Архив рубрики: Хабарҳо

Роҳбари созмони вилоятии рӯзноманигорон ба Урунбой Усмонов ва муфаттиши қазияи ӯ мулоқот кард

[b]Раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён бо рӯзноманигори дастгиршуда Урунбой Усмонов ва муфаттиши парвандаи ӯ Саид Саймуддинов вохӯрӣ анҷом дод.[/b]

Вохӯрӣ нимаи аввали рӯзи 18 июн бо супориши роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бинои раёсати Кумитаи давлатии амнияти ҶТ дар вилояти Суғд барпо гашт.

Дар ҷараёани сӯҳбат бо муфаттиш Саид Саймиддинов, И.Ҷамолиён оид ба ҳолати дастгир намудани Урунбой Усмонов пурсон шуд. Муфаттиш хабар дод, ки дар ҷараёни гузарондани чорабиниҳои фаврии тафтишотӣ роҳбари дастгиршудаи ҳизби мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар вилояти Суғд Абдунабӣ Абдуқодиров ва узви фаъоли ҳизби мазкур Яҳёхон Раҳмонхоҷаев баёнот додаанд, ки онҳо бо супориши амири «Ҳизб-ут-таҳрир» Шариф Ёқубов (тахаллусаш «Абдулло») бояд бо нафаре бо номи Урунбой робита барпо мекарданд. Дар заминаи нишондодҳои мазкур маълум шуд, ки Урунбой ҷонибдори «Ҳизб-ут-таҳрир» буда, аз аъзои ҳизби мазкур ба таври пайваста адабиёт ва дигар нашрияҳои «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро дастрас мекардааст.

«Дар ҷараёни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ муқаррар карда шуд, ки Урунбой роҳбари бунгоҳи хабарнигорони Би-Би-Си дар вилояти Суғд Усмонов Урунбой будааст. Дар асоси маводи мавҷуда рӯзи 13 июни соли ҷорӣ бо гумони робита доштан ба «Ҳизб-ут-таҳрир», ки фаъолияти он дар ҳудуди ҶТ бо Қарори Суди Олии ҶТ манъ карда шудааст, У.Усмоновро коркунони мақомоти амният боздошт карданд. Дар ҷараёни пурсиш Урунбой Усмонов эътироф намуд, ки вай моҳи феврали соли 2010 бо амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ёқубов шинос шуда, минбаъд бо ӯ мудом робита доштааст. Вай инчунин адабиёти динию экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро аз аъзои ҳизб, аз ҷумла аз Яҳёхон Раҳмонхоҷаев дастрас мекардааст. «Ман қатъиян хилофи он ҳастам, ки гӯё дастгир шудани У.Усмонов ба фаъолияти касбиаш дахл дошта бошад», — гуфт муфаттиш С.Саймуддинов ба роҳбари созмони рӯзноманигорони вилоят.

Сарчашма инчунин хабар дод, ки шӯъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амният дар вилояти Суғд тибқи моддаҳои 306, прим.3 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, рӯзи 15 июн барои ба ҳабс гирифтани Урунбой Усмонов иҷозат гирифта шудааст.

«Дар сӯҳбат бо намояндаи тафтишот мо инчунин масъалаҳои ба парвандаи мазкур роҳ додани адвокатро ҳам баррасӣ намудем, — гуфт И.Ҷамолиён. – С.Саймуддинов тасдиқ намуд, ки гумонбаршаванда гӯё аз ҳуқуки ҳимоя шуданаш ба таври хаттӣ даст кашидааст. Бо вуҷуди ин, муфаттиш рӯзи ҷумъа бо адвокат Ф.Воҳидова вохӯрда, рӯзи душанбе вохӯрии вакили мудофеъ бо У.Усмонов таъин шудааст».

Илҳом Ҷамолиён инчунин хабар дод, ки дар ҷараёни мулоқоти кӯтоҳмуддаташ бо Урунбой Усмонов бо ӯ дар мавриди масъалаи мазкур сӯҳбат дошт ва худи журналист тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат аз ҳуқуқи ҳимоя аз чониби адвокат ба таври хаттӣ даст кашидааст.

«Вай маъюс менамуд, дар ӯ осори лату кӯб дида намешуд ва мудом такрор мекард: «хато кардам, хато кардам, онҳоро чашми дидан надорам, суханонамро ба ҳама расонед», — ба таври мухтасар таассуроташро аз вохӯрии мазкур баён кард Илҳом Ҷамолиён. – Ман аз журналист пурсида натавонистам, ки ӯ дар кадом амалаш хато кардааст ва бо таманнои риояи меъёрҳои мурофиавӣ нисбат ба журналист У.Усмонов бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти ҶТ дар вилояти Суғдро тарк кардам».

Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шудааст. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Урунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».

Источник: Умури мониторинги АМВАОМТ.

Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон мулоқот намекунад?

[b]Эълони «Авфи тиллоӣ» дар арафаи 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чандест, ки сари забонҳо мегардад. Масъулони алоҳидаи ҳукумат дар чандин маврид изҳор доштанд, ки авфи маҳбусин дар салоҳияти президент мебошад ва ҳоло онҳо дақиқ намедонанд, ки райисҷумҳур чунин тасмиме мегирад ё хайр.[/b]

Соҳибназарон бошанд, бо ишора ба таҷрибаи кишварҳои дигар, ки маъмулан дар арафаи ҷашнҳои бузург сарони кишварҳо теъдоде аз зиндониҳоро авф мекунанд, ҳадс мезананд, ки бо эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз «Авфи тиллоӣ»-е эълон хоҳад кард. Зиман, баъзеҳо интизори «сюрприз»-и дигаре аз ҷониби сарвари давлат ҳастанд- як мулоқоти вижа бо ширкати журналистони ватаниву хориҷӣ.

[b]Мутни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=77]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=77[/url]

Источник:

СPJ: Ӯрунбой Усмонов бидуни таъхир бояд раҳо шавад

«Мақомот бояд ҳар чӣ зудтар ва бидуни таъхир Ӯрунбой Усмонов, журналисти боздоштшударо озод кунанд». Дар ин бора зимни пахши як баёния аз сӯи кумитаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон (СPJ) омадааст. Ҳамзамон, ин созмони мудофеи журналистон боздошт ва шиканҷаи хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро маҳкум карда, хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудааст. Дар баёнияи Кумитаи байналмиллалии дифоъ аз рӯзноманигорон ҳамчунин таъкид шудааст, ки боздошти журналист ба хотири фаъолияти ҳирфаиаш сурат гирифтааст.

Сафороти Британияи Кабир ва ИМА дар Тоҷикистон, ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз боздошти хабарнигор Ӯрунбой Усмонов изҳори нигаронӣ карда, унвонии ҳукумат ва вазорати корҳои хориҷаи кишвар номаи расмӣ ва муроҷиатнома дар мавриди озод кардани хабарнигори номбурда ирсол доштанд.

Ёдрас менамоем, бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/945-pj——-.html

Маҳрумияти хабарнигор Усмонов аз ҳимояти ҳуқуқӣ

[b]Ба вакили мудофеи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ иҷозаи мулоқот бо зерҳимояаш дода нашудааст.[/b]

Рӯзи ҷумъа Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов, ки дар боздоштгоҳи раёсати амнияти Хуҷанд қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз соати 10-и субҳ то поёни рӯз пушти дари боздоштгоҳи муваққатии Раёсати амнияти вилояти Суғд воқеъ дар Хуҷанд интизори мулоқот истода буд, вале ба ӯ имкони вуруд ба боздоштгоҳ дода нашудааст.

Дар бораи сабаби ин ҳолат хонуми Воҳидова мегӯяд: «Ба ман мулоқот муяссар нашуд, зеро рӯзи сеюм аст, ки гӯё муфаттиш бо дигар амалиёти тафтишотӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Суғд машғул аст ва бе ӯ ин мулоқот номумкин аст. Аллакай сар аз 15-уми июн ба ҳабси ӯ иҷозаи расмӣ дода шудааст.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=76]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=76[/url]

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Мирзонабии Холи

Источник:

Маҳрумияти хабарнигори Би-би-сӣ аз дидор бо вакили мудофеъаш

[b]Бо гузашти панҷ рӯз аз боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, мақомот ҳануз ҳам иҷозаи дидори ӯ бо вакили мудофеъашро надодаанд.[/b]

Ин дар ҳолест, ки аҳли хонавода ва ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки аз вазъи саломатияш ва эҳтимоли шиканҷаи ӯ тавссути маъмурон нигаронанд, зеро ӯ аз бемории қанд ва фишори болои хун ранҷ мебарад.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруф ва вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи 17 июн тамоми рӯзро дар беруни идораи маҳаллии амният дар вилояти Суғд сипарӣ карда, вале муваффақ ба дидори муваккилаш ва бозраси парвандаи ӯ нашудааст.

Вай гуфт: «То бегоҳ дар беруни дари идори амният дар назди сарбозоне, ки биноро посбонӣ мекунанд, нишастам. Онҳо ба ман иҷозаи вуруд надоданд ва пайваста мегуфтанд, ки Саймудин Саидов, бозраси парванда барои анҷоми коре ба ноҳияи Мастчоҳ рафтааст.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=75]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=75[/url]

Источник:

Вокунишҳо ба боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон

[b]Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо ва давлати Омрико бо интишори баёнияҳое нигаронии худро аз боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, матраҳ кардаанд.[/b]

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар умури озодии расонаҳо, рӯзи панҷшанбеи 16 июн дар номае ба Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, нигаронии худро аз «боз як талош барои маҳдудияти озодии баён» дар ин кишвар иброз доштааст.

Дар номаи хонуми Миятович ба оқои Зарифӣ омадааст: «Ҳарчанд мо ба ҳаққи давлати Тоҷикистон ба мубориза бо терурисм эҳтиром мегузорем, вале қазияи боздошти оқои Усмонов ва бадрафторӣ нисбат ба ӯ, аз ҷумла маҳрумияти ӯ аз ҳаққи дастрасӣ ба вакили мудофеъ, асбоби нигаронии мо дар мавриди маҳдудияти озодии баёнро фароҳам кардааст.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=74]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=74[/url]

Источник:

Изҳороти муштарак

[b]АМВАОМТ ва ХГДҲЖТ аз боздошт шудан ва ба ҳабс гирифтани журналист Усмонов изҳори ташвиш мекунанд [/b]

ш. Душанбе, 16 июни соли 2011

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳифзи ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон (ХГДҲЖТ) бинобар ба ҳабс гирифтани журналист Уринбой Усмонов – хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си дар вилояти Суғд изҳори ташвиш мекунанд. Тибқи иттилои адвокат Файзинисо Воҳидова, айбҳои ба журналист эълоншуда ба фаъолияти касбии вай алоқаманд мебошанд, «гӯё дар маводи омодакардааш ӯ ба воситаи радиои Би-Би-Си ғояҳои «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро тарғиб менамудааст».

Хадамоти мониторинги анҷуман инчунин дар бораи шароити боздошт намудан, ҳабси журналист ва чорабиниҳои тафтишотии нисбат ба У.Усмонов татбиқшаванда иттилои пурихтилоф дастрас менамояд. Бо ҳамин сабаб, аз мақомоти ҳифзи қонун талаб менамоем, ки меъёрҳои мурофиавӣ нисбат ба журналист катъият риоя карда шаванд. Дар шароити демократия ва волоияти қонун, ки онҳоро конститутсия эълом доштааст, ба ҷуз бо ҳукми суд, ягон нафарро гунаҳкор эълон кардан мумкин нест.

АМВАОМТ ва ХГДҲЖТ ҳамчунин вазъи баамаломадаро таҳти назорат қарор дода, вобаста ба парвандаи У.Усмонов, бо мақсади муайян кардани робитаи айбҳои эъломгардида ба фаъолияти журналистии мавсуф, тамоми иттилооти ҷамъ оварда, таҳлил менамоянд. Дар ҳолати муқаррар гаштани чунин фактҳо, анҷуман ва шарикони он омодаанд ба ҳамкасби худ кӯмакҳои хамачонибаи хукуки бирасонанд.

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,
Раиси АМВАОМТ

Мухтори БОҚИЗОДА,
Раиси ФГҲҲЖТ[/b]

Источник:

Шартҳои Аврупо барои ширкат дар иқтисоди Тоҷикистон

[b]Дар Душанбе мизи гирде таҳти унвони «Олам дар марҳилаи таҳаввулоти рушд ва мушкилоти асри 21 дар сиёсати иқтисодӣ ва молӣ» баргузор шудааст.[/b]

Дар ин мизи гирд Йоаҳим Пфайффер, узви Бундестаки Олмон ва ҳамоҳангсози масоили энергетикӣ, вакилони порлумони Тоҷикистон, иқтисоддонону коршиносон ширкат доштанд.

Ин мизи гирд ба ибтикори Сандуқи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ва НАНСМИТ ва ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон баргузор шуд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=73]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=73[/url]

Зулфиқори Исмоилиён

Источник:

ТАҲАВВУЛОТИ ҶАҲОН АЗ НИГОҲИ КОРШИНОСОНИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН

[b]«Ҷаҳон дар марҳиллаи таҳаввулоти рушд: мушкилоти нави қарни 21 дар сиёсати молиявӣ ва иқтисодӣ», таҳти чунин унвон дар Душанбе, бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, бо мусоидати Хазинаи Конрада Аденаураи Олмон нишаст баргузор гардид, ки дар он коршиносони масоили сиёсию иқтисодӣ, вакилони парлумони Тоҷикистону Олмон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.[/b]

Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев ва намояндаи ваколатдори Хазинаи Конрада Аденаура дар Осиёи Марказӣ Томас Кунсе баргузории чунин чорабиниро қадами муассире бобати таҳлил ва баррасии амиқи масоили муҳими марбут ба вазъи сайёра дар шароити таҳаввулот ва вазъи иқтисодию молиявии ҷаҳон, хусусан Тоҷикистон ва Олмон арзёбӣ карданд.

Дар нишаст узви Бундестаги Олмон, ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои энергетикӣ, раис оид ба масъалаҳои сиёсию иқтисодии фраксияи ХДС/ХСС дар Бундестаги Олмон Йоахим Пфайффер доир ба вазъи феълии иқтисодии Олмон дар шароити бӯҳрони молӣ, дастовардҳои ин кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат, энергетика, коммуникатсяи ва сатҳи иҷтимоии аҳолии Олмон табодули назар кард. Мавсуф гуфт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ чун дигар кишварҳои ҷаҳон ба иқтисодиёти Олмон таъсири худро расонидааст. Ҷиҳати бартараф намудани бӯҳрони молӣ роҳбарияти кишвараш тадбирҳои мушаххаси зиддибӯҳрониро андешидааст. Ин аст, ки вазъи молиявӣ ва иқтисодии Олмон дар қиёс ба дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки теъдодашон ба 27 давлат мерасад, беҳтар ва сатҳи баланд қарор дорад.

Узви Бундестаги Олмон ҳамзамон, доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон ибрози назар карда, афзуд ки бо вуҷуди оне, ки ҳар ду давлат аз ҳамдигар дар масофаи тӯлонӣ воқеъ гардидаанд, захираҳои бои обию энергетикӣ ва туристии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки Олмон дар ин бахш бо Тоҷикистон ҳамкории густурдаро ба роҳ монад. Мавсуф афзуд, ки бо назардошти шароити мусоиди рушди соҳибкорӣ, шаффофият ва кафолати амнияти соҳибкорони хориҷӣ дар Тоҷикистон, соҳибкорони олмонӣ имкон доранд дар бахши энергетика, хусусан истифодаи сарфаҷӯёнаи он ва туризм ҳамкории самарабахшро ба роҳ монанд.

Дар фарҷоми нишаст рӯзноманигорони тоҷик ба саволҳои сершумори худ, ки фарогири масъалаҳои марбут ба рушди таҳаввулот дар ҷаҳони муосир, вазъи иқтисодию молии онро дар бар мегирифт, аз узви Бундестаги Олмон посухҳои мушаххас гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.rs.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=19247&Itemid=13

CPJ боздошти хабарнигори Би-Би-Сиро маҳкум кард

[b]Кумитаи дифоъ аз журналистон боздошти Урунбой Усмоновро «сонсур»-и матолиби ҳассоси сиёсӣ ва динӣ номид.[/b]

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ — Committee to Protect Journalists) боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон Урунбой Усмоновро маҳкум кард ва хостори озодии фаврии ӯ шуд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон Усмоновро узви гурӯҳи мамнӯи Ҳизб-ут-таҳрир мешуморанд ва мегӯянд, вай дар таблиғи матолиби ин созмон ва даъвати аҳолӣ барои пайвастан ба он саҳм гирифтааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=72]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=72[/url]

Источник: