Архив рубрики: Таҳлил

Вокунишҳо ба «озодӣ»-и Исмоилов ва Усмонов

[b]СPJ ва RSW агарчӣ аз раҳоии ду хабарнигори тоҷик хуш шуда, вале муҷозот шудани онҳоро маҳкум мекунанд.[/b]

Йоҳан Бир, мудири бахши АвроОсиёи созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Порис, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов оҳи сабук кашид, вале ин ки ҳам Исмоилов ва ҳам Урунбой Усмонов муҷозот шуданд, таассуфангез ва ғайри қобили қабул аст.

Музаффар Сулаймонов, масъули Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон дар вокуниш ба ин ду ҳукм низ гуфт, аз раҳоии Исмоилов хуш шудаанд, вале муҷозот шудани ӯву хабарнигори Би-би-сиро маҳкум мекунанд ва ҳамчунон ба бегуноҳии ҳарду исрор меварзанд.

Ҳарду созмон хостори бознигарии ҳукми рӯзи 14 октябр дар қиболи ду хабарнигори тоҷик шуда, хостори лағви ин ду ҳукм шуданд. Ба таъбири оқои Сулаймонов, додгоҳҳои Тоҷикистон бояд бо лағви ин ҳукмҳо домани худро аз доғи нангине, ки аз муҷозоти хабарнигорон ба обрӯи онҳо зада шуд, пок кунанд.

[b]БИ-БИ-СӢ: «БА ҲУКМИ ДОДГОҲ РОЗӢ НЕСТЕМ»[/b]

Ин дар ҳолест, ки Би-би-сӣ низ мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ дар бораи Урунбой Усмонов розӣ нест ва онро шадидан маҳкум мекунад. Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ гуфтааст, «Мо ба дифои худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»

Ӯ афзудааст: «Мо ҳамчунин қасд дорем барои дарёфти посух дар мавриди бадрафторӣ ва эъмоли шиканҷа нисбати Урунбой дар боздоштгоҳ иқдом кунем ва нигарониҳои воқеии худ дар робита ба навоқиси раванди таҳқиқи қонуниро дар ин қазия матраҳ кунем.»

Додгоҳи Хуҷанд Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро ба 3 соли зиндон маҳкум кард, аммо бар асоси қонуни афв аз адои ҷазо озод намуд. Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешуд, моҳи июн боздошт шуда, як моҳро дар зиндон сипарӣ кард.

[b]УСМОНОВ: «МАН АЙБДОР НАБУДАМ…»[/b]

Баъди як моҳ таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии хабарнигорон раҳо шуд, вале мурофиаи парвандааш дар додгоҳ аз моҳи август ба ин сӯ идома дошт. Айбдоркунанда барои Усмонов аз додгоҳ 5 сол ҳукми зиндон хоста буд, вале созмонҳои байнулмилалӣ иттиҳомоти алайҳи ӯро бофта номида, аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии хабарнигорро талаб карда буданд.

Худи Усмонов имрӯз дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба додгоҳи болотар шикоят хоҳад бурд.

Ифандиёри Одина, раҳбари дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов гуфт, ин ширкат ба ҳукми додгоҳ розӣ нест ва оқои Усмонов ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд. Ба гуфтаи Исфандиёри Одина, то чанд лаҳзаи дигар ширкати «ВВС» дар ин робита изхҳороти худро пахш хоҳад кард, ки дар он аз Урунбой Усмонов ҳимоят хоҳад кард.

Ӯ гуфт, «Бо он ки додгоҳ Урунбой Усмоновро ба се соли зиндон маҳкум ва дар чорчӯби иҷрои Қонуни афв аз адои ҷазо дар зиндон раҳо кард, ин ба маънии табраа ва ё сафед карданӣ вай нест. Ба ин далел, мо ба ҳукми додгоҳ мувофиқ нестем ва талаб дорем, ки хабарнигори мо сафед карда шавад. Яъне доғи судии вай бардошта шавад.»

Дар ҳамин ҳол Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов низ ҳукми додгоҳро «ғайриқонунӣ ва беасос» содир шудааст. Зеро ба таъкиди хонум Воҳидова «ҳукм, қаблан ҳукми айбдоркунӣ аст ва пурра аз рӯи фикри айбдоркунии мақомоти тафтишоти пешкашӣ содир шудааст. Яъне, суд далелҳои овардаи ҳимояро ба назар нагирифт ва Усмоновро дар он хусус айбдор кард, ки айбдории ӯ бевосита ба фаъолияти касбиаш, яъне журналистиаш рабт дорад.»

[b]ИСМОИЛОВ: «ШИКОЯТ МЕКУНАМ»[/b]

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфт, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфт, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ҷаноби Исмоилов дар як тамос ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бовар кунед, аз ин ҳукм чандон розӣ нестам. Ба чӣ далел маро ҷарима ва ба мӯҳлати се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум мекунанд? Наход даҳони кормандони васоити ахбори оммаро бубанданд. Ҳоло он ки мо ба фоидаи ҷамъият кор кардем. Мо бештар аз камбудиҳо гуфтем ва ба ислоҳи он таъкид намудем, на чизе бештар аз он.»

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукмаш дар додгоҳҳои кишвар, маҷбур мешавад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунад.

[b]ВАКИЛИ МУДОФЕЪ: «ҲУКМИ ОДИЛОНА БУД»[/b]

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов, дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ аз ин ҳукми додгоҳ истиқбол кард ва онро як навъ «одилона» хонд.

Маҳмадалӣ Мақсудуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ дар як тамос аз Хуҷанд ба «Озодӣ» гуфт, аз натиҷаи ин додгоҳҳо чунин хулоса карда мешавад, ки хабарнигорони Тоҷикистон метавонанд аз худ дифоъ намоянд. Вай афзуд, ин қазия ҳамраъйии хабарнигорони тоҷикро нишон дод, ки барои озодии матбуот ва озодии баёни хеш мубориза бурда метавонанд. Ба назари ҷаноби Мақсудулло низ ҳукми додгоҳ дар баробари Муҳаммадюсуф Исмоилов одилона будааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздошт ба сар мебурд ва мақомот ӯро дар таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мекарданд. Қабл аз судури ҳукми Исмоилов ва Усмонов Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ё CPJ, мақарраш дар Ню-Йорк, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ҳарду ин хабарнигорро фавран озод кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24359707.html

Русия: Расонаҳои мустақилро «бӯғӣ» мекунанд

[b]Бахши аввали силсилаи мақолаҳо дар бораи фазои иттилоот ва хабарнигорӣ дар Русия.[/b]

Ахбори телевизиони Русия ба монанди даврони Шӯравӣ якранг шудааст. Аксаран ин гузоришҳо аз ширкати раҳбарони кишвар дар кушоиши муассисаҳои нав, сӯҳбатҳои раҳбарон бо пешвоёни кишварҳои хориҷӣ ва танқиду таҳқири зердастон дар мазҳари ом иборат ҳастанд.

Телевизиони ғайридавлатии НТВ-и Русия то соли 2000-ум яке аз мунтақидони асосии Кремл ба шумор мерафт, вале вақте Владимир Путин сарвазир таъйин шуд, ӯ молики НТВ, ба истилоҳ олигарх Гусинскийро муддате ба ҳабс гирифт. Дар ин байн ширкати давлатии «Газпром» НТВ-ро аз худ намуда, онро дар амал ба канали сеюми давлатӣ табдил дод.

Ҳамин гуна, телевизиони ғайридавлатии РЕН-ТВ зиёд барои ҳифзи истиқлолаш талош варзид, вале билохира маҷбур шуд, 60 дарсади саҳмияҳояшро ба як сарватманди соҳаи нафту филиз таслим намуда, аз чорчӯби муқаррарнамудаи ӯ берун нашавад.

[b]ҲАМА ДАР ЗЕРИ ҚАНОТИ КРЕМЛ[/b]

Ба ақидаи коршиносон беш аз 80 дарсади аҳолии Русия ахборро аз талавизионҳои давлатӣ дастрас мекунанд ва аз ин рӯ, Кремл шабакаҳои телевизиониро зери қаноташ қарор додааст. Денис Волков, пажӯҳишгари Маркази омӯзиши афкори умуми Русия бо номи Левада, мегӯяд, мардум дар бораи ҷанҷолҳои байнулмилалии ин кишвар хабар надоранд, зеро телевизионҳо дар ин бора чизе намегӯянд. Волков қазияи марги вакили мудофеъ Сергей Матнитскийро мисол меорад, ки аз сабаби нарасонидани кӯмаки тиббӣ дар маҳбас ҳалок шудааст.

[b]ҚАТЛИ ХАБАРНИГОРОНИ «НОВАЯ ГАЗЕТА»[/b]

Бо васфи чунин ҳол шореҳи Радиои Озодӣ Грегорӣ Фейфер рӯзномаи “Новая Газета”-ро ҳамчун намунаи мавҷудияти ошкорбаёнӣ дар Русия пеш меорад. Гузоришҳои таҳқиқотии ин нашрия ба вижа аз Чеченистон ва фасоди мансабдорон бисёриҳоро нороҳат кардааст. Аз соли 2003-юм ба ин тараф чор хабарнигори “Новая Газета” ба қатл расидаанд. Яке аз моликони “Новая Газета” сармоядор Александр Лебедев, ки ҳамроҳ бо раҳбари охирини Шӯравӣ Михаил Горбачев 49 дарсади саҳмияҳои нашрияро дар ихтиёр дорад, пешниҳод кард, ки ба хабарнигорони ин нашрия ҳаққи нигаҳдории силоҳ дода шавад, зеро давлат аз ӯҳдаи ҳимояи онҳо набаромадааст.

[b]ЭҲТИЁҶ БА НАШРИЯҲОИ ОЗОД[/b]

Ҷои ёдоварист, ки 51 дарсади боқимондаи саҳмияҳои “Новая Газета” ба ҳайати таҳририяи ин нашрия тааллуқ дорад. Бо эътирофи нақши “Новая Газета”, баъзе шореҳон ишора мекунанд, ки он ҳамагӣ 200 ҳазор нусха чоп мешаваду асосан дар Маскаву Санкт-Петербург хонанда дорад.

Муовини муҳаррири “Новая Газета” Андрей Липский мегӯяд, «қаҳтии иттилоот» чунон бузург аст, ки ҳатто ҳокимони давр ба ин қабил нашрияҳои озод эҳтиёҷ доранд: “Ин як ҳоли зидду нақиз аст, вале ҳатто мақомот ба “Новая Газета” эҳтиёҷ доранд. Ҳадди ақал барои дарёфти як сарчашмаи маълумоти нороҳаткунандаи якдигар зарур аст.”

[b]»КОММЕРСАНТ» ДИГАР ТАНҚИД НАМЕКУНАД?[/b]

Агар ақидаи Липский воқеият дошта бошад, сабаби мавҷудияти радиои “Эхо Москви” низ ҳамин аст. Ин радио ба Газпром марбут бошад ҳам, лаҳни танқидии худро дигар накардааст. Аммо рӯзномаи “Коммерсант” бо тағйири моликаш лаҳни танқидиро канор гузошт. Собиқ муҳаррири Коммерсант” Кирил Рогов мегӯяд, вақте сарватманд Борис Березовский молики ин нашрия буд, Кремл рӯи он нуфуз надошт, вале вақте бахши бузурги саҳмияҳо ба дасти сарватманд Алишер Усмонов гузашт, рӯзнома мустақилияташро аз даст дод.

Рогов меафзояд: “Рӯзнома бо як вазъи аҷоиб мустақил буд. На Кремл ва на молики он — Березовский рӯи “Коммерсант” контрол надоштанд. Вале вақте Усмонов онро аз Березовский харидорӣ кард, назорати кори рӯзнома ташкил шуд.”

[b]КИШВАРЕ, КИ ХУД ОЗОД НЕСТ…[/b]

Рогов дар солҳои навадуми асри гузашта сомонаи маъруфи Полит.ру-ро ташкил кардааст. Ӯ мегӯяд, феълан дар Русия 40 миллион нафар ба интернет дастрасӣ доранд, вале ба ваҷҳи умум истифодабарандагони интернет шабакаи иттилоотиро на барои хабар, балки барои дарёфти маълумоти тафреҳӣ кор мегиранд.

Ӯ афзуд, дар кишваре, ки худ озод нест, матбуоти озод вуҷуд дошта наметавонад. Шореҳон ҳам бо ишора ба интихоботи парламентии моҳи декабр ва интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи март мегӯянд, вазъ зери назорати комили мақомоти Русия аст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24356038.html

Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад…”

[b]Сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайкон» — Ҷумъаи Толиб, ҳашт моҳ боз аз маризӣ ранҷ мебарад.[/b]

Дар ин муддат ҳафтаномае, ки ӯ сардабираш буд ва Дафтари мушовара, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистие, ки ӯ сарварӣ мекард, бо даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон баста шуданд. Ин хабарнигори тоҷик ҳоло дур аз сарусадои пойтахт, дар зодгоҳаш деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад. Мо ба аёдати ӯ рафтем ва дар манзилаш бо ӯ сӯҳбат оростем. Шунида будем, ки ӯ сахт мариз аства ҳам бо азоб сӯҳбат мекунад.

Аммо Ҷумъаи Толиб аз мо хуш пазироӣ кард ва бо камоли майл ба суолҳои мо посух дод. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалак ва деҳаи дурдасти кӯҳистон бо чӣ андешаҳо зиндагӣ мекунад?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Ҳоло дар фикри он ҳастам, он чӣ ба назари дигарон бурд аст, ба бохт табдил диҳем. Бархе бар инанд, ки Бюро баста шуд ва «Пайкон» аз чоп монд, онҳо бурд карданд. Аммо ба ин меандешам, ки Худо хоҳад, ин ҳамаро ба бохти онҳову бурди мо табдил диҳем. Зеро ин раванд аз аввал то охир хилофи қонун буду ҳаст. Онҳо — судяву вазорати адлия супоришро иҷро карданд. Маризӣ сабаб шуд, ки дар зинаҳои додгоҳӣ дуруст иштирок карда натавонам. Аммо қонун иҷозат медиҳад, ки ба тариқи назоратӣ боз ба додгоҳ муроҷиат кунем. Зеро онҳо бар асоси як мактуби қалбакие, ки аз куҷое пайдо карданд, ин ҳама корро созмон дода, Бюрову нашрияро бастанд.”

[b]ЧАРО «ПАЙКОН»-РО ЧАП ГИРИФТАНД?[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Бубинед, он чӣ, ки «Пайкон» чоп мекард, дигарон ҳам чоп мекарданд. Аммо чаро фақат «Пайкон»-ро, ба истилоҳ, чап гирифтанд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Шумо агар шумораҳои «Пайкон» — ро гирифта, таҳлил кунед, мебинед, ки ягон нашрия он гуна бепарда намегуфт, ки «Пайкон» мегуфт. Дигар нашрияҳо андаке дар пеши мавод парда мекашанд. Лекин мо ҳамаро бепарда мегуфтем. Як мисол меорам. Вақте «Пайкон»-ро се моҳ бастанд, мақолаҳои омодаро ба дигарон пешниҳод кардем, аммо якашро ҳам ягон нашрия чоп накард. Вақте дигарбора ба кор шурӯъ кардем, худ ин маводро нашр намудем.”

[b]»БА ҶОИ ТАҲҚИҚ МОРО ПУРСУҶӮ МЕКАРДАНД»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дар бораи ин ки «Пайкон» аз ҳар тараф таҳти фишор буд, зиёд мегӯянд. Аммо то куҷо маводи Шуморо мақомот ҷиддӣ мегирифтанд, ба онҳо чӣ вокуниш нишон медоданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Воқеан, аз ҳар тараф ба мо фишор меоварданд. Мо менавиштем, ки ин матлабро ба таваҷҷӯҳи додситонии кул пешниҳод мекунем, мехоҳем, ки ин маводро таҳқиқ кунад, санҷида барояд, аммо дар иваз моро даъват мекунанд! Ба таваҷҷӯҳи вазорати корҳои дохилӣ менависем, ки ин маводро бинад, аммо боз моро даъват мекарданд. Масалан, як мақола навиштем, ки «Ба капитани милиса чанд зан равост?» Моро даъват карданд, ба ҷои он, ки чора бинанд. Охир, чӣ кор мекунед? Чанд мавод дар бораи камбудии судяҳо навиштем, баръакс ҷавоб менависанд вобаста ба ҳаракати парванда. Чизи дақиқе дар бораи суолҳое, ки дар мавод буд, нест.”

[b]»ШАРҚИ ОЗОД» ВА ҚАРЗИ «ПАЙКОН»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Бубинед, Шумо аз «Шарқи озод» қарздор будед. Маблағро пардохта натавонистед, бастанд. Дигар ин ки Шумо дар чопхонаи дастгоҳи раисҷумҳур «Пайкон»-ро нашр мекардед. Ҳар чӣ бошаду набошад, ин нишон медиҳад, ки Шуморо он гуна ки тасаввур меравад, дар ҳошия қарор надода буданд…

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мо, воқеан, қарз доштем, аммо ин масъалаи ҳалшаванда буд. Аммо гап ҷои дигар аст. Ҳафтаномаи моро як шабонарӯз мехонданд. Шумо худатон журналист, агар дар як шумора чор саҳифаро дигар кунанд, куҷо қудрату асаб мемонад дар ман? Маводе, ки нисфаш чоп шуд, хонанда хонд, нисфи дигарашро манъ мекунанд, ки нашр накун, ба хонандаву муаллифи мақола чӣ мегӯед?”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Оё ҳамин фишорҳо ба сиҳатии Шумо таъсир карданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Чӣ хел бетаъсир мемонад? Чӣ хел бетаъсир мемонанд, ки на бо ман ва на бо Фазлиддин (Фазлиддин Хоҷаев, собиқ муҳаррири «Пайкон») шартнома накарда, бо як одами кӯчагузар шартнома баста, гирифта, моро қарздор карданд. Асабонӣ мешудам. Барои навиштани ҳар маводи кормандони «Пайкон» хуни дил мехӯрдем. Аммо вақте рӯи саҳифа меояд, мегӯянд, ки не ин мавод намеравад.”

[b]БОЗГАШТ БА ЗОДГОҲ[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Аммо, Ҷумъабой, кай ва чаро ба зодгоҳатон омадед? Хуб набуд, ки дар Душанбе бошеду мушкили роҳу табиб ҳам надошта бошед?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Моҳи март омадам. Фазлиддин шумораи 100-уми «Пайкон»-ро бароварду ман омадам. Дигар ин, ки дар Душанбе дар хонаи бародарам будам. Як рӯз сенздаҳ духтур омад. Гуфтанд, ки ин шахс дурӯғ худро касал гирифтааст. Ман ноилоҷ хеста ба додгоҳ рафтам. Худамро дифоъ карда наметавонистам. Ширкати ман зарур буд, ки ҳалномаашонро қабул кунанд. Ман ба додгоҳ рафтам, фақат ширкат кардам. Аммо ба ҳама ҳушдор додам, ки ин корро ҳамин тавр нахоҳам гузошт, то ба охир мерасонам.”

[b]»ҲАМА БАРОИ ХУД КОР МЕКУНАД»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Ба назари Шумо, созмонҳои рӯзноманигорӣ ба баста шудани «Пайкон» то куҷо муқовимат карданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мебахшед, ин ҷо як нукта аст. Ҳама тоҷикему лек барои худ кор мекунем. Вақте «Кумитаи 29»-ро ташкил карданд, дар охир дар ҳама ҷо эълон доштанд, ки мо масъалаҳои матбуоти тоҷикро ҳал кардем. Аммо «Пайкон» чоп намешуд. Агар он бародарон ин ҷо мебуданд, дар рӯяшон мегуфтам. Мутаассифона, нестанд ва аз қафо гап задан ҷавонмардӣ нест. Ин ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки қалам ба дасти бархе касон расид. Агар Салими Аюбзод, Додоҷони Атовуллову Мирзои Салимпур ва Соҷидаи Мирзо ин ҷо мебуданд, ба ростӣ, журналистикаи тоҷик дигар мебуд. Акнун онҳое, ки худро журналист мегӯянд, савдогари сухананд, принсип надоранд. Ба мо барои як таҳқиқ 1 ҳазор сомонӣ медоданд. Бархеро чор – панҷ моҳ таҳқиқ мекардем. Як ҳамин гуна таҳқиқ доштем дар ноҳияи Рӯдакӣ. Онро ҳам дар Шӯрои васоити ахбори ом (ВАО) муҳокима карданд, ки чаро дер чоп кардем. Ҳоло он, ки дар ин таҳқиқ мо қариб 900 сомонӣ харҷ кардем. Худатон гӯед, ки агар натиҷа нашавад, ман онро чӣ тавр чоп кунам? Аммо Шӯрои ВАО аз мо интиқод кард, ки чаро саривақт матлабро нашр накардед. Ин дардро ба кӣ мегӯед? Ҳама барои худаш кор мекунад.”

[b]»КОЛЛЕКТИВИ ХУБ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳам БМС ва ҳам «Пайкон» созмону нашрияи як худи Шумо буданд. Чун Шумо ҳам рафтед, онҳо ҳам баста шуданд. Назари худатон чӣ аст?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Вақте компютерҳову дастгоҳҳоямонро мусодира карданд, ман ба худ андешидам, ки агар набошам, нисбати кормандони «Пайкон» ягон парванда мекунанд. Ростӣ, ҷои таъриф нест, ман ба ҳамаи бачаҳо гуфта будам, ки агар ягон маводро нашр мекунеду аз мақомот мепурсанд, бигӯед, ки фалонӣ, яъне ман иҷоза додам. Онҳо аз номи ман ҳазар мекунанд. Барои ҳамин нахостам, ки бачаҳо таҳти зарба раванд. Ростӣ, як коллективе ҷамъ омада буд, ки бовар кунед, шояд дар ягон ҷои дигар пайдо нашавад. Фазлиддин дар «Нигоҳ» кор мекарду барои кормандони «Пайкон» маош медод. Ба ҷои он, ки ман ба Фазлиддин маош диҳам. Мефаҳмед? Мо ҳамин хел коллектив будем.”

[b]»СОХТОРИ СУДӢ ЯК БОЗОР ШУДААСТ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Чаро Шумо дар нашрияатон зиёд ба парвандаҳои ҷиноӣ ва мавзӯъҳои марбут ба додгоҳу ҳифзи ҳуқуқ тамаркуз мекардед, дар ҳоле ки нашрияҳои дигар асосан ба сиёсату фарҳанг ва моҷароҳои оилаиву ҳангомаҳо сарукор доранд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мебахшед, гап дар ин аст, ки агар мақомоти қудративу додгоҳҳо дар ҷои худ бошанд, медонед зиндагӣ чӣ тавр мешавад? Ҳоло касе аз касе тарс надорад. Сохтори судӣ як бозор шудааст. Ман дар миёнашон мегардам, медонам. Адвокатҳое, ки ҳастанд, нақши худро намебозанд, балки нақши миёнаравро мебозанд. Ин дурӯғ нест. Ман даҳҳо мисол метавонам орам.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Аммо бо нашрияву газета чӣ кор метавон кард?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мебахшед, бо газета метавон хеле кор кард. Масалан, як мақола навиштем, таҳти унвони «Ҳукми 12-асраву 26-сола». Се кас муроҷиат карда буд. Дар пайи матлаб ҳукмҳояшонро 11-солӣ кам карданд. Як мақолаи дигар аз Мастчоҳ доштем. Як девонаро, ки ҳуҷҷат дорад, 15 сол ҳабс карда буданд. Мо мақола навиштем — «Девона дар ҳабсхона». Баъд аз нашри он ӯро раҳо карданд.”

[b]ҶУМЪАИ ТОЛИБ — ШАХСИ ҶАНҶОЛӢ?[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Мегӯянд, ки Шумо як шахси, ба қавле, «ҷанҷолӣ» ҳастед. То «Пайкон» ҳам чунин, ба истилоҳ «саргузаштҳо» доштед. Оё ин дуруст аст?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Ман як шахси ҷанҷолӣ нестам. Шояд зиндагии маро ҳамин гуна сохта буданд. Вақте дар нашрияи ноҳиявӣ кор мекардам, ҳар моҳ як ё ду матлаб менавиштам. Гап мешунидам, аммо менавиштам. Касеро гӯш намекардам, менавиштам дар нашрияи «Меҳнат», ки баъдтар ба «Субҳи кӯҳсор» табдили ном кард. Ҷанҷол мехест. Масалан, қиссаи як кӯдаки шашсоларо навишта будам, ки ӯро кушта, пора-пора карда, дар чанд қабристон гӯр карда буданд. Ман ҳамин ҷиноятро кушода будам. Ё як духтари нӯҳсоларо таҷовуз карда, ба дарё афканда буданд. Аммо тасодуфан дар як бутта дармонда буд. Ман инро таҳқиқ карда, муҷримонро ошкор карда будам. Ин гуна нест, ки ман баъд аз маҳбас ба ин корҳо даст мезадагӣ шудам. Одамони оддӣ дӯстам медоштанд, салому алейки самимӣ доштанд, аммо мансабдорон ин гуна набуданд.”

[b]ҲАШТ МОҲ ДАР ЗИНДОН[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Агар соҳибмансабҳо қабул надоштанд, метавонистанд ба гунае муҷозот ҳам кунанд…

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Аз нашрияи ноҳиявӣ аз кор рафтам. Нашрияи «Нури ҳақ»-ро ташкил кардам. Як сол фаъолият кардам. Дидам, ки кор аз ҳад гузаштааст ва маро ҷисман нобуд мекунанд. Бас кардам ва ба соҳибкорӣ гузаштам. Чор сол бо соҳибкорӣ машғул шудам. Аммо боз маро ба ҳукумат даъват карданд. Маҷбур карданд, ки биёям. Натиҷаи ин корам, ки аз қиссааш ҳама огаҳ ҳастед, маҳбас шуд.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дар маҳбас чанд муддат будед?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “8 рӯз кам, 8 моҳ.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дуруст аст, ки ба истилоҳ, ба пешвози омадани Кондолиза Райс, котиби пешини давлатии Амрико ба Тоҷикистон Шуморо озод карданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Бале, барои омадани Кондолиза Райс ё ман ё раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бояд озод мекарданд.”

[b]»ЗАМИН ДОРЕМ, КОР МЕКУНЕМ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Ҳоло, ки шаш моҳ боз дар деҳаед, аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред? Оё ягон кас кӯмак мекунад?

[b]Радиои Озодӣ:[/b] “Аз ҳисоби ин ҳама, ки мебинед. қариб 1 гектар боғ дорем. Боз чор гектар замини обӣ дорем. 30 тонна картошка мегирифтам. Вақте дар ҳукумат кор мекардам, бо писарам дунафарӣ меҳнат мекардем. Замин буд. Хоҷагии деҳқонӣ доштам. Мол дорем. Шароит барои кор ҳаст.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Худатон кор карда наметавонед, кӣ кор мекунад?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Албатта, бачаҳоям. Дигар кӣ?”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Барои табобататон, албатта, пули зиёд кор доред. Танқисӣ намекашед, ягон нафар кӯмак мекунад?

Ҷумъаи Толиб: “Барои табобат ҳама чиро дорам. Ҷиянҳоям кӯмак мекунанд. Мушкили хосе надорам, аммо мушкил танҳо ин аст, ки бояд решаи маризиро пайдо кунем. Ду моҳ дар Душанбе дар назди як чинӣ, ҳамонҳое, ки маркази тиббӣ кушода буданд, табобат гирифтам. Гуфт, ки ман туро табобат мекунам. Аммо чӣ зиддияте шуду ӯ рафт. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна ба 200 сомонӣ алаф мехаридам. Пас аз он ки ӯ рафт, хеста ин ҷо омадам.”

[b]»ПАЙКОН ЧОП МЕШАВАД…»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Имрӯзҳо аз куҷо иттилоъ мегиред? Нашрияву маҷаллаҳоро мехонед ё радио гӯш мекунеду телевизион мебинед?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Не, ягон чӣ намехонаму намебинаму гӯш намекунам. Ин пайи қадами Шумо буд, ки омада шиштам. Дар як олами дигар ба сар мебарам. Оилаам ҳамкурсам аст, ҳатто бо ӯ бо имову ишора сӯҳбат мекунам. Дар як хона танҳо ба сар мебарам. Гоҳҳо набераҳоям меоянд, наздам медароянд. Тамом. Ин ҷо ҳатто телефон намегирад. Аммо ба худ қавл додаам: ё ин дафъа мехезаму хизмати мардумро мекунам, ё телефонамро батамом кушта мепартоям. Ба Худо қасам, ман аз мурдан гузаштам. Мегӯянд, ки касалии онкологӣ аст, рак (саратон) аст, ки ӯро мекушад. Маро намекушад. Маро номардии дӯст мекушад, ки рӯбарӯ нишаста, одамро мефурӯшад.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Оё ба муштариёни «Пайкон» паёме доред?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Сиҳату саломат бошанд. «Пайкон» мебарояд, албатта, мебарояд!”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Шумо ҳам сиҳату саломат бошед, Ҷумъабой. Худо шифоятон диҳад!

Фарҳоди Милод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24348360.html

Шӯрои Ҳуқуқи Башар: «Иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ лағв шавад»

[b]Намояндагони омрикоии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев ба давлати Тоҷикистон аз ҷумла тавсия кардаанд, ки иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон лағв шавад.[/b]

Ин ҷаласа рӯзи душанбеи 3-юми октябр дар Женев баргузор шуд, ки дар он ҳайъати мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои бори нахуст гузориши мукаммали худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ироа кард.

Пас аз муъаррифии ин гузориш тавассути Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба давлати Тоҷикистон тавсияҳо ироа карданд ва ба бархе аз саволоти худ аз аъзои ҳайъати Тоҷикистон посух ҷустанд.

[b]Тавсияҳои намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башар[/b]

Намояндаи Омрико пас аз муъаррифии гузориши Тоҷикистон аз бархе аз ислоҳотҳое, ки дар қонунгузорӣ ва системи қазойии Тоҷикистон ба манзури беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар анҷом ёфт тақдир кард.

Аммо ӯ аз номи кишвараш ба давлати Тоҷикистон барои беҳбуди ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон панҷ тавсия ироа кард, ки яке аз онҳо лағви «иттиҳомот» алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аст.

Омрико ҳамчунин аз вазъи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабанигори боздоштшудаи маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва аз гуфт, ки кишавараш умедвор аст, қазияи ин хабарнигор низ «бидуни ин ки ба оқои Исмоилов осебе бирасад» ҳал шавад.

Намояндаи Омрико ҳамчунин аз қонуни марбут ба волидайн, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст, ибрози норизоятӣ карда ва гуфт, ки бархе аз бандҳои ин қонун ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандонро нақз мекунад.

Ин қонун аз ҷумла рафтани афроди то синни 18о ба масҷидро мамнӯъ кардааст.

Аз сӯйи дигар Омрико тавсия дод, ки давлати Тоҷикистон муқарраротеро, ки пӯшиши ҳиҷоб барои занону духтаронро дар бархе аз муассисот мамнӯъ мекунад, лағв кунад. Ин кишвар ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ба фатвои уламои Тоҷикистон, ки рафтани занон ба масҷидро дар ин кишвар мамнӯъ карда, таҷдиди назар шавад.

Аммо суханронии ҷониби Русия дар рои ҳуқуқи башари СММ дар Женев дар бораи гузориши вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кӯтоҳ ва умдатан мусбат буд.

Русия аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои мубориза бо фақр ва одамфурӯшӣ тақдир карда ва ду тавсияи ин кишвар низ ин буд, ки давлат муборизаро алайҳи ин падидаҳои номатлуб идома бидиҳанд.

Утриш ва чанд кишвари дигари урупоӣ ва Омрико аз вуҷуди мавориди суистифода аз нерӯи кӯдакон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва дар ин замина тавсияҳое ироа карданд.

Намояндаи Афғонистон аз Тоҷикистон хост, то дар роҳи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати умумии афроди мустаъид ба кори мард аз кишвар иқдом бикунад.

Итолиё аз гузоришҳои мабнӣ бар вуҷуди бадрафториҳо нисбат ба сарбозони ҷадид дар артиши Тоҷикистон ишора карда ва хост, ки давлат барои беҳбуди вазъ дар ин замина иқдомоти лозим иттихоз бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол Зулфикор Замонов, масъули Созмони ғайридавлатии Дафтари ҳуқуқи башар ва қонун дар Тоҷикистон ин ҷаласаро муҳим арзёбӣ карда ва гуфт, ки барои бори нахуст аст, ки ҳайъате баландпоя, аз ҷумла вазири адлия, Додситони кулл ва Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба саволҳои марбут ба мушкилоти мавҷуд дар арсаи ҳуқуқи башар дар сатҳи СММ посух мегӯянд.

Вай гуфт: «Ин таҷрибаи ҷадид аст, натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳо. Акнун ҳар чаҳор сол давлатҳо ба СММ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд. Ба онҳо тафсияҳо ироа мешавад ва дар ҷаласаи баъди онҳо ҷавобгӯ хоҳанд буд, ки ин тавсияҳо чи гуна амалӣ шуд.»

Ин дар ҳолест, ки Дафтари ҳуқуқи башар ва қонуни Тоҷикистон яке аз созмонҳои ғайридавлатиест, ки гузориши олтернативии созмонҳои ғайридавлатии ин кишварро ба СММ ироа кард.

Вай гуфт гузориши онҳо бо гузориши давлатӣ бо ин аз ҳам фарқ мекунанд, ки дар гузориши олтернативӣ бар масоили мутафовит аз гузориши давлатӣ таваҷҷӯҳ шудааст.

[b]Мавзӯъи шиканҷа дар маркази таваҷҷӯҳ[/b]

Яке аз масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки дар гузориши олтернотифи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ ба он таваҷҷӯҳи вижа зоҳир шудааст, мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон аст.

Ин масъала мукарраран дар гузоришҳои созмонҳои мухалифи байналмилалӣ матраҳ шуда ва дар ин замина интиқодҳои шадидуллаҳне садо додаанд.

Ахиран Созмони Афви Байналмиллал зимни нигаронӣ аз афзоиши мавориди шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистон ҳамчунин иддаъо кард, ки маъмурони амниятии ин кишар ба як нафар аз афроди мазнун дар боздоштгоҳ таҷовуз кардаанд.

Аммо борунес Вивиен Стерн, аз аъзои Маҷлиси Аъёни порлумони Бритониё ва аз пажӯҳишгарони маъруф дар умури зиндонҳо ва системи додгустарӣ, ки батозагӣ дидоре аз Тоҷикистон анҷом дод гуфт, ки давлати ин кишвар ахиран дар заминаи ҳуқуқи башар пешрафтҳое дошта, ки ба имиҷи ин кишвар дар ҷараёни муъаррифии гузориши мукаммали ҳуқуқи башар дар СММ таъсири мусбат хоҳад дошт.

Вай гуфт, ворид кардани бархе тағйирот ба қонун дар бораи муқаррароти дидор бо зиндониён, дидори омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар аз зиндонҳо ва созишномаи қарибулвуқӯъи давлати Тоҷикистон бо Салиби Сурх дар бораи иҷозати кормандони онҳо барои дидор аз муассисоти пӯшида аз ҷумлаи чунин пешрафтҳо маҳсуб мешаванд.

Хонум Стерн гуфт, ки ҳарчанд барои фарде, ки дар дохили кишвар аст чунин пешрафтҳо зуд ба чашм намехуранд, вале таъкид кард, ки «беҳбуди системи зиндонҳо ва рафъи мавориди шиканҷа дар ҳар кишваре замони зиёдеро тақозо кардааст, ин равандест, ки дар бархе аз кишварҳо зудтар ва дар бархе аз кишварҳо дертар оғоз шудааст.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111003_sq_humanrights_tajikistan.shtml

Раиси Кумитаи забон: «Барои таҳқир 16 сол намедиҳанд»

[b]Додситон дар нисбати Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» 16 соли зиндонро дархост кардааст.[/b]

Дархости додситонӣ пас аз он сурат гирифт, ки Кумитаи забон ва истилоҳот бо дархости додгоҳ ташхиси забонии матолиби нашркардаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро анҷом додааст.

Аммо Додхудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба РО гуфт, ки «ташхиси забонӣ умдатан пас аз анҷоми марҳилаҳои таҳқиқии парванда сурат мегирад. Мо ин корро бо дархости додгоҳ ва ба хотири муайян кардани маънои луғавии бархе аз калимаҳо, ки оё маънии таҳқиромез доранд ё на анҷом додем. Дар воқеъ дар мақолаҳои навиштаи ин хабарнигор калимаҳои таҳқиромез ва тӯҳмат буданд, аммо барои таҳқир 16 сол намедиҳанд. Вай, ки одам накуштааст».

Ба таъкиди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, шояд додситон далели дигаре барои дархости худ доштааст. Зеро ба эътиқоди Додхудо Саймиддинов, бо ду, се ва ё чаҳор калимае, ки таҳқир дониста шудаанд, додгоҳ ҳукм намекунад.

[b]»ИСМОИЛОВРО ОЗОД КУНЕД»[/b]

Дар ҳамин ҳол Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) низ аз ҷараёни муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти нави худ ин созмони байнулмилалӣ аз мақомоти тоҷик хост, айбномаи зидди хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ» бекор ва парвандаи ӯ баста шавад.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст, аз хабари он ки намояндаи додситонӣ барои Исмоилов ҳукми 16 соли ҳабсро дархост кардааст, шадиданнигарон шуда, гуфтааст, дар сурати қабул шудани ин ҳукм Муҳаммадюсуф Исмоилов аввалин рӯзноманигори тоҷик хоҳад буд, ки дар даҳ соли охир ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон-«АФРӮЗ» аз дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуф Исмоилов нигаронии шадид намуда онро боиси эҷоди даҳшат дар маҳофили рӯзноманигорӣ унвон кардааст.

Дар баёнияи ин созмон ҳамчунин омадааст, ки ин рӯзноманигор маҳз барои матолиби интиқодияш таъқиб ва маҳкум мешавад ва ин иқдом интиқоми як гурӯҳ афроди соҳибмансаб аст, ки дасти дарозе ба қонун доранд ва ба ҳадафи маҳдуд сохтани озодии баён ва эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз воқеънигории хабарнигорон сурат мегирад.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: «Мутманин бошед, ки агар ин иттифоқ биуфтад, Тоҷикистон душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рӯзноманигорӣ унвон хоҳад шуд.»

Дар баёнияи ин созмони хабаригорӣ ҳамчунин омадааст, ки агар ин иттифоқ сурат бигирад, ба имиҷи байналмилалаии Тоҷикисто латма ворид хоҳад кард: «Дархости 16 сол ҳукми зиндон барои изҳори андеша, ҳатто бигузор барои лафзи олуда бо таҳқиру тавҳин, Тоҷикистонро дар ақсои олам шармсор хоҳад кард. Ҳоло он, ки ба назари мо мавриди таҳқиру тӯҳмат дар матолиби ин муаллиф ҷой надорад. Ин хабар ба шиддат дар саросари олам мунташир хоҳад шуд. Ба шиддате, ки Тоҷикистон имкони тавзеҳи онро нахоҳад дошт ва касе ҳам тавзеҳ талаб нахоҳад кард.»

«АФРӮЗ» дар хотима аз раиси ҷумҳур ба унвони кафили озодиҳои шаҳрвандӣ тақозо кардааст, ки дар ин қазия мудохила кунад.

Дар воқеъ, дар ҷаласаи додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 29-уми сентябр намояндаи додситонӣ аз додгоҳ хост Исмоилов ба 16 соли ҳабс маҳкум шавад, вале ҳамзамон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв ин мӯҳлат метавонад ду сол камтар, яъне 14 сол бошад.

Хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир, тамаъҷӯӣ ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад. Муҳаббат Ҷӯраева — вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, айбномаи нафари таҳти ҳимояти ӯ бояд комилан бекор карда шавад, зеро исботи худро наёфтааст. Аммо Кумитаи забони Тоҷикистон мавҷудияти таҳқири мансабдори давлатиро дар навиштаҳои Исмоилов тасдиқ кардааст. Вакили дифоъ эътироз дорад, ки ташхис аз тарафи ниҳоди бетараф ҷараён нагирифта, Кумитаи забон як ниҳоди ҳукуматӣ мебошад.

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Cозмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро вокуниши мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида, ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Рӯзи 29-уми сентябр раҳбари НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов «хосияти фармоишӣ» дорад ва дар заминаи навиштаҳои интиқодии ӯ ба миён омадааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24344591.html

Ба рӯзноманигорон тамғаи «ҳамкорӣ бо ифротгароён» задан талоши пинҳон кардани камбудиҳои фаъолияти худ аст

[b]26 -27 сентябри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як конфронси маҷозӣ дар мавзӯи «Рушди матбуоти озод дар шароити мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.[/b]

[b]Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:[/b]

[i][b]Гардонанда Нуриддин Қаршибоев, Раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ, устоди маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотӣ дар Эрон

Умед Ҷайҳонӣ, рузноманигор, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Ҷамшеди Маъруф, рӯзноманигор

Абдулфаттоҳ Шафиев, коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Абдулазиз Восеев, рӯзноманигор

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор[/b][/i]

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
[i]Дӯстони гироми! Хотиррасон мекунам, ки мавзӯи баҳси мо «Рушди матбуоти озод дар шароити мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм» аст. Зеро як сол қабл, бо баҳонаи амалияти низомӣ дар водии Рашт, мақомоти қудратӣ дар Точикистон дастрасиро ба сомонаҳои интернетӣ маҳдуд карда, дар чопи нашрияҳо — «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» мушкилот эчод намуданд. Дар тӯли соли равон, ҳангоми даъво пешниҳод намудан ба суд нисбати нашрияи «Азия-плюс» аз ҷониби муовини кунунии вазири корҳои дохила Анвар Тағоймуродов, ҳангоми боздошт ва ҳабси хабарнигори Би-Би-Си Урӯнбой Усмонов низ иттиҳомоти ҳамкории рӯзноманигорон бо гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ садо доданд.

Мусаллам аст, ки қонунгузориҳои байналмилалӣ маҳдудияти озодии расонаҳоро ба хотири амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон иҷоза медиҳанд. Вале ин маҳдудиятҳо бояд дар асоси қонун ҷорӣ карда шаванд. Ба андешаи шумо, амали мақомоти қудратӣ, ки гӯё бо сабаби мубориза алайҳи террористон ва экстремистон, тирамоҳи соли гузашта озодии расонаҳои хабариро маҳдуд карданд, то кадом андоза дуруст буд? Суоли дигар ин аст, ки сиёсати иттилоотии сохтори ҳукуматӣ дар ин ҷабҳа оё муваффақ буд? Агар не, чаро?

Ҳамзамон, аз ҳамаи шумо, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки дар ин сӯҳбати маҷозӣ ширкат варзида, назари худро ба рушди матбуоти мустақил ва гуногунадеш дар кишварамон иброз доред.[/i]

[b]Ҷамшеди Маъруф:[/b]
Шахсан ба андешаи ман, даст ба чунин иқдом задани мақомоти зидахл тамоман нодуруст буд, чун қонун барои фаъолияти ВАО-и чӣ электронӣ ва чӣ матбуотӣ иҷоза додааст ва гумон намекунам, ки онҳо бар хилофи қонун баромада бошанд, ки сабабгори муваққатан маҳдуд кардани онҳо бошад.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Дар оғоз, лозим аст ёдовар шавам, ки ҳатман манзури шумо “Саҳми матбуот ва ё расона дар заминаи мубориза бар зидди падидаи теруризм ва ифротгароист”. Албатта теруризм дар ҳар шакл ва сурати он, на танҳо ончи дар азҳон табодур мекунад, ки мутаассифона теруризм ва ифротгароиро мутародиф бо “теруризми динӣ ва ё мазҳабӣ” қарор додаанд, ки иштибоҳ аст.

[b]Абдулфаттоҳ Шафиев:[/b]
Ба андешаи ман, талошҳои задани тамғаи «ҳамкорӣ бо ифротгароён» ба ҷабини рӯзноманигорон чизе ҷуз аз талоши пинҳон кардани камбудиҳои фаъолияти худ нест. Вале ин талошҳо ҳам аз ҷониби афроде сурат мегирад, ки аз нақш ва ҳадафи расонаҳо огоҳ нестанд ва фаҳмиши эшон дар ин росто аз замони Шӯравӣ бештар намеравад — чун расона, ба андешаи онҳо, бояд хидматгори ҳукумат бошад, ҳол он ки расона танҳо як ҳадаф дорад — расонидани иттилоъ ба шунавандаву бинандаву хонандаи худ, на бештар аз он. Афроди огоҳ ва боандеша метавонанд аз фаъолияти расонаҳо ба нафъи худ ҳам истифода баранд ва ҳам ба гунае, ки ба обрӯи расона ва озодии баён латма назанад.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Муҳимтарин рисолати расона ва ё матбуот дар ин росто, амал ба вазифаи худ бидуни таваҷҷӯҳ ба хостаҳои ҳукумат аст. Чи басо ҳукумат барои саркӯби мухолифони сиёсии худ, ки терурист ҳам нестанд, барчаспи “теруристӣ” бар онҳо бизанад, ки дар ин ҷо расона бояд барои мардум роҳро аз чоҳ нишон бидиҳад, на ин ки дунболарав ва пиёдасози хостаҳои ҳукумат дар ин замина бошад;

Дар сурати бурузи мушкил (мисли ончи як сол пеш дар Камароб иттифоқ уфтод), яке аз роҳҳои мубориза ва пайкори ҷиддӣ бо падидаҳои теруристӣ, фароҳамсозии заминаи ҳузури расона дар маҳалли ҳодиса аст, на манъи он, то воқеаро чунон ки ҳаст гузориш кунанд ва ҳатто расонаҳо имкони дастрасӣ ба он гурӯҳҳоро дошта бошанд ва бо онҳо мусоҳиба анҷом дода ва ҳарфи дили онҳо ва ё хостаҳояшонро мунъакис созанд, ки ин худ заминаи пайкор бо онҳоро барои ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ осонтар месозад. Вагарна, дар сурати манъ ва пинҳон сохтани воқеиятҳо, маҷол барои овозаҳо ва шойеот боз хоҳад шуд, ки вазъиятро бадтар ва душвортар хоҳад сохт.

Яке дигар аз рисолатҳои расона ва ё матбуот, ин аст, ки ҳарфу хостаҳои гурӯҳҳоро (масалан теруристҳоро), ки бо мусоҳиба ва гуфтугӯҳо ба дасти расона расидааст, бо коршиносон дар миён гузошта ва роҳҳои илоҷи мушкилро аз онҳо ҷӯё бишаванд. Зеро хеле аз мушкилот ҳаст, ки бидуни тавассул ба зӯр ва ё даст ба силоҳ бурдан, қобили ҳал ҳастанд. Агар он гурӯҳ, аз ифротгароёни мазҳабӣ ва ё динист, бояд расона ба коршиносони масоили динӣ ва ё руҳоният ҳарфу ҳадиси он гурӯҳро мунтақил созад, аз онон роҳи ҳал бихоҳад, шубаҳоти теруристҳоро матраҳ ва аз онҳо бихоҳад ба он шубаҳот посухи мантиқӣ бидиҳанд.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
Фақат суд метавонад шахсеро ҷинояткор ном барад. Мо бояд ҳар низоъро дар фазои ҳуқуқӣ ҳаллу фасл намоем. Аъмоламон низ дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, то ки амнияти худ ва атрофиёнамонро таъмин карда тавонем.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Масъалаи дигар он ки аҳёнан як гурӯҳи теруристӣ хостаи мантиқӣ матраҳ мекунад, ки чи басо онро баҳона ҳам қарор дода бошад. Дар ин сурат, бояд расона ва матбуот ба дунболи ҳукумат рафта ва он масъаларо назди ҳукумат тарҳ карда ва ҷӯёи посухи ҳукумат ба он биуфтанд, то баҳона ба дасти касе намонад. Мисол мезанам, яке аз масоиле ки имрӯза бархе аз ҳамин гурӯҳҳои теруристӣ онро далели муборизаи худ бо ҳукумат медонанд, маҳдуд шудани озодиҳои динӣ ва манъ аз баргузории маросими мазҳабӣ ва ғайра дар ҷомеа тавассути ҳукумат аст. Хуб, ин далел мантиқӣ ва баҷо аст, дар ин гуна маворид, ҳукумат бояд ба ин иштибоҳоти худ эътироф ва онҳоро бартараф созад, то баҳона ба дасти касе надиҳад;

Масъалаи ахир, ки мехоҳам ин ҷо арз кунам ин аст, ки расонаҳо миёни мухолифони сиёсии ҳукумати мавҷуд, гарчи дар як мухолифати шадид бо ҳукумат қарор дошта бошанд ва миёни теруристу аз ин қабил ановин ҷудоӣ андохта ва ҳамаро бо ҳам омехта накунанд, ки мутаассифона ин падида дар расонаҳои мо дида мешавад. Масалан, Ҷунбиши Ватандор, ки оқои Додоҷон Атовулло раҳбарияти онро ба дӯш дорад, ба ҳеч ваҷҳ як ҷунбиши теруристӣ ва ифротгаро нест, гарчи бо ҳукумати вақт мухолифати шадид дорад. Расонаҳо ин ҷо набояд аз ин ҷунбиш бо ановине чун “терурсит” ё “экстримист” ёд кунанд, ин айб аст, аз инсоф берун аст.

[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]
Ман низ бо назарҳои домулло Сайидюнуси Истаравшанӣ комилан мувофиқ ҳастам. Ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон падидаи теруризм ва тундравӣ дуруст таъриф нашудаанд (агар ҳам таърифе шуда, бояд тарҷума аз русӣ бошад ки табъан тарҷумааш дуруст нест) ва давлат ҳар гуна, ки хост ин барчаспҳоро бар мухолифонаш мечаспонаду саркӯбашон мекунад.

Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки шеваи пӯшиши хабарӣ аз манотиқи ноором ва ё раванди пайкор (ё ҷанг) бо ҳаросафканон ва тундравон низ бояд таъриф шавад. Борҳо дида шуда, ки хабарнигорон дар паи хабар ҷузъиёти амалиёти пайкор бо теруристҳоро ошкор карда ва нохудогоҳ онҳоро ёрӣ расондаанд. Ингуна мавридҳоро бояд ҳатман худи рӯзноманигорон бо давлат ва ниҳодҳояш баррасӣ кунанд ва шеваи ҳамкорӣ дар пӯшиши хабарӣ аз ин гуна рухдодҳоро таъриф кунанд.

[b]Абдулфаттоҳ Шафиев:[/b]
Ба нафъи кор мебуд, агар ниҳодҳои марбут ба расонаҳо дар чаҳорчӯбаи барномаҳои вижа барои афроди тасмимгир дар сохторҳои низомӣ дар мавзӯи нақши расонаҳо ва озодии баён омӯзишҳо доир кунанд ва ба мағзи онҳо бирасонанд, ки ҷаҳон дигар шудааст, аз тирезаи идеологияи Шӯравӣ дигар ба он нанигаранд, балки бояд донанд, ки ҳар бархӯрди хашин бо расона ва рӯзноманигор обрӯи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ мерезонад ва сари намояндагони давлатро дар ҳамоишҳои байнулмилалӣ хам мекунад.

[b]Абдулазиз Восеев:[/b]
Ман фикр мекунам, тамоми ниҳодҳои марбут ба журналистон аз нав бояд унвонии Вазорати дифоъ ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нома бинависанд, то изҳороти худро мафсир кунанд. Ё далел биёранд, ки журналистон воқеан пуштибони ифротгароёнанд ё барои дурӯғ узр бипурсанд. Агар ниходҳои журналистӣ ин корро накунанд, пас мутмаин бошед, ки дигар на як бору ду бор чунин «тамғаҳо» ба номи рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил зада мешавад…

[b]Иршод Сулаймонӣ:[/b]
Ин ки матбуот аз амалҳои ҷангӣ ва бигирем терористӣ мавод интишор мекунанд ва рӯзноманигорон рисолати касбии хеш иҷро мекунанд, магар ҳамкорӣ бо терроризм хаст? Ҳаргиз не. Гузашта аз ин, воқеан дар соли гузашта, изҳороти вазири мудофиа, ки рӯзноманигоронро бо ҳамкорӣ бо террористон иттиҳом мезад, хеле нангин буд. Баъдтар дидем, ки қисме аз ин «террорист»-ҳо ба вазифаҳои давлатӣ ҷалб шуданд. Пас, кӣ ҳақ будааст? Ба ин суол оё вазири мудофиа посух доранд?

Ҳодисаи Урӯнбой Усмонов, ки сари садоҳои зиёде ба бор овард, то кунун рӯшан нашудааст. Вале он ба имиҷ ва нуфзи Тоҷикистон таъсири манфии худро гузошт. Ман фикр мекунам, то кунун дар ҳукумат мансабдорон рисолати матубот, хусусан матбуоти мустақилро дуруст нашинохтаанд ва мисли ҷомеаи моноидеологии шӯравӣ ҳанӯз ба матбуот ба сифати як ёрдамчии содиқи партия муносибат доранд. Расонаҳои мустақилро як навъ дохил дар кори худ мешуморанд ва амалкарди онҳоро мубориза алайҳи худ пиндор медиҳанд. Ин комилан нодуруст аст. Матбуоти мустақил душмани ҳукумат ва мансабдорон нестанд. Агар рисолати як мансабдор пешрав кардани соҳаи таҳти назорати худ ва ислоҳи нуқси ҷомеа бошад, пас оинаи қаднамои ин мушкилот расонаҳостанд, ки бо таассуф ин оина дар назари унҳо намои хира дорад. Муносибати мансабдорони мо ба расонаҳо мисли амалкарди муфаттишҳо аст. Муфаттишҳои Тоҷикистон ҳамаи кӯшишҳоро анҷом медиҳанд, ки гумонбарро ба суд бикашанд. Мансабдорони мо ҳам тамоми нерӯи худро ба он масраф мекунанд, ки расонаҳоро таҳти контрол нигох бидоранд. Аз ин гуна тафаккур тавақуи дигар доштан хилофи мантиқ аст.

[b]Нуриддин Қаршибоев: [/b]Барои таъмину таҳкими озодӣ худи мо бояд иқдом кунем. Мақсади конфронс низ ҳамин буд: баҳсҳои кӯчаю бозориро расонаӣ намоем, мушкилотро тавзеҳ дода, барои ҳалли онон тавсияҳо омода намоем. Ин корро каси дигаре ба ҷои мо — рӯзноманигорон намекунад. Мехостам сӯҳбати маҷозиамонро бо иқтибос аз суханронии Дуня Миятович, намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО дар ш.Варшава (26 сентябри соли 2011) ҳусни хотима бахшам.«Не может быть безопасности, если нет свободного информационного обмена, свободных СМИ в наших странах. И, наоборот, свободного потока информации и свободных СМИ не может быть, если в обществе нет безопасности».

Ташаккур аз ҳамаи Шумо, азизон, барои ибрози назар ва ширкати фаъолона дар ин конфронси маҷозӣ!

Источник:

ҶОИ ОТАХОН ЛАТИФӢ ХОЛИСТ, КИ ХОЛӢ…

[b]Симои Тоҷикистон дар матбуоти Русия нишон медиҳад, ки ниёз ба журналисте монанди ӯ имрӯз шадидан эҳсос мешавад. Расонаҳои ахбори оми Русия ва ҷаҳон дар Тоҷикистон хабарнигорони доимӣ ва шинохташуда надоранд ва аз Тоҷикистон барои онҳо низ шахсоне наменависанд, ки таҳаввулоти ин кишварро ба гунаи дурусту комил бозтоб диҳанд.[/b]

Агар Отахон Латифӣ зинда мебуд, ҳаргиз даст аз навиштан барнамедошт ва бо он таҷрибаву маҳорати хоси худ ба зуҳури чунин холигоҳ имкон намедод. Вай дар ҳама ҳолат, чӣ дар давраи иқомат дар Эрон ё Русия ва чӣ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон журналист боқӣ монда буд. Навиштаҳои вай дар расонаҳои гуногун ба табъ мерасид ва чанде аз мақолаҳои номатбӯи ӯро ҳамсараш Манзура Ёқубова пас аз куштори Латифӣ дар 22-юми сентябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе дар ду китоби хотираҳо мунташир кард.

Эҳтироме, ки дар расонаҳои ҳамагонии Русия дар давраи Шӯравӣ ба Тоҷикистон, мардум, фарҳанг ва таърихи он гузошта мешуд, танҳо натиҷаи низоми мавҷуда набуд, агарчӣ он низ аҳолиро ба шиори “дӯстии халқҳо” мутақоид мекард. Бахши умдаи чунин арҷу эҳтиромро беҳтарин корнома ва дастоварди қавму миллатҳои Шӯравӣ ба вуҷуд овардаву пайваста таҳким мебахшид ва инъикоси онҳо ба расонаҳои ахбори ом, дақиқтараш хабарнигорони алоҳида низ бастагӣ дошт. Ҳамон гуна ки хонандагон дар Тоҷикистон таҳаввулоти Гурҷистони Шӯравиро аз навиштаҳои Лебанидзе, яъне аз нигоҳи ӯ медиданд, гурҷиҳо Тоҷикистонро аз зовияи Латифӣ медиданду дарк мекарданд.

Яке аз ҳамкорони Латифӣ дар рӯзномаи “Правда”, С. Зориян ҳанӯз ҳамон вақтҳо навиштааст: “Отахон Латифӣ яке аз хабарнигорони дурахшонтарин ва худвижаи мост. Вай аз мағзи мардуми худ берун омада буд ва бо обу ғизои хоки ватани хеш ба камол расида. Вай таъриху фарҳанги Тоҷикистон, эҷодиёти мардумӣ ва расму ойини тоҷиконро бо ҳама ҷузъиёташ медонанд. Ин дониш мавзӯъ ва муваффақияти беҳтарин корҳои соли 1970-и ӯро таъмин кард.”

Дарвоқеъ, Латифӣ дар он даврае, ки талош мешуд, ҳама ба як сабки ягонаи ҳизбӣ, хушку расмӣ ва зоҳирпарастонаву шиоргуна нависанд, ба тарзи тамоман дигар менавишт ва дар “ҳизбитарин”, ба истилоҳ, мавзӯъ ё ҳатто масъалаи амиқан иқтисодӣ рӯҳу равони мардуми хеш, таъриху фолклор ва одату оини онро инъикос мекард. Ин вижагиҳои тоҷикии кори журналистии ӯ дар ҳар ҷои навиштаҳояш монанди порчаҳои зар медурахшанд ва имрӯз ҳам матолиби ӯ бо шавқи зиёд хонда мешаванд.

Зоҳиран, муаррифии эҳтиромбарангези мардуми худ дар ҳар мақолаи хурду бузург ё ба таври худҷӯш дар корҳои Латифӣ буруз кардааст ва ё мумкин аст, яке аз вазифаҳои донистакорона баргузидаи ӯ будааст. Дар ин навиштаҳо садҳо калимаву мафҳуми тоҷикиро мехонем, ки аз тарафи муаллиф иҷмолан ташреҳ шудаанд ва хонандаро ба олами ботинии тоҷикон ошнко кардаанд.

Дар ҷое агар вай маънии калимаи “Помир”-ро бе заботарин шева шарҳ диҳад, дар ҷои дигар “шаҳ” унвон шудани домод ва чӣ гуна баланд будани ҷойгоҳи ӯро меорад. Агар дар ҷое осмони пурситораро ба сӯзании тоҷикӣ ташбеҳ додаву чӣ будани сӯзан ва сӯзаниро тафсир кунад, дар ҷои дигар номи сардори истгоҳи ҳавошиносӣ — Мирзоолимро ҳангоми сабти маълумоти обу ҳаво ба русӣ баргардон мекунад ва мегӯяд “Мирзо”, яъне дабир, муншӣ, котиб.

Қариб дар тамоми мақолаҳо ӯ, вақте ҳис мекунад, ки хонанда аз иттилои хушк ё силсилаи арқом хаста шуд, манзаранигорие пеш меояд, ки як гӯшаи Тоҷикистонро ба беҳтарин рангомезиҳо тасвир мекунад. “Найзаҳои хуршед ба тӯдаҳои барф халидаанд.” “Меваҳои тилоӣ дар шохсори зардолуҳо ҳамеланд.” “Аз равзан нур поин меояд ва дуд боло меравад.” “Шаби моҳтобӣ фурсате хубе барои тамошои рӯди Ғунд ва ошиқ шудан ба Хоруғ аст.” “Ҳарчанд чойхона “Чорбед” ном дорад, атрофи он пур аз дарахти бед аст ва ин дарахт дар Тоҷикистон ҳашт навъ дорад.” “Ҳар санг дар кӯҳҳои тоҷик мисли порчаи дил аст.” “Даште беканоре монанди шеър”. “Сохтани сарбанд мисли эҷоди ғазал аст”.

Отахон Латифӣ дар солҳои кораш ба ҳайси хабарнигори «Комсомолская правда» дар Осиёи Марказӣ ва «Правда» дар Тоҷикистон ба ҳамаи гӯшаву канори ватанаш сафар карда, ҳар яке аз ин манотиқро бо беҳтарин шева ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Як хонандаи «Правда» навишта буд, ки бо мақолаҳои Латифӣ гӯё ба хонаи тоҷикон меҳмон мешавад, онҳоро аз наздик мебинад ва дӯст медорад.

Вай агар аз дастоварди ин ё он фарзанди Тоҷикистон менавишт, решаҳои комёбиро на дар сиёсати оқилонаи Ҳизби коммунист, балки таъриху фарҳанги бостонии мардум меҷуст. Мақолаҳояш дар бораи сохтмону меъморӣ, обёрӣ, боғдорӣ, парвариши пилла ва тавлиди абрешим, илм, кӯҳнавардӣ ва риштаҳои дигар ҳамин гунаанд. Дар мусоҳибааш бо раққосаи машҳури балет Малика Собирова, ҳанӯз қабл аз он ки Малика унвони Ҳунарпешаи мардумии СССР-ро гирад, аз рақси тоҷикӣ ёд ва аз ғазали Бедил иқтибос мешавад.

Ҳамин гуна мақолу зарбулмасал ва андарзу ривоятҳои зиёде дар мақолаҳои Латифӣ ҷои муносибе ёфтаанд, ки на танҳо ба ҳалли мавзӯъ кӯмак мекунанд, балки муҳити зиндагӣ ва фалсафаи ҳаёти мардуми тоҷикро бозгӯ мекунанд. “Дӯстам ба ман занг зад”, “ман кӯҳистонро дӯст медорам”, “ин лаҳза модарам ба ёдам расид,” – аз номи худ ҳарф задан, тасвири ҳолати равонии хеш ва навиштаи рӯйдоду хотираҳои шахсӣ дар матбуоти вақт мамнӯъ буд ва метавон танҳо изҳори ҳайрат кард, ки чӣ гуна ба Латифӣ даст медод, дар солҳои 1970 ё 80-ум ин навиштаҳоро нашр кунад. Шояд барои он ки ҳамаи чиз дар мақолаҳои ӯ ҷои муносиби худро меёфт ва матлаб ончунон маҳкаму рехта меомад, ки муҳаррирон наметавонистанд, порчаеро аз он кӯтоҳ кунанд.

Рӯзномаи “Правда”-ро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ миллионҳо нафар мехонданд ва табъан матлаб дар пайи матлаб, аз рӯи навиштаҳои Отахон Латифӣ ба тоҷикон эҳтиром пайдо мекарданд ва Тоҷикистонро мисли ӯ дӯст медоштанд. Албатта, на як ҷамъоварии ҷузъиёти зебо ё рангини тоҷикӣ комёбии касбии ӯро ба миён меовард, балки пеш аз ҳама мантиқи қавӣ, далелу буҳрон ва қиёси андешаву ақидаҳои гуногуни мусбату манфӣ, пояи қавии натиҷагириҳо ва монанди ин. Навиштаҳои ӯ дарвоқеъ олимона буданд. Аммо ҳамзамон хеле тоҷикона. Яъне ҳамчун муаррифии тоҷикон аз забони як муаллифи тоҷик, ки насаби фарқкунанда ва хотирмони тоҷикӣ низ дошт – Латифӣ.

Салими Аюбзод, «Озодӣ»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/6189.html

Тоҷикистон дар миёни дархосткунандагони амнияти интернетӣ

[b]Расонаҳои Чин гузориш додаанд, ки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Чин ва Русия дар СММ зимни ироаи номаи муштарак ба Бон-ки Мун, дабири кулли ин созмон, хостори шомил сохтани мавзӯъи амнияти иттилоъотӣ ба дастури кори иҷлоси 66-уми Маҷмаъи Умумии СММ шудаанд.[/b]

Дар ин нома даъват шуда, ки дар ин иҷлос санади Қавойиди Байналмилалии Идораи Амнияти Иттилоъотӣ барасӣ ва ба унвони санади расмии ин иҷлос эътироф шавад.

Дар ин бора мақомоти вазорати хориҷаи Чин ба расонаҳои кишвараш хабар додааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ба расонаҳо шарҳ додааст, ки ин санад «ҳуқуқ ва масъулияти давлатро дар қиболи шабакаҳои интернетӣ мушаххас мекунад» ва роҳро барои густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар мубориза бо чолишҳои марбут ба ончи онҳо «амнияти иттилоъотӣ» меноманд, боз мекунад.

Йу Ҷанг, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Чин, рӯзи сешанбеи 12 сентябр, дар нишасти хабарӣ дар Пекан гуфтааст: “Чин бовар дорад, иттилоъот ва амнияти интернет аз чолишҳои муштарак барои ҳамаи кишварҳо маҳсуб шуда ва аз тариқи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ин падида муқобала кардан мумкин аст.”

Сойти интернетии “ China Daily“-и Чин аз қавли хонуми Ҷанг навиштааст, «Чин ҷомеъаи ҷаҳониро ба ҳамкории танготанг барои беҳбуди амнияти иттилоъотӣ даъват мекунад.»

Масъулони бахши иттилоъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз шарҳи ҷузъиёти пешниҳоди ин кишвар ба дабири кулли СММ дар масъалаи амнияти иттилоъотӣ худдорӣ карданд.

Нигаронӣ аз паёмадҳои истифода аз фазои иттилоъотӣ дар интернет аз сӯйи кишварҳое матраҳ мешавад, ки дар онҳо дастрасӣ ба интернет, дар муқоиса ба кишварҳои пешрафта маҳдудтар аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (АМРМТ), дархости намояндагони Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар СММ дар заминаи Қавоиди Байналмилалии Идораи Амнияти Иттилоъотиро навъе талоши ин кишварҳо барои ташдиди назорат бар шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, фазои интернет дар Чин ва Ӯзбакистон комилан таҳти назорати давлат қарор дошта, дар Русия ва Тоҷикистон низ талошҳое барои назорат ба шабакаҳои интернетӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта ва бозтоби он дар нашрияҳои мустақил фаъолияти нашрияҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” мутаваққиф ва сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

[b]Нигаронӣ аз вуқӯъи «баҳори арабӣ» дар Осиёи Миёна[/b]

Зимнан, ба навиштаи “Известия”, нашрияи Русия, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дар садад аст, ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳаводиси мушобеҳи Мисру Тунис шабакаҳои иҷтимоъии инетернетро дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон назорат кунад.

Ба навишати ин нашрия Валерий Коровин, раиси Маркази таҳқиқоти жеопулитики Русия гуфтааст: “Шабакаҳое чун “Twitter” ва “Facebook” дар бурузи нооромиҳо нақши муаасир дошта ва дар тазоҳуроту даргириҳои инқилоби “Баҳори арабӣ” аз ин шабакаҳо васеъ истифода шудааст. Ба ин далел дар ҷаласаи ахири СПАД аз имкони истифодаи чунин васоил дар Русия ҳушдор дода шуд.”

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз созмонҳои таҳти нуфузи Русия аст, ки дар он бархе кишварҳои Иттиҳоди Шуравии пешин ба шумули Тоҷикистон узвият доранд. Бархе аз коршиносон ҳифзи манофеъи Русия дар қаламрави кишварҳои узвро аз аҳдофи ин созмон хондаанд.

Аз сӯйи дигар, женерол Николай Макаров, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар нишасти хабарии худ дар шаҳри Маскав аз имкони такрори ҳаводиси кишварҳои арабӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат карда ва густариши ҳамкориҳои низомӣ ва баргузор кардани тамриноти муштараки низомиро аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи нооромиҳо дар ин кишварҳо арзёбӣ кардааст.

Мардони МУХАММАД

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110914_mm_internet.shtml

Ҳамраъйӣ дар журнализми Тоҷикистон

[b](Конфронси маҷозӣ)

Рӯзи 5 сентябри соли равон дар фазои Facebook – саҳифаи «Тоҷикисони навин» бо ибтикори гурӯҳи рӯшанфикрони тоҷик конфронси маҷозӣ дар мавзӯи «Оё рӯзноманигорони Тоҷикистон метавонанд ҳамраъйю муттаҳид шаванд?» баргузор гардид, ки фишурдаи онро ба самъи Шумо пешкаш менамоем.[/b]

[i]Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:

Гардонанда Нуриддин Қаршибоев, Раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ, устоди маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотӣ дар Эрон

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори мустақил ва рӯшанфикр

Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигор

Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори ҷавон

Бобои Наврузи Сурӣ, рӯшанфикр аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара.[/i]

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Дӯстони гиромӣ, мамнунам, ки мо ба мувофиқа расидем, то конфронси маҷозиро дар мавзӯи «Оё рӯзноманигорони Тоҷикистон метавонанд ҳарраъйю муттаҳид шаванд?» дар ҳамин саҳифаи «Тоҷикистони навин» баъди чанд дақиқа оғоз намоем. Хуб мебуд, ки ҳар яки мо назари худро мӯъҷаз ва мухтасар нависем. Суолҳо барои андеша: Ҳамраъйӣ дар чӣ зуҳур меёбад? Кадом мисолҳои онро медонед ё шоҳиду иштирокчии он будед? Чӣ сабабҳо метавонанд бар зарари ҳамраъйии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бошад? Хуб, лутфан оғоз мекунем!?

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Дуруд бар ҳамагӣ. Ба назари ман, ҳамбастагии ҳирфаии рӯзноманигорон зарурати ҳифзи ҳайсият, эътибор ва амнияти якояки рӯзноманигорон аст. Журнолистҳо метавонанд дорои дидгоҳҳои гуногуни сиёсию иҷтимоъӣ бошанд, аммо дар заминаи ҳирфаӣ метавонанд ва бояд муттаҳид бошанд, то ҳам имкони азияту озорашон аз сӯи мақомот аз байн биравад ва ҳам чун як нерӯи мунсаҷими бузург ба пешбурди ҷомеъа мусоъидат кунанд.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ҳумайро, Шумо чи назар доред?

[b]Ҳумайро Бахтиёр:[/b] Дуруд бар дӯстони хабарнигорам! Ба назари ман, дар сурати ҳамраъйӣ мушкилот барои худи хабарнигорон хеле камтар хоҳад шуд. Ёдам ҳаст, дар як нишасти матбуотии вазорати умури хориҷа дар сурати посух нагирифтан масъули вазорат хабарнигорро як каме танбеҳ дод (ҳол он, ки хабарнигор ҳақ буд). Пас аз ин аз миён як рӯзноманигори дигар гуфт, ки ҳампешааш дуруст мегӯяд. Дар натиҷа он масъул воқеан ҷавоби носаҳеҳ доданашро тасдиқ кард. Бубинед, ки дар сурати муттаҳид шудан мо барои фаъолияти худ фазои мусоидеро фароҳам меоварем.

[b]Бобои Сурӣ:[/b] Дуруд бар дӯстон. Мо гарчанд рӯзноманигор нестем, вале ҳамчу як равшанфикри миллат ҳамбастагии рӯзноманигоронро дастгирӣ мекунем. Ва албатта умед дорем, ва боварии комил дорем, бо ёрии дӯстони рӯзноманигоронамон фикру ақоиди худро бо миллатамон баррасӣ кунем.

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Барои мисол, мавзеъи ягона ё ғолиби рӯзноманигорон дар мавриди масоили сарнавиштсозе чун ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон метавонад ҷилави як иштибоҳи бузурги нимқарниро бигирад.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Дар остонаи ҷашни Истиқлоли кишвар, ин тасмим аз сӯи давлатмардони мо, мухолифи истиқлол аст. Ҳузури нерӯҳои низомии як кишвари бегона дар хоки мо, он ҳам барои 49 сол, ки ним қарн аст, нақзи сареҳи истиқлолият ва тамомияти арзии мост. Ҳоло ки ҳанӯз ин тавофуқ ба тасвиби порлумон нарасида, бояд ба гӯши марокизи тасмим дар кишвар бирасад, ки аз як чунин тасмиме даст бардоранд, бо сарнавишти кишвар бозӣ накунанд. Фаразан агар ин корро ба маслиҳати кишвар медонанд, чун як тасмими сарнавиштсоз аст, бояд референдум баргузор шавад.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Бидуни гуфтаҳои боло, чи бояд кард, ки дар Тоҷикистон ҳамраъйии воқеии рӯзноманигорон таҳким ёбад? Қабл аз ҳама, оё худи ин ҳамраъйӣ ҳаст?

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Ҳамраъйи чун панибратство суде надорад. Рақобати солим ба суди кор аст. Вақте чанд рӯзнома аз ҳисоби пули бедардимиён (аз буҷа) дармеояд, аллакай ин имтиёз ба ҳунарвар не, ба лаббайкзан аст.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ва аммо, дар робита бо авомиле, ки мунҷар ба адами ҳамраъйӣ миёни рӯзноманигорон мешавад, бояд арз кунам, ки муҳимтарин омил, дастгоҳҳои давлатӣ аст. Яъне давлат метавонад ба роҳатӣ миёни рӯзноманигорон ихтилоф бипошад. Роҳи пешгирӣ ҳам ба назари ман, ҳамон рӯ кардан аст. Яъне дар мавориде рӯзноманигори мустақил ва ҳақҷӯ чорае надорад ҷуз он ки масоилро рӯ кунад ва расонаиш намояд. Омили дигар ҳам, пул аст, ки дигар баҳсаш ҷудост.

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Дигар ин ки фазои хасмона миёни рӯзноманигорони дарборӣ ва мустақилро бояд аз байн бурд. Мақомотро аз роҳҳои қонунӣ бояд водошт, ки ҳамаи рӯзноманигоронро бо як чашм бибинад ва хабарнигорони мустақилро ҳам ба сафарҳову гуфтугӯҳои расмӣ даъват кунад. Ин табъизи шуғлӣ бояд решакан шавад ва дар ин замина Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бояд ҷидду ҷаҳди бештар ба харҷ диҳад. Дар мавриди амнияти шуғлӣ ҳодисаҳои латукӯби Раҷаб Мирзо, Сайфуллоҳзода ва ахиран Хуршеди Атоуллоҳро метавон намуна овард. Намедонам ниҳодҳои хабарнигории Тоҷикистон дар ин замина чиҳо кардаанд, ки ҳанӯз ҳам шоҳиди ин рӯйдодҳои нанговар мешавем.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Дар мавриди латукуби Сойфулозода ва Хуршеди Атовулло, ки имсол рух дод, иқдомҳо аз ҷониби ниҳодҳои рӯзноманигорӣ ба назар расиданд, вале вокуниш аз сӯи моқомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯшан ба назар намерасад. Дар масъалаи Сайфуллозода, мутассифона, натиҷае нест.

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Пӯзиш аз пурҳарфӣ. Ба иллати тангии фурсат маҷбурам гуфтаниҳоямро пушти сари ҳам бирезам.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ба назари Шумо, феълан чомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ҳамраъй аст?

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Аввалан, ҳамин ниҳод, ки ҷаноби шумо (Қаршибоев) сарпарастии онро ба ӯҳда доред, тақвият шавад, дар мавқеъҳои лозим, иқдомҳои шуҷоона бардорад, ба унвони мисол, дар ҳамин ду рухдод (латукӯби ду рӯзноманигор) мебоист корро сахт пайгирӣ мекард, ки ба назарам иҷломе ҷиддӣ бардошта нашуд. Баъд, ба ҳеҷ сурат вобаста ба давлат набошад ва ҳар гоҳ рӯзноманигоре таҳти фишор қарор бигирад, ҳамин ниҳод бошад, ки аз ӯ дифоъ ба амал оварад, ба ҳамон сурат, ки ахиран иқдоме дар қазияи хабарнигори ВВС анҷом гирифт.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ташаккур барои маслиҳат, шояд иқдоми ниҳоди мо муассир набуд, ба сабаби бетафовут будани дигар ниҳодҳо?

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ин худ ҳамраъйӣ миёни рӯзноманигоронро ба вуҷуд меоварад, яъне вақте пушти худро муҳкам мебинанд, дар он сурат, бо шуҷоат ба кори худ идома медиҳанд.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Дӯстон, ба андешаи Шумо чӣ халал мерасонад, ки рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳамраъй бошанд? Хусумат, ҷудоиандозӣ, рақобати носолим ё чизи дигар?

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Ҳамаи он унсурҳое. ки гуфтед, ҳаст, ба назари ман. Аммо муҳимтар аз ҳама, ноогоҳии рӯзноманигорон аз рисолати худ аст, ки монеъ аз иттиҳодашон мешавад. Бархе рӯзноманигориро навъе кори косибӣ медонанд ва вориди рақобатҳои бозорӣ шудаанд, ки бо ахлоқи рӯзноманигорӣ созгор нест.

[b]Бобои Сурӣ:[/b] Ва бояд камтар ҷуръатмандтар ҳам шаванд, вақте як ҳамкасбашон аз тарафи кормандони давлатӣ (бидуни ягон асос) ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, эшон бояд ҳуқуқи ӯро талаб кунанд.

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Масъалаи усулӣ ва калидӣ дар сохтори давлату давлатдорист. Дар кишвари ноозод имкони рушди мабуоти озод нест ва нахоҳад буд.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Масъалаи дигар он, ки шунида мешавад, дастгоҳҳои давлатӣ дар расонаҳои Тоҷикистон ҳатто мустақиллаш нуфуз дорад ва расонаҳо ба навъе вобаста ҳастанд. Агар ин воқеият дошта бошад, чаро худи ҳамин масъала дар расона матраҳ намешавад? Бояд шуҷоатмандона инро матраҳ кард.

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Ҳатто тоҷирон меҳаросанд, ки ба рӯзномаҳое, ки ҳукуматро танқид мекунанд, реклом диҳанд.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] То кадом андоза даъвои Додоҷон асос дорад? Магар дар Тоҷикистон матбуот озод нест? Баҳои созмонҳои рӯзноманигории ҷаҳони чӣ гуна аст?

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ахиран ҳатто шунидам расонаҳои хориҷӣ ҳам ба навъе вобаста ба давлат ҳастанд. Агар ин ҳақиқат дошта бошад, ин мусибат аст, бояд бо расонаӣ кардан, пеши роҳи чунин падидаҳо гирифта шавад.

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] ‎»Полуправда — хуже лжи» мегӯянд. Он чи дар матбуоти имрӯз мебинем, ана ҳамин полуправда аст.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Бо назари оқои Атовуллоев ҳамнавоям, фикр мекунам далели кофӣ дар ин замина вуҷуд дорад.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Мехостам дар робита ба гуфтаҳои боло, назари шуморо нисбати рисолати рӯзноманигорӣ ва расонаҳо дар ҷомеаи муосир бифаҳмам. Мо боз 15 дақиқа вақт дорем.

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Мусалламан, матбуъоти ба ростӣ озод дар Тоҷикистон орзуе беш нест. Маъмулан, дар муқоиса бо ӯзбакҳо матбуъоти моро озод медонанд. Аммо як пурсиши содда: Оё касе аз рӯзноманигорони тоҷик метавонад даромадҳои худи Раҳмон ва хонаводаашро таҳқиқ кунад ва бо далелҳо риштаматлабҳое мунташир кунад ва ҳеҷ балое ба сараш наояд?

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ҳатто расонаҳои хориҷии фаъол дар дохили Тоҷикистон дар заминаи масоили марбут ба Раҳмон ҷуръати ҳарф задан надоранд, то чи расад ба расонаҳои дохилӣ.

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Худи шумо, оқои Қаршибоев, ин мавзӯъро беҳтар медонед, чун дар дохили кишвар ҳастед. Оё ба назари шумо матбуъоти Тоҷикистонро метавон озод номид?

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Сад дар сад бо Дориюш розиям.

[b]Бобои Сурӣ:[/b] Дустон мо набояд ба рӯзноманигорон фишор биёрем, барои ин ки ҳар яки мо аз демократияи давлатиамон огоҳем.

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Бадбахтона, журналистка ҳам дар ин кишвари мариз бемор аст. Рӯзномаҳоро мехонию шармат меояд. Хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат… Примитив….

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Дар матбуъоти Тоҷикистон хатҳои сурхи бисёр захим ва маргборе вуҷуд доранд, ки метавон онҳоро нодида гирифт ва матлабе мунташир кард, аммо дар паи он бояд омода бошед, ки балое бароятон дасту по кунанд: ё тӯҳматномае алайҳи шумо дар матбуъоти дарборию нимадарборӣ мунташир мешавад ё калтак мехӯред ё зиндонӣ мешавед ё мегурезонанд, ё ба он дунё табъид мешавед. Магар ғайр аз ин аст?

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ошкортар бигӯем, назари дӯстонро мехостам бидонам, оё расонаҳое чун Озодӣ ва ВВС дар ин замина «озоданд»? Агар на, чаро?

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Бахои ман ба матбуоти Точикистон: ВАО дар Тоҷикистон нисбатан озод аст. Мо наметавонем дар бораи озодии мутлақи расонаҳо дар кишвар сухан ронем. Барои ислоҳи вазъият ҳар кас метавонад саҳме дошта бошад, на дар сухан, балки дар амал!

[b]Бобои Сурӣ:[/b] Оқои Қаршибоеви азиз, аз шумо хоҳиш доштам ҳамин мақолаи Дориюши гиромӣ навиштаро, агар имконият бошад, ба чоп диҳетон бисьёр сипосгузорӣ мекардам. То дар ватан ҳам бидонанд ба кадом ботлоқе ғӯтида истодаанд.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Хоҳиш мекунам, бештар сари таъмини ҳамраъйӣ назаратонро бигӯед. Назари шумо ба оодии матбуот дар Тоҷикистон боиси қадрдонист, вале аз мавзӯи конфронси маҷозӣ дур наравед. Сипос!

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Замоне радиои Озодӣ машҳур буд. Чун Соҷидаи Мирзо раҳбари бахши точикӣ шуд, аз Озодӣ номаш монд… пеши роҳи пайдоиши мақолаву таҳлилҳои танқидиро мегирад. Басо мекӯшад, ки ба ҳарифони сиёсии Раҳмонов минбар надиҳад. Зеро ӯ ба Зарифӣ ваъда кардааст, ки » имиҷи президентро мебардорад».

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Пас Худо ҳамаи моро раҳмат кунад!

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Хоҳиш мекунам, ба иззати нафси ҳамкасбон нарасем. Зеро ин мавод мавриди истифода дар расонаҳо қарор мегирад.

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Ҳамраъйӣ дар миёни рӯзноманигорон нест. Аҷиб ҳам нест. Дар миёни миллати тикка пора рӯзноманигоронаш ҳам тикка пора мешаванд. Роҳи эҷоди иттиҳоду инсиҷом боло бурдани огоҳиҳои рӯзноманигорон аз рисолаташон аст. Чун бо ҷуръату азхудгузаштагии рӯзноманигорон аст, ки ҷомеъа ба озодиҳои бештар даст меёбад. Ҳеҷ давлате ба ихтиёри худаш ба матбуъот озодӣ надодааст. Барои ин ганҷ бояд ранҷҳои фаровон кашид.

[b]Бобои Сурӣ:[/b] На ҳоло роёна дар даст дорем, дӯстони бомаърифат дорем, орзуҳоро ба хок супоридан барвақт аст.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Оқои Қаршибоеви гиромӣ, хулосаи ман ин аст, ки мо ба ҷои эҷоди ҳамраъйӣ, беҳтар аст ба ҳалли ин масоил, ки ин ҷо матраҳ шуд, бипардозем. Оё чунин нест?

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Иттиҳод рамзи пирӯзист ва чун иттиҳод надорем, бозандаем дар ҳар сатҳе. На танҳо миёни рӯзноманигорон.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ташаккур, Дориюш! Ман мехостам дар ҳамин ҷо ба сӯҳбатамон нуқтаи таммат гузорам. Боз 3 дақиқа вақт ҳаст. Касе моҳиятан боз назари худро иброз медорад?

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ба ҷои андешаи эҷоди ҳамраъйӣ, ба назар мерасад муҳим ҳалли масоиле аст, ки ин ҷо матраҳ шуданд ва бигузор расонаӣ шаванд.

[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Озодӣ бозичае нест, ки осон бихарӣ, самбуса нест, ки дили роҳбареро биёбӣ. Барои ОЗОДӢ ҷонбозӣ мебояд!!! Дар Тоҷикистон озодие ба ҷуз мурдан вуҷуд надорад!!!! Ва озодии матбуот ҳамчунин!!!!

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ман наметавонам ба ин фикр розӣ бошам. Албатта мушкилоте, ки шумоён иброз доштед, дар фазои итттилоотии Тоҷикистон вуҷуд дорад, мо ҳатталимкон барои ҳалли онҳо кӯшиш хоҳем кард ва аз Шумо низ даъват мекунем, ки мушоҳид ё нозир не, балки саҳмгир дар ҳалли қазияҳо бошед. Аз ҳамаи Шумо барои ширкататон дар ин сӯҳбати маҷозӣ миннатдорам. Як чизро бароятон ваъда медиҳам: мазмуну мундариҷаи ин конфронсро ба самъи ҳамкасбон дар Тоҷикистон мерасонам. Ташаккур!

АМВАОМТ (НАНСМИТ)

Источник: http://www.facebook.com/groups/132266500197220/?view=permalink&id=147263362030867#!/groups/132266500

Тақозои хабарнигорон аз раисиҷумҳур ва порлумон

[b]Дар рӯзи байнулмилалии Ҳамраъйии журналистон созмонҳои хабарнигорӣ ба раисиҷумҳур муроҷиат карданд.[/b]

Ҳамоиши рӯзноманигорони тоҷик бахшида ба рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии журналистон бо нашри як муроҷиатнома ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва порлумони кишвар кори худро анҷом дод.

Дар ин муроҷиатномаи иттиҳодияҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз раисиҷумҳур ба унвони кафили таъмини озодии баён ва ба порлумони кишвар ба унвони ниҳоди олии қонунгузории кишвар дархост мешавад, ки аз афзоиши мавориди фишор болои матбуот ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ин муроҷиатномаи иттиҳодияҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз раисиҷумҳур ба унвони кафили таъмини озодии баён ва ба порлумони кишвар ба унвони ниҳоди олии қонунгузории кишвар дархост мешавад, ки аз афзоиши мавориди фишор болои матбуот ҷилавгирӣ кунанд.

Даъвои пардохти зарар ба маблағи як миллион сомонӣ аз сӯи Вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи мустақили «Миллат», панҷ миллион сомонии даъво аз тарафи додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон аз нашрияҳои «Азия-Плюс», «Фараж» ва «Озодагон», қатъи муваққати чопи бархе аз ин нашрияҳо дар пайи инъикоси нооромиҳои ахири водии Рашт бо шумули «Нигоҳ» ва ахиран боздошту нигаҳдории рӯзноманигорон Муҳаммадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмонов гувоҳи он аст, ки хабарнигорон ҳамоно як бахши осебпазири ҷомеаи тоҷик боқӣ монда ва ниёз ба таваҷҷӯҳи хос доранд.

Зеро талоши ин расонаҳо ва хабарнигорон танҳо барои анҷоми рисолати касбиашон сурат гирифтааст, вале мақомоти алоҳида бо ҳар роҳу васила болои онҳо фишор меоваранд. Бо ишора ба ин маврид, дар муроҷиати созмонҳои мустақили хабарӣ ба раисиҷумҳур ва порлумони Тоҷикистон ҳамзамон аз татбиқи нодуруст ва ғайримунсифонаи меъёрҳои қонун дар нисбати хабарнигорон ва расонаҳои мустақили кишвар дар ду соли ахир изҳори нигаронӣ шуда ва даъват мешавад, ки ба ҳайси кафили озодии баён ва таъмини ҳуқуқи инсон аз фишорҳои фазоянда дар нисбати матбуот ҷилавгирӣ шавад.

НУРИДДИН ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ ва яке аз мубтакирони баргузории ин нишаст гуфт, иттифоқоти номатлуби рухдода дар ду соли ахир созмонҳои рӯзноманигории тоҷикро водор кардааст, ки ба раисиҷумҳур ва порлумон муроҷиат кунанд: «Мо аз раисиҷумҳур ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фишорҳо ба васоити ахбори омма ва рӯзноманигорон дархост кардем, то ҳамаи он қазияҳои судӣ, ки дар истеҳсолот ҳаст, мунсифона мавриди баррасӣ қарор гирад ва ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма дар иҷрои рисолати аслиашон монеа эҷод накунад.»

Зимнан, дархости рӯзноманигорон аз раисиҷумҳур дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзноманигорони тоҷик масъалаи ҳамараъйии худ дар баробари чунин мушкилотро дар ин нишаст мавриди арзёбӣ қарор доданд.

ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО, раиси созмони «Медиа-Алянси Тоҷикистон» гуфт, ки ба фарқ аз солҳои пешина дар миёни рӯзноманигорони тоҷик як навъ тафоҳум ва ваҳдати назар дар баробари таҳдидҳои гуногун ба вуҷуд омадааст.

Ӯ гуфт дуруст аст, ки ҳанӯз ҳам рӯзноманигорони тоҷик ба ду бахш — давлатӣ ва мустақил тақсим шудаанд, вале таҳаввули мусбат дар ин самт ин аст, ки расонаҳо ва созмонҳои мустақили хабарӣ ба фарқ аз чанд соли пеш дар рафъи мушкилоти болояшономада дар канори ҳам қарор гирифтанд: «Қадам ба сӯи ҳамраъйӣ миёни журналистони Тоҷикистон дар соли гузашта аз мусибати умумии онҳо оғоз шуд. Вақте ки чопи се рӯзномаи маъруф аз нашр бозмонду дастрасӣ ба чанде аз сайтҳои интернетӣ маҳдуд шуд, онҳоро водор кард, ки новобаста аз мавқеашон ва аз манфиатҳояшон дар як кумита ҷамъ оянд. Ин кумита бо номи «29-сентябр» хеле фаъолона амал кард ва тақрибан ҳамаи сардабирон ва масъулони созмонҳои рӯзноманигорӣ узви ин кумита шуданд ва ин кумита дар ниҳоят муваффақ шуд, ки мушкилии пешомадаро бартараф кунад.»

ҚИРОНШОҲ ШАРИФОЗОДА, яке дигар аз нотиқони ин нишаст пешниҳод кард, ки ба хотири дастгирии рӯзноманигорони бо мушкил дучоршуда як Хазинаи кӯмак ба рӯзноманигорон таъсис дода шавад: «Дар ин рӯзҳое, ки ҳамкасбони мо ба чунин мушкилӣ дучор меоянд ва чун рӯзноманигорон ҳам аз қишри камбизоати кишвар ҳастанд, ба ин фикр расидем, ки агар Хазинае таъсис дода шавад ва ширкатҳои иттиллоотӣ ва идораи нашрияҳо ба миқдори муайян ва ба ин хазина маблағ пардозанд ва пас аз ҷамъшавии ин маблағҳо мо тавонем, ки хонаводаҳои рӯзноманигоронро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунем.»

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, созмонҳои хабарии Тоҷикистон, аз ҷумла Иттифоқи рӯзноманигорон, созмони «Медиа-Алянси Тоҷикистон, созмони иҷтимоии «Хома», Шӯрои васоити ахбори омма ва Хазинаи гиромидошти рӯзноманигорони Тоҷикистон умед бар ин доранд, ки дархости онҳоро раисиҷумҳур ва порлумони кишвар бидуни вокуниш нахоҳад гузошт.

ҲАМЧУНИН дар рӯзи байнулмилалии Ҳамраъйии журналистон бархе аз хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ҷоизаи Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, ин ҷоиза ба Радиои Озодӣ ва Радиои Имрӯз барои инъикоси воқеӣ ва ҳамаҷонибаи мушкилоти журналистика ва журналистони тоҷик дода шуд.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори пешини «Нури зиндагӣ», ки ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад, барои мавқеи устувор дар журналистика ҷоизаи МАТ ва САҲА-ро гирифтанд.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои интизомии вилояти Суғд ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо аъзои ҳизби мамнӯъи Таҳрир боздошт шуд, вале пас аз як моҳ ва он ҳам бо дахолати шахсии раисиҷумҳур аз боздоштгоҳ раҳо гардид. Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва шабакаи ҷаҳонии Би-би-сӣ сӯҳбати Урунбой Усмонов бо аъзои ҳизби Таҳрирро як бахши кори хабарнигории ӯ медонанд ва борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро табраа кунанд.

Аммо Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ», бештар аз нӯҳ моҳ аст, ки дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Ҳарчанд вакили мудофеи ӯ гуфтааст, ки иттиҳомоти ворида алайҳи Исмоилов исботи худро наёфт, вале то ҳанӯз додгоҳ дар баробари вай ҳукми худро содир накардааст.

Мақомот ӯро дар нашри матолиби тӯҳматангез ва маҳалгароёна муттаҳам мешуморанд. Вале созмонҳои хабарнигорӣ мутмаинанд, ки ӯ барои чопи силсиламақолаҳояш дар бораи вазъи зиндагии сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд мавриди боздошт қарор гирифтааст.

НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ барои мусоидат дар ҳамраъйии журналистон дар ҳолатҳои фавқулода (изтирорӣ) соҳиби ҷоиза шуд.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24321918.html