Архив рубрики: Хабарҳо

Ҷоизаҳо ба журналистон

3 май, дар рӯзи озодии баён се созмони журналистии Тоҷикистон – НАНСМИТ, Маркази таҳқиқоти журналистӣ (МТЖТ) ва «Хома” ҷоизаи «Ҳамраъйии касбӣ”-ро ба мудири собиқи дафтари радиои «Озодӣ” Хуршеди Ҳамдам супурданд. Читать далее Ҷоизаҳо ба журналистон →

Журнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО

Хабарнигорони тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 3-уми май дар як нишасте бахшида ба Рӯзи озодии баён, бо як лаҳзаи сукут, ёди 8 хабарнигореро гиромӣ доштанд, ки рӯзи 30-уми апрел дар шаҳри Кобул кушта шуданд. Читать далее Журнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО →

Журнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО

Хабарнигорони тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 3-уми май дар як нишасте бахшида ба Рӯзи озодии баён, бо як лаҳзаи сукут, ёди 8 хабарнигореро гиромӣ доштанд, ки рӯзи 30-уми апрел дар шаҳри Кобул кушта шуданд. Читать далее Журнализм дар Тоҷикистон хатарноктар мешавад? ВИДЕО →

Ато Ҳамдам – барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода

Ато Ҳамдам, нависанда ва публитсисти тоҷик барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2018 гардид. Маросими супоридани ҷоиза ба ғолиб имрӯз зимни чорабинaии бошукӯҳ бахшида ба рӯзи матбуоти озод дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» сурат гирифт. Читать далее Ато Ҳамдам – барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода →

АМНИЯТ ВА ИТТИЛООТ БО ҲАМ ТАВЪАМАНД. Имрӯз дар Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ ба кори худ оғоз мекунад

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ба кори худ оғоз мебахшад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мекунад. Дар ҳошияи ин Конфронси сатҳи баланд чанд ибтикороти байналмилалии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизмро мавриди ёдоварӣ қарор медиҳем. Читать далее АМНИЯТ ВА ИТТИЛООТ БО ҲАМ ТАВЪАМАНД. Имрӯз дар Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ ба кори худ оғоз мекунад →

Хадамоти алоқа интернети олимони тоҷикро қатъ кард

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хатти интернети ширкати TARENA-ро қатъ кардааст. Ин созмон пажуҳишгоҳҳои Академияи улум ва донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо интернет таъмин менамуд.

Дар созмони TARENA рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чаҳор рӯз қабл масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хатти интернети онҳоро бурида, ба таҷҳизоти интернетрасонашон муҳр задаанд.

Созмони TARENA, ба гуфтаи масъулонаш, интернетро бевосита аз антеннаҳои моҳвораӣ дарёфт мекард. Аммо масъулони TARENA мегӯянд, нозирони Хадамоти алоқа хатти интернети онҳоро қатъ карда, то ҳанӯз сабаби ин тасмимро шарҳ надодаанд.

Баробари аз кор мондани хадамоти интернети созмони TARENA аксар пажӯҳишгарони Академияи улум ва донишгоҳҳо дар Тоҷикистон, ки аз ин созмон интернети ройгон ё дар баъзе ҳолат интернети арзон мегирифтанд, аз он маҳрум шуданд.

Созмони TARENA, ки шакли кӯтоҳшудаи Анҷумани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва пажуҳишҳои академӣ аст, аз соли 2000-ум дар Тоҷикистон чун як созмони ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунад. Ин созмон дар оғоз бо ҳимояи молии НАТО таъсис ёфта, дар солҳои баъд бо маблағҳои грантии Бунёди Сорос, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид фаъолият кардааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар чанд соли охир бо чанд тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL масдуд шуда, арзиши телефонҳои мустақим бо хориҷа боло бурда шуд.

Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN маҳдуд шуда, хатари масдуд шудани дастрасӣ ба паёмрасонҳои интернетии “Вайбер” ва “Вотсапп” пеш омад. Инчунин, ин хадамот гуфт, ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ интернетро аз «Тоҷиктелеком», ниҳоди таҳти итоати Хадамоти алоқа бигиранд. Баъдан Хадамоти зиддимонополӣ онро рад кард.

https://www.ozodi.org/a/internet-tarena-tajikistan/29195567.html

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Озмун эълон кард

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони касбии мамлакат бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Ҷумъаи Толиб” (тадқиқоти журналистӣ) ва «Пайванд Гулмуродзода» (тадқиқоти илмӣ-фарҳангӣ)-ро эълон менамояд. Читать далее Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Озмун эълон кард →

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ: РАВАНДҲО, ПАДИДАҲО ВА ТАҲДИДҲО. Имрӯз дар ин мавзӯъ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» мизи мудаввар доир гардид

«Дар шароити  пуртазоду зудтағирёбандаи ҷомеаи муосир — рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ  ва авҷ гирифтани  ҷанги сард дар бархе аз нуқоти дунё воситаҳои ахбори оммаи кишвар, хусусан расонаҳои давлатиро зарур аст, ки нисбат ба ин раванд зиракии сиёсиро ҷиҳати таъмини  амнияти иттилоотӣ аз даст надода, дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки аз хориҷи кишвар таҳррезӣ ва таҳвил мегарданд, сипарвор истодагарӣ намоянд». Чунин зикр шуд дар ҷараёни  мизи мудаввар, ки имрӯз дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ: равандҳо, падидаҳо ва таҳдидҳо» доир гардид. Читать далее АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ: РАВАНДҲО, ПАДИДАҲО ВА ТАҲДИДҲО. Имрӯз дар ин мавзӯъ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» мизи мудаввар доир гардид →

Ҷоизаи Ҷумъаи Толиб ва Пайванди Гулмурод дар Рӯзи озодии сухан

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони касбии мамлакат бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Ҷумъаи Толиб” (тадқиқоти журналистӣ) ва «Пайванд Гулмуродзода» (тадқиқоти илмӣ-фарҳангӣ)-ро эълон менамояд. Читать далее Ҷоизаи Ҷумъаи Толиб ва Пайванди Гулмурод дар Рӯзи озодии сухан →

RWB: “Фишор болои матбуот дигар танҳо хоси диктаторҳо нест”

Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар Порис, ҳушдор додааст, ки нақзи озодии матбуот дигар хоси режимҳои худкома нест. Ин созмон рӯзи 25-уми апрел дар гузориши нави худ дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 аз афзоиши нафрату бадбинӣ нисбат ба матбуот хабар дод.

Гузориш сатҳи озодии матбуотро дар 180 кишвари ҷаҳон бо шумули Амрико ба баррасӣ гирифт ва гуфт, дар ин раддабандӣ ҷойгоҳи Амрико ду зина коҳиш ёфт ва ба 45 расид.

«Хусумат нисбат ба матбуот танҳо бо раҳбарони сиёсии кишварҳои авторитарие ба монанди Туркия ва Миср маҳдуд намешавад, балки шумори бештари раҳбароне, ки аз роҳи демократӣ ба қудрат расидаанд, матбуотро ба унвони бахше аз пояҳои асосии демократия эътироф намекунанд», — омадааст дар гузориш.

Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз, дар робита ба раиси ҷумҳури АмрикоДоналд Трамп ҳарфҳои сахтро истифода кард ва ӯро «ҳавасманди кӯбидани матбуот» ном гузошт. Созмон аз суҳбатҳои Трамп намуна овардааст, ки журналистонро «душмани халқ» унвон кард. Истилоҳе, ки ба қавли муҳаққиқони созмони Хабарнигорони бидуни марз диктатори Шӯравӣ Сталин истифода мекард.

Дар ин шохис Норвегия ва Шветсия барои дувумин бор пайиҳам дар рутбаҳои аввал ва дувум қарор гирифтаанд. Куриёи Шимолӣ дар охирин бахши феҳрист омадааст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз гуфт, ин шохис ҳамчунин нишондиҳандаи нуфузи афзояндаи «мардҳои қавӣ» аст, ки акнун марзҳоро убур мекунанд. Гузориш мегӯяд, «Владимир Путин пас аз пахши садоҳои мустақил дар дохили кишвараш таблиғотро аз тариқи расонаҳое ба мисли Russia Today ва Спутник густариш медиҳад, дар ҳоле ки Си Ҷинпин – раиси ҷумҳури Чин – модели матбуоти комилан таҳти назоратро ба Осиё содир мекунад».

Саркӯби бе қайду шарти интиқодгарон ва дигарандешон ба кишварҳое монанди Ветнам (175), Туркманистон (178) ва Озарбойҷон (163) “кумак” кардааст, ки дар зинаҳои поинтари шохис ҷойгир шаванд. Аз се ду ҳиссаи кишварҳои Шӯравии собиқ низ дар раддаҳои наздик ба мақоми 150 ва болотар аз он ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари дунё дар ин шохис дар мақоми 149-ум аст ва сатҳи соли гузаштаашро тағйир надодааст. Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз соли гузашта вазъи матбуот дар Тоҷикистонро бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод карда буд.

Ин созмон гуфта буд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст. Аммо намояндагони мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи матбуот дар Тоҷикистон “беҳтар аст”.

Қирғизистон, кишавре, ки дар муқоиса бо ҳамсояҳо матбуоти озод дорад, ба далели фишор болои расонаҳо, аз ҷумла “ҷаримаҳои осмонӣ” барои тавҳин ба раиси ҷумҳур нуҳ зина поин шуд ва дар мақоми 98-ум ҷой гирифт. Дар гузориш гуфта шудааст, бо таваҷҷуҳ ба чунин амалкардҳо, ҷои тааҷҷуб нест, ки шохиси куллии минтақа дар ҳоли наздик шудан ба сатҳи Ховари Миёна ва шимоли Африқост.

Дар харитаи озодии матбуот ҳеҷ вақт ба ин андоза кишварҳои зиёд, ки бо хатти сиёҳ ишора шудаанд, ҷой надошт. Дар арзёбии нави созмони Гузоришгарони бидуни марз Гурҷистон дар ҷои 61, Арманистон 80, Молдова 81, Украина 101, Черногория 103, Мақдуния 109, Афғонистон 118, Покистон 139, Беларус 155, Қазоқистон 158, Эрон 164 ва Узбекистон дар ҷои 165 қарор гирифтаанд.

https://www.ozodi.org/a/rsf-world-press-tajikistan/29191411.html