Архив рубрики: Таҳлил

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон: «Ӯрунбой Усмоновро табраъа кунед»

[b]Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар баёнияи рӯзи панҷшанбеи худ дар робита ба озодии машрути Ӯрунбой Усмонов, аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ табраъа шавад.
[/b]
Дар ин баёния мехонем: «Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон озод шудани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ҷаҳонии Би-би-сиро истиқбол мекунад ва аз мақомот дархост мекунад, ки ӯро комилан табраъа кунад ва ҳама гуна шароити маҳдудияти сафарро дар қиболи ӯ лағв кунад.»

Роберт Маҳоне, раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигрон гуфтааст: «Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи зиндон ба хонаводааш баргашт оҳи сабукӣ кашидем. Боздошти Усмонов ноҳақ буд ва мо аз мақомоти тоҷик мехоҳем, ки иттиҳомоти беасосро алайҳи ӯ ва маҳдудияти сафарро барои ӯ лағв кунанд.»

Ӯрунбой Усмонов, ки тӯли даҳ соли ахир барои барномаи Осиёи Миёнаи Бахши Ҷаҳонии Би-би-сӣ кор кардааст, рӯзи 13-уми июн тавассути маъмурони интизомӣ ва амниятӣ дар Хуҷанд. шимоли Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Вай расман дар «мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ ҳастанд» ва дар «мусоъидат ба фаъолияти гурӯҳи ҷоноӣ» мазнун дониста мешавад.

[b]Баёнияи Би-би-сӣ дар бораи озодии машрути Усмонов[/b]

Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 14-уми июл, пас аз боздошти беш аз якмоҳа ба манзили худаш дар Хуҷанд баргашт. Вай гуфт, ки ӯ “хаста, аммо хеле шод аст.”

Би-би-сӣ дар баёнияи марбут ба озодии машрути Ӯрунбой Усмонов навишт, ки “авлавияти мо ин аст, ки Ӯрунбойро дар миёни хонаводааш бубинем.”

Дар ин баёния мехонем, ки Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри 14-уми июл таҳти шароити вижа аз боздошт озод шуда ва ба куллия афроде, ки аз ӯ тарафдорӣ мекунанд, ибрози сипос кардааст.

Масъулони Би-би-сӣ дар баёнияи худ гуфтаанд: “Мо мунтазирем, аз ҷузъиёти бештари шароити озодии оқои Усмонов огоҳ шавем, аммо то ҷое маълум аст, ӯ то замони баргузории муҳокимаи додгоҳ дар Хуҷанд хоҳад буд.”

Питер Ҳаррокс, Раиси бахши Ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии машрути Ӯрунбой Усмонов гуфт: “Мо аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем.»

Вай афзуд: “Ҳамон гуна, ки мо пайваста таъкид доштем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журнолистиаш барои Би-би-сӣ буд.”

Дар ин баёния аз қавли оқои Ҳаррокс ҳамчунин мехонем: “Мо медонем, ки хонавода ва дӯстони Ӯрунбой аз бозгашти ӯ ба хонааш шоданд ва аз талошҳое ки ҳамкорон дар Би-би-сӣ ва ҷаҳон дар ин замина кардаанд, қадрдонӣ мекунем.”

[b]Шодии хонавода аз бозгашти падар[/b]

Дар ҳоле, ки оқои Усмонов дар ҳоли ҳозир аз мусоҳиба худдорӣ мекунад, Ойбек Усмонов, писари ӯ дар посух ба ин савол, ки вазъи саломатӣ ва равонии падарашонро чӣ гуна дарёфтанд, гуфт: «Ӯ хеле шод аст, беҳад хурсанд аст, аммо хеле лоғар шудаанд. Мо мехоҳем, базудӣ ӯро ба пизишки асабшиносаш нишон бидиҳем.»

Аз ӯ пурсидем, ки оё оқои Усмонов дар бораи зиндагиаш дар боздошт чиҳо мегӯяд, Ойбек гуфт: «Аз бас, ки меҳмон зиёд дорем, ҳанӯз фурсати ин гуна сӯҳбат набуд, аммо падарам чун медонистанд, ки бегуноҳанд, бовар доштанд, ки озод хоҳанд шуд.»

Ойбек гуфт, ки аз ҳаяҷон ва шодӣ аҳли хонавода то дер вақт бедор буданд, чун аз дидори падар сер намешуданд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110715_sq_urunboy_back_home.shtml

Гуфта ва ногуфтаҳои Сӯҳроб Шарипов

[b]Ҳадафи онҳо шиддат гирифтани муносибатҳо, аз ҷумла сар задани инқилобу низоъҳо дар Тоҷикистон аст. Ман мегӯям, ки интизориҳои онҳо ҳеч вақт бароварда намешавад…[/b]

Раҳбари маркази тадқиқоти стретегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои таҳлиливу пажӯҳишии Ғарб дар гузоришҳои солонаи худ танҳо ҷиҳатҳои манфии кишварҳои Осиёи Миёнаро пешниҳод карда, тарафҳои мусбиро нодида мегиранд. Ба қавли Сӯҳроб Шарипов бо ҳамтоёни дигараш аз Осиёи Марказӣ зимни нишасти вижае тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ба ҳар нуқтаи назари манфии чӣ ҳукумат ва чӣ созмонҳои таҳлилии ғарбӣ посух гӯянд.

[b]Ноадолатӣ аз нигоҳи стратег [/b]

Сӯҳроб Шарипов, раиси маркази тадқиқоти стратегӣ ( МТС) мегӯяд, аксари гузоришҳои гурӯҳҳои пажӯҳишии ғарбӣ, ба вижа сохторҳои давлатии Амрико дар нисбати Осиёи Миёна ба куллӣ аз нуқтаи назари манфӣ таҳия мешаванд. Дар ягон ҳолат аз дигаргуниҳои мусбӣ наменависанд. Ба иддаои номбурда: «Ин тамоман нодуруст аст. Ҳам аз ҷиҳати илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ-амалӣ. Ин баҳодиҳиҳо тамоман ноадолатона мебошанд».

Гуфтан ба маврид аст, дар бештари пажӯҳишҳои созмонҳои ғарбӣ Тоҷикистон зинаҳои нокомро муаррифӣ мекунад. Раҳбари маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз хулосаи ин гузоришҳо гуфт, ки онҳо на воқеӣ, балки ҳадафмандона таҳия мешаванд. «Ҳадафи онҳо шиддат гирифтани муносибатҳо, аз ҷумла сар задании инқилобу низоъҳо дар Тоҷикистон аст. Ман мегӯям, ки интизориҳои онҳо ҳеч вақт бароварда намешавад».

Ёдрас мекунем, чанде қабл Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои осебпазир шомил карда буд. Аммо Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, соли равон аз ҷиҳати низоми рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Тоҷикистон соли хубу бобароре хоҳад шуд.

Раҳбари МТС, ки ба манзури натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳодаш дар ҳузури хабарнигорон нишаст, афзуд, пешгӯиву гузоришҳои ҳар гуна созмонҳои пажӯҳишии байналмилалӣ ҳамасола пешниҳод мекунанд, асоси воқеӣ надоранд. Ӯ гуфт, ин гузоришҳо аз рӯи як қолаб омода шуда, якрангу якнавохтанд ва ҳар сол бидуни иловае аз нав нашр мегарданд: «Масалан, агар ба таҳлилҳои се соли охири «Интернешнл кризис групп» назар андозед, онҷо ягон дигаргунии назарасеро намебинед. Онҳо аз рӯи қолабҳо кор мекунанд. Асоси ҷараёнҳои объективии рушди минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро ба назар намегиранд».

Ба қавли Шарипов дар мулоқот бо чанд сафир ва намояндаи мақомоти байналмилалӣ, ки соли равон ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки ин пажўҳишҳо таҳлилҳои соддае беш нестанд ва набояд ҷиддӣ гирифта шаванд.

[b]«Гузоришҳоро беҷавоб намемонем»[/b]

Сӯҳроб Шарипов гуфт аввалҳои моҳи май раҳбарони марказҳои тадқиқоти стретегии кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамоиши вижае (бидуни ширкати ҷониби Ӯзбакистон ва Туркманистон) дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо ҳам овард. Дар ин нишаст тасмим шудааст, ки бояд ба гузоришҳои яктарафаи Ғарб вобаста ба давлатҳои Осиёи Миёна посух гуфта шавад. «Ба гузоришҳое, ки ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам созмонҳои ғайриҳукуматии онҳо нисбат ба Осиёи Миёна хунукназарона таҳия карда, баҳои манфӣ дода мешавад, ҳаматарафа, ҷавобҳои худро хоҳем дод»,-илова намуд Шарипов. Маврид ба тазаккур аст, ки то имрӯз мақомоти расмӣ ба ҳеч як гузориши созмон ва давлатҳои ғарбӣ расман посух надодаанд.

Ба иддаои раҳбари МТС даҳ соли охир Тоҷикистон тибқи низоми давлати демократӣ рушд мекунад ва дар ин муддат дигаргуниҳои зиёди мусбӣ ба вуҷуд омаданд. Аз соли 2000-ум то ин ҷониб мутобиқи принсипҳои демократӣ ҳазорҳо қонунун қабул карда шуд, дигаргуниҳои ҷиддӣ дар системаи сиёсӣ ба миён омад, рушди системаи иқтисодӣ шакл гирифт, вале дар гузоришҳои давлатҳои ғарбӣ ҳамаи инро нодида мегиранд, мегӯяд Сӯҳроб Шарипов. Дар нишасти Алмаато ҳамчунин, зикр шудааст, ки марказҳои тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, худашон ба вазъи минтақа ва бахшҳои мухталифи он баҳои сазовор бидиҳанд ва муносибати худро бо бозингарони геополитикӣ то соли 2015 муайян намоянд. Тоҷикистон то имрӯз дар рейтинги баробарҳуқуқии зану мард, радаи давлатҳои сулҳпарвар, рейтинги озодии баён, шохиси давлати рақобатпазир дар бахши туризму ҷаҳонгардӣ дар зинаҳои нигаронкунанда қарор гирифтааст. Ҳамчунин, ҷумҳурии моро дар қатори давлатҳои «осебпазир», «худкома», «ноозод» мавқеи «ифтихорӣ» дода, дар радифи 20 кишвари нодор ворид карданд.

Абдулазизи Восеъ

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/1329-2011-07-14-11-52-00.html

Озодии “нотамом”-и Урунбой Усмонов

[b]Пас аз як моҳи бозпурсию таҳқиқ ва эъломияву баёнияҳо хабарнигори Би-би-сӣ аз ҳавои озодӣ нафас кашид.[/b]

Раҳоии ӯро на танҳо аҳли хонаводааш, балки ҷомеаи журналистӣ, ҳамкасбон дар Тоҷикистон ва берун аз он, сафоратҳои хориҷӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ низ интизор буданд. Ин боздошт барои мақомоти давлатии Тоҷикистон низ “дарди сар”-и бузурге эҷод карда буд. Амале сурат гирифта буд, ки ба обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон халал ворид кард ва ҳам аз сӯи дигар далелҳои қатъии “ҷурм”-и журналист низ дар миён набуд, зеро агар мебуд, раванд шояд тағйир намекард.

Дар нахустин лаҳзаҳои озодияш Урунбой Усмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳамаи онҳое, ки барои раҳоии ӯ талош карданд, сипосгузорӣ кард ва гуфт, “худро хушбахт ҳис мекунам ва ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва адолати раҳбарони Тоҷикистон бовар дорам.»

[b]ДАСТУРИ РАИСИҶУМҲУР[/b]

Сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон дар умури назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амниятии кишвар Муҳаммадҷон Хайруллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи Усмонов идома дорад, аммо додситонӣ чораи пешгирӣ аз ҳаракати ӯро тағйир дод ва қарори озодии журналистро аз ҳабсхонаи мувақаттӣ имзо кард.

Ҷаноби Хайруллоев гуфт: «Президент дастур доданд, ки аз ҳабс озод кунед, ман қарорашро бароварда, ба додситонии вилоят фиристодам. Аз ҳабс озод мешавад. Лекин дар бораи парвандааш ҳоло қарор қабул карда нашудааст.»

Тақрибан пас аз як соати имзо шудани ин дастур Урунбой Усмонов аз боздоштгоҳи мувақатӣ ва ба бинои додситонии вилояти Суғд оварда шуд ва аз ҳамин ҷо фарзандонаш ӯро истиқбол гирифтанд.

[b]НОМАИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН[/b]

Дар ҳоле ки дастикам ду дафъа Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аз мақомоти Тоҷикистон дар мавриди Усмонов посух хост ва як дафъа масъала дар нишасти САҲА баррасӣ шуд, соатҳое пас аз озодии Усмонов намояндаи домиии Тоҷикистон дар САҲА, дар Вена, Нуриддин Шамсов, мавзеъгирии расмии кишварро шарҳ дод.

Вай дар номае ба унвони Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот раҳоии хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ дар вилояти Суғд Урунбой Усмоновро аломати дигари ирода ва пойбандии давлати Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳояш дар чаҳорчӯби САҲА дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва тазмини озодии матбуот номид.

Ҷаноби Шамсов бо ишора ба озодии Усмонов аз маҳбас менависад: «Мақомоти интизомии кишвар дар бораи қазия гузориши мукаммал омода ва ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мекунанд. Дар ин робита, такрор мекунам, ки кормандони расонаҳо ва журналистон, ки вазифаҳои худро ба шеваи масъулона ва ҳирфаӣ ва дар чаҳорчӯби қонунҳои миллӣ анҷом медиҳанд, дар фаъолияти рӯзмарраи худ бо ҳеҷ гуна мушкил рӯбарӯ намешаванд.» Сафир Шамсов афзудааст, расондани иттилоъ ба САҲА баёнгари садоқати Тоҷикистон ба иҷрои ӯҳдадориҳояш дар чаҳорчӯби САҲА аст.

Ин дар ҳолест, Миятович бо номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ муроҷиат намуда буд ва мегуфт, то ҳанӯз посухе дарёфт накардааст. Фиристодагони Би-би-сӣ дар дидор бо намояндагони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе низ посухи барояшон қонеъкунанда нагирифта буданд ва мегӯянд, эҳсос мешуд, онҳо аз амалкарди мақомоти амниятӣ чандон роҳат нестанд.

[b]ИТТИҲОМОТ[/b]

Мақомоти амниятии вилояти Суғд ҳангоми боздошт, хабарнигорро ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир муттаҳам мекарданд. Аммо дертар ин иттиҳом лағв гашта, Урунбой Усмонов ба он айбдор мешуд, ки дар бораи мулоқоташ бо намояндаи гурӯҳи мамнӯъ ба маъмурони амниятӣ иттилоъ надодааст. Ба ақидаи вакили ҳуқуқии хабарнигор, Файзиниссо Воҳидова, Усмонов ҳақ дорад, бино бар Қонуни матбуот ва васоити ахбори умум манобеи иттилоотиро худро пинҳон дорад.

Дар як моҳи ҳабси Усмонов созмонҳои байнулмилалии журналистӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, сафоратҳои хориҷӣ дар чандин изҳорот хостори озодии ӯ шуданд. Раҳбарияти Би-би-сӣ батакрор гуфтааст, ба иттиҳомоти алайҳи Усмонов бовар надорад ва даъват кардааст, ки хабарнигор бо назардошти вазъи сиҳатияш аз маҳбас раҳо шавад Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази пужӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти амниятӣ ва вазорати умури хориҷии кишварро дар робита ба боздошти Урунбой Усмонов муртакиби камандешӣ ва хомӯшӣ донист. Вай гуфт, ки мебоист қабл аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ маъмурони амниятӣ бояд фикр мекарданд, ки амалкарди онҳо барои Тоҷикистон чӣ пайомадҳои нохубе хоҳад дошт.

“Ҳар як амале, ки корманди амният мекунад бояд оқибаташро андешад, ки ба чӣ оварда мерасонад. Сатҳи хатари ин амали рӯзноманигор ба амнияти кишварро мешавад ба оқибати боздошти хабарнигори Би-би-сӣ, ки Тоҷикистон дучори нигарониҳои шадиди кишварҳои демократии ҷаҳон шуд, қиёс кард?” – чунин суоле дар миён гузошт ҷаноби Шарифов.

[b]БАРХӮРД БО КИШВАРҲОИ АВРУПО[/b]

Раиси Маркази пужӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои густариши ҳамкориҳои Душанбе бо Иттиҳоди Аврупо сар задани қазияи Усмоновро тасодуф надонист ва ишора кард, ки «баъзеҳо омилҳо мехоҳанд, бо истифода аз чунин амалҳо баъзе сохторҳои Тоҷикистонро ба «бозӣ» дароранд.”

Ҷаноби Шарифов афзуд, “раисиҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар дошт ва сухан дар бораи ҳамкориҳои бештари Тоҷикистон бо Тазоҳуроти озодии Усмонов дар Лондон кишварҳои Аврупо мерафт, вале баъд мебинем, ки ин ҳодиса пеш омаду тамоми кишварҳои Аврупо нигаронии худро нисбати боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон изҳор доштанд. Намешавад, ки тамоми талошҳои президентро барои як амал барбод дод. Модоме ки кормандони амният чунин рафтор мекунанд, чӣ магар аттестатсияи кормандони амният гузаронида шавад?”

Масъала дар ҳоле доғтар шуд, ки як рӯз пеш аз он рӯзи чаҳоршанбе Додситонии кулли Тоҷикистон аз анҷоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятии Урунбой Усмонов, хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ иттилоъ дод. Шерхон Салимзода дар ин нишасти хабарӣ гуфт, натиҷаҳои таҳқиқро ба раисиҷумҳур гузориш хоҳад кард. Вай ишора кард, ки парванда зери назорати президенти Тоҷикистон аст.

Дар ин байн ба изофаи баёнияҳои бешумори байнулмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, САҲА, созмони Афви байнулмилал, Гузоришгарони бидуни марз, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ғайра раҳбарони Би-би-сӣ борҳо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карданд ва рӯзи сешанбе Андӣ Илвес, як намояндаи аршади ин расона ба Душанбе сафар кард, то қазияи Усмоновро бо раҳбарони Тоҷикистон баррасӣ кунад.

[b]ПАСМАНЗАР[/b]

Урунбой Усмонов рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Оқои Усмонов пас аз даҳ рӯзи боздошт дар идораи амният, ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст. Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнигори боздоштшудати Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов низ бар ин бовар аст, ки бо интиқоли зерҳимояаш ба СИЗО -и Хуҷанд имкони мулоқоти рӯ ба рӯ фароҳам хоҳад шуд.

Аз ҷониби дигар ба таъкиди хонум Абдураҳимова, ҳамсари Урунбой Усмонов: «вазъи саломатии шавҳарам, хуб нест, рангаш зард шудагӣ, хеле маъюс аст. Албатта акнун, ки ба СИЗО гузаронидаанд, умедворем, вазъаш беҳтар шавад, табибон кӯмак кунанд, мо ҳам аз ҳолаш хабардор шавем».

Ба таъкиди хонум Абдураҳимова, шавҳараш худро гунаҳкор намедонад ва дар пайи тӯҳмат ба чунин рӯзе гирифтор шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи нигаронкунандаи шавҳараш, Малоҳат Абдураҳимова бори дигар аз раиси ҷумҳур хостааст, то дар озодии шавҳараш Урунбой Усмонов, кӯмаку мусоидати худро дареғ надорад. Ин дар ҳолест, ки пайвандони Урунбой Усмонов дар номаи саркушода аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои озодии вай мусоидат кунанд.

Урунбой Усмоновро ба гумони узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир боздошт карданд. Аммо худи Урунбой Усмонов мегӯяд, боздошти вай ба фаъолияти журналистиаш вай рабт дорад.

Ҳамчунин вакили мудофеъ, идораи марказии Би-би-сӣ, созмонҳои байналмилали дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ низ ба ин нукта таъкид мекарданд.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24265810.html

Сӯҳроб Шарипов: “Қазияи Ӯрунбой Усмонов сиёсӣ шуд”

[b]Раиси Маркази мутолеъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти амниятӣ қабл аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ бояд пайёмадҳои ин амалро андеша мекарданд.[/b]

Сӯҳроб Шарипов, раиси ин марказ рӯзи панҷшанбеи 14 июл дар як нишасти матбуъотӣ фаъолияти мақомоти амниятӣ ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар қиболи қазияи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро шадидан интиқод кард.

Вай гуфт:“Ҳар як корманди амният бояд оқибати ҳар корро андеша кунад. Оё сатҳи хатари кори ин хабарнигор ба амнияти Тоҷикистон ва пайёмадҳои боздошти вай ба Тоҷикистон баробар ҳастанд? Аз ин кор мо чӣ ба даст овардем?”

Сӯҳроб Шарипов таъкид кард, ки боздошти оқои Усмонов дуруст баъд аз чанд рӯзи анҷоми сафари “хеле ҷиддии” Президент Раҳмон ба кишварҳои урупоӣ сурат гирифт. Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳои миёни кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон арзёбӣ шуда буд.

[b]Пешниҳоди имтиҳон барои кормандони амниятӣ[/b]

Оқои Шарипов афзуд: “Аммо баъд аз анҷои ин сафар ҳамаи ниҳодҳои урупоӣ нисбати Тоҷикистон нигарониҳои худро изҳор доштанд. Охир, ин корҳо чунин набояд бошанд. Шояд, аттестатсияи кормандони низоми амниятӣ гузаронида шавад. Дар он ҷо чӣ кодрҳое кор мекунанд ва ба чӣ машғуланд онҳо?”

Раиси Маркази мутолеъоти Тоҷикистон, ки як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурӣ аст, мегӯяд нуфузи давлат, ки “бо заҳмати ҳарсоъатаи президент ба даст меояд, дар як дам барбод додан чӣ маънӣ дорад?”

Оқои Шарипов мӯътақид аст, ки ҳар як фарди муҷрим бояд муҷозот шавад, вале “бояд вазни ҷионятро бубинем, пайёмадҳои онро андеша кунем ва нигоҳ кардан даркор, ки бо кӣ сару кор дорем.”

Ба эътиқоди оқои Шарипов, таваҷҷӯҳи ҷиддии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин қазия аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “ин кор сиёсӣ шудааст. Ҷаноби Олӣ (Президент Раҳмон) дида истодаанд, ки баъзе омилҳое вуҷуд доранд ва маълум аст, ки мумкин аст баъзе сохторҳои моро бозӣ доронанд.”

[b]Интиқод аз сукути вазорати хориҷа[/b]

Раиси маркази мутолеъоти Тоҷикистон ҳамчунин аз фаъолияти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди қазияи Ӯрунбой Усмонов интиқод кард ва гуфт, ки ин ниҳод бояд фаъолияти “ҷиддитаре дар ин замина анҷом медод”.

Оқои Шарипов афзуд: “Вақте суфарои кишварҳои хориҷӣ ба ҳукумати Тоҷикистон нотаҳо баён мекунанд, бо онҳо кумитаи амнияти миллӣ набояд кор кунад. Бо онҳо бояд вазорати умури хориҷа кор кунад, сафирҳоро ҷамъ кунад ва ба онҳо корҳое, ки амалӣ мешаванд, фаҳмонанд. Вале, вазорат хап аст. Ин чӣ гап аст?”

Сӯҳроб Шарипов бар ин бовар аст, ки агар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба мавқеъ суфарои кишварҳои хориҷиро аз раванди ин қазия огоҳ месохт, шояд мизони “фишорҳои сиёсӣ” пойин мерафт.

Зимнан, Сӯҳроб Шарипов нахустин мақоми давлатист, ки дар қиболи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳори назар мекунад.

Ҳарчанд, рӯзи сешанбеи 12 июл Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон низ дар як нишасти матбуъотӣ дар бораи боздошти оқои Усмонов хабарҳое ироа кард.

Вай аз ҷумла гуфт, таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов анҷом ёфта ва ба додситонӣ ироа шудааст ва Додситонии кул бояд дар ин замина ба Президент Раҳмон гузориш бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Раҳматулло Зойиров, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар мусоҳибае бо нашрияи “ASIA-Plus” боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли кишварро “сиёсӣ ва суфоришӣ” арзёбӣ кард.

Ба эътиқоди вай, натоиҷи таҳқиқоти муқаддамотии парвандаи Ӯрунбой Усмонов собит месозад, ки маъмурони амниятӣ барои боздошти ин хабарнигорӣ Би-би-сӣ далоили кофӣ надоштанд ва ин амр бозгӯйи “иҷрои ғайриҳирфаии супориш” аст.

[b]CPJ: «Журнолизмро ҷурм маҳсуб надонед»[/b]

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон муҷададдан аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ сареъан озод шавад.

Баёнияи тозаи ин кумитаи байналмиллалӣ аз давлати Тоҷикистон ҳамчунин хостааст, ки аз иттиҳомоти марбут ба «нарасондани иттилоъ», ки алайҳи Ӯрунбой Усмонов ворид шудааст, даст кашад.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, ки мақараш дар Омрикост, дар баёнияи тозаи худ, ки шоми рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл мунташир шудааст, иддаъо дорад, ки чунин иттиҳомот алайҳи хабарнигор ангезаи сиёсӣ дорад.

Роберт Мехонӣ, муъовини раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон гуфтааст, ик чунин амал дар воқеъ ҷурм донистани худи журнолизм аст. Дар баёния мехонем: «Ба ин далел, мо тақозо дорем, ки давлати Тоҷикистон аз ин иттиҳом алайҳи Усмонов даст кашад ва ӯро сареъан озод кунад.”

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ҳамчунин аз изҳороти тозаи сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 13 июл интишор шуд, ёдовар шудааст.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон бо такя ба ин манбаъ таъкид кардааст, ки иттиҳомоти марбут ба иртиботи хабарнигори Би-би-сӣ бо Ҳизби Таҳрирро бепоя медонад, зеро мулоқот ва мусоҳиба бо афроди мухталиф ҷузъе аз фаъолиятҳои ҳар хабарнигори Би-би-сӣ маҳсуб мешавад.

Зимнан, рӯзи сешанбеи 12 июл Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ хабар дод, ки таҳқиқи парвандаи оқои Усмонов поён ёфта ва ин парванда ба додситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.

Ҳамчунин вай изҳор дошт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз натоиҷи ин қазия ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, гузориш хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигорон ва мудирони бахшҳои мухталифи Би-би-сӣ рӯзи чаҳоршанбеи 13 июл барои чаҳорумин бор дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Ландан ҳамоише эътирозӣ дар иртибот бо боздошти Ӯрунбой Усмонов барпо карданд.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн аз ҷониби кормандони пулис ва амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгаро, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнӯъ аст, боздошт шуд.

Мақомҳои амниятии Тоҷикситон ӯро ба доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда ва мегӯянд, ки боздошти оқои Усмонов ба фаъолиятҳои хабарнигорияш иртибот надорад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон пештар хабар дода буданд, ки оқои Усмонов «тавассути Би-би-сӣ ва Озодӣ таблиғи ормонҳои Ҳизби Таҳрир кардааст.»

Худи Ӯрунбой Усмонов, аҳли хонаводааш ва шабакаи хабарии Би-би-сӣ мукарраран ба бегуноҳ будани ӯ таъкид кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳама гуна ҳаракот ва аъмоли ӯ дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигориаш сурат гирифтааст.

Аз замони боздошти оқои Усмонов то ба имрӯз чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон бо судури баёнияҳое хостори озодии вай шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110714_if_urunbay.shtml

Додгоҳҳо нашрияҳои мустақилро хуш надоранд?

[b]Дар як соли ахир 6 даъвои додгоҳӣ алайҳи 8 расонаи мустақил бо талаби 1 865 000 доллар ҷубронпулӣ сабт шудааст.[/b]

НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд, чунин бархӯрд мавҷудияту фаъолияти минбаъдаи матбуоти мустақилро зери суол мебарад.

Танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ ду нашрияи мустақил — “Миллат” ва “Пайкон”-ро барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи ду идораи давлатӣ, “Тоҷикстандарт” ва Вазорати кишоварзӣ, ба маблағи беш аз 60 ҳазор доллар ҷарима баст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мегӯяд, ҷаримаҳои комилан номувофиқ ба буҷаи нашрияҳо ва талабҳои батакрори қатъи фаъолият дар ҷараёни баррасиҳои додгоҳӣ, аз афзоиши фишор рӯи хабарнигорон гувоҳӣ медиҳад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбариин созмони хабарнигорӣ гуфт, таъқиби додгоҳии журналистҳо ҳам ба обрӯи додгоҳ ва ҳамин тавр ба обрӯи ҳукумати Тоҷикистон латма мезанад.

Дар ҳамин ҳол, Рухшона Олимова, намояндаи Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷаримаҳои бузургҳаҷм дар ҳоле таъйин мешаванд, ки фоидаи нашрияҳо дар баъзе ҳолат хароҷоти ин расонаҳоро пӯшонида наметавонад.

«Дар сурате, ки дар додгоҳҳо расонаҳоро ба маблағи 1 миллион ва аз он зиёд ҷарима мебанданд, ин ба маънии муфлисшавии нашрия ва аз фаъолият бозмондани он мегардад. Нофаҳмие, ки бештар расонаҳоро ба шиддат нигарон кардааст, амалкарди додгоҳҳо аст, ки мехоҳанд, нашрияҳоро аз байн баранд. Ба ин хотир ҳам мо тибқи як барномаи ҷадид як гурӯҳ вакилони мудофеъро ба Киев фиристодем, то таҷриба андӯзанд ва дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ВАО пуштибонӣ карда тавонанд.»

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, роҳи ягонаи аз байн бурдани фишор ба матбуот, бозбинии мусаввабаи пленуми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 4-уми июни соли 1992, «дар бораи таҷрибаи судҳо ва қонунгузории ин кишвар дар робита ба ҳифзи шарафу эътибори шаҳрвандон ва ташкилот» мебошад.

Ӯ афзуд: «Ман аз он хушбинам, ки дар ин нишаст намояндаи Додгоҳи олӣ бо мо ҳамфикрӣ нишон дод ва мо дар ояндаи наздик тамоми парвандаҳои марбут ба фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигоронро ҷамъ карда таҷрибаи додгоҳиро низ истифода карда як китоби руйимизӣ мисли таҷрибаи
кишварҳои дигари Осиёи Миёна таҳия мекунем.»

[b]»ОЗОДИИ СУХАН БА НАЗАР ГИРИФТА НАМЕШАВАД»[/b]

Иноят Иноятов, ки дар бисёр мурофиаҳои додгоҳӣ аз хабарнигорон ҳимоят мекунад, мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон дар масъалаи тартиби пешниҳоди даъво оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ, аз ҷумла ҳаҷми боҷи давлатиро мушаххас пешбинӣ накардааст.

Аз ин рӯ, аз васоити ахбори умум дар додгоҳ боҷҳои давлатии ҳангуфт талаб мекунанд: «Мушкилоти дигар ин аст, ки мақомоти ҳифзи қонун аз давраи тафтишот то баррасии парвандаҳо дар додгоҳ муқаррароти конститутсионӣ оид ба озодии суханро на ҳамеша ба эътибор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки Конститутсия озодии суханро ҳамчун озодии асосии инсон кафолат додааст.»

Дар зимн мақомоти давлатӣ низ бозбинӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳои мушаххас ба қонунгузории ҷории Тоҷикистон оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбат ба расонаҳоро як амри зарурӣ медонанд.

[b]НОРӮШАНИҲОИ ҚОНУНИ МАТБУОТ[/b]

Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин маврид чунин ибрози назар кард: «Воқеан ҳамин номушаххасиҳову норӯшаниҳо дар қонунҳои ҷорӣ, инчунин қонуни матбуот, ҳангоми баррасии парвандаҳо мушкил ба бор меорад. Манзури ман тибқи ин ё он банд ба ҷавобгарӣ кашидану ҷарима бастани Васоити ахбори умум ва рӯзноманигорон аст. Бояд ҳарчӣ зудтар ин норӯшаниҳо ва номукаммалиҳо аз миён бардошта шаванд. Ин ҳам ба фоидаи судҳо ва ҳам ба фоидаи Васоити ахбори омма ва ҳам ҷомеа хоҳад буд.»

Баҳсу баррасиҳои намояндагони ВАО бо мақомоти давлатӣ, ба хусус ниҳодҳои додгоҳӣ дар ҳолест, ки пешнависи «Қонун дар бораи ВАО» дар дасти баррасии парлумони ин кишвар қарор дорад. Масъулони парлумон низ мегӯянд, ки лоиҳаи қонуни ҷадид ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар заминаи фаъолияти озоди расонаҳо дар ин кишвар аст.

Сафаргули Олимӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24259910.html

Созмонҳои хабарнигорӣ: “Танқид таҳқир нест”

[b]Хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то дар мавриди мусаввабааш дар заминаи ҳимоят аз шаъну шараф, эътибор ва ҳайсияти корӣ таҷдиди назар кунад.[/b]

Ин мусавваба, ки дар 4 юни соли 1992 дар ҷаласаи умумии Додгоҳи олӣ тасвиб шуда буд, то ҳоло дастури кори додгоҳҳои кишвар ба ҳангоми баррасии қазияҳои расонаҳо аст.

Дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе дар рӯзи ҷумъаи 8 июн, таъкид шуд, ки ин мусавваба кӯҳна шуда ва ба қавонини Тоҷикистону меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад.

Тоҳир Қодиров, як масъули Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод омода аст дар сурати ислоҳи қавонини марбут, бахусус, Қонуни “Матбуъот ва дигар васоити ахбори омма” дар мусаввабаи ҳимоят аз шаъну шараф, эътибор ва ҳайсияти корӣ низ тағйирот ворид кунанд.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарифов, корманди созмони “маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар”-и Тоҷикистон, дар тайи яку ним соли ахир дар ин кишвар 6 қазияи додгоҳи алайҳи 8 расонаи мустақил сабт шудааст, ки мизони ғароматҳо дар ин даъвоҳои додгоҳӣ ҳудуди 1 милюн 900 ҳашзор дулори омрикоиро ташкил додааст.

Оқои Шарифов гуфт, мавориди таъқиби журнолистон барои матолиби интиқодӣ ба мушоҳида расида ва алайҳи се хабарнигор барои фаъолияти касбӣ парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Ба эътиқоди Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, даъвоҳои додгоҳӣ дар қиболи хабарнигорон ва расонаҳо ба эътибори қувваи қазоӣ ва давлати Тоҷикистон латма ворид хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар бештари маворид интиқоди мақомоти давлатӣ аз ҷониби масъулони давлатӣ ҳамчун таҳқир ё хатшачадор кардани шаъну шарафи онҳо арзёбӣ шуда ва амнояндагони васоили ахбори умум ба додгоҳ кашонда мешавад.

Афзун бар ин, Набӣ Юсуфов, раиси созмони машваратии “Медиаконсалтинг” таъкид кард, ки умдатан мизони маболиғи даъвоҳои додгоҳӣ ба рсонаҳо ё хабарнигорон болиғ ба 1 милюн сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, гардиши солонаи нашрияҳои мустақил аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ будааст.

Оқои Юсуф мӯътақид аст, ки ҳадаф аз чунин маболиғи бузурги даъвои додгоҳӣ комилан варшикаста кардани нашрияҳои мустақил аст, ки дар бораи мушкилоти иқтисодии кишвар ё фасод дар сохторҳои давлатӣ матолиби интиқодӣ мунташир мекунанд.

Дар ин ҳамоиш аз қазияи додгоҳии нашрияи мустақили “Пайкон” бо муассисаи давлатии “Тоҷикстандарт” ёдоварӣ шуд, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе “Пайкон”-ро муваззаф кард, то ба “Тоҷикстандарт” “барои интиқоди нодуруст ва ворид кардани хисороти маънавӣ” ба миқдори 300 ҳазор сомонӣ ғаромат пардохт кунад.

Ин амр ба баста шудани нашрияи “Пайкон” мунҷар шуда ва мумкин аст, ин хатар ба нашрияҳои мустақили дигар низ таҳдид кунад.

Хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз ниҳодҳои қазоии Тоҷикистон хостанд, ба ҳангоми баррасии қазияҳои расонаҳо ё хабарнигорон имкони молии онҳоро ба назар гиранд.

Ҳамчунин, ашхос ё ниҳодҳои даъвогар чун дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳангоми пешниҳод кардани даъвои додгоҳӣ бояд ба миқдори ҳаддиақал 2 дар сади маболиғи даъво боҷи давлатӣ пардохт кунанд.

Масалан, агар маблағи даъво 1 милюн сомонӣ буд, даъвогарро лозим аст ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт кунад.

Ба эътиқоди Иноят Иноятов, вакили мудофеъ, дар ин сурат мумкин аст, шумораи даъвоҳои додгоҳӣ дар қиболи расонаҳо ва хабарнигорони мустақил коҳиш ёбад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110708_mm_supreme_court_pressa.shtml

«Ҳукумат дар қатли Шаҳзод даст дорад.»

[b]Адмирали амрикоӣ Майк Муллен гуфтааст, ҳукумати Покистон дар куштори рӯзноманигор Салим Шаҳзод нақш дорад.[/b]

Шаҳзод, ки дар бораи ҳузури ҷангҷӯён дар артиши Покистон мақола менавишт, моҳи май ба қатл расидааст. Вале ҳукумати Покистон изҳороти Мулленро “фавқулода бемасъулият” номида, онро маҳкум кардааст.

[b]ШАҲЗОД САЛИМРО ЧАРО КУШТАНД?[/b]

Ба назар мерасад, ки ин изҳороти афсари воломақоми нерӯҳои мусаллаҳи ИМА Муллен бо Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон равобити ИМА ва Покистонро боз ҳам сардтар хоҳад кард. Ибтидои моҳи май нерӯҳои таъйиноти хоси ИМА дар қаламрави Покистон раҳбари шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодинро маҳв намуда, равобити миёни Вашингтону Исломободро таҳти фишор қарор дода буданд.

Сухангӯи ҳукумати Покистон изҳороти адмирали амрикоиро “фавқулода бемасъулият” унвон додааст.

Шаҳзод 29-уми май баъди навиштани як мақола дар бораи нуфузи ал-Қоида рӯи нерӯҳои баҳрии Покистон беному нишон шуд. Пас аз ду рӯз ҷасади Шаҳзод ёфт шуд, ки ба қавли полис саршор аз нишонаҳои шиканҷа буд.

Рӯзи панҷшанбе аснои як сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Вашингтон, адмирал Муллен гуфт, ба фикри ӯ куштори хабарнигори нашрияи интернетии Азия Таймс (Asia Times Online) Салим Шаҳзод бо дастури ҳукумати Покистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Вале Муллен барои тасдиқи ин гуфтаҳояш шаҳодати муассире пешкаш накард, ки даст доштани хадамоти кашфи Покистон (ISI) дар куштори хабарнигорро собит намояд. Фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА афзуд, ки ин амал роҳи пешгирифтаи ҳукумати Покистонро мавриди шубҳа қарор медиҳад.

[b]МАҚОМОТИ ПОКИСТОН РАД МЕКУНАНД[/b]

Вазири иттилооти Покистон хонум Фирдавс Ошиқ Аъвон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки изҳороти адмирал Муллен дар равобити миёни Вашингтону Исломобод мушкил эҷод хоҳад кард. Ӯ таъкид кард, ки ин паём дар ҷанги муштарак бар зидди терроризм мушкилӣ ба бор меорад. Ин мақоми покистонӣ гуфт, ки ҳукумат як ниҳоди мустақилро ба хотири таҳқиқи куштори Шаҳзод ташкил кардааст ва изҳороти Муаллен ба ин ниҳод кӯмак намерасонад.

Парвиз Шавкат-раиси Иттиҳоди Федералии рӯзноманигорони Покистон, ки яке аз аъзои комиссияи таҳқиқи куштори Шаҳзод мебошад, ба радиои Озодӣ гуфт: “Сарфи назар аз паёмҳо дар расонаҳои амрикоӣ, комиссия ба шаҳодат ниёз дорад. Комиссияи шаръӣ борҳо эълон кардааст, ки ҳар шаҳодат дар бораи марги Шаҳзодро ба ин ниҳод пешкаш кунанд.”

Хадамоти кашфи Покистон ҳам даст доштан дар куштори Шаҳзодро рад кардаааст.

Шаҳзоди 40-сола бо таҳқиқоташ дар бораи шабакаҳои террористии мустақар дар Покистон ва равобити онҳо бо хадамоти кашфи Покистон машҳур шуда буд. Дар арафаи беному нишон шуданаш, Шаҳзод мақолае навишта, таъкид кард, ки бархӯрди 22-23 май дар шаҳри Карочӣ баъди ноком шудани музокироти махфии хадамоти кашфи Покистон бо намояндагони ал-Қоида ба амал омад. Дар ин ҳамлаи ҷангҷӯён болои пойгоҳи баҳрӣ, ки 16 соат идома дошт, даҳ афсари низомиву чор чангҷӯй кушта шуданд.

[b]РАВОБИТИ БЕ ИН ҲАМ САРДИ АМРИКОВУ ПОКИСТОН[/b]

Аслан қабл аз куштори Шаҳзод ва изҳороти Муллен, равобити Вашингтону Исломобод начандон гарм буд. Шаби якум ба дуюми май дар шаҳри Абботобод, ки саршор аз иншооти низомии Покистон аст, нерӯҳои таъйиноти хоси ИМА амалиёти махфӣ раҳандозӣ намуда, раҳбари шабкаи ал-Қоида Усома бин Лодинро маҳв намуданд.

Он замон ҳам суоле матраҳ буд, ки оё фармондеҳони низомии Покистон воқеан аз макону буду боши Усома бин Лодин огаҳӣ надоштанд?

Ба ҳар сурат адмирал Муллен таъкид кард, ки феълан қатъ намудани кӯмаки молӣ ба Покистон, боиси фоҷеаи бештар хоҳад шуд.

Искандари Хоҷа Мирзода

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24259627.html

Созмонҳои хабарнигорӣ: “Танқид таҳқир нест”

[b]Хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то дар мавриди мусаввабааш дар заминаи ҳимоят аз шаъну шараф, эътибор ва ҳайсияти корӣ таҷдиди назар кунад.[/b]

Ин мусавваба, ки дар 4 юни соли 1992 дар ҷаласаи умумии Додгоҳи олӣ тасвиб шуда буд, то ҳоло дастури кори додгоҳҳои кишвар ба ҳангоми баррасии қазияҳои расонаҳо аст.

Дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе дар рӯзи ҷумъаи 8 июн, таъкид шуд, ки ин мусавваба кӯҳна шуда ва ба қавонини Тоҷикистону меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад.

Тоҳир Қодиров, як масъули Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод омода аст дар сурати ислоҳи қавонини марбут, бахусус, Қонуни “Матбуъот ва дигар васоити ахбори омма” дар мусаввабаи ҳимоят аз шаъну шараф, эътибор ва ҳайсияти корӣ низ тағйирот ворид кунанд.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарифов, корманди созмони “маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар”-и Тоҷикистон, дар тайи яку ним соли ахир дар ин кишвар 6 қазияи додгоҳи алайҳи 8 расонаи мустақил сабт шудааст, ки мизони ғароматҳо дар ин даъвоҳои додгоҳӣ ҳудуди 1 милюн 900 ҳашзор дулори омрикоиро ташкил додааст.

Оқои Шарифов гуфт, мавориди таъқиби журнолистон барои матолиби интиқодӣ ба мушоҳида расида ва алайҳи се хабарнигор барои фаъолияти касбӣ парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Ба эътиқоди Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, даъвоҳои додгоҳӣ дар қиболи хабарнигорон ва расонаҳо ба эътибори қувваи қазоӣ ва давлати Тоҷикистон латма ворид хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар бештари маворид интиқоди мақомоти давлатӣ аз ҷониби масъулони давлатӣ ҳамчун таҳқир ё хатшачадор кардани шаъну шарафи онҳо арзёбӣ шуда ва амнояндагони васоили ахбори умум ба додгоҳ кашонда мешавад.

Афзун бар ин, Набӣ Юсуфов, раиси созмони машваратии “Медиаконсалтинг” таъкид кард, ки умдатан мизони маболиғи даъвоҳои додгоҳӣ ба рсонаҳо ё хабарнигорон болиғ ба 1 милюн сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, гардиши солонаи нашрияҳои мустақил аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ будааст.

Оқои Юсуф мӯътақид аст, ки ҳадаф аз чунин маболиғи бузурги даъвои додгоҳӣ комилан варшикаста кардани нашрияҳои мустақил аст, ки дар бораи мушкилоти иқтисодии кишвар ё фасод дар сохторҳои давлатӣ матолиби интиқодӣ мунташир мекунанд.

Дар ин ҳамоиш аз қазияи додгоҳии нашрияи мустақили “Паймон” бо муассисаи давлатии “Тоҷикстандарт” ёдоварӣ шуд, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе “Паймон”-ро муваззаф кард, то ба “Тоҷикстандарт” “барои интиқоди нодуруст ва ворид кардани хисороти маънавӣ” ба миқдори 300 ҳазор сомонӣ ғаромат пардохт кунад.

Ин амр ба баста шудани нашрияи “Паймон” мунҷар шуда ва мумкин аст, ин хатар ба нашрияҳои мустақили дигар низ таҳдид кунад.

Хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз ниҳодҳои қазоии Тоҷикистон хостанд, ба ҳангоми баррасии қазияҳои расонаҳо ё хабарнигорон имкони молии онҳоро ба назар гиранд.

Ҳамчунин, ашхос ё ниҳодҳои даъвогар чун дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳангоми пешниҳод кардани даъвои додгоҳӣ бояд ба миқдори ҳаддиақал 2 дар сади маболиғи даъво боҷи давлатӣ пардохт кунанд.

Масалан, агар маблағи даъво 1 милюн сомонӣ буд, даъвогарро лозим аст ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт кунад.

Ба эътиқоди Иноят Иноятов, вакили мудофеъ, дар ин сурат мумкин аст, шумораи даъвоҳои додгоҳӣ дар қиболи расонаҳо ва хабарнигорони мустақил коҳиш ёбад.

Мардони Муҳаммад

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110708_mm_supreme_court_pressa.shtml

Дархост барои тағйири “чораи пешгирӣ” нисбати Усмонов

[b]Вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов аз муфаттиши парвандаи муваккилаш дархости расмӣ дар бораи тағйири навъи ончи “чораи пешгирӣ” номида мешавадро кардааст. Дар ин дархост омадааст, ки чораи пешгирӣ то анҷоми таҳқиқоти муқаддамотӣ аз «ҳабс» ба «набаромадан аз ҷойи зист» таҳти замонат тағйир дода шавад.[/b]

Дар ҳоли ҳозир чораи пешгирие, ки нисбат ба Ӯрунбой Усмонов истифода шудааст “ҳабс” аст.

Аммо Файзинисо Усмонов, вакили мудофеъи оқои Усмонов мегӯяд, таъйиноти додгоҳ дар бораи ҳабси муваккилаш дар ҳоле содир шудааст, ки оқои Усмонов вакили мудофеъ надошт, ки аз додгоҳ чораи пешгирии муносиб барои вазъи саломатии худ тақозо кунад.

Дар ин дархост омадааст, ки ҳарчанд дар рӯзҳои нахуст оқои Усмонов аз вакили мудофеъ даст кашида бошад ҳам, ӯ на огоҳии кофии ҳуқуқӣ ва на шароити озодӣ барои ҷамъоварии асноди зарурирӣ дар бораи вазъи саломатӣ ва шахсияти худро дошт, то ки дар муқобили дархости муфаттиш дар бораи ҳабс аз додгоҳ, аз ҳаққи худ дифоъ кунад.

Рӯзи 15-уми июн дар ҳоле, ки Ӯрунбой Усмонов ҳанӯз вакили мудофеъ надошт, додгоҳи шаҳри Хуҷанд бино ба дархости маъмурони амниятӣ иҷозаи истифодаи чораи пешгирии навъи “ҳасб” дар нисбати Ӯрунбой Усмоновро содир карда буд.

[b]Дидори Ӯрунбой Усмонов бо пизишк[/b]

Дар ҳамин ҳол шоми рӯзи панҷшанбеи 7-уми июл, пас аз дархости Ӯрунбой Усмонов дар ин бора, профессор Маҳмудҷон Мамадҷонов, пизишки шаҳри Хуҷанд ӯро аз мушоҳидаи пизишкӣ гузаронд.

Ойбек Усмонов, писари Ӯрунбой Усмонов гуфт, падараш дар ҳоле аз тариқи вакили мудофеъ хостори муъоинаи тиббӣ аз ҷониби профессор Маҳмудҷон Мамадҷонов шудааст, ки ӯ дорои бемориҳои мухталифи музмин, аз ҷумла бемории қанд, бемории қалб ва осеби сар аст.

Профессор Мамадҷонов пас аз омӯхтани вазъи саломати оқои Усмонов бархе аз ановини ташхисро барои вай тавсия карда ва гуфтааст, ки танҳо пас аз омӯзиши натоиҷи ин ташхисҳои пизишкӣ, дар бораи вазъи саломати оқои Усмонов тавзеҳот ироа хоҳад кард.

[b]Нигаронии САҲУ аз вазъи саломати Усмонов[/b]

Дар ҳамин ҳол, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) бори дигар исрор кардааст, ки давлати Тоҷикистон бояд Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштӣшудаи Би-би-сиро аз боздошт раҳо кунад.

Дуня Миятович, намояндаи Озодии Баёни Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Виен дар ин баёния гуфтааст: “Усмонов бемории қалб ва қанд дорад ва ҳарчанд ӯ ба боздоштгоҳи дигар мунтақил шуд ва ҳоло ба хадамоти пизшкӣ дастрасӣ дорад, ман ҳамчунон дар заминаи вазъи саломати заифи ӯ нигарон ҳастам.”

Дар баёнияи САҲУ мехонем, ки Дуня Миятович, намояндаи Озодии Баёни САҲУ гуфтааст: “Ман то ҳоло мунтазири ҷавоби расмӣ ба номаи худ унвонии вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳастам”.

Вай гуфт, ки 16-уми июн ба Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон номае ирсол карда буд, ки дар он боздошти оқои Усмонов, “амале барои сонсур кардани гузоришҳо дар бораи масоили ҳассос” унвон мешавад.

Хонум Миятович афзуд: “Ман бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки асли бароъат (мафҳуми ҳуқуқӣ, ки ҳар кас то замони исботи ҷурм дар додгоҳ бегуноҳ маҳсуб мешавад)-ро дар нисбати Усмонов риъоят кунанд ва ӯро фавран озод кунанд.”

[b]Корзори Афви Байналмилал дар тарафдорӣ аз Усмонов[/b]

Созмони ҳуқуқи башари Amnesty International ё Афви Байналмилал барои раҳоии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ аз боздошт дар Тоҷикистон корзореро рӯйи даст гирифт.

Ин созмон аз ҳазорҳо тан аз аъзои худ даъват кардааст, аз раиси ҷумҳурӣ, Вазорати хориҷа ва Додситонии кулли Тоҷикистон озодии фаврии оқои Усмонов ва бозрасии мавориди бадрафторӣ дар қиболи ӯ ба ҳангоми боздоштро тақозо кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110708_mm_supreme_court_pressa.shtml

Иқдоми ҷадиди Афви Байналмилал барои озодии Ӯрунбой Усмонов

[b]Созмони ҳуқуқи башари Amnesty International барои раҳоии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ аз боздошт дар Тоҷикистон иқдоми ҷадидеро рӯйи даст гирифтааст.[/b]

Ин созмон аз ҳазорҳо тан аз аъзои худ даъват кардааст, аз раиси ҷумҳурӣ, Вазорати хориҷа ва Додситонии кулли Тоҷикистон озодии фаврии оқои Усмонов ва бозрасии мавориди бадрафторӣ дар қиболи ӯ ба ҳангоми боздоштро тақозо кунанд

Пешниҳод шудааст, ки хабарнигорон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ё забони модарӣ, аз боздошти Ӯрунбой Усмонов барои фаъолияти хабарнигорӣ ва ба хотири озодии баён ибрози нигаронӣ карда ва хостори лағви иттиҳомоти ворида алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ ва озодии фаврии ӯ шаванд.

Дар ин даъват омадааст: Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ барои фаъолияти хабарнигорӣ ва барои таҷрубаи мусолиматомези озодии баён тавассути боздошт, ҷазо дидааст, ибрози нигаронӣ кунед.

Аз мақомот тақозо кунед, ки фавран ҳамаи иттиҳомот алайҳи ӯро, ки ба фаъолияти хабарнигорӣ марбут аст лағв кунанд ва ӯро озод кунанд.

Аз мақомот тақозо кунед, ки Ӯрунбой Усмонов аз ҳама гуна озори ҷисмонӣ ва бадрафторӣ эмин буда ва иддаъоҳо дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба ӯ, фавран ба сурати мустақилона ва мунсифона таҳқиқ шавад ва афроди муқассир дар шиканҷаи эҳтимолӣ ҷазо дода шаванд.

Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов танҳо 20-уми июн тавонист бо вакили мудофеъи худ мулоқот кунад, ибрози нигаронӣ кунед.

Дар баёнияи Amnesty International омадааст, дар ҳафтаи аввали боздошт оқои Усмонов ба вакили мудофеъ дастрасӣ надошта ва аҳли хонаводааш низ танҳо як маротиба бо Ӯрунбой Усмонов дидор кардаанд.

Ҳамид Исмоилов, раиси бахши Осиёи Марказии Би-би-сӣ, ки дар ҳафтаи гузашта ба муддати 10 дақиқа бо оқои Усмонов дидор карда буд, мегӯяд: «Ман интизор доштам шахси аз лиҳози ҷисмонӣ заъифро бубинам, аммо дар дар баробари худ фарди аз лиҳози равонию психологӣ шикастаро дидам.ҳангоме ки бо ман сӯҳбат мекард, чашмаш ба сӯйи маъмурони амниятӣ буд.»

Ду рӯзе қабл, ҳайъати суфарои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон дар баёнияи муштарак хостори озодии фаврии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ аз боздошт шуда буданд.

Иттиҳодияи Урупо аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои истиқрори субот ва амният дар кишвар пуштибонӣ карда, ҳамзамон ба муҳим будани озодии матбуъот дар Тоҷикистон ва вафодор будан ба истондоротҳои қазойии шаффофи байналмилалӣ таъкид кардаанд.

Маъмурони амниятӣ: «Худо доҳад, нағз мешавад»

Дар ҳамин ҳол, Малоҳат Абдуазимова, хонуми Ӯрунбой Усмонов рӯзи панҷшанбеи 7 июл, ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи гузашта Шамс Холмуродов, муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз ӯ дар бораи фаъолияти корӣ ва зинадагии шавҳараш суолу ҷавоб кардааст.

Хонум Абдуазимова бо ибрози таъаҷҷуб аз ин, ки маъмурони амниятӣ бо ӯ «ин бор хеле рафтори муаддабона доштанд, гуфт: «Вақте ман аз муфаттиш дар бораи ояндаи шавҳарам пурсидам, ӯ гуфт «Худо хоҳад, нағз мешавад» гуфт.»

Дар ҳамин ҳол, Ойбек Усмонов, писари Ӯрунбой Усмонов гуфт, ки падараш аз тариқи вакили мудофеъ хостори муъоинаи тиббӣ аз ҷониби профессор Маҳмудҷон Мамадҷонов, пизишки шаҳри Хуҷанд шудааст. Ин пизишк ба гуфтаи Ойбек маъмулан падарашор муъоина мекардааст.

Ойбек гуфт, падараш дар мулоқоти аҳли хонавода дар авохири моҳи гузашта аз вазъияти саломатии худ, бахусус, аз шиддат гирифтани бемории қанд ва мушкилоти қалбӣ шикоят карда буд.

Ӯ гуфт, ки кормандони Кумитаи амнияти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки дар рӯзҳои наздик дар сохтмони ин кумита дар шаҳри Хуҷанд ба дидори Ӯрунбой Усмонов бо аҳли хонаводааш иҷоза хоҳад дод.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Аз он замон то кунун чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияҳое хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудаанд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон хоста буд, ки иттиҳомоти ба гуфтаи ин созмон “сохтагӣ” алайҳи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро лағв кунад.

Ҳамчунин, ин созмон хостори озодии Ӯринбой Усмонов шуда ва гуфта буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмонов бо фаъолиятҳои хабарнигориаш пайванд дорад.

Бо ин ҳол, ҷониби бозрасӣ ҳоло мехоҳад бо такя ба бархе кутуб ва асноди Ҳизби Таҳрир, ки дар компютери кории оқои Усмонов пайдо шудаанд, ӯро ба «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин ҳизб муттаҳам кунад.

Вале ҳам Ӯринбой Усмонов, ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигорияш сурат гирифтааст.

Ширкати Би-би-сӣ бо интишори ду баёния иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмоновро рад карда ва мегӯяд, ки ин иттиҳомот ба фаъолиятҳои рӯзноманигории ӯ муртабит аст ва аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро фавран озод кунад.

Питер Ҳоррокс, раҳбари Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хостааст, ки ба озодии Ӯринбой Усмонов мусоъидат кунад.

Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч посухе ба ин нома ва муроҷиъатномаи аҳли хонаводаи Ӯринбой Усмонов, ки рӯзи 18 май ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ирсол шуда буд, надодааст.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз зӯҳри ҳар рӯзи чаҳоршанбе хабарнигорон ва мудирони бахшҳои мухталифи Би-би-сӣ дар ҳамоиши эътирозӣ дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Лондон, дар иртибот бо боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, барпо мекунанд.

Би-би-сӣ тасмим гирифтааст, ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озодии оқои Усмонов, чунин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор кунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110707_mm_amnesty_urunbay.shtml