Архив рубрики: Хабарҳо

Шикваи Эрон аз мушкилоти ташкили TV-и форсизабонон

[b]Алиасғари Шеърдӯст ҷониби Тоҷикистонро дар таъхири роҳандозии ТВ форсизабони «Наврӯз» муттаҳам кард.[/b]

Ӯ гуфт, ҷониби Эрон ба ҳама тааҳуди худ амал карда ва то кунун сохтмони ин телевизионро таъмир намудаааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи сафир, онҳо таҷҳизотро ворид сохта ва интизори посухи ҷониби Тоҷикистон барои таъйини рӯзи мушаххаси нашри барномаҳои ин телевизионанд.

Аммо мегӯяд ҷаноби Шеърдӯст, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Асадулло Раҳмонов, ба зангҳои телефонии ӯ барои ҳамоҳангсозии нашри барномаҳо пусух намедиҳад.

[b]Матни пурраи гузоришро баъди пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мтолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=62]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=62[/url]

Источник:

Беш аз 227 ҳазор сомонӣ барои пахши барномаҳои радиои Суғд

[b]Бо мақсади дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ ҷиҳати оғоз намудани пахши 8-соатаи радиои вилоят, дар асоси дархости сардори идораи телевизион ва радиои вилоят қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 16-уми майи соли ҷорӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора ба TojNews аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.[/b]

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қарори мазкур ба Сарраёсати молияи вилоят супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети вилоятӣ дар ҳолати 1-уми январи соли равон ба ҳисоби идораи телевизион ва радиои вилоят 227700 сомонӣ ирсол намояд.

— Идораи телевизион ва радиои вилоят муваззаф гардидааст, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, дар ин хусус ба Сарраёсати молияи вилоят ҳособот пешниҳод намояд, — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки зимни ҷаласаи корӣ Қоҳир Расулзода доир ба таъмини фазои иттилоотӣ ва фарогирӣ бо барномаҳои телевизионӣ ба масъулин супориш дода буд, ки ҳар сол аз буҷаи вилоятӣ барои насби таҷҳизоти мавҷпахшкунакҳои телевизонӣ 1 млн. сомонӣ ҷудо намоянд.

Ҳамзамон ин иқдом оид ба супориши дигари раиси вилоят барои гузаштан ба барномаҳои радиои вилоятӣ аз пахши 1-соата ба пахши 8-соата тадбирҳо андешида мешавад, ки барои харидорӣ намудани таҷҳизоти зарурӣ беш аз 220 ҳазор сомонӣ маблағ лозим мебошад, садо дода буд.

Ҷамшед МАЪРУФ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14502&Itemid=30

Қатъи фаъолияти шӯъбаи русии радиои «Неметская волна»

[b]Шӯъбаи русии радиои «Неметская волна» фаъолияти худро таҳти амвоҷи кӯтоҳ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли равон мутаваққиф хоҳад кард. Дар ин бора аз дафтар ин радио хабар расид. [/b]

Фаъолияти «Неметская волна» бо забони русӣ ҳанӯз беш аз 50 сол муқаддам — 1-уми августи соли 1962 шурӯъ гардида, аввалин сарчашмаи таъмини халои иттилоотӣ аз ғарб дониста мешуд. Фаъолияти ин радио аз сӯи мақомоти вақти СССР ҳамаҷониба мавриди кӯшиши пӯшонидан қарор мегирифт.

Тавре масъулини ин радио мегӯянд, пахши барномаҳои кӯтоҳмавҷи он ҳамчунин бо забонҳои олмонӣ, форсӣ ва индонезӣ низ мутаввақиф хоҳад шуд. Инчунин, ду баробар кам шудани ҳаҷми барномаҳо бо забони чиниро масъулин дар назар доштаанд.

Ин амалҳои мутаваққиф шудани радио дар пайи як сиёсати ихтисори кормандон сурат гирифта, то имрӯз «Неметская волна» ҳаҷми барномаҳояшро аз 260 соат дар шабонарӯз ба 55 соат поин бурдааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шӯъбаи русии радиои БиБиСи низ фаъолият худро мутаваққиф карда, гузоришҳояшро танҳо аз тариқи интернет роҳандозӣ карда буд.

Абӯбакри ФАЙЗАЛӢ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14473&Itemid=30

Сазовори ҷоизаи сулҳ шудани Ҷулиан Ассанж

[b]Поягузори сомонаи моҷаробарангези WikiLeaks Ҷулиан Ассанж сазовори ҷоизаи сулҳи хазинаи Сидней шуд. Дар ин бора аз аввалинҳо шуда рӯзномаи «Sydney Morning Herald», чопи Австрия иттилоъ дод.[/b]

Бино ба навиштаи ин нашрия, мукофотро ба Ассанж дар шаҳри Лондон, ки дар айни замон рӯзу соати истирдоди худ ба Шветсияро интизорӣ мекашад, дар як вазъияти ботантана супурданд. Ҳамзамон бо мукофот ба ӯ медали тиллои «Мардонагии фавқулодда дар ҳифзи ҳуқуқи башар» низ тақдим гардид.

«Арзиши ин мукофот ва хазинаи сулҳи Сидней дар он аст, ки онҳо сулҳ ва адолатро ба ҳам меоранд. Дар назди он вазифаи мушкиле меистад, ки одамон ва созмонҳоеро ҷудо кунанд, ки мустақиман барои кадом коре мубориза мебаранд»,- гуфт дар суханронии худ Ҷулиан Ассанж.

Зарфи ин 14 соле, ки мукофоти мазкур арзи вуҷуд кардааст, танҳо чор маротиба афродро берун аз марзи Австралия сарфароз гардонидааст. Аз ҷумла Нелсон Мандело, Далай-лама ва пешвои будпарастони нави Японият Дайсаку Икэда дар солҳои гуногун сазовари ин ҷоиза гаштаанд.

Ҳамзамон бо ин Хазинаи сулҳи Сидней ҳукумати Автралияро ба ҳамкорӣ бо Кохи Сафед муттаҳам кардааст ва гуфтааст, ки вақт аст ин ҳукумат аз шаҳрванди худ, ки қонуншиканӣ накардааст, дифоъ намояд»,- гуфт директори ин хазина, профессор Стюарт Риз.

Ҳангоме мукофотро дарёфт мекард, Ассанж изҳор дошт, ки дахолати давлатҳо ба ВАО ва сомонаҳои интернетӣ раво нест. Вай ҳамчунин гуфт, ки Wikileaks аз ин ба баъд низ ба фошкориҳои худ идома медиҳад. Аммо қабл аз ҳар чизи дигар ин сомона ҳоло кӯшиш дорад аз нигоҳи техникӣ худро қавӣ созад, то ин ки бо ҳар гуна ҳамлаҳои кибернетикӣ муқовимат карда тавонад.

Маъруфияти WikiLeaks замоне афзоиш ёфт, ки маводҳои махфии амкриоиро чоп кард ва асрори зиёди низомӣ ва сирри дипломатии ин кишварро фош намуд. Ахиран овозаҳое ҳам барои пешниҳоди Ҷулиан Ассанж ба мукофоти Нобел шунида мешуд. Вақте узви парлумони Норвегия Снорре Вален номзадии WikiLeaksро ба ин ҷоиза пешниҳод менамуд, мегуфт, ки ин сомона дар мубориза ба хотири озодии баён ва дастрасии ахбор хизмати шоиста кардааст.

Маврид ба ёдоварист, ки WikiLeaks дар ҳеҷ замоне мисли соли гузашта маъруфият пайдо накарда буд. Силсилаи розҳои дипломатҳои амрикоӣ, ки аз барқияҳои онҳо барчида шуда буд, асрори зиёди нуҳуфтаеро ошкор кард. Аз ҷумла ин сомона як силсила барқияҳоро дар мавриди Тоҷикистон низ чоп карда буд, ки вокунишҳоеро ҳам ба дунбол дошт. Муҳимтарини ин фошкориҳо дар мавриди Тоҷикистон қасди Ғаффор Мирзоев барои роҳандозии табаддулоти давлатӣ бо кӯмаки Русия мебошад, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо сафири вақти Амрико иброз дошта буд. Ва дигар мулоқотҳои маҳрамонаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо мақомоти амрикоӣ ва майгусориҳову маст зери миз шуданҳои вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев низ аз ҷумлаи ҳамин фошкориҳо буданд.

Фирӯзи МУҲАММАД, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14478&Itemid=30

«Пайкон» аз чоп монд

[b]Чопхонаи «Шарқи озод» ба далели молӣ аз нашри ҳафтаномаи мустақили «Пайкон» худдорӣ кардааст.[/b]

Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, тайи чанд моҳи ахир «Пайкон» аз ин чопхона 7 ҳазор сомонӣ қарздор шуд ва ҳамчунин ду шумораи ахираш бо як ноутбук ва як компютери саримизӣ нашр шуд.

Дигар таҷҳизоти фаннии нашрияро ҳудуди як моҳ пеш бо қарори додгоҳ ба нафъи «Тоҷикстандарт» мусодира карда буданд.

Ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, дар сурати идомаи фаъолият, имкони бозгардонидани қарзи чопхона вуҷуд дошт, аммо бо қатъи фаъолият ин имконнопазир мешавад. Вай афзуд, ба чанд чопхонаи дигаре, ки муроҷиат кардаанд, посухи радд гирифтаанд.

Тибқи бархе манобеи дигар, сабаби аз чопи «Пайкон» сар тофтани чопхонаҳо, қарори додгоҳ дар бораи қатъи фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, муассиси нашрия пеш омадааст. Бар пояи шикояти Вазорати адлия, фаъолияти ин Бюро дар оғози моҳи равон қатъ шуда буд.

«Пайкон» аз моҳи марти соли 2009 ба фаъолият шурӯъ карда дар беҳтарин айёми фаъолияташ то ҳафт ҳазор нусха ва ҳафтаҳои ахир ба теъдоди 2 ҳазор нашр мешуд.

Заиф шудани фаъолияти нашрияро ҳамчунин ба маризии мудаввоми муассиси Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ Ҷумъабой Толибов рабт медиҳанд, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ бистарӣ аст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24178023.html

Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон

[b]Заъфи гуногунандешӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон, вуҷуд доштани маҳалгароӣ дар бархе аз расонаҳои хабарӣ имрӯз зиёд ба назар мерасад ва ин омил паёмадҳои нохуб дорад, мегӯяд Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNеws».[/b]

Ин ҳарфҳоро ӯ дар як семинар, ки рӯзи 17-уми май дар толори телевизиони «СМТ» баргузор шуд, иброз дошт. Номбурда қайд кард, ки таҷриба нишон дод, ки барои журналистони мо хусусан барои радиову телевизионҳои Тоҷикистон қабули принсипи этикаи журанилистӣ лозим аст ва риоя нашудани чунин принсипҳо хонанда ва бинандаро аз ВАО дур мекунад. Рустами Ҷонӣ аз фаъолияти телевизионҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт «ин телевизионҳо танҳо сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро тарғибу ҷонибдорӣ менамоянд, ҳол он ки онҳо телевизионҳои давлатӣ ҳастанд ва набояд бо чунин шева фаъолият кунанд, баъзе кормандони ин телевизионҳо тафовути мафҳуми давлатӣ аз ҳукуматиро дарк накарда, чун пропагандист ҳангоми фаъолияташон фикр мекунанд, танҳо рисолаташон дар ҳамин аст, ки кадом намояндаи ҳукумат, ҳар чӣ ки гӯянд, онҳо бояд ҷонибдорӣ намуда, онро пахш кунанд.»

[b]Матни пурраи матлабро дар торномаи мо бо пахш кардани суроғаи зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=60]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=60[/url]

Алишер Зариф

Источник:

Шӯрои ВАО: ҳалли казияҳо то додгоҳ

[b]Нахустин ҳамойиши омӯзишӣ аз силсилаи семинарҳои ихтисосӣ барои журналистон дар Душанбе сурат пазируфт. Тибқи иттилои Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО дар назар аст, ки тӯли соли 2011 ҳудуди 15 семинар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯр- ғонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ваҳдат, Рашт гузаронида шавад. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо бештар ба маълумоти рўзноманигорони минтақавӣ расонидани ҳадафҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба сифати тренер дар ин семинарҳо аъзои раёсати Шўрои ВАО баромад мекунанд.[/b]

Зимнан, дар семинари имрӯза узви шӯро Рустами Ҷонӣ бо намояндагони радиоҳои ғайриҳукуматии шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мақсади асосӣ аз фаъолияти шӯрои ВАО худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ буда, ҳалли қазияҳо то додгоҳ мебошад. Намояндагони радиоҳои «Ватан», «Имрўз», «Азия плюс» ва телевизиони «СМТ» ба суолҳои сершумори худ перомуни риоя ва эътирофи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷ икистон посух пайдо карданд.

Ёдовар мешавем, ки Шўрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байнулмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/432-2011-05-17-06-49-38.html

Сафири ИМА ҳамкории «Asia-Plus» бо Wikileaks-ро шарҳ дод

[b]Сафири Амрико дар Тоҷикистон аз эҳтимоли рӯ задани номҳои афроди мушаххас дар номаҳои маҳрамонаи дипломатии сомонаи Wikileaks дар бораи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.[/b]

Кеннет Гросс, ки зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе назари худро дар бораи созишномаи ширкати расонаии «Asia-Plus» ва сомонаи Wikileaks баён медошт, гуфт, ошкор шудани ном ва мӯҳтавои гуфтугӯи ҳамсӯҳбатони сафирони собиқи Амрико дар Тоҷикистон, ки эҳтимол меравад, дар номаҳои маҳрамонаи сомона ҷой доранд, ба фаъолият ва эътибори онҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо баъди пахш кардани суроғаи зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=59]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=59[/url]

Источник:

Риояи меъёрҳои ахлоқӣ – гарави сифати рузноманигорӣ

[b]Имрӯз, 17 майи соли 2011 аввалин семинари омӯзишӣ аз силсилаи семинарҳои ихтисосӣ барои журналистони ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Шӯрои ВАО хабар доданд.[/b]

Узви Шӯро Рустами Ҷонӣ дар сӯҳбати кушоду ошкоро бо намояндагони радиоҳои ғайриҳукуматии шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мақсади асосӣ аз фаъолияти шӯрои ВАО худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ буда, ҳалли қазияҳо то додгоҳ мебошад.

Намояндагони радиоҳои «Ватан», «Имрӯз», «Азия плюс» ва телевизиони «СМТ» ба суолҳои сершумори худ перомуни риоя ва эътирофи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон посух пайдо карданд.

Тавре Раиси Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов иттилоъ дод, дар назар аст, ки тӯли соли 2011 15 семинар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ваҳдат, Рашт гузаронида шавад. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо бештар ба маълумоти рӯзноманигорони минтақавӣ расонидани ҳадафҳои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба сифати тренер дар ин семинарҳо аъзои Шӯрои ВАО баромад мекунанд.

Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Шаҳрдорӣ ба расонаҳо ва сомонаҳо ҳушдор медиҳад!

[b]Дар номае, ки Шавкат Саидов, котиби дафтари матбуотии Раиси шаҳри Душанбе «ба роҳбарони тамоми воситаҳои ахбори оммаи хусусӣ ва сомонаҳои интернетӣ» ирсол кардааст, гуфта мешавад:[/b]

«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкориҳои судманд бобати инъикос ва таъмини фазои иттилоотӣ аз навгониҳои шаҳри Душанбе дар воситаҳои ахбори омма изҳори каноатмандӣ намуда, ҷонибдории бемайлони роҳбарияти шаҳр ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо аз воқеиятнигорӣ ва ибрози назарҳои касбӣ дар ҳалли дилхоҳ масъалаҳо, ки бидуни таҳрифи воқеият бо далелҳои раднопазир интишор мешаванд зикр сохта, зимнан ба таваҷҷӯҳи муассисон ва роҳбарони ВАО, ба хусус расонаҳои электронӣ мерасонад, ки вақтҳои охир бо фаъол гардидани саҳифаи «назарҳо» дар сомонаҳо бо сӯистифода аз озодии сухан, мутаассифона фазои иттилоотӣ тавассути ҷой додани андешаҳои баъзе «муштариён»- и ноогоҳи сомонаҳо аз воқеияти масъалаҳо, ки «назарашон» комилан бе асос ва дар заминаи ғаразҳои нопок баҳри тавлиди рӯҳияи нобоварӣ ба фаъолияти банизомдарории вазъи бозори истеъмолӣ дар шаҳр нашр мегарданд таври танзиму тарҳрезишаванда махлут карда мешавад.

[b]Идомаи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=58]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=58[/url]

Источник: