Архив рубрики: Хабарҳо

Озмуни “Солимии деҳаи ман — нерӯи асосии ман” ҷамъбаст шуд

Имрӯз, 27-уми декабр, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар озмун дар мавзӯи “Солимии деҳаи ман — нерӯи асосии ман” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аввали соли равон миёни рӯзноманигорони расонаҳои ватанӣ эълон шуда буд.
Читать далее Озмуни “Солимии деҳаи ман — нерӯи асосии ман” ҷамъбаст шуд →

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. АМИТ «Ховар» беҳтарин ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардид

24 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид. Читать далее ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. АМИТ «Ховар» беҳтарин ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардид →

Саҳифаи аввали рӯзномаи давлатӣ дар Тоҷикистон холӣ нашр шуд. Гӯшзад ба мақомот?

Хабарнигорони “Тахти Қубод” – нашрияи ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон – рӯзи 20-уми декабр саҳифаи аввали рӯзномаро холӣ чоп кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин иштибоҳ ё тасодуф нест, балки “норизоӣ аз холигоҳи иттилоотӣ ва ҳамкорӣ накардани мақомот бо хабарнигорон” аст. Читать далее Саҳифаи аввали рӯзномаи давлатӣ дар Тоҷикистон холӣ нашр шуд. Гӯшзад ба мақомот? →

Додоҷони Атовулло авф шуд! Ӯ метавонад ба Ватан баргардад (видео)

Додоҷони Атовулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Чароғи рӯз”,роҳбари созмони “Ватандор” аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон авф шуд. Дигар ӯ  мавриди таъқиб ва ҷустуҷӯ қарор надорад. Дар ин бора ба сомонаи “Рressa.tj”аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  Читать далее Додоҷони Атовулло авф шуд! Ӯ метавонад ба Ватан баргардад (видео) →

Милисае, ки ба рӯзноманигор таҳдид кард, аз кор озод шуд

Сержанти хурди милитсия Худойдоди Амрохон дар рӯзи ҳодисаи рухдода бо журналист Мусо Бобоҳоҷиев аз кор  озод карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ доданд. Читать далее Милисае, ки ба рӯзноманигор таҳдид кард, аз кор озод шуд →

ЖУРНАЛИСТОН ЗАБОНИ ХОРИҶИРО МЕОМӮЗАНД

Санаҳои 14-15 — уми декабр дар Маркази таълимӣ Бонки милии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” курсҳои интенсивии “English for journalist” баргузор гардид. Читать далее ЖУРНАЛИСТОН ЗАБОНИ ХОРИҶИРО МЕОМӮЗАНД →

Оё дар Ӯзбекистон минбаъд кормандони ВАО таҳти ҳимояти давлат қарор мегиранд?

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зердастонашро муваззаф намуд, ки масъаларо дар бораи лағви барои тӯҳмат ва таҳқир аз озодӣ маҳрум кардани  одамон таҳия кунанд, ҳамчунин системаи дифоъ аз журналистонро аз ҳаракатҳои ғайриқонунии роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ пурзӯр кунанд. Мудири Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комилҷон Алламҷонов баъди он ки аз тарафи Президент Шавкат Мирзиёев ин ба имзо расид, изҳороти расмӣ пахш кард. Читать далее Оё дар Ӯзбекистон минбаъд кормандони ВАО таҳти ҳимояти давлат қарор мегиранд? →

Қирғизистон ҳисоби бонкии Радиои Озодиро ҳабс кард

Хонаводаи Матраимовҳо 9 декабр барои ҳифзи обурӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи дигар ҳисобҳои бонкии расонаҳо, ҷамъан ҳудуди 859 ҳазор долларро ба ҳабс гирифт. Читать далее Қирғизистон ҳисоби бонкии Радиои Озодиро ҳабс кард →

Бозпурсии хабарнигори «Азия-Плюс» ба хотири наворбардорӣ аз арчаи солинавӣ. ВИДЕО

Дар Душанбе шахсияти хабарнигорон ва касоне, ки мехоҳанд бо дастгоҳҳои касбӣ аз арчаи солинавӣ аксу навор бигиранд, санҷида ва номнавис карда мешавад. Читать далее Бозпурсии хабарнигори «Азия-Плюс» ба хотири наворбардорӣ аз арчаи солинавӣ. ВИДЕО →

Бахтиёр Ҳамдамов раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид (навор)

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи 29-уми ноябр дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи худро баргузор кард. Дар ҷаласаи Шӯро роҳбарон ва намояндагони васоити ахбори оммаи мустақил ва ҳукуматии кишвар ширкат карданд.

Читать далее Бахтиёр Ҳамдамов раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид (навор) →