Архив рубрики: Таҳлил

«Бухорои шариф» эҳё мешавад

[b]Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази сотсиологии «Бозтоб» тасмим гирифтаанд, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф»-ро эҳё кунанд.[/b]

Ин иқдом ба муносибати 100-умин солгарди ҷашни матбуоти миллии тоҷик сурат мегирад.

Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО зимни таъйиди ин хабар гуфт, «ин пешниҳоди журналисти варзида — Раҷаби Мирзо аст ва мо низ аз он истиқбол кардем. Умедворем ин тадбир тӯҳфае хубе дар рӯзи матбуоти миллии тоҷик шавад.»

Ба ин тартиб, дастандаркорони ин иқдом мегӯянд, ҳамакнун мехоҳанд то ин шумора ҷашнӣ бошад ва ба меҳмонон дар таърихи 11-уми март ҳамчун тӯҳфа дода шавад. Вале Акбаралӣ Саттор гуфт, шояд дар оянда, моҳе як бор чопи ин нашрия ба роҳ монда шавад.

Он гуна, ки ҷаноби Саттор гуфт, талош хоҳад шуд, ин шумора дар шакли асл бо ҳуруфоти форсӣ (арабиасос) ва бо матлабҳои чопшудаи нахустин шумораи «Бухорои шариф» мунташир шавад. Аммо матолибе ҳам бо ҳуруфи кириллӣ ва аз муаллифони имрӯзӣ низ дар ин шумора ҷой хоҳанд гирифт.

Дастандаркорон мегӯянд, реклом ва огаҳиҳо, ки як бахше аз рӯзномаи «Бухорои шариф» буд, дар шумораи ҷашнии он ҳам дида хоҳад шуд.

Ҳимояти молии шумораи ҷашнии «Бухорои шариф»-ро ширкати расонаии «Чархи гардун», ки молики он Акбаралӣ Саттор аст, бар ӯҳда гирифтааст.

Зимнан, нахустшумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11-уми марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад.

Асосгузори нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.

Ин нашрия пас аз чопи 153 шумора дар 1-уми январи соли 1913 аз чоп монд. Аммо нашри «Бухорои шариф» заминаро барои рӯи чоп омадани маҷаллаву рӯзномаҳои дигари тоҷикӣ, аз ҷумла ӯълаи инқилоб” ва “Овози тоҷик” фароҳам кард.

Аз соли 1994 бад ин сӯ бо тасмими парлумони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март ба унвони «Рӯзи матбуоти тоҷик» таҷлил мешавад.

Ахиран рӯзноманигорони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки то дар ҷашни «100 солагии матбуоти тоҷик» Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кунад ва ба ин тариқ мулоқотеро бо аҳли қалам дошта бошад.

Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24491931.html

Тӯҳмату таҳқир. Банде барои бастани даҳони журналист

[b]Созмонҳои ғайридавлатӣ аз мақомот тақозо карданд, ки аз Кодекси ҷиноӣ моддаи таъқибу муҷозот барои таҳқир ва тӯҳматро лағв кунанд.[/b]

Парҳез аз кадом мавзӯьҳо беҳтар аст?

Чопи матолиб дар бораи зиндагӣ ва кори шахсиятҳои аввали давлат, хонаводаи онҳо ва афроди наздик ба ин мақомот аз мавзӯҳои мамнӯъи матбуоти тоҷик ба ҳисоб меравад.

Зулфиқори Исмоилиён

Гуфтугӯи ошкоро дар ин мавзӯъ дар миёни гурӯҳи кории давлатӣ, Омбудсмени ҷумҳурӣ ва вазири адлия баргузор шуд.

Дар ин гуфтугӯ созмонҳои ғайридавлатӣ талош карданд, ки ҳадди риски ин моддаи қонун ба ҷомеаи Тоҷикистонро ба мақомоти давлатӣ собит кунанд.

Зулфиқор Замонов, аз Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки дар ин гуфтугӯҳо ширкат дошт, гуфт, дар қонуни кишварҳои демократӣ ҳамчунин модда вуҷуд надорад. Вай афзуд, вуҷуди ин модда метавонад боиси коҳиши озодии баён ва афзоиши сензура шавад.

Ҷаноби Замонов барои мисол гуфт, «вақте як шахс ё рӯзноманигор аз фаъолияти як мақоми давлатӣ интиқод мекунад, ин мақомдор онро таҳқир ё тӯҳмат ҳисобида, ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Бо истифода аз мақомаш ва фишор ҳукми додгоҳро ба нафъи худ анҷом медиҳад.» «Ба ин далел риск вуҷуд дорад, ки як нафар таъқиб ва муҷозот шавад. Бо дар назар гирифтани хислати ҷомеаи Тоҷикистон ва вуҷуди фасод мо пешниҳод дорем, ки ин мавзӯъ на бар асоси Кодекси ҷиноӣ, балки бар асосӣ Кодекси шаҳрвандӣ баррасӣ шавад»,-афзуд ӯ.

Вале мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон бар онанд, ки ҳар як шахс ҳақ дорад, аз обрӯи худ дифоъ кунад. Ойниҳол Бобоназарова, як тан аз ҳуқуқдонҳои саршиноси ҷумҳурӣ низ мухолифи вуҷуди ин модда дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, «вуҷуди ҳамин гуна моддаҳо дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ин як фишанги сахти режимҳоест, ки демократӣ нестанд. Системаи мо, ки пӯшида ва фасодзада аст, шаффофият надорад, ҳамин модда ба наъфи мақомот аст, на ба нафъи рӯзноманигор ва ё шахсе, ки аз фаъолияти мақомот интиқод мекунад.»

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), қазияи додгоҳии рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов аз ноҳияи Ашт ва қазияи додгоҳии ҳафтавори «Миллат» мисоли рӯшани риск ва маҳдудияти озодии баён бо истифода аз ҳамин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ноҳияи Ашт навиштаҳои Исмоиловро таҳқиру тӯҳмат донситанд, вале мардум ин навиштаҳоро ошкорбаёнӣ дар ҷомеаи демократӣ талаққӣ кардаанд. «Ҳафтавори «Миллат» дар бораи ғайриқонунии масрафи пули буҷаи давлат аз сӯи вазорати кишоварзӣ ба нақл аз қавли кумитаи иқтисод ва буҷаи порлумони Тоҷикистон навишта буд. Вале додгоҳ ҳафтаворро дар тӯҳмат айбдор кард»,-илова намуд Қаршибоев.

Ба гуфтаи раиси НАНСМИТ, вуҷуди ин модда воситаест, ки давлат тавассути он даҳони рӯзноманигоронро мебандад. Дар ин нишаст дар бораи риски зарари ин модда ба ҷомеа мисолҳои зиёде ироа шуд, вале мақомоти Тоҷикистон вуҷуди ин моддаро бар зарари ҷомеа ва шаффофияту озодии баён надонистанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24493283.html

Дархости ҳазфи «таҳқиру туҳмат» аз қонуни кайфарии Тоҷикистон

[b]Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон иддае аз хабарнигорон ба иттиҳоми туҳмат ва тавҳин ба додгоҳҳо кашида шудаанд.[/b]

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон бо интишори қатъномае аз талоши давлат барои лағви ҳукми эъдом истиқбол карда ва хостори ҳазфи моддаҳои марбут ба таҳқиру туҳмат аз қонуни кайфарии ин кишвар шудааст.

Ин эътилоф аз худдории давлати Тоҷикистон аз пазируфтани тавсияҳои СММ дар мавриди «ғайриҷиноӣ» кардани ҷароими марбут ба таҳқиру туҳмат ибрози таассуф кардааст.

Дар ин қатънома, ки рӯзи чаҳоршанбеи 22 феврал мунташир шуд, ҳамчунин пешниҳодҳое барои гузориши Тоҷикистон ба СММ дар заминаи мубориза бо шиканҷа, таъмини озодии додгоҳҳо, дастрасии озод ба зиндониён ва ҳимоят аз ҳуқуқи маълулон ироа шудааст.

Намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз қасди давлат ба тасвиби прутукули дувуми қарордоди байналмилалии ҳуқуқи башарро гоме муҳим дар заминаи лағви ҳукми эъдом дар Тоҷикистон хондаанд.

Ҳамчунин Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ талоши давлати Тоҷикистон барои пайвастан ба прутукули Кунвонсиюни СММ алайҳи шиканҷаро низ иқдоме бамаврид хондаанд.

[b]Ҳукми эъдом — амале ваҳшиёна[/b]

Сокинони Тоҷикистон дар мавриди ҳукми эъдом ва лағви он дар ин кишвар ақоиди зидду нақизе доранд.

Бархе аз сокинон бар ин ақидаанд, ки иддае аз ҷинояткорон, аз ҷумла қотилон ва кӯдакозорон (педофилҳо) бояд маҳкум ба эъдом (қатл) шаванд. Ба назари онҳо, аз ин роҳ давлат метавонад аз афзоиши ҷароиме назири қатл ҷилавгирӣ кунад.

Вале ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки ҳукми эъдом наметавонад роҳи ҳалле барои ҷилавгирӣ аз ҷароими сангин дар ҷомеъа бошад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд, ки ҳукми эъдомро бисёре аз рӯшанфикрони ҷаҳонӣ «амале ваҳшиёна» хондаанд.

Вай афзуд: «Бубинед се омил вуҷуд дорад, ки лағви ҳукми эъдом дар ҷомеъаро воҷиб мекунад. Аввал, ин иштибоҳи додгоҳӣ, дувум ин ки қонунҳои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳаққи табиъии мардум ба зиндагиро ба расмият мешиносанд. Маҳкум кардани фард ба эъдом бо ин қонун мухолифат мекунад. Ва севум он ки ҳукми қатл ҷилави иртикоби ҷароимро намегирад.»

Ин ҳуқуқдони маъруф мӯътақид аст, ки ба фарди ҷинояткор бояд тибқи қавонини мавҷуд дар кишварҳо фурсат ё муҳлат барои ислоҳро дод. Хонуми Бобоназарова мегӯяд дар сурате ки ҳукми эъдом дар Тоҷикистон лағв шавад, ин иқдом Осиёи Миёнаро ба минтақае озод аз ҳукми эъдом табдил медиҳад.

Туркманистон нахустин кишвари Осиёи Миёна буд, ки ҳукми эъдом дар қонуни ҷазоро лағв кард ва ба дунболи ин кишвар мамолики дигари минтақа низ аз ҳукми эъдом даст кашидаанд.

Мақомоти ин кишварҳо бештар бо дарназардошти иштибоҳи додгоҳӣ ин ҳукмро аз қонуни ҷазои кишварҳояшон ҳазф кардаанд, зеро ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, системи қазоии ин кишварҳо комил нест ва имкони бегуноҳ ба эъдом маҳкум шудани афрод дар ин ҷо зиёд аст.

Иҷрои ҳукми эъдом (қатл) дар Тоҷикистон аз чанд солп еш ба ин сӯ ба таълиқ (мораториюм) даромада, вале ин навъи ҷазо дар қонуни кайфарии ин кишвар ҳамчунон вуҷуд дорад.

Аммо дар муколамаи давлати Тоҷикистон бо Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар пойизи соли гузашта, мақомоти тоҷик тавсияҳои ин ниҳод барои лағви ҳукми эъдомро пазируфтаанд.

[b]»Туҳмат макун, ба додгоҳ мекашам»[/b]

Яке дигар аз пешниҳодҳои ироашуда дар қатъномаи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ ба додгоҳҳо рабт мегирад.

Дар сарфасли ин қатънома зери унвони «Озодбаёнӣ дар Тоҷикистон» аз Қонуни кайфарӣ ё ҷазои ин кишвар ҳазф кардани моддаҳои 135 ва 136, яъне моддаҳои марбут ба «тавҳин ва туҳмат» матраҳ шуда ва онҳо хостори «ғайриҷиноӣ» кардани ин ду ҷурм ҳастанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, тавҳин ва тӯҳмат барои «муҳофизати мақомоти бесалоҳият аз сухани ҳақ дар ҷомеъа» аст.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, ки дар тӯли даҳ соли фаъъолияти анҷуман ва назорат бар вазъи расонаҳо ва мушкилоти онҳо, кормандони ин созмон ба ин натиҷа расидаанд, ки ғайриҷиноӣ шудани моддаи 135 ва 136 қонуни кайфарӣ бар суди ҷомеъа хоҳад буд.

Оқои Қаршибоев афзуд: «Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон дар заминаи ғайриҷиноӣ кардани ин модда талошҳое ба харҷ додаанд, вале тасвиби он метавонист мунҷар ба фаъъолияти муассири хабарнигорон ва расонаҳо шавад.»

«Дар қонуни кайфарии бархе аз кишварҳои пешрафта низ ин модда вуҷуд дорад, аммо аз вай ҳеҷ гоҳ истифода нашудааст. Дар Тоҷикистон бархе аз мақомот нисбат ба интиқоди рӯзноманигорон аз фаъъолияташон таҳҳамулпазир нестанд ва барои дифоъ аз мавқеъи хеш хабарнигорро бо истифода аз ин модда ба додгоҳ мекашанд.»

Бисёре аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бо ин назар мувофиқанд. Ба гуфтаи бархе аз рӯзноманигорон, ки бо мушкили додгоҳӣ рӯбарӯ шуда буданд, хуб буд, агар давлати Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз 100-умин солгарди матбуъоти Тоҷикистон моддаҳои марбут ба туҳмат ва тавҳинро аз қонуни кайфарӣ ҳазф карда ва ба қонуни шаҳрвандӣ (маданӣ) шомил кунад.

Дар қатъномаи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз гуфтугӯйи бози мақомоти давлатӣ ва ҷомеъаи мадании ин кишвар барои ҳалли мавзӯъҳои доғ истиқбол шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/02/120222_zkh_humanrights_massmedia.shtml

Панҷ соли матбуоти тоҷик. Аз рушд то монеаҳо

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақил гузорише аз вазъи матбуоти тоҷик аз соли 2005 то соли 2010-ро нашр кард.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва муаллифи ин гузориш мегӯяд, таҳқиқоти мазкур умдатан дар заминаи мониторинги муназзами ин анҷуман аз вазъи матбуот ва назари коршиносону таҳлилгарони расонаӣ анҷом шудааст. Ва ҳадаф аз он нишон додани вазъи матбуот ба манзури ислоҳи мушкилот ва ҷилавгирӣ аз пешомадҳои эҳтимолиест, ки метавонад дар фаъолияти расонаҳо сар бизанад.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, ба сурати умумӣ аз соли 2005 ба ин сӯ матбуоти миллӣ рушд карда, аммо ҳамзамон бо мушкил ва монеаҳо рӯ ба рӯ будааст. Ба гуфтаи муалифи ин таҳқиқот, намешавад гуфт, ки матбуот ба сурати якмаром ва собит пешрафт кардааст. Монеаҳои мухталиф.

мушкили дастрасӣ ба манобеъи хабарӣ ва баҳсҳои додгоҳии мақомот бо матбуот аз мушкилоти умда унвон мешавад.

Оқои Қаршибоев мегӯяд: «Дар тӯли панҷ соли охир ВАО роҳи пурпечу тоберо тай кардаанд. Ва мо наметавонем, бигӯем, ки усулҳои демократии озодии ВАО дар фаъолияти расонаҳо пурра риоя шудаст.»

Дар ин гузориш омадааст, ки чандин рӯзномае дар Тоҷикистон мавҷуд аст, аз ҷумла, «Пайкон», «Фараж», «Миллат», «Озодагон» ва «СССР», ки итоатпазир набудани худ аз мақомоти давлатиро рад мекунанд. Ба қавли коршиносон, бархе аз ин нашрияҳо бештар ба назару мавқеъ эътибор медиҳанд, то ба факту рақам ва ба ин тартиб усули тавозун дар нашри ахбори бетарафона барои мухотабро риоя намекунанд.

Бино ба ин таҳқиқот, ҳамчунин бархе аз расонаҳо робита ё тааллуқоти худ ба гуруҳҳои қавмӣ ва моливу санъатиро пинҳон медоранд. Аз ҷумла ба Ҳасани Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарарӯси раиси ҷумҳур мутааллиқ будани «Ориёно медиа» маълум аст. Ва танҳо нашрияи ҳаррӯзаи Тоҷикистон «Имруз нюс», низ ба ҳамин гурӯҳ муртабит аст.

Ин гузориш ҳамчунин аз мушкилоти матбуот дар соли 2010 қисса мекунад ва мегӯяд, матбааҳои Тоҷикистон дар он сол аз нашри чанд рӯзнома барои як муддат худдорӣ карданд.

Аммо бархе аз масъулини расонаҳо мегӯянд, ки соли 2005 ба баъд марҳилаи дуввуми рушди матбуот аст ва аз он замон то кунун матбуоти тоҷик ба суръат ва қобили дидан рушд кардааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири Оҷонси иттилоотии «Озодагон» мегӯяд: «Намешавад гуфт, ки матбуот аз соли 2005 ба ин сӯ рушд накардааст. Зеро бо номнавис ва нашр шудани ҳафтаномаи «Миллат» дар соли 2005 ва баъдан бо нашри чандин ҳафтаномаи дигар, мисли «Фараж», «Озодагон», «СССР», чандандешӣ дар Тоҷикистон рушд кардааст, ки ин гувоҳи рушди матбуот аст ва то кунун матбуоти тоҷик марҳилаи дуввуми рушди худро тай кардааст. Мушкили аслии матбуоти тоҷикзабон ин аст, ки соҳибони пулдор надорад.»

Ба гуфтаи Хилватшоҳи Маҳмуд, мушкили аслии матбуот, на мавҷуд набудани имконоту озодии баён ва ё сензураи мақомот аст, балки маҳдуд будани бозори реклама аст. Аз сӯи дигар матбуоти тоҷик соҳибони пулдор надорад, аксари нашрияҳо аз ҳисоби фурӯши шумораҳои худ нашр мешаванд ва тоҷирону пулдорон ҳоло фарҳанги кӯмак ба рӯзнома ва ё соҳиби рӯзнома шуданро ёд нагирифтаанд. Агар пулдорҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ иқдом ба харидории рӯзномаҳо кунанд, марҳили дигаре аз рушди матбуоти тоҷик оғоз хоҳад шуд.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24474314.html

Вахомати вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар соле, ки гузашт

[b]Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар феҳристи озодии баён ҳафт зина пойин рафта ва дар мақоми 122 қарор гирифтааст.[/b]

Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз соли 2010 то ҳоло бамаротиб бадтар шудааст. Дар ин бора гузориши ҷадиди Гузоришгарони Бидуни Марз ҳикоят мекунад.

Бино ба феҳристи ҷадиди ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, мақомоти Тоҷикистон ба саркӯбии расонаҳои мустақил бо баҳонаи пешгирӣ аз ба ҳам задани субот ва мубориза бо ифротгароӣ идома медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони маҳаллӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, ки дар остонаи интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ вазъи озодии баён дар ин кишвар беш аз пеш маҳдуд хоҳад шуд.

Дар гузориши қаблии Гузоришгарони Бидуни Марз, ки дар соли 2010 мунташир шуда буд, Тоҷикистон дар “Феҳристи озодии баён-2010” дар миёни 178 кишвар дар ҷои 115 қарор дошт.

Аммо дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар ин феҳрист ҳафт зина поён рафта ва ҷойи 122-юмро касб кардааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ки бадтар шудани шохиси Тоҷикистон дар феҳристҳои мухталифи марбут ба вазъи озодии баён ғайричашмдошт нест.

Вай мегӯяд, ки дар поёни соли 2010 ва дар соли 2011 хабарнигорон ва расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон бо мушкилоти умдае рӯбарӯ шудаанд ва се қазияи додгоҳии пурсарусадои нашрияҳои “Нури Зиндгӣ”, “Asia-Plus” ва хабарнигори Би-би-сӣ аз сӯйи созмонҳои байналмилалии мухталиф маҳкум шудаанд.

Оқои Қаршибоев афзуд: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки ин қазияҳо ба рӯҳияи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расонд ва ҳоло мебинем, ки теъдоди рӯзноманигорон, бахусус рӯзноманигорони ҷавон, ки худсонсурӣ мекунанд, бештар шудааст.”

Раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон афзуд, ки кам шудани нишастҳои матбуъотӣ яке дигар аз нишонаҳои бадшавии вазъи озодии баён дар ин кишвар аст.

Дар моҳи сентябри соли 2011 тасмими раиси ҷумҳурӣ дар бораи баргузории ҳатмии нишастҳои матбуъотии семоҳа лағв шуда ва ҳамакнун ниҳодҳои давлатӣ муваззафанд дар сол танҳо ду нишасти матбуъотӣ баргузор кунанд.

Бо ин ки ҷойгоҳи Тоҷикистон дар феҳристи озодии баёни созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар як соли ахир ҳафт зина пойин рафтааст, миёни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон пас аз Қирғизистон (ҷойи 108) беҳтарин вазъро доштааст.

Қазоқистон дар ин феҳрист дар мақоми 154, Ӯзбакистон дар радаи 157, Туркманистон дар ҷойгоҳи 177 ва Афғонистон дар мақоми 150 қарор доранд.

Дар гузориши ин созмон таъкид шудааст, ки давлатҳои Қазоқистон ва Ӯзбакистон барои кунтрули интернет дар кишварҳояшон талошҳое анҷом додаанд ва Туркманистон дар заминаи озод кардани матбуъот ба ҳеч пешрафте ноил нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки маъмулан дар остонаи интихоботҳо дар Тоҷикистон саркӯб кардани расонаҳои мустақил бештар эҳсос мешавад.

Вай пешбинӣ мекунад, ки бо дарназардошти омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар соли 2013 давлат дар соли ҷорӣ низ барои кунтрули расонаҳои мустақил талошҳои худро идома хоҳад дод.

Вай афзуд, ки ин раванд дар ҳоли ҳозир маҳсус буда ва ду равиши мақомот дар ин замина ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи вай, бархе аз ниҳодҳо ба расонаҳои мустақил пешниҳоди ҳимояти молӣ карда ва мехоҳанд расонаҳоро аз ин роҳ таҳти кунтрули худ бигиранд.

Дар сурати дигар, расонаҳо аз сӯйи мақомоти молиётӣ ва ғайраҳо мавриди таъқиб қарор мегиранд.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар тӯли соли сипаригашта бештарин баёнияву изҳорот дар заминаи нигарониҳояш аз вазъи хабарнигорон дар Тоҷикистонро мунташир кардааст.

Аксари ин баёнияҳои ин созмон ба қазияҳои додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Маҳмадюсуф Исмоъмилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» марбут буд.

Ин созмон аз ҷумла навишта буд, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар бархӯрди мақомот бо ин ду хабарнигор муассир воқеъ шудаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо навъе таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистон аст.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/01/120127_rwb_tajikistan.shtml

Раҳимов: Агар дархост шавад, ҳамла ба Атовуллоевро таҳқиқ мекунем

[b]Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сурати дархости мақомоти Русия иддаъои Додоҷони Атовуллоҳ мабнӣ ба даст доштани мақомоти тоҷик дар сӯиқасд ба ҷонашро таҳқиқ хоҳад кард.[/b]

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 20 январ дар як нишасти матбуъотӣ дар ин бора ибрози назар кард, аммо вай гуфт, ки то ҳол чунин дархосте аз ҷониби Русия ворид нашудааст.

Вай гуфт, ки дар бораи иддаъои Додоҷони Атовуллоҳ, хабарнигори мухолифи давлати Тоҷикистон, тавассути расонаҳои гурӯҳӣ огоҳ шудааст, вале то ҳол далеле дар ин бора дар даст нест.

Оқои Раҳимов афзуд: “Агар бозрасони рус дар ин бора иттилоъи дақиқе дошта бошанд, ҳатман ба мо муроҷиъа мекунанд. Дар ин сурат мо бо онҳо ҳамкорӣ мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки баъд аз сӯиқасд ба ҷонаш, Додоҷони Атовуллоҳ дар нахустин мусоҳибаи худ бо нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан дар суиқасд ба ҷони худ муттаҳам кард.

Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ оқои Атовуллоҳ ин иддаъоро таъйид кард ва афзуд, ки вай дар бораи эҳтимоли тарроҳии сӯиқасд ба ҷонаш дар авохири соли гузашта иттилоъоте дарёфт карда буд.

Вай афзуд: “Чанд мақоми амниятии Тоҷикистон ба ман хабар доданд, ки алайҳи ман сӯиқасде тарроҳӣ мешавад. Ин афрод ба ман машварат доданд, ки базудӣ Маскавро тарк кунам. Ман ҳам ин фикрро доштам, вале ба далели гирифторӣ ба корҳо натавонистам сареъан аз ин шаҳр берун равам.”

Сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳ, муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва созмони мухолифи «Ватандор», ки аз мунтақидони сарсахти сиёсатҳои Президент Раҳмон ба шумор меравад, шоми 12-уми январ дар яке аз хиёбонҳои пойтахти Русия сурат гирифт.

Ба гуфтаи оқои Атовуллоҳ, вай барои дидор бо як тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз манзилаш берун рафт ва дар хиёбон ҳадафи ҳамлаи фарде бо «чеҳрае монанд ба мардуми мо» қарор гирифт.

Пизишкони бемористоне, ки оқои Атовуллоҳ ба он ҷо мунтақил шуда буд, иқрор кардаанд, ки дар пайи ин ҳамла ҷигар (кабид), гурда (куля) ва шуши (рияи) ин хабарнигор захмӣ шуда ва теғи корд ҳамагӣ як сонтиметр аз қалбаш фосила доштааст.

Оқои Атовуллоҳ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт комилан мутмаин аст, ки ҳамла ба ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши норизоятӣ дар кишвар нигарон ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамла ба ӯ пас аз нокомии давлати Тоҷикистон дар боздошт ва ё моил сохтани ӯ ба «оштӣ» сурат гирифтааст.

Вай афзуд, ки ин ҳодиса шумори ҳаводорони ҷунбиши «Ватандор», созмони таҳти раҳбарии ӯро, афзоиш хоҳад дод. Ба ин далел, вай тасмим гирифтааст, ки фаъъолияти ин созмонро барои «аз роҳи сиёсӣ ва мусолиматомез» барканор кардани Президент Раҳмон тақвият бидиҳад.

Ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва дохилии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон маҳкум карда ва хостори таҳқиқи сареъи ин ҳодиса аз сӯйи мақомоти рус шуданд.

Дар тӯли бист соли ахир мақомоти Тоҷикистон борҳо аз Русия боздошт ва истирдоди оқои Атовуллоҳро дархост кардаанд. Додситонии Тоҷикистон оқои Атовуллоҳро ба тавҳин ва таҳқири раиси ҷумҳур муттаҳам карда буд.

Дар гузашта Додоҷони Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон афроде аз номи раиси ҷумҳури ин кишвар ӯро барои бозгашт ба ватан ташвиқ кардаанд, вале ӯ ин пешниҳодро напазируфтааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/01/120120_if_ataullaev.shtml

Атовуллоҳ мақоми Тоҷикистонро дар сўиқасд ба худ мазнун медонад

[b]Чаҳор рӯз пас аз суиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон, нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, мусоҳибае бо ӯро мунташир кардааст.[/b]

Дар ин мусоҳиба муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва созмони мухолифи «Ватандор» мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан дар суиқасд ба ҷони худ муттаҳам кардааст.

Хабарнигори «Новая газета» аз ӯ пурсидааст, ки оё ӯ ҳамла ба худро «дастуре сиёсӣ» медонад, оқои Атовуллоҳ гуфтааст, ки дар ин амр «тардиде надорам.»

Сипас, хабарнигор суол мекунад, ки пас чаро дар ин вақт ин суиқасд анҷом шуд? Оқои Атовуллоҳ дар посух ба ин суол гуфтааст, ки дар Тоҷикистон дар соли 2013 баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар назар аст ва давлат қасд дорад куллияи мухолифони худро «хунсо кунад.»

Вай дар ин мусоҳиба ҳамчунин ба тира шудани равобити Русияву Тоҷикистон дар пайи қазияи маҳкумияти халабонҳои русу эстуниёӣ дар Тоҷикистон ва озодии онҳо дар пайи фишорҳои Русия ишора кардааст.

Оқои Атовуллоҳ гуфтааст: «Барои ман маълум буд, ки ин (маҳкумияти халабонҳо) навъе «амалиёт» барои озод кардани домоди раиси ҷумҳур аст, ки барои қочоқи маводди мухаддир дар зиндони Русия буд ва ман ба таври ошкор дар ин бора суҳбат карда будам.»

Дарвоқеъ, Додоҷони Атовуллоҳ аз нахустин касоне буд, ки ин ду қазияро ба ҳам рабт дод ва гуфта буд, ки халабонҳо, ки озод шаванд, Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз пайвандони наздики Президент Раҳмон, низ озод хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати хориҷаи Русия як рӯз пас аз ҳамла ба оқои Атовуллоҳ бо интишори баёнияе хабарҳои мабнӣ бар пайванд доштани озодии Рустам Ҳукумов дар Маскав бо озодии халабонҳои русу эстуниёӣ дар Тоҷикистонро рад кард.

Ин хабарнигори мунтақиди сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор доштааст, ки баъд аз ин ҳамла тасмим гирифтааст, ки фаъъолияти Ҷунбиши “Ватандор”–ро барои аз роҳи сиёсӣ ва мусолиматомез барканор кардани Президент Раҳмон тақвият бидиҳад.

Яке аз пайвандони Додоҷони Атовуллоҳ дар Маскав, ки феълан ба парастории ӯ машғул аст, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шоми рӯзи сешанбеи 17 январ Олга Малярчук, бозраси ҷадиди ин парванда, дар утоқи бемористон бо оқои Атовуллоҳ сӯҳбат карда, вале мушаххасоти ин сӯҳбат ошкор нашудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бозраси аввал, ки баъд аз ба ҳуш омадани оқои Атовуллоҳ бо ӯ сӯҳбат дошт, ба ин хабарнигори мухолиф гуфтааст, ки “шонс доштаӣ, вагарна, туро мехостанд ба қатл бирасонанд.”

Ин манбаъ ҳамчунин мушаххасоти сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳро ироа кард. Ба гуфтаи вай, шоми 12-уми январ оқои Атовуллоҳ барои дидор бо як тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз манзилаш дар яке аз опортемонҳои шаҳри Маскав берун меравад.

Вай гуфт, ки оқои Атовуллоҳ ба ин шахс эътимод дорад, бовар надорад, ки ӯ дар ин ҳодиса даст дошта бошад ва ба ин далел, намехоҳад феълан исми ӯро ошкор созад. Худи оқои Атовуллоҳ низ дар мусоҳибаи худ гуфтааст, ки ба ин фард эътимод дорад.

Ба гуфтаи худи Додоҷони Атовуллоҳ, вай дар рӯзи ҳодиса бо диплумотҳои зиёде мулоқот дошт ва шабҳангом низ бо яке аз ҳамватанонаш қарори мулоқот гузошта буд. Вай ба ин манзур аз хона берун рафт ва мебоист аз роҳраве тақрибан 8-метра убур кунад.

Вале ин маҳал торик буд ва оқои Атовулло фардеро дид, ки ба девор такия зада буд. Ҳоло ӯ мегӯяд, ки “ин фард чеҳрае монанд ба мардуми мо дошт”. Вақте оқои Атовуллоҳ аз назди ин фард мегузашт, вай ба таври ғайримунтазира ба ӯ ҳамла карда ва ба ҷисми ӯ чанд зарбаи чоқу (корд) ворид кардааст.

Оқои Атовуллоҳ тавонистааст худро то ба рестуроне наздик бирасонад ва дар он ҷо дархости кумак кунад. Ба гуфтаи пайвандони оқои Атовуллоҳ, “шояд афроди ҳамлагар ду нафар ё бештар буданд, вале Додоҷон танҳо як нафарро дидааст ва чеҳраи ӯро мешиносад.”

Пизишкони бемористоне, ки оқои Атовуллоҳ ба он ҷо мунтақил шуда буд, иқрор кардаанд, ки дар пайи ин ҳамла ҷигар (кабид), гурда (куля) ва шуши (рияи) ин хабарнигор захмӣ шуда ва теғи корд ҳамагӣ як сонтиметр аз қалбаш фосила доштааст.

Пайвандони оқои Атовуллоҳ иддаъои бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ дар бораи эҳтимоли ангезаҳои хусусӣ доштани ин қазияро рад карданд. Ба гуфтаи онҳо, оқои Атовуллоҳ фаъъолияти тиҷорӣ надошт ва аз касе низ бидеҳкор набудааст.

Оқои Атоуллоҳ дар мусоҳибае ҷудогона бо бахши ӯзбакии Би-би-сӣ низ гуфтааст комилан мутмаин аст, ки ҳамла ба ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши норизоятӣ дар кишвар нигарон ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ пас аз нокомии давлати Тоҷикистон дар боздошт ва ё моил сохтани ӯ ба ҳимоят аз сиёсатҳои давлат, иқдоми ҳамла ба ӯ сурат гирифтааст.

Вай афзудааст ин ҳамла шумори ҳаводорони ҷунбиши «Ватандор», созмони таҳти раҳбарии ӯро афзоиш хоҳад.

Ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва дохилии хабарнигорӣ дар Тоҷикистон маҳкум карда ва хостори таҳқиқи сареъи ин ҳодиса аз сӯйи мақомоти рус шуданд.

Ҳарчанд оқои Атовуллоҳ аз мақоми паноҳандагии сиёсӣ дар Олмон бархурдор аст, вале табаъаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва умдатан дар Маскав ба сар мебарад.

Додоҷони Атовуллоҳ бо таъсиси нахустин рӯзномаи хусусии «Чароғи рӯз» дар Тоҷикистон дар соли 1990 ба унвони як рӯзноманигори мунтақиди давлат шӯҳрат пайдо кард.

Дар соли 1992, замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ оғоз шуд, оқои Атовуллоҳ ба Русия рафт ва дар он ҷо ба интиқодоти худ аз мақомоти тоҷик идома дод.

Дар тӯли бист соли ахир мақомоти Тоҷикистон борҳо аз Русия боздошт ва истирдоди оқои Атовуллоҳро дархост кардаанд. Додситонии Тоҷикистон оқои Атовуллоҳро ба тавҳин ва таҳқири раиси ҷумҳур муттаҳам карда буд.

Дар гузашта Додоҷони Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки дар остонаи таҷлил аз 20-мин солгарди истиқлоли Тоҷикистон афроде аз номи раиси ҷумҳури ин кишвар ӯро барои бозгашт ба ватан ташвиқ кардаанд, вале ӯ ин пешниҳодро напазируфтааст.

Вай дар мусоҳиба бо «Новая газета» низ ба ин мавзӯғъ ишора кардааст: «Моҳи сентябри соли 2011 афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон бо ман мулоқот карданд ва хостанд, ки бо раиси ҷумҳур оштӣ кунам. Онҳо аз ман даъват карданд, ки дар ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон ширкат кунам ва расман бо раиси ҷумҳур оштӣ кунам. Аммо ман рад кардам.»

Аммо мақомоти тоҷик ин иддаъоҳоро таъйид ва ё такзиб накардаанд. Ҳеч манбаъи мустақилле низ наметавонад ин иддаъоҳоро таъйид кунад.

Дар пайи ҳамла ба ин рӯзноманигори мухолиф дар Маскав, Давлати Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки давлат «ҳама гуна зӯроварӣ ё аъмоли хушунатомезро маҳкум мекунад.»

Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки мақомоти зидахли Русия «вазифаи худро бахубӣ анҷом медиҳанд» ва фарде, ки дар ин ҳамла даст дорад, ба ҷавобгарӣ кашида (муҷозот) мешавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/01/120118_if_ataullaev.shtml

«Амнияти Атовуллоҳ дар замони муъолиҷа таъмин шавад»

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ, хабарнигори табъидии тоҷики муқими Русия ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро маҳкум кардааст.[/b]

Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, аз мақомоти Русия хостааст, ки амнияти оқои Атовуллоҳро дар замони муъолиҷа таъмин кунанд.

Дар изҳороти ин созмони байналмилалӣ, ки рӯзи ҷумъаи 13 январ мунташир шуд, омадааст: «Нашрияи «Чароғи рӯз» бо интиқодоти тундаш аз давлати кунунии Тоҷикистон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар, шинохта шудааст. Вақте ки чопи ин рӯзнома дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, Додоҷони Атовуллоҳ ба интишори он дар табъид идома дод.»

Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори 56-солаи мухолифи давлати Тоҷикистон, шоми рӯзи 12 январ дар маркази шаҳри Маскав ҳадафи ҳамлаи фарде номаълум қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуд.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон дар баёнияи худ гуфтааст: «Мо аз бозрасони ин қазия дар Русия дархост мекунем, ки ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро ҷиддан таҳқиқ, амнияташро то замони шифо ёфтанаш таъмин ва ҳамлагаронро муҷозот кунанд.»

Баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар робита бо ин ҳамла боздошт шуда буд, «ба далели даст надоштан дар ин қазия» аз боздошт раҳо шудааст.

Қабл аз ин, расонаҳои Русия гузориш карда буданд, ки Бахтиёр Раҳимбердиев ба занни даст доштан дар ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ дар рестуроне дар Маскав тавассути нерӯҳои интизомӣ боздошт шудааст.

Клик ГБМ аз ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ «ваҳшатзада аст»

Клик Cозмонҳои рӯзноманигорӣ ҳамла ба Атовуллоҳро маҳкум карданд

Клик Сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳ

Нина Огнианова, ҳамоҳангсози барномаи Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, мегӯяд: «Додоҷони Атовуллоҳ як хабарнигори пуровоза ва душмандор аст, ки равобиташ бо давлати Тоҷикистон ба хотири фаъъолиятҳои ҳирфаияш носозгор аст. Фаъъолияти рӯзноманигории ӯ бояд дар ҷараёни бозрасӣ ба унвони яке аз ангезаҳои эҳтимолии ин ҳодиса дар назар гирифта шавад.»

Пештар бархе аз соҳибназарон эҳтимоли даст доштани мақомоти тоҷик дар ин ҳодисаро матраҳ кардаанд. Бархе аз дӯстон ва ҳамкорони оқои Атовуллоҳ ба ин назаранд, ки сӯиқасд ба ҷони вай як амали тарҳрезишуда аст.

Аркадий Дубнов, хабарнигори нашрияи «Московские новости»-и чопи Маскав, дар мусоҳиба бо хабаргузории «ASIA-Plus» иддаъо кардааст, ки ҳамла ба оқои Атовуллоҳ суфоришӣ аст ва «сарнахи онро бояд дар Душанбе ҷустуҷӯ кард.»

Аммо рӯзи шанбеи 14-январ Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар вокуниш ба ин иттиҳомот гуфт: «Чунин иттиҳомот, бахусус ҳарфҳои Аркадий Дубнов, бояд бигӯям, ки чунин ибрози назарҳо фаъъолияти худи мақомоти Русияро метавонад зери шубҳа гузорад.»

Вай афзуд, ки давлати Тоҷикистон ҳама гуна зӯроварӣ ё аъмоли хушунатомезро маҳкум мекунад ва умедвор аст, ки мақомоти зидахли Русия «вазифаи худро бахубӣ анҷом медиҳанд» ва фарде, ки дар ин ҳамла даст дорад, ба ҷавобгарӣ кашида (муҷозот) мешавад.

Дар баёнияи Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ишора шудааст, ки дар моҳи апрели соли 2011 мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоҳро ба «таҳқири Президент Раҳмон», «тарафдорӣ аз сарнагунии низоми конститутсионӣ аз роҳи зӯр» ва «ангехтани низоъи қавмию нажодӣ ва мазҳабӣ» муттаҳам карда буданд.

Қаблан созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз (ГБМ) ва чанд созмони ғайридавлатии Тоҷикистон низ бо интишори баёнияҳое ҳамла ба ин рӯзноманигори мухолифи давлатро маҳкум карда буданд. ГБМ гуфт, ки аз ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ дар Маскав «башиддат ваҳшатзада» аст.

Ин созмон низ аз пулиси Русия хост, ки ҳамаи тадобири мумкинро барои шиносоии фарди муҳоҷим ва афроди дигаре, ки пушти ин қазия ҳастанд, анҷом бидиҳанд.

Ин созмон низ ба монанди Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон таъкид кард, ки «бо таваҷҷуҳ ба фаъъолиятҳои ҳирфаии ин хабарнигори саршиноси мухолифи давлат ҳамаи фарзияҳо бояд таҳқиқ шаванд.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/01/120114_sq_cpj_atavollah.shtml

«Имрӯзнюс вобастаи Ориёнбонк ва Талко нест»

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Рустами Ҷонӣ- мудири ширкати Ориёно-медиа ва бунёдгузори нашрияи “Имрӯзнюс”.

[b]Озодӣ: Дар авохири соли гузашта ва оғози соли ҷорӣ чанд рӯз “ Имрӯзнюс” ба нашр нарасид, ки сару садоҳои мухталифро ба бор овард. Хонандаҳо нашрияи шуморо дастрас накарданд. Сабаби аз нашр бозмондани нашрия чӣ буд?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Боиси хурсандии мост, ки хонандаҳо рӯзномаи “Имрӯзнюс”-ро суроғ мекунанд. Вале ин чанд рӯзе, ки нашрия ба дасти хонандаҳо нарасид, кадом мушкилие ҷо надошт, танҳо як давраи истироҳат буд. Барои ҳамаи коргарон аз 25 декабр то 4-уми январ таътил эълон кардем. Мо тасмим гирифтем, ки ҳар сол дар ҳамин давра ба коргарон рӯзҳои истироҳат бидиҳем. Ин кор аз як тараф як навъ додани сабукиҳо барои кормандон бошад, то инки бештар дам бигиранд ва бо нерӯи тоза ба кор баргарданд, аз тарафи дигар сарфаи харҷи беҳуда аст, чун дар ин рӯзҳо хонандаҳо камтар ба суроғи рӯзнома меоянд.

[b]Озодӣ: Дар давоми ҳамин якуним сол оё рӯзнома худкифо шуд ва ё ҳанӯз ҳам аз дастгирии сарпарастон вобастагӣ дорад?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Дар Аврупову Русия низ ду сол лозим мешавад, ки нашрияҳо худкифо шаванд. Аммо дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ва бо назардошти тамоми хусусиятҳои бозоре, ки мо дорем, ин вақт барои мо то панҷ сол тӯл мекашад. Бозори мо хусусиятҳои худро дорад. Ба гуфти русҳо “непредсказумий” (пешбининашаванда) аст. Вале ман бояд хидмати шумо арз намоям, ки “Имрӯзнюс” имрӯз тамоми хароҷоташро аз ҳисоби худаш мепӯшонад. Баъзан қарздор мешавем, бо реклама онро мепӯшонем. Яъне мо баланси (тавозун) худкифоиямонро аз ҳисоби рекламаву фурӯши рӯзнома таъмин мекунем.

[b]Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки сарпарастҳои Шумо киҳо ҳастанд?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Мо сарпараст надорем. Рӯзномаи “Имрӯзнюс” агар дастгирии молӣ, яъне сарпараст дошта бошад, ӯ Рустами Ҷонӣ аст. Рустами Ҷонӣ ба ғайр аз рӯзнома боз дигар роҳҳои дигари ҷалб кардани сармояро дорад, яъне худаш сармоя дорад. Ман давоми даҳ сол фаъолияти тиҷорӣ доштам. Ман бисёр мехостам, ки “Имрӯзнюс” танҳо мутааллиқ ба Рустами Ҷонӣ набошад, балки як шакли чамъияти саҳҳомиро бигирад, ки он моли умумӣ шавад. Аммо ҳанӯз ин кор имкон надорад, чунки дар мо бозор аксия- саҳмия вуҷуд надорад, ки масалан саҳмияро ба фурӯш бигзориву сармоя ҷалб созӣ. Даромадҳои мо аз фурӯш, реклама ва аз хидматгузории пиарӣ-иттилоотӣ ва низ аз ширкат барои гузаронидани чорабиниҳои ҳукуматӣ аст, ки мо инро пинҳон намекунем.

[b]Озодӣ: Кадом чаробиниҳои ҳукуматиро дар назар доред?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Масалан дар ҷашнвораи 20- солагии Истиқлолияти давлатӣ он саҳнаи ҷамъомаде, ки дар Кохи Борбад баргузор шуда буд, бо ширкати “Имрӯзнюс” сурат гирифт. Мо дар ҳайати худ коргардонҳову рассомҳо низ дорем, ки онҳо дар чунин мавридҳо ба кор ҷалб ҷалб мешаванд.

[b]Озодӣ: Дар рӯзномаи шумо мавзӯъҳои табу ҷой доранд. Ҳастанд мавзӯъҳое, ки ба хотири эҷод кардани мушкилӣ аз нашри он парҳез мекунед?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Бале, мавзӯъҳои табу дар мо ҷой доранд. Мавзӯъҳое, ки эҳтимолан ба муноқишаҳои маҳалӣ, миллӣ ва мазҳабӣ мерасонад, мо аз нашри онҳо парҳез мекунем. Мо дар ин маврид чӣ кор мекунем? Аввал мегузорем то мардум ҳодисаро ҳазм кунанд, каме орому аз эҳсос берун шаванд, баъд мо онро таҳлилу баррасӣ карда ва чоп менамоем. Ман аслан зидди он ҳастам, ки дар пеши журналист ҳадаф гузошта шавад, ки дидаву дониста ҳар он чизеро, ки мебинад онро инъикос кунад. Воқеан рисолати журналист ҳамин чизро мехоҳад, аммо мо имрӯз як ҷомеаи мо хеле ҳассос дорем. Яъне дар мо куллан мавзӯъи табу вуҷуд надорад, аммо эҳтиёт ҳаст.

[b]Озодӣ: Барои мисол матлаб дар бораи ширкати Талко, дар бораи Ҳасан Асадуллозода-раиси “Ориёнбонк”, Шералӣ Кабиров- муовини раиси Талко бошад, манзурам маводҳои интиқодӣ дар рӯзнома чоп мешаванд?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Таърифу танқид рисолати рӯзоманигори “Имрӯзнюс” нест, балки мо баёни воқеиятро маҳаки кори худ қарор додаем. Аз ин рӯ мо воқеиятро баён мекунем, новобаста ба онки дар маркази он воқеа Ҳасан Саъдуллоев қарор дорад ё Шералӣ Кабиров. Мо фаъолияти “Ориёнбонк”-ро танқид кардаем ва низ кори ширкатҳоеро танқид кардаем, ки сарпарастҳояшон ҳамин номбаршудаҳо ҳастанд. Ва хушбахтона таҷриба нишон дод, ки онҳо ҳам ин чизҳоро қабул доранд. Мо аз онҳо ҳеҷ вобастагие надорем. Мо вобастагии касбӣ надорем ва ман пеши онҳо рафта ҳеҷ ваъда ҳам додагӣ нестам. Ман рисолати рӯзноманигории худро зери суол намебарам. Ҳар касе дар ин боб шакку шубҳа дорад масалан метавонад фаъолияти радиои мо-“Имрӯз”-ро аз соли 2007 то имрӯз таҳлилу баррасӣ кунад. Оё дар ҳақиқат ин радио аз дигарҳо камтар ҳаводисро инъикос кард? Мо аз касе яъне дигар расонаҳои ҳамсон қафо намондаем. Мо рисолати хешро анҷом дода истодаем.

[b]Озодӣ: Ин суолро ба он хотир додам, ки мегӯянд муассисаҳои эҷодии зери раҳбарии шумо аз тарафи Ҳ.Асадуллозода ва Ш. Кабиров дастгирии молӣ мебинад.[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Шумо бовар кунед ҳар яке рӯзноманигорон бисёр мехост, ки мисли ҳамин гуна шахсиятҳо барои мо кӯмак кунанд. Агар касе, ки мехоҳад ҳақиқатро бифаҳмад, пас биравад ба ҳамон чопхонаҳое, ки мо рӯзномаро онҷо нашр мекунем. Аз якеаш қарз ва барои дигарӣ гардан каҷ мекунем. Агар аз паси мо чунин гигантҳои молӣ мебуданд ман умуман дар бораи коғазу чопхона ва касеро илтимос кардану гардан каҷ кардан фикр намекардам. Бале “Ориёнмедиа” ба онҳо тааллуқ дорад, аммо “Имрӯзнюс” ҳеҷ муносибат ба “Ориёнбонк”-у “Талко” ва аслан ба ҳеҷ касе вобастагӣ надорад. Агар баъзан муносибатҳои иттилоотӣ миёни мо бишавад, пас метавон “Азияплюс”-ро ҳам муттаҳам кард вақте ки хабарҳо ё мақолаҳои сафорати Амрикоро нашр мекунад, пас он низ аз Амрикост. Бале, ман дар ҳамон доираҳо дӯстҳо дорам, ҳамсӯҳбатҳо дорам, ки инро касби ман талаб мекунад. Барои мисол, вақте Шумо ба Давлат Назрӣ дӯст бошед, ин маънои онро нахоҳад дошт, ки одами вазорати корҳои хориҷаед. Рӯзноманигор вақте мехоҳад, ки кор худро анҷом диҳад, ӯ кӯшиш мекунад, ки бо қишрҳои гуногуни ҷомеа муносибат дошта бошад. Ман инро пинҳон ҳам намекунам, аммо дастгирии молиявӣ аз тарафи онҳо ба мо, ин ҳарфи муболиғае беш нест. Мутаассифона ҳама дар бораи он фикр мекунанд, ки кӣ ба мо пул медиҳад, аммо камтар фикр мекунад, ки мо рисолати худро ҳамчун намояндаи ВАО иҷро карда истодаем ё хайр.

[b]Озодӣ: Дуруст аст, ки маоши кормандони “Имрӯзнюс” нисбат ба моҳҳои аввали ташкили он камтар шудааст?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Мо дар аввал ҳамаи коргаронро бо маош таъмин кардем вале ба хулоса омадем, ки нисбати баъзе коргарон ноҳаққӣ мешавад. Кормандоне буданд, ки аз ибтидо ҳаррӯз кор мекарданд, мавзӯъ пешниҳод мекарданд, менавиштанд. Боз буданд коргароне, ки мегуфтанд, хайр, имрӯз натавонистам. Мо ин ҳамаро ба назар гирифта сиёсати молиро тағйир додем. Яъне моҳонаро мутобиқи рӯзи корӣ ташкил кардем. Кор мекунӣ, пул мегирӣ. Агар пеш 600-800 сомонӣ моҳона мегирифтанд ҳозир имконият доранд, ки то 2000-2500 сомонӣ бигиранд. Дар аввал коргарҳо аз ин кори мо норозӣ шуданд. Вале вақте моҳ ҷамъбаст шуд ва нафароне, ки бештар ва беҳтар заҳмат кашиданд музди хуб ба даст оварданд норозигӣ аз байн рафт.

[b]Озодӣ: Аз онки дар мавриди рисолати рӯзноманигорӣ низ инҷо сухан рафт, ҳоло фикр мекунед кадоме аз ҳафтаномаҳои мо рисолати хешро анҷом дода истодаанд?[/b]

[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Албатта расонаҳо гоҳо дар инъикосу бозтоби ҳодиса ва таҳаввулот тавонистаанд, ки рисолати худро ба таври аҳсан анҷом диҳанд ва гоҳо шояд комёб нашуданд. Вале ба ҳар ҳол ба назари ман “Азияплюс” имсол талошҳои хеле ҷиддӣ ба харҷ дод, “Озодагон”, ки доираи фарогирии мавзӯъҳояш хеле васеъ шудааст. Ҳамчунин “Нигоҳ” ва “Фараж” дар самти худ ҳар кадоме кореро анҷом доданд ва ҳар кадоме хонандаҳои худро доранд. Агар барои мисол нашрияи “Рекламная газета”-ро ҳам бигирем он ҳам рисолати худро ҳамчун расонандаи иттилоот анҷом дода истодааст. Яъне ҳар яки ин нашрияҳо барои аудиторияи худ хизмат мекунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24448059.html

«Баъзе расонаҳо маҳалгароиро доман мезананд»

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон шуморе аз нашрияҳоро дар равнақи маҳалгароӣ муқассир хондааст.[/b]

Бар пояи тадқиқот ва пажӯҳиши коршиносони ин созмон, ки тайи як соли ахир идома доштааст, мавориди зиёде дар навиштаҳои нашрияҳо ошкор шудааст, ки дар масоили ёдшуда, яъне маҳалгароӣ ва равобити миллатҳо назокати сухан риоят нашудааст.

Чопи матолиб ва навиштаҳо бо руҳияи маҳаллӣ ва миллатгароӣ дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон, дар ниҳояти кор ба ваҳдат ва иттиҳоди милии ин кишвар зарбаи сахт хоҳад зад.

Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва ё НАНСМИТ бо арзи ин матлаб ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки коршиносон ва мутахассисони бахши мониторингии ин созмон якҷо бо истифодабарандагони Фейсбук-шабакаи иҷтимоии ҷаҳонӣ масъалаи назокати сухан аз лиҳози сиёсӣ дар расонаҳои Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ ва пажӯҳиш қарор дода ба чунин натиҷа расидаанд, ки бархе аз нашрияҳои ин кишвар амдан ва ё надониста ба чопи матолибе роҳ медиҳанд, ки боиси маҳалгароӣ ва бадбинии миллӣ мешавад. Ҷаноби Қаршибоев афзуд, як иллати пеш омадани чунин ҳолат, ташкили ҷомеаи эҷодии нашрия аз як маҳал ва адами гуногунандешӣ дар дохили ин ҷомеаҳои эҷодист.

Дар ҳоле, ки ин созмони мудофеи ҳуқуқи хабарнигорон расонаҳоро дар нашри матолиби якҷониба дар масъалаи муносибати миёни миллатҳо ва равнақи маҳалгароӣ муттаҳам мекунад, назари худи масъулини ин нашрияҳо ва рӯзноманигорон чӣ аст?

Азизи Нақибзод, муҳаррири нашрияи «Озодагон» натиҷаҳои тадқиқоти Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар ин робита нодуруст ва ғайривоқеӣ хонд. Вай гуфт, на танҳо дар ҳайати эҷодии нашрияи онҳо, балки дар дигар нашрияҳои даврӣ низ хабарнигорон аз маҳалҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд ва ӯ ба мушоҳида нагирифтааст, ки расонаҳо матолибе ба нашр расонида бошанд, ки барои маҳалгароӣ сабаб шуда бошад.

Аммо Раҷаби Мирзо, масъули маркази таҳлилии «Бозтоб» ва аз фаъолони матбуоти тоҷик натоиҷи тадқиқот ва арзёбии НАНСМИТ-ро таъйид кард. Оқои Мирзо гуфт, ки маҳалгароӣ ба унвони як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад ва азбаски хабарнигорон низ узви гоҳо дар навиштаҳои онҳо чунин руҳия эҳсос мешавад.

Яке дигар аз нишонаҳои ба маҳаллу маҳалгароӣ таваҷҷӯҳи бештар кардани нашрияҳо ба бовари коршиносон, инъикосу бозтоби хабару таҳаввули ночизи зодгоҳи соҳиби нашрия дар сафҳаи аввал ва барҷаставу умда ҷилва додани он аст, дар ҳоле ки барои мисол дар ҳамон рӯз ва ё ҳамон ҳафта хабари доғ ва масъалаи асосӣ тамоман чизи дигар буд.

Бо ишора ба ин ҷиҳати масъала, Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ афзуд, ки гоҳо бо сабаби камогаҳӣ ва гоҳо бархӯрди ғайриҳирфаии хабарнигорон ба масъала, навиштаи онҳо тобиши маҳаллӣ пайдо кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24432237.html