Архив рубрики: Таҳлил

Урунбой Усмонов: журналист ва маҳбус

[b]Номи Урунбой Усмонов тайи ду ҳафта мешавад, ки дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ ва дохилии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Сарнавишти ӯ мавриди нигаронии баъзе аз кишварҳои демократии ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалии журналистӣ қарор гирифтааст.[/b]

[b]САРУ САДОҲОИ БОЗДОШТИ УСМОНОВ[/b]

Агар ба сафҳаҳои Twitter ва Facebook ҳам назар андозед, даҳҳо баёнияву эътирозоти созмонҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои журналистиро мебинед, ки аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки хабарнигори бахши узбекии радиои Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд Урунбой Усмонов, ба зудтарин фурсат аз боздоштгоҳ раҳо карда шавад.

Даҳҳо ҳамкорон ва ҳамкасбҳои Урунбой Усмонов рӯзи 22-юми июн аз қароргоҳи марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон берун омаданд ва ба нишони ҳамгироӣ ва пуштибонӣ аз оғои Усмонов дар як ҳамоиш, аз ҳукумати Тоҷикистон хостори раҳоии ӯ шуданд. Онҳо дар даст акси ҳамкори хуҷандии худ Урунбой Усмоновро медоштанд ва мегуфтанд, ки «Урунбой Усмоновро озод кунед».

Дар ин ҳамоиш Питер Ҳоррокс, Раиси бахши ҷаҳонии Би-Би-Сӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки Урунбой Усмоновро танҳо нахоҳанд гузошт ва аз ҳамаи давлатҳо даъват хоҳанд кард, ки ба Тоҷикистон фишор ворид кунанд.

То ин замон сафорати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз бозддошти хабанигори Би-Би-Сӣ изҳори нигаронӣ намуда аз мақомоти Тоҷикистон хостори мусоидат ба озодии Усмонов шуд. Аз ин пеш сафоратхонаҳои Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо, САҲА, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хостаанд Урунбой Усмонов фавран озод карда шавад.

Қабл аз ҳамоиши эътирозии ҳамкорони Урунбой Усмонов, гурӯҳе аз хабарнигорон, бо баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Лондон, хостори озодии ӯ аз боздоштгоҳ шуданд.

Онҳо таъкид мекарданд, ки боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нишонаи дигари маҳдуд сохтани озодии сухан дар ин кишвар аст ва шиор медоданд «Аз ҳамла ба расонаҳои мустақил даст бардоред».

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба озодии расонаҳо, 16-уми июн дар номае ба вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, изҳори нигаронӣ карда буд.

[b]БИ-БИ-СӢ БА ДУНБОЛИ РАҲОИИ ХАБАРНИГОРАШ[/b]

Мудири бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Сӣ Ҳамид Исмоилов ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон мебошад ва ҳадафи сафари ӯ гуфтушунид бо мақомоти Тоҷикистон аст. Вай дар робита ба ин масъала чунин гуфт: «Ман маҳз ба хотири масъалаи боздошти Урунбой Усмонов дар инҷо ҳастам. Мо мехоҳем вазъияти ба амаломада дар робита ба хабарнигорамон Усмоновро бо мақомоти расмии Тоҷикистон рӯшан созем. Мушаххас кунем, чӣ зарфияте таваҷҷӯҳи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар масъалаи боздошти ин хабарнигорро ҷалб кардааст. Ва дар айни замон мехоҳем ба мақомоти расмии Тоҷикистон мавқеи худро бифаҳмонем, ки Усмонов ҳеҷ иртиботе бо Ҳизбуттаҳрир надорад ва ҳарчизе, ки ҳаст марбут ба вазифаи журналистии ӯ мебошад».

Бо вуҷуди ин, ки пойгоҳҳои журналистии ҷаҳонӣ ва созмонҳои масоили ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ҳамкасбҳои Урунбой Усмонов кӯчактарин риштаи ҳамкории Усмоновро бо созмони мамнуъи Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон инкор мекунанд, вале мақомоти Тоҷикистон зоҳиран исрор мекунанад, ки вай бо ин созмон, яъне бо таҳририён ҳамкорӣ доштааст. Ва барои ин иттиҳом чанд далели мӯътамад дар даст доштаанд.

[b]»ҲАНГОМА БЕШТАР АЗ ВОҚЕИЯТ»[/b]

Давлат Назрӣ, раиси Департаменти итилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар дар робита ба масъалаи марбут бо Урунбой Усмонов бо Раиси бахши Осиёи Миёнагии Би-Би-Сӣ Ҳамид Исмоилов мулоқот доштааст.

Давлат Назрӣ мегӯяд, ки дар атрофи номи Усмонов мисли ин, ки аз воқеият дида ҳангома бештар аст. Вай мегӯяд, ба Ҳамид Исмоилов фаҳмонидааст, ки то кунун ба ҷуз як номаи намоянадаи САҲА, дигар ба ин вазорат ҳеҷ ниҳоде дар робита ба Усмонов муроҷиат накардааст: «Ман ба намояндаи Би-Би-Сӣ гуфтам, ки мо низ ҳавасманд ҳастем, ки ин қазия мусбат ҳал шавад. Сӯҳбатҳое, ки ман бо намояндагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар робита ба Усмонов доштам маълум аст, боздошти эшон ба фаъолияти хабарнигориашон рабт надорад ва эшон бо далелҳои мӯътамаде дастгир шудааст, ки ҷараёни тафтишот онро ҳамаҷониба санҷад. Ва набояд ба ҷараёни тафтишот фишоре оварда шавад. Он шикоятҳое, ки дар робита ба саломатии Урунбой расид, мо ба мақомоти зидахл расонидем ва ҳоло ӯро аз Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар Хуҷанд, ба боздоштгоҳ мувақатӣ интиқол доданд. Ҳоло ҳам вакили мудофеъ ва ҳам пайвандон тавонистанд аз Урунбой Усмонов хабар гиранд».

Тавре аз ин ҳарфҳои сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯшан мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ба ин бовар ҳастанд, ки Урунбой Усмонов бо Ҳизбуттаҳрир ҳамкорӣ дорад ва ин иттиҳомест, дар муқобили оғои Усмонов ҳанӯз дар рӯзи боздошташ 13-уми июн аз тарафи мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, баён дошта шуда буд.

[b]ВАРАҚАҲОИ ТАҲРИР ДАР ДОХИЛИ САМБӮСА?[/b]

Тақрибан ба ҳамин мазмун Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмонов, ишора мекунад, ки вақте ба хабаргирии шавҳараш мерафт, ба онҳо иҷозаи вуруд намедоданд, вале хӯрданию дигар анвои лозимиро иҷоза медоданд, ки дохил барем. Ҷолибтар ин аст, ки маъмурони боздоштгоҳ ҳатто нону самбӯсаҳоро пора карда баъд иҷоза медоданд, ки мабодо варақаҳои Ҳизбутаҳрир дар даруни самбӯсаҳо бошад: «Шавҳарамро саҳари 22-уми июн аз идораи амният ба Сизои шаҳри Хуҷанд кӯчонданд. Мо хоҳиш кардем, ки шавҳарамро бинам, аммо гуфтанд, ки коғаз (иҷозатнома) биоред. Вале хӯрдание, ки барои Урунбой бурдем гирифтанд. Гирифтанду тагу рӯ карданд, бисёр кофтанд, самбӯсаҳоро дупора-дупора карданд гуфтанд, ки шавҳарат Ҳизбутаҳрир аст, боз дар самбӯсаҳо варақаҳои таҳрирро ҷой накарда бошанд.»

[b]ЧАРО УСМОНОВ ФАВРАН БА ВАКИЛИ МУДОФЕЪ ТАЪМИН НАШУД?[/b]

Аммо дар ин ҷо суоле пеш меояд, ки агар мақомоти интизомии Тоҷикистон эътимод доранд, ки Урунбой Умонов дар ҳақиқат бо созмони Ҳизбутаҳрир ҳамкорӣ дорад, пас чаро дафъатан бо вакили мудофеъ таъмин карда нашуд? Ва дар Раёсати амнияти Хуҷанд нигоҳдорӣ ва мавриди пурсиш қарор дода шуд. Мешавад, гуфт, ки дар ин ҷо асроре нуҳуфтааст ва чӣ метавонад бошад.

Ҳуқуқдони тоҷик Абуқаюм Юсуфов мегӯяд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ва қонунӣ, дар инҷо ҳеҷ асроре нест, зеро Қонуни кайфарии Тоҷикистон пас аз тағйиру иловаҳо дар соли 2010 нишон медиҳад, ки пас аз боздошти фарде, ки дар қайди мақомоти интизомӣ гирифта мешавад, ҳамзамон бо боздошт бояд бо вакили мудофеъ таъмин карда шавад.

Аммо Урунбой Усмонов пас аз боздошташ ҳатто чанд рӯзи ба сар бурдан дар Раёсати амнияти вилоят аз дидор бо вакили мудофеаш Файзиннисо Воҳидова маҳрум буд, зеро ӯро бо ҳар баҳона иҷоза намедоданд вориди боздоштгоҳ шавад.

Пурсида мешавад дар кадом ҳолат мақомоти интизомии кишвар фурсатталбӣ мекунанд ва намехоҳанд шахси боздошташуда зуд бо адвокат рӯ ба рӯ шавад.

Абдуқаюм Юсуфов ҳуқуқдони тоҷик дар робита ба ин масъала мегӯяд: «Чаро дар ин ҳолат муфаттиш фурсатталабӣ мекунад, барои ин, ки адвокат метавонад ба ҳар ҳарфу суоли нодуруст ва ё ноҷои муфаттиш ба додгоҳу додситонӣ шикоят барад».

Масъалаи дуввуме, ки оғои Юсуфов меафзояд ин аст, ки вақте далелҳои мӯътамад барои айбдор кардани боздоштшуда дар даст нест, муфаттиш ҳаракат мекунад, ки бо ҳар далели нокифояе дар даст дорад, шахси айбдоршавандаро мутақоид кунад ва айбро ба гардани ӯ ҳарчӣ барвақтар дайн кунад. Аз ин рӯ дар ҷараёни ин пурсишҳои ибтидоӣ, беҳтар мешуморанд, ки адвокат набошад.

Ҳамин тавр пас аз пойфишориҳои вакили мудофеъ, дар таърихи 22-юми июн Файзиннисо Воҳидова тавонист бо зерҳимояи худ Урунбой Усмонов дидори нахустин дошта бошад.

[b]САРУ САДОҲОИ МУЛОҚОТИ ДУ ХАБАРНИГОР БО УСМОНОВ[/b]

Суоли дигаре, ки ҳамчунон посухи ҷиддӣ мехоҳад ин буд, ки то замони мулоқоти вакили мудофеъ бо Урунбой Усмонов, Раёсати амнияти вилояти Суғд ду хабарнигорро вориди боздоштгоҳ намуд ва бо Урунбой рӯ ба рӯ кард.

Яке аз ин хабарнигорон Илҳоми Ҷамолиён, раиси Иттиҳодияи журналистони вилояти Суғд аст, ки дар робита ба мулоқоташ ба радиои Озодӣ чунин гуфт: «Ҳудудан сӯҳбати мо нимсоат идома кард ва мо тақозо кардем, ки дар заминаи қавонини ҷории кишвар ва меъёрҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ба парвандаи Урунбой Усмонов расидагӣ шавад. Баъд мо берун шудем, сӯҳбати мо шифоҳӣ сурат гирифт ва ба мо асноди парвандаро ҳам нишон надоданд, ҳеҷ ҳуҷҷате ҳам нишон надоданд».

Бо вуҷуди он, ки Илҳоми Ҷамолиён мегӯяд, ки бо дастури Иттиҳоди журналистони кӯшиш кардааст, ки аз аҳволи журналисти боздоштшуда хабар гирад, вале ин амал хашми вакили мудофеъи Урунбой Усмонов Файзиниссо Воҳидоваро ба вуҷуд овард. Зеро ба қавли Файзиниссо Воҳидова, қонунҳои Тоҷикистон ба ҳеҷ сурат иҷоза намедиҳанд, ки шахси боздоштшуда бидуни ҳузури вакили мудофеъ бо ҳар касе сӯҳбат кунад, сарфи назар аз ин, ки хоҳ журналист бошад, хоҳ муфаттиш ва ё ҳар фарди дигар.

Ба ин тартиб хонум Воҳидова аз додситонии вилояти Суғд тақозо кардааст, ки алайҳи Ленура Мустафаева ва Илҳоми Ҷамолиён, ду хабарнигори маҳаллӣ дар ин вилоят, бар асоси Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ҷамъоварии ғайриқонунии иттилоот дар бораи зиндагии хусусӣ ва ифшои иттилооти марбут ба тафтишоти ибтидоӣ, парванда боз кунад.

Вале хонум Воҳидова мулоқоти худ бо зерҳимояашро қадами ҷидии пешрафт дар қазияи Урунбой Усмонов медонад. Урунбой Усмонов бо дидани вакили мудофеъи худ ҷуръат пайдо намуд ва мавқеи аслии худро дар ҳузури вакил мудофеъ ба муфатиши парвандааш арз доштааст.

[b]УСМОНОВ ИТТИҲОМОТРО РАД МЕКУНАД[/b]

Хонум Воҳидова мегӯяд, ки «Урунбой Усмонов бо қатъият айби алайҳи вай эълоннамударо рад кард ва ҳамчун журналист ба масъалаи фаъолияти Ҳизбуттаҳрир чун созмони иртиҷоӣ дар Тоҷикистон муносибат кардани худро таъкид кард. Қонуни матбуоти Тоҷикистон ба рӯзноманигор иҷоза медиҳад, ки манбаъҳои худро метавонад пинҳон дорад ва фош насозад. Аз ин нуқтаи назар ҷурме, ки ба гардани Усмонов зада шудааст, ғайриқонунӣ мебошад».

[b]ОЁ УСМОНОВ УЗВИ ҲИЗБУТТАҲРИР АСТ?[/b]

Рӯзи 23-июн мулоқоти навбатии вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова бо Урунбой Усмонов ва намояндагони Ҳизбуттаҳрир дар ҳузури муфаттиш Саид Саймуддинов дар боздоштгоҳи тафтишотии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар он яке аз далелҳое, ки ҳамкории Урунбой Усмоновро бо Ҳизбуттаҳрир маълум мекунад, мавриди суолу ҷавоб қарор гирифтааст.

Ин далел, ки ба қавли муфаттиш Саид Саймуддинов мӯътамад ба шумор меояд, пас аз навиштаи хабарнигори Пресса.тҷ Элнора Мустафаева ба даст омадааст. Элнора Мустафаева, ки дар Раёсати амнияти Хуҷанд бо Урунбой Усмонов мулоқот карда буд, хулосаи худро дар Пресса.тҷ ҷой додааст, ки тибқи навиштаи вай, Абдунабӣ Абдуқодиров ва Яҳё Раҳмонхоҷаев, ки амири Ҳизбуттаҳрир дар вилояти Суғд шинохта шудааст, иртиботи оқои Усмонов бо ин созмон таъйид кардаанд.

Ба навиштаи хонуми Мустафаева, ин ду нафар дар бораи мулоқотҳои эҳтимолии худ бо хабарнигори Би-Би-Сӣ, додани китобу варақаҳо ба ӯ ва ин, ки аъзои Ҳизбуттаҳрир гӯё дар мавриди Урунбой аз вожаи «бародар» истифода мекарданд ва ин гӯё ба маънии узвияти ӯ буда, шарҳ додаанд.

Аммо дар ин суолу ҷавоби чашм ба чашми рӯзи панҷшанбе намояндаи Ҳизбуттаҳрир комилан навиштаи хабанигори Пресса.тҷ-ро рад карда ва гуфтааст, ки ин гуна ҳарфҳоро ба хабарнигор нагуфтааст. Яъне ба қавли вакили мудофеъ, яке аз айбҳое, ки ба гардани Усмонов гузошта шуда буд, рад карда шуд.

Ин мулоқот чашм ба чашм соати 10-и субҳ оғоз шуда тақрибан дар соати 20-и шом анҷом ёфт. Ҳамин тавр бо ду узви дигари Ҳизбуттаҳрир мулоқоти чашм ба чашм дар боздошт дар ҳузури муфаттиш сурат гирад.

[b]НАВИШТАҲОИ ЯКҶОНИБА БАРРАСӢ МЕШАВАД[/b]

Зимнан, дафтари Би-Би-Сӣ, дар Душанбе нисбати навиштаи сомонаи Пресс.тҷ ва чанд нашрияи дигар, ки дар робита ба қазияи Урунбой Усмонов мақолаҳо ба нашр расондаанд, изҳори норозигӣ намуда ба Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз дидгоҳи арзишҳои журналистӣ баррасӣ карда шаванд.

Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки аллакай гурӯҳи корӣ таъсис дода ва ин навиштаҳоро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод: «Дафтари Би-Би-Сӣ нисбати мақолаҳои Пресса.тҷ ва рӯзномаи «Народная газета ба мо шикоят овард, ки дар навиштаҳои инҳо дар хусуси боздошту иттиҳоми Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-Би-Сӣ иштибоҳҳо роҳ дода шудааст. Мо ин маводро ба ихтиёри ҳайати кумиссюни худ гузоштем ва онҳо пас аз омӯзиш хулосаи худро баён хоҳанд дошт».

[b]»УСМОНОВ-ХАБАРНИГОРИ ҲИРФАӢ»[/b]

Ҳамкорони Урунбой Усмонов мегӯянд, ки тайи ин чанд соле, ки эшон бо Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд ҳамкорӣ дорад, ба унвони як хабанигори ҳирфаӣ талош кардааст, ки дар мавзӯъҳои ҳассосу доғи ҷомеаи Тоҷикистон гузориш омода кунад.

Раиси Бахши Осиёи Миёнагии Би-Би-Сӣ Ҳамид Исмоилов мегӯяд, ки муҳаррири гузоришҳои Усмонов ҳам мебошад, дар робита ба ин мегӯяд: «Вай ҳамчун журналист албатта алоқа дошт, ки доир ба паҳлӯҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон назар кунад. Аз ҷумла масоили мазҳабиро низ дар назар дорам. Вақте, ки як шаҳрванди Тоҷикистон аз Гуантанамо озод мешуд, мо хоҳиш мекардем дар бораи ин шахс гузориш омода кунад. Аз баҳсҳои додгоҳӣ дар бораи аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, ки мавзӯи ҷолиб ба назар мерасад, гузориш менавишт. Ҳамчунин дар бораи Ҳизбуттаҳрир, ки бо вуҷуди ин, ки як созмони мамнӯъ дар Тоҷикисон аст, вале баъзеҳо ҳаракат мекунанд, ки ба он пайванданд. Сабабҳои инро ҳар шунаванда мехоҳад бифаҳмад. Барои гузориши хуб навиштан журналист талош мекунад, ки доираи дарёфти иттилоъи худро васеъ кунад. Қонунҳои Тоҷикистон журналистро дар ин роҳ манъ намекунанд. Ман ба бовари комил мегӯям, ки ба ҳеҷ сурат Урунбой Усмонов аз марзи журналистика берун қадам нагузоштааст.»

[b]»УСМОНОВ ВАЗИФАИ ХАБАРНИГОРИАШРО ИҶРО НАМУДААСТ»[/b]

Мухтор Боқизода, масъули Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон бар инаст, ки вақте як хабарнигор дар мавзӯъҳои мухталиф ҳатто доир ба фаъолияти Ҳизбуттаҳрир гузориш менависад, ҳаракат мекунад, ки маълумоти бештар ба даст орад ва ин ба он маъное нест, ки вай ҳамкорӣ дорад: “Ин, ки мо барои таҳқиқи як мавзӯъ мавод ҷамъ меорем ва ё ҳаракат мекунем, ки ба манбаъҳо дастрасӣ дошта бошем, маънои онро надорад, ки ба он созмон ё мақомот ҳамкорӣ дорем. Чунин бархӯрди нодурусти мақомоти ҳуқуқӣ ва интизомии Тоҷикистон мухолифи қонугузориҳои ҷории кишвар мебошад.»

[b]НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ УСМОНОВ[/b]

Масъалаи дигаре, ки ҳамакнун мавриди нигаронии хонаводаи Урунбой Усмонов шудааст, вазъи саломатии эшон аст. Малоҳат Абдуазимова мегӯяд, ки ҳарчанд дар боздоштгоҳи тафтишотӣ имкони робита бо шавҳараш бештар аст, вале дар дидори ахире, ки доштаанд мушоҳида кардааст, ки сиҳатии Урунбой хуб нест. Малоҳат Абдуазимова ҳамроҳ бо Ойбек, писараш ва духтараш ва инчунин яке аз хоҳарони Урунбой Усмонов дар бинои идораи Раёсати амният бо шавҳараш дар ҳузури маъмурони амниятӣ мулоқот карда буд.

Хонум Абдуазимова мегӯяд, ки «вазъи саломатии шавҳарам, хуб нест, рангаш зард шудагӣ, хеле маъюс аст. Албатта акнун, ки ба СИЗО гузаронидаанд, умедворем, вазъаш беҳтар шавад, табибон кӯмак кунанд, мо ҳам аз ҳолаш хабардор шавем.»

Малоҳат Абдуазимова меафзояд, ки тайи чанд соли ахир шавҳараш аз бемории диабет ранҷ мебарад. Ва дар соли 1993 як гурӯҳи ношинос ба вай ҳамла карда буданд, ки дар натиҷаи латту кӯб, ноҳияи сараш ҷиддан осеб дида буд.

Ба қавли Малоҳат Абдуазимова, фишори равонӣ, хусусан тӯҳмате ба шавҳараш зада шудааст боис мешавад, ки дар боздоштгоҳ ин дардҳо хуруҷ кунанд, Вай таъкид мекунад, ки шавҳараш тоби ин ҳолро нахоҳад дошт.

[b]ТАҚОЗОИ ХОНАВОДАИ УСМОНОВ АЗ РАИСИ ҶУМҲУР[/b]

Аз ин рӯ хонаводаи Урунбой Усмонов аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома хоҳиш кардаанд, ки ӯро раҳо кунад.

Дар ин муроҷиатнома, ки тавассути шаш тан аз аъзои хонаводаи оқои Усмонов имзо шуда, омадааст, ки падари ин хонавода ҳаргиз тарафдори ҳеч гурӯҳи мазҳабии ғайриқонунӣ набуда, баръакс ҳамеша барои ободию осоиштагии ватани худ хидмат кардааст.

Чуноне наздикону дӯстон ва ҳамкорони Урунбой Усмонов мегӯянд, вай бештар як шахси фарҳангӣ буда ва ба доираи фарҳангу адаби Тоҷикистон, ба хусус ба ҳалқаҳои адабии узбекҳои ин кишвар иртиботи зич дорад ва чанд китобе ҳам ба забони узбекӣ ба нашр расондааст. Тайи 10 соли ахир ҳамчун хабарнигори бахши ӯзбакӣ бо Би-Би-Сӣ ҳамкорӣ дорад.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24245816.html

CPJ: «Иттиҳомоти сохтагӣ алайҳи Усмоновро лағв кунед»

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) бо интишори баёнияе тоза аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки иттиҳомоти ба гуфтаи ин созмон “сохтагӣ” алайҳи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро лағв кунад.[/b]

Ҳамчунин, ин созмон муҷаддадан хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шуда ва гуфтааст, ки иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмонов бо фаъолиятҳои хабарнигориаш пайванд дорад.

Нина Огниянова, ҳамоҳангсози барномаҳои Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, гуфтааст: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳем, ки аз иттиҳомот алайҳи Ӯрунбой Усмонов даст кашанд. Усмонов, ки танҳо ба хотири фаъолиятҳои рӯзноманигориаш танбеҳ мешавад, бояд бедиранг озод карда шавад.”

Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки масъулони ин кумита барои баррасии қазияи боздошти Ӯрунбой Усмонов бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Омрико, вазоратҳои умури хориҷа ва дохила, кумитаи амнияти миллӣ тамос гирифтаанд, вале ҳеҷ касе дар ин ниҳодҳо ҳозир нашудааст ин мавзӯъро шарҳ диҳад.

Ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён аз қавли Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, навиштааст, ки муваккилаш расман ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам шуда ва имкон дорад то ба 15 соли зиндон маҳкум шавад.

Ҳарчанд, ба гуфтаи хонуми Воҳидова, Ӯрунбой Усмонов ин иттиҳомро рад карда ва изҳор доштааст, ки бо ин ҳизби мамнӯъ ҳеҷ иртиботе надорад, вале баъид нест бо чанд нафаре, ки аз узвияти онҳо дар ин созмон огоҳӣ надошта, барои таҳияи барномаҳои родиюӣ мусоҳиба карда бошад.

Дар ин баёния аз қавли масъулони шабакаи хабарии Би-би-сӣ омадааст, ки Ӯрунбой Усмонов дар ҷараёни таҳияи матолиби родиюӣ бо ҷонибҳои мухталиф ва афроди дорои ақоинд ва андешаҳои гуногун мусоҳиба мекард ва ин амр яке аз меъёрҳои кори ҳирфаии хабарнигорӣ аст.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ҳамчунин аз вазъи саломатии оқои Усмонов изҳори нигаронӣ карда ва аз қавли Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари оқои Усмонов навиштааст: «Вақте ӯро дар боздоштгоҳ дидам, нашинохтам, сахт лоғар шуда буд. Вай бо душворӣ роҳ мерафт ва бо мушкил саломуалейк мекард.»

Ин созмон таъкид кардааст, ки фишорҳо бар давлати Тоҷикистон барои озодии Ӯрунбой Усмонов дар ҳоли афзоиш аст ва аз баёнияҳои ахири кишварҳо, созмонҳо ва иқдомоти хабарнигорон дар ин замина ёдовар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, як созмони ғайридавлатии нозир бар фаъолияти расонаҳо дар ин кишвар, ки бештар ба баррасии баҳсу ихтилофот миёни расонаҳо, нашриёт ва рӯзноманигорон мепардозад, кумисиюне барои баррасии мақолоти чопшуда дар бораи Урунбой Усмонов таъсис додааст.

Масъулони ин Шӯро мегӯянд, ки таъсиси ин кумисиюн бо дархости дафтари намояндагии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта ва онҳо ду мақолаи чопшуда дар сойти Pressa.tj ва нашрияи «Народная газета»-ро мавриди барарсӣ қарор хоҳанд дод.

Торнамои Pressa.tj рӯзи шанбеи 18 июн матлаберо мунташир кард, ки дар он хабарнигор пас аз мусоҳиба бо Ӯрунбой Усмонов дар идораи маҳалли амният дар Суғд аз қавли ӯ навиштааст, ки гӯё “вай бо амири Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон чанд маротиба дидор доштааст.”

Вале Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ки рӯзи душанбе бо муваккилаш дидор дошт, мегӯяд, ки вай ин иддаъоҳоро рад карда ва гуфтааст, ки чунин ҳарфҳоро ба хабарнигор нагуфтааст.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи хонуми Вҳидова, дар матлаби чопшуда дар торнамои Pressa.tj нукоте тавҳиномез нисбат ба оқои Усмонов ба мушоҳида мерасад ва бархе иттилоъот ва иддаъоҳои матраҳшуда дар ин мақола амнияти ӯро ба хатар меандозад.

“Народная газета”, нашрияи русизабони давлати Тоҷикистон, низ рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн матлаберо дар бораи боздошти оқои Усмонов мунташир карда ва ӯро “псевдожурналист” ва “экстремист” номидааст.

Би-би-сӣ мегӯяд, ки корбурди ин таъбирҳо тавҳин ба хабарнигори боздоштшудаи он аст ва ҳамчунин, моддаи 11 Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 20 Қонуни асосии Тоҷикистон дар бораи асли бароат ё эҳтимоли бегуноҳии афроди боздоштшударо нақз мекунад.

Моддаи 11 Эъломияи ҳуқуқи башар мегӯяд: “Ҳар инсоне, ки ба иртикоби ҷурме муттаҳам шудааст, ҳақ дорад, ки бегуноҳ шумурда шавад, то замоне ки ҷурми ӯ бо риъояти ҳамаи муқаррароти қонунӣ ва дар додгоҳе шаффофу одилона ва озод собит шавад ва ӯ аз ҳамаи имконот барои дифоъ аз худ бархурдор буда бошад.»

Дар моддаи 20 Қонуни асосии Тоҷикистон низ омадааст: “Ҳеч кас дар иртикоби ҷурме гунаҳкор дониста намешавад, то замоне ки ҳукми додгоҳ дар бораи исботи ҷурми ӯ эътибори қонунӣ пайдо кунад.”

Масъулони Шӯрои ВАО ё расонаҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки кумисиюни таъсисшуда мақолотро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳад дод, бо тарафҳои баҳс мулоқот ва натоиҷи баррасии худро эълом хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, рӯзи дувум аст, ки бозрасони амниятӣ ба бозпурсии оқои Усмонов дар ҳузури вакили мудофеъаш идома медиҳанд.

Вале ба гуфтаи хонуми Воҳидова, вай ба хотири мухтал накардани раванди таҳқиқи ин қазия, наметавонад ҷузъиёти ин бозпурсиҳоро ифшо кунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110624_if_urunboy_usmonov.shtml

Артикл 19: «Баъзе бандҳои қонуни матбуот бозбинӣ шаванд»

[b]Як созмони ҳомии озодии сухан гуфтааст, баъзе бандҳои пешнависӣ Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон бояд бозбинӣ шаванд.[/b]

Артикл 19, як созмони ҳомии озодии сухан, қароргоҳаш дар шаҳри Ландан, таҳлили ҳуқуқии пешнависи Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон ва мутобиқати он меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода ва гуфтааст баъзе бандҳои ин қонун ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунанд.

Агнес Калламард, мудири иҷроияи Артикл 19 гуфтааст, ба давлати Тоҷикистон барои ислоҳи ин қонун аҳсан гуфта, вале ҳамзамон хостааст, то тарҳи мазкурро бозбинӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунанд. Бо таҳлили ҳуқуқии ин қонун, коршиносони Артикл 19 дарёфтаанд, ки баъзе аз бандҳои Қонуни матбуоти Тоҷикистон мухолиф ба меъёрҳои байналмилалии озодии баён аст, баъзе бандҳои дигар агарчӣ ба чунин меъёрҳо мухолифат намекунад, аммо нолозиманд ва метавон онҳоро беҳтар кард.

[b]ҶАНБАҲОИ МУСБАТИ ҚОНУН[/b]

Қонуни матбуоти Тоҷикистон соли 1990 қабул шудааст ва ҳоло сӯҳбатҳои сари ислоҳи он идома дорад. Артикл 19 мегӯяд, тарҳи ислоҳшудаи Қонуни матбуоти Тоҷикистон баъзе аз ҷанбаҳои мусбат дорад, аз ҷумла озодии матбуотро кафолат медиҳад, сензура ва таъқиб барои интиқодро мамнӯъ мекунад ва ҳимояти ҳуқуқи хабарнигоронро бар асоси аҳдномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон ба онҳо пайвастааст, замонат медиҳад.

Дигар ҷанбаи мусбати қонун он будааст, ки масоили назорати расонаҳои интернетӣ ва порталҳои иҷтимоиро дар назар нагирифтааст. Артикл 19, сипас ба бандҳои мушкилофари пешнависи Қонуни матбуоти Тоҷикистон пардохта ва гуфтааст, баъзе аз бандҳои қонун мухолиф ба меъёрҳои байналмилалии озодии баён аст. Аз ҷумла банди 7 қонун, сабти расмии афроди ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ҳуқуқии арсаи матбуотро дар ниҳодҳои масъули давлатӣ зарурӣ медонад.

[b]»БАЪЗЕ БАНДҲО РӮШАН КАРДА ШАВАНД»[/b]

Ба гуфтаи Артикл 19, ин банд бояд танҳо хоси матбуоти чопӣ бошад ва барои сабти телевизионҳо лозим нест, зеро телевизиону радиоҳо, барои фаъолият муҷаввиз мегиранд, ки ҳамин кофист. Ба гуфтаи ин созмони ҳомии озодии баён, банди 9 пешнависи Қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳам, ки нашри иттилоъоти дорои сирри давлатӣ, даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва даъват ба ҷиноят ва тарғиби шеваи ғайриалоқии зиндагӣ ва ғайраро мамнӯъ мекунад, номафҳум ва мухолиф ба Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ аст, ки Тоҷикистон соли 1999 ба он пайвастааст. Аз ин рӯ ба гуфтаи Артикл 19 банди мазкур низ бояд дуруст ва возеҳ карда шавад.

Банди дигари пешнависи қонун, ки ба нашри ҳатмии иттилоъоти расмӣ дар расонаҳо иртибот мегирад, ба гуфтаи Артикл 19 бояд бозбинӣ шавад, зеро навъе дахолат ба мустақилияти расонаҳо аст. Ин созмон мегӯяд, иттилоъоти расмиро матбуоти расмӣ метавонад ройгон чоп кунад вале ин ҳаққи матбуоти мустақил аст, ки мехоҳанд чунин иттилоъро нашр кунанд ё не ва ё дар ивази нашр он ҳақ бихоҳанд. Артикл 19 ба муаллифони қонуни Тоҷикистон тавсия додааст, ин бандро бозбинӣ кунанд.

[b]ДАЪВАТ БА ЛАҒВИ БАНДИ «МАСЪУЛИЯТ»-И ХАБАРНИГОРОН[/b]

Ин созмони ҳомии озодии сухан аз давлати Тоҷикистон даъват кардааст, то банди 27 қонунро, ки доир ба “масъулияти” хабарнигорон аст, комилан аз пешнавис ҳазф кунад, зеро бар асоси қонун муқаррар кардани масъулиятҳои хабарнигорон мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ аст ва агар сухан доир ба этика ва ё ахлоқи хабарнигорӣ равад, ин масъалаи хусусӣ аст.

Ба гуфтаи Артикл 19 таҷриба нишон додааст, ки меъёргузорӣ дар этикаи журналистӣ сабаби таъқиби хабарнигороне шудааст, ки ҳукуматро интиқод кардаанд. Артикл 19 таҳлили ҳуқуқии пешнависи Қонуни матбуоти Тоҷикистонро бо дархости муассисаи байналмилалии “Ҷомеи боз” анҷом додааст ва дар гузашта ҳам ду дафъа қонунҳои марбут ба фаъолияти матбуот дар Тоҷикистонро таҳлил кардааст.

Тоҳири Сафар

Источник: Радиои Озодӣ

Ҳамоиши эътирозии Би-би-сӣ алайҳи боздошти Урунбой Усмонов

[b]Кормандони сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си дар Ландан бо баргузории ҳамоише эътирозӣ алайҳи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи ин расона дар шимоли Тоҷикистон хостори озодии фаврии ӯ шуданд.[/b]

Ширкаткунунадагони ин ҳамоиш акси Урунбой Усмоновро ҳамл мекарданд, ки дар ҳошияи он ба забони инглисӣ навишта шуда буд: «Урунбой Усмоновро озод кунед.»

Дар ин ҳамоиш Питер Ҳоррокс, Раиси сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си дар суханронии худ гуфт: «Мо Урунбой Усмоновро танҳо намегузорем. Мо аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунем ба давлати Тоҷикистон фишор ворид кунанд.»

Ин ҳамоиш, баъд аз зуҳр ба вақти Ландан дар назди сохтмони Буш Ҳаус, мақарри дафтари марказии Сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си дар Ландан, баргузор шуд.

Ба ин муносибат ҳамаи бахшҳои Сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си тасмим гирифтаанд мавзӯъи боздошти Урунбой Усмонов ва мушкилоти марбут ба ин қазияро дар тамомии тӯли рӯзи чаҳоршанбе пӯшиш диҳанд.

Би-би-сӣ қаблан бо интишори ду баёния дар рӯзҳои 13 ва 20 июн боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистонро, маҳкум карда ва аз мақомоти тоҷик хоста буд, ки ӯро фавран озод кунанд.

Ин расона ҳамчунин аз созмонҳо ва кишварҳое, ки метавонанд дар қазияи боздошти оқои Усмонов таъсир гузоранд, тақозо карда буд, ки барои дастёбӣ ба озодии оқои Усмонов талошҳои худро тақвият кунанд.

Дар баёнияи ахири Би-Би-Си омадааст: «Ин амре бисёр ҳаётӣ барои ҳамаи рӯзноманигорон аст, ки бояд битавонанд дар бораи ҳар созмоне бидуни тарсу ҳарос аз озору азият гузориш диҳанд.»

Иқдоми эътирозии Би-Би-Си дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе маъмурони амниятии Тоҷикистон Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшударо, аз идораи маҳаллии амният дар шаҳри Хуҷанд ба боздоштгоҳ (СИЗО) интиқол додаанд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, мегӯяд, ҳамакнун талош хоҳад кард дидоре якбаяк ва маҳрамона бо муваккилаш дар боздоштгоҳ анҷом диҳад. Дидори қаблии ӯ дар рӯзи душанбеи гузашта бо оқои Усмонов дар ҳузури кормандони амниятӣ доир шуда буд.
Рӯзи сешанбе чаҳор тан аз аъзои хонаводаи оқои Усмонов низ бо ӯ дар ҳузури маъмурони амниятӣ дар идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд мулоқот карданд. Онҳо мегӯянд, ки аз вазъи саломатии оқои Усмонов башиддат нигарон ҳастанд.

Қабл аз мулоқоти Урунбой Усмонов бо вакили мудофеъ ва пайвандонаш маъмурони амниятӣ дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта ба ду хабарнигор иҷозаи дидор ва мусоҳиба бо ӯро доданд.

Дар мақолоти ин ду хабарнигор, ки дар сойтҳои Пресса.тҷ ва Нансмит мунташир шуданд, иддаъо мешуд, ки оқои Усмонов ба иртиботаш бо Ҳизби Таҳрир эътироф кардааст, вале худи вай дар мулоқот бо муваккил ва пайвандонаш ин иддаъоҳоро бакуллӣ рад кардааст.

Хонуми Воҳидова созмондеҳии мусоҳиба бо оқои Усмонов тавассути маъмурони амниятӣ қабл аз дидори вай бо вакили мудофеъ ва пайвандонашро аз мавориди ҷиддии нақзи ҳуқуқи башар ва муқаррароти бозрасӣ ва қазоӣ хонда ва гуфтааст, ки дар ин бора ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110622_l16_vigil_urunbay.shtml

Ҳамид Исмоил: Баҳои хабарнигор будан дар Осиёи Миёна

[b]Ин ҳафта қарор буд матлабе сабук дар бораи Роял Аскот бинависам, аммо зиндагии хабарнигор ғайри қобили пешгӯӣ аст.[/b]

Субҳи рӯзи 14-уми июн ман аз ҳамкорам дар Душанбе, Тоҷикистон имейле дарёфт кардам, ки мегуфт гузоришгари мо дар Хучанд, шимоли Тоҷикистон — Ӯрунбой Усмонов пас аз соъоти кории рӯзи гузашта нопадид шудааст.

Пайвандони ӯ дар ҷустуҷӯйи ӯ бемористонҳо ва мурдахонаҳоро тамос гирифтанд, вале хабаре нашуд.

Мо Ӯрунбойро дар бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ хеле хуб мешиносем.

Вай 59 сол дорад. Ӯ шоъир ва нависандаест, ки барои даҳ соли ахир бо мо кор кардааст. Гузоришҳои мухталифе дар бораи сиёсат, минтақа, масоили иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ навиштааст.

Вай инсони қобили эътимод ва ҷиддӣ аст, на аз он афрод, ки моҷароҷӯӣ мекунанд.

Барои ҳамин, мо нигарон шудем ва шурӯъ кардем ба занг задан ба афроди мухталифи маҳаллӣ.

То нимрӯзӣ мо паёмаке аз Ойбек, писари Ӯрунбой, ки дарёфт кардем, ки мегуфт Ӯрунбой бо чандин нафар ба хона баргаштааст.

Он лаҳза мо хушҳол шудем – фикр кардем, билохира маълум шуд, ки ӯ бардаму солим будааст.

То замоне, ки ман ва ҳамкоронам ҳадс мезадем, ки бо ки хона баргаштааст, паёмаки дигаре дарёфт шуд, ки хабар медод маъмурони амниятӣ манзили Ӯрунбойро такурӯ мекунанд.

Ман ба Ойбек занг задам ва аз ӯ пурсидам, ки гӯширо ба амниятиҳо бидиҳад, то ман сӯҳбат кунам, аммо аз гӯшии телефон садое омад, ки мегуфт, ҳеҷ кас бо ҳеҷ кас сӯҳбат намекунад.

Ойбек гуфт, ки маъмурон бадрафторӣ мекарданд ва дар манзил шабномаҳо ва китобҳои Ҳизби Таҳрирро меҷустанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки рӯйи падараш харошида буд.

Пас аз чанде маъмурон Ӯрунбойро ба идораи маҳалии бахши кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурданд.

Вақте вай манзилашро тарк мекард, ба пайвандонаш нимғурма гуфтааст: “Агар ончи шаби гузашта бо ман карданд, такрор шавад, шояд дер напоям.”

Акнун вазъ барои мо равшан шуд.

Бале, мо дархост мекардем, гузоришҳое дар иртибот бо Ҳизби Таҳрир дар шимоли Тоҷикистон дошта бошем ва аҷаб нест, ки Ӯрунбой, ҳамчун хабарнигор, ба ҳангоми пӯшиши хабарӣ аз раванди додгоҳҳои аъзои Ҳизби Таҳрир тамосҳои рӯзноманигорӣ бо бархе аз аъзои ин гурӯҳро дошта бошад.

Аммо ин чунин маъно надорад, ки аз андешаҳои онҳоро тарафдорӣ мекард ва ё узви ин созмон буд.

Ман ба Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъираи машҳур, ки Ӯрунбойро хеле хуб мешиносад, чун ҳамроҳ кор мекарданд, занг задам.

Ӯ бо таъаҷҷуб гуфт: “Не! Ӯ демукроти ашаддӣ аст!”

Бо ҳар касе ман он рӯз сӯҳбат мекардам, ҳатто дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, аз ин хабар ба таъаҷҷуб меомаданд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки дасти ниҳодҳои амниятӣ ҳамчунон муҳкам аст, ки ҳатто мақомоти баландпоя вазъият дар маҳаллро бахубӣ намедонистанд, чи расад ба тавони онҳо дар кумак барои раҳо кардани Ӯрунбой.

Рӯзе баъд Би-би-сӣ баёнияе пахш кард ва дар он тақозо кард, ки хабарнигораш Ӯрунбой Усмонов фавран озод карда шавад.

Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон низ нигаронии худро аз боздошти Ӯрунбой расман иброз дошт.

Чандин созмони байналмилалӣ изҳорот ва баёнияҳои худро дар ин робита интишор дода ва интишор медиҳанд. Аммо то ҳоло ҳеҷ вокунише дар ин замина аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нашудааст.

Нигаронии аслии мо ин аст, ки Ӯрунбой мушкили қалб дорад ва аз муроқибати пизишкӣ маҳрум аст.

Вай аз дидор бо вакили мудофеъ ва пайвандонаш маҳрум будааст. Ман як дӯстам – хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистонро, гум кардаам. Вай дар соли 1995 кушта шуда буд.

Ман як дӯсти дигарам – Алишер Соиповро низ гум кардаам, вай ҳам барои Би-би-сӣ дар Қирғизистон кор мекард ва дар соли 2007 ба қатл расид.

Ҳамкорони ман аз Ӯзбакистон, пас аз фоҷеъа дар Андиҷон маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд ва дӯст ва ҳамкори дигарам Моника Витлок, хабарнигори Би-би-сӣ дар Осиёи Миёна, барои фаъолияти хабарнигориаш аз ин кишвар ихроҷ шуда буд.

Огулсапар Муродова, хабарнигоре дар Туркманистон, ки ба хабарнигорони Би-би-сӣ кумак мекард, зиндонӣ шуд ва дар соли 2006 дар зиндон ҷон дод.

Метавонам қиссаҳои зиёде дар бораи баҳои хабарнигор будан дар Осиёи Марказӣ нақл кунам ва хеле нигаронам, ки мабодо қазияи Ӯрунбой Усмонов ҳам фасли дигаре аз ин қиссаҳои фаҷеъабор бишавад.

(Ин матлаби Ҳамид Исмоилов дар веблоги сардабирони Би-би-сӣ рӯзи 16 июн мунташир шудааст.)

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110621_sq_urunboy_blog.shtml

Дидори Урунбой Усмонов бо хонаводааш дар нӯҳумин рӯзи боздошт

[b]Пас аз ҳашт рӯзи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, маъмурони амниятӣ барои мулоқоти вай бо аъзои хонаводааш иҷоза додаанд.[/b]

Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари оқои Усмонов, мегӯяд, ки рӯзи сешанбеи 21 июн вай бо ҳамроҳии писару духтараш ва як хоҳари Ӯрунбой Усмонов дар бинои идораи маҳаллии амният дар шаҳри Хуҷанд бо шавҳараш дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Хонуми Абдуазимова афзуд, ки ин дидор дар ҳузури ду маъмури амниятӣ сурат гирифта ва нахуст яке аз онҳо аз оқои Усмонов пурсидааст, ки «оё ман шуморо задам?»

Ӯрунбой Усмонов гуфтааст, ки «на, шумо маро намезанед.» Хонуми Абдуазимова мегӯяд, ки ба манзури таъмини амнияти шавҳараш намехоҳад дигар дар ин бора изҳори назар кунад.

Ба гуфтаи вай, қарор аст фардо маъмурон оқои Усмоновро аз сохтмони идораи амният ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд мунтақил кунанд.

Ба эътиқоди хонуми Абдуазимова, дар ин сурат шароит фароҳам мешавад, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ аз хадамоти пизишкӣ бархӯрдор шавад, зеро ба гуфтаи вай, вазъи саломатии оқои Усмонов бисёр нигаронкунанда аст.

Вай афзуд: “Ранги шавҳарам зард аст, вай хеле маъюс буд ва пайваста гиря мекард ва мегуфт, ки маро аз бо тӯҳмат шарманда карданд. Агар фавт кардам, писарам тӯҳмат будани ин ҳама иттиҳомот алайҳи маро собит хоҳад кард.”

Хонуми Абдуазимова мегӯяд, ки ҳоло шавҳараш аз фишори хун ва дарди сар шадидан азият мекашад. Далели дарди сари оқои Усмонов ба қазияи чанд соли пеш рабт доштааст, ки шабона ду фарди ношинос ба ӯ ҳамла карда ва ӯро лату кӯб карда буданд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Малоҳат Абдуазимова, ду моҳ қабл Ӯрунбой Усмонов ба “микруинфаркт” ё сактаи кӯчаки қалбӣ мувоҷеҳ шуда буд, ки ба эътиқоди пизишкон, дар шароити душвор метавонад паёмадҳои сангине дошта бошад.

Хонуми Абдуазимова хабар дод, ки ҳамарӯза барои Ӯрунбой Усмонов ду маротиба хӯрок ва дору мефиристанд ва шавҳараш таъйид кардааст, ки онҳоро дарёфт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, хабар дод, ки баъд аз интиқоли ин хабарнигори Би-би-сӣ ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, вай дархости мулоқоти якбаяк бо муваккилашро хоҳад кард.

Хонуми Воҳидова, ки рӯзи гузашта бо Ӯрунбой Усмонов дар ҳузури бозраси амниятӣ дидор ва гуфтугӯ дошт, мегӯяд, ки муваккилаш наметавонист ошкоро бо вай сӯҳбат кунад.

Вакили мудофеъи оқои Усмонов хабар дод, ки то шоми рӯзи сешанбе шикояти худ алайҳи матолиби ду хабарнигори маҳаллиро ба додситонии кул ва додгоҳ ироа хоҳад кард.

Дар матолиби ин ду хабарнигор аз қавли Ӯрунбой Усмонов гуфта шудааст, ки вай аз истифода аз вакили мудофеъ даст кашида ва таъйид кардааст, ки бо амри Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон мулоқот доштааст.

Малоҳат Абдуазимова мегӯяд, ки дар дидори имрӯз бо шавҳараш оқои Усмонов гуфтааст, ки ин “ду нафар на барои дилбардории ман, балки барои сир гирифтан омадаанд. Вале дар сӯҳбат бо онҳо ман ҳарфҳоеро, ки сипас, онҳо дар матолибашон ҷо додаанд, нагуфтаам.”

Зимнан, хонаводаи Ӯрунбой Усмонов дар ҳафтаи гузашта дар муроҷиъатномае ба раиси ҷумҳурии ин кишвар хостори озодии ӯ шуда буданд.

Дар матни ин муроҷиъатнома аз ҷумла омадааст: “Мо мутаассифем, ки дар ҷомеъае, ки Шумо мехоҳед бисозед ва мо, ҷавононро бо даъвати худ ба сӯйи ояндаи равшан илҳом мебахшед, як марди бегуноҳ, рӯзноманигор ва нависандаи шинохташуда ва солмандро боздошт ва латукӯб мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, ки наздиконаш ӯро бибинанд.»

«Хонаводаи мо ҳаргиз ҳаводори ҳеч гурӯҳи динию мазҳабӣ набудааст. Ин ҳақиқатест, ки имрӯза ҳамаи равшанфикрон ва ҳамсоягон, ки падарамон ва моро мешиносанд, сари забонҳо доранд.»

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир фишорҳои байналмилалӣ дар робита бо боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Рӯзи душанбеи 20 июн гурӯҳе аз хабарнигорон ва ҳаводорони Урунбой Усмонов бо баргузории таҷаммӯъе эътирозӣ дар баробари сафорати ин кишвар дар Ландан хостори озодии ӯ аз боздошт шудаанд.

Аз ин пеш Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё (Би-би-сӣ), сафоратхонаҳои Бритониё ва Омрико, Иттиҳодияи Урупо, САҲУ, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хостаанд Ӯрунбой Усмоновро бедиранг озод кунад.

Вале рӯзи шанбеи гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши баёнияе ин хабарнигори Би-би-си-ро узви Ҳизби Таҳрир хондааст, ҳарчанд тибқи қонун танҳо додгоҳ метавонад ҷурми касеро собит бисозад ва то замони баргузории додгоҳ касеро наметавон узви ин ё он гурӯҳи мамнӯъ хонд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110621_if_usmanov.shtml

Ф.Воҳидова: «Усмонов ҳадафи тӯҳмат қарор ёфтааст»

[b]Урунбой Усмонов гуфтааст, рабти ӯ бо гурӯҳи мамнӯъ танҳо дар доираи фаъолияти ҳирфаияш ҷой доштааст.

Баъд аз як ҳафтаи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд, билохира вакили дифоъ Файзиниссо Воҳидова бо ӯ мулоқот кард.

Аммо ба гуфтаи хонум Воҳидова, мулоқоти ӯ бо Усмонов на як ба як, балки таҳти назари муфаттиши парванда сурат гирифтааст. Баъд аз анҷоми мулоқот хонум Воҳидова ҳозир шуд ба саволҳои Радиои Озодӣ посух гӯяд.[/b]

[b]Савол: Мулоқот бо зерҳимояатон – Усмонов чӣ гуна сурат гирифт?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Имрӯз, санаи 20 – уми июн дар ҳузури ман ба Урунбой Усмонов аз ҷониби тафтишоти пешакӣ расман айб эълон карда шуд. Бо моддаи 307, прим. 3, қисми 2, яъне «иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст.»

[b]Савол: Яъне, бо парвандаи Усмонов низ шинос шудед?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Бале, бо он маводе, ки бо иштироки зерҳимояам амалҳои тафтишотӣ баргузор шудааст.»

[b]Савол: Аммо мақомоти интизомӣ қаблан эълон карда буданд, ки алайҳи Усмонов ду банди асноди ҷиноӣ пешниҳод шудааст.[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Тартиби тафтишоти аввалия тибқи қонун чунин аст, ки баъд аз 10 рӯзи татбиқи чораи нигаҳ доштан дар ҳабс аз ҷониби додгоҳ, бояд мақомот айб пешниҳод кунад. Барои риояти қонун онҳо имрӯз аз рӯи як банд айб эълон карданд, аммо ин маънии онро надорад, ки онҳо танҳо ҳамин як айб пешинҳод карда истодаанд. Тафтишот ҳоло ду моҳ дар пеш дорад барои роҳандозии амалиёти тафтишотӣ, ҷамъоварии далелҳо ва эълони айби ниҳоӣ.»

[b]Савол: Аммо худи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ чӣ мегӯяд? Чӣ ҳодиса рух додааст?[/b]

[b]Файзинисо Воҳидова:[/b] «Усмонов дар ҳузури ман бо қарори муфаттиш шинос шуда, доир ба он нишондод дода, ваҷҳу далелҳои худро баён намуд. Аммо чунонки гуфтам, вохӯрӣ ва мулоқоти як ба як бо зерҳимояам баргузор нагардид. Имрӯз вохӯрӣ дар доираи амалиёти тафтишотӣ буд. Ман низ чун ҳимоягари ӯ дар ин бора талаб накардам.

[b]Савол: Чаро?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова[/b]: «Зеро бо назардошти шароити воқеии мавҷуда, маҳалли ҷойгирии мақомоти тафтишотӣ, шароиту хусусиятҳои раёсати амният чун вохӯрӣ дар утоқи кории мутфаттиш, таҳти назорати мақомот ва дастгоҳи назоратӣ анҷом мегирад. Ва имкони дар чунин шароит расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва гуфтугӯи як ба як ниҳоят маҳдуд аст, ман шахсан лозим нашуморидам чунин гуфтугӯ (як ба як) ҳоло барпо гардад. Ҳол он ки тибқи Асноди ҷиноӣ вакили дифоъ ҳуқуқ дорад бо нафари зерҳимояаш як ба як, бе маҳдудияти вақт сӯҳбат кунад. Умед дорам, аз ин ҳуқуқи худ танҳо баъди ба маҳкамаи тафтишотӣ гузаронидани Усмонов истифода кунам.»

[b]Савол: Ба ҳар ҳол, худи Усмонов ҳам сӯҳбат кард, дар бораи боздошт ва иттиҳоме, ки алайҳаш пешниҳод шудааст?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Бале, дар ҳоли ҳозир Усмонов бо айби пешниҳодкардаи тафтишоти пешакӣ розӣ нест. Худро гунаҳкор намеҳисобад. Ваҷҳҳои тафтишотро ба пуррагӣ инкор намуда, изҳор намуд, ки он барномаҳое, ки дар бораи фаъолияти ҳизби мамнӯъгаштаи Таҳрир омода кардааст ва дар зимн ду – се маротиба бо аъзои ин ҳизб вохӯриҳое анҷом додааст, он вақт ӯ аниқ инро намедонист. Ва ин аз пайи анҷоми фаъолияти касбиаш буда, ба бевосита ба фаъолияти хабарнигориаш рабт дорад. Ҳамчунин, вай гуфт, чун қонуни Тоҷикистон дар бораи васоити ахбори омма ба журналист барои ифшо насохтани манбаъҳои иттилоъи худ кафолат медиҳад, дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст. Дар ҳузури ман бевосита айби эълоншударо, фаъолият дар Ҳизб- ут-таҳрирро инкор намуда, баръакс ҳисси бадбинӣ ва нафрати худро алайҳи ин ҳаракат баён дошт.»

[b]Савол: Ҳоли ӯ чӣ тавр аст?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Боздоштшуда – Усмонов ягона шинояте, ки кард, аз вазъи сиҳатиаш буд. Акаи Урунбой гуфт, ки дар ҳақиқат он дорувор ва хӯроку чизҳое, ки пайвандонаш ба вай меоранд, дастрас мекунад. Аммо вай гуфт, ки эҳтиёҷ ба табобати тиббии касбӣ дар беморхона дорад.»

[b]Савол: Иқдоми минбаъдаи шумо дар ҳимояти ӯ чӣ хоҳад буд? [/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Чун имрӯз ман бо парванда ошно шудам ва дарёфтам, ки Урунбой Усмонов шомили Ҳизб-ут-таҳрир нест ва тамоми он корҳое, ки анҷом додааст, ба фаъолияти касбиаш рабт дорад, ман тасмим гирифтам ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва додситонии Суғд муроҷиат хоҳам кард. Умед дорам тамоми мақомоти назораткунанда тарафдори тафтиши пурраву объективона ва барқарор кардани адолат ҳастанд ва тафтиши парвандаи Усмонов бо риояти қонуни мурофиавӣ анҷом меёбад.»

Хонуми Воҳидова ҳамчунин гуфт, талош хоҳад кард, нисбати ду журналисте, ки ғайриқонунӣ ба мулоқоти зерҳимояаш рафтаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шавад: «Ин ду журналист аз тариқи фош кардани сирри тафтишот тариқи воситаҳои хабори омма, амнияти зерҳимояашро зери суол бурдаанд.»

Ба ин далел хонум Воҳидова, гуфт, ки ба манзури фароҳам овардани шароити нигаҳдорӣ ва табобат, ба ниҳодҳои зиддахл, ба хусус прокуротура муроҷиат хоҳад кард.

Ҳамзамон Файзинисо Воҳидова эълом кард, ки нисбати ду тан журналисте, ки ғайриқонунӣ ба мулоқоти зерҳимояаш рафта ва сирри тафтишотро тариқи васоити ахбори омма фош кардаанд, ба Додситони кулл муроҷиат хоҳад кард.

М.Муҳаммадраҷаб, Х. Ҳамдам.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24240755.html

Печидагиҳои боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ

[b]Мақомот мегӯянд, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Суғд бар асоси далоили мӯътамад боздошт шудааст.[/b]

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарнигори Би-Би-Сӣ муддати тӯлонӣ бо аъзои ин ҳизб дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон робита доштааст ва дар таҳияву пахши маводи таблиғотии «Ҳизб-ут-таҳрир», ки бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукумат ва тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистонро ташвиқ мекунанд, ширкат мекард.

Оқои Бӯриев гуфт: «Тибқи қонунгузории Тоҷикистон иҷозаи боздошт аз сӯи додгоҳ, ба шарте, ки далоили мӯътамад вуҷуд дошта бошанд ва новобаста аз он, ки шахс бо чӣ кор машғул аст, сурат мегирад. Дар тафтишоти пешакӣ тамоми нишондодҳои шоҳидон ва далоили боэътимод дар бораи узвияти Урунбой Усмонов вуҷуд доштанд. Аз ин беш чизе гуфта наметавонам, барои он, ки тафтишот идома дорад.»

Изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, масъули расидагӣ ба парвандаи Урунбой Усмонов, дар ҳолест, ки сафоратҳои Амрикову Бритониё ва дафтари САҲА дар Тоҷикистон, раҳбарияти Би-Би-Сӣ дар Лондон, созмонҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Ню-йорк ва «Хабарнигорони бидуни марз» дар Порис аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ шадидан изҳори нигаронӣ карданд ва навҳаи боздошти ӯро таҳти суол гузоштанд.

«Хабарнигорони бидуни марз» аз қавли ҳамкорони Усмонов овардааст, ки ӯ чанд маротиба дар бораи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва мавзӯъи барои Тоҷикистон ҳассос -сохтмони нерӯгоҳи Роғун навишта, ба фаъолияти мақомоти Тоҷикистону Узбакистон назари интиқодӣ дошт. Намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карданд, ки узвияти Урунбой Усмоновро дар «Ҳизб-ут-таҳрир» собит кунанд.

То ба ҳол мақомоти Тоҷикистон расман иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-Би-Сиро эълон надоштаанд, аммо сомонаи наздик ба мавқеи ҳукумат- pressa.tj, ки хабарнигораш бо Урунбой Усмонов вохӯрдааст, менависад, ахирӣ мулоқотҳояш бо амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон — Шариф Ёқубовро таъйид карда, гуфтааст, ки бо ӯ барои радио сӯҳбат анҷом додааст ва азбаски Ёқубов алайҳи ин расона ҳарф задааст, сӯҳбаташро ҳам пахш накардааст. Бино ба ин манбаъ, ду узви боздоштшудаи ҳизб ба муфаттиш баёнот додаанд, ки Усмонов дар «Ҳизб-ут-таҳрир» шахси тасодуфиву қаторӣ набуд ва яке аз боздоштшудагоне, ки алайҳи ӯ баёнот додаанд, аз пайвандонаш будааст.

Ленура Мустафаева, хабарнигори pressa.tj, ки бо Усмонов сӯҳбат кардааст, гуфт, дар ин бора наметавонад сӯҳбат кунад. Ӯ дақиқ нагуфт, ки дар кадом муассиса аст, аммо гуфт, он ҷост, ки дар борааш матлаб навиштааст:

Илҳоми Ҷамолиён, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони вилояти Суғд нафари дигарест, ки бо иҷозаи мақомот ҳудуди 7 дақиқа бо Урунбой Усмонов мулоқот доштааст: «Суол кардам, оё дуруст аст, ки шуморо латукӯб карданд ва ягон ҷои баданатон кабуд шудааст? Инкор карда, гуфтанд, ки муносибати муфаттишон дар сатҳи одаму одамгарӣ аст. Суоли дигар ин буд, ки оё аз хизмати ҳимоя даст кашидааст? Гуфтанд, ки бале, ба таври хаттӣ даст кашидааст. Дар охир чанд бор батаъкид гуфтанд, то ба ҳамкасбонашон расонам, ки шумо медонед, онҳоро (Ҳизб-ут-таҳрир)-ро бад мебинам. Ва чанд бор ҳам «афсӯс, афсӯс, афсӯс» гуфтанд. Бо ҳамин сӯҳбати мо ба охир расид.»

Аммо сомонаи pressa.tj аз қавли Урунбой Усмонов навиштааст, аз вакили мудофеъ ба он хотир даст кашидааст, ки хароҷоти молиявӣ дар пай дорад.

Аммо Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи оқои Усмонов, ки чанд рӯз ба ин сӯ наметавонад бо нафари таҳти ҳимояташ вохӯрад, мегӯяд, тибқи Кодекси мурофиаи ҷиноӣ, гумонбар танҳо дар ҳоле метавонад аз хизмати вакили дифоъ даст кашад, ки худ тавонад худро ҳимоят кунад: «Лекин вақте ин дасткашӣ бо вазъи молиявии ӯ рабт дошта бошад, муфаттиш ҳуқуқ надорад, ки амалиёти тафтишотиро бе ширкати вакили мудофеъ гузаронад. Вақте боздоштшуда дар ариза расман менависад, ки ба хотири вазъи молиявӣ вакили дифоъ гирифта наметавонад, қонун ӯҳдадор мекунад, ки аз ҳисоби буҷа ӯ бо вакили дифоъ таъмин шавад.»

Ба ҳамин минвол, Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ дар вилояти Суғд аввалин рӯзноманигорест, ки бо иттиҳоми узвият дар созмони тундгаро муттаҳам мешавад.

Пайвандони ӯ ҳам зимни як нома аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостори раҳоии ӯ шудаанд, зеро «дар тӯли 40 соли фаъолияти рӯзноманигории худ аз рӯзгори талху ширини Тоҷикистон беғаразона гузориш дода ва анҷоми вазифа кардааст.»

Фарҳоди Милод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24239142.html

Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон мулоқот намекунад?

[b]Эълони «Авфи тиллоӣ» дар арафаи 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чандест, ки сари забонҳо мегардад. Масъулони алоҳидаи ҳукумат дар чандин маврид изҳор доштанд, ки авфи маҳбусин дар салоҳияти президент мебошад ва ҳоло онҳо дақиқ намедонанд, ки райисҷумҳур чунин тасмиме мегирад ё хайр. Соҳибназарон бошанд, бо ишора ба таҷрибаи кишварҳои дигар, ки маъмулан дар арафаи ҷашнҳои бузург сарони кишварҳо теъдоде аз зиндониҳоро авф мекунанд, ҳадс мезананд, ки бо эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз «Авфи тиллоӣ»-е эълон хоҳад кард. Зиман, баъзеҳо интизори «сюрприз»-и дигаре аз ҷониби сарвари давлат ҳастанд- як мулоқоти вижа бо ширкати журналистони ватаниву хориҷӣ.[/b]

[b]Президент ба журналистон эътимод надорад?[/b]

Эмомалӣ Раҳмон аз замони дар курсии президентӣ нишастанаш ҳамагӣ як маротиба бо журналистони тоҷик мулоқоти рў ба рў дошт. Аммо ба ин дидор, ки 7-уми декабри соли 2009 баъди 17 соли райисҷумҳурии вай сурат пазируфт танҳо журналистон даъват нашуда буданд. Як иштирокчии мулоқоти мазкур гуфт, он бештар ба масоили НБО Роғун бахшида шуда буд. Ба қавли номбурда вохўрии мазкурро намешавад нишасти матбуотии президент бо журналистон номид, зеро он ҷо шоирону нависандагон ва дигар намояндагони аҳли эҷод ҳам ширкат доштанд. «Мулоқот бо журналистон мебоист ба ифтихори 50 солагии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир мегардид, аммо нашуд. Тасмими ниҳоӣ дар мавриди мулоқот моҳи ноябри соли 2009 буд, вале баъдан лағв шуд»,-афзуд вай. Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳамсўҳбати мо дар мавриди ин мулоқот журналистон ду рўз қабл огаҳӣ ёфтанд. Гузашта аз ин сармуҳаррирони бархе аз расонаҳо барои ширкат ба вохўрӣ бо Дмитрий Медведев, президенти Русия ба Маскав сафар карда буданд.

Аммо бо ин ҳама журналистони тоҷик онро то имрўз ягона мулоқоти рў ба рўи сарвари давлат бо намояндагони «ҳокимияти чорум» унвон мекунанд.

Ба иттилои иштирокдорони «мулоқоти таърихӣ» президент зимни сўҳбат хело самимиву заминӣ ва ошкоро бо онҳо сўҳбат кардааст. Ин дидор дар бинои Кумитаи телевизион ва радио наздик ба чор соат идома ёфт. Баъди ду рўз сомонаи «Время новостей»-и Русия матлаби Аркадий Дубнов «Мы возьмем Самарканд и Бухару. Таджикский президент рассказал о сокровенном»-ро мунташир кард. Худи Дубнов дар ин мулоқот ширкат надошт. Дар матлаби ў гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳояш бо Ислом Каримов, президенти Ўзбакистон нақл кардааст. Ин матлаб дар зудтарин фурсат аз сўи чандин сомонаи дигари русӣ бознашр шуд. Чанд сомонаи дигар онро ба таври худ шарҳу тафсир кард. Дар посух ба ин матлаб ягона мақоми расмие, ки изҳори назар кард, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон буд. Сўхангўи ин ниҳод он замон гуфт: «маълумоте, ки чанд расонаи русӣ паҳн карданд аз ҳақиқат дур аст». Аз миёни расонаҳои ватанӣ танҳо хабаргузории «Авесто» ба Аркадий ҷавобияе навишт, ки унвони «Чушь Дубнова. Сколько нам ее читать?»-ро дошт.

Ҳар чӣ ҳам буд, ин дидор то кунун барои журналистони тоҷик ягона боқӣ монд. Бархе таҳлилгарон мегўянд, нишасти хабарии аввалини Раҳмон имтиҳоне барои рўзноманигорони тоҷик буд, ки аз он нагузаштанд. Аз он дидори таърихӣ инак як солу панҷ моҳ сипарӣ мешавад, вале аз тасмими баргузории нишасти навбатии Эмомалӣ Раҳмон хабаре нест. Ахиран миш-мишҳое баланд шуд, ки дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар рў ба рўи журналистони тоҷик нишаста ба суолҳои сершумори онҳо ҷавоб хоҳад гуфт. Домани ин гапҳо то куҷо ба воқеият печидаанд? Аз дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфтанд, ки алъон дар мавриди баргузории нишасти хабарӣ бо ширкати сарвари давлат маълумоте надоранд, вале ваъда карданд, ки дар сурати роҳандозӣ шудани чунин як тасмим ҳатман журналистонро огоҳ хоҳанд кард.

Аммо Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, таҳлилгари Маркази «Диалог» чандон бовар надорад, ки дар сурати баргузор шудани мулоқоти вижаи президент бо журналистон онҳое ба вохўрӣ роҳ ёбанд, ки чизи гуфтание доранд. Ба қавли номбурда доир шудани мулоқоти рў ба рў бо президент орзўи тамоми хабарнигорони тоҷик, бахусус онҳоест, ки дар қалб дарде доранд ва раванди мушкилзои кишварро ба хубӣ эҳсос ва таҳлил карда метавонанд. «Аммо бо эҳтимоли қавӣ дар сурати баргузор шудани чунин як мулоқот ширкати рўзноманигорони фаъол ва аз вазъияти минтақа ва ҷаҳон огоҳ ғайриқобили иҷро ба назар мерасад». Ба бовари Сайфуллоҳзода хабарнигорони нашрияҳои ғайриҳукуматӣ, ки метавонанд масоили доғи рўзро дар ҳузури президент рўирост матраҳ намоянд, эҳтимолан ба ин мулоқот даъват намешаванд.

Ба суолҳои хабарнигорони ватаниву хориҷӣ посух додани президент дар бисёр кишварҳо аллакай монанд ба анъана гардидааст. Бино бар иттилои расонаҳо Уго Чавес, президенти Венесуэлла ҳатто ровии як барномаи радиоӣ аст. Ў сари ҳар чанд вақт ва дар вақти муайянашудае ба эфир баромада бо мардум сўҳбат мекардааст. Аз миёни кишварҳои пасошўравӣ метавон гуфт, ки баргузор кардани нишасти хабарӣ ё ҷавоб гуфтан ба саволҳои журналистон дар Русия шакл гирифтааст. Ин чиз аз аҳди Путин оғоз шуд ва Медведев онро идома медиҳад. Ҳамчунин, Медведев чанде қабл бо масъулини се ширкати телевизионии маъруфи кишвараш сўҳбати рў ба рў ва тўлоние дошт.

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» мегўяд зуд-зуд дар ҳузури журналистон нишастани президенти Русия аз ду ҷиҳат хеле муҳим аст. Аввалан Русия кишвари паҳновар аст ва ҳам сохти давлатдории федеролӣ дорад, ки махсусиятҳо ва нозукиҳои сиёсӣ дар зери ин қабо ниҳон аст. Бинобар ин, ҳар президенти баргузидашудаи Русияро воҷиб аст, ки тавассути суолу ҷавоби мустақим бо журналистони тамоми кишвар дар фазои шаффоф (чун мулоқоти ў бо рўзноманигорон аз тариқи ТВ-и қариб ними дунё мустақиман пахш мешавад) аз амалҳои иҷронамудааш ба ҳайси сарвари давлат ба мардумаш ҳисобот диҳад. Ба қавли Шарифзода аз паҳлўи дигар бо баргузории чунин нишастҳо райисҷумҳурони Русия ба худ «плюс» зам кардан мехоҳанд:

-Набояд фаромўш кард, ки чунин мулоқотҳо барои президентҳои амалкунандаи Русия, чун дигар кишварҳои демократӣ, як навъ PR (бо маънои мусбиаш) низ мебошад, чун мўҳлати президентии эшон муайян аст ва умеди неке аз интихоботҳои минбаъда доранд.

Дар ҳамин асно раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» мегўяд зарурати баргузории як нишасти вижаи райисҷумҳури Тоҷикистонро бо рўзноманигорон намебинад. Иддаои Қироншоҳ Шарифзода чунин аст:

— Барои чунин мулоқоти президенти Тоҷикистон бо журналистон зарурате нест. Чун президент ба суолҳои эҳтимолии журналистон дар ҳар мулоқоташ бо «фаъолон»-и расмӣ зимни суханрониаш пешакӣ ҷавоб медиҳад.

Дар ҳамин маврид бояд зикр намуд, ки чанд сол қабл зимни як мулоқот бо занони фаъол, Бибихонуми Дарвешзода, хабарнигори тоҷик хостори як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Эмомалӣ Раҳмон шуд. Райисҷумҳур ваъда кард, ки танҳо бо ў на, балки бо ҷамъе аз журналистон мулоқот хоҳад кард.

[b]Шумо аз президент чӣ мепурсед?[/b]

Ба ҳар сурат мушоҳида мешавад, ки хабарнигорони зиёде мунтазири як нишасти вижаи матбуотӣ бо ҳузури президенти кишвар ҳастанд. Дар робита аз чанд журналисти тоҷик пурсидам, ки дар сурати баргузории чунин нишаст ва даъват шуданашон ба президент чӣ суол хоҳанд дод?

[b]Исматулло Азизов[/b]:

— Аз президенти кишвар суол мекардам, ки воқеаҳои мамолики Араб то ба кадом андоза шахсан Шуморо нигарон кардааст? Суоли дуюм: Амрико метавонад, ки барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ бошад?

[b]Қамари Аҳрор:[/b]

-Ба фикри Шумо ҳодисаҳои дар кишварҳои исломӣ назири Мисру Сурия ва Яман ба вуқўъомада, ки ба фирор ва барканории раисҷумҳурони ин давлатҳо боис шуд, барои сарони кишварҳои минтақа то чӣ ҳад хатарангез аст?

[b]Сафарбек Кабиров:[/b]

— Агар ин рўз муясарам мебуд, мегуфтам, ки қариб дар ҳама мулоқотҳоятон аз кори вазорату садорат, руасову вузаро шиква мекунед, пас бо ин «гушношунавҳо» чӣ карданиед?

[b]Анўшервони Ёдгор:[/b]

— Ўзбакистон аз мухолифони аслии сиёсии тарҳи Роғун маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди кашмакашҳои мухолифатомези ҷониби ҳамсоякишвар дар роҳи бунёди нерўгоҳи мазкур гуфта метавонед, ки агрегати аввали ин нерўгоҳ кай ба кор оғоз хоҳад кард?

[b]Шаҳноза Бобомуродова:[/b]

— Ман хоҳиш мекардам, ки аз ҳисоби буҷа як рўзномаи ҳаррўзнашршавандае таъсис дода шавад, ки билкул аз рўзномаҳои имрўзаи ҳукуматӣ фарқкунанда бошад. Як андоза ҷиддитар, бо сабку услуби тоза ва наздик бо журнализми муосир. Кормандонаш низ онҳое бошанд, ки фикри тоза ва дониши кофӣ дар ин соҳаро дошта бошанд.

[b]Субҳон Ҷалилов:[/b]

— Шумо Радиои «Ватан» ва барномаи субҳонаи «Субҳи Ватан»-ро гуш мекунед?

[b]Ҳикматулло Сайфуллоҳзода:[/b]

— Суоли аввали банда ин хоҳад буд, ки оё баъд аз иҷлосияи Хуҷанд миёни раиси Шўрои олии вақти Тоҷикистон ва президенти Ўзбакистон кадом мулоқот ва аҳде дар мавриди дурнамои кишвар ва низоми давлатдории Тоҷикистон буд ё хайр? Саволи дигарам ин мешавад, ки дар кишвар бархўрд ба арзишҳои исломӣ мутафовит аст ва чаро дар афкори мақомот Ислом дини бегона аст, дар ҳоле ки Шумо Имоми Аъзамро улгуи ҷаҳони Ислом арзёбӣ кардаед? Баъди посухи ошкор пайдо шудан ба ин саволҳо пайдо шудани саволоти дигар осон мегардад.

[b]Маҳмадалӣ Мақсадулло:[/b]

— Дархост мекардам, ки ба журналистон, ҳамчун беҳимоятарин қишри ҷомеа ба таври қонунӣ яроқ дода шавад, то дар ҳолатҳои зарурӣ аз худ ва аҳли оилаашон ҳимоя карда тавонанд.

[b]Хуршеди Атовулло:[/b]

— Ягон савол надорам, чун ҷавоби ҳама суолеро ки пайдо мешавад дорам.

[b]Саида Қурбонова:[/b]

— Дар интихоботи ояндаи президентӣ ҳам номзадиашонро мемонанд?

[b]Саидэҳсони Ҷалолиён:[/b]

— Оё Эмомалӣ Раҳмон омодааст бо «мухолифон»-аш (барои мисол Раҳматилло Зоиров, Муҳиддин Кабирӣ, Хоҷимуҳаммад Умаров ва чандеи дигар, ки аз Шўрои ҷамъиятӣ хориҷ буда, имкони сўҳбати мустақим бо президентро надоранд) мулоқот намуда, андешаҳои эшонро дар масоили мухталифи рўзмара тариқи телевизионҳои давлатӣ ошкоро пахш кунанд?

[b]Абдуазими Абдуваҳҳоб:[/b]

— Ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳоло ягон суол надорам. Агар суол дошта бошам, барои гуфтани он ҳоло ҷасоратам намерасад.

[b]Умедҷони Саъдулло:[/b]

— Президент дар ояндаи наздик тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон барои филмбардории сатҳи касбӣ ва баён кардани проблемаҳои сатҳи сиёсӣ аз ин тариқ маблағҳои зиёд ҷудо кунад? Суоли дигар: Оё дар оянда имкони бунёди ягон заводи мошинсозӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст?

[b]Нуралӣ Давлатов:[/b]

— Ҷаноби президент! Ба назари шумо, пас аз сари қудрат рафтанатон дар саҳифаҳои таърих Шумо чӣ гуна ёд хоҳед шуд?

[b]Фирдавси Аъзам:[/b]

— Агар саодати мулоқот бо раисҷумҳур бароям муяссар бишавад ҳатман аз ў посухи мушаххаси чунин суолҳоро мехостам:

— Омили ташануҷи авзоъ ва сардии муносиботи Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояву ҳаммарзи Ўзбакистон дар чист?

— Соле қабл дар Тоҷикистон таблиғи саросари ва ҷамъоварии муташакилона барои бунёди НОБ-и Роғун сурат гирифт, вале баъди гузашти чанд фурсат шўълаи ин ҳама ташвиқу таблиғ хомўш шуд. Оё ин падида ягон ҷанбаи сиёсие дорад ва умуман донистанӣ ҳастем, ки сарнавишти ин тарҳи ба истилоҳ сарнавиштсоз чӣ мешавад?

— Мусофирати муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои хориҷ то кай идома меёбад ва оё Тоҷикистон дар ояндаи наздик имкони бунёди иншоотҳои муҳиму корхонаҳоро дорад?

— Оё Шумо розӣ ҳастед, ки мо ба хатти аслии худ, яъне форсӣ баргардем?

[b]Талабшоҳи Салом:[/b]

— Агар ман бо президент рў ба рў мешудам, савол намедодам, балки хоҳиш мекардам, то дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ба тамаллуқкорӣ хотима бахшад. Зеро шурўъ аз даромадгоҳи беморхона то ферма, ҳама ҷо сухани президент ҳамчун шиор овезон аст, ҳол он ки ҳар як соҳа дорои мутахассису олим аст. Пас, хуб нест, ки дар зоишгоҳ ба ҷойи сухани президент дар бораи шири модар тавсияи олимеро аз соҳаи тиб овезон кунем, ки асоси илмӣ дошта бошад, на назареро, ки шояд нигилизме беш набошад.

[b]Муҳайё Нозимова:[/b]

— Мехоҳам аз президент дар мавриди қазияи замини ба Чин додашударо пурсам. Ҳам парлумон ва ҳам вазорати корҳои хориҷиямон ба зарурати додани ин қитъаи замини Тоҷикистон таъкид мекарданд, Шумо чӣ мегўед?

[b]Далери Ғуфрон:[/b]

— Аз ҷаноби президент суолам ин мебуд, ки Тоҷикистон кай воқеан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад.

Вақте аз журналистон мепурсидам, ки бо муҳайё шудани шароит аз президенти кишвар чӣ суол мепурсанд, бештари рўзноманигорони собиқадор хомўш менишастанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ба райисҷумҳур саволе надоранд, қисме хоҳиш ҳам мекарданд, ки агар мумкин бошад ба ин саволи ман посух нагўянд…

Ба ҳар сурат ҳоло рўшан нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо журналистон мулоқоти вижае анҷом медиҳад ё ин вохўриро ба вақти дигар мемонад. Аммо бо эҳтимоли қавӣ ҷаноби райисҷумҳур дар суханронӣ ва мулоқотҳое, ки дар чорчуби барномаҳои ҷашнии 20-умин солгарди Истиқлолият баргузор мешаванд, ҳатман ба аксари саволҳои дар боло овардашуда ҷавоб мегўяд.

Абдулазизи ВОСЕЪ

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/siyosi/762-2011-06-08-07-28-14.html

Маҳрумияти хабарнигор Усмонов аз ҳимояти ҳуқуқӣ

[b]Ба вакили мудофеи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ иҷозаи мулоқот бо зерҳимояаш дода нашудааст.[/b]

Рӯзи ҷумъа Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов, ки дар боздоштгоҳи раёсати амнияти Хуҷанд қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз соати 10-и субҳ то поёни рӯз пушти дари боздоштгоҳи муваққатии Раёсати амнияти вилояти Суғд воқеъ дар Хуҷанд интизори мулоқот истода буд, вале ба ӯ имкони вуруд ба боздоштгоҳ дода нашудааст.

Дар бораи сабаби ин ҳолат хонуми Воҳидова мегӯяд: «Ба ман мулоқот муяссар нашуд, зеро рӯзи сеюм аст, ки гӯё муфаттиш бо дигар амалиёти тафтишотӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Суғд машғул аст ва бе ӯ ин мулоқот номумкин аст. Аллакай сар аз 15-уми июн ба ҳабси ӯ иҷозаи расмӣ дода шудааст.»

[b]Суол: Яъне бо ҳукми додгоҳ?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Бале ҳукми додгоҳ аст, ки аз 15-уми июн чораи ҳабси пешакӣ барои муддати 2 моҳ татбиқ гардидааст. Ва инчунин, азбаски худи гумонбар Усмонов ба тариқи хаттӣ аз хидмати вакил даст кашидааст, мақомоти татфишот барои таъмин намудани ӯ бо адвокат ягон чора наандешидаанд.»

[b]Суол: Шумо бо муфаттиши парванда сӯҳбат доштед? Хабарнигори Би-Би-Сӣ ба чӣ айбдор мешавад?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Бале, ман бо муфаттиши парванда сӯҳбат доштам ва ӯ иброз дошт, ки хабарнигор барои шомил шудан ба иттиҳоди ҷиноии ифротгаро, яъне «Ҳизби таҳрир» айбдор шудааст ва гӯё айбномаи ӯ бо фаъолияти касбии журналистияш вобастагӣ дорад.»

[b]Суол: Вале ба назари Шумо, сабаб чист, ки намегузоранд, бо зерҳимоятатон мулоқот кунед?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Ба назари ман ва бино бар он иттилое, ки дар даст дорам, муфаттиш баҳона пеш овардааст, ки ӯ бо дигар амалиёти тафтишотӣ дар дигар ноҳияҳо машғул аст, лекин ман фикр мекунам, ки аз он рӯзе ки ман ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод кардам, муфаттиш вазифадор буд, ки барои ман чунин имкониятро диҳад, то ки ман муайян кунам, ки дар ҳақиқат аз ҷониби боздоштшуда ариӯа дар бораи даст кашидан аз хидмати вакил ихтиёран навишта шудааст ё ӯро маҷбур сохтанд, ки аз хидмати вакил даст кашад. Ва хешу пайвандони Усмонов иброз доштанд, ки ҳангоми ба манзили зисташ барои кофтуков овардан гӯё ки изҳои ҷароҳати ҷисмониро мушоҳида кардаанд. Вале тавре гуфтам, то имрӯз ман натавонистаам бо боздоштшуда мулоқот кунам ва ин ҳолатро танҳо дар мулоқот муқаррар карда метавонам. Шояд ҳамин сабабу баҳонаҳо, ки муфаттиш дар ноҳияҳои дигар банд аст, ба хотири он аст, ки як фурсате гузарад, то ки изҳои ҷароҳат дар бадани ӯ аз байн раванд. Яъне он гоҳ, дар оянда ба воситаи тахшиси додгоҳии тиббӣ ин ҳолатро исбот карда наметавонем, чун бо гузаштани вақту фосила аллакай изи ин ҷароҳатҳо мераванд.»

[b]Суол: Ба ҳар ҳол оё мақомот гуфтанд, ки кай Шумо хоҳед тавонист бо хабарнигори боздоштшуда Урунбой Усмонов мулоқот хоҳед кард?[/b]

[b]Файзиниссо Воҳидова:[/b] «Дирӯз ваъда дода буданд, ки имрӯз соати даҳ ба ман муяссар мешавад, яъне имконият медиҳанд, лекин имрӯз аз соати 10 то бегоҳ ман ба ин чиз муваффақ нагаштам ва худи ҳозир ба ман боз ваъда карданд, ки рӯзи душанбе ба ман чунин имконият дода мешавад.»

Имрӯз аз боздошти хабарнигори бахши Осиёи Марказӣ дар шабакаи Би-Би-Сӣ панҷ рӯз мегузарад вале вакили мудофеъ бо вуҷуди талошҳо натавонистааст бо Урунбой Усмонов дидор дошта бошад.

Файзиниссо Воҳидова гуфт, ки муфатиши парвандаи хабарнигор Усмонов аз дирӯз то ҳол бо ҳар баҳона худро ба дурӣ мекашад ва коғази иҷозати вуруд ба боздоштгоҳи амниятиро намедиҳад.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, Усмонови 59-сола бемории диабет ё «қанд» дошта, аз фишори баланди хун азият мекашад. Изофа бар ин ӯ ба наздиконаш гуфтааст, ки мавриди лату кӯби шадид қарор доштааст ва «агар ин рафтор идома кунад, дер нахоҳад пойид.»

[b]НИГАРОНИИ СОЗМОНҲОИ ХАБАРНИГОРИ АЗ БОЗДОШТИ УСМОНОВ[/b]

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз боздошти хабарнигори бахши узбакии BBC Урунбой Усмонов нигаронӣ кардаанд.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон дар баёнияи муштарак аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар даъват ба амал овардаанд, ки то замони эълони ҳукми додгоҳ дар мавриди амали Усмонов, ӯро ҳамчун гунаҳкор муаррифӣ накунанд ва дар нисбати журналист бар асоси қонунҳои ҷории кишвар мунсифона ва шаффоф расидагӣ кунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон мегӯяд: «Мо аллакай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кардем, ки набояд ҳангоми тафтишот арзишҳои ҳуқуқӣ нақз ёбанд ва ҳатман ин қазияро ҳамаҷониба таҳқиқ мекунем, ки ҷараёни бозрасӣ мувофиқи қонун сурат гирад.»

Мухтор Боқизода, масъули Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон бар инаст, ки роҳ наёфтани вакили мудофеъ ба мулоқот бо журналисти боздоштшуда шакку шубҳаро дар робита ба ин парванда бештар кардааст.

Вай меафзояд ба фаъолияти Усмонов марбут будани иттиҳом низ баёнгари ҳол аст, зеро вақте ки як хабарнигор дар ҳар мавзӯи мухталиф ҳатто роҷеъ ба фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир менависад, табъан ҳаракат мекунад, ки маълумоти бештар ба даст орад ва ин ба он маъное нест, ки вай ҳамкорӣ дорад.

Ин созмонҳои журналистӣ тасмим гирифтанд, ки ҳамзамон паҳлӯҳои ҷараёни айбномаи Урунбой Усмоновро мавриди таҳқиқи қарор диҳанд, ки то кадом андоза дар ҳамкорӣ бо созмони Ҳизб-ут-таҳрир даст дорад.

Дар ҳамин ҳол раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Саттор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бахши вилоятии Иттиҳодияи журналистон дар Суғд дастур додааст, то шева ва зарфияти боздошти Урунбой Усмоновро дар сӯҳбат бо мақомоти ҳуқуқии вилоят мушаххас кунанд.

Акбаралӣ Саттор афзуд, ки ниҳоди онҳо мехоҳад дақиқ кунанд, ки хабарнигори Би-Би-Сӣ дар заминаи фаъолияти хабарнигорӣ боздошт шудааст ё хайр. Он гоҳ Иттиҳодияи журналистон дар робита ба боздошти Урунбой Усмонов мавқеи худро муайян хоҳад кард.

Як рӯз пеш, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, Дуня Миятович низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов, изҳори нигаронӣ кард. Дар номае ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вай навиштааст: «Бо вуҷуди эҳтироми ман ба ҳуқуқи ҳукумат дар мубориза бо терроризм, шароити боздошти Усмонов ва рафтор бо ӯ, аз ҷумла радди ҳуқуқи ӯ ба вакили мудофеъ нигарониҳои марбут ба маҳдудияти озодии баёнро ба миён меоранд.»

Миятович гуфтааст, аз он нигарон аст, ки ин ҳабс мумкин як талоши дигари фишор ба журналистоне бошад, ки дар мавзӯъҳои ҳассос менависанд. Вай инчунин аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳабсу муҳокимаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдовар шудааст.

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ, сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва созмони Хабарнигорони бидуни марз низ хостори рӯшанӣ дар қазияи Усмонов ва озодии фаврии ӯ шудаанд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Мирзонабии Холи

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24237812.html