Архив рубрики: Таҳлил

Маҳрумияти хабарнигори Би-би-сӣ аз дидор бо вакили мудофеъаш

[b]Бо гузашти панҷ рӯз аз боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, мақомот ҳануз ҳам иҷозаи дидори ӯ бо вакили мудофеъашро надодаанд.[/b]

Ин дар ҳолест, ки аҳли хонавода ва ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки аз вазъи саломатияш ва эҳтимоли шиканҷаи ӯ тавссути маъмурон нигаронанд, зеро ӯ аз бемории қанд ва фишори болои хун ранҷ мебарад.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруф ва вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи 17 июн тамоми рӯзро дар беруни идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд сипарӣ карда, вале муваффақ ба дидори муваккилаш ва бозраси парвандаи ӯ нашудааст.

Вай гуфт: «То бегоҳ дар беруни дари идори амният дар назди сарбозоне, ки биноро посбонӣ мекунанд, нишастам. Онҳо ба ман иҷозаи вуруд надоданд ва пайваста мегуфтанд, ки Саймудин Саидов, бозраси парванда барои анҷоми коре ба ноҳияи Мастчоҳ рафтааст.»

[b]»Бозрас дар Мастчоҳ аст»[/b]

Қарор буд хонуми Воҳидова субҳи рӯзи ҷумъа дар соъати 10 ба вақти маҳаллӣ бо бозраси парвандаи Урунбой Усмонов ва муваккили худ мулоқот кунад, вале бозрас Саймудин Саидов ба таври машкуке ба ваъдаи худ вафо накарда ва тамоми рӯз дар дастрас набудааст.

Файзинисо Воҳидова дар ин бора мегӯяд: «Дар ниҳоят, тоқатам тоқ шуд ва ба мақомоти амниятӣ ҳушдор додам, ки дар ин бора ба додситонии вилоят шикоят хоҳам бурд, зеро ин ҳам як навъ помол кардани ҳуқуқи башар аст. Танҳо баъд аз ин иқдом, худи оқои Саймудинов ба ман занг зад ва гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ асту нимашаб дер ба Хуҷанд бармегардад.»

Вай афзуд: «Аз бозраси парвандаи Урунбой Усмонов хостам, ки пас рӯзи шанбе бо ман мулоқот кунад, вале ӯ гуфт, ки фардо агарчи бекор аст, аммо касе маро, ки одами бегона маҳсуб мешавам, иҷозаи вуруд ба сохтмони идораи амният нахоҳад дод. Аз ин рӯ, қарор шуд, ки рӯзи душанбеи оянда мулоқот кунем.»

Ба ин тартиб, ҳарчанд то рӯзи душанбе аз боздошти оқои Усмонов як ҳафта сипарӣ хоҳад шуд, вале ӯ дар ин муддат аз ҳаққи дидор бо вакили мудофеъаш маҳрум хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси эъломияи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон низ онро имзо кардааст, ҳар инсоне аз лаҳзаи боздошт бояд аз ҳаққи тамос бо вакили мудофеъ ва аз хадамоти ӯ бархурдор бошад.

Маҳрумияти Урунбой Усмонов аз ҳаққи дидор бо вакили мудофеъаш дар панҷ рӯзи гузашта дар ҳолест, ки пайвандон ва ҳамкорони ӯ аз вазъи саломатии ӯ башиддат нигаронанд.

Оқои Усмонов, ки тақрибан 60 сол син дорад, аз бемории қанд ва фишори болои хун ранҷ мебарад.

Афзун бар ин, пайвандони ин хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ мегӯянд рӯзи сешанбе, ки маъмурони амниятӣ хонаи ӯро бозрасӣ ва такурӯ мекарданд, осоре аз шиканҷа дар сурати ӯ зоҳир буд.

Худи Урунбой Усмонов ҳангоме ки маъмурони давлатӣ ӯро бо худ мебурданд, гуфтааст: «Агар ончи шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дер напоям. Алвидоъ, дар ҳаққи ман розӣ шавед.»

Дар ҳамин ҳол, аъзои хонаводаи ин хабарнигори Би-би-сӣ низ аз бархӯрди ношоистаи мақомот бо худ шикоят карданд. Бегоҳи рӯзи ҷумъа ҳамсар ва писари оқои Усмонов барои ӯ ғизо бурдаанд ва бозрасро дидаанд.

Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари оқои Усмонов, мегӯяд: «Ман вақте муфаттишро дидам, хурсанд шудам ва банармӣ пурсидам, ки оё метавонам ҳамсарамро бубинам. Аммо вай гуфт, ки вақт надорад. Ман пурсидам, ки чаро, охир ваъда карда будед, ку? Ман мехоҳам ҳамсарамро бинам, ки ғизо мехӯрад ё на, зинда аст ё мурда. Ӯ гуфт, ки «э каллама гаранг накун, ман ҳам калон дорам, ин ба ман вобаста нест.»

Сипас хонуми Абдуазимова исрори бештаре кардааст, то ҳамсарашро бубинад, вале: «Бозрас гуфт, ки КГБ-ро таҳдид кардосӣ-мӣ? Рав! Баъд Файзинисоро даъват карду гуфт, ки ин зан бо ман ҷанҷол карда истодааст, ҳозир калон берун ояд, дар бораи худаш ҳам протокол карда, дело кушода мешинонам.»

[b]Сукути мақомоти Тоҷикистон[/b]

Зимнан, чанде аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон ва сафоратхонаҳои ғарбӣ дар Душанбе боздошт ва шиканҷаи эҳтимолии оқои Усмонов аз сӯйи маъмурони интизомию амниятии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро башиддат маҳкум кардаанд.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе аз давлати Тоҷикистон хост, ки хабарнигори боздоштшудаи бахши Осиёи Миёнаи ин бунгоҳи иттилоърасониро фавран озод кунад.

[b]Баёнияҳои Би-би-сӣ ва сафорати Бритониё[/b]

Мақомоти Тоҷикистон Урунбой Усмоновро ба доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгаро, ки фаъолияташ дар ин кишвар мамнӯъ аст, муттаҳам кардаанд, вале Би-би-сӣ ва аҳли хонаводаи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Би-би-сӣ дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки оқои Усмонов бо тақозои ин бунгоҳи хабарӣ дар бораи фаъолияти Ҳизби Таҳрир ва муҳокимаҳои додгоҳии афроди муттаҳам ба узвияти он гузориш мекард ва ҳеч далеле барои эътимод ба иддаъоҳои мақомоти тоҷик дар ин замина мавҷуд нест.

Сафоратхонаҳои Бритониёву Омрико ва созмонҳои байналмилалие, назири Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғдро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудаанд.

[b]Баёнияи сафири Омрико дар Youtube[/b]

[b]Баёнияи намояндаи САҲУ[/b]

[b]Баёнияи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон[/b]

Вале то кунун, мақомоти Тоҷикистон ҳеч вокунише ба ин баёнияҳо накардаанд. Манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд.

Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин вазоратхона аз мақомоти умури дохилӣ ва амнияти ин кишвар хостори тавзеҳ дар бораи сабабҳои боздошти Урунбой Усмонов шуда, вале то кунун ҳеч посухе аз онон дарёфт накардааст.

Вай мегӯяд, ки вазорати хориҷа танҳо пас аз ошноӣ бо ҷузъиёти боздошти оқои Усмонов ба нигаронии созмонҳои байналмилалии мудофеъи озодии баён ва сафоратҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон посух хоҳад дод.

[b]»Иқдомоти машкук»[/b]

Урунбой Усмонов, ки тайи даҳ соли ахир ба ҳайси гузоришгари бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, фаъолият мекунад, рӯзи душанбеи гузашта, ҳангоме ки маҳалли кори худро ба қасди хонааш тарк мекард, нопадид шуд.

Аҳли хонаводааш тӯли як шабонарӯз дар бемористонҳои маҳаллӣ ва идораҳои пулис дар суроғи ӯ буданд. Вале баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе теъдоде аз кормандони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Гузашта аз ин, маъмурони амниятиву интизомӣ дафтари кории оқои Усмонов дар созмони ғайридавлатии «Ҳокимияти чаҳорум»-ро низ такурӯ карда ва дастгоҳи роёна (компютер)-и ӯро бо худ бурдаанд.

Талошҳои вакили мудофеъи оқои Усмонов барои дидор бо муваккилаш то кунун натиҷае надода ва мақомоти амниятии маҳаллӣ бо баҳонаҳои гуногун аз дидори ӯ монеъ шудаанд.

Бозраси парвандаи оқои Усмонов рӯзи чаҳоршанбе бидуни ҳузури вакили мудофеъаш ӯро ба додгоҳ бурда ва иҷозаи ҳабси ӯро гирифтааст. Вай ҳамчунин бидуни ҳузури вакили мудофеъ ин хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сиро мавриди муъоянаи пизишкон қарор додааст.

Пайвандони оқои Усмонов ин ду иқдоми бозрас дар ғиёби вакили мудофеъи ӯро машкук хонда ва аз эҳтимоли шиканҷаи ӯ дар боздошт ҷиддан ибрози нигаронӣ мекунанд.

[b]»Ҳамла ба матбуъоти озод»[/b]

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз мудофеъони ҳуқуқи башар тӯмор ё дархостномае интернетӣ аз давлати Тоҷикистон барои озодии Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро, таҳия карда ва аз корбарони интернет, бавижа рӯзноманигорон ва мудофеъони ҳуқуқи башар, хостори пайвастан ба ин иқдом шудаанд.

[b]Дархости озодии Урунбой Усмонов[/b]

Шаҳида Яъқуб, рӯзноманигори озод ва мудофеъи ҳуқуқи башар, ва чанде дигар аз рӯзноманигорони мубтакири ин дархост боздошти хабарнигори Би-би-сиро маҳкум карда ва аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки имкони дастрасии оқои Усмонов ба муроқибатҳои пизишкӣ ва хадамоти вакили мудофеъро таъмин созанд.

Имзокунандагони ин санади интернетӣ аз нишонаҳои лату кӯб ва бадрафторӣ нисбат ба оқои Усмонов, ки аъзои хонаводааш мушоҳида кардаанд, башиддат ибрози нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки боздошти Урунбой Усмоновро «ҳамлае ҷиддӣ ба матбуъоти озод дар Тоҷикистон» медонанд.

«Мо тақозо мекунем, ки ба бархӯрди ғайриинсонӣ бо Усмонов поён дода ва дар мавриди бадрафтории маъмурон нисбат ба ӯ таҳиқоте анҷом шавад ва афроди масъул бояд муҷозот шаванд.»

Дар ин тӯмор, ки то кунун беш аз 100 нафар онро имзо кардаанд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилӣ ва Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тақозо мешавад, ки ба озодии беқайду шарти оқои Усмонов мусоъидат кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110617_ea_urunbay_lawyer.shtml

Вокунишҳо ба боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон

[b]Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо ва давлати Омрико бо интишори баёнияҳое нигаронии худро аз боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, матраҳ кардаанд.[/b]

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар умури озодии расонаҳо, рӯзи панҷшанбеи 16 июн дар номае ба Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, нигаронии худро аз «боз як талош барои маҳдудияти озодии баён» дар ин кишвар иброз доштааст.

Дар номаи хонуми Миятович ба оқои Зарифӣ омадааст: «Ҳарчанд мо ба ҳаққи давлати Тоҷикистон ба мубориза бо терурисм эҳтиром мегузорем, вале қазияи боздошти оқои Усмонов ва бадрафторӣ нисбат ба ӯ, аз ҷумла маҳрумияти ӯ аз ҳаққи дастрасӣ ба вакили мудофеъ, асбоби нигаронии мо дар мавриди маҳдудияти озодии баёнро фароҳам кардааст.»

[b]Баёнияи намояндаи САҲУ[/b]

Вай меафзояд: «Ман нигаронам, ки қазияи оқои Усмонов талоши дигаре барои хомӯш кардани садои як рӯзноманигоре бошад, ки дар бораи масоиле ҳассос дар Тоҷикистон гузориш менависад.»

Намояндаи САҲУ дар умури озодии баён дар номаи худ ҳамчунин хостори тавзеҳ ва иттилоъоти бештаре дар бораи қазияҳои дигари марбут ба нақзи озоди баён дар Тоҷикистон, аз ҷумла лату кӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари ҳизби наҳзати исломӣ, ва боздошти Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори боздоштшуда дар ноҳияи Ашт, шудааст, ки қаблан бо мақомоти тоҷик дар миён гузошта буд.

[b]Нигаронии сафорати Омрико[/b]

Сафорати Омрико дар Душанбе низ рӯзи панҷшанбе бо интишори баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли ин кишварро, фавран озод кунанд.

Кеннет Гросс, сафири Омрико дар Тоҷикистон, дар баёнияи худ дар бораи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ, гуфтааст, ки мақомот бидуни ҳеч далеле дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии оқои Усмонов набояд ӯро дар боздошт нигоҳ доранд.

Вай аз ҷумла мегӯяд: «Сафорат дар мавриди боздошти хабарнигори Би-би-сӣ, ки 13-уми июн дар Хуҷанд боздошт шуда ва ба узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам шудааст, сахт нигарон аст.»

[b]Баёнияи сафири Омрико дар Youtube[/b]

Сафорати Омрико тавассути ин баёния аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар зудтарин фурсат иддаъоҳо дар бораи бадрафтории кормандони амниятӣ нисбат ба оқои Усмоновро низ таҳқиқ кунанд ва ба меъёрҳои қазоии шаффофи байналмилалӣ содиқ бошанд.

Кеннет Грос дар баёнияи видиюии худ, ки дар сойти Youtub пахш шудааст, мегӯяд: «Ба бовари мо, хабарнигорон набояд ба хотири он чи менависанд, лату кӯб ва ё зиндонӣ шаванд. Барои ҳамин, мо тақозо дорем, ки оқои Усмонов, агар шавоҳиди мӯътабаре дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии вай мавҷуд набошад, бояд бедиранг озод карда шавад.»

[b]»Осори бадрафторӣ»[/b]

Баёнияи сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар бораи боздошти Урунбой Усмонов дар ҳоле пахш мешавад, ки нигарониҳо дар бораи вазъи саломатии оқои Усмонов афзудааст.

Урунбой Усмонов рӯзи душанбеи 13 июн ҳангоме ки аз ҷойи кор ба хона мерафт, нопадид шуд. Танҳо пас аз як рӯзи ҷустуҷӯ ва саргардониҳои пайвандон ва ҳамкоронаш дар бемористонҳои маҳаллӣ ва идораҳои пулис маъмурони давлатӣ ӯро барои муддати кӯтоҳе ба хонааш оварданд.

Маъмурони амниятӣ манзили ӯро такурӯ карданд ва оқои Усмоновро дубора бо худ бурданд. Аз он замон то кунун вай натавонистааст аъзои хонавода ва вакили мудофеъашро бубинад.

Аъзои хонаводааш, ки дар ҷараёни ҷустуҷӯву такурӯйи манзилашон тавассути маъмурони давлатӣ ҳузур доштанд, мегӯянд, ки нишонаҳое аз бадрафторӣ дар ӯ мушоҳида шудааст.

[b]Баёнияҳои Би-би-сӣ ва сафорати Бритониё[/b]

Писараш Ойбек мегӯяд: «Ӯ хеле мусибатзада ва маъюс ба назар мерасид ва осори шиканҷа дар сураташ ҳувайдо буд.»

Аъзои хонаводаи Урунбой Усмонов аз вазъи саломати ӯ башиддат нигаронанд, зеро ӯ аз бемории қанд ва фишори болои хун ранҷ мебарад.

Онҳо ҳамчунин иддаъои маъмурон дар бораи иртиботи ӯ бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгароро, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ буда ва дар бархе кишварҳои Осиёи Миёна пайравоне дорад, рад мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, Урунбой Усмонов узви ҳеч гурӯҳе нест ва дар ҷараёни такурӯ кардани манзилаш дар рӯзи сешанбе маъмурони давлатӣ ҳеч мадраке барои исботи иддаъои худ алайҳи ӯ наёфтаанд.

[b]Маҳрумият аз дидори хонавода[/b]

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ низ дар баёнияе иддаъои мақомот дар бораи иртиботи оқои Усмонов бо Ҳизби Таҳрирро рад карда ва гуфтааст, ки ин хабарнигори тоҷик бо тақозои Би-би-сӣ дар бораи муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти аъзои Ҳизби Таҳрир гузориш мекард.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, мегӯяд, ки дар ҷараёни боздошти ӯ тахаллуфоте сурат гирифта ва мақомот ҳақ надоштанд бидуни ҳузури вакили мудофеъ ӯро муттаҳам кунанд.

Вай ҳамчунин мегӯяд, ки маҳрумияти оқои Усмонов аз ҳаққи иртибот бо аъзои хонаводааш низ амале ғайриқонунист. Хонуми Воҳидова умедвор аст ӯро фардо бубинад.

[b]Гузорише дар ин бора[/b]

Бархе аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи озодии баён, монанди Гузоришгарони Бидуни Марз, аз боздошти Урунбой Усмонов башиддат ибрози нигаронӣ кардаанд. Гузоришгарони Бидуни Марз тасмим гирифтааст базудӣ баёнияе дар ин бора интишор диҳад.

Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон низ аз боздошти хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ дар вилояти Суғд ибрози нигаронӣ карда ва гуфтаанд, ки баёнияе муштарак дар ин бора интишор хоҳанд дод.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз боздошти Урунбой Усмонов амиқан нигарон аст. Вай гуфт, ки созмони онҳо ҳанӯз мутмаин нест, ки оқои Усмонов ба хотири фаъолияти рӯзноманигорияш боздошт шудааст ё хайр.

Оқои Қаршибоев гуфт: “Мо дар ин бора ба таҳқиқ идома медиҳем. Агар маълум шавад, ки барои фаъолияти рӯзноманигорияш боздошт шудааст, ба ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ ба вай иқдом хоҳем кард.”

Аммо оқои Қаршибоев дар маҷмӯъ муносибати мақомоти интизомӣ бо хабарнигорони расонаҳои хориҷиро ноҳамвор арзёбӣ кард. Вай гуфт: “Онҳо (мақомот) фикр мекунанд хабарнигорони хориҷӣ гапи хонаро ба берун хабар медиҳанд, камбудӣ ва мушкилотро мегӯянд.”

[b]»Марде беғараз»[/b]

Рӯзи гузашта сафорати Бритониё дар Тоҷикистон низ дар баёнияе аз мақомоти тоҷик хоста буд, ки хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сиро фавран озод кунанд. Сафири Бритониё ҳамчунин нигаронии худро дар ин маврид дар дидоре бо мақомҳои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон матраҳ кардааст.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ низ рӯзи гузашта бо пахши баёнияе хостори озодии Урунбой Усмонов шуд. Дар баёнияи Би-би-сӣ аз ҷумла омада: «Би-би-сӣ шеваи бархӯрди мақомот бо оқои Усмоновро ба ҳангоми боздошт маҳкум мекунад, бавижа ин ки ӯ аз иҷозаи дастрасӣ ба вакили мудофеъро надоштааст.»

Зимнан, дар севумин рӯзи боздошти оқои Усмонов, вай ҳануз иҷозаи тамос бо фарзандону пайвандонашро нагирифта ва вакили мудофеъаш низ бо ӯ мулоқот накардааст.

Урунбой Усмонови 60-сола, ки тайи даҳ соли ахир барои бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ кор мекунад. Яке аз ҳамкорони вай мегӯяд: «Урунбой бисёр шуҷоъ ва меҳрубон ва табиъатан боинсоф аст. Вай нисбат ба ҳеч кас ғаразе надорад ва дар ҳеч кас хубию бадиро намебинад, комилан бетараф аст.»

Пайвандони оқои Усмонов бори охир ӯро рӯзи чаҳоршанбе дар хонааш ба ҳамроҳи кормандони интизомиву амниятие дидаанд, ки ба такурӯ кардани манзили вай машғул буданд. Онҳо мегӯянд, ки дар чеҳраи ӯ осори лату кӯб ба мушоҳида мерасид.

Худи ӯ низ гуфтааст: «Агар ончи шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дер напоям.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110616_sq_urunboy_statement.shtml

Шартҳои Аврупо барои ширкат дар иқтисоди Тоҷикистон

[b]Дар Душанбе мизи гирде таҳти унвони «Олам дар марҳилаи таҳаввулоти рушд ва мушкилоти асри 21 дар сиёсати иқтисодӣ ва молӣ» баргузор шудааст.[/b]

Дар ин мизи гирд Йоаҳим Пфайффер, узви Бундестаки Олмон ва ҳамоҳангсози масоили энергетикӣ, вакилони порлумони Тоҷикистон, иқтисоддонону коршиносон ширкат доштанд.

Ин мизи гирд ба ибтикори Сандуқи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ва НАНСМИТ ва ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бо вуҷуди он, ки Йоаҳим Пфаффер, узви Бундестаки Олмон барномаҳои энержии Тоҷикистонро хеле ҷолиб арзёбӣ кард, Йоаҳим Пфаффер, узви Бундестаки Олмон аммо аз вуҷуди фасоди молӣ дар ин кишвар, ки ба як омили рушд накардани иқтисод мунҷар шудааст, изҳори ташвиш кард. Вай гуфт, ки Олмон бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар иҷрои Барномаи КАСА -1000 низ ҳамкорӣ дорад. Аммо ба гуфтаи вай масъалаи сармоя ва сармоягузорӣ ин чизи дигар аст.

Вай афзуд: «Табиист, ки ҳеҷ як сармоягузор пулашро ба иҷрои коре сарф намекунад, ки оқибаташ норӯшан бошад ва сармояашро баргардонда натавонад. Дар инҷо кафолат ё тазмини давлат ва ё Утоқи бозаргонии Тоҷикистон зарур аст. Сармоягузор бояд донад, ки пули вай дар куҷо масраф мешавад.»

Ба гуфтаи ин вакили Бундестаки Олмон, чунин риск дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва сармоягузор ҳамеша андеша мекунад. Олимҷон Бобокалонов, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон низ ба ин иддао мувофиқ аст ва омили дигарро набудани кадрҳои ҳирфаӣ дар ин кишвар хонд ва гуфт: «Идораҳои давлатӣ ва бахши тавлидӣ мувофиқи талаб ба кадрҳои ҳирфаӣ таъмин нестанд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба муҳандисони ҳирфаӣ-менеҷмент ва дигар мутахассисон ниёз дорад.»

Дар ҳамини ҳол ба таъкиди Йоаҳим Пфаффер, Стратегияи Аврупо, ки соли 2007 барои кишварҳои Осиёи Миёна тарҳрезӣ шудааст, барои ҳалли ҳамин мушкилот дар минтақа кӯмак мекунад. Ҷаноби Пфаффер ҳадаф аз ин стратегия ва ё дурнамои Иттиҳоди Аврупоро чунин тавзеҳ дод: «Олмон ва Аврупо бар суботи сиёсӣ дар Осиёи Миёна алоқаманданд ва ҳадафи аслии ин стратегия, мусоидат ба субот дар ин минтақа бо иҷрои барномаҳои мухталиф, ки тавонанд рушди иқтисодро таъмин кунанд, равона шудааст.»

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар робита ба ҳадафи ин стратегия назари дигар дорад. Вай мегӯяд: «Бар асоси ин стратегия, Аврупо ба Осиёи Миёна ҳамчун ба як нуктаи бензинфурӯшӣ ва газфурӯшии захиравӣ дар оянда нигоҳ мекунад. Ва Тоҷикистон дар оянда агар тавонад, захираҳои оби худро ба барқ табдил дода даромад ба даст биорад, дар он сурат алоқамандии Аврупоро мисли газу нафти Узбакистону Туркманистон ба даст хоҳад овард.»

Ба таъкиди ҷаноби Кабирӣ, алоқамандии Ғарб ба Тоҷикистон дар сурате пайдо хоҳад шуд, ки Тоҷикистон иқтисоди воқеии бозориро роҳандозӣ кунаду аз усул ва шеваҳои фармонфармоӣ дар иқтисоду иҷтимоъ, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос гирифтааст, даст кашад. Вай гуфт, ки мо ҳоло ба маънои томаш иқтисоди бозорӣ надорем, балки иқтисоди мо як бозорро мемонад.

Йоҳам Пфаффер, то ҷое ба иддаоҳо мувофиқат кард ва дар сӯҳбат бо РО гуфт, иҷрои барномаҳои умдаи иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа муфид аст, ба пуштибонии Аврупо ва ё Олмон ниёз надорад, балки Тоҷикистонро зарур аст, худаш мухолифат бо Узбакистонро бо роҳи гуфтугӯ ва ё ҷалби Узбакистон дар иҷрои ин барнома ҳал кунад. Дар сурате, ки ин масъала ҳал шуд, кишварҳои Аврупо дар иҷрои ин барнома ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.

Зулфиқори Исмоилиён

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24237679.html

CPJ боздошти хабарнигори Би-Би-Сиро маҳкум кард

[b]Кумитаи дифоъ аз журналистон боздошти Урунбой Усмоновро «сонсур»-и матолиби ҳассоси сиёсӣ ва динӣ номид.[/b]

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ — Committee to Protect Journalists) боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон Урунбой Усмоновро маҳкум кард ва хостори озодии фаврии ӯ шуд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон Усмоновро узви гурӯҳи мамнӯи Ҳизб-ут-таҳрир мешуморанд ва мегӯянд, вай дар таблиғи матолиби ин созмон ва даъвати аҳолӣ барои пайвастан ба он саҳм гирифтааст.

Ноиби раиси Кумитаи дифоъ аз журналистон, Роберт Маҳоней гуфт: “Ин иттиҳомот зидди Урунбой Усмонов чизе бештар аз сонсури пӯшиши масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ ва динӣ нест.” Вай афзуд, “мақомот бояд ӯро ба таври фаврӣ аз ҳабс озод кунанд.”

Кумитаи дифоъ аз журналистон ҳамчунин лату кӯби Усмоновро дар боздоштгоҳ, ки аз забони пайвандонаш маълум шудааст, маҳкум кардааст.

Дар ҳамини ҳол Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, Дуня Миятович низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар номае ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вай навиштааст: «Бо вуҷуди эҳтироми ман ба ҳуқуқи ҳукумат дар мубориза бо терроризм, шароити боздошти Усмонов ва рафтор бо ӯ, аз ҷумла радди ҳуқуқи ӯ ба вакили мудофеъ нигарониҳои марбут ба маҳдудияти озодии баёнро ба миён меоранд.»

Миятович гуфтааст, аз он нигарон аст, ки ин ҳабс мумкин як талоши дигари фишор ба журналистоне бошад, ки дар мавзӯъҳои ҳассос менависанд. Вай инчунин аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳабсу муҳокимаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдовар шудааст.

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ хабарҳои бе ягон ҳимояи ҳуқуқӣ мондани Усмоновро шадидан маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол Сафорати Бритониё дар Душанбе хостори таҳқиқи ҳар чӣ зудтари қазияи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24237495.html

«Хабарнигори Би-би-сӣ дар ифротгароӣ мазнун аст»

[b]Мақомҳои амниятии Тоҷикистон Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ-ро дар таҳрики хушунати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ, шомил шудан дар гурӯҳи ҷиноӣ ва тавтеа барои сарнагунии давлати ин кишвар мазнун медонанд.[/b]

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 15-уми июн дастури ҳабси оқои Усмоновро барои ду моҳ содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол пайвандон ва вакили мудофеъи Урунбой Усмонов бо вай мулоқот накардаанд.

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, дар истинод ба бозраси парвандаи оқои Усмонов мегӯяд, ки тибқи асноди парванда ин хабарнигор “тавассути гузоришҳояш ба таблиғи идеҳои Ҳизби Таҳрир машғул будааст.»

Ин иттиҳом ҳокист, ки боздошти ин хабарнигори Би-би-сӣ бо фаъолияти рӯзноманигории вай иртибот дорад.

Хонуми Воҳидова гуфт: “Айбе, ки ба ӯ пешниҳод шудааст, марбут ба фаъолияти касбиаш аст.”

Бозраси парванда ҳамчунин ба хонуми Воҳидова гуфтааст, ки Урунбой Усмонов аз хадамоти вакили мудофеъ даст кашидааст, дар ҳоле ки аҳли хонаводааш ба ин сухан эътимод надоранд.

Хонуми Воҳидова мегӯяд, ки танҳо пас аз мулоқот бо муваккилаш метавонад, мушаххас кунад, ки дарвоқеъ оқои Усмонов аз хидмати вакили мудофеъ даст кашида ё ҳеч санадеро дар ин замина имзо кардааст ё хайр.

Рӯзи гузашта сафорати Бритониё дар Тоҷикистон дар баёнияе аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли ин кишвар ибрози нигаронӣ кард. Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ низ бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон тақозо кард, ки ин хабарнигор фавран озод шавад.

Вале мақомҳои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон то кунун ба ин баёнияҳо посухе надодаанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат, гуфт, то замоне ки мақомоти зирабт иттилоъи кофӣ дар бораи ин қазия ба вазорати хориҷа пешниҳод накунанд, аз ироаи ҳама гуна изҳорот худдорӣ хоҳад шуд.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи умури ҳуқуқӣ, мудофеъа ва амнияти порлумони Тоҷикистон, дар робита бо ин мавзӯъ гуфт, ки аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ тавассути расонаҳо хабар ёфтааст.

Оқои Азимов афзуд, ки бо ин қазия ошно нест, аммо мутмаин аст, ки “ниҳодҳои марбута тибқи қавонини Тоҷикистон ин қазияро баррасӣ мекунанд.”

Урунбой Усмонов пас аз зӯҳри 13-уми июн ҳангоме, ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз баъд, кормандони интизомӣ ё амниятӣ ӯро ҳамроҳи худ ба хонааш оварда ва манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Тайи даҳ соли ахир Урунбой Усмонов, ки ба ҷуз фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ ҳамчунин нависанда ва тарҷумон низ ҳаст, барои бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ аз шимоли Тоҷикистон гузориш медод.

Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар баёнияи рӯзи 14 июни худ дар робита бо боздошти хабарнигори худ дар вилояти Суғди Тоҷикистон гуфт: “Дар ҳоле ки оқои Усмонов бо тақозои Би-би-сӣ гузоришҳое дар мавриди муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон таҳия мекард, Би-би-сӣ ҳеҷ далеле барои эътимод ба ин иттиҳомот надорад.”

Дар ин баёния таъкид шуда, ки Би-би-сӣ шеваи бархӯрди мақомот бо оқои Усмоновро ба ҳангоми боздошт, бавижа маҳрумияти ӯ аз вакили мудофеъ дар рӯзи нахусти боздоштро, маҳкум мекунад.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ки то ҳол имкони мулоқот бо муваккилашро надоштааст, дар истинод ба пайвандони вай мегӯяд, ки ин хабарнигор зоҳиран мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Вай гуфт: “Онҳо (пайвандон) хеле нигарон буданд ва гуфтанд, ки дар қисмати гардани Урунбой Усмонов осори ҷароҳат дида мешуд ва худи Урунбой хеле рӯҳафтода буд.”

Хонуми Воҳидова аз ҳуқуқдонҳои шинохта дар вилояти Суғд аст, ки ваколати чандин нафар аз мутаҳамон ба узвияти Ҳизби Таҳрирро бар ӯҳда доштааст. Вай мегӯяд, ки то ҳол шоҳиди ҳеҷ мавриде нашудааст, ки фарди муттаҳам ба узвият дар Ҳизби Таҳрир “сафед” (табраа) ё озод шуда бошад.

Вай гуфт: “Ман шахсан ҳудуди 40-50 парвандаи муттаҳамон ба Ҳизби Таҳрирро бурдаам ва ҳарчанд додгоҳ дар бархе маворид иттиҳомотро исбот карда наметавонист, муттаҳамони парванда зиндонӣ мешуданд.”

Тибқи қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар сурати исботи иттиҳомоти марбут ба узвият дар Ҳизби Таҳрир афроди муттаҳам аз ҳашт то 20 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад Урунбой Усмонов ҳангоми бозҷӯйӣ дар манзилаш тавонистааст бо пайвандонаш сӯҳбати кӯтоҳе дошта бошад.

Ба гуфтаи пайвандонаш, оқои Усмонов ҳангоме ки маъмурони давлатӣ ӯро мебурданд, ба пайвандонаш гуфтааст: “Агар корҳое, ки шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дигар зинда намонам. Алвидоъ, дар ҳаққи ман розӣ шавед.”

Боздошти Урунбой Усмонов дар ҳолест, ки ҳукумати вилояти Суғд имсол ба ин хабарнигор, нависанда ва мутарҷими ӯзбактабор, ки 60 сол дорад, барои фаъолиятҳои рӯзноманигорияш ҷоизаи мӯътабари вилоятӣ барои хабарнигорон, ба номи Ҳоҷи Содиқро, эъто карда буд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110616_sq_urunboy_usmonov.shtml

Вокуниши BBC ба ба боздошти хабарнигораш дар Тоҷикистон

[b]Идораи марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон аз боздошти хабарнигораш дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ кард.[/b]

Дар изҳороти муассисаи нашаротии Британия (BBC), ки Урунбой Усмонов даҳ соли охир барои Хадамоти Осиёи Марказии он гузориш медодааст, озодии фаврии хабарнигор талаб шудааст. Дар ин санад ҳамчунин нисбати иттиҳоми Усмонов ба узвият дар гурӯҳи «Ҳизб-ут-таҳрир» изҳори нобоварӣ шудааст: «Дар ҳоле ки ҷаноби Усмонов бо талаби Би-Би-Сӣ дар бораи муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти аъзои Ҳизби таҳрир гузориш медод, Би-Би-Сӣ далеле надорад, ки ба ин иттиҳомот бовар кунад.»

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ хабарҳои бе ягон ҳимояи ҳуқуқӣ мондани Усмоновро шадидан маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол Сафорати Бритониё дар Душанбе хостори таҳқиқи ҳар чӣ зудтари қазияи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд шудааст.

Муҳибулло Зубайдуллоев, мушовири сафири Бритониё дар Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Ин дархостро Тревор Мур, сафири Бритониё дар Душанбе дар мулоқот бо намояндаи вазорати хориҷии Тоҷикистон кардааст, то ҳар чӣ зудтар ба ин қазия рушанӣ андохта шавад, ки дар воқеъ ин хабарнигор гунаҳгор аст ё хайр».

Интизор меравад, сафорати Бритониё дар Душанбе иттилоияи матбуотиеро низ дар робита ба мулоқоти ҷаноби Мур бо намояндаи вазорати хориҷии Тоҷикистон ба нашр расонад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, «нимаи дуюми рӯзи гузашта дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони мақомоти иинтизомӣ шаҳрванд Усмонов Урунбой, соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати Ҳисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, хабарнигори радиои Би-Би-Сӣ дар ин вилоят дастгир карда шуд, ки вай аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии созмони мамнӯъи Ҳизбутаҳрир шомил шуда ба ташвиқоту тарғиботи ифротгароёнаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул гардида дар вилоят китобу маҷалла ва шабномаҳои мазмуни ифротгароёнаро паҳн карда сокинони вилоятро ба ин ҳизб даъват кардааст».

Ба таъкиди сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ин фард бархе аз сокинон шоҳидӣ додаанд ва далелҳои қотеъ дар мавриди фаъолиятҳои ғайриқонунии вай дар даст аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ Маҳмадулло Асадуллоев афзуд, нисбати Урунбой Усмонов парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ва ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Ойбек, писари Урунбой Усмонов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «рӯзи 13 июн мо чаҳор — панҷ соат падарамро кофтем, ба беморхонаҳо низ рафтем, аммо наёфтем. Ин буд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба хона омаданд ва манзилро кофтукоб карданд ва гуфтанд, ки падарамро боздошт карданд. Аз хона ҳеҷ чиз наёфтанд.»

Дар ҳамин ҳол, ҳамкорони хабарнигори боздоштшудаи ББС ин амалро як иштибоҳ арзёбӣ карданд ва мегӯянд, ки Урунбой ба зудӣ озод хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки ББС ба ин боздошт расман вокуниш хохад кард.

Дар ҳамин ҳол масъулони Сафорати Британия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, хабареро дар мавриди боздошти Урунбой Усмонов дар даст доранд ва ин қазияро пайгирӣ хоҳанд кард.

Зимнан, гуфта мешавад, Урунбой Усмонов муддати даҳ соли ахир ба ҳайси хабарнигори бахши узбакии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24235657.html

«Шонси умед» барои журналистони тоҷик

[b]Бархе аз журналистони тоҷик мегӯянд, дар бисёр маврид аз изҳори баёни озод ҳарос доранд. Тарси онҳо ин будааст, ки агар аз фаъолияти мансабдоре интиқод намоянд, нисбаташон парванда боз мешавад.[/b]

Коршиносони соҳаи ВАО-и тоҷик ба он эътимод доранд, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ҳам ба дунболи Русия барои ҳазфи моддаҳои «таҳқир» ва «тӯҳмат» аз кодекси ҷиноӣ иқдом мекунад. Дмитрий Медведев, президенти Русия лоиҳаи қонун оид ба тағиру иловаҳо ба кодекси ҷиноиро ба баррасии Думаи давлатӣ ирсол намуд. Миёни ин тағйиротҳо аз кодекси ҷиноӣ берун андохтани моддаҳои марбут ба «таҳқир» ва «тӯҳмат» низ ҳаст. Зимнан, дар тарҳи қонун омадааст, ки «таҳқир» ва «тӯҳмат» ба қонунвайронкунии маъмурӣ ворид карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости. «Тӯҳмат»-у «таҳқир» аз «серҷанҷолтарин» моддаҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ ҳаст. Дар чанд соли ахир ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳаи ВАО зиёд талош кардаанд, то моддаҳои 135 ва 136 (тӯҳмат ва таҳқир) аз кодекси ҷиноӣ ҳазф шаванд. Аммо то имрӯз ин кӯшишҳо баробар ба сифр буд. Акнун ки Русия тасмим гирифтааст, аз баҳри ин ду модда дар кодекси ҷиноӣ барояд шояд Тоҷикистон низ ба он пайравӣ хоҳад кард. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёр маворид вакилони тоҷик ва мақомоти алоҳидаи Тоҷикистон ба қонунҳои Русия пайравӣ мекунанд. Барои мисол вақте Русия эълон дошт, ки милисаашро ба пулис иваз мекунад, дар Тоҷикистон низ гуфтанд ба эҳтимоли зиёд аз баҳри милиса мегузаранд. Аммо ба ақидаи бархе коршиносон ин навбат мақомоти Тоҷикистон ба русҳо тақлид нахоҳанд кард, зеро бо истифода аз ин моддаҳо имкони хуби барбастани даҳони бархе журналистон имконпазир аст.

[b]«Дарди кӯҳна»-и журналистони тоҷик=135 ва 136[/b]

Дар мавриди зарурати берун кардани моддаҳои марбут ба тӯҳмат ва таҳқир аз кодекси ҷиноӣ аз чанд соли пеш коршиносон ва журналистони тоҷик садо баланд мекунанд. Дар робита якуним сол қабл дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоише бори дигар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ карда шуд. Бидуни лағви моддаҳои 135 ва 136-и кодекси ҷиноӣ имкони таъмини озодии баён дар кишвар ғайриимкон унвон шуд. Иноят Иноятов, ҳуқуқдони умури ВАО борҳо гуфтааст, ки таҳқир ва тӯҳмат қонунвайронкунии хусусияти шаҳрвандидошта буда, бояд дар доираи ҳуқуқи гражданӣ ҳал карда шаванд.

Бисёре аз коршиносон умед доштанд, ки бо таҷдид шудани қонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» ба ин масъала низ дахл мешавад, аммо дар пешнависи лоиҳаи нави қонуни мазкур, ки алъон дар баррасии вакилон қарор дорад, вобаста ба ин мавзӯъ чизе гуфта нашудааст. Гузашта аз ин бархе коршиносони дигар мӯътақиданд, ки бидуни ҳазфи ин ду модда аз кодекси ҷиноӣ ба рушди журналистикаи тоҷик умед бастан корест мушкил. Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист»-ро метавон ба ҳамин гурӯҳ шомил кард. Номбурда иддао дорад, ки ҳадди аққал ин бандҳо бояд ба кодекси шаҳрвандӣ кӯчонда шаванд, дар сурати баръакс «аз ворид кардани тағиротҳо ба қонунҳои соҳаи матбуот ҳеч манфиате барои журналистика ба даст нахоҳад омад».

[b]Аз Ҷумъаи Толиб то… беохир?![/b]

Бархе аз журналистони ҷавон мегӯянд, дар бисёр маврид аз изҳори баёни озод ҳарос доранд. Тарси онҳо ин будааст, ки агар аз фаъолияти мансабдоре интиқод намоянд, нисбаташон парванда боз мешавад. Як рӯзноманигор, ки нахост номаш зикр шавад гуфт: «Ман кӯшиш мекунам дар мавзӯъҳои беҷанҷол мақола нависам. Тавре мебинем, имрӯз агар дар бораи порахӯрии мансабдоре матлаб нависӣ туро ба суд мекашанд. Судҳо бошанд ҳеч вақт ҷониби журналистро намегиранд». Инҷо маврид ба зикр аст, ахиран дар додгоҳҳои Тоҷикистон аввалин ҳукми сафеди як журналист, ки бо иттиҳоми тӯҳмат ва таҳқир алайҳи ӯ парванда боз шуда буд, эълон гардид. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News» Мирзомуроди Бозорро, ки дар пайи шикояти як корманди «Воҳиди махсус»-и ВКД ба додгоҳ кашида шуда буд, бегуноҳ донист.

Фарангис Набиева, яке аз се журналисти ҷавон аст, ки моҳи июли соли 2007 баъди матлабе ба додгоҳ кашида шуд. Райҳона Раҳимова, як овозхон онҳоро дар тӯҳмату таҳқири худ муттаҳам медонист. Фарангис мегӯяд, ҳарчанд судбозиҳои яксола ба фаъолияташ бетаъсир набуд, аммо ба ҳеч ваҷҳ ӯро аз ифшои ҳақиқат боз надошт:

-Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки маводи танқидӣ зиёдтар нависам, зеро вазифаи аслии журналист ҳамин аст. Қазияи судӣ барои ман таҷрибаи корие шуд, на зиёдтар аз ин.

[b]Журналистоне, ки «кайф»-и моддаҳои 135 ва 136-ро чашидаанд[/b]

«Тӯҳмат» ва «таҳқир» чандин журналисти тоҷикро ба долонҳои судҳо кашида аст. Аз миёни журналистоне, ки алайҳи онҳо бо моддаҳои 135 ва 136-и кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда буд, танҳо Ҷумъаи Толибро додгоҳе дар шимоли кишвар муҷрим шинохт. Дар ҳолатҳои дигар ҷониби даъвогар аризаи шикоятии худро бозпас гирифтаанд. Инак, феҳрасти нопурраи журналистоне, ки алайҳи онҳо бо моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст:

Саида Қурбонова, Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиева (соли 2007). Даъвогар Райҳона Раҳимова, сароянда. Асос: матлаби «Райҳона пи-пи-пи Афғонистон» дар нашрияи «Овоза». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии пойтахт (баъди як сол бо мусолиҳаи ҷонибҳо қазия поён ёфт).

Маҳмадалии Мақсадуллоҳ (соли 2010). Дар асоси аризаи шикоятии вакили собиқ парлумон аз Қӯрғонтеппа Сайвали Нуров. Асос: матлабе бо унвони «Депутатро говсуд мекунанд?» дар нашрияи «Чархи Гардун». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (қазия идома дорад).

Рамзия Мирзобекова (соли 2011). Даъвогар: Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Асос: мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» дар ҳафтаномаи «Азия плюс». Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (қазия идома дорад).

Нашрияи «Миллат» (соли 2009). Даъвогар: Вазорати кишоварзӣ. Асос: Нашри матлаби «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар нашрияи мазкур. Додгоҳ: ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (баъди як соли баҳсҳо ин қазия ба нафъи вазорати кишоварзӣ поён ёфт).

Нашрияи «Пайкон» (соли 2010). Даъвогар: Агентии «Тоҷикстандарт». Асос: Нашри як муроҷиатномаи соҳибкорон ба президент. Додгоҳ: Суди шаҳри Душанбе (ин қазия баъди як сол ба нафъи даъвогар анҷом ёфт. Ҳоло ин баҳсро Суди олӣ баррасӣ дорад).

Нашрияҳои «Озодагон», «Фараж», «Азия плюс» (соли 2010). Даъвогарон: Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев, судяҳои суди олӣ ва Фахриддин Додоматов, судяи додгоҳи шаҳри Душанбе. Асос: нашри «Изҳороти кушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев оиди нақзи ҳуқуқи инсон» дар нашрияҳои номбаршуда. Додгоҳ: ноҳияи Синои пойтахт. (баъди як сол бо мусолиҳаи ҷонибҳо ҳал шуд.

Абдулазизи ВОСЕЪ

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/807-l-r-.html

«Олиҳимматӣ»-и духтари президент

[b]Таври ваъда қарори марбутаро дар ин хусус рӯзҳои наздик эълон мекунанд, аммо то ҳанӯз маълум нест, духтари райисҷумҳур ба доми кӣ афтоду фиреби киро нӯши ҷон кард, ки ҳамакнун бо ин қазияи пурсарусадояш «хизмати хирсона»-е барои падари президенташ мекунад.[/b]

Тавре пештар маълум гардида буд, духтари Ислом Каримов, президенти Ӯзбакистон, Оҷонсии иттилоотии фаронсавии Rue89-ро ба додгоҳ кашида, барои «диктатор» хондани падараш ин оҷонсиро муттаҳам карда буд. Дар қиболи ин қазия сару садоҳо ва андешаҳои зиёди бахусус коршиносони хориҷӣ сурат гирифтанд, ки ҳар кадом ба наҳваву тадбири хос раванди ин баррасии додгоҳиро қалам мезананд. Ёдовар мешвем, ки Лола Каримова — Тиллоева духтари дуввуми Ислом Каримов оҷонсии иттилооти Rue89 ва муаллифи мақолаи «СПИД: Ӯзбакистон, репрессия дар хонаву тӯй дар Канн» Августин Скалберро барои таҳқир ва расонидани зарари маънавӣ муҷрим дониста, тақозои 30 ҳазор евро зиёни маънавӣ шудааст. Бино ба навиштаи сомонаи Rue89 ду духтари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов — Гулнора ва Лола барои рӯйпӯш кардани иттиҳомоти падарашон аз роҳи сарпарастии чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ кор мегирифтаанд ва бо ин тавассут худкомагии сиёсати падарашонро мехостаанд бо нишон додани «олиҳимматиашон» ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ «сиёсати одилона» ҷилвагар созанд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷомеаи интернетӣ, бахусус Rue89, дар хусуси аз сӯи Гулнора Каримова, духтарбузурги Ислом Каримов, пардохти маблағи 190 ҳазор евро аз ҳисоби андозсупорандагони ӯзбак ба Моника Белуччи ба хотири ширкати чорсоата ва як суханронии кӯтоҳ дар як чорабинӣ хабар дода буд. Аммо ун навбат Лола вонамуд кард, ки гӯё ин навиштаро надида бошад.

[b]Духтари диктатор аз духтари таҷовузкор чӣ фарқ дорад?[/b]

Чаро ин сомонаи фаронсавӣ ба хонадони президент Каримов дандон тез кардааст, ҳанӯз маълум нест ва ҳамакнун навиштаи дигари ин сомона боиси баррасиҳои додгоҳӣ қарор хоҳад гирифт. Ин навбат ин сомона ба чеҳраи Гулнора Каримова духтарбузурги Ислом Каримов «таваҷҷӯҳи хосса» зоҳир кардааст, ки дар қатори дигар чеҳраҳои саршиноси шоубизнес сарпарастии шоми фароғатии «Синамо аллайҳи СПИД»-ро дар доираи як анҷумани байналхалқии синамо дар Канни Фаронса ба дӯш гирифтааст. Ин сарпарастии чорабинии алайҳи СПИД дар ҳоле аз сӯи Гулнора сурат гирифт, ки масъулини ҳукумати Ислом Каримов ҳомии ҳақи инсон ва муборизи фаъоли зидии СПИД дар Ӯзбакистон Максим Поповро барои 7 сол равонаи зиндон намуданд. Гуфтанист, созмони «Изис» бо сарвари Максим Попов, шурӯъ аз соли 2003 барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии СПИД дар Ӯзбакистон якҷо бо UNAIDS (Барномаи муштараи СММ оид ба ВИЧ), ЮНИСЕФ, БРСММ (ПРООН) ва Сандуқи байнулмиллии мубориза алайҳи СПИД кор мебурд.

Намояндаи доимии Ӯзбакистон дар ЮНЕСКО Лола Каримова сарфи назар аз талаботҳои умури дипломатик бо кирои як вакили дифоъ хост, болои матбуоти озоди кишваре чун Фаронса хати бутлон бикашад. Шояд Лола як лаҳзае фаромӯш кард, ки ин ҷо Ӯзбакистон нест, ки оилаи мансабдоре чун президент Каримов чизе ки хоҳад мекунад ва бо кадом тартиб, ки хоҳад ва касеро хоҳад ба зиндон мекашад, ё ба чанги марг медиҳад. Ин ҷо Фаронса аст ва мардум пеш аз он ки сухане бигӯянд, тамоми асноди ҳимояро барои худ муҳайё мекунанд.

Дар ҳамин ҳол вакили дифоъи Лола Каримова Антуан Жермен гуфтааст, «ин ягон баррасии қазияи сиёсӣ нест, танҳо баррасии таҳқир ва паст задани обрӯ аст, яъне метавон гуфт, ки «духтари диктатор» номида шудани Гулнора ва Лола баробар бо он аст, ки духтари Доминик Стросс-Канро «духтари таҷовузгар» биномем ва маблағи 30 ҳазор евро, ки аз Rue89 ситониданием, ба корҳои хайрия масраф хоҳад шуд».

То ин замон Лола Каримова ягон маротиб дар баррасиҳои додгоҳӣ шахсан ширкат накардааст ва аммо ҷониби ҷавобгар Rue89 ва рӯзноманигор Августин Скалбер изҳор доштааст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқи навиштааш ва барои ҳимояаш заруриро дар даст дорад. Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тақдими 190 ҳазор евро ба Моника Белуччиро низ маҳфуз кардааст.

[b]Воқеият дигар аст…[/b]

Дар ҳамин ҳол як қатор созмонҳои байналхалқии ҳифзи ҳақи инсон, бо шумули Human Rights Watch, «Хабарнигорони бидуни марз» ва «Созмони амрикоии ҳифзи хабарнигорон» бо пуштибонӣ аз Rue89 ва журналист Августин Скалбел нидо баланд карда, куштори мардуми бегуноҳ ва ҳолатҳои зиёди нақзи ҳаққи инсон дар Ӯзбакистонро эълон доштаанд. Ҳамчунин як қатор ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз Ӯзбакистон, ки феълан аз дасти режими Каримов дар хориҷ ба сар мебаранд, аз омодагиашон дар хусуси ширкат дар баррасиҳои додгоҳӣ ва тасдиқи ҳолатҳои куштор ва нақзи ҳақи инсон дар Ӯзбакистон изҳор кардаанд.

Вакили дифои Rue89 Антуан Комте бошад гуфтааст, додгоҳҳои Фаронса ба кӯшишҳои худро дар Фаронса сафед нишон додани кишварҳои бо режимҳои шубҳанок аллакай одат кардаанд ва онҳо аз ин раванди қазияи додгоҳи холи бештаре касб хоҳанд кард, то Ӯзбакистон.

Аммо ҳамагон интизори ҳукми Додгоҳи олии Фаронса дар баробари даъвои Лола Каримова дар хусуси таҳқири падараш ва паст задани шаъну эътибори ӯ ҳастанд. Таври ваъда, Додгоҳи олии Фаронса қарори худро дар ин хусус рӯзҳои наздик эълон хоҳад дошт.

Аммо то ҳанӯз маълум нест, ки Лола Каримова ба доми кӣ афтоду фиреби киро нӯши ҷон кард, ки ҳамакнун бо ин қазияи пурсарусадояш «хизмати хирсона»-е барои Каримов мекунад, шояд дониста ва шояд надониста. Зеро бо ин амалаш ӯ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба чеҳрае чун Ислом Каримов ва кишваре чун Ӯзбакистон ҷалб кард. Ва таври маълум, баъди ин ҳама сарусадоҳо дигар наметавон ҷараёни қазияро боздошт ва ҳатман, ки дар рафти баррасиҳои додгоҳӣ қазияҳои пахши бераҳмона ва қатли бешумори мардум дар воқеоти Андиҷон, паси панҷара фиристодани теъдоде аз хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон рӯи об бароварда хоҳад шуд, чун ширкати ҳомиёни ҳуқуқи инсони узбак дар ин барраси додгоҳӣ дар назар аст.

Акнун коршиносон ҳадс мезананд, ки натиҷаи ин даъвои додгоҳӣ ба ҳич ваҷҳ ба манфиати хонадони Каримов нахоҳад буд ва ҳатман дар ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаи худкома будани режими Каримов, ҷой надоштани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодии сиёсӣ дар ин кишвар ва билохира маҳз далели ба танқид тобовар набудани режими феълии Тошканд «диктатор» будани Ислом Каримовро тасдиқ хоҳад кард.

Муҳаммад Рашшод, шаҳри Маскав.

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/764-lr-.html

Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои «ноозод»

[b]Мақомоти Тоҷикистон арзёбии «Freedom House»-ро, ки ин кишварро «ноозод» номидааст, ғайривоқеӣ меҳисобанд.[/b]

Ахиран ин созмон натиҷаи пажӯҳиш ва санҷишҳои худро дар робита ба вазъи озодиҳо дар саросари ҷаҳон мунташир карда ва Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Ӯзбакистон ва Туркманистон кишвари «ғайриозод» шуморидааст. Тоҷикистон бо он, ки ба гурӯҳи кишварҳои “бадтарини бадтаринҳо” шомил шудааст, аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ як ва аз лиҳози озодиҳои маданӣ ду радда аз ин кишварҳо болотар баҳогузорӣ шудааст.

[b]»АРЗЁБИИ СОЗМОНИ «ХОНАИ ОЗОДӢ» ДУРУСТ АСТ»[/b]

Бино бар арзёбии тозаи созмони «Хонаи озодӣ», Тоҷикистон ҳамоно кишвари “ноозод” боқӣ монда ва дар он ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодиҳои сиёсиву маданӣ таъмин намешавад. «Хонаи Озодӣ», ки пажӯҳиши худро дар фасли сиёсиву маданӣ қисмат мекунад, усули баргузории интихобот, шароити гуногунандешӣ, ширкати ҷомеа дар равандҳои сиёсӣ ва вазъи озодии матбуот дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст.

Аммо назар ва мавқеи масъулин ва намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба ин арзёбӣ аз ҳам фарқ дорад, балки ин назарҳо ба ҳам комилан зид ҳастанд. Барои мисол Саймиддин Дӯстов-масъули созмони иҷтимоии «Индем» бар ин назар аст, ки арзёбии созмони «Хонаи озодӣ» дуруст аст ва ӯ мегӯяд, ки ҳатто дар бархе аз маворид дар ин гузориш воқеиятҳои Тоҷикистон инъикос нашудааст: «Дар Тоҷикистон шароите вуҷуд надорад, ки мардум тавонанд зиндагии худ ва зиндагии ҷомеаро ба таври куллӣ ва вобаста ба иродаи худ дар такя ба қонунгузории ҷорӣ иваз кунанд. Ва низоми идории мавҷуда дар ҳама сатҳҳо кӯшиш мекунад, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро поймол кунад. Ин баҳогузорӣ ҳоло ҳам воқеиятҳои дар Тоҷикистон бударо инъикос намекунад.»

[b]БАҲОГУЗОРИИ САТҲӢ ВА ҒАЙРИВОҚЕӢ?[/b]

Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд ин гуна баҳогузории созмонҳои ғарбӣ дар бештари Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон маворид сатҳӣ ва ғайривоқеӣ аст. Оқои Шарифов гуфт, ки ин созмон Тоҷикистонро дар нисбати кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ муқоиса мекунад, ки иштибоҳ аст. Чун Тоҷикистон тоза ба истиқлол даст ёфтааст ва табъан, ки дар як фосилаи кӯтоҳ наметавонад бо онҳо баробар буда бошад: «Он меъёр ва он методикае, ки ин гуна сохторҳои ғарбӣ истифода мебаранд, ба танҳо давлатҳои тараққикардаи ғарб метавонад мутобиқ бошанд. Яъне, ки онҳо Тоҷикистонро бо Шветсия, Финландия ва ё Нидерландия баробар мекунанд. Дар ҳоле, ки ин ду ҷаҳони тамоман дигар аст. Тоҷикистон метавонад яке аз давлатҳои хело ҳам мустаҳкаме, ки рӯ ба рушди демократӣ мондааст, ҳисоб карда шавад».

[b]МАТБУОТИ «ЭҲТИЁТКОР»-И ТОҶИК[/b]

Вале Раҷаби Мирзо аз таҳлилгарони дигар мегӯяд, он чӣ, ки ин созмон дар мавриди мушкилоти озодии баён дар Тоҷикистон гуфтааст беғаразона ва холисона аст. Ба бовари ин таҳлилгари тоҷик, дар ҳоле, ки кишвар худро демократӣ эълон мекунад, риояти арзиш ва аслу меъёри ин низом барои ҳама аз ҷумла ҳукумат низ ҳатмӣ аст. Вале истифода аз фишангҳои мухталифи фишор водор кардааст, ки матбуот «эҳтиёткор» бишавад. Ва аз инъикоси басо масоили доғ махсусан масоили сиёсӣ ва фаъолияти ҳукумат парҳез кунад: «Аксарияти он чизҳое, ки дар ин гузориш омадааст, албатта воқеият доранд. Имрӯз агар матбуоти Тоҷикистонро нашавад гуфт, ки то андозае маҳдудият дорад, аммо мешавад гуфт, ки хеле матбуоти «боэҳтиёт» аст. Яъне рисолати аксарияти матбуот ба он равона шудааст, ки худро то рӯзҳои аз ин беҳтар ҳифз кунад.»

Бо ин ҳол ин барои бори аввал ва соли нахуст ҳам нест, ки созмони «Хонаи Озодӣ» Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои ноозоди дунё шомил кардааст. Аммо дар ин гузориш, ин навбат Тоҷикистон бо онки ба гурӯҳи кишварҳои “бадтарини бадтаринҳо” шомил мешавад аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ як ва аз лиҳози озодиҳои маданӣ ду радда аз Ӯзбакистон ва Туркманистон болотар баҳогузорӣ шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24215441.html

Шарифи ҲАМДАМПУР: «90 дар сади журналистон чизи ба сарашон омадаро менависанд»

[b]Солҳо боз баҳс атрофи «Қонуни матбуот» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Қисме ба он боваранд, ки ин қонун аз қонунҳои дигар давлатҳо рӯйбардор шудааст ва ба талаботи журналистикаи тоҷик созгор несту ба такмилу баррасӣ ниёз дорад. Шояд ҳамин омил аст, ки ба воридсозии тағйироту иловаҳо ба «Қонуни матбуот» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба замми номукаммалии «Қонуни матбуот», то кадом дараҷа риоя гаштани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон низ мавзӯи баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.[/b]

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон то кадом дараҷа риоя мешаванд? Оид ба ин мавзӯъ Шарифи Ҳамдампур — яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ дар соҳаи журналистика, тиҷорати маводи чопӣ ва табъу нашр мегӯяд:

— Онҳое, ки дар сари мансаб ҳастанд, баъди рафтан аз мансаб ба журналистон муроҷиат мекунанд, ки ин хел кор шуд ва кӣ ҳақу кӣ ноҳақ буд, зеро журналистон дар ҷаҳон ҳамчун ҳокимияти чоруми ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд.

Барои он, ки журналистон чеҳраи худро аз даст надиҳанд, мебояд ҳама вақт меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро риоя намоянд.

Асасон журналист дар фаъолияташ озод аст, вале салоҳияти баромадан аз риояи ахлоқи журналистиро надорад. Масалан, мудири дӯкони доруфурӯшӣ мехоҳад барои ба фурӯш рафтани як доруяш, ки чандон хуб нест, тариқи журналистон онро таблиғ кунад. Нафақахӯре, ки бо сад ранҷ маблағ ҷамъ кардааст, зери таъсири таблиғи журналист он доруро харидорӣ мекунад, вале шифо намеёбад. Магар чунин рафтор дар доираи ахлоқи журналистӣ меғунҷад?!

Ҳозир ҳар касе ба сараш чизе омад, менависад, 90 дар 100 рӯзномаҳои мо ҳамин хел аст. Журналисти асил дар асоси факту рақамҳо бояд нависад.

Ёд дорам, дар замони Шӯравӣ барои навиштани як мақолаам бо номи «Фирор» 4 моҳ дар ҳаҷми 500 саҳифа мавод ҷамъ карда, баъд онро навиштам. Мақола, ки оид ба дуздии 7 миллион доллар аз ҷониби Гайс Бори — раиси ҳамонвақтаи савдои хориҷии Тоҷикистон буд, натиҷа дод ва дар Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Як дӯстам, ки дар замони Шӯравӣ дар «Комсомольская правда» кор мекард гуфт: «Дар мо ҳолатҳое мешавад, ки журналист вақти зиёд сарф карда, 100 варақ рақам ҷамъ мекунад, вале дар ҳаҷми як саҳифа мавод менависад. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки ҳар ҷумлае, ки журналист менависад, бояд дар асоси асноду рақамҳо бошад, то ҷомеаро роҳгум наандозад».

Ман асосан обрӯи рӯзномаамро ба миллионҳо доллар намефурӯшам, вале дар таҷриба дидем, ки қисме аз рӯзномаҳо маводҳои ба нишонии дигар нашрияҳо навиштаро баъди расман даст кашидан аз чоп ба ивази 100 сомонӣ ба чоп расонидаанд. Ин кори онҳост, лекин риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, ҳамдилии журналистӣ беҳтарин роҳи интихоби ҳар як масъули рӯзнома, ҳафтанома ва ҳар як журналист мебошад.

Давлати ШОҲЭЪТИБОР

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14838