Архив рубрики: Таҳлил

Қонун болост ё дарбон?

[b]Дар баррасии парвандаи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ бо Вазорати адлия журналистон ду маротиба ҳангоми мурофиаи кушода дар беруни дар монданд.[/b]

Дарбони додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои ворид шудани журналистон ба толори мурофиаи суд монеа эҷод карда буд. Ў далел пеш меовард, ки аз боло супориш шудааст, то ба журналистон иҷозаи ворид шуданро надиҳад.Вале раисикунандаи парванда сабаби роҳ надодани журналистон ба мурофиаи кушодро аз дархост накардани ҷонибҳои парвандаашон баррасишаванда дар мавриди ширкати онҳо дар мурофиа шарҳ дод.

Ин дар ҳолест, ки тибқи мониторинги созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон роҳ надодан ба мурофиаҳои судии ошкоро аз ҷониби судяҳои алоҳида бисёр ба назар мерасид ва танҳо дар ду соли ахир вазъият то андозае беҳтар гаштааст.

Абдухалил Раҷабов, раҳбари Раёсати судҳои Шўрои адлия мегўяд, ки принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар моддаи 19-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст. Принсипи мазкур дар мавридҳои пешбиникардаи қонун васеъ истифода шуда, имконияти озодона ба толори мурофиаи судӣ даромадани ҳамаи шахсон, аз он ҷумла, намояндагони ВАО-ро таъмин месозад. Судҳо ҳамчунин вазифадор шудаанд, ки талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятиро дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар ҳамаи зинаҳои судӣ риоя намуда, ба вайрон кардани принсипи мазкур роҳ надиҳанд ва беасос иштироки шаҳрвандону намояндагони ВАО-ро дар толори суд рад накунанд.

Ҳоло саволе пайдо мешавад, ки вақте намояндагони ВАО ё дигар одамон ҳаққи қонунии иштирок дар мурофиаи судии кушодро доранд, чаро судяҳои алоҳида ин ҳуқуқи қонунии онҳоро сарфи назар карда, барояшон монеа эҷод мекунанд ва дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард?

Дар ин маврид коршиносон андешаҳои мухталиф доранд. Гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, ба хусус мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони васоити ахбори омма бояд беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин масъала мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон — асри XXI» лоиҳаеро таҳти унвони «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» роҳандозӣ кардааст, ки дар оғози лоиҳа 6-уми майи соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлативу созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО мизи мудаввар баргузор шуд. Ҳадафи ин чорабиниро сарвари мактаби мазкур Сафо Сафаров чунин арзёбӣ кард: «Мақсади мизи мудаввар мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ мебошад. Дар ҷараёни лоиҳа 20 рўзноманигор аз манотиқи гуногуни кишвар ба омўзиш ва инъикоси ин масъала ҷалб карда мешаванд. Умедворем, ки мизи мудаввар боис мегардад, то як гуна ҳусни тафоҳум миёни намояндагони мақомоти давлатӣ, додгоҳӣ, ниҳодҳои қудратии кишвар, созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО ба роҳ монда шавад».

[b]Шаффофияти муҳокимаи судӣ [/b]

Гуфта мешавад, ки аксар вақт кормандони додгоҳ ба журналистон ҳангоми иҷрои вазифа монеаҳо эҷод мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Асотсиатсияи миллии расонаҳои мустақил гуфт: «Мо шоҳиди чунин ҳодисаҳо ҳам мешавем, ки новобаста аз мавҷудияти қарори плениуми Суди олӣ, новобаста аз он ки ҳама дар сухан ҷонибдори шаффофияти фаъолияти худ ҳастанд, бештар барои инъикос кардани ин масъалаҳо монеа эҷод мекунанд». Ў бар ин назар аст, ки барои бартараф кардани мушкили мавҷуда дар баробари омўзонидани рўзноманигорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо низ бояд омўзонида шаванд. То ин ки бо вуҷуди донистани ҳуқуқҳояшон, аз ўҳдадориҳои худ низ огоҳ бошанд ва ҳангоми фаъолияти рўзноманигорон ба онҳо монеа эҷод накунанд.

Ба қавли сарвари Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Нурмаҳмад Халилов, судяҳои алоҳидае ҳастанд, ки барои ширкат дар мурофиаҳои кушод роҳ намедиҳанд. Ў афзуд, ки дар суди ноҳияи Рўдакӣ ва суди шаҳри Хуҷанд чунин ҳолатҳо ҷой доштанд. Вале солҳои ахир чунин проблемаҳо камтар ба назар мерасанд.

Абдухалил Раҷабов, сардори Раёсати судҳои Шўрои адлияи ҶТ иброз дошт, ки агар ҳолатҳои роҳ надодани судяҳои алоҳида дар мурофиаҳои судии ошкоро ба назар расад, нафароне, ки ҳуқуқашон поймол шудааст, ба Шўрои адлия ба таври хаттӣ метавонанд муроҷиат кунанд ва нисбати чунин судяҳо ҳатман чораҷўӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои ҷавоби муроҷиати расмиро гирифтан зиёд интизор шудан лозим меояд, вале корафтодагон дар ҳолатҳои роҳ надодани судя ба мурофиаи кушод метавонанд ба раиси суд ё муовинонаш шикоят кунанд. Аммо Қаршибоев мисол меорад, ки ҳамин гуна ҳолат дар суди иқтисодӣ буд ва нафареро аз толори мурофиа берун карданд, лекин дар ҳамин вақту соат на раиси суд ва на муовинаш ҳузур надоштанд, то ки он нафар аз амали ғайриқонунии раисикунандаи суд ба онҳо муроҷиат кунад.

[b]Ба раисикунандаи суд либос маъқул нашуд, ё…?[/b]

Тибқи қонун шахсони иштироккунандаи мурофиаи ошкорои судӣ ҳуқуқ доранд ҷараёни муҳокимаи судиро дар коғаз ё диктофон сабт кунанд. Вале ба қавли Абдухалил Раҷабов, суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раисикунандаи парванда мумкин аст. Раисикунандаи парванда метавонад дар ҳамаи ҳолатҳое, ки зарур мешуморад, сабти видеоӣ ё суратгириро манъ кунад.

Ба ин гуна манъкуниҳои раисикунандаи суд Нуриддин Қаршибоев изҳори норизоӣ кард. Вай гуфт, ки беҳтар аст, агар номгўи он ҷиноятҳое, ки вобаста ба он мурофиаҳои пўшидаи судӣ гузаронида мешаванд, мушаххас гардад ва мардум донанд, ки дар чунин мурофиа ширкат кардан имкон надорад. Дар баробари ин шояд дар асоси мактуб ё омода кардани ягон зерсанади ҳуқуқӣ талабот ва амри раисикунандаи суд барои иштирок накардани одамон дар мурофиаи кушодаи судӣ, манъи сабти овоз ё гирифтани навору акс аз ҷониби рўзноманигорон асоснок карда шавад. «Ман барои ширкат дар мурофиа омадам, шояд либосам ба раисикунандаи суд маъқул нашудааст, ё амалам писанд наомадааст, яъне дар кадом асос ман наметавонам сурат ё ба навор нагирам?» — мегўяд ў. Ба андешаи номбурда, барои ҳамкорӣ имкониятҳои хеле зиёд ҳаст, муҳим аз ҳама омодагии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ барои таъмин кардани шаффофият ва таҳти ҳисобот қарор додани фаъолияти худашон дар назди ҷомеа аст. Ва дар ин ҳолат метавон барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа иқдоме кард.

Дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки омодаи ҳамкориянд, вале дар баъзе ҳолат гуфтаҳои онҳо аз ҷониби журналистон таҳриф мешавад. Анвар Юсупов, муовини авали раиси Суди олии ҶТ гуфт: «Мо омодаем, ки бо ВАО ҳамкорӣ намоем. Журналистон метавонанд пеш аз навиштани мақола бо судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, сўҳбат намоянд. Лекин чунин ҳамкорӣ ба он маъно нест, ки махфиятҳои судиро журналистон дар матбуот нашр кунанд».

Тибқи моддаи 5-и қонуни матбуот шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд. Вале бисёр вақт намояндаҳои расмии давлатӣ аз додани маълумот худдорӣ мекунанд ва журналистонро ба якҷониба баррасӣ кардани мавзўъ айбдор месозанд, мегўяд сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» Марат Мамадшоев. «Мо намехоҳем, ки Шумо аз ягон кас ҷонибдорӣ кунед. Аксар вақт судяҳо мегўянд, ки парванда дар ҳоли баррасист ва ҳеҷ чиз шарҳ дода наметавонем. Мо шарҳ намехоҳем, танҳо гўед, ки шаҳрванд фалонӣ ба кадом ҷиноят гумонбар дониста мешавад ва дар сурати исботи худро ёфтани он чӣ сарнавиште ўро интизор аст», — иброз дошт ў.

[b]ВАО гунаҳкор ҳисобад, ҷиноят нест?[/b]

Мамадшоев мегўяд, дар ғарб ВАО бар ин ақидаанд, ки онҳо вазифадор нестанд, меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро риоя созанд, аммо дар сурати мавҷудияти меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ, бояд ба он такя кунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро бояд мақомоти расмӣ риоя кунанд, зеро қарори охирин ҳамеша аз ҷониби мақомоти судӣ бароварда мешавад. «Шахси ҳирфаӣ танҳо фактҳои дар даст доштаро месанҷад, на тахмину гумонро. Вақте мақомоти судӣ дар Тоҷикистон мегўянд, ки ВАО ба суд фишор меорад, ин эрод дар нисбати ВАО аз ҳад зиёд аст. Мо воқеан шаффофиятро мехоҳем, то ҷомеа донад, ки дар ин соҳа чӣ ба амал меояд», — иброз дошт ў.

Ба андешаи ҳуқуқшиносон, судяҳо то замоне, ки ҳалномаи судӣ набаромадааст, дар бораи натиҷаи баррасии парванда набояд пешгўӣ кунанд ва танҳо метавонанд дар хусуси ба кадом ҷиноят гумонбар будан ё дар ҳоли баррасӣ қарор доштани парванда сухан гўянд. Нигина Баҳриева, сарвари Бунёди ҷамъиятии «Nota Bene» дар ин бора гуфт: «Эҳтимолияти бегуноҳӣ ба масъулияти мақомоти давлатӣ дохил мешавад. Агар ВАО дар бораи эҳтимолияти гунаҳкорӣ ё бегуноҳии инсон сухан ронад, ин вайрон кардани қонун нест, вале агар намояндаи ҳокимият оид ба гунаҳкорӣ ё бегуноҳӣ то эълони ҳалномаи судӣ ибрози назар кунад, дар ин ҳолат масъалаи мустақилияти судӣ ба миён меояд».

Номбурда афзуд, ки озодии изҳори ақида маҳдудиятҳои худро дорад ва яке аз мақсадҳое, ки барои ҳифзи онҳо метавон ҳуқуқи инсонро маҳдуд кард, эътибори адолати судӣ мебошад. «Агар дар ҷараёни мурофиа сухан дар бораи он равад, ки ин судя дар қабули қарор мустақил нест, яъне ба эътибори адолати судӣ дахолати мустақим шавад, дар ин ҳолат ҷавобгарии муайян ба миён меояд», — изҳор дошт Баҳриева.

Ба қавли ў, ҳам кормандони ВАО ва ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ бояд ин хусусиятҳоро ба назар гиранд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ВАО метавонанд ҷараёни мурофиаҳои судиро инъикос кунанд ва судяҳо метавонанд парвандаро то эълони қарори судӣ шарҳ надиҳанд. Ҳамзамон рўзноманигорон оид ба мўҳтавои парвандаи ҷиноятӣ зимни иштирок дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ маълумот пайдо карда метавонанд. Вагарна имкон дорад, ки шарҳи судя дар ҷараёни мурофиа аз ҷониби рўзноманигорон ба таври гуногун маънидод карда шавад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва намояндагони ВАО ҳамчунин риояи ўҳдадориҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мушаххас шудани номгўи амалҳое, ки дар асоси он раисикунандаи баррасии парванда мурофиаро ба таври пўшида ё кушода метавонад гузаронад ва шаффофият дар фаъолияти давлатӣ хеле муҳим аст. Зеро танҳо бо ин роҳ волоияти қонунро таъмин кардан имконпазир мегардад. Дар акси ҳол тамоми қонуну қарорҳо ба ҷои амалӣ шудан, танҳо дар рўи коғаз мемонанд.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/334-2011-05-10-11-44-51.html

Таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» дар Тоҷикистон

[b]Ҳамзамон бо маросими таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» дар Тоҷикистон сойти интернетии хабаргузории мустақилли “Озодагон” ба фаъолият оғоз кард.[/b]

Ба муносибати таҷлил аз ин рӯз, ки бо 3 май мусодиф аст, ҳамчунин як муассисаи ҷадид барои тавзеъи нашрияҳо дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бо номи «Чархи озод» ба фаъолият пардохтааст.

Хабаргузории «Озодагон» аз ҷониби Зафари Сӯфӣ, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” таъсис шудааст. Вай ҳадафи таъсиси ин сойтро тавлиди хабар ва ироаи сареъи он ба хонанда унвон кард.

Дар назар аст дар марҳилаи аввал хабару матолиби таҳлилии сойти хабаргузории “Озодагон” ба забони тоҷикӣ ва баъдан ба забони русӣ ва алифбои форсӣ низ мунташир шавад.

[b]»Ахбори кӯҳна»[/b]

Зимнан, дар Тоҷикистон ҳашт хабаргузорӣ сабти ном шудаанд, ки дар миёни онҳо “Ховар” хабаргузории давлатӣ буда ва бақия хабаргузориҳои мустақил ва умдатан русизабон ҳастанд.

Муассисони бархе аз хабаргузориҳо, монанди Тоҷнюзу Asia-Plus ва ҳоло Озодагон, ҳамзамон муассисони нашрияҳои ҳамноми инҳо ҳастанд, ки ҳафтае якборӣ чоп мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳамоише дар иртибот бо «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки бештари нашрияҳои тоҷикӣ дар тавлиди хабар нақши муассире надоранд ва хабарҳои онҳо «маъмулан кӯҳна буда ва ё аз сойтҳои интернетӣ» гирифта шудаанд.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик, гуфт, ки ба истиснои “ИмрӯзNews” нашрияҳои дигари Тоҷикистон ҳафтае як ё ду маротиба мунташир шуда ва бахши аслии матолиби ин нашрияҳоро гузоришҳои сойтҳои форсии Би-би-сӣ ё “Озодӣ” ташкил медиҳанд.

Ба эътиқоди оқои Мирзо, мумкин аст камбуди ҳазинаю кормандони ҳирфаӣ ва нигаронӣ аз моҷароҳои додгоҳии матолиби интиқодию баҳснок боъис шуда, ки нашрияҳои мустақил аз ин шеваи кор истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, теъдоди хонандагони нашрияҳои мустақил ҳамсола коҳиш меёбад.

[b]Тавзеъи нашриёт[/b]

Аммо Рустами Ҷонӣ, раиси кулли нашрияи “ИмрӯзNews”, ин иддаъоро бепоя хонда ва гуфт, ки ба додгоҳҳо кашида шудани чанд нашрияи мустақил дар соли гузашта ҳамин худ нишонаи хабарсоз ва серхонанда будани нашрияҳои мустақил аст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ҷонӣ, нашрияи “ИмрӯзNews” ва родиюи “Имрӯз” аз хабару матолиби хабарнигорони худ истифода мекунанд.

Ҳамзамон, дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки нашрияҳои чопи Душанбе тақрибан ба манотиқи рустоии Тоҷикистон, ки тибқи иттилоъи расмӣ, 70 дар сади мардум дар он ҷоҳо зиндагӣ мекунанд, намерасанд ва сокинони ин манотиқ ба шабакаҳои интернетӣ низ дастрасӣ надоранд.

Ба ин тартиб, дар манотиқи рустоии Тоҷикистон як халоъи иттилоъотӣ ба миён омада ва сокинон танҳо аз родиюву телевизиюни давлатӣ иттилоъ мегиранд ва ба иттилоъи манобеъи мустақил сахт ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, хабар дод, ки аз рӯзи сешанбе як ниҳоди тавзеъкунандаи нашрияҳо бо номи “Чархи озод” дар ин кишвар фаъол шудааст.

Вай гуфт, ки ин муассиса нашрияҳои чопи Душанберо дар марҳилаи аввал ба навоҳии атрофи пойтахт ва баъдан ба куллияи шаҳру навоҳии кишвар мунтақил ва ба мардум тавзеъ хоҳад кард.

[b]Эътои ҷоизаҳо[/b]

Созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон дар «Рӯзи озодии матбуъот» ба чанд тан аз рӯзноманигорон, нашрияву родиюҳо ва вакилони мудофеъ барои хидматҳои зиёд дар заминаи озодии матбуъот ва дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ҷоизаҳое эъто кард.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ, ҷоизаи ҷасорати журнолистии ба номи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоевро дарёфт кард.

Оқои Сайфуллозода дар авоили соли милодии ҷорӣ ҳадафи ҳамлаи афроде номаълум қарор гирифт ва муддатеро дар бемористон ба сар бурд. Гурӯҳҳои мудофеъи озодии баён ин ҳодисаро маҳкум карда буданд.

Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъи нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон” ва “Фараж” дар қазияи додгоҳии ин се нашрия барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ҷоизаҳои дигари созмони “Медиа-Алянс”-ро гирифтанд.

Дар ҳамоиши рӯзи озодии матуъот рӯзноманигорон ҳамчунин пешнависи як муроҷиъатнома ба порлумон бо пешниҳодҳо барои ислоҳи лоиҳаи қонуни ҷадид дар бораи расонаҳоро баррасӣ карданд.

Аммо қарор бар ин шуд, ки дар зарфи ду рӯзи оянда куллияи пешниҳодҳои нашрияву расонаҳо ва хабарнигорони алоҳида аз ҷониби Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва сипас, матни ниҳоии он ба порлумон ироа шавад.

Тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” (расонаҳо) се сол қабл аз сӯйи Олим Салимзода ва Акрамшо Фелалиев, намояндагони порлумон, таҳия шуда ва пешнависи он бо ширкати хабарнигорон, раҳбарони расонаҳои мустақил, намояндагони созмонҳои ғайридавлаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шудааст.

[b]Поси хотири шаҳидон[/b]

Ширкаткунандагони ҳамоиши «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» барои поси хотири хабарнигороне, ки ба ҳангоми адои вазифаи касбии худ ҷон бохтаанд, як дақиқа сукут карданд.

Гуфта мешавад, аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 то ба ҳол беш аз 80 хабарнигор дар ин кишвар дар шароити мухталиф кушта шудаанд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон”, посдории хотираи рӯзноманигорони шаҳидро гоме муҳим ва зарурӣ хонд, аммо гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба мусалмон будани бахши аъзами сокинони Тоҷикистон беҳтар аст ба ҷойи як дақиқа сукут ояте аз Қуръон хонда шавад.

Вале ҳозирин ба ин пешниҳод вокунише накарданд. Оқои Сӯфӣ гуфт, ки дар солҳои ахир мавориди қатли рӯзноманигорон сабт нашуда, аммо ҳолатҳои таъқибу фишор бар хабарнигорон ва нашрияҳои мустақил ва қазияҳои додгоҳӣ алайҳи онҳо афзоиш ёфтааст.

Ӯ аз лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷониби афроди номаълум ва ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон”, “Фараж”, “Миллат”, “Чархи гардун” ва “Пайкон” ёдовар шуд, ки дар зарфи як соли ахир иттифоқ афтодаанд.

[b]Муҳокимаҳои додгоҳӣ[/b]

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ ё НАНСМИТ) дар «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» зимни интишори баёнияе аз пойинравии сатҳи озодии матбуъот дар ин кишвар хабар додааст.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: “Дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 34 мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон сабт шуда ва се ҳолати муттаҳам кардани нашрияҳои мустақил ба таҳқиру тавҳини ашхос ва ҳафт маврид аз мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъот ба мушоҳида расидааст.»

Бахусус, АМРМТ таъкид кардааст, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, дар муддати шаш моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурда ва баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай ҳамчунон идома дорад.

Оқои Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст. Аммо масъулони АМРМТ илали боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондаанд.

Хуршед Ниёзов, раиси созмони “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон, соли гузаштаро барои хабарнигорону расонаҳои мустақилли ин кишвар аз душвортарин солҳо унвон кард.

Ба гуфтаи вай, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар соли гузашта фаъолияти бархе аз нашрияҳои мустақил барои муддате мутаваққиф ва чанд сойти интернетӣ масдуд шудаанд. Теъдоди муҳокимаҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Далели афзоиши муҳокимаҳои додгоҳӣ ба фармони рақами 622–и Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 феврали соли 2009 рабт доштааст, ки дар он ба густариши робитаи миёни мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ таъкид шудааст.

Дар ин санад мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки ба матолиби расонаҳо вокуниш нишон диҳанд.

Рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ дар ин бора гуфт: “Вокуниши бештари мақомоти давлатӣ дар ин росто на дар шакли ислоҳи норасоӣ, балки дар шакли талош барои бегуноҳ нишон додани худ сурат гирифтааст.”

[b]»Марзҳои тоза, мавонеъи тоза»[/b]

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид зимни як баёния дар иртибот бо «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» матбуъоти озодро василаи аслӣ барои ифшои фасод ва аъмоли бад ва ҳифзи эътимоди ҷомеъа арзёбӣ кардааст.

Дар ин баёния омада, ки то ҳол дар бархе аз давлатҳои худкомаи ҷаҳон талошҳое барои эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи матбуъоти озод ва назорат ва ҷорӣ кардани сонсур барои сойтҳои интернетӣ анҷом мешаванд.

Созмони Милал имсол мавзӯъи баҳсу баррасӣ дар рӯзи ҷаҳонии матбуъотро «Марзҳои тоза, мавонеъи тоза» гузошта ва аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки дар қарни тавсеъаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, ки мардум беш аз ҳар вақти дигаре бо ҳам басуръат мухобара мекунанд, аз эҷоди мавонеъ бо истифода аз текнулужиҳои имрӯзин даст бардоранд.

Бино ба иттилоъи созмони омрикоии Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, дар соли гузашта шаш хабарнигори сойтҳои интернети хабарӣ кушта шудаанд.

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот дар соли 1991, ба дунболи фурӯпошии девори Берлин ва лағви маҳдудият барои матбуъоти озод дар Урупои Шарқӣ бо ширкати рӯзноманигорони офриқоӣ таъсис шудааст.

Дар ин сол бо ҳамкории Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид ё ЮНЕСКО дар шаҳри Виндҳуки Намибӣ, дар қораи Офриқо, эъломияе дар бораи васоили иттилоърасонии мустақил тасвиб шуд.

Пас аз ду сол Маҷмаъи Умумии СММ ин рӯзро «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» эълом кард.

Мардони Муҳаммад, Би-би-си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110503_mm_press_freedom_day.shtml

Мусолиҳаи се додрас бо се нашрияи мустақил дар Тоҷикистон

[b]Қазияи додгоҳии “Фараж”, “Озодагон” ва “ASIA-Plus”, се нашрияи мустақилли Тоҷикистон, бо се додраси маҳаллӣ, пас аз беш аз як соли баррасӣ дар додгоҳ бо созиши тарафҳо анҷом шуд.[/b]

Ҳафтаномаҳои «Озодагон», «Фараж» ва нашрияи русизабони «Asia-Plus» моҳи марти соли гузашта аз сӯйи се додрас ба тавҳин ва паст задани шаъну эътиборашон муттаҳам шуда буданд.

Он замон Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додометов, додрасҳои маҳаллӣ, пас аз чопи номае аз як вакили мудофеъ дар ин се нашрия алайҳи онҳо ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда буданд.

Ин се додрас аз ин ҳафтаномаҳо пардохти 5,5 милюн сомонӣ ё беш аз як милюну 250 ҳазор дулор ғароматро тақозо карда буданд.

Аммо рӯзи сешанбе додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асоси баёноти шокиёни парванда дар бораи пас гирифтани даъвои худ ва мактуби таъаҳҳудоти тарафҳо баррасии парвандаро мутаваққиф кардааст.

Тибқи мактубе, ки шокиён ва муттаҳамони ин парванда ба имзо расонда ва ба қозии парванда пешниҳод кардаанд, тарафҳо таъаҳҳуд кардаанд, ки дигар дар оянда ҳаққи даъвои додгоҳӣ дар заминаи шикоёти парвандаи мазкурро надоранд.

Аммо ба гуфтаи Зафари Суфӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон”, яке аз нашрияҳое, ки ба тавҳин муттаҳам шуда буд, ин созиш пас аз даҳ рӯз аз эъломи он эътибори қонунӣ хоҳад ёфт.

Оқои Суфӣ аз шарҳи ин созиш дар ҳоли ҳозир худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ин як раванди табиъӣ буд, ки бояд сурат мегирифт”.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, дар вокуниш ба эъломи созиши тарафҳо дар ин парванда гуфт, ки аз анҷоми «мусолеҳаомези ин қазия мутмаин» будааст.

Вай гуфт, ки “ин танҳо роҳи боақлона ва солими анҷоми қазия ба назар мерасид” ва таъкид кард, ки баёния ва изҳори нигаронии мукаррари созмонҳои байналмилалӣ ва бархе аз сафоратхонаҳо дар мавриди ин қазия дар ҳалли ин қазия муассир воқеъ шудааст.

Вай афзуд: “Ман намегӯям, ки ин баёнияҳо ба хотири фишор овардан набуд, балки ба хотири ҳаққро ба ҳақдор расондан буд.”

Қазияи додгоҳии се нашрияи мустақилли “Озодагон”, “Фараж” ва “ASIA-Plus” танҳо яке аз парвандаҳои марбут ба расонаҳост, ки додгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон машғули баррасии онҳо буданд.

Зимнан, гузоришҳои мухталифи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи демукросӣ дар Тоҷикистон ҳокист, ки онҳо аз афзоиши ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил дар ин кишвар нигарон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 19 апрел ҷаласаи додгоҳи истинофӣ барои таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳ алайҳи “Миллат”, нашрияи дигари мустақил, баргузор шуд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар моҳи феврали соли ҷорӣ нашрияи “Миллат”-ро ба чопи раддияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва пардохти ғаромат ба ин вазорат муваззаф карда буд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ин ҳафтанома бояд ба вазорати кишоварзӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ё беш аз 300 дулори омрикоӣ ғаромат мепардохт.

Аммо масъулони нашрияи “Миллат” ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар қиболи ин нашрияро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда ва ба додгоҳи истинофии шаҳрӣ шикоят бурдаанд.

Аз сӯйи дигар, ҳоло қазияи дигари додгоҳии ҳафтаномаи «ASIA-Plus» низ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идома дорад.

Раиси собиқи бахши ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба чопи матолиби таҳвиномез, ки ба эътибори ин ниҳоди интизомӣ латма зада, муттаҳам карда ва пардохти як милюн сомонӣ ғароматро аз ин нашрия тақозо кардааст.

Дар ҳамин ҳол, хабар мерасад, ки як маъмури Вазорати кишвари Тоҷикистон бо иттиҳоми “ворид кардани латма ба шаъну шараф” алайҳи нашрияи “ИмрӯзNews” ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Ин нашрия дар истинод ба сӯҳбатҳои як ронандагон ин маъмури пулисро ба талош барои ситондани ришва муттаҳам кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110419_sq_press_freedom_court.shtml

Аслиддин Розиқов: «Ҳифзи сирри давлатӣ вазифаи ҳамаи мост»

[b]Дар ҳошияи рӯзи Озодии баён Шаҳноз Комилзода бо Розиқов Аслиддин Андалибович, сардори Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи ихтисосие анҷом додааст, ки пешкаши хонандаи азиз мешавад.[/b]

[b]- Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ фаъолияте пеш мебарад?[/b]

— Бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва рушди низоми ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор ёфтани он дар матбуот, нашриёт, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамчун воҳиди сохтории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2003 таъсис дода шуд. Амалӣ намудани талаботи қонунҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар расонаҳо яке аз вазифаҳои асосии Бозрасӣ мебошад. Бозрасӣ риояи қонунгузориро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор ёф-тани он дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин маводи ба хориҷа ирсолшавандаро назорат мекунад.

[b]- Бозрасӣ боз чӣ корҳоеро иҷро мекунад?[/b]

— Тавре гуфтем, Бозрасӣ татбиқи сиёсати ягонаи давлатро доир ба ҳифз аз паҳнкунии маълумоти дорои сирри давлатӣ назорат мекунад. Бинобар ин сохтори мо ҳангоми аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ — сарфи назар аз шакли моликияташон ва шахсони воқеӣ таҳия намудани мавод барои табъу нашр, паҳн намудан дар дигар воситаҳои ахбори омма ва ё зимни аз сарҳад гузаронидани онҳо, аз ҷумла ҳангоми таҳияи мавод барои табъу нашр дар нашриёти ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, фошсозӣ ва паҳнкунӣ, барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба сирри давлатиро таъмин менамояд. Бозрасӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳои вобаста ба сирри давлатӣ ва фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро муайян менамояд, ва талаботи Низомномаи Бозрасӣ кори худро пеш мебарад.

[b]- Ҳамкории ин ниҳод бо расонаҳо чӣ гуна аст?[/b]

— Бозрасӣ бо масъулини воситаҳои ахбори омма алоқаи зич дошта, баҳри иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда оид ба ҳифзи сирри давлатӣ бо масъулини расонаҳо, вохӯриҳои корӣ баргузор мекунад ва ҳамчунин гузаронидани бархе семинарҳои илмию амалиро ба нақша гирифтааст. Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ҳамчунин маводе, ки барои ба хориҷа бурдан пешбинӣ шудааст, аз тарафи Бозрасии Саридора зери назорат гирифта мешавад. Дар қонун муайян шудааст, ки корхона, муассиса, ташкилот ва шаҳравандон ҳангоми ба чоп тайёр кардани мавод дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, интишор додан ё аз сарҳад гузаронидани онҳо барои ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд муқаррароти муайяншударо риоя намуда, маводи номбаршударо пеш аз ирсол намудан ё интиқол додан бо Бозрасии Саридора мувофиқа намоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии кормандони табъу нашр оид ба риояи қонунҳо дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ Бозрасӣ дар нашрияҳои ҷумҳурӣ матолиберо низ ба табъ расонидааст. Гузаронидани семинарҳои амалӣ бо масъулини воситаҳои ахбори омма ва мақомоти сиррии вазорату ташкилотҳо омили асосии пешравии кор буда, ба ин хотир дар соли 2010 дар мавзӯъҳои «Таҳкими низоми махфият», «Ҳифзи сирри давлатӣ як рукни ватандӯстист» семинарҳо баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар масъулини ин соҳа иштирок карданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 таҳти №482 қоидаҳои фиристодани нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврӣ ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ тасдиқ шудааст. Қоидаи мазкур мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» таъйин шуда, тартиби ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ фиристодани нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти давриро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар хориҷи кишвар чоп мешаванд, муқаррар кардааст. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи мақомоти ҳукуматӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, ки ба фаъолияти табъу нашр машѓуланд, нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии ѓайримахфии матбуоти даврии рӯзномаю маҷалла, бюлетен ва дигар нашрияҳои давриро, ки барои дар байни омма интишор кардан пешбинӣ шудаанд, ба мақомот ва ташкилоти дахлдори давлатӣ ирсол мекунанд. Аз ҷумла намунаи ҳамин гуна маҳсулоте, ки дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасад, дар рӯзи чоп аз ҳисоби худ ба таври ройгон фавран пеш аз паҳн намуданашон ба ташкилотҳои номбурда пешниҳод мекунанд. Бояд зикр кард, ки номгӯйи мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатие, ки ба онҳо нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврӣ пас аз чоп ва пеш аз паҳн намудан фиристода мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

[b]- Оё расонаҳо дар сурати ошкор кардани сирри давлатӣ муҷозот мешаванд?[/b]

— Дар сурати риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, шахсони гунаҳкор тибқи моддаи 508 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот карда мешаванд. Барои аз тарафи шаҳрвандон, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар сурати риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, (ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят), ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин мода пешбинишуда,ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда ҷарима таъйин карда мешавад.

[b]- Дар бораи пешгирӣ кардани ифшои сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма чӣ тадбире андешида шудааст?[/b]

— Сирри давлатӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи сирри давлатӣ аз маҷмӯи тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ, инжинерию техникӣ, топографию криптографӣ (хати рамзӣ) ва фаврӣ иборат аст, ки барои пешгирӣ аз фош гардидани маълумоти дорои сирри давлатӣ нигаронида шудааст. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, фикру ақидаҳояшро озодона баён кунад ва онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30-и он омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода мешавад. Таблиѓот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» 10 майи соли 2002 таҳти №57 ба тасвиб расида, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ муайян мекунад. Дар ҳамин қонун номгӯи маълумоти дорои сирри давлатии соҳаҳои мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, ам-нияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкоркунии онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, инчунин муҳлати махфӣ нигоҳ доштани ин маълумотҳо муқаррар карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас дар матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ин-тишори маълумоти дорои сирри давлатӣ қариб, ки аз байн рафтааст. Ичунин аз ҷониби рӯзноманигорону муҳаррирон ҳолатҳои барқасдона ифшо намудани сирри давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷомеаи демократӣ таъмин намудани шаҳрвандон бо иттилооти саҳеҳу саривақтӣ дар хусуси фаъолияти ҳукумат ва навигариҳо вазифаи асосии воситаҳои ахбори омма мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз аввали солҳои 90-ум сар карда, нашрияҳои хусусӣ фаъол шуда, мавқеи худро хеле мустаҳкам карда, сафи хонандагонашонро зиёд намудаанд. Бисёре аз нашрияҳои хусусӣ адади нашрашонро зиёд намуда, шумораи хонандагони онҳо дар тамоми ҷумҳурӣ афзудааст. Ҳар як маълумоти дорои сирри давлатӣ вобаста ба моҳияти худ мӯҳлати мушаххаси сиррӣ дорад. Аксар вақт рӯзноманигорон, масъулини матбааю нашрияҳои ҷумҳурӣ аз он пурсон мешаванд, ки кадом маълумотҳо дорои сирри давлатианд. Ин ба он далел аст, ки онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ», ки 10 майи соли 2002 таҳти №57 қабул шудааст, ошно нестанд. Қонуни номбурда маълумотҳои дорои сирри давлатиро дар соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкор кардани онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, дар бар гирифта, мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумотҳоро муқаррар намудааст. Ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», ки 27 апрели соли 2003 таҳти №4 қабул шудааст, мутобиқи таъминоти соҳавӣ, идоравӣ ё барномаю ҳадафи он сурат гирифта, тавассути роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои қарори қабулкардаашон масъу-лияти шахсӣ доранд, сурат мегирад. Барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи махфӣ гардонидани маълумот Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба сирри давлатӣ мансуб буда, дар он муҳлати махфӣ нигоҳ доштани ин маълумот зикр мегардад, тартиб додааст. Аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ феҳристи пурраи маълумоти сиррӣ тартиб дода, дараҷаи махфӣ будани онҳо муқаррар шудааст. Дар доираи барномаҳои мақсаднок оид ба ихтироот ва такмили намунаҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, корҳои озмоишию конструкторӣ ва тадқиқоти илмӣ бо қарори фармоишдиҳандагони намунаҳо ва корҳои мазкур феҳристи алоҳидаи маълумотро тартиб додан мумкин аст, ки бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Ин феҳристҳо аз ҷониби роҳбарони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд. Ҳангоми ба чоп тайёр кардани мавод дар матбуот ва воситаҳои ахбори омма ё аз сарҳад гузаронидани онҳо ба мақсади ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд дар асоси ин қонун ва санадҳои дигари қонунгузорӣ амал кард. Назорат ба риояи қонун дар масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва аз интишор ёфтани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин дар материалҳое, ки барои ба хориҷа бурдан пешбинӣ гардидаанд, ба зиммаи Бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Источник: http://www.millat.tj/musohiba/2537-asliddin-roziqov-qhifzi-sirri-davlati-vazifai-hamai-mostq.html

Нигаронии ИМА аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон

[b]Сафири Амрико дар Душанбе вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро «нигаронкунанда» хондааст.[/b]

Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе гуфта, ки аз боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» дар Ашт, мушкили ҳафтаномаи “Пайкон” ва ба додгоҳ кашида шудани хабарнигори «Имрӯз нюс», Мирзомуроди Бозор, нигаронанд.

Сафири Амрико афзудааст, «мо рӯйдодҳои марбути ин парвандаҳоро бодиққат мушоҳида менамоем ва умед дорем, ки дӯстони мо дар Ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки воситаҳои мустақили ахбори омма дар ҷомеаи солиму демократӣ нақши муҳимро мебозанд.»

Бо ин ҳол, ба гуфтаи Кеннет Гросс сафорати Амрико дар Душанбе барои рушди воситаҳои ахбори мустақил талош мекунад.

«Мо мушоҳида намудем, ки бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдуд маншаъ мегирад. Изҳори озоди нуқтаҳои назари мухталиф мамлакатро нерӯмандтар мегардонад ва қадами нахустини ноилшавӣ ба ризоият аст»,-омадааст дар изҳороти сафири Амрико дар Тоҷикистон.

[b]МАВРИДҲОИ НАҚЗИ ҲУҚУҚИ ХАБАРНИГОРОН[/b]

Ин дар ҳолест, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ ҳам гуфта, ки мизони озодии баён дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон дар чаҳор моҳи гузашта, 84 мавриди марбут ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро сабт кардааст, ки 34 ҳолати он аз нақзи ҳуқуқи журналистон ҳикоят мекунад.

Ҳамчунин, се ҳолати муттаҳам кардани нашрияҳо барои таҳқиру тавҳини афроди алоҳида ва ҳафт ҳолати мушкили дастрасӣ ба иттилоъ низ қайд шудааст.

Бино ба гузориши тозаи НАНСМИТ, дар пайи мушкили дастрасӣ ба иттилоъ аввалин бор Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи “Факты и комментарии” ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз болои ширкати мобилии “Bаbilon-M” ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” шикоят бурдааст.

[b]МУШКИЛИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛОЪ[/b]

Дар ин муддат додгоҳи шаҳри Душанбе низ баррасии шикояти ҳафтаномаи «Миллат» аз болои ҳалномаи Додгоҳи Фирдавсиро баррасӣ ва онро бидуни тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нашрияи мустақили «Миллат»-ро барои пардохтани якуним ҳазор сомонӣ товон ба Вазорати кишоварзӣ муваззаф карда буд.

Аммо ҳамчуноне ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил навиштааст, додраси додгоҳи Шоҳмансур аз баррасии шикояти ҷаноби Абдуллоев худдорӣ намуда ва гуфтааст, ки ин масъалаҳо бояд дар Додгоҳи иқтисодӣ баррасӣ шавад.

НАНСМИТ мегӯяд, ҳанӯз ҳам мақомдорони давлатӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз додани иттилоъ худдорӣ меварзанд. Бар асоси гузориши тозаи ин созмон, баъзе аз раҳбарони идораҳои давлатӣ аз хабарнигорон тақозо намудаанд, ки барои гирифтани иттилоъ аввал иҷозаи мақомоти сатҳи болоиро дарётфт кунанд.

[b]САРНАВИШТИ ХАБАРНИГОРИ «НУРИ ЗИНДАГӢ»[/b]

Дар ин гузориш аз боздошту нигаҳдории хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов низ нигаронӣ шудааст. НАНСМИТ аз он изҳори ташвиш кардааст, ки хабарнигори “Нури зиндагӣ” дар Ашт, Муҳаммадюсуф Исмоилов, аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва баҳси парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ҳанӯз идома дорад.

Додситонии ноҳияи Ашт хабарнигори “Нури зиндагӣ”, Муҳаммадюсуф Исмоиловро барои таҳқиру таҳвин ва барангехтани кинаву хусумати милливу мазҳабӣ мутаҳам мешуморад.

Инчунин, дар ин гузориш аз баҳси додгоҳии Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ бо нашрияи “Азия-Плюс” ёдоварӣ шудааст.

Анвар Тағоймуродов ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз болои мақолаи Рамзия Мирзобекова шикоят бурда ва гуфтааст, ки дар ин матлаб ӯ таҳқиру тавҳин шудааст. Вай аз додгоҳ хоста, ки нашрияи “Азия-Плюс” як миллион сомонӣ товон пардозад.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бо ишора ба ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ гуфтааст, ки дар чаҳор моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҷараёни поинравии сатҳи озодии баён дар кишвар ба мушоҳида расидааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/16800888.html

Озодиву ноозодиҳои матбуоти Тоҷикистон

[b]Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод дар Тоҷикистон дар ҳоле таҷлил шуд, ки Хонаи Озодӣ ё Freedom House, созмони амрикоии нозири вазъи озодии баён дар ҷаҳон ин кишварро ба шумори кишварҳои «ноозод» ворид кардааст.[/b]

Сафири Амрико дар Тоҷикистон, Кеннет Гросс, низ дар баёнияе дар ин рӯз вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хонда, гуфтааст, «бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдуд маншаъ мегирад.»

Аммо Мансур Сайфиддинов, сармушовири раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин арзёбиҳо аз рӯи адолат сурат нагирифтаанд. Ба қавли ӯ, вижагии Тоҷикистон дар минтақа дар ин мавзӯъ ба назар гирифта намешавад.

Вай афзуд, «дар минтақа дар қиёс бо дигар кишварҳо мо шояд хеле пешрафта ҳастем. Мо дар матбуоти ҳаррӯзаи худ мебинем, ки ин қадар матолиби интиқодӣ аз мақомот нашр мешаванд, ки дар дигар кишварҳо имкони нашр шуданро надоранд. Ба назари ман, дар ҷумҳурии мо озодии сухан дар сатҳи хеле баланд аст.»

[b]МАҚОМОТ: «ОЗОДИИ БАЁН ҲАСТ»[/b]

Тайи як соли равон Тоҷикистон шоҳиди мавридҳои зиёди фишор ба матбуоти озод буд. Чандин нашрияҳо ва рӯзноманигорони алоҳида маҳз аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ кашида шуданд ва ҳангоми ҳаводиси шарқи кишвар дар тобистону тирамоҳи соли гузашта фаъолияти иддае аз нашрияву сомонаҳо муваққатан қатъ шуд.

Ҳамчунин аз минбарҳои баланд шурӯъ аз раисҷумҳур то мақомдорони поёнӣ пайваста ҳушдор медиҳанд, ки расонаҳои мустақил аз манофеъи миллӣ дифоъ кунанд ва ваҳдати миллиро халалдор нанамоянд.

Мансур Сайфиддинов мавҷудияти мушкилотро инкор накард, аммо афзуд, дар гузаштаи начандон дури таърихи Тоҷикистон ҷомеа шоҳиди он буд, ки чӣ гуна рӯзноманигорон дар ноамниҳо саҳм доштанд. Вай афзуд, бамаротиб бештар будани теъдоди расонаҳои мустақил дар қиёс бо расонаҳои давлатӣ далели боло будани сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон аст.

JavaScript-и шумо сокит аст ё Adobe’s Flash Player-и шумо кӯҳна мебошад. Навтарин Flash player-ро аз ин ҷо бигиред.

[b]КОРШИНОС: «БОВАР НАДОРАМ»[/b]

Тибқи иттилои расмӣ, тайи 20 соли истиқлолият теъдоди расонаҳои мустақил бамаротиб афзудааст, аз ҷумла агар дар соли 1991 аз 139 чор рӯзномаву ҳафтанома хусусӣ буданд ва танҳо як оҷонси хабаргузории давлатӣ фаъолият мекард. Ҳоло аз 404 рӯзномаву маҷалла 250, аз 8 оҷонсӣ 7, аз 30 телевизион 19 ва аз 16 радио 9 адад хусусианд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷовид Муқим, рӯзноманигор ва устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон гуфт, даъвоҳои мақомот дар бораи озодии сухан дар Тоҷикистон то ба имрӯз «ноозод» набудани кишварро собит накардаанд: «Ман ба ин гуфтаҳо чандон эътимод надорам. Воқеан то ба ҳол Тоҷикистон аз нигоҳи озодии сухан ноозод аст. Дар он сатҳе ки бояд бошад, нест. Бештар будани теъдоди нашрияву радиову телевизионҳои хусусӣ ҳанӯз ба маънои он нест, ки озодии баён ҳаст.»

Иддае аз коршиносон ҳам бар инанд, ки новобаста аз фишорҳои мақомот ба рӯзноманигорон солҳои ахир ҷасорати рӯзноманигорони тоҷик афзуда ва ҳатто дар баробари ҳукумат мақоми аҳзоби мухолифро танг кардаанд.

[b]ПОЁНИ ҶУРЪАТИ ХАБАРНИГОРОН?[/b]

Аммо Иршод Сулаймонӣ, як рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, то чанд соли пеш ин ҷасорат эҳсос мешуд, аммо соли гузашта ин бартарии рӯзноманигорон низ аз даст рафт: «Мутаассифона, рушди ҷуръати рӯзноманигорони мо бар зарари онҳо анҷом ёфт. Соли гузашта дар пайи фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи амният ва даргириҳои водии Рашт, вақте ки рӯзноманигорон дар набарди иттилоотӣ пешдастӣ карданд, ин айём ба анҷом расид.»

Бо ин ҳол, дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён бархе аз журналистон барои дарёфти ҷоизаҳо аз сӯи Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон шарафёб шуданд.

Аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки мавриди латукӯби афроди ношинос қарор гирифта буд, барои ҷасорати журналистӣ ҷоизаи ба номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳро соҳиб шуд.

Хабарнигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ ва Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ҷоизаи таъсисдодаи «Медиа-Алянси Тоҷикистон» барои ҳимоят аз ҳуқуқи хабарнигоронро дарёфт карданд. Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи мустақили «Азия-Плюс» низ ба дарёфти ҷоизаи махсус барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мушарраф шуд. Ҳамчунин ҳафтаномаи «Нигоҳ» барои дифоъ аз манофеи миллӣ низ соҳиби ҷоиза гардид.

Фарҳоди Милод, Бароти Юсуфӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24090381.html

«Иқдоми тозаи давлат барои идораи мухобирот ва интернет»

[b]Идораи мухобироти Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии куллия ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, онҳоро муваззаф кардааст, ки аз 1-уми май дастарсӣ ба шабакаи интернет ва иртиботи телефуниро танҳо аз тариқи “Тоҷиктелеком”, ширкати давлатии мухобиротӣ роҳандозӣ кунанд.[/b]

Ширкатҳои хусусӣ огоҳ шудаанд, ки аз аввали моҳи май муҷаввизи онҳо барои дастрасии мустақили онҳо ба системҳои моҳвораии байналмилалӣ лағв хоҳад шуд.Далели ин амр “таъмини бехатарии давлат” ва танзими “радиобасомадҳо” унвон шудааст.

Ин номаи Бег Зуҳуров, раиси Идораи мухобироти Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел ба куллия ширкатҳои мухобиротӣ ироа ва мӯҳлати иҷрои он то 1-уми моҳи май, яъне се рӯз муайян шудааст.

Ба гуфтаи коршиносони арсаи мухобирот, ҳадафи ин тасмим ба мавзӯъи таъсиси “Маркази воҳиди мухобиротӣ” рабт дорад, ки давлат барои роҳандозии он солҳои 2004 ва 2009 талош карда буд.

Аз ин роҳ масъулони арсаи мухобиротӣ қасд доранд, ки ширкатҳои хусусӣ ва хориҷии мухобиротӣ танҳо тавассути “Тоҷиктелеком” ба моҳовараҳо пайваст шуда ба мизоҷон сервиси интернетӣ ва иртиботи телефунӣ ироа кунанд.

Дар ин сурат “Тоҷиктелеком” ба бозигари аслӣ дар бозори мухобироти Тоҷикистон табдил шуда ва давлат низ контрули комили ин арсаро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Аммо талошҳои мо барои дарёфти шарҳи ин мавзӯъ аз сӯйи Бег Зуҳуров бенатиҷа буд. Телефуни мубайли оқои Зуҳуров хомӯш аст. Аммо ҷолиб ин аст, ки Қадамҷон Сайфиев, муъовини раиси Идораи мухобирот мегӯяд, ки дар бораи чунин тасмиме иттилоъ надорад.

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мухобироти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ширкатҳои мухобиротӣ ин номаро тоза дарёфт кардаанд ва он дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ қарор дорад.

Вай афзуд, танҳо баъд аз мулоқот бо раҳбарони ин ширкатҳо метавонад, назари расмии ин анҷуманро дар қиболи тасмими ахири Идораи мухобирот эълом созад. Аммо вай гуфт, ки Идораи мухобирот салоҳияти лағв кардани муҷаввизи ширкатҳои мухобиротиро дар ихтиёр надорад.

Оқои Эркаев гуфт: “Фаъолияти ширкатҳои мухобиротӣ дар чаҳорчӯби қавонини кишвар сурат мегиранд ва далеле барои лағви муҷаввиз вуҷуд надорад. Идораи мухобирот муваззаф аст, ки далоили ҷиддие дар ин замина ироа кунад.”

Вай афзуд, ки тасмими ахири Идораи мухобирот бояд мавриди бозрасии Идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон низ қарор бигирад, зеро ин амр мухолифи сиёсати рақобати солими иқтисодӣ дар кишвар аст.

Вай мегӯяд: “Тоҷиктелеком” мисли ширкатҳои дигари мухобиротии Тоҷикистон як ширкати саҳҳомӣ аст ва рӯшан нест, ки тибқи кадом қонун давлат мехоҳад ба ин ширкат чунин имтиёзе ихтисос бидиҳад. Мутмаъинам, ки агар тасмими ахири Идораи мухобирот роҳандозӣ шавад, қимати сервисҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳанд рафт.”

Аз сӯйи дигар, як манбаъ аз ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки “Тоҷиктелеком” зарфияти таъмини фаннии чунин тарҳеро, ки ба куллия ширкатҳои дигари мухобиротӣ “трофики” интернетӣ ва мухобиротӣ ироа кунад, надорад.

Гузашта аз ин, таъкид шуд, ки ҳарчанд ҳадафи тасмими ахири Идораи мухобироти Тоҷикистон “таъмини амният” унвон шудааст, вале иҷрои ин амр баръакс, хатароти ҷиддиеро ба дунбол хоҳад дошт.

Ин манбаъ афзуд: “Тасаввур кунед, ки аз ҳамлаи “вирусӣ” ё ба далели мушкили фаннӣ, фаъолияти “Тоҷиктелеком” мутаваққиф мешавад. Ва дар ин сурат куллияи Тоҷикистон бидуни мухобирот хоҳад монд. Магар ин таҳдид ба амнияти кишвар нест?”

Ин дар ҳолест, ки ҳоло ҳар як ширкати мухобиротии Тоҷикистон роҳҳои хусусии иртиботӣ бо моҳовораҳо ва иртиботи ноқилӣ бо кишварҳои дигарро дар ихтиёр дорад.

Зимнан, ширкатҳои хусусӣ барои таъсиси чунин сервисҳо садҳо милюн дулор масраф кардаанд ва дар сурати иҷрои муқарарроти ахири Идораи мухобироти Тоҷикистон ин ҳама таҷҳизот бекор хоҳад монд.

Аз сӯйи дигар, ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё ин тасмими Идораи мухобироти Тоҷикистон бо ниҳодҳои дигари кишвар ҳамоҳанг шудааст ё хайр? Зеро, тибқи қавонини Тоҷикистон ҳалли масоили амниятӣ дар салоҳияти раиси ҷумҳур ва порлумони кишвар қарор доранд.

Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, чунин маҳдудият дар фаъолияти ширкатҳои мухобиротӣ метавонад, танҳо дар вазъияти фавқулода эъмол шавад ва ин амр метавонад, танҳо дар пайи фармони раиси ҷумҳур ва тасвиби он дар порлумон амалӣ шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110429_if_connection.shtml

Фазои иттилоотӣ ва манотиқи наздисарҳадӣ

[b]Фазои иттилоотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Зафаробод хеле нигаронкунанда аст. Расонаҳои хабарӣ бонги изтироб мезананд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузаштан дорад. Ҳоло мавҷҳои шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон дар ҷанги самовию иттилоотӣ аз мавҷҳои шабакаҳои миллӣ пурзӯранд, ки ин ба миллат хатари ҷиддӣ дорад.[/b]

[b]Дифоъ аз фазои иттилоотии минтақаи наздисарҳадии Суғд[/b]

Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят алҳол дар вилояти Суғд 17 нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 3 рӯзномаву 2 маҷаллаи вилоятӣ, 9 нашрияву 1 маҷаллаи хусусӣ, 1 телевизион ва радиошабакаи «Суғд» 6 телевизиону 3 родиёи хусусӣ (аз рӯи мавҷи FM) ва феълан 2 сомонаи расмии давлатӣ фаъолият мебаранд, ки ҳар чӣ бештару пештар баҳри таъмини фазои иттилоотии вилоят кӯшиш доранд.

Дар робита ба ин, рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», ки аз моҳи январи соли 2011-ум ҳафтае 3 маротиба бо теъдоди беш аз 5000 нусха ба табъ расад ҳам, ё ТВ «Суғд», ки қаблан аз моҳи декабри соли 2007-ум бо дастгирии Кумитаи телевизион ва родиёи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз пахши барномаҳои яксоата ба шабакаи алоҳида бо пахши барномаҳои ҳаштсоата гузашта, дар натиҷа 46%-и аҳолии вилоят имкони тамошои барномаҳои ин телевизионро пайдо намуда бошанд ҳам, аммо ба гуфтаи мутахассисон «алъон ин ҳам ҷавобгӯи талабот нест». Зеро, бино ба маълумоти Маркази интиқоли мавҷҳои родиё ва телевизионӣ дар вилоят «мушкилоти фазои иттилоотии шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ дар сатҳи миёна қарор дошта, аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар 9 шаҳру ноҳияи ин вилоят, аз ҷумла дар 4 шаҳру ноҳияи наздисарҳадӣ – Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ ва Панҷакент, пахши ТВ «Суғд» ба назар намерасад. Дар баробари ин, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки имрӯзҳо васитаҳои ахбори омма фазои иттилооти кишварро ба пуррагӣ наметавонад фаро гирифта бошанд. Азбаски сифати барномаҳои телевизиону родиё ва мавзӯъҳои ҷолиб ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нестанд, мардум ба дигар васоити иттилоотӣ рӯй хоҳанд овард.

Ҳамзамон чанде қабл, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО-и ин вилоят аз фаъолияти бархе аз расонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки имрӯзҳо мазмуну мӯҳтавои нашрияҳои давлатии бархе аз шаҳру навоҳии вилоят хеле коста гаштааст.

— Аз ҷумла расонаҳои электронӣ, мисли сомонаи расмии маъмурияти вилояти Суғд, ягон расонаи хабарӣ надоштани шаҳри Табошар, бо теъдоди кам ба чоп расидани нашрияҳои «Зарбдор»-и Зафаробод, «Паёми кӯҳистон»-и Кӯҳистони Мастчоҳ, «Паёми Истаравшан»-и Истаравшан ва амсоли инҳо басо нигаронкунанда аст, — таъкид намуд Ҷумъабой Сангинов.

Дар ин росто, як тан аз таҳлилгари тоҷик Ҷӯра Юсуфӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки воқеан ин мушкилот, мушкилоти нав набуда, ҳанӯз аз даҳаи аввали оғози асри ХХI шурӯъ гаштааст ва борҳо доир ба ин масоил расонаҳои хабарӣ бонги изтироб заданд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузаштан дорад.

— Ишғоли фазои иттилоотии мо асосан аз тарафи расонаҳои Ӯзбекистон 2 сабаб дорад: якум, дастрасии комилу пурра надоштани мардум ба ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва родиё аст. Зеро ҳанӯз дар ин навоҳӣ сад дар сад мардум аз ин барномаҳо бархӯрдор нестанд ва сониян онҳо ба телевизион ва радиошабакаҳои ватанӣ дастрасӣ дошта бошанд ҳам, бештар ба барномаҳои телевизионҳои ҳамсоя таваҷҷӯҳ доранд; дуюм, меъёри касбият ба миён меояд, ки ин расонаҳои мо истеъдоди пахши барномаҳои ҷолибу сифатан беҳтарро надоранд ва бояд дар ин маврид хеле кор кард. Дар ин замина, он журналистоне, ки воқеан касбиянд, бо маоши зиндагии шоиста бояд таъмин намуд ва чун эҳсос намуда бошед, дар барномаҳои телевизионии мо ахбори расмӣ хеле зиёд пахш мешаванд. Он барномаҳое, ки аз 7 то 70-сола интизор шаванд, гуфтан мумкин аст, ки анқариб вуҷуд надорад.

Зимнан мавсуф изҳор дошт, ки имрӯзҳо аксари телевизионҳо, амсоли телевизионҳои Ӯзбекистон, ки бештар бо пахши сериалҳои туркиву куриёиву чинӣ маҳбубият пайдо кардааст ва мардум ба ин гуна сериалҳо одат кардаанду ҳатто интизор ҳам мешаванд, пас дар телевизионҳои мо низ чунин сериалҳои ҷолибро нишон дод, то мардум тамошо намуда бошанд.

Аз рӯи маълумоти Маркази интиқоли мавҷҳои родиё-телевизионӣ дар вилояти Суғд маълум гардид, ки имрӯзҳо пахши телевизионҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадии вилоят, хоса Ашт — «Шабакаи аввал» — 99,5%, ТВ «Сафина» — 35,22%, ТВ «Баҳористон» — 20,78%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 46%, ТВ «Суғд» — 0%; Зафаробод — «Шабакаи аввал» — 100%, ТВ «Сафина» — 70,3%, ТВ «Баҳористон» — 90%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 70,3%, ТВ «Суғд» — 0%; Мастчоҳ — «Шабакаи аввал» — 98,0%, ТВ «Сафина» — 72%, ТВ «Баҳористон» — 72%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 0%, ТВ «Суғд» — 0%; Панҷакент — «Шабакаи аввал» — 99,3%, ТВ «Сафина» — 37,85%, ТВ «Баҳористон» — 37,47%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 67,6%, ТВ «Суғд» — 0% ва амсоли инҳо ба пуррагӣ дастрас набуда, аксари минтақаҳои вилоятро фарогир нест.

Маҳмудҷон Дадобоев – як тан аз коршиноси воситаҳои ахбори омма доир ба фазои иттилоотии шаҳру навоҳии наздисарҳадии ин вилоят ва дастрасии мардум ба онро чунин арзёбӣ намуд.

— Фазои иттилооотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Зафаробод хеле нигаронкунанда аст. Барои таъмини фазои иттилоотӣ бояд дар баробари дигар расонаҳои иттилоотии дастраси мардум буда маводи ҷолиби диққатро пешниҳод карда бошем. Яъне, ҳарчанд мо фазои иттилоотиро бо расонаҳои худӣ таъмин намоем ҳам, агар он рақобатпазир набошад, ин зӯри беҳуда аст. Зеро, сифати маводро беҳтар намуда, истеҳсолкунандаи худиро дастгирӣ намудан лозим меояд. Мо бояд низ талаботи хонанда, шунаванда ва бинандаро омӯзем ва барои қонеъ кардани онҳо матолиби тозаро пешкаш намоем, то аз он ҳамешагӣ истифода намоянд.

Ҳамзамон, Ҷӯра Юсуфӣ шабакаи аввали родиёиро назар ба телевизион дар деҳот воқеан ҳам хуб арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин родиё шунавандаи зиёд дорад ва тавонистааст бо барномаҳои мухталифи адабиву таърихӣ ва дигар маҳбубият ба даст оварад. Аммо доир ба воситаҳои ахбори чопӣ нигаронӣ намуда, афзуд, ки ҳанӯз дастрасии мардум ба матбуот саривақтӣ нест.

— Аксар вақт ба навоҳии дурдаст, мисли Кӯҳистони Мастчоҳ, «Почтаи тоҷик» нашрияҳоро баъзан баъди як моҳ, ё дар як моҳ ду бор ва ҳатто ба баъзе минтақаҳо умуман дастрас намекунад, ки ин албатта боиси дубора обуна нашудани мардум ба рӯзномаву маҷалла оварда мегардад. Агар дар бораи мӯҳтаво ва мундариҷаи расонаҳо ҳарф занем, боз ҳам дар деҳот он нашрияҳое, ки ба истилоҳ, мустақилу озоданд, назар ба расонаҳое, ки аз буҷаи ҳукумат маблағгузорӣ мешаванд, бештар маҳбубият доранд. Дар ин маврид боз ҳам сатҳи пасти касбӣ, набудани ҷасорат, маҳорат ва он фаврият дар инъикоси масоили доғи рӯз сабаб мешавад, ки мардум нисбати ин расонаҳои чопӣ низ камтаваҷҷӯҳ бошанд.

Вале иҷрокунандаи вазифаи сардори Корхонаи фаръии «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд Абдувоҳид Нодиров мегӯяд, ки алҳол бо чанд шаҳру навоҳии вилоят доир ба дастрасии рӯзномаву маҷаллаҳо сару кор доранд ва танзимгари онҳо ҳамарӯза тариқи телефон бо шахсони масъул дар тамос мешавад.

«Он рӯзномаҳое, ки ба «Почтаи тоҷик» омада мерасанд, на дертар аз ду рӯз то охирин шаҳру навоҳии, аз ҷумла наздисарҳадии, вилоят ба дасти хонандагонашон мерасанд»,- илова намуд Абдувоҳид Нодиров.

[b]Нигаронии мардуми минтақаи наздисарҳадӣ[/b]

— Ҳарчанд дар қиёс ба чанд соли пеш мардуми ноҳия ба телевизионҳои «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон» ва «Суғд» дастрасии бештар доранд, лекин наметавон гуфт, ки мардум телевизионҳои кишварҳои ҳамсояро тамошо намекунанд, — иброз дошт Ҷамшед Мансуров, хизматчии давлатӣ, сокини ноҳияи Спитамен. — Азбаски дар ноҳияи мо аксаран мардуми ӯзбекзабон умр ба сар мебаранд, нашрияҳои «Суғд ҳақиқати»-и вилоят ва «Халқ сӯзи»-и ин ноҳия мақоми хоса доранд. Инчунин, аксари мардум ба навиштаҳои нашрияи русизабони «Азия плюс» таваҷҷӯҳ доранд. Аз рӯи мушоҳидаам, нашрияҳои «Нигоҳ»-у «Фараж» низ дар байни халқ мухлисони худро доранд. Махсусан маводе, ки дар бораи ноҳия нашр гардад, он нашрия бисёртар бозоргир мешавад.

Толиб Охунов, омӯзгор аз шаҳри Истаравшан мегӯяд, баъди фаъол шудани родиёи FM «Авис+» дар шаҳр мардум аз гӯш кардани шабакаҳои родиёи Ӯзбекистон даст кашидаанд.

Дар робита ба ин, як тан аз сокини ин шаҳр Оллоҳёри Меҳрубон гуфт, ки чун Истаравшан ноҳияи тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад ва аслан мардуми ин маҳал нисбат ба матбуоту Интернет бештар аз телевизиону родиё истифода менамоянд, зеро онхо вақти зиёди хондани рӯзнома, ё худ бо шабакаи Интернет пайвастанро надоранд. Вале азбаски на ҳамаи сокинон дастраси ба Интернет ё имконияти ба моҳвора пайваст шуданро доранд, табиист, ки барои тамошои барномаи беҳтарин яке аз шабакаҳои телевизионии кишвари ҳамсояро нисбат ба телевизиони ҷумҳурӣ интихоб менамоянд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, соҳибкор аз ноҳияи Мастчоҳ изҳор дошт, ки мутаассифона, алҳол дар ноҳияи Мастчоҳ дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд аст. Зеро, чанд аз нуқтаи рӯзномафурӯшӣ ба дӯконҳои носфурӯшиву таъмири пояфзол бадал гаштаву аз рӯзномаву ҷарида анқариб хабаре нест.

— Зафаробод яке аз ноҳияҳои сарҳадӣ буда, дар шаҳракҳои он зиёда аз 6 шабакаи ӯзбекӣ ва як шабакаи қазоқӣ пахш мегардад, — гуфт омӯзгори ҷавон Осим Носиров. — Дар ноҳия танҳо як рӯзномаи давлатӣ вучуд дорад, ки сирф расмӣ буда, хонандаи чандон зиёд ҳам надорад. Замоне як телевизиони маҳаллии «Парвиз» амал мекард, ки бо сабабҳои молӣ алҳол садою намояш хомӯш гаштааст. Мардуми ин минтақаи дурдасти сарҳадӣ танҳо «Шабакаи аввал» ва қисман ТВ «Сафина»-ро тамошо мекунанд, ки мутаассифона, телевизиону родиёҳои муассир ва зиёди тоҷикӣ ба пуррагӣ пахш намешаванд. Аз ин рӯ, бояд родиё ва телевизионҳои маҳаллӣ барқарор карда шаванду мавҷҳои телевизионҳои давлатӣ пурзӯр гарданд.

— Солҳои охир хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ кам шуда истодааст, чунки он бештари рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар Тоҷикистон ба табъ мерасанд, талаботи мардумро конеъ карда наметавонанд, — гуфт рӯзномафурӯш Алиҷон Самадов, ки дӯконаш дар маркази маъмурии вилоят ҷойгир аст. — Азбаски дар рӯзномаҳо масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи мардум, норасоиву камбудиҳое, ки дорем, ба нашр намерасанд, онҳо ба дигар расонаҳои иттилоотӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Агар мавзӯъҳои ҷолибу хонданӣ дар нашрияҳои мо низ ба табъ бирасиданд, рӯзномаву маҷаллаҳо харидор пайдо мекунанд.

[b]Пас, чӣ бояд кард?[/b]

Бино ба андешаи таҳлилгари тоҷик Ҷӯра Юсуфӣ «таъмини амнияти фазои иттилоотӣ басо мураккаб аст ва танҳо бо як дахолати давлат беҳ намешавад. Мо бояд радиою тлевизион, нашрия ва рӯзноманигоронро ба ин масоил сафарбар кунем, то дар ҷамъ ба он ноил шавем, ки мардум бештар ба расонаҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд. «Расонаҳо талаботу шавқу завқи мардумро дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза ба назар гиранд ва мувофиқи қобилияти дарку фаҳмиш ва аз ҳама муҳим, талаботу фармоиши хонандагон, шунавандагону бинандагони худ мавод омода созанд»-таъкид намуд Ҷӯра Юсуфӣ.

Хуллас, имрӯз вақти он расидааст, ки телевизион дар сабту танзим ва пахши ахбори мутавозину филмҳои кӯтоҳмуддати тарбиявӣ иқдом гузорад. Зеро обрӯву нуфузи телевизионҳои пешқадами дунё дар интишори иттилооти саривақтӣ, барномаҳои ҷолиби диққат, филмҳои телевизионӣ ва амсоли инҳо ифода меёбад. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки пажӯҳишгарон асри ХХI-ро ҷомеаи иттилоотӣ меноманд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чӣ гуна иттилоот ба мо воқеан ҳам дастрас аст, бо он чӣ метавон кард ва то чӣ андоза он ба ҳаётамон таъсир мерасонад, тадқиқоти ҷиддитару жарфтарро мехоҳад.

[b]Мавод натичаи ширкати муаллиф дар семинар-тренинги АМВАОМТ дар мавзуи «Сифати маводи журналистӣ» бо мусоидати Хазинаи дастгирии демократия мебошад.[/b]

Ҷамшед МАЪРУФ

Источник:

Коғаз қимат шуд, рӯзнома ҳам

[b]Коршиносон мегӯянд, болоравии қимати рӯзномаҳо, ки ба думболи афзоиши нархи қоғаз сурат гирифтааст, ояндаи матбуоти чопиро дучори мушкил хоҳад кард.
Тоҷикистон коғаз ва маводи чопӣ назири плёнка ва палатинаро аз Русия ва Чин ворид мекунад ва воридкунандагони ин мавод ба далели афзоиши роҳкиро ва молиёт қимати онро боло бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки манбаи аслии таъмини молии аксари кулли рӯзномаҳои Тоҷикистон аз фурӯши шумораи он ба даст меояд ва бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст.[/b]

[b]»СОҲИБКОРОН БА РЕКЛАМА МАЙЛ НАДОРАНД»[/b]

Аз сӯи дигар, давлат низ ҳеҷ гуна барномаи кӯмак ба матбуоти мустақилро надорад. Созмонҳои байналмилалии кӯмаккунанда низ мизони кӯмакҳои худ ба матбуотро коҳиш Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон додаанд. Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон иллати аслии мушкилотро дар шакл нагирифтани муносибатҳои бозории мутаммадин дар Тоҷикистон медонад.

Ӯ мегӯяд: «Теъдоди зиёд дошта бошанд, ақалан 15 ҳазор тираж дошта бошанд, метавонанд нархҳоро поин нигаҳ доранд. Дар ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ заъифтарин бозори реклама дар Тоҷикистон аст. Соҳибкорон майли зиёде ба рекламаи матбуот надоранд. Фақат созмонҳои байналмилалӣ ва чанд ширкати мобилӣ реклама медиҳаду халос. Барои ҳамин рӯзномаҳо, ки аз реклама маҳрум ҳастанд маҷбуранд нархҳоро боло баранд».

[b]РӮЗНОМАҲО ДАР ПЕШОРӮИ МУШКИЛОТ[/b]

Ба гуфтаи коршиносон, таҷрибаи собит дар кишварҳои пешрафта аз ҳисоби талиғоти бозоргонӣ таъмини молӣ шудани нашрияҳост. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар ҳудуди 70 — 80 дарсади даромади нашрияҳоро нашри огаҳиҳои тиҷоратӣ фароҳам мекунад, дар Тоҷикистон баръаск ҳудуди 90 дарсади оидоти нашрияҳо аз ҳисоби фурӯши шуморагонашон аст. Коршиносон мегӯянд, як роҳи ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад ва он ҳам шакл гирифтани бозори таблиғот ё реклама дар Тоҷикистон аст.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон» мегӯяд, идомаи чунин вазъ, дар ҳоле, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши қимати бозор ва молиёт имкон дорад, арзиши рӯзномаҳо аз ин ҳам болотар биравад, аз миён рафтани хеле аз нашрияҳоро таҳдид мекунад. Зеро қиматшавии рӯзномаҳо боиси он мешавад, ки онҳо камтар ба фурӯш биравад, яъне тиражи онҳо, ки манбаъи аслии доромадашон аст, коҳиш пайдо кунад.

Оқои Сӯфӣ мегӯяд: «Метавон интизор дошт, ки то шаш моҳ ё як соли дигар Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон» шояд чанд рӯзнома фаъолияти худро фақат ба далели мушкили молӣ қатъ кунад. Дар ҳоле, ки ҳама чизро доранд, аз ҷумла нерӯи корӣ ва зеҳнӣ доранд, фазосозӣ карда метавонанд, ба ҳама меъёрҳо мутобиқ ҳастанд, аммо мушкили молӣ доранд. Бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст. Он чи, ки шакл гирифтааст, мутаалиқ ба як ё ду рӯзнома аст, ки агар дар миёни дигар рӯзномаҳо ҳам тақсим шавад, ҳоли он ду ҳам мушкил ва монанди рӯзномаҳои дигар хоҳанд шуд».

[b]МАҲДУДИЯТИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ[/b]

Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши қимати нашрияҳо бар изофаи мушкилоте, ки барои худи расонаҳо ва масъулини он хоҳад овард, инчунин дастрасии мардум ба иттилоотро низ маҳдудтар мекунад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси умури расонаҳо мегӯяд, то расм шудани фарҳанги бозаргонӣ ва шакл гирифтани бозори реклама, ба манзури ҷилавгирӣ аз муфлис шудану аз суқут кардани нашрияҳо, давлат бояд як барномаи мусоидат ба матбуоти мустақилро рӯи даст бигирад. Оқои Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси умури расонаҳо Воҳидов мегӯяд: «Мо борҳо пешниҳод кардем, ки давлат бояд ба матбуот имтиёз бидиҳад. Ин таҷриба дар ҳамаи давлатҳои мутамаддин ҳаст. Дар он давлатҳо миёни ахбори давлатӣ ва ғайри адвлатӣ фарқ намегузоранд. Барои он, ки матбуоти мустақил наҷот пайдо кунад, бояд давлат тавассути додани имтиёз, яъне коҳиши андозҳо, нархи чопхонаҳо ва ё додани қоғаз бояд ба матбуот кӯмак кунад».

Дар ду моҳи пеш тибқи як қарори дигари мақомот, аз фурӯши нашрияҳо дар хиёбони марказии Душанбе ба баҳонаи танзими фурӯши хиёбонӣ, ҷилавгирӣ шуд. Масъулини нашрияҳо мегӯянд, ки ин иқдом боис шудааст, ки тиражи рӯзномаҳо ба таври чашмгир коҳиш пайдо кунад.

[b]ҚАЗИЯҲОИ ДОДГОҲИИ РӮЗНОМАҲО[/b]

Мушкили болоравии қимати рӯзномаҳо дар ҳолест, ки ҳамаи нашрияҳои мустақили ҷиддии сиёсӣ, дар ҳоли ҳозир мушкили баҳсҳои додгоҳиро доранд. Ва дар аксари ин баҳсҳо даъвогар мақомоти давлатӣ мебошанд Ва дар чанд маврид додгоҳҳо бар алайҳи нашрияҳои мустақил, аз ҷумла «Пайкон» ва «Миллат» қарор содир карданд. Парвандаи нашрияҳои «Чархи гардун», «Фараж», «Озодагон», «Азия плсю» дар дасти баррасии додгоҳ қарор дорад.

Дар бозори матбуоти чопии Тоҷикистон ду навъи рӯзномаҳо, давлатӣ ва мустақил фаъол ҳастанд, ки матбуоти мустақил пешгомтар аз матбуоти давлатӣ аст. Аммо матбуоти давлатӣ на мушкили қоғаз дорад ва на муштарии чандоне дар бозори матбуот.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3558272.html

Додгоҳ, «Ҷумҳурият» ва радди шикояти Зойиров

[b]Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъвои Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ алайҳи «Ҷумҳурият»-ро бесос донист.[/b]

Раҳматилло Зойиров аз додгоҳ хоста буд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи президенти Тоҷикистон, ҷавобияи ӯро нашр ва инчунин барои зиёни маънавӣ ба Ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад…

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд.

[b]ЗОЙИРОВ РОЗӢ НЕСТ[/b]

Вай мегӯяд, дар мақолае, ки таҳти унвони «Зойиров ба осиёби кӣ об мерезад?», дар таърихи 12-уми феврали соли 2010 нашр шуда буд, мавриди тӯҳмат ва таҳқир қарор гирифтааст. Дар ин мақола ба сурати ғайри мустақим талош шудааст, ки аз Раҳматилло Зойиров чеҳрае монанд ба омили нуфузии Узбакистон тасвир шавад.

Ҷаноби Зойиров аз додгоҳ дархост карда буд, ки «Ҷумҳурият»-ро ба нашри ҷавобияи ӯ ва пардохти зарари маънавӣ водор кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин мақола дар ҷараёни корзори интихоботи парлумонии соли гузашта ба обрӯи ӯ таъсири сӯъ расонидааст. Аммо додгоҳ даъвои Раҳматилло Зойировро роҷеъ ба тӯҳмату таҳқир ва инчунин нашри посух рад кардааст.

Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, аз чунин ҳалномаи додгоҳ розӣ нест: «Додгоҳ дар мурофиа дид, ки «Ҷумҳурият» барои исбот далел пешниҳод карда натавонист. Якум, ин ки «Ҷумҳурият» ба таври расмӣ ба додгоҳ пешниҳод кард, ки Ализода мегуфтанӣ муаллифро намешиносад ва суроғаашро ҳам намедонад. Баъд гуфтанд, ки гӯиё ба муҳоҷират рафтааст, боз гуфтанд, ки мақоларо ба почтаи электронӣ фиристодааст. Баъд дар мурофиа намоядаи «Ҷумҳурият» дар додгоҳ ваъда кард, ки радифро нашр мекунанд ва ҳатто рӯзаш таъйин буд, ки рӯзи шанбе бояд нашр мекарданд. Вале пас аз як ҳафта намояндаи рӯзнома омада гуфт, ки роҳбарият розӣ нашуд, зеро аз боло супориш шудааст. Яъне онҳо ӯҳдадории дар мурофиа гирифтаашонро иҷро накарданд. Акнун додгоҳ ба нафъи онҳо ҳалнома баровард, ман ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят мебарам.»

[b]ДОДГОҲ ВА НАШРИЯҲО[/b]

Ин дар ҳолест, ки сардабир ва намояндаи «Ҷумҳурият» дар додгоҳ аз ҳар гуна изҳори назар дар ин маврид худдорӣ намуданд.

Баъд аз содир шудани қарори додгоҳи кассатсионӣ ё таҷдиди назар, ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳукми иҷро дар хоҳад омад. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва хоса қозие, ки ҳалномаро ба нафъи «Ҷумҳурият», нашрияи президенти Тоҷикистон, акнун содир кардааст, дар як моҳи пеш алайҳи нашрияи мустақили «Миллат» ҳалномаи дигареро содир карда буд, ки бар асоси он ин нашрия бояд 1 ҳазору 500 сомонӣ ба нафъи Вазорати кишоварзӣ пардохт кунад.

Қабл аз он ҳам ин додгоҳ нашрияи «Пайкон»-ро барои пардохти ҳудуди бештар аз 200 ҳазор сомонӣ ба нафъи идораи давлатии «Тоҷикстандарт» водор намуда буд. Инчунин даъвои як мақоми вазорати корҳои дохилӣ, ки акнун дар курсии муовини вазорат нишастааст, низ алайҳи нашрияи «Азия-Плюс» низ дар дасти баррасии ин додгоҳ аст.

[b]ТАЪСИРИ МАҚОМОТ[/b]

Соҳибназарон мегӯянд, содир намудани ҳалнома ба нафъи нашрияи президент ва бар алайҳи раиси ҳизби мухолифи ҲСДТ наметавонад бидуни таъсири мақомоти иҷроия сурат гирифта бошад. Зеро ба гуфтаи коршиносон, дар ин маврид оддитарин талаботи Қонуни матбуот, яъне ҳаққи ҳатмии шаҳрванд ба ҷавоб гуфтан дар мавриди иттиҳом алайҳи худаш воридшуда дар матбуот, аз сӯи додгоҳ нодида гирифта шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд: «Талаботи Қонун ин аст, ки дар ҳамон ҳаҷм, ҳамон саҳифа бояд раддия нашр шавад. Албатта, вобаста ба мақоме, ки «Ҷумҳурият» дорад ва он нашрияи расмии президенти Тоҷикистон аст, ин масъала то додгоҳ норафта ҳалли худро пайдо мекард. Аммо вақте ки қазия ба додгоҳ расид, мутмаин нестам, ки додгоҳ ба далелу бурҳони ҷонибҳо мунсифона баҳо дода тавонад.»

[b]ТАРАФГИРИИ ДОДГОҲҲО[/b]

Ҳамчунин, дар додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе низ баҳси се қозии додгоҳҳои Тоҷикистон бо се нашряи мустақили «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-Плюс» идома дорад, ки хостори пардохти 5 миллион сомонӣ ҷуброни маънавӣ аз сӯи нашрияҳо шудаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбии муқими Душанбе ва ташаккулҳои журналистӣ бо изҳори нигаронӣ аз парванда алайҳи нашрияҳо, онро истифодаи додгоҳ чун асбоби фишори давлат ба озодии матбуот унвон кардаанд.

Аммо акнун ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3556279.html