Архив рубрики: Таҳлил

Афзоиши қимати нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон

Қимати бисёре аз нашрияҳои мустақил дар Душанбе афзоиш ёфтааст.

Масъулони ин ҳафтаномаҳо мегӯянд, ки болоравии қимати коғаз, ки аз Русия ворид мешавад, онҳоро ночор сохтааст, ки арзиши нашрияҳоро боло бубаранд.
Соҳибназарон мегӯянд, ки чунин болоравии нархи нашрияҳо ба коҳиши қобили мулоҳизаи тирожи ҳафтаномаҳо мунҷар хоҳад шуд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи хусусии “Фараж”, мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта қимати як кило коғаз аз 90 сенти омрикоӣ то як дулору панҷ сент афзоиш ёфт.

Вай афзуд: «Дар чунин шароите мо наметавонем арзиши қаблии шумораи ҳафтаномаи худро ҳифз кунем. Ба ин далел, ҳоло мо ҳар як нусхаи ҳафтаномаро бар ивази як сомониву сӣ дирам ба фурӯш мегузорем, ки дар муқоиса бо ҳафтаи пеш 20 дирам бештар аст.»

Вале бархе аз фурӯшандаҳои нашрияҳо дар хиёбонҳои Душанбе ҳар як нусхаи ин ҳафтаномаро ҳамакнун дар ивази як сомониву 80 дирам ба фурӯш гузоштаанд.

Яке аз ин фурӯшандаҳо, ки худро Саид муъаррифӣ кард, мегӯяд аз он нигарон аст, ки ҳамакнун бозори матбуъот коҳиш ёфта ва тирожи нашрияҳо низ пойин хоҳад рафт.

Вай гуфт: «Ин ҳафта нархи нашрияҳо афзоиш ёфта ва намедонем ин мавзӯъро ба муштариён чигуна фаҳмонем. Эҳтимолан шумори харидорон камтар хоҳад шуд.»

Дар ҳамин ҳол, як мард, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе шумораҳои ҷадиди чанд нашрияро харидорӣ мекард, аз афзоиши қимати онҳо огоҳ шуда, тасмим гирифт, ки танҳо як ҳафтаномаро харидорӣ кунад.

Вай гуфт, ки вазъи молияш имкон намедиҳад, ки нашрияҳои бештареро харидорӣ кунад. «Ҳуқуқи моҳонаи ман ҳудуди 300 сомонӣ аст ва дар гузашта ҳар ҳафта то панҷ шумораи нави нашрияҳоро мехаридам, ҳоло арзишаш боло рафтааст.»

Хуршеди Атовулло коҳиши тирожи нашрияи худ дар пайи афзоиши қимати онро баъид намедонад, вале мегӯяд, ки «мо ночорем ва илоҷи дигари ҳалли ин мушкил феълан вуҷуд надорад.»

Камоли Қурбониён, сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, мегӯяд, ки болоравии қимати коғаз ба нашрияи онҳо асар нагузоштааст, зеро онҳо миқдори зарурии коғазро барои соли ҷорӣ дар авохири соли гузашта харидорӣ кардаанд.

Вай афзуд: «Ҳоло тирожи мо 28-29 ҳазор нусха аст ва танҳо як ҳазор нусха ба фурӯш гузошта мешавад. Бақияи нашрия тибқи обуна тавзеъ мешавад. Чун мо аз имкони молӣ бархурдор будем, тавонистем саривақт коғаз харидорӣ ва захира кунем.»

Саймуддин Дӯстов, муассиси нашрияи мустақилли “Нигоҳ”, мегӯяд, ки ин ҳафта қимати шумораи ҷадиди ин нашрияро боло набурдааст.

Вале вай афзуд: «Ночор мешавем, ки то як-ду ҳафтаи дигар арзиши ҳафтаномаро боло бубарем.»

Ба эътиқоди вай, низоми нархгузории нашрияҳо дар Тоҷикистон «нодуруст» ва аз сӯйи гурӯҳҳое танзим мешавад, ки «ҳамзамон соҳиби чанд расона ҳастанд.»

Оқои Дӯстов бар ин назар аст, ки дар кишварҳои пешрафта то 70 дарсади махориҷи чопи нашрия аз чопи огаҳиҳо ва таблиғоти бозаргонӣ таъмин мешавад ва ба ин далел, афзоиши қимати коғаз дар нархи матбуъот чандон таъсире намегузорад.

Вай гуфт: «Мутаассифона, дар Тоҷикистон нашрияҳо танҳо аз роҳи фурӯши тирожи худ суд ба даст меоваранд ва болоравии қимати коғаз сареъан дар арзиши ин нашрияҳо асар мегузорад.»

Саймуддин Дӯстов муътақид аст, ки болоравии ахири нархи нашрияҳо дар вазъи озодии баён дар Тоҷикистон низ асар хоҳад гузошт. Вай афзуд: «Ҳар як нусхаи нашрияҳо то 45 сенти омрикоӣ арзиш хоҳад дошт. Бо дарназардошти вазъи иқтисодии мардуми Тоҷикистон ин қимат хеле баланд аст.»

Ин масъули нашрияи “Нигоҳ” бар ин назар аст, ки феълан барои сокинони Тоҷикистон қимати 70-дирамии нашрияҳо муносиб аст, вале иҷрои ин амр ғайримумкин шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мутмаин аст, ки афзоиши қимати нашрияҳо дастрасии мардум ба манобеъи иттилоъотиро маҳдудтар хоҳад сохт.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, ки яке аз роҳҳои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоъот роҳандозии имтиёзот аз сӯйи давлат аст.

Вай афзуд: «Давлат метавонад таъмини коғаз ва маводди дигари зарурӣ барои интишори нашрияҳро бо имтиёзоте роҳандозӣ кунад ва ба ин тартиб, ҳуқуқи шаҳрвандон ба дарёфти иттилоъро таъмин созад.»

Гузашта аз ин, масъулони нашрияҳо мегӯянд, ки тасмимоти ахири шаҳрдории Душанбе дар бораи манъи фурӯши нашрияҳо дар бархе аз хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон аз сӯйи тавзеъкунандагони хусусӣ низ ба вазъи молии ҳафтаномаҳо асар мегузорад.

Ба гуфтаи онҳо, дар пайи иҷрои ин муқаррарот бозори нашрияҳо то андозае аз равнақ уфтода ва тирожи бисёре аз нашрияҳо ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, мегӯяд, ки дар гузашта танҳо дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе то 1800 нусха аз ин ҳафтанома ба фурӯш мерафт. Ҳоло ин рақам баробари ҳич аст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/04/110413_if_press.shtml

Зарифӣ: “Озодии баён ва виҷдон набояд мухолифи қонунгузорӣ бошад”

[b]Масоили аслии ҳуқуқи башар, назири озодии дин ва васоили иттилоърасонии умумӣ бояд бо дарназардошти таъмини амният ва субот дар ҷомеъа баррасӣ шавад.[/b]

Дар ин бора Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 31 март зимни суханронӣ дар ҷаласаи 856-уми Шӯрои доимии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) дар шаҳри Виен дар ин замина ибрози назар кардааст.

Ба гуфтаи оқои Зарифӣ, чигунагии вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус, дар Тоҷикистон, ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон бастагӣ дорад.

Ӯ таъкид карда, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон дар саффи пеши мубориза бо терурисми байналмилалӣ, бунёдгароӣ ва маводди мухаддир қарор дорад, аз авлавиятҳои аслии САҲУ маҳсуб шудани мубориза алайҳи терурисм, бунёдгароӣ, қочоқи инсону маводди мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои ин кишвар низ муҳим аст.

Ба эътиқоди вазири хориҷаи Тоҷикистон, мушкилоти Афғонистонро аз тариқи низомӣ ҳал кардан душвор аст ва сохторҳои байналмилалии иқтисодию молӣ бояд барои барқарорсозии иқтисоди ин кишвар ҷалб шаванд.

Вай иҷрои тарҳи муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия барои бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, мавсум ба “CASA-1000”-ро, ки хутути барқии Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, аз гомҳои муҳимме барои эҳёи иқтисоди Афғонистон унвон кардааст.

Ҳамзамон, Ҳамрохон Зарифӣ аз мусоъидати САҲУ ба таҳкими муроқибат аз марзҳои Тоҷикистон ва фаъолияти Коллеҷи марзбонии ин созмон дар шаҳри Душанбе ибрози сипос кардааст.

[b]Мушкилоти обу энержии минтақа[/b]

Ҷониби Тоҷикистон аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки масоили марбут ба обу энержии Осиёи Марказӣ аз мушкили иқтисодӣ фаротар рафта ва ҷанбаи сиёсӣ касб кардааст ва ин амр аз густариши ҳамкориҳои минтақаӣ монеъ мешавад.

Вазири хориҷаи Тоҷикитсон далели ин амрро ба тавсеъаи майдонҳои кишт дар даврони шӯравии пешин, пешбурди сиёсати “дарёфти манофеъи иқтисодӣ аз тавлиди панба”, истифода аз системи кӯҳнаи обёрӣ ва бунёди обанборҳои зиёд дар манотиқи поёноби рӯдхонаҳои Омударё ва Сирдарё марбут хондааст, ки ба камбуди об дар минтақа ва хушкшавии дарёчаи Орол мунҷар шудааст.

Ӯ нақши САҲУ-ро дар муколамаи сиёсӣ барои ҳалли ихтилофоти минтақаӣ дар масоили обу энержӣ муҳим хонда ва хостори таҳқиқоти ҳамаҷониба дар заминаи истифода аз манобеъи оби минтақа ва обанборҳои зиёди маснӯъӣ шудааст.

Гуфта мешавад, кишварҳои Урупо аз тариқи ҳалли мусолиматомези масоили ҳавзаи рӯдхонаи Дунай дар ин замина таҷрубаи ғанӣ андӯхтаанд.

Ҳамрохон Зарифӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон захоири бузурги нафту гоз надошта ва бунёди нерӯгоҳҳои обӣ танҳо роҳи ҳалли мушкили камбуди энержӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.

Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон дар садад аст тарҳи нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба таври шаффоф ва бо дарназардошти манофеъи кишварҳои минтақа ва пас аз анҷоми мутолеъаи ҳамҷонибаи фаннию иқтисодӣ ва зистмуҳитии ин тарҳ иҷро кунад.

Ба гуфтаи оқои Зарифӣ, иҷрои ин тарҳ ҷавобгӯйи манофеъи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Афғонистон, буда ва дар сурати бунёди обанбори нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 3 милюн ҳектур мазореъи ҳавзаи рӯдхонаи Ому шодоб хоҳад шуд.

Ҳамчунин, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 856-уми Шӯрои доимии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳри Виен мавзӯъи хатароти минро, ки ба кушта шудани садҳо тан аз афроди ғайринизомӣ дар минтақа мунҷар шудааст, матраҳ карда ва аз САҲУ давъат кардааст, то ба ифтитоҳи Маркази минтақаии ҳамоҳангсозии зиддимин дар шаҳри Душанбе мусоъидат кунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/04/110401_mm_zarifi_osce.shtml

Хуршеди Атовулло: «Мне 356 раз в году задают один и тот же вопрос…»

[b]Когда-то он толкал тележку на российских рынках и обращался к врачам после «общения» с боевиками. Сегодня, возглавляя одну из ведущих газет страны, он с улыбкой вспоминает те времена и философски констатирует: «Заработав 100 влиятельных врагов, я, к сожалению, пока не заимел одного влиятельного друга». [/b]

[b]- На Ваш взгляд, сколько свободных СМИ осталось в Таджикистане?[/b]

— Говорить то, что свобода слова в Таджикистане, независимая пресса, не существуют — это не правильно. Но эта свобода слова существует под прессингом судебных органов, экономического кризиса. Думаю что, до 2013 года, то есть до выборов президента этот прессинг, продолжится, и, может быть половина независимых политических СМИ, которые на данный момент существуют, не доживут до выборов. Причину я уже сказал.

[b]- Вам не надоело публиковать придуманные истории о боевиках?[/b]

— Когда мы в 2007 году начали публиковать статьи о полевых командирах, тогда все боялись даже вслух произносить их имена. На этой «смелости» мы сделали большой тираж. Также должен сказать, тогда не только их сторонники, но и сами полевые командиры имели вес в обществе. Поэтому нам было трудно – ежедневно были «разборки», приходилось искать доказательства того, что публиковали, но слава Богу тогда у нас были доказанные статьи. Мы занимались журналистскими расследованиями, печатали то, что могли доказать. Жаль, что в последнее время некоторые СМИ ради тиража действительно стали придумывать такие истории. Мы же сейчас переключились на публикацию серии интервью участников гражданской войны.

[b]- Можно ли считать газету «Фараж» второй «Рузи нав»?[/b]

— Нет. Тогда была другая атмосфера, другие задачи, другие методы создания тиража.

[b]- Какой у Вашей газеты стиль языка – иранский, арабский или все смешанно и как часто Вы пользуетесь таджикским словарем?[/b]

— Сказать по правде, читать статьи некоторых таджикских авторов мне тоже трудно. Думаю что, в числе моих читателей не только три-четыре поэта и филолога, но и широкие слои общества. Поэтому мы стараемся довести до обычных читателей свое мнение на понятном всем языке.

[b]- Правда, что Дододжон Атовуллоев ваш брат?[/b]

— Нет. Хотя, наверное, 365 раз в году мне задают этот вопрос.

[b]- Сегодня модно задавать вопрос: «Сколько у Вас жен?»[/b]

— Всего одна.

[b]- Хуршед, что лучше оши нахор или водка?[/b]

— Ош и водка — это неразделимое. Сейчас модно в чайниках приносить водку на оши нахор.

[b]- Шрамы украшают мужчин, но когда он получен в бою. А как на счет Вашего шрама?[/b]

— Когда-то меня избили прикладом пистолета, и это закончилось несколькими операциями.

[b]- Правда ли, что Вы не один месяц толкали тележку на российских рынках?[/b]

— Это чистая правда. Когда-нибудь напишу мемуары, и там же укажу все детали, так как я веду ежедневник.

[b]- В чем сила Медиа Альянса, который Вы сейчас возглавляете?[/b]

— Само появление МАТ связано с защитой своего чувства достоинства теми журналистами, которые его создавали. И до сих пор мы стараемся не терять его.

[b]- Идут слухи, будто Вы хотите стать депутатом…[/b]

— Это пустые слова, не имеющие под собой почву. Я был, и останусь журналистом. Сами наши политики признаются, что одна независимая газета может сделать больше, чем политическая партия.

[b]- Вы можете сказать прямо сейчас, сколько у Вас в кармане денег?[/b]

— Хватит до завтрашнего дня.

[b]- Насколько сложно быть главным редактором газеты «Фараж». Это значит «иметь много влиятельных врагов»?[/b]

— Да. И поверьте, при 100 влиятельных врагах, у меня нет не одного влиятельного друга.

[b]- Почему с недавних пор Вы стали регулярно носить галстук?[/b]

— Почему недавно? Я его ношу с 1999 года, когда стал преподавать на факультете журналистики ТГНУ.

[b]- Как переводится «Фараж»? Многие не знают, что это значит.[/b]

— «Фараж» — это чисто таджикское слово, переводиться «горькое лекарство от боли животе» («левомицетин» — от ред.).

[b]- В чём бы Вы предупредили наших чиновников?[/b]

— Я хотел бы им сказать: «Уважаемые, у людей с большим животом часто возникают боли и поэтому — начинайте читать «Фараж» уже сейчас!».

Наргис Кахарова.

Источник:

«Интернет барои ҳадафҳои терруристон истифода мешавад»

[b]Бархе аз шабакаҳои интернетӣ барои аҳдофи терруристӣ ба таври ҷиддӣ истифода шуда ва сойтҳои вижа барои анҷоми аъмоли терруристӣ даъват мекунанд.[/b]

Ин нукта рӯзи сешанбеи 29 март, дар ҷаласаи коршиносони Осиёи Марказӣ ва байналмилалӣ барои баррасии истротежии мубориза бо террурисм таъкид шуд.

Виктор Штойнда, коршиноси кумитаи “Таҳримҳо барои Ал-Қоъийда ва Толибон”-и Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, ки дар даҳ соли ахир ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мушкили истифодаи шабакаи интернет барои ҳамалоти терруристӣ рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Штойнда, сойтҳои вижа ҷавононро барои анҷоми аъмоли терруристӣ даъват карда ё усул ва роҳҳои иҷрои аъмоли тахрибкориро омӯзиш медиҳанд.

Ба унвони мисол аз сойтҳои созмонҳои терруристие чун “Ал-Қоъйида” ва ҷудоихохони Чечен ном бурда шуд, ки мукарраран иттилоъи таҳрикомез пахш карда ва ба ҷиҳоди исломӣ даъват мекунанд.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, дар ҳоле ки истифодаи шабакаи интернет барои аҳдофи терруристӣ барои СММ аз мавзӯъоти доғе маҳсуб мешавад, аммо то ҳоло ҳеч санади ҳуқуқии фарогире барои муқобала бо ин таҳдид тавсиб нашудааст.

Гуфта мешавад, дар кишварҳои алоҳида ва Иттиҳодияи Урупо дар ин замина қавонин тасвиб шуда, вале дар шароити феълӣ назири Кунвенсиюни алайҳи террурисм ё муқобала барои сармоягузории террурисм дар ин замина ба тасвиби кунвенсиюне ниёз вуҷуд дорад.

[b]Роҳҳои муқобала бо террурисми интернетӣ[/b]

Аммо аз сӯйи дигар коршиносон мегӯянд, ки интернет яке аз васоили муҳими паҳн кардани ахбор барои ҳар ҷомеъаи мутамаддин аст ва таҳдидҳои мазкур набояд ба ҳеҷ ваҷҳ баҳонае барои маҳдуд кардани дастрасии мардум ба интернет шавад.

Ба эътиқоди Виктор Штойнда, коршиноси кумитаи “Таҳримҳо барои Ал-Қоъийда ва Толибон”-и Сомони Милали Муттаҳид, бояд фаъолияти сойтҳои мазнун дар тарғиби террурисм ҷиддан баррасӣ шуда, сипас на аз сӯйи ниҳодҳои қудратӣ, балки бо тасмими додгоҳҳо фаъолияти ин гуна сойтҳо масдуд ё баста шавад.

Аз сӯйи дигар, оқои Штойнда гуфт, масдуд кардани сойтҳо кори сода аст, бояд барои муқобала бо сойтҳои мубаллиғи террурисм аз таблиғи мутақобил ё контрпропаганда кор гирифт. Яъне, аз тариқи шабакаи интернет ба мардум хатар ва таҳдидҳои сойтҳои террорустиро шарҳ додан лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки дар бештари кишварҳои Осиё, бахусус, Осиёи Марказӣ ҳатто сойтҳои интернетии мустақил, ки аз фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ интиқод мекунанд, бо баҳонаҳои мухталиф масдуд мешаванд.

Зимнан, ба дунболи даргириҳо миёни нерӯҳои давлати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ба гуфтаи давлат “ғайриқонунӣ” дар водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

Ҳамзамон, аз тариқи барномаҳои телевизиюни давлатӣ ва баёнияи мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки нашрия ва сойтҳои мустақилро дар иғвоангезӣ ва ба ҳолати бўҳронӣ расонидани вазъияти низомию сиёсии кишвар гунаҳкор мекард, сурат гирифт.

Аз ҷумла, женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар як сӯҳбати телевизиюнӣ таъкид дошт, ки расонаҳои мустақил “ҳаводиси водии Раштро муғризона мунъакис карда ва аз терруристҳо пуштибонӣ мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Ғаффор Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобайли Тоҷикистон гуфт, ки аз лиҳози фаннӣ назорат ё масдуд кардани сойтҳои интернетӣ душвор нест, аммо назорати иттилоъот, сӯҳбатҳо ё муоъшират аз тариқи системи “mail.ru”, “gmail.com” ё “facebook” мушкил аст.

Ба гуфтаи оқои Эркаев масалан пизишкон, кормандони ниҳодҳои текникӣ, донишҷӯён ва афроди дигар барои дарёфти иттилоъи лозим аз интернет истифода мекунанд, аммо гурӯҳҳои терруристӣ низ метаонанд барои мақосиди худ аз он баҳра бардоранд.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки ҳар провайдер ё расонандаи интернет ба ҳангоми дарёфти муҷаввизи фаъолият дар Тоҷикистон муваззаф мешавад, ки аз пахши иттилоъи таҳдид ба амнияти кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Зимнан, ба гуфтаи коршиносон дар инқилобҳои ахир дар кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ аз шабакаи интернет фаровон истифода шуда ва интернет ба унвони васоили мухобирот барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти гурӯҳҳо ё нерӯҳо “хидмат” кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110329_mm_internet_terrorism.shtml

Фишор ба хабарнигори боздоштшудаи «Нури зиндагӣ»

[b]Вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, зерҳимояташ ва хешовандони ӯ таҳти фишор қарор гирифтаанд.[/b]

Додситонии ноҳияи Ашти вилояти Суғд алайҳи хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ба шумули «тамаъҷӯӣ» парванда боз карда, чаҳор моҳ инҷониб Додситонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба ҷуз «тамаъҷӯӣ», аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум низ айбдор кардааст…

Ӯро дар боздошт нигоҳ медорад.Додситонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба ҷуз «тамаъҷӯӣ», аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум низ айбдор кардааст…

[b]НИГАРОНИИ ВАКИЛИ ДИФОЪ[/b]

Боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт дар пайи нашри мақолаҳои интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ чаҳор моҳ қабл сурат гирифта буд.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Исмоилов, ки ахиран бо зерҳимояаш мулоқот кардааст, ба радиои «Озодӣ» гуфт, тафтиши парванда бо фишор болои зерҳимояаш ва хешованди вай ҷараён мегирад.

Хонум Ҷӯраева афзуд: «Ба Исмоилов аз рӯи банди «тамаъҷӯӣ» тӯҳмат карда истодаанд. Зерҳимояам соли 2009 хона месозад ва аз як ҷияанаш чанд дона тахта мегирад. Он ҷиянаш дар ҳукумати маҳаллӣ кор мекардааст ва кормандони ҳукумат таҳти фишор ӯро маҷбур кардаанд, то ӯ даъво кунад, ки Муҳаммадюсуф он масолеҳро аз вай бо роҳи «тамаъҷӯӣ» гирифта буд.»

[b]»ТАМАЪҶӮӢ», ТАҲҚИРУ ТӮҲМАТ…[/b]

Хонум Ҷӯраева афзуд, Муҳаммадюсуф Исмоиловро фишор болои ӯву хешовандаш дар ҷараёни тафтиши парванда нигарон кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин вакили дифоъ, банди «тамаъҷӯӣ» ба гунаҳкори ин ҷурм то 10 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Замони тафтиши парванда, хабарнигори «Нури зиндагӣ» ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Додситонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба ҷуз банди «тамаъҷӯӣ», аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум низ айбдор кардааст.

Замони боз кардани парванда, манобеи наздик ба додситонии Ашт гуфта буданд, ки дар мақолаҳои худ Муҳаммадюсуф Исмоилов фаъолияти ғайриқонунӣ ва номуассири чанд мансабдори маҳаллиро шадидан интиқод ва бо ин роҳ шаъни онҳоро паст задааст.

[b]ВОКУНИШҲО БА БОЗДОШТИ ХАБАРНИГОР[/b]

Вале дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз додситонии Ашт ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки муфаттиши парванда машғули бозпурсии шоҳидон аст ва вақт надорад бо хабарнигорон сӯҳбат бикунад.

Муҳаббат Ҷӯраева мегӯяд, муфаттиш ба гуфтааст, ки тафтиши парвандаҳои зиёдро ба ӯҳда дорад ва наметавонад таҳқиқи парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро то ду моҳи дигар ба анҷом бирасонад.

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошт.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Амрико, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ боздошти хабарнигорро посухи мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номиданд ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3540515.html

Бузургдошти Латифӣ — журнолисти қолабшикани тоҷик

[b]Дар Душанбе маҳфили бузургдошт аз ҳафтодупанҷумин солгарди таваллуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигор, адиб ва сиёсатмадори фақиди тоҷик баргузор шуд.[/b]

Ин маҳфил ба ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва пайвандони Отахон Латифӣ доир шуд ва дар он адибон, дӯстон, рӯзноманигорон ва наздикони ин чеҳраи саршинос ширкат доштанд.

Бисёре аз ширкаткунандагони ин маҳфил Отахон Латифиро ҳамчун “қолабшикани журнализми тоҷик” ёд карданд.

Зеро ба гуфтаи онҳо маҳз Латифӣ шеваи нигориши матолиби интиқодӣ ва вокунишҳои сареъ ба масоилро дар рӯзнманигории даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ворид кард.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш ба нақши Латифӣ дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва имзои тавофуқоти сулҳ миёни давлати Тоҷикистон бо мухолифони пешинаш таъкид шуд.

Саломиддин Мирзораҳматов, рӯзноманигори тоҷиктабори муқими Қазоқистон мегӯяд, ки Отахон Латифӣ ҳанӯз дар солҳои 1960 асри гузашта дар арсаи рӯзнманигорӣ қолабшиканӣ карда буд.

Оқои Мирзораҳматов афзуд: “Латфӣ дар нашрияи русизабони “Комсомолец”-и Тоҷикистон фаъолият мекард, вале баъд аз навиштани чанд матлаб сардабири ин нашрия ӯро аз кор сабукдӯш кард ва гуфт, ки «вай бояд рӯзноманигориро ёд бигирад.»

Оқои Мирзораҳматов афзуд: «Вале баъд аз чанде, пас аз чопи як матлаб бо номи «Помир-бидуни эҳсосот» дар рӯзномаи “Комсомолская правда”-и чопи Маскав, Латифиро ба пойтахти Шӯравӣ барои кор даъват шуд.”

Оқои Мирзораҳматов гуфт, ки Отахон Латифи ошиқи Тоҷикистон буд ва бидуни кишвараш зиндагии худро тассавур намекард.

[b]Тарҷумаи ҳол[/b]

Отахон Латифӣ 18-уми моҳи марти соли 1936 дар шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон таваллуд шуд ва дар ин шаҳр мактаби ҳамагониро хатм кард.

Сипас ба донишкадаи фаннии шаҳри Тошканд рафт ва дар он ҷо таҳсилро идома дод. Дертар оқои Латифӣ фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории Донишгохи Сонкт-Питерсбурги Русия шуд.

Вай аз соли 1967 то соли 1973 хабарнигори рӯзномаи «Комсомольская правда»-и Маскав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас, аз соли 1973 то 1989 хабарнигори рӯзномаи «Правда», нашрияи ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд.

Ба чузъ аз рӯзноманигорӣ, Отахон Латифӣ дар сиёсат низ чеҳрае мӯътабар буд. Вай аз соли 1989 то соли 1991 симати муъовини нахуствазири Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Пас аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 1993 Отахон Латифӣ ба Эрон ва сипас ба Русия муҳоҷират кард.

Дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон фаъолона ширкат карда ва пас аз оғози фаъолияти кумиссиюни мусолеҳаи миллӣ дар шаҳри Душанбе, раёсати кумитаи фаврии ин кумисиюн дар бахши масоили ҳуқуқиро бар ӯхда дошт.

Дар поизи соли 1998 Отахон Латифӣ дар наздикии манзили маскуниаш дар шаҳри Душанбе ба таври фаҷеъ ба қатл расид.

Баъд аз марги вай ду китоби ёддоштҳояш бо номҳои “Инсон ва қуллаҳо” ва “Баҳори охирини Латифӣ”, ки дар он матолиби дар солҳои мухталиф навиштаи ин рӯзноманигор ва тарҷумаи ҳолаш омадааст, ба чоп расид.

Манзура Яқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ, ки чиҳил сол бо Латифӣ ба сар бурдааст, аз ӯ ҳамчун ҳамсари содиқ ва падари меҳрабони ду писараш ёд кард.

Хонум Яқубова афзуд: “Мо хеле мехостем, ки супоришгари қатли Отахонро пайдо кунанд. Зеро то ҳол қотилони вай дар озодӣ ҳастанд. Ҳарчанд як нафари номаълумеро барои даст доштанд дар ҷурми қатли шавҳарам боздошт кардаанд, аммо супоришгарони ин қатл ҳанӯз муҷозот нашудаанд.”

Хонум Яъқубова дар ҳоле ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд гуфт: “Ҷои Латифӣ холист ва ман ҳамроҳ бо аъзои хонавода ҳамеша дар ёди шавҳари ноҳақ кушташудаам ҳастам.”

Шоъир Гулрухсор, ки бо Отахон Латифӣ аз наздик ошно буд, мегӯяд, ки Латифӣ ошкор сухан мегуфт ва иштибоҳоти даврро бо ҷасорат ифшо мекард.

Хонум Гулрухсор афзуд: “Вай ҳангоме, ки дар “Правда”, рӯзномаи вақти Шӯравӣ кор мекард, нотарсона тамоми иштибоҳоти ҷомеъа ва раҳабриятро ифшо мекард. Ҳарчанд дар ин рӯзнома касе ҳақ надошт, ҳарфи интиқодие аз шӯравӣ бигӯяд.”

Шоъир Гулрухсор бо ёдоварӣ аз матолиби даврони Шӯравӣ дар ин рӯзнма гуфт: Дар он замон дар “Правда” рӯзноманигоре дар бораи ожангҳои занони солманди Шӯравӣ навишта буд, аммо дар рӯзномаи баъдӣ зимни такзиби ин матлаб навишта буданд, ки “занони солмандӣ Шӯравӣ бо таваҷҷӯҳ ба зиндагии хуб ожанг надоранд. Вале Латифӣ буд, ки агар ожангро дар рӯйи инсон медид, ошкор дар борааш мегуфт.”

Дар маҳфили ёдбуди Отахон Латифӣ дар бинои Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дӯстони вай аз лаҳзаҳои зиндагии ин рӯзноманигори саршинос ёдовар мешуданд ва Латифиро фарзанди Наврӯз номиданд.

Зеро Отахон Латифӣ дар баҳор таваллуд шуда ва ба гуфтаи онҳо табиъат дар ин фасли зебои солро дӯст медошт.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110318_zkh_memorial_poet_latifi.shtml

Мушкили дастрасӣ ба хабар дар Хатлон

[b]Дар вилояти Хатлон фақат даҳ дарсади сокинон ба родию ва телевизиюни вилоятӣ дастрасӣ доранд.[/b]

Дар ин бора масъулони Кумитаи радию ва телевизиюни вилояти Хатлон дар ҳамоиши хабарнигрони вилоят ба муносибати Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази ин вилоят эълом кардаанд.

Масалан Юсуф Беков, як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз бас ки ба радию ва телевизиюн ва нашрияҳои маҳаллӣ дастрасӣ надорад, ӯ дар мавриди таҳаввулоти сиёсию фарҳангии вилояти Хатлон иттилоъи андаке дорад. Вай мегӯяд, ки вазъи ҳамаи сокинони ин ноҳия чунин аст.

Дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа дар Қурғонтеппа ҳамчунин гуфтанд, ки ба далели мушкилоти мухталиф сокинони манотиқи марзӣ бо Афғонистону Ӯзбакистон барномаҳои родию ва телевизиюни ин кишварҳо гӯш ва тамошо мекунанд.

Хуршед Сафаров, масъули дафтари шабакаи телевизиюни “Сафина” дар вилоят Хатлон ин вазъро «навъе таҳдид ба амнияти иттилоъотии Тоҷикистон» унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, Ҳамроҳ Салимов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни вилояти Хатлон гуфт, ки барои пахши барномаҳои родию ва телевизиюни маҳаллӣ дар манотиқи марзӣ талошҳое сурат мегирад.

Масъулони ин ниҳод қаблан гуфта буданд, ки то ҷашни Наврӯзи соли ҷорӣ барномаҳои телевизюни вилоятӣ аз тариқи моҳвора ва барномаҳои родию тавассути амвоҷи FM пахш хоҳад шуд. Аммо то ҳол дар ин замина пешрафте ба назар нарасидааст.

Зимнан, дар вилояти Хатлон ду шабакаи мустақили телевизиюни “Мавҷи озод” дар ноҳияи Восеъ ва “РТК” дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият карда, вале ба далели надоштани барномаҳои хуби хабарӣ ё матолиби ҳирфаии журнолистӣ, тамошочии зиёде надоранд.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳоло дар вилояти Хатлон 40 нашрия сабти ном шуда, аммо танҳо ду-се нашрияи ба сурати ҳафтагӣ ва боқӣ фақат дар рӯзҳои ҷашнӣ мунташир мешаванд.

Муассисони нашрияҳо низ ҳукуматҳои маҳаллӣ буда ва дар онҳо умдатан хабарҳои расмӣ чоп мешаванд.

Ба гуфтаи Рустами Сафар, хабарнигори мустақили маҳаллӣ, нашрияҳои давлатӣ аз тариқи обуна чоп шуда ва ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеъа нестанд.

Ӯ гуфт: “Ин нашрияҳо дар мавриди мушкилоти мардум чизе наменависанд ва бештари матолиби онҳо фармоишӣ аст.”

Аз сӯйи дигар, Сайвалӣ Сайфуллоев, раиси чопхонаи вилояти Хатлон мегӯяд, таҷҳизоти чопхона кӯҳнаю фарсуда буда, имкони бо адади зиёд ва кайфияти хуб мунташир кардани нашрияҳо вуҷуд надоштааст.

Латофат Чориева, сардабири “Ҳамрози халқ”, нашрияи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки ба ин далел ӯ маҷбур аст ҳафтаномаро дар шаҳри Душанбе чоп кунад.

Камбуди чопхонаҳои муоъсир, чопи ғайримуназзами нашрияҳо ва душворӣ барои дастрасии амвоҷи радию телевизиюни вилоятӣ намоишгари вазъи фазои иттилоъотии вилояти Хатлон аст, ки ба ислоҳ ниёз дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110311_mm_ok_press_khatlaan.shtml

И. Талбаков: Моҷарои 562-сомониро нодуруст шарҳ додаанд

[b]29-уми декабри соли 2010 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои зиёде ворид гардида, аз 1-уми январи соли 2011 мавриди амал қарор гирифт. Аз ҷумла, яке аз тағйироти воридгардида, ин барои ҳар як минтақаи кишвар музди меҳнати миёнаи номиналӣ муайян кардан, ба ҳисоб меравад. Тибқи ин санад барои шаҳри Душанбе музди номиналӣ 562 сомонӣ муайян карда шуд. Тағйироти мазкур бинобар хилофи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хилофи Қонуни меҳнат буданаш соҳибкорону кормандон ва ҳатто кормандони худи мақомоти андозро ба иштибоҳ андохт.[/b]

[b]Раҳбарияти Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи мактуб-дастур нисбати навгониҳои Кодекси андоз, ки аз 1-уми январ ба ҳукми иҷро даромад, мораторияи муваққатӣ эълон намуд. Корхонаҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ, намоянагони иттиҳодияҳои тиҷоратӣ якҷоя бо мутахассисони Кумитаи андоз барои коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирот дар Кодекси андоз гурӯҳи корӣ ташкил намуданд. Зеро дар корхонаҳои хусусӣ ба ихтисор кардани кормандон аллакай шурӯъ намудаанд ва ҳатто баъзан аз ин тағйирот сӯистифода карда истодаанд. Аз ин рӯ, барои каме равшанӣ андохтан дар бораи ин навъи андозбандӣ мусоҳибае доштем бо Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин узви Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон.[/b]

[i]-Дар интиҳои соли гузашта ба «Кодекси андоз»-и ҶТ тағйиру иловаҳои зиёде ворид карда шуд. Мегуфтед, ки сабаби ворид намудани тағйирот чӣ буд ва он аз тарафи кӣ пешниҳод гашт?[/i]

— Ҳукумати ҶТ дар маҷлиси худ оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз 2-юми октябри соли 2010, таҳти рақами 482 бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ лоиҳа дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба парламент пешниҳод кард. Шӯрои Маҷлиси олии Маҷлиси намояндагон 11-уми октябри соли ҷорӣ таҳти рақами 360 онро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҳамон рӯз эътиборан вакилон ва кумитаҳо бо ин лоиҳа шинос шуданд. Шӯъбаи ҳуқуқи парлумон мутобиқати онро бо қонунҳои амалкунанда ва байналхалқие, ки Точикистон онҳоро қабул намудааст, тасдиқ намуд. Кумитаи иқтисод ва молияи парлумон лоиҳаро дар ҷаласа пешниҳод намуд. Дар вақти пешниҳод кардан бештар аз 59 таклифу дархостҳо буданд. Ба моддаҳои 6,7,34,49, 54,60, 47, 70, 92,110 ,111, 137, 153 ва 311, 312, 304, 305-и Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бештар тағйирот ба моддаи 137 дахл дорад. Дар моддаи 137, қисми 5 калимаҳои «на камтар аз музди меҳнати номиналии миёнамоҳонаи коргарони кироя» бо калимаҳои «дар давраи аз 1-уми июли соли ҷорӣ то 30-юми июни соли оянда на камтар аз музди меҳнати номиналии моҳонаи коргарони кироя дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор» иваз карда шуд. Яъне ҳамин тартиб ҳанӯз дар Кодекси андози пештара вуҷуд дошт ва он аз музди номиналии коргарони кироя гирифта мешуд.

Имрӯз аҳолӣ бештар чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар дар асоси шартномаи даҳонӣ ва ё хаттӣ кор мекунанд. Аз рӯйи баъзе рақамҳо то 600-700 нафар ва ё дар асоси маълумотҳои дигар то 1-1,5 млн нафар одамон дар хориҷи кишвар фаъолият мекунанд. Онҳо аз даромадашон ягон дирам андоз аз даромад намесупоранд, на дар Русия ва на дар Тоҷикистон. Ин гурӯҳ одамон шаҳрванди Тоҷикистонанд. Вақте ки дар ҷамъият инсон бо ягон кор машғул аст ва даромад мебинад, бояд аз даромадаш андоз супорад. Ҳамчунин андози иҷтимоӣ супорад, то вақти ба нафақа баромаданаш дар Хазинаи иҷтимоӣ захира шавад ва оянда он нафар нафақа бигирад.

[i]-Яъне Шумо гуфтаниед, ки муҳоҷирин ҳам бояд андоз супоранд? Агар ин тавр бошад, пас онҳо чӣ гуна инро амалӣ менамоянд?[/i]

-Бале, мувофиқи тағйироти мазкур муҳоҷирон низ андоз месупоранд. Гап дар сари он аст, ки меъёрро ҳокимияти қонунбарор маълум кард, вале механизми амалигардонии он ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун дар шароити кунунӣ бениҳоят мушкил аст. Ин қадами нахустин аст, ки аз коргарони кироя андоз ситонида мешавад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Душанбе музди миёнаи коргарон 562 сомониро ташкил мекунад. Дар ноҳияҳо ин нишондод камтар аст. Дар Нораку Роғун ин зиёдтар аст, чунки ба ин минтақаҳо сармояи зиёд рафта истодааст, ҷойҳои корӣ бисёранд, мутахассисон маблағи зиёд мегиранд.

[i]- Кадом категорияи коргарон аз рӯйи музди номиналии 562 сомонӣ андоз бояд супоранд?[/i]

— Мардум ба иштибоҳ афтодааст, гӯё ки ҳама бояд аз маоши номиналии 562 сомонӣ андоз супорад. Не ин гуна нест. Нафаре, ки дар ин ё он ташкилот, субъекти хоҷагидорӣ, дар ин ё он фирма хоҳ хусусиву хоҳ давлатӣ дар он ҷое, маош таъин аст, коргари штатӣ аст, дар ведемост имзо гузошта, моҳона мегирад, дар асоси ҳамон маблағи мегирифтааш андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ месупорад. Шояд ягон коргар 1000 сомонӣ маош гираду нафаре 100 сомонӣ. Коргаре, ки 1000 сомонӣ моҳона мегирад, дар асоси ҷадвали Кодекси андоз аз ҳисоби 1000 ва нафаре, ки 100 сомонӣ мегирад, барои 100 сомонӣ андоз месупорад, вале маош аз 80 сомон кам набояд бошад.

[i]- Вале дар асоси гуфтаи муҳосибон он миқдори маошеро, ки пештар омода карда мешуданд, имрӯз дар мақомоти андоз қабул надоранд ва талаб карда истодаанд, ки маоши ҳар як коргар набояд аз 562 сомонӣ кам бошад. Яъне коргаре, ки барои мисол 200 сомонӣ маош мегирад, бояд аз рӯйи 562 сомонӣ андоз супорад…[/i]

-Ин комилан хатост. Кадом мақомоте, ки ба шумо ин гуна меъёрро талқин мекунад, нодуруст мегӯяд. Ин мардумро ба иштибоҳ андохтан аст.

Барои мисол, агар дар рӯзнома фаъолият мекунеду маошатон 100 сомонӣ аст, Шумо аз рӯйи сад сомонӣ андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад месупоред. Лекин агар ягон нафар даъват кунад ва аз шумо хоҳиш намояд, ки матлабе омода созед ва бар ивазаш 200 ё зиёд аз ин маблағ диҳад, дар ин ҳолат бояд дар асоси моҳонаи номиналии 562 сомонӣ андоз супоред. Ё барои мисол, аз бозор мардикор кироя кардед, ягон кореро анҷом медиҳад, ки бар ивазаш мумкин то 400 сомонӣ дар як рӯз бигирад. Барои ӯ ҳам аз рӯи меъёри 562 сомонӣ андоз супорида мешавад.

[i]- Ин навъи андозбандӣ ба корхонаҳои давлатӣ ҳам дахл дорад?[/i]

— Бале, дахл дорад, ба шарте ки коргар кироя бошад. Масалан, ягон муҳандис даъват карда мешавад ва маблағи хубе барои кори дурӯзааш мегирад. Бояд дар асоси андоз аз маоши номиналӣ 562 сомонӣ супорад.

[i]-Масалан, шахсоне ҳастанд, ки бо рӯзнома дар асоси шартномаи хаттӣ ва ё шифоҳӣ ҳамкорӣ мекунанд ва онҳо барои як саҳифа матлаб барои мисол 50 сомонӣ гонорар мегиранд. Шояд ҳамкорони рӯзнома дар як моҳ 1 ё 2 саҳифа матлаб омода бисозанд, пас шакли андозсупории онҳо чӣ гуна хоҳад буд?[/i]

-Дар ин ҳолат агар корхона байни коргаронаш шартнома дошта бошад, дар он ҷо ҳамон маблағ нишон дода шуда бошад, ин маоши реалии шумо ҳисоб меёбад, аз ин ҳам бояд андоз бисупоред.

Аз ин рӯ, дар ҳолати воқеӣ будан, шумо ба Кумитаи андоз эъломия медиҳед, ки дар корхонаатон 200 сомонӣ маош мегиред ва дар баробари он қайд мекунед, ки бо дигар ҷой дар асоси шартнома ҳамкорӣ доред. Кордиҳанда бояд худ андозро ситонад. Вақте шумо мегӯед, ки дар ин ҷо 50 сомонӣ мегирам, барои мақомоти андоз як чизи нофаҳмост. Албатта, ба шубҳа мераванд, ки ин пинҳонкорӣ аст.

Мисол, электрик ва ё муҳандис 500 сомонӣ маош мегирад, аз рӯйи он андоз месупорад, вале рӯзҳои шанбе, якшанбе шояд дар асоси шартномаи даҳонӣ дар дигар ҷой кор кунад, Мумкин бархе дар бозори меҳнат дар як моҳ то 2000-5000 ҳазор кор мекунанд, вале онҳо ягон дирам андоз намесупаоранд. Барои ҳамин ин гуна меъёр муқаррар карда шуд. Ин маоши муқарраршуда ба коргарони кироя дахл дорад. Дар Кодекси андоз чунин омадааст: «Ҳар коргари кироя новобаста аз он ки кироякор ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият даровардашуда ё не. Соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ кори инфиродӣ амал менамояд, бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ин коргар ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шаванд. Ҳамзамон барои ҳисоб кардани манбаҳои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя на камтар аз музди меҳнати номиналии коргарони кироя, ки дар ҶТ барои соли гузашта ташаккул ёфтааст, муайян гардидааст. Дар мо чунин нафарон зиёданд. Боз мегӯям, ки дар Русия чанд ҳазор нафар кор мекунанд, онҳо ҳам «наёмный», яъне кироя ҳастанд, боз 200 ҳазор нафари дигар ки имрӯз дар биржаи бозори мо нишастаанд. Ҳамчунин ошхонаҳо дар асоси патент кор мекунанд, вале маблағи пешхизматро дар киссааш мегузоранд. Инҳо ҳам бояд андоз бисупоранд.

[i]- Коршиносон бар он фикранд, ки андоз бояд ҳавасмандкунанда бошад, на буғикунанда. Вале бархе аз коршиносон андозҳои моро буғикунанда ном мебаранд. Фикри Шумо дар ин бора чӣ гуна аст?[/i]

— Андоз дар тамоми давраҳо новобаста ба шакли моликият бояд ҳавасмандкунанда бошад. Фарҳанги андозсупорандагон бояд баланд бошад ва андозсупоранда барои сари вақт супоридани андоз ҳавасманд гардад. Андоз барои зиёд шудани манбаъҳои андозсупоранда бояд мусоидат кунад. На ин ки онро буғӣ кунад. Яъне шаҳрванд ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшро хубтар бидонад. Дар ҳолати баҳс худро ҳифз карда тавонад. Вале мутаассифона, субъектҳои хоҷагидори мо ҳуқуқҳои хешро намедонанд.

Ман пешниҳод дорам, ки дар оянда қоидаҳои андозу андозситонии шаҳрвандон аз даврони мактаби миёна таълим дода шавад. Чунки баъди хатми мактаб шахс мустақил мешавад ва кор мекунад.

[i]- Ҳангоми қабули Қонун «Дар бораи ворид намудани андози аксизӣ ба хизматрасонии алоқаи мобилӣ» гуфта мешуд, ки ин навъи андоз ба муштариён таъсир намерасонад. Имрӯз бошад, он боз бар дӯши халқ аст. Чаро ин тавр шуд?[/i]

— Вазири мӯҳтарами молия ҳангоми баромадаш дар ҷаласа гуфт, ки ин ба муштариён таъсир намерасонад. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳар чизе, ки ба арзиши аслӣ ворид карда мешавад, он ҳатман ба нарх таъсир мерасонад. Зеро ширкатҳо аз киссаи худашон он андозро намесупоранд. Масалан, ӯзбекистон боҷи гузаштани мошинҳоро баланд бардошт, хоҳед нахоҳед он ба болои маҳсулот зам мешавад. Ё пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Суғдро мисол меорем, он ҳам ба ронанда дахл дошт, вале ронандагон он маблағро аз ҳисоби баланд намудани роҳпулӣ таъмин мекунанд.

[i]- Раиси Хазинаи байналхалқии асъор эълом карда, ки сиёсати андозбандӣ дар Тоҷикистон бояд таҷдиди назар шавад. Дар ин масъала чӣ андеша доред?[/i]

-Ин масъала дуруст аст. Вақте ки мо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудем, парламенти касбӣ нав ба кор шурӯъ карда буд ва ин Кодекс дар шароите қабул карда шуд, ки айёми гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ буд. Тағйирёбии шаклҳои моликият буд. Акнун вақти он расидааст, ки Кодекси андози ҶТ мутобиқ ба талабот ва ҳолати воқеии иқтисоди Тоҷикистон таҳрезӣ ва қабул шавад.

[b]PS:[/b] Тибқи қонун мо аз Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти байни андозсупорандагон ва андозситонандагон, хоҳиш мекунем, ки тафсири қонуни мазкурро интишор намоянд. То дар ҷомеа нофаҳмӣ аз байн равад ва ҳамчунин аз қонуни мазкур бархе сӯистифода накунанд.

Уғулой Мухторова

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12382&Itemid=28

НОМа

[b]Ниҳоят, мо, — журналистон, ки ҳамеша садои шиква дорему гоҳ аз андоз менолем, гоҳ аз додгоҳу мансабдорон, ИД дорем.[/b]

Аслан, рӯзноманигорон бо баҳонаҳои гуногун дар як сол се ид доранд: Агар 11 март иди матбуоти кишвар, рӯзи таваллуди аввалин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» бошад, (бо ташаббуси мансабдорони алоҳида ба иди матбуоти давлатӣ бадал шуд!) 3 май рӯзи озодии баён (ба иди матбуоти мустақил табдил ёфт) ва 8 сентябр рӯзи ҳамраъйии журналистони ҷаҳон мебошад. Боз худи ҳамин ҳамқаламони азиз менависанд, ки чаро иди бисёр дар кишвар дорему хароҷоти зиёд…

Аммо, муҳимтар аз ҳама ин аст ки дар ду иди аввал бештар ба соли гузаштаи ВАО-и чопӣ назар андӯхта мешавад ва шебу фарозҳо беихтиёр пеши назар меоянд. Натиҷаҳо ҳам ҷамъбаст мешаванд, — касе соҳибҷойиза мешаваду касе аз масъулини натиҷагириҳо ранҷида меравад. Махсусан, ранҷидаҳо миёни довталабон барои дарёфти ҷойизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар рӯзи 11 март зиёд мешаванд, аз ин рӯ, метавонед на ба раиси ИЖТ ҳасад бареду на ба райиси ҳакамон.

3 май ҳам дар рушди журналистикаи тоҷик нақши муҳим бозидааст ва ҳатто метавон гуфт, дар гардиши куллии он нақши фаромӯшношуданӣ гузошт. Шояд кам нафаре имрӯз дар ёд дорад, вале 3 майи соли 2003 аз озмуни миёни журналистон натиҷагирӣ шуд ва ягон журналисти навиштораш ба тоҷикӣ, соҳиби мукофот нашуд. Ҳатто ба ҳафтаномаи «Нерӯи сухан», ки маҳбубияти зиёде пайдо карда буд, созмонҳои журналистии кишвар ва созмонҳои байналхалқӣ ҷоизаеро сазовор надонистанд. Ба эътирози журналистони тоҷик намояндаи як созмон, узви ҳайати доварон чунин посух дод:

— Тоҷикзабонон на журналист доранд на журналистика!

Натиҷаи ору номус ин шуд, ки соли дигар аз нисф бештари ҷойизаҳои озодии баёнро хабарнигорони ҳафтаномаи «Рӯзи нав», ки думболаи ин таъна таъсис ёфта буд, гирифтанд.

Соли 2005 ҳам айнан чунин воқеа рух дод: Ранҷидагон аз натиҷагирии озмун ин маротиба созмони журналистии «Медиа- Алянси Тоҷикистон» таъсис доданд, ки хуб аст, бад аст, то ҳол аз будани хеш дарак медиҳад.

Соле, ки гузашт, барои матбуоти кишвар бо умедҳо оғоз шуд, аммо имрӯз нақши камранги матбуоту ба якборагӣ пойин рафтани теъдоди нашр эҳтимоли аз чоп бозмондани ҳафтаномаҳоро ба миён овардааст.

Соле, ки гузашт, дигар даъвоҳои судӣ ва талабҳои хандаовари пулӣ (миллионҳо сомонӣ!) алайҳи нашрияҳо касеро ба ҳайрат наовард.

Соле, ки гузашт, бори аввал хабарнигорони Телевизиони Тоҷикистон номи нашрияҳои мустақилро гирифтанд. Ҳатто агар бо бадӣ буд, дар таърихи ҳафтаномаҳо бори аввал буд.

Соле, ки гузашт, шубҳаеро ҳам ба вуҷуд овард, ки журналист ҳам метавонад террорист бошад.

Соле, ки гузашт…

Акнун, ки гузашт, чӣ ҷойи шиква?

Ид муборак ҳамқалам ва ҳамалам!

[b]ИБ: Фарзандони шоистатаре дар сомонҳои дигар коре карданд, ки миёнгини тӯли умри модаронашон ба 81 сол (Амрико) ё 82 сол (Бритониё) ё 84 сол (Фаронса) ё ҳатто ба 86 сол (Жопун) бирасад. Дар ҳоле ки миёнгини умри як зан дар Тоҷикистон бештар аз 60 сол нест.[/b]

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12383&Itemid=28

«Озодии баён барои як кишвари озод зарур аст»

Рӯзи 11-уми март дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуот қайд шудааст.
Таҷлили ин сана дар кишвар дар соли 1996-ум ба расмият даромада ва то замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» — нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии собиқро ба сифати санаи иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Аммо баъди баҳсҳо миёни равшанфикрони Тоҷикистон бар сари таъйини рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми марти соли 1912, рӯзи интишори «Бухорои Шариф», нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, ин сана дар тақвими Тоҷикистон ба ҳайси Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфта шудааст.

Вазъи озодии баён ба хусус расонаҳо дар Тоҷикистон ҳамвора дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ матраҳ будааст.

Хосса дар як соли ахир вазъи расонаҳо ва озодии баён дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Зеро дар ин муддат мавориди ба додгоҳ кашонидани расонаҳои ба хусус мустақил афзоиш ёфта ва ин раванд аз маҳдуд шудани озодии баён дар кишвар дарак медиҳад. Ахиран сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ба хусус сафир Кеннет Гросс бо нашри мулоҳизоти хеш дар матбуот, аз вазъи расонаҳо ва озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ба додгоҳ кашонидани нашрияҳои мустақил фазои тарсу ваҳмро дар ҷомеа ба миён меорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, гуфтугӯе доштем бо Ҷим Калахан, масъули равобит бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки чаро вазъи кунунии озодии баён дар Тоҷикистон барои сафорати Шумо ва шахси ҷаноби сафир хеле муҳим шудааст?

[b]Посух:[/b] То он дараҷае, ки ман аз қабл таҳқиқ кардаам, дар рӯзҳои мардумӣ, аз ҷумла Иди матбуоти тоҷик, сӯҳбати сафорату сафир дар бораи аҳамияти матбуоти озод дар ҷомиа як амри маъмулӣ аст. Яке аз суолҳои мо вобаста ба нигарониҳо дар бораи аҳамияти журналистика аст. Мо ҳамчун миллат ҳис мекунем, ки то куҷо доштани матбуот аҳамият дорад. Матбуоте, ки қудрати танқид ва инъикоси мунсифонаи ҳаводисро дорад. Мо ҳис мекунем, ки барои мардум ва ҳукумат донистани он, ки кадом як коре нодуруст иҷро мешавад ва бояд дуруст иҷро шавад, хеле муҳим аст. Як кори расонаҳо ҳам ин аст, ки ҳукуматро водор кунанд, то кори худро дуруст ба роҳ монад. Агар ҳукумат худро ислоҳ карда тавонад, ҳама бурд мекунанд. Дар кишвари ман ҳам баъзан ва аксар вақт мақомот расонаҳоро хуш надоранд. Вақте мешавад, ки миёни ҳарду сари он, ки хабар чӣ гуна бояд бошад ва чӣ гуна дар асл ҳаст, зиддият ба вуҷуд меояд. Аммо тамоми шароитро барои он дорем, ки ҳукумат аз матбуот сӯистифода накунад. Ҳукумат бояд аз рӯи виҷдон кор кунад. Расонаҳо ҳам бояд ба ҳар ҳарфи худ масъулият дошта бошанд. Зеро аз ин вазъ мардум нафъ мебинад ва пирӯз меояд.

[b]Суол:[/b] Ҷаноби сафир дар матлабашон вазъи озодии баён дар ИМА-ро мисол меоранд, ки чӣ гуна хуб аст ва қонуне вуҷуд надорад, ки ин озодиро маҳдуд кунад. Аммо то куҷо ин як умедгоҳи наздик барои матбуоти Тоҷикистон метавонад бошад, дар ҳоле ки ба қавли коршиносон, солҳои ахир вазъ рӯ ба коҳиш аст, на беҳбудӣ? Ин вазъро чӣ гуна метавонед тафсир кунед?

[b]»ОЗОДИИ БАЁН БАРОИ ЯК КИШВАРИ ОЗОД ЗАРУР АСТ»[/b]

[b]Посух:[/b] Дар кулл ҳукумати Амрико ва сафораташ дар ин кишвар як ҳадаф доранд: беҳбуд бахшидани вазъ дар Тоҷикистон. Зеро ин барои миллати мо хеле муҳим аст. Ҷаноби сафир ҳам дар мақолаашон гуфтаанд, ки ба ҳамкории миёни ҳукумату расонаҳо ва беҳбуди вазъи озодии баён умедвор аст ва омодаи ҳама гуна кӯмак барои беҳбуди вазъ аст. Ин як корест, ки дипломат бояд кунад. Мо мехоҳем бо ҳукумат, бо мардум кор кунем, то вазъи озодии баён он гуна бошад, ки барои як кишвари озод зарур аст.

[b]Пурсиш:[/b] Ҷаноби Калахан, як соли ахир дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа ҳафтаномаҳо аз сӯи мақомот ба додгоҳҳо кашида мешаванд ва гӯё мисли як амри табии дар онҳо баҳсро мебозанд. Ин вазъ чӣ паёмаде дошта метавонад?

[b]Посух:[/b] Ин вазъ спиралеро мемонад, ки поён меравад. Аз ин қабл аз ҳама рӯзноманигорон зарар мебинанд ва маҷбур мешаванд, ки ба худсенсорӣ рӯ оранд. Худсенсорӣ як навъи тарс аст, ки рӯзноманигор фикр мекунад, чиро нависад ва чиро на. Аммо онҳо ҳамчун нозирон ва сухангӯён эътимоди мардумро аз даст медиҳанд. Агар хабаре ҳам нависанд, мардум шак мекунанд ва ҳатто фикр мекунанд, ки ин метавонад дурӯғ бошад. Ин вазъ барои миллате, ки худро месозад, мехоҳад рушд кунад, хеле бад аст. Хеле бад аст, ки мардум надонад, дар асл чӣ мегузарад.

[b]»ИНҚИЛОБҲОИ ИНТЕРНЕТӢ»[/b]

[b]Пурсиш:[/b] Таҳаввулоте, ки дар кишварҳои арабӣ рух доданд, аз сӯи бархе коршиносон, «инқилобҳои интернетӣ» низ унвон мешавад. Гуфтанд, ки бо истифода аз Твиттеру Фейсбук мардум бо ҳамдигар дар тамос буданд ва ҳар лаҳза иттилоъи сареъ пахш мекарданд. Дар Тоҷикистон ҳам соли гузашта ҳангоми ноамниҳо дар водии Рашт дар қатори расонаҳо, сомонаҳоро низ масдуд карданд. Аммо то куҷо мешавад аз интернет ҷилавгирӣ кард ба хотири таъмини амният? Оё ин имкон дорад?

[b]Посух:[/b] Ҳеҷ як кишвари ҷаҳон барои дарозмуддат наметавонад интернетро масдуд кунад. Ин имконнопазир аст. Ҳар касе бар ин фикр аст, ки метавонад интернетро масдуд кунад, иштибоҳ мекунад. Ин фанноварӣ аст, ки рӯз ба рӯз ва хеле зуд, босуръат рушд мекунад. Ба назарам, ҳаводиси Тунис ва Миср маҳз намунаи барҷастаи он ҳастанд, ки мардуми аз мушкилот ба дод омада тавассути расонаҳо бо ҳам робита барқарор карданд. Имрӯз масдуд кардани интернет имкон надорад. Гузашта аз ин, муомилаи хеле гаронарзиш аст. Як модеми оддие ҳаст, ки шуморо бо моҳвора мепайвандад. Ҳатто ҳукумати Амрико наметавонад ин гуна воситаҳои алоқаро масдуд кунад. Ҳар кишваре, ки мегӯяд, интернетро масдуд мекунад, хаёл мепарварад. Ӯ ин корро карда наметавонад.

[b]ИНТЕРНЕТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ[/b]

[b]Пурсиш:[/b] Вақте дар бораи масдуд кардани интернет дар Тоҷикистон баҳсҳо вуҷуд доштанд, мақомот гуфтанд, ки ин ба амнияти миллӣ ва манфиати кишвар баромадааст. То куҷо амнияту манфиати миллӣ метавонанд далели масдуд кардан ё бастани расонаҳо бошанд?

[b]Посух:[/b] Ин қабл аз ҳама аз худи масъала вобаста аст. Ҳукумат дар кулл пеши мардум ҳисоботдиҳанда аст. Хеле осон аст гуфтани он, ки мо ба хотири таъмини амният ин ё он корро мекунем. Замоне нақшаи Маршалро Амрико дар Аврупо пиёда мекард ва ҳукумат ба мардум мегуфт, ки ин ба хотири амнияти онҳо аст. Аммо он замон мардум ин далели ҳукуматро қабул доштанд. Аммо имрӯз мепурсанд, бо кадом сабаб ва чаро ин корро мекунад. Ҳукумат бояд далелҳои қавӣ дошта бошад барои асоснок кардани ин ё он даъвои марбут ба амният. Мардумро бояд итминон дода тавонад. Дар акси ҳол натиҷаҳо баръакс мешаванд. Ҳоло фанновариҳо пеш рафтаанд. Мардум манобеъи гуногуни иттилоъ доранд. Он чӣ расонаҳои давлатӣ менависанд, аксар вақт қобили қабули мардум нестанд. Фанновариҳои нав ҳукуматҳоро маҷбур мекунанд, ки бештар пеши мардум ҳисоботдиҳанда ва ростқавл бошанд.

[b]»КӮМАК МЕРАСОНЕМ НА ТАЪСИР»[/b]

[b]Пурсиш:[/b] Бубинед, солҳои ахир чандин маротиба аз вазъи расонаҳои алоҳида ва дар кулл вазъи озодии баён дар Тоҷикистон созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратҳои муқими кишвар изҳори нигаронӣ мекарданд. Аммо то куҷо, масалан, сафорати Шумо метавонад ба вазъи таъсир расонад ва барои ҳалли мушкил кӯмак кунад?

[b]Посух:[/b] Фикр намекунам, ки ин ҷо мавзӯъи таъсир расонидан бошад. Инро ман хуш надорам. Зеро мо бо давлате кор мекунем, ки онро шинохтаем ва бо он мехоҳем кор кунем. Гоҳе мешавад, ки аз мо барои пешбурди ягон соҳа кӯмак мепурсанд, мо кӯмак мерасонем. Гоҳе мешавад, ки мо аз вазъи ҳуқуқи башар изҳори нигаронӣ мекунем, аммо ҳукумат мегӯяд, ки бо ин назари шумо мувофиқ нестем. Нуктаи муҳим аз ҳама ин аст, ки ҳар як ҳукумат рисолати ҳифзи худ ва ҳифзи мардуми худро дорад ва бояд онро аз рӯи виҷдон иҷро кунад.

Фарҳоди Милод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2334519.html