Архив рубрики: Хабарҳо

«Тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” ҳамаҷониба баррасӣ мешавад»

[b]Пешнависи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” дар ҷаласаи ҳайъати давлат, кумитаҳои порлумон ва маҳофили рӯзноманигорони Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.[/b]

Ин нукта рӯзи душанбеи 28 март ба ҳангоми баррасии ин санад дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон таъкид шудааст.

Зимнан, хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни баррасии муфоди Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” дар авоили моҳи ҷорӣ хостори баррасии умумии санад шуда буданд.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоооти Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон ва аз муаллифони тарҳи ин қонун гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои порлумон мавзӯъи баррасии умумии ин санади ҳуқуқӣ матраҳ нашудааст.

Ҳамзамон, оқои Салимзода таъкид кард, ки ҳамаи афроди алоқаманд, бахусус, рӯзноманигорон метавонанд назароту пешниҳодоти худро ба муфоди Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” ироъа кунанд.

Қаблан, рӯзноманигорон гуфта буданд, ки дар тарҳи ин қонун дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо ва дастрасӣ ба иттилоот мавҳумоту норӯшаниҳо ба мушоҳида расида ва бояд ин навоқис ислоҳ шавад.

Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” се соле қабл таҳия шуда ва пешнависи ин қонун бо ширкати хабарнигорон, раҳбарони расонаҳои мустақил, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ борҳо баррасӣ гардидааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110328_mm_press_law.shtml

Фишор ба хабарнигори «Нури зиндагӣ» ва хешовандонаш

[b]Суди ноҳияи Ашти шимоли Тоҷикистон нисбат ба хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» дар асоси 4 банди Кодекси ҷиноии ҶТ, амсоли «тамаъҷӯӣ» парванда боз намуда, 4 моҳ инҷониб ӯро дар боздошт нигоҳ медорад.[/b]

Ин ҳам дар ҳолест, ки боздошти хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Муҳаммадюсуф Исмоилов ба хотири нашри маводи танқидӣ доир ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ 4 моҳ қабл сурат гирифта буд. Номбурдаро суди мазкур ба ғайр аз «тамаъҷӯӣ» боз аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат тавассути ВАО айбдор мешуморад.

Дар робита ба ин, ҳимоятгар Муҳаббат Ҷӯраева, ки ниҳоят бо зерҳимояаш Исмоилов вохӯрдааст, изҳор дошт, ки тафтиши парванда бо фишор болои зерҳимояаш ва хешовандонаш сурат мегирад.

— Ба Исмоилов аз рӯи банди «тамаъҷӯӣ» тӯҳмат карда истодаанд. Замоне қабл зерҳимояам тақрибан солҳои 2009 хона месозад ва аз як ҷиянаш чанд миқдор тахта барои пӯшидани хона мегирад. Ҷияни мавсуф дар ҳукумати ин маҳал кору фаъолият мебурдааст ва бархе аз кормандони ҳукумати маҳаллӣ ӯро таҳти фишор гирифта, маҷбур кардаанд, то ӯ даъво бубарад, ки Исмоилов Муҳаммадюсуф он масолеҳи сохтмониро аз вай бо роҳи «тамаъҷӯӣ» гирифта будааст,- афзуд ҳимоятгар.

Ҳамзамон, М. Ҷӯраева (ҳимоятчӣ)-ро фишор болои Исмоилов ва аҳли пайвандону наздиконаш зимни тафтиши парванда нигарон кардааст, зеро бино ба гуфтаи ҳимоятгар, дар баробари ин, банди «тамаъҷӯӣ» гунаҳкори ҷурмро то 10 сол аз озодӣ маҳрум месозад.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон боздошти хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ»-ро ҷавоби мақомоти маҳаллӣ нисбат ба навиштаи интиқодии номбурда унвон кардаанд ва дар баробари ин, хостори раҳоии Исмоилов шудаанд.

Шаҳриёр КАБИР, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12963&Itemid=28

Ҷамъбасти озмуни Вазорати тандурустӣ оид ба сил

[b]Дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ҷамъбасти чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар муқобили сил баргузор гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.[/b]

Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов, сарвари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Растислав Врбенский, сарвари минтақавии ЮСАИД дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер ширкат варзида, суханронӣ намуданд.

Озмуне, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ҲОУП бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ барои беҳтарин маводи рӯзноманигорӣ дар мавзӯи инъикоси масоили сил эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Ҷои якум насиби маводҳои зерин гардид:

Рӯзномаи «Минбари халқ», мақолаи «Табобати шакли мутобиқгаштаи сил мӯҳлати тӯлониро мехоҳад» (муаллиф Алиҷон Ҷӯраев), Муассисаи давлатии ТВ «Ҷаҳоннамо», барномаи «Тандурустӣ» (муаллиф Зебунисо Рустамова), Радиои «Ватан», барномаи«Сили мутобиқшуда умедҳои барбодрафта нест» (муаллиф Абдулазизи Восеъ), сомонаи интернетии «Азия плюс» — барои тарғибу ташвиқи ҳамешагии ин мавзӯъ дар сомона (муаллиф Мавҷуда Ҳасанова).

Ҷои дуюмро маводҳои зерин сазовор шуданд:

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», мақолаи «Дар табобати сил ба танаффус роҳ надиҳед!» (муаллиф Сайфиддин Суннатӣ), Муассисаи давлатии ТВ «Сафина», барномаи «Манзари роз» (муаллиф Моҳлиқо Шарифова), Радиои «Садои Душанбе», барномаи «Сили мутобиқгашта» (муаллиф Қудратулло Ғуломов), Агентии миллии иттилоотии «Ховар», барои силсилаи хабару гузоришҳо (муаллиф Кристина Эрлих).

Ҷои сеюм ба нафарони зерин насиб дониста шуд:

Муассисаи давлатии ТВ «Сафина», барномаи «Чӣ бояд кард?» (муаллиф Ситора Ашӯрова), Радиои Тоҷикистон, барномаи «Шифо» (муаллиф Идигули Раҷаб), рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» («Согдийская правда»), «Туберкулёз не передаётся по наследству» (муаллиф Мадина Почоева), рӯзномаи «Ҳаёт» (ВМКБ), мақолаи «Беспечность есть причина всяких болезней» (муаллиф Амон Мардонов).

Ҳамчунин, барои инъикоси ҳамешагӣ ва саривақтии мавзӯи сил дар васоити ахбори омма ва маводу гузоришҳо аз нуқтаҳои доғи минтақа сари ин мавзӯъ ҷоизаи махсуси Барномаи Рушди СММ ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дода шуд.

Ҷоизаи дигари ин барнома таҳти унвони «Ситораи экран» ба мутахассиси силшиносе пешниҳод гардид, кидар кулли барномаҳои телевизион, инчунин сӯҳбатҳои радиову газетаҳо тӯли сол ширкат дошт. Ин ҷоиза насиби Фирӯза Саидова — духтури силшинос гардид.

Ҷоизаи дигар барои омӯзгор — тренере пешниҳод шудааст, ки дар омӯзонидани ин масоил ба рӯзноманигорон саҳми сазовор дорад. Барандаи ин мукофот сарвари иҷроияи мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон-асри XXI» Сафо Сафаров шуд.

— Ин озмун ҳамасола гузаронида мешавад ва мо маводҳои дигари рӯзноманигоронро барои озмуни оянда интизорем,- афзуд манбаъ.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12952&Itemid=30

Фишор ба хабарнигори боздоштшудаи «Нури зиндагӣ»

[b]Вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, зерҳимояташ ва хешовандони ӯ таҳти фишор қарор гирифтаанд.[/b]

Додситонии ноҳияи Ашти вилояти Суғд алайҳи хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ба шумули «тамаъҷӯӣ» парванда боз карда, чаҳор моҳ инҷониб Додситонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба ҷуз «тамаъҷӯӣ», аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум низ айбдор кардааст…

Ӯро дар боздошт нигоҳ медорад.Додситонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба ҷуз «тамаъҷӯӣ», аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум низ айбдор кардааст…

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи зерин дар саҳифаи таҳлилии сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=39]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=39[/url]

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3540515.html

Бузургдошти Латифӣ — журнолисти қолабшикани тоҷик

[b]Дар Душанбе маҳфили бузургдошт аз ҳафтодупанҷумин солгарди таваллуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигор, адиб ва сиёсатмадори фақиди тоҷик баргузор шуд.[/b]

Ин маҳфил ба ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва пайвандони Отахон Латифӣ доир шуд ва дар он адибон, дӯстон, рӯзноманигорон ва наздикони ин чеҳраи саршинос ширкат доштанд.

Бисёре аз ширкаткунандагони ин маҳфил Отахон Латифиро ҳамчун “қолабшикани журнализми тоҷик” ёд карданд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=38]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=38[/url]

Источник:

Баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»

[b]Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.[/b]

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи Бонки милли Тоҷикистон», «Дар бораи амният», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сарфаҷӯии энергия», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдои транзитии давлатҳои дохили минтақавӣ баррасӣ шуданд.

— Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, Амир Катаев, Саиди Ёқубзод, Олим Салимзода ва Маҳмадалӣ Ватанов аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо мақсади танзими раванди муомилоти қарзӣ, беҳтар намудани фаъолияти ниҳодҳои марбут ба соҳаи энергетика, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва оби ошомиданӣ, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, таъмини озодӣ ва шаффоф будани фаъолиятҳои воситаҳои ахбори омма ва андешидани чораҳои муассир ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ дар қаламрави мамлакат барои муҳокима ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд,- афзуд манбаъ.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12892&Itemid=30

Қадрдонии Шукурҷон Зуҳуров аз рӯзноманигорони тоҷик

[b]Дар толори хурди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик сӯҳбати хоса ва озоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо 21 рӯзноманигори шабакаҳои телевизионӣ, радио, сомонаҳои хабарии интернетӣ ва нашрияҳои гуногуни даврӣ баргузор гардид.[/b]

Cараввал Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ роҷеъ ба ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфт, ки рӯзноманигорон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар расонидани иттилоъ ба мардум хизматҳои арзандае кардаанд.

— Албатта, рӯпуш намудани камбудиҳои ҷомеа ҳеҷ пешравие намеорад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳамаи мо онро аз сар гузаронидем, ноширони мо наметавонистанд сари вақт рӯзнома ва маҷалла чоп кунанд. Хушбахтона то соли 2000-ум мо тавонистем мушкилотро паси сар кунем. 10 соли охир ба як қисми муваффақиятҳо ноил гаштем. Ҳоло бошад, ба як қатор камбудиҳо гирифторем ва мо он имкониятҳоеро дорем, ки онҳоро бартараф кунем. Ягон ҷомеаи пешрафтаи дунё бе проблема намешавад. Соли гузашта баъзеҳо хостанд муносибати ҷомеа бо ҳукуматро халалдор созанд. Дар водии Рашт, шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳодисаҳои нохуш рух доданд. Албатта буданд нафароне, ки мехостанд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд, ки кишвари мо ноором аст. Ба ин корҳо дӯстони мо дар нохунак машғул буданд,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ба изҳори ӯ, журналистон, ки қувваи солими пешбарандаи ҷамъият ҳастанд, бояд ҳамеша вазифаҳои касбии худро беғаразона ва воқеъбинона иҷро намоянд. Ӯ мегӯяд, ҳар як мақомоти дахлдори давлатӣ бояд барои иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда содиқона рафтор намояд.

— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаву маҷаллаҳои зиёд нашр мешаванд. Ман рӯзноманигоронро як шахси одӣ ҳисоб намекунам, вале рӯзноманигор албатта бояд сиёсатро хуб бидонад, баробари ин таҳлилгари хуб бошад. Воқеиятро бинависад ва аз набзи ҷомеа хабар дошта бошад. Ман мехоҳам рӯзноманигорон бо ҷомеа дар оянда ҳамкориҳои судманде дошта бошанд. Шахсан ман бо пайдо шудани имконияти бароям мувофиқ тамоми сомонаҳои интернетӣ, нашрияҳои давлатию ғайридавлатиро аз назар гузаронида, мехонам ва аз камбудиҳои нишонраснамудаи онҳо хулоса мебарорам. Кӯшиш ба харҷ медиҳам танқидҳое, ки воқеъбинона ва муассиранд, онҳоро дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон бартараф созем. Фикр мекунам камбудиҳо ва танқидҳои ироадоштаи шумо моро воқеан такон медиҳад ва ба он водор менамояд, ки аз пештара дида беҳтар кор кунем,- зикр намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Ӯ гуфт, ки «агар мо ҳақиқатан бо мардум бошем, мардум моро дуруст мефаҳмад. Бо мардум кор кардан ва бо онҳо будан бояд ҳамеша кори мо бошад. Аз нуқтаи назари ман, вакилон бояд ҳамеша ҳозираҷавоб бошанд. Ба фикрҳои берун андармон набошанд ва дар парлумон фаъолияти муассир дошта бошанд. Моҳҳои наздик мехоҳем барои рӯзноманигорони парлумонӣ як семинар гузаронем ва ҳама рӯзноманигоронро даъват намоем, то ки онҳо бо терминҳои ҳуқуқӣ ва дигар нозукиҳои кори мо аз наздик шинос шаванд».

Дар интиҳои сӯҳбат Шукурҷон Зуҳуров бо қадрдонӣ аз рӯзоманигорон изҳор дошт, ки «пас аз раис интихоб шудани ман ба Парлумон бори аввал ифтихорномаҳоро бо аломати рақамгузорӣ барои дастовардҳои меҳнатӣ ва инъкоси воқеъбинонаи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум таъсис додаем, ки онро бахшида ба муносибати 11-уми март — Рӯзи матбуоти тоҷик мехоҳам ба Шумо рӯзноманигорони даъватшуда супорам».

Сипас Раиси Маҷлиси намояндагон ба рӯзноманигорони зерини расонаҳои хабарии телевизионӣ, радио, интернет ва матбуот ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурд:

Абдулло Муҳаммадиев — рӯзноманигори телевизиони «Шабакаи якум», Аҳлиддин Тоиров — рӯзноманигори «Ҷаҳоннамо», Карим Азизов — рӯзноманигори «ТВС», Марзия Саидова — АМИТ «Ховар», Толибшоҳ Саидов — муҳаррири нашрияи «Миллат», Маъруфҷон Маҳмудов — рӯзноманигори нашрияи «Минбари халқ», Мунаввар Сафаров — рӯзноманигори нашрияи «Ҷумҳурият», Мардон Муҳаммадҷонов — рӯзномантгори шабакаи радиотелевизионии «БиБиСи», Абдуқаюм Қаюмов — рӯзноманигори сомонаи «Озодӣ», Зарина Абдуназарова — рӯзноманигори ширкати телевизионии «МИР», Аваз Юлдошев — рӯзноманигори нашрияи «Азия-Плюс», Абӯалӣ Некрӯзов — рӯзноманигори сомонаи «Тоҷнюс» ва рӯзномаи «Нигоҳ», Хуршед Ниёзов — сардабири нашрияи «Фараж», Ҳумайрои Бахтиёр — рӯзноманигори нашрияи «Озодагон», Абдураҳмон Раҳмонов — рӯзноманигори шабакаи телевизиони «К+», Лена Шербакова — рӯзноманигори сомонаи «Пресса- тҷ».

Дар анҷом Шукурҷон Зуҳуров ба рӯзноманигорон муваффақият хоста, бо таманно гуфт: «Вақте ҳақиқатро менависед, аз чизе натарсед. Ман дар охир аз Шумо хоҳиш дорам, ки ончи менависед, он баҳри ободӣ ва осоиштагии кишварамон бошад».

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ, Tojnews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12474&Itemid=30

Мушкили дастрасӣ ба хабар дар Хатлон

[b]Дар вилояти Хатлон фақат даҳ дарсади сокинон ба родию ва телевизиюни вилоятӣ дастрасӣ доранд.[/b]

Дар ин бора масъулони Кумитаи радию ва телевизиюни вилояти Хатлон дар ҳамоиши хабарнигрони вилоят ба муносибати Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази ин вилоят эълом кардаанд.

Масалан Юсуф Беков, як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз бас ки ба радию ва телевизиюн ва нашрияҳои маҳаллӣ дастрасӣ надорад, ӯ дар мавриди таҳаввулоти сиёсию фарҳангии вилояти Хатлон иттилоъи андаке дорад. Вай мегӯяд, ки вазъи ҳамаи сокинони ин ноҳия чунин аст.

[b]Матни пурраи матлабро дар бахши таҳлили сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=37]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=37[/url]

Источник:

Толибшоҳи Сайидзода: «Эй мукофотбахшҳо, маъзур…»

11 марти соли 2011, дар рӯзи Ҷашни матбуоти тоҷик банда ба дарёфти Ҷойизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шудам. Ба ҳангоми супурдани ин мукофоти арзишманд раиси мӯҳтарами Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки яке аз маблағгузорони ин Ҷойиза, Вазорати кишоварзӣ (вазир Қосим Қосимов) мебошад.

Бо далели он ки Вазорати кишоварзӣ бо нашрияи «Милллат» даъвои бемантиқи судӣ дорад ва ин вазорат беасоси воқеъӣ аз болои нашрияи «Миллат», ки банда ба ҳайси муҳаррири он фаъолият дорам, як сол қабл ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат карда ва ба ин тариқ дар амал як ниҳоди бӯғикунандаи озодии матбуот ва сухан гардидаву 8 феврали соли равон додгоҳи номбурда зери раисии судя Дилором Абдурҳимова дар нисбати нашрияи «Миллат» ҳукми ноодилона- 1500 сомонӣ ҷарима барои зарари маънавӣ расонидан ба Вазорати кишоварзӣ ва чопи радия, ки гӯё далелҳои дар матлаби нашркардаи «Миллат» исбот нашудаанд, содир намуд, аз ин рӯ банда, Толибшоҳи Сайидзода аз гирифтани маблағи Ҷойизаи ба номи устод Лоҳутӣ расман, бо нишони эътироз даст мекашам. Саҳмгузории як ниҳоди давлатие, ки аз сӯи Оҷонси мубориза бо коррупсия ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар (соли 2009) ба доштани фасод муттаҳам шуда буд ва бо матбуот даъвои судӣ дорад, дар муҳимтарин Ҷоизаи журналистии Тоҷикистон барои ман қобили дарк нест. Аз ин рӯ, ман ба унвони муҳаррири нашрияи «Миллат» гирифтани бахшишеро аз чунин ниҳод кори ғайри ахлоқӣ медонам.

Ба аъзои Раёсати мӯҳтарами Ҷойизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои пуштибонӣ аз номзадии банда изҳори сипос гуфта, итминони комил дорам, ки ин тасмим хотири шарифи онҳоро озурда нахоҳад сохт.

Источник: http://www.millat.tj/smi/2414-tolibshohi-saidzoda-ey-mukofotbakhsho-mazur.html

И. Талбаков: Моҷарои 562-сомониро нодуруст шарҳ додаанд

[b]29-уми декабри соли 2010 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои зиёде ворид гардида, аз 1-уми январи соли 2011 мавриди амал қарор гирифт. Аз ҷумла, яке аз тағйироти воридгардида, ин барои ҳар як минтақаи кишвар музди меҳнати миёнаи номиналӣ муайян кардан, ба ҳисоб меравад. Тибқи ин санад барои шаҳри Душанбе музди номиналӣ 562 сомонӣ муайян карда шуд. Тағйироти мазкур бинобар хилофи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хилофи Қонуни меҳнат буданаш соҳибкорону кормандон ва ҳатто кормандони худи мақомоти андозро ба иштибоҳ андохт.[/b]

Раҳбарияти Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи мактуб-дастур нисбати навгониҳои Кодекси андоз, ки аз 1-уми январ ба ҳукми иҷро даромад, мораторияи муваққатӣ эълон намуд. Корхонаҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ, намоянагони иттиҳодияҳои тиҷоратӣ якҷоя бо мутахассисони Кумитаи андоз барои коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирот дар Кодекси андоз гурӯҳи корӣ ташкил намуданд. Зеро дар корхонаҳои хусусӣ ба ихтисор кардани кормандон аллакай шурӯъ намудаанд ва ҳатто баъзан аз ин тағйирот сӯистифода карда истодаанд. Аз ин рӯ, барои каме равшанӣ андохтан дар бораи ин навъи андозбандӣ мусоҳибае доштем бо Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин узви Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Матни пурраи мусоҳибаро дар суроғаи зерини сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=35]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=35[/url]

Источник: