Архив рубрики: Хабарҳо

Таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии матбуъот» дар Тоҷикистон

[b]Ҳамзамон бо маросими таҷлил аз «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот» дар Тоҷикистон сойти интернетии хабаргузории мустақилли “Озодагон” ба фаъолият оғоз кард.[/b]

Ба муносибати таҷлил аз ин рӯз, ки бо 3 май мусодиф аст, ҳамчунин як муассисаи ҷадид барои тавзеъи нашрияҳо дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бо номи «Чархи озод» ба фаъолият пардохтааст.

[b]Барои мутолиаи давоми матлаб тугмаи зеринро пахш кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=54]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=54[/url]

Мардони Муҳаммад, Би-би-си

Источник:

Нархи ҳафтаномаи «Нигоҳ» боло нарафтааст

[b]Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо як муроҷиат ба хонандагони худ изҳор доштааст, ки сарфи назар аз хароҷоти иловагии тайи се ҳафтаи охир ба сари матбуоти мустақили Тоҷикистон омада нархи нашрияро боло набурдааст.[/b]

«Тавре огаҳед, чанде боз як қатор идораҳои нашрияҳои ватанӣ нархи яклухти маҳсулоташонро 15-20 дар сад боло бурданд. Сабаби боло бурдани қимати нусхаҳои нашрияҳо боло рафтани нархи коғаз ва хизматрасонии чопхонаҳо унвон шуд, ки воқеъан ҳам ҷой дошт. Коғази чопӣ дар чанд моҳи ахир то 15 дар сад ва ҳаққи хизматрасонии нашриёт, фарзи мисол, «Шарқи озод» 24 дар сад боло рафт.

Ҳамчунон, ки муносибати ҳукумат ва мувофиқан андозбандии соҳа, шурӯъ аз 1-уми январ тағйир хӯрда, бори бе ин ҳам гарони андозро ба ҳисоби миёна то 40 дар сад афзуд. Дар чунин шароит идораҳои нашрияҳои гуногун бинобар сиёсатҳои молии худ, нархҳои яклухтро зиёд намуданд, ки мутаасcифона боиси то 1,8-2 сомонӣ боло рафтани қимати нусхаҳои нашрияҳо дар фурӯши чакана гашт. Вале идораи нашрияи мустақили «Нигоҳ», ки мутааллиқ ба Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» аст, дар асоси қарори Раёсат нархи нусхаҳои нашрияро то ҳанӯз боло набурдааст ва дар ояндаи наздик бурданӣ ҳам нест», — омадааст дар муроҷиатномаи «Нигоҳ».

Гуфта мешавад, ки қимати як нусхаи «Нигоҳ» дар фурӯши яклухт ҳамоно 1 сомонӣ боқӣ мондааст: «Бояд таъкид кард, ки ин қарор барои мо осон набуд, вале бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ ва маърифатии лоиҳаи «Нигоҳ»-у қобилияти пасти харидории аҳолии кишвар тасмим гирифтем, ки нархи фурӯшро боло набарем».

Ҳамзамон изҳори таассуф карда мешавад, ки сиёсатҳои нархтаъинкунии нашрия аз ҷониби гурӯҳе аз паҳнкунандагон дастгирӣ наёфта, онҳо нусхаҳои «Нигоҳ»-ро бо нархи 1,8-2 сомонӣ мефурӯшанд, ки қобили қабул буда наметавонад.

«Мо меҳнати шарикони худ-паҳнкунандагонро қадр мекунем ва онҳо инро хуб медонанд, вале бо паҳн кардани ин муроҷиатнома мо аз эшон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ин соли болоравии бемисли нарху наво аз сиёсатҳои иҷтимоии «Нигоҳ» ва «ИНДЕМ» дастгирӣ намуда, эҳтироми шумо-харидорони мӯҳтарамашонро ба ҷо биёранд ва нусхаҳои нашрияи мову шуморо дар ҳудуди Тоҷикистон на зиёдтар аз 1,5 сомонӣ ва дар ҳудуди Русия на зиёдтар аз 25 рубли русӣ ба фурӯш гузоранд», — хулоса мекунад нашрия.

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14077&Itemid=30

«Иқдоми тозаи давлат барои идораи мухобирот ва интернет»

[b]Идораи мухобироти Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии куллия ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, онҳоро муваззаф кардааст, ки аз 1-уми май дастарсӣ ба шабакаи интернет ва иртиботи телефуниро танҳо аз тариқи “Тоҷиктелеком”, ширкати давлатии мухобиротӣ роҳандозӣ кунанд.[/b]

Ширкатҳои хусусӣ огоҳ шудаанд, ки аз аввали моҳи май муҷаввизи онҳо барои дастрасии мустақили онҳо ба системҳои моҳвораии байналмилалӣ лағв хоҳад шуд.Далели ин амр “таъмини бехатарии давлат” ва танзими “радиобасомадҳо” унвон шудааст.

[b]Матни пурраи матлабро дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=49]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=49[/url]

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110429_if_connection.shtml

Фазои иттилоотӣ ва манотиқи наздисарҳадӣ

[b]Фазои иттилоотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Зафаробод хеле нигаронкунанда аст. Расонаҳои хабарӣ бонги изтироб мезананд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузаштан дорад. Ҳоло мавҷҳои шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон дар ҷанги самовию иттилоотӣ аз мавҷҳои шабакаҳои миллӣ пурзӯранд, ки ин ба миллат хатари ҷиддӣ дорад.[/b]

[b]Дифоъ аз фазои иттилоотии минтақаи наздисарҳадии Суғд[/b]

Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят алҳол дар вилояти Суғд 17 нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 3 рӯзномаву 2 маҷаллаи вилоятӣ, 9 нашрияву 1 маҷаллаи хусусӣ, 1 телевизион ва радиошабакаи «Суғд» 6 телевизиону 3 родиёи хусусӣ (аз рӯи мавҷи FM) ва феълан 2 сомонаи расмии давлатӣ фаъолият мебаранд, ки ҳар чӣ бештару пештар баҳри таъмини фазои иттилоотии вилоят кӯшиш доранд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонаи поён дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=48]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=48[/url]

Ҷамшед МАЪРУФ

Источник:

Ба рӯзи дигар гузоштани баҳси «Чархи гардун» бо собиқ вакил

[b]Судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Нусратуллои Асадулло баррасии баҳси вакили собиқи парлумон Сайвалӣ Нуровро бо роҳбарияти ҳафтаномаи «Чархи гардун» баъди шунидани назари ҷонибҳо ба субҳи фардо, 27-уми апрели соли 2011, соати 9:00 вогузошт. Ин дар ҳолест, ки дар назар буд дар ин мурофиа суд баъди шунидани сухани охирини айбдоршаванда — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ ҳукми худро содир кунад.[/b]

Мавриди зикр аст, ки то ин замон намояндаи ваколатдор ва адвокати Сайвалӣ Нуров аз суд хоҳиш намудаанд, ки аз сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, ки дар парванда ба сифати ҷавобгар эътироф шудааст, барои роҳ додан ба тӯҳмат ва таҳқир дар хабари ««Депутати авбош»-ро говсуд мекунанд?» («Чархи гардун, № 30, аз 28-уми июли соли 2010») ба маблағи 1000 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷарима ситонида шавад.

Бояд гуфт дар мурофиаи навбатӣ намояндаи Сайвалӣ Нуров — бародараш Рустам Нуров иштирок дошт, ки аз шарҳи ҳолат ба рӯзноманигорон худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳимоятгари Маҳмадалии Мақсадуллоҳ адвокат Иноят Иноятов мегӯяд:

— Сайвалӣ Нуров ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш кардаанд, ки роҳбарияти «Чархи гардун» бо модаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шавад. Зерҳимояи ман Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ бошанд, норозигии худро пешниҳод намуда, қайд карданд, ки мақсади нашри маводи мазкур паст задани шаъну шараф ва эътибори Сайвалӣ Нуров набуда, хабари мазкур ба хотири ба хонанда расонидани факти ҳодиса мебошад. Хабар сарлавҳаи саволи дорад ва дар он Сайвалӣ Нуровро авбош ном набурдаанд.

Гуфта мешавад, ки ба суд ҳамчунин мактуби Хазинаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон пешниҳод шудаасту дар он ҳам қайд карда мешавад, ки сарлавҳои саволӣ маънои авбош гуфтанро надорад.

Ба гуфтаи Иноят Иноятов, аз тарафи айбдоркунанда ягон далели боэътимоди содир гардидани ҷиноят пешниҳод карда нашуд ва дар хабари мазкур ягон иттилои бардурӯғ ҳам нашр нагардидааст.

— Мӯҳтарам Сайвалӣ Нуров зерҳимояи маро ба содир кардани ду ҷиноят айбдор кардаанд — якум таҳқир, дуюм тӯҳмат. Яъне, гунаҳкорӣ бо моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар модаи 135-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки тӯҳмат, яъне дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ мебошад. Аз нишондодҳои Сайвалӣ Нуров ва Маҳмадалӣ Очилдиев маълум шуд, ки пештар онҳо якдигарро намешинохтанд, байни якдигар хусумату бадбинӣ надоштанд. Пас, чӣ тавр одамоне, ки якдигарро намешиносанд, метавонанд нисбати якдигар тӯҳмат ва таҳқир кунанд? Дар чунин сурат, дар ҳолати набудани қасд, инҷо ҷинояте дида намешавад. Моддаи 136, яъне таҳқир, дидаву дониста паст задани шаъну шарафи инсон аст, ки дар маводҳои ин парванда ягон элементи чунин ҷиноят вуҷуд надорад,- мегӯяд Иноят Иноятов.

Гуфтанист, ки даъвои Сайвалӣ Нуров аз болои роҳбарияти ҳафтаномаи «Чархи гардун» он аст, ки ҳафтанома зимни чопи хабари ««Депутати авбош»-ро говсуд мекунанд?» гӯё нисбати шахсияти ӯ тӯҳмат ва таҳқирро ба кор бурдааст.

Сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» Маҳмадалии Мақсадуллоҳ бошад, мегӯяд, ки дар матлаби нашрнамудаи онҳо ягон осори тӯҳмат ва таҳқир нест ва даъво барои вуҷуд доштани таҳқиру тӯҳмат беасос аст. Ӯ мегӯяд:

— Мо аз рӯйи факти ҳодиса, яъне кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сайвалӣ Нуров мавод ба чоп расонидем ва инҷо ман ягон хел мавҷудияти тӯҳмат ва таҳқирро намебинам. Албатта инҷо кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати як журналист худ мантиқӣ нест ва ин чиз бояд дар доираи қонунҳои шаҳрвандӣ муҳокима мешуд. Ин ки бо айбдоркунии хусусӣ нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, он аслан ҳеҷ иртибот ба парвандаи ҷиноятӣ надорад ва гумон мекунам, ки худ рафти мурофиа мантиқӣ нест.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадалии Мақсадуллоҳ мегӯяд, ки «ҳамчун як журналисти тоҷик интизор ҳастам, ки тантанаи адолатро бубинам. То имрӯз ба ин бовар дорам, фардо мебинем, ки чӣ хоҳад шуд».

Ёдовар мешавем, баҳси ҳафтанома бо С. Нуров аз он маншаъ мегирад, ки Прокуратураи вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2010 аз рӯи кирдорҳои экс-депутати парлумон Сайвалӣ Нуров тибқи моддаҳои 237 қ. 2 (авбошӣ), 150 қ. 2 (монеасозӣ ба ҳуқуқҳои интихобкунанда ва кори комиссияи интихоботӣ) ва 112 (дидаву дониста расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд. Сабаби кушодани парвандаи ҷиноятии мазкур аризаи хаттии раиси комиссияи участкаи интихоботии №20-и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров гардида буд, ки тибқи шикоятномаи ҷабрдида, номзад ба депутатии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров рӯзи 28-уми феврал дар ҳудуди участкаи интихоботӣ ва дар ҳузури шоҳидон ӯро латукӯб намудааст.

Суди ноҳияи Бохтар собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва намояндаи президент дар ноҳияи Вахш Сайвалӣ Нуровро дар авбошӣ муттаҳам донист. Суд пас аз баррасии тӯлонӣ Сайвалӣ Нуровро бар асоси моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне авбошӣ гунаҳкор дониста, ба пардохти 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 17 ҳазору 500 сомонӣ (наздик ба 4000 доллар) маҳкум кард.

Мушкинисо АСОЗОДА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=13901&Itemid=30

Чопи матлабе дар “Фараж” боиси шикояти додгоҳӣ шуд

[b]Бахши Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд далоили як матлаби нашрияи “Фараж”-ро мунсифона хонда ва дар ин замина ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдааст.[/b]

Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир барои чопи матолиби интиқодӣ муаллифон ва соҳибони нашрияҳо барои таҳвин ва тӯҳмат ба додгоҳ кашида мешаванд.

Обид Шаропов, як масъули Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, ки онҳо далоилеро, ки дар матлабе дар нашрияи “Фараж” мунташир шуда буд, таҳқиқ кардаанд. Собит шудааст, ки далоили муаллифи матлаб воқеъият доранд.

Ду моҳи қабл нашрияи “Фараж” шикояти Равшан Абдуллоева, як сокини ноҳияи Спитаменро зери унвони “Суперсоҳибкоре аз ноҳияи Спитамен” мунташир карда буд.

Дар ин матлаб, муаллиф аз тахриби як мактаби тоҷикӣ дар ноҳияи Спитамен шикоят карда ва навиштааст, ки мақомоти давлатӣ қитъаи заминеро, ки дар он мактаб фаъол буд, ба соҳибкоре барои бунёди маркази тиҷоратӣ ихтисос додааст”.

Оқои Шаропов мегӯяд, ки “дар ҳақиқат санҷиш муайян кард, ки дар мактаби шумораи 3 ягона мактаби тоҷикӣ, ки дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен воқеъ аст, бо қарори раиси собиқи ҳам ҷамоат ва ноҳия ба андозаи 30 сотих замин аз ҳисоби мактаб ба як соҳибкор ихтисос шудааст”.

Ин масъули Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, гуфт, ки ҳарчанд ки тибқи лоиҳаи шаҳрсозӣ дар сурати тахриби ин мактаб мебоист мактаби ҷадид бунёд мешуд, вале алорағми муқаррароти қонун масъулони ноҳия ин қитъаи заминро дар ихтиёри соҳибкор гузоштаанд.

Обид Шаропов, афзуд: “Ҳоло мо ба додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд шикоят бурда тақозо дорем, ки ин қитъаи замин барои сохтмони мактаб бозпас гирифта шавад.”

Дар ҳамин ҳол, масъулини бахши Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, ки нашрияҳои Тоҷикистон дар заминаи фасодкорӣ матлаби кам мунташир мекунанд.

Вале Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, ки “худдории расонаҳо аз чопи матолиб дар бораи фасодкорӣ ба ин далел аст, ки онҳо намехоҳанд бо мақомоти тафтишотӣ ва ҳуқуқӣ баҳси додгоҳӣ дошта бошанд”. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мавориди зиёди фасод мушоҳида мешавад.

Ба унвони мисол, оқои Атовулло аз қазияи додгоҳии нашрияҳои “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия плюс” бо қозиҳои Додгоҳи олӣ ва қазияи нашрияи “Миллат”бо вазорати кишоварзӣ ном бурд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110421_if_aa_reaction_media.shtml

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ АЛАЙҲИ ХАБАРНИГОРИ «ИМРӮЗNEWS»

[b]Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо даъвои сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати роҳи Воҳиди махсуси ВКД, Қаландар Нозиров алайҳи як сокини шаҳри Душанбе ва хабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews», Мирзомуроди Бозор парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.[/b]

Imruz NewsХабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews», Мирзомуроди Бозор бо шикояти ронандаи микроавтобуси тамғаи «Тангем» матлабе дар рӯзнома дар таърихи 4 марти соли 2011 таҳти унвони «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» матлабе нашр намуд. Дар матлаб ронандае бо номи Маҳмадраҷаб Шарипов мегуфт, ки аз ӯ нозири роҳ, ки рақами сарисинагиаш 06008 барои вайрон кардани қоидаи роҳ 10 сомонӣ ришва гирифтааст.

Дар матлаб аз номи ронанда омадааст, ки баъд аз он ки автомашинаи ӯ аз ҷониби нозири роҳ нигоҳ дошта мешавад, нозир бемуаррифии худ ба ронанда дағалӣ намуда, таҳдид мекунад, ки ба маблағи аз 105 то 175 сомонӣ ҷарима мекунад. Дар натиҷа аз ронанда 10 сомонӣ маблағ мегирад. Ронанда бошад, иддаъо дорад, ки ӯ ягон қоидаи роҳро вайрон накардааст.

Хабарнигор ба Азизмурод Аслонов, сардори шӯъбаи ташвиқоти раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД дар тамос мешавад. Аслонов низ тасдиқ мекунад, ки аз номи чунин ронанда ба раёсати онҳо аризаи даъвоӣ ворид шудааст.

Нозири роҳ бошад, ба додгоҳ даъво бурдааст, ки бо ин матлаб ронанда ва хабарнигори рӯзнома ӯро беасос ва ғайриқонунӣ дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин (яъне гирифтани пора дар вақти пешбурди фаъолияти хизматӣ) дар миёни мардум таҳқир ва тӯҳмат намуда обрӯяшро паст задаанд. Гӯё аз ин амал ӯ худро дар назди ҳамкоронаш ва мардум беасос шармандаву беобрӯ ва аҳволи саломатиашро бад меҳисобад.

Бо чунин гуфтаҳо корманди БДА идаъо кардааст, ки алайҳи ронанда ва хабарнигори рӯзнома бо талаботи 135 (қисми 3) ва 136 (қисми 2 банди «б») КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад. Ҳамин тавр алайҳи ронанда ва хабарнигори рӯзнома парванда боз шуда, рӯзи 20-уми апрел (чаҳоршанбе) соати 8-и субҳ мурофиа баргузор мегардад.

Дар ин бора ба сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» аз идораи рӯзномаи «ИмрӯзNews» хабар доданд.

«ИмрӯзNews»

Источник: http://ruzgor.tj/news/4978.html

Коғаз қимат шуд, рӯзнома ҳам

Коршиносон мегӯянд, болоравии қимати рӯзномаҳо, ки ба думболи афзоиши нархи қоғаз сурат гирифтааст, ояндаи матбуоти чопиро дучори мушкил хоҳад кард.
Тоҷикистон коғаз ва маводи чопӣ назири плёнка ва палатинаро аз Русия ва Чин ворид мекунад ва воридкунандагони ин мавод ба далели афзоиши роҳкиро ва молиёт қимати онро боло бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки манбаи аслии таъмини молии аксари кулли рӯзномаҳои Тоҷикистон аз фурӯши шумораи он ба даст меояд ва бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст.

[b]Барои мутолиа кардани матни пурраи гузориш нишонаи зеринро пахш кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=47]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=47[/url]

Раҳматкарими Давлат

Источник:

Мушкили таъсиси телевизиони форсизабон чист?

[b]Асадулло Раҳмонов тавофути идеологиро мушкили аслӣ барои роҳандозии шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабони намедонад.[/b]

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 15-уми апрел дар рӯ ба рӯи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, «то ҳол таҷҳизоти зарурӣ барои насб ва роҳандозии ин шабака тавассути Эрон дастрас нашудааст ва ин масъала то ҳол норӯшан мондааст.»

Ба таъкиди Асадулло Раҳмонов, бар асоси тақсимот, барои таъсиси шабакаи муштараки телевизионӣ, бино ва дигар умури марбут ба таҳияи асноди ҳуқуқӣ бар ӯҳдаи Тоҷикистон ва воридоти таҷҳизот ба Эрон ва таҷҳизоти пахш ба Афғонистон вогузор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфта буд, таҷҳизоти зарурӣ барои фаъол кардани телевизиони муштараки форсизабон харидорӣ шуда ва дар сурати мувофиқати ҷониби Тоҷикистон барои насби он, ин шабака метавонад дар айёми Наврӯз шурӯъ ба кор кунад.

Бо вуҷуди талошҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳанӯз ин лоиҳа, ки аз тавофуқоти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон маншаъ мегирад, мавриди иҷро қарор нагирифтааст.

Пешрафт накардани ин иқдом ба мавқеи Афғонистон низ рабт дорад. Зеро он гуна, ки Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт, тайи ду соли ахир намояндаи Афғонистон танҳо дар як мулоқоти гурӯҳи корӣ барои роҳандозии телевизионӣ форсизабон ширкат кардааст.

Хуршеди Ҳамдам

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3558339.html

Гузоришгарони бидуни марз: Аз Додоҷони Атовулло ҳимоят кунед

[b]Гузоришгарони бидуни марз бо интишори баёнияе аз давлатҳои Русия ва Олмон хостааст аз Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори мунтақиди давлати Тоҷикистон ҳимоят кунанд.[/b]

Ин созмони мудофеъи озодии баён, ки мақараш дар Порис аст, талошҳои давлати Тоҷикистон барои бозгардондани иҷбории оқои Атовулло ба ин кишварро «ғайриқонунӣ ва номаъқул» хондааст.

Ин баёнияи Гузоришгарони бидуни марз рӯзи сешанбеи 12 апрел дар сойти ин созмон соъоте баъд аз он мунташир шуд, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт ин ниҳод аз Русия хостааст Додоҷони Атовуллоро ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: «Тақозо номаъқул аст, зеро пас аз он ки ӯ дар Олмон дар соли 2002 ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кард, Тоҷикистон ва Русия аз лиҳози қонунӣ ҳақ надоранд ба ӯ даст расонанд. Мо умедвор ҳастем, ки мақомоти Русия тибқи қавонини байналмиллалӣ мисли дафъаи гузашта ин тақозоро рад мекунанд.»

Ин созмон мегӯяд ба далели ин ки паноҳандаи сиёсӣ дар ҳеҷ шароите наметавонад ба кишвари аслиаш баргардонда шавад, тақозои мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди ӯ бо нақзи асоситарин қонуни байналмиллалӣ мояи нигаронӣ аст.

Додоҷони Атовулло бунёнгузори нашрияи «Чароғи рӯз» дар соли 1991 пас аз касби истиқлол аст. Номи ин нашрия бо интишори матолиби баҳсбарангез ва интиқодӣ алайҳи режими вақти кумунистӣ дар он замон сари забонҳо шуд.

Пас аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нашрияи «Чароғи рӯз» дар Русия бо матолиби интиқодӣ дар бораи ҳукумати ҷадид нашр мешуд.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз менависад оқои Атовулло дар соли 2001 пас аз он ки мавриди таҳдиди куштан қарор гирифт ва муттаҳам ба тавҳини раиси ҷумҳур ва зоҳиран «эҷоди тафриқаи нажодӣ ва хусумати мазҳабӣ» шуд, Тоҷикистонро дубора тарк кард.

Ба навиштаи созмони Гузоришгарони бидуни марз аъзои хонаводаи ин мунтақиди давлат дар Тоҷикистон барои чанд ҳафта таҳти боздошт қарор гирифтаанд ва таҳдидҳо ба ҷони вай идома доштааст.

Ӯ моҳи июли соли 2001 дар фурудгоҳе дар Маскав мавриди боздошт қарор гирифт, аммо вокуниши сареъи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар нисбат ба боздошти вай боъис шуд то ӯ ба Тоҷикистон фиристода нашавад.

Барои муддате парванда алайҳи оқои Атовулло қатъ шуд, аммо нашрияи «Чароғи рӯз» ба интишори матолиби интиқодомез дар бораи мақомоти Тоҷикистон идома дод.

Дар соли 2007 оқои Атовулло дар Маскав эълом дошт, ки ҷунбишеро ба номи «Ватандор» таъсис додааст.

Аммо шумори дақиқ ва ҳуввияти аъзои ин созмон, ки дар Тоҷикистон расман сабт нашудааст, рӯшан нест, агарчи оқои Атовулло муддаъӣ аст, ки ҳатто бархе афрод дар ҳукумат низ шомили ин созмон ҳастанд.

Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон оқои Атовуллоро муттаҳам карданд, ки раиси ҷумҳури ин кишварро тавҳин кардааст ва хостори тағйири низоми қонунӣ аз тариқи тавассул ба зӯр шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳам дархости ҷадиди истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро бар пояи ҳамин иттиҳомот донистааст.

Оқои Атовулло талошҳои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро марбут ба фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ ва сиёсии худ хондааст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз мегӯяд озодии матбуъот дар Тоҷикистон дар соли гузашта коҳиш ёфтааст ва мақомот ҳоло талош мекунанд оқои Атовуллоро хомуш кунанд.

Ин созмон ёдовар мешавад, ки Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешини Тоҷикистон дар соли 2008 оқои Атовуллоро «терруристи иттилоъотӣ» хонда буд.

Оқои Атовулло дар робита ба дархости ҷадиди додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст ҳеҷ кишваре ҳақ надорад ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад ва талош барои истирдоди худро гоми дигаре барои ҳушдори рӯзноманигорон ва маҳдуд сохтани озодии баён талаққӣ кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/04/110413_l16_reporters_without_borders.shtml