Архив рубрики: Хабарҳо

Нигаронии сафири Амрико аз боздошти хабарнигори BBC

[b]Кенет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон аз боздошти хабарнигори бахши узбакии ББС изҳорӣ нигаронӣ кардааст.[/b]

Ҷаноби Гросс дар як изҳороти видеоӣ, хостори таҳқиқи мунсифонаи парвандаи Урунбой Усмонов шудааст. Вай мегӯяд:

«Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов нигаронии амиқи хешро изҳор медорад, ки рӯзи 13-уми июн дар Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудааст. Мо аз мақомоти давлат даъват мекунем, иддаоҳои бадрафтории маъмурони амниятӣ бо ҷаноби Усмоновро ба таври мукаммал таҳқиқ намуда, ба меъёрҳои байнулмилалии шаффофияти додгоҳӣ арҷ гузоранд. Ба эътиқоди мо, хабарнигорон набояд барои навиштаҳояшон табъиз ё зиндонӣ шаванд. Аз ин рӯ мо даъват мекунем, дар сурати набуди ҳеҷ гуна далели фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ӯ бояд фавран озод карда шавад.»

Сафири Амрико аз мақомот хостааст, ки қазияи ин хабарнигорро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода дар сурати набудани далелҳои қотеъ ва надоштани гуноҳ, ӯро аз боздошт раҳо намоянд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24237199.html

«Хабарнигори Би-би-сӣ дар ифротгароӣ мазнун аст»

[b]Мақомҳои амниятии Тоҷикистон Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ-ро дар таҳрики хушунати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ, шомил шудан дар гурӯҳи ҷиноӣ ва тавтеа барои сарнагунии давлати ин кишвар мазнун медонанд.[/b]

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 15-уми июн дастури ҳабси оқои Усмоновро барои ду моҳ содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол пайвандон ва вакили мудофеъи Урунбой Усмонов бо вай мулоқот накардаанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=71]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=71[/url]

Источник:

Вокуниши BBC ба ба боздошти хабарнигораш дар Тоҷикистон

Идораи марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон аз боздошти хабарнигораш дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳороти муассисаи нашаротии Британия (BBC), ки Урунбой Усмонов даҳ соли охир барои Хадамоти Осиёи Марказии он гузориш медодааст, озодии фаврии хабарнигор талаб шудааст. Дар ин санад ҳамчунин нисбати иттиҳоми Усмонов ба узвият дар гурӯҳи «Ҳизб-ут-таҳрир» изҳори нобоварӣ шудааст: «Дар ҳоле ки ҷаноби Усмонов бо талаби Би-Би-Сӣ дар бораи муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти аъзои Ҳизби таҳрир гузориш медод, Би-Би-Сӣ далеле надорад, ки ба ин иттиҳомот бовар кунад.»

[b]Муатни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=70]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=70[/url]

Источник:

Даъвати ёрмандӣ ба оилаи журналисти маҳбус

Ҳамкасбони азиз,

Ҳамаи Шумо аз қазияи ҷиноии Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори нашрияи «Нури зиндагӣ» огоҳ ҳастед.

Мониторинги ҷаласаи судӣ бори дигар нишон дод, ки вайро барои мақолаҳояш таъқиб карда истодаанд. Мо барои ҳимояи ҳуқуқии М.Исмоилов тавонистем маблағи лозимаро пайдо намоем.

Вале дар ҷараёни ҷаласахои судӣ мутмаин гаштем, ки вазъи саломатӣ ва рӯҳии Маҳмадюсуф сахт коҳидааст. Вай маъюби дараҷаи 3 бинобар ҷарроҳиҳои зиёд мебошад. Вазъи молии оилааш низ вазнин аст. Амалан, оилаи рӯзноманигор бесаробон мондааст.

Мо аз ҳамаи Шумоён, ки дар инъикоси ин қазия ва ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири Исмоилов миннатдор ҳастем.

Ҳамзамон як пешниҳод ба сарам омад: чӣ мешавад, ки ҳар яки мо аз кисаи худ мувофиқи тавон ва ихтиёран чанд сомонӣ ҷамъ оварему бетафовут набудани хешро ба усули озодии баён ва демократияи Точикистон дар мисоли тақдири Маҳмадюсуф нишон диҳем. Маблағи ғуншуда ба оилаи Исмоилов супурда хоҳад шуд.

Агар ин пешниҳод қобили қабул бошад, мо ҳамоҳангсозии ин кӯмакро ба ӯҳда мегирем.

Бо эҳтиром,

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,[/b]

[b]Раиси Анҷумани миллии воситаҳои мустақили Ахбори оми Тоҷикистолн (АМВАОМТ) ё НАНСМИТ[/b]

[b]Озодӣ:[/b] Ҳамкорони Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ аз ин ташаббус пуштибонӣ мекунанд

Источник: http://www.ozodi.org/content/blog/24231258.html

«Шонси умед» барои журналистони тоҷик

[b]Бархе аз журналистони тоҷик мегӯянд, дар бисёр маврид аз изҳори баёни озод ҳарос доранд. Тарси онҳо ин будааст, ки агар аз фаъолияти мансабдоре интиқод намоянд, нисбаташон парванда боз мешавад.[/b]

Коршиносони соҳаи ВАО-и тоҷик ба он эътимод доранд, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ҳам ба дунболи Русия барои ҳазфи моддаҳои «таҳқир» ва «тӯҳмат» аз кодекси ҷиноӣ иқдом мекунад. Дмитрий Медведев, президенти Русия лоиҳаи қонун оид ба тағиру иловаҳо ба кодекси ҷиноиро ба баррасии Думаи давлатӣ ирсол намуд. Миёни ин тағйиротҳо аз кодекси ҷиноӣ берун андохтани моддаҳои марбут ба «таҳқир» ва «тӯҳмат» низ ҳаст. Зимнан, дар тарҳи қонун омадааст, ки «таҳқир» ва «тӯҳмат» ба қонунвайронкунии маъмурӣ ворид карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости. «Тӯҳмат»-у «таҳқир» аз «серҷанҷолтарин» моддаҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ ҳаст. Дар чанд соли ахир ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳаи ВАО зиёд талош кардаанд, то моддаҳои 135 ва 136 (тӯҳмат ва таҳқир) аз кодекси ҷиноӣ ҳазф шаванд. Аммо то имрӯз ин кӯшишҳо баробар ба сифр буд. Акнун ки Русия тасмим гирифтааст, аз баҳри ин ду модда дар кодекси ҷиноӣ барояд шояд Тоҷикистон низ ба он пайравӣ хоҳад кард. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёр маворид вакилони тоҷик ва мақомоти алоҳидаи Тоҷикистон ба қонунҳои Русия пайравӣ мекунанд. Барои мисол вақте Русия эълон дошт, ки милисаашро ба пулис иваз мекунад, дар Тоҷикистон низ гуфтанд ба эҳтимоли зиёд аз баҳри милиса мегузаранд. Аммо ба ақидаи бархе коршиносон ин навбат мақомоти Тоҷикистон ба русҳо тақлид нахоҳанд кард, зеро бо истифода аз ин моддаҳо имкони хуби барбастани даҳони бархе журналистон имконпазир аст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=69]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=69[/url]

Источник:

Шӯрои ВАО: Ҳамойиш барои расонаҳои расмии давлатӣ

Имрӯз дар маҷмааи «Шарқи озод» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҶТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» баргузор гардид. Тавре ба «Озодагон» Сангин Гулов, дабири кулли шӯрои номбурда иттилоъ дод, дар ин нишаст намояндагони нашрияҳои расмиву давлатӣ, аз ҷумла «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ғайра иштирок доштанд. Гулов дар оғози ҳамойиш гуфт, дар давоми беш аз якуним соли охир созмони мазкур ба ҳайси танзимкунанда меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, барои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар миёни рӯзноманигорон корҳоеро анҷом додаву нақшаҳоеро амалӣ карданист. Аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо баргузории мизҳои гирд бо иштироки доираи васеи журналистони ҳам марказ ва ҳам минтақаҳо мебошанд.

Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҶТ гуфт имрӯз Шӯрои ВАО-и ҶТ талош бар он дорад, ки дар фаъолияти журналистӣ меъёрҳои ахлоқӣ риоя карда шаванд. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми фаъолият журналистонро аз ҳар гуна нофаҳмиҳо бозмедоранд ва миёни онҳову сарчашмаҳои иттилоъ, қаҳрамонону хонандагон фазои созандаву ҳусни тафоҳумро ба вуҷуд меоранд. Зимни шарҳи меъёрҳои ахлоқӣ миёни ширкаткунандагони мизи гирд мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.Муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва ТВ СМТ мебошанд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/799-2011-06-10-09-37-51.html

«Олиҳимматӣ»-и духтари президент

[b]Таври ваъда қарори марбутаро дар ин хусус рӯзҳои наздик эълон мекунанд, аммо то ҳанӯз маълум нест, духтари райисҷумҳур ба доми кӣ афтоду фиреби киро нӯши ҷон кард, ки ҳамакнун бо ин қазияи пурсарусадояш «хизмати хирсона»-е барои падари президенташ мекунад.[/b]

Тавре пештар маълум гардида буд, духтари Ислом Каримов, президенти Ӯзбакистон, Оҷонсии иттилоотии фаронсавии Rue89-ро ба додгоҳ кашида, барои «диктатор» хондани падараш ин оҷонсиро муттаҳам карда буд. Дар қиболи ин қазия сару садоҳо ва андешаҳои зиёди бахусус коршиносони хориҷӣ сурат гирифтанд, ки ҳар кадом ба наҳваву тадбири хос раванди ин баррасии додгоҳиро қалам мезананд. Ёдовар мешвем, ки Лола Каримова — Тиллоева духтари дуввуми Ислом Каримов оҷонсии иттилооти Rue89 ва муаллифи мақолаи «СПИД: Ӯзбакистон, репрессия дар хонаву тӯй дар Канн» Августин Скалберро барои таҳқир ва расонидани зарари маънавӣ муҷрим дониста, тақозои 30 ҳазор евро зиёни маънавӣ шудааст. Бино ба навиштаи сомонаи Rue89 ду духтари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов — Гулнора ва Лола барои рӯйпӯш кардани иттиҳомоти падарашон аз роҳи сарпарастии чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ кор мегирифтаанд ва бо ин тавассут худкомагии сиёсати падарашонро мехостаанд бо нишон додани «олиҳимматиашон» ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ «сиёсати одилона» ҷилвагар созанд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷомеаи интернетӣ, бахусус Rue89, дар хусуси аз сӯи Гулнора Каримова, духтарбузурги Ислом Каримов, пардохти маблағи 190 ҳазор евро аз ҳисоби андозсупорандагони ӯзбак ба Моника Белуччи ба хотири ширкати чорсоата ва як суханронии кӯтоҳ дар як чорабинӣ хабар дода буд. Аммо ун навбат Лола вонамуд кард, ки гӯё ин навиштаро надида бошад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани тугмаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=68]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=68[/url]

Источник:

Маҳкумияти муассиси радиои «Ватан» ба 9-соли зиндон

[b]Далер Амонов, муассиси радиои «Ватан»-ро додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт барои нӯҳ сол равонаи зиндон кардааст.[/b]

Додгоҳ оқои Амоновро барои аз худкунии амвол, тақаллуб ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ айдор медонад.

Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод Далер Амонов, мудири кулли ширкати радио ва телевизионии «Ватан» ва ширкати «Арзон-мобайл» ҳанӯз дар моҳи октябри соли гузашта бо ҷурми қаллобӣ боздошт карда буд.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод он замон гуфта буд, Далер Амонов бо шаҳрванди Русия Иззатулло Тошмуҳаммадов ба хотири ворид кардани телефонҳои дастии «Нокиа» ва пуштибонии радиои «Ватан» созишномаи шифоҳӣ баста, ба ҳисоби бонкии ширкати «Арзон мобайл» ва «ТРК Ватан» 805 ҳазор доллар ворид намудааст. Аммо шартҳои ҳамкориро иҷро накардааст ва ин маблағҳоро барои ширкатҳояш харҷ намудааст.

Як муомилаи дигари оқои Амонов бо муассисаи “Маркази ҳамсолони Турсунзода” будааст, ки ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 150 ҳазор доллари амрикоиро ба соҳибони маблағ барнагардондааст. Далели дигар муомилаи пулӣ бо як шаҳрванд бо исми рамзии “К” аст, ки оқои Амонов аз ӯ гӯё 21,500 евро пули нақд гирифта, “ба манфиати худ” истифода кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти додгоҳӣ, маблағи даъвоӣ аз 1,5 то 2,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Манобеъи додгоҳӣ гуфтаанд, ки қонуни ҷазои кишвар ин имконро фароҳам кардааст, ки Далер Амонов бо пардохти ҷарима ва ғаромат аз зиндон озод шавад. Вале бар асоси қонунҳои марбутаи кишвар, шахси айдоршуда бояд зиёни расида ба афродро пардохт намояд.

«Ватан» аз радиоҳои мустақил аст, ки бо тавозуни назар иттилоъ пешниҳод мекунад ва аз радиоҳои беҳтарин дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аммо қазияи Далер ба радиои «Ватан» ва фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ рабте надорад. Шояд ин мушкили моливу соҳибкории ӯ бошад, зеро Далер Амонов ҳамчун соҳибкор шинохта шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24228263.html

Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои «ноозод»

[b]Мақомоти Тоҷикистон арзёбии «Freedom House»-ро, ки ин кишварро «ноозод» номидааст, ғайривоқеӣ меҳисобанд.[/b]

Ахиран ин созмон натиҷаи пажӯҳиш ва санҷишҳои худро дар робита ба вазъи озодиҳо дар саросари ҷаҳон мунташир карда ва Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Ӯзбакистон ва Туркманистон кишвари «ғайриозод» шуморидааст. Тоҷикистон бо он, ки ба гурӯҳи кишварҳои “бадтарини бадтаринҳо” шомил шудааст, аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ як ва аз лиҳози озодиҳои маданӣ ду радда аз ин кишварҳо болотар баҳогузорӣ шудааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=67]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=67[/url]

Источник:

Шарифи ҲАМДАМПУР: «90 дар сади журналистон чизи ба сарашон омадаро менависанд»

Солҳо боз баҳс атрофи «Қонуни матбуот» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Қисме ба он боваранд, ки ин қонун аз қонунҳои дигар давлатҳо рӯйбардор шудааст ва ба талаботи журналистикаи тоҷик созгор несту ба такмилу баррасӣ ниёз дорад. Шояд ҳамин омил аст, ки ба воридсозии тағйироту иловаҳо ба «Қонуни матбуот» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба замми номукаммалии «Қонуни матбуот», то кадом дараҷа риоя гаштани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон низ мавзӯи баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=66]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=66[/url]

Источник: