Архив рубрики: Хабарҳо

Ҳабибулло Ташрипов бо пардохти ҷарима дар додгоҳ озод шуд

[b]Ҳабибулло Ташрипов, як масъули Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, дар “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” муҷрим шинота шуда ва бо пардохти 61 ҳазор сомонӣ аз толори додгоҳ озод шудааст.[/b]

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ахиран оқои Ташриповро, ки пештар дар симати раиси бахши тиҷоратии Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, дар тасарруф, қаллобӣ ва ҷаъли аснод муҷрим шинохтааст.

Дар мусаввабаи додгоҳ омадааст, ки вай дар «ҳаҷми бузург» ҳамаи ин ҷароимро муртакиб шудааст. Бо ин вуҷуд, додгоҳ тасмим гирифтааст, ки оқои Ташрипов бо пардохти 61 ҳазору 512 сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шавад.

Ҳабибулло Ташрипов моҳи сентябри соли гузашта аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуда буд.

Он замон гузориш шуда буд, ки оқои Ташрипов, ки гуфта мешавад аз наздикони Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюн аст, ба ҳангоми гирифтани сӣ ҳазор дулор ришва боздошт шудааст.

Бархе аз соҳибназарон боздошти як мақоми Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ бо чунин маблағи бузургро барои ин кишвар бесобиқа хонда буданд.

Дар гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон барои иртикоби чунин ҷароиме муттаҳамонро барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекарданд.

Вале қозии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳабибулло Ташриповро танҳо ба пардохти ҷарима маҳкум кардааст. Зеро тибқи мусаввабаи додгоҳ, оқои Ташрипов зиёни воридшударо ба давлат бозпардохтааст.

Дар мусаввабаи додгоҳ омадааст, ки тибқи қонуни ҷазои Тоҷикистон, оқои Ташрипов дар се банди ин қонун муҷрим шинохта шуда ва бо пардохти ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шавад.

Ҳамчунин, додгоҳ ҳукм кардааст, ки молу мулки оқои Ташрипов мусодира карда шавад ва ӯ наметавонад тӯли якуним соли оянда дар Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба симате интисоб шавад.

Додгоҳ ҳамчунин Ҳалим Раҳимов ном шаҳрвандро ба ҷурми ҳамдастӣ бо оқои Ташрипов дар тақаллуби аснод ба пардохти 3500 сомонӣ ҷарима муваззаф кардааст. Зимнан, ҳукми додгоҳ алайҳи ин ду нафар ба иҷро даромада ва ҷонибҳо дархости истиноф (кассатсия) накардаанд.

Як масъули Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки масъулони ин ниҳод бо ҳукми додгоҳ мувофиқанд, зеро дар ниҳоят, иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Ташрипов дар додгоҳ собит шудааст.

Вале ба гуфтаи вай, ахиран дар қонуни ҷазо ё кайфарии Тоҷикистон ислоҳоте ворид карда шуд, ки тибқи он, афроди муҷрим ё муртакиби бархе аз ҷиноёт, назири қаллобӣ, тасарруф ва тақаллуби аснод бо пардохти ҷарима метавонанд аз маҳбас озод шаванд.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон мехоҳад зиёни молие, ки дар пайи фаъолияти ин афрод ба буҷети кишвар ворид шуда, ҷуброн кунад ва муҷримон тавонанд “кору фаъолияте” дошта бошанд.

Абдуқаюм Юсупов, ҳуқуқдони мустақил, мегӯяд, ки дар моҳи июни соли гузашта ба ибтикори Президент Раҳмон дар қонуни ҷазои Тоҷикистон ислоҳоте ворид карда шуда буд.

Ҳадафи ин ислоҳот сода кардани муҷозот барои иртикоби ҷароими ба истилоҳ “иқтисодӣ ва молӣ” унвон шудааст. Оқои Юсупов мегӯяд, ки агар зиёни иқтисодии ин гуна ҷароим ҷуброн карда шавад, додгоҳ метавонад шахси гунаҳгорро бо пардохти ҷарима аз зиндон озод кунад.

Вай гуфт, ки дар ивази як рӯзи зиндон 17,5 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст. Бо дарназардошти ҳаҷми умумии ҷаримаи Ҳабибулло Ташрипов чунин баровард мешавад, ки ҳукми додгоҳ алайҳи ин масъули собиқи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон муъодили 10 соли зиндон будааст.

Зимнан, дар бархе аз кишварҳо аз чунин таҷруба зиёд истифода мешавад. Вале маъмулан қонуни ин кишварҳо муқаррар кардааст, ки ҳаҷми ҷарима аз ҳаҷми зиёни ворида бояд бамаротиб бештар бошад.

Ба унвони мисол, дар Русия барои ришваситонӣ шахси мазнун бояд ба буҷети кишвар маблағи то даҳ маротиба бештар аз ҳаҷми ришваро пардохт кунад ва сипас, ӯ метавонад аз зиндон озод шавад.

Дар ҳамин ҳол, Иззатулло Шарипов, раиси идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, дар мусоҳибае бо хабаргузории «ASIA-Plus» гуфтааст, ки ҳоло теъдоди 10 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд, ки ин рақам бештар аз зарфияти зиндонҳост.

Ба гуфтаи оқои Шарипов, вай хостори ин аст, ки шумори зиндониён аз роҳи ҷойгузин кардани ҷарима ва корҳои иҷборӣ ба ҷойи ҳукми зиндон дар Тоҷикистон коҳиш дода шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110601_if_court_corruption.shtml

Фаъолияти «Стан ТВ» дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд

[b]Фаъолияти дафтари намояндагии шабакаи телевизиюнии «Стан ТВ»-и Қазоқистон, ки дар миёни сокинони Тоҷикистон бештар бо исми «К+» маъруф аст, дар Душанбе мутаваққиф шуд.[/b]

Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбеи 1 июн Музаффар Юсупов, раиси дафтари намояндагии телевизиюни «Стан ТВ» дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, иҷрои тарҳи намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон поён ёфтааст. Ин тарҳро намояндагии минтақаии ин телевизиюн дар шаҳри Бишкек ба иҷро дроварда буд.

Ба ин тартиб, аз рӯзи аввали июн фаъолияти дафтари намояндагии шабакаи телевизиюнии «Стан ТВ” дар Тоҷикистон мутаваққиф шудааст.

Бино ба иттилоъи оқои Юсупов, фаъолияти ин шабака аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон мутаваққиф шудааст. Ҳамчунин, вай гуфт, ки то ягон ҳодисаи ҷиддӣ дар Тоҷикистон рух надиҳад, ин шабака ҳеч гузоришеро аз ин кишвар пахш нахоҳад кард.

Оқои Юсупов мегӯяд, ки ҳарчанд шумори тамошобинони ин телевизиюн дар Тоҷикистонро намедонад, лекин мутмаин аст, ки ин шабака аллакай дар бозори иттилоърасонии ин кишвар ҷойгоҳи худро ёфтааст.

Намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон 14 нафар корманд дошт, ки аз онҳо 6 нафар хабарнигор, 4 нафар муҳаррир ва 4 нафар коргардон буданд. Бархе аз ин хабарнигорон аз шаҳри Хуҷанд барои ин телевизиюн гузоришҳое таҳия мекарданд.

Раиси дафтари намояндагии ин телевизиюн мегӯяд, ки ҳоло кормандон дар бораи фаъолиятҳои ояндаи худ ҳеч тасмиме нагирифтаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд боъиси таассуф аст, ки фаъолияти телевизиюни «Стан ТВ» дар Тоҷикистон мутаваққиф мешавад.

Ба гуфтаи вай, ин яке аз расонаҳое будааст, ки як манбаъи иттилоърасонии олтернатив буд ва ахбору матолибашро бо тавозуни назарҳо ба тамошобинон пешкаш мекард.

Оқои Қаршибоев афзуд, ки ин телевизиюн дар байни афроде, ки бо ахбору иттилоъот сару кор доштанд, аз маъруфияти зиёд бархурдор будааст.

Ӯ мутмаин аст, ки агар набуди маблағ сабаби мутаваққиф шудани фаъолияти ин телевизиюн дар Тоҷикистон шуда бошад, имконии пайдо кардани сармоя ва дубора фаъол шудани он вуҷуд дорад.

Оқои Қаршибоев афзуд: «Аммо агар ин иқдом ангеза ё тобиши сиёсӣ дошта бошад, дар он сурат аз нав ба роҳ мондани фаъолияти телевизиюн мушкил мегардад.»

Аммо Музаффар Юсупов, раиси намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки қатъи фаъолияти ин тезевизиюн ҳеч гуна ангезаҳои сиёсӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз дидоргарони сойти «Стан ТВ» мегӯянд, ки аз он мутаассифанд, ки ҳамакнун наметавонанд аз ин шабака ахбору матолиби ҷолиберо дар бораи Тоҷикистон дарёфт кунанд.

Меҳрангез, як сокини Душанбе, мегӯяд: «Шабакаҳои телевизиюнии давлатии Тоҷикистон наметавонанд барои мо иттилоъоти дақиқу бетарафонаро таъмин кунанд. Ин шабакаҳо бештар ба таърифу тавсифи мансабдорон машғуланд ва танҳо дар бораи вазъи кишоварзӣ ва варзиш хабар медиҳанд.»

Фаъолияти дафтари намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон аз соли 2008 шурӯъ шудааст. Аммо бисёре аз мардуми ин кишвар ба ин шабака аз тариқи моҳвора дастрасӣ доштанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110601_ea_mt_stan_tv.shtml

Оғози баррасии парвандаи хабарнигор Исмоилов

[b]Баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, дар додгоҳе дар шимоли Тоҷикистон, оғоз шуд.[/b]

Муҳокимаи ӯро пас аз зӯҳри 31 май додгоҳи сайёри шаҳри Табошар дар ноҳияи Ашт оғоз кардааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллӣ, аз таърихи 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳе дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи «Нури зиндагӣ», ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар рӯзи аввали додгоҳ шикояти бархе аз муддаъиён шунида шуд ва додгоҳ кори худро пас аз фардо идома хоҳад дод.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст.

Аммо Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Бар пояи ин, чанде аз созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки Муҳаммудюсуф Исмоиловро озод кунад.

Аз ҷумла, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, пештар хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 дар Тоҷикистон чанд нашрия бо баҳонаҳои мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои нашри матолиби интиқодомез бо фишори мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110531_ea_aa_ismoilov_trial.shtml

Нишасти Шӯрои ВАО дар идораи рӯзномаи «Хатлон»

[b]Мушкилоти риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати журналистикаи муосир дар мизи мудавваре, ки бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ дар идораи рӯзномаи «Хатлон» доир гардид, муҳимтарин мавзӯи баррасӣ буд. Дар ин бора ба TojNews аз дафтари кории Шӯрои ВАО хабар доданд.[/b]

Ба иттилои манбаъ, Зинатулло Исмоилов — раиси Шӯрои ВАО дар оғози ин ҳамоиш иброз дошт, ки мулоқоти бевосита бо журналистони минтақавӣ ба он хотир аст, ки перомуни риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон ва худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ сӯҳбатҳои озод баргузор гарданд.

— Узви Шӯро ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур оид ба зарурати қабули меъёрҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи дар ин бахш ҳосилгардида суханронӣ карда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба риояи тавозуни назарҳо дар навиштаҳои муаллифон махсусан таъкид кард. Қайд гардид, ки маҳз риояи одоби касбӣ манзалати журналистонро боло мебарад ва онҳоро ба нерӯи воқеан қавии иҷтимоӣ табдил медиҳад,- афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар мизи мудаввар журналистон Сайраҳмон Назриев, Носирҷон Маъмурзода, Давлат Шоҳэътиборов, Асалмо Сафарова, Мурод Сотиев, Умар Камолов ва Латофат Чориева перомуни мушкилоти хабарнигорони минтақавӣ изҳори назар карданд. Ба андешаи онҳо, маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҷиҳати таҳияи маводи босифат замина фароҳам меорад.

— Дар баробари ин таъкид гардид, ки мушаххасан ҷудо будани фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ, риояи эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ, ҳифзи манбаи ахбор ва ҳамрайъии касбии журналистон муҳимтарин нукоти Меъёрҳои ахлоқӣ ҳастанд, ки риояи ҳамешагии онҳо дар фаъолияти журналистӣ обрӯи касби рӯзноманигориро боло мебарад. Дар поёни ҳамоиш иштироккунандагони он муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он бо эътирофи Меъёрҳои ахлоқӣ ба риояи одоби касбӣ ва ҳамкории фаъоли ВАО бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудааст,- гуфт дар охир манбаъ.

Зулолаи НУР, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14725&Itemid=30

Меъёрҳои ахлоқӣ ва фаъолияти журналистӣ баррасӣ гардиданд

[b]«Мушкилоти риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати журналистикаи муосир». Таҳти чунин унвон дар идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ мизи гирд бо ширкати хабарнигорони минтақавӣ баргузор гардид.[/b]

Тавре Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО дар оғози ин ҳамоиш иброз дошт, мулоқоти бевосита бо журналистони минтақавӣ ба он хотир аст, ки перомуни риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон ва худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ суҳбатҳои озод баргузор гарданд.

Узви Шӯро ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур оид ба зарурати қабули меъёрхои ахлоқӣ ва таҷрибаи дар ин бахш ҳосилгардида суханронӣ карда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба риояи тавозуни назарҳо дар навиштаҳои муаллифон махсусан таъкид кард. Қайд гардид, ки маҳз риояи одоби касбӣ манзалати журналистонро боло мебарад ва онҳоро ба нерӯи воқеан қавии иҷтимоӣ табдил медихад.

Журналистон Сайраҳмон Назриев, Носирҷон Маъмурзода, Давлат Шоэътиборов, Асалмо Сафарова, Мурод Сотиев, Умар Камолов ва Латофат Чориева перомуни мушкилоти хабарнигорони минтақавӣ изҳори назар карданд. Ба андешаи онҳо маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҷиҳати таҳияи маводи босифат замина фароҳам меорад. Дар баробари ин таъкид гардид, ки мушаххасан ҷудо будани фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ, риояи эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ, ҳифзи манбаи ахбор ва ҳамраъйии касбии журналистон муҳимтарин нукоти меъёрҳои ахлоқӣ ҳастанд, ки риояи ҳамешагии онҳо дар фаъолияти журналистӣ обрӯи касби рӯзноманигориро боло мебарад.

Дар поёни ҳамоиш иштироккунандагони он муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он бо эътирофи меъёрҳои ахлокӣ ба риояи одоби касбӣ ва ҳамкории фаъоли ВАО бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудааст.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/605-2011-05-27-12-09-52.html

Рӯзи сиёҳи нияти пок

Таъсиси телевизони муштараки форсизабононро метавон номуваффақтарин лоиҳаҳои ҳамдастии се кишвари ҳамзабон унвон кард. Ин тарҳ, ки нахустин бор моҳи сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе байни сарварони се кишвари форсизабон-Тоҷикистону Эрону Афғонистон матраҳ шуд, манзалату вазни сухану қарордоди раисони се ҷумҳурро бо дарҳамбарҳамиҳои пешомада ва наздики панҷ соли нокомӣ пойин бурд.

Акнун дар ин майдони ҳамкории се ҷониб яке аз муваззафшудагони амалисозии ин тарҳ Алиасғари Шеърдӯст худро тани танҳо мебинад. Дар мизи мудавваре, ки бо тасмими намояндагии хабаргузории «Форс» дар Душанбе доир гашт, мушкилоти ба таъхир афтодани ифтитоҳи телевизиони муштараки форсизабонон «Наврӯз» баррасӣ шуда, гилагузориҳои зиёдеро ба бор оварда сифати ҳукуматҳои се кишварро ба намоиш гузошт…

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо мутолиа карда метавонед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=65]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=65[/url]

Источник:

Зарурати таъсиси сандуқе вижа барои ҳимоят аз хабарнигорон

[b]Теъдоде аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва хабарнигорони мустақил дар сададанд барои ҳимояти ҳуқуқии худ дар додгоҳҳо як сандуқи изтирорӣ таъсис диҳанд.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ), рӯзи панҷшанбеи 26 май дар ҳамоише бо номи “Дастрасӣ ба кумакҳои ҳуқуқӣ” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар пайи афзоиши қазияҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо зарурати таъсиси чунин сандуқе ба миён омадааст.

Оқои Қаршибоев афзуд, ки феълан дар додгоҳҳои Тоҷикистон 8 парванда дар қиболи нашрияҳои мустақил ва хабанигорон баррасӣ мешавад ва бештари хабарнигорон ва расонаҳои мустақил имкони пардохти ҳаққи хидмати вакили мудофеъро надоранд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар сомонаи мо бо пахш кардани суроғаи зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=64]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=64[/url]

Источник:

Ҷефри Пайат озодии ВАО-ро дар Душанбе баррасӣ кард

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ҷефри Пайат ба Душанбе ташриф оварда, бо масъулини вазорати умури хориҷа мулоқот кард.

Тавре ба «Озодагон» аз сафорати Амрико дар Душанбе иттилоъ доданд, ҳадафи аслии ин нишаст идомаи муҳокимаи масъалаҳои дар ҷараёни машваратҳои дуҷонибаи ҳосилшуда буд. Аснои боздиди худ ҷаноби Пайат бо донорони байналмиллалӣ барои муҳокимаи ҳамоҳангсозии кӯмаки хориҷӣ ба таҳкими марзҳои Тоҷикистон вохӯрд. Ҳамзамон, мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон, озодии мазҳабӣ, волоияти қонун, озодии воситаҳои ахбори омма ва масъалаҳои ҷавонон ва гендерӣ сурат пазируфт. Маврид ба ёдоварист, 12-уми апрели соли равон ёвари котиби давлатии ИМА Блейк ҳайати намояндагони ИМА-ро дар машваратҳои дуҷонибаи солона бо ҳукумати Тоҷикистон роҳбарӣ намуд. Зимнан, ҳукуматҳои ИМА ва Тоҷикистон ҳолати муносибатҳои дучониба, бахшҳои манфиатҳои умумӣ ва роҳҳои густариши ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/552-2011-05-24-12-00-34.html

МУРОҶИАТНОМАИ

[b]Иштирокчиёни мизи мудаввари «Вижагиҳои фаъолияти журналистӣ дар шароити муосир: мушкилоти ВАО- и Тоҷикистон»[/b]

[b]Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон[/b]

Мо, иштирокчиёни Мизи мудаввар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки мавқеъи мо – журналистон ва коршиносони ВАО –и кишварро нисбати матну мӯҳтавои лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» мавриди баррасӣ қарор диҳед.

Омӯзиши лоиҳаи қонуни мазкур нишон дод, ки он дорои як қатор бартариҳо буда, аммо аз камбудиҳо низ холӣ нест. Дар иртибот бо ин, мо як қатор таклифу пешниҳодҳои худро ба самъи вакилон расонида, бовар дорем, ки ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонун, онҳо ба эътибор гирифта мешаванд:

Ҳамин тариқ:

1. Моддаи 2 лоиҳа ба иловае эҳтиёҷ дорад, ки бартарии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшударо таъкид кунад;

2. Матни моддаи 3 лоиҳа нисбати он, ки редаксия метавонад масъулияти ахбору маводи нашркардаашро ба дӯш нагирад, нодуруст ва хилофи қонунгузорист;

3. Бақайдгирии давлатии ВАО бо тартиби барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муқарраршуда (моддаи 6 лоиҳа) иштибоҳи дағали ҳуқуқист, зеро ВАО усулан наметавонанд субъекти ҳуқуқ бошанд – онҳо ҳамагӣ ва фақат шакли паҳн намудани ахбори оммаанд. Нигаред ба матни моддаи 1 лоиҳаи қонун: ВАО ин рӯзнома, маҷалла…, хабарҳои агентиҳо, барномаҳои телевизиону радио ва ғайра мебошад. Яъне ВАО ташкилот ё шахс нестанд Дар ин сурат, баҳисобгирии давлатии ВАО (моддаи 7 лоиҳа), ки бо чунин тарзи бақайдгирии давлатӣ асос ёфтааст, низ эътибори ҳуқуқӣ нахоҳад дошт, ногуфта аз он, ки такрори бақайдгирии як шахси ҳуқуқӣ мамнўъ аст;

4. Бақайдгирии ВАО ва оинномаи редаксияи он (агар редаксия чун шахси ҳуқуқӣ ташкил шавад) бояд ба зиммаи Вазорати адлия ва ё беҳтар ба мақомоти махсуси (масалан агентӣ, хадамот ва ғ.) ваколатдори давлатӣ доир ба ин соҳа гузошта шавад;

5. Бо назардошти он ки мафҳумҳои «раддия» ва «ҷавоб» комилан мухолифанд, зарур аст, ки дар моддаи 19 лоиҳа ҳар яке аз ин ҳолатҳоро алоҳида шарҳ дода, асос ва тартиби амали ҳуқуқи раддия ва ҷавоб (чун дар моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҷудогона ва мукаммал дарҷ гардад;

6. Вобаста ба матни ҳамин моддаи 19 лоиҳа қайд кардани он ҳолатро зарур мешуморем, ки шахси ҳуқуқӣ наметавонад соҳиби «шаъну шараф» бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 5 ва 42), Кодекси гражданӣ (моддаи 174) чунин ҳолатро фақат ба шаҳрванд ва инсон мутааллиқ медонанд.

7. Пешниҳод менамоем, ки қисми охирини моддаи 25 лоиҳа чун матни моддаи 7 Қонуни Конститутсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардад: «дар иттилооти худ натиҷаи баррасии парвандаи мушаххасро пешакӣ ҳал намоянд». Ҳамин моддаи лоиҳа, ба андешаи мо, метавонист бо матни қисми 2 моддаи 144 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳфуз доштани манбаи иттилоотро муайян мекунад, пурра карда шавад;

8. Лозим мешуморем, ки дар лоиҳа меъёрҳои моддаи 38 Қонуни амалкунанда «товони зарари маънавӣ» бо номи нави «ҷуброни зарари маънавӣ» (чун дар Кодекси гражданӣ) барқарор шаванд ва ба он сархати дуюме бо мазмуни зайл илова гардад: «андозаи ҷуброни зарари маънавиро суд аз рӯи талаботи оқилона ва одилона, бо назардошти вазъи молумулкии редаксияи воситаи ахбори омма муайян менамояд. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ набояд ба маҳдуд гардонидани фаъолияти воситаи ахбори омма ва ё ба бастани фаъолияти он оварда расонад»;

9. Ба моддаи 32 лоиҳа меъёри зерин аз моддаи 36 Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» илова карда шавад: «агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад»;

10. Дар лоиҳаи конун бояд моддаи махсус ба асосҳо, шарту шароит, тартиби қатъи табъу нашр ва боздоштани фаъолияти ВАО бо бақайдгирии чунин амалҳо бахшида шавад. Инчунин дар матни лоиҳа мебоист мафҳум ва мӯҳтавои амалҳои таҳқиқоти журналистӣ ва тартиби паҳн намудани ахбору маводи бо истифодаи сабти ниҳонӣ (скрытая запись) гирифташуда ҷой дода мешуд.

Вакилони мӯҳтарам,

Ҳоло ки лоиҳаи қонуни мазкур барои омӯзиш ва таҳқиқи иловагӣ дар кумитаҳо ва шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қарор дорад, ба ақидаи мо, ба назар гирифтани ҳолатҳои дар боло зикргашта, бешубҳа, ба манфиати кор хоҳад буд. Дар айни замон лоиҳа аз дигар лаҳзаҳои заифии ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва таҳрирӣ низ холӣ нест. Масалан ҷой доштани ибораи «хусумати иҷтимоӣ» дар моддаи 9 лоиҳа дар сурати набудани тавзеҳи чунин мафҳум ба фаъолияти харрӯзаи журналиcтоне, ки проблемаҳои танқидӣ- иҷтимоиро мебардоранд, хатари ҷиддие хоҳад буд.

Бо назардошти нақшу мақоми ВАО дар ҷамъияту давлат, ки, аз ҷумла, аз пайёми имсолаи Президенти кишвар ба парламенти мамлакат бармеоянд, пешниҳод мекардем:

• Дар асоси меъёрҳои дахлдори Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ду қироат баррасӣ намояд ва баъди қироати аввал онро ба муҳокимаи умумихалқӣ барорад;

• Гузаронидани муҳокимаи парламентии лоиҳаи қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» бо иштироки намояндагони ВАО низ зарурати воқеӣ дорад ва мувофиқи максад хоҳад буд.

3.05.2011 ш. Душанбе

Источник: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Рўзномахои Мустакил ва ноМустакил…

[b]Боби1. Аз советӣ то хусусӣ [/b]

Дар замони Ҳукумати Советӣ одамон ҳар рўзу ҳар соат бетоқатона интизори рўзномаю журналҳо буданд, ки кай хаткашон меояд. Ҳама коргару деҳқон, хонашин, нафақахўрон дар ҷойҳои кор ва почта ихтиёрӣ ба рўзномаҳои марказӣ, республикавӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ обуна мешуданд. Нархи рўзномаҳо хеле арзон 2-3 тин буд, ҳоло бошад, 1,5-2 сўм.

Агар рўзе 1 рўзнома бо ягон сабабе ба хонандагон дастрас намешуд, мекофтанду гунаҳкорро муайян мекарданд ва ҷазояш медоданд, барои он ки ҳамаи рўзномаҳо ба манфиати халқу Ватан буд. Ҳоло ҳам, хусусан рўзномаҳои мустақил, ба манфиати халқ ва пешбурди мамлакат хизмати босазо мекунанд.

[b]Матни пурраи матлабро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=63]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=63[/url]

Источник: