Архив рубрики: Таҳлил

Дархости рӯзноманигорон барои рафъи фишор бар матбуъот

[b]Теъдоде аз рӯзноманигорон ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо судури баёнияе аз раиси ҷумҳур ва порлумони ин кишвар хостаанд, ки аз мавориди фишор бар хабарнигорон ва матбуъот ҷилавгирӣ кунанд.[/b]

Ин баёния рӯзи панҷшанбеи 8 сентябр дар ҷараёни ҳамоиши вижае, ки ба муносибати «Рўзи байналмиллалии ҳамбастагии рӯзноманигорон» доир шуд, ба тасвиб расид.

Ин ҳамоиш ба ибтикори созмони рӯзноманигории Медия-Алянси Тоҷикистон ва бо ҳимояти молии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар бинои Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон доир шуд ва дар он рӯзноманигорон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат доштанд.

Дар ин баёния аз мавориди эҷоди мавонеъ дар роҳи фаъолияти қонунии расонаҳо ва рӯзноманигорон аз ҷониби масъулини давлатӣ изҳори нигаронт мешавад.

Мавзӯъҳои дигари меҳварие, ки дар ин ҳамоиш баррасӣ шуд, аз ҳамбастагии рӯзноманигорони кишвар, мушкилот ва мавонеъи мавҷуд дар ин замина ва омилҳои таъсиргузор бар он иборат буд.

[b]»Ҳампешагон дар ду сангар»[/b]

Аз ҷумлаи мушкилоти марбут ба ҳамбастагии рӯзноманигорон, ки дар ибтидои ин мизи гирд матраҳ гардид, ба гурӯҳҳо ва маҳалҳо қисмат шудани рӯзноманигорон дар Тоҷикистон буд.

Пулод Нуров, дабири вижаи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ҳамбастагии ҳирфаии рӯзноманигорон дар ин кишварро «афсона» хонд ва далели онро ҷудо кардани расонаҳо ба ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ номид.

Вай афзуд: «Рӯзноманигорон низ ба ду гурӯҳи калони ҳукуматӣ ва мустақил тақсим гаштаанд. Онҳо на танҳо ҳамдигарро эътироф намекунанд, балки дар тадобире мисли «Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон»-ро ба таври ҷудогона ҷашн мегиранд.»

Оқои Нуров як сабаби ин «азҳамрезии иттиҳодро» таъсири сохти шӯравӣ донист ва сабаби дигарашро таъсири созмонҳои хориҷӣ бар ин раванд унвон кард. Ӯ таъсири созмонҳои хориҷиро чунин шарҳ дод, ки онҳо аз тарҳҳои нашрияҳои мустақил бештар ҳимоят намуда, аз ҷумла, эълону рекломҳои худро низ бештар дар нашрияҳои мустақил интишор медиҳанд.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, омили дигари парокандагии рӯзноманигоронро «маҳаллчигӣ ва майдамаҳалчигӣ» донист.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, даст бардоштан аз маҳаллгароӣ ба хотири ваҳдати касбӣ ё пешавариро аз қадамҳои ҷиддӣ барои даст ёфтан ба ҳамбастагии комил миёни рӯзноманигорон хоҳад буд.

[b]»Милюнҳо сомонӣ ҷарима»[/b]

Аз мушкилоти дигар дар ҷомеъаи рӯзноманигории Тоҷикистон, ки дар нишасти рӯзи панҷшанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», дар вилояти Суғд ва қазияҳои додгоҳии нашрияҳои “ASIA-Plus” ва «Миллат» буд, ки тайи як соли ахир идома доранд.

Иноятулло Иноятов, ҳуқуқдони мустақил, сабаби аслии аз ҳад зиёд ба дарозо кашидани мурофиъаҳои додгоҳӣ ва сардаргумиҳо дар ин заминаро иттилоъ ва дониши кам доштани қозиён перомуни қавонини марбут ба рӯзноманигорӣ ва расонаҳо унвон кард.

Аммо оқои Иноятов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки пайиҳам ба додгоҳ кашида шудани рӯзноманигорон ва нашрияҳо, ҳамчунин маблағҳои ҳангуфт талаб кардани даъвогарон барои “ҷуброни зарари маънавӣ” ба манзури маҳдуд сохтани фаъолияти расонаҳои мустақил дар кишвар сурат мегирад.

[b]Хазинаи дифоъ аз рӯзноманигорон[/b]

Аз ҷумлаи пешниҳодҳое, ки дар ҷараёни нишасти имрӯз муҳим шумурда шуд, таъсиси як хазинаи вижа барои кумаки изтирорӣ ба рӯзноманигорон ва расонаҳое буд, ки мавриди таҳдиду фишор ва ё таъқиб ҳастанд ва ё баҳсҳои додгоҳие доранд.

Қироншоҳ Шарифзора, раиси созмони ғайридавлатии “Журналист”, ки аз мубтакирони ин пешниҳод буд, таъсиси чунин як ниҳодро барои таҳкими ҳамбастагии ҳирфаии рӯзноманигорон бисёр муфид хонд.

Оқои Шарифзода афзуд: «Бигзор агар хазина бо як маблағи ночиз ҳам боз шавад ва пули кам ҳам дошта бошад, аммо муҳим он аст, ки маблағхо дар як ҷо ҷамъ гашта, такиягоҳ ва воситаи кумаки воқеъии рӯзноманигороне мегардад, ки бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд.»

Аммо пруфессур Иброҳим Усмонов, рӯзноманигор ва сиёсатмадори маъруф, ҳар гуна кумаки молиро барои рӯзноманигорони ниёзманд чандон муҳим намедонад.

Ба андешаи ӯ, ҳарчанд кумакҳои молӣ тасмимҳои хайрхоҳона ва хубанд, аммо бештар лозим аст ҳамкасбон таваҷҷӯҳи худро ба кумакҳои маънавӣ мутамаркиз кунанд.

Зимнан, дар поёни ҳамоиши имрӯз созмони Медия-Алянси Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон бо эътои диплумҳо ба теъдоде аз рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил аз фаъолияти онҳо қадрдонӣ карданд.

Аз ҷумла, онҳо ба Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбекии родиюи Би-би-сӣ, ки дар моҳи июн боздошт шуда ва моҳеро дар боздошт сипарӣ кард, ва Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки тайи ҳуҳуди як сол боз дар боздошт ба сар мебарад, диплумҳои “Барои мавқеъи устувор дар журналистика (рӯзноманигорӣ)”-ро эъто карданд.

Родиюҳои «Озодӣ» ва «Имрӯз» низ барои «инъикоси воқеъӣ ва ҳамаҷонибаи мушкилоти журналистика (рӯзноманигорӣ) ва журналистони (рӯзноманигорони) тоҷик» ба ин гуна ҷавоиз ноил шуданд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110908_ea_ah_media_solidarity.shtml

Қазияи латукӯби Хуршеди Атовулло таҳқиқ мешавад

[b]Аммо, ба гуфтаи намояндаи шӯъбаи умури дохилӣ, парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз боз нашудааст.[/b]

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, ҳодисаи лату кӯби Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи мустақили «Фараж» таҳқиқ хоҳад шуд. Вале афзуданд, ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Қайсиддин Алиев, як масъули шӯъбаи навбатдорӣ дар идораи пулиси ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфт, «дар ҳақиқат вай (Хуршеди Атовулло) ба мо муроҷиат кард ва мо ӯро ба корманди шӯъбаи кофтукоб вобаста кардем. Аризаи ҷабрдида низ гирифта шуд ва ин ҳодиса тавассути корманди мо таҳқиқ мешавад ва ҳатман афроде, ки ҳамла кардаанд, аз рӯи шумораи мошинашон ёфт хоҳанд шуд.»

Ҷаноби Алиев дар посухи ин суол, ки оё нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд ё хайр, гуфт, «ҳоло ҷабрдида бояд ташхиси тиббӣ-судӣ биёрад ва албатта, чун лату кӯб шудааст, парванда боз хоҳад шуд».

Итминони масъулони идораи пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавриди пайдо кардани ҳодисаи лату кӯби Хуршеди Атовулло дар ҳолест, ки чанд моҳе пеш Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» низ аз сӯи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд, аммо бо гузашти моҳҳо то ҳол омилони ин ҳодиса пайдо нашудаанд.

Хуршеди Атовулло, қабл аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе тавассути ҳафт тан аз афроди ношинос дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мавриди лату кӯб қарор гирифт.

[b]ҲАМЛА ДАР РӮЗИ ИД[/b]

Раёсати Медиа Алянс ва ё Эътилофи Расонаҳои Тоҷикистон ҳодисаи лату куби Хуршеди Атовулло, раҳбари ин созмонро маҳкум кард.

Зафари Абдулло, аз аъзои аршади созмони Медиа Алянс гуфт, «албатта, ҳоло мушкил аст, ин қазияро шарҳ додан, аммо мо пас аз маслиҳату машварат иқдоме хоҳем гирифт. Яъне агар ҳодисаи лату куб ба фаъолияти Хуршед рабт дошта бошад, ҳатман нишасти матбуотӣ доир хоҳем кард ва изҳороти расмӣ пахш мекунем. Дар ҳар сурат ҳар навъ ҳамла ба журналист, ба хусус дар рӯзи ид ба фазои сиёсӣ ва расонаӣ халал ворид мекунад. То кунун мавориди ҳамла ба журналистон буда ва умедворам, ин идомаи чунин таҳаввуле набошад».

Зафари Абдулло гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Хуршеди Атовулло на танҳо журналисти оддист, балки раҳбарии чанд созмони муҳими дифоъ аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистонро бар дӯш дорад, мақомот ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, то дар навбати аввал бар иловаи таҳқиқи сареъву мунсифона, ҳамчунин шароити таъмини амнияти ӯро низ фароҳам созанд.

[b]НАНСМИТ МАҲКУМ МЕКУНАД[/b]

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ва ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ мавриди лату кӯб қарор гирифтани Хуршеди Атовуллоро дар партави қазияҳои додгоҳии нашрияҳо як ҳодисаи нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, «дар ин авохир мавзӯи таъмини амнияти тамоми шаҳрвандон, аз ҷумла як тан журналистон дар рӯзҳои ҷашни 20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон ҳодисаи нигаронкунанда аст. Зеро вақте бо сари баланд дар бораи истиқлолият сӯҳбат мекунем, бояд амнияти рӯзноманигорон ва шаҳрвандон таъмин бошад».

Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, ҳанӯз қазовати ҳодиса зуд аст, «дар сурати ба фаъолияти журналистии вай дахл доштани ин қазия, НАНСМИТ ҳатман ҳамроҳ бо шарикони худ барои дифоъ аз ҳуқуқи Хуршеди Атовулло ҷадал хоҳад кард».

Бино ба гуфтаи худаш ва шоҳидон, Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Фараж» ҳаволии соати 13-и имрӯз дар маҳаллаи Зарафшон тавассути афроди ношинос мавриди лату куб қарор гирифтааст.

[b]ИЗҲОРОТИ ХУДИ ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО[/b]

Ҷаноби Атовулло ҳанӯз аз маҳалли ҳодиса дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, «имрӯз, ки ид аст мо ба табрики рафиқону пайвандон мерафтем. Ин буд, ки як худрави сафедранги тамғаи ВАЗ-06 бо рақами давлатии У 21 37 РТ аз маҳаллаи 102 то ин ҷо маҳаллаи 104 ман ва ду тан аз ҳамроҳонамро таъқиб карданд ва ниҳоят пеши мошини моро гирифтанд ва вақте, ки аз мошин фаромада пурсон шудем, ки чаро чунин мекунем, бе ягон сабаб бо калтакҳо моро лату куб карданд».

Ба гуфтаи ҷаноби Атовулло афроди ношинос се нафар буданд, аммо вақте худрав манъ кард боз чор тани дигар бо ин афрод ҳамроҳ шуданд дар маҷмӯъ ҳафт нафар шуданд ва ӯ ва ҳатто ҳамроҳонашро низ лату кӯб карданд.

Хуршеди Атовулло гуфт, ки аз дасти рост ва пойҳояш зарб хурда ва ҳанӯз ҳам дард азияташ медиҳад.

Ҳамакнун барои Хуршеди Атовулло, сабаби ин лату куб, ки ба гуфтаи вай афроди мулкӣ буданд, рушан нест, вай ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино шикоят бардааст.

Зимнан, Хуршеди Атовулло соли 1996 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти эҷодии вай аз барномаҳои ҷавонии Радиои Тоҷикистон шурӯъ карда, баъдан дар нашрияҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Рӯзи нав», «Зиндагӣ» идома додааст. Чанд соли ахир бо таъсиси нашрияи мустақили «Фараж» сардабирии онро бар дӯш дорад. Ҳамчунин раҳбари Созмони рӯзноманигории «Медиа Алянси Тоҷикистон» мебошад.

Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24313584.html

Парвандаи Усмоновро бозраси “ҷавон ва камтаҷриба” таҳқиқ кардааст

[b]“Ҷавонӣ ва камтаҷрибагии” бозрас боъиси “хатогиҳо” дар парвандаи Урунбой Усмонов шудааст.[/b]

Ин матлабро раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи ҷумъаи 26 сентябр дар ҷаласаи муҳокимаи парвандаи ин хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд эълом кардааст.

Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷаласаи додгоҳ ба манзури ироаи иттилоъот дар бораи наҳваи боздошт ва таҳқиқи парвандаи оқои Усмонов даъват шуда буд.

Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ин маъмури амниятӣ дар вилояти Суғд аз посух ба бархе аз суолоти вакилони мудофеъ худдорӣ кардааст.

Дар посух ба ин суол, ки чаро Ӯрунбой Усмонов аз вакили мудофеъ бидуни ҳузури худи вакил даст кашидааст, оқои Досов гуфтааст, ки воқеъан ин амр мухолифи муқаррароти қонун аст.

Ба эътиқоди вай, “чунин хатогӣ ба далели ҷавонӣ ва камтаҷрибагии муфаттиши парванда Саид Саймиддинов рух додааст.”

Дар мавриди таҳти шиканҷа қарор гирифтани Ӯрунбой Усмонов, ин маъмури амниятӣ гуфтааст, ки дар ин броа иттилоъ надорад ва дар ҷараёни таҳқиқи парванда нишони зарбу шатм дар бадани ин хабарнигори Би-би-си-ро надидааст.

Дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳ вакилони мудофеъи оқои Усмонов аз Хуршед Досов суол кардаанд, ки кадоме аз маъмурони амниятӣ ва дар кадом рӯз муваккили онҳоро боздошт кардаанд.

Вале, оқои Досов гуфтааст, ки тибқи муқаррароти қавоъиди амниятӣ вай наметавонад ному насаб ва вазифаи маъмурони амниятиро ошкор созад. Аммо Шодихон Назаров, қозии парванда гуфтааст, ки амалиёти боздошти оқои Усмонов аз сӯйи Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров анҷом шудааст.

[b]Радди мавориди шиканҷаи Усмонов[/b]

Бо ин вуҷуд, Хуршед Досов иддаъо кардааст, ки Урунбой Усмонов рӯзи 14-уми июн боздошт шудааст. Вале, пайвандон ва вакилони мудофеъи оқои Усмонов мегӯянд, ки вай 13-уми июн боздошт шуда ва тӯли як шабонарӯз мавриди зарбу шатми маъмурони амниятӣ қарор доштааст.

Малоҳат Абдуазимова, хонуми оқои Усмонов, ки низ рӯзи 26-уми август ба ҷаласаи додгоҳ даъват шуда буд, гуфт, ки рӯзи 14-уми июн шавҳараш дар ҳузури маъмурони амниятӣ ба манзили маскуниаш барои бозрасӣ оварда шуд.

Малоҳат Абдуазимова дар толори додгоҳ гуфт: “Вақте шавҳарамро ба хона оварданд, дар рӯй ва сари ӯ нишони ҷароҳатҳо вуҷуд доштанд. Дар паси гӯшаш хун хушкида ва либосаш ба хок олуда шуда буд. Вақте, ки маъмурони амниятӣ ӯро гирифта мебурданд, вай гуфт, ки агар мисли шаби гузашта шавад, ман аз он ҷо дигар зинда намебароям. Алвидоъ.”

Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба қозии додгоҳ гуфтааст, ки Урунбой Усмонов расман баёнот додааст, ки зимни боздошт алайҳи вай аз зарбу шатм истифода нашудааст.

Вале, ба эътиқоди вакилони мудофеъ, ин хабарнигори Би-би-сӣ ночор шудааст, чунин баёнотеро имзо кунад. Ба гуфтаи онҳо, оқои Усмонов ин амрро ба манзури таъмини амнияташ анҷом додааст.

Файзинисо Воҳидова ҳамчунин аз Хуршед Досов суол кардааст, ки бозрасии манзили оқои Усмонов бо нақзи муқарророт анҷом шудааст, зеро санади натоиҷи бозрасиро Эраҷ Давлатов имзо кардааст.

Ба гуфтаи хонум Воҳидова, танҳо бозраси парванда, яъне Саид Саймиддинов аз ҳаққи таҳияи санади натоиҷи бозрасии манзили шахси мазнун бархӯрдор аст.

[b]Салоҳияти корбари компутарӣ [/b]

Дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳ ҳамчунин мавзӯъи салоҳияти корбари компутарӣ, ки аз сӯйи бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои бозрасии компутари Ӯрунбой Усмонов даъват шуда буд, матраҳ шудааст.

Хуршед Досов гуфтааст, ки ин корбари компутариро ба сурати лафзӣ даъват кардаанд ва ӯ ба бозрасии компутари оқои Усмонов машғул шудааст.

Вале, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, тибқи муқаррароти қонун, чунин коршинос бояд ба сурати хаттӣ ва расман даъват шуда ва салоҳияти ҳирфаии ин корбар бояд таъйид карда мешуд. Вале чунин амре сурат нагирифтааст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи додгоҳии 26-уми август мавзӯъи ҳузури бархе аз хабарнигорони маҳаллӣ, аз ҷумла Ленура Мустафаева, хабарнигори Pressa.tj дар марҳилаи таҳқиқи ин парванда баррасӣ шудааст. Дар матлабе, ки ин хабарнигор сипас мунташир кард, оқои Усмонов бидуни ҳукми додгоҳ узви Ҳизби Таҳрир муъаррифӣ шуда буд.

Файзинисо Воҳидова ин суолро матраҳ кардааст, дар ҳоле, ки пайвандон ва вакилони мудофеъ дар боздоштгоҳ ба Ӯрунбой Усмонов дастрасӣ надоштанд, чаро хабарнигорон тавонистаанд, ки бо вай сӯҳбат кунанд.

Хуршед Досов гуфтааст, ки он рӯзҳо дар расонаҳои гурӯҳӣ дар бораи ин қазия иттилоъоти носаҳеҳ мунташир мешуд ва раёсати бахши вилоятии амният тасмим гирфитааст, ки хабарнигоронро даъват ва шароити сӯҳбат бо оқои Усмоновро фароҳам созад.

Оқои Досов афзудааст: “Он рӯз ҳар хабарнигоре, ки барои сӯҳбат омода буд, метавонист бо Ӯрунбой Усмонов дидор дошта бошад.”

Дар ҳамин ҳол, қарор аст ҷаласаи ояндаи додгоҳ рӯзи 6-уми сентябр баргузор шавад.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110826_if_usmonov_court.shtml

АНҶУМАНИ НАВИ РАСОНАӢ. ЧАШМ БА САРМОЯИ ТАБЛИҒҲО

[b]Созмони нави радио ва телевизионҳои хусусии Тоҷикистон мехоҳад, бозори реклама аз нав танзим шавад. «Анҷумани истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи аудио-визуалӣ”, таҳти ин унвон як созмони нави журналистӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки мехоҳад, ба мушкили радио ва телевизониҳои хусусӣ расидагӣ кунад.[/b]

Ҳоло ин ассотсиатсия дар заминаи СМТ ё Симои Мустақили Тоҷикистон, телевизиони «Регар», телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа, «Мавҷи озод»и ноҳияи Восеъ, ТВ-5 шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент ва ҳолдинги “Ориёно-медиа”, ки дар таркиби худ чанд радио дорад, таъсис ёфтааст.

Раиси анҷумани тавлидгарон ва ноширони маводи аудио-визуалӣ Зиннатулло Исмоилов, ки ҳамзамон масъули Студияи телевизиони СМТ мебошад, мегӯяд, ки сабаби аслии таъсиси ин анҷуман дарёфти роҳҳалҳои чанд мушкили умдае мебошад, ки домангири телевизионҳои мустақил дар кишвар мебошанд.

Вай аз ҷумла мегӯяд: «Мушкили аввали телевизионҳо ва радиоҳои мустақил ин аст, ки ба бӯҳрони реклама рӯ ба рӯ ҳастанд. Ва аксар созмонҳои рекламдиҳанда танҳо ба телевизионҳои давлатӣ рекламаи пешниҳод мекунанд. Ташкилоте, ки дар дохили Тоҷикистон бо релама сарукор доранд, бо шабакаҳои телевизионҳо давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд. Мо маҷмӯи масоили мавҷуди телевизионҳо мустақилро, хусусан дар соҳаи рекламаро меомӯзем ва ба ниҳодҳое, ки бо реклама сари кор доранд пешниҳод кунем ва саҳми телевизонҳои мустақил дар амри пахши рекламаро мушаххас созем. Зеро воқеияти имрӯз нишон медиҳад, ки телевизион ва радиои мустақил бидуни реклама бақои худро наметавонад нигоҳ дорад. Аз ин рӯ бозори реклама бояд мунсифона амал кунад.»

Масъалаи дигаре ки созмони нав ба он расидагӣ хоҳад кард, омӯзиши доираи шунаванда ва бинандагони телевизион ва радиоҳои мустақил мебошад. То кунун аудиторияи телевизионҳо бар асоси пахши амвоҷ ва имконоти фаннии онҳо муайян карда мешавад. Дар ин ришта чанд таҳқиқе анҷом дода хоҳад шуд, ки барои иҷрои онҳо кӯмаки молии созмонҳои байналмилалӣ ба ин созмон зарур будааст.

Сармуҳаррири телевизиони мустақили «Мавҷи озод»и ноҳияи Восеъ Хоҷа Назриев мегӯяд, ки эшон огоҳона саҳми худро дар роҳи таъсиси иттиҳодияи нав гузоштаанд, зеро як созмоне ки манофеи телевизионҳои мустақилро биомӯзад ва дифоъ кунад вуҷуд надорад.

Ба қавли Назриев ҳоло мушкили аслие, ки онҳо мувоҷеҳ ҳастанд, камбуди реклама мебошад: «Агар реклама бошад, ин телевизион пешравӣ мекунад. Танқисии телевизиони мо реклама аст. Ҳанӯз корхонаҳо дар навоҳӣ фарҳанги рекламаро намедонанд. Мо ба ташкилоту корхонаҳо муроҷиат мекунем, онҳо метарсанд, ки дар бораи худашон маълумот диҳанд, зеро аз андоз метарсанд. Мо умедворем, ки созмони нави журналистӣ ба мо кӯмак хоҳад расонд.»

Аммо як ширкати танзими реклама дар шаҳри Душанбе бо номи “TA Group” мегӯяд, ки рақобати бозори реклама ба доираи густардаи таблиғу пахши маводи таблиғшаванда тааллуқ мегирад ва гузашта аз ин рекломдиҳанда мехоҳад, дар расонаҳое маводи вай таблиғ ёбад, ки дорои аудиторияи васеъ бошад. Азбаски шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ аз лиҳози пахши мавҷ ва шумори бинанада бартарӣ доранд, рекломдиҳандаҳо мехоҳанд, огаҳиҳои худро дар ин шабакаҳо пахш кунанд.

Зимнан як ниҳроди дигар бо номи Анҷумани миллии расонаҳои озоди электронӣ, иттиҳоде буд, ки низ мегуфт, аз манофеи тавлидгарон ва ноширони маводи радиоӣ ва телевизионӣ ҳимоят мекунад. Аммо фаъолияти он аз се-чаҳор сол бештар идома пайдо накард.

Раиси он Мӯсо Асозода гуфт, ки бинобар пуштибнии молӣ наёфтани тарҳҳояш аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ин иттиҳод аз кор монд. Пас то куҷо эътилофи нави шабеҳи он муваффақ буда метавонад? Ҷаноби Асозода мегӯяд, ки агар ин ташкилот ҳам натавонад, тарҳҳои хуби марбут ба мушкилоти телевизонҳои мустақилро татбиқ кунад ва аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ пуштибонии молӣ набинад, зуд аз саҳна берун хоҳад гашт.

Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин аст, ки расонаҳои электронии мустақил дар Тоҷикистон воқеан ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯянд ва агар созмони нав аз мудирияти дуруст кор гирад, метавонад ба онҳо мадад кунад: «Ҳол гап фақат дар сари маблағ ва менеҷменти хуб меравад. Агар аъзои иттиҳодия тавонанад, барои ҳифзи ин созмон бо раҳбарияти он муташаккилона талош кунанд, ҳатман муваффақ хоҳанд шуд.»

Ҷаноби Қаршибоев ва коршиносони дигар зикр мекунанд, ки созмони нав набояд танҳо ба умеди танзими бозори рекламаи радио ва телевизионӣ ба манфиати расонаҳои электронии мустақил шавад, балки роҳҳои дигари кӯмак ба онҳоро низ дар пеш бигирад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир зиёда аз 70 дар сади бозори рекламаи раидовизуалӣ дар инҳисори радио ва телевизионҳои давлатӣ қарор дорад. Саҳми боқимонда ба расонаҳое монанди радиоҳои “Азия-Плюс”, “Ватан”,“Имрӯз” ва бархе аз телевизионҳои мустақил рабт мегирад.

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/5994.html

Урунбой Усмонов мегӯяд, «ҳақ ба ҳақдор мерасад»

[b]Ба қавли вакили мудофеи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ, нафари таҳти ҳимояташ шиканҷа шудааст.[/b]

Файзинисо Воҳидова гуфт, боздошти Урунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ сурат гирифта, аммо дар протокол як рӯз дертар, 14-уми июн сабт шудааст.

Дар тӯли ин як шабонарӯз, ба гуфтаи хонум Воҳидова, хабарнигори Би-би-сӣ мавриди озору азият қарор гирифтааст. Бинобар ин, ӯ аз додгоҳи вилояти Суғд хостааст, то он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки Усмоновро боздошт кардаанд, ҷиҳати бозпурсӣ даъват карда шаванд.

Рӯзи панҷшанбеи 25-уми июн қарор аст бозбинии парвандаи Урунбой Усмонов аз сар гирифта шавад ва боздошткардагони ӯ низ дар додгоҳ ҳозир хоҳанд шуд. Хабарнигори «Озодӣ» дар сӯҳбате, ки бо Урунбой Усмонов дошт, нахуст пурсид, ки ба ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ чӣ назар дорад?

[b]Урунбой Усмонов:[/b] «Хушбахтона, дар ҷараёни мурофиа айбномае, ки бар зидди ман эълон карда буданд, исботи худро наёфт ва сохтаву бардурӯғ будани он рӯшан шуд. Вале як чизро намефаҳмам. Додрас гаштаву баргашта аз ман мепурсад, ки чаро Шумо дар бораи мулоқот бо ду узви Ҳизбуттаҳрир хабар надодед. Ман ҳам посух гуфтам, ки дар пайи фаъолияти касбӣ бо онҳо дидор ва мулоқот кардаам. Аз тарафи дигар, ман як иғвогариеро дар муқобили худ эҳсос мекунам, аммо намедонам он аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё созмоне ва ё ягон нафари алоҳида роҳандозӣ мешавад.»

[b]Озодӣ:[/b] Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Шумо аз ду маврид дар парвандаатон ёдовар шуд. Аввал ин ки Шумо рӯзи 13-уми июн боздошт шуда, як шабонарӯз мавриди шиканҷав қарор доштед. Дуввум, мақомот санаи боздошти шуморо расман 14-уми июн эълон кардаанд, ва он рӯзи бадрафтории мақомот аз парванда «гум» шудааст. Шумо ҳам инро таъйид мекунед?

[b]Урунбой Усмонов:[/b] «Аслан ба худам қавл дода будам, ки дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷае, ки бар алайҳи ман раво дида шуд, сӯҳбат накунам. Вале чун рӯзи мурофиа вакили дифоъ дар ин бора сухан гуфтанду ба ман рӯирост савол доданд, маҷбур будам, ки ҳақиқатро бигӯям.»

[b]Озодӣ:[/b] Дар ҳақиқат Шуморо озору шиканҷа карданд?

[b]Урунбой Усмонов:[/b] «Хоҳиш мекунам, дар ин бора ҳоло сӯҳбат накунем. Вақташ ояд, мумкин дар ин бора муфассал ҳарф мезанем.»

[b]Озодӣ:[/b] Алъон хонум Воҳидова тақозо дорад, то он нафароне, ки Шуморо боздошт ва шиканҷа кардаанд, ба додгоҳ ҳозир шуда, посух гӯянд. Шумо ҳам ба онҳо саволе доштед?

[b]Урунбой Усмонов:[/b] «Мумкин аст дар ҷараёни мурофиа саволе пайдо шавад. Аммо ҳоло агар як чизро нагӯям беадолатӣ мешавад. Нисбат ба ман аз тарафи ду нафар муфаттиш ягон шиканҷа ё бадрафторӣ нашуд… Лекин Шумо ба гуфтаи ман аҳамият диҳед, ки ҳозир танҳо дар бораи ду нафар ҳарф мезанам. Лекин дар бораи дигар нафароне, ки маро боздошт карданд, ҳеҷ чиз нагуфтам. Аз Худо мехоҳам, ки дар ин рӯзҳои Рамазон ба онҳо инсоф диҳад, агар виҷдон дошта бошанд, виҷдонашон азоб мекашад, Барои чӣ онҳо дурӯғ мегӯянд? Хайр, вақт довар аст. Ман ба ин бовар дорам.»

[b]Озодӣ:[/b] Ҳоло чӣ ҳол доред, ба чӣ кор машғулед?

[b]Урунбой Усмонов:[/b] «Аслан ман дар даст роҳхат доштам ба бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Гӯшам каме вазнин шуда буд ва дар хона табобат мегирам. Инчунин, бемории сар дорам, ки бояд ба табобати он низ машғул шавам. Аммо додрас гуфтанд, ки не, ба ин баъд машғул мешавед. Ҳоло умед аз Худо дорам, ки шифо бубахшад. Дар 31 рӯзи боздошт 9 кило хароб шудам. Ҳамаи он чиро, ки аз сарам гузашт ва дарду бемориҳоямро бигӯям, гиря гулӯгирам мекунад. Ҳамааш гузашт. Ман ба касе ҳам даъво надорам. Чуноне ки гуфтам, вақт довар аст ва ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Аз таҳти дил бовар дорам, ки давлати Тоҷикистон як давлати дунявию демократӣ бунёд карда истодааст. Як мисоли оддӣ ин ки худи президент – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озод кардани ман, ҳарчанд дар замони тафтишот бошад ҳам, тасмим гирифтанд. Ҳозир ҳам умедворам, ки аз тақдири ман огоҳ мешаванд. Умед дорам, додгоҳ низ чун президент одилона рафтор мекунад.»

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24304507.html

CPJ: “Аз иттиҳомоти сохта алайҳи Усмонов даст кашед”

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, (CPJ) як созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз “иттиҳомоти сохта” алайҳи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли ин кишвар, даст кашанд.[/b]

Дар баёнияи ин созмон, ки шоми 17-уми август мунташир шуд, таъкид шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ танҳо ба манзури фаъолияти ҳирфаии худ ба ҷамъоварии мавод дар бораи Ҳизби Таҳрир машғул будааст.

Руберт Мейҳунӣ, муъовини раиси Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, мегӯяд, ки иттиҳомот алайҳи Ӯрунбой Усмонов ғайри қобили қабул аст: “Зеро рӯзноманигорӣ корест, ки иртибот бо ҳама ҷонибҳо, аз ҷумла бо мухолифони давлатро, тақозо мекунад.”

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ба Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон гуфтааст, ки агар додгоҳ иттиҳомоти воридаро таъйид кунад, ин хабарнигори Би-би-сӣ мумкин аст барои то панҷ сол ба зиндон маҳкум шавад.

Ин дар ҳолест, ки бозрасон оқои Усмоновро бар асоси модаи 307(3), банди 2-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин ҳизб муттаҳам мекунанд.

Вале ҳам Ӯрунбой Усмонов, ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигории ӯ сурат гирифтааст.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи сешанбеи 16 август муҳокимаи парвандаи Ӯрунбой Усмоновро дар сохтмони боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз кард.

Дар додгоҳ ҳамчунин 4 нафари дигар аз муттаҳамон ба узвияти Ҳизби Таҳрир, муҳокима мешаванд. Дар рӯзи нахустини ҷаласаи додгоҳ, яке аз ин афрод гуфтааст, ки дар гузашта бо Ӯрунбой Усмонов танҳо ба унвони хабарнигор дидоре доштааст.

Дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи додгоҳ чанд нафар аз шоҳидон шаҳодат додаанд. Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, дар ин ҷаласа фарде, ки компютери Ӯрунбой Усмоновро ба унвони мутахассиси роёна бозрасӣ карда буд, низ шаҳодат додааст.

Аммо худи оқои Усмонов ва вакилаш, хонуми Воҳидова, дар ҷаласаи додгоҳ салоҳияти ӯро ба унвони як мутахассиси роёна зери суол бурдаанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи хонуми Воҳидова, интихоби вай барои бозрасии компютери кории оқои Усмонов ва додани назари фаннӣ дар ин бора ба таври ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

Вакили Ӯрунбой Усмонов мӯътақид аст, ки ин фард барои додани назари фаннӣ дар заминаи бозрасии компютери оқои Усмонов муҷаввиз надошта ва маъмурони амниятӣ низ барои даъват кардани ӯ ба унвони мутахассис ҳеч дархосте ба ширкате, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад, нафиристодаанд.

Файзиниссо Воҳидова ҳамчунин хостори дар додгоҳ ҳозир шудани маъмурони амниятие шудааст, ки оқои Усмоновро боздошт карда буданд. Зеро ба гуфтаи вай, ҳарчанд оқои Усмонов 13 июн боздошт шуда буд, вале дар асноди расмӣ санаи боздошти ӯ 14 июн зикр шудааст.

Пештар гузориш шуда буд, ки вакили мудофеъи оқои Усмонов хостааст, ки Ленура Мустафаева, муаллифи матлабе дар сойти интернетии Pressa.tj, ба иттиҳоми тавҳин алайҳи оқои Усмонов ба додгоҳ кашида шавад.

Дар ин матлаб, ки дар ҳафтаи аввали боздошти Ӯрунбой Усмонов мунташир шуд, аз ӯ ба унвони як узви Ҳизби Таҳрир ном бурда шуда ва аз номи чанд узви дигари ин ҳизби мамнӯъ иддаъо шудааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ дар фаъолияти онҳо мушорикат доштааст.

Вале дар додгоҳ ин ду узви Ҳизби Таҳрир гуфтаанд, ки ҳарчанд нависандаи ин матлаб ба онҳо аз сӯйи маъмурони амниятӣ муъаррифӣ шуда буд, вале худи Ленура Мустафаева бо онҳо сӯҳбат накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, як ниҳоди иҷтимоъӣ, ки баҳсҳои миёни расонаҳоро баррасӣ мекунад, бо пахши баёнияе чопи матолиби таҳвиномез алайҳи Ӯрунбой Усмонов дар Pressa.tj ва нашрияи давлатии “Народная газета”-ро муғойир бо одоби рӯзноманигорӣ арзёбӣ карда ва аз расонаҳои гурӯҳӣ даъват кардааст, ки дар оянда аз чопи чунин матолиб худдорӣ кунанд.

Урунбой Усмонов рӯзи душанбеи 13 июн ҳангоме ки аз ҷойи кор ба хона бармегашт, нопадид шуд ва рӯзи дигар бо ҳамроҳии маъмурони амниятӣ ба манзилаш баргашт ва мушаххас шуд, ки ӯ боздошт шудааст.

Чанде аз созмони байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои ғарбӣ бо интишори баёнияҳое боздошти ӯро мукарраран маҳкум карда ва хостори озодии ӯ шудаанд.

Дар ниҳоят, оқои Усмонов рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуд.

Мақомҳои додситонии кулли Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки озодии оқои Усмонов ба қайди васиқа бо мудохилаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, сурат гирифтааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110818_if_usmonov_spj.shtml

Би-би-сӣ эъмоли шиканҷа алайҳи Усмоновро маҳкум кард

[b]Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ эъмоли шиканҷа алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, дар замони боздошташро маҳкум кардааст.[/b]

Ин шабакаи хабарӣ рӯзи ҷумъаи 19 август бо интишори баёнияе аз наҳваи бархӯрди маъмурони амниятӣ бо оқои Усмонов ибрози нигаронӣ карда ва аз мақомоти тоҷик хостааст, ки ба мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба ин хабарнигор расидагӣ кунанд.

Баёнияи Би-би-сӣ пас аз ифшои ҷузъиёти шиканҷа дар ҷараёни муҳокимаи оқои Усмонов дар додгоҳи вилояти Суғд мунташир мешавад. Баррасии ин парванда рӯзи сешанбеи гузашта дар боздоштгоҳе дар беруни шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

Дар баёнияи Би-би-сӣ омадааст: «Вақте аз оқои Усмонов суол шуд, вай ба додгоҳ гуфт, ки пас аз боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифта ва аз ҷумла, маъмурон ӯро задаанд ва дастонашро бо сигор сӯзондаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки ӯро маҷбур кардаанд эътирофномаеро, ки қироат мешуд, имзо кунад.»

Би-би-сӣ ҳамвора бар бегуноҳии Ӯрунбой Усмонов таъкид карда ва мегӯяд, ки иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи ӯ комилан бепоя аст. Дар ин баёния омадааст, ки дидор ва мусоҳиба бо афроди дорои ақоиди мухталиф аз усули кори хабарнигорӣ дар Би-би-сист.

Ин шабакаи хабарӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамаи иттиҳомот алайҳи оқои Усмоновро лағв кунанд, то ӯ битавонад ба унвони як нависанда ва хабарнигори мӯҳтарам ба кори худ идома диҳад.

[b]Таъвиқи муҳокима[/b]

Баёнияи тозаи Би-би-сӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки муҳокимаи парвандаи Ӯрунбой Усмонов дар додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, барои замоне номаълум ба таъвиқ уфтодааст.

Дар ин бора Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар истинод ба Шодихон Назаров, қозии парванда, хабар дод.

Қарор буд ҷаласаи ояндаи додгоҳ барои муҳокимаи Ӯрунбой Усмонов ва чаҳор тан аз муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгарои мамнӯъ, рӯзи сешанбеи 23 август доир шавад.

Вале ба гуфтаи хонуми Воҳидова, таъвиқ дар баррасии ин парванда ба далели сафари оқои Назаров аз Хуҷанд ба Душанбе барои ширкат дар ҷаласае тахассусӣ сурат гирифтааст.

То кунун ду ҷаласаи додгоҳ барои баррасии парвандаи оқои Усмонов ва чаҳор фарди муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст.

Дар ҷаласаи аввал, ки сешанбеи гузашта доир шуд, муттаҳамон тафҳими иттиҳом шуданд ва қозӣ суолоте дар мавриди иттиҳомоти матрӯҳа алайҳи оқои Усмонов матраҳ кард. Дар ҷаласаи дувум дар рӯзи панҷшанбеи гузашта теъдоде аз гувоҳон дар додгоҳ шаҳодат доданд.

Аз ҷумлаи ин афрод як мутахассиси роёна буд, ки алайҳи оқои Усмонов шаҳодат дод. Вай муддаъӣ буд, ки дар компютери оқои Усмонов фойлҳои марбут ба Ҳизби Таҳрирро пайдо кардааст. Вале оқои Усмонов ва вакилаш салоҳияти ӯ ба унвони мутахассиси роёнаро зери суол бурданд.

Дар поёни ҷаласаи додгоҳ, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов, хостори дар додгоҳ ҳозир шудани маъмурони амниятие шуд, ки оқои Усмоновро боздошт карда буданд.

Ӯ ва муваккилаш мехоҳанд ин афрод дар мавриди замони боздошти оқои Усмонов, ки дарвоқеъ 13 июн иттифоқ уфтода, вале дар асноди парванда 14 июн сабт шудааст, шаҳодат бидиҳанд.

Таъвиқ дар баррасии парвандаи Ӯрунбой Усмонов ва панҷ тан аз муттаҳамон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии давлат дар бораи қонуни афвро ба тасвиб расонд.

Ба гуфтаи вукалои мудофеъи оқои Усмонов, ҳатто дар сурати таъйиди иттиҳомот алайҳи вай, ӯ дар чорчӯби қонуни афви умумӣ маъоф хоҳад шуд. Аммо оқои Усмонов ва вакилонаш мегӯянд, ки вай ҳеч гуноҳе надорад ва бояд табраа шавад.

Ду рӯз пеш, Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, (CPJ) як созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки “иттиҳомоти сохтагӣ” алайҳи ин хабарнигори Би-би-сиро лағв кунанд.

Оқои Усмонов рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуд.

Мақомҳои додситонии кулли Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки озодии оқои Усмонов ба қайди васиқа бо мудохилаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, сурат гирифтааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110819_ea_usmonov_trial.shtml

Кӯмак ба хонаводаи хабарнигори зиндонии тоҷик

[b]Беш аз 6 ҳазор сомонӣ кӯмаки хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ба хонаводаи хабарнигори зиндонии тоҷик, Муҳаммадюсуф Исмоилов, супурда шуд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ҳисоб бештар аз 4 ҳазор сомониро нашрияҳо, созмонҳои хабарнигорӣ, Дафтари ҳуқуқи башар ва намояндагии Интернюс нетворк дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ кардаанд.

Ҷаноби Қаршибоев гуфт, ҳамчунин бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷи кишвар низ ба хонаводаи Муҳаммадюсуф Исмоилов дасти кӯмаки худро дароз намудаанд.

Нуриддин Қаршибоевро дар ин сафараш ба ноҳияи Ашт, ки наздикони Муҳаммадюсуф Исмоилов дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, хабарнигори “Озодӣ” дар Хуҷанд, Маъсуми Муҳаммадраҷаб ва муовини раҳбари ҲСДТ дар Суғд, Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, ҳамроҳӣ карданд.

Хабарнигори “Озодӣ” мегӯяд, ҳамаи ин кӯмакҳо ба Хосият Абдуқодирова, духтари амаки Муҳаммадюсуф Исмоилов, дода шудааст, ки ҳоло ӯ саробонии хонаводаи ин хабарнигори зиндонии тоҷикро ба ӯҳда дорад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи “Нури зиндагӣ” дар нӯҳ моҳи пеш аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Ашт боздошт шуда, то кунун дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла маҳалгароӣ ва тӯҳмат ба мақомот айбдор медонанд.

Вале созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон мегӯянд, Муҳаммадюсуф Исмоилов барои нашри силсиламақолаҳояш дар бораи вазъи зиндагии сокинони ноҳияи Ашт боздошт шудааст.

Мурофиаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов чанд бор бо ҳузури шоҳидон дар додгоҳи ноҳияи Ашту Тобошаҳри вилояти Суғд баргузор шуд, вале то кунун додгоҳ қарори худро содир накардааст. Ахиран вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт, ки эҳтимол нафари таҳти ҳимояташ дар афве, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон эълон мешавад, раҳо ёбад.

Ин хабарнигори зиндонии тоҷик соҳиби панҷ фарзанд аст, ки кӯчактарини онҳо дар замонибоздошташ ҳамагӣ чаҳор моҳ дошт. Маҳтобӣ Абдуллоева, ҳамсари Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, фарзанди кӯчаки онҳо – Умед нӯҳ моҳ боз падари худро надидааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24300296.html

Раҷаби Мирзо: Дар 7 соли ахир маро касе задан намехоҳад

[b]Ҳашт сол қабл аз ин, дурусттараш 7-уми августи соли 2003 дар Душанбе нашрияи мустақили «Рӯзи нав» ба табъ расида, дастраси хонандагон гардид. Дар як муддати кӯтоҳ ин ҳафтанома дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мақоми хосаеро касб карда, нашрияи серхаридортарини кишвар гардид. Аммо ин нашрия ҳамагӣ як солу як ҳафта умр дид ва шумораи охирини он рӯзи 12-уми августи соли 2004 чоп шуд. Тайи 7 соли ахир сабабҳои мутаваққиф шудани нашри «Рӯзи нав»-ро ба муассису ҳайати эҷодии он касе аз масъулини мақомот то ҳол шарҳ надодааст. Дар ин бора ва дар чанд мавзӯи дигар «Озодагон» сӯҳбате дошт бо Раҷаби Мирзо (Мараимов), сардабири «Рӯзи нав».[/b]

[b]Озодагон: Ба фикри Шумо «Рӯзи нав» то куҷо рӯзномаи муваффақ буд ва асрори мувафаққияти он дар чӣ ифода меёфт?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Бовар кунед, чӣ қадар бароям дардовар аст, вақте дар бораи «Рӯзи нав» чун моли замони гузашта ҳарф мезананд. Бале ин воқеият аст, ки рӯзнома 7 сол боз чоп намешавад. Аммо ҳақиқат ин аст, ки рӯзнома ягон ҷурми ҳуқуқиву касбӣ надорад. Аз ин рӯ он баста ҳам нашудааст. Ин ҳолат мисли он аст, ки фарзанди касе дар ҷанг мемирад, аммо азбаски ҷисмашро ба пеши падару модар наовардаанд, онҳо ба ҳеч ваҷҳ бовар намекунанд, ки фарзандашон фавтидаст ва доим чашм ба роҳанд. Ман ҳам умед дорам, ки «Рӯзи нав» ҳатман аз нав дар майдони матбуот фаъол хоҳад шуд. Бигзор бидуни иштироки ман. Ёдатон ҳаст, ки дар як сӯҳбати дигарам гуфта будам: ман омода будаму ҳастам, ки ҷабри чанд латукӯби дигарро ҳам бардорам, аммо танҳо ба «Рӯзи нав» касе кордор намешуд.

Фикр мекунам дар бораи муваффақ будан ё набудани «Рӯзи нав»дигарон, аз ҷумла хонандагонаш ва коршиносон баҳо бидиҳанд, беҳтар ва мантиқӣ мебуд. Ҳарчанд барои ман ҳамчун бунёдгузори он тақрибан ягон мушкилоти молие пеш наовардани рӯзнома метавон гуфт, ки бозгӯкунандаи муваффақияти рӯзнома аст. Зеро ҳанӯз аз шумораи дуввумаш «Рӯзи нав» тавонист хонандаи зиёдеро фаро бигирад ва худкифо шавад. Баъдтар бошад ҳатто ба манбаи иловагии даромадҳои ман табдил ёфт. Ба сифати сардабир бошад барои ман дар баробари мушкилоти зиёд пеш овардан обрӯи фаровон ато кард. Пас «Рӯзи нав» -ро ман далеле надорам, ки лоиҳаи муваффақ наҳисобам.

Дар бораи ин рӯзнома, ки воқеан ҳам дарвозаҳои тарсро дар Тоҷикистон шикаст, назарҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳукумат ва бархе аз ҳукуматгароҳо, тавре ишора кардам, тамоми мушкилоти пешомадаи ҷомеаи шаҳрвандиро ба пайдоиши ин рӯзнома нисбат додан мехоҳанд. Озодихоҳону ислоҳотхоҳон комилан фикри дигар ва баръакс доранд. Пас, дар бораи мақому нақши «Рӯзи нав» ба гумони ман бояд дертар, ҳадди ақалл пас аз он сӯҳбат кард, ки ҳукумати нав ба майдон биёяд.

[b]Озодагон: Лату кӯбе, ки нисбати Шумо анҷом дода шуд, бевосита ба нашри «Рӯзи нав» рабт дошт, ё ягон ғарази дигар ҳам буд?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Замоне, ки дар шаш моҳи соли 2004 ду маротиба ба ман сӯйиқасд карданд, аз ягон кас қарз надоштам, бо касе ҷангӣ ҳам набудам, моли касеро ҳам надуздидаву аз худ накарда будам. Яъне барои ғарази дигар, он тавре, ки Шумо мегӯед, заминаву омиле вуҷуд надошт. Пас аз мутаваққиф шудани «Рӯзи нав» ҳам тақрибан ҳамон ҳолати иҷтимоиро дорам, ки он замон доштам. Пас чаро дар 7 соли ахир (шукри Худо) маро касе задан намехоҳад? Магар ин не ки акнун «Рӯзи нав» фаъол нест?

[b]Озодагон: Чаро дар замони то андозае ҳассос ба нашри матолиб ва мавзӯъҳои мамнӯъ даст задед? Инро иродаи мустаҳкам меноманд ё «Рӯзи нав» «кришаи» қавӣ дошт?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Барои ман ва аҳли қалами «Рӯзи нав» як мавзӯи мамнӯъ вуҷуд дошт: ҳар чӣ ки қонунгузорӣ манъ кардааст ва ба ахлоқи касбиву инсонӣ намеғунҷад. Дигар мавзӯи табӯ надоштем. Ба кормандони «Рӯзи нав», ки аксаран аз ҳисоби журналистони ҷавон ва навроҳ гирд омада буданд, як чиз мегуфтам: Шумо нотарсида нависед, мо нотарсида ташхис мекунем, ки яон қонун нақз шудааст ё не. Воқеан ҳам, «Рӯзи нав» аз шумораи нахустинаш бо созмонҳои ҳуқуқшиносӣ шартномаи ҳамкорӣ дошт, ки кӯмаки ҳуқуқии ройгон анҷом медод. Яъне аз аввалин расонаҳои Тоҷикистон аст, ки базаи ҳуқуқии худро аз ибтидои фаъолият замина гузошт. Инро бояд чунин фаҳмид, ки мо воқеан ҳам як рӯзномаи ҷиддӣ ва бо фарогириву бархӯрди ҷиддӣ ба майдон омадем. Мутаассифона, ҳатто риояи қонун ҳам ба мо кӯмак накард. Тавре Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия Плюс» ҳолати моро рамзнок шарҳ дод: мо ба маълумоти обуҳавосанҷҳо бовар кардем, ки мегуфтанд «рӯзи офтобӣ хоҳад буд» ва бо худ чатр нагирифтем, аммо дар кӯча борон меборид.

Аммо он чӣ ки ба «криша» ё чатрҳо марбут аст. Шояд ёд доред, ки он замон дар бораи «ҳомиёни» зиёде мегуфтанд, ки ба мо гӯё кӯмак кардаанд. Тақрибан шахсияти таъсиргузоре намонда буд, ки бо ин «ҷурм» муттаҳам нашуд: Тӯраҷонзода, Нурӣ, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Самариддин Фазлиддинов, Қувват Султон…

Вале ҳақиқат ин аст, ки ман ҳеч гоҳ «чатр» -ро дӯст надоштаам. Ҳам ба маънои рамзӣ, ҳам аслиаш. «Криша» ва маблағгузори мо 15 000 хонандаи «Рӯзи нав» буданд, ки ҳар ҳафта нашрияи моро мехариданд ва фаъолиятамонро қавӣ мекарданд.

[b]Озодагон: Баъди аз чоп мондани «Рӯзи нав», ки ҳамагӣ як солу як ҳафта идома дошт ва дар ин давра ҳам латукӯб шудед ва ҳам бо баста шудани рӯзнома якбора ин зарбаҳоро ба шикастагии рӯҳияи Шумо сабаб нагашт? Яъне мисли сармуҳаррири «Рӯзи нав» ҳанӯз ҳам дар касби худ бо иродаи қави пеш меравед ё аз баъзе ҳолатҳо андеша мекунед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Пурсиданиед, ки ман оё аз кардаи худ пушаймонам? Ба ҳеч ваҷҳ. Бори дигар мегӯям, ки агар он чиро ки мо анҷом додему касе онро ҷиноят меҳисобад, ман омодаам ин «ҷиноят» -ро аз нав содир кунам.

[b]Озодагон: Сабаби аслии мутаваққиф шудани фаъолияти рӯзномаро дар чӣ мебинед?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] Дар баробари матбуоти қавӣ худро заъиф дидани мақомоти марбутаи ҳукумат.

[b]Озодагон: Пас аз баста шудани рӯзномаи «Рӯзи нав» тӯли 7 сол дар куҷо фаъолият доред ва оянда нақшаҳоятон чист?[/b]

[b]Раҷаби Мирзо:[/b] 5 соли аввал комилан бекор будам. Чандин бор ба ҳамкасбонам мегуфтам, агар ба касбияти ман бовар доред, хоҳиш мекунам ба кор қабулам кунед. Ман ҳатто омода будам, ки бо маоши ночизе кор кунам. Танҳо мехостам, ки аз мақоми «ғайрилегалӣ» берун шавам. Дар ин миён тақрибан дар ҳар рӯзномаи навтаъсис ба сифати мушовир ва ғоясоз, аммо ғайрирасмӣ кор кардам. Матлабҳои маро бо имзои худам кадоме аз нашрияҳои фаъол чоп кардан намехост. Аз соли 2008 «Фараж» омода шуд, ки бархе аз матлабҳои ба ҳаводиси сиёсати хориҷӣ марбутбударо нависам ва бо имзои худам чоп кунад. Баъдан як муддати кӯтоҳ дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» кор кардам. Аммо пеш аз ин дар ин маҷалла баъзе идеяҳои бандаро роҳандозӣ карда буданд. Яъне ҳамкориҳои мо доманаи фарохтару барвақттаре дошт. Моҳи августи соли 2009 намояндагони радиои «Имрӯз» маро ба кори расмӣ – сармуҳарририи ин радио даъват кард. Як сол он ҷо кор кардам. Азбаски «мушкилоти техникӣ» дар пахши радио ба вуҷуд омад, ба роҳбарияти он гуфтам, ки шояд сабаб дар ман нуҳуфтаасту беҳтараш аз кор меравам. Бубинед, пас аз ин «мушкилоти техникӣ» низ рафъ шуд. Дуруст аст, ки дигар ин радио формати қаблии барномаҳоро низ надорад. То моҳи майи соли 2010 дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла «СССР» ва «Озодагон» матлабҳои муаллифӣ менавиштам. Августи соли 2010 аввалин рӯзномаи ҳаррӯзаи «Имрӯз news» -ро фаъол кардаму то шумораи 57 он зери имзои ман баромад. Айни ҳол дар рӯзномаи «Озодагон» фаъолият дорам. Аммо як лоиҳаи дигаре дорам, ки бо хости Худо ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд.

Сӯҳбаторо: Мавзуна Абдуллоева

Источник: http://ozodagon.com/suhbati-ruz/1762—7-2004-

М.Ҷӯраева: «Айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашуд»

[b]Вакили мудофеи хабарнигори «Нури зиндагӣ» мегӯяд, ки айбнома алайҳи Исмоилов исбот нашудааст.[/b]

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт, бо айбҳои тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқири мансабдорони ноҳия аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад .

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт, дар ҷараёни тафтиши парванда аз охири соли гузашта то кунун айбҳои эълоншуда дар муқобили нафари таҳти ҳимояаш, яъне «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исботи худро наёфтааст.

Хонум Ҷӯраева афзуд: «Азбаски ҳеҷ як аз иттиҳомоти бар зидди Исмоилов тасдиқ нашуд, бо дархости мо барои ташхиси забонии мақолаҳои вай парванда ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фиристода шуд. То ҳол ташхис анҷом наёфта, парванда баргардонида нашудааст.»

Хонум Ҷӯраева афзуд, зерҳимояаш дар пайи фаъолияти касбӣ ва нашри мақолаҳои танқидӣ дар бораи фаъолияти мақомоти аввали ноҳияи Ашт бо тақозои гурӯҳе аз мансабдорони ҳукумати ноҳияи Ашт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

[b]ИСМОИЛОВ ЧӢ ГУНА «ТАМАЪҶӮӢ» КАРД?[/b]

Ба ақидаи вакили дифои Исмоилов, иттиҳоми «тамаъҷӯӣ», ки то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, алайҳи зерҳимояаш таҳмилӣ будааст: «Ба Исмоилов аз рӯи банди «тамаъҷӯӣ» тӯҳмат карда истодаанд. Зерҳимояам соли 2009 хона месозад ва аз як ҷиянаш чанд дона тахта мегирад. Он ҷиянаш дар ҳукумати маҳаллӣ кор мекардааст ва кормандони ҳукумат таҳти фишор ӯро маҷбур кардаанд, то даъво кунад, ки Муҳаммадюсуф он масолеҳро аз вай бо роҳи «тамаъҷӯӣ» гирифта буд.»

[b]ОЁ ИСМОИЛОВ МАҲАЛГАРОӢ КАРДААСТ?[/b]

Хонум Ҷӯраева дар мавриди иттиҳоми «маҳалгароӣ» алайҳи рӯзноманигори нашрияи «Нури зиндагӣ» гуфт, Исмоилов дар як мақолааш навиштааст, ки гурӯҳе аз ҷавонони Хуҷанд ҳудуди 160 ҳектор заминҳои ҳосилхези ноҳияи Аштро аз худ карданд, дар ҳоле ки ҳазорон ҷавони ин маҳал аз бекорӣ ва нодорӣ барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Ин нуктаро додситонии Ашт чун барангехтани маҳалгароӣ маънидод кардааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилови 51-сола ва ба гуфтаи вакили дифоаш, чанд маротиба аз сар ва қафаси синааш ҷарроҳӣ шуда, тибқи санади расмӣ, маълули дараҷаи сеюм аст. Хонум Ҷӯраева мегӯяд, тибқи пешнависи Қонуни нав дар бораи афв, маъюбони дараҷаи 3 низ мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

[b]ҚАРШИБОЕВ: «ИСМОИЛОВ ОЗОД ШАВАД»[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд: «Ман бар онам, ки ҳатто дар сурати нисбат ба Исмоилов татбиқ нашудани қонуни афв низ додгоҳ бояд тамоми ҷиҳатҳову омилҳои ин қазияро дар назар гирифта, ӯро аз толори додгоҳ озод кунад. Чунки он иттиҳомоте, ки алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз ҷониби додситонии ноҳияи Ашт пешниҳод шудааст, тавре вакилони мудофеи вай ба ин натиҷа расидаанд, устувор нестанд ва таркиби ҷиноят дар аъмоли вай вуҷуд надорад.»

Вале тӯли як моҳ парвандаи хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» аз Душанбе, аз институти забон ва адабиёти Паҳуҳишгоҳи улуми Тоҷикистон барнагаштааст.

[b]ПАРВАНДАИ ПУРСАРУ САДО[/b]

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба думбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Амрико, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва НАНСМИТ, иттиҳоди расонаҳои мустақили Тоҷикистон боздошти хабарнигорро посухи мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номиданд ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24291364.html