Архив рубрики: Таҳлил

Дуня Миятович бо Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дидор кард

[b]Дар дидори Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила бо Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо мавзӯъи боздошти чанд рӯзноманигор дар Тоҷикистон ва ҳамкории ниҳодҳои интизомӣ бо васоити ахбори умум матраҳ шуд.[/b]

Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила хонуми Миятович дар ин дидор ибрози нигаронӣ кард, ки дар зарфи як соли ахир дар Тоҷикистон чанд рӯзноманигор аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ боздошт шудаанд. Вай дар мавриди омилҳои ин боздоштҳо суолҳо кард.

Оқои Асадуллоев афзуд, ки вазири дохила ба ин масъули САҲУ таъкид дошт, ки боздошти ин афрод ба фаъолияти касбии онҳо рабте надошта ва барои иртикоби ҷароими дигар дастгир шудаанд. Оқои Асадуллоев афзуд: «Шояд вазир Ӯрунбой Усмоновро низ дар назар дошт, чунки боздошти оқои Усмонов низ дар робита ба Ҳизби Таҳрир буд.»

Дуня Миятович аз оқои Қаҳҳоров хост, то ин ки вазорати умури дохила барои дифоъ аз ҳуқуқи журнолистон ва фароҳам кардани шароит барои фаъолияти озоди расонаҳо дар Тоҷикистон кумак кунад. Вай афзудааст, ки САҲУ дар навбати худ омодааст, барои рӯзноманигорони тоҷик ва котибони матбуъоти ниҳодҳои интизомӣ давраҳои омӯзишии ҳуқуқӣ баргузор кунад.

[b]Дидори Миятович бо ҷомеъаи маданӣ[/b]

Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо барои матраҳ кардани мавзӯъи мушкилоти марбут ба озодии баён дар Тоҷикистон бо мақомот ва ҷомеъаи мадании ин кишвар, вориди Душанбе шудааст.

Вай дар шаби панҷшанбеи 3 ноябр, дар як ҳамоиш дар меҳмонхонаи “Ҳайят”-и шаҳри Душанбе гуфт, ки бо мақомоти давлати Тоҷикистон мушкилоти марбут ба озодии баён дар ин кишварро матраҳ хоҳад кард.

Вай рӯзи панҷшанбе бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавзӯъи озодии баён, дастрасӣ ба манобеъи иттилоъотӣ ва фишору қазияҳои додгоҳӣ болои хабарнигорон ва расонаҳои мустақили ин кишварро матраҳ кардааст.

Ин масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо гуфтааст, ки то ҳол дар Тоҷикистон дар роҳи фаъолияти озоди расонаҳо мавонеъи маснӯъӣ вуҷуд дорад. Аммо хонуми Миятович ба таври мушаххас аз мавориди душвориҳо ва мавонеъ барои фаъолияти нашрияҳо ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон ном набурд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ, ки дар мулоқот бо хонуми Миятович ҳузур дошт гуфт, ки дар ин мулоқот қазияи Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи мустақили “Нури зиндагӣ” матраҳ шуда ва ин мақоми САҲУ аз озод шудани ин ду хабарнигор ибрози хурсандӣ кардаст.

Аммо ба гуфтаи хонуми Воҳидова, хонуми Миятович ҳукми додгоҳи вилояти Суғд дар қиболи оқои Усмоновро ғайримунсифона хонда ва бовар дорад, ки ин ҳукм бояд лағв шавад, зеро равобити оқои Усмонов бо Ҳизби Таҳрир ҷузви фаъолияти журналистиаш будааст.

Хонуми Миятович гуфт, таъқиби хабарнигор барои фаъолияти касбӣ оқибати хуб надошта ва ин амал маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Ин дар ҳолест, ки Файзинисо Воҳидова аз болои ҳукми додгоҳи вилояти Суғд дар қиболи Ӯрунбой Усмонов ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

[b]Вазорати хориҷа: рӯзноманигорон бояд ҳирфаитар шаванд[/b]

Имрӯз 4-уми ноябр Дуня Миятович бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷа, дидор ва масоили марбут ба вазъи расонаҳои давлатию мустақили Тоҷикистон баррасӣ кардааст.

Давлаталӣ Назриев, сухангӯи ин вазорат гуфт, вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни таъкид ба «фароҳам будани заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди нашрияҳо ва расонаҳо дар ин кишвар ба поин будани сатҳи дониши ҳуқуқии рӯзноманигорон ва ғайриҳирфаӣ будани бархе аз онҳо» ишора кардааст.

Оқои Зарифӣ, аз хонуми Миятович хостааст, то Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз тариқи баргузор кардани мизҳои гирд ва давраҳои омӯзишӣ барои хабарнигорони тоҷик дар ҳалли ин мушкил мусоъидат кунад.

Гуфта мешавад, Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни САҲУ, ҳамчунин, имрӯз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиюн ва Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Интизор меравад, ӯ бо Олим Салимзода ва Акрамшо Фелалиев, намояндагони порлумони Тоҷикистон ва муаллифони пешнависи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” нукоти ин санади ҳуқуқиро баррасӣ кунад.

Аз сӯйи дигар, Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи мустақили «Фараж» дар дидори худ бо Дуня Миятович пешниҳод кардааст, ки дар ин кишвар чопхонаи мустақиле зери сарпарастӣ ё сояи созмонҳои байналмилалӣ таъсис шавад.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон созмонҳо ё табаъи хориҷӣ ҳаққи таъсиси ин гуна чопхонаро надошта, аммо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҷрубаи таъсиси чопхонае таҳти сарпарастии созмонҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад.

Ҳамчунин, намояндагони нашрияҳои мустақил тасмими Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мабнӣ ба лағви шаҳодатнома ё муҷаввизи фаъолияти нашрияҳо дар аввали моҳи январи соли ояндаро таҳдиди ҷиддӣ ба озодии баён дар ин кишвар унвон карданд.

Ҳамакнун, нашрияҳо ҳамчун моликияти хусусӣ дар равзанаи ягона дар Кумитаи молиёти Тоҷикистон сабти ном шуда ва маоши ҳадди ақали кормандонро ба 562 сомонӣ расонанд ва молиёти зиёд пардохт кунанд.

Ба эътиқоди масъулони нашрияҳои мустақил, мумкин аст дар пайи ин иқдоми давлати Тоҷикистон дар соли оянда бештари нашрияҳои мустақил аз фаъолият бозмонанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/11/111104_mm_osce.shtml

“Фараж” аз пешниҳоди мусолиҳаи додгоҳӣ даст кашид

[b]Нашрияи мустақили «Фараж» пешниҳод дар бораи мусолиҳаи додгоҳиро рад карда ва хостори муҳокимаи қазия дар додгоҳ шудааст.[/b]

Файзиддин Азизов, муъвони раиси яке аз ҷамоъатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ин нашрияро дар чопи матлабе «муғризона» муттаҳам дониста ва хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ шудааст.

Нашрияи «Фараж» дар моҳи август матлаберо зери унвони “Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: “Мерседес” — 22 000 ҳазор доллар” мунташир карда ва аз ҳукми додгоҳ дар қиболи ронандаи як минибасе, ки бо худрави Файзиддин Азизов бархурдааст, шадидан интиқод карда буд.

Додгоҳ ронандаи ин минибасро дар тасодуми утумубилӣ муҷрим дониста ва ӯро ба пардохти 22 ҳазор дулор ҷубронпулӣ муваззаф кардааст. Ҳарчанд, ба навиштаи муаллиф ин худрави “Мерседес”-и тавлиди даҳаи 1990 на бештара аз панҷ-шаш ҳазор дулор арзиш доштааст.

Урунбой Шерматов, вакили мудофеъи оқои Азизов ба Би-би-сӣ гуфт, ки муваккилаш ба нашрияи “Фараж” пешниҳод кард, ки дар саҳафоти худ аз ӯ пузиш бипурсад ва ба ин тартиб қазия ҳал хоҳад шуд. Вале, масъулони нашрия ин пешниҳодро напазируфтанд.

Вай афзуд: “Тибқи қавонини Тоҷикистон, нашрия ва муаллиф муваззафанд, ки қабл аз нашри матлабе дақиқ будани маводди онро бисанҷанд ва танҳо иттилоъи дуруст чоп кунанд. Муваккили ман бар ин назар аст, ки муаллифи матлаб иттилоъи носаҳеҳ мунташир кардааст.”

Вале Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” мегӯяд, ки куллияи маводди мунташиршуда саҳеҳ аст ва ба ин далел онҳо пешниҳоди созишро радд кардаанд ва мехоҳанд, дар муҳокимаи додгоҳи аз нашрия ва қаҳрамони матлаб, ки ба пардохти 22 ҳазор дулор ҷуброн ба Файзиддин Азизов муваззаф шудааст, дифо кунанд.

Оқои Атовулло афзуд: “Тибқи иттилоъе, ки мо дорем, худрави “Мерседес”-и тавлиди даҳаи 1990 наметавонад 22 ҳазор дулор арзиш дошта бошад. Ҳоло нархи ин гуна мошинҳо дар бозори Душанбе панҷ-шаш ҳазор аст. Вале, оқои Азизов аз ҷумлаи афроди саршинос дар ноҳияи Рӯадкӣ аст. Ҳоло низ бо худрави “Лексус” бо шумораи 77-77 гаштугузор мекунад.”

Вале, қаҳрамони матлаби “Фараж”, ки тибқи ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ молу мулкаш бар суди оқои Азизов мусодира шудааст, ночор шудааст, ба Русия муҳоҷират карда ва талош дорад маблағи боқимондаи ҷубронро пайдо кунад.

Хуршеди Атовулло муътақид аст, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ метавонад дурусти матлаби нашрияро собит созад. Ӯ мегӯяд: “Ба ин далел, мо тасмим гирифтем, ки то охир мубориза кунем.”

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки нашрияи “Фараж” ба додгоҳ кашида мешавад. Соли гузашта се нафар қузоти Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе ин нашрияро дар канори нашрияҳои мустақили “ASIA-Plus” ва “Озодагон” ба додгоҳ кашида ва хостори пардохти 5,5 милюн сомонӣ ҷубронпулӣ шуда буданд.

Муҳокимаи додгоҳӣ тӯли тақрибан як сол идома дошт ва дар ниҳоят ҷонибҳо ба созиш расиданд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон аз афзоиши мавориди ба додгоҳ кашида шудани расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла, ин матлаб дар ҷараёни даври чаҳоруми “Муколамаи ҳуқуқи башар миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон”, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, матраҳ буд.

Рина Кионк, масъули бахши ҳуқуқи башари Шӯрои Урупо дар умури равобити байналмилалӣ, гуфт, ки мавзӯъи мавриди нигаронии ин даври музокирот барои онҳо бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки Иттиҳодияи Урупо мукарраран аз мақомоти тоҷик хостааст, ки муқаррароти марбут ба тавҳин ва таҳқирро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф ё декриминализатсия (ғайриҷиноӣ) кунанд, вале мақомоти тоҷик ин дархостро нодида гирифтаанд.

Тайи ду соли ахир аксари парвандаҳое, ки рӯзноманигорон бар асоси онҳо ба додгоҳҳо кашида шудаанд, ба «тавҳин» ва «латма задан ба шаъну шарафи» мақомҳои давлатӣ марбут будаанд. Додгоҳҳо низ бархе аз рӯзноманигорон ва нашрияҳоро ба пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт водор кардаанд.

Масъулони нашрияҳои мустақил иддаъо мекунанд, ки онҳо ба хотири интишори матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ин ё он мақоми давлатӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд ва додгоҳҳо дар бештари маворид ба сурати «ғайримустақил» ва «муғризона» парвандаҳоро ба нафъи мақомот ҳал мекунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111031_if_media_faraj.shtml

Муколамаи Тоҷикистону Аврупо. Аз озодии баён то хушунат

[b]Даври чаҳоруми муколамаи Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо пиромуни вазъи ҳуқуқи башар баргузор шуд.[/b]

Вазъи озодии матбуот, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи муҳоҷирон, коҳиш додани зӯроварӣ дар хонаводаҳо алайҳи занон ва бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз масоили муҳиме ба шумор меоянд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати ин кишвар ҳалли сареъ ва ҳамаҷонибаи онҳоро мехоҳад.

Ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки ҷараёни баҳсро сабт кунанд ва сабаби онро ҳам шарҳ надоданд. Вақте танаффус эълон карда шуд, танҳо дар ҳамин лаҳза фурсате пеш омад, ки бо намоянадгони мизи гирд суҳбат бикунем.

[b]ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР БЕҲБУД ЁФТААСТ?[/b]

Рина Кионка, раиси Дафтари ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муқоиса ба чанд соли пеш вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба сурати умум беҳбуд ёфтааст. Вай афзуд, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мехоҳем шоҳиди пешрафти воқеии онҳо бошем, махсусан, дар масъалаи озодии баён. Ҳамчунин, хушунати занон аз масоили дигаре ҳаст, ки дар Тоҷикистон алайҳи он чораҳои қонунӣ вуҷуд надорад.

Хонум Кионка афзуд: «Масъалае, ки тайи чанд сол аст, ки бояд заминаи қонунӣ дар Тоҷикистон пайдо кунад, ин зӯроварӣ дар хонавода алайҳи занон мебошад. Баҳси тарҳи қонуни хушунат алайҳи занон дар порлумони ин кишвар идома дорад, ки мехоҳем шоҳиди ҳуқуқи қонунӣ пайдо кардани ин масъала бошем. Масъалаи дигаре ҳам, ки Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон мехоҳад, ин лағви пурраи ҳукми қатл дар Тоҷикистон аст. Баҳсе, ки ҳоло бо намояндагони Тоҷикистон хоҳем кард, рӯи ҳамин мавзӯъ мебошад. Чанд масъалаи дигаре ҳам, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ҳалли мантиқии зина ба зина мехоҳад, ки дар ин роҳ Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Агар масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар кишвар ҳалли худро пайдо накунад, дар масъалаҳои дигар низ пешрафт нахоҳад кард.»

[b]ҲУКМИ ҚАТЛ КОМИЛАН ЛАҒВ МЕШАВАД?[/b]

Тавре аз суҳбати намояндаи Иттиҳодияи Аврупо рӯшан мешавад, яке аз масъалаҳое, ки ин созмон аз Тоҷикистон ҳалли ниҳоиро интизор аст, лағви ҳукми қатл мебошад.

Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин тараф дар иҷрои ҳукми қатл моратория эълон кардааст ва ба ҷои он ҳукми абад содир карда мешавад. Аммо тавре, ки намояндагони мақомоти Додситонии Тоҷикистон мегӯянд, маълум мешавад, ки ин кишвар чандон хостори лағви пурраи ҳукми қатл намебошад.

Як намояндагони аршади Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш оварда шавад, гуфт, Тоҷикистон ҳудуди 44 моддае, ки аз замони Шӯравӣ бозмонда буданд ва ҳукми қатлро иҷоза медоданд, ихтисор кард ва онро ба 16 модда расонд. Ба гуфтаи ӯ, тайи як даҳсолаи ахир онро низ коҳиш дод ва феълан панҷ моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон ба мисли ҳолатҳои куштори инсон, терроризм, одамрабоӣ ва ғайра ҳастанд, ки ба иҷрои ҳукми қатл мусоидат мекунанд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аслан кишварҳои ғарбӣ тақозои лағви ҳукми қатл мекунанд, вале шароити Тоҷикистон аз кишварҳои Ғарб комилан фарқ мекунад. Ба гуфтаи ин мақоми Додситонии кул, лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон куштору террор ва ҷиноятҳои вазнинро афзоиш хоҳад дод.

[b]ТАРҲИ ҚОНУНИ ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ЗАНОН[/b]

Масъалаи дигари муҳиме, ки ҳуқуқи занонро дар бар мегирад, заминаи ҳуқуқӣ бахшидани хушунат дар хонаводаҳо ва махсусан зӯроварӣ ба занон мебошад.

Намояндаи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонова мегӯяд, бо тақозои созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар, бахусус Иттиҳодияи Аврупо, тарҳи қонуни хушунат алайҳи занон таҳия карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар порлумони кишвар мавриди муҳокима қарор дорад. «Айни замон тарҳи қонуни зӯроварӣ дар хонавода мавриди муҳокима қарор дорад ва ҳоло Маҷлиси миллӣ ин тарҳро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки назари мақомоти ҳукумат ба эътибор гирифта хоҳад шуд»,-афзуд ӯ.

Феълан бо кӯмаки созмонҳои байнулмилалӣ, Кумитаи занони Тоҷикистон чандин марказҳое таъсис додааст, ки тайи даҳ соли гузашта ба 118 нафар зану духтаре, ки мавриди қочоқ ё худ трофик қарор гирифтаанд, кӯмаки равонӣ кардааст. Намояндагони бахши ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, то кунун чаҳор даври муколамаро бо мақомоти зидахли Тоҷикистон баргузор кардаанд ва то замони мушоҳидаи пешрафти чашмгир дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ин гуфтшунидро идома хоҳанд дод.

Мирзонабии Холиқзод, Бароти Юсуфӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24371006.html

Исмоилов: «Аз навиштаҳоям пушаймон нестам»

[b]Гуфтугӯи хабарнигори «Озодӣ» бо Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздошт буд.[/b]

[b]Муҳаммадюсуфи Исмоилов пас аз раҳоияш аз боздоштгоҳи Хуҷанд барои як дидорбинӣ бо дӯстону наздикон ба Душанбе омада буд ва мо аз фурсат истифода карда, бо эшон сӯҳбате анҷом додем.[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Дар соли 2006 Даврон Зоҳидов, ки ҳоло дар Дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият дорад, ба ноҳияи Ашт раис ва Хуршед Улмасов додситон таъйин шуданд. Аммо онҳо ба ободкориву пешравии ноҳия эътибор намедоданд. Кӯчаҳои Шайдон, маркази ноҳияи Ашт, пурчангу ғубор, дарахтон хушк, беморхона ва сохтмонҳои соҳаи маориф рӯ ба таназзул ниҳоданд. Роҳҳо ба дараҷае харобу валангор шуданд, ки кӯчаҳои Шайдон солҳои 1941-42-ро ба хотир меовард. Мардуми Шайдон ва меҳмонон аз чунин вазъ нороҳат шуда, мепурсиданд, ки оё як одами зинда ҳаст, ки ба боло ин вазъро бифаҳмонад. Ман ин ҳарфҳоро шунида, азият мекашидам. Зеро ман хабарнигори “Нури зиндагӣ” будам. Чандин навбат ба масъулин, аз ҷумла раиси ноҳия муроҷиат карда, гуфтам, ки чорае биҷӯянд, аммо онҳо парво намекарданд. Ҷамоати шаҳраки Шайдон ду маротиба муроҷиат кард, ки барои бартараф кардани камбудҳо ёрӣ кунанд, вале бидуни натиҷаИдораи бозрасии автомобилӣ низ панҷ маротиба дарбораи валангору тахриб шудани роҳҳои Шайдон муроҷиат кард, вале нафаре додшунав пайдо нашуд. Бо ҳамаи масъулини ин соҳаҳо сӯҳбат карда, дар заминаи гуфтаи онҳо як мақола бо номи “Вайронаҳои Шайдонро кӣ обод мекунад” дар “Нури зиндагӣ” ба нашр расонидам. Пас аз нашри ин матлаб ба кор сар карданд. Аммо боз ҳам корҳоро то ба охир нарасониданд. Боз мақолаи дигареро бо номи “Чанги Шайдон дар осмон” чоп кардам. Ин мақола аз мушкилоти беморхонаи Шайдон, ки солҳои чилум сохта шуда ва боре ҳам рӯи тармимро надида буд, ҳикоят мекард. Тирезаҳои ин беморхонаро кушода намешуд, чунки чангу хоки кӯча ба дохил медаромад ва худи касалхона ба ҳадде бӯй гирифта буд, ки кас ҳайрон мемонд. Аммо ягон маротиба раиси ноҳияро надидам, ки пиёда аз ин ҷо гузар карда, ин манзараҳоро дида бошад. Аз утоқи корӣ рост ба мошин ва аз мошин рост ба утоқи корӣ медаромад.»

[b]Радиои Озодӣ: Яъне масъулин барои ободӣ ва бартараф кардани мушкилҳо камтар заҳмат мекашанд?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Соли 2006 барои бо об таъмин намудани 6 ҳазор мардуми Ашт лоиҳаи махсуси Вазорати обу обёрӣ тасдиқ шуд. Ҳарду тарафи роҳи асосии Шайдонро барои хобонидани лӯлаҳои интиқоли об канданд. Лӯлаҳоро дар ду тарафи роҳ хобониданд, як сол сипарӣ мешавад, аммо на аз об дарак ҳасту на ҳарду шафати кандаи роҳро мепӯшонанд. Дар ҳоле ки дар ҳарду тараф ҳавлиҳои мардум ҷойгир шудааст. Мардум ҳам ба дод омад, идораи ҷамоа ҳам. Чун хиёбони марказӣ, ки буд, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо низ ба дод омаданд. Боз шаш моҳи дигар гузашт. Ҳамаи ин ҳолатро дар мақолаҳо нишон додам.»

[b]ДАР РӮЁРӮИ БО МАҚОМОТ

Радиои Озодӣ: Чаро Шумо, масалан, мустақим ба худи роҳбари ноҳия арзу доди мардумро нарасонидед?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Вақте раиси ноҳия Зоҳидов ба кор шурӯъ кард, писари тағо ва холаи ман дар ҳукумати ноҳия ба сифати котиб кор мекарданд. Рости гап, намехостам ин мақолаҳо чоп шаванд, агар раис маро қабул карда, барои рафъи ин камбудҳо тадбир меҷуст. Аммо ин наздиконам маро имкони мулоқот бо раис намедоданд. Ҳамеша «раис нест» мегуфтанд. Чун дидам, ки қабул намекунад, матлаберо бо номи “Ашт дашт мешавад” навишта, чоп кардам. Дар қатори камбудҳо ҳамчунин навиштам, ки раиси ноҳия на танҳо маро, балки мардумро ҳам қабул намекунад. Пас аз он ки мақола чоп шуд, худи Даврон Зоҳидов маро даъват карду гуфт, ки «биёед, акнун ҳамкорӣ мекунем.» Махсус худаш телефон кард, ҳарчанд ки котибҳояш намехостанд.»

[b]ОЁ МУҲАММАДЮСУФ НИЗ «ТАҲРИРӢ» БУД?

Радиои Озодӣ: Шумо пештар низ бо нашрияҳо ҳамкорӣ доштед?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Бале, масалан, бо “Нерӯи сухан”. Сабаби рӯ оварданам ба ин нашрия он буд, ки боҷуръат ва нотарсона маводи танқидиро дарҷ мекард. Соли 2004 буд. Ҳамроҳ бо ҳамсарам савори қатори Душанбе-Хуҷанд шудем. 18 нафар корманди қатор, аз ҷумлаи роҳбаладҳо, ходимони гумрук, марзбонӣ ва милиса аз мусофирон ду сомонӣ ҷамъ мекарданд. Ман надодам. Гуфтам надорам. Роҳбалад ва милиса назди хонумам омада гуфтанд, ки чаро Шумо пулро намедиҳед. Вай гуфт, ки пул надорад, чун бо шавҳараш дар сафар аст. Онҳо омада мегуфтанд, ки Шумо чи хел инсон ҳастед, ки ду сомонӣ пул надоред. Ду милиса омада шиносномаҳои ману оилаамро гирифта бо худ бурданд. Яке аз онҳо ба тарафи занам гашту гуфт, ки чӣ тавр ҳамин одами бадафти безебро гирифтӣ, дигар мард набуд чӣ? Як тарафаш каҷ, як тарафаш варам, дигар шавҳар ёфт нашуд чӣ? Занам посух дод, ки хуб дар пешониам ҳамин будааст. Кормандони гумрук, милиса, сарҳадбонҳо ҳам омада ҳамин суханро такрор мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки роҳбаладҳо моро аз истифодаи оби ҷӯш ё чойи поезд маҳрум карданд. Онҳо намегузоштанд, ки чой бигирем. Ба мо мусофирон ёрӣ мекарданд. Ба сари мо ҳамчун посбон рост истоданд, ки мабодо чой гирем. Вақте Хуҷанд расидем, ду нафар роҳбалад аз гиребонам гирифта, такон дода гуфтанд, ки “ту муттаҳам барои ду сомонӣ моро шарманда кардӣ, ту барин одамро дар умри сарамон надида будем” ва сипас аз дари қатора ба берун андохтанд. Ман як ба пушт задам, вале ҳеҷ ҷоям осеб надид. Ин моҷароро бо номи “Пулҳо барои мафия” дар “Нерӯи сухан” навишта чоп кардам. Баъди тахминан 15 рӯзи чопи мақола кормандон аз милиса, амният, додситонӣ ба манзили зисти ман омада, дар ғайби ман занамро водор мекунанд ва ӯ барояшон кабинети кориамро мекушояд ва онҳо дар он ҷо дар қаторидигар китобу коғазҳои гуногун, кутуби зиёдеро бо ҳуруфи арабӣ мебинанд. Ин китобҳо, аз ҷумла аз осори Аҳмади Дониш, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, «Гулистон”-у “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ, ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз “Баҳористон”-и Ҷомӣ, ”Заруриёти динӣ”, “Мухтасари виқоя” ва чанде дигар буданд, ки онҳоро рӯйхат карда, бо худ мебаранд. Вақте омадам, ҳанӯз онҳо нарафта буданд. Гуфтанд, ки Шумо узви “Ҳизбуттаҳрир” ҳастед. Гуфтам бо чӣ асос ин тавр мегӯед. Ба китобҳо ишора карданд. Гуфтам, ин китобҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Гуфтанд дар вилоят баъди ташхис мефаҳмем, ки инҳо чӣ китобанд. Хулоса санад тартиб дода, даъват карданд, ки имзо гузорам. Ман рад кардам. Корманди милиса як бор бо қаҳр туфангашро, ки дар пешаш гузошта буд, бардошту ба замин зад. Гуфтам, Шумо маро тарсониданиед, сипас ба коғазашон навиштам, ки ман узви Ҳизбуттаҳрир нестам, онро намешиносам, гуноҳ надорам ва сипас имзо гузоштам. Онҳо гуфтанд, ки «фардо ба Идораи амнияти вилоят оед, ҳамаашро дар он ҷо мефаҳмонанд». Рафтам. Маро аз амнияти вилоят гирифта, рост ба вокзал бурданд. Дар он ҷо маро дар ихтиёри як нафар корманди амният ва додситонии вокзал гузоштанд. Вале он корманди вилоятии амният гуфт, ки китобҳоятонро Идораи дини вилоят санҷид, китобҳои хуб будаанд, то бегоҳ мерасонанд, аз китобҳо ташвиш накашед. Аз утоқи кории корманди додситонии вокзал ба Душанбе занг заданд. Баъди чанд ҳарфе гӯширо ба ман доданд. Он нафар Имомов аз Прокуратураи генералӣ будааст. Гуфт, ки Шумо аз Ашт. Тасдиқ кардам. Шумо мақола навишта, 18 касро сиёҳ кардаед, ҳамаи онҳо ҷавоб навишта, гуфтаҳои Шуморо рад карданд. Шумо нависед, ки ин ҳамааш дурӯғу тӯҳмат аст ва имзо гузоред. Ман гап нест гуфта гӯширо гузоштам. Ба ман коғаз оварданд. Он мақоларо дубора рӯи коғаз овардам, нарезондаву начаконда. Пеш аз навиштан, хоҳиш кардам, ки як чой биёранд, ки субҳона накардаам. Вақте варақи навиштаи маро гирифта ба Имомов тавассути телефон қироат кард, ӯ боз гӯширо ба дастам дод. “Шумо аҳмақ, будед, чӣ кор карда истодаед, Шумо девона нестед?” Гуфтам, чаро Шумо маро девона мегӯед, ман воқеиятро навиштам, чаро нависам, ки дурӯғ аст. “Э, Шумо муттаҳам будаед, гӯширо пас диҳед”,-гуфт. Чойро зуд аз пешам гирифтанд. Баъди чанде маро ҷавоб доданд. Пас аз як моҳ ба нашрия ҷавоб фиристода гуфтанд, ки ба ҳамаи он кормандон ҷазо додаанд.»

[b]БОЗДОШТ БАРОИ «ХУДКУШӢ ДАР АШТ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Шуморо барои кадом мақолаатон боздошт карданд? [/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Ман дар бораи куштори як нафар фурӯшанда мақола навиштам. Ин куштор чӣ тавр сурат гирифта буд? Як нафар хост дар паҳлуи чанд мағозаи фурӯши молҳои саноатӣ ва ашёи рӯзгор як дӯкон, ки ба фурӯши оби ҷав ва қаҳва машғул аст, боз кунад. Ҳуҷҷат ҳам гирифт. Аммо ӯро қасдан онҳое, ки соҳиби мағозаи дигаранд, бо мошин заданд. Ӯ ба додситонӣ муроҷиат кард. Додситонӣ баръакс тарафи муқобили ҷабрдидаро гирифт. Нафари ҷабрдида аз тариқи матбуот ба Прокурори генералӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон дархости кӯмак карда, ҳодисаи рухдодаро низ ҳикоят кард. Баъди чопи мақола ҷабру ҷафо болои нависанда зиёд шуд. Тавассути кормандони додситонӣ ва милисаи ноҳия ӯро зери фишор қарор медиҳанд, ки чаро онро навиштааст. Ин шахс ба ҳамаи ин ҷафоҳо тоқат карда хост як танӯрхона сохта санбӯса бипазад ва аз ин роҳ маишати хонаводаашро таъмин кунад. Ӯ як танӯр насохта буд, ки аз ҳукумати ноҳия омада мегӯянд, ки бояд танӯрхонаро бардорӣ, ки моро прокурор маҷбур дорад. Ӯ ба чандин идора муроҷиат кард, ки омодааст бо камтарин маош кор кунад вале ҳама мегуфт, ки метарсанд аз прокурор. Ва ӯро дар ҳеҷ ҷо ба кор нагирифтанд. Ӯ дар коғазе “дод аз дасти прокурор” навишта, худро овехт. Ин мактуб ба дасти ман расид. Ман маҷбур шудам, ки мақолаеро бо номи “Худкушӣ дар Ашт” навишта, пешниҳоди мардум намоям.»

[b]ФАРҚИ СИЗО. АЗ ШАЙДОН ТО ХУҶАНД…

Радиои Озодӣ: Бо Шумо дар боздоштгоҳ чӣ тавр муносибат мекарданд?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Муносибаташон бо ман, махсусан дар Сизои Хуҷанд, хуб буд. Маро ҳурмат мекарданд. Вале, албатта, зиндон зиндон аст. Ба зиндонӣ мувофиқи қоидаву қонун муносибат мекунанд. Лекин баъдтар чун фаҳмиданд, ки рӯзноманигорам ва барои навиштаам зиндонӣ шудаам, хеле муносибати хуб мекарданд. Аммо чун ҳар сари ду моҳ, ки ба Сизои Шайдон мебурданд, дар он ҷо муносибат ваҳшиёна буд. Онҳо ягон нафар аз наздикони маро намегузоштанд, ки ба дидани ман оянд. Додситон чунин фармон дода будааст, зеро баъди озод шуданам ба ман инро гуфтанд. Агар иҷоза медоданд ҳам як ё ду дақиқа. Милисаҳоро ҳам зери фишор қарор дода будаанд. Ба дигарҳо чунин бархӯрд намекарданд. Мисле, ки ман ягон ҷинояткори хафвнок бошам. Ҳатто агар ягон нафар ба ман “салом” мефиристод, номи ӯро ба додситон бояд маълум мекарданд.»

[b]»АЗ МАТБУОТ СИПОСГУЗОРАМ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, агар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар дохил ва дар сатҳи байнулмилаӣ ва низ хабарнигорон дар мавриди қазияи Шумо сукут мекарданд, Шумо озод мешудед?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Албатта, не. Ҳазорон ташаккур ба Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, ки бидуни хастагӣ бо ҳамроҳии адвокатам Ҷӯраева Муҳаббатхон барои озодии ман талош карданд. Тамоми матбуоти олам ба по хест, матлаби зиёд чоп карданд. Кормандони додситонӣ ва додгоҳи шаҳри Табошар низ ба худ омаданд. Онҳо аввал ба ман бад муомила мекарданд, вале баъди ин мақолаҳо муносибаташон иваз шуд. Ҳамчунин аз кӯмаки хабарнигорон садҳо ташаккур, ки ба ман ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ёрӣ расониданд. Шояд ин маблағ зиёдтар ҳам бошад, чун бо оилаам ҳоло дуруст ҳамсӯҳбат нашудаам. Рӯзи ҷумъа, вақте маро аз зиндон раҳо карданд, Нуриддин Қаршибоев як таксиро аз Хуҷанд то шаҳраки Шайдон киро кард, пулашро дод ва маро то хона овард.»

[b]МУҲАММАДЮСУФ ПУШАЙМОН НЕСТ…[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Навиштеду зиндон шудед, пушаймон нестед?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Не, ман пушаймон нестам. Пушаймониам аз он, ки маҳбус шудам. Вале ман ягон тини давлатро ғайриқонунӣ нагирифтаам. Ман баҳри ободӣ навиштам. Аз ин рӯ рӯирост менавиштам. Ногуфта намонад, ки барои ман ҳоҷати таҳқиқот набуд. Ҳар як мақолае, ки менавиштам, тасвир дошт. Барои осон шудани тафтишот ман сурат мегирифтам.»

[b]Радиои Озодӣ: Шумо дар давраи наврасиатон низ менавиштед?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Аввалин маротиба дар нашрияи “Пионери Тоҷикистон”, ки сармуҳаррираш Гулрухсор Сафиева буданд, навиштаҳои ман чоп мешуданд. Синфи 7 мехондам, ки қариб ҳар ҳафта шеърҳо ва кроссвордҳои маро чоп мекард. Баъдтар бо маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, ки шоираи шодравон Мавҷуда Ҳакимова сардабириашро бар дӯш дошт, ҳамкорӣ мекардам. Қариб як корманди доимии ин маҷалла будам ва ҳаққи қалами хуб ҳам мегирифтам. Чун ман донишҷӯ будам, бароям пули хуб медоданд. Мегуфтанд, ки кроссвордҳои ту хонандаҳои худро дорад. Баъди вафоти ин шоира ҳам ҳамкориро бо ин маҷалла идома медодам. Сипас, бо нашрияҳои “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав” ва дигарҳо ҳам ҳамкорӣ мекардам. Кроссворд, ҳар гуна мақола омода карда мефиристодам. Ҳамчунин дар нашрияи “Миллат” ҳам навиштаҳои ман мунташир мешуданд ва Адолати Мирзо дастмузди хуб ҳам медод. Вале чун Ҷумъаи Мирзо — сармуҳаррири “Нури зиндагӣ”-ро аз давраи кор дар “Пионери Тоҷикистон” мешинохтам, бо даъвати ӯ дар нашрияаш ба сифати хабарнигор ба кор пардохтам.»

[b]Радиои Озодӣ: Шуморо додгоҳ се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум кард ва 35 ҳазор ҷарима. Минбаъд чӣ кор хоҳед кард?[/b]

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов:[/b] «Ману адвокатам машварат кардем ва тасмим гирифтем, ки аз болои ин ҳукм шикоят бубарем.»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24370857.html

Баҳсҳои исломӣ дар матбуот. Таблиғи дин ё ҷалби муштарӣ?

[b]Ширкати “Азия-Плюс” эълом кард, ки ба зудӣ торнамои махсуси ислом тиҷейро роҳандозӣ хоҳад кард.[/b]

Ин сафҳа, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ матолиб нашр мекунад, бештар ба бозтоби масоили дини мубини Ислом ва рӯҳониён дар Тоҷикистон хоҳад пардохт.

Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, мегӯяд, бар хилофи бархе дигар аз расонаҳо онҳо ба коршиносони умури динӣ ҳам имкон хоҳанд дод, то назару матолибашонро дар вебсайти ислом тиҷей нашр кунанд: “Дар ин сайт мо барои хонандаи одӣ ва ҳам барои онҳое, ки дар бораи дин маълумот доранд, иттилоъ ва таҳлилҳо пешкаш мекунем. Яъне, як қисми торнамои ислом нуқта тиҷей барои таҳлилгарон мешавад.”

Дар чаҳор соли ахир мавзӯи ҳиҷобу рӯсарӣ, ришу намозгузорӣ дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, қонуни нави дин, гурӯҳи салафия ва ҷамоати таблиғ бозори нашрияҳоро гарм кардаанд. Ин аст, ки чандин нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар ин муддат гӯшаҳои вижаеро ҳам бо номи Ислом ва ё дин ташкил доданд.

Соҳибназарон мегӯянд, ҳадаф аз бозтоби масоили марбут ба дини Ислом дар саҳифаи нашрияҳои мустақил аз як сӯ матраҳ кардани ин мушкилот бошад, аз сӯи дигар ҷалби таваҷҷӯҳи муштариён низ будааст. Марат Мамадшоев мегӯяд, ба майдон омадани торнамои Ислом тиҷей низ пӯшиш додани масоили марбут ба дини ислом ва пайравони он дар Тоҷикистон аст.

Зеро ба таъкиди ӯ, дар ҳоли ҳозир баҳсҳои мазҳабӣ аз ҷумлаи матолиби серхаридор ва серхонандаву сербинанда дар саҳифаи нашрияҳо ва сафҳаҳои интернетӣ ба ҳисоб меравад: “Ин гуна масоил бештар хонандаву ҳаводор дорад. Фикр мекунам, ки масоили динӣ барои мардум муҳим аст ва онҳо ба ин гуна матлабҳо таваҷҷӯҳ доранд.”

Ин аст, ки бештари нашрияҳои Тоҷикистон дар шумораҳои худ талош мекунанд, ҳадди ақал акси ягон рӯҳонии саршиноси тоҷик ё таърихи афроди шинохтаи ҷаҳони Ислом, ҳадиси паёмбар ва ё пурсишу посух дар бораи масоили исломиро нашр бикунанд.

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” низ мегӯяд, таваҷҷӯҳи афзуни сокинон ба дини Ислом ва ҳаводории онҳо аз рӯҳониён соҳибони рӯзномаҳоро водор кардааст, то бо нашри матолиб дар бораи онҳо таваҷҷӯҳи муштариёнро ба нашрия ҷалб кунанд: “Мавзӯи дин яке аз мавзӯъҳои диққатҷалбкунанда аст. Махсусан, пас аз пайдо шудани гурӯҳҳои Байъат, Салафия ва Ҷамоати Таблиғ. Мардум дар бораи ҳамаи инҳо донистан мехоҳанд. Агар аз як сӯ мавзӯъи манфиати молӣ дар миён бошад, аз сӯи дигар додани иттилоъ дар бораи ин мавзӯъҳо низ ҳаст.”

Бо ин ҳол, соҳибони нашрияҳои Тоҷикистон дақиқ намегӯянд, ки оё чопи матолиби марбут ба дини Ислом ва рӯҳониёни тоҷик ба афзоиши теъдоди нашри рӯзномаи онҳо сабаб шудааст ё хайр.

Вале Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, таҳлилгари тоҷик, нашри матолибу саҳифаҳои вижа дар нашрияҳои кишварро дар мавриди бозтоби масоили исломӣ нокофӣ мехонад. Илова ба ин, оқои Сайфуллоҳзода мегӯяд, кори як идда аз соҳибони нашрияҳо дар заминаи пӯшиш додани масоили исломӣ мунсифона набудааст. “Яъне, ин сафҳаҳо на бо ҳадафи тарғиби дини мубини Ислом ва баёни мушкили пайравони он дар Тоҷикистон, балки бештар бо ҳадафи бардошти суди молӣ ташкил шудаанд”,-бовар дорад Ҳикматулло Сайфуллозода.

Вай афзуд: “Онҳо дарк карданд, ки бе кашидани мавзӯи дин дар нашрия онҳо харидор пайдо намекунанд. Чун мардуми мусулмон ҳастанд, ки нашрия мехаранд. Ҳеҷ каси дигаре дар марҳалаи феълӣ ба нашрияҳои мустақил таваҷҷӯҳ намекунад. Барои ҳамин ин тур корҳоро роҳандозӣ карданд. Вале дида мешавад, ки ин гуна саҳифаҳо зуд аз байн мераванд. Умед дорам, бародарони ҳадафманде, ки дар нашрияҳо ҳастанд, ин гуна корро ба воситаи мақолаву изҳори назари худ дунбол карда ва дар умум манфиати мардуми мусулмонро дар нашрияҳо матраҳ мекунанд.”

Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз ҳафтанома ва маҷаллаи “Рисолат”, ки нашрияи диниву маърифатист, дигар нашрияи хоси динӣ дар Тоҷикистон фаъолият надорад. Ҳатто Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон низ бар хилофи Идораи қозиёти охири солҳои ҳаштодуму оғози солҳои навадум бидуни нашрия аст. Дар гузашта Идораи қозиёти Тоҷикистон нашрияеро бо номи “Минбари ислом” чоп мекард, ки дабирии онро марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бар дӯш дошт.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон” мегӯяд, ӯ чанд соли пеш нашрияи маърифатӣ-диниеро бо номи “Асолат” дар мақомоти давлатӣ сабт карда, тӯли якуним сол, як муддат дар дохили ҳафтаномаи “Озодагон” ва як муддати дигар дар шакли алоҳида аз чоп баровардааст. Вале ба далели пеш омадани мушкили молӣ ин нашрия ҳоло чоп намешавад.

Ӯ афзуд: “Мо як чизи маърифатӣ-динӣ сохта будем, ки дар робита ба шариат ва воқеоти ҷаҳони ислом сӯҳбат мекард. Набояд ба дини ислом чун ба рӯҳонии ришдору ҷомапӯшу тоқӣ бар сар нигоҳ кард. Барои мисол, мо як мавзӯъ доштем: ислом ва физика. Яъне, ислом фарогири тамоми дунёст.”

Сардабири нашрияи “Озодагон” дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз дини мубини Ислом пайравӣ мекунанд, месазад чандин саҳифаҳои вижа ва ҳатто нашрияҳои хоси динӣ ҳам рӯи чоп оянд.

Вале ба суоли мо дар ин бора ки бо вуҷуди серхаридор будани мавзӯъ ва ниёзи бештари сокинон чаро сафи ин гуна нашрияҳо дар Тоҷикистон наафзудааст, Зафари Сӯфӣ гуфт: “Аввалан, бардоштҳои нодуруст ҷуре шуда, ки пеш аз он ки ба мақомот барои сабтиноми нашрия муроҷиат бикунанд, аксарият нигаронӣ доранд. Дуввум, мушкили асосии матбуоти мо ба назари ман сатҳи поини зиндагии мардуми мост. Яъне тавони хариди рӯзнома надоштани мардум ва гарон будани рӯзнома нисбати тавоноии молии мардум аст.”

Каюмарси Ато

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24369056.html

Ҳ.Клинтон: «Аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ ва матбуот нигаронем»

[b]Ҳилларӣ Клинтон гуфт, бо Э.Раҳмон қазияҳои маҳдуд шудани озодии мазҳабӣ ва матбуотро дар миён гузоштааст.[/b]

Хонум Клинтон афзуд, Амрико аз бархе қазияҳои вобаста ба маҳдудияти озодии матбуот ва фаъолиятҳои мазҳабӣ нигарон аст.

[b]АМРИКО АЗ МАҲДУДИЯТҲОИ МАЗҲАБӢ НИГАРОН АСТ[/b]

Хонум Клинтон аз ҷумла гуфт: “Мо бо президент дар мавриди озодиии баён ва озодиҳои мазҳабӣ сӯҳбат кардем. Ҳамчунон, ки ман субҳ гуфтам, ҳар кас ҳақ дорад, ки фароизи мазҳабии худро озодона иҷро намояд. Бинобар ҳамин ман мухолифи ҳар гуна маҳдудиятҳои мазҳабӣ мебошам ва ин ҷойи нигаронӣ ҳам дорад, зеро ҳаққи ибодат аз ҳуқуқи аввалияи ҳар шахс дар ҳар давр ва ҳар ҷой ҳаст.”

Хонум Клинтон дар посух ба ин суол, ки оё дар мулоқот бо раиси ҷумҳур қазияҳои вобаста ба матбуот ва маҳдудиятҳо дар ин заминаро дар миён гузоштааст, гуфт: “Мо ҳамчунон дар мавриди маҳдудиятҳои озодии баён нигарон ҳастем. Ва қазияҳои вижае ҳастанд, ки мо онҳоро матраҳ кардем ва тавассути сафорат, форумҳо ва вазорати хориҷа онҳоро дунболагирӣ хоҳем кард. Зеро мо бовар дорем, ки рӯзноманигор бояд озод бошад ва вазифаи худро бидуни ягон тарс иҷро намояд. Барои ҳамин ба зарурати озодии матбуот таъкид мекунем.”

Хонум Клинтон афзуд, ки маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ метавонад боиси густариши ҳаракатҳои махфӣ ва нимапинҳонии мазҳабӣ шавад, ки он ба афзоиши тундгароӣ мусоидат мекунад.

[b]ПУШТИБОНӢ АЗ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ[/b]

Хонум Клинтон роҷеъ ба идомаи кӯмак ва дастгирии Амрико аз вуруди сармоягузорӣ ба Тоҷикистон суҳбат намуд ва гуфт, ки кишвараш ба ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди Тоҷикистон аз имконоти худ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, барномаи ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ростои иҷрои тарҳи “Роҳи нави абрешим” қобили арзёбист, ки дар сурати иҷро ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд. Аммо хонум Клинтон афзуд, Тоҷикистон дар ин замина як силсила мушкилоти дорад, ки бояд онҳоро рафъ кунад. Ӯ ислоҳи қонунгузорӣ ба манзури ҷалби сармоягузориҳо ва мубориза бо фасоду риояи ҳуқуқи башарро аз муҳимтарин вазифаҳо дар ин замина унвон кард.

Ӯ гуфт, Амрико аз иқдоми Тоҷикистон, ки мехоҳад бо рушди бахши тавлидот ва роҳандозии барномаи иқтисодӣ аз муҳоҷирати рӯ ба афзоиши шаҳрвандон ба хориҷ ба манзури ёфтани ҷои кор ҷилавгирӣ кунад, пуштибонӣ менамояд.

[b]»МЕХОҲЕМ ТОҶИКИСТОН ДӮСТИ ХУБИ АМРИКО БОШАД»[/b]

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дар Душанбе гуфт, «мо мехоҳем, Тоҷикистон дӯсти хуби Амрико бошад.»

Дар ҳамин ҳол, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқотҳои сафари вазири хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ин сафар марҳилаи наве дар робитаҳои ду кишварро оғоз хоҳад кард.

Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон аз «Роҳи нави абрешим» истиқбол мекунад: «Ин сафари вазири хориҷаи ИМА дар раванди ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дарозмуддату босубот ва гуногунҷанбаи кишварҳои мо қадами наве тозае хоҳад буд.»

[b]СИПОСИ КЛИНТОН АЗ ТОҶИКИСТОН[/b]

Хонум Клинтон ҳамчунин гуфт, аз Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои кӯмак дар истиқрори сулҳу субот ва рушди Афғонистон изҳори сипос кардааст ва афзуд, ки ҳамкории Амрико ва Тоҷикистон дар ин самт идома хоҳад кард. Авзои Афғонистон ва амнияти минтақа баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвар ҳамчунин яке аз мавзӯҳои мавриди нигаронии иштирокдорони мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон дар Маркази исмоилияи Душанбе буд, ки ба такрор аз сӯи ҳозирин-намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон матраҳ шуд.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар посух ба ин нигарониҳо ва дар робита ба ҳузури баъдии Амрико дар минтақа гуфт: «Он чӣ, ки дар оянда дар Афғонистон пеш хоҳад омад, қабл аз ҳама аз худи афғонҳо ва инчунин аз ҳамаи минтақа вобаста мебошад. Ба тадриҷ неруҳои афғонӣ назорат бар авзоъро бар ӯҳдаи худ мегиранд ва мо бар ин раванд кӯмак мекунем. Ҳоли ҳозир ИМА дар пайи таҳияи як созиши стратегӣ бо Афғонистон аст, то афғонҳо эҳсос кунанд, ки мо дар канори онҳо ҳастем ва онҳоро ба ҳоли худ раҳо нахоҳем кард ва ба сурати давомдор дар Афғонистон ҳузур хоҳем дошт.»

Хонум Клинтон ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико ба раванди сулҳ дар Афғонистон кӯмак мекунад ва дар миёни шӯришиён гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд дубора ба ҷомеа бар гарданд. Ӯ гуфт, Афғонистон дар давоми ҷангҳои дохилӣ ба як гузаргоҳи ҷангиёну террористон табдил шуда буд ва ҳадафи мо ин аст, ки ин кишвар ба чорраҳаи фурсатҳои иқтисодӣ миёни ҷанубу шимол ва шарқу ғарб табдил кунем.

[b]УЗБАКИСТОНУ «РОҒУН» НИЗ БАҲС ШУД…[/b]

Ҳуқуқи башар, муносибот бо Узбакистон, мушорикати фаъоли занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, сохтмони Роғун ва мавзеъи Амрико дар қиболи он аз мавзуъҳои дигаре буд, ки бо вазири умури хориҷии Амрико дар суҳбат бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар миён гузошта шуд.

Хонум Клинтон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, дар ишора ба масъалаи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва мухолифатҳои Узбакистон дар ин замина гуфт, Тоҷикистон бояд мунтазири натоиҷи ниҳоии ташхиси коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бимонад.

Як бахши суолу ҷавобҳо бо хонум Клинтон ба сафари ӯ ба Узбакистон ихтисос дошт. Вай дар посух ба суоли он, ки пас аз ҳаводиси хунини Андиҷон чӣ гуна Амрико бо ҳукумати Ислом Каримов музокира хоҳад кард, гуфт, «воқеан мо ҳодисаи Андиҷонро маҳкум карда будем ва борҳо риояти ҳуқуқи башарро матраҳ кардаем. Аммо ҳоло музокирот бояд бо ҳукумати Узбакистон дар заминаҳои мухталиф, аз он ҷумла риояти ҳуқуқи башар сурат бигирад. Ба ин далел дар сафар ба Узбакистон бо мақомоти он кишвар ин масоил ҳатман баррасӣ хоҳад шуд.»

Раҳматкарими Давлат, Акрами Абдуқа&#12

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24367841.html

«Додгоҳҳои намоишӣ» таҳдид ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аст»

[b]Ҳарчанд давлати Бритониё аз афв шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд истиқбол мекунад, вале дар заминаи ин, ки додгоҳ ӯро муҷрим шинохт, «тардидҳо дорад.»[/b]

Ин суханонро Девид Лингтон, раиси бахши Урупои вазорати хориҷаи Бритониё дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт.

Ин мақоми давлати Бритониё гуфт: “Мо аз ин, ки хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ афв шудааст, истиқбол мекунем. Зеро акнун оқои Усмонов як шаҳрванди озод аст. Аммо мо дар бораи муҷрим шинохта шудани ӯ аз сӯйи додгоҳ ва ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ сахт тардид дорем.”

Вай афзуд: “Мо ҳамчунин дар мавриди наҳваи баргузории муҳокимаи додгоҳ, тардидҳо дорем.”

Оқои Лингтон гуфт, давлати Бритониё аз теъдоди муҳокимаҳои додгоҳии хабарнигорон дар робита ба мавзӯъи “латма ба шаъну шараф”, ки аҳёнан метавонанд, боъиси зиндонӣ шудани онҳо шаванд, нигарон боқӣ мемонад.

Оқои Лингтон дар изҳороташ гуфт: “Озодии баён бояд дар меҳвари ҳар кишвари демукротик бошад. Мо аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки усулҳои рӯзноманигории байналмилалиро бипазирад.”

“Рӯзноманигорон бояд бим аз таъқиб ва маҳкумият ба зиндон, фаъолияти худро анҷом дода таваонанд.

Рӯзи 14-уми октябр додгоҳи Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар ин вилоятро дар «иртибот бо ифротгароёни исломӣ» муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ҳамзамон ӯро тибқи қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо маъоф кард.

Пас аз зӯҳри ҳамин рӯз додгоҳи шаҳри Табошар Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори маҳаллии ноҳияи Аштро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.

Ин хабарнигори нашрияи маҳаллии «Нури Зиндагӣ» дар «тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» муттаҳам шуда буд ва то баргузории муҳокимаи додгоҳ, беш аз 11 моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ба ин хотир додгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз ҷаримаи 52 ҳазорсомонии ӯ 17 ҳазор кам карда шавад.

Вай пас аз эъломи ҳукми додгоҳ аз толори додгоҳ озод шуд.

[b]“Додгоҳҳои намоишӣ”[/b]

Рӯзноманигорони Бидуни Марз рӯзи 14-уми октябр пас аз ин, ки додгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ду рӯзноманигорро дар мавориди мухталиф муҷрим шинохта ва алайҳи онҳо ҳукм баровардаанд, нигаронии худро баён кард.

Дар баёнияи ин ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон мехонем: “Мо аз ин ки Маҳмадюсуф Исмоъилов, ки тақрибан як сол, бидуни таваҷҷӯҳ ба вазъи саломаташ дар боздошт ба сар бурд, билохира озод шуд.”

Аммо баёния меафзояд: “Бо ин вуҷуд, ҳукми додгоҳҳо ҳам алайҳи ӯ ва ҳам алайҳи Урунбой Усмонов ғайри қобили қабул ҳастанд. Ин ду рӯзноманигор аллакай барои мустақилияти худ қимати хеле боло пардохтаанд. Онҳо бояд табраъа мешуданд ва ба онҳо ҳатто ҷубронпулӣ бояд дода мешуд.”

“Ба ин хотир мо аз тасмими онҳо дар бораи шикоят ба додгоҳи олӣ комилан пуштибонӣ мекунем.”

Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз ҳамчунин навиштааст, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар заминаи рафтор бо ин ду хабарнигор муассир будаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо қасди таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистонро дорад.”

“Системи қазоӣ талош кард, обрӯйи худро наҷот бидиҳад. Аммо додгоҳҳои намоишӣ натавонистанд, истиқлолияти додгоҳро нишон бидиҳанд.”

Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз Тоҷикистонро дар миёни 178 кишвари ҷаҳон дар феҳристи озодии баён дар ҷойи 115 қарор додааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111015_sq_media_reaction_urunboy.shtml

Алан Данкан: Аз маҳкумияти хабарнигрон дар Тоҷикистон нигаронем

[b]Алан Данкан, нахустин вазири бритониёӣ, ки вориди Тоҷикистон шуд дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи муҷрим шинохта шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.[/b]

Тибқи баёнияи Вазорати рушди байналмилалии Бритониё, оқои Данкан, раҳбари ин вазорат дар мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи 17-уми октябр ин мавзӯъро матраҳ кардааст.

Ҳарчанд вай дар ин бора ба хабарнигорон пас аз дидораш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ибрози назар накард.

Дар баёнияи ин вазорат омадааст, ки зимни ибрози хушҳолӣ аз афви Урунбой Усмонов оқои Данкан гуфтааст: “Ман хушҳолам, ки вай афв шуд ва ҳоло озод аст. Ҳарчанд, Би-би-сӣ ва оқои Усмонов алайҳи муҷрим шинохта шудани вай эътироз доранд ва ман дар бораи наҳваи муҳокимаи додгоҳӣ нигарониҳои худро баён кардам.”

Вазири рушди байналмилалии Бритониё афзуд: “Озодии баён ҷузви бунёдини ҳар давлати муосир ва демукротик аст. Вале дар Тоҷикистон шумори зиёди хабарнигорон муҳокимаи додгоҳӣ мешаванд.”

Рӯзи 14-уми октябр додгоҳи вилояти Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар Хуҷандро дар ҳамдастӣ бо тарафдорони Ҳизби таҳрир муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳ ҳамзамон бо эъломи ин ҳукм эълом кард, ки оқои Усмонов тибқи қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо муъоф аст.

Соъате қабл аз эъломи ин ҳукм, додгоҳе дигар дар шаҳри Хуҷанд алайҳи Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори дигар дар шимоли Тоҷикистон ҳукм содир кард.

Тибқи ҳукми додгоҳ оқои Исмоъилов бояд барои “латма ворида кардан ба шаъну шараф” 35 ҳазор сомонӣ ҷарима бипардозад ва се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум аст.

Дар пайи эъломи натиҷаи ин ду парванда Хабарнигорони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон, ду созмони мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон бо мазмуни норозигӣ аз маҳкумияти ин хабарнигорон “барои фаъолияти ҳирфаӣ” дар шимоли Тоҷикистон баёнияҳо мунташир карданд.

Хабарнигорони Бидуни Марз аз ҷумла дар баёнияи худ навишта буд, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар заминаи рафтор бо ин ду хабарнигор муассир будаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо қасди таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистонро дорад.”

Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ рӯзи 17-уми октябр дар ин бора баёнияе содир карда ва дар он хостааст, ин ду хабарнигор комилан табраъа (рӯсафед) шаванд.

Дуня Миятович, намояндаи бахши Озодии Баёни ин созмон гуфтааст: “Ман аз ин ки Маҳмадюсуф Исмоъилов ва Урунбой Усмонов озод шудаанд шодам, аммо ман ҳамчунон нигаронам, ки онҳоро муҷрим шинохтаанд. Ҳарду хабарнигор ба хотири рӯзноманигории мустақилашон таъқиб шуданд.”

Хонуми Миятович афзуд, ки раванди таҳқиқи шикояти онҳо ба додгоҳи истинофиро дунбол хоҳад кард ва умедвор аст, ки онҳо табраъа хоҳанд шуд.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки мунтазири сафари қарибулвуқуъаш ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеъаи мадании ин кишвар аст.

Бо ин вуҷуд сафари Алан Данкан, вазири рушди байналмилалии Бритониё дар Тоҷикистон идома дорад.

Вай рӯзи 18-уми октябр бо раванди иҷрои барномаҳое, ки Вазорати рушди байналмилалии Бритониё дар Душанбе, навоҳии мухталифи Тоҷикистон ва минтақаи марзии ин икшвар бо Афғонистон сармоягузорӣ мекунад, ошно шуд.

Оқои Данкан ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кишвар барои рушди муваффақ имконоти зиёд дорад.

Вай гуфтааст: “Тоҷикистон метавонад ояндаи дурахшон дошта бошад. Дар инҷо афроди тасмимгирандае ҳастанд, ки мо метавонем бо онҳо ҳамкорӣ кунем. Агар онҳо ба бахши кишварзӣ сармоягузорони бештар ҷалб карда ва барои рушди бахши хусусӣ роҳро ҳамвор кунанд, Тоҷикистон метавонад ба кишвари муваффақи Осиёи Миёна табдил шавад.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111018_sq_media_urunboy_osce.shtml

Акбари Саттор: “Наметавонам дар сафи оппозитсия бошам”

[b]Гуфтугӯ бо Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон ва мудири кулли шабакаи нашаротии “Чархи гардун”.[/b]

[i]Рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид.

Вай, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифижурналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.[/i]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Таъсири нашрияҳо ва навиштаҳои рӯзноманигорон буд, ки интихоби раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бидуни алтернатива сурат гирифт. Зеро дар арафаи анҷумани ИЖТ ва махсусан як ҳафтаи пеш аз баргузории он масъалаи интихоби раис дар расонаҳо ба ҳар шакле инъикос ёфт, ки аксарият аз номзадии банда пуштибонии худро изҳор доштанд. Нафаре ҳам, ки мехост дар баробари раиси феълӣ номзадиашро пеш гузорад, шояд баъди мутолиаи ин навиштаҳо аз нияти худ даст кашид. Аз ҷониби дигар бардоштани бори вазнини ин вазифа душвориҳоеро дорад, ки на ҳар кас метавонад ба зимма бигирад. ИЖ-и имрӯза ИЖ-и давраи Шӯравӣ нест.

Аслан ин Иттифоқ як Иттифоқи фурӯрафтаву пошхӯрдае буд, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт. Тайи панҷ соли гузашта мо талош кардем, ки онро барқарор карда, рӯзноманигоронро дар ҳайати он ба ҳам оварем. Вале ин як кори осон набуд. Зеро, масалан, муносибат бо мо комилан мутафовит ва то ҳадде хастакунанда ҳам буд. Барои мисол, созмонҳои байнулмилалӣ бар ин гумонанд, ки ИЖТ як созмони давлатӣ аст ва аз ин рӯ аз ҳамкорӣ бо мо ҳарос мекунанд. Баръакс, ниҳодҳои давлатӣ аз изҳороту баёния ва умуман мавқеъгирии ИЖТ, ки дар баробари мушкилоти озодии баён ва нисбат ба дигар масъалаҳо эътироз мекунанд ва гоҳо ИЖТ-ро фурӯхташудаи созмонҳои байнулмилалӣ меҳисобанд. Яъне, ки байни обу оташ. Дар чунин вазъият як роҳи миёнаву мӯътадилро пайдо кардан кори осон набуд. Ман тӯли панҷ сол чунин бархӯрдро эҳсос кардам. Шояд ҳамин мушкилҳоро дигарон низ пай бурданд ва гуфтанд, акнун, ки оғоз кардааст, бигузор ба анҷом расонад ва аз номзадии ман дастгирӣ карданд.”

[b]“ИЖТ моли Акбари Саттор нест…”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Аз ҷараёни кори анҷуман низ эҳсос мешуд, ки номзадии Шумо бидуни алтернатива пешниҳод мешавад. Ҳарчанд ташвиқ ҳам карданд, ки интихобот набояд бидуни рақобат баргузор шавад, аммо касе дигар пешниҳод нашуд. Ҳоло мегӯянд, ки ин “тарзи кор” аз қабл “гапзанон” шуда буд…[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Як гурӯҳи тадорукотӣ, ки ба кори анҷуман машғул буданд, гуфтанд, ки раис, биё, як коре кунем, ки интихобот бо алтернатива сурат бигирад. Мисли баъзе аз ҳизбҳо нашавад. Нафареро меёбем, худамон пешбарӣ мекунем, вале медонем, ки ӯ намегузарад. Ман гуфтам: не. Зид баромадам. Барои чӣ? Барои он ки ман ҳеҷ вақт одами найрангбоз ва ба чунин дасисаҳову бозиҳо омехта набудам. Наметавонам бозӣ кунам. Ман одами реалӣ-воқеиам. Гуфтам дар ҳамон ҷо касе агар мард бошад, марҳамат ба майдон барояд. Ман ҳам дар баробари вай мебароям ва барномаи корамро пешниҳод мекунам. Бигузор вакилон ҳақ ва ихтиёри интихоб дошта бошанд. Мутаассифона, чунин нашуд. Танҳо номзадии Сайёфи Мизроб пешниҳод шуд, ки худи Сайёф ба ҷиҳати саломатӣ номзадиашро пас гирифт. Вале чуноне мушоҳида кардед, дар раёсати нав тақрибан роҳбарони ҳама созмонҳои журналистии Тоҷикистон аъзо шуданд. Аз ҷумла, Хуршеди Атовулло, Нуриддин Қаршибоев, Зиннатуллои Исмоил, Рустами Ҷонӣ ва чандин нафари дигар. Ҳузури онҳо дар раёсати Иттифоқи журналистон гуногунандеширо ба вуҷуд хоҳад овард. Ман аз таҷрибаи пешинаи кор дар Иттифоқ ба чунин натиҷа расидам, ки ҳатман дар раёсат бояд гуногунандешӣ, гуногунназариву гуногунмавқеӣ ҷо дошта бошад. Чун дар раёсати қаблӣ ҳама дорои як андеша ва назар буд ва ҳеҷ вақт баҳс ҳам рух намедод. Агар ҳамеша гапи раис гапи асосӣ бошад, он вақт кор пеш намеравад. Ба ман ҳатто гуфтанд, ки чунин шахсонро ҷамъ месозӣ, фикр намекунӣ, ки фардо аз дастат зада мегиранд. Ин моли Акбари Саттор нест. Моли ҷамъият аст. Панҷ сол пеш ҳам ман намехостам, ки раиси ИЖТ бошам. Танҳо як сухан, ки гуфтанд: “худат ба ИЖ ниёз надорӣ, лекин имрӯз ин Иттифоқ ба худат барин одам ниёз дорад” боис шуд, ки ба ин вазифа розӣ шавам. Ҳамон вақт ҳам пурсишҳо доир карда ба натиҷае расида буданд, ки ман метавонам бо ҳамаи ҷонибҳо забон биёбам. Ҳамин мӯътадилии хислати ман шояд сабаб низ шуда бошад, ки вакилон дар ду давра маро интихоб мекунанд.”

[b]“Сухан” дубора фаъол мешавад?[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Ҳоло ки интихоб шудед, муҳимтарин ва наздиктарин вазифаҳои ИЖТ чӣ хоҳад буд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Пеш аз ҳама такмили сохтори ИЖ. Зеро сохтораш бисёр заиф аст, чун манбаъи молиявиаш заиф мебошад. Дар анҷуман мушкилоти зиёди соҳа зикр карда шуд. Аз ҷумла, дар бораи тарбияи кадрҳо. Имрӯз аз Донишгоҳи миллӣ барои таҷрибаомӯзӣ тақрибан ки намеоянд. Ин мушкили рақами аввал аст. Дигар ин ки бо гузашти бист сол аз истиқлолият мо истиқлолияти иттиллоотӣ надорем. Мо кишвари мустақил ҳамагӣ як рӯзнома дорем. Ҳоло мо андеша дорем, ки АЖР яъне Оҷонси тадқиқоти журналистиро дар назди ИЖ ташкил намоем. Ин ниятро пештар низ доштем, аммо барои иҷрои он маблағ зарур аст. Азбаски муҳассилини факултетҳои журналистӣ аз ҳамкорӣ бо мо дурӣ меҷӯянд, мо тасмим гирифтем шӯъбаҳои ин Оҷонсиро дар назди ҳамин факултетҳо ифтитоҳ намоем. Он чизе, ки мо супориш медиҳем ва ё он чизе, ки худи рӯзноманигорони донишҷӯ пешниҳод ва омода мекунанд, мо дар асоси қарордод ба нашрияҳо мефурӯшем. Ҳамчунин талош хоҳем кард, ки “Сухан”-нашрияи ИЖТ-ро дубора фаъол созем. Пештар ду шумора чоп кардем, аммо боз ҳам мушкили молӣ имкон надод, ки ба чопи он идома диҳем.”

[b]“Ахлоқи исломӣ” ё “ахлоқи инсонӣ”?[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Шумо беш аз бист сол аст, ки дар саҳнаи матбуот фаъолият доред ва бо такя ба таҷриба ва малакае, ки дар ин арса ҳосил кардед, оё метавонед бигӯед, ки нақши ҳокимияти чаҳорум дар Тоҷикистон то чӣ ҳад муассир аст?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ман дар бораи “ҳокимиятҳо” гуфтанро дӯст намедорам. Вале аз он солҳое, ки барои аввалин маротиба ба чопи нашрияи хусусӣ даст задам, солҳои 1994-95-96 ҳамин чизро метавонам бигӯям, ки он замон мардум аз сиёсат ва аз тиру туфангу ҷанг безор шуда буд. Мо сари вақт ва дар маҳаллу замони лозим даст ба кор шудем. Он нашрияҳои фароғатие, ки ман таъсис додам, аз ҷумла “Чархи Гардун” ба инъикоси мавзӯи иҷтимоӣ, варзиш, ахлоқу одоб ва мушкилоти хонаводаҳо машғул шуданд. Аммо ҳамон вақт ҳам мушкилот буд. Масалан, зикри калимаи “исломӣ” дар матбуот кори саҳл набуд. Як вақт мо рубрика доштем бо номи “Ахлоқи исломӣ”. Аз чандин ҷо вокуниш шуд, ки чаро боз исломӣ? Ман гуфтам, ки на, мо он чизе, ки дар ислом ҳаст, онро гирифта ба мардум медиҳем, яъне панду ахлоқ, тарғиби чизи дигар нест. Баъди чунин суханҳову фишорҳо мо онро бо “Ахлоқи инсонӣ” иваз кардем. Ёдам ҳаст, як бор мо як шеъри Бозор Собирро, ки аз радиои «Озодӣ» шунида навишта карда буданд, бо сурати хандони шоир дар саҳифаи аввал чоп кардем. Он қадар аз ҷониби мардум вокуниш нишон дода шуд, ки мо тасаввур намекардем. Онҳо мегуфтанд, вақте хондем, фикр кардем дар Тоҷикистон сулҳ омадааст. Мо он вақт мавзӯъҳоеро ба мардум пешкаш кардем, ки ба дарди мардум мехӯрд. Барои мисол мо «телефони боварӣ» доштем. Мардум омада гап мезад, алами дилашро мебаровард, аламзада зиёд буд: фарзанд, модар падар ва бародар гум карда буданд. Лекин ин рисолати он давраи рӯзнома буд. Имрӯз талаботи мардум дигар шудааст. Ҳоло бо он қиссаҳои хонаводагӣ наметавон харидор пайдо кард. Ба онҳо ахбори босифат ва таҳлилҳои амиқ даркор. Вале ҳоло, ки мо мехоҳем ба ин корҳо машғул шавем, кадр надорем. Чандин рӯзноманигори боқуввати мо ҳоло соҳиби рӯзнома шуда аз навиштан бозмондаанд. Онҳо акнун манфиатҳои пулӣ ва молии рӯзномаи худро, манфиатҳои гурӯҳи худро пеш мебаранд. Манфиатҳои мо дигархелтар, манфиати пулӣ шуд. Аз манфиатҳои журналистӣ хеле дур шудем.”

[b]“Журналистика дар мо озод аст”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Яъне, ҳанӯз матбуот дар Тоҷикистон «ҳокимияти чаҳорум» нашудааст?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Вақте ҳокимияти чаҳорум мешавад, ки сухани журналист қадр пайдо кунад. Дар даврони Шӯравӣ ҳарчанд матбуот идора мешуд, аммо қадр дошт. Ҳар як нуқта тафтиш мешуд. Имрӯз озодӣ додаанд, ки марҳамат гуфтан гиред, аммо вокуниш нест. Ҳам аз рӯи қонунгузорӣ ва ҳам аз журналистика мо озодиҳои бештар дорем. Шояд дар боло ҳам ҳамин тавр маслиҳат шуда бошад, ки монед гуфтан гиранд, дар хориҷа мегӯем, ки дар мо озодии сухан вуҷуд дорад. Дар Қазоқистон барои мисол қариб тамоми журналистика дар дасти магнатҳои нафту газ аст. Ҳатто созмонҳое, ки аз тарафи хориҷиён маблағгузорӣ мешаванд низ дар дасти онҳост. Дар мо чӣ? Соҳибрӯзнома худи рӯзноманигорон ҳастанд. Ягон хориҷӣ ҳеҷ кадом аз рӯзномаҳои моро маблағгузорӣ намекунад. Барои ҳамин журналистика дар мо озодтар аст.”

[b]“Камбағал толеънома мехонад”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Чун сухан дар бораи манфиатҳои молии нашрияҳо рафт, оё метавонед гӯед, ки ҳафтаномаҳои ғайридавлатии мо то чӣ андоза мустақиланд? Яъне, вобастаи гурӯҳ ва ё фармоишгар нестанд…[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ман дар бораи фармоишот чизе намедонам, аммо он гоҳ метавон мустақил буд, ки аз ҷиҳати молӣ нашрия худкифо бошад. Дар асл ягон ҳафтаномаи мо худкифо нест. Маоши кам медиҳем, барои кадрҳои хубро ҷалб кардан пули хуб пешниҳод намекунем. Агар як нафар хоҳад дар ягон рӯзномаи мо реклама диҳад, даҳ нафари дигар аз дунболи ӯ медаванд, ки биёву рекламаатро ба мо низ бидеҳ. Бозори хеле заиф дорем. Яъне ҳар қадар, ки реклама зиёд шавад, ҳамон қадар метавон худкифо шуд. Дар мо кӣ реклама медиҳад? Аслан созмонҳои хориҷӣ ва он ширкатҳое, ки байни худ рақобат доранд. Ширкатҳои мобиливу дару тирезасозӣ, дигар нест. Масалан, мо хостем дар бораи тарабхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” як замима, як саҳифаи ранга чоп кунем, ки ин метавонист барои хориҷиён як рекламаи хуб шавад. Аз 38 тарабхона танҳо якеаш пул доду гуфт, ки моро реклама накунед (механдад). Мо аз онҳо пули зиёд напурсида будем, ҳамагӣ 100 доллар барои як саҳифаи ранга, ки барои тарабхона пуле нест. Аз рекламадиҳӣ метарсанд. Аз ин хотир ман гуфтаниам, ки то тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон рушд накунад, рӯзнома ҳам рушд намекунад. Ахбор ба кӣ даркор аст? Ахбор барои одаме, ки кор мекунад, даркор аст. Камбағал телевизор тамошо мекунад, гороскоп мехонаду бо ҳамин вассалом.”

[b]Радиои Озодӣ: Оне, ки пул доду хоҳиш кард, ки реклама накунед, шояд аз андозу дигар чизҳо тарсид…[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Шояд сабаб тарс ҳам бошад, чун мардуми мо аз озодона дар бораи тиҷорати худ гуфтан метарсанд. Баръакс, кӯшиш мекунанд, ки пинҳон кунанд. Чашм мерасад мегӯянд, баъзеҳо аз мақомотҳои тафтишӣ метарсанд, шояд.”

[b]Хуб аст, ки бо корду автомат намезананд…[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Ин ҷо дар мавриди бархӯрди давлат бо расонаҳо ёдовар шудед. Инак, панҷ сол як давраи роҳбариро пушти сар кардед, муносибати давлатро бо расонаҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ба ҳар сурат аз соли 2005, ки фармони президент дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ содир шуд ва ҳоло онро ба ду маротиба дар сол коҳиш доданд, фикр мекунам, як дастгирии хеле хуби роҳбари давлат буд, ки расонаҳо ҳар се моҳ бо нафари аввал во мехӯрданд. Амри таҳти рақами 622 низ дастгирии хуб аст. Аммо ин чиновникҳои поёнӣ ҳастанд, ки ҳама корро расво мекунанд. Ният нияти хуб буд ва нав самараи худро медод, механизми худро пайдо карда буд, ки онро барҳам доданд. Худи раисҷумҳур қариб дар ҳамаи маҷлисҳо аз журналистон дифоъ мекунад ва мегӯяд, инҳо шахсоне ҳастанд, ки буғи ҷомеаро мебароранд. Ин бисёр кори хуб аст, хусусан, вақте ки мо ба созмонҳои байналхалқӣ, ки аъзояшон ҳастему ҳисобот медиҳем. Дар кишварҳои исломӣ аз мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ сухан мекунем, дар Аврупо мо пеш аз ҳама аз озодии сухан меболем. Имиҷи роҳбарияти давлат дар хориҷи кишвар мусбат аст, аммо ин судбозиҳои вақтҳои ахир метавонанд дар он халал ворид кунанд. Аз як тараф хуб аст, ки моро бо корду автомат намезананду ҳоло ба суд медиҳанд. Ин хуб аст, чун худи мо тақозои демократия кардем, аммо ин судбозиҳо аксарияташ беасос сурат мегиранд. Ин ҳам як расм шудааст дар ҷомеаи мо. Ҳозир ҳамсоя ҳамсояро, додар бародарро ба додгоҳ мекашанд. Қазияҳои додгоҳӣ на танҳо дар рӯзномаҳо, балки миёни ҷомеа ва хусусан миёни навоиладорҳо хеле зиёд шудаанд. Манфиатхоҳӣ зиёд шуд. Ҳозир миёни мансабдорони мо боз як расми дигар пайдо шудааст. Агар ягон мақолаи танқидӣ чоп кунӣ, мегӯянд, ҳа, ман медонам ин мақолаи “заказной” аст. Бародарони мансабдор, охир инҳо журналист ҳастанд ва ин вазифаи онҳо аст. Танқид кардан ин вазифаи асосии журналистика аст. Ифшо кардани камбудии шумо ин вазифаи ҷониву калидии журналист аст. Ман худам хуб медонам, ки кадом мақола супоришиву кадомаш бӯи шашлик ё бӯи доллар мекунад. Ман инро зуд эҳсос мекунам дар ҳар кадом рӯзномае, ки чунин мақоларо бихонам. Матлаби супоришӣ ин шахс ва ё ниҳодро, аз поя мезанад, решаатро меканад. Супоришӣ ин хел мешавад. Он чизҳое, ки ҳоло сарсарӣ менависанд куҷои он супоришӣ аст? Вале аз рӯи мушоҳидаҳои ман таҳмили андешаҳо ниҳоят зиёд шудааст дар журналистикаи тоҷик. Такя на ба факту рақамҳо, балки такя ба андешаҳои шахсӣ. Ин бад аст, албатта. Барои он ки мо худамонро набояд аз ҷомеа боло донем.”

[b]Чаро раисиҷумҳур танқид намешавад?[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки худи раисҷумҳур мехоҳад матбуот боҷуръаттар бошад ва зиёд танқид кунад, то буғи ҷомеа барояд. Пас, барои чӣ расонаҳои мо худи раисҷумурро интиқод намекунанд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Фикр мекунам ин худсонсурӣ ҳам ҳаст. Аз тарафи дигар ин як одоби хонаводагии мо аст, ки мегӯяд ба шахси аввали оила, ба падар ва ё модар чашм ало накун, гапи баланд назан. Аммо ба худи роҳбар ҳам нарасанд, аз ҳукумат аз нафарони аввали роҳбарият танқид кардан алакай худ интиқоди ҳукумат аст, ки рӯзномаҳои мухталифи мо ин корро мекунанд.”

[b]Радиои Озодӣ: Гӯиё бо роҳҳову усулҳое ба сармуҳаррирон ва муассисон мегуфтаанд, ки хуб интиқод кунед, аммо президент бояд истисно бошад. Шумо, ки роҳбари ИЖТ ва соҳиби чанд ҳафтанома ҳастед аз чунин сӯҳбатҳо огоҳӣ доред? Ё ҳанӯз ҳам сарнавишти “Рӯзи нав” намегузорад, ки ҷуръати интиқод пайдо шавад?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “На дар фаъолияти рӯзноманигориам ва на дар рӯзномабарориам боре ҳам нашудааст, ки паси парда нишаста, чунин сӯҳбате карда бошем. Ин ҷо ҷуръат лозим нест, ин тарбияи шарқии мост. Ҷуръат он вақт пайдо мешавад, ки касбият баланд бошад. Ҳафтаномаҳои “Нерӯи сухан” ва “Пайкон” мушкилоти молӣ доштанд. Вақти аз чоп мондани “Рӯзи нав” ман раиси ИЖТ набудам.”

[b]Радиои Озодӣ: Дар бисёр сафарҳои хориҷа роҳбари кишварро ҳамроҳӣ мекунед. Раисиҷумҳур бо Шумо, ки роҳбари ИЖТ ҳастед, аз мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мепурсад ё ӯ ҳам ба он чизе, ки дар телевизиони тоҷик нишон медиҳанд, бовар дорад?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Чанд боре, ки бо президент дар сафарҳои сатҳи давлатӣ будам, ман ба ҳайси як рӯзноманигори оддӣ, на ба ҳайси раиси ИЖТ ширкат доштам. Боре ҳам нашудааст, ки ман дар ҳайати расмӣ ба унвони раиси ИЖТ сафар карда бошам. Баъдан ин сафарҳо фурсате ҳам намедиҳанд барои чунин сӯҳбатҳо.”

[b]Радиои Озодӣ: Дар даруни ҳавопаймо ё вақти истироҳат намепурсад, ки Акбаралӣ чӣ ҳол дорӣ?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ин кори шахсӣ аст ва ба кори рӯзноманигории ман ҳеҷ дахолат надорад.”

[b]“Нияти депутатшавӣ надорам”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Барои чӣ Акбари Саттор, ки ин қадар ҳафтаномаҳо дорад, ба қавле як рӯзномаи “ҷиддӣ” нашр намекунад?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Шояд ин суханонро касоне мегӯянд, ки аз муҳтавои ҳафтаномаҳои ман бехабаранд ва ё намехонанд. Ҳамин ҳафтаномаи “Авитсена”, ки дар бораи саломатӣ менависад, барои ман кори ҷиддӣ аст. Ҳар ҳафта дусад-сесад нафар кӯдакон меоянд, барои ман ин ҷиддӣ аст. Ман мақсади сиёсӣ надорам. Яъне мақсади депутатшавӣ, мақсади ба нерӯҳои сиёсӣ ва ё ҳукумат ворид шуданро надорам. Баръакс, ман сиёсати имрӯзаи давлатро дар ҳамин шакл дастгирӣ мекунам ва ман наметавонам дар сафи оппозитсия бошам. Аммо ҳамчун журналист дар ҳафтаномаҳои мо ҳам аз камбудиҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз кадрҳои нолоиқ менависанд. Ман аз аввали соли 90 фаъолияти рӯзноманигориро сар кардам, маро барои кор кардан ба рӯзномаи “Чароғи рӯз” ҳам даъват карданд. Ман гуфтам, ки ман наметавонам. Ман одами дар чаҳорчӯбаи қонун ҳастам.”

[b]Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки дигар намехостам дар вазифаи раиси ИЖТ кор кунам, аммо зиёд хоҳиш карданд ва ман маҷбур шудам, ки онро боз ба зиммаи худ гирам. Киҳо маҷбур карданд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Аз раёсати пешинаи ИЖТ, Нур Табаров, Мирзоҳаёт Давлатов ва дигарон. Имрӯз ҳам аз ҷониби худи рӯзноманигорон ҳамин хел хоҳиш шуд. Бо ҳукумат бошад, мо ягон сарукор надорем, ба ғайр аз андозсупорӣ.”

[b]Мавзӯъи арӯсу хушдоман дигар харидор надорад[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Ба унвони як шахси соҳибтаҷрибаи соҳаи матбуот фикр мекунед, ки имрӯз кадом мавзӯъҳо бозоргиранд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Агар медонистам, шояд, ки рӯзномаҳоям хеле бозоргир мешуданд. Ба фикри ман имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон интизори матолиби таҳлиливу ахбори дақиқ аст. Бо мавзӯъҳои сабук наметавон бозоргир шуд. Сифати баланд, таҳлилҳои боқувватро ҷомеа аз мо журналистон интизор аст. Дар он даврае, ки мо корро сар кардем, давраи бӯҳрониву ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ба ин мавзӯъҳо дигар ҷомеаро ҷалб кардан намешавад. Мардум имрӯз он ахбореро интизоранд, ки ба дарди имрӯзаи онҳо бархӯрад.”

[b]Дар бораи Инсоф…[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки барои рӯзноманигорони тоҷик таъсиси як «профсоюз» ва ё иттиҳодияи синфӣ зарур аст?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Бархӯрди манфиатҳо ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳатто дар сари таъсиси ҳамин кооператив ё Хадамоти алтернативии Почта, ки бо сармояи хориҷиҳо бояд ба фаъолият оғоз кунад. Ман ҳамеша такя мекунам ба инсоф. Ба инсофи онҳое, ки ҳоло вориди раёсат шуданд ва панҷ сол бо онҳо кор мекунам. Агар дидаву дониста аз ҳуқуқи як журналист дифоъ накунем, пас, ин роҳбарии мо чӣ маъно хоҳад дошт ва инсоф дар куҷо мемонад. Шояд, ки дар оянда Иттифоқ ба як созмони тавоно мубаддал гардад. Аммо ҳозир аз ин одамҳо хеле чизҳо вобаста аст. Масалан, ҳоло ки Нуриддин Қаршибоев, Зиннатулои Исмоил ва Хуршеди Атовулло, ки ҳар кадоме созмонҳои дигари журналистиро роҳбарӣ мекунанд, вориди раёсат шуданд, метавонанд рисолати ин иттиҳодияро низ ба анҷом расонанд. Барои мисол, агар дар мавриди масъалае ихтилофи назар буруз кард ва дар Иттифоқ гапашон нагузашт, онҳо метавонанд ба воситаи созмонҳои худ сухани худро бигӯянд. Бубинед, ҳоло масалан рӯзи 11 март -рӯзи Иди касбии рӯзноманигорон боиси ҷангҷолҳои зиёд мешавад. Ин рӯз ба ҷои он ки мардумро муттаҳид кунад, баръакс ҷудоӣ меоварад. Журналистҳо ба давлативу ғайридавлатӣ ҷудо шудаанд. Ман дар 5 соли кор инро мушоҳида кардам. Масалан, чорабинии асосиро дар ин рӯз вазорати фарҳанг доир мекунад ва мо онҳоро танҳо ҳамроҳӣ мекунем. Ҳоло бо ҷамъ овардани масъулини созмонҳои рӯзноманигорӣ ин ҷашнро минбаъд худи рӯзноманигорҳо метавонанд ба даст бигиранд. Мо ҷудо нашавем, ҷудо накунем, чун иди касбии мост. Вале ҳоло ҳамин тавр аст.”

[b]Ҳамкорӣ: Аз САҲА то Талко[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Тӯли панҷ соли фаъолият дар раъси ИЖТ ҳамкориро бо созмону муассисаҳои дохиливу хориҷӣ чи гуна ба роҳ мондед, оё онҳо кӯмак карданд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Тӯли ин панҷ сол мо ҳамкориҳои зиёд доштем, ҳам бо созмонҳои байнулмилалӣ, сафоратҳо ва низ ниҳодҳои давлатӣ. Ҳамкориҳои мо бо САҲА, сафорати Амрико ва Бритониё, созмони Интернюс нетворк ва аз ниҳодҳои давлатӣ каму беш бо Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир ва Идораи бозрасии давлатӣ ё ГАИ.”

[b]Радиои Озодӣ: Бо корхонаи Талко чӣ?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Бале, бо Талко низ барномаҳои ҳамкориро рӯи даст дорем, аз ҷумла як лоиҳаи якҷояро пиёда кардем. Фаъолияти котибони матбуотии вазорату идораҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Ба унвони яке аз соҳибрӯзномаҳо, ки дар бозори матбуот фаъолият доред, метавонед бигӯед, ки болотарин тиражи нашрияҳои Шумо дар кадом солҳо иттифоқ афтода буд?

[b]Акбари Саттор:[/b] “Болотарин тиражро нашрияи «Дайджест-пресс» дошт, ки ин шумора то соли 2000 идома кард, яъне то саду бист ҳазор ва баъдан «Чархи гардун», ки то 80 ҳазор нусха мунташир мешуд.”

Шоколадро мехарад, нашрияро не

[b]Радиои Озодӣ: Ҳозир чаро чунин нест?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Дар ҳар намуди тиҷорат аз ҷумла дар тиҷорати рӯзнома ҳам чанд омил нақш мебозад. Яке омили нуфус ва ё шумори аҳолӣ аст. Масалан агар аҳолии кишвар 10 миллион бошад, шояд 100 ҳазор нашрия чоп шавад. Аммо имрӯз мардуме, ки мехоҳад бихонад, пул надорад, вале онҳое, ки пул доранд ба мутолиа рағбату завқ надоранд. Дар маҷмӯъ теъдоди ҳама рӯзномаҳо кам аст. Мо бояд нархро поин барем ва арзон кунем. Аммо нарх он вақт арзон мешавад, ки тираж боло бошад ва реклама дошта бошем ва ё коғаз арзонтар дастрас шавад. Ин ҷо мехоҳам аз таҷриба як чизеро бигӯям. Мо як нашрия дорем бо номи «Аладдин», аз соли 1999 чоп мешавад, ба таври ранга ва бо забони русӣ. Баъдан мо нусхаи тоҷикии он «Анӯшервон»-ро таъсис додем. Метавон гуфт нусхаи тоҷикии «Аладдин». Ҳарчанд талош мекунем «Анӯшервон» аз як ҳазор дона зиёд намеравад, дар ҳоле ки «Аладдин» то 12 ҳазор нусха чоп мешавад. Ҳатто ба мактабҳо рафта ташвиқот ҳам кардем, нашуд. Мардуми мо ба тарбияи маънавии кӯдак чандон эътибор намедиҳад. Масалан, як шоколади 3 сомониро мехарад, аммо нашрияи 1 сомониро намехарад. Ҳоло баъзе аз ҳамватанони мо хонаҳои бошукӯҳ сохтаанд, дар баъзеаш будам. Гаронтарин ҷиҳоз харидорӣ шудааст, аммо барои мутолиаи фарзандон шароите, ки бояд бошад, фароҳам нест. Ба кӯдакҳо телефонҳои гаронбаҳо мехаранд, аммо нашрия намехаранд. Ҳоло ин пулдорҳои мо ашрофзода нестанд. Барои шаҳрӣ шудан чанд насл бояд иваз шавад. Барои он ки сокини пойтахт бошиву шаҳрӣ шавиву тафаккури шаҳрӣ дошта бошӣ, бояд чанд насл иваз шавад.

[b]Тафаккури мо ҳанӯз деҳотӣ аст…[/b]

Як вақт Сайёфи Мизроб назди ман омаду гуфт, биё, як нашрия мекушоем, ту маблағгузорӣ кун, номашро мегузорем “Элита”. Гуфтам “Элита”-ро барои кӣ нашр мекунӣ? Гуфт барои элитаи худамон. Ман гуфтам, ки мо дар куҷо элита дорем: на элитаи сиёсӣ, на фарҳангӣ ва на иқтисодӣ дорем. Нест, надорем. Оне, ки мо дирӯз аз қишлоқ омадем, соҳиби мошин, ҷои кор, хонаву пул ва пойтахтнишин шудем, маънои элита буданро надорад чун тафаккури мо ҳанӯз қишлоқӣ аст. Мо хонаҳоямонро имрӯз таъмири зебои аврупоӣ мекунем, дар тақлиду пайравӣ он чизеро аврупоӣ пӯшад, пӯшида истодаем, лекин тафаккурамон ҳамоно музофотӣ боқӣ монд. Он урфу одатеро, ки дар қишлоқ доштем гирифта бо худ овардаем. Ҳар кас аз деҳае худ як расмеро овард ва инҷо шуд шаҳр. Ҳама корамон нимкора:- нимакоммунист, нимисломист, нимҷангзада ва нимашаробӣ ва ҳамааш омехта шудааст. Дар журналистика ҳам ҳамин тавр аст. Барои онки ин ҳама имрӯз пулро диданд. Мо ҳатто муносибат бо пулро ёд нагирифтаем. Бубинед, чаҳор сум пул меёбад, муносибаташ тамоман дигар мешавад. Журналистҳои мо ҳам ҳамин хел. Дар журналистика ҳам тафаккури Шӯравӣ ба тиҷорат омехтааст. Аз як тараф мехоҳад тиҷорат кунад аз тарафи дигар тафаккур тафаккури кӯҳна. Ман шахсан худам будам журналисти оддӣ, будам муҳаррир, будам муассис. Ин се нафар аст, се нафари алоҳида. Ман ҳамчун журналисти оддӣ барои ҳар як ҷумла ва калимаам мубориза мебурдам. Мо дар ҷаласаҳо ҳамон ба истилоҳ “пятиминуткаҳо” мақолаамонро мефурӯхтем. Мавзӯъ пешниҳод мекардем. Далел меовардем, исбот мекардем, ки чаро ин мавзӯъ бояд навишта ва чоп шавад. Ҳозир ман маҷбур мешавам, ки фикр кунам ва мавзӯъ диҳам. Чаро ман бояд мавзӯъ диҳам. Ҳозир ман кордиҳанда нестам. Ҳоло ман як майдонча медиҳам, ки журналист пул кор кунад: ҳам ба худаш, ҳам барои ман. Ин аст фаҳмиши бозор. Бубинед, чи хеле пештар ҳам гуфтам, ду сол мешавад мо наметавонем ҳамон кооператив ё Хадамоти алтернативии Почтаро роҳандозӣ кунем. Ба хотири чӣ? Ба хотири он ки манфиатҳо бо ҳам бархӯрданд. Бояд манофеи гурӯҳи калони соҳибрӯзномаҳо, ки дар таъсиси он масъулият дорем, ба ҳам ояд, намеояд. Зеро намехоҳанд дар баробари нашрияи онҳо рӯзномае, ки нав таъсис ёфтааст, фурӯхта шавад. Лекин шарти хориҷиҳо, онҳое, ки ин лоиҳаро сармоягузорӣ мекунанд, маҳз чунин талабот дорад. Яъне, ду сол аст мо баҳси журналистӣ дорем, на тиҷоратӣ. Журналист ҳамеша мушкилот мекобад ва онро матраҳ мекунад, тоҷир бояд онро ҳал кунад. Сухани охир аз тоҷир аст. Ман аз кӯдакиам дар мағоза бузург шудаам. Падарам дӯкони сайёр (автолавка) дошт. Аз кӯдакӣ даруни пул калон шудам, ҳарчанд пули мо набуд, пули давлат буд. Мо пул ҳисоб мекардем, ҳар ҳафта 20-30 ҳазор, дарза-дарза пулро падарам ба бонки давлатӣ месупорид. Чашмам сер буд. Се соле, ки дар Санкт-Петербург мехондам шабҳо кор мекардам, рӯз дарс мехондам ва бегоҳ машқ-варзиш. Барои он ки ба кор дароям, ду ҳафта пушти дари сардабири «Тоҷикистони советӣ» нишаста будам. Ҳозир журналистшаванда, оне, ки мехоҳад кор бигирад, занг мезанаду бидуни кадом муқаддима ва ҳатто салом мепурсад, дар куҷоӣ? Хуб, масалан, дар сари дастурхон ё дар ҷаласа ҳастам. Мегӯяд, тезтар биё, ки вақт надорам, яъне ба кордеҳ ин тавр муносибат мекунад. Ҳамаи ин аз фаросати қишлоқии мо аст. Ҳоло мо шаҳрнишин нашудаем. Вале мехоҳем худамонро аз будамон зиёд нишон диҳем…»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24363090.html

«Даҳони баста»-и милисаҳо дар Кӯлоб

[b]Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, мақомоти милисаи Кӯлоб дигар дар бораи кору фаъолияти худ ба онҳо иттилоъ намедиҳад.[/b]

Ба гуфтаи онҳо, тайи як моҳи ахир Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, мизҳои шиносномадиҳӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ аз додани ҳамагуна иттилоъ ба хабарнигорон худдорӣ мекунанд.

[b]»…РАФТА АЗ ВАЗИР ПУРС»[/b]

Билоли Шамс, як тан аз хабарнигорони маҳаллӣ мегӯяд, дар як соли пеш аксари сардорони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб омодаи сӯҳбат бо рӯзноманигорон буданд, вале ҳоло бо далелҳои гуногун намехоҳанд, иттилоеро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузоранд.

Ӯ мегӯяд: «Вобаста ба ягон ҳодиса ё ягон коре, ки бевосита ба онҳо дахл дорад, муроҷиат мекунам ё баҳона мекунанд ва ё тамоман иттилоъ намедиҳанд. Барои мисол, чанд рӯз пеш барои гирифтани иттилоъ ба назди Искандаров, сардори ШКД-и Кӯлоб рафтам, гуфт, ки сӯҳбат намекунам. Сардори шӯъбаи корҳои дохилии Фархорро дар масъалаи дигаре пурсидам, гуфт, ки ин масъаларо рафта аз вазир пурс. Дар ҳоле, ки суолҳои мо бевосита ба фаъолияти кории худи онҳо дахл дошт. Ҳозир гирифтани иттилоъ тамоман аз ин ниҳод номумкин шудааст».

[b]ОЁ ФАРМОН АЗ БОЛО АСТ?[/b]

Сулаймон Холзода, яке дигар аз хабарнигорони маҳаллӣ мегӯяд, ба ӯ ҳам намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ, мизҳои шиносномадиҳӣ гуфтаанд, ки «аз боло фармон аст, ки дигар ба рӯзноманигорон сӯҳбат накунед.»

Ҷаноби Холзода афзуд: «Ҳангоми муроҷиат мегӯянд, ки рафта аз вазири корҳои дохилӣ мактуб биёред, баъд сӯҳбат мекунем ва иттилоъ медиҳем. Ба гуфтаи баъзеи онҳо, гӯё Вазорати корҳои дохилӣ мактуб равон кардааст, ки ба журналистон ахбор надиҳед.»

Орзу Ҳамидов, хабарнигор ва муассиси ҳафтаномаи «Пажвок» дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар сурати талоши бештар барои гирифтани иттилоъ аз мақомоти милиса, онҳо ба гирифтани иттилоъ аз маркази матбуотӣ ишора мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ хабарнигори маҳаллӣ ба маркази матбуотии ин Вазорат дастрасӣ надорад. Аз сӯи дигар, ба қавли ӯ, ҳар як мансабдор ва масъул тибқи қонунҳои Тоҷикистон дар додани иттилоъ мустақиланд.

Орзу Ҳамидов афзуд: «Ин амали масъулини милиса фазои холии иттилоотии минтақаи Кӯлобро боз ҳам холитар мекунад. Аз тарафи дигар як рӯзноманигори маҳаллӣ то ба Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат мекунад, ки ин хабар кӯҳна мешавад ва аҳамияти худро аз даст медиҳад. Дар ягон гӯшаи дунё чунин нест ва ҳама масъулин салоҳият доранд, ки дар доираи он метавонанд, сӯҳбат кунанд. Имрӯз ҷинояткорӣ афзоиш ёфтааст ва фикр мекунам, ки милисаҳо барои коҳиш додани он аз ВАО истифода кунанд, на ин ки аз он гурезанд.»

[b]МАСЪУЛИН АЗ ШАРҲИ МАВЗУЪ ХУДДОРӢ МЕКУНАНД[/b]

Дар ҳамин ҳол, ягон масъули Шӯъбаи корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мизҳои шиносномадиҳӣ розӣ нашуданд, то бо «Озодӣ» мавзӯъи иттилоъ надоданашонро шарҳ диҳанд. Танҳо як масъули милиса, ки нахост, номашро зикр кунем, гуфт, акнун пас аз додани иттилоъ онҳо аз масъулини болоӣ сарзаниш мешунаванд. Ӯ гуфт: «Мо дар болои худ роҳбар дорем. Гуфтанд, ки сӯҳбат накунед, намекунем.»

Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар минтақаи Кӯлоб дуздии амволи сокинон, фавти мӯътодон аз ҳисоби истеъмоли зиёди маводи мухаддир, садамаҳои нақлиётӣ афзоиш ёфтааст, вале милисаҳои маҳаллӣ барои коҳиш додан ва пешгирии чунин ҳодисаҳо ҳеҷ тарғиботе тариқи Васоити ахбори омма анҷом намедиҳанд.

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, онҳо иттилоеро мехоҳанд дастрас кунанд, ки пахши он тариқи аз ВАО ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.

Мӯъмин Аҳмадӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24362142.html