Архив рубрики: Хабарҳо

Қолабшикании директори телевизиони «Сафина»

[b]Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлат дар нишасти расонаӣ эълон дошт, ки дар дар ноҳияи Ҷиргатол намояндагии телевизиони «Сафина» дар минтақаи Рашт ифтитоҳ ёфт ва минбаъд рӯйдоду воқеоти рӯзмараи панҷ ноҳияи ин минтақа ба тамошобинон сари вақт расонида мешавад. Ӯ дар ин сӯҳбат таъкид кард, ки барномаҳои телевизони «Сафина» қолабӣ набуда, гузоришоти он хеле озод ба роҳ монда шудааст.[/b]

Лутфулло Давлат изҳор намуд, ки ният доранд барномаҳои иттилоотияшонро низ ба гунаи нав пешниҳоди тамошогарон намоянд.

— Барои ба таври нав пешниҳод намудани барномаҳои иттилоотӣ мо аллакай чанд гурӯҳи ҷавононписарону духтаронеро, ки аз конкурс гузаштанд, интихоб намуда, қариб чандин моҳ боз бо онҳо кор бурда истодаем. Мо мехоҳем барномаҳои иттилоотиямонро бо услуби ҳозиразамон пешниҳод намоем, ки як духтару як бача бошанду хеле озод барнома гузаронанд. Ман ҳамчун роҳбари муассиса ҳамеша таъкид мекунам, ки дар ҳама ҳолат бояд шумо рӯҳия ва ҳолати озод дошта бошед, — гуфт ӯ.

Ӯ мегӯяд, ин як замоне буд, ки дар барнома бояд наттоқ хеле ҷиддӣ бошад ва наҷунбад.

— Ман мехоҳам, ки ҳамин қолаб набошаду барнома камтар зиндатар шавад. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар тасдиқи фикри шарике, ки дар паҳлуяш нишастааст, баранда як имо дошта бошад. Ин ҳам як гунаи озод будан дар рафти барнома аст, — афзуд мавсуф.

Лутфулло Давлатов ҳамчунин гуфт, ки барои барномаҳои иттилоотӣ ороиши нав фармоиш додаанд ва худо хоҳад, баъди тақрибан 20 рӯз бо ороиши нав ба намоиш мебароянд.

— Дар идораи мо камтар ноқисиҳо ҳаст. Ҷойе, ки барномаҳои иттилоотӣ бурда мешавад, камтар паст аст. Мо ҳарчанд кофтем, ҷойи муносиб наёфтем. Ман бисёр мехоҳам, ки як ҷойи хубтар барои ин бахш муносиб гардонем, то барномаҳо озодтар бошанд, зеро дар сурати эҳсоси озодиву самимият сухан ба тамошогар хубтар рафта мерасад, — афзуд Лутфулло Давлат.

Мушкинисо АСОЗОДА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13481&Itemid=30

Ба намоиш гузоштани камфарҳангии тобеони Қоҳир Расулзода

[b]Хабарнигори минтақавии Оҷонсии иттилоотии TojNews Ҷамшед Маъруф, ки мебоист дар нишасти матбуотии тақвимии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок мекард, бо баҳонаи дар тан надоштани шиму костюм ва галстук аз маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд берун карда шуд.[/b]

Тавре худи Ҷамшеди Маъруф иттилоъ медиҳад: «Вақте вориди толор гаштем, чун мисли дигар журналистон аз масъулин варақаи иттилотиро ба даст гирифтем ва дар яке аз ҷойҳо нишастем. Баъдан, як нафар масъул (намояндаи ҳукумат) танҳо ба хотири дар тан шиму костюм ва галстук надоштанам, ба наздам омад ва аз ман хоҳиш намуд, ки бояд бо либоси расмӣ, яъне шиму костюм бо галстукаш омада бошам, чун нишаст нишасти раиси вилоят аст. Вале дар танам либосе буд, ҷинс, свитери пешаш секунҷа. Ҳарчанд фаҳмонидам, ки як ба ҳаво бингареду хаққи чунин талабро надоред, аммо масъулин гуфтанд, ки танхо бояд бо либоси расмӣ омада бошам. Чун пештар дар ин мақомот кор мекардам, нахостам, ки зиёд баҳс шаваду берун шудам».

Аҷиб ин аст, ки ба гуфтаи хабарнигорони дигар дар ин нишаст буданд журналистоне, ки бе галстук, дар тан свитер ва аз болояш костюм доштанд.

Вале новобаста аз ин, дар Оҷонсии иттилоотии TojNews бар онанд, ки ин амали масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бефарҳангии маҳз ва ҳатто беодобист. Ҳич як мансабдор ҳаққи таъин намуди либос барои журналистонро надорад.

Аз ин рӯ, раиси вилояти Суғд ҷаноби Қоҳир Расулзодаро зарур аст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин масъаларо баррасӣ намуда, масъулини камфарҳанг ва моил ба рафторҳои фашистонаашонро водор ба арзи маъзарати расмӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамшеди Маъруф аз фаъолтарин хабарнигорони минтақавии ОИ TojNews буда, аксарияти хабару гузоришхояш аз вилояти Суғд оҳанги мусбат доранду асосан ба инъикоси фаъолиятҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида шудаанд.

Фаромарзи ФОЗИЛ

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13535&Itemid=28

Додгоҳ, «Ҷумҳурият» ва радди шикояти Зойиров

[b]Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъвои Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ алайҳи «Ҷумҳурият»-ро бесос донист.[/b]

Раҳматилло Зойиров аз додгоҳ хоста буд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи президенти Тоҷикистон, ҷавобияи ӯро нашр ва инчунин барои зиёни маънавӣ ба Ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад…

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=46]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=46[/url]

Раҳматкарими Давлат

Источник:

Афзоиши қимати нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон

[b]Қимати бисёре аз нашрияҳои мустақил дар Душанбе афзоиш ёфтааст.[/b]

Масъулони ин ҳафтаномаҳо мегӯянд, ки болоравии қимати коғаз, ки аз Русия ворид мешавад, онҳоро ночор сохтааст, ки арзиши нашрияҳоро боло бубаранд.
Соҳибназарон мегӯянд, ки чунин болоравии нархи нашрияҳо ба коҳиши қобили мулоҳизаи тирожи ҳафтаномаҳо мунҷар хоҳад шуд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи хусусии “Фараж”, мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта қимати як кило коғаз аз 90 сенти омрикоӣ то як дулору панҷ сент афзоиш ёфт.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=45]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=45[/url]

Источник:

Семинари омӯзишию-таълимӣ барои рӯзноманигорон

[b]Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон семинари омӯзишию-таълимӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 30 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.[/b]

Семинари мазкур ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 аз 7-уми феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» гузаронида шуд, ки мақсади асосии он ба таври содаю дақиқ пешкаш кардани иттилоъ дар бораи фаъолияти низоми бонкии ҷумҳурӣ мебошад.

Мутахассисони пешбари соҳа, аз ҷумлаи роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк зимни пешниҳоди маводҳои худ рӯзноманигоронро бо хусусиятҳои фаъолияти бонки марказӣ, дастовардҳо ва вазъи кунунии низоми бонкӣ ошно сохтанд. Аз суолу посухҳои хабарнигорон бо масъулини бонк хулоса метавон кард, ки ҳангоми нашри ин ва ё он маълумот доир ба низоми бонкӣ, қабл аз ҳама, ба моҳияти аслии масъала, саҳеҳияти арқому далелҳо диққати ҷиддӣ бояд дода шавад. Зеро ба мавзӯъ дуруст сарфаҳм нарафта, таълиф намудани ахбору мақола ва чоп кардани онҳо метавонад мардумро ба иштибоҳ орад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои асосии хабарнигор бо дарки масъулияти касбӣ, воқеъбинона инъикос намудани масъалаҳо мебошад.

Дар фароварди кори семинари омӯзишию таълимӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо аҳли нишаст сӯҳбати озод доир намуд, ки дар ҷараёни он рӯзноманигорон ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои мукаммал гирифтанд.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13533&Itemid=30

Интихоби раиси нави Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

[b]Зинатуллоҳи Исмоилиён, раиси шабакаи телевизонии СМТ, ба унвони раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид.[/b]

Интихоби раиси нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба дунболи истеъфои раиси собиқи он Иброҳим Усмонов сурат гирифтааст.

Иброҳим Усмонов, ки аз яку ним соли пеш ба раёсати ин Шӯро интихоб шуда буд, ахиран ба далели вазъи сиҳатии худ аз ин симмат қабл аз анҷоми замони ваколати худ истеъфо додааст.

Аъзои раёсати Шӯрои ВАО баъд аз ду рӯзи баҳсу баррасӣ аз миёни ду номзад, Нуриддин Қаршибоев ва Зинатуллоҳи Исмоилиён, дуввумиро ба унвони раиси Шӯрои ВАО интихоб намуданд.

Ваколати ӯ то баргузории конфронси умумии Шӯрои ВАО дар моҳи декабри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Зинатуллоҳи Исмоилиён мегӯяд, нахустин коре, ки раёсати нав барои он талош хоҳад кард, ҷалби ҳамаи расонаҳо ба кори Шӯрои ВАО хоҳад буд.

Ин Шӯро пас аз тасвиби Кодекси ахлоқии журналистон дар соли 2009 аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон таъсис шуда ва як ҳадафи он таъмини риояи усулҳои ин кодекс буд.

Аммо бисёре аз журналистон ва расонаҳои хабарӣ ба далели мухолифат бо ин кодекс ва ё наҳваи таъсиси ин ниҳод, аз узвият дар он худдорӣ карда буданд. дар соли 2009 баъд аз имзои Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд.

Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси журналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.

Шӯрои ҷамъиятии матбуот ба назари ташкилдиҳандагонаш, барои рафъи бисёр мушкилоти журналистӣ, аз ҷумла, танзими робитаи миёни худи расонаҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар равобити миёни мақомот ва матбуот мусоидат мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3553452.html

Хабаргузории «Озодагон» ба майдон меояд

[b]Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон», гуфт, ба зудӣ хабаргузории «Озодагон»-ро низ фаъол хоҳад кард.[/b]

Вай дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, умури фаннии ин хабаргузорӣ дар ҳоли анҷомёбист ва то даҳ рӯзи дигар ин Ин расона ду моҳи қабл дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда, вале ба иллати ҳамоҳангӣ дар сабти номи он бо Вазорати фарҳанг, роҳандозии он ба таъхир афтодааст…

Ҷаноби Сӯфӣ ҳадафи аслӣ аз таъсис ва роҳандозии ин хабаргузориро ба бештар шудани ҷойгоҳи хабаргузориҳои тоҷикӣ ва расонидани иттилои сареъву беғараз арзёбӣ кард.

Ӯ афзуд, бо он ки ҳоло хабаргузории тоҷикии «Тоҷ нюс» фаъол аст, аммо расонае ба мисли «Азия-Плюс», ки битавонад хабарҳоро ба сурати сареъ пахш намояд, ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад.

Бо ин ҳам ба таъкиди Зафари Суфӣ, хабаргузории мустақили «Озодагон» ба иловаи ахбору матолиби тоҷикӣ, то як моҳи дигар бахши русӣ ва то ду моҳи дигар бахши форсии онро роҳандозӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, масъулияти бахши тоҷикии ин хабаргузориро Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори тоҷик, ки қаблан дар Радиои Имрӯз ва Телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон фаъолият кардааст, ба дӯш дорад.

Дар зимн, ба иттилои созмондиҳандагони хабаргузории ҷадиди «Озодагон», ин расона ду моҳи қабл дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда, вале ба иллати ҳамоҳангӣ дар сабти номи он бо Вазорати фарҳанг роҳандозии он ба таъхир афтодааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3549604.html

Зарифӣ: “Озодии баён ва виҷдон набояд мухолифи қонунгузорӣ бошад”

[b]Масоили аслии ҳуқуқи башар, назири озодии дин ва васоили иттилоърасонии умумӣ бояд бо дарназардошти таъмини амният ва субот дар ҷомеъа баррасӣ шавад.[/b]

Дар ин бора Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 31 март зимни суханронӣ дар ҷаласаи 856-уми Шӯрои доимии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) дар шаҳри Виен дар ин замина ибрози назар кардааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=44]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=44[/url]

Источник:

Хуршеди Атовулло: «Мне 356 раз в году задают один и тот же вопрос…»

[b]Когда-то он толкал тележку на российских рынках и обращался к врачам после «общения» с боевиками. Сегодня, возглавляя одну из ведущих газет страны, он с улыбкой вспоминает те времена и философски констатирует: «Заработав 100 влиятельных врагов, я, к сожалению, пока не заимел одного влиятельного друга».[/b]

[b]- На Ваш взгляд, сколько свободных СМИ осталось в Таджикистане?[/b]

— Говорить то, что свобода слова в Таджикистане, независимая пресса, не существуют — это не правильно. Но эта свобода слова существует под прессингом судебных органов, экономического кризиса. Думаю что, до 2013 года, то есть до выборов президента этот прессинг, продолжится, и, может быть половина независимых политических СМИ, которые на данный момент существуют, не доживут до выборов. Причину я уже сказал.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро бо пахш кардани нишонаи зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=43]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=43[/url]

Источник:

«Интернет барои ҳадафҳои терруристон истифода мешавад»

Бархе аз шабакаҳои интернетӣ барои аҳдофи терруристӣ ба таври ҷиддӣ истифода шуда ва сойтҳои вижа барои анҷоми аъмоли терруристӣ даъват мекунанд.

Ин нукта рӯзи сешанбеи 29 март, дар ҷаласаи коршиносони Осиёи Марказӣ ва байналмилалӣ барои баррасии истротежии мубориза бо террурисм таъкид шуд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=42]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=42[/url]

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110329_mm_internet_terrorism.shtml