Архив рубрики: Хабарҳо

Дар Кӯлоб хабарнигорро боздошт карданд

[b]Баҳриддин Сангмадов, хабарнигори нашрияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мавсум ба «Анвори дониш» ва нашрияи шаҳри Кӯлоб мавсум ба “Пажвок” дар назди бинои ин донишгоҳ ба ҳангоми аксбардорӣ аз манзараи буриши дарахт тавассути як корманди донишгоҳ ва сипас як корманди пулис боздошт шуд.[/b]

Вай пас аз истинтоқи понздаҳдақиқаӣ дар дохили сохтмони раёсати донишгоҳ раҳо шудааст.

Баҳриддин Сангмадов мегӯяд, ки ӯро Ватан Сафаров, муъовини раиси донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳангоми иҷрои вазифаи хабарнигориаш, ҳангоми аксбардорӣ «ба ӯ бо лаҳни тунд фармудааст», ки ба утоқи кориаш биояд.

Чун оқои Сангмадов ба кори ҳирфаии худ идома дод, оқои Сафаров аз гиребони ин хабарнигор гирифта ва ӯро бо зӯр ба дохили сохтмони донишгоҳ бурдааст. Дар ин кор ба ӯ яке аз кормандони интизомӣ дар донишгоҳ ҳамроҳ шудааст. Оқои Сангмадов дар ин бора гуфт: «Дар асари зӯроварии онҳо остинҳои куртка ва джемпирам дариданд.»

Оқои Сангмадов афзуд: «Пас аз таҳдиду тундгӯиҳои зиёд боз ду милисаи дигарро ба он ҷо даъват карданд. Чун диданд, ки аз лиҳози қонунӣ маро муттаҳам карда наметавонанд, маро ҷавоб доданд.”

Нуралӣ Солеҳов, ректори донишгоҳ ва мақомоти дигари ин муассисаи давлатии таълимӣ аз шарҳи ин қазия ба хабарнигорон худдорӣ карданд.

Ба бовари Ҷумъахон Алимӣ, коршиноси маҳаллӣ ахиран мақомоти Кӯлоб аз фишорҳо ба нашрияҳо дар Душанбе-пойтахт «илҳом гирифтаанд» ва ба ин хотир кӯшиши фишор овардан ба хабарнигорони маҳаллӣ дар ин минтақа афзоиш ёфтааст.

Аммо барои бори нахуст нест, ки хабарнигорони Кӯлоб мавриди озор ва лату кӯби мақомот қарор мегиранд.

Ба ақидаи оқои Алимӣ фишорҳо нисбати рӯзноманигорони мустақил дар Кӯлоб беш аз ҳар мантақаи дигари Тоҷикистон аст. Вай мегӯяд: «Соли гузашта на яку ду бор, балки чандин мавриди фишор ва таҳқири журналистон Абдулмӯъмин Шерхонов аз тарафи мақомоти гуногуни маҳаллӣ сурат гирифт. Дар соли соли 2009 ӯ мавриди лату кӯби гурӯҳӣ низ қарор гирифта буд.»

Дар ду соли ахир ҳамчунин аз мавориди фишор ва таъқиби Рустам Наботов, Баҳриддин Сангмадов, Зулайхо Саидова, Сафаралӣ Мирзоев, Абдулмӯъмин Шерхонов, Раҳматалӣ Назриев, Худоёри Валӣ ва худи Ҷумъахон Алимӣ, хабарнигорони маҳаллӣ гузориш шуда буд.

Орзуи Ҳамид

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110308_rm_ah_kulob_journalist.shtml

Вокунишҳо ба тарҳи таъсиси нахустин радиои ҳизбӣ

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба таъсиси як радиои ҳизбӣ омодагӣ мегирад.

Пешниҳоди таъсиси радиои ҳизбӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҲХДТ матраҳ шуда ва дар ин замина қарор аз сӯи раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст.

Гуфта мешавад ҳадаф аз роҳандозии ин радио таблиғ ва ташвиқи густардаи ормонҳои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷомеаи кишвар ва бахусус дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурист, ки ба баргузории он то ду соли дигар фурсат мондааст.

Ва аммо ин тасмим дар ҳоле садо медиҳад, ки аҳзоби дигари кишвар барои роҳандозии радио ва телевизионҳои худ дучори мушкил шуда масъалаи дарёфти муҷаввиз низ барои ин навъи фаъолият ба як мушкилии дигар табдил ёфтааст.

Матни пурраи мавод дар бахши таҳлилии сомонаи мо: h[url=ttp://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=29]ttp://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=29[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Забондонон аз матлаби «Озодагон» таҳқир ёфтаанд

Додгоҳ мегӯяд, ин таҳқирро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академяии улум дарёфтааст, ҷавобгарон мухолифанд.

Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфта, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифоъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд.

Амриддин Сафоев аз тафсили мавзӯъ ба рӯзноманигорон худдорӣ кард. Аммо ба гуфтаи вакилони дифоъ, масъала ин аст, ки Солеҳҷон Ҷӯраев зимни як номаи хусусӣ ба раиси Додгоҳи Олӣ, ки нашр нашудааст, яке аз додрасҳоро «майпараст» унвон карда, нашрияи «Озодагон» дар баробари ӯ ибораи «аз тарс маҷбуран»-ро истифода кардааст.

Матни пурраи мавод дар бахши таҳлилии сомонаи мо: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=30]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=30[/url]

Источник:

Мушкили фурӯши нашрияҳо дар хиёбонҳои Душанбе

[b]Ҳудуди 1000-1500 нусхаи ҳафтаномаҳои мустақили чопи Душанбе дар ин ҳафта ба фурӯш нарафта ба идораи рӯзномаҳо бозгаштааст.[/b]

Панҷшанбеи ҳар ҳафта охирин рӯзи ба фурӯш гузоштани нашрияҳо мебошад.

Ахиран шаҳрдори Душанбе бо судури як дастур, ниҳодҳои зидахлро муваззаф намуд, ки фурӯши рӯзномаҳо дар хиёбони марказии пойтахт, ки ҷодаи протоколӣ ба шумор меояд, ҷилавгирӣ кунанд. Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иқдом, фарҳанги рӯзномафурӯширо ба танзим овардан аст.

Вале тавре сардабирони ҳафтаномаҳо мегӯянд, кормандони интизомии шаҳр чуноне, ки ба носфурӯшони кӯчаҳо дар меафтанд, ба рӯзномафурӯшон, ки аслан занону мардони солхӯрда ҳастанд низ чунин муносибат намуда дар ҳамаи маҳаллаҳои пойтахт онҳоро таъқиб мекунанд.

Сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки дар ин ҳафта теъдоди фурӯши рӯзномаҳо коҳиш ёфт ва то якуним ҳазор нусхаи «Фараж» аз фурӯш бозмондааст: «Аз теъдоди панҷунимҳазор нусхае, ки ин ҳафта ба нашр расид, беш аз якунимҳазор ҳазор ба фурӯш нарафт. Яъне фурӯшандаҳо имкон пайдо накарданд, ки рӯзномаро ба муштариён пешниҳод кунанд»

Якуним ҳазор нусхаи «Фараж» теъдодест, ки дар хиёбони марказии пойтахт бояд фурӯхта мешуд ва ҳафтаномаҳои дигар низ ба мисли «Азия Плюс», «Миллат», «Озодагон», «СССР», «Чархи Гардун» наздики ҳамин теъдод фурӯхта натавонистаанд.

Ба қавли сардабирони ҳафтаномаҳо, чунин ҳолат пеш аз ҳама ба вазъи иқтисодии рӯзномаҳо зарба мезанад ва тавони худкифоии онҳоро заъиф мекунад. Фурӯши севунимҳазор рӯзнома ҳатто ба хароҷоти чопи шумораи нашрия кифоят намекунад. Илова ба ин, харҷи маоши кормандон, телефонпулӣ, пардохти андозу иҷорапулӣ аз масълаҳои дигари молии нашрияҳо ба шумор меояд. Кормандони рӯзномаҳо мегӯянд, ки агар ба ин масъала бознигарӣ нашавад, ин метавонад баъзе аз нашрияҳоро ба зону дарорад.

Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» мегӯяд, ки дар ин ҳафта беш аз 1000 нусхаи «Пайкон» баргаштааст. Вай намедонад, ки чӣ гуна маоши кормандонро пардозад дар ҳоле, ки Идораи андози шаҳри Душанбе бо як қарори худ дастур додааст, ки моҳонаи кормандони рӯзномаҳо на камтар аз 562 сомонӣ бошад: «Мо намедонем дар ин вазъият чӣ кор кунем, дар як дуроҳа қарор гирифтаем»

Дар ҳамин ҳол Раиси иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралии Саттор гуфт, ки бо пеш омадани чунин ҳол, як системаи нави фурӯши рӯзномаҳоро ба роҳ хоҳанд монд: «Бо дарназардошти ҳалли ин масъала, як умури ҷадиди фурӯши рӯзномаҳо таҳти унвони «Кооперативи фурӯши рӯзномаҳо» ба кор оғоз хоҳад кард. Дар чаҳорчӯбаи он, мо ба ҳамаи рӯзномафурӯшони шаҳр ҳуҷҷат медиҳем, онҳо либоси махсус дар бар мегиранд ва бо мошинҳо нусхаҳоро ба нуқтаҳои асосии фурӯш бурда мерасонем. Фикр мекунам, ки ин наҳваи кор метавонад ин печидагиҳоро дуруст кунад».

Аммо сардабирон мегӯянд, то замоне, ки ин Кооператив ба фаъолият шурӯъ мекунад, вазъи рӯзномаҳо боз ҳам печидатар хоҳад шуд, зеро теъдоди зиёди нусхаҳои рӯзномаҳо дар хиёбони марказии пойтахт фурӯхта мешаванд.

Шаҳрдори Душанбе фурӯши рӯзномаҳо дар хиёбони марказиро иҷозат додааст, вале фурӯшанда бояд бо борхалата рӯзномаҳоро ҳамроҳаш гардонад.

Сардабирони рӯзномаҳо мегӯянд, ки фурӯшандаҳои аслии онҳо солхӯрдагони зери 60-сола ҳастанд, ки тавони бардоштани вазни 25-30 килограмро надоранд.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2327562.html

Таваҷҷӯҳи бесобиқа ба ҳаводиси кишварҳои хориҷӣ

[b]Тайи ҳафтаҳои ахир расонаҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа ба пӯшиши густардаи хабарҳои хориҷӣ аз шимоли Офриқо ва Ховари Миёна пардохтанд.[/b]

Баъзеҳо мегӯянд, далели таваҷҷӯҳи бесобиқаи расонаҳои тоҷикӣ ба инқилобҳои кишварҳои шимоли Офриқо ва Ховари Миёна вуҷуди шабоҳатҳо миёни Тоҷикистон ва ин кишварҳо будааст.

Масъулони нашрияҳои мустақилли маҳаллӣ мегӯянд, ки матраҳ шудани ин савол дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон, ки оё дар ин кишвар низ эҳтимоли оғози нооромиҳои мушобеҳ вуҷуд дорад ё хайр, онҳоро водор ба пайгирӣ ва таҳлили ҳаводиси инқилобӣ кардааст.

Матни пурраи гузориш дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=28]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=28[/url]

Источник:

Вуруди тадриҷии Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба коргоҳ

[b]Баъди дурии якмоҳа Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода — сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» субҳи имрӯз вориди шабакаи интернет шуд. Дар сӯҳбати басо кӯтоҳ бо TojNews вай аз вазъи саломатияш изҳори хушнудӣ кард, вале гуфт, ки «ҳоло барои фаъолияти корӣ фурсати бештар лозим аст».[/b]

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари шинохта ва рӯзноманигори варзидаи кишвар аввали моҳи феврал каме дуртар аз бинои истиқоматияш мавриди ҳамлаи шахсони ношинос қарор гирифт. Зарбу лати афрод ба ҳадде шадид буд, ки ӯро аз пой дарафтонд ва беҳуш кард. Азбаски зарбаҳо асосан ба сари ӯ расида буданд, муддати мадиде лозим омад, ки дар бемористон бистарӣ бошад.

Аксари рӯзномаву маҷаллаҳои чопи рӯзи 10-уми феврал бо акси сару рӯяш докапечи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода интишор ёфта буданд ва кулли таҳлилгароне, ки он замон назарашон аз ҷониби нашрияҳо пурсида шуда буд, латукӯби Сайфуллоҳзодаро марбут ба фаъолияти кории ӯ медонистанд.

Ба андешаи коршиносон, Сайфуллоҳзода чун мунаққиди ҳукумати кунунӣ маълум аст ва шахсиятест, ки дар аксар маврид расонаҳо расман аз суханони ӯ иқтибос меоранд. Ва ҳамин дидгоҳи сиёсӣ метавонист муҷиби ҷабр диданаш гашта бошад.

Ба гуфтаи пажӯҳишгар ва рӯзноманигор Ҳошим Холзода, ба ҳар ҳол то анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноии бозшуда, ки ҳамоно натиҷааш маълум нест, наметавон хулоса баровард, ки ангезаи ин ҳамла чӣ будааст. Вале метавон гуфт, ки ҳамла ба аҳли қалам ин ҳамла ба сухан аст ва то замоне, ки сухан боқист, ин гуна ҳамлаҳо суде барои омилонаш нахоҳад дошт. Сарнавишти мардуми адабпарвар ва тамаддунсози тоҷик гувоҳи ин иддаост.

Ба гуфтаи зиндаёд устод Лоиқ:

[i]Тирборон кардани мо кӯшиши беҳуда аст,
Ҳар кӣ моро мекушад,бо шеърборон зинда бод.[/i]

Фирӯзи МУҲАММАД, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12084&Itemid=28

А. Мирзо: «Худкомаҳо бояд аз сарнавишти Муборак битарсанд»

[b]Додгоҳ баъди як соли баҳс миёни Вазорати кишоварзӣ ва «Миллат» ҳалномаи худро ба манфиати ниҳоди давлатӣ навишт.[/b]

Ҳамакнун ин нашрия муваззаф шудааст, ки ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бисупорад.

Аммо масъулини «Миллат» ин қарорро ноодилона ва ғайримунсифона шуморида, изҳор доштанд, ки баҳсро дар зинаҳои болоии додгоҳ идома хоҳанд дод.

Дар оғози сӯҳбат аз Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» пурсидем, ки ба чӣ далел?

Матни пурраи мусоҳибаро дар бахши таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=26]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=26[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Р.Мирзобекова: “Иттилоъ намедиҳанду мегӯянд “ноҳаққед”

[b]Баҳси «Азия-Плюс» ва Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД дар додгоҳ идома дорад.[/b]

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати мазкур ҳафтаномаи «Азия-Плюс»-ро ба додгоҳ кашида, гуфтааст, дар мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия?», ки ин нашрия чоп кардааст, ӯ ва кормандони раёсати ӯ тавҳин ва тӯҳмат шудаанд.

Муаллифи ин мақола Рамзия Мирзобекова аст. Вале ин танҳо матлаби рӯзноманигор нест, ки боис ба баҳсҳои додгоҳӣ шудааст.

Ҳамчунин чанд матлаби дигари хонум Мирзобекова боис ба ифтитоҳи парванда алайҳи ин нашрия ва худи муаллиф шудааст. Мо низ сӯҳбатро аз мақолаҳои “ҷангҷолӣ”-и ӯ оғоз кардем.

Матни пурраи мусоҳибаро дар бахши таҳлили сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=27]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=27[/url]

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник:

Ҷумъабой Толибов: Ба қозӣ бовар надорем

[b]Сардабири нашрияи мустақилли “Пайкон” бо ирсоли номае ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қозии парвандаи марбут ба ин нашрия ибрози нобоварӣ кардааст.[/b]

Баррасии баҳси миёни Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистии Тоҷикистон, ки молики нашрияи «Пайкон» аст, ва Вазорати адлияи ин кишвар рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ оғоз шуд.

Вазорати адлия иддаъо дорад, ки муассиси нашрияи “Пайкон” ин вазоратро аз тағйири макони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ расман мутталеъ насохтааст.

Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон” ин иддаъоро рад мекунад.

Дар номаи оқои Толибов унвонии қозии парванда омадааст, ки вай ба баррасии “беғараз ва холисонаи” парванда аз сӯйи додрас Машкура Содирова бовар надорад ва мехоҳад, ки ҳайъати додгоҳии парвандаи мазкур тағйир ёбад.

Аммо оқои Толибов ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба қонеъ шудани ин дархост низ аз сӯйи қозӣ “умед надорад”.

Вай дар ин бора гуфт: “Муттаасифона, тибқи қонунгузории мо, аризаи моро дар бораи нобоварӣ ба қозӣ ҳамон қозӣ, ки мо ба ӯ бовар надорем, баррасӣ мекунад. Танҳо дар сурати қонеъ нашудани дархости ин ариза, ба додгоҳи шаҳрӣ муроҷеъа хоҳем кард.”

Қаблан Ҷумъабой Толибов гуфта буд, ки ҳадаф аз шикояти Вазорати адлия алайҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки дар пайи чопи матолиби интиқодӣ дар бораи ин вазорат сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки машғули баррасии баҳси «ASIA-Plus», як нашрияи дигари мустақил бо як корманди Вазорати кишвари Тоҷикистон аст, баррасии ин парвандаро то ба 10 марти соли ҷорӣ ба таъвиқ гузоштааст.

Дар ин қазия Анвар Тағоймуродов, раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвар иддаъо дорад, ки «ASIA-Plus» бо чопи матлабе “тавҳиномез” ба шаъну эътибори ӯ латма задааст ва тақозо кардааст, ки ин нашрия ба ӯ як милюн сомонӣ ғаромат пардохт кунад.

Бино ба иттилоъи масъулони ин нашрия, қозии додгоҳ баррасии парвандаро ба ин хотир ба таъвиқ андохтааст, ки “тарафҳо бояд баъзе аз аснодро барои идомаи баррасии парванда омода кунанд.”

Дар ҳоле ки додгоҳ қаблан даъвои мутақобили нашрияи «ASIA-Plus»-ро ба далели ин ки он аз сӯйи сардабири нашрия на, балки муъовинаш арза шуда, рад карда буд, акнун масъулони нашрия санадеро ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, ки ҳаққи муъовини сардабирро барои ироаи шикояти додгоҳӣ қонунӣ мешиносад.

Бо ин ҳол, вакили мудофеъи оқои Тағоймуродов хостааст, ки ваколатномаи Марат Мамадшоев, ки кафили сардабирии ин нашрия аст, санҷида (экспертиза. рус) шавад.

Қазияҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе тайи ду соли ахир аз мавориде нест, ки банудрат иттифоқ уфтад.

Бо ишора ба ин нукта, бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо аз ончи идомаи фишор бар расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон хондаанд, башиддат ибрози нигаронӣ кардаанд.

Аз ҷумла, ахиран созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки баррасии қазияи нашрияи “Пайкон” мунсифона анҷом шавад.

Қаблан додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар парвандае ҷудогона ин нашрияро ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ ғаромат ба «Тоҷикстандарт» муваззаф карда буд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110224_sq_press_media.shtml

Муассиси нашрияи «Пайкон» талаби дигар кардани ҳайати судро намуд

[b]Директори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» Ҷумъа Толибов ва намояндаи ваколатдори ташкилоти мазкур Шӯҳрат Қудратов бо як аризаи радкунӣ оид ба аризаи даъвогии Вазорати адлияи ҶТ нисбат ба ҷавобгарии ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» дар бораи барҳам додани ташкилоти ҷамъиятӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд.[/b]

Ёдовар мешавем, ки Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ — ниҳоди мустақили рӯзноманигорӣ ва муассиси ҳафтаномаи «Пайкон»-ро ба он далел ба додгоҳ кашида буданд, ки ин созмон суроғаи худро бидуни иҷозаи расмӣ тағйир дода, дар ин бора ба мақомот хабар надодааст. Ҳамчунин, ба иддаои ҷониби Вазорати адлия, ин ниҳоди рӯзноманигорӣ дар қайди мақомоти андоз набудааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки суроғаи ин ташкилот ошёнаи 1-уми бинои «Шарқи озод» будаву барои чӣ ба ошёнаи 14-уми бинои мазкур баромада, дар ин бора мақомотро огоҳ накардааст? Аммо Шӯҳрат Қудратов — намояндаи ваколатдори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ»он вақт гуфта буд, ки дар шартномаи миёни Бюро ва соҳиби бино — маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои «Шарқи озод»-и Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суроғаи созмони рӯзноманигорӣ дақиқ муайян нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Толибов — муассиси «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» гуфта буд, ки далели ба додгоҳ шикоят бурдани Вазорати адлия нашри ду матлаб дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Пайкон» аст, ки раҳбарони ин ниҳод низ интиқод шудаанд.

Дар аризаи радкунии ҷониби Бюро гуфта мешавад, ки «Вазорати адлияи ҶТ ба суд бо аризаи даъвогӣ барои барҳам додани ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» муроҷиат намудааст, ки яке аз ваҷҳҳои асосии он пас аз гирифтани Огоҳинома ягон маълумот надодани ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» мебошад. Вале пас аз як рӯзи гирифтани Огоҳинома аз тарафи ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» ба Вазорати адлия маълумотнома дар бораи фаъолияти ТҶ ирсол карда шуда буд. Намояндагони Вазорати адлияи ҶТ то санаи 23-юми феврали соли 2011 ин санадро ҳамчун маълумотнома эътироф намекарданд. Аз тарафи ҷавобгар ба суд оид ба гузарондани ташхиси судӣ дар бораи муайян намудани ба кадои санади меъёрию ҳуқуқӣ марбут будани санади ба Вазорати адлия пешниҳодшуда дархост шуда буд. Дар дархост аз ҷумда қайд мешуд: дар баррасии парванда маълум гардид, пас аз огоҳиномаи Вазорати адлия аз тарафи ТҶ БМСТЖ маълумотнома ирсол карда шуда буд. Вале намояндагони Вазорати адлия онро ба инобат нагирифта, аввал барои боздоштан, баъд барои барҳам додани ТҶ БМСТЖ аризаи даъвогӣ пешниҳод карданд. Дар рафти мурофиаи судӣ ба Шумо ҳисоботе аз кадом ташкилоти ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуд, ки бояд ТҶ БМСТЖ дар ҳамон шакл ба Вазорати адлия ахбор пешниҳод мекард. Дар моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиходияҳои ҷамъиятӣ» таъкид мешавад, ки Ташкилоти ҷамъиятӣ ба мақомоти болоии худ бояд маълумотнома пешниҳод намояд. Азбаски бе муайян кардани он, ки маводи ба Вазорати адлия (пас аз гирифтани огоҳнома) пешниҳод намудаи ТҶ БМСТЖ ба кадом намуди санади ҳуқуқӣ дохил мешавад, ба ҳалли объэктивона ва холисонаи парванда ғайриимкон аст, аз Шумо мепурсем, ташхиси судӣ гузаронида шавад».

Ҷониби Бюро дар аризаи радкунии худ қайд намудаанд, ки ҳангоми муҳокимаи дархост дар маҷлиси судӣ риоя нашудани мавқеи бетарафӣ ва тарафи даъвогарро гирифтани раисикунандаи мурофиаро мушоҳида кардаанд. Ба ҳамин хотир онҳо талаб намудаанд, ки аризаи радкунӣ қонеъ ва баррасии парванда ба ҳамин суд дар ҳайати дигар гузаронида шавад.

Бояд зикр намуд, ки айни замон «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ», ки соли 2008 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 16 сабти ном шудааст, ҳоло дар ошёнаи 14-и ин бино фаъолият мекунад.

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11903&Itemid=28