Расо 20 сол пеш, 21-уми январи соли 2000 аввалин нусхаи рӯзномаи “Азия-Плюс” нашр шуд. Дар гурӯҳи расонаҳои мо то он дам 5 сол инҷониб хабаргузорӣ фаъолият дошт, ҳайати рӯзноманигорони касбӣ ҷамъ омада буданд, аммо таҷрибаи нашри газетаро тамоман надоштем. Читать далее 2020 – соли ҷашни “Азия-Плюс”.
Архив рубрики: Хабарҳо
Иҷозаи кор ба 4 корманди Радиои Озодӣ баъд аз муроҷиатҳои батакрор
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз муроҷиатҳо ва пойфишориҳои пайваста ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ аккредитатсия ё иҷозаи кор дод. Читать далее Иҷозаи кор ба 4 корманди Радиои Озодӣ баъд аз муроҷиатҳои батакрор
Кибертерроризм – хатар ба амнияти иттилоотӣ
Раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилиҳоро низ ба бор овардаву сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе дастовардҳои ҷадиди илмию техникие, ки худи инсонҳо кашф кардаанд, имрӯз ба амнияти сокинони сайёра хатар эҷод карда истодааст.
Дар ин росто ҷиноятҳои киберӣ падидаи нав буда, таҳдидҳои он ба амнияти миллии ҳар як давлат ба назар расида, Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо берун нест. Зери мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое фаҳмида мешавад, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд. Читать далее Кибертерроризм – хатар ба амнияти иттилоотӣ
Рӯзноманигори қирғиз Турсунбек Бейшенбеков боздошт шуд
Муҳаррири сомонаи хабарии Chyndyk.kg Турсунбек Бейшенбеков боздошт шуд. Читать далее Рӯзноманигори қирғиз Турсунбек Бейшенбеков боздошт шуд
МЕХАНИЗМҲОИ БЕҲИНАСОЗИИ РАВОБИТИ ИТТИЛООТӢ-ИРТИБОТОТИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ВАО ВА ҶОМЕА
Таъмини иттилоот бобати фаъолияти рўзмарраи ҳукумати маҳаллӣ, ҳамкориҳои иттилоотӣ–иртибототии он бо аҳолӣ, хизматрасонии иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар заминаи рушди мубодилаи иттилоотии оммавӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои мушаххаси мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб мешаванд, ки сиѐсатии иттилоотии ин мақомотро муайян хоҳанд кард ва ин амалкард ба дӯши хадамоти матбуот, ѐ дигар ниҳоди пешбарандаи фаъолиятҳои робита бо ҷомеа вогузор аст. Читать далее МЕХАНИЗМҲОИ БЕҲИНАСОЗИИ РАВОБИТИ ИТТИЛООТӢ-ИРТИБОТОТИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ВАО ВА ҶОМЕА
Рӯзномаи тоҷикзабони “Овози Самарқанд” 30-сола шуд
30-юмин солгарди таъсиси “Овози Самарқанд” бо ҳамкории муассиси рӯзнома – ҳокимияти вилоят, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, садорати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят ва ҳайати таҳририя 15-уми январ дар толори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷашн гирифта шуд. Читать далее Рӯзномаи тоҷикзабони “Овози Самарқанд” 30-сола шуд
Сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон. Узбекистон ҷазо таъйин кард, Тоҷикистон чӣ?
Дар Узбекистон пешниҳод карданд, ки барои сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон ва монеъ шудан барои гирифтани иттилоъ, масъулон то 115 доллари амрикоӣ ҷарима шаванд. Дар Тоҷикистон низ қонунгузорӣ барои сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо расонаҳо муҷозотеро пешбинӣ кардааст. Аммо, ба гуфтаи соҳибназарон, ба далели набудани «иродаи сиёсии мақомоти баландпоя», ин муқаррарот сарфи назар мешавад. Читать далее Сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон. Узбекистон ҷазо таъйин кард, Тоҷикистон чӣ?
Тоҷикистонро барои фишор ба Радиои Озодӣ танқид карданд
Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 14-уми январ гузориши бузургеро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 100 кишвари дунё нашр кард ва гуфт, “вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2019 бадтар шудааст.” Читать далее Тоҷикистонро барои фишор ба Радиои Озодӣ танқид карданд
Нашрияи “Овози Самарқанд” сисола шуд
Толори барҳавои Донишгоҳи давлатии Самарқанд намуди идона касб карда буд ва меҳмононро яке аз паси дигар ба канор мепазируфт. Дастандаркорони ҷашнвораи “Овози Самарқанд” меҳмонҳоро бо таоруф ва илтифоти хуб хайрамақдам мегуфтанд. Мақомоти роҳбарии вилоят ва шаҳри Самарқанд, собиқадорони меҳнат, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталиф, вакилони созмонҳо ва идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори умум оҳиста барои ширкат дар ин ҷашнвора гирди ҳам меомаданд ва нишастгоҳҳои толорро ишғол карданд. Читать далее Нашрияи “Овози Самарқанд” сисола шуд
Ӯзбекистон барои монеа ба фаъолияти рӯзноманигорон ҷарима таъйин мекунад
Интизор меравад дар Узбекистон бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои дахолат ва эҷоди монеа ба фаъолияти рӯзноманигор ҷарима таъйин шавад. Читать далее Ӯзбекистон барои монеа ба фаъолияти рӯзноманигорон ҷарима таъйин мекунад