Архив рубрики: Хабарҳо

IWPR ба журналистони вилояти Хатлон меъёрҳои байналхалқии омодасозии гузоришҳои радиоиро меомӯзад

Намояндагии Институти бритонии инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19 феврали соли ҷорӣ барои журналистони вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб семинар – тренинг дар мавзӯи «Меъёрҳои байналхалқии журналистика ва омодасозии гузоришҳои таҳлилии радиоӣ» мегузаронад.

Максади аз гузаронидани ин тренинг баланд бардоштани сатҳи малакаи радиожурналистони ҷавон ва инъикоси дурусти мавзӯҳои доғ ва нозуки минтақа мебошад. Тренингро муҳаррири радиолоиҳаи IWPR Шаҳодат Соибназарова мегузаронад.

Ҳамчунин барои донишҷӯёни курсҳои болоии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши озодии сухан дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон» маърӯза карда мешавад. Маърӯзаро Додарбек Сайдалиев, раҳбари Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд», ки бевосита бо рушди сектори шаҳрвандӣ дар минтақа сару кор дорад, мехонад. Созмони ҷамъиатии «Шаҳрванд» ҳамчунин дар самти ҳамоҳангсозии муносибатҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва донорҳо фаъолият мебарад.

Чорабиниҳои мазкур дар доираи ду лоиҳаи IWPR омода шудаанд: «Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва таълими ҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба инъикоси масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ихтилофҳо ва истиқрори боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

Источник:

Нигарониҳо аз ҳамла ба Сайфуллозода

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ҳамла ба узви аршади ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум намудааст.

Хонум Аквиле Норматиене, мушовири умури сиёсии дафтари намояндагии ИА дар Душанбе дар шарҳи баёнияи ин созмон ба РО гуфт, ки ИА ҳамла ба Сайфуллозода «як амали ваҳшиёна» талаққӣ карда аз мақомот хостааст, ки омилин ин ҳамларо дастгир ва муҷозат кунанд.

Дар ҳамин ҳол сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон низ нигаронии худро аз ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода баён доштааст.

Тревор Мур, сафири Британия дар Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҳамла ба як узви ҳизби сиёсӣ изҳори нигаронӣ намудааст.

Ин дар ҳолест, ки пас аз як ҳафтаи ҳамла болои Ҳикматулло Сайфуллозода дафтари САҲА дар Душанбе низ изҳори нигаронӣ ва хостори расидагии мақомот ба ин қазия шуда буд.

Ивар Вики, намояндаи дафтари САҲА дар Душанбе, гуфт, онҳое, ки сардабири «Наҷот»-ро латукӯб кардаанд, бояд ошкор ва боздошт шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Қабл аз ин, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ ҳамла болои узви фаъоли ҲНИТ-ро маҳкум карда буд.

Худи масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ онро «сӯиқасд ба ҷони Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳамла ба ин ҳизби динӣ» медонанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви раёсати олии ҲНИТ, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ, ба таври ғайримунтазира дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст.

Ӯ дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи «Қарияи Боло» оварда мешавад ва то кунун дар он ҷо бистарист. Табибон мегӯянд, ҳамлаварон бештар дар ноҳияи сараш зарбаҳои сангин задаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи расмии ҲНИТ-ро ба ӯҳда гирифт. Вай дар маркази таҳлилии «Диалог» дар Душанбе низ кор карда, дар расонаҳо бештар ба унвони таҳлилгари масоили сиёсӣ ва динӣ сӯҳбат мекунад.

Ҷаноби Сайфуллозода як ҳафта пеш аз он, ки мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор бигирад, бештар дар бораи навори Алии Бедакӣ, таҳаввулоти Миср ва таъсири он ба кишварҳои худкома андешаҳои худро баён дошта буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2310983.html

Афзоиши андоз аз нашрияҳо

Коршиносон мегӯянд, тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз нашрияҳои камдаромадро муфлис хоҳад кард.

Бино бар ин ислоҳот, акнун нашрияҳо маҷбур хоҳанд буд, аз рӯи маоши ҳадди ақал — 562 сомонӣ ба буҷаи давлат молиёт пардозанд ва ҳам андози арзиши изофа диҳанд.

То кунун корхонаҳое арзиши изофа месупурандд, ки ҳаҷми умуии гардиши пулии онҳо дар сол 800 000 сомониро ташкил медод. Аммо ин меъёр то 200 000 коҳиш дода шуд. Дар ҳоле ки бо таваҷҷӯҳ ба мизони болои таваррум ё инфлятсия бояд ин ҳадди ақал коҳиш намеёфт, балки боло бурда мешуд.

Акнун ба ин қатор нашрияҳои мустақил, ки солона 52 шумора ва ҳафтае то як то даҳ ҳазор нусха нашр мешаванд, шомил хоҳанд буд.

[b]»Ниқоргирӣ аз матбуот»?[/b]

Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР», чунин муносибат ба матбуотро амдӣ ва ҳатто як навъ сӯиқасди бархе аз мақомот ба матбуот медонад.

Ӯ мегӯяд, ҷорӣ шудани андози изофӣ миёни матбуоти мустақил ва озоди Тоҷикистонро хоҳад шикаст: «Нашрияҳои Тоҷикистон бе ин ҳам тоби рақобат бо расонаҳои хориҷро надоранд. Аммо ин андозҳо якбора миёншикани матбуоти бе ин ҳам заифи мо мешавад. Дар Дания, Шведсия, Шветсария ва дигар кишварҳо давлат ба матбуот кӯмакпулӣ медиҳад. Дар мо баръакс ба назар мерасад ва ин иқдом ҳам як навъ ниқоргирии ду-се мансабдори фосид аст, ки бо ҳамин роҳ мехоҳанд садди роҳи матбуоти озод бишаванд.»

[b]»Нашрияҳо муфлис мешаванд»[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, нукоти нави Кодекси андоз матбуоти Тоҷикистонро дар дуроҳаи бӯҳронӣ қарор додааст. Ӯ мегӯяд, аз суханони масъулони нашрияҳо бӯи навмедӣ меояд ва онҳо ду роҳ дар пеш доранд: яке бастани нашрияҳо қабл аз муфлисшавӣ ва ихтисори зиёди кормандонашон.

Аммо оқои Қаршибоев мегӯяд, масъулони расонаҳо ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ мехоҳанд ин масъаларо дар назди мақомот матраҳ намоянд ва роҳи ҳалле барои он ҷустуҷӯ кунанд.

[b]Қарз болои қарз[/b]

Тибқи як муқаррароти дигар акнун нашрияҳо маҷбур ҳастанд, ҳатто дар сурати поин будани миқдори маоши моҳони кормандонашон нашрияҳои мустақил, аз рӯи ҳисоби 562 сомонӣ молиёт бисупоранд.

Ҷорӣ шудани ин муқаррарот хосса ба вазъи нашрияҳое, ки ҳудуди се моҳ аз нашр боз монда буданд, таъсири сӯ хоҳад гузошт. Масъулини ин нашрияҳо мегӯянд, ки бозмондани онҳо аз нашр боис ба афзоиши қарзи нашрияҳо аз матбаа ва иҷораи дафтар шудааст.

Ба ҳамин сурат, нашрияҳои мустақил, ки чанд моҳи гузаштаро дар тарси афзоиши фишори мақомот ва бозмондан аз нашр пушти сар кардаанд, дар рӯбарӯи тарси дигаре, ба номи муфлисшавӣ қарор гирифтаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2310167.html

Тоҷикистон дар гузориши солонаи CPJ

Кумитаи дифоъ аз журналистон соли 2010-ро яке аз мушкилтарин давраҳои озодии баён шумурдааст.

Дар фасли марбут ба Тоҷикистон дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар моҳи январи соли 2010 бо шикояти ду додраси Додгоҳи олӣ ва як додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе се ҳафтаномаи мустақил – “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия-Плюс” ба додгоҳ кашонда шуданд. Муддаиён аз ин се нашрия пардохти 5,5 миллион сомонӣ ё 1 миллиону 200 000 долларро талаб карданд. Ин шикоят дар ҳоле ба додгоҳ рафт, ки ҳафтаномаҳо мӯҳтавои нишасти хабарии вакили ҳуқуқӣ, Солеҳҷон Ҷӯраев ба нашр расонданд. Сипас дар бархе аз онҳо шарҳи Ҷӯраев мунташир шуда буд. Вакил додрасонро айбдор мекард, ки ҳукми ғайриқонунӣ содир кардаанд. Баррасии парванда идома дорад.

Ба навиштаи Кумитаи дифоъ аз журналистон, дар моҳи сентябр мақомоти Тоҷикистон дастрасиро ба чанд торнамои хабарии мустақил манъ карданд ва ба чопхонаҳои маҳаллӣ фишор оварданд, ки бархе аз нашрияҳои мустақилро чоп накунанд. Мавҷи фишор ба дунболи гузоришҳои интиқодӣ нисбати Вазорати дифои Тоҷикистон омад, ки дар нашрияҳои чопи Душанбе – “Фараж”, “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Миллат” ва “Пайкон” ва ҳам торнамоҳои хабарии “Азия-Плюс”, “Авеста”, Тҷкнюз, Сентразия ва Фергана интишор шудаанд.

Расонаҳо аз тарафи вазорат дар ихлол ба амалиёти зидди ошӯб дар шарқи Тоҷикистон айбдор шуданд. Бино бар хабарҳои матбуоти маҳаллӣ дар ин амалиёт ба камияш 28 сарбози давлат кушта шудаанд. Вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев нашрияҳоро дар кӯмак ба террористон муттаҳам кард. Фишори ҳукумат дар давоми сол идома кард.

Мақомоти давлат дар вилояти шимолии Суғд хабарнигори ҳафтаномаи чопи Душанбе – “Нури зиндагӣ”, Маҳмадюсуф Исмоиловро дар моҳи ноябр ҳабс карданд. Хабаргузориҳои минтақаӣ дар ин бора дар моҳи декабр иттилоъ доданд. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, Исмоилов ба тӯҳмат ва таҳқир аз тариқи матбуот айбдор шуда, ба ӯ то ду соли зиндон таҳдид мекунад. Журналист ҳукумати маҳаллӣ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияро ба сиёсатҳои иштибоҳӣ айбдор кард. Исмоилов то поёни сол дар маҳбаси Хуҷанд нигаҳдорӣ шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2309870.html

Журналист Даминова аз ҷавобгарӣ озод шуд

[b]Додгоҳ журналисти пешини телевизион, Ҳуснигул Даминоваро аз ҷазо озод ва ба муолиҷа маҷбур кард.[/b]

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки зимни шикояти раиси Кумитаи давлатии Радио ва Телевизиони Тоҷикистон, Асадуллоҳ Раҳмонов, парвандаи авбошии хонуми Даминоваро баррасӣ кард, ба муолиҷаи ҳатмии равонпизишкии ӯ ҳукм дод.

Додрас Малоҳат Домуллоҷонова ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис нишон додааст, ки хонуми Даминова ба ҷурме айбдор мешуд, ки дар ҳолати бӯҳрони шадиди равонӣ содир кардааст: «Қонунггузорӣ ин эҳтимолро дар назар гирифтааст, ки агар дар ҳақиқат шаҳрванд ҳангоми амали авбошӣ аз лиҳози равонӣ дарк накунад, ки чӣ карда истодааст, додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо мекунад.»

Ҳуснигул Даминова, муаллифи барномаи маъруфи телевизионии «Инсон ва қонун» дар моҳи апрели соли 2010 бо фармони раиси кумита, Асадуллоҳ Раҳмонов, барканор гашта, баъдтар алайҳи ӯ бо ҷурми авбошӣ парванда боз шуд.

Ба қавли яке аз наздикони Ҳуснигул Даминова, вақте ки ӯ хостааст дар масъалаи манзилгоҳ бо Раҳмонов сӯҳбат кунад дарбонҳо барояш иҷозаи вуруд надодаанд ва ӯ аз сари хашм раиси кумитаро дашном додааст. Посбонони даромадгоҳ садои ӯро забт карда, наворро ба раиси кумита додаанд.

Ин манобеъ мегӯянд, хонум Даминова рӯзи дигар бидуни иҷоза ба утоқи раиси кумита ворид шуда, бо ӯ баҳси тезутунд кардааст. Дар пайи ин баҳс Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи давлатии радио ва телвизиони Тоҷикистон ба бахши умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст.

Аммо ин кашокаш дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки Даминова қаблан низ барои вайрон шудани навбати хонагирӣ бо раис баҳс карда, аз кор ронда шудааст, вале бо қарори додгоҳ ба мақомаш барқарор гашт. Дар ин байн ҳаққи гирифтани манзил барои ӯ лағв шуда буд.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, ҳукми дордгоҳро дар баробари хонум Даминова одилона номид. Ба қавли вакили мудофеъ Қимматгул Розиева, агар додгоҳ бемории равонии Даминоваро ба назар намегирифт, журналист метавонист ба муддати аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Ҳуснигул Даминова 16 сол дар Телевизиони Тоҷикисон ба ҳайси хабарнигор фаъолият намуда, муаллиф ва муҷрии барномаи маъруфи «Инсон ва Қонун» буд.

Хонуми Даминова дар рӯзҳое ин намоиши ҳассоси телевизиониро таҳия мекард, ки кишвар нав аз нооромиҳои дохилӣ берун меомад ва барои як журналисти телевизион хеле ҷасорат мехост, ки аз ҷурму ҷиноят ва қонунмандӣ дар он рӯзҳо сӯҳбат кунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2308953.html

Дар робита ба латукӯби Сайфуллозода парванда боз шуд

[b]Мақомот мегӯянд, дар робита ба латукӯби сардабири “Наҷот” Ҳикматулло Сайфуллозода парванда боз шудааст.[/b]

Як масъули идораи пулиси “Сино-2”, ки бо “Озодӣ” сӯҳбат мекард, дар ин бора хабар дод, аммо аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ варзид.

Ҳафтаи гузашта мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки пас аз эълони натиҷаҳои ташхиси тиббӣ-судӣ, дар робита ба қазияи Ҳикматулло Сайфуллозода парванда боз мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки пас аз як ҳафтаи ҳамла болои Ҳикматулло Сайфуллозода дафтари САҲА дар Душанбе изҳори нигаронӣ ва хостори расидагии мақомот ба ин қазия шудааст. Ивар Вики, намояндаи дафтари САҲА дар Душанбе, гуфтааст, онҳое, ки сардабири «Наҷот»-ро латукӯб кардаанд, бояд ошкор ва боздошт шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Қабл аз ин, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ ҳамла болои узви фаъоли ҲНИТ-ро маҳкум карда буд. Худи масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ онро «сӯиқасд ба ҷони Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳамла ба ин ҳизби динӣ» медонанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви раёсати олии ҲНИТ, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ, ба таври ғайримунтазира дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст.

Ӯ дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи «Қарияи Боло» оварда мешавад ва то кунун дар он ҷо бистарист. Табибон мегӯянд, ҳамлаварон бештар дар ноҳияи сараш зарбаҳои сангин задаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи расмии ҲНИТ-ро ба ӯҳда гирифт. Вай дар маркази таҳлилии «Диалог» дар Душанбе низ кор карда, дар расонаҳо бештар ба унвони таҳлилгари масоили сиёсӣ ва динӣ сӯҳбат мекунад.

Ҷаноби Сайфуллозода як ҳафта пеш аз он ки мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор бигирад, бештар дар бораи навори Алии Бедакӣ, таҳаввулоти Миср ва таъсири он ба кишварҳои худкома андешаҳои худро баён дошта буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2309571.html

Мушкилоти расонаҳо: Қазияҳои додгоҳӣ ва дастрасӣ ба хабар

Тибқи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) дар соли гузашта дар ин кишвар сиву ду мавриди маҳдудият барои дастрасӣ ба иттилоъот ва 42 мавриди шикоят дар робита бо ҳимоят аз шаъну шараф сабт шудааст.

Дар гузориши ин анҷуман омадааст, ки «дастрасӣ ба иттилоъот ва даъвоҳо дар робита бо ҳимоят аз шаъну шараф аз масоили умда дар роҳи густариши озодии баён дар кишвар боқӣ мемонад».

Тибқи ин гузориш дар соли гузашта нӯх парвандаи нашрияҳо ва хабарнигорон дар додгоҳ баррасӣ шудааст, ки парвандаҳои “ASIA-Plus”, “Озодагон” ва “Фараж” дар робита бо даъвои се қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон “аз пурсару садотарин баҳсҳои додгоҳӣ» будааст.

Идомаи мавод дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=22]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=22[/url]

Источник:

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон даъват менамояд, ки шахсони ба сиёсатмадор ва рӯзноманигори барҷаста ҳамла оварда ба додгоҳ кашида шаванд

ДУШАНБЕ, 11 феврали соли 2011

[b]Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Сафир Ивар Викки, ҳодисаи ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳизби мазкурро маҳкум намуда, даъват менамояд, ки ашхоси дар ин ҷиноят саҳмдошта дастгир гардида, ба додгоҳ кашида шаванд.[/b]

Сайфуллозода аз 7-уми феврал ин ҷониб, рӯзе, ки ӯ дар назди манзилаш дар ш. Душанбе аз ҷониби ашхоси номаълум ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифта буд, дар беморхона бо зарб хӯрдани майна ва ҷароҳатњои вазнини сар бистарӣ мебошад.

«Мавриди ҳамла қарор гирифтани Сайфуллозода хеле ҳам нигароникунанда мебошад», гуфт Сафир Викки. «Озодии сухан ин асоси ҷомеаи демократӣ мебошад. Хушунат ё таҳдид бар зидди касоне, ки нуқтаи назари худро иброз медоранд, ин ҳамла ба он арзишҳое мебошад, ки нисбати онҳо дар Тоҷикистон, бо назардошти таърихи муҳокима ва муколамаи маънавие, ки ин кишвар дорост, эҳтироми амиқ мегузоранд. Тааҳудоти САҲА, ки аз тарафи ҳамаи кишварҳои иштирокчиёни ин созмон қабул гардидаанд, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрас намудани иттилооти озод ва ошкоро тасдиқ менамояд ва ин ҳуқуқ бояд аз тарафи давлат кафолат дода шавад».

Источник: Хадамоти матбуотии САҲА.

«Умед Бобохонов ба додгоҳ ҳозир шавад»

[b]“Азия-Плюс” аз болои шикояти як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод карда, 15 ҳазор сомонӣ ҷуброн хостааст.[/b]

Марат Мамадшоев, як масъули «Азия-Плюс» мегӯяд, ба додгоҳ кашида шудани ин нашрия метавонад ба обрӯ ва эътибори он дар назди хонандагон латма бизанад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай, ин нашрия матлаби худ дар бораи шиканҷаи боздоштшудагон аз тарафи маъмурони пулисро бидуни таҳқир ва тӯҳмати нафар ё ниҳоде ба чоп расонидааст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти Анвар Тағоймуродов, як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ аз болои нашрияи “Азия-Плюс” оғоз кард.

Хабарнигори «Озодӣ», ки ҷараёни ин баҳси додгоҳиро назорат мебарад, гуфт, раҳбари бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ба додгоҳ ҳозир шудааст.

Аммо ӯ ва вакили дифоъяш Ҷамшед Ғиёсов хостаанд, ки ба унвони муассис ва раҳбари нашрияи «Азия-Плюс», Умед Бобохонов иштирок бикунад.

Онҳо гуфтаанд, ҳарчанд Марат Мамадшоев ба унвони масъули «Азия-Плюс» дар ин баҳс иштирок мекунад, вале фармон дар бораи раҳбари ин муассиса буданашро пешниҳод накардааст.

Дар авохири моҳи январи соли ҷорӣ Анвар Тағоймуродов, раҳбари бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, барои чопи мақолаи «Тафтишот ё инкивизитсия?» ҳафтаномаи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кард.

Дар ин мақолаи таҳқиқотӣ, ки ба қалами хабарнигор Рамзия Мирзобекова марбут аст, саҳнаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД, аз ҷумла дар вилояти Суғд тасвир шуда буд.

Сардори раёсати мубориз бо ҷинояҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мақола мавриди ба иддаои худаш дурӯғ ва таҳқирро нисбат ба шахсияти худаш кашф карда ва аз додгоҳ хостори расидагӣ ба ин қазия шудааст.

Анвар Тағоймуродов дар аризаи даъвогии худ ҳатто таъкид кардааст, ки шояд муаллифи мақола ва хабарнигорони дигар омилони ҳамлаи интиҳории Хуҷандро мешинохтанд ва аз нияти онҳо огаҳӣ ва эҳтимолан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд.

Созмонҳои хабарнигории дохил ва хориҷи Тоҷикистон аз чунин бархӯрди мақоми баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ интиқод кардаанд.

Онҳо аз Додситонии кулл ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, то ин қазия ба таври холисона пайгирӣ шавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2308300.html

Вокуниши расмӣ ва назари аҳзоб ба истеъфои Муборак

Дар изҳороти вазорат вазъи ҳоким дар Миср «ҳассос ва сарнавиштсоз» арзёбӣ ва ҳамзамон «изҳори боварӣ» мешавад, ки «ниҳодҳои давлатӣ »-и ин кишвар ҷиҳати «ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ» талош хоҳад варзид.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба сабаб ва заминаҳои таҳаввулоти охири Миср ишора накарда ва пайомадҳои эҳтимолии ин ҳаводисро шарҳ надодааст.

Идомаи мавод дар саҳифаи таҳлилии TajFEN: [url=http://www.taj.nansmit.tj/taj_fen/?id=15]http://www.taj.nansmit.tj/taj_fen/?id=15[/url]

Источник: