Архив рубрики: Таҳлил

Рустами Ҷонӣ: Таъсиси радиои «Имрӯз» идеяи як нафар буд, касе бо ман паҳлӯ ба паҳлӯ ин идеяро ба вуҷуд наовардааст.

[b]Радиои мустақили мавсум ба «Имрӯз» 4 сола шуд. Барои аввалин маротиба барномаи нахустини ин расона 9-уми августи соли 2007 рӯйи мавҷи 107,4 FM дар Душанбе пахш гардида буд. Тӯли чор соли фаъолият дар фазои иттиллотии кишвар ин расона тавонист ҳаводорони зиёдеро пайдо кунад. Дар арафаи таҷлили чорсолагии радиои мазкур хабарнигори «Озодагон» бо Рустами Ҷонӣ, сарвари кулли ширкати «Ориёно-Медиа», ки муассиси радиои «Имрӯз» маҳсуб мегардад, мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод. Инак, фишурдаи онро пешниҳоди шумо мекунем.[/b]

[b]Озодагон: Аввалан шуморо ҳамчун сарвари радиои «Имрӯз» ба 4-солагии он табрик мегӯем. Ва ҳоло бигӯед, ки идеяи таъсиси як чунин расона кай пайдо шуд ва ҳадаф аслан чӣ буд?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Идеяи таъсиси шабакаи хусусӣ чор сол пеш пайдо шуд. Мақсад аз таъсиси он ба вуҷуд овардани як радиои иттилоотӣ буд. То он вақт ҳамаи радиостансияҳое, ки таъсис ёфта буданд, расонаҳои фароғатӣ-мусиқӣ буданд. Мо зарур ҳисобидем, ки як радиое таъсис диҳем, ки ҳар як 15-дақиқа пас барои мардум иттилоъ расонад. Чунки мо иттилоъро зарур меҳисобидем ва имрӯз ҳам дар ҳамин ақида ҳастем, ки иттилоъ қобили он аст, ки дар ҷомеъа дигаргуниро ба вуҷуд биёрад. Ҳар як фарде, ки мехоҳад имрӯз ҷомеааш гирифтори якрангӣ набошад, тасмим мегирад, ки ҳамин якрангиро барҳам занад ва мо ин тасмимро гирифтем.

[b]Озодагон: Дар саргаҳи таъсиси ин кор, яъне созмон додани радиои «Имрӯз» киҳо ба шумо буданд?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Дар созмон додани ин радиостансия асосан ягон нафаре набуд, ки бо ман паҳлӯ ба паҳлӯ ин идеяро ба вуҷуд оварда бошад. Баъдан нафароне, ки дар радиои мазкур кор мекарданд, барои ташаккулли ин радиостансия ва шаклан дигар кардан хизмат карданд. Ин идеяи як нафар буд, аммо шакл гирифтан ва соҳиби шунаванда шуданаш хизмати ҳайати дастаи 24 нафараи коргарон мебошад.

[b]Озодагон: Радиои «Имрӯз»-и соли 2011 аз радиои «Имрӯз»-и 2007 фарқи куллӣ дорад, тафовут ба назари шумо дар чист?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Радиостансия агар якнавохт бошад ва дар як ҷо истад, вай оянда надорад. Радиои «Имрӯз» ҳам ҳамин гуна аст, ҳар рӯз тағйир мепазирад ва ҳеч гоҳ радиостансияи имрӯзро ба дирӯзи он муқоиса карда намешавад. Бинобар ҳамин ман фикр мекунам, ки инро шунавандагони радиои «Имрӯз» ба хубӣ эҳсос карданд, ки радиои имрӯз аз дирӯз чӣ фарқ дорад. Албатта барномаҳои нав пайдо шуданд.

Радиои «Имрӯз» 9-уми августи соли 2007 таъсис ёфт ва имсол 4 сола шуд. Агар ман ҳоло гуям, ки радиои соли 2007 аз радиои «Имрӯз»-и соли 2011 ягон фарқ надорад, ин як фикри бемантиқ мебошад ва радиостансияе, ки давоми 4 сол тараққӣ накардаасту дигар нашудааст пас ӯ чӣ гуна метавонад, даъвои онро дошта бошад, ки воқеан дар фазои иттилоотӣ саҳм дорад. Албатта, тарзи пешниҳоди барномаҳо тағйир ёфтаанд, базаи мусиқӣ дигар шуд ва ҳайати эҷодӣ низ дигар гардид, яъне рӯз то рӯз дар тағйирёбӣ мебошад. Муҳим он аст, ки радиои «Имрӯз» бо як шеваи зиндагии мардум табдил ёфт ва мардум аз он барои таъмин намудани ниёзҳои иттилоотии худ истифода мекунанд.

[b]Озодагон: Радиои «Имрӯз» он ҳадафҳое, ки дошт имрӯз ба он ҳадафҳо расид?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Вақте ки шахс мегӯяд, ки ман ба ҳадафи ниҳоиям расидам, фикр мекунам, эстафетаи ӯ тамом мешавад. Новобаста ба оне ки ӯ роҳбари як идора аст, ё эҷодкор. Ҳамчунин дастгоҳи иттиллотӣ низ ҳеч гоҳ наметавонад аз оғоз то ба анҷом як ҳадафи ягона дошта бошад. Ҳар рӯз ҳадафҳо тағйир меёбанд, мақсадҳои нав пайдо мешаванд. Радиои «Имрӯз» ҳамин гуна аст, ҳадафҳои он вобаста ба ниёзҳои ҷомеъа тавлид мешаванд.

[b]Озодагон: Чаро формати ахбор (шеваи пахши он) тағйир ёфт?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Албатта, ҳама шоҳиди он будем, ки радиои «Имрӯз» мавриди фишору тазъиқ қарор гирифт. Ҳоло ҳама мехоҳанд, ин тағйирёбии форматро марбут ба он донанд, ки радиои «Имрӯз» аз интиқод даст кашид бошад. Не, радиои «Имрӯз» ҳанӯз ҳам ҳамон самтеро, ки интихоб карда буд, бо он меравад. Аслан гӯем, самти мо он қадар ахборӣ нест, мо хабарҳои муфассалтар пешниҳод мекунем. Хабарҳое, ки миёни гузориш ва хабари кӯтоҳ ҳастанд, таҳия мекунем ва дар мӯҳтавои ин хабарҳо мо матнро ба самъи мардум мерасонем. Мо ба хулосае омадем, ки барои мардум танҳо таъмини фактҳо (далел) кифоя мекунад. Чунки дар таҷрибаи пешин мо ҳадафи омӯзандагӣ доштем, ҳанӯз мардум омода набуд, ки ҳар як 15 дақиқа гузоришу хабар бишнавад. Лекин мо ин корро кардем, ин формат ҳануз маълум набуд, ки аз ҷиҳати молӣ ниёзҳои ширкатро таъмин мекунанд ё не, бинобар ҳамин марҳилаҳои дигар падид омад, яъне мо ба хабарҳои кӯтоҳ гузаштем. Аз имсол радиои «Имрӯз» боз тағйироти мавзӯъӣ мебинад. Имрӯз таҷрибаҳо нишон доданд, ки акнун мардум тамоман ба шакли нави радиои иттилоотӣ ниёз дорад ва шунавандаҳо дар рӯзҳои наздиктарин шоҳиди он мешаванд, ки он тағйиротҳои чӣ аст?

[b]Озодагон: Сабаби чанд бор мутаваққиф шудани фаъолияти радио дар чӣ буд? [/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Аввалан, дар оғоз касе аз мақомот омода набуд, ки ҳарфи ростро шунавад, ҳамчунин дастгоҳи иттилоотие набуд, ки рост гӯяд. Ин рост гуфтан ба зарари бисёр шахсони алоҳида буд. Албатта, ин шахсони алоҳида чун душмани ростгуӣ намехостанд, ки чеҳраи онҳо боз шавад ва ин ростгӯиҳо ба бисёриҳо намефорид. Имрӯз баъзе мақомоте ҳастанд, ки ба матбуоти озод бо як назар ва рӯҳияи ташвишомез баҳо медиҳанд. Ҳанӯз ҳам дар мафкураи онҳо матбуоти озод омили бенизомӣ дар ҷомеъа аст. Ин дар заминаи он ақидаҳое гуфта мешавад, ки гуё маҳз ҳаракатҳо ва фаъолиятҳои журналистика дар солҳои 90-и асри гузашта заминаҳои ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Ман инро бо камоли масъулият андешаи бемантиқ медонам. Ҳеч гоҳ журналист омили ба вуҷуд омадани ин ҷанг набуд, аммо бархе аз сиёсатмадорон ҷои он ки ин айбро дар фаъолитҳои худ ҷустуҷӯ кунанд, кӯшиш мекунанд, ки ин айбро ба гардани як гурӯҳ ва табақае, ки зарфияту тавоноиаш камтар аст, бор кунанд.

Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоев

Источник: http://ozodagon.com/suhbati-ruz/1737—lr-

Додихудо Саймиддинов: Шумо журналистҳо кори дигар надоред?

[b]«Ман вақт надорам, ки бо ту сӯҳбат кунам дарро аз берун пӯш, мо сӯҳбат дорем, кор дорем! Ҳозир аз маҷлис омадам, обед накардаам. Як гап шуд медавед назди райиси кумита, назди декан. Рав аз ин ҷо, ё ба зӯрӣ пеш кунам?».[/b]

[b]Аз пайи матлаб[/b]

Ин ва чанд ҳарфи дигари «хубтар»-у «болохонадор» — тар аз инҳоро Додихудо Саймиддинов, райиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба банда, ки ба ҳайси як нафар хабарнигор пайи иҷрои рисолати касбиам назди ӯ рафта будам, ироа дошт. Ногуфта намонад, ки аснои ворид шудани ман ба утоқи кории райис як нафари дигар, ки ба назарам декани факултаи филологияи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон буд, он ҷо ҳузур дошт.

Биёед, ҳамаашро яксара нақл кунам, то шумо ҳам ба умқи масъала сарфаҳм раведу ман ҳам каме осуда нафас кашам: Ҳанӯз 26-уми июли соли равон зимни як нишасти матбуотӣ, Додихудо Саймиддинов дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шаҳри Душанбе 28%, вилояти Суғд 39 фисад, Хатлон 27 дарсад, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13% ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 17 дарсади номҳо ғайритоҷикӣ ва дар баъзе ҳолатҳо таҳқиромез ҳастанд». Тибқи кори маъмулии мо, ки дар хабаргузорӣ фаъолият дорем ва фаврият принсипи авлавиятдошта дар пешаи мост, ин иттилоро пахш карда будем, аммо мисоли рӯшане дар бораи «номҳои таҳқиромез» наёфтем. Ба худ андеша доштам, ки бо расидани фурсати мусоид аз устод Саймиддинов посухи ин суолро ҷӯё хоҳам шуд. Аз он вақт 10-рӯз гузашту сармуҳаррир супориш дод, ки мусоҳибаи ихтисосӣ дар бораи «Компютерҳо кай ҳуруфи тоҷикии сириликиро хоҳанд шинохт» бо масъули ин ниҳод анҷом бидиҳам. Чун пайти мувофиқ буд, роҳ пеш гирифтам ба назди Додихудо Саймиддинов, ба умеде, ки ба чанд саволам ҷавоб мегирам… Аз куҷо медонистам, ки ӯ ҳоло «райис» асту вақташ кам ва обед накардааст (дарвоқеъ рӯзи 5-уми август буду панҷрӯзаи аввали моҳи шарифи Рамазон).

[b]Дар интизории райис[/b]

Хуллас, соати расо 11:15 дақиқаи рузи ҷумъаи 5-августи соли 2011, дар қабулгоҳи раис ҳозир шудам. Баъд аз салому алейк худамро муаррифӣ карда, бо котибаи Саймиддинов шиносондам ва ҳадафи дар ин гармои тамуз ва рӯзи гармтарини рӯза ба ин даргоҳ ташриф оварданамро гуфтам. Котибаи хушмуомилаи раис пас аз гӯш кардани ҳарфҳои ман: «Он кас дар ҷаласаанд, пас аз нисфирӯзӣ меоянд. Интизор мешавед?»,- пурсид ӯ. Бале, бояд интизор шавам, чаро ки ба чанд суолам посух гирифтанам зарур аст. Ҳудуди 2 соати астрономӣ райисро интизор шудам, тахминан дар соати 13-20 дақиқа аз котиба хоҳиш кардам, ки агар имкон бошад ба он кас занг зада фаҳманд, ки ӯ ба ҷойи корашон меоянд ва ё хайр. Фикр доштам, ки шояд кори зарурӣ ҳукуматӣ доранду имрӯз ба идора дигар наоянд. Бонуи хушмуомила низ хоҳиши маро рад накарда гуфт, ки ба райис нею ба ронандаашон занг мезанам, он кас аниқ мекунанд, ки райис меоянд ё не. Пас аз як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ котиба гӯширо гузошта, ба назарам ба ман «мужда»-и омад-омади райисро расониданӣ буд… Ин ҳангом Саймиддинов дари қабулгоҳро кушод, котиба аз ҷояш ҷаста хест ва қуфли дари утоқи кории райисро кушод. Ӯ бошад, қабл аз ворид шудан ба кабинеташ ба котиба фармуд: «Барои ман як чой дам кунед!». Котиба ба ман гуфт, ҳозир ман мепурсам, агар иҷоза бидиҳанд, даромада сӯҳбат мекунӣ. Пас аз чанд лаҳза котиба аз назди раис баромада эълом дошт, ки ҷаноби райис вақт надоштааст, боз ба маҷлис мерафтаанд. Ба замми ин илова кардааст, ки вақти бо хабарнигор сӯҳбат кардан надорам, аммо ман, ки аллакай аз ин гуна имтиҳонҳо гузаштаам ва дорам мегузарам (ба ёд биоред қоидаи оддитарини журналистони навроҳро, ки ба онҳо устодон мегӯянд: «Агар аз дар пешат кунанд, ба тиреза назди мусоҳиб ворид шав» ) рӯҳафтода нашуда, интизориамро идома додам. Шояд баъди нӯшидани чойи гарм табъи райис чоқ мешаванд ва маро қабул мекунанд, меандешидам худ ба худ.

[b]Қиссаи «Рӯзахӯрии меҳмон»[/b]

Котибаи раис, ки духтари хушчақ-чақ будаанд, саргарми чойдамкунӣ нохост табассум карда, пастакак хандиданд. Сабаб пурсиданӣ шавам, ҳоло чойи райисро бурда монам, пас сабаби хандаамро бароят мегӯям, иброз дошт котиба.Баъди бозгашт аз назди райис котиба ба нақл шурӯъ кард: «Ана ҳамин одаме ,ки ҳозир назди райис даромад-ку рӯзи аввали Рамазон буд, ки ин ҷо омад. Райис ба ман фармуд, ки барояш чой дам кунам ва барои меҳмон як қаҳва. Гуфтагиашонро иҷро кардам, дар ҳамин ҷо нишаста будам, ки райис хандида баромад ва ба ман гуфт, ки рӯзаи меҳмонро хӯрондем-ку! Ӯ рӯзадор будааст, мо напурсида барош қаҳва пешкаш кардем».

Ба суханҳои котиба гӯш медодаму фикри мусоҳибаи кӯтоҳро бо Саймиддинов аз сарам ба ҳеч ваҷҳ дур карданӣ набудам. Ин замон котиба ба ман рӯ оварда гуфт, ки агар наздашон даромаданӣ бошед, ҳоло дароед, набошад сӯҳбати онҳо, ки тамом шуд, райис баромада ба маҷлис мераванд.

[b]Ҳар чӣ бодо бод ё ба истилоҳ «риски журналистӣ»[/b]

«Таваккал нар бувад, андеша мода»,- гуфта аз ҷоям хестам ва ба дари утоқи райис наздик шудам, ҳарчанд посухи радро аллакай аз ӯ бо воситаи котибааш гирифта будам. Бо камоли эҳтиром пас аз тақ-тақи дари кабинет вориди утоқи кории райис шудам. Салому алайк карда гуфтам, ки устод ба назди шумо омадам, то ба чанд суолам ҷавоб бигирам. Намедонам аз чӣ бошад, Саймиддинов аз гуфтаҳои ман сахт ба ғазаб омада: «Ман вақт надорам, ки бо ту сӯҳбат кунам дарро аз берун пӯш, мо сӯҳбат дорем, кор дорем! Ҳозир аз маҷлис омадам, обед накардаам. Шумо журналисто, кори дига надоред, як гап шуд медавед, назди райиси кумита». Ва «мусоҳиба»-и ман бо олими забоншинос, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва алъон райиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба қавле «шурӯъ» шуд, ки «фишурда»-и онро пешкаш менамоем:

[b]Диалоги ман бо Саймиддинови райис[/b]

[b]Ман: Устод, ҳамагӣ панҷ дақиқа вақт ҷудо кунед, кифоя аст… [/b]

[b]Саймиддинов:[/b] Гуфтам-ку вақт надорам, худи ҳозир аз маҷлис омадам обед накардаам, боз ба маҷлис меравам, кори дигар надорам, ки бо ту сӯҳбат мекунам, шумо журналисто кори дигар надоред як гап, ки шуд медавед назди раиси кумита, ё медавед назди декани факулта, кори дигар надоред!

[b]Ман: Охир, ба ин пурсишҳо шумо бояд посух гӯед…[/b]

Саймиддинов: Рав аз ин ҷо! Ман ба ягон хел суол ҷавоб намегӯям.Рав, ман вақт надорам!

[b]Ман: Устод, аққалан вақти холигиатон метавонем бо шумо сӯҳбати телефонӣ дошта бошем?[/b]

Саймиддинов: Ман бо ягон кас сӯҳбати телефонӣ ҳам намекунам(ӯ дар ин вақт ба ман ким-чӣ хел таҳдор нигоҳ карда), ту як ба сару либосат нигар, галстук, ки надорӣ, аққалан либоси расмӣ намепӯшӣ? Бо ҳамин аҳвол назди хизматчии давлатӣ меоӣ? (Ба назарам «хизматчии давлатӣ» бо ҳарфи калон гуфтанӣ буд, аммо меъёри лафзии забони муосири тоҷикӣ инро ҳанӯз иҷоза надодааст, ки мусоҳиб ба ҳамсӯҳбаташ инро бигӯяд)

[b]Ман: Охир, устод…[/b]

Саймиддинов: Рав аз ин ҷо! Рав гуфтам, агар наравӣ, ҳозир маҷбурӣ пешат мекунам!

Ман: Мебахшед, маъзарат муаллим, ин ҷо сухан дар бораи сару либос ва намуди зоҳирӣ набуд…

[b]Саймиддинов: Эъ-ээээ, ту на сират дорию на сурат! (Ва дарро ба рӯям сахт пӯшид)…[/b]

Маъюс ва ҳайратзада аз назди як олим, забоншиноси тоҷик, «устод» ва билохира райиси Кумитаи забон ва истилоҳот берун шудам. Албатта, ба коргоҳ. Маъюс аз он ки супоришро иҷро карда натавонистам, ҳайратзада аз он ки наход забоншиносу олим ва шахсияти фарҳангии миллат як чунин муносибат дошта бошад бо журналист. Аммо агар шеваи муносибати эшон бо хабарнигор ҳамин тур бошад, намедонам корафтодаи аз минтақаи дури кишвар чӣ тур метавонад, назди Саймиддинов ворид шавад ва мушкилашро ҳал кунад???.

[b]Се пурсише, ки посухашро аз Додихудо Саймиддинов бояд мегирифтам инҳоянд:[/b]

[i]1) Забони тоҷикӣ кай вориди компютерҳо мегардад, ё компютерҳо кай ҳуруфи сирилики тоҷикиро комилан хоҳанд шинохт?

2) Оё имкони ба алифбои ниёгон (хати арабиасоси форсӣ) гузаштани Тоҷикистон вуҷуд дорад ё не? Агар не, чаро ва агар ҳа, кай?

3) Номҳои ғайритоҷикӣ ва дар бархе ҳолатҳо таҳқиромез гуфта, шумо чиро дар назар доштед?[/i]

РS: Акнун, хонандаи азиз қазоват кун: Ин саволҳо барои як олими забардасти забоншинос мушкилӣ доранд? Ба назарам не. Ҳоло ҳам Додихудо Саймиддинов метавонанд, ба ин пурсишҳо посух бигӯянд. Албатта «агар хоҳанд». Вазифаи ман тибқи «Қонуни матбуот» варисолати касбиам хабар расонидан, иттилоъ гирифтан ва нашри он аст. Вазифаи ҷонии Саймиддинов бошад, ҳамчун як масъули баландпояи ҳукуматӣ ва тибқи тамоми қавонини роиҷи кишвар ва дар асоси фармони № 622-и президент Эмомалӣ Раҳмон ба пурсиш посух гуфтан аст. Дигар ин ки ҷаноби Саймиддинов ва кумитаи ӯ на тилло истеҳсол мекунанду на навъи нави пахтаро кашф месозанд, аққалан корхонаи онҳо гӯгирд ҳам намебарорад. Масъулияташон вижагиҳои забон, ҳусну қубҳи онро ба ҷомеъа расонидан аст, забонро аз олудагиҳои беруна нигаҳдорӣ кардан аст ва ё то ҳанӯз ҳам Саймиддинову кормандонаш ғизономаи тарабхона таҳия мекунанд?

Ибодуллоҳи Тоҳир

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/1708-2011-08-08-04-22-15

Пайомади беэътиноӣ ба арзу доди мардум чӣ хоҳад буд?

[b]Саида Маҳмадҷонова, як сокини ноҳияи Ҳисор ду маротиба ба Дафтари РО омад ва аз мақомоти интизомии ноҳия шикоят кард.[/b]

Хонум Маҳмадҷонова даъво дорад, ки як марди пулдор ба номуси духтари ноболиғаш таҷовуз кардааст, вале кормандони интизомӣ ва додситонии ин ноҳия ба доди вай намерасанд.

Вай гуфт, ки аз тариқи рӯзномаҳо ба президент муроҷиат кардааст, аммо то кунун ба шикояти вай ҳеҷ кадом мақомоти кишвар расидагӣ накардааст.

Имрӯзҳо садҳо сокинони кишвар ҳастанд, ки мисли зани солхӯрда Саида мақомоти масъул бо вуҷуди шикоятҳои мукаррар эътибор намедиҳанд. Беэътиноии мансабдорон ва бархе аз ходимони вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ дар баробари баррасии муроҷиатҳову номаву шикоятҳои сокинони кишвар рӯз ба рӯз як хишти дигари беэътимодӣ ба девори сангини миёни мардуму давлати Тоҷикистон гузошта мешавад.

[b]МАВЗӮИ ДОҒИ ҶОМЕА[/b]

Ин масаъала, ки зоҳиран ба назар ҷиддӣ намерасад, вале вақте, ки ба чанду чуни он назар меафканед, воқеан як мавзӯи доғ ва ҳаётии ҷомеаи имрӯзи ин кишвар ба шумор меояд.

Саҳлангориҳои идораҳои ҳукумати кишвар агар аз як сӯ норозигии мардумро ба ҳукумат бештар кунад, аз тарафи дигар фасоду ришватро дар ниҳодҳои давлатӣ бештар хоҳад кард.

Ва ба қавли Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази ғайридавлатии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, мансабдорон дар идораҳои давлатӣ масъулияти худро амалан иҷро намекунад ва дар натиҷа фасоду нобоварӣ ба вуҷуд меояд: «Ин маънои онро дорад, ки мансабдор вазифаи қонунии худро иҷро намекунад ва шикояти шаҳрвандонро баррасӣ намекунад ва посух намегардонанд. Онҳо ба ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон беэътиноӣ мекунанд ва дар ивази иҷрои шикояти шаҳрвандон чизе талаб мекунанд. Ва шаҳрвандон набояд бечораҳолона ва мисли гадо рафта аз мансабдор хоҳиш кунад, ки ба шикояти вай расидагӣ кунанд. Илова ба ин, мансабдорон монеаҳои маснӯъӣ эҷод кардаанд, ки шаҳрванд маҷбур шавад чизе пешкаш кунад.»

Ба иттилои Маркази ғайридавлатии мубориза бо фасод, аз чаҳор як шаҳрванди Тоҷикистон пас аз пешниҳоди ариза ва ё номаи шикоятӣ ба идораҳо давлатӣ, ё аслан посух намегиранд ё барои ҳалли он пул медиҳанд.

[b]НОБОВАРӢ БА НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ[/b]

Аксари намояндагони рӯзномаҳо ва дигар расонаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар як даҳсолаи ахир бинобар бепарвоии идораҳои давлатӣ ба муроҷиатҳояшон маҷбур мешаванд, ки номаҳои худро дар саҳифаҳои матбуот нашр кунанд то ин, ки аз ин роҳ ба гӯши афроди болотар бирасад.

Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки тақрибан 80 дарсади мардум номаҳои худро ба унвони раиси ҷумҳур ирсол медоранд. Зеро ба қавли коршиноси мустақил Фаррухшоҳ Ҷунайдӣ, бовари мардум ба идораву вазоратхонаҳои тобеи ҳукумат намондаст: «Фикр мекунам, ки мардум мехоҳанд тавассути матбуоти даврӣ ба дастгоҳи президент расонанд. Ҳоло ҳамин хел расм шудаст, ки мардум мегӯянд, ки агар номаи онҳоро президент бинад, мушкили вай ҳатман ҳал мешавад. Лекин дастгоҳи президент ҳам имкони расидагӣ ба ҳамаи номаҳоро надорад. Бояд, ки мақомоти тобеи ҳукумат фаъол бошанд ва дар доираи салоҳият худ арзи шаҳрвандонро баррасӣ намуда дар ҷояш ҳал кунанд.»

Ба қавли оғои Ҷунайдӣ, натиҷаи бемасъулиятии идораҳои ҳукуматӣ эътимоди мардумро ба ҳукумат ва ба давлат кам кардааст. Ба қавли мардум, ин паёмади нохубе барои ҷомеаи кишвар хоҳад дошт. Вақте, ки институтҳои давлат фаъол нестанд, мардум ба кори худ гирифтор мешаванд ва ҳукумат ба кори ҳоли худ машғул мемонад.

[b]НАҲВАҲОИ МУХТАЛИФИ ДОДХОҲИИ МАРДУМ[/b]

Дар чунин шароит мардум маҷбур мешаванд, барои ҳалли мушкили худ фаротар аз идораҳои давлату ҳукумат бираванд.

Ҳуқуқшиноси мустақил Паём Фӯрӯғӣ ба ин назар аст, ҳалли масъалаи ҳаётӣ водор мекунад, ки шаҳрванд дар атрофи худ як қисми мардумро гирд орад ва аз ба таври коалитсионӣ мушкили худро ба гӯши мақомоти аршади ҳукумат кишвар бирасонад. Вай ба унвони мисол сарнавишти хабарнигори бахши узбакии ББС Урунбой Усмоновро мисол овард, ки то замоне дар дохил ва дар беруни кишвар барои худ пуштибон наёфт, президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли ӯ огоҳ нашуд.

Паёми Фурӯғӣ афзуд: «Чанд сол муқаддам ба назди ман аз вилояти Суғд як донишҷӯ омад ва гуфт, ки ӯро маҷбур мекунанд, ки ба пахтачинӣ равад. Пурсидамаш, ки дар кадом ришта таҳсил дорӣ гуфт, ки дар факултаи ҳуқуқ мехонам. О, чӣ тавр дар ин ришта таҳсил дориву аз ҳуқуқи худат наметавонӣ пуштибонӣ кунӣ. Ба вай гуфтам, ки дар чунин ҳолат ту танҳо наметавонӣ коре кунӣ, бояд дигар донишҷӯёнро ҳам ҷалб кунӣ, ки аз рафтан ба пунбачинӣ сарпечӣ кунанд. Яъне дар Тоҷикистон чунин аст, ки ҳатман пуштибони густардае дар ҷомеа пайдо намуд, танҳо дар он сурат ба суроғи шумо меоянд.»

[b]ПАЁМАДИ БЕЭЪТИНОӢ БА ШИКОЯТҲОИ МАРДУМ ЧӢ БУДА МЕТАВОНАД?[/b]

Вале ба назари раиси Анҷумани расонаҳои озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, на ҳамеша дар Тоҷикистон ҳар шаҳрванд метавонад пуштибонии ҳалқаҳои мухталифро ба даст орад. Ба қавли вай, ҳанӯз ҷиддияти ин масъала ба мақомоти олии ҳукумати кишвар ончуноне, ки мебояд расонида нашудаст.

Зеро ба назари Қаршибоев, вуҷуди давомдори ин масъала танҳо ба ҳукумати кишвар дарди сар хоҳад овард: «Ман дар маърӯзаам низ гуфтам, ки беэътиноӣ нисбати шикояти мардум аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, боиси зиёд шудани нерӯи эътирозии мардум дар ҷомеа мешавад. Сараввал ин ба нигилизм ва нобоварии ҳуқуқӣ меорад, сипас эътирози мардум.»

Аксари таҳлилгарон мегӯянд, фароҳам овардани шаффофият дар фаъолияти идораҳои давлатӣ ва беҳбуд бахшидан дар сиёсати кадрӣ метавонад ин масъаларо дар ҷомеа то андозае аз миён бардорад.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24288098.html

Раҷаби Мирзо: “Президент қаҳрамони асосии “Рӯзи нав” буд”

[b]Аз чопи нахустин шумораи нашрияи мустақили “Рӯзи нав” дар Тоҷикистон ҳашт сол сипарӣ мешавад.[/b]

Аммо ҳафт сол қабл, дар оғози моҳи ноябри соли 2004, охирин шумораи ин ҳафтанома ба нашр расида буд. “Рӯзи нав” дар таҷрибаи баъд аз ҷангии Тоҷикистон аввалин нашрияи мустақилбуд, ки дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ ба яке аз нашрияҳои муваффақ табдил ёфт ва бори аввал ба интиқоди фаъолиятҳои мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳури ин кишвар пардохт.

Раҷаби Мирзо сардабири “Рӯзи нав” тайи як соли нашри ин ҳафтанома ду бор мавриди латукӯби афроди ношинос дар Хуҷанду Душанбе ҳам қарор гирифт.

[b]Дар як тамоси телефонӣ бо Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мутаваққифшудаи “Рӯзи нав” пурсидем, ки муваффақияти “Рӯзи нав” дар чӣ буд?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Дар маҷмӯъ, агар сабабҳои шӯҳрат ва маҳбубияти “Рӯзи нав”-ро баён кунем, се омили асосӣ пайдо мешавад. Аввалан, аз шумораҳои нахустин ба мавзӯъҳои табуи матбуоти Тоҷикистон, яъне ҳарф задан дар бораи ҳаёт ва фаъолияти президент шурӯъ кард. Мо дар шумораи аввали “Рӯзи нав” зиндагиномаи президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли мухтасар чоп кардем. Ин матлаб дар ҷомеа сарусадоро ба вуҷуд овард. Вақте ки охири соли 2003 Додситонии кул мехост ба Рӯзи нав Амрнома бидиҳад, ҳамин матлабро ҳам мисол оварда буд, ки гӯиё бо нашри он мо ба зиндагии шахсии раисиҷумҳур дахл кардаем. Дар ҳоле ки ин матлаби мо баргирифта аз китобе буд, ки бо фармоиши дастгоҳи иҷроияи президент ва бо забони русӣ навишта шудааст. Бо ҳамин гуфтан мехоҳам, ки аввалин маротиба “Рӯзи нав” тавонист, ки ҳаёт ва фаъолияти президентро барои мардуми Тоҷикистон матбуотӣ бикунад.”

[b]Озодӣ: Чаро маҳз раисиҷумҳур қаҳрамони “Рӯзи нав” интихоб шуд?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Агар мо матбуоти ҳамон вақтро мурур кунем, мебинем, ки ҳолати матбуоти имрӯзаро дошт. Яъне дар бораи ҳама ҳарф задан мумкин буд, вале дар бораи раисиҷумҳур ҳарф задан тақрибан имкон надошт. Ҳамин гуна як ҳолат моро водор кард, ки ин мавзӯъро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода бошем. Мо дар “Рӯзи нав” ҳарфи кӯҳна намегуфтем. Ҳатман ҳаводисе мавриди таҳлил қарор мегирифт, ки ҳамон ҳафта сурат мегирифт. Фаъолиятҳои президент аз дидгоҳи мусбату манфӣ, аз дидгоҳи мухолифин баррасӣ мешуд. Вақте мухолифин гуфтем, инро ҳам бояд зикр кунем, оне, ки тавонист чеҳраҳои нави мухолифинро барои ҷомеа муаррифӣ бикунад, маҳз “Рӯзи нав” буд. Чун аксар намояндагони аҳзоби сисёии Тоҷикистон ҳарфҳои гуфтании зиёд доштанду бе минбар буданд, дар симои “Рӯзи нав” минбари худро пайдо карданд. Пас аз ин ҷараёне эҳсос мешуд, ки дар ҷомеа шахсиятҳое, ки назари дигар доранд ва тавони баррасии мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоиро доранд, ҳастанд. Мо аввалин маротиба дар шумораи “Рӯзи нав” алакай дар бораи номзадҳои алтернативии президентӣ сӯҳбат ва шахсиятҳои матраҳро муаррифӣ кардем.”

[b]Озодӣ: Яъне метавонем бигӯем, ки Шумо аз фаъолиятҳои раисиҷумҳур интиқод карда, мухолифинашро таблиғ менамудед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Инро намешавад.миссияи хоси “Рӯзи нав” гуфт, вале як самт ё сабки хоси рӯзнома буд. Ҳаводиси баъд нишон доданд, ки ҳамин мавзӯъ серхаридор аст ва наметавонист аз мадди назари раҳбарияти рӯзнома дур бимонад. Вале дуруст аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамин гуна назар доштанд, гӯиё ин як лоиҳаи махсус аст, ки ба муқобили ҳукумат, хосса президент Раҳмон равона шудааст. Ҳол он ки метавонист дар ҳолати мо як раванди одие бошад, ки як фазои муносиберо барои худ ёфтем ва он метаовнист барои мо паҳлуи тиҷоратӣ дошта бошад, на бештар аз ин.”

[b]Озодӣ: То ба ҳол сабабҳои мутаваққиф шудани нашри ҳафтаномаро расман бо мақомот дар миён гузоштед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо: [/b]“Мо сӯҳбатҳои расмӣ надоштем. Вале имрӯз ҳам мақомот мегӯянд, ки гӯиё онҳо дар мутаваққиф шудани чопи “Рӯзи нав” даст надоранд. Аз ҷониби онҳо дастури шифоҳӣ ва катбӣ сурат нагирифтааст, ки чопхонаҳои Тоҷикистон нашрияро ба чоп нарасонанд. Аммо бубинед, моҳи августи соли 2004 шумораи навбатии “Рӯзи нав”-ро омода кардем. Ҳеҷ як аз чопхонаи Тоҷикистон розӣ намешуд, ки онро чоп кунанд. Раҳбарияти яке аз ин чопхона розӣ шуд, ки рӯзномаро ба табъ бирасонад. Мо гуфта будем, ки маоши шашмоҳаи кормандонашро пардохт мекунем. Аммо вақте рӯзномаро омода карда ба наздаш бурдем, нашрияро чоп накард. Дигар имкони дар дохили Тоҷикистон чоп кардани рӯзномаро пайдо накардем. Тасмим гирифтем, ки онро дар Қирғизистон чоп бикунем. Ин иқдоми мо ба ду омил вобаста буд. Якум, мехостем фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ва бидуни вайрон кардани қавонин идома бидиҳем ва дуввум бубинем, ки мақомот ба ин иқдоми мо чӣ вокунише нишон медиҳанд. Чоруми ноябри соли 2004 рӯзнома аз Қирғизистон ба Душанбе оварда шуд, вале аз ҷониби пулиси нақлиёт боздошт гардид. Сабабҳои бисёр гуногун ва хандаоваре ҳам гуфта шуд.”

[b]Озодӣ:[/b] [b]Агар имкон шавад, Шумо боз ҳамчунин рӯзномаеро ба монанди “Рӯзи нав” ва ё худи “Рӯзи нав”-ро ба нашр мерасонед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] “Намедонам ба ин суол чи посухе бидиҳам. Зеро тасмимҳое доштам, ки чанд рӯзнома ҳам роҳандозӣ бикунам. Лекин исми Раҷаби Мирзо барои мақомот як исми даҳшатангез шудааст. Намедонам, бо чи сабаб имкон намедиҳанд, ки ин корро бикунам. Ҳатто мо як рӯзномаи тафреҳӣ ба роҳ монданӣ будем, пас аз шумораи аввалаш нагузоштанд, ки онро чоп бикунем. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳеҷ далел исбот карда натавонистанд, ки ман иягон қонуни Тоҷикистонро нақз кардаам. Ба ҳар ҳол, имрӯз сари ин мавзӯъ андеша мекунам. Чун бояд коре кард. Зеро матбуоти тоҷик рӯз то рӯз хонандаҳои худро аз даст медиҳад. Пас, бояд иқдоме сурат бигирад.”

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24289252.html

Фасод ва расонаҳо: «Шаҳрвандон ба матбуъот эътимоди бештар доранд»

[b]Дар ҳамоише дар Душанбе таъкид шуд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони тоҷик барои додхоҳӣ шикоёти худро ба мақомоти зирабт на, балки ба нашрияҳо ва расонаҳои мустақил ирсол мекунанд, теъдоди чунин дархостҳо аз расонаҳо дар як соли ахир ба маротиб афзоиш ёфтааст.[/b]

Ҳамоиш таҳти унвони «Фасод ва расонаҳо» дар рӯзи ҷумъаи 5-уми август ба ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва созмони “Маркази таълиму таблиғоти алайҳи фасод” баргузор шуд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки далели муроҷиъати бештари шаҳрвандон ба расонаҳо қабл аз ҳама дарёфт нашудани посух ва ё беэътиноии ниҳодҳои давлатӣ нисбат ба дархостҳо ва эътимоди ками шаҳрвандон ба ин ниҳодҳо будааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “ASIA-Plus” гуфт, бештари шикоёт ба нашрияҳо марубат ба мушкилоти манзилӣ ё норизоиятии шаҳрвандон аз ҳукми додгоҳҳо ташкил медодааст. Вай гуфт пас аз чопи бархе аз шикоёт дар «ASIA-Plus» масъулони нашрия ба додситонию додгоҳҳо даъват шудаанд.

Ба эътиқоди оқои Мамадшоев, вазифаи матбуъот расондани иттилоъ аст, на бозрасии қазияҳо.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон далели афзоиши шикоёт ба матбуъотро ба дилсард шудани шаҳрвандон аз сохторҳои давлатӣ марбут хонд.

Зеро ба гуфтаи оқои Қаршибоев бар асоси як пажӯҳишҳои мустақил аз 100 муроҷиъати шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ танҳо 1 ё 2 посухи мусбӣ дарёфт мешудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар бештари маворид ба муроҷиъати посухе дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни “Муроҷиъати шаҳрвандон” масъулони сохторҳои давлатӣ бояд ба дархосту шикоёт посухи мушаххас гӯянд.

Аз сӯйи дигар, Сергей Романов, раиси Маркази мустақили ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир шикоятҳо ё дархостҳо ба мақомоти давлатӣ аз тариқи пусти электрунӣ (имейл) ирсол мешаванд ва аз ин лиҳоз, мушаххас кардани он, ки имейл дарёфт шуда ё хайр душвор аст.

Оқои Романов ба унвони мисол аз сойти интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ҳамарӯза аз тариқи пусти электрунӣ даҳҳо дархосту шикоёт ворид шуда, аммо сарнавишти онҳо рӯшан нест.

Ӯ гуфт, танҳо гоҳ-гоҳе Президент Раҳмон дар мулоқотҳо таъкид мекунад, ки аз тариқи имейл аз фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ шикоёт ворид шудааст.

Сергей Романов гуфт, тибқи Қонуни “Муроҷиъати шаҳрвандон” масъулони сохторҳои давлатӣ, ки дар муддати муқаррар шикоёту дархостҳои шаҳрвандонро расидагӣ накардаанд, муҷозот хоҳад шуд.

Ҳамзамон, оқои Романов таъкид кард, то ҳол дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин замина оморе пайдо карда натавонистааст.

Дар ҳамин ҳол, Алиакбар Абдуллоев, раиси созмони “Маркази таълиму таблиғоти алайҳи фасод” гуфт, ки дар бархе мавориди шокиён барои бароварда сохтани ниёзҳои худ маҷбур мешаванд ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ ришва бидиҳанд.

Оқои Абдуллоев ҳушдор дод, бо таваҷҷӯҳ ба он ки, бештари муроҷиъаткунандагон афроди фақир буда, имкони пардохти ришва надоранд ва шикоёту дархости онҳо баррасӣ намешавад, ин амр метавонад ба афзоиши норизоятӣ дар ҷомеъаи кишвар мунҷар шавад.

Сӯҳроб Қоҳирзода, раиси бахши иттилоъотии Ожонси назорати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, вуҷуди навоқис дар фаъолияти масъулони давлатӣ барои баррасии шикоёти шаҳрвандонро эътироф карда, вале гуфт, ки барои ислоҳи ин вазъ бояд васоити ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд.

Аз сӯйи дигар, Паём Фурӯғӣ, корманди Фарҳангистони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар шаҳри Бишкек гуфт, нахуст бояд сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷикро боло бурд, то онҳо тавонанд аз манофеъ ва ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Фурӯғӣ, расонаҳо ва нашрияҳои мустақил ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар роҳи мубориза барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон муттаҳид шаванд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110805_mm_media.shtml

ДАР КАДОМ ҶАНГИ ИНТЕРНЕТӢ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД?

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди Tajnet- яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудавваре баргузор кард, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи технологияи иттиоолтӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ширкат карданд.[/b]

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳусни мақтаъ бахшид. Ӯ дар бораи ҳадафу мақсадҳои ин нишаст ҳарф зада иброз дошт, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкаткунандагони он сиёсати рушди технологияҳои муосир, инкишофи иқтидори Tajnet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди Tajnet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъминӣ амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP ва масоили дигарро, ки хеле муҳиманд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар сӯҳбати мизи гирд Муҳаббатшо Рӯзадоров, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, дар бораи сиёсати давлат дар ин самт ва ҷараёни воридшавии технологияҳои навин ба ҳаёти ҷомеъа суханронӣ карда қайд намуд, ки истифодаи Интернет дар ҳаёти рӯзмараи мардуми Тоҷикистон торафт бештару васеътар ҷорӣ мегардад. Дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯро оид ба сиёсати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амал мекунад, ки дар он мутахассисони шинохтаи ин соҳа кору фаъолият менамоянд.

Яке аз вазифаҳои ин Шӯро агар мусоидат кардан ба густариши ТИК дар ҷомеъа бошад, вазифаи муҳими дигари он аз таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар ин самт иборат мебошад. Ба гуфтаи М.уҳаббатшо Рӯзадоров истифодаи бо мақсад ва самараноки Интернет дар давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеъа дар ҳалли як проблемаи хеле бузурги давлатдорӣ ва мардуми Тоҷикистон, яъне аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳо ёфтан нақши хеле муҳиме бозӣ кардааст. «Имрӯз мо метавонем, к и бо дурдасттарин ноҳияҳои худ пайваста дар алоқа бошем, сӯҳбат кунем, муколима намоем ва масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳукумати ҶТ ва давлати Тоҷикистонро матраҳ кунем, роҳҳои ҳарчи зудтари ҳаллу фасл кардани онҳоро пайдо намоем».

Суханронии Рустам Қосимов, директори Созмони ҷамъиятии «Интернет» ба мавзӯи «Таъмини амнияти манбаъҳои иттилоотӣ дар «Tajnet» бахшида шуда буд. Дар аввал ӯ дар бораи манбаъҳои иттилоотӣ, шаклу намуди онҳо тарз ва роҳҳои таъмини бехатарии фаъолияти онҳо ҳарф зада азҷумла қайд кард, ки таъмини амнияти иттилоотӣ замоне даст медиҳад, ки тамомӣ чораҳои зарурии техникиву ташкилӣ андешида шаванд.

Мониторинги фаъолияти провайдерҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар ин авохир таъминкунандагони шабакаи ҷаҳонии интернет ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ аҳамияти даркориро медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин мушкилот дар ин самт вуҷуд доранд. Барои мисол ҳатто дар ҳамлаи на чандон қавие аз берун фаъолияти шабакаҳои провайдерҳои мо метавонад дучори беназмиҳо шавад. Марказҳои коркарди маълумот низ маъмулан бо проблемаи таъмини амнияти иттилоотӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Мутаассифона, дар масъалаи таъмини барномаҳое, ки битавонанд амнияти иттилоотиро пайваста таъмин намоянд низ мушкилот дорем. Дар мо ширкатҳое, к и муштариёни интернетро бо барномаҳои литсензионӣ таъмин мекунанд, ангуштшумор мебошанд. Мо мутахассисони барномарезро низ дар ин самт гуфтан мумкин аст, ки қариб налорем. Яъне мутахассисонеро, ки тарҳи барномаҳоеро бисозанд, ки тавассути онҳо амнияти иттилоотӣ таъмин гардад ва агар дошта бошем ҳам онҳо бештар барои бозори берун фаъолият мекунанд.

Асомиддин Атоев, директори Академияи ТИК барои рушд, магистри илми компютерӣ, магистри илм оид ба ТИК барои рушд суханронии худро ба мавзӯи «Нақши контенти ватании Интернет дар таъмини амнияти иттилоотӣ дар асри технологияи рақамӣ» бахшид.

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев зери мафҳуми амнияти иттилоотӣ пеш аз ҳама ин ҳифзи иттилоот ва системаи иттилоотро дарк мебояд кард. Бо истинод ба Консепсияи амнияти иттилоотии кишвар қайд намуд, ки ҳангоми фаъолият дар ин соҳа пеш аз ҳама манофеи миллӣ бояд дар назар гирифта шавад, ки зери ин мафҳум манфиатҳои ҳар фард, ҷомеъа ва давлат дар назар дошта шудааст. Имрӯз як омори аҷибе дар даст дорем.

Муштариён ҳангоми аз Интернет истифода бурдан ҳамагӣ ба миқдори 10 дар сад бо манбаъҳои ватанӣ кор мекунад. 90 дар сад вақти муштариёни Интернет дар Тоҷикистон бо дидани манбаъҳои хориҷӣ масраф мешавад. Барои чӣ сомонаи Tojnews аз минтақаи TJ ба минтақаи ORG, яъне минтақаи хориҷӣ рафт? Чӣ ӯро маҷбур ба ин кор кард?

Дар яке аз мактубҳои расмии амалдорони соҳаи алоқаи кишвар ба унвони ширкатҳои провайдерӣ аз 8-уми октябри соли гузашта бо ин мазмун «Ба мақсади таъмини амнияти иттилоотии кишвар аз Шумо хоҳиш менамоям, ки дар қатъ намудани дастрасӣ ба сомонаҳои зерин, азҷумла Tojnews.tj мусоидат намоед» дархост омада буд. Акнун худатон аз нуқтаи назари имрӯз бубинед, ки оё мо ба ҳадаф расидем? Tojnews.tj яке аз манбаъҳое мебошад, ки муштариёни зиёд дорад. Дар баробари хабару гузоришҳо дар ин сарчашма сӯҳбатҳои онлайн гузаронида мешаванд, ки мақбули хонандагони сершуморанд.

Аз он ки ба ин манбаъ нафарҳои зиёд ворид мешуданд, провайрдерҳои дохилӣ бурд мекарданд. Акнун пулҳо ба дигар минтақа мераванд. Ҳаминро бояд мо дарк кунем, ки дар кору мӯҳтавои чунин сомонаҳо ҷиҳатҳои мусбат низ кам нестанд. Масалан ба гуфтаи мутахассисони соҳа соли 2010 «дар ҷанги интернетии Роғун» сомонаҳои тоҷикистонӣ тавонистанд муштариёни худро бовар кунонанд, ки сохтмони Роғун бар зарари кадом як кишвари алоҳидае нест, баръакс он ба манфиати ҳамаи ҷонибҳост. Дар ин ҷанги Интернетӣ Тоҷикистон ғолиб омад.

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Умрилло Меликов дар ин нишаст китоби нави хешро таҳти унвони «Иттилоот дар Интернет: танзимӣ ҳуқуқӣ» муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи муаллиф дар ин китоб асосан дар бораи ду масъала сухан меравад. Дар муносибат бо Интернет чӣ иҷозат аст ва чӣ манъ аст. Ҳар чи к и дар ҳаёти воқеӣ барои мо иҷозат аст, ҳангоми истифодаи Интернет низ ҳамон чиз иҷозат дода шудааст.

Ва ҳарчи ки ба мо дар ҳаёти воқеӣ манъ аст. ҳангоми истифодаи Интернет ҳамон чиз барои мо манъ шудааст,-мегӯяд муаллиф. Дар китоб нахуст дар бораи мафҳумҳои Интернетӣ сухан меравад. Сипас муаллиф дар бораи таърихи пайдоиши Интернет, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тавассути Интернет, ҳуқуқи ҷойгир ва паҳн намудани иттилоот дар Интернет дар ин китоби барои муштариёни муфид сӯҳбат мекунад.

Бахши муҳими ин китоб ба масъалаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани ҳуқуқи муаллиф ҳангоми истифодаи Интернет бахшида шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба Интернет, шартномабандӣ ҳангоми истифодаи Интернет дар ин китоб низ муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ирина Симонова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» натиҷаҳои таҳлили ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Интернетро муаррифӣ намуд. Таҳлили мазкур аз сӯйи ҳуқуқшинос Умрилло Меликов, Асомиддин Атов таҳти мушовирии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Манахов Виктор Николаевич амалӣ шуда буд. Дар натиҷаи омӯзиши мавзӯъ ва таҳлили маводҳо мо ба хулосае омадем, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар Интернет наметавон бо санаде танзим кард, мегӯяд ҳуқуқшиноси ТҶ «Хома».

Зеро дар бисёр кишварҳо муносибат ба фаъолияти Интернет мухталиф мебошанд. Масалан дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба Интернет ҳамчун ба васоити ахбори омма муносибат мекунанд. Сомонаҳоро мисли васоити ахбори омма дар вазоратҳои марбута ба қайд мегиранд. Дар Русия низ ба Интернет тақрибан ҳамин гуна муносибат мекунанд. Аммо ба ақидаи мо мавқеи хайрхоҳона ва мусбат дар масъалаи истифода аз Интернет дар қонунгузории мо ба мушоҳида мерасад.

Интернет дар мо воситаест, ки тавассути он маҳсулоти ВАО паҳн мешавад. Ин нукта дар Қонун «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва ғайра омадааст. Сипас Симонова гуфт, ки нақши Интернет дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеъа хеле муассир аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муштариён аксаран дар ҷустуҷӯи асноди ҳуқуқӣ ба сомонаҳои гуногун иворид мешаванд. Бартарии Интернет дар ин робита аз ВАО хеле ошкоро ба чашм мехӯрад.

Дар хотима миёни ширкаткунандагони мизи гирд баҳсу мунозираҳои муфиде атрофи масоили матраҳшуда баргузор гардид.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/5792.html

Чаро сиёсати иттилоотӣ муваффақ нест?

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ

(Тезиси суханронӣ дар Ҷаласаи Муқаддимавӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон, Душанбе, 22 июли соли 2011)[/b]

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, ба созмондиҳандагони ин ҷаласа — Дафтари САҲА дар Тоҷикистон изҳори сипос менамоям, ки барои муколамаи ҷонибҳо — музокироти солонаи байни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Умед дорам, ки тавсияҳое, ки дар ин ҷо ироа мегарданд, дар фаъолияти мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ истифода шуда, ба рушди озодии сухан ва ВАО дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Новобаста аз меъёрҳои эъломияви дар конунгузории кишвар дар бораи озодии баён ва фароҳам овардани шароити дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, дар амалия маҳдудиятҳо дар ин ҷабҳа ҷой доранд. Сабаби асосии ин ҳолат, муваффақ набудани сиёсати давлатии иттилоотӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон ду консепсияи давлатии марбут ба соҳаи иттилоот қабул шудааст. Консепсияи амнияти иттилоотии ҶТ ва Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ. Аслан, ин санадҳо барои мусоидат баҳри амалӣ намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ки боиси рушди озодии баён мегардад, қабул шудаанд. Мутобиқи сиёсати иттилоотӣ дар соҳаи ВАО давлат бояд озодии сухан ва иттилоотро кафолат дода, дастрасии озоди шаҳрвандонро ба иттилооти расмӣ дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ таъмин намояд. Вале амалан, муколимаи судманд миёни субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ вуҷуд надошта, камбудиҳо ҳангоми таҳия, хараҷу мараҷ дар татбиқи онҳо боиси маҳдудияти ҳуқуқҳои шаҳрвандон мегарданд.

Зеро:

— дар таҳияи консепсияҳо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат надоштанд, мавқею назари онҳо, минҷумла намояндагони ҷомеаи рӯзноманигорӣ, дар ин санадҳо ба эътибор гирифта нашудаанд, ҳарчанд, ки ин санадҳо ба фаъолияти ВАО робитаи мустақим доранд. Дар натиҷа, дар консепсияҳо танҳо мавқеи ҳукумат инъикос ёфтааст, ки ин боиси ихтилофи назар миёни мансабдорони мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил гаштааст;

— дар консепсияҳо нуктаҳое вуҷуд доранд, ки хилофи меъёрҳои баёналмилалӣ ҳастанд: дар ин аснод бештар на мусоидат ба озодии иттилоот, балки кӯшишҳои таҳти назорат гирифтани фаъолияти субъектхои иттиилоотӣ, махсусан ВАО, ҷой доранд;

— дар татбиқи амалии консепсияҳо, эҳтимолан, манфиати ҷомеа ва шаҳрвандон не, балки манфиати гурӯҳию шахсӣ ба назар гирифта мешавад: мутобиқи талаботи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ бояд барои рушди технологияҳои иттилоотии муосир ва Интернет шароит фароҳам оварда шавад, вале ҳодисаҳои маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва кӯшишҳои маҳдуд намудани фаъолияти дастраскунандагони Интернет дар семоҳаи охири соли гузашта ва нимаи аввали соли равон аз акси ҳол шаҳодат медиҳанд;

— назария ва амалия дар татбиқи сиёсати иттилоотӣ ба ҳам мувофиқ нестанд: фаъолияти мақомоти давлатӣ дар таъмин намудани шаффофияти фаъолияташон, ба роҳ мондани мубодилаи интерактивии иттилоот аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, ташкил намудани марказҳои иттилоотӣ ва ғайра ҷавобгӯи талаботи рӯз нест.

Ҳамзамон, дар амалияи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кӯшишҳои пурзӯр намудани танзими давлатӣ дар соҳаи ВАО ба назар мерасад, ки ба озодии баён ва дастрасии шаҳрвандон ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот таҳдид доранд.

Дар масъалаи баргузор намудани нишастҳои матбуоти мутобиқи Амри Президенти ҶТ аз 4 марти соли 2005: аслан ин кори хуб аст, вале мундариҷаи онҳо ғайриқаноатбахш аст. Ҳамчунин дигар камбудиҳо, аз қабили ширкат накардани роҳбарони мақоми аввал, роҳ надодани рӯзноманигорони алоҳида бо сабабҳои гуногун, ба саволҳо надодани ҷавобҳои мушаххас ҷой доранд. Ҳамзамон бо сабаби мунтазам баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ, дар соҳаи муносибатҳои иттилоотӣ мавридҳои иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро гардидани меъёрҳои қонунгузорӣ ба назар мерасанд. Баъзе роҳбарон бо баҳонаи дар рӯзҳои наздик баргузор гаштани нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон пешниҳод намудани иттилоотро рад мекунанд ё аз журналистон талаб мекунанд, ки иҷозати мақомоти болоӣ ё ашхоси мансабдори болоиро пешниҳод намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо ба тафриқагузорӣ миёни воситаҳои ахбори ҳукуматӣ ва мустақил роҳ дода мешавад.

Қонунгузории амалкунанда ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаро пурра ҳимоя карда наметавонанд, зеро ниёз ба такмил доранд. Барои таъмини фаъолияти муваффақи онҳо, пеш аз ҳама Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО» бо назардошти пешниҳодоти ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи ВАО ҳарчи зудтар қабул гардида, дар ҷодаи декриминализатсияи масоили тӯҳмат ва таҳқир иқдом карда шавад.

Дар фарҷоми сухан мехостам дар бораи тағйирот ба КМҶ ҶТ, ки мувофиқи он меъёр гузоришҳои матбуотӣ барои оғози қазияи ҷиноятӣ асос шуда метавонанд, ибрози назар намоям. Ин тағйирот дар баробари пайомадҳои мусбӣ, пайомадҳои манфӣ оварда метавонад, зеро хавфи бозичаи дасти гурӯҳу ашхоси даргир шудани баъзе аз рӯзноманигоронро ниҳон дорад.

[b]Тавсияҳо:[/b]

— таҷдиди назар кардани талаботи сиёсати давлатии иттилоот бо назардошти мавқею назари созмонҳои ҷомеаи шахрвандӣ;

— таъмини минбаъдаи шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳҳои ташкили марказҳои иттилоотӣ, фаъолияти пурсамари сомонаҳои иттилоотӣ ва умури матбуоти инҳо;

— ислоҳоти низоми воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ бо назардошти таъмини плюрализми ақидаҳо;

— пешгирӣ намудани монополизми ВАО аз ҷониби давлат ё гурӯҳҳои молиявию саноатӣ;

— такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО бо назардошти меъёрҳои байналмилалии озодии баён;

— де-криминализатсияи масоили тӯҳмат ва таҳқир;

— баланд бардоштани маърифати касбию ҳуқуқии рӯзноманигорон дар инъикоси масоили ҳуқуқи башар.

Источник:

Истиқболи сафорати Омрико дар Тоҷикистон аз озодии Ӯрунбой Усмонов

[b]Сафорати Омрико дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз озодии машрути Ӯрунбой Усмонов аз боздоштгоҳ истиқбол кардааст.[/b]

Сафорати Омрико лағви иттиҳомот алайҳи оқои Усмонов дар заминаи узвияти эҳтимолии ӯ дар Ҳизби Таҳрирро аз сӯйи Додситонии кулл як амри муҳим хондааст.

Зеро, ба навиштаи сафорат, оқои Усмонов ва куллияи хабарнигорон барои анҷоми фаъолияти хабарнигориашон “бояд бо гурӯҳҳои мухталиф” дидор ва гуфтугӯ дошта бошанд.

Сафорати Омрико аз давлати Тоҷикистон даъват кардааст, иттиҳоми дигар алайҳи оқои Усмонов аз ҷумла, хабар надодан дар бораи фаъолияти ғайримуҷозро низ лағв кунад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран парвандаи оқои Усмонов аз додситонӣ ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ироа шудааст. Манобеъи додгоҳӣ мегӯянд, ки баъд аз баррасии ин парванда аз сӯйи қозӣ, замони оғози муҳокимаи он дар додгоҳ эълом хоҳад шуд.

Ӯрунбой Усмонов, ки тӯли даҳ соли ахир барои барномаи Осиёи Миёнаи Бахши Ҷаҳонии Би-би-сӣ кор кардааст, рӯзи 13-уми июн тавассути маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд боздошт шуда буд.

Вай расман дар «мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ ҳастанд» ва дар «мусоъидат ба фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ» мазнун дониста мешавад.

Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 14-уми июл, пас аз боздошти беш аз якмоҳа ба манзили худаш дар Хуҷанд баргашт. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо анҷоми таҳқиқи парвандаи оқои Усмонов “ниёз ба маҳдуд кардани озодиаш боқӣ намондааст.”

Питер Ҳаррокс, Раиси бахши Ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии машрути Ӯрунбой Усмонов бо пахши баёние гуфт буд: “Мо аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем.»

Вай афзуд: “Ҳамон гуна, ки мо пайваста таъкид доштем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журнолистиаш барои Би-би-сӣ буд.”

Дар ҳамин ҳол, бархе аз созмонҳои байналмилаллии дифоъ аз хабарнигорон бо пахши баёнияҳо аз озодии машрути Ӯрунбой Усмонов истиқбол карда ва изҳор доштанд, ки иттиҳомоти дигар низ бояд лағв шаванд.

[b]Дархости тозаи Усмоновҳо аз президент Раҳмон[/b]

Хонаводаи Ӯрунбой Усмонов рӯзи сешанбеи 19 июл дар номае унвонии Президент Раҳмон хостори табраъа шудани ин хабарнигори Би-би-сӣ шудааст.

Дар ин нома аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодии машрути оқои Усмонов ибрози сипос шудааст. Аз ҷумла дар ин нома мехонем: «баргаштани падарамон аз СИЗО ба хона намунае аз ғамхории Шумо аст.”

Хонаводаи оқои Усмонов иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро «сӯитафоҳум» хондааст. Дар ин бора мехонем: “Мо мехоҳем, падарамон мудово шавад ва ба кори худ баргардад. Мо бисёр мехоҳем, ки ин суитафоҳум ҳар чи зудтар аз байн равад ва яке аз оилаҳои ватани азизамон ба зиндагии ороми худ баргардад. “

Пайвандони оқои Усмонов ҳамчунин аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки “барои куллан озод ва бегуноҳ эътироф шудани» падарашон кумаки худро дареғ надорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110719_if_urunbay_usa.shtml

«Риъоят нашудани қонун ба эътибори Тоҷикистон латма ворид мекунад»

[b]Тоҷикистон ба хотири ҳифзи обрӯю манзалати худ қонунро нақз нахоҳад кард.[/b]

Ин суханонро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 18 июл, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард,дар робита ба қазияи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ гуфт.

Оқои Зарифӣ дар робита ба иддаъоҳои раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар бораи ворид шудани латмаи сахт ба эътибори давлати ин кишвар ба дунболи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд, гуфт: “Агар мо барои обрӯю манзалати худ гуфта, аз қонун берун шавем, аз ин кор зарари бештар мебинем”.

Дар ҳафтаи гузашта, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки боздошти як хабарнигори расонаи хориҷӣ бидуни далоили муҳкам, ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон латма ворид кардааст.

Аммо оқои Зарифӣ гуфт: “Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озод аст. Алайҳи ҳар касе, новобаста аз кӣ будан, узви кадом ҳизб будан, ё дар кадом вазифа кор кардан ва ё аз кадом миллату нажод буданаш, дар сурати содир шудани ҷиноят парвандаи ҷинойӣ боз мешавад”.

Ӯ таъкид кард, дар қиболи Ӯрунбой Усмонов парвандаи ҷинойӣ боз шуда ва вай ба ҳангоми собит шудани гуноҳаш муҷозот хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд, ки дар сурати собит шудани бегуноҳии ин хабарнигор “шахсоне, ки ба ин кор манфиъатдоранд ё гуноҳкор ҳастанд, бояд ҷавоб бидиҳанд”.

Ҳамзамон, Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки ҷараёни бозрасӣ дар қиболи Ӯрунбой Усмонов ҳеч гуна бадрафторӣ нашуда ва акнун оқои Усмонов то оғози ҷаласаи додгоҳ дар манзили худ ба сар хоҳад бурд.

Ӯрунбой Усмонов шоми панҷшанбеи 14 июл, пас аз як моҳи боздошт ба манзилаш баргашт.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки идомаи таҳқиқоти парвандаи Ӯрунбой Усмонов метавонад бидуни инзивоъи вай аз ҷомеъа сурат бигирад ва ба ин далел вай таҳти шароити «берун нарафтан аз қаламрави кишвар» аз боздошт озод шуд.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме, ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуда буд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Ниҳоди бозрасии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид доштанд, оқои Усмонов дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ аст, мушорикат кардааст. Ҳамчунин, ин хабарнигори Би-би-сӣ тибқи модаи 36, қисми панҷи қонуни ҷазо, дар мусоъидат дар фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ мазнун дониста шудааст.

Тӯли замони боздошти ин хабарнигори Би-би-сӣ чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияҳое хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудаанд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи Додситонии кулли Тоҷикистон санади озодии Ӯрунбой Усмонов аз боздошт таҳти шароити вижа бо дархости раиси ҷумҳури ин кишвар имзо шудааст.

Ҳарчанд як рӯз қабл аз озодии машрути оқои Усмонов Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ва Хабарнигорони бидуни марз дар баёнияҳои худ унвонии мақомоти Тоҷикистон, гуфта буданд, ки бо поёни таҳқиқоти муқаддамотии парвандаи Ӯрунбой Усмонов ва ирсоли он ба додситонӣ, «дигар ҳеҷ далеле барои нигоҳ доштани оқои Усмонов дар боздошт вуҷуд надорад».

Питер Ҳаррокс, Раиси бахши Ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии машрути Ӯрунбой Усмонов дар авохири ҳафтаи гузашта гуфт: “Мо аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем».

Вай афзуд: “Ҳамон гуна, ки мо пайваста таъкид доштем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журнолистиаш барои Би-би-сӣ буд”.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110718_mm_zarifi_urunboy.shtml

«Агар президент Раҳмон инро дарк карда бошад…»

[b]Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори «Озодагон» бо журналисти маъруф, устоди донишгоҳи Гурҷистон Олег Панфилов.[/b]

[b]- Олег Валентинович, дар бораи Тоҷикистон матбуоти Русия ба сифати як кишвари рӯ ба Ғарб сӯҳбат мекунад. Шумо, ки ба ахбор ва ҳаводиси мо таваҷҷӯҳи бештар доред, ба ин гуна иддао розӣ ҳастед?[/b]

— Гуфтан мумкин аст, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳар гуна робита бо кишварҳои ғарбӣ ба як навъ рашк муносибат мекунанд. Ё аз рӯи принсипи «танҳо бо мо». Ҳарчанд, то ҷое, ки ман медонам, ҳамаи лоиҳаҳои иқтисодии Русия дар Тоҷикистон ё бебарор буданд, ё аз ҳаракат бозмондаанд. Дар ин сурат, Тоҷикистон мисли ҳар мамлакати дигари мустақил ҳақ дорад бо ҳар кишваре ҳамкорӣ намояд, ки ба ӯ лоиҳаҳои воқеӣ пешниҳод мекунад ва иҷрои муваффақи онҳоро ваъда медиҳад. Фаъолият доштан аз рӯи принсипи русии «биёед ором, вале бепул дӯстӣ кунем» барои Тоҷикистон манфиате надорад. Инро фаҳмидан мумкин. Зеро кишвар дар бунбасти геополитикиву иқтисодӣ қарор гирифтааст. Ин ҳолат дар натиҷаи амбитсияҳои Кремлу Тошканд, вазъи Афғонистон ба миён омадааст. Биноан, Тоҷикистон маҷбур аст, ки шарикони воқеиро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд. Муҳим нест, ки онҳо дар куҷоанд — дар Ғарб, ё Шарқ.

Албатта дар Душанбе дарк мекунанд, ки сиёсати бузургманишинонаи русӣ бисёр рашкин аст, вале ҳолати вуҷуддошта ин кишварро водор менамояд, ки дӯстони боэътимоди худро пайдо кунад.

[b]- Дуруст аст, аммо хабарҳо низ ҳокӣ аз онанд, ки дар ин авохир омаду рафти намояндагони Ғарб ба Душанбе хеле зиёд асту раҳбарияти Тоҷикистон низ зуд — зуд меҳмони онҳо мегарданд. Дар мо гуфтани ин мафҳумро, ки сиёсати хориҷии мо дар асоси дарҳои кушод бунёд шудааст, хеле дӯст доранд. Бовуҷуд, ҳатто дар зинаҳои раҳбарӣ низ иқроранд: мо «ҷанги иттилоотӣ» — ро бохтаем! Бархе аз коршиносон гуфтаанд, ки чунин сурат гирифтани кор, амри табиист, чун раҳбарияти феълӣ «насли пахта»-анд, на насли «hi-tech». Бар иловаи ин дар ин ҷабҳа Шумо боз кадом мушкилотро мебинед?[/b]

— Дар ин гуна ҳолатҳо ман андешаи радикалӣ дорам. Яъне бояд мисли Гурҷистон ба иқдомҳои маҳдудкунанда даст зад — ҳам дар соҳаи иқтисод, ҳам сиёсат ва ҳам иттилоотӣ. Дар ин кишвар ягон шабакаи хабарии телевизионии Русия фаъол нест. Аммо истифода аз шабакаҳои фароғативу маърифатӣ озоданд. Тифлис аз рӯзҳои аввали ҷанг бо Русия дар моҳи августи соли 2008 тасмим гирифт, ки аз таъсири хабарии русӣ озод шавад. Ин мавқеи дуруст аст. Аввалан, барои он ки таблиғи телевизионии Русия ягон пайванде бо озодии сухан надорад. Он тарғибу ташвиқ асту бас. Дуюм, шабакаҳои телевизионии русӣ бисёр талош доштанд, ки мафкураи мардуми Гурҷистонро зери таъсири худ бигиранд. Ва ахиран, сиёсати иттилоотии шабакаҳои телевизионии Русия бисёр маҳдуд, яъне нимаҳақ аст.

Чунин мавқеъгириҳои ҳукумати Гурҷистон аллакай натиҷаҳои мусбати худро ба бор овард. Ин ҳам дар ҳоле, ки сиёсатмадорони русгаро дар ин кишвар нуфузу эътибор надоранд. Ҳатто ба гирдиҳамоиву иқдомҳои мухолифини русгарои ҳукумати Саакашвили теъдоди бисёр хурди мардум ҳозир мешаванд.

Табиист, ки тағйири фазои хабарӣ насли ҷавонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ водор менамояд ва ҳоло дар Гурҷистон ҳамаи толибилмону донишҷӯён то андозае бо англисӣ ҳарф мезананд. Дар донишгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳе, ки ман дарс медиҳам, қисмати бештари дарсҳо бо англисӣ сурат мегиранд. Марказҳои омӯзиши забонҳои олмонӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ, арабӣ, форсӣ, туркӣ хеле зиёд шудаанд. Албатта аз фазои русӣ комилан берун шудан душвор аст, аммо бояд донист, ки ин шарт аст. Зеро, ба андешаи ман, забони муосири русӣ ба рушди ҷомеа мусоидат намекунад. Дуруст аст, ки русзабонҳо дар Гурҷистон ҳастанд, вале дар ин кишвар мактаб ва гуфтугӯ бо ҷаҳони берун тариқи забони англисӣ ва дигар забонҳои аврупоӣ сурат мегирад. Ҳоло мехоҳанд таҳқиқоте анҷом додаву забони муосири гурҷиро аз мафҳумҳое чун «пора», «садақа», «ба кор қабул кардан» ва дигарон, ки дар замони шӯравӣ аз забони русӣ ба гурҷӣ ворид шудаанд, тоза кунанд. Фазои забонӣ тағйир меёбад, ки дар натиҷа менталитети мардум низ дигар мешавад. Ин фазо забони тозаи гурҷӣ ва байналхалқии англисиро ба вуҷуд меорад. Барои ин маҳдудсозии фазои забони русӣ нақши асосӣ бозид. Дурусттараш, маҳдудсозии фазои ахбории русӣ, ки дар заминаи сиёсати таҷовузкоронаи хабарӣ ба вуҷуд омада буд.

[b]- Соли 2008, вақте «ҷанги панҷрӯза бо Русия» оғоз шуд, ба Шумо пешниҳод намуданд, ки дар Гурҷистон ба сифати «ҳимоятгари иттилоотӣ» ба кор биёед. Тоҷикистон барои Шумо кишвари бегона нест. Агар чунин пешниҳод аз сӯи раҳбарияти тоҷик гирифта мешуд, онро мепазируфтед? Ё шояд ягон шарту шароите доред, ки он дар Гурҷистон ҳасту дар Тоҷикистон не?[/b]

— Саволи аҷиб. Аҷобат дар он аст, ки ба ман касе иҷборан ин масъулиятро пешниҳод накардааст. Худам чунин тасмим гирифтам. Зеро беш аз 15 сол аст, ки ба омӯзиши тарғиботи русӣ ва ҷангҳои хабарӣ машғулам. Гурҷистон ҳини ҷанг ба ин саводи ман ниёз пайдо кард ва ман онро барои барҳам зада натавонистани ягона кишвари пасошӯравӣ аз ҷониби Русия (Гурҷистон мехост аз империяи ғуломии Русия озод шавад) масраф кардам. Барои ин, «баҳри хидматҳои хос дар назди Ватан» ба ман шаҳрвандии Гурҷистонро доданд. Бовуҷуд, ман шаҳрвандии Тоҷикистонро то ҳанӯз ҳифз кардаам. Дар ҳоле, ки банда ҳич гоҳ шиносномаи русӣ надоштам. Яъне ба сифати шаҳрванди Тоҷикистон ман омодаам, ки ба ватани худ хизмат кунам. Албатта, агар чунин эҳтиёҷро эҳсос кунанд.

[b]- Аммо маълум аст, ки барои ҳимояи дилхоҳ мамлакат дар фазои беруна омилҳои ватанӣ заруранд. Масалан, Саакашвили, ҳанӯз вақте дар аҳди Шеварднадзе вазири адлия буд, ягона нафаре буд, ки ба нишони эътироз бар зидди ришвахорӣ истеъфо дод. Пас аз соли 2004, чун худаш ба қудрат расид, ин муборизаро авҷ дод. Барои Тоҷикистон кадом омилҳо муҳимтаранд, ки дар хориҷи кишвар ба ҳарфи мо бовар кунанд? [/b]

— Дар шароити феълӣ танҳо як омил барои бунёди давлати муосир муҳим аст — ирода ва хоҳиши элитаи сиёсӣ. Ба Гурҷистон аз кишварҳои пасошӯравӣ меҳмонони зиёде меоянд ва аз натиҷаҳои ислоҳот, хоса ислоҳот дар пулис, набудани ришвахорӣ ва азнавсозии идораи давлатӣ ба ҳайрат меоянд. Бисёриашон фаҳмида наметавонанд, ки ба чунин натиҷаҳо — барҳам задани БДА (ГАИ), дар чанд дақиқа ба қайд гирифта тавонистани созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ, (рӯзномаҳоро бошад бидуни сабт фаъол кардан мумкин аст!) чӣ гуна даст ёфтан мумкин? Тибқи талаботи Қонуни асосӣ дар Гурҷистон ҳукумат наметавонад рӯзнома дошта бошад. Дар Кодекси ҷиноӣ ягон банде вуҷуд надорад, ки журналистонро мавриди пайгирӣ қарор бидиҳад. Ин иродаи сиёсии онҳоест, ки шаш сол пеш ислоҳотро оғоз намуданд. Натиҷаҳои ин ислоҳот ҳайратбарангезанд. Ҳамин рӯзи шанбеи гузашта ман дар яке аз тарабхонаҳои Батуми шиноси худ — вазири ҳифзи муҳити зист Гогу Хачидзеро дидам, ки нақора менавохт. Ҳамаи онҳое, ки дар тарабхона нишаста буданд, медонистанд, ки ӯ вазир асту 32 сол дорад. Аммо касе тааҷҷуб намекунад. Зеро дар Гурҷистон ҳукумат шаффоф аст. Вазирҳо бидуни муҳофиз, аксари вақт худашон дар сари чанбараки мошин мешинанд. ? барои худ ва дӯстонаш нақора менавохт. Чун нақоранавози хубест. Яъне, иродаи сиёсӣ вақте ҳосил мешавад, ки қонун барои ҳама якнавохт аст. Новобаста аз он ки ӯ вазир аст, ё коргари одӣ. Ана барои чӣ ҳайатҳои аз мамолики пасошӯравӣ ба Тифлис омада ин ҳамаро мебинанду ҳайратзада онро тарк мекунанд, аммо дар ватани худ роҳандозӣ намекунанд.

[b]- Дар Тоҷикистон солҳо боз дар бораи ҳайати «ҳукумати нафақахӯрон» сӯҳбат мекунанд, аммо тағйироте намебинем. Мақомот мегӯянд, ки ҷавонон таҷрибаи раҳбариро надоранд. Дар Гурҷистон бошад аслан раҳбарии кишварро ҷавонон ба ӯҳда доранд. Ин омил ба фаъолияти ҳукумат чӣ таъсир мерасонад ва ба фикри Шумо «гвардияи кӯҳна» барои чӣ аз раҳкушоӣ ба насли ҷавон тарс дорад?[/b]

— Воқеан ҳам, дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ Гурҷистон ҷавонтарин ҳукумат дониста мешавад. Синни миёна — 30 -32, ҷавонтарин вазир — вазири кишоварзӣ Бакур Квезерели, 29 — сола аст. Онҳо ҷавононеанд, ки таҳсилоти худро дар Ғарб гирифтаанду менеҷерҳои сатҳи олианд. Принсипи асосии интихоб ба узвияти ҳукумат дар Гурҷистон ҳамин аст — менеҷер ва мутахассиси олӣ будан. Ягон омили дигар — хешутаборбозӣ, ҳамшаҳрчигӣ ва дигару дигарон нест. Бар иловаи ин Гурҷистон бисёр кишвари таҳаммулпазир аст. Ҳатто вазирони рустаборро низ дар ҳукумати Саакашвили пайдо мекунед. Вазири маориф ва илм Дмитрий Шашкин рус аст. Осетинтабор Александр Хетагури — вазири энергетика. Сафири ин кишвар дар Словакия — намояндаи арманиҳо Александр Налбандов, сафир дар Олмон — Габриела фон Габсбург — аз авлоди императории Австрияву Венгрия аст. Барои интихоби чунин одамон ду принсип ба назар гирифта мешавад- мутахассиси хуб будан ва донистани забони гурҷиву англисӣ. Тамом. Дарвоқеъ, ислоҳоти идораи давлатӣ дар заминаи ин сохта шуд, ки ҳамаи мансабдорони замони шӯравӣ аз курсии мансаб дур карда шаванд. Зеро дар симои аксари онҳо ришвахориву бюрократияро мебинанд.

[b]- Саакашвили ба сифати вазири давлатии худ тоҷири рус Каху Бендукидзеро ба ҳукумати худ даъват намуд, ки маҳз ӯ барномаи хусусигардонӣ, либераликунонии иқтисод ва қонунгузориро таҳия намуд. Ба ин восита ба кишвар сармояи фаровон сарозер шуд. Дар Тоҷикистон низ як замон чунин кӯшишҳо анҷом гирифтанд. Аз ҷумла, агар дар хотир доред, соли 2004 президент Раҳмон як мушвоири иқтисодиро, агар иштибоҳ накунам, аз Хазинаи байналхалқии асъор (МВФ) даъват намуд.

Тибқи хабарҳо барои ӯ маоши баланде низ эълон шуда буд. Баъдан дигар ӯ омад, кор кард, ё не, ҳич кас намедонад. Ба ҳар сурат дар ин бора хабаре нест. Ба фикри Шумо ҷалби хориҷиҳо ба ҳукумат то куҷо мушкилоти Тоҷикистонро коҳиш медиҳад? Чун гуфта мешавад, ба ин васила маҳалгароиву садоқатмандиро барҳам задан мумкин аст…[/b]

— Як чиз маълум аст: бо системаи кӯҳна ислоҳот анҷом додан ғайримумкин мебошад! Оё бо ранг кардани бино ҳолати он иваз мешавад? Каха Бендукидзее, ки Шумо мисол овардед, як кори асосӣ кард: шеваи иқтисодии шӯравиро тахриб намуд, моликияти шахсиро эҳё ва барои пайдоиши синфи миёна асос гузошт. Бидуни ин омилҳо рушди иқтисодиёти мусоир номумкин мебошад. Ҳич як мушовир наметавонад вазъро дигар кунад, агар система кӯҳна аст. Системаи кӯҳна бошад аломатҳои хоси худро дорад. Масалан дар Гурҷистон Шумо наметавонед портретҳои президентро дар кӯчаҳо вохӯред. Худи Саакашвилиро бошад дар тарабхона ё қаҳвахона зимни мулоқот бо дӯстонаш вохӯрдан имкон дорад. Вазирон аз ҷумлаи насли ҷавон ва бидуни муҳофиз, мамлакат хурд ва ҳама якдигарро мешиносанд. Ягон кори бад кардан акнун шармандагист. Шармандагӣ барои тамоми Гурҷистон!

[b]- Ба ғайр аз он чи ки гуфтед, аз «ретсепти гурҷӣ» Тоҷикистон боз чӣ барои худ гирифта метавонад?[/b]

— Он чи ки ҳукумати Гурҷистон ва Каха Бендукидзе мекунад ин қисми таркибии рушди маърифати муосир аст. Аз рӯи барномаи махсус Гурҷистон маблағи омӯзиши 200 ҷавонро дар донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон пардохт мекунад ва ба ин васила рушди маорифи худро таъмин мекунад. Донишгоҳҳои мо аз рӯи меъёрҳои ғарбӣ фаъолият мекунанд. Яъне меъёр дигар ришваву фасод несту аз ин рӯ беҳтаринҳо ба донишгоҳ ворид мегарданд. Дар айни замон маориф комилан пулакист ва ин барои сифати беҳтари соҳа ва роҳати устодон мусоидат мекунад.

Бешак эҳёи давлатдорӣ бисёр муҳим аст. Новобаста аз он ки Гурҷистон кишвари халқу халқияти зиёд аст, ҳама — арманиҳо (5% аҳолӣ) озариҳо (6,5%), русҳо (1,5%), ва украинҳову литвониҳову полякҳову олмониҳо ба Гурҷистон чун ватани худ муносибат мекунанд. Давлат низ ба онҳо чунин муносибатро раво мебинад. Пас аз он ки аввалин натиҷаҳои ислоҳот маълум шуданд, ҳама бо ифтихор мегуфтанд: Мо тавонистем беҳтар аз ҳама ватани худро созем!

Ин маънои онро надорад, ки Гурҷистон мушкилот надорад. Дар 15 сол кишвар 4 ҷангро пушти сар кард, ки дар онҳо Русия даст дошт. Ин ҳолат боиси муҳоҷирати зиёди мардум, иқтисоди заъиф гардид. Аммо ҳангоме, ки мо нигоҳи тааҷҷуббарангези меҳмононро ба ислоҳоти анҷомдодаи худ мебинем, мояи ифтихори мост. Аз ҳама муҳимаш пуштгардонӣ аз системаи шӯравист. Менталитети мардумро танҳо дар ҳоле иваз кардан мумкин аст, ки боқимондаи идеологияи шӯравӣ ва менталитети онро барҳам диҳем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.

[b]- Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Остона президент Раҳмон таъкид намуд, ки солҳои охир дар баробари мушкилоти эҷоднамудаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, болоравии нархи озуқаворию сӯзишворӣ ва офатҳои шадиди табиию техногенӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари нав — хатари иттилоотӣ — идеологӣ рӯ ба рӯ омадааст, ки ин хатар аз терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ ҷиддитар аст. Ин гапи наве нест. Ба ҳар сурат дар доираҳои коршиносии тоҷик ва ҷаҳон дар ин бора барвақттар мегуфтанд. Чаро ба фикри Шумо ҷаноби Раҳмон ин нуктаро маҳз имрӯз муҳим арзёбӣ мекунад?[/b]

— Ба назари ман раҳбарияти кишварҳои пасошӯравӣ ҳар иқдоме, ки мекунанд, ба он хотир аст, ки худро сафед кунанд. Гурҷистон низ бӯҳрони иқтисодиро эҳсос намуд, аммо он ҳади ақалл аст, чун дар ин кишвар сиёсати дурусти иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, менеҷерҳои хуб сари коранд. Он чи ки ба таҳоҷуми хабарӣ иртибот дорад, ман аллакай фикрамро гуфтам. Бовуҷуд, ман бисёр хурсандам, ки президент Раҳмон низ инро дарк кардааст. Фикр мекунам, барои Тоҷикистон «идеологияи экстремизм» на он қадар хатарнок аст, ки шабакаҳои телевизионии Русия хатар доранд. Ин ифротитар аз ҳар хатари дигар аст.

Ба андешаи инҷониб, бо таъқиб ва ҷустуҷӯи ифротиҳои афсонавӣ, ки бисёрии онҳо «эҷоди» КГБ -и шӯравист, вазъ беҳтар намегардад. Мубориза бо афсона доим ба хотири дур кардани мардум аз масоили муҳимтар бофта мешаванд. Агар давлат сиёсати дурусти кор бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандиро таҳия карда бошад, танҳо ба ӯҳдаи ҳукумат ҳалли мушкилоти иқтисодӣ боқӣ мемонад. Дар Гурҷистон низ эҳтимол ва тарси бурузи нифоқи байниқавмӣ пас аз ҷанги соли 2008 вуҷуд дошт. Вале, азбаски ҷомеа байни Русияи кремлӣ ва русҳои одӣ фарқ мегузорад, ин хатар аз байн рафт. Яъне бояд Консепсияи ризоияти миллиро бо пешвоҳои воқеии дохилӣ таҳия намуд, на бо таъиноти мансабдорон. Бидуни ризоият дар ҷомеа, бе кӯмак, бидуни муколама ва баҳс чизеро тағйир додан мумкин нест. Агар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол набошанд, дар бораи пешрафту оромӣ ҳарф задан имкон надорад.

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/siyosi/1140-l-r.html