Архив рубрики: Хабарҳо

Хулосаи матолиби нашрияҳои Тоҷикистон

Таркиш дар фурудгоҳи «Домодедово», ки боис ба кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон низ шуд, аз муҳимтарин матолиби ин ҳафтаи нашрияҳои Душанбест.
«Боз навҳаи «Бачамой …» баланд шуд», «Ноновари хона», «Тоҷикистониёни кушташуда», «Теракт дар Маскав: тоҷикон фавтиданд» Таҳти ин сарлавҳаҳо бахши аъзами ҳафтномаҳои чопи Душанбе ҳодисаи таркиш дар «Домодедово» ва куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро бо аксҳо ва нигаронӣ аз ваҳшати терроризм ба риштаи тасвир кашидаанд.

[b]»Мардони ватан нонбиёрӣ рафтанд»[/b]

«Азия-плюс» бо хабарҳои расмӣ дар робита ба таркиш иктифо намуда, ному насаби ду тан аз кушташудаҳо ва 16 захмишударо бо нишонии пурраашон дарҷ кардааст.

«Миллат» як сафҳаи худро ба ин ҳодисаи маргбор бахшида, изҳори таассуф мекунад, ки тоҷиконро бе ин ҳамалоти террористӣ ҳам скинҳедҳо ё тоссарҳо ва миллатгароёни рус таъқиб мекунанду ба қатл мерасонанд. Ба навиштаи ин ҳафтанома, дар ҳодисаи «Домодедово» низ балои марг ба сари ҳамватанони бечораи мо рехтааст.

«Пайкон» зери сарлавҳаи «Мардони ватан нонбиёрӣ рафтанд» аксҳоеро аз лаҳзаҳои таркиш дар «Домодедоево» дар сафҳаи аввали худ ҷой додааст.

«СССР» ду саҳифаи худро ҳамроҳ бо аксу хабарҳо ба таркиши «Домодедово» ихтисос дода, таъкид мекунад, ки новобаста аз изҳои «қафқози»-ю «исломӣ» мақомоти Русия бояд дастандаркорони аслиии ин воқеаро фош кунанд. Зеро ба навиштаи ин нашрия, Русия дар ростои баргузории як маъракаи муҳими ҷаҳонӣ Олимпиадаи Сочӣ ва Ҷоми ҷаҳон-2018 қарор дорад.

[b]Чаро вазорати муҳоҷирон таъсис нашуд?[/b]

«Фараж» дар заминаи ҳодисаи «Домодедово» ба масъалаи таъсиси Хадамоти муҳоҷират ҳам таваҷҷӯҳ намуда, навиштааст, ки бунӣди ин ниҳод бисёр муҳим аст, вале набояд ин идора ба манбаи даромади чанд масъули дигар табдил ёбад.

Ба ҳамин мавзӯъ нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — «Наҷот» низ рӯ оварда, таҳти унвони «Чаро вазорати муҳоҷират таъсис дода нашуд?» зарурати як ниҳоди фарогирро, ки тавонад лашкари муҳоҷирони тоҷик дар Русияро танзим кунад дар миён гузоштааст.

«Нигоҳ» низ ба зарур будани ин хадамот таъкид карда, менависад, ки барои ҳамаҷониба таҳти назорат қарор додани муҳоҷирони корӣ ниҳоди босалоҳиятар, яъне вазорат зарур аст.

[b]Қонунҳои ғайриодии Тоҷикистон[/b]

Дар ҳоле ки аз тариқи расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баҳси қонуни масъулияти падару модар идома дорад, «Азия Плюс» менависад, Тоҷикистон чанд қонуни ғайриодие қабул кардааст, ки дар ҳеҷ гӯшаи дунё вуҷуд надорад.

Яке қонуни танзими расму оинҳо ва ҳоло — тарҳи қонуни масъулияти падару модар. Ин ҳафтанома пешниҳод мекунад, ки як қонуни дигари ғайриодӣ ҳам бояд пазируфта шавад ва ин ҳам қонун дар бораи мубориза алайҳи маҳалгароӣ.

Дар ҳамин ҳол, шоир Бозор Собир қабл аз бозгашташ ба Амрико дар сӯҳбат ба нашрияи «Миллат» ба номуассир будани ҳузури аҳзоби сиёсӣ таъкид карда, гуфтааст, аксари ин аҳзоб барои ҷомеаи Тоҷикистон зарур нестанд, бахусус, ҳизби динии наҳзати исломӣ.

[b]Оромгоҳи бузургон дар Лучоб[/b]

Дар ҳоле ки ҳафтаномаҳо ба масоили мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷӯуҳ доранд, ҳафтаномаи «СССР» таҳти унвони «Дар бодияи хомӯшони Миллат» аз оромгоҳи Лучоб гузориши муфассале нашр намудааст, ки вазъи ногувори қабри чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ва адаби тоҷикро бо аксҳои мухталиф тасвир кардааст.

Ин мақола ба 100-солагии Мирзо Турсунзода, шоир ва қаҳрамони миллии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома, мармари марқади оромгоҳи устод Турсунзода рахна хӯрда, навиштаҳои қабр нохоно шудаанд ва қабри дигар аз шоирону ҳунармандони номовари тоҷик, ки дар ин оромгоҳ ҳастанд ба вайрона табдил шудааст.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2288910.html

Худдории додгоҳ аз баррасии даъвои «Авесто»

[b]Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз баррасии даъвои хабаргузории «Авесто» алайҳи ширкати «Сомон Эйр» худдорӣ кардааст.[/b]

Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи «Факти и комментарии» ва хабаргузории «Авесто» аз болои чанд ширкат, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба додгоҳ шикоят бурда ва даъво кардааст, ки ин ширкатҳо ба саволҳои нашрия посух нагуфта, қавонини ҷории кишварро зери по гузоштаанд.

Аммо додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз баррасии даъвои Зафар Абдуллоев нисбат ба раҳбари ширкати «Сомон Эйр» Алишер Рустамов худдорӣ карда, гуфтааст, ки ин баҳс бояд дар додгоҳи иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Зафар Абдуллоев мегӯяд, ӯ ҳеҷ гуна даъвои иқтисодӣ надорад, ки баҳсро ба додгоҳи иқтисодӣ бикашад. Балки даъвои ӯ аз болои раиси «Сомон Эйр» барои посух надодан ба саволҳои нашрия ва зери по гузоштани чанд қонун, аз ҷумла Қонуни матбуоти Тоҷикистон аст.

Оқои Абдуллоев гуфтааст, «ин тасмими додгоҳи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ. Ва номи ширкати мазкур ба гуфтаи коршиносон, ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон ва шахсони наздики ӯ робита дорад. Барои ҳама маълум аст, ки ӯ дар низоми сиёсии Тоҷикистон як мӯҳраи муҳим аст. Намедонам, ки бар кадом асос додрас ин масъаларо ба додгоҳи иқтисодӣ ҳавола кардааст.»

Зафар Абдуллоев гуфтааст, аз болои ин тасмими додгоҳи Шоҳмансур ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд.

Хабаргузории «Авесто» аз болои ширкатҳои «Сомон Эйр», «Вавилон-М», «Барқи тоҷик» ва «Воҳиди махсус» -и Вазорати корҳои дохилӣ ба додгоҳ шикоят бурда ва гуфта буд, ки ин муассисаҳо аз додани посух ба номаҳои расмии хабаргузорӣ сарфи назар кардаанд. Аммо бархе аз ин муассисаҳо чунин даъворо беасос хонда буданд.

Дар ин номаҳо роҷеъ ба чӣ мавзӯъҳое аз раҳбарони муассисаҳои номбурда суол шудааст, ки онҳо нахостаанд посух бигӯянд?

Зафар Абдуллоев, раҳбари хабаргузории «Авесто» мегӯяд: «Ба сурати мисол, мо аз «Воҳиди махсус» пурсида будем, ки кормандони ин ниҳод дар кадом қаламрав ҳаққи фаъолиятро доранд, чаро онҳо айни вазифаҳои бозрасии давлатии автомобилиро такрор мекунанд. Ҳамчунин аз раҳбари ин воҳид пурсида будем, ки чӣ моликияте дорад, назири амволи манқул ва ғайри манқул. Аз «Сомон Эйр» пурсида будем, ки оё дарвоқеъ дуруст аст, ки муассисони он дар минтақаи офшори Вирҷиния ҳастанд? Чӣ робитае бо «Талко менеҷмент» доранд? Ва аз кадом сарчашма 180 миллион доллар барои харидории «Боинг» дарёфт мекунанд? Суолҳое ҳам, ки аз ширкати «Вавилон» доштем ба мушкили сайтҳои интернетӣ дар тирамоҳи гузашта, инчунин ба ҳодисаи қатъи робитаи телефонӣ бо минтақаи Рашт вобаста буд. Ва аз ширкати «Барқи тоҷик» низ роҷеъ ба фаъолияти ин корхона ва қарзҳои он, инчунин робитаи он бо сохторҳои молии дигар ва «Талко» пурсида мешуд, ки мутаасифона посух дарёфт накардем.»

Аммо мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд чунин даъвое асос надорад, зеро масъулини «Барқи тоҷик» ба дархости хабаргузории «Авесто» посух додаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2289906.html

Ҳафтаномаи «ASIA-Plus» боз ба додгоҳ кашида шуд

[b]Раиси бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафтаномаи «ASIA-Plus»-ро ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кашида ва пардохти як милюн сомонӣ ғароматро аз ин нашрия тақозо кардааст.[/b]

Анвар Тағоймуродов иддаъо дорад, ки ин нашрия бо чопи матолиби таҳвиномез ба эътибори ин ниҳоди интизомӣ латма задааст.

Вале масъулони нашрия ва вакили мудофеъи он ин итиҳомро бепоя медонанд. Бо ин вуҷуд, қарор аст якуми феврал додгоҳ дар ҷаласаи нахустини худ ин қазияро баррасӣ кунад.

Анвар Тағоймуродов ба унвони далел ба матлаби «Тафтиш ё инквизитсия», ки авоили моҳи декабр дар нашрияи «ASIA-Plus» чоп шуд, ишора кардааст, ки дар он аз мавориди шиканҷа алайҳи боздоштшудагон дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд интиқод шуда буд.

Муаллифи ин матлаб аз номи пайвандони афроде, ки иддаъо мекунанд мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, навиштааст, ки маъмурони пулис барои дарёфти гувоҳӣ аз онҳо аз зарбу шатм истифода кардаанд.

Ҳамчунин, дар ин матлаб таъкид шудааст, ки созмони Афви Байналмилалӣ (Amnesty International) иддаъо дорад, ки дар фаъолияти бахши ҷароими созмонёфтаи вилояти Суғд аз шиканҷа ба сурати фаровон истифода мешавад.

Вале оқои Тағоймуродов ин иддаъоҳоро “беасос” хонда ва гуфтааст, ки «ASIA-Plus» бо чопи чунин матолибе эътибори чунин як ниҳоди қудратии Тоҷикистонро пойин бурда ва ин матлаб аз “таҳвин ва иттилоъоти муғризона” иборат аст.
Дар мақолаи «ASIA-Plus» аз ҷумла зикр шуда буд, ки шояд яке аз далоили ҳамлаи интиҳории моҳи сентябр ба бахши ҷароими созмонёфтаи пулис дар вилояти Суғд ҳамин вуҷуди мавориди густардаи шиканҷа дар ин ниҳод буда бошад.

Аммо бо ишора ба ин нукта, оқои Тағоймуродов дар шикояти худ ба додгоҳ навиштааст: «Аз ин навиштаҳои Р. Мирзобекова ва хабарнигорони дигар чунин бармеояд, ки онҳо омилони ин ҳамлаи теруристиро мешинохтанд, аз нияти бади онҳо огоҳ буданд ва эҳтимолан бо онҳо робита доштанд.»

Оқои Тағоймуродов ҳамчунин ба матлаби дигаре аз ин нашрия ишора кардааст, ки дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани мулло Мавлавии Абдуқаҳҳор, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Фаромуз Амонбеков, як сокини шаҳри Хоруғ, ҳикоят мекунад. Вай иддаъоҳои матраҳшуда дар ин матлабро низ “беасос ва бӯҳтон” номидааст.
Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи «ASIA-Plus», дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки баъд аз чопи ин матолиб ҳеҷ вокунише аз сӯйи мақомоти пулис ба он ироа нашуда буд. Вай афзуд, ки ин иддаъои оқои Тағоймуродовро қабул надорад, зеро «куллияи иттиҳомот бепоя аст.»

Оқои Мамадшоев ҳамчунин аз он изҳори таъаҷҷуб кард, ки агар чопи ин матолиб ба эътибори бахши ҷароими созмонёфтаи пулис асар гузошта бошад, пас чаро оқои Тағоймуродов аз номи худ ба додгоҳ муроҷиъа кардааст?

Вай афзуд: «Оқои Тағоймуродов тақозо кардааст, ки як милюн сомонӣ ба суратҳисоби хусусии вай ирсол карда шавад. Магар бахши ҷароими созмонёфтаи пулис ба ширкати тиҷоратӣ табдил шудааст?»

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи нашрияи «ASIA-Plus», мегӯяд, ки феълан аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунад, зеро қарор аст якуми феврал муҳокимаи нахусти додгоҳӣ оғоз ёбад.

Вале вай афзуд: «Даъвои оқои Тағоймуродов комилан бепоя аст. Гузашта аз ин, наҳваи таҳияи даъво аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст нест ва ман таъаҷҷуб мекунам, ки чаро додгоҳ ин гуна даъворо ба баррасӣ гирифтааст?»

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки «ASIA-Plus» вориди қазияҳои додгоҳӣ бо афроди мухталиф мешавад. Соли гузашта чанд тан аз қуззоти тоҷик алайҳи нашрияҳои «ASIA-Plus», «Озодагон» ва «Фараж» ба додгоҳ шикоят карда ва пардохти панҷ милюн ғароматро аз ин ҳафтаномаҳо тақозо карда буданд.
Матолиби мавриди баҳс ба баррасии забоншиносон ироа шуд ва тӯли чанд моҳи ахир муҳокимаи ин қазия ба таъвиқ дароварда шудааст.

Соли гузашта Саломат Сафарова, як сокини Душанбе низ «ASIA-Plus»-ро ба додгоҳ кашида ва пардохти 12 ҳазор сомониро тақозо карда буд. Вале нашрия дар ин қазия баранда шуд.

Соли 2007 масъулони ширкати «Ситора», ки гуфта мешавад ба яке аз духтарони Президент Раҳмон муртабит аст, нашрияи «ASIA-Plus»-ро ба додгоҳ кашида ва пардохти 250 ҳазор сомонӣ ғароматро тақозо карданд. Вале дар ниҳоят ин қазия бо созиши ҷонибҳо анҷом ёфт.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, ки афзоиши мавориди ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил дар ин кишвар падидаи хуб аст, ки нишонгари ҳалли мадании қазияҳо мебошад.

Вале аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Қаршибоев, чунин ба назар мерасад, ки баррасии ин қазияҳо дар додгоҳҳо замони тӯлонӣ сурат мегиранд, ки дар ниҳоят, фаъолияти расонаҳоро бо мушкил мувоҷеҳ мекунанд ва ин амр мӯҷиби афзоиши худсонсурӣ дар миёни хабарнигорон мешавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110127_if_court_asiaplus.shtml

«Азия-Плюс»-ро боз ба додгоҳ кашиданд

Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ нашрияи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.

Нашрияи «Азия-Плюс» мегӯяд, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, Анвар Тағоймуродов, бо норизоятӣ аз матлаби «Тафтиш ё инквизитсия?» («Следствие или инквизиция?»), ки моҳи декабри соли гузашта дар ин нашрия чоп шуда буд, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Ҷаноби Тағоймуродов дар шикояти худ гуфтааст, «Азия-Плюс» бо нашри ин матлаб шаъну эътибори кории ӯ ва ниҳодашро халалдор кардааст.

«Азия- Плюс» мегӯяд, дар матлаби «Следствие или инквизиция?» истифодаи шиканҷа аз сӯи кормандони раёсати бахши ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва шӯъбаҳои он дар вилояти Суғд матраҳ буд.

Ҷаноби Тағоймуродов ҳамчунин гуфтааст, ки Рамзия Мирзобекова ва дигар хабарнигорон, ки дар бораи таркиши Хуҷанд дар моҳи сентябри соли гузашта навиштаанд, аз ин амали террористон хабар доштанд ва омилони ин ҳамларо мешинохтанд ва «эҳтимолан бо онҳо робита доштанд.»

Ин барои дуввумин бор аст, ки нашрияи «Азия-Плюс» барои тӯҳмату таҳқир ба додгоҳ кашида мешавад.

Дар оғози соли гузаштаи 2010 се додраси Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе се нашрияи мустақили «Фараж», «Озодагон», «Азия-Плюс»-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо панҷуним миллион сомонӣ товон хоста буданд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ ҳафтаномаи «Миллат»-ро дар нашри матлаби бӯҳтономез муттаҳам дониста, пардохти 1 миллион сомонӣ ҷубронро талаб кардааст.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон мегӯянд, вуҷуди ибораи тӯҳмату таҳқир дар Кодекси ҷиноӣ барои мақомоти давлатии ин кишвар баҳонаи хубест, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ аз он ба нафъи худ истифода кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2288990.html

Тоҷикистон дар гузориши солонаи HRW

Созмони HRW дар гузориши тозаи худ таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба маҳдудияти матбуот, фаъолиятҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ идома медиҳад.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши солонаи худ навиштааст, бо вуҷуди гузоштани як гоми мусбат, аммо кӯчак дар бахши озодиҳои инсон, дар соли 2010 мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон ба маҳдуд кардани озодии сухан ва матбуот, тақаллуб дар интихобот, нақзи озодиҳои динӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи занон дар кишвар идома додаанд.

[b]Интихоботи «олуда бо тақаллуб»[/b]

Ба навиштаи созмони Ҳюман Райтс Вотч, интихоботи парлумонии моҳи феврали соли гузашта дар ин кишвар олуда ба тақаллубу қонуншиканиҳо буда, ба пирӯзии ҳизби ҳоким анҷомид ва ҳукумати наздик ба бистсолаи раиси ҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қавитар гардонд.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, ки дар ин интихобот аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, вориди Маҷлиси намояндагон шудааст, мегӯяд, ба ҳарфҳои Ҳюман Райтс Вотч мувофиқ аст.

«Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар тамоми нукоти интихоботи февралии порлумон ҳамаҷониба акс наёфтааст, вале дар ҳақиқат мақомоти ҳукумат ҳаққи интихобро аз мардум гирифта буданд ва мо ҳангоми баршумурдани раъйҳо инро мушоҳида кардем. Интихоботи соли 2005-ро ҲНИТ як «фоҷеа» номида буд, вале ин интихоботи февралиро мо «зулм дар рӯзи рӯшан» номидем”,-афзуд ӯ.
Фаъолиятҳои динӣ маҳдуд шудааст

Саидумар Ҳусайнӣ бахши дигари гузориши солонаи Ҳюман Райтс Вотчро низ хотирнишон кард, ки дар он сухан дар бораи фишор болои тоату ибодати мардум меравад: «Тоҷикистон як кишвари мусулмонист ва дини ислом нуфузи зиёд дорад, вале аз ҳама бештар намояндагони ҳамин мазҳаб мавриди таъқиб қарор доранд. Ҳатто он озодиҳоеро, ки қонуни дин ба мардум додааст, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишвар қоил намешаванд ва берун аз қонун мардуми диндорро таъқиб мекунанд, ки ин шояд хоҳиши кадом мансабдор аст ва амали берун аз қонун аст. Дар тарҳи «қонун дар бораи «Масъулияти падару модар», ки ҷавононро ҷисман ба масҷид рафтан манъ мекунад ба тасвиб нарасидааст, вале ду сол мешавад, ки ҷавонону наврасонро ҳангоми омадан ба масоҷид мавриди таъқиб қарор медиҳанд.»

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба нукоти гузориши Созмони ҳуқуқи башар розӣ нест ва мегӯяд, ки нозирони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки ҷараёни интихоботи февралиро назорат мекарданд баҳои мусбат дода буданд.

Вай меафзояд дар мавриди фишор ба диндоророн бояд ба қонунҳои ҷории Тоҷикистон назар кард. Албатта дар матбуот доир ба фишору таъқиби диндорон мехонам, вале дар асл дар қонунҳои Тоҷикистон доир ба озодии виҷдону эътиқоду мазҳабҳо тамоми шароит ва заминаҳои фаъолияти қонунии мазоҳиб фароҳам оварда шудааст.

[b]Нооромиҳои Рашт дар гузориши HRW[/b]

Дар гузориши Ҳюман Райтс Вотч ҳамчунон аз нооромиҳои ахир дар водии Рашт нигаронӣ шудааст, ки дар пайи он беш аз 30 афсар ва сарбози нерӯҳои давлати кушта шудааст. Бино ба ин гузориш, дар пасманзари Афғонистони ноором рух додани даргириҳо дар шарқи Тоҷикистон фазои амниятиро зери суол қарор додааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар соли 2010 мақомоти ҳукумати Тоҷикистон фишору маҳдуд кардани фаъолияит васоили ахбори умумро идома додаанд.
Ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», пас аз шурӯи ноамниҳо дар шарқи кишвар ва шурӯи амалиёти нерӯҳои қудратӣ алайҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ, ҳафтаномаҳо ташвишу нигаронии мардумро инъикос карда гузоришҳои таҳлилӣ навиштанд, вале аз ҷониби Вазорати дифоъ дучори зарба қарор гирифтанд.

«Шумо бубинед, дар рӯзҳои оғози нооромиҳо дар Рашт ҳафтаномаҳо хусусан дар бораи ба оташ кашида шудани мошини вазорати дифоъ гузоришҳои таҳлилӣ ба чоп расонаданд ва дафъатан аз тарафи дафтари матбуоти ҳамин вазорат як гузориши муфассал ба чоп расид, ки дар он баъзе ҳафтномаҳо «ҳамкори террористҳо» ном бурда шуданд ва ба дунболи он чопхонаҳо, ҳатто чопхонаҳои мустақил аз нашри «Фараж», «Нигоҳ»-у «Пайкон» даст кашиданд ва дар пайи он баъзе сомонаҳо мисли «Тоҷнюс» ва «Авеста» боздошта шуданд»,-афзуд ӯ

Вале Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ишораҳои Созмони ҳуқуқи башар розӣ буда наметавонад. Ба қавли ӯ, мақомоти расмии ҳукумати Тоҷикистон ба болои васоити ахбори умум ягон фишор наовардаанд.

Вай гуфт, «мавқеи Тоҷикистон дар амри пуштибонӣ аз матбуот рӯшан аст ва ғайр аз он аз ҷониби президенти Тоҷикистон ду санаде ба имзо расид, ки онҳо низ бевосита ба дастгирии матбуот бахшида шудаанд. Дар ҳақиқат дар соли гузашта чанд мушкил пеш омад аз ҷониби кормандони баъзе мақомоти давлатӣ ва бо баъзе аз нашрияҳои мустақил, ки ин баҳси нашрияҳо бо кормандони ин ниҳодҳо буд на бо мақомоти давлатӣ. То ҷое медонам, бархе аз нашрияҳои мустақил, як муддат аз нашр бозмонда буданд, вале ин мушкили миёни ҳафтаномаҳо бо чопхонаҳо буд, ки баъдтар ҳамаи нашрияҳо ба чоп расидаанд ва пайваста нашр мешаванд.»

Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин гуфта мешавад, ки хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла фишор ба занон як масъалаи ҷидии марбут ба ҳуқуқи инсон аст, ки ҳанӯз талошҳои мақомоти масъули ин кишвар натиҷаи дилхоҳ надодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар соли гузашта дар доираи тарҳи Кодекси оила синни издивоҷро аз 17 ба 18 сол боло бурд ва парлумони Тоҷикистон низ ин пешниҳодро пазируфт ва аз якуми январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон духтарон дар сини 18 солагӣ никоҳ карда мешаванд.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2285702.html

Олим Бобоев: “Сомонаҳоро масдуд карда будем”

Вазири роҳ ва мухобироти Тоҷикистон расман баста шудани бархе аз сомонаҳо аз сӯи интернетрасонҳоро таъйид кард.

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфт, вақте сухан дар бораи амнияти кишвар меравад, мақомоти таъмини бехатарӣ ҳуқуқ доранд дар як муддати муайян маҳдудиятҳо гузоранд.

Вай мегӯяд, он маҳдудиятҳое, ки барои бархе сомонаҳо ҷорӣ шуд, ба хотири маҳз таъмини амнияти иттилоотии кишвар ба ҳангоми амалиётҳои муҳим буд.

“Системаи иттилоотӣ хусусияти амниятӣ дорад. Таъсири манфӣ ҳам дорад, дар бархе маворид ҳамчун яроқ низ метавонад истифода шавад. Аз ин хотир, як муддат маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд ва ҳоло ин гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд, балки пурра бартараф шудаанд”,-афзуд ӯ.

Дар пайи ноамниҳои тобистону тирамоҳи соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон, даргириҳои нерӯҳои давлат бо нерӯҳои мухолифи мусаллаҳ дар Камароб ва кушта шудани 28 сарбози вазорати дифоъ фаъолияти як идда аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла «Тоҷнюс» ва «Авеста» масдуд шуданд.

Мақомот дар он шабу рӯз гуфта буданд, ки ин масдудшавӣ бар асоси мушкили фаннӣ аст, ки бартараф карда хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем пас аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва баъзе нашрияҳо рӯзномаҳо, сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29-и сентябр”-ро таъсис доданд.

Номи ин кумита аз рӯзи баста шудани расонаҳо гирифта шуда ҳадафи он барқарор кардани вазъи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷгаштаи матбуот дар Тоҷикистон арзёбӣ мешуд. Ин кумита дар оғози соли ҷорӣ, баъд аз он ки, ба гуфтаи муассисонаш, рисолати худро ба иҷро расонд, барҳам дода шуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2286385.html

ДҲБ: Давлати Тоҷикистон нақзи ҳуқуқро идома медиҳад

Дидбони Ҳуқуқи Башар гузориши ҷадиди худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон интишор додааст.

Дар ин гузориш аз ҷумла таъкид шудааст, ки “бо вуҷуди бархе аз пешрафтҳои кучак, давлати Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи башарро дар арсаҳои мухалиф, аз интихобот ва озодии расонаҳо сар карда, то озодиҳои мазҳабӣ идома медиҳад.”
Дар ин гузориш аз ҷумла ташдиди фишори давлат бар озодиҳои расонаҳо, ба хусус дар остонаи интихоботи порлумонии соли гузашта дар Тоҷикистон барҷаста мунъакис шудааст.

Ҳамчунин омадааст: “Дар соли 2010 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки дорои тақаллуб буд ва бо пирӯзии комили ҳизби ҳоким анҷомид, ки фармонравоии президент Раҳмонро, ки тайи 20 соли охир ҳукумат мекунад, устувор кард.”

[b]Интиқод аз ҷомеъаи байналмилалӣ[/b]

Дидабони Ҳуқуқи Башар аз ин ки созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намекунанд ишора кардааст.
Ин созмон менависад, ки Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо ва афзоиши нуфузи худро дар кишвар аз аҳдофи аслии худ мехонад.
Вале гузориш меафзояд: “Дар ин миён онҳо (ИУ) дар баробари хушунат ва озор садо баланд намекунанд. Ба назар мерасад, ки фаъолияти ин созмон дар заминаи масоили ҳуқуқи башар танҳо бо баргузории як диолуге дар сатҳи поин, дар соле як маротиба маҳдуд мешавад.”

Муъаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки ҳарчанд Сандуқи кӯдакони СММ тасвиби чанд қонуни муҳим барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистонро сутудааст, аммо “санадҳои мавҷуд аз он ҳокӣ ҳастанд, ки дар воқеъият василаи кофӣ барои таъмини амнияти кӯдакон дар баробари озору хушунат дар ҳамаи паҳлӯҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.»

[b]“Хушунати бидуни муҷозот”[/b]

Яке дигар аз нукоти мавриди таваҷҷӯҳи вижаи гузориши имсолаи ин созмони ҷаҳонӣ вазъи риққатбори занони тоҷик аст.

Гузориш ҳушдор медиҳад, ки “дар ҷомеъаи ин кишвар хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ҳукмфармо аст.”

Муаллифони он бо истинод ба Созмони Авфи Байналмилал менависанд, ки аз се як то нисфи занони тоҷик хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ё ҷинсӣ аз тарафи шавҳарон ва ё аъзои хонаводаашон таҳаммул мекунанд.

Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ба далели дастрасии маҳсури занони тоҷик ба додгоҳҳо ва ин ки пулиси тоҷик маъмулан худи занонро дар қазоёъи хонаводагӣ гунаҳкор маҳсуб медонанд, “афрод тақрибан бидуни муҷозот занонро озор медиҳанд.”

[b]Системи қазоии ғайримуассир[/b]

Дидабони Ҳуқуқи Башар додгоҳҳои Тоҷикистонро “ғайримустақил ва ғайримуассир” хондааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар Тоҷикистон раванди сиёсизада шудани системи қазоӣ мушоҳида мешавад. Гузориш дар ин замина ба қазияи Неъматуллоҳ Ботақозиев, фаъоли ҳуқуқи башари қирғиз, ки аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ карда буд, ишора мекунад.

Дар гузориш мехонем, ки ин фаъоли ҳуқуқи башар ҳудуди як моҳ бидуни иртибот бо хонавода ва вакили мудофеъ дар боздошт қарор дошт ва дертар маълум шуд, ки ӯ дар боздошт аст ва мавриди шиканҷа низ қарор гирифта буд.

Гузориш меафзояд, ки дертар мақомоти Тоҷикистон оқои Ботақозиевро ба Қирғизистон истирдод карданд ва дар онҷо ба ӯ ҳушдор дода шуд, ки аз фаъолият дар заминаи ҳуқуқи башар даст кашад.

[b]»Қонуни саркӯбкунандаи дин ба иҷро даромад»[/b]

Мавзӯъи дигари мавриди нигаронии Дидабони Ҳуқуқи Башар ин аст, ки дар Тоҷикистон “қонуне саркӯбкунанда, ки кунтрули давлатро бар фаъолиятҳои мазҳабӣ бештар кардааст” ба иҷро даромадааст.

Таъкид шудааст, ки акнун давлати Тоҷикистон худ мушаххас мекунад, ки оё дар куҷо масоҷид бояд бунёд шаванд ва дар заминаи адабиёти мазҳабӣ, ки дар кишвар ба фурӯш мерасад назорати комил дорад.

Дар гузориш мехонем: “давлати Тоҷикистон таҳти шиъори мубориза бо терурисм фаъолияти чандин созмони сулҳомиези исломӣ дар ин кишварро мамнӯъ эълом карда ва нагузоштааст бархе аз мазоҳиби масеҳӣ, аз ҷумла Шоҳидони Яҳуво фаъолияти худро дар ин кишвар аз сар бигиранд.”

Ин гузориш дар бораи даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукумат ва шӯришиёни исломӣ дар водии Рашт ва ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ низ ибрози назар кардааст.
Дар он мехонем, “хушунатҳое, ки дар водии Рашт рух дод, нахустин даргирии умда миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар даҳ соли охир буд, ки нигарониҳоро дар заминаи субот дар кишвар ба вуҷуд меорад.”

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110124_sq_hrw_tajikistan.shtml

Изҳороти Медиа-Алянси Тоҷикистон дар бораи тасмими ҳайати эҷодиӣ рузномаи «Вечерний Душанбе»

Ш. Душанбе, 20 январи соли 2010

Созмони журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон аз зиддияти баамаломада миёни ҳайати эҷодӣ ва сохибмулки ҳафтаномаи маъруфи «Вечерний Душанбе», ки қариб боиси чоп нашудани шумораи навбати яке аз дарозумртарин нашрияҳои кишвар, аз кор рафтани ҳайати эҷодии он гардид, изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳоро ба сари мизи музокирот даъват менамояд. Мушкил сари он аст, ки дар натиҷаи ин зиддияти баамаломада коллективи ҳайати эҷодӣ метавонад бекор монад ва ба андешаи мо пеш аз ҳама бояд ба он кӯшиш кард то ҳайати эҷодӣ тавонад ба журналистика машғул шавад ва имкони навиштану инъикоси воқеаҳои рӯз дошта бошад.

Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш созмони ғайрирасмии «Кумитаи 29 сентябр», ки бо баста шудани се нашрияи кишвар ва маҳдуд шудани дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетӣ (минҷумла ду сайти дохилӣ) ба фаъолият оғоз карда буд, баъди муваффақона ҳал гардидани вазифаҳои дар назди худ гузошта, фаъолияти худро қатъ намуд. Таъсис ва дастоварди ин Кумита дар таърихи журналистикаи тоҷик беназир буд ва аз ҳамраъйӣ, ҳамдилии нашрияҳо, созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муқими Тоҷикистон гувоҳӣ медод. Ин бори аввал буд, ки собит гардид журналистон дар якҷоягӣ ва ҳамдастӣ метавонанд мушкилҳои ҷиддитаринро мусбӣ ҳал кунанд. Аммо, муттаассифона, қазияи рухдода дар «Вечерний Душанбе», ки метавонад боиси бекор мондани ҳайати эҷодӣ шавад, сахт нигаронкунанда буда, баракси он ҳолат ва фазоеро инъикос менамояд, ки Кумита ба вуҷуд оварда буд.

Мо фикр мекунем, айни замон дар қазияи рухдода ҷустани гунаҳгор ва айбдоркуниҳои дуҷониба роҳи ҳалли масъала нест, аз ин рӯ ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, изҳор медорем, ки Медиа-Алянси Тоҷикистон тайёр аст дар ин қазияи рухдода ба ҳайси миёнарав баромад кунад.

[b]ШАРҲИ АМВАОМТ:[/b] Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» рӯзи 20 январи соли 2011, бо имзои ҳайати таҳрир бетанаффус ба табъ расид.

Источник:

Истеъфои кормандони “Вечерний Душанбе”

Кормандони ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” бо шикоят аз бархӯрди муассиси нашрия дастаҷамъона ба истеъфо рафтаанд.

Кормандони рӯзномаи русизабони «Вечерний Душанбе» дар баёнияи худ гуфтаанд, ки музокироти онҳо бо муассис дар мавриди ҳалли қазия натиҷа надодааст ва онҳо маҷбур ба қатъи ҳамкории худ бо Муассисаи «Чархи гардун» шудаанд, ки «ВД» низ дар ҳайати ин муассиса мебошад.

Гулнора Амиршоева, сардабири акнун собиқи «Вечерний Душанбе» дар сӯҳбате бо Озодӣ гуфт, ки зарфи чанд ҳафтаи ахир чандин корманди ин ҳафтанома аз сӯи Акбаралӣ Саттор, молики Ҷамъияти «Чархи гардун» аз кор ихроҷ шуданд. Ва агар барномаи ихтисор давом мекард, ҳамин тавр ба сурати табии, ҳафтаномаи бидуни ҳайати эҷодӣ мемонад ва фаъолияташ қатъ мешуд.

Хонум Амиршоева гуфт: «Зарфи ним соли охир мо дар як ҳолати муаллақ кор мекардем. Зеро пайваста сару садоеро аз сӯи муассиси «ВД» мешунидем, ки эҳтимоли бастани ин ҳафтанома вуҷуд дорад. Ӯ ба пешниҳоди мо, ки ҳафтаномаи «ВД»-ро ба ихтиёри ҳайати эҷоди бидиҳад, посухи рад дод. Ва пешниҳод кард, ки бар ивази пули зиёде мо онро харидорӣ кунем. Аммо мо чунин маблағро дар ихтиёр надорем. Ва баъди соли нав шумораи кормандони ҳафтнома ихтисор карда шуд. Ӯ беасос ба фаъолияти кормандон эрод мегирифт, ҳуқуқи мо ба кор ва кафолатҳои иҷтимоиро вайрон мекард. Ва мо бо як тасмими дастаҷамъона қарор додем, ки ҳайати «Чархи гардун» хориҷ шавем ва худамон ҳафтнамои «ВД»-ро мустақилона нашр кунем. Аммо боз ҳам фиреб хӯрдем, муассис ҳадафаш халос шудан аз мо ва нашри рӯзнома аз сӯи худаш будааст».

Аммо Акбари Саттор, муассиси Ҷамъияти «Чархи гардун» ҳама гуна фишор болои ҳайатои эҷодии ҳафтаномаи Вечений Душанбе» аз сӯи худро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, дар ин кормандон ба далели пеш омадани сӯитафоҳум дар марвиди усулҳои корӣ даст ба чунин иқдоме задаанд.

Оқои Саттор мегӯяд: «Эътирози асосӣ он аст, ки мо мехоҳем дар баробари «ВД» ба забони тоҷикӣ як рӯзномаи дигар роҳандозӣ кунем. Барои он, ки бозори рӯзномаи русӣ танг шудааст. Азбаски онҳо чандон ба забони тоҷикӣ балад нестанд, шояд ҳарос пайдо карданд ва фурсатро муносиб донистанд, ки пеш аз баста шудани рӯзнома раванд ва фикр карданд, ки шояд барои онҳо бурд шавад. Дар бораи фишор бояд бигӯям, ки агар фишоре мебуд, сардабири ин рӯзнома дар як сол даҳ мартаба иҷозаи рафтан ба сафари хориҷаро пайдо намекард. Вақте даҳ маротиба ба хориҷа сафар мекунад, аз кадом фишори корӣ метавон сухан гуфт».

Аз сӯи дигар, ҳайати эҷодии «ВД» дар ҳоле, ки аз корфармои худ, Акбари Саттор шикоят мекунад, ки оқои Саттор ҳамчунин раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон низ ҳаст ва ин иттиҳодия бояд манофеъи журналистонро дар чунин ҳолате ҳимоят кунад. Ба гуфтаи коршиносон, дар чунин марвид як навъ бархӯрди манофеъ миёни корфармо ва созмони ҳимоят аз журналистон пеш меояд. Ҳамза Ҳакимзода, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, роҳи оқилонаи ҳали масъала дар чунин маврид корбурди дурусти оинномаҳои ҳам муассисаи корфармо ва ҳам иттиҳодияи журналистӣ мебошад.

Аммо Акбари Саттор мегӯяд, ки ӯ ҳафтаномаи «ВД» -ро фурӯхтанӣ нест ва бо вуҷуди аз кор рафтани ҳайати эҷодии ин нашрия, талош дорад, дар вақти маъмулӣ, яъне то фардо «ВД» чоп кунад ва ба дасти хонанда бирасонад.

«ВД» ба унвони танҳо рӯзномаи баъд аз зӯҳр ё шоми Душанбе аз соли 1968 то соли 1992 ҳамчун органи нашаротии созмони Ҳизби коммунист дар Душанбе ба сурати муназзам нашр мешуд. Ва аз соли 1996 дар ҳайати Ҷамъияти «Чархи гардун» ҳафтае як бор нашр мешавад.

Радиои «Озодӣ»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2280665.html

Эътисоби кормандони нашрияи “Вечерный Душанбе”

Гурӯҳе аз кормандони ин нашрия бо шумули сардабири он Гулнора Амиршоева ва хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимира Яковлев ва тарроҳ Далер Мӯъминшоев, рӯзи 18 январ бо нашри баёнияе тасмими дастаҷамъӣ ба қатъи фаъолияти худ дар ҷамъияти «Чархи гардун», молики нашрияи «Вечерний Душанбе»-ро эълом кардаанд.

Ба гуфтаи сардабири «Вечерний Душанбе», Акбаралӣ Саттор, молики ин нашрия, дар садади тавқифи ин ҳафтанома аст ва кормандони нашрия барои нигаҳдории он даст ба чунин иқдоме задаанд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Саттор мегӯяд қарор нест, ки вай чопи нашрияро мутаваққиф кунад ва ё касе аз кормандони онро аз кор сабукдӯш созад.

[b]»Барканории кормандон»[/b]

Аммо Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерный Душанбе”, рӯзи чаҳоршанбеи 19 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз чанд моҳ пеш бад-ин сӯ дар мавриди мутаваққиф шудани чопи нашрияи онҳо суҳбатҳое анҷом мешавад.

Вай афзуд: «Дар авоили соли ҷорӣ Акбаралӣ Саттор Екатерина Пасторова, яке аз хабарнигорони босалиқаи мо ва қабл аз вай як корманди фанниро аз кор барканор кард. Сипас, оқои Саттор ба ман гуфт, ки баъди чанде нашрияро гурӯҳе ҷадид ба чоп хоҳад расонд.»

Хонуми Амиршоева гуфт, ки шаш корманди ин нашрия ба нишонаи эътироз ду рӯз аз кор даст кашидаанд ва онҳо мехоҳанд чопи нашрияи “Вечерный Душанбе”-ро худашон анҷом диҳанд.

Аммо Акбаралӣ Саттор, муассис ва молики ин нашрия, мегӯяд, ки нашрия моли вай аст ва касе ҳақ надорад ки онро батанҳоӣ ва бидуни ӯ ба чоп расонад.

Ҳамчунин, оқои Саттор афзуд, ки хонуми Пастороваро аз кор наронда ва танҳо барои чанд иштибоҳ дар навиштани як матлаб ӯро сарзаниш ё танбеҳ кардааст.

Оқои Саттор мегӯяд: «Ман масъулият дорам, ки барои роҳ додан ба иштибоҳ дар навиштани матолиб ба хабарнигорон машварат бидиҳам ва ё онҳоро сарзаниш кунам. Аммо касеро аз кор сабукдӯш накардаам ва чопи ҳафтаномаро низ қатъ нахоҳам кард.»

[b]Ихтилофи манофеъ?[/b]

Зимнан, Акбаралӣ Саттор, ки муассис ва молики чанд нашрия маҳсуб мешавад, ҳамзамон раиси Иттиҳодияи рӯзноманигророни Тоҷикистон аст. Ин созмон, ки садҳо рӯзноманигор ва корманди расонаҳоро гирдиҳам овардааст, мантиқан бояд дар баробари корфармоён аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дифоъ кунад.

Вале ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оқои Саттор ба унвони раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон аз хабарнигорони эътисобкунанда ҳимоят хоҳад кард ё ба унвони молики нашрияи «Вечерний Душанбе» ба дифоъ аз манофеъи молии худ хоҳад пардохт?

Оқои Саттор дар посух ба ин суол мегӯяд: “Ман қаблан ҳам изҳор карда будам, ки наметавонам раёсати иттиҳодияро бар ӯҳда дошта бошам, аммо пофишориҳои зиёди хабарнигорон дар ҷаласаи иттиҳодия маро водор кард, ки ин вазифаро бар ӯҳда бигирам.»

«Ман қаблан ба кормандони нашрияи “Пайкон”, ки даргири баҳс бо чопхонаҳо шуда буданд, гуфта будам, ки ин баҳсро бо Шӯрои расонаҳои хабарӣ ҳал кунанд.»

Оқои Саттор мегӯяд, ки сардабири нашрияи “Вечерный Душанбе” ва кормандони он низ метавонанд барои ҳалли ин мушкил ба ин шӯро муроҷеъа кунанд.

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон иттиҳодияҳои рӯзноманигорон навъе иттиҳодияҳои коргарӣ ё синфӣ маҳсуб мешаванд, ки дар баробари манофеъи корфармоён ё моликони расонаҳо аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ё хабарнигорон дифоъ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи соҳибназарон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон як ниҳоди бозмонда аз замони Шӯравӣ аст, ки то кунун бо воқеъиятҳо ва қавоъиди ҷомеъаи сармоядорӣ, бавижа дар заминаи ихтилофи манофеъ, худро созгор накардааст.

Сонсур ва худсонсурӣ

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, яке дигар аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон, мегӯяд, ки ин созмон танҳо баёнияи кормандони нашрияро дарёфт карда ва то ҳол касе ба онҳо расман барои ҳалли ин мушкил муроҷеъа накардааст.

Оқои Қаршибоев афзуд: «Агар чунин дархостро аз мо ҷонибе бикунад, мо метавонем бо баррасии амиқи ин қазия ба тарафҳои баҳскунанда барои ҳалли мусолиматомези он кумак кунем.»

Аммо дар ҳоле ки солҳои ахир дар Тоҷикистон даъвоҳои додгоҳӣ миёни шокиён ва хабарнигорон афзоиш ёфтааст, соҳибназарон бо ишора ба ин мушкил ба коҳиши матолиби интиқодӣ дар ҳафтаномаҳои ин кишвар ишора мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, хабарнигорон аз бими муҳокима нашуданашон даст ба худсонсурӣ мезананд.

Дар баёнияи хабарнигорони нашрияи “Вечерный Душанбе” низ ба ин мавзӯъ ишора шудааст, ки онҳо ҳамвора ба ҳангоми чопи матолиби марбут ба вазъи иҷтимоъию иқтисодӣ бо сонсур мувоҷеҳ шудаанд.

“Вечерный Душанбе” яке аз нашрияҳои кӯҳантарини чопи Душанбе буда 43 сол инҷониб дар Тоҷикистон нашр мешавад. Дар даврони Шӯравӣ ин ҳафтанома ба унвони рӯзномае мунташир мешуд ва дар он тозатарин ахбор ва матолиби таҳлилӣ аз пойтахти Тоҷикистони шӯравӣ мунташир мешуд.

Радиои Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110119_zkh_massmedia_newspaper.shtml