Архив рубрики: Таҳлил

Рӯзи сиёҳи нияти пок

Таъсиси телевизони муштараки форсизабононро метавон номуваффақтарин лоиҳаҳои ҳамдастии се кишвари ҳамзабон унвон кард. Ин тарҳ, ки нахустин бор моҳи сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе байни сарварони се кишвари форсизабон-Тоҷикистону Эрону Афғонистон матраҳ шуд, манзалату вазни сухану қарордоди раисони се ҷумҳурро бо дарҳамбарҳамиҳои пешомада ва наздики панҷ соли нокомӣ пойин бурд. Акнун дар ин майдони ҳамкории се ҷониб яке аз муваззафшудагони амалисозии ин тарҳ Алиасғари Шеърдӯст худро тани танҳо мебинад. Дар мизи мудавваре, ки бо тасмими намояндагии хабаргузории «Форс» дар Душанбе доир гашт, мушкилоти ба таъхир афтодани ифтитоҳи телевизиони муштараки форсизабонон «Наврӯз» баррасӣ шуда, гилагузориҳои зиёдеро ба бор оварда сифати ҳукуматҳои се кишварро ба намоиш гузошт…

[b]Қадами ҷиддии Эрону канораҷӯйии Афғонистон[/b]

Зарурати таъсиси телевизиони муштараки форсизабонон пешниҳоди қӯҳнаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз забони Маҳмуди Аҳмадинажод садо доду хуш қабул шуд. Аммо амалисозии ин тарҳ муаммои сарбастаро мемонад, ки кас намедонад нуги калоба дар дасти кист. Гуфта мешавад, ки дар қадамҳои аввали амалисозии ин тарҳ масъулияти пешбурди корро дар ин самт аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон сафири он дар Тоҷикистон Алиасғари ШЕЪРДӯСТ, намояндаи Тоҷикистон мушовири давлатии Президенти кишвар Сайидмурод ФАТТОЕВ ва масъулияти ҷониби дигарро муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Афғонистон Сайиднозири АҲМАДӣ бар дӯш гирифтаанд. Дар ҳамин лаҳзаҳои аввал Президенти кишвар аз сарони ду давлати ҳамзабон даъват ба амал овард, ки маркази ин телевизон шаҳри Душанбе бошад. Ҳамин буд, ки ҷониби Тоҷикистон муваззаф шуд, ки макони қароргоҳи телевизионро таъмин намояду давлати Эрон таъмини васоили техникии онро. Дар назар будааст, ки Афғонистон таъминоти моҳвораиро ба дӯш дошта бошад. Вале, ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст мақомоти марбутаи Эрон то ҷойи имкон вазифаҳои худро дар мисоли таъмини таҷҳизотҳо амалӣ ва ҳатто зиёдтар аз он гардонида истодааст, вале ҷониби Афғонистон аз лаҳзаи имзои қарордоди сарони давлатҳо то ин замон баъди гузаронидани ду ҷаласаи васеъ ҳам мавқеи худро рӯшан накардааст.

— Бояд барои таҳияи барномаҳо бо тавлидоти муштарак ва эҷоди дафтаре дар Кобул амалиётҳои лозим анҷом бигирад. Аммо ҳанӯз ҷониби Афғонистон намехоҳанд дар ин саҳна ворид бишаванд, — мегӯяд ӯ.

Ба изҳори сафир, таъкиди Аҳмадинажод ҳам буд, ки мо вақте мегӯем шабакаи муштараки форсизабонон, ғойиб будани Афғонистон дуруст нест. Алиасғари Шеърдӯст нахуст аз мақомоти баландпояи Афғонистон дар кундии амалишавии телевизион шиква карда, гуфт, ки ахиран хостори мулоқот шуданаш сари ин масъала бо Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки чанде бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд, бенатиҷа будааст.

[b]Асадулло Раҳмон нота мехоҳад[/b]

Мутобиқи қарордоди ҷонибҳо Кумитаҳои садову симои ҳар се кишвар ӯҳдадор шудаанд, ки амалисозии ин тарҳро бароҳ монанд. Вале ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст он ҳамкориеро ҳам, ки дар назар буд бо Кумитаи радио телевизиони Тоҷикистон бошад, надидаанд.

— Дар ҳақиқат табақае аз бинои шабакаи «Баҳористон» ба мо доданд, ки барояшон қобили истифода набуд. Баъзе васоили сохтмон ҳам дар он маҳал рехта шуда буд. Аввал гуфтанд, ки мо худамон таъмир мекунем. Муддате мунтазир мондем. Чун дидем, ки амале накарданд, худи тарфи Ҷумҳурии исломии Эрон шӯрӯъ ба таъмири ин бино кард. Системаи барқаш аз замони шӯравӣ буд. Ҳамаи кораш кулия тармим шуд. Мо агар дар як замини холӣ корро шурӯъ мекардем, осонтар ва бароямон хеле камхарҷтар мебуд. Вале чун онҷоро бароямон вогузор карда буданд, мо ночор будем, ки онҷоро омода ба кор бикунем», — гуфт сафир.

Баръакси ҳолате, ки раиси Кумитаи радио телевизион Асадулло Раҳмон чанде пеш дар мусоҳибае Эронро муттаҳами адами ҳамкорӣ кардааст, ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст раиси Кумита ҳатто ба зангҳои телефонияш ҷавоб намедодааст.

— Мо як моҳ талош кардем, ки бо эшон як ҷаласа бигзорем. Ба мо гуфтанд, ки бояд ёдошти расмӣ бидиҳед. Аслан дар кори барномасозӣ набояд чунин бошад. Нотаи расмӣ мо фақат барои мулоқоти мақомоте медиҳем, ки як бор меҳоҳанд биёянд инҷо. Мо ҳар рӯз бояд чунин ҷаласот дошта бошем. Дар ин миён алъон шонздаҳ ҳайати расмӣ аз Эрон, Олмон, Ҳоланд омаданд инҷо, ҳолатро боздид карданд. Ҳамин алъон, ки ман бо шумо сӯҳбат мекунам, як ҳайати муҳиме аз Олмон инҷо аст. Як ҳайати муҳиме аз Эрон ҳам омадаанд. Дӯстонамон ҳастанд, ки на харҷ бикунанд, мизбонӣ бикунанд, балки меомаданд, ки мо намояндаи телевизиони Тоҷикистон ҳастем, шумо ки омадед инҷову ин корҳоро анҷом медиҳед, хушомадед, вале афсӯс. Ман узрхоҳӣ мекунам, се-чор нафаре наҳор дар хонаи ман буданд. Олмониҳо дӯст медоранд, ки як хонаи тоҷикистонӣ бубинад. Ман онҳоро даъват кардам ба хонаи худ.

Аслан дӯст намедоштам, ки инҷо гилояе матраҳ бишавад, аммо ҳақиқатан дилозурда шудам. Ман дар ин майдон танҳо ва шахси ман танҳо ҳастам. Афғонистон худашро берун кашида канор. Тоҷикистон, ки мо инҷо меҳмонашон ҳастем, телевизион дуруст мекунем, ҳайате, ки омаданд, ҳоло ду муовини радио телевизиони Эрон дар инҷо ҳастанд, як ронадаашонро нафиристоданд фурудгоҳ, ки бигӯяд «оғо омадед, хуш омадед». Як бор оғои Асадулло Раҳмон дар сӯҳбат бо ман нашуд, ки ту ки инҷо масъулияти ин корро ба ӯҳда дорӣ, ҳолат чӣ ҷурӣ аст? Мо хеле вақтҳо то соати 12 шаб дар он макони телевизион будем. Бачаҳои «Баҳористон шоҳиданд», меоянд баъзе вақтҳо мебинаду мегӯяд: «Худо қувват!», Як бор Асадулло Раҳмон наомаданд, ки чунин гӯянд. Боз ине, ки мегӯянд ҷониби Эрон ҳеҷ коре накардаст, ман мегӯям, ки ҷаноби Асадулло Раҳмон, шумо чӣ коре кардаед? Мо ки омадем кор бикунем инҷо. Ман намехоҳам гилоя бикунам. Агар Асадулло Раҳмон ин масъаларо матраҳ накарда буд, ман матраҳ намекардам. Ҳоло ки муовинашон инҷост, мепурсам, ки ба чуз ду табақа аз як сохтмони фарсуда барои ин телевизион чӣ коре карданд? Чаро инҷо наомаданд то мо рӯ ба рӯ сӯҳбат дошта бошем? Ман аз Вазорати корҳои хориҷӣ дархост мекунам, ки сӯҳбати моро бо Асадулло Раҳмон ҳамоҳанг созад, — бо шикваи зиёд дархост кард сафир.

Муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Ҳабибулло НОЗИРӣ, ки дар нишаст бо сафири Эрон ширкат дошт, дар посухи суханони сафир гуфт:

— Ростӣ, ман ба пуррагӣ огоҳ нестам. Ман пеш аз омадан омӯхтам, дар ин бора гуфта мешавад, ки биноро бояд Тоҷикистон омода кунад, таҷҳизотро Эрон ва моҳвораро Афғонистон. Дар ҳамин ҳудуд ман маълумот дорам, маълумоти зиёде надорам. Он чӣ ки Алиасғари Шеърдӯст гуфтанд, ман нав огоҳӣ ёфтам, пешниҳоди ҷаноби Шеърдӯстро ба раиси Кумитаи радио телевизион ва шахсони масъули мақомот мерасонам, мо ба ҳам меоем, дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунем.

[b]Хомӯшии шубҳаноки Фаттоев[/b]

Ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст мушовири Президенти кишвар Сайидмурод Фатттоев ҳам, ки масъули ҷониби Тоҷикистон дар амалисозии ин тарҳ аст, хомӯшӣ ихтиёр кардааст.

— Ман ду се бор бо Сайидмурод Фаттоев сари ин мавзӯъ мулоқот кардам. Чанд матлабро аз онҳо хостам. Яке ин буд, ки ин маҳали телевизион кӯчак асту ё онро такмил бикунем, то мо битавонем таҳририяву студиёро дар онҷо мустақар бикунем ё маҳалле бидиҳед, ки мо бихарем. Мутаассифона аввалин матлаб, ки масъалаи ҷой буд, ҳанӯз ҳал нашудааст. Дигар дархостамон ин буд, ки як ҷаласоте бо масъулини радио телевизион дошта бошем, то барномасозон бояд бишинаду нақшаҳояшонро ҳамоҳанг бикунанд.Эшон қабул карданду гуфтанд, ки дастур медиҳанд, то ин иттифоқ биуфтад. Матлаби севум он буд, ки як таърихеро муайян бикунанд, ки дар ин рӯз телевизиони Наврӯз бояд ифтитоҳ бишавад. Мутаассифона аз Фаттоев ҷавобе нагирифтем, — изҳор дошт сафир.

Ба гуфтаи сафири Ирон муҳимияти мушаххас шудани саннаи ифтитоҳи телевизион, ки мутобиқи қарордод бо ду ширкати ду ширкати хориҷӣ онҳо 45 рӯз қабл аз замони шурӯъи кор бояд инҷо оянду 20 рӯз таҷҳизотро насб кунанд, 25-рӯз таҷриба баранд ва як моҳи аввал қарордод аст, ки болои сари дастгоҳҳо бошанд.

Дар ин баробар Алиасғари Шеърдӯст масъалаи воридоти таҷҳизотро низ мувоҷеҳ ба мушкилот хонд. ӯ гуфт, ки барои ворид кардани таҷҳизотҳои зарурӣ аз Олмон бо сафири Тоҷикистон дар Берлин ва раиси ширкати «Сомон-Эйр» сӯҳбат доштааст, вале мутаассифона натиҷае набахшидааст.

— Ба ҳар ҳол, ҳоло мо мехоҳем рӯзи мушахаси пахши телевизионро маълум кунанд, то барномасозиҳои аввалияро анҷом бидиҳем, — мегӯяд сафир.

Бояд гуфт, ки аз аз оғози қарордоди ин тарҳ борҳост, ки саннаи ифтитоҳи телевизион маълуму баъд номаълум қафо партофта мешавад. Бори ахир қарор буд, ки он дар арафаи рӯзҳои Наврӯз ифтитоҳ шавад ва шояд «Наврӯз» ном гирифтани телевизиони муштарк ҳам бар ин асос буд. Акнун ба асоси тасмигириҳои аввалия раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Аҳмадинажод ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидори Наврӯзии худ дар Теҳрон тавофуқ ва таъкид кардаанд, ки ифтитоҳи озмоишии ин шабака дар моҳои наздик, пеш аз оғози 20-умин солгарди ҷашни истиқлол сурат бигирад.

[b]Хостаҳои ҳукумат болост ё ҷомеа?[/b]

Ба андешаи иштирокчии мизи мудаввар коршинос Саймиддин Дӯстов таъсиси телевизиони муштарак афсонаи халқи тоҷикро ба хотир меорад. Ба андешаи ӯ, ин ҳамон қиссаи ба шавҳар додани духтари Лаку Пак аст, ки намедонад ҳоло духтарашон дар синфи ҳафт-ҳашт мехонаду синаш ба шавҳар нарасидааст.

— Орзуи фарҳангиёни се кишвар, ки зарурати мавҷудияти як телевизиони муштаракаро эҳсос мекарданд, чун ба дасти ҳукуматҳои ин давлатҳо расид, шарманда шуд. Соли панҷум аст, ки дар ин бора мақомдорон сухан мегӯянду ба натиҷае нарасидаанд. Ба назри инҷониб сабаби асосӣ сифат ва хостаҳои ин ҳукуматҳост. Ман ба он боварам, ки ҳар пружа, ки мисли ин телевизион ба он аз нигоҳи ҳукуматҳо ҳамчун ба абзори сиёсӣ назар афканда мешавад ва ба он аз ҳамин зовия баҳо медиҳанд, номуваффақ хоҳад буд. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон хостаҳои худро дорад, Ҷумҳурии исломии Эрон хостаҳои худро, ҳукумати Карзай хостаҳои худро, вале мусаллам аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ҳам ҳама хостаҳои худро доранд. Беҳтар мебуд, ки ин ҳукуматҳо ба хостаҳои ҷомеаҳои ин кишварҳо такя мекарданд ва бо ҷалби фарҳангиён ин тарҳро амалӣ мекарданд, — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, гумон аст, ки «ин телевизион баъди ба истифода дода шудан ҳам диққати ҳазоронро ҷалб кунаду боиси таваҷҷӯҳ бошад, зеро ин телевизион телевизиони ҳукуматҳои ин давлатҳо хоҳад буду хостаҳои ин ҳукуматҳо на ҳама вақт баёнгари манфиатҳои миллианд. Ин тарҳ бояд тарҳи ҷамъиятӣ бишавад, вагарна ҳич асаре дар муҳити итилоотӣ нахоҳад дошт».

[b]Роҳи қафо гаштан нест…[/b]

Бовуҷуди, Алиасғари Шеърдӯст ба он бовар аст, ки чун ин кор дар сатҳи сарварони давлат матраҳ гардидааст, амалӣ шуданист.

ӯ он андешаеро ҳам, ки шояд дар барномасозиву пахши намоиш барои мардуми Афғонистон мушкили забонӣ пеш ояд, сода шуморида мегӯяд, ки метавон ҳамон барномаҳоро дар баробари забони форсии дарӣ бо забони пашту низ таҳия кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Назари дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки бояд ҳукуматҳо дар амалисозии ин тарҳ ба ширкатҳои хусусӣ такя кунанд, зеро дар ягон длавлат телевизионҳои ҳукуматӣ муваффақ набуданду намешаванд.

Дар ҳама ҳолат, амалисозии тарҳи телевизиони муштарак муҳиму ҷиддисту дар ҳолати хаёли хом шудани он ҳадси ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамфарҳангӣ зери суол мемонад.

«Нигоҳ»

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14694

Зарурати таъсиси сандуқе вижа барои ҳимоят аз хабарнигорон

[b]Теъдоде аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва хабарнигорони мустақил дар сададанд барои ҳимояти ҳуқуқии худ дар додгоҳҳо як сандуқи изтирорӣ таъсис диҳанд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ), рӯзи панҷшанбеи 26 май дар ҳамоише бо номи “Дастрасӣ ба кумакҳои ҳуқуқӣ” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар пайи афзоиши қазияҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо зарурати таъсиси чунин сандуқе ба миён омадааст.

Оқои Қаршибоев афзуд, ки феълан дар додгоҳҳои Тоҷикистон 8 парванда дар қиболи нашрияҳои мустақил ва хабанигорон баррасӣ мешавад ва бештари хабарнигорон ва расонаҳои мустақил имкони пардохти ҳаққи хидмати вакили мудофеъро надоранд.

Ҳамчунин, ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ”, муддати 7 моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад ва зану фарзандонаш ба кумакҳои молӣ шадидан ниёз доранд.

Зимнан, оқои Исмоилов ҳафт моҳ пеш дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, боздошт шуда ва аз сӯйи мақомоти додситонӣ ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст.

Аммо масъулони АМРМТ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ дар шимоли Тоҷикистон муртабит хондаанд.

Ҳамчунин, Алиҷони Муҳаммад, хабарнигори дигари мустақил аз шаҳри Душанбе, ахиран дар пайи як баҳси шаҳрвандӣ перомуни хариду фурӯши манзил аз сӯйи мақомоти интизомӣ боздошт шудааст.

Ҳамчунин, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ахиран фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиоти рӯзноманигорӣ, як созмони рӯзноманигориро, ки муассиси нашрияи «Пайкон» аст, мутаваққиф карда ва нашрия низ аз чоп мондааст.

Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки дар сурати таъсиси Сандуқи изтирорӣ барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз расонаҳо ва хабарнигорон мумкин аст дар канори пардохти ҳаққи хидмати вукалои мудофеъ ба хонаводаҳои хабарнигорони боздоштшуда низ кумакҳои молӣ ироа шавад.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, АМРМТ ҳамасола ба ин манзур 1800 дулор ихтисос медиҳад, ки ин маблағ ночиз буда ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи расонаҳо ва хабарнигорон дар додгоҳҳо кифоят намекунад.

[b]Имкони дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқии ройгон[/b]

Зулфиқор Замонов, раиси Шӯрои назоратии Идораи ҳуқуқи башар ва риъояти қонуният дар Тоҷикистон, гуфт, ки моддаи 19-и Қонуни Асосӣ ироаи кумакҳои ҳуқуқии ройгон ба атбоъи ин кишварро замонат додааст.

Ба гуфтаи вай, бар асоси ин санад, давлати Тоҷикистон муваззаф аст хадамоти ройгони вакили мудофеъро барои намояндагони ақшори фақири ҷомеъа дар додгоҳҳо таъмин кунад.

Ӯ таъкид кард, ки бархе аз нашрияҳо ё хабарнигорон, ки имкони молии гирифтани вакили мудофеъро надоранд, метавонанд аз ин ҳаққи худ истифода кунанд.

Аммо бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил, ки таҷрубаи муҳокимаҳои додгоҳиро доштанд, истифода аз хидмати ройгони вакили мудофеъро дар ҳалли қазоёи додгоҳӣ ғайримуассир хонданд.

Онҳо гуфтанд, ки таҷрубаи муҳокимаҳои додгоҳӣ ҳокист, ки кайфияти кумаки ҳуқуқии ройгони вукалои мудофеъ пойин буда ва ба таври фаврӣ ироа намешавад.

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, нашрияи мустақил, гуфт, ки аз ин лиҳоз ба ҳангоми муҳокимаи додгоҳии ин нашрия аз хадамоти ҳуқуқии пулӣ истифода шуда ва ҳаққи хидмати вакили мудофеъро Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон пардохтааст.

Ҳамзамон, раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ гуфтанд, ки бештари вукалои мудофеъ аз ҳимояти ҳуқуқии нашрияҳои мустақил дар додгоҳ бо баҳонаҳои мухталиф худдорӣ мекунанд ва «танҳо чанд нафари нотарс» назири Иноят Иноятов, Қимат Розиева, Солиҷон Ҷӯраев ва Қаюм Юсуфов, ба ҳимоят аз расонаҳои мустақил дар додгоҳҳо розӣ шудаанд.

Қимат Розиева, вакили мудофеъ, гуфт, ки ба ҳангоми баррасии парвандаҳои нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳо на танҳо рӯзноманигорон, балки вакилони мудофеъ низ таҳти фишори мақомоти давлатӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон, хонуми Розиева таъкид кард, ки дар сурати муттаҳид шудани рӯзноманигорон ва талошҳои муштараки вукалои мудофеъ, хабарнигорон, расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар қазоёи додгоҳӣ ба пирӯзӣ даст ёфтан мумкин аст.

Ӯ ба унвони мисол аз даъвои се додрас бо Солиҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ ва нашрияҳои “ASIA-Plus”, “Фараж” ва “Озодагон” дар соли ҷорӣ ёдовар шуд, ки ба таври мусолиматомез ҳал шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110526_mm_press.shtml

Рўзномахои Мустакил ва ноМустакил…

[b]Боби1. Аз советӣ то хусусӣ[/b]

Дар замони Ҳукумати Советӣ одамон ҳар рўзу ҳар соат бетоқатона интизори рўзномаю журналҳо буданд, ки кай хаткашон меояд. Ҳама коргару деҳқон, хонашин, нафақахўрон дар ҷойҳои кор ва почта ихтиёрӣ ба рўзномаҳои марказӣ, республикавӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ обуна мешуданд. Нархи рўзномаҳо хеле арзон 2-3 тин буд, ҳоло бошад, 1,5-2 сўм.

Агар рўзе 1 рўзнома бо ягон сабабе ба хонандагон дастрас намешуд, мекофтанду гунаҳкорро муайян мекарданд ва ҷазояш медоданд, барои он ки ҳамаи рўзномаҳо ба манфиати халқу Ватан буд. Ҳоло ҳам, хусусан рўзномаҳои мустақил, ба манфиати халқ ва пешбурди мамлакат хизмати босазо мекунанд.

Дар рўзномаҳои давраи советӣ масъалаҳои ҳалталаб, камбудию норасоиҳо дар ташкилотҳо, колхозу совхозҳо, идораю вазоратхонаҳо, судҳою прокуратураҳо буда чоп мешуданд. Дар баробари ин, аз танқиду норасоиҳои дар рўзнома нишондодашуда касе малол намешуд, мисли ҳозира рўзномаҳоро ба суд намекашиданд, ба адреси кадом ташкилоте, ки камбудӣ нишон дода шуда буд, дар ҳамон ташкилот дар муддати кўтоҳ дар маҷлисҳои кушоди ибтидоӣ, партиявии ташкилот муҳокима карда мешуд ва ба шахси гунаҳкор ҷазои сазовор дода ва ҳам аз тарафи комитети партиявии район назорат бурда мешуд, ки камбудии дар рўзнома нишондодашударо дар мўҳлати муайяншуда ислоҳ гарданд ва ба редаксия аз иҷрои мақолаи танқидӣ ҷавоб нависанд.

Дар замони истиқлолият сафи рўзномаҳои ҳукуматӣ хеле кам шуд ва он рўзномаҳое, ки мебароранд, он қадар завқовар нестанд ва бо таърифи каме муваффақиятҳо дода мешаванду намебинанд, ки Тоҷикистон дар чӣ ҳол асту халқамон дар кадом шароит умр ба сар мебарад.

[b]Боби 2. Рўзии Раҷабу Нерўи Мухтор…[/b]

Шукрони истиқлолият ва демократияи он, ки дар мамлакатамон рўзномаҳои мустақил шумораашон дар солҳои охир зиёд шуд, вале мансабдорони баландпояи ҳукумат ба сари онҳо ҷабру ситам овард. Солҳои қабл рўзномаҳои «Нерўи сухан»-и Мухтор Боқизода ва «Рўзи нав»-и Раҷаби Мирзо мебаромад, ки дар матбуоти ҳамон замон сазовори эҳтироми мардум буданд, бисёр камбудиҳои фасодкору хиёнаткорро ҷасурона ошкор мекарданд. Ба ҷои он ки мансабдорон камбудиҳои ошкоршударо ислоҳ кунанду ба халқу ватани худ хизмати босазое ва аз журналист барои ошкор намудани камбудӣ миннатдорӣ ва узр пурсанд, онҳоро бастанд! Ин рафтори онҳо ноҷавонмардона аст ва ҳукумат фасодкоронро пуштибонӣ кард.

Имрўз дар ошкор намудани бисёр камбудию фасодкорӣ рўзномаи «Пайкон» саҳми калон дошт, ҳар як тири «Пайкон» рост ба нишон мерасид, тираш бехато буд, барои ҳамин буд, ки ҳамаи мансабдорони баландпоя аз тирҳояш метарсиданд. Имрўз Пайкон ҳам дар мушкилӣ қарор дорад…

Ман 1 вақтҳо шунида будам, ки матбуотро оинаи давлат мегуфтанд, ин дар ҳақиқат рост аст, барои он ки тамоми камбудию норасоӣ ва сиру асрори ин ё он мансабдорро мебинад ва барои барҳам додани камбудиҳо кўшиш ба харҷ медиҳад, ки камбудию норасоиҳои ҷойдошта саривақт ислоҳ шаванд. Агар ҳукумат васоити ахбори оммаро пуштибонӣ кунад, дар навбати аввал маоши онҳоро баланд бардорад ва назорат кунад, хараҷу мараҷ, коррупсия ва дигар нуқсонҳои зараровар барҳам мехўрад ва иқтисодиёт дар мамлакат баланд мегардад. Тоҷикистони азиз яке аз мамлакатҳои тараққикардаи дунё мегардад.

[b]Боби 3. СССР фахри Тоҷикистон[/b]

Ҳоло дар Тоҷикистон рўзномаи сермухлистарин, серхонандатарин, ки берун аз мамлакат машҳур аст, ҳукумат бояд ба ин рўзнома, ки номаш СССР аст, фахр кунад. Дар ин рўзнома журналистони бисёр ҳам ватанпарвару миллатдўст, болаёқат, ботаҷрибаи бойдошта аз чиҳати иқтисодию сиёсӣ саводнок ва халқпарвар кор мекунанд, ки ин ба манфиати халқу ватан аст. Халқи тоҷик, хусусан синнусолрафтаҳо бо ин рўзномаи СССР мефахранду шоданд ва баромадани рўзномаро бесаброна интизоранд. Ҳамаи кормандони ВАО-ро бо Рўзи матбуот табрик мегўям, дар корҳояш мувафаққиятҳои калон орзу мекунам…

Ҷумъа МУРОДОВ, нафақагир, ноҳияи

Источник: http://www.khatlonpress.tj/index.php?option=com_content&task=view&id=735&Itemid=1

Шикваи Эрон аз мушкилоти ташкили TV-и форсизабонон

[b]Алиасғари Шеърдӯст ҷониби Тоҷикистонро дар таъхири роҳандозии ТВ форсизабони «Наврӯз» муттаҳам кард.[/b]

Ӯ гуфт, ҷониби Эрон ба ҳама тааҳуди худ амал карда ва то кунун сохтмони ин телевизионро таъмир намудаааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи сафир, онҳо таҷҳизотро ворид сохта ва интизори посухи ҷониби Тоҷикистон барои таъйини рӯзи мушаххаси нашри барномаҳои ин телевизионанд.

Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Асадулло Раҳмонов, ба зангҳои телефонии ӯ барои ҳамоҳангсозии нашри барномаҳо пусух намедиҳад.

[b]»РАҲМОНОВ ҶАВОБ НАМЕДИҲАД»[/b]

«Ҳатто зангҳое, ки мо мезанем, Асадулло Раҳмонов ҷавоб намедиҳад. Мо як моҳ талош кардем, ки як ҷаласа бо эшон бигузорем, ба мо гуфтанд, ки ёддошт бидиҳед. Нотаи расмӣ бидиҳед. Аммо нотаи расмӣ мо фақат барои мулоқоти мақомоте медиҳем, ки як бор мехоҳанд биоянд ва мулоқот кунанд. Мо ҳар рӯз бояд ҷаласа дошта бошем. Ман намехоҳам гилоя бикунам, агар Асадулло Раҳмонов матраҳ накарда буд, ман матраҳ намекардам. Вале ман ин ҷо суол мекунам, чун муовини мӯҳтарами эшон ин ҷо ҳастанд, ғайр аз ду табақаи як сохтмони махруба чӣ коре барои ин телевизион карданд? Ҳақиқатан дилозурда шудам, мо дар ин майдон ва шахси ман аълон танҳо ҳастам»,-афзуд сафири Эрон.

Гуфтанист, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар чанд ҳафтаи пеш Эронро ба амал накарданаш дар иҷрои тааҳуди худ барои роҳандозии телевизиони «Наврӯз» муттаҳам намуда буд.

Аммо сафири Эрон чунин чизеро радд мекунад ва мегӯяд, Эрон бештар аз тааҳуди худ амал кардааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки бар асоси тавофуқ таъмини сохтмон бар ӯҳдаи ҷониби Тоҷикистон буд, Тоҷикистон фақат як бинои фарсударо дар ихтиёри ин телевизион қарор дода, ки Эрон маҷбур шудааст, онро таъмир бикунад.

[b]ГИЛА АЗ МУШОВИРИ РАИСИҶУМҲУР[/b]

Ҷаноби Шеърдӯст ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ворид намудани таҷҳизот низ ирода нишон надодааст. Ӯ гуфт, аз ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла аз сафири Тоҷикистон дар Олмон ва аз раиси ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» дархост намудааст, ки дар амри ворид намудани таҷҳизоти техникӣ аз Олмон мусоидат кунанд. Аммо инҳо чунин кореро накардаанд.

Гузашта аз он, ба гуфтаи сафири Эрон, ӯ дар мулоқоти ахири худ аз Сайидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози ҷониби Тоҷикистон дар таъсиси телевизиони «Наврӯз» низ ҳаст, хостааст, ки ба мушкилоти мавҷуд расидагӣ кунад ва ҷониби Тоҷикистон таърихи оғози нашри барномаҳоро таъйин кунад.

Аммо мегӯяд сафир, мушовири раисиҷумҳур то кунун ба ин дархост посух нагуфтааст. Дар ҳоле, ки бар асоси тавофуқи масъулини телевизион бо ширкатҳои олмонӣ, бояд 45 рӯз қабл аз оғози пахши барномаҳо ин рӯз таъйин шавад, то мутаххасисони олмонӣ ба Тоҷикистон биоянд ва корҳои техникиро ба сомон расонанд.

[b]МУОВИНИ РАҲМОНОВ: «ОГОҲ НЕСТАМ»[/b]

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Нозирӣ, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки дар нишасте ба манзури баррасии мушкилоти роҳандозии телевизиони «Наврӯз» бо сафири Эрон дар шаҳри Душанбе ширкат дошт, дар посухи ин суханони сафир гуфт: «Ростӣ, ман ба пуррагӣ огоҳ нестам. Ман пеш аз омадан омӯхтам, дар ин бора гуфта мешавад, ки биноро бояд Тоҷикистон омода кунад, таҷҳизотро Эрон ва моҳвораро Афғонистон. Дар ҳамин ҳудуд ман маълумот дорам, маълумоти зиёде надорам. Он чӣ ки Алиасғари Шеърдӯст гуфтанд, ман нав огоҳӣ ёфтам, пеҳшниҳоди ҷаноби Шеърдӯстро ба раиси Кумита мерасонам, мо ба ҳам меоем, дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунем.»

Таҳлилгарони тоҷик, ки дар ин нишаст ширкат доштан мегӯянд, мушкили аслӣ дар роҳандозии телевизиони форисзабон давлатӣ будани ин тарҳ аст. Дар ҳоле ки ҳар се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар мадорҳои мухталифи сиёсати ҷаҳонӣ қарор доранд ва манофеи мухаталиферо дунбол мекунанд.

[b]МУШКИЛИ ПАНҶСОЛАИ ТВ ФОРСИЗАБОН[/b]

Аз нигоҳи идеологӣ низ Тоҷикистон як давлати дунявӣ ва Эрону Афғонистон низомҳои маҳзабӣ доранд, ки метавонад як мушкили дигар дар барномасозиҳои ин телевизион бошад.

Аммо сафири Эрон мегӯяд, роҳи ҳалле барои нигаронии ҷониби Афғонистон низ пайдо шудааст ва он нашри ҳамзамони барномаҳо бо забони пашту хоҳад буд. Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, вазири фарҳанги Афғонистон Махдуми Раҳмин низ аз мулоқот роҷеъ ба ин масъала дар охирин сафари худ ба Тоҷикистон худдорӣ намудааст.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар соли 2006 ба таъсиси телевизиони муштараки форсизабон иқдом намуданд. Аммо ба далоили мухталиф роҳандозии он то кунун анҷом нашудааст.

Аммо бо ҳама вуҷуд, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон дар охирин мулоқоти худ дар Наврӯзи гузашта тавофуқ намуданд, ки телевизиони “Наврӯз” қабл аз таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон оғоз ба кор кунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24180142.html

Оё метавон Ислом Каримовро «диктатор» номид?

[b]Дар Фаронса баррасии аризаи шикоятии Лола Каримова, духтари Ислом Каримов, алайҳи як нашрияи интернетӣ оғоз ёфт.[/b]

Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, даъво дорад, ки нашрияи интернетӣ падари ӯро ноодилона «диктатор» хондааст.

Духтари раисиҷумҳур нашрияи фаронсавии “Rue82”-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ба додгоҳ кашида, 30 ҳазор евро ҷуброни маънавӣ хостааст.

Нашрияи интернетии “Rue82” дар мақолае таҳти унвони ”Фишори фаъолони зидди СПИД дар дохил ва худнамоӣ дар Канн”, Лола Каримоваро ҳамчун “духтари диктатор” муаррифӣ карда навиштааст, ки ӯ бо баргузории нишастҳои хайрия ва пора додан ба афроди шӯҳратёри ғарбӣ мехоҳад, кишвари худро дар чашми хориҷиҳо “сафед” кунад.

[b]ХУДНАМОИИ ДУХТАРОНИ КАРИМОВ?[/b]

Ин мақола 20-уми майи соли 2010 дар остонаи баргузории маъракаи “Синамо алайҳи СПИД”, ки дар Канн баргузор шуда буд, нашр гардид. Гулнора Каримова, духтари бузурги президент Каримов аз ҳамраисҳои баргузории ин маърака буд.

Нашрияи фаронсавӣ навиштааст, дар ҳоле ки Гулнора Каримова дар ин шабнишинии хайрия ҳамраисӣ мекард, мақомоти кишвараш фаъоли ҷилавгирӣ аз паҳншавии СПИД Максим Поповро барои пахши маълумот дар бораи ҷилавгирӣ аз ин маризӣ зиндонӣ карданд.

Дар ҳоле, ки Лола Каримов аз вуҷуди фаъоли зидди СПИД, Максим Попов ва боздошти ӯ ёдовар нашудааст, вале иддаои нашрияро радд кардааст, ки мегӯяд Лола барои ширкат дар маъракаи хайрия ба ҳунарманд Моника Белуччӣ 190 ҳазор евро додааст. Лола Каримова ин маъракаро моҳи феврали соли гузашта дар Париж баргузор кард.

[b]»ИСБОТИ ГУФТАҲО КОРИ ДУШВОР НЕСТ»[/b]

Аммо муаллифи мақола Аугустин Скалберт гуфт, ки барои исботи далелҳои нашршуда дар мақола маводи кофӣ дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба натиҷаи додгоҳ хушбин аст, зеро Фаронса кишварест, ки ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузорад.

“Ҳамчун бахши матбуоти Фаронса мо метавонем дар мақола бинависем, ки Лола Каримова духтари диктатор аст. Зеро ин воқеият дорад. Аммо бар пояи қонун мо бояд собит кунем, ки падари ӯ диктатор аст. Ин кори душворе нест. Зеро шаш соли пеш дар ҷараёни кушторҳои дастҷамъона теъдоди зиёди мухолифини ҳукумат зиндонӣ ва шиканҷа шудаанд. Аз ин рӯ, исботи диктатор будани Каримов душвор нест”,-илова кард ӯ.

[b]»Ӯ ДИКТАТОР АСТ»[/b]

Дар зимн, муроҷиати додгоҳии феълӣ як ҳафта баъд аз солгарди хунрезиҳои Андиҷон баргузор мешавад. Як ҳафта пеш фаъолони ҳуқуқи башар ва узбакҳои муҳоҷир дар гӯшаҳои мухталифи дунё барои поси хотири қурбониёни ин саркӯбии ваҳшатбор ҷамъ омаданд.

Мӯътабар Тоҷибоева, фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, аз шоҳидони он саркӯбиҳост. Ӯ мегӯяд: “Ман бо итминон шаҳодат медиҳам, ки Каримов диктатор аст. Ман асноди зиёде дорам, ки диктатор будани ӯро собит мекунанд ва ман ин санадҳоро ба додгоҳ ироа мекунам.”

[b]»НА ҲАМА МУҚОБИЛИ КАРИМОВАНД»[/b]

Аз сӯи дигар, дар Узбакистон на ҳама аз дидгоҳи Тоҷибоева ҳимоят мекунанд. Як соҳибкори узбак зимни ширкат дар сӯҳбати мизи мудаввар гуфт, ки бо раҳбарии Ислом Каримов Узбакистон ба озодии чашмгири мазҳабӣ даст ёфт, на ба мисли Фаронса, ки барои пӯшидани либосҳои мазҳабӣ ба занҳои мусалмон маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Ба бовари мунтақидони Каримов ва фаъолони ҳуқуқи башар, Лола Каримова баробари ба додгоҳ кашидани як нашрияи ғарбӣ ба падари худ «хизмати хирсона» мекунад. Зеро ин мурофиа таваҷҷӯҳро ба вазъи ногувори ҳуқуқи башар дар ин кишвар боз ҳам афзоиш медиҳад.

[b]»ПАРВАНДАИ ХАНДАОВАР»[/b]

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”мегӯяд, “ин парванда хандаовар буд, ба шарте, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ин қадар ғамангез намебуд. Лола Каримова дар кишвари худаш барои ба додгоҳ кашидани нашрияе зарурат надошт. Ҳамчунин, замонате вуҷуд надорад, ки додгоҳҳои Узбакистон мисли додгоҳҳои Фаронса қазовати одилона кунанд. Ин ки раҳбарони худкома ва аҳли хонаводаи онҳо аз сохтори адливу қазоии кишварҳои демократӣ ба нафъи худ истифода мекунанд, шадидан нигаронкунанда аст.”

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24180271.html

Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон

[b]Заъфи гуногунандешӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон, вуҷуд доштани маҳалгароӣ дар бархе аз расонаҳои хабарӣ имрӯз зиёд ба назар мерасад ва ин омил паёмадҳои нохуб дорад, мегӯяд Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNеws».[/b]

Ин ҳарфҳоро ӯ дар як семинар, ки рӯзи 17-уми май дар толори телевизиони «СМТ» баргузор шуд, иброз дошт. Номбурда қайд кард, ки таҷриба нишон дод, ки барои журналистони мо хусусан барои радиову телевизионҳои Тоҷикистон қабули принсипи этикаи журанилистӣ лозим аст ва риоя нашудани чунин принсипҳо хонанда ва бинандаро аз ВАО дур мекунад. Рустами Ҷонӣ аз фаъолияти телевизионҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт «ин телевизионҳо танҳо сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро тарғибу ҷонибдорӣ менамоянд, ҳол он ки онҳо телевизионҳои давлатӣ ҳастанд ва набояд бо чунин шева фаъолият кунанд, баъзе кормандони ин телевизионҳо тафовути мафҳуми давлатӣ аз ҳукуматиро дарк накарда, чун пропагандист ҳангоми фаъолияташон фикр мекунанд, танҳо рисолаташон дар ҳамин аст, ки кадом намояндаи ҳукумат, ҳар чӣ ки гӯянд, онҳо бояд ҷонибдорӣ намуда, онро пахш кунанд.»

[b]«Ӯзбак» не ӯзбек бояд бошад[/b]

Ба гуфтаи Ҷонӣ, дар миёни журналистон ҳангоми пайгирии мавзӯъ низ камбудиҳо ба назар мерасад, ки бархеаш ҳукм бароварда аз доираи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ берун мешаванд. «Бархе аз хабарнигорон бо як нафар коршинос сӯҳбат мекунад, вале дар маводаш аксари коршиносон ба чунин назаранд гуфта менависанд, ки набояд чунин бошад. Гузашта аз ин мафҳуми узбак дар матбуот зиёд ба назар мерасад. Дар ин шакл ном бурдани як миллати дигар хатост ва онҳое, ки ҳамин гуна ҳарф мезананд инро бояд бубинанд, ки дар вазорати корҳои хориҷа ва ниҳодҳои марбут ин калима чӣ гуна номнавис шудааст, ҳамон тавр истифода баранд. Вақте аз дастовардҳои кишвар ҳарф мезанем, набояд танҳо саҳми миллати тоҷик дар он ҷо гуфта шавад, балки саҳми тоҷикистониён гуфта ном баранд, зеро дар кишвари мо миллатҳои зиёд аз қабили русҳо ва узбекҳо низ кору фаъолият доранд, яъне онҳо низ дар ин ҷо саҳм доранд».

[b]Маҳалгароӣ ва ормонҳои миллӣ[/b]

Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Абдуманонов, котиби масъули агентии иттилоотии «Ховар» ва собиқ муовини аввали райиси кумитаи радио ва телевизиони кишвар мегӯяд, вақте телевизионҳо давлатианду аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд аз ҳамин сабаб онҳо сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд. Номбурда омили маҳалгароиро дар ВАО-и кишвар тасдиқ намуд ва далел овард, ки «дар як мақолаи Толибшоҳи Сайидзода, ки номаш дар ёдам нест, маҳалгароӣ дида мешуд…»

Нуриддин Қаршибоев, раиси ассотсиатсияи миллии ВАО (НАНСМИТ), бошад бар ин назар аст, ки воқеан ҳам дар амалияи имрӯзаи мақомотҳои давлатӣ дида мешавад, ки телевизионҳо сиёсати онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, вале дар асл набояд чунин шавад, зеро «телевизинҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд ва ин пули давлат пули мардум аст, ки аз ҳисоби андоз ҷамъ мешавад, бинобар ин расонаҳои давлатӣ на танҳо сиёсати ҳукумат, балки бояд ба манфиати мардум ва амалӣ гардонидани ормонҳои миллат кор кунанд. Азбаски телевизионҳои давлатӣ тарғиби сиёсати ҳукуматро шиори худ кардаанд, бинобар ин дар онҳо гуногунандешӣ низ ба назар намерасад».

Алишер Зариф

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/439-2011-05-17-08-34-25.html

Сафири ИМА ҳамкории «Asia-Plus» бо Wikileaks-ро шарҳ дод

[b]Сафири Амрико дар Тоҷикистон аз эҳтимоли рӯ задани номҳои афроди мушаххас дар номаҳои маҳрамонаи дипломатии сомонаи Wikileaks дар бораи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.[/b]

Кеннет Гросс, ки зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе назари худро дар бораи созишномаи ширкати расонаии «Asia-Plus» ва сомонаи Wikileaks баён медошт, гуфт, ошкор шудани ном ва мӯҳтавои гуфтугӯи ҳамсӯҳбатони сафирони собиқи Амрико дар Тоҷикистон, ки эҳтимол меравад, дар номаҳои маҳрамонаи сомона ҷой доранд, ба фаъолият ва эътибори онҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Вай афзуд: «Барои ман дақиқан маълум нест, ки ин чӣ маъно дорад ва ҳамчунин ин ки созишнома ба худи «Asia-Plus» ва ҷомеаи Тоҷикистон чӣ хоҳад дод. Мо бо ҷузъиёти ин созишнома ошно нестем. Бо ин вуҷуд мо вазъро пайгирӣ мекунем. Ҳоло бо нашрия тамос нагирифтаем, зеро дар ин маврид чизеро наомӯхтаем.»

Рӯзи якшанбеи гузашта ширкати расонаии «Asia-Plus»-и Тоҷикистон аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Wikileaks, сомонаи пурмоҷарои маъруф дар ҷаҳон иттилоъ дод.

[b]»МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД»[/b]

Бар пояи ин созишнома, нашрияи русизабони Тоҷикистон ба иттилооти махфии сомонаи Wikileaks дар бораи Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳамсоякишварҳояш — Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дастрасӣ пайдо хоҳад кард.

Марат Мамадшоев, муҳаррири «Asia-Plus» мегӯяд, нашрия ҳангоми нашри номаҳои Wikileaks аз масъулияти баланд кор хоҳад гирифт ва номи афроди мушаххасро зикр нахоҳад кард: «Мо хеле хуб мефаҳмем, ки мулоқотҳо хусусияти махфӣ доштанд. Аз ин хотир, мо мекӯшем маҳз он депеш -номаҳои дипломатиеро нашр кунем, ки аҳамияти ҷамъиятӣ доранд. Мо дар ин номаҳо ба он суолҳое посух ҷӯем, ки ин ҷо пайдо карда наметавонем.»

[b]МАЪЛУМОТИ МАХФӢ ВА АҶИБ[/b]

Бунёдгузори Wikileaks — Ҷулиан Ассанҷ дар сӯҳбати видеоӣ ба «Asia-Plus» гуфтааст, ки номаҳои дипломатӣ ҳомили маълумоти кофии махфӣ ва аҷиб, аз ҷумла дар бораи Тоҷикистон ҳастанд. Аммо ба гуфтаи вай, ин номаҳо асли воқеиятҳоро бозгӯӣ намекунанд ва фақат бардошти сафирони амрикоӣ аз ҳодисаҳои кишварҳои мухталиф аст.

Қаблан Wikileaks дар қатори номаҳои маҳрамонаи дипломатҳои амрикоӣ дар саросари ҷаҳон, ҳамчунин бардоштҳои сӯҳбатҳои сафирони Амрико дар Тоҷикистонро низ ба нашр расонда буд. Худ нашрияи «Asia-Plus» бар асоси маълумоти расонаҳои русӣ аз номи Wikileaks маводеро ба нашр расонд, ки дар он гӯиё сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, президенти ояндаи ин кишвар бояд Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар шавад.

[b]ВИКИЛИКС, ЗАРИФӢ ВА УЗРИ «ASIA-PLUS»[/b]

Баъдтар маълум шуд, ки Wikileaks номаеро бо чунин мӯҳтаво нашр накардааст ва «Asia-Plus» аз вазири корҳои хориҷӣ узр пурсид. Худи ҷаноби Зарифӣ як сӯҳбаташ бо сафир Ричард Ҳоуглендро таъйид кард, аммо мӯҳтавои онро «фантазияҳои сафир» номид.

Дар як номаи маҳрамонаи дигар аз ихтилофоти назари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Русия сухан меравад, ки дар ин маврид вокунише аз сӯи Тоҷикистон нашуд. Аммо Абдулло Назаров, собиқ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сӯҳбаташ бо сафири амрикоӣ ва мӯҳтавои онро, ки ба муборизаҳо алайҳи терроризм дар Тоҷикистон рабт дошт, таъйид кард.

[b]ЭЪТИРОФИ НАЗАРОВ ВА «ШӮХӢ»-ҲОИ КАБИРӢ[/b]

Баъд аз кушта шудани Усома ибни Лодан, террористи №1-и ҷаҳон матбуоти Ғарб аз қавли Wikileaks навиштанд, ки Назаров дар ин маврид ҳанӯз соли 2009 сӯҳбат карда буд.

Ҳамчунин, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, баргузории сӯҳбатеро бо масъулини сафорати Амрико таъйид кард, аммо гуфт, бархе сӯҳбатҳояш «шӯхиомез» буданд. Иддае аз коршиносон нашри номаҳои маҳрамонаи сафирони амрикоӣ дар бораи Тоҷикистон ва аз сӯи як нашрияи ин кишварро амале баъид медонанд.

[b]БА САРИ «ASIA-PLUS» ЧӢ ХОҲАД ОМАД?[/b]

Зеро ба қавли онҳо, он чӣ ба сари Ҷулиан Ассанҷ дар Аврупои демократӣ омад, ба навҳае бадтар ба сари «Asia-Plus» дар Тоҷикистони, аз нигоҳи ғарбиён, «ноозод» хоҳад омад. Ва ҳам ба равобити ду кишвари ҳамкор низ латма ворид хоҳад кард, ки ин дар беэътимодии ҷониби Тоҷикистон ба сафорати Амрико дар ин кишвар хоҳад овард.

Аммо Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, заминае барои нигаронӣ вуҷуд надорад: «Ман бо базаи маълумоте, ки «Asia-Plus» дорад, пурра ошно ҳастам. Ба назарам, он ҷо ягон маълумоти ҳангомавие нест, ки тавонад вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноамн кунад ё тағйир диҳад. Инҳо аслан баррасиҳои сафирони собиқ ва имрӯз — Кеннет Гросс ҳастанд, ки дар пояи мулоқот бо намояндагони ҳукумату аҳзоб, расонаҳо ва ҳам таҳлили матолиби манбаъҳои бози Тоҷикистон навишта шудаанд. Он ҷо ягон ҳуҷҷати воқеӣ нест, балки назарҳои одамон аст. Ба назарам, ҳукумати Тоҷикистон ба ин матолиб муносибати дуруст хоҳад дошт ва боз собит хоҳад кард, ки Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои ҳамсояаш кишвари озодтар аст.»

[b]»ЧӮҶАРО ДАР ТИРАМОҲ МЕШУМОРАНД»[/b]

Дар зимн, ба қавли Марат Мамадшоев, Ҷулиан Ассанҷ дар сӯҳбат бо «Asia-Plus» гуфтааст, дар базаи маълумоти Wikileaks чанд сатҳи махфият вуҷуд дорад, аммо ба маълумоти аз ҳама махфӣ — Top Secret ҳатто худи Ассанҷ ҳам дастрасӣ надорад.

Бо ин вуҷуд, коршиносон бо ишора ба мақоли «чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд», мегӯянд, то нашр шудани матолиби Wikileaks дар «Asia-Plus», аввалин ҳамкори сомонаи баҳсбарангез дар Осиёи Марказӣ, дар бораи кайфияти ин мавод ва паёмадҳои эҳтимолиаш сӯҳбат кардан бармаҳал аст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24176310.html

Шаҳрдорӣ ба расонаҳо ва сомонаҳо ҳушдор медиҳад!

[b]Дар номае, ки Шавкат Саидов, котиби дафтари матбуотии Раиси шаҳри Душанбе «ба роҳбарони тамоми воситаҳои ахбори оммаи хусусӣ ва сомонаҳои интернетӣ» ирсол кардааст, гуфта мешавад:[/b]

«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкориҳои судманд бобати инъикос ва таъмини фазои иттилоотӣ аз навгониҳои шаҳри Душанбе дар воситаҳои ахбори омма изҳори каноатмандӣ намуда, ҷонибдории бемайлони роҳбарияти шаҳр ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо аз воқеиятнигорӣ ва ибрози назарҳои касбӣ дар ҳалли дилхоҳ масъалаҳо, ки бидуни таҳрифи воқеият бо далелҳои раднопазир интишор мешаванд зикр сохта, зимнан ба таваҷҷӯҳи муассисон ва роҳбарони ВАО, ба хусус расонаҳои электронӣ мерасонад, ки вақтҳои охир бо фаъол гардидани саҳифаи «назарҳо» дар сомонаҳо бо сӯистифода аз озодии сухан, мутаассифона фазои иттилоотӣ тавассути ҷой додани андешаҳои баъзе «муштариён»- и ноогоҳи сомонаҳо аз воқеияти масъалаҳо, ки «назарашон» комилан бе асос ва дар заминаи ғаразҳои нопок баҳри тавлиди рӯҳияи нобоварӣ ба фаъолияти банизомдарории вазъи бозори истеъмолӣ дар шаҳр нашр мегарданд таври танзиму тарҳрезишаванда махлут карда мешавад.

Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ВАО ва бештар дар бахши «назарҳо»-и сомонаҳо баёни афкори носолим ифода мегардад, ки он воқеан нигаронкунанда ва ингуна сӯистифода кардан аз озодии баён дар минбари тавлидкунандаи афкори омма назди қонунгузории кишвар бо дарназардошти оқибатҳои таҳрифкории воқеият посухталаб мебошад.

Вобаста аз ҳолати мавҷуда аз тамоми роҳбарони ВАО ва сомонаҳои интернетӣ бо дарки масъулият даъват ба миён меорад, ки бо риоя ва эҳтиром ба озодии баён ба махлутшавии фазои иттилоотӣ роҳ надиҳанд. Ба дилхоҳ «муштарӣ» тавсия медиҳем барои огоҳии саривақтӣ аз фаъолияти Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои андешидаи он аз сомонаи www.dushanbe.tj бештар дидан намоянд.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо ва «муштариён»-и бахши «назарҳо»-и сомонаҳо вобаста ба мавзӯи фарогир мерасонад, ки масъалаи ғановати бозори истеъмолӣ бо роҳҳои алтернативӣ танҳо дар доираи қонун ва бо дарназардошти волоияти он дар ҷомеа, таъсиррасонии пайваста алайҳи болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи истеъмолкунандагон мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дорад.

Бо ин мақсад то ба имрӯз соли равон аз ҳисоби буҷети шаҳр 20 млн сомонӣ ҳамчун қарзҳои бефоиз тавассути КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ихтисос дода шудааст. Аз маблағҳои мазкур 12 млн сомонӣ барои харидориву захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 млн сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулотҳои ниёзи аввалияи кишварзӣ ва бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои мамлакат ва 4 млн сомонӣ барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт сафарбар карда шудаанд.

Ин тадбирҳо дар натиҷаи таҳлилҳои воқеӣ ва мониторинги ҳамарӯзаи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва арзиши аслии истеҳсол ва интиқоли он ба бозори истеъмолӣ бо риояи талабот ва меъёрҳои фаъолияти озоди иқтисодию тиҷоратӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Аз ин ҷост, ки роҳбарияти шаҳри Душанбе бо хулоса аз натиҷаи забҳи чорво аз ҷониби комиссияи ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва бойторӣ, Сатторӣ Иззатулло — доктори илмҳои ветеринарӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур баҳри дастгирии сокинон — истеъмолкунадагони шаҳр ташаббуси соҳибкорони ба харид ва фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд фаъолият доштаро оид ба дар марзи маъмурии Душанбе бо нархи 23 сомонӣ ба фурӯш гузоштани гӯшти гов ва 24 сомонӣ гӯшти гӯсфанд ҷонибдорӣ намудааст.

Зеро забҳи ҷамъиятии чорво бо назардошти ҳамаи масрафот нишон дод, ки истеҳсоли аслии 1 кг гӯшти гов барои соҳибкори бо парвариши чорво машғулбуда воқеан 19,5-20,0 сомонӣ ва барои соҳибкори аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба Душанбе харида интиқолдиҳанда 21,5 сомониро ташкил медиҳад.

Дастгирии мазкур дуҷониба буда, ба ҳеҷ ваҷҳ характери иҷбориро доро нест. Баръакс, ҷавобан ба иқдоми соҳибкорон роҳбарияти шаҳр баҳри дастгирии молиявии онҳо оид ба зиёд намудани воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт дар шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» — 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе»-1 млн сомонӣ ва 20 нафар соҳибкорон ба ҳар яке аз онҳо 50,0 ҳазор сомонӣ — 1 млн сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо кард, ки имрӯзҳо ҳар кадоме онҳо ба иҷрои вазифаҳои худ аллакай шурӯъ кардаанд, ки боиси натиҷаҳои дилхоҳ гардидаанд.

Мувофиқ ба таҳлилҳо талаботи ҳаррӯзаи сокинони шаҳр бо гӯшт 70 тоннаро ташкил медиҳад ва барои фурӯши як кг гӯшт бо ҳисоби миёнаи (гов ва гӯсфанд) 23,5 сомонӣ ҳамарӯза маблағи 1 млн 645 ҳазор сомонӣ зарур мебошад. Воридоти гӯшт ба маблағи 4 млн сомонӣ имкон хоҳад дод, ки талаботи бозори истеъмолии шаҳр ва ҳамарӯза дастрасии истеъмолкунандагон ба гӯшти хушсифат бо нархҳои зикргардида комилан таъмин гардад.

Ибтикороти мазкур аллакай дар ду рӯзи татбиқшавӣ чунин натиҷа дод, ки нархи ғизои чорво — кунҷола дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 2,9-3 сомонӣ ба 2,4-2,3 сомонӣ поён фарояд ва тавре воқеияти имрӯза шаҳодат медиҳад истеъмолкунандагони гӯшти гову гӯсфанд бо нархҳои зикргардида имконияти қонеъ намудани талаботи худро доро гардидаанд .

Бояд тазаккур дод, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна бо амалисозии дастгириҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳо шароити мусоид ташкил карда шудааст ва дар натиҷаи он саҳми субъектҳои соҳибкорӣ дар ғановати буҷети шаҳр ба зиёда аз 51% баробар гашт.
Барои ҷалби бештари потенсиали сектори ғайридавлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2001 бо иштирок ва маблағгузории бевоситаи соҳибкорон Маркази дастгирии рушди сохибкорӣ дар шаҳри Душанбе ва соли 2003 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо баҳри рушди ҳаёти хоҷагидории шаҳр ва такмили институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муассир мегузоранд.

Гузашта аз ин маҳз бо ибтикори роҳбарияти шаҳр бори нахуст дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати робитаи бевосита бо шаҳрвандон ва таъмини имкониятҳо дар ифодаи ирода ва мавқею саҳмгузории онҳо дар идоракунии давлатӣ почтаи элктронии Раиси шаҳри Душанбе «dushanbe80@yahoo.com» дар шабакаи Интернет 13 октябри соли 2005 фаъол карда шуд.

Танҳо тавассути почтаи мазкур дар маҷмӯъ 3258, аз ҷумла дар соли 2010 — 1090 ва ба ҳолати 12 майи соли 2011 -570 муроҷиат ворид шудааст, ки ҳар кадоми онҳоро Раиси шаҳри Душанбе шахсан баррасӣ намуда. зери назорат қарор додааст. Гузашта аз ин ҳеҷ кадоме аз муроҷиат бе баррасӣ намонда, аз натиҷааш ҳар кадоме бархудор гардидаанд. Нисбати муроҷиатҳои рӯзномавӣ низ шаҳрдорӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта, гумон мекунем, ки ин ҷо ба шарҳи воқеият зарурате нест.

Дилхоҳ шахси воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ бе ягон мамоният имкон дорад, ки бо истифода аз почтаи электронӣ, телефонҳои боварии шабонарӯзӣ: 223-22-14, 221-26-95 ва қабулҳои шахсии Раиси шаҳр ва муовинони он, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе доир карда мешаванд ё худ дар ҷаласаҳои ҳар ҳафтаинаи васеи назди Раиси шаҳр, ки субҳи ҳар як рӯзи душанбе бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ доир карда мешаванд пешниҳоди худро барои баррасӣ ирсол намояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо дарки масъулият алайҳи сӯистифода аз қобилияти хуби харидории сокинони он изҳор менамояд, ки бо роҳҳои стихиявӣ ва сунъӣ ба болобарии нарх дар бозори истеъмолии шаҳр тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузориро пайваста татбиқ хоҳад кард».

Источник: http://www.millat.tj/news/2570-shahrdori-ba-rasonaho-va-somonaho-hushdor-medihad.html

Интиқоди Amnesty International аз Тоҷикистон

[b]Aфви Байналмилал дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро танқид кард, ки соли гузашта низ ба ҳуқуқи инсон эҳтиром нагузоштааст.[/b]

Дар гузориши Вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дар соли 2010 омадааст, дар он сол аз Тоҷикистон ҳамчунон доир ба бадрафтории мақомоти интизомӣ бо боздоштшудагон ва азияту шиканҷаи зиндониён гузоришҳо мерасиданд. Матбуоти мустақил ҳамчунон барои интиқоди ҳукумат мавриди таъқибу таҳдиди мақомот қарор гирифт ва мавориди зӯровариву латукӯби занон камтар нашуд.

Намояндагони созмони Авфи Байналмилал, мақараш дар Ландан, барои ошноии наздик ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон моҳи март ба кишвар сафар кардаанд ва ҳамон вазъеро дидаанд, ки соли 2009 низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд.

[b]МАВОРИДИ НАҚЗИ ҲУҚУҚИ БАШАР[/b]

Анна Зандер Плазмман, як масъули Авфи Байналмилал дар умури Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, созмон аз он бисёр нигарон аст, ки дар Тоҷикистон ҳамчунон мавориди шиканҷаву азияти маҳбусон ва беҷазо мондани масъулони ин гуна ҷиноятҳо ба чашм мерасад. “Соли гузашта низ мо пайваста доир ба азияту шиканҷа ва дигар бадрафториҳо аз тарафи маъмурони ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон гузориш дарёфт мекардем. Таҷрибаи боздошт ва то ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар инзиво нигаҳ доштани муттаҳам дар байни ниҳодҳои интизомӣ роиҷ аст, ки ин хатари азияту бадрафторӣ бо боздоштшударо бештар мекунад. Соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамчунон эътирофоти ҳосилшуда таҳти шиканҷаро ба ҳайси далел ба инобат мегирифтанд. Ҷабрдидаҳо аз тарси зӯроварӣ аз тарафи кормандони маъмурони интизомӣ бисёр кам шикоят мекарданд. Беҷазо мондани кормандони бадрафтор ҳам як расм аст.”

Созмони Авфи Байналмилал, қазияи Неъматулло Бӯтақозиев, як шаҳрванди ӯзбактабори Қирғизистонро мисол овардааст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дастгир ва ба гуфтаи худаш аз тарафи маъмурони амниятӣ шиканҷа шуд. Бӯтақозиевро дар ниҳоят аз Тоҷикистон ихроҷ карданд, ки сипас додгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ӯро аз боздошт раҳо кард. Созмони Авфи Байналмилал ҳамчунин қазияи Илҳом Усмонов, як сокини ноҳияи Хуҷандро мисол овардааст, ки 3-юми ноябр бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуда ва 9 рӯз ҳаққи муошират бо касеро надоштааст ва дар он рӯзҳо ӯро ба нерӯи барқ монда ва ба баданаш оби доғ рехтаанд. Иддаое, ки ба гуфтаи додситонии Хуҷанд дурӯғ аст.

[b]ВАЗЪИ НАЧАНДОН ХУБИ МАТБУОТ[/b]

Созмони Авфи Байналмилал сипас ба вазъи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон пардохтааст, ки ба гуфтаи созмон, ҳоли чандон хубе надошт. Анна Зандер Плазманн ба Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои мустақил барои интиқоди ҳукумат таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Авфи Байналмилал мехоҳад, то он банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки хабарнигорони тоҷикро аксар вақт аз гуфтани воқеъияту ҳарфи ҳақ метарсонад, лағв шавад. “Ба эътиқоди Авфи Байналмилал, давлати Тоҷикистон бояд он банди қонунро, ки барои тавҳину бӯҳтон ҷазо муқаррар кардааст, лағв намояд. Мо ҳамчунин ба ин боварем, ки бояд ҳеҷ хабарнигорро барои ҳаққи озодии андешаву баёнаш ба додгоҳ накашанд. Дар робита ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, бояд тазмин дода шавад, ки ҷазо беш аз ҳад сахт набошад ва ҳам ҷазо барои он набошад, ки хабарнигор аз ҳаққи худ, яъне озодии ақидаву баён истифода кардааст. “

Соли гузашта, муҳаррирону хабарнигорони чандин рӯзномаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Озодагон”, “Миллат”, “Азия Плюс”, “Нигоҳ”, “Фараж”, “Пайкон” рӯзҳои худро дар муҳокимаҳои додгоҳӣ кӯр карданд, ки даъвогарон ҳам дар он додгоҳҳо мақомоти расмии Тоҷикистон буданд ва моҷароҳои баъзе аз онҳо то кунун идома дорад. Дар идомаи гузориши худ доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2010, созмони Авфи Байналмилал, дигарбора аз вусъати хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст, ин зуҳурот ба як расм табдил шудааст.

[b]ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ЗАНОН ВУҶУД ДОШТААСТ[/b]

Анна Зандер Плаззман ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои маҳви хушунат алайҳи занон гомҳое бардошт, аммо ба ҳукумат муяссар нашуд, бар асоси тааҳҳудоти байналмилалиаш занонро аз хушунати хонаводагӣ эмин нигаҳ дорад: “Хушунат алайҳи занон ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ боқӣ монд. Аз сеяк то нисфи занони тоҷик дар тӯли ҳаёти худ аз тарафи шавҳар ва ё аъзои дигари хонавода хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ дидаанд. Дастрасии занон ба низоми додгоҳӣ бисёр маҳдуд аст, ки ин боиси пӯшида мондани мавориди зиёди хушунати хонаводагӣ мешавад. Паноҳгоҳҳои кофӣ ва ё сарпаноҳи амн барои занони ҷабрдида ниҳоят кам аст. Тарҳи “Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ” солҳо пеш таҳия шуда, аммо то кунун барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод нашудааст.”

Таври маълум, мақомоти Тоҷикистон аксар вақт баҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба вазъ дар кишварро ноодилона медонанд ва мегӯянд, ба ҳуқуқи мардум дар кишвар эҳтиром мегузоранд ва агар нақзи ҳуқуқ ҳам бошад ба он андоза нест, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24099894.html

Дархости АМРМТ аз мақомот барои таҳаммули интиқодоти расонаӣ

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бо судури як баёния аз мақомҳои давлатии ин кишвар хостааст, ки дар баробари матолиби интиқодии расонаҳо таҳаммул кунанд ва шикоёти додгоҳии худ алайҳи рӯзноманигоронро пас бигиранд.[/b]

Бино ба иттилоъи ин созмон, ки баёнияаш рӯзи панҷшанбеи 12 май мунташир шуд, ҳамакнун дар додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ парванда алайҳи расонаҳо ва хабарнигорон баррасӣ мешаванд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ ё НАНСМИТ), ҳамзамон ҳалли мусолиматомези қазияи Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев ва Маҳмадисо Саидов, се додрас, бо нашрияҳои мустақилли “Фараж”, “Озодагон” ва “ASIA-Plus”-ро нишонаи беҳбуд ёфтани вазъияти озодии баён ва таҳкими усули демукросӣ дар ин кишвар медонад.

Баррасии ин парванда дар моҳи гузашта ба далели даст кашидани муддаъиён аз даъвои худ алайҳи нашрияҳои мустақил мутаваққиф шуд.

Ба эътиқоди коршиносони АМРМТ, ин гом дар пайи вокуниши муддаъиён ба аксулъамали созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҷомеъаи байналмилалӣ бардошта шуда, аммо ба ҳеч ваҷҳ маънии латма задан ба эътибори қувваи қазоияро надорад.

Масъулони ин созмон мегӯянд, ки баръакс ин иқдоми додрасҳо (судяҳо) ба хотири канор гузоштани ғурури шахсию гурӯҳӣ ва риъояти манофеъи ҷомеъа сурат гирифтааст.

Ҳамзамон, оқои Қаршибоев таъкид кард, ки Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, бар асоси шикояти чанд тан аз мақомоти ҳукумати маҳаллии ноҳияи Ашт боздошт шуда ва дар муддати шаш моҳ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Зимнан, оқои Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст.

Аммо масъулони АМРМТ илали боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои интизомӣ марбут хондаанд.

Дар баёнияи Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон омадааст: «Дар ҷараёни баррасии парвандаҳо ба иттиҳоми тавҳин ва тӯҳмат дар Тоҷикистон рӯшан шудааст, ки дар бештари маворид матолиби интиқодии хабарнигорон аз фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳамчун тавҳин ва тӯҳмат маънидод шуда ва рӯзноманигорон мавриди таъқиб қарор мегиранд.»

Гуфта мешавад, умдатан мақомот матолиби интиқодиро на дар чорчӯби муқаррароти ҳуқуқӣ, балки бар асоси бинишҳои худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳои АМРМТ, риъоят нашудани мавозини байналмилалӣ ба ҳангоми барраси қазияҳои додгоҳӣ ба маҳдуд шудани озодии баён, ки аз ҳуқуқи аслии башар маҳсуб мешавад, мунҷар хоҳад шуд.

Дар ин баёния ба унвони мисол аз даъвои Анвар Тағоймуродов, раиси пешини Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати дохила ва ҳоло муъовини вазири дохила бо хабарнигори “ASIA-Plus” ва Сайвалӣ Нуров, намояндаи пешини порлумон, бо нашрияи “Чархи гардун” ёдоварӣ шудааст, ки ҳар ду қазия низ ба фаъолияти тахассусии хабарнигорон рабт мегирад.

АМРМТ дар баёнияи худ аз расонаҳою хабарнигорон даъват карда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон эҳтиром қоил шаванд ва аз мақомоти давлатӣ хостааст, ки шикоёти додгоҳии худ алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳоро бозпас гиранд.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истиротежики Тоҷикистон, мегӯяд, ки қавонини ин кишвар барои ҳар фарди ҷомеъа, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, имкони дифоъ аз ҳуқуқ, обрӯю эътибор ва ҳайсияти худ аз роҳҳои қонуниро фароҳам сохтааст.

Ҳамзамон, оқои Сафаров таъкид кард, ки мумкин аст муддаъӣ дар ҷаласаи додгоҳ даъвои худро бозпас гирифта ва қазия ба таври сулҳомез ҳал шавад.

Ӯ гуфт, ки дар бархе маворид мақомоти давлатӣ ба интиқоди бепоя ё ташреҳи нодурусти суханонашон эътино накарда ва нашрияҳо ё хабарнигоронро ба додгоҳ намекашанд.

Муъовини раиси Маркази мутолеъоти истиротежики Тоҷикистон гуфт, ки борҳо бархе аз нашрияҳо, аз ҷумла “ASIA-Plus”, сӯҳбатҳои ӯ ё Сӯҳроб Шарифов, раиси ин ниҳодро, таҳриф кардаанд, аммо онҳо аз нашрияҳо ба додгоҳ шикоят набурда ва баҳсҳои додгоҳӣ бо расонаҳоро “сарфи беҳудаи вақт” хондаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110512_mm_nansmit_statement.shtml