Архив рубрики: Хабарҳо

Мушкили тозаи нашрияҳо дар заминаи пардохти молиёт

Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 11 феврал дар ҳамоише бо номи «Таҳдидҳои ҷадид барои расонаҳои Тоҷикистон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳо», ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, иброз шуд.

Ба гуфтаи бархе аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, дар пайи асоси ислоҳи Қонуни (кодекси) молиёти Тоҷикистон, аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ ҳуқуқи ҳадди ақали кормандони нашрияҳо ва расонаҳои мустақил бояд на камтар аз 562 сомониро ташкил диҳад.

Ҳамчунин, то ҳол рӯшан нест, ки нашрияю расонаҳо бояд дар кадом вазорат ё ниҳоди давлатии Тоҷикистон сабти ном шаванд ва ин вазъ масъулони расонаҳои ғайридавлатиро нигарон сохтааст.

Идомаи маводро дар саҳифаи таҳлилӣ мутолиа кунед; [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=21]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=21[/url]

Источник:

Омодагии Эрон ба оғози кори телевизиюни муштарак

[b]Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш таҷҳизоти зарурӣ барои роҳандозии телевизиюни муштараки кишварҳои форсизабонро дар Олмон харидорӣ кардааст.[/b]

Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст, мақомоти эронӣ мунтазири тасмими ҷониби Тоҷикистон дар бораи роҳандозии ин телевизиюн ҳастанд ва дар сурати иттихози ин тасмим имкон дорад «телевизиюни муштараки се кишвар ба забони форсӣ» дар остонаи Наврӯз фаъол шавад.

Идомаи мавод дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=20]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=20[/url]

Источник:

Оғози баҳси Вазорати адлия ва муассиси «Пайкон»

[b]Вазорати адлияи Тоҷикистон аз додгоҳ хостори қатъи фаъолияти созмони молики ҳафтаномаи “Пайкон” шуд.[/b]

Ин вазорат мегӯяд, созмони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ки муассиси ҳафтаномаи «Пайкон» аст, суроға ё нишонии идораро тағйир дода, вале дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.

Қурбоналӣ Бобоев, намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии шикояти ин вазорат дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, БМСТЖ бо ин амали худ муқаррароти қонунро нақз кардааст.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, ин ниҳоди рӯзноманигорӣ тағйири суроға накарда, балки аз ошёнаи якуми бинои «Шарқи озод» ба ошёнаи дигари он «кӯчидааст».

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъаи Толиб, раиси ин Бюро ва сардабири нашрияи «Пайкон» мегӯяд, чоп шудани матолиби интиқодӣ нисбат ба вазорати адлия бо номҳои «Истеъфо» ва «Бузкашӣ дар атрофи ЦУМ» дар шумораҳои моҳи октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар ин ҳафтанома, боис ба додгоҳ кашонда шудани созмонаш шудааст.

Вай гуфт, ҳадаф аз ин баҳси додгоҳӣ эҷоди мушкил барои чопи ҳафтаномаи «Пайкон» аст.

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳафтаномаро барои нашри матлаби тӯҳматомез мутаҳҳам донист ва пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард.

Ҳамакнун рӯшан аст, ки дар сурати ҳал шудани баҳс ба нафъи Вазорати адлия дар додгоҳи Фирдавсӣ, на танҳо фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мутаваққиф хоҳад шуд, балки ҳафтаномаи «Пайкон» низ аз чоп хоҳад монд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2304615.html

Сафорати ИМА ҳамла ба Сайфуллозодаро маҳкум мекунад

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода — сардабири нашрияи «Наҷот»-ро, ки санаи 7-уми феврал рух дод, маҳкум менамояд. Дар ин бора ба TojNews аз сафорати мазкур иттилоъ доданд.

— Ин ҳамлаи ногаҳон ба амал омада ба аъзои ҳизби қонунӣ ҳамла ба ибрози сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Аз ҳамин лиҳоз мо аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, то тафтиши дақиқи ин ҳамла гузаронида шавад ва гунаҳкорон бо тамоми ҷиддияти қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Одамон набояд аз зӯроварӣ ё таъқиб гаштан аз сабаби назари сиёсӣ, эътиқоди динӣ, ё худ аъзои ҳизби сиёсӣ буданашон ҳаросанд,- афзуд манбаъ.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ҳикматулло Сайфуллозода беҳшавии ҳарчи зудтар ва бозгаштан ба фаъолияти хешро орзу намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11432&Itemid=28

ҲНИТ: «Ҳамла ба Сайфуллозода амали тарҳрезишуда аст»

[b]Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро «амали тарҳрезишуда» алайҳи ин ҳизб номид.[/b]

Дар изҳороти ин ҳизб, ки пас аз зуҳри8-уми феврал мунташир шуд, гуфта шудааст, «ин амал идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад.»

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, шӯрои сиёсии ҳизбаш дар баробари маҳкум кардани ин ҳодиса, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, то фармоишгарон ва иҷрогарони латукӯби сардабири «Наҷот»-ро ошкор ва ба ҷавобгарӣ бикашад.

Идомаи маводро дар бахши таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=17]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=17[/url]

Источник:

Номаҳои нави WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон

Аз савум то панҷуми феврал торнамои ифшогари WikiLeaks панҷ номаи нави марбут ба Тоҷикистонро мунташир кард.

Ҳарчанд порчаҳо ва ишораҳое аз ин номаҳо пештар дар расонаҳои ахбори оми Олмон, Бритониё, Иёлоти Муттаҳида ва Русия чоп шудаанд, матни комилтари онҳо ҷузъиёти ҷолиб ва донистание дорад.

Се барқия аз дидору гуфтугӯҳои сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, сафири вақти Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида, Ҳамроҳхон Зарифӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ ҳикоят мекунанд. Яки дигар аз мулоқоти сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс бо муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Назаров ва барқияи панҷум аз сафири Амрико дар Лондон аст, ки ба оғози кори телевизиони форсии Би-Би-Сӣ бахшида шудааст.

Идомаи маводро дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=16]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=16[/url]

Салими Аюбзод

Источник:

ҲНИТ: «Тоҷикистон ба марҳилаи носолими сиёсӣ ворид шудааст»

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи рӯзи душанбе ба Ҳикматулло Сайфуллозода, аз аъзои фаъоли ин ҳизбро амале “тарҳрезишуда алайҳи ҲНИТ” ва навъе “душмантарошӣ” хонд.

Ин матлаб шоми рӯзи 8-уми феврал дар баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар поёни ҷаласаи изтирории ҳизб дар робита бо ҳамла ба оқои Сайфуллозода зикр шудааст.

Идомаи маводро дар бахши таҳлилии сомона мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=15]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=15[/url]

Источник:

Сардабирони рӯзномаҳо сӯйиқасд ба ҷони Сайфуллозодаро маҳкум мекунанд

[b]Таҳлилгари масоили сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, ки аз тарафи ашхоси ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта, дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби №2-и маркази миллии тиббии Қарияи Боло бистарист, ин амали бераҳмонаро сӯиқасд ба ҷонаш хонда, онро ба таҳлили амиқу ошкоргӯиҳояш дар масъалаҳои доғи ҷомеа вобаста медонад. Айни замон аз рӯйи ин қазия тафтишот ҷараён дорад ва мақомот далели аслии сар задани моҷаро ва гунаҳкоронро ҷӯёянд.[/b]

Ҳанӯзам ин савол нокушода аст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ба кӣ чӣ «бадӣ» кард, ки мавриди «ҳамла» қарор гирифт? Худи ӯ мегӯяд, ки бо касе ҳарфҳои пасту баланд назадааст ва оне, ки шахсе бо ӯ пешорӯ омада салом мегӯяду ду нафари дигар ногумон ӯро аз пушти сар зада беёд мекунанд, амали тарҳрезишуда аст.

Дар ин росто, сардабирони нашрияҳои кишвар ин амалро ба ҷуз сӯйиқасд чизе намедонанд ва чунин рухдодро дар ҷомеаи мутамаддин маҳкум мекунанд.

Матни пурраи маводро дар саҳифаи таҳлили сомона мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=13]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=13[/url]

TojNews

Источник:

Изҳороти созмонҳои журналистӣ оид ба латукӯби Сайфуллозода

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии ахбори оммаи мустақили Точикистон, Медиа Алянси Тоҷикистон ва Бунёди «Индем» бо пахши як баёния ҳодисаи аз ҷониби ашхоси номаълум ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ва ба таври ҷиддӣ тафтиш шудани қазияи мазкурро талаб доранд.

«Субҳи рӯзи 7-уми феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби бадхоҳони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, ба таври ваҳшиёна латукӯб шуд. Сабаби латукӯб шудани Сайфуллозода ҳанӯз аниқ нест. Бо вуҷуди он, дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин тарз қасос гирифтан аз одамони номақбул ҷиноят буда, мутобиқи қонун бояд ҷиддан мавриди ҷазои сахт қарор бигирад. Баъзе коршиносон ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбии журналистии Ҳикматулло Сайфуллозода марбут медонанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО омода ҳастанд, ки ин ҳодисаро мавриди таҳқиқи журналистӣ қарор дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани ҷинояти мазкур мусоидат намоянд. Ошкор намудани ҷиноят оид ба ҳодисаи ҳамла ва латукӯб кардани Ҳикматулло Сайфуллозода марбут ба обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои босалоҳияти давлатии Тоҷикистон мебошад,- омадааст дар изҳороти дастҷамъии созмонҳои журналистӣ.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Мушкинисо АСОЗОД, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11395&Itemid=30

Ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи «Миллат»

[b]Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нашрияи “Миллат”-ро ба чопи раддияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва пардохти ғаромат ба ин вазорат муваззаф кардааст.[/b]

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи сешанбеи 8 феврал эълом шуд, ин ҳафтанома ба Вазорати кишоварзӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ё беш аз 300 дулори омрикоӣ бояд пардохт кунад.

Баҳси нашрияи мустақилли “Миллат” бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳудуди як сол қабл дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шурӯъ шуда ва ҳамакнун ҳукми он эълом гардид.

Адолати Мирзо, сардабири нашрияи “Миллат”, ба Би-би-сӣ гуфт: «Ҳукми додгоҳ барои мо мисли пари коҳе арзиш надорад ва ба фаъолияти журнолистии мо таъсире нахоҳад гузошт.»

Дар матлабе, ки дар сойти интернетии “Миллат” мунташир шудааст, ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар қиболи ин нашрия ғайриқонунӣ арзёбӣ шудааст.

Дар ин матлаб омадааст: «Тибқи қавонини Тоҷикистон, зарари маънавӣ ба шахси зинда расонда мешавад, на ба вазорат. Аз ин лиҳоз, баррасии ин мавзӯъ дар додгоҳ муғойир бо қавонини кишвар аст.»

«Аз сӯйи дигар, қозии додгоҳ мавориди ҷой доштани фасод дар вазорати кишоварзиро, ки аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ ошкор шуда ва дар расонаҳои хориҷию дохилӣ бозтоб ёфта буданд, ба ҳангоми эъломи ҳукм ба назари эътибор нагирифт.»

Нашрияи “Миллат” қасд дорад дар мавриди ин ҳукм ба догоҳи истинофӣ (кассатсионӣ) шикоят барад.

Моҳи декабри соли 2009 Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе номаи шикоятӣ ирсол карда ва дар он масъулони нашрияи “Миллат”-ро барои чопи матлабе ба унвони “Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод” ба «тавҳин ба шаъну шарафи худ» муттаҳам карда буд.

Ин вазорат аз нашрияи «Миллат» дархости пардохти беш аз як милюн сомонӣ ғаромат ё товон карда ва ваъда дода буд, ки ин маблағро ба суратҳисоби нерӯгоҳи “Роғун” ирсол мекунад.

Дар муқобил, ҳафтаномаи «Миллат» низ аз вазорати кишоварзӣ ба иттиҳоми нақзи қонуни матбуъот ба додгоҳ шикоят карда ва аз ин ниҳод пардохти як сомонӣ ё ҳудуди 23 сентро тақозо карда буд.

[b]Қазияи «ASIA-Plus»[/b]

Дар ҳамин ҳол, интизор мерафт рӯзи душанбеи 7 феврал дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии муқаддамотии қазияи байни нашрияи “ASIA-Plus” ва бахши ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон баргузор шавад.

Аммо ба далели ҳозир нашудани ҷониби муддаъӣ ин ҷаласа то ба як ҳафтаи дигар ба таъвиқ афтодааст.

Дар пайи чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” таҳти унвони “Бозрасӣ ё истинтоқ?” дар 21 декабри соли гузашта дар мавриди истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ Анвар Тағоймуродов, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам кардааст.

[b]Шикоят алайҳи молики «Пайкон»[/b]

Дар таҳаввуле дигар, Вазорати адлияи Тоҷикистон аз Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ, як созмони мустақил дар ин кишвар, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурда ва хостори мутаваққиф кардани фаъолияти ин созмон шудааст.

Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон”, гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдоми вазорат эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ин ҳафтаномаи мустақил аст.

Ба гуфтаи оқои Толибов, Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ муассис ва молики нашрияи “Пайкон” буда ва ин нашрия дар моҳҳои октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар бораи вазир ва Вазорати адлия матолиби интиқодӣ чоп карда буд.

Ӯ гуфт барои бори аввал нест, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ба нашрияи “Пайкон” фишор ворид мешавад.

Дар авохири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе нашрияи мустақилли «Пайкон»-ро муваззаф карда буд, ки маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ба «Тоҷикстандарт», як ниҳоди нозир бар колоҳои воридотӣ дар Тоҷикистон, ғаромат пардозад.

Ин ниҳод нашрияи «Пайкон»-ро ба иттиҳомоти мушобеҳ, яъне тавҳину туҳмат муттаҳам карда буд.

Ҳамчунин, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта фаъолияти нашрияи “Пайкон” як муддат мутаваққиф шуда буд.

Гуруӯҳҳои дохилӣ ва байналмилалии мудофеъи озодии баён аз мавориди ба додгоҳ кашидани нашрияҳо дар Тоҷикистон ҳамвора интиқод карда ва гуфтаанд, ки ин маворид ба густариши худсонсурӣ дар миёни рӯзноанигорон хоҳад анҷомид.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110208_ea_mm_millat_court.shtml