Архив рубрики: Хабарҳо

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: Чаро то ҳол ин низом пурра амалӣ нагардидааст?

Ҳукумати электронӣ низоми муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, давлатҳои олам марҳила ба марҳила ба ин система ворид мегарданд. Тоҷикистон низ ҳамқадами замон аст. Бо мақсади ташаккули системаи ягонаи иттилоотӣ ва пайвастшавии тамоми сохтору вазорат, ташкилот ва шаҳрвандон ба низоми ҷадиди электронӣ ва истифодаи васеи онҳо аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати кишвар соли 2011 консепсияи Ҳукумати электрониро татбиқ намуд. Аз ташаккули консепсия 10 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо то ҳол ниҳодҳо пурра ба ин низом ворид нашудаанд. Читать далее ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: Чаро то ҳол ин низом пурра амалӣ нагардидааст? →

САВОДИ РАСОНАӢ: Таълими он тақозои давр аст

Ба ҷараёнҳои гуногуни террористиву экстремистӣ гаравиш пайдо кардани ҷавонону донишҷӯён, ба назари коршиносон, пайомади таъсири манфии расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Читать далее САВОДИ РАСОНАӢ: Таълими он тақозои давр аст →

Нахустин «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» дар шакли мукаммалу фарогир рӯнамоӣ гардид

14 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик»  баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Читать далее Нахустин «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» дар шакли мукаммалу фарогир рӯнамоӣ гардид →

САҲА ба факултетҳои журналистӣ дастгоҳҳои мудерн дод

Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе факултетҳои журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро бо дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ таъмин кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати маориф хабар медиҳад. Читать далее САҲА ба факултетҳои журналистӣ дастгоҳҳои мудерн дод →

Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур» насиби рӯзноманигор Қурбон Аламшоев гардид

Дар ҳошияи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» Озмуни ҷумҳуриявии  «Гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур» эълон гардида буд, ки давоми даҳ моҳ  беш аз 80 мавод ба озмун пешниҳод ва ғолибон муайян гардиданд.  Читать далее Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур» насиби рӯзноманигор Қурбон Аламшоев гардид →

Аз «сиёҳу сафед» то моҳвора. 62 соли телевизиони тоҷик. ВИДЕО

Рӯзи сеюми октябр ба таъсиси телевизиони тоҷик 62 сол пур шуд. Ба қавли собиқадорони соҳа, телевизиони тоҷик кори худро дар шароите оғоз кард, ки аз лиҳози дастрасӣ ба дастгоҳву таҷҳизот ва мутахассис камбуди ҷиддӣ дошт. Чунин мушкилиҳо имкон намедод, шумори барномаҳо бештар карда шавад ва эфири телевизионро барномаи хабарии аз се то панҷ дақиқаӣ ва намоиши филмномаҳо пур мекард. Читать далее Аз «сиёҳу сафед» то моҳвора. 62 соли телевизиони тоҷик. ВИДЕО →

Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Истаравшан аз озмуни «SugdNews»

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо диплом ва ҷоизаи махсуси озмуни Агентии иттилоотии «SugdNews» таҳти унвони «Беҳтарин ташаббуси ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ» сарфароз гардонида шуд. Читать далее Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Истаравшан аз озмуни «SugdNews» →

Ҷаласаи СААД, ҷашни Созмони Аҳдномаи Шанхай ва баррасии вазъи Афғонистон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 12 то 19 сентябр

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои асосии кишвар (чун ҳафтаи қабл) дар барномаҳои  ҷамъбастии худ гузоришҳои расмиро истифода бурда, дар бораи баргузории ду чорабинии муҳими сиёсӣ – ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе баргузор шуд, хабар доданд. Мутаассифона, ин дафъа низ руйдодҳо бе таҳлили коршиносон баррасӣ шуданд. Читать далее Ҷаласаи СААД, ҷашни Созмони Аҳдномаи Шанхай ва баррасии вазъи Афғонистон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 12 то 19 сентябр →

Барои инъикоси иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД барои намояндагони ВАО шароити муосир фароҳам гардидааст

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуоти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъсис ёфтааст. Интизор меравад, ки дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфуз, ки бо иштироки бевоситаи сарони кишварҳо, созмонҳо ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ баргузор мешавад, муҳимтарин мавзуъҳои минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии амиқ қарор гиранд. Читать далее Барои инъикоси иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД барои намояндагони ВАО шароити муосир фароҳам гардидааст →