тоҷикзабон, эҳсосоти миллат ва ватандӯстӣ бештар садо медиҳад.”

Нашрияи тоҷикзабони “Миллат”, ки маъмулан барои баррасии мавзӯъоти доғи рӯз, ки дар маркази таваҷҷӯҳи нашрияҳо қарор дорад мизи гирд баргузор мекунад, барои баррасӣ ва таҳлили нооромиҳо ва инқилобҳо дар кишварҳои арабӣ низ чунин нишаст баргузор кард.

Табодули назарҳо, ки дар ҷараёни сӯҳбати ин мизи гирди мавсум ба “Тазоҳуроти Миср ва ҷаҳони Араб чӣ таъсир ва паёмаде метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дошта бошад?” садо дод, сипас дар сафҳаи нашрия ба чоп баромад.

[b]Таҳлили шабоҳат ва таъсирот [/b]

Толиб Саъидзода, аз масъулони нашрияи “Миллат”, гуфт, таваҷҷӯҳи мардуми Тоҷикистон ба инқилобҳои кишварҳои арабӣ ба хотири бархе аз шабоҳатҳои вазъияти мардумони ин кишвар зиёд аст.

Вай гуфт дар Осиёи Миёна низ бархе аз раисони ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ дар қудрат буда ва мехоҳанд “умри сиёсии худро тавассути тағйири қонунҳо дарозтар кунанд.”

Оқои Саъидзода афзуд: “Раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна бояд аз ҳаводиси Миср ва дигар кишварҳои ошӯбзада сабақ бигиранд ва роҳро барои мардумсолорӣ боз кунанд.”

Рашид Ғанӣ пӯшиши хабарҳои кишварҳои арабӣ дар расонаҳои мустақили Тоҷикистонро баҳои мусбат дод, аммо гуфт, ки “таҳлилҳо метавонистанд ва мебоист амиқтар ва фарогиртар мешуданд.”

Аммо вай афзуд: “Расонаҳо ҳоло ҳам ба таври лозим рушд накардаанд. Теъдодашон кам аст ва ҳунӯз ҳам гирифтори мушкили “дар рӯйи об мондан” ҳастанд. Рӯзноманигорони дорои дониши иқтисодӣ ва сиёсӣ низ камтар дорем.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110301_sq_taj_press.shtml

Р.Мирзобекова: “Иттилоъ намедиҳанду мегӯянд “ноҳаққед”

[b]Баҳси «Азия-Плюс» ва Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар додгоҳ идома дорад.[/b]

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати мазкур ҳафтаномаи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, гуфтааст, дар мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия?», ки ин нашрия чоп кардааст, ӯ ва кормандони раёсати ӯ тавҳин ва тӯҳмат шудаанд.

Муаллифи ин мақола Рамзия Мирзобекова аст. Вале ин танҳо матлаби рӯзноманигор нест, ки боис ба баҳсҳои додгоҳӣ шудааст.

Ҳамчунин чанд матлаби дигари хонум Мирзобекова боис ба ифтитоҳи парванда алайҳи ин нашрия ва худи муаллиф шудааст. Мо низ сӯҳбатро аз мақолаҳои “ҷангҷолӣ”-и ӯ оғоз кардем.

[b]»ҶАВОБГАРИ АСОСӢ»[/b]

Яке аз ин навиштаҳо «Адвокат уполномочен заявить» унвон дорад. Ин матлаб дар бораи сарнавишти гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Исфара, ки аз ҳукми додгоҳ алайҳи бастагонашон норозӣ буданд, ҳикоят мекунад. Он гуна ки огоҳед, ин як парвандаи хеле пурсарусадо буд, ки ба он таваҷҷӯҳи тақрибан тамоми расонаҳо ҷалб шуд. Мурофиаи он ҳозир дар як ҳолати номуайян қарор дорад. Мақоларо ба экспертиза ё ташхиси лингвистӣ ба Институти забон ва адабиёт равон кардаанд, то дар он ҷо бифаҳманд, ки дар ин мақола аз тавҳин ва таҳқир кор гирифта шудааст ё хайр. Чунки онҳо шикоят кардаанд, ки гӯиё нисбат ба онҳо дар ин мақола таҳқир раво дида шуда, шаъну шарафи онҳо паст зада шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар дасти ташхис аст.

«Охота на валютчиков» навиштаи дигарам дар бораи сарнавишти коргарони нуқтаҳои табодули пули пойтахт сӯҳбат мекард. Як вақт чунин ҳолатҳое пеш омада буд, ки «валютчик»-ҳоро ғорат ва ҳатто нобуд мекарданд ва як куштор дар маркази шаҳр низ рух дода буд.

Ниҳоят мақолаи сеюм «Следствия или инкивизитсия?» аст. Нисбат ба ин мақола низ ба додгоҳ муроҷиат карданд. Ин баҳс ду маротиба мурофиаро пушти сар кард. Дар мурофиа аввал салоҳияти Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияро эътироф накарданд ва мебоист Умед Бобохонов, роҳбари «Азия-Плюс» иштирок мекард. Вале чун дар мурофиаи дуюм Мамадшоев ваколатномаро пешниҳод кард, нисбат ба имзои сармуҳаррири мо шубҳа пайдо шуд. Додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки онро таҳқиқ кунад, то дурустӣ ва ё ҷаълӣ буданаш ошкор шавад. Аммо дар ин навбат тарафи даъвогар дархост кард, ки маро ҳамчун ҷавобгари асосӣ бишиносанд ва рӯзнома ҳамҷавобгар дониста шавад. Мурофиа то чанд муддат ба ақиб андохта шуд.»

[b]МАҚОЛАҲОИ «ЗАКАЗНОЙ»[/b]

[b]Суол:[/b] Бархе бар ин боваранд, ки ҳоло муносибат ва бархӯрд бо матбуот ба унвони як тараф сурат мегирад, на ҳамчун як рукни собиту доимиву зарурии ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ба назари Шумо, чаро чунин вазъ пеш омадааст?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Фикр мекунам, ин аз он ҷиҳат аст, ки ашхоси мансабдори мо ба қабули танқид омода нестанд ва таҳаммул надоранд, ки танқид бишаванд. Агар журналист дар чаҳорчӯби рисолати касбӣ ва масъулияти шаҳрвандие, ки дорад бихоҳад таваҷҷӯҳро ба ягон мушкил ҷалб созад, натиҷа тавре мешавад, ки ба худаш проблема сохтааст. Яъне ашхоси мансабдор ба ҳалли мушкил диққати худро ҷалб намекунанду аз рӯи мақоли русӣ «лучшая защита это нападение» амал мекунанд. Баъзе вақт ҳатто дар гирдоби гумону шубҳа афтода мегӯянд, ки ин мақолаи шумо «заказной» ё фармоишӣ буд.

Ин қабил ҳарфҳоро журналистҳо бисёр мешунаванд. Шояд ин ашхоси мансабдор хоҳиши ҳал кардани он мушкилотро надоранд ё наметавонанд ҳал кунанд. Аз тарафи дигар, онҳо маҷбуранд, ба ин ҳарфҳо посух гӯянд. Зеро амри раисҷумҳур чанд сол пеш содир шуда буд, ки мансабдоронро маҷбур мекард ба матолиби матбуот посух диҳанд. Аз ин рӯ, ҷавобашон ҳамин хел мешавад. Миллион сомонӣ ҷуброн талаб мекунанд. Медонанд, ки ин як кори ношуданӣ аст, рӯзномаҳо чунин маблағ надоранд.»

[b]ҶУБРОН НА, ФИШОРИ РАВОНӢ[/b]

[b]Суол:[/b] Дар бораи маблағҳо гуфтед. Фикр мекунед, чаро ин гуна маблағҳоро талаб мекунанд, дар ҳоле медонанд, ки иҷронашуданист?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Ин як фишори равонӣ ба матбуот аст. Баъд аз ин, журналист пеш аз он ки матлаберо чоп кунад боз чанд бори дигар фикр мекунад, таҳлил мекунад. Ин як навъ ҳушдоре мешавад, ки журналистҳо чунин мақолаҳои танқидиро камтар нависанд. Ин эҷоди маҳдудият ба кори журналист ва озодии сухан аст. Барои он ки ба додгоҳ рафтану омадан ҳазору як мушкил дорад. Муҳокимаҳои додгоҳӣ вақти зиёдеро мегиранд, хароҷоти пулӣ ҳам дорад. Ҳаматарафа фишор аст: маънавӣ, пулӣ ва талафи вақт…»

[b]ТАЛОШЕ БА ДИФОЪ АЗ ХУД[/b]

[b]Суол:[/b] Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқоташ бо хабарнигорон гуфта буд, ки журналистҳо ёрдамчии ҳукумат, ёрдамчии президентанд ва ташвиқ кард, ки дар бораи камбуди ҷомеа ва ҳукумат бинависанд. Аммо вақте журналистон чунин матолиб менависанд, ба додгоҳ кашида мешаванд. Он чизе, ки раисҷумҳур гуфт зоҳирӣ буд?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Агар президент ба журналистон бовар дорад ва журналистон камбудҳои афроди мансабдорро чоп мекунанд, пас, онҳо аз ин тарзи кор тарс доранд. Бим доранд, ки президент мехонад ва шояд ягон чора нисбат ба онҳо андешад.

Барои ҳамин, онҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, ки ин як роҳи худро сафед кардан аст. Ва онҳо худро як хел сафед мекунанд, ки журналстҳоро айбдор мекунанд. Камбудро дар кори рӯзноманигор мекобанд. Чунин менамояд ки онҳо бо ин роҳ мехоҳанд худашонро дар назди роҳбари давлат сафед кунанд, вале фаромӯш мекунанд, ки дар назди ҷомеа низ ҷавобгаранд ва бояд дар чашми халқ низ сафед бошанд. Аз ин бештар, бояд аввал дар назди халқ ҷавобгӯ бошанд.

Барои мисол, як мақолаи ман дар бораи мавҷудияти шиканҷа буд. Ҳама мегӯянд, ки бале, ин мушкил вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ кас то имрӯз ошкоро намегӯяд. Барои он ки ба таври расмӣ дар бораи мавҷудияти ин мушкил мо маълумоте дар ихтиёр надорем ва онро дастрас карда наметавонем. Вале мешунавем, ки шиканҷа вуҷуд дорад. Яъне, ки зиндагии расмии мо аз реалиамон фарқи калон дорад. Вақте ки ҳамон паҳлуи реалии зиндагиро мехоҳем рӯшан намоем, ҳамин хел вокуниш мешавад. Фикр мекунам, ин ҷо шахсоне, ки танқидро ба ин шакл қабул мекунанд, бояд кӯшиш кунанд, як роҳи дурустро ёбанд ва ҳамроҳ бо журналистҳо, ҳамроҳ бо ҷомеа. Ин хел ҳам намешавад, ки мушкилӣ ҳасту онро қатъиян инкор кунанд…

Шояд дар ягон ҷои мақолаи мо хато бошад, шояд, лекин мо намедонем, ки куҷои он хато аст, зеро аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мо ягон маълумот гирифта натавонистем. Ба мо дақиқ намегӯянд, ки шумо дар куҷо хато кардед, куҷояш нодуруст буд, чун дар дасти мо ҳам, ки ягон хел маълумот нест. Фақат маълумоти яктарафа мерасад, ки шиканҷа ҳаст. Лекин намегӯянд, ки дар ин замина тафтишот доир шуд, ин ҷояш нодуруст будааст, вале дар ин қисмат одамҳоро сафед карданд. Манзурам ин аст, ки маълумоти дақиқ намедиҳанду аммо мегӯянд шумо ноҳақ ҳастед.»

[b]»ҲАРЧӢ ДИЛАМ ХОҲАД, НАВИШТА НАМЕТАВОНАМ»[/b]

[b]Суол:[/b] Пеш аз он ки матлаб бинависед, фикр мекунед, ки баъзе чизҳояшро нагӯям ва ё ин ки ҳар чизе дилатон кашад, менависед?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Не, ҳар чизе, ки дилам хоҳад, навишта наметавонам. Барои он ки ҳар чизе, ки менависам бояд тасдиқ дошта бошад. Зеро журналист бояд барои матлаби нашркардаи худ омода бошад, ки ҷавоб диҳад. Он чизе, ки тасдиқ карда наметавонӣ, ҳарчанд ҳам бихоҳӣ, вале барои навиштан ҳақ надорӣ. Зеро он шубҳабарангез аст ва пагоҳ ё фардо дарди сари худат мешавад. Гап дар сари он аст, ки аввал факту рақамҳоро дастрас бояд кард.

Агар шумо худсонсуриро дар назар доред, худсонсурӣ на ба маънои он аст, ки инро бинависам шояд пагоҳ ба ман проблема шавад. Гоҳо мешавад, ки шахсони мансабдор ба таври расмӣ ба мо як чизро мегӯянд, вақте ки маълумот медиҳанд, вале чун каме сӯҳбат кардед, чизҳои ғайрасмиро ҳам мегӯянд. Дар чунин сӯҳбатҳо проблемаҳоро ошкоро мегӯянд. Вале чун ба таври расмӣ нагуфт, наметавонам он чизҳоро рӯи коғаз оварам. Бисёр чизҳоро метавон навишт, вале чун тасдиқи онҳоро наметавон пайдо кард, мушкил аст.»

[b]»РОҲБАРИЯТ ҲИМОЯ МЕКУНАД»[/b]

[b]Суол:[/b] Назари роҳбарияти нашрия ба он ки се-чаҳор матлаби шумо ба додгоҳ кашида шуд, чӣ аст? Оё роҳбарони «Азия-Плюс» аз шумо ҷонибдорӣ мекунанд ва ё ин ки мегӯянд, чун чоп кардӣ, худат ҷавоб бидеҳ?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Роҳбарияти мо, масалан Марат Мамадшоев, шахсан кӯшиш мекунад, ки маро ҳаматарафа ҳимоят ва ҳифз кунад. Вай кӯшиш мекунад, ки ҷавобгариро бар дӯши худ бигирад. Аз тарафи дигар, навиштани ин мақолаҳо супориши редаксия буд. Дигар ин ки ҳатто агар ташаббуси ман ҳам мебуд, онҳо маро ҳифз ва ҳимоят мекарданд. Дастгирӣ мекунанд. Ин ҷо ҳуқуқшиносҳо ҷамъ меоянд ва чун ин масоилро баҳс мекунанд, Марат Мамадшоев ҳатто маро даъват намекунад, ки дар ин сӯҳбатҳо бинишинам. Ҳамин ҳоло ҳам, ки маро ҷавобгар ҳисоб кардан мехоҳанд, ӯ гуфт, ки дар ташвиш набошам, ҳуқушиносҳо ҳастанд, агар бихоҳӣ онҳо туро дар додгоҳ иваз мекунанд.»

[b]»ҲУКУМАТ КОРЕРО МЕКУНАД, КИ БОЯД НАКУНАД»[/b]

[b]Суол:[/b] Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҳама чизҳоро наметавон дар доираи қонун ворид кард, махсусан анъана ва маросимҳо ва меъёрҳои ахлоқиро, ки хос ба табиат ва хислати инсонӣ аст. Фикри шумо дар ин бора чӣ аст, ки ҳоло мехоҳанд тарбияи кӯдакро аз тарафи волидон ва ё ришдориро ба мардум санад созанд ва нагузоранд, ки аз ин санаде, ки менависанд мардум берун равад?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Фикр мекунам, ин корҳо кори ҳукумат нест. Таълиму тарбияи кӯдак, ки падару модар дорад, ба фикрам ба ҳукумат шояд камтар дахл дошта бошад. Ҳукумат дар ин маврид метавонад шароитро барои одамон муҳайё кунад, ки агар нахоҳад шахсони ришдор ва ё ки занони ҳиҷобпӯш бошанд ва гарданд. Мо ҷумҳурии дунявӣ ҳастем, вале нишонаҳои ин сохти дунявӣ дар мо тақрибан, ки дида намешавад. Ягон алтернатива ба инҳо нест.

Дин дар шароити имрӯз барои халқ як роҳи наҷот аст. Шояд камбуди мо дар ин аст, ки як идеология надорем. Барои ҳамин, одамон бештар ба идеологияи динӣ равона мешаванд. Интихоб бояд дар ҳама чиз бошад. Имрӯз бештар ба дин тамоюл мекунанд, ки дар ҳақиқат аз он чизе барои худ меёбанд. Вале ин корҳо аз тарафи ҳукумат дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон аст. Ҳукумати мо бисёр корҳоро бояд накунад, лекин мекунад бисёр корҳоеро, ки бояд кунад онҳоро иҷро намекунад.»

[b]»МОДАРАМ БЕМОР ШУДАНД»[/b]

[b]Суол:[/b] Дар бораи мақолаҳоятон, ки боис ба баҳсҳо дар додгоҳ мешавад, ҳамкорони дигаратон чӣ назар доранд. Намегӯянд, ки чаро ба сари мо ҷангҷол меорӣ?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Не, не. Дар идораи мо чунин ҳарфе нест. Ҳама вақт дастгирӣ мекунанд. Одамони бегона дастгирӣ мекунанд. Фикр намекунам, ки маҳз нисбат ба шахси ман ягон чиз бошад, дигар кас ҳам менавишт, ҳамин гуна вокуниш ва натиҷа медод.»

[b]Суол:[/b] Оё аз роҳҳои ғайрирасмӣ низ фишорҳоро эҳсос мекунед, ки мегӯянд ором бош, сокит шав, чаро чунин чизҳо навиштӣ?

[b]Рамзия Мирзобекова:[/b] «Фишор, не. Вале як каме хавотирӣ дар оилаи мо мушоҳида мешавад. Модарам бисёр фикр карданд ва аз ин сабаб бемор шуданд, дар беморхонаанд. Баъзе чизҳоро ҳис мекунам, вале дар ин маврид беҳтараш сухан нагӯям…»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/ramziya_mirzobekova_about_her_job_and_journalism/2324703.html

А. Мирзо: «Худкомаҳо бояд аз сарнавишти Муборак битарсанд»

[b]Додгоҳ баъди як соли баҳс миёни Вазорати кишоварзӣ ва «Миллат» ҳалномаи худро ба манфиати ниҳоди давлатӣ навишт.[/b]

Ҳамакнун ин нашрия муваззаф шудааст, ки ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бисупорад.

Аммо масъулини «Миллат» ин қарорро ноодилона ва ғайримунсифона шуморида, изҳор доштанд, ки баҳсро дар зинаҳои болоии додгоҳ идома хоҳанд дод.

Дар оғози сӯҳбат аз Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» пурсидем, ки ба чӣ далел?

[b]»Ҳарферо, ки нагуфтем, чӣ гуна инкор кунем?»[/b]

[b]Адолати Мирзо:[/b] “Қабл аз он ки ин хабар, яъне мавҷудияти фасод дар вазорати кишоварзиро «Миллат» чоп кунад, ду ҳафта пештар он дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мунташир шуда, вале аз сӯи ин вазорат кадом вокунише нашуд. Вале бо чопи ин матлаб дар нашрияи мо, намедонам кадом омил боис шуд, ки вазорати кишоварзиро водор кард маҳз аз болои «Миллат» шикоят кунад. Асли матлаб ин аст, ки ин маълумот ба ҳангоми баррасии буҷаи соли 2009 дар парлумон пайдо шуд. Вакилони Маҷлис гузориши роҳбари Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро шуниданд, ки аз вуҷуди фасод дар ин вазорат ва ба маблағи 6,1 миллион сомонии ғайримақсад истифодашуда ҳикоят мекард. Дар номае ҳам, ки аз сӯи раҳбари ин Оҷонсӣ ба унвони раиси пешини парлумон ирсол шудааст, ин маълумот ошкоро зикр шудааст.

Вале чаро мо норозӣ ҳастем аз қарори додгоҳ? Барои он ки мо манбаи паҳнкунандаи ахбор набудем. Билфарзе агар мо рад кунем, ки дар Вазорати кишоварзӣ фасод нест, ибтидо бубояд он манобеи давлатӣ, ки ин маълумотро паҳн ва дар дастрасии хабарнигорон қарор доданд, онҳо рад кунанд. Дар ин маврид раддияи онҳоро бояд нашрия ба нашр бирасонад. Дар ҳоле ин ниҳодҳо чунин кореро накарданд, мо чӣ гуна метавонем ҳарферо, ки нагуфтаем инкор кунем? Аз сӯи дигар, дар ҷараёни мурофиа ҳеҷ як аз далоиле, ки намояндаи ҳуқуқии мо ба додгоҳ пешниҳод кард, ба назар гирифта нашуд. Аз ин рӯ, тасмими мо бар он шуд, ки мо ҳатман аз ҳалномаи содиркардаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи болоӣ шикояти кассатсионӣ хоҳем бурд.»

[b]Нашрияҳои мустақил ё мухолифони давлат?[/b]

[b]Суол:[/b] Вале чаро додгоҳ, ба гуфтаи Шумо, чунин як «ҳалномаи ғайриқонунӣ» содир кардааст? Оё ин зери фишори вазорат ва вазири кишоварзӣ қарор гирифтааст?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Ҳоло, ки ҳалнома дар дасти мо нарасидааст, наметавонам дар ин бора кадом фикреро баён кунам. Аммо дар маҷмӯъ, дар мавриди он ки чаро додгоҳҳо ҳукми ноодилона содир мекунанд, метавонам ҳамчун як нафаре, ки дар матбуот собиқа дорад ва бо истинод ба он номаҳои зиёде, ки аз болои ҳукми додгоҳҳо ба нашрия мерасанд, тахминҳоеро ба миён бигзорам. Масалан, як омилаш метавонад ин бошад, ки ҳанӯз додгоҳҳои мо бо қонунҳои нав ва шароити нав одат накардаанд. Дуввум, ҳанӯз идеологияи Шӯравӣ аз мағзҳо шуста нашудааст. Барои ҳамин, хеле аз қозиҳои додгоҳҳои мо, ки дар даврони Шӯравӣ таҳсил кардаанд, фикр мекунанд, ки ҳанӯз вазорат ва ё ҳар ниҳоди дигари давлатӣ ин худаш ҳукумат ё давлат аст.

Фикр мекунанд, ки як нашрияи мустақил ба додгоҳ кашида бишавад, он ҳатман муқобили давлат баромад кардааст. Вале мо дар ин қазия дар додгоҳ, ки рӯи мо дарҷ шуда буд, ҳеҷ гуна фишори куллии ҳукуматро намебинем. Вазорати кишоварзӣ як ниҳоде аз ҳукумат аст, ки алайҳи нашрияи «Миллат» ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Мо аз ин истиқбол кардем, чун дигар бо зӯри силоҳу бо зӯргӯӣ масоил ҳал намешавад. Акнун ба таври демократӣ, он гуна ки нерӯҳои рӯшанфикр ва нерӯҳои демократӣ мехостанд, даъвоҳо ба додгоҳ мераванд. Вале он ки дар додгоҳ чӣ ҳукме содир мешавад, дигар ин ба виҷдон ва донишу фаҳмишу фаросати он қозиҳо ҳавола мешавад, ки онҳо чӣ ҳукме содир мекунанд.»

[b]»Ҳақ ба ҷониби «Миллат» аст»[/b]

[b]Суол:[/b] То ҷое огоҳем, аз он ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ бо ишора ба баҳси шумо бо Вазорати кишоварзӣ «Миллат»-ро низ дар баробари дигар нашрияҳо, аз ҷумла «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-Плюс» зикр ва зери фишор арзёбӣ карданд, нороҳат шудед, ки бо ҳукумат мушкил надоред. Воқеан, ҳеҷ фишореро эҳсос намекунед?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Агар фишор аз тарафи ҳукумат вуҷуд медошт, додгоҳ шояд маблағи ҷаримаи моро аз сесад то пансад ҳазор сомонӣ ҳукм мекард ва бо ҳамин нашрияро муфлис мекарду аз як «дарди сар» халос мешуд. Вале ба маблағи якуним ҳазор сомонӣ қарор гирифтани ҷарима ва ризоияти Вазорати кишоварзӣ ба маънои он аст, ки воқеан ҳақ ба ҷониби «Миллат» буд ва ҳеҷ қонунеро мо убур накардем, қонуншикание дар рафтори мо дида намешуд.

Дар Қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳам зикр ёфтааст, ки нашрия барои нақли қавли ахбори расмӣ ва суханони вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷаласаи вакилон садо медиҳад, ҷавобгар нест. Ин ҷо фақат метавонам бигӯям, ки то дарёфти ҳалнома изҳори назар набояд кунам. Вале дар мавриди мудохилаи ҳукумат, ки шумо саволро дубора матраҳ мекунед, боз ҳам мегӯям, ки ниҳодҳое дар зери чатри ҳукумат он ҷурмҳое, ки содир карданд мехоҳанд онҳоро рӯпӯш кунанд. Ин як амри маъмулист, вақте як ниҳоди ҳукуматӣ даъво пешниҳод мекунад. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки ҳанӯз низоми демократӣ дар он урф ва одат нашудааст, ҳатман хелеҳо бар он назар буданд, ки мо дастболо намешавем. Вале мо талошамонро мекунем, то ба он ҳақиқат ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон арҷ бигузоранд. Мо мехоҳем онҳоро ба ин чиз водор созем, ки дар баробари ҳаққи мо эҳтиром қоил бошанд. Ҳоло воқеъият ин аст, як бахше аз ҳукумат, ки агар он вазорати кишоварзӣ бошад, дар муқобили мо дар додгоқ қарор гирифтааст. Ва он аз кадом асбобе дар ин мубориза истифода мекунад, инро беҳтар аст аз онҳо бипурсед.

Акнун дар бораи он баёнияи созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ ва ба истилоҳ мудофеи озодии баён. Аввал ин ки касе биояд ва ба мушкили шумо бихоҳад кӯмак кунад, шумо ба ӯ танҳо ташаккур мегӯед, вале агар касе биояд ва ба ҷои кӯмак ба мушкили шумо биафзояд, ҳатман ба ӯ мегӯед, ки кори худатро бикун. Мутмаин бошед, ки агар мо ба ҳаёҳуи онҳо дода мешудем, вазъи ба маротиб бадтаре медоштем ва посух ба он суоли шумо дар бораи фишори ҳукумат яксон, ё ба истилоҳ «однозначный» бале. Он гоҳ бо интизор ва шоҳиди фишори воқеӣ мебудем.

Мо аз ду баёния нороҳат будем ва далел дорем. Баёнияи аввал баёнияи Шӯрои ВАО буд, ки содир шуд. Он баёния дар бораи баҳси қозиҳо бо се нашрия буд, дар бораи «Миллат» набуд. Вале номи «Миллат» он ҷо ҳамчун исми ёридиҳанда ёд шуда буд. Гӯиё як нашрияи туфайлӣ ҳасту ҳамчунин мушкиле дорад. Ҳоло он ки қазияи «Миллат» пеш аз он се нашрия сар зада буд ва маблағи даъво ҳам қобили андеша ва 1 000 000 сомонӣ буд. Вақте дар Вена дар қароргоҳи марказии САҲА будем ва роҷеъ ба ин масъала баҳс доштем, гуфтем, ки бояд масъала мунсифона ҳал шавад. Вале сафири Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҷо «Миллат» матраҳ нест ва дар баҳси матбуоти Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи гузашта (моҳи апрели соли 2010 буд) сурат гирифт, аслан баҳси ҳамон се нашрия ва додрас матраҳ буд. Баъд таҳқиқ кардем ва маълум шуд, ки маркази САҲА дар Душанбе ба асоси ҳамин баёнияи ҷонибдоронаи Шӯрои ВАО ба маркази худ маълумот ирсол кардааст. Фақат баъди он масъули нави умури матбуоти САҲА баҳси «Миллат»-ро бо мақомот ба сурати ҷудогона дар миён гузошт. Акнун аз раҳбарони ин Шӯро бипурсед, ки ин баёнияро ба асоси равобит навиштанд ва ё завобит?

Баёнияи дигар аз САҲА ва дар мавриди санҷиши молиёт буд. Онҳо аз мо чизе напурсида буданд ва он баёния ба ягон рӯзнома кӯмаке накард, агар зарар накарда бошад, ҳама рузномаҳое, ки тафтиш шуданд, ҷарима супориданд, ин баёния як тини онро кам карда натавонист. Аммо баёнияи Сафорати Амрико дуруст, мантиқӣ ва мутавозин буд ва ҳар чор нашрияи гирифтори мушкилро дар як саф қарор медод.»

[b]Мушкили матбуот ё «дарди кӯҳна»[/b]

[b]Суол:[/b] Шумо ба унвони як нафари огоҳ аз ҳавлу ҳолу таҳавулоти матбуоти Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи қатъи чоп ва дубора фаъол шудани нашрияҳои «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» чӣ назар доред?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Дар Тоҷикистон ҳар касе маризияш шиддат мегирад, унвонаш мекунанд саратон шудааст. Вале дар асл хеле аз ин маризиҳо саратон нест, балки маризиҳои кӯҳнашуда ҳастанд. Баста шудани нашрияҳо дар ҳар шароите мисли ҳамон маризиҳои кӯҳнашудаи Тоҷикистон ҳастанд. Ин як заъфи ниҳодҳои мудофеи озодии баён дар Тоҷикистон аст, ки натиҷаи корашон ин шуда, ки имрӯз қариб ҳеҷ нашрияи дарозумр дар Тоҷикистон надорем. Ҳар боре, ки ҳар нашрия бо ҳар далеле дар Тоҷикистон баста мешавад, мо ба ин бетафовут назар мекунем. Яъне на дарсе аз ин мегирем ва на вокуниши шадиде ҳам дар мавриди ин изҳор медорем. Аз ин рӯ, баста шудани нашрияҳо ин ҳамон идомаи баста шудани нашрияҳо аз соли навад аст, ки мо натавонистем аз ҳаққи худ дифоъ кунем. Вақте ки нашрия наметавонад аз ҳаққи худаш дифоъ кунад, он нашрия чӣ гуна метавонад аз ҳаққи мардум дифоъ кунад?!

Ҳанӯз масоили бисёр ҳалношудае дар расонаҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, ки муносибати дурустро чӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва чӣ аз сӯи ниҳодҳои мудофеи озодии баён тақозо мекунад. Мо бояд тарзи дурусти расидагӣ ба масъаларо ҷустуҷӯ бикунем, ки бо чӣ роҳҳое метавон ба ин масъала расидагӣ кард. Ба ёд оваред баста шудани нашрияҳои «Рӯзи нав», «Оламу Одам» ва «Нерӯи Сухан»-ро дар соли 2004. Танҳо бо нашри чанд баёния иктифо кардем. Соҳибони ин нашрияҳо ва мудофеони озодии баён талоши ҷиддӣ ба харҷ надоданд. Мо пеш аз дардро даво бахшидан, бояд ташхис бикунем, ки ин дард аз куҷо маншаъ мегирад. Баъд ба мудаввои он шурӯъ бикунем.»

[b]»Рӯзномаҳои нимҷон»[/b]

[b]Суол:[/b] Фикр мекунед он маншаи дард чӣ буд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] “Дар ин ҷо чанд омил аст. Омили аввал ирода ва ихлос надоштани аксари кули мақомоти давлатӣ ба матбуоти озод аст. Агарчанд таъмини озодии сухан, ки тавассути озодии матбуот амалӣ мешавад, вазифаи конститутсионии давлат ва ҳукумат аст. Аммо, мутаассифона, мақомот ҳама парвардаи тафаккури коммунистиянд ва ин талаботи конститутсия эъломия боқӣ мемонад Аммо онро аз миён низ бурда ба куллӣ наметавонад, чун талаби дунё ва конститутсия аст.

Барои ҳамин рӯзномаҳои ба истилоҳ нимҷон дорем. Як омили дигар ин аст, ки ҳанӯз нашрияҳое, ки дар Тоҷикистон бо заҳмат бунёд бишаванд, кам ҳастанд. Яъне бо талоши худи хабарнигорон ба таври худҷӯш. Кам ҳастанд ва онҳое ҳам, ки буданд, бар асари мушкилоти молӣ аз байн мераванд. Дуюм омил тарзи нодурусти муносибати созмонҳои имдодрасон, яъне мудаиёни мудофеи озодии баён ҳаст, ки нигоҳи яксон ба тамоми нашрияҳо надоранд. Яъне тарзи муносиботи ин созмонҳо, ҳамкории онҳо бо нашрияҳо яксон нест. Ҳамин аст, ки мегӯянд «тафриқа андозу ҳукумат намо». Муносибати нодуруст ба нашрияҳо боис шудааст, ки ваҳдати касбӣ дар миёни худи рӯзноманигорон вуҷуд надорад ва ин расонаҳоро ба ғайридавлатӣ ва давлатӣ ҷудо кардааст.»

[b]»Баёнияҳои пари коҳ»[/b]

[b]Суол:[/b] Яъне маншаъ ва ё омиле, ки боис шуд нашрияҳо баста шаванд, ин аст ки созмонҳои имдодрасон ба онҳо кӯмак накарданд ва ё ин аст, ки ин нашрияҳо ба таври худҷӯш фаъол нашуданд. Далел ин аст?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Вақте мо мегӯем созмонҳои имдодрасон ба ин мушкил расидагии дуруст накарданд, кӯмак накарданд ба маънои танҳо кӯмаки молӣ нест. Ҳамон кӯмакҳое, ки як ду дафъа дар бораи баста шудани ин нашрияҳо гуфтанд, бо ҳамин тамом. Масалан, баҳсе, ки имрӯз матбуоти Тоҷикистон ба миён мегузорад, яъне набудани матбааҳои мустақил аст, ки расидагӣ намешавад. Набудани матбааи мустақил боис ба он мешавад, ки ҳар дафъа ҳукумат аз ҳамон фишанги истифода аз матбааҳо кор бигирад. Кори амалие, ки ин созмонҳо метавонистанд бикунанд, масалан дар қазияҳои додгоҳӣ мо ҳам ба онҳо пешниҳод кардем, ки шумо ҳаққи адвокатро пардохт кунед, мо ҳатман пирӯз мешавем. Ҳоло ҳам мегўям, мутмаин бошед, мо пирӯз мешавем, қариб ҳамаи нашрияҳо пирӯз мешаванд, чун ҳарфи ҷинояте назадаанд, онҳо фақат бояд маоши адвокатро таъмин кунанд, халос. Вале инро накарданд, ба ҷои он ҳазорон кори беҳуда ва нишасти нодаркору баёнияе, ки пари коҳ арзиш надоранд, ҳар рӯз содир мекунанд.»

[b]»Матбааҳо низ мустақил нестанд»[/b]

[b]Суол:[/b] То ҷое огоҳ ҳастед он нашрияҳое, ки як муддат натавонистанд чоп шаванд, назди матбааҳои мустақил ҳам рафтанд ва онҳо ҳам гуфтанд, ки мутаассифона мо наметавонем шуморо чоп кунем. Ҳарчанд ки барои ин кор пул ба даст меоваранд. Вале боз ҳам ин созмонҳои мудофеи озодии баён монеаи чопи ин нашрияҳо шуда бошанд, ба фикри Шумо?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Матбааҳое ҳам, ки чунин далоилро пеш меоранд, маълум мешавад, ки як ниҳоди мустақил нестанд, зери фишори шояд ниҳодҳои молиёт қарор мегиранд ё ниҳодҳои дигар. Фикр мекунам, агар ки ин матбааҳо фаъолияти шаффоф дошта бошанд, ҳатман пул чизи ширине аст, мераванд ба дунболи онки нашрияҳоро чоп кунанд. Омили дигараш ин аст, ки нашрияҳо теъдоди зиёде надоранд ва он пуле ҳам, ки аз чопи онҳо матбааҳо ба даст меоранд аз он дарди саре, ки барояшон эҷод мешавад камтар аст.»

[b]»Пессимизми хабарнигорон»[/b]

[b]Суол:[/b] Яъне фикр мекунед, ки дар ин маврид ҳеҷ таъсири ҳукумат ё мақомоти ҳукуматӣ барои аз чоп боздоштану бастани ин нашрияҳо набуд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Не,чаро? Мо фикр мекунем, ки ин мушкил вуҷуд дошт. Фишор мустақим буд. Ҳама онро эҳсос мекард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам иқрор кард, ки чанд сомонаи мустақилро барои таъмини амнияти давлат масдуд карда буданд. Шояд дар мавриди матбуот ҳам ҳамчунин изҳори назареро интизор шуд, ки баён бишавад. Бесабаб наметавонад, ки ин нашрияҳо худ ба худ аз чоп бимонанд. Бояд дастандаркорони ин нашрияҳо ба умқи ҳамон чиз мерафтанд. Шояд он матбааҳоеро, ки бо онҳо шартнома доштанд, ба додгоҳ мекашиданд, ки қонунро нақз карданд. Мо одат кардем, ки аз қонунҳои мавҷуда истифода намекунем. Ё иктифо мекунем, ки ин ҷо дасти зӯри кадом нерӯе ҳаст ва мо нотавон ҳастем. Яъне пессимизми соҳибони худи матбуот боис ба он мешаваад, ки мушкил бештар бишавад, то камтар.»

[b]»Эрон дар пушти ҳукумати Тоҷикистон»[/b]

[b]Суол:[/b] Нашрияи «Тайм» дар гузорише дар бораи даҳ роҳбари кишварҳое, ки дар ҳоли шикаст қарор доранд, исми раиси ҷумҳури Тоҷикистонро низ зикр кардааст. Шумо ба ин арзёбӣ чӣ назар доред?

[b]Адолати Мирзо:[/b] “Фикр мекунам ин як навъ назари зоҳирӣ ва сатҳист. Нигоҳе аз дуриҳои дур аст, ки ба кишвари мо чунин баҳо додааст. Хелеҳо дар дохил ва дар хориҷ аз Тоҷикистон мунтазири он рӯзанд, ки ҳукумат ҳарчи зудтар табдил бишавад. Вале ин аз соли 1993 то ба ҳол ба як хоб табдил шудааст. Он гуна, ки матбуоти ғарб баҳогузорӣ кардааст он гуна нест. Яъне як баҳогузории дурусте накардааст. Чаро исми Узбакистон, ки мо медонем як кишвари худкома аст дар ин лист ворид нашудааст? Ин танҳо ба хотири он аст, ки баҳои дурусте ба кишварҳо дар ғарб гузошта намешавад. Онҳо бо такя ба он ҳаводисе, ки ахиран дар Тоҷикистон рух дод, хулоса кардаанд. Вале мову шумо, ки дар Тоҷикистон ҳастем ба ин суол, ки ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон кадом нерӯ ва кӣ даст дошт, посухи дақиқ дар даст надорем. Ҳодисаи фирори зиндониён аз маҳбаси муҳими ҳукумати Тоҷикистон ба дунболи он иттифоқоти Хуҷанду Рашт ва дигару дигарҳо то ҳоли ҳозир он нафаре, ки бар дӯш бигирад, ки ин ҳаводисро ҳамон нерӯҳо содир кардаанд ҳамчуноне, ки теракти Домодедовро гурӯҳе бар дӯш гирифт чунин чизе дар Тоҷикистон нест.

Барои ҳамин, ҳоло мо посухи дурусте, ки дар паси ин ҳаводис кӣ меистад, дасти кӣ аст ҳукумат ва ё нерӯҳои хориҷ дар даст надорем. Яъне мо намедонем ҳоло ки ин нишони заъфи ҳукумат аст ё зўри он. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ба он андозае, ки дар ғарб фикр мекунанд заиф нест. Вақте худаш дар мавриди ҳодисаҳо аз ҷумла ҳаводиси шарқи Тоҷикистон тасмим мегирад, далели ин гуфтаҳост. Яъне Русияе, ки яке аз пуштибонҳои аслии ҳукумат ба шумор мерафт ҳанӯз изҳори назаре дар мавриди сард шудани муносиботаш баён надоштааст. Дуввум, қудрате, ки ҳукумати кунуниро пуштибонӣ мекунад ин Ирон аст. Ахиран раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ирон оқои Машоӣ ҳам гуфт, ки «ҳама бояд бидонад, мо дар пушти давлати Тоҷикистон қатъан истодаем ва пуштибонӣ мекунем». Ин як сухани хушку беасаре нест. Ҳанӯз қудратҳое дар пушти ин ҳукумат меистад, ки мо наметавонем дар мавриди завол ёфтани ҳукумат ниҳодина фикр кунем, ки воқеан ин чиз аст. Ин гуна нест. Ё ҳадди ақал ман чунин нишонаеро аз ҳоло эҳсос намекунам. Шояд дигарон иттилои бештаре дошта бошанд. Фикр намекунам, розӣ нестам ба он чизе, ки дар «Тайм» чоп шудааст. Хулосабарорӣ ва баҳояш мунсифона нест. Ин ҳам мисли ҳамон баёнияҳои созмонҳои пуштибони рӯзномаҳост.»

[b]»Иштибоҳи худкомаҳо»[/b]

[b]Суол:[/b] Аммо назари шумо дар мавриди онки бархе аз гурӯҳҳо чун ҳукуматро гирифтанд дигар намехоҳанд бидиҳанд ва бо ҳар роҳҳо бо тағйири Қонуни асосӣ бо баргузории раъйпурсиҳо мехоҳанд ҳукуматашон бештар шавад чӣ аст ва ин корҳо то куҷо ба манфиати мардум аст?

[b]Адолати Мирзо:[/b] «Бубинед, сӯҳбати мо дар рӯзҳое иттифоқ афтод, ки Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш канор рафт. Ба ин шева рафтани Муборак бояд паёме ба он кишварҳои худкома бошад, ки оқибат сарнавишти ҳамаи онҳо чунин хоҳад буд. Иштибоҳи инҳо чӣ аст? Иштибоҳи онҳо ин аст, ки мехоҳанд дар сохтори ҷумҳурӣ аз усулҳои шоҳӣ истифода бикунанд, ки ин амри бисёр нодуруст аст. Намешавад. Инҳо доранд бо сохтори ҷумҳурӣ бозӣ мекунанд. Вале дар ин маврид боз ҳам дасти ғарб ҳаст. Муносибати нодурусти ғарб бо давлатҳои худкома боиси он шудааст, ки ин ба як эпидимия табдил шавад дар минтақа.»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2310218.html