Ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Time» бо такя ба Эътилофи ягонаи матбуоти озод (The One Free Press Coalition) — гурӯҳи муҳаррирони маъруфи матбуотӣ дар моҳи март исми Далер Шарифовро ба феҳристи журналистони рӯбарӯ бо таҳдид ворид кардааст. Читать далее Исми Далер Шарифов дар феҳристи «10 таҳдиди фаврӣ ба озодии матбуот»
Архив рубрики: Хабарҳо
Ду блогнависи тоҷик ҷоизаи сафар ба Лондонро гирифтанд
Ду блогнависи тоҷик дар озмуне барои дарёфти ҳаққи коромӯзӣ дар расонаҳои Бритониё пирӯз шуда, дар зудтарин фурсат озими Лондон мешаванд. Ин блогнависон бовар доранд, ки кори онҳо ба фоидаи ҷомеа аст, ҳарчанд на ҳама аз чунин мавзеъ ҳимоят мекунанд. Читать далее Ду блогнависи тоҷик ҷоизаи сафар ба Лондонро гирифтанд
HRW гуфт, Далер Шарифов бо иттиҳоми бепоя боздошт шудааст.
Созмони дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо нашри изҳороте рӯзи 21 феврал гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон журналисти маъруфро, “зоҳиран, барои навиштаҳояш боздошт карданд”. Далер Шарифов, ки рӯзи 28 январ дастгир шуд, аз ҷониби мақомот дар «барангехтани кинаву адовати динӣ» гумонбар шуда бо қарори додгоҳ ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст. Наздикони Далер Шарифов мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гуноҳе накардааст ва зоҳиран китоби навиштааш дар бораи масоили ислом ва терроризм баҳонаи аслии боздошти ӯ шудааст. Читать далее HRW гуфт, Далер Шарифов бо иттиҳоми бепоя боздошт шудааст.
Радиои Озодӣ надодани иҷозаи кор ба хабарнигоронро дар Қазоқистон танқид кард
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мақомоти Қазоқистонро барои надодани иҷозатномаи кор ба ду хабарнигори ин радио дар Қазоқистон танқид ва ин иқдоми мақомоти Қазоқистонро талоши дахолат ба фаъолияти радио номид. Мақомоти Қазоқистон ба Санат Урналиев ва Мария Мелникова иҷозаи кор надоданд. Читать далее Радиои Озодӣ надодани иҷозаи кор ба хабарнигоронро дар Қазоқистон танқид кард
Вилояти Хатлон: сифати нишастҳои матбуотӣ чӣ гуна буд?
Хабарнигорони водии Вахш мегӯянд, ҷамбасти сол дар ташкилоту корхонаҳои вилояти Хатлон назар ба ҷамбасти нимсолаи аввал хуб буд, аммо гурехтан аз суоли хабарнигорон ва маълумот надоштани худи роҳбарон ҷой доштааст. Читать далее Вилояти Хатлон: сифати нишастҳои матбуотӣ чӣ гуна буд?
Нашрияи “Файзи Зарафшон” 85-сола шуд
Нашрияи “Файзи Зарафшон” ягона васоити ахбори оммаи чоппӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 1934 то ба ҳол нашр мегардад ва барои пур кардани фазои иттилоотии ин маҳал то андозае нақши бориз дорад. Айни замон муассис ва маблағгузори ин нашрияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба зимма дорад. Читать далее Нашрияи “Файзи Зарафшон” 85-сола шуд
Забон ва рекламаи ВАО-и маҳаллӣ хароб, ҷумҳириявӣ чӣ?
«Дар эълону рекламаҳои сатри равон, ки дар онҳо асосан забони русӣ истифода мешавад, ҳангоми истифодаи забони тоҷикӣ дар аксар маврид ба ғалати имлоӣ роҳ дода шуда, ҳарфҳои қ ба к, ҳ ба х, ҷ ба ч, ӯ ба у, ғ ба г, ӣ ба и ва монанди инҳо иваз мешавад. Масалан, аз шабакаи телевизионии “Салом” рафтани сатри равон бо чунин тарз “Оханпора мехарам”, бо нархи 1 кг ду сомони”, “Пахта ва когазпора мехарам” ба фарҳанги имлои забони тоҷикӣ мутобиқ нест». — раиси дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд аз ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки масъалаи забон ва пахши барзиёди рекламаҳои номутобиқ матраҳ гардид, хабар додааст. Читать далее Забон ва рекламаи ВАО-и маҳаллӣ хароб, ҷумҳириявӣ чӣ?
«ДОДАНИ ТӮҲФА, ДАСТУРХОН ОРОСТАН ДАР НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ЗАРУРАТ НАДОРАД»
Ин яке аз ҷавобҳои журналистони вилояти Суғд доир ба суоли «Нишастҳои матбуотиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва аз он то куҷо қаноатманд ҳастед?» мебошад. Читать далее «ДОДАНИ ТӮҲФА, ДАСТУРХОН ОРОСТАН ДАР НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ЗАРУРАТ НАДОРАД»
«Суоли зиёд надиҳед», «вақт тамом шуд»…Пурсишу посух бо вазирон чӣ гуна гузашт?
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ дар пайи анҷоми нишастҳои хабарии мақомоту идораҳо гуфт, «ин нишастҳо талаботи хабарнигоронро пурра қонеъ намекунад». Хабарнигорон дар суҳбат ба ин созмон гуфтаанд, роҳбарони аввал баъзан худашон ба нишастҳо намеоянд ва ё аз ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон бо ҳар баҳона худдорӣ меварзанд. Аммо мақомот ин гуна андешаҳоро рад карда, мегӯянд, онҳо дар нишастҳои хабарӣ ба ҳама суолҳо «посухи мушаххас» медиҳанд. Читать далее «Суоли зиёд надиҳед», «вақт тамом шуд»…Пурсишу посух бо вазирон чӣ гуна гузашт?
Дар Тоҷикистон матолиби диниро чӣ гуна бояд навишт?
Пайгирии масоили мазҳабӣ ва тундгароии динӣ гоҳе метавонад барои хабарнигорон дардисарсоз шавад. Ин нукта дар як нишасте дар Душанбе садо дод, ки дар онҷо роҳнамои нахустин барои таҳияи матолиби динӣ муаррифӣ шуд. Читать далее Дар Тоҷикистон матолиби диниро чӣ гуна бояд навишт?