[b]Субҳи рӯзи душанбеи 7 феврал афроди номаълум ба Ҳикматулло Сайфуллозода, аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф, ҳамла карда ва ӯро ҳадафи зарбу шатм қарор додаанд.[/b]
Оқои Сайфуллозода дар асари ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст.
Ин ҳодиса дар назди манзили вай дар маҳаллаи 112, дар бахши ғарбии шаҳри Душанбе, замоне сурат гирифтааст, ки вай ба ҷойи кораш мерафт.
Далоили ин ҳодиса маълум нест ва афроди муҳоҷим шинохта нашудаанд. Аммо пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса оғоз кардааст.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса як навъ «суиқасд ба ҷони сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви шӯрои сиёсии ҲНИТ» аст.
Ба гуфтаи вай, шоҳидони айнӣ гувоҳӣ додаанд, ки афроди муҳоҷим ба оқои Сайфуллозода тайи чанд рӯзи ахир «ба дунболи ӯ» будаанд. Вай ҳамчунин ҳадс зад, ки ин ҳамла «суфоришӣ» аст ва имкон дорад ба ибрози назарҳои ахири оқои Сайфуллозода дар матбуъот муртабит бошад.
Ба гуфтаи вай, Саидиброҳими Назар, узви порлумони Тоҷикистон аз ҲНИТ, дар тамосе телефунӣ бо вазири умури дохилӣ ин мавзӯъро баррасӣ карда ва женерол Абдураҳим Қаҳҳоров ваъда кардааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаро таҳти назар хоҳад дошт.
Ҳикматулло Сайфуллозода аз фаъолони ҲНИТ буда ва сардабирии нашрияи «Наҷот»-ро бар ӯҳда дорад. Вай таҳлилгари Маркази таҳлилии «Диалог», вобаста ба ин ҳизб, низ буда ва пайваста дар матбуъот дар масоили мухталифе ибрози назар кардааст.
Дар ин авохир, вай бавижа дар бораи ҳаводиси Миср ва асароти эҳтимолии он бар вазъи Тоҷикистон ва минтақа ибрози назар мекард. Вай пештар аз тарҳи баҳсбарангези қонуни масъулияти волидон, ки давлат ахиран таҳия карда ва ба баррасии умумӣ гузоштааст, низ интиқод карда буд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҲНИТ хабар доданд, ки зуҳри рӯзи душанбе ҷаласаи изтирории раҳбарони ин ҳизб баргузор ва ҳодисаи ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода баррасӣ шудааст.
Онҳо эълом карданд, ки рӯзи сешанбе як баёнияи расмии ин ҳизб дар мавриди лату кӯби оқои Сайфуллозода мунташир хоҳад шуд.
Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, барои анҷоми маъмурияте ба шаҳри Истонбули Туркия рафта ва дар кори анҷумани порлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ширкат мекунад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони аҳзоби дигар, аз ҷумла ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда ва хостори таҳқиқи сареъи ин ҳодиса шудаанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110207_ea_if_sayfullozoda.shtml