Архив рубрики: Хабарҳо

Эътирози кормандони «Вечерний Душанбе» муқобили Акбаралӣ Сатторов

Кормандони нашрияи «Вечерний Душанбе» дар ҳайати сардабири ҳамин нашрия Гулнора Амиршоева, хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимир Яковлев ва саҳифабанд Далер Муминшоев 18-уми январи соли 2011 дар бораи қатъ кардани фаъолияти меҳнатияшон дар ҶММ «Чархи гардун» аз сабаби муносибати дағалонаи муассиси нашрия изҳороти дастҷамъона пахш намуданд.

Аз ҷумла, дар изҳорот омадааст: «Мо аз фишороварии пайвастаи роҳбари кулли ҶММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Сатторов нисбати мо тайи солҳои охир комилан розӣ нестем. Аз он ҷумла, аз ҷониби ӯ хӯрдагирии беасос ба рӯзноманигорон ва дигар кормандон, аз кор озод намудани ҳайати эҷодӣ аз сабаби хусуматҳои шахсӣ, роҳандозӣ намудани сензура ҳангоми таҳияи маводҳои мушкилоти иқтисодӣ-иштимоидошта ба хашм омадем».

Ҳамчунин, дар идомаи изҳорот гуфта мешавад: «Дар асоси ҳамин проблемаҳои ҷойдошта ҳайати кормандони нашрия ба ҳадди ниҳоӣ кам карда шуд. Мӯҳтавои нашрия ба маротиб коҳида, ба шӯҳрати ин нашрия ва обрӯи ҳайати эҷодӣ латма ворид намудааст».

Тибқи ин изҳорот, тайи ин муддат сардабири нашрия Гулнора Амиршоева ва рӯзноманигорон аз соҳибмулки нашрия чандин бор даъват ба амал овардаанд, ки шароити мусоиди корӣ ва техникиро ба роҳ монад, аммо аз ҷониби муассис ин пешниҳод рад карда шудааст.

Охирин сабри ҳайати эҷодии рӯзномаро эроди Акбаралӣ Саттров дар бораи бастани нашрия аз сабаби фоидаовар набудани он барҳам задааст.

Ба гуфтаи Г. Амиршоева, дар сӯҳбати охиронаш А. Сатторов изҳор доштааст, ки нашрияро аз сабаби зараровар буданаш ба ивази маблағи калон мефурӯшад ё нашри онро боз медорад.

«Мо ҳайати эҷодии нашрия тайи солҳои охир дар ин нашрия собитқадамона кор мекунем ва шӯҳрати онро боло бардоштем. Қобили қабул нест, ки нашрияи «Вечерний Душанбе»-ро банданд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар поёни изҳорот кормандони нашрия гуфтаанд, ки тайёранд чопи мустақилонаи ҳафтаномаро бар дӯш бигиранд ва ҳамзамон аз ҳамкорон — рӯзноманигорон ва созмонҳои ҷамъиятӣ хоҳиш кардаанд, ки ин тасмимро дастгирӣ намоянд.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=10812&Itemid=30

«Кумитаи 29-и сентябр» барҳам хӯрд

«Кумитаи 29-и сентябр», ки чаҳор моҳ пеш аз сӯи чанд созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақил ташкил шуда буд, фаъолияти худро расман қатъ кард. Ин тасмим аз сӯи таъсисдиҳандагони он гирифта шуд, ки мегӯянд, эътилоф вазифаи хешро анҷом дод.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди муваққатӣ бо номи «Кумитаи 29-и сентябр» пас аз анҷоми рисолаташ пароканда эълон шуд. Ин ниҳод дар авҷи душворҳиои кори нашрияҳои мустақил ва торнамоҳо барои коҳиши фишор ба расонаҳои ҳамагонӣ таъсис ёфта буд.

Ҷаноби Қаршибоев мегӯяд, дар муддати фаъолияти кумита чопи се нашрия — «Нигоҳ», «Пайкон» ва «Фараж», ки ба сабабҳои номаълум ва ғайриқонунӣ мутаваққиф шуда буданд, дубора нашр шуданд.

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, фаъолияти ду сомонаи интернетии Тоҷикистон — Авеста ва Тоҷнюс ва се торнамои хориҷӣ, аз ҷумла Tjk.news, Fergana.ru ва Centrazia.ru низ комилан роҳандозӣ гардид. Дар ҳоле, ки фаъолияти ин сомонаҳо масдуд шуда буд.

Масъулони Кумитаи 29-и сентябр мегӯянд, ки ҳарчанд фаъолияташро қатъ кардааст, аммо созмонҳои шомили он, минбаъд низ барои рушди озодии баён ва фаъолияти муназзами расонаҳо талош хоҳанд кард.

Кумитаи 29-и сентябр пас аз вуқӯъи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар таърихи 19 сентябри соли гузашта , ки ба кушта шудани 25 афсару сарбоз ва ҷароҳат бардоштани 15 тани дигар мунҷар гардид, таъсис ёфта буд.

Зеро ба таъкиди дастандаркорони ин иқдом, пас аз пӯшиши ин воқеа ва ҳаводиси шарқи Тоҷикистон дар нашрияҳои мустақил, дар нашри шумораҳои минбаъдаи «Нигоҳ», «Пайкон» ва «Фараж» мушкил пеш омад ва муддате ҳам чопи онҳо тавассути чопхонаҳо мутаваққиф гардид. Ҳамин тавр чанд сомонаи интернетӣ низ масдуд шуд.

Ҷаноби Қаршибоев қатъи фаъолияти нашрияҳои мустақилро ба пахши матолиби интиқодӣ аз ҳаводиси Рашт, махсусан танқиди вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев вобаста медонад. Аммо раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо таваҷҷӯҳ ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус САҲА ва кишварҳои хориҷӣ, омили фаъолияти муназзами расонаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ва ба ин васила рушди озодии баён дар ҷомеа гардид.

Ҳамзамон Нуриддин Қаршибоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти давлатӣ дар ин муддат барои рафъи мушкилоти мавҷуд ҳамкорӣ накарданд ва ҳатто ба суолҳои мо посухе ҳам надоданд.

Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2267452.html

«Кумитаи 29 сентябр» ба фаъолияти худ поён дод

Эътилофи расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки бештар бо номи «Кумитаи 29 сентябр» маъруф аст, мегӯяд, ки ба далели «бароварда шудани аҳдофаш» фаъолияташро мутаваққиф кардааст.

Ин созмон дар авоили моҳи октябри соли гузашта тавассути сардабирони иддае аз нашрияҳои мустақилли чопи Душанбе ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон таъсис шуда буд.

Исми ин ниҳод аз таърихи рӯзе гирифта шуда буд, ки ба далоили мухталиф нашрияҳои мустақилли “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз чоп бозмонданд ва сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

Ин амр пас аз он сурат гирифт, ки мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз тариқи телевизиюни давлатӣ нашрияҳои мустақиллро ба иғвоангезӣ ва «ҳамкорӣ бо теруристон» муттаҳам карданд ва фаъолияти нашрияҳоро омили ба ҳолати бӯҳронӣ расондани вазъи низомию сиёсии кишвар хонданд.

Аз ҷумла, женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати телевизиюнӣ таъкид кард, ки нашияҳои мустақил «ҳаводиси водии Раштро муғризона мунъакис карда ва аз теруристҳо пуштибонӣ мекунанд.»

Женерол Хайруллоев аз ниҳодҳои додситонӣ даъват карда буд, ки дар қиболи ин гуна нашрияҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Ҳамчунин, масъулони давлати Тоҷикистон дар мавриди имкони сонсури мӯҳтавои нашрияҳо пеш аз чоп низ ҳушдор дода буданд.

Аъзои «Кумитаи 29 сентябр» ба навбаи худ барои ҳимоят аз озодии баён дар Тоҷикистон зимни як нома ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар хостори дидор бо Президент Раҳмон шуданд.

Дар ин нома аз мавориди фаровони фишор бар нашрияҳо ва расонаҳои мустақил, сарпечии чопхонаҳо аз чопи нашрияҳо ва мушкилоти дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ ибрози нигаронӣ шуда буд.

Ҳамчунин, ин ниҳод ба сохторҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилӣ муроҷиъа карда ва дар мусоҳибаҳо бо расонаҳои хориҷӣ мавзӯъи мушкилоти озодии баён дар ин кишварро матраҳ кард.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АРМТ), масдудияти сойтҳо ва аз чоп бозмондани нашрияҳо эътирозоту интиқодот ва вокунишҳоеро аз сӯйи созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии баён ва сафоратҳои муқими шаҳри Душанбе дар пай дошт.

Оқои Қаршибоев гуфт, ки ба дунболи он «ҳалқаи муҳосираи нашрияҳо ва расонаҳои мустақил аз ҷониби ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон суст шуда, нахуст сойтҳои интернетии “avesta.tj” ва “tojnews.tj” фаъол гардиданд ва дар авохири моҳи гузашта чопи нашрияҳои мустақилли “Нигоҳ” ва “Фараж” аз сар гирифта шуд.

Раиси АРМТ таъкид кард, ки ба ин тартиб «Кумитаи 29 сентябр» вазифаи худро иҷро кард ва бо талошҳои ин ниҳод мавонеъ дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистон бартараф гардид.

Ҳамзамон, дар баёнияе, ки дар сойти интернетии ин созмон мунташир шудааст, омадааст, ки сойти интернетии ин ниҳод ва пусти электрунияш фаъол буда ва омода аст дар ҳалли масоили марбут ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ба онҳо кумак кунад.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», нақши «Кумитаи 29 сентябр»-ро дар рафъи мавонеъи ба гуфтаи ӯ маснӯъӣ дар фаъолияти нашрияҳо ва расонаҳои мустақилли Тоҷикистон муассир арзёбӣ карда ва гуфт, ки барои аввалин бор дар ин кишвар мушкилоти озодии баён бо талошҳои як ниҳоди вижаи хабарнигорон ҳал шудааст.

Оқои Атоулло таъкид кард, ки аз қабл ҳадафи аслии Эътилофи расонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон танҳо эътирозу шикоят набуда ва ин созмон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз роҳҳои гуфтушуниду музокирот бо ниҳодҳои зирабти давлатии Тоҷикистон талош мекард.

Зимнан, дар феҳристи ҷадиди созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз Тоҷикистон дар соли 2010 дар заминаи озодии баён ду зина пойин рафта ва дар мақоми 115-ум ҷой гирифтааст.

Дар гузориши ин созмон, далели ин амр ба фишорҳои мақомоти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бар расонаҳо ва нашрияҳои мустақил дар ду соли гузашта марбут хонда шудааст.

Коршиносон мегӯянд, феҳристи Гузоришгарони Бидуни Марз дар бораи вазъи озодии баён дар кишварҳои ҷаҳон вазъияти озодии баён аз моҳи сентябри соли 2009 то сентябри 2010-ро дар бар мегирад.

Дар ин гузориш мавориди таҳдиду даъвоҳои мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон бо нашрияҳои мустақил дар мавриди бозтоби даргириҳои водии Рашт ва масдуд шудани сойтҳои интернетию мутаваққиф шудани чопи нашрияҳои мустақил шомил нашудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110105_mm_tajik_press.shtml

Бахтиёр Ҳамдамов — беҳтарин публитсисти сол

[b]Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон сардабири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамовро барои силсилаи мақолаҳояш «Беҳтарин публитсисти соли 2010» эълон намуд.[/b]

Бояд зикр намуд, ки Бахтиёр Ҳамдамов номзади илмҳои филологӣ буда, аз соли 2008 сардабири рӯзномаи «Минбари халқ» аст.

Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2007 таъсис ёфтааст. То ин дам нависандагони публитсист Бахтиёри Муртазо, Абдуғаффор Абдуҷабборов, рӯзноманигорон В. Воробёв, Хуршеди Атовулло, Зиннатуллоҳи Исмоил, В. Фролов ва Умари Шерхон сазовори ҷоизаи Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон гашта буданд.

Ҳайати эҷодии Оҷонсии иттилоотии TojNews ҳампешаи худ Бахтиёр Ҳамдамовро барои сазовор гардидан ба ҷоизаи Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояш қалами бурро, сарбаландӣ ва дар корҳои эҷодияш комёбиҳо хоҳонанд.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Источник: TojNews

Фавти беш аз 500 рӯзноманигор тӯли 5 соли охир

[b]Соли гузашта дар 33 кишвари дунё на кам аз 105 рӯзноманигор ҳангоми иҷрои масъулияти касбии хеш ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дар маърӯзаи ташкилоти ғайриҳукуматии швейтсарии дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон — Presse embleme campagne (PEC) қайд шудааст.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, соли 2010-ум «каме пураламона» будааст нисбат ба соли гузашта. Зеро, ҳангоме ки 122 намояндаи ВАО ба қатл расонида шуданд, бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо соли 2008-ум теъдоди қурбониён миёни рӯзноманигорон ба 14 нафар афзудааст.

— Дар робита ба ин, Иттиҳоди байналхалқӣ ҳоло ягон усули барои ба анҷомрасонии ҷиноят бар зидди рӯзноманигоронро омода накардааст,- меафзояд манбаъ.

Аз рӯи маълумоти PEC, дар соли 2010-ум аз ҳама кишвари барои намояндагони ВАО хавфнок Мексика ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар 14 рӯзноманигор ҳангоми эътироз нисбат ба ҳокимияти давлатӣ ба қатл расонида шуданд. Боз яке аз кишвари хавфнок барои намояндагони ВАО Покистон буда, дар ин ҷо низ 14 рӯзноманигор фавтидааст. Аммо дар робита ба ин, ҷоиз ба қайд аст, ки аксари рӯзноманигорон дар наздикии сарҳади Афғонистон ҳалок гаштаанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар кишварҳои Ҳондурас (9 куштор) ва Ироқ (7 куштор) теъдоди зиёди куштор ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи сабқат Русия 6-умин давлатест, ки 5 рӯзноманигораш ҳангоми иҷрои вазифаи хеш ба марг дучор шудаанд.

Тибқи омори ин ташкилот, тӯли 5 соли охир, дар ҷаҳон ҳамагӣ 529 рӯзноманигор ба ҳалокат расидаанд ва аз ҳама фоҷеаи зиёд дар кишварҳои Ироқ, Мексика, Покистон ва ҳамзамон дар Филиппин ба чашм мерасад. Хушбахтона, дар омори ташкилоти мазкур ягон нукта аз рӯзноманигорони тоҷик вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки ташкилоти мазкур барои ноил шудан ба қабули конвенсияи махсуси байналхалқии дифоъ аз рӯзноманигорони дар минтақаи низоъ кору фаъолиятдошта талош меварзад.

Ҷамшед МАЪРУФ

Источник: TojNews

«Кумитаи 29 сентябр» фаъолияташро қатъ кард

4 январи соли 2011. ш. Душанбе

[b]Эътилофи ВАО ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи касбии ҳуқуқи журналистон («Комитети 29 сентябр») бинобар иҷрои вазифаҳои асосии дар пешаш гузошташуда, дар бораи парокандашавии худ қарор қабул кард.[/b]

Моҳи октябри соли 2010 гурўҳе аз роҳбарони ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятии журналистӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба он ки дар Тоҷикистон муқобили як гурўҳи матбуоти мустақил фишори бесобиқа оғоз шуд, муттаҳид гашта, иттиҳоди ғайрирасмии журналистӣ таъсис доданд, ки номи «Комитети 29 сентябр»-ро гирифт.

29 сентябри соли гузашта IP-суроғаҳои ду сомонаи маҳаллӣ (Avesta.Tj ва Tojnews.Tj) ва се сомонаҳои хориҷӣ (Tjknews.com, Ferghana.Ru, Centrasia.Ru) дастнорас шуда буд. Баъд аз чанд рўзи он, аз тарафи кумита андози ҶТ бо дастгирии телекамераҳои телевизиони давлатӣ тафтишот дар ҳама чопхонаҳои шахсии кишвар гузаронида шуд, ки баъди он ҳама чопхонаҳо аз чопи нашрияҳои хусусии «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» даст кашиданд.

Ҳамаи ин амалҳо дар як вақт бо барномаи телевизионӣ ва муроҷиатномаи роҳбарияти вазорати мудофиаи кишвар, ки матбуоти хусусиро дар иғвоангезӣ ва ба ҳолати бўҳронӣ расонидани вазъияти ҳарбию-сиёсии кишвар гунаҳкор мекард, сурат гирифт. Ба таври алоҳида дар бораи оғози сензуракунонии мўҳтавои газетаҳо пеш аз чопи расонаҳо изҳор карда шуд.

Баъди ин аъзои «Комитети 29 сентябр» қарор доданд, ки фаъолияти худро дар доираи қонуни амалкунанда мутобиқ кунонида, ҳамаи имкониятҳоро барои барқарор кардани ҳолате, ки то 29 сентябр вуҷуд дошт ва кушодани фаъолияти ҳамаи ВАО-и мамнўъ эълоншуда ва барҳам додани сензура истифода хоҳанд бурд.

Бояд қайд кард, ки аъзоёни асосии намояндагони чор ВАО-и «муҳосирашуда» ва ассотсиатсияи АМВОМТ (НАНСМИТ), чораҳои якҷоя барои ҳалли масъалаҳои гузошташударо қабул кардаанд.

Иқдомоти мазкур дар шаклҳои зерин баён карда шуданд:

— ариза ба номи раиси ҷумҳур ва дигар масъулини Ҳукумат;

— ариза ба сохторҳои ҳуқуқии байналхалқӣ ва ҳукумат;

— ташкили васеи маъракаи иттилоотӣ дар бораи мушкилоти озодии баён (ташкили сомона-блог, саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷойгузин намудани баннерҳо дар сомонаҳои худӣ, додани мусоҳибаҳо дар сомонаҳои хориҷӣ ва ТВ;

— тайёр намудани эътирознома ва даъвоҳои судӣ дар муқобили мақомоте, ки кўшиш барои расонидани фишор ба матбуоти мустақилро доштанд ва онро пуштибонӣ мекарданд.

— гуфтушунид бо ҷонибҳои зиддахл.

Фаъолияти кумита таъсири зиёди байналхалқӣ, аксуламал дар доираҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ба амал овард, Натиҷаҳо чунин шуд, ки оҳиста-оҳиста ба муҳосираи ВАО хотима дода шуда, сомонаҳои Avesta.Tj ва каме баъдтар Tojnews.Tj (ки дар ин давра домени худро ба Tojnews.Org иваз намуд) дастрас гардиданд, ҳафтаномаи «Нигоҳ» чоп шуд ва дар фарорасии соли нав чопи «Фараж» ҳам ба роҳ монда шуд.

Инак, то якуми январ, вазифаҳои асосии «Комитети 29 сентябр» иҷрошуда, ҳисоб мешавад. Кўшиши маҳдуднамоии озодии баён бо кўшиши аъзои комитет бартараф карда шуд, ВАО-и басташуда аз нав фаъолият мекунанд ва чоп мешаванд ва ба ин хотир кумитаи тадорукот дар бораи худбарҳамдиҳӣ қарор баровард.

Ҳамзамон, аъзоёни кумита қарор доданд, ки аз ин баъд низ дар ҳалли масоили гуногун дар дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва ахбор ҳамраъйӣ зоҳир мекунанд. Сомонаи эътилоф [url=http://tjk29.livejpurnal.com]http://tjk29.livejpurnal.com[/url] ва почтаи электронии кумита [url=komitet29@gmail.com]komitet29@gmail.com[/url] барҳам нахўрда, фаъолияташро қатъ накардааст ва доимо тайёр аст, дар ҳалли масоили гуногуни нақзи ҳуқуқи журналистон дар кишвар ҳамкорӣ намояд.

Фаъолияти эътилофи «Кумитаи 29 сентябр» нишон дод, ки эътилофи журналистӣ қувваи бузурги ҷамъиятӣ буда, дар ҳали масъалаҳои озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва ҷараёни рушди давлати дунявию демократӣ саҳми босазо дорад.

Источник: Кумитаи тадорукот.

Сиёсат дар соли 2010: «Таназзули демукросӣ, афзоиши ноамнӣ»

Аксари коршиносон интихоботи порлумонии Тоҷикистон, даргириҳо дар водии Рашт ва фирори 25 тан аз зиндониён аз маҳбасро аз таҳаввулоти асосии сиёсӣ дар соли 2010 унвон мекунанд.

Аз сӯйи дигар, бархе аз ҳуқуқдонҳо ба додгоҳ кашида шудани беш аз панҷ нашрияи мустақил дар Тоҷикистон ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар соли 2010-ро аз ҷумлаи иттифоқоте мешуморанд, ки демукросӣ дар ин кишварро зери суол мебарад.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлили мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=10]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=10[/url]

Источник:

Тавсеъаи дастрасӣ ба интернет дар навоҳии Бадахшон

Бисёре аз навоҳии дуруфтодаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои бори аввал дар таърих ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ пайдо кардаанд.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлили мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=11]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=11[/url]

Источник:

Омилҳои ҳуқуқӣ ва анъанаи одоби журналистӣ дар ҷахон ва Тоҷикистон

Таҷрибаи рушди озодии баён дар ҷаҳон муҳимияти риояи одоби нигорандагиро дар баробари омилҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ исбот кардааст. Анъанаи риояи меъёрҳои ахлокии журналистон таърихи беш аз садсола дорад. Соли 2009 Шўрои матбуоти Норвеги ҷашни як асраи худро таҷлил намуд. Як моҳ қабл ҳайати Шўрои ВАО Тоҷикистон дар чашни нимасраи Шўрои матбуоти Нидерландия ширкат варзид. Яъне, ғояи худтанзимзикунии ВАО ва фаъолияти журналистӣ — тавассути риояи қоидаю қолабҳои аз ҷониби худи чомеаи журналистон қабул гардида, дирўз пайдо нашудааст.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлилии сомона, дар суроғаи зерин мутолиа намоед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=9]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=9[/url]

Нуриддин Қаршибоев

Источник:

Нишебу фарози чаҳор соли «Фараж»

[b]Имрӯз 22-юми декабр, аз нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи «Фараж» чаҳор сол сипарӣ мешавад. 22-юми декабри соли 2006, шумораи аввали он аз дасти чоп раҳо ва ба бозори матбуот ворид шуд. Аммо «Фараж» яке аз нашрияҳои хусусии чопи Душанбе дар ҳоле аз чаҳорсолагии ташкилёбии худ таҷлил мекунад, ки беш аз ду моҳ аст ба нашр намерасад.[/b]

Чопхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ аз нашри он даст кашиданд. Ин ҳафтанома ба дунболи инъикоси ҳодисаи кушта шудани 25 сарбозу афсари вазорати дифои Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста бо Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ, мавриди интиқоди вазорати дифои Тоҷикистон қарор гирифт ва ниҳоят аз чопи он чопхонаҳо даст кашиданд.

Матни пурраи мақоларо дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа карда метавонед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=7]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=7[/url]

Источник: